Мактуби Бисту дуюм

Дар ҳодисҳои шариф омадааст ки: Дар охируззамон, ашхоси шарир ва музир ва мунофиқ ва мудҳиш монанди суфиён ва даҷҷол ба қудрат расида идораро ба даст гирифта, аз ҳирс, шиқоқ, ҷудоии Ислом ва башар истифода намуда бо як қуввати кам навъи башарро ба ҳараҷу мараҷ андохта ва олами бузурги Исломро таҳти асорат мегирад.

Эй аҳли имон! Агар намехоҳед, ки дар зиллат, хору зорӣ ва бадбахтӣ ва таҳти асорот бимонед, ақлатонро ба саратон бигиред! Ба муқобили золимоне, ки аз ихтилофатон истифода мекунанд, дар қалъи муқаддаси    7اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ   дохил шавед. Дар ғайри он, на ҳаёти худро муҳофиза карда метавонед ва на ҳуқуқи худро мудофиъа карда хоҳед тавонист. Маълум аст, ки дар вақти даст ба гиребон гирифта ва ҷанг кардани ду қаҳрамон як кӯдак ҳар дуи онҳоро зада хоҳад тавонист. Дар як мизон ду кӯҳ ба муқобили якдигар дар вазн ва муодил бошад, як санги хурд мувозинаи он кӯҳҳоро хароб карда бо он ду кӯҳ бозӣ карда хоҳад тавонист. Яъне якеро боло якеро поён хоҳад овард.

Инак эй аҳли имон! Аз ҳирс ва тамаъҳои шумо ва аз тарафгириҳои хусуматкорона ва душманони шумо қуввати шумо ҳеҷ хоҳад шуд. Бо як қуввати кам поймол шуда хоҳед шуд. Агар ба ҳаёт ва зиндагии иҷтимоии худ алоқа дошта бошед, дастури олии  اَلْمُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِ كَالْبُنْيَانِ الْمَرْصُوصِ يَشُدُّ بَعْضُهُ بَعْضًا  ро дастури ҳаёт намоед, аз сафолати дунявию шақовати ухравӣ наҷот биёбед! Яъне аз пастӣ, тангдастӣ, бадбахтӣ, фақр, зиллати дунёӣ, шақоват, зулм ва бадии ухравӣ наҷот пайдо кунед.

Ҷиҳати шашум: Ҳаёти маънавӣ ва сиҳати убудият бо адовату душманӣ ва инод, хароб мешавад.