Мактуби Бисту дуюм

Пас маълум мешавад, ки бо ифодаи ин оят ва далолати калимаҳо ба сурати ҷудогона; зам ва ғайбат, ақлан ва қалбан ва аз рӯйи инсонияту виҷдон ва аз рӯйи фитрату миллият, мазмум ва ношоиста аст. Инак нигоҳ кун, чигуна ин оят, эъҷозкорона дар шаш мартаба замро замима мекунад. Яъне бадгӯйӣ ва айбчӯиро накӯҳиш мекунад. Эҷозкорона дар шаш дараҷа аз он гуноҳ манъ мекунад.

Ғайбат, як силоҳи бисёр паст, барои ахли адоват, ҳасад ва инод мебошад, як инсони соҳиби иззати нафс, ба ин силоҳ таназзул карда истеъмол намекунад. Чигуна ки як одами машҳур гӯфта аст:

اُكَبِّرُ نَفْسٖى عَنْ جَزَاءٍ بِغِيْبَةٍ § فَكُلُّ اِغْتِيَابٍ جَهْدُ مَنْ لَا لَهُ جَهْدٌ

Яъне: “Нафси худро барои ҷазо додан ба душмани худ бо ғайбат, боло ҳис мекунад. Чунки, ғайбат силоҳи залилҳо ва заифҳо аст. Яъне силоҳи инсонҳои паст мебошад.”

Ғайбат он аст ки: Агар он шахсе, ки дар борааш ғайбат шуда буд, ҳозир мебуд ва мешунид, кароҳат карда хоҳад меранҷид. Агар он гуфтугӯ рост бошад, зотан ғайбат гуфта мешавад. Агар он гуфтугӯ ва сӯхан дуруғ бошад, ҳам ғайбат ҳам ифтиро (туҳмат) мебошад. Як гуноҳи зишти дукарата мебошад.

Ғайбат, махсус дар як чанд модда ҷоиз шуда метавонад:

Якум: Барои гирифтани ҳаққи худ, ғайбат ҷоиз аст. Яъне ба сурати шикоят ба одами вазифадор мегуяд, то ки кумак карда он мункарро, он қабоҳатро аз он бартараф кунад ва ҳаққи вайро аз ӯ бигирад. Яъне он кори ношоистаро, он тахаллуфро аз ӯ дафъ кунад ва ҳақи вайро аз ӯ бигирад.

Дигар он ки: Як одам мехоҳад, ки ҳамроҳ бо ӯ ташрики масои намояд. Бо ту машварат мекунад. Ту низ танҳо барои маслиҳат бидуни кадом ғараз барои адои ҳақ машварат бигӯйи ки: Бо ӯ ташрики масои макун. Чунки зарар хоҳӣ дид.