Эҳсос кардану дӯст доштани анворе, ки аз Шамси Азалӣ дар оинаи ҳаётат нақш бастааст ва ҳам ба унвони як бошуур, шавқу алоқа нишон додан ба ӯ ва аз худ бехуд шудан ба сабаби муҳаббати ба ӯ ва саранҷом ҷойгузин кардани он анвори мутаҷаллӣ дар умқи қалбат.
Ба хотири ин сиррест, ки шоъир дар маънои ҳадиси Қудсие, ки туро ба аъло-илийин уруҷ медиҳад, чунин гуфтааст:
مَنْ نَگُنْجَمْ دَرْ سَمٰوَاتُ وَزَمِينْ * اَزْ عَجَبْ گُنْجَمْ بِقَلْبِ مُؤْمِنِينْ