Сирри Хилкати Коинот

 Аммо гурӯҳи нахуст, ки саодатмандону аброр ва неконанд ба суханони он муаллими бузург ва устоди зулҷаноҳайн гӯш фаро доданд. Он устод ҳам бандааст, ки аз нуқтаи назари бандагию убудият Ҷаноби Ҳақро таърифу тавсиф мекунад, аз ин ҷиҳат ӯ дар маҳзари Илоҳӣ дар ҳукми намояндае барои уммат аст, ва ҳам расул аст, ки аз лиҳози рисолат аҳкоми Парвардигорашро тавассути Қуръони карим барои ҷинну инс таблиғ мекунад.

 Ин ҷамоъати хушбахт пас аз шунидани суханони Расул ва гӯш фаро додан ба фармудаҳои Қуръон, якбора худро дар либоси муваззаф ба вазифаҳои бисёр латифу мартабаҳо ва мақомоти бисёр волое ҳамроҳ бо намоз диданд, намозе ки дар ҳукми феҳристи анвоъи ибодот ба шумор меравад.

 

Бале, вазифаҳову мақомҳо ва мартабаҳои волое, ки аз кору ҳаракоти гуногуни намоз ба онҳо ишора дорад, муфассалтар диданд. Аз ҷумла: