Масъалаи Шашум

МАСЪАЛАИ ШАШУМ

Ишораи мухтасарест ба бурҳоне аз ҳазорон бурҳонҳои куллӣ, дар бораи рукни имони ба Аллоҳ, ки дар бисёре аз қисмҳои Рисолаи Нур тафсил ва ҳуҷҷатҳои бешумори қатъии он омадааст.

Дар шаҳри Кастамону чанде аз талабаҳои мактаб, назди ман омада, гуфтанд: Холиқамонро ба мо муаррифӣ кун, муаллимонамон дар бораи Аллоҳ чизе намегуянд.

Ман гуфтам: Ҳар фанне, ки таҳсил мекунед бо забони хосси худ ҳамеша аз Худованд баҳс мекунад ва Офаридагорро мешиносонад. Ба сухани он фаннҳо гӯш андозед на ба муаллимон.

Масалан: Дар дорухона, дар ҳар қуттие, ки маъҷунҳо ва тарёкҳои ҳаётбахшест, ки бо як андозаи ҳассосу фавқулода, ҳосил гардидааст; ин амр аз вуҷуди дорусозии ҳаким, кимёгар ва бисёр моҳир, хабар медиҳад.

Ба ҳамин тартиб, маъҷунҳо ва тарёкҳои ҳаётбахш, дар бастаҳои чорсад ҳазор навъи набототу ҳайвонот, дар дорухонаи кураи замин вуҷуд дорад, ки вақте онро бо миқёси фанни тибби қобили қабул ва нисбат ба дорухонаҳо месанҷем, мебинем то чи андоза бузургтар ва комилтар аст. Ин амри дорусозии дорухонаи бузурги кураи замин, яъне Ҳакими Зулҷалолро ҳатто ба нобиноён ҳам ошкоро нишон дода ва муаррифӣ мекунад.

Ҳам масалан: Ҳамон тавре, ки корхонаи бузург ҳазорон навъи матоъро аз моддаи сода, истеҳсол мекунад ва бешубҳа бар вуҷуди корхонадор ва муҳандиси моҳир далолат дорад, дастгоҳи Раббонии сайёри кураи замин номида мешавад.

Инчунин кураи арз, дорои садҳо ҳазор бахш аст, ки дар саросари ҳар кадоми аз онҳо садҳо ҳазор корхонаи комил вуҷуд дорад. Ба ҳамон нисбат ки аз корхонаи инсон, бузургтару комилтар аст. Дар муқоиса бо фанни техника, ки таҳсил кардаам аз устод ва соҳиби кураи замин хабар медиҳад ва ӯро муаррифӣ карда ва мешиносонад.

Боз ҳам мисол: Дӯконҳо ва анборҳое, ки дар онҳо ҳазору як навъ ризқу рӯзӣ, аз атроф фароҳам омада ва ба шакли интизомона дар онҳо ҷой дода шудааст, бешубҳа  бар вуҷуди маъмури фавқулодаи ризқу рӯзиҳо, ва соҳибу мудири он, далолат дорад.

Ин анбори Раббонии маводи ғиззоӣ ва ин сафинаи субҳоние, ки кураи замин номида мешавад, дар як сол дар доираи бисту чор ҳазор сола, мунтазамона дар ҳоли чархиш аст ва сад ҳазор тоифаеро, ки ҳар кадом ниёзманди ризқу рӯзии ҷудогона мебошад, дар худ ҷой додааст ва бо чархиданаш, фаслҳоро падид меорад ва баҳорро чун вагони бузург, пур аз ҳазорон таоми гуногун мекунад ва назди зиҳаётони бечорае меорад ки ризқҳояшон дар зимистон ба поён расидааст. Ин дӯкон ва анбори Раббонӣ, бо авоъу ақсоми ҷиҳозот ва амволу бастаҳои кансервамонанд, ба ҳамон нисбат ки аз корхонаи мазкур бузургтар аст, бо миқёси фанни тағзия, ки хондаем ва ё мехонем, ба ҳамон дараҷа ва бо ҳамон қотиият, бар соҳиби мутасаррифу мудаббири кураи замин далолат дорад. Ӯро мешиносонад ва боис мешавад ӯро дӯст бидоранд.

Артишеро тасаввур кунед, ки чорсад ҳазор гурӯҳ дорад ва фармондеҳи он, ба шакли мӯъҷизавор, ризқҳои мавриди ниёзи ҳар гурӯҳ, силоҳу либоси мавриди ниёз, омӯзишу тархиси онҳоро комилан дақиқ ва ҷудогона, таъмин мекунад. Яъне ба танҳоӣ, анвоъу ақсоми ризқҳо, силоҳ, либос ва васоили мавриди ниёзи ҳар яке аз гурӯҳҳоро бефаромӯшию дучори ҳайрат, дар ихтиёрашон мегузорад. Бешубҳа, чунин артишу гарнизон, бар як фармондеҳи фавқулода далолат дорад ва боис мешавад дигарон бо тақдир, ӯро дӯст доранд.

Дуруст ба ҳамон тартиб, дар лашкари нави субҳоние, ки сарбозонаш дар ҳар баҳор, дар урдугоҳи рӯйи замин аз нав ба кор гирифта мешаванд, фармондеҳи бузург ва воҳидеро тасаввур кунед, ки анвоъу ақсоми либос, ғизо, силоҳ, таълиму тархиси чорсад ҳазор навъи набототу ҳайвонотро бо комилтарин шакл ва бо назму тартиб, як ба як, бе он ки яке аз онҳоро фаромӯш кунад ё дучори саргардонӣ шавад, таъмин мекунад. Урдугоҳи баҳори кураи замин ба ҳамон нисбат, ки бузургтар ва комилтар аз артиш ва урдугоҳи инсонист ва ба миқёси фанни низомӣ, ки шумо таҳсил хоҳед намуд, Парвардигору Мудаббир ва Қумандони Ақдаси кураи заминро бо ҳайрату тақдис ба инсонҳои дақиқ ва хирадманди ҳаким, муаррифӣ мекунад, ва боис мешавад, бо таҳмиду тақдис, дӯсташ доранд.

Шаҳри фавқулодаи зеборо тасаввур кунед, ки дар он миллионҳо чароғҳои барқӣ метавонанд ҳаракат карда ва ба ҳар тараф бираванд; маводи равшании чароғҳо таврест, ки гуё тамом намешавад, чароғҳо ва корхонаҳои созандаи онҳо бешубҳа бар созандаву идоракунандаи он ва муассиси корхона ва касе, ки созандаи маводи шӯълаи онҳост, яъне ба барқкори моҳир ва устои мӯъҷизакор далолат дорад ва ӯро бо ҳайратҳову тақдирҳо ба дигарон мешиносонад ва боис мешавад ӯро дӯст дорад.

Ба ҳамин тартиб, дар шаҳри ин олам, теъдоде аз ситорагоне, ки чароғҳои боми ҷаҳон ҳастанд, тибқи назарияҳои дониши ситорашиносӣ, ҳазор бор бузургтар аз кураи арз ва ҳафтод баробар босуръаттар аз тири тӯп, ҳаракат мекунанд; бо ин ҳол низоми худро аз даст намедиҳанд, бо ҳам бархӯрд намекунанд, хомӯш намешаванд ва маводи шӯълаи онҳо тамом намешавад.

Тибқи назари илми нуҷум, барои бетаваққуфи дурахшиши хуршед, ки як миллион бузургтар аз замин аст ва  як миллион сол пештар аз замин умр дида ва дар меҳмонхонаи Раҳмонӣ чун чароғи фурӯзону гармобахш аст. Ҳар рӯз сӯзишворӣ ба андозаи дарёҳои кураи замин ва ба андозаи кӯҳҳояш зуғол, ё ҳазор баробари замин ҳезум лозим аст.

Дар шаҳри бошукӯҳи коинот ки чароғҳои барқии саройи дунё, бо шуоъҳои нурашон, қудрату салтанати лоязолро нишон медиҳанд, ки хуршед ва ситорагони бузурге ба мисли хуршедро, бе сузишворӣ дурахшон мекунад ва иҷоза намедиҳад хомӯш шаванд ва бо ҳам ва ба суръат мегардонад ва намегузорад бо ҳам бархӯрд кунанд. Чароғҳои дурахшони кохи ин дунё ва идораи амри онҳо то чӣ андоза аз мисоле, ки овардаем бузургтар ва комилтар аст? Ба ҳамон мизон ва бо миқёс дарсе, ки шумо дар фанни барқ хонда ё хоҳед хонд, Султони ин намоишгоҳи бузурге, ки коинот ном дорад ва равшан кунандаю мудаббиру сонеъи он ва ситорагони дурахшонашро гувоҳ гирифта, мешиносонад ва боис мешавад бо тасбеҳу тақдис, ӯро дӯст дошта, парастиш кунанд.

Боз масалан: Китоберо тасаввур кунед, ки дар ҳар сатраш китобе бо хати бисёр резу зариф навишта шуда бошад ва дар ҳар калимааш низ, бо хати бисёр рез, сурае аз Қуръон навишта шуда бошад, китоб ва маҷмӯаъи аҷиби бомаъно, ки ҳама масоили он тасдиқ кунандаи якдигар ҳастанд, аз маҳорат ва тавоноии комили котибу муаллифаш нишон дорад; ин китоб, бешубҳа ба равшании рӯз аз нависандаву мусаннифаш ва камолоту ҳунари ӯ ҳикоят дорад ва боис мешавад дигарон бо гуфтани Мошоаллоҳ ва Боракаллоҳ аз ӯ тақдир кунанд.

Дуруст, ба ҳамин тартиб, ин китоби кабири коинот, ки рӯйи замин, танҳо ба монанди як саҳифаи он аст, ва баҳор танҳо як шаклҳояш ба шумор меравад, дар баргирандаи сесад ҳазор навъи наботию ҳайвонӣ – ки ҳар як  дар ҳукми китоби ҷудогонаанд – бо ҳам ва дар даруни ҳам, бехатову иштибоҳ ва бе он ки дар ҳам бирезанд ва бе лағзиш, комилу мунтазаманд. Ва гоҳо дар маҷмӯъи коиноти бениҳоят маънодоре, ки дар ҳар калимааш ҳикматҳои фаровон ҳаст ва дар ин Қуръони Акбари муҷассами олам, бо чашмонамон мебинем, ки қалам, қасидаеро дар калимае монанди дарахт ва хулосаи комили аз китобро дар нуқтае чун дона навиштааст. Ин олам ба нисбати бузургию маъное, ки дар муқоиса бо китоби зикршуда дар мисоли боло дорад ва ба миқёси фанни ҳикмату-л ашё ва фанни қироат ва фанни китобат, ки дар донишгоҳ фаро мегиред, ва бо чашми тезбин, наққошу котиби китоби олами вуҷуд ва камолоти беҳадашро мешиносонад ва бо ибораи “Аллоҳу Акбар” муаррифӣ мекунад ва бо тақдиси “Субҳоналлоҳ” таъриф мекунад ва бо санои “Алҳамдулиллоҳ” боис мешавад ӯро дӯст доранд.

Дар муқоиса бо ин фанҳо, ҳар фанне аз садҳо фанни дигар, бо миқёси фарогир, оинаи хос, чашми тезбин ва назари ибратангези худ Холиқи Зулҷалоли ин коинотро бо номҳояш мешиносонад ва камолоташро муаррифӣ мекунад.

Ба он ҷавонон гуфтам: Барои тадриси ҳуҷҷати мазкур, ки бурҳони азиму дурахшон дар ваҳдоният мебошад, Қуръони мӯъҷизу-л баён бо такрор ба оятҳои зер, Холиқамонро ба мо муаррифӣ мекунад:

 خَلَقَ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضَ  ва  رَبُّ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ

Онҳо низ, ин матлабро бапуррагӣ пазируфта ва бо тасдиқ гуфтаанд: “Раббамонро бениҳоят шукр, ки дарси қудсию айни ҳақиқат гирифтем. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.” Ман ҳам гуфтам:

Инсон, мавҷуди зиҳаётест, ки бо ҳазорон навъи дард, аламовар мешавад ва бо ҳазорон навъи лаззат, муталаззиз. Ин мавҷуд бо вуҷуди бениҳоят аҷзаш, дӯшманони моддию маънавии бешумор дорад ва бо вуҷуди бениҳоят фақраш, ниёзҳои зоҳирию ботинии бешумор дорад. Махлуқи бечорае, ки доим дар маърази зарбаҳои заволу фироқ аст, ногаҳон бо имону убудият ва интисоб ба Подшоҳи Зулҷалол дар баробари тамоми дӯшманон, нуқтаи истинод ва барои баровардани ҳоҷоташ, нуқтаи истимдод меёбад. Ҳамчуноне, ки ҳар кас бо шарафу ифтихор ва мақоми касе, ки ба он  мансуб аст, эҳсоси фахр мекунад. Инсон низ, дар сурате, ки ба чунин Подшоҳи Қадиру Раҳим имон оварад ва худро ба ӯ интисоб намояд, бо убудияту бандагӣ ба хизматаш дарояд ва эъломи маргу нобудии аҷалро дар иртиботи бо худ барои раҳоию наҷот табдил намояд, то чи ҳад метавонад сипосгузорӣ кунад ва худро мадюн бидонад ва то чи ҳад метавонад ифтихори  ташаккуромез дошта бошад, қиёс кунед.

Ҳамон тавре, ки ба он ҷавонони мактаб гуфтам, ба зиндониёни мусибатзада низ мегуем: Касе, ки ӯро мешиносад ва ӯро итоат кунад, ҳатто агар дар зиндон ҳам бошад, хушбахту саодатманд аст. Фаромӯш кунандаи ӯ низ, ҳатто агар дар кохҳо ҳам бошад, зиндонию бадбахт аст.

Мазлуми саодатманд дар ҳоле, ки эъдом мешуд, ба золимони бадбахт мегуяд: “Ман эъдом намешавам, балки бо рухсат ба сӯйи саодат меравам. Ман бо дидани шумо ки маҳкум ба эъдоми абадӣ ҳастед, комилан аз шумо интиқом мегирам.” он гоҳ бо гуфтани لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ‌  бо шодӣ, рӯҳи худро таслим мекунад.

سُبْحَانَكَ لاَعِلْمَ لَنَۤا اِلاَّ مَاعَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

***

Масъалаи Панҷум

МАСЪАЛАИ ПАНҶУМ

Чуноне, ки дар “Раҳнамои Ҷавонон” тавзеҳ дода шудааст; даврони ҷавонӣ, бешубҳа сипарӣ мешавад. Бо ҳамон қатъияте, ки тобистон ҷойи худро ба тирамоҳу зимистон медиҳад ва рӯз табдил ба ғурубу шаб мешавад, ҷавонӣ низ, ба пирию марг мубаддал мегардад. Агар ҷавонии гузарову фонии худро дар роҳи иффату хубиҳо сипарӣ кунад, бар асоси башорати тамоми фармонҳои осмонӣ, ҷавонии абадӣ ба даст меорад.

Аммо агар ҷавониро бо сафоҳат бигузаронад, ҳар оқилу хирадманд бар асоси таҷруба тасдиқ мекунад; монанди қатле, ки барои як дақиқа хушунат, миллионҳо дақиқаи ҳабсро боис мешавад. Лаззатҳову сархушиҳои ҷавонон низ дар роҳи номашрӯъ, илова бар ҷазоҳои дунявӣ ва гуноҳҳону афсусҳое, ки реша дар масъулиятҳои охирату азоби қабр ва заволи он лаззат дорад, дар худи ҳамин лаззатҳо зиёдтар аз лаззат, ранҷу алам вуҷуд дорад.

Масалан: Дар муҳаббати номашрӯъ ба ҷинси мухолиф, лаззати ҷузъӣ бо оризаҳои фаровоне чун алами ҳасодату алами фироқ ва алами посух нагирифтан аз тарафи муқобил, ҳукми асали заҳролудро дорад. Ба сабаби бемориҳое, ки бо аъмоли номашрӯъи ҷавонӣ, падид меояд, равонаи бемористонҳо мешавад ва барои зиёдаравиҳояш ба зиндонҳо меафтад ва барои мушкилоте, ки аз ғизои нодуруст ва вазифаношиносии қалбу рӯҳ пайдо мешавад, ӯро дар майхонаҳо ва марказҳои айшу ишрат ё қабристонҳо ҷустуҷӯ бояд кард. Агар мехоҳӣ ин матлаб бароят собит шавад, ба бемористонҳову зиндонҳо ва майхонаҳову қабристонҳо рафта савол кун. Албатта бо доду фиғонҳо ва таассуфҳову гиряҳое мувоҷеҳ мешавӣ, ки аксарашон бар асари зарбаҳои муҷозотгунаи лаззатҳои номашрӯъ ва истифодаи нодурусти ҷавонон аз ҷавониашон пайдо шудааст.

Ҳамаи китобҳо ва фармонҳои самовӣ, дар саросари онҳо Қуръон бо оёти қатъӣ, хабару башорат додаанд, ки ҷавонӣ, агар дар масири  дуруст сипарӣ шавад, неъмати Илоҳии бисёр зебову дилнишин ва воситаи хайри неруманду таъсиргузор хоҳад буд ва дар охират, ҷавони бисёр дурахшону абадиро натиҷа медиҳад.

Модоме, ки ҳақиқат ин аст ва доираи ҳалол барои лаззат, басандааст; модоме, ки соати лаззат дар доираи ҳаром гоҳ боиси як сол ва гоҳ даҳ сол зиндон мешавад; албатта ба унвони сипосгузорӣ, дар муқобили неъмати ҷавонӣ лозим, балки алзам аст. неъмати дилнишини ҷавониро сарфи покдоманию дурустӣ кард.

Масъалаи Чаҳорум

МАСЪАЛАИ ЧОРУМ

Боз дар “Роҳнамои Ҷавонон” тавзеҳ додаам, замоне аз сӯйи бародароне, ки ба ман хизмат мекарданд савол шуд:

Панҷоҳ рӯз аст дар бораи ин ҷанги ҳавлноки ҷаҳоние, ки кураи заминро ба ҳарҷумарҷ кашонида, бо муққадароти Ислом низ иртибод дорад, чизе намепурсӣ, кунҷковӣ нишон намедиҳӣ. (имрӯз ҳафт сол аз он замон мегузарад.)[1] ин дар ҳолест ки иддае аз диндорону олимон, масҷиду ҷамоатро раҳо карда, ба шунидани (ахбору матолиби) радио мешитобанд, магар ҳодисаи бузургтар аз ин ҳам ҳаст? Ё мабодо, ба ин мавзӯъ пардохтан муносиб нест, ё зарарҳо дорад?

Дар ҷавоб гуфтам:

Сармояи умр бисёр андаку корҳои лозим, бисёр зиёд аст. Монанди доираҳои мутадохил, аз доираи қалбу меъдаи инсон, доираи пайкараву хонаи инсон, доираи маҳаллаву шаҳр, доираи ватану зодгоҳҳо ва доираи кураи замину навъи башар, то доираи зиҳаёту дунё, доираҳои дарун ба дарун, вуҷуд дорад. Ҳар инсон дар ҳар доира  вазифае дорад, аммо бузургтарину муҳимтарин ва доимитарин вазифа, дар хурдтарин доира қарор дорад. Низ мумкин аст хурдтарину гузаротарин вазифа гоҳо дар бузургтарин доира қарор дошта бошад. Ба ин қиёс, мумкин аст вазифаҳо нисбат бо бузургию хурдӣ баръакс бошанд.

Аммо доираи бузург ба сабаби ҷозибае, ки дорад мумкин аст боис шавад фард хизмати лозиму муҳимеро раҳо намуда, бо умури офоқии бемаъно машғул шавад ва сармояи зиндагониро дар ҷойи номуносиб ба ҳадар диҳад. Яъне умри боарзишашро бо умури беаҳамият ба фано диҳад. Касе, ки даргириҳои ин ҷангро бо кунҷковӣ пай мегирад, гоҳо ба лиҳози қалбӣ, тарафдорӣ аз як тараф мекунад ва ба таври табиъӣ,  зулму ситами он тарафро мусбат мебинад. Ба ин тартиб, мумкин аст шарики зулми ӯ шавад.

Ҷавоби нуктаи аввал ин аст: Барои ҳар кас, хусусан мусулмонон, чунон даъвою ҳодисае вуҷуд дорад, ки аз ин ҷанги ҷаҳонӣ, бузургтар ва аз ин даъвое, ки барои ҳукумат ба дунё барпо шуда муҳимтар мебошад; ҳар кас агар ба андозаи Олмону Ингилис қудрату сарват дошта бошад ва дар айни ҳол аз ақл низ бархӯрдор бошад, бешубҳа  онро сарфи муваффақияту пирӯзӣ дар ҳамон роҳ мекунад.

Аммо дар бораи он даъво, бояд гуфт: Садҳазор тан аз машҳурони инсонӣ ва ситорагону муршидони бешумори навъи башар, ба иттифоқу мустанад ба ҳазорон аҳду қарори соҳибу мутассарифи коинот, хабар доданд ва чанде аз онон низ, бо чашми худ дидаанд, ки ҳар кас дар муқобили имон бо даъвои ба даст овардан ё аз даст додани мулку мазрааи доимию боқӣ — ки дорои қасрҳову боғҳои ба андозаи рӯйи замин аст — мувоҷеҳ мебошад. Инсон агар тазкираи имонро ба дурустӣ таҳсил накунад, онро аз даст медиҳад. Дар ин замона бисёре аз мардум ба сабаби вабои моддият, шикаст мехӯранд. Дар ҷое, як нафари аҳли кашфу шуҳуд дар вақти сакароти (бархе аз инсонҳо) мушоҳида карда буд, аз чил мавриди даргузаштагон танҳо чанд нафар муваффақ будаанд, бақия ноком будаанд. Оё агар салтанати дунёро ҳам ба фарди бозанда бидиҳанд, ҷойи холии имони аз даст рафтаро пур мекунад?

Мо шогирдони Рисалои Нур муътақидем сарфи назар аз хизмате, ки боиси муваффақият дар роҳи касби имон мешавад ва раҳо кардани вакили забардасте, ки ба эҳтимоли навад (90) дар сад (100) монеъи шикаст дар он масир мегардад ва машғул шудан ба корҳои беҳудаи дунявӣ, бо тасаввури абадӣ будан дар дунё, кори комилан нохирадмандонааст. Аз ин ҷиҳат, агар ақлу хиради ҳар яки мо, сад баробар зиёдтар низ шавад, боз ҳам муътақидем бояд сарфи анҷоми ҳамин вазифаи имонӣ гардад.

Эй дӯстони нави ман дар мусибати зиндон! Шумо монанди дӯстони қадими ман, Рисолаи Нурро надидаед. Ман, онҳо ва ҳазорон шогирди дигари Рисолаи Нурро гувоҳ мегираму мегуям ва собит мекунаму собит кардаам, ки Рисолаи Нур вакили муваффақи ин роҳ аст, ки тавонист, то навад (90) дар сад (100) дар ин даъвои бузург муваффақиятро аз худ кунад ва тазкираву бароат ва гувоҳии онро, ки иборат аст аз “имони таҳқиқӣ” дар давоми бист сол, дар ихтиёри бист ҳазор нафар бигузорад; Рисолае, ки аз мӯъҷизаи маънавии Қуръони Ҳаким сарчашма мегирад, дар ин замона вакили дараҷаи яки ин роҳ ҳисобида мешавад.

Ҳаждаҳ (18) сол аст душманони ман моддапарастону бединон бо дасисаҳои бераҳмона, бар зидди ман, тавонистанд баъзе аз аркони ҳукуматро иғфол кунанд ва барои нобудии мо, ин бор низ монанди гузашта, моро зиндонӣ намоянд. Бо ин ҳол аз яксаду сӣ (130) қисми қалъаи пулодини Рисолаи Нур танҳо аз як-ду қисмат ишкол бигиранд. Гӯё касе, ки дар пайи интихоби вакил аст, Рисолаи Нурро дар ихтиёр дошта бошад басандааст.

Натарсед Рисолаи Нур манъ нахоҳад шуд. Рисолаҳои муҳими Нур ба истиснои 2-3 маврид, озодона дар миёни намояндагону масъулони аслии давлати ҷумҳурӣ даст  ба даст мешавад. Иншоаллоҳ, замоне фаро мерасад, ки мудирону маъмурони саодатманд, барои ин, ки зиндонҳоро ба маҳалле барои ислоҳи воқеъӣ табдил кунанд, Рисолаҳои Нурро  ҳамчун ғизову дармон дар байни зиндониён тавзеҳ мекунанд.

[1] Ҳошия: Матлаби дохили қавс, вобаста ба соли 1946 аст.

Масъалаи Сеюм

МАСЪАЛАИ СЕЮМ

Хулосаи ҳодисаи ибратангезе, ки тафсили он дар Роҳнамои Ҷавонон омада, чунин аст:

 Замоне, дар Иди Ҷумҳурият канори тирезаи ҳуҷраам дар зиндони Эскишаҳир нишаста будам, Духтарони донишҷӯ дар саҳни мактаби рӯ ба рӯ, рақсу ханда мекарданд. Дар он замон, вазъияти панҷоҳ сол баъди онҳо ҳамчун синамои маънавӣ, бар ман ошкор шуд. Дидам, чил – панҷоҳ тан аз он духтарони донишҷӯ, ки теъдодашон панҷоҳ ё шаст нафар буд, дар қабр хок шуда, азоб мекашанд. Даҳ нафар аз онҳоро дидам, ки ҳафтод ё ҳаштод сола, аммо бисёр зишт шудаанд. Зеро дар ҷавонӣ муроқиби иффати худ набудаанд аз нигоҳое, ки интизори муҳаббат доранд, нафрат мебинанд. Инҳоро қатъиян мушоҳида карда, ба ҳолу рӯзи раҳмоварашон гиристам. Теъдоде аз дӯстони зиндонӣ, садои гиряамро шунида, сабабашро пурсиданд, гуфтам: “Феълан маро ба ҳоли худ гузошта  равед.”

Бале, он чи дидам ҳақиқат буд на хаёл. Чуноне, ки пас аз тобистону тирамоҳ, навбати зимистон фаро мерасад, дар идомаи тобистони ҷавонию тирамоҳи солмандӣ низ, зимистони қабру барзах қарор дорад. Агар ба ҳамон шакле, ки ҳодисаҳои панҷоҳ сол пешро ба воситаи санъати синамо дар ин вақт ба намоиш мегузоранд, метавонистанд рӯйдодҳои панҷоҳ сол баъдро ҳам нишон диҳанду вазъияти панҷоҳ – шаст сол баъди аҳли залолату гумроҳонро дар пеши чашмонашон ба намоиш гузоранд, он гоҳ бо лаънату нафрат ба хандаҳову лаззатҳои номашрӯъашон мегиристанд.

Дар ҳоле, ки ман машғули мушоҳидаи мазкур дар зиндони Эскишаҳир будам, фарди маънавие, ки ривоҷдиҳандаи гумроҳию залолат буд, ҳам чун шайтони инсӣ дар муқобилам зоҳир шуду гуфт:

“Мо мехоҳем ҳама навъи лаззати ҳаётро бичашем ва ба дигарон бичашонем, ба мо дахолат накун.”

Ман ҳам дар ҷавоб гуфтум:

Модоме, ки маргро ба қиммати завқу лаззат, фаромӯш кардаӣ ва ба залолату гумроҳӣ пардохтаӣ, яқин бидон, ки мутобиқи ҳукми залолати ту, тамоми замони гузашта мурдаву нестист; мисли гӯристони тарснокест, ки дар дарунаш ҷанозаҳо пӯсидаанд. Ранҷу мусибатҳое, ки бар асари марги абадии дӯстони фаровону фироқҳои бешумор ба сабаби вобастагиҳои инсонию масири гумроҳӣ, ба сару қалбат –  агар намурдабошад — рехта лаззатҳои сармастонаву ҳақиратро аз байн мебарад. Ба ҳамин тартиб, замони ояндаро низ, ба сабаби  беэътиқодӣ,  бароят маъдуму торику мурда ва тарснок мекунанд. Зеро гардани бечораҳое, ки аз он ҷо вориди олами вуҷуду замони феълӣ мешаванд, бо чанги аҷал бурида ва ба олами нестӣ партофта мешавад. Ба сабаби гироиши ба ақл, нигарониҳои дардовари бешумореро бар вуҷуди беимонат таҳмил карда, лаззатҳои ҷузъиву сафиҳонаатро зеру забар мекунад.

Агар залолату сафоҳатро раҳо карда, вориди доираи имони ҳақиқию роҳи мустақим шавӣ, бо нури имон мебинӣ, ки замони сипаришуда, маъдуму чун гуристоне, ки ҳама чизро мепӯсонд, нест. балки олами нуронист, ки мавҷуд аст, табдил ба оянда мешавад. Ба монанди долонест, ки арвоҳи боқӣ барои вуруд ба қасри саодати оянда, дар он интизорӣ мекашанд; гузашта на танҳо ранҷовар нест, балки ба қуввати имон, як навъ аз лаззати маънавии биҳиштро дар дунё мечашонад. Оянда низ, на танҳо манзилгоҳи зулмониву ваҳшатнок нест, балки агар бо чашми имон нигоҳ кунем, кохҳои саодати абадиро мушоҳида мекунем, ки дар онҳо зиёфату намоишгоҳҳои эҳсони Раҳмони Раҳими Зулҷалоли ва-л икром барпо шудааст; Раҳмони Раҳиме, ки соҳиби караму раҳмати беҳадду канор буда, баҳору тобистонро ба монанди суфрае пур аз неъматҳои гуногун қарор додааст. Фарди мӯъмин бо завқу шуҳуди имонӣ, кӯшиши рафтан ба он ҷоро дар худ ҳис карда, ба нисбати имонаш, метавонад як навъе аз лаззатҳои олами боқиро эҳсос кунад. Пас лаззати ҳақиқию беранҷу алам, танҳо дар имон ва бо имон ҳосил мегардад.

Имон дар ин дунё ҳазорон фоидаву натиҷаро насиби инсон мекунад. Мо ба муносибати ин баҳс, танҳо як фоидаву лаззати имонро, ки дар қолаби тамсилӣ дар ҳошияи “Роҳнамои Ҷавонон” омадааст, ба шарҳи зер баён мекунем:

Фарз кунед фарзандон, — ки бисёр дӯсташон доред — дар ҳолати эҳтизор рӯ ба мавт аст, шумо бошед бо ноумедӣ ба фироқи аламовару ҳамешагии ӯ меандешед. Дар ҳамон ҳол, табибе чун ҳазрати Хизр ё Луқмони Ҳаким ворид мешаваду дармоне чун подзаҳр ба ӯ мехӯронад, фарзанди дӯстдоштаву азизи шумо чашм мекушояду аз марг наҷот меёбад, чӣ қадар хушҳол мешавед?

Ба ҳамин тартиб миллионҳо инсони маҳбубро, ки монанди фарзанди шумо маҳбуб ҳастанд дар гӯристони замони гузашта – дар назари ту – пӯсида ва нест шудаанд; ногаҳон ба воситаи ҳақиқати имон, нуронияте аз даричаи қалб ба сӯйи гӯристоние, ки бар асари ваҳм, гумон меравад нестхонаи бузург аст, тобида мешавад. Тамоми мурдаҳо зинда мешаванду бо забони ҳол ба шумо мегуянд: “Мо намурдаем, ва нахоҳем мурд, мо дубора бо шумо дидор хоҳем кард.” шумо баҳраву лаззати зиёд мебаред. Имон бо додани чунин лаззатҳо дар ин дунё исбот мекунад, ки ҳақиқати имон ҳамчун донаест, ки агар он  таҷассум шавад, як биҳишти хос аз он ҳосил мешавад ва шаҷараи тубои он мегардад. Инҳоро ба ҳамон касе, ки ривоҷдиҳандаи гумроҳӣ буд гуфтам.

Ӯ ки аҳли инод буд гуфт: “Хадди ақал барои инки монанди ҳайвон ҳаётамонро бо кайфу лаззат сипарӣ кунем; ба сармастию сархушӣ пардохта, ба ин масоили зариф намеандешем.”

Дар ҷавоб гуфтам: “Ту наметавонӣ монанди ҳайвон бошӣ. Зеро ҳайвон гузаштаву оянда надорад, на аз гузашта пушаймон мешавад ва на нигарони ояндааст. Лаззаташро бапуррагӣ мегирад, осуда зиндагӣ мекунад, мехобаду шукри холиқашро мегуяд. Ҳатто ҳайвоне, ки барои забҳ, ба замин хобонида мешавад, чизе эҳсос намекунад. Фақат ҳангоме, ки корд гулӯяшро мебурад, кӯшиш мекунад то ҳис кунад, он эҳсос ҳам тай мешавад ва ҳайвон бошад аз он дард ҳам халос мешавад.” Яке аз раҳматҳову меҳрубониҳои бузурги Илоҳӣ ҳамин аст, ки иҷозат намедиҳад касе аз ғайб огоҳ бошад. Низ, ӯ он чиро бар сари инсон меояд, мепӯшонаду пинҳон мекунад. Махсусан ин қазия дар мавриди ҳайвоноти бегуноҳ ба шакли комилтар вуҷуд дорад. Лекин эй инсон! Гузаштаву ояндаи ту, ба хотири доштани ақл бо хуруҷ аз олами ғайб сабаб мешавад аз истироҳате, ки реша дар сатри ғайб дорад, тамоман маҳрум шавӣ. Пушаймониҳои вобаста ба гузаштааст, фироқҳои аламовар ва тарсҳову нигарониҳои вобаста ба оянда лаззатҳои ҷузъии туро ба мартабаи сифр поин меорад ва аз лиҳози лаззат, туро сад баробар зиёдтар аз ҳайвон ба суқут мекашонад.

Модоме, ки ҳақиқат ин аст ё даст аз ақл бишуйю ҳайвон шав то наҷот пайдо кунӣ, ё ақлатро бо имон биомӯзу гӯш ба Қуръон бидеҳ, ҳатто дар ин дунёи фонӣ лаззатҳои сад баробар бештар аз ҳайвон ба даст ор! Ин матлабҳоро ба ӯ гуфтам ва ба сукут маҷбураш кардам.

Боз ҳам он гумроҳ, рӯ ба ман карду гуфт:

“Лоақал монанди бединони аҷнабӣ зиндагӣ мекунем.”

Ҷавоб додам: Ту монанди бединони аҷнабӣ низ, шуда наметавонӣ. Зеро онҳо агар паёмбареро инкор мекунанд, ба пайёмбарони дигар имон доранд. Ҳатто агар ҳеҷ паёмбареро ҳам қабул надошта бошанд, Аллоҳро бовар доранд. Агар инро низ қабул надошта  бошанд, мумкин аст ахлоқҳое дошта бошанд, ки мадори камолоташон қарор гирад. Аммо агар мусулмоне Паёмбари охируззамон алайҳиссалоту вассаломро, ки хотими русулу бузургтарини онҳост ва дину даъваташ ом аст инкор кунад, ва аз доираи табаъияташ хориҷ гардад, ҳеҷ паёмбари дигар, ҳатто Аллоҳро қабул нахоҳад дошт. Зеро ҳамаи паёмбарон, Аллоҳ ва камолотро ба воситаи ӯ пазируфтааст, ва инҳо бидуни ӯ (хотамул анбиё) дар қалби ӯ боқӣ намемонанд. Бояд гуфт, ки аз гузашта то кунун, соҳибони ҳар дин вориди ислом шудаанд, аммо ҳеҷ мусулмоне наметавонад ба таври ҳақиқӣ, як яҳудӣ ё маҷусӣ ё насронӣ шавад. Албатта мумкин аст бедин шавад, ахлоқаш фосид гардада, табдил ба унсури музир, барои ватану миллат шавад. Инро барояш собит кардам ва ҳеҷ дастовезе барои шахси мутамарриду саркаш, боқӣ  намонад. Аз ин рӯ, бархосту ба ҷаҳаннам рафт.

Инак эй ҳамдарсони ман дар ин мадрасаи Юсуфия! Модоме, ки ҳақиқат чунин аст, ки гуфта шуд, Рисолаи Нур 20 сол инҷониб, онро қатъию ошкор хуршед барин, исбот менамояд ва саркашии мутамарридону муонидонро дар ҳам шикаста, ононро вориди имон мекунад. Мо ба унвони касоне, ки аз имону сироти мустақим ба унвони солимтарину осонтарин ва нофеътарин масир барои оянда ба охират ва ватану миллатамон пайравӣ мекунем. Бояд вақти фароғати худро ба ҷойи ин, ки сарфи хаёлоти беҳуда кунем, ба хондани сураҳои Қуръон бипардозем, ки бо он ошноӣ дорем, ва маъноҳои оятҳои мазкурро аз дӯстоне, ки дар ин замина огоҳӣ доранд, фаро гирифта ва намозҳои воҷиби қазо шудаамонро ба ҷо орем ва бо истифода аз хислатҳои неки якдигар, ин зиндонро  барои парвариши ниҳолҳои хуштинат, ба бӯстони муборак табдил диҳем; бо чунин аъмоли солиҳа, бояд бикӯшем мудиру масъулони зиндонро ба ҷойи инки чун маъмурони азоби ҷаҳаннам бар сари ҷинояткорону қотилон бошанд, маъмурону устодони дурусткор ва роҳнамоёни меҳрубоне кунем, ки дар мадрасаи Юсуфия биҳиштиёнро тарбия мекунанд ва худро муваззаф ба назорати тарбияи онон медонанд.

Хулосаи Масъалаи Дуюм

ХУЛОСАИ МАСЪАЛАИ ДУЮМ

Ҳамон тавре, ки дар бахши Раҳнамои Ҷавонони Рисолаи Нур ба хубӣ тавзеҳ дода шуд, марг чунон қатъию ошкор аст, ки ба монанди шаб шудани рӯз ва фарорасидани зимистон пас аз тирамоҳ, яқинан ба ӯ мувоҷеҳ хоҳем шуд. Ҳамчуноне, ки ин зиндон барои воридшавандагон ва хориҷшавандагон, монанди мусофирхонаест, рӯйи замин низ, руботест барои қофилаҳое, ки бо шитоб дар ҳаракатанд то шабе дар он таваққуф кунанду фардо ба ҳаракаташон идома диҳанд. Марге, ки сокинони ҳар шаҳрро борҳо ба гӯристон равона кардааст, бешубҳа аз ҳаёт хостаи зиёде дорад. Рисолаи Нур муаммои ин ҳақиқати даҳшатнокро ҳал намуда ва кашф кардааст, ки хулосаи кӯтоҳи он, чунин аст:

Модоме, ки марг аз миён намеравад ва дарвозаи гӯр баста намешавад; бузургтарин масъала ва нигаронии аслии инсон ёфтани чора барои наҷот аз дасти ҷаллоди аҷал ва ҳуҷраи инфиродии қабр аст. Бале, ин мавзӯъ чора дорад. Рисолаи Нур бо сирри Қуръон, онро ҳамчун ду зарби ду баробари чор, қотиона исбот кардааст, ки хулосаи он чунин аст:

Марг ё эъдоми абадист; яъне чӯбаи дорест, ки фардро бо хешовандону дӯстонаш аз байн мебарад; ва ё варақаи рухсатист барои убур ба олами дигаре, ки боқист ва санади имонӣ барои вуруд ба сарои саодат ва хушбахтӣ.

Қабр низ ё ҳуҷраи инфиродии торик ва чоҳи беинтиҳост ва ё убургоҳест, ки моро аз маҳбаси дунё ба сӯйи меҳмонсаро ва гулистони нуронию ҷовидона мерасонад. Ин ҳақиқат дар “Роҳнамои Ҷавонон” бо тамсил, исбот шудааст.

Масалан: Дар ҳаёти ин зиндон, чӯбаҳои эъдомӣ, барои ба дор овехтан қарор додаанд ва пушти девор, маросими қуръакашии бузурге ҳаст, ки ҳама оламиён дар он иштирок доранд. Иштирок накардани мо панҷсад нафаре, ки дар ин зиндон ҳастем беистисно номумкин аст. Ҳамаи моро як ба як, ба майдон хоҳанд бурд. Мумкин аст бигуянд: “Биё, гувоҳи нобудиатро бигиру болои чорпоя бирав” ё “тазкираи ҳабси инфиродии ҳамешагиро бигиру аз ин даре, ки кушодааст убур кун” шояд бигуянд: “Мужда! Чиптаи бахтозмоият барандаи миллионҳо сиккаи тилло шудааст, биёву онро гир!” Мо ба чашми худ мебинем, ки ҳама ба навбат ба сӯйи дор мераванд. Гурӯҳе эъдом мешаванд; гурӯҳи дигар чӯбаи дорро нардбон мекунанду худро ба паси девор, ҳамон ҷо ки маросими бахтозмоист мерасонанд. Инро маъмурони ҷиддӣ, қатъӣ ва яқинан ба мо мегуянд, гӯё худ шоҳиди он будаем. Дар ҳамин асно, ду ҳайъат вориди ҳабсхонаи мо мешавад.

Қофилае, ки созу шаробу шириниҳо, бо бақлаваҳои зоҳиран лазиз дар даст доранд, кӯшиш мекунанд аз онҳо бамо низ бихӯронанд. Аммо хӯрокҳояшон заҳролуд аст, шаётини инсӣ онҳоро заҳролуд карданд.

Ҷамоат ва ҳайати дуюм, тарбиянома ва ғизоҳои ҳалол, нӯшокиҳои дилнишин дар даст доранд, ба мо ҳадия мекунанд, ҳама ба иттифоқ ва хеле ҷиддӣ мегуянд: “Агар ҳадияҳои гурӯҳи аввалро – ки ба манзури имтиҳон ба шумо пешниҳод шуда, қабул кунеду бихӯред, шумо низ монанди касоне, ки мебинед болои дор мераванд, ба дор овехта мешавед. Аммо агар ҳадияҳои моро, ки ба фармони ҳокими ин диёр бароятон овардаем бипазиред ва дуову зикрҳоеро, ки дар китобҳову тарбияномаҳоямон аст, бихонед, аз овехтани ба дор наҷот хоҳед ёфт. Бидонед ва ҳамчун рӯз бовар кунед, ки дар он маросими бахтозмоӣ, ба лутфу эҳсони шоҳонаи ҳар кадоматон барандаи як миллион сиккаи тилло хоҳед шуд. Агар он шириниҳои ҳарому шубҳанок ва заҳролудро бихӯред, пеш аз рафтан ба сӯйи чӯбаи дор низ, дард хоҳед кашид. Ин масъаларо фармонҳои мазкур ва мо яқинан ба шумо хабар медиҳем.”

Мутобиқи ин тамсил, дар паси чӯбаи дори аҷал, ки ҳамеша пеши чашмонамон аст, маросими бахтозмоии муқаддароти навъи башар вуҷуд дорад. Бешубҳа бояд дарёбем, ки дар ин маросим барои аҳли имону тоат (ба шарти ҳусни оқибат) чиптаи хазинаҳои ҷовидонаю бепоён, фароҳам хоҳад буд; ба эҳтимоли сад дар сад барои ононе, ки беэътиқод буда, машғули айшу нуши ҳарому гарданкашию фисқ будаанд (ба шарти тавба накардан) нестии ҳамешагӣ (барои ононе, ки муътақид ба охират нестанд)  ё ҳабси инфиродии торики абадӣ (барои ононе, ки бақои рӯҳро қабул доранд, аммо ба лаҳву бозӣ мепардозанд) фароҳам шудааст. Дар ибтидо инро яксаду бисту чаҳор ҳазор (124.000) пайғамбар (а.с.) ки нишонаи тасдиқ дар даст доранд ва мӯъҷизоти фаровон доштаанд, ба эҳтимоли наваду нӯҳ дар сад, хабар додаанду гуфтаанд, ки гурӯҳи охир, эълони шақовати абадиро мегиранд. Ба ҳамин тартиб зиёда аз яксаду бисту чаҳор (124.000) миллион валӣ (қаддасаллоҳу асрораҳум), ки дар пайи хабари пайғамбарон, сояву асари ононро бо кашфу завқ мушоҳида намуда, таъйиду тасдиқ кардаанд ва миллиардҳо муҳаққиқ[1] муҷтаҳид ва сиддиқе, ки омадаанду рафтаанд, хабари ин ду гурӯҳ аз номдорони башариро ба мададу ақл ва бо бурҳонҳои қатъию ҳуҷаттҳои қавӣ ва бо фикру мантиқ, яқинан ва бо имон, исботу тасдиқ намудаанд. Ба воситаи ин се гурӯҳи бузургу олии ҷомеаи башарӣ, ки чораҳои тобони навъи инсонанд, аҳли ҳақиқатанд ва ба монанди хуршеду моҳ ва ситорагон медурахшанд ва дар мавқеияти фармондеҳи қудсии башар қарор доранд, хабари мазкур ба иҷмоъу тавотур ба мо расидааст; ҳоло бубинем, вазъияти касеро, ки ба ин суханон таваҷҷӯҳ намекунад ва ба сироти мустақим, ки онон нишон медиҳанд ва рӯ ба сӯйи саодат дорад намеравад, ба эҳтимоли наваду нӯҳ дар сади хатар, таваҷҷӯҳе надорад; ҳамин фард дар ҳолати оддӣ, ҳатто агар як нафар бигуяд: Дар роҳе, ки меравӣ, хатар ҳаст, роҳи дигареро агар тӯлонӣ ҳам бошад  интихоб мекунад. Албатта ва албатта  вазъияти ӯ чунин аст:

Кӯтоҳтарин ва осонтарин роҳеро, ки  – мухбирони бешумор бо қотиияту яқин аз он хабар додаанд – ва сад дар сад ба биҳишту саодати абадӣ, интиҳо мешавад, раҳо карда, душвортарину дарозтарин ва бадтарин роҳеро, ки ба эҳтимоли навадунӯҳ дар сад ба маҳбаси ҷаҳаннаму шақовати доимӣ интиҳо мешавад, интихоб мекунад. Бечорае, ки дар дунё низ, кӯтоҳтарин роҳро бар асоси хабари эҳтимолан дуруғи фардӣ ва бо эҳтимоли як дар сади хатар, масалан хатари як моҳ ҳабс, ин роҳи кӯтоҳро раҳо карда, роҳи тӯлонитари беманфиатеро интихоб мекунад, таноҳо барои ин, ки бехатар аст; монанди девонаҳои сармаст ба аждаҳорҳое, ки дар дуриҳо дида мешаванд, беаҳамиятӣ карда ба сӯйи онҳо меравад, ва машғули пашшаҳо шуда, онҳоро муҳим медонад ва ақлу қалбу рӯҳу инсонияти худро аз даст медиҳад.

Модоме, ки ҳақиқати ҳол ин аст; мо зиндониён, барои гирифтани интиқоми пурра аз ин мусибат, бояд ҳадяҳои ҳайати дуюмро пазирем. Ҳамон тавре, ки лаззати як дақиқа интиқом ё чанд дақиқа ё чанд соати айшу нуш, боис шуд мо дучори ин мусибат шавем ва понздаҳ сол ё панҷ сол ё даҳ сол ё ду – се сол дар зиндон бимонему дунё бароямон зиндон шавад. Бояд дар зиддияту мухолифат бо ин мусибат як-ду соат аз замони ҳабсро табдил ба ибодати як-ду рӯза кунем ва муҷозоти ду – се солаи худро бо ҳадяҳои он қофилаи муборак, табдил ба умри бист – сӣ солаву доимӣ намоем ва даҳ ё бист сол ҳабсамонро василае қарор диҳем барои халосӣ аз миллионҳо сол ҳабс дар зиндони ҷаҳаннам. Дар баробари гиряи дунёи фонӣ, бояд бар лабони ҳаёти ухравиямон лабханд шинонем. Ба ин тартиб аз мусибате, ки гирифтораш шудаем интиқом бигирем. Бояд зиндонро ҷойе барои тарбияшудан бидонем ва барои ватану миллатамон афроди муфид,  мутмаину бо тарбия шавем. Маъмурону мудирон ва масъулони зиндон низ, касонеро ки гумон мекунанд ҷинояткору шақию қотилу табоҳкор ва музир барои ватан ҳастанд, бояд талабаҳое бубинанд, ки дар омӯзишгоҳи мубораке, машғули фаолиятанд ва бояд бо ифтихор  Худовандро шукр бигуянд.

[1] Ҳошия: Танҳо яке аз он муҳаққиқон, Рисолаи Нур аст. Бахшҳои гуногуни он, ки бист сол аст саркаштарин файласуфону мутамарридтарин зиндиқонро ба сукут во дошта дар миён аст, ҳама метавонанд онро бихонанд, касе ҳам эътироз намекунад.

Масъалаи Якум

МАСЪАЛАИ ЯКУМ

Чунон ки тавзеҳи матлаб дар Гуфтори Чордаҳум низ омадааст, Офаридагорамон сармояи зиндагонии бистучор соат шабонарӯзро ба мо эҳсон мекунад то ба кумаки он, ҳар чи барои ҳаёти дунявию ухравӣ лозим аст, таъмин гардад.

Тасаввур кунед агар мо бисту се соати шабонарӯзро сарфи ҳаёти дунявӣ – ки бисёр кӯтоҳ аст – кунем ва як соатро ки барои намозҳои фарз басандааст, сарфи ҳаёти ухравӣ – ки бисёр тулонист – накунем чи иштибоҳи хилофи ақлӣ кардаем, ки дар он сурат, ҳамчун мукофоти он хато, дучори фишорҳои қалбию рӯҳӣ хоҳем шуд. Ва бар асари чунин вазъ, ахлоқамонро аз даст медиҳем ва умрро бо ноумедӣ сипарӣ карда, бо ин тартиб ба ҷойи тарбият гирифтан, дар ҷиҳати акси он кӯшиш кардан; қиёс кунед, ки бо чунин вазъият, то чи дараҷа зарар мекунем.

Агар як соатро сарфи панҷ вақт намози фарз кунем, ҳар як соати ҳабсу мусибат, гоҳо баробари як рӯз ибодат мешавад. Як соати фонӣ, ҳукми соати боқиро мегирад. Афсурдагиҳои рӯҳию қалбӣ ва фишорҳо, то андозае аз байн мераванд ва зиндон барои ҳар ончи сабаби ҳабс шуда буд, кафора мешавад. Ва ҳадафи аслии зиндонишудан, ки тарбия аст, натиҷа медиҳад. Ин озмун ва дарси хубест, ки сабаби гуфтугӯи дилнишину оромбахш бо дӯстони мусибатзада мешавад.

Чуноне, ки дар Гуфтори Чорум баён гардид: Ҳазор нафар дар қуръакашии билетҳои бахтозмоӣ иштирок мекунанд, то масалан як нафар битавонад ҳазор сомонӣ, ба даст оварад. Онҳо ҳафт-ҳашт, даҳ сомонӣ аз бисту чаҳор сомонии худро харҷи қимори бахтозмоӣ мекунанд, аммо як сомонии аз он бистучор сомониро сарфи хариди билети хазинаи ҷавоҳироти абадӣ намекунанд. Ин дар ҳолест, ки эҳтимоли баранда шудани ҳазор сомонӣ дар қуръакашии бахтозмоӣ, як аз ҳазор аст, чаро ки ҳазор нафар дар ин амр саҳмдоранд. Аммо дар бахтозмоии муқаддароти ухравии башар, эҳтимоли фоида барои аҳли имон – ки аз ҳусни оқибат бархӯрдор мебошанд – нӯҳсаду наваду нӯҳ аз ҳазор аст. Инро яксаду бисту чор ҳазор пайғамбар хабар додаанд ва мухбирони содиқ аз авлиёву асфиёе, ки шумораашон аз ҳад берун аст, бо кашфу шуҳуд, тасдиқ кардаанд. Акнун бо ин нуктаҳои зикршуда, муқоиса кунед, рафтан ба сӯйи қуръакашии аз навъи аввал ва сар печидан аз мавриди дуюм, чи андоза бо маслиҳат носозгор аст.

Мудирони зиндон, зиндонбонон, балки коргарони умури кишвар ва нигоҳбонони осоиши миллат дар ин масъала мебоист аз ин дарси Рисолаи Нур розию хурсанд бошанд. Зеро бар асоси таҷрибаҳои бо такрор мушоҳида шудааст, ки идораву инзиботи ҳазор фарди диндоре, ки ҳамеша ба ёди маҳбаси чаҳаннам ҳастанд, осонтар аз расидагӣ ба умури даҳ фарди бенамоз ва беэътиқодест, ки танҳо ба ҳабси дунявӣ меандешанд ва аз ҳарому ҳалол чизе намедонанд. Низ, гоҳо ба рафторҳои бепарвоӣ, одат карданд.

*   *   *

Қисми Аввал (Рисолаи Самара)

ҚИСМИ ЯКУМИ

АСОИ МӮСО

Самарае аз Ҳабсхонаи Денизлӣ

 

Ин як матни мудофиавии аз “Рисолаи Нур” зидди зиндиқон ва куфри мутлақ мебошад. Мудофиаи ҳақиқии мо дар ин ҳабс инчунин аст. Чунки мо танҳо бо ин машғул мебошем.

Ин Рисола, самара ва хотирае аз ҳабсхонаи Денизлӣ  ва маҳсули ду рӯзи ҷумъа мебошад.

 

Саъид Нурсӣ

***

 

 

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

فَلَبِثَ فِى السِّجْنِ بِضْعَ سِنٖينَ

 Бар асоси ихбор ва сирри ояти мазкур Юсуф алайҳиссалом пири маҳбӯсон аст. Ва ҳабсхона як навъи мадрасаи Юсуфия башумор меравад. Модоме, ки бисёре аз шогирдони Рисолаи Нур дуюм бор аст, ба ин мадраса мераванд; албатта алоқаманд шудани Рисолаи Нур ва исбот кардани баъзе масоил ва хулосаҳои он, ин кушодани дарсхона барои тарбия кардан ва хондану ба пуррагӣ тарбия гирифтан лозим омад. Инак панҷ – шаштои аз ин хулосаҳоро баён мекунем.

Асои Мусо

سُبْحَانَهُ

Дар ин рӯзгори ғариб ҳамчуноне, ки аҳли имон ба «Рисолаи Нур» ва аҳли фанну муаллимони мактаб ба «Асои Мӯсо» бисёр ниёзманданд, қориёну олимон низ, бениҳоят мӯҳтоҷи «Зулфиқор»-анд[1].

Барои намуна, дар ҷойҳое, ки бештар оятҳои вобаста ба баҳси эъҷози Қуръон, маҳали эътироз ва мадори шубҳа будаанд, ламъаҳои эъҷозу нуктаҳои зебои Қуръон исбот гардидааст.

Ба номи умуми шогирдони Рисолаи Нур

Саъид Нурсӣ

***

بِاسْمِهِ سُبْحَانَهُ وَاِنْ مِنْ شَيْءٍ اِلاَّ يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ

اَلسَّلاَمُ عَلَيْكُمْ وَ رَحْمَةُ اللّٰهِ وَ بَرَكَاتُهُ اَبَدًا دَائِمًا

 

Бародарони содиқу азизам!

Модоме, ки густариши Рисолаи Нур ба тариқи таҷҳизоти электронӣ чоп мешавад, инак бисёре аз донишҷӯён ва устодони риштаҳои фалсафа ва ҳикмати ҷадид, ҷазби Рисолаи Нур мешаванд. Албатта лозим аст, ҳақиқате баён гардад.

Фалсафае, ки ҳамеша мавриди сарзаниши Рисолаи Нур буда ва зарбаи муҳкам аз он хурдааст, мутлақи фалсафа дар назар нест, балки қисми музирри он дар назар аст. Зеро бахше аз фалсафа, ки дар хизмати ҳаёти иҷтимоии инсонҳост ва барои ахлоқу тараққии санъатҳои башарӣ, муфид аст, ин гуна фалсафа бо Қуръон созгор мебошад. Ҳатто ходими ҳикмати Қуръонӣ мебошад ва ба он зиддият надорад. Рисолаи Нур низ, бо ин бахши аз фалсафа мухолиф нест.

Рисолаи Нур дар бисёр мавридҳо бо мизонҳои муҳкам ва муқоисаҳои бурҳонӣ бо баъзе аз фалсафа мухолифат мекунад, ки боиси гумроҳию илҳод ва суқут дар ботлоқи табиат мешавад ва сафоҳату лаҳву ғафлат ва залолатро натиҷа медиҳад. Бо дарсҳои сиҳргуна ба муқобили ҳақиқатҳои эъҷозомези Қуръон мепардозад. Рисолаи Нур ба ин бахши аз фалсафа, ки аз масир берун рафтааст, зарба мезанад ва ҳаргиз мутаарризи фалсафаи саҳеҳу фоиданок намегардад. Ба ҳамин иллат аст, ки донишҷӯён беэътироз, ба Рисолаи Нур мепайванданд ва бояд бипайванданд.

 

Аммо мунофиқони пинҳон, ҳамон тавре, ки қисме аз олимонро тамоман ноҳаққона ва бемаврид ба мухолифати Рисолаи Нур, ки моли ҳақиқии аҳли мадрасаву рӯҳониён аст, водоштаанд. Эҳтимолан дар пайи таҳрики ғурури илмии баъзе фалсафадонон омадаанд, то онҳоро низ бар зидди Рисолаи Нур тарғиб кунанд. Аз ин рӯ муносиб аст ин ҳақиқат дар ибтидои маҷмӯаҳои Асои Мӯсо ва Зулфиқор оварда шавад.

 

Саъид Нурсӣ

***

 

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ

Имом Алӣ (разияллоҳу анҳу) дар қасидаи “Ҷалҷалутия” наздик ба сароҳату қавӣ, аз Рисолаи Нур ва рисолаҳои муҳимми он ва теъдоду шуморааш, хабар додааст. Ин матлаб дар Партави Бисту ҳаштум Шуоъи Ҳаштум, комилан исбот шудааст. Имом Алӣ (разияллоҳу анҳу) дар қасидаи Ҷалҷалутия бо ибораи зер аз вопасини Рисолаи Нур хабар медиҳад:

 

 “وَ اسْمُ عَصَا مُوسٰى بِهِ الظُّلْمَةُ انْجَلَتْ”

 

Мо як-ду сол пеш гумон мекардем “Оят-ул Кубро” охирин рисолааст. Акнун бо тамоми нигориши куллиёти Рисолаи Нур дар соли “1948-и милодӣ” ва тааммул дар маънои иборати Алавӣ, ки аз рисолае хабар медиҳад, ки зулматро зоил хоҳад кард ва ҳамчун Асои Мӯсо (а.с.) рӯшноӣ мебахшад ва сиҳрҳоро ибтол менамояд. Аз тарафи дигар, чун қисме аз ин маҷмӯъа, ки “Самара” номида мешавад, дар ҳукми як дифоия зулматҳои золимонаву даҳшатангезро, ки бар сарамон ситам шуда буд, аз байн бурд. Бахши “Ҳуҷҷатҳо”-и он низ, торикию зулумоти фалсафии муқобили Рисолаи Нурро аз миён бардошт ва хирадмандону мутафаккирони Анқараро ба таслиму таҳсин водошт. Низ вуҷуди аломатҳои фаровоне, ки нишон медиҳад, дар оянда низ зулматҳоро аз байн хоҳад бурд. Ҳамчунин таваҷҷӯҳ ба ин матлабе, ки Асои Мӯсо (а.с.) дар як санг дувоздаҳ чашма ҷорӣ кард ва мадори ёздаҳ мӯъҷиза гардид, вопасини маҷмӯаи Рисолаи “Самара” низ, ба ҳамон тартиб, дар баргирандаи ёздаҳ масъалаи нуронӣ аст ва бахши “Ҳуҷҷатуллоҳи-л болиға”-и он, шомили ёздаҳ ҳуҷҷати қатъӣ аст, яқин кардем, ки Имом Алӣ разияллоҳу анҳ бо баёни ҷумлаи мазкур мустақиман маҷмӯаи Асои Мӯсоро дар назар дошта ва бо таҳсин аз он хабар медиҳад.

 

Саъид Нурсӣ

***

[1] Зулфиқор: Номи яке аз асарҳои Бадиуззамон аст, ки дар он, ба мӯъҷизаҳои Қуръон ва Ҳазрати Пайғамбар (с.а.в.) мепардозад. (М)

 

Гуфтори Сиву сеюм

 

Гуфтори Сиву сеюм

        Аз сию се панҷара иборат аст

        Аз як ҷиҳат мактуби сию севум ва аз ҷиҳати дигар гуфтори сию севум

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

سَنُرٖيهِمْ اٰيَاتِنَا فِى الْاٰفَاقِ وَفٖٓى اَنْفُسِهِمْ حَتّٰى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ اَنَّهُ الْحَقُّ اَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ اَنَّهُ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ شَهٖيدٌ

Савол: Ҷиҳати далолат олами асғар ва акбарро ки инсон ва коинот аст ба вуҷуб ва ваҳдонияти Илоҳӣ ва авсоф ва шууноти Раббоние, ки ин ду оят ҷамъи онро ифода мекунад, ба як сурати муҷмал ва кӯтоҳ, баёнҳои онҳоро мехоҳем. Чунки, мункирҳо хеле пеш рафтанд, то чӣ вақт وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ гуфта, дасти худро боло хоҳем кард мегуянд.

Ҷавоб: Тамоми сиву се адад Гуфторҳое ки навишта шудааст, аз баҳри ҳақиқате ки аз он оят файз гирифтааст, сиву се қатра мебошад. Ба онҳо нигоҳ кунед, ҷавоби худро гирифта хоҳед тавонист. Ҳоло танҳо ба рашҳаҳои як қатраи он баҳра аз навъи ишорат ингуна мегуем ки:

Масалан: Чунки як зоти муъҷизанамо, бихоҳад ки як қасри бузургеро бисозад, аввалан бунёдҳояшро, асосҳояшро, мунтазамона вазъ хоҳад кард. Ва ба як тирезае ки ба натиҷаҳо ва мақсадҳое ки дар он мувофиқи он бошад, тартиб хоҳад кард. Баъдан ба манзилҳо ва қисмҳо ба маҳорати тафриқ ва тафсил мекунад. Баъдан он манзилҳоро тартиб ва танзим мекунад. Баъдан бо нақшаҳо танзин мекунад. Баъдан бо чароғҳои барқӣ танвир мекунад. Баъдан дар он қасри мӯҳташам ва бо зиннат барои таҷдид намудани маҳорати худ, эҳсоноти худ, дар ҳар як табақа тоза – тоза, нав – нав эҷодҳо, табдилҳо, таҳвилҳо мекунад. Баъдан дар ҳар манзил марбут ба мақоми худаш як телефон рабт карда як – як панҷара боз намуда аз ҳар яки мақоми ӯ дида мешавад.

Айнан монанди он: وَلِلّٰهِ الْمَثَلُ اْلاَعْلٰى Сонеъи Зулҷалол; Ҳокими Ҳаким, Адли Ҳаким ва бо ҳазор ва як Асмои Қудсӣ Фотири Бемисол, эҷоди ин олами акбарро ки коинот аст ва шаҷараи хилқат аст, ирода намуд, дар шаш рӯз эҳсосоти он қасрро, он шаҷараро бо дастурҳои ҳикмат ва қавонини илми азалӣ вазъ намуд, баъдан ба табақот ва шохаҳои улвӣ ва суфлӣ ҷудо намуда, бо дастурҳои қазо ва қадр тафсил ва тасвир намуд. Баъдан ҳар тоифа ва ҳар табақа ҳар махлуқотро бо дастури сунъӣ ва иноят танзим намуд. Баъдан ҳар чизро, ҳар оламро, лоиқ ба тарзи худаш, масалан: Чунонки саморо (осмонро) бо ситораҳо, заминро бо гулҳо ва шукуфаҳо тазйин намуд, бо зиннат намуд ва тазйин намуд. Баъдан дар он майдонҳои қавотини кулли ва дасотири умумӣ, асмои худро таҷалли кунонида танвир намуд. Баъдан ба фардҳои ки яке аз тазйиқи ин қонуни кулли фарёд намудаанд, номҳои Раҳмони Раҳими худро ба як сурати хусусӣ ба имдодашон расонид. Пас, дар дохили он дастурҳои куллӣ ва умумӣ; эҳсоноти хусусӣ, имдодҳои хусусӣ ва ҷилваҳои хусусӣ ӯ ҳаст, ки ҳар чиз ҳар вақт, ба хотири ҳар ҳоҷати худ аз ӯ истимдод мекунад, ба ӯ нигоҳ карда метавонад баъдан аз ҳар манзил, аз ҳар табақа, аз ҳар олам, аз ҳар тоифа, аз ҳар чиз, барои нишон додани худ яъне барои фаҳмондани вуҷуди худ ва ваҳдати худ, панҷараҳо боз намудааст.

Ҳоло аз ин панҷараҳоӣ беҳад ва албатта аз ҳадди худ боло ба баҳсу ташабус намекунем. Онҳоро ба илми муҳити Илоҳӣ ҳавола намуд, танҳо “Сиву се Панҷара” ки ламъаҳое аз ояти Қуръон аст, Гуфтори Сиву сеюми Мактуби Сиву сеюм, ки ба сиву се адади тасбеҳоти баъди намоз мувофиқ мебошад, ба “Сиву се Панҷара ба як сурати иҷмолӣ ва мухтасар, ишорат намуда, эзоҳӣ онҳоро ба соир Гуфторҳо хавола мекунем…

 

Панҷараи Якум

Билмушоҳида мебенем, ки тамоми ашё, хусусан онҳо яке зиҳаётанд, хеле зиёд ҳоҷати мухталиф ва хеле зиёд матолиби (талабҳои) мутанаввиъ (гуногун) доранд. Он матолибҳояшон, он хоҷатҳояшон аз ҷое ки ҳеҷ умед карда намешуд ва аз ҷое ки ҳеҷ намедонанд ва аз ҷое ки ба он дасташон намерасад, дар як вақти муносиб ва лоиқ ба онҳо дода мешавад,  ба имдодашон расонида мешавад. Дар ҳоле, ки ба он мақсадҳои беҳадашон ба хурдтарини он, қудрати он мӯҳтоҷҳо нахоҳад расид, дасташон ба онҳо нахоҳад расид. Ту ба худ нигоҳ кун: Монанди хоссаҳои (ҳиссаҳои) зоҳирӣ ва ботинӣ ва монанди лавозимоти онҳо ба чӣ қадар чизҳое ки дастат ба онҳо намерасад мӯҳтоҷ ҳастӣ. Тамоми зиҳаётҳоро ба худ қиёс кун. Инак тамоми онҳо, чунон ки як–як ба вуҷуди Воҷиб-ул Вуҷуди шаҳодат ва ба ваҳдати Ӯ ишорат мекунанд; бо ҳайати маҷмӯи худ, чунон ки зиёи (равшанӣ) офтобро нишон медиҳад; он ҳол ва ин кайфият, дар ақиби пардаи ғайб як Воҷиб-ул Вуҷудро, як Воҳиди Аҳадро, дар дохили унвонҳои ҳам хеле Карим, Раҳим, Мураббӣ, Мудаббир ба ақл нишон медиҳад.

Ҳоло эй мункири ҷоҳил ва эй фосиқи ғофил! Ин фаолияти  ҳакимона, басирона, раҳимонаро бо чӣ эзоҳ карда хоҳӣ тавонист? Оё бо табиати кар? Оё қуввати кӯр? Оё бо тасодуффи сарсам? Оё бо асбоби аҷз ва ҷомид эзоҳ карда хоҳӣ тавонист?

 

Панҷараи Дуюм

Ашё, дар вуҷуд ва ташаххусоти худ, (шакл гирифтан, чигунагӣ) дар дохили бениҳоят роҳҳои имконот, мутарадид, мутаҳаййир, дар як суратие ки бидуни шакли қарор дорад, якбора хеле мунтазам, ҳакимона онгуна як ташаххуси ҷиҳате дода мешавад ки; масалан дар рӯйи ҳар як инсон, аз тамоми ибнои ҷинси худ ба муқобили ҳар яке як – як аломати фориқа дар он рӯйи хурд чунонки дида мешавад… ва бо ҷиҳати ҳиссаҳои зоҳирӣ ва ботини ки бо камоли ҳикмат ташаххус (муайян) карда шудааст, он рӯйи, як сиккаи хеле дурахшони аҳадиёт буданро исбот мекунад. Чунон ки ҳар як рӯй, рӯйи  бо садҳо ҷиҳат ба вуҷуди Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ваҳдати Ӯ ишорат мекунанд, он сиккае ки бо ҳайати маҷмӯи тамоми равияҳо изҳор карда шудааст, як хотами махсуси Холиқӣ тамоми ашё буданро ба чашми ақл нишон медиҳад.

Эй мункир! Ин сиккаҳо ки бо ҳеҷ як ҷиҳат қобили тақлид намебошад ва сиккаи дурахшони Самадоните ки дар маҷмӯи онҳо мавҷуд мебошад, ба кадом дастгоҳ ҳавола карда хоҳӣ тавонист?

 

Панҷараи Севум

Дар рӯйи замин аз ҷаҳорсад ҳазор мухталиф тоифа(1) ибрат аз тамоми орзуи анвои ҳайвонот ва набототе ки, билмушоҳида ризқҳояшон, суратҳояшон, силоҳҳояшон, либосҳояшон, таълимоташон, тархисоташон ҷудо – ҷудо бо камоли мизон ва интизом, ба як сурате ки ҳеҷ як чиз бидуни фаромӯш шудан, ҳеҷ яки онҳоро бидуни иштибоҳ кардан тадбир ва тарбия намудан онгуна як сикка аст, ки ҳеҷ як шубҳа қабул намекунад. Монанди офтоби дурахшон як сиккаи Воҳиди Аҳад мебошад. Ба ҷуз аз он ки соҳиби як қудрати беҳад ва як илми муҳит ва як ҳикмати бениҳоят, ҳадде ки ҳаст ба ин идора, ки беҳад дараҷа хориқа ҳаст мудохила кунад? Чунки ин анвоъҳову миллатҳо, ки дар дохили якдигар гирифта шудаанд, умуми инҳоро якбора идора ва тарбия накунонда, аз онҳо ба яке он мудохила кунад, албатта ба ҳам хоҳад зад. Дар ҳоле ки: бо сирри فَارْجِعِ الْبَصَرَ هَلْ تَرٰى مِنْ فُطُورٍ  ҳеҷ як аломати дар ҳам ва барҳамӣ ва бе назмӣ ва бе тартибӣ вуҷуди худ надорад. Пас маълум мешавад, ки ҳеҷ як ангушт мудохила карда наметовонад.

(1) Ҳатто, аз он тоифаҳо як қисм он ҳаст ки; афроди он тоифа ки дар як сол ба вуҷуд меояд, аз замони Одам (а.с.) то ба қиёмат, аз тамоми афроди инсонҳо яке ба вуҷуд меоянд, зиёдтар ҳастанд.

Панҷара Чаҳорум

Муқобилияти дуоҳое, ки аз тарафи тамоми тухмиҳо ба лисони истеъдод ва аз тарафи тамоми ҳайвоноте, ки бо лисони эҳтиёҷи фитрӣ ва аз тарафи музтарҳое, ки бо лисони изтирор дуо шудааст мебошад.

Инак, билмушоҳида қабул ва иҷобати ин дуоҳои бениҳоят, чунонки ҳар яки ба вуҷуб ва ваҳдат, шаҳодат ва ишорат мекунад, маҷмӯъи он, ба як миқёси бузурге билбадаҳа ба як Холиқи Раҳим ва Карим ва Муҷиб далолат мекунад ва нишон медиҳад.

Панҷараи Панҷум

Мебинем ки ашё, хусусан онҳое ки зиҳаёт ҳастанд, ба намуди дафъа дар як замони ногаҳонӣ ба вуҷуд меоянд. Дар ҳол, чизҳое  ки ба як сурати дафъаи ногаҳонӣ  аз як моддаи  басит  мебарояд ва дар ҳоле ки хеле басит, бе шакл, бе санъат буданашон лозим аст; дар як ҳусни санъате, ки ба бисёр маҳорат мӯҳтоҷ бо нақшаҳои мунққашӣ эҳтимодкорона, ки ба бисёр замон мӯҳтоҷ, бо санъатҳои аҷиб ва музмин ба бисёр олот мӯҳтоҷ, ба як сурате ки ба бисёр моддаҳо мӯҳтоҷ офарида мешаванд.

Ингуна ин санъати хориқа ва ҳайати зебое, ки ба сурати дафъа ва ногаҳонӣ вуҷуд меоянд, чунонки ҳар яке ба вуҷуби вуҷудӣ як Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ба ваҳдати рубубияти ӯ ишорат мекунад, маҷмӯъи он ба як тарзи хеле дурахшон, як Воҷиб-ул Вуҷуди бениҳоят Қадир, ва бениҳоят Ҳакимро нишон медиҳам.

Ҳоло, эй мункири сарсам! Зуд бош, инро бо чи эзоҳ хоҳӣ кард? Оё бо табиате ки монанди ту сарсам, аҷз, ҷоҳил аст бо он? Ва ё инки оё беҳад дараҷа хато намуда ба он сонеъи муқаддас исми табиатро дода, муҷизоти қудрати ӯро бо баҳонаи он исм монанд, ба табиат иснод карда ҳазор дараҷа муҳолро якбора иртикоб кардан мехоҳӣ?

 

Панҷараи Шашум

اِنَّ فٖى خَلْقِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ وَاخْتِلَافِ الَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَالْفُلْكِ الَّتٖى تَجْرٖى فِى الْبَحْرِ بِمَا يَنْفَعُ النَّاسَ وَمَٓا اَنْزَلَ اللّٰهُ مِنَ السَّمَٓاءِ مِنْ مَٓاءٍ فَاَحْيَا بِهِ الْاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فٖيهَا مِنْ كُلِّ دَٓابَّةٍ وَتَصْرٖيفِ الرِّيَاحِ وَالسَّحَابِ الْمُسَخَّرِ بَيْنَ السَّمَٓاءِ وَالْاَرْضِ لَاٰيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

Ин оят, чунон ки вуҷуб ва ваҳдатро нишон медиҳад, як панҷараи хеле бузургест, ки нишондиҳандаи як исми Аъзам мебошад.

Инак хулосату-л хулоса ин оят инаст ки:

Тамоми оламҳое ки дар табақоти улвӣ ва суфлӣ коинот мавҷуд ҳастанд, бо лисонҳои ҷудо – ҷудо як натиҷаро, яъне Рубуияти як Сонеъи Ҳакимро нишон  медиҳанд. Ингуна ки:

Чигуна, дар осмонҳо ҳатто бо атрофи нуҷумшиносон (ситорашиносон) низ – барои натиҷаҳои хеле бузург ҳаракатҳои хеле мунтазам, вуҷуд ва ваҳдати як Қодири Зулҷалолро ва камоли Рубуияти ӯро нишон медиҳанд. Онгуна низ: Билмушоҳида дар замин – ҳатто бо шаҳодат ва иқрори ҷуғрофӣ – барои хеле маслиҳатҳои бузург, таҳаввулоти хеле бузург, чунонки дар мавсимҳо дида мешавад, айни вуҷуб ва ваҳдати ӯро ва камоли Рубубияти он Қадири Зулҷалолро нишон медиҳад.

Ҳам чигуна дар замину баҳр ҳайвоноте, ки бо камоли раҳмат ризқҳояшон дода мешаванд ва бо тамоми ҳикмат шаклҳои мухталиф ба онҳо пӯшонида шудааст ва бо камоли рубубият бо ҳисҳои гуногун таҷҳиз шудаанд, боз як – як баробар бо шаҳодат кардан ба ваҳдати ӯ; бо ҳаёти маҷмӯи худ, ба як миқёси хеле васеъ азамати Худои ӯро ва камоли Рубуияти ӯро нишон медиҳанд. Онгуна низ: Набототи мунтазами боғҳо ва шукуфаҳо ва гулҳои музийн ки наботот нишон медиҳанд ва меваҳои мавзун ки шукуфаҳо нишон медиҳанд ва нақшҳои музайян (бо зиннат) ки меваҳо нишон медиҳанд, боз як – як баробар бо ба вуҷуди он Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ба ваҳдати ӯ ишорат кардан, бо куллиётҳояшон ба як сурати ғоят бо шиша ҷамоли раҳмонӣ ӯро ва Камоли Рубубияти ӯро нишон медиҳанд…

Ҳам чигуна қатраҳое, ки аз абрҳо, барои ҳикматҳо ва мақсадҳои муҳим ва барои фоидаҳои зарурӣ ва барои самараҳо (меваҳо) тавзиф шуда ва равон карда шудааст, ба теъдоди он қатраҳо, боз вуҷуб ва ваҳдат ва камоли Рубубияти он Сонеъи Ҳакимро нишон медиҳад. Онгуна низ: Тамоми кӯҳҳое, ки дар замин ҳастанд ва маъданҳое ки дар даруни он кӯҳҳо ҳастанд, баробар бо хусусиятҳои ҷудо – ҷудои онҳо, барои маслиҳатҳои ҷудо – ҷудо иҳзор ва идхори онҳо, бо як қуввати ба матонати кӯҳ, боз вуҷуб ва ваҳдат ва камоли Рубуияти он Сонеъи Ҳакимро нишон медиҳад.

Ҳам чигуна ки теппаҳои хурд – хурди саҳроҳо ва кӯҳҳо бо унвои ва иқсоми гулҳо ва шукуфаҳои мунтазимҳояшро танзим ва ороиш кардаанд, ҳар яке баробар бо шаҳодат кардан ба вуҷуби як Сонеъи Ҳаким ва баробар бо ишорат кардан ба ваҳдати ӯ, бо маҷмӯъи ҳаётиҳояш, ҳашамоти салтанат ва камоли Рубубияти ӯро нишон медиҳанд. Онгуна низ: Анвоъ ва ақсоми ишколи мунтазам ва вазъиятҳои ҷудо – ҷудо ва ҳаракатҳои ҷазбакорона мавзуни тамоми баргҳои тамоми алифҳо ва дарахтон, ба теъдоди он баргҳо боз вуҷуби вуҷуд ваҳдат ва камоли Рубубияти он Сонеъи Ҳакимро нишон медиҳанд.

Ҳам чигуна дар тамоми ҷисмҳои номбурда дар замони нашъу намо кардан ҳаракатҳои мунтазам ва бо қисм-қисм олот таҷҳиз шудани онҳо ва ба қисм-қисм меваҳо шууркорона таваҷҷӯҳ кардани онҳо, ҳар яки фарди фардо (як – як) боз ба вуҷуби вуҷуди он Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ваҳдати ӯ ишорат мекунанд. Ва бо ҳаёти маҷмӯи худ бо як миқёси хеле бузург, иҳотаи қудрати ӯро ва шумули ҳикмати ӯро ва ҷамоли санъати ӯро ва камоли Рубуияти ӯро нишон медиҳанд. Онгуна низ: дар тамоми ҷасадҳои ҳайвонӣ, нафсҳо ва рӯҳҳои онҳоро бо камоли ҳаким ҷобаҷо кардан, бо ҷиҳозоти қисмоқисм бо тамоми интизом тасалли кардан дар қисмоқисми хизмат бо камоли ҳикмат равона кардан, ба теъдоди ҳайвонот балки ба теъдоди ҷиҳозоти онҳо, боз чигуна ки ба вуҷуби вуҷуди он Сонеъи Ҳаким ва ба ваҳдати ӯ шаҳодат ва ишорат мекунанд, бо ҳаёти маҷмӯъҳояш ба як сурати хеле дурахшон, ҷамоли раҳмати ӯро ва  камоли Рубубияти ӯро нишон медиҳанд.

Ҳам чигуна тамоми илҳомоти ғайбӣ ки ба тамоми қалбҳо, агар инсон бошад, ҳар навъи алвом ва ҳақоиқро ба ӯ фаҳмонидан, ҳайвон бошад, ҳар навъи ҳоҷоташро тадорик карданро ёд додан, вуҷуди як Рабби Раҳимро эҳсос мекунад ва ба Рубубияти ӯро ишорат мекунад. Онгуна низ: Монанди шуоъоти чашм ки гӯлҳо ва шукуфаҳои маънавӣ ки дар коинот ҳастанд ба чашм чида медиҳад; ҳисҳои зоҳирӣ ва ботиние ки ҳар яки ба ҷудо – ҷудо аламҳои як – як калид шудаанд, боз вуҷуби вуҷуд ва ваҳдат ва Аҳадият ва камоли Рубубияти он Сонеъи Ҳаким, он Фотири Алим, он Холиқи Раҳим; он Раззоқи Каримро монанди Офтоб нишон медиҳад.

Инак аз ин дувоздаҳ панҷара ки дар боло ҷудо – ҷудо зикр шуд, аз дувоздаҳ ҷиҳат як панҷараи азим боз мешавад ки: бо як зояи ҳақиқӣ дувоздаҳ рангӣ, Аҳдият ва Ваҳдоният ва камоли Рубубияти Ҷаноби Ҳақро нишон медиҳад.

Инак эй мункири бадбахт! Ин панҷара ки ба қадири ин доира арз, балки ба қадри мадори санавияӣ (дар як сол давр задани замин ба гирди офтоб) он васия аст, бо чи баста карда хоҳӣ тавонист? Ва ин маъдони нуре ки монанди офтоб дурахшон ҳаст, бо чи хомӯш карда хоҳӣ тавонист? Ва дар кадом пардаи ғафлат пинҳон карда хоҳӣ тавонист?

 

Панҷараи Ҳафтум

Камоли интизом ва камоли мавзуният ва камоли зиннат ва суҳулати эъҷод ва ба якдигар шабоҳат доштан ва як як фитрат изҳор кардани ин маснавиёте ки дар рӯи коинот пошида шудаанд, чигуна ки вуҷуби вуҷуд ва камоли қудрат ва ваҳдати як Сонеъи Ҳакимро ба як миқоиси хеле васеъ нишон медиҳанд.

Онгуна низ: Эҷоди мураккаботи мунтазам ва беҳад ва ҷудо – ҷудо аз унсурҳои ҷомид ва басит, баробар бо шаҳодат ва ишорат кардан ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдати он Сонеъи Ҳаким ба теъдоди он мураккабот, чунонки бо ҳаёти маҷмӯъи худ ба як тарзи хеле дурахшон камоли қудрат ва ваҳдати ӯро нишон медиҳад, дар ҳангомӣ таҷдиди таркиб ва таҳлиле, ки таркиботи мавҷудот таъбир мешавад, дар дохили ниҳоят дараҷа ихтилот ва бе низомӣ бо ниҳоят дараҷа як имтиёз ва тафриқ, масалан: решаҳо ва тухмҳое, ки дар зери хок қарор доранд дар ҳоле ки бисёр махлут (омехта шуда) ва бе тартиб қарор доранд, ба як сурати бидуни ҳеҷ кадом ғалтаи сунбулҳо ва вуҷудҳои онҳоро тамиз ва тафриқа кардан ва моддаҳои махлуте ки ба дарахтон дохил мешаванд, ба баргҳо ва шукуфаҳо ва меваҳо тафриқа кардан ва моддаҳои ғизое, ки ба як сурати махлут ва бе тартиб ба дохили ҳуҷайраҳои бадан мешавад, бо камоли ҳикмат ва бо камоли мизон ҷудо карда тафриқа кардан, боз чунон ки вуҷуби вуҷуд ва камоли қудрат ва ваҳдати он Ҳакими Мутлақ ва он Алими Мутлақ ва он Қадири Мутлақро нишон медиҳад; олами зарротро ба ҳукми як мазраа беҳад ва васеъ дароварда, дар ҳар дақиқа бо камоли ҳикмат кошта давр намуда, тоза – тоза махсулоти коинотҳоро аз он гирифтан ва ба он зарроти ҷомид, оҷиз, ҷоҳил, беҳад ва мунтазам вазифаҳоро ғоят шууркорона ва ғоят ҳакимона ва муқтадирона болои онҳо анҷом доданӣ, боз вуҷуби вуҷут ва камоли қудрат ва азамати Рубубият ва ваҳдат ва камоли Рубубияти он Қодири Зулҷалол ва он Сонеъи Зулкамолро нишон медиҳад.

Инак бо ин чаҳор роҳ як панҷараи бузург ба маърифатуллоҳ боз мешавад. Ва ба як миқёси бузург як Сонеъ Ҳакимро ба ақл нишон медиҳад.

Ҳоло эй ғофили бадбахт! Дар ин ҳол агар ӯро дидан ва шинохтан намехоҳӣ: Ақли худро биравон, кан ва парто, ҳайвон шав, наҷот биёб…

Панҷараи Ҳаштум

Тамоми пайғамбарони навъи башар, ки асҳоби арвоҳи найири ҳастанд, (яъне соҳиби рӯҳҳои нуронӣ ҳастанд) ба мӯъҷизаҳои боҳир ва зоҳирҳояш истенод карда ва авлиёҳо ки ақтоби тамоми қалбҳои мунаввар (нуронӣ) ҳастанд, ба кашф ва кароматҳояш эътимод намуда ва асфиёҳо ки арбоби тамоми укули нуронӣ ҳастанд. Ба таҳқиқотҳояш истинод намуда, ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдат ва камоли Рубубияти як Воҳиди Аҳад, Воҷиб-ул Вуҷуд, Холиқи Кулли Шейъ шаҳодатҳояшон, як панҷараи хеле бузург ва нуронӣ мебошад. Ҳам ҳар вақт он мақоми Рубубиятро нишон медиҳанд.

Эй бечора мункир! Ба ки эътимод мекунӣ, ки инҳоро гӯш намекунӣ? Ва ё ин ки дар дохили рӯзи равшан бо баста кардан чашмони худ, дунёро шаб шудааст гумон мекунӣ?

Панҷараи Нӯҳум

Ибодати умумие ки дар коинот дида мешавад, билбадоҳа як Маъбуди Мутлақро нишон медиҳад. Бале, собит будани убудиятҳои бо камоли имтисоли рӯҳониҳо ва малоикаҳо мулоқот кардаанд, ва билмушоҳида бо камоли интизом убудияткорона вазифаҳо дидани тамоми зиҳаётҳо, ва билмушоҳада монанди аносир, хидматҳои убудияткорона бо камоли итоати тамоми ҷамодот, чунон ки ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдати як маъбуди билҳақро нишон медиҳад; маърифатҳои бо ҳақиқати тамоми арафаҳо шукурҳои самарадори тамоми тоифаҳо шокирҳо ва зикрҳо бо файзи тамоми зокрҳо ва ҳамдрҳои неъмат афзои тамоми ҳомидаҳо ва тавҳид ва тавосифҳои бо бурҳони тамоми муваҳҳидин ва муҳаббат ва ишқҳои ҳақиқӣ тамоми муҳибҳо ва ирода ва рағбатҳои содиқи тамоми мурид ва талаб ва инобаҳои ҷиддӣ тамоми мунибоҳо, ки ҳар яки ин тоифаҳо қуввати иҷмоъ ва тавотурро ҳамала мекунанд, боз чигуна ки, вуҷуби вуҷут ва камоли Рубубият ва ваҳдати он Маъбуди Азалӣе ки Маъруфон, Мазкур, Машкур, Маҳмуд, Воҳид, Маҳбуб, Марғуб, Мақсуд, мебошад нишон медиҳад, тамоми ибодати мақбули инсонҳои комил ва фавсот ва муноҷот, машоҳида ва кашфиёте ки аз натиҷа он ибодати мақбул ҳосил шудааст, боз вуҷуби вуҷуд ва ваҳдат ва камоли Рубуияти он Мавҷуди Ламязил ва он Маъбуди Лоязолро нишон медиҳад.

Инакро ин се ҷиҳат, панҷара бузурги зиёдор, ба ваҳдоният боз мешавад.

Панҷараи Даҳум

وَاَنْزَلَ مِنَ السَّمَٓاءِ مَٓاءً فَاَخْرَجَ بِهٖ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْفُلْكَ لِتَجْرِىَ فِى الْبَحْرِ بِاَمْرِهٖ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْاَنْهَارَ وَسَخَّرَ لَكُمُ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ دَٓائِبَيْنِ وَسَخَّرَ لَكُمُ الَّيْلَ وَالنَّهَارَ وَاٰتٰيكُمْ مِنْ كُلِّ مَا سَاَلْتُمُوهُ وَاِنْ تَعُدُّوا نِعْمَتَ اللّٰهِ لَا تُحْصُوهَا

Ин таъовут, таҷовуб тасонуди мавҷудоти коинот ки ба якдигар доранд, нишон медиҳад ки: Умуми махлуқот, дар тарбияи як як Мураббӣ қарор доранд. Дар идора як Мудаббир қарор доранд. Хизматкорони як Сайиди худ. Чунки аз офтоб ки ба амри Раббонӣ ба лавозимоти ҳаётиро барои зиҳаётҳое яки дар замин зист мекунанд, пухта мекунад ва аз қамари (моҳ) ки тақвим гири мекунад бигир, то ба шитофтани ҳаво, об, ғизо ба имдоди зиҳаётҳо ва шитофтани наботот низ ба имдоди ҳайвонот ва шитофтани ҳайвонот низ ба имдоди инсонҳо; ҳаттӣ шитофтани ағзои бидун ба муъовиноти якдигар ва ҳаттӣ то ба шитофтани зарроти ғизо ба имдоди ҳуҷайроти баъдан бо як дастури таъовун (ҳамкори) ки ҷорист, он мавҷудоти мутеъовин (ба якдигар кӯмак кунанда) ки ҷомид ва бишуур ҳастанд, дар таҳти як қонуни карим, дар таҳти як номуси шафқат, дар таҳти як дастури раҳмат хеле ҳакимона, хеле каримона ба якдигар кумак кардан, ба садои ҳоҷати якдигар ҷавоб додан, якдигарро тақвия кардан албатта билбадоҳа хизматкорон ва маъмурон ва маснавиҳои як Зоти Воҷиб-ул Вуҷуд, ки як якто Воҳиди Аҳад, Фарди Самад, Қодири Мутлақ, Азими Мутлақ, Раҳими Мутлақ, Карими Мутлақ аст, нишон медиҳад.

Инак эй бечораи муфлиси фалсафӣ! Ба ин панҷара муъазим чи мегуӣ! Оё тасодуфи ту ба ин дахолат карда хоҳад тавонист?

 

Панҷараи Ёздаҳум

اَلَا بِذِكْرِ اللّٰهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

Наҷотҳои тамоми арвоҳ ва қалбҳо аз изтиробот ва кашмакаш ки аз далолат нашъат кардааст, (яъне аз гумроҳӣ сарчашма гирифта аст) ва илмҳои маънавие ки аз изтиробот нашъат кардааст, бо шинохтани як Холиқ хоҳад шуд. Тамоми мавҷудотро бо ба як Сонеъ дода наҷот меёбанд. Бо зикри як Аллоҳ мутмаъин (бе шубҳа) мешаванд.

Чунки: Беҳад мавҷудот ба як зот дода нашавад – чунон ки дар Гуфтори Бисту сеюм қатъи исбот карда шудааст – он вақт ҳар як чизро, ба беҳад сабабҳо иснод кардан лозим меояд, ки дар он ҳол вуҷуди як чиз, ба қадри амвоми мавҷудот мушкил хоҳад шуд. Чунки: Агар ба Аллоҳ (Ҷ) бидиҳад, беҳад ашёро ба як зот медиҳад. Агар ба ӯ надиҳад, ҳар як чизро беҳад сабабҳо додан лозим меояд. Он вақт як мева, бақудрати коинот мушкилот пайдо хоҳад кард. Балки бисёр мушкил хоҳад шуд. Чунки: Чигуна як нафар ба идора сад нафари мухталиф дода шавад, сад мушкилот хоҳад шуд. Ва сад нафар ба идораи як зобит дода шуд, ба ҳукми як нафар осон хоҳад буд. Онгуна низ: Эҷоди як чиз, иттифоқи бисёр сабабҳои мухталиф, сад дараҷа мушкилтар хоҳад шуд. Ва эҷоди хеле ашёи мухталиф, ба як зот дода шавад; сад дарҷа осон хоҳад шуд. Инак аз бениҳоят изтироб ки аз ҷиҳоти нигаронӣ ва кунҷковӣ ва талаби ҳақиқат ки дар моҳияти инсон ҳаст наҷот диҳанда, танҳо тавҳид Холиқ ва марифати Илаҳӣ мебошад.

Модом ки дар куфур ва шарик бениҳоят мушкилот ва изтиробот мавҷуд ҳаст. Албатта он роҳ муҳол аст, ҳақиқат надорад. Азбаски дар тавҳид, бениҳоят суҳулат ва осонӣ, мувофиқ ба офариниши мавҷудот ба суҳулат ва касрат ва ҳусни санъат мавҷуд ҳаст. Албатта онро воҷиб аст. Албатта он роҳ воҳиб аст, ҳақиқат аст.

Инак эй бадбахти аҳли залолат! Нигоҳ кун: Роҳи залолат чиқадар торик ва бо алам! Чӣ маҷбурият дорӣ, ки аз он роҳ меравӣ? Ҳам нигоҳ кун. Роҳи имон ва тавҳид чиқадар осон ва бо сафо. Ба он роҳ дохил шав, наҷот биёб…

Панҷараи Дувоздаҳум

Назар ба сарри سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْاَعْلٰى ۞ اَلَّذٖى خَلَقَ فَسَوّٰى ۞ وَالَّذٖى قَدَّرَ فَهَدٰى дар умум ашё хусусан дар маснавиёти зиҳаёт, чунонки гуё аз як қолиб баромада бошад, ба ҳар чиз миқдори мунтазим ва як сурат, чунонки бо ҳикмат дода шуда ва дар он сурат ва дар он миқдор барои маслиҳатҳо ва фоидаҳо ҳудутҳои каҷ ва печ дида мешавад; ҳам дар мудати ҳаётҳояшон сурати лиҳосҳо ва миқдороти либосҳояшонро ки иваз кардаанд, боз ба як тарзи мувофиқ ба ҳукуматҳо ва маслиҳатҳо, вуҷуд доштани як – як сурати маънавӣ ва мунтазам ва як — якмиқдор маънавӣ ва мунтазам муқадарроти ҳаёти таркиб шудааст, билбадаҳа нишон медиҳад ки: он маснавиётҳое ки беҳад ки суратҳо ва шаклҳояшон дар доира қадари як Қадири Зулҷалол ва Ҳакими Зулкамол тартиб шуда дар дастгоҳи қудрат вуҷудҳои онҳо дода мешавад, ба вуҷуби вуҷуди он Зот далолат ва ба ваҳдат ва камоли қудрати ӯ далолат ва ба ваҳдат ва камоли қудрати ӯ бо лисони беҳад шаҳодат мекунанд.

Ту ба ҷисми худ ва ба аъзои худ ва ба меваҳо ва фоидаҳое ки аз каҷ ва пучии он ҷойҳо, яъне аз каҷ ва пучии он аъзоҳо ба вуҷуд омад аст нигоҳ кун! Дар дохили камоли ҳикмат ва камоли қудратро бубин.

 

Панҷараи Сенздаҳум

وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

Назар ба сирри: Ҳар чиз бо лисони махсуси худ холиқи худро ёд мекунад, тақдис мекунад. Бале, тасбеҳи тамоми мавҷудот, ки бо лисони ҳол ва кол тасбеҳ мекунанд, вуҷуди як Зоти Муқаддасро нишон медиҳад. Бале шаҳодати фитрат рад карда нахоҳад шуд. Далолати ҳол бошад, хусусан бисёр чиҳатҳо биёяд, шубҳа намеовард. Нигоҳ кун! Ин суратҳои мунтазими мавҷудот ки шаҳодати фитрии беҳадро тазаммун карда ва ба тарзҳои бениҳоят бо лисони ҳол далолат карда ва монанди доираҳои мутадохил, ба як марказ мутаваҷеҳ шудааст. Ҳар яки як – як далел мебошад. Ва ҳаёти мавзунашон, ҳар яки як – як лисони шаҳодат мебошад. Ва ҳаётҳои мукаммали онҳо, ҳар яки як – як лисони тасбеҳ мебошад, ки — чунки дар Гуфтори Бисту чаҳорум қатъӣ исбот карда шудааст – бо он тамоми забонҳо ба як сурати зоҳири тасбеҳот ва таҳиёти онҳо ва шаҳодати онҳо ба як зоти муқаддас, чигуна ки зиё офтобро нишон медиҳад, як Зоти Воҷиб-ул Вуҷудро нишон медиҳад. Ва ба камоли Улуҳияти ӯ далолат мекунад.

Панҷараи Чаҳордаҳум

قُلْ مَنْ بِيَدِهٖ مَلَكُوتُ كُلِّ شَىْءٍ ۞ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا عِنْدَنَا خَزَٓائِنُهُ ۞ مَا مِنْ دَٓابَّةٍ اِلَّا هُوَ اٰخِذٌ بِنَاصِيَتِهَا ۞ اِنَّ رَبّٖى عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ حَفٖيظٌ

Назар ба сиррҳо: Ҳар чиз, дар ҳар чизи худ ва дар ҳар шони худ ба як Холиқи Зулҷалол мӯҳтоҷ мебошад. Бале ба мавҷудоте ки дар коинот ҳастанд, нигоҳ мекунем ва бибинем ки: Дар дохили заъфи мутлақи тазоҳироти як қуввати мутлақ вуҷуд дорад. Ва дар дохили аҷзи мутлақ осори як қудрати мутлақ дида мешавад. Масалан: Монанди вазиятҳои хориқае ки икдаи (гиреҳ) ҳаёти тухмҳо ва решаҳои наботот, ки дар замони интибоҳҳояшон нишон медиҳанд…

Ҳам дар дохили фақри мутлақ ва хушкӣ, тазоҳироти як фаноӣ мутлақ вуҷуд дорад. Монанди вазияти фақирона хокҳо ва дар хонаҳо дар зимистон ва дар баҳор сарват ва ғанои бо шаъшаи (дурахшони) онҳо…

Ҳам дар дохили ҷамуди мутлақ (ҷомидияти мутлақ) дида мешавад, монанди инқилоби аносири ҷомид ба моддаҳои зиҳаёт…

Ҳам дар дохили як ҷаҳли мутлақ, тазоҳироти як шуури муҳит дида мешавад. Масалан аз зарраҳо то ба ситораҳо дар ҳаракоти ҳар чиз, ба як тарзи ба назомати олам ва ба масолеҳи ҳаёт ва ба матолиби ҳикмат мувофиқ ҳаракат кардани онҳо ва вазиятҳои шууркоронаи онҳо…

Инак ин қудрате ки дар дохили ин аҷз аст; ва қуввате ки дар дохили фақир аст, ва ҳаёт ва шууре ки дар дохили ҷумуд ва чиҳол аст; билбадаҳа ва билззарура ба муқобили вуҷуби вуҷуд ва ваҳдати як Зоти Қодири Мутлақ ва Қавии Мутлақ ва Ғании Мутлақ ва Алими Мутлақ ва Ҳайи Қайюм аз ҳар тараф панҷараҳо боз мекунад. Бо ҳаёти маҷмӯи худ бо як миқёси бузург як роҳи нурониро нишон медиҳад.

Инак эй ғофиле, ки ба ботлоқи табиат афтодаӣ! Агар табиатро раҳо карда қудрати Илоҳиро нашиносӣ, ба ҳар чиз, ба ҳар зарра, як қувват ва қудрати беҳад ва як ҳикмат ва маҳорати бениҳоят, балки аксарияшро диданӣ, донистанӣ, идора кардани як иқтидор, дар ҳар чиз вуҷуд доштанро қабул кардан лозим меояд.

Панҷараи Панздаҳум

اَلَّذٖٓى اَحْسَنَ كُلَّ شَىْءٍ خَلَقَهُ

Назар ба сирр: Ба ҳар чиз – назар қобилияти моҳияти он чиз – бо камоли мизон бурида шуда бо ҳусни санъат тартиб карда шуда; дар роҳи хеле кӯтоҳ, дар як сурати хеле зебо, дар як тарзи хеле ҳақиқ, аз назари истеъмол ба шакли хаёли осон, масалан ба либосҳои парандагон ва ҳар вақт парҳояшонро ба осони ҳаракат додан ва истеъмол кардани онҳоро нигоҳ кун. Ҳам ба як тарзи бидуни исроф ва бо ҳикмат вуҷуд додан, сурат пӯшонидан, бо забонҳои теъдодашон, ба вуҷуби вуҷуди як Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ба як Қадири Алими Мутлақ ишорат мекунанд.

Панҷараи Шонздаҳум

Дар рӯйи замин интизомат ва танзимоте ки аз эҷод ва тадбирҳои махлуқоте ки дар рӯйи замин мавсим ба мавсим тоза мешавад, билбадаҳа як ҳикмати оммаро нишон медиҳад. Чунонки сифат, бидуни мавсуф намебошад, албатта он ҳикмати омма, бизаррура як Ҳакимро нишон медиҳад.

Ҳам дар дохили он парда ҳикмат тазийноти хориқа, билбадаҳа як инояти томро нишон медиҳад. Ва он инояти том, билзарурра як Холиқи Карими иноинкорро нишон медиҳад. Ва дар он парда иноят ба умум шомил як талтифот ва эҳсонот, билбадаҳа як раҳмати васеъро нишон медиҳад. Ва он раҳмати васеъ, бизарура як Раҳмони Раҳимро нишон медиҳад. Ва дар болои он пардаи раҳмат низ иаша ва арзоқҳои тамоми зиҳаётҳо яке ба ризқ мӯҳтоҷ ҳастанд ба як тарзи лоиқ ва мукаммал, билбадаҳа як Разоқияти тарбиякорона ва як рубуияти шавқаткоронаро нишон медиҳад ва он тарбия ва идора, бозарури як Раззоқи Каримро нишон медиҳад.

Балки, тамоми махлуқоте ки дар рӯйи замин бо камоли ҳикмат тарбия мешаванд ва бо камоли иноят тазийн мешаванд ва бо камоли раҳмат толтиф (лутф) мешаванд ва бо камоли шавқат иаша (хӯронида ва нӯшонида) мешаванд, чунонки як – яки, ба вуҷуби як Сонеъи Ҳаким, Карим, Раҳим, Раззоқ бишаҳодат ва ба ваҳдати ӯ ишорат мекунанд, ва ҳикмати омма ки дар маҷмӯъи рӯйи замин тазаҳур кардааст ва дар умуми он дида мешавад ва қасд ва иродаро билбадаҳа нишон медиҳад; иноят том ки шомили умуми маснуотаст ва ҳикматро низ тазаммун кардааст ва шомили умум мавҷудоти арз мебошад; ва ризқ ва иаша умумиро, ки раҳмат ва ҳикмат ва иноятро низ тазаммун кардааст ва ба як сурате ки ба умуми зиҳаёт шомил ва бо як тарзи хеле каримона аст, якбора ба назар бигир нигоҳ кун! Чигуна ки: Алвони сабъа (ҳафт ранг) зиёро ташкил мекунанд. Ва он зиё (ранг) ки рӯйи заминро танвир кардааст, чигуна бидуни шубҳа офтобро нишон медиҳад. Онгуна низ: Инояте ки дар дохили он ҳикмат аст ва раҳмате ки дар дохили иноят аст ва иаша ризқе ки дар дохили раҳмат аст, ваҳдат ва камоли рубуияти як Воҷиби ал Вуҷуд ниҳоят дараҷа Ҳаким, Раҳим, Раззоқро дар як миқёси бузург дар як дараҷаи баланд, дар як сурати дурахшон нишон медиҳад.

Инак эй мункири ғофили сарсам! Ин тарбияти ҳакимона, каримона, раҳмона, раззоқонаро ва ин кайфияти аҷиб ва хориқа ва муҷизаро ки дар пеши чашм дида мешавад, бо чӣ эзоҳ карда хоҳӣ тавонист? Оё бо тасодуфи сарсари монанди ту? Ва ё қуввати кур монанди қалби ту? Ва ё асбоби оҷиз, ҷомид, ҷоҳили, монанди ту? Вагарна бо Зоти Зулҷалол ки бениҳоят дараҷа Қадир, Алим, Самеъ, Басир аст, номи табиатро дод ки он табиат бениҳоят дараҷа оҷиз, ҷоҳил, кар, кӯр, мумкин, мискин аст, як хатои бениҳоятро анҷом додан мехоҳӣ? Ҳам ин ҳақиқати дурахшон монанди офтобро бо кадом қувват хомӯш карда хоҳӣ тавонист? Дар зери кадом парда гафлат пинҳон карда хоҳӣ тавонист?

Панҷараи Ҳабдаҳум

اِنَّ فِى السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ لَاٰيَاتٍ لِلْمُؤْمِنٖينَ

Рӯйи заминро дар фасли тобистон тамошо намуда мебинем ки: Дар эҷодиашон, як ҷуди мутлақ (саховати бепоён) ва саховате ки бениҳоят ки мушавваш иқтизо мекунад ва сабаби бе интизоми мегардад, дар дохили хеле дараҷа як инсиҷом (пайвастшавӣ) ва интизом дида мешавад. Инак тамоми набототе ки рӯйи заминро тазийн кардааст бубин.

Ҳам суръати мутлақе, ки дар эҷоди ашё дида мешавад ва бе мизонӣ ва бе интизомӣ ва бе тартибӣ ва дуруштеро иқтизо мекунад низ, дар дохили камоли мавзуният дида мешавад. Инак ба меваҳое ки рӯйи заминро зиннат кардааст нигоҳ кун.

Касрати матлуқ ки бе аҳмиятӣ, балки зиштро иқтизо (талаб) мекунад низ, дар дохили камоли ҳусни санъат дида мешавад. Инак ба гулҳо ва шукуфаҳое ки рӯйи заминро тазҳиб кардааст нигоҳ кун!

Ҳам суҳулати мутлақ ки дар эҷодияшро дида мешавад ва бе санъати ва баситеро иқтизо мекунад низ, дар дохили бе ниҳоят дараҷа санъаткорӣ ва маҳорат ва эҳтимомкорӣ дида мешавад. Инак тухмҳо ва ҳастаҳое ки ба ҳукми сандуқчаҳо ва програмҳо ва қуттичаҳои тарихи хаёти ҷиҳозоти дарахтон ва набототе ки дар рӯйи замин ҳастанд бо диққат нигоҳ кун.

Ҳам дури мутлақ ки ихтилоф ва ҷудоиро иқтизо мекунад низ дар дохили як иттифоқи мутлақ дида мешавад. Инак ба донаҳое, ки дар тамоми дар атрофи олам зарғ (кошида) шудааст нигоҳ кун.

Ҳам ихтилоте ки бе назми ва дар ҳам ва барҳамеро ва алвидо шудан ва касиф шуданро иқтизо мекунад, болакс (баракс) дар дохили камоли имтиёз ва тафриқ дида мешавад. Инак, дар вақти сунбул додани камоли интиёзи тамоми тухмҳое ки зери замин ба шакли омехта андохта шудаанд ва бо эътибори моддӣ ба якдигар мушобаанд нигоҳ кун, ва моддаҳои мухталиф ки ба дарахҳо дохил шуданд ба баргҳо, шукуфаҳо ва меваҳо ба камоли имтиёз тафриқ шудаанд нигоҳ кун; ба ғизоҳои мухталифе ки ба меъда ба шакли омехта дохил мешаванд ва назар ба аъзо ва ҳучайраҳо бо камоли интиёз ҷудо мешаванд нигоҳ кун; дар дохили камоли ҳикмат камоли қудратро бубинад.

Ҳам дар ғоят дараҷа мабзулият (арзонтар) ва дар ниҳоят дараҷа арзонӣ, бе аҳмиятӣ ва бе қимматеро иқтизо мекунад низ, дар рӯйи замин аз нигоҳи маснавият, аз нигоҳи санъат, дар як кафияти ниҳоят дараҷа қимматдор ва бо арзаш дида мешавад.

Инак дар дохили он санъати аҷоиби беҳад, дар суфраи раҳмонӣ рӯйи замин, танҳо ба навъи тутҳо ки шириниҳои қудрат аст нигоҳ кун! Камоли раҳматро дар дохили камоли санъат бубин.

Инак дар рӯй замин баробар бо хеле қимматдорӣ, беҳад арзонӣ, баробар бо беҳад омехтагӣ ва бе назмӣ, беҳад имтиёз ва тафриқ; ва дар дохили беҳад имтиёз ва тафриқ, баробар бо хеле дури ниҳоят дараҷа мувофиқат ва мушобиҳат, ва дар дохили ниҳоят мушобиҳат, баробар бо хеле дараҷа сухулат ва осонӣ, дар хеле дараҷа мавзун ва бо мизон ва бе исрофӣ, ва дар  дохили хеле дараҷа бе исрофӣ, баробар бо ниҳоят дараҷа фаровонӣ ва касрат, танҳо охирон дараҷа дар дохили ҳусни санъат, ва дар дохили ниҳоят дараҷа ҳусни санъат баробар бо ниҳоят дараҷа саховат, интизоми мутлақ…

Албатта чунон ки рӯз, равшаниро; ва равшанӣ, офтобро нишон медиҳад, ба вуҷуби вуҷуд ва камоли қудрат ва ҷамоли рубуият ва ваҳдоният ва аҳдияти як Қадири Зулҷалол, як Ҳакими Зулкамол, як Раҳими Зулҷалол шаҳодат мекунанд. Сирри لَهُ الْاَسْمَٓاءُ الْحُسْنٰى ро нишон медиҳанд.

Ҳоло эй бечора ҷоҳил, ғофил, муаннид (якрав), муаттил (танбал)! Ин ҳақиқати азимеро ба чи тафсир карда хоҳӣ тавонист? Ин кайфияти ниҳоят дараҷа муҷиза ва хориқаро бо чӣ эзоҳ карда хоҳӣ тавонист? Ин санъатҳое ки беҳад дараҷа аҷиб ҳастанд ба чӣ иснод карда хоҳӣ тавонист? Ба ин панҷарае, ки ба дараҷа рӯй замин васият дорад, кадом пардаи ғафлатро андохта баста карда хоҳӣ тавонист? Тасодуфи ту куҷост, дӯсти бе шуур ва залолат истиногоҳи ту ва рафиқи ту ки ба он эътимод мекунӣ ва ба он табиат мегӯӣ куҷост? Оё ба ин корҳо мудоҳила кардани тасодуф сад дараҷа муҳол нест? Оё аз ҳазор ҳисса ба як ҳисса ин корҳои хориқа низ ба табиат хавола шуд, ҳазор дараҷа муҳол намешавад?

Ё ингуна, оё табиати ҷомид ва аҷз, дар дохили ҳар чиз аз он чиз сохта шуда, ба теъдоди ашиё мошинҳо ва матбааҳои маънавӣ дорад?

Панҷараи Ҳаждаҳум

اَوَلَمْ يَنْظُرُوا فٖى مَلَكُوتِ السَّمٰوَاتِ وَ الْاَرْضِ

Ба ин тамсил ки дар Гуфтори Бисту севум эзоҳ карда шудааст нигоҳ кун ки: Чигуна як асри мукаммал, бо санъати монанди қаср, билбадаҳа ба як феъли мунтазам далолат мекунад. Яъне як бино ба як санъаткоре далолат мекунад. Ва як феъли мукаммал, мунтазам, билзарура ба як феъли мукаммал, ва ба як устои моҳир, ба як санаткор далолат мекунад. Ва унвонҳои усто ва санъаткори мукаммал, билбадаҳа ба як сифати мукаммал, яъне ба мармартарош ва маҳорати санъат далолат мекунад. Ва мукаммал ва сифат ва мукаммал мармартарош ва маҳорати санъат, билбадаҳа ба вуҷуди як истеъдоди мукаммал далолат мекунад. Ва як истеъдоди мукаммал бошад, ба вуҷуди як зоти олам далолат мекунад. Онгуна низ: Асарҳои мутаҷаддид (муҷаддиде, аз нав) ки рӯйи заминро балки коинотро пур кардааст, билбадаҳа афъолеро ки дар хеле дараҷа камол ҳастанд нишон медиҳад. Ва ин доира афъоле, ки дар ниҳоят дараҷа интизом ва ҳикмат қарор доранд, билбадаҳа як фоиле ки унвонҳо ва исмҳояш мукаммал аст нишон медиҳад. Чунки: Бе фоил набудани фоилҳои мунтазам, ҳакимона қатъиян маълум аст… ва ниҳоят дараҷа унвонҳои мукаммал, ба сифатҳо бениҳоят дараҷа дар камоли он фоил далолат мекунад, чунки, аз назари фонӣ сарф (дустури забон) чигуна исми фоил, аз масдар сохта мешавад; онгуна низ: масдарҳо, маншаъҳо унвонҳо ва исмҳо низ сифатҳо мебошад. Ва сифатҳое ки ниҳоят дараҷа дар камол қарор доранд, бидуни шубҳа ва ба шууноти зотие ки ниҳоят дараҷа мукаммал ҳастанд далолат мекунад. Ва қобиляти зотӣ, он шууни мукаммали зоте, ки аз таъбири он оҷиз ҳастам, Баҳаққаляқин ба як зоте ки дар як дараҷа бе ниҳоят камол қарор дорад далолат мекунад.

Инак тамоми осори санъатае ки дар олам мавҷуд ҳаст ва тамоми махлуқот, чунон ки ҳар яки як – як асари мукаммал мебошад, ҳар яки ба як феъл ва феъл бошад ба исм; исм бошад, ба васф ба васф бошад, ба шоън ва шоън бошад ба зот аз инки шаҳодат мекунад, чунонки ба теъдоди маснавиёт ба вуҷуби вуҷуди як як Сонеъи Зулҷалол шаҳодат ва ба ваҳдати ӯ ишорат мекунанд; бо ҳаёти маҷмӯъи худ, ба қадари силсила махлуқот ба як тази боқувват як меъроҷи маърифат аст. Ба ҳеҷ як ҷиҳат дар дохилаш шубҳа дохил нашудани мутасисила як бурҳони ҳақиқат мебошад.

Ҳоло эй бечора мункири ғофил! Ин бурҳони бо қуввати бақадри силсила коинотро бо чӣ шикаста хоҳӣ тавонист? Кадом пардаи ғафлатро болои он кашида хоҳӣ тавонист?

Панҷараи Нӯздаҳум

تُسَبِّحُ لَهُ السَّمٰوَاتُ السَّبْعُ وَالْاَرْضُ وَمَنْ فٖيهِنَّ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

Аз назари сирри Сонеъи Зулҷалол, ба иҷроми самовот он қадар ҳикматҳо, маъноҳо насиб кардааст, ки гуё барои ифода кардани ҷалол ва ҷамили худ самовотро, чунонки бо гуфторҳои офтобҳо, ситораҳо музаййн (бо зиннат) кардааст, ба мавҷудоте ки дар ҷавви само (осмон) қарор доранд низ, онгуна ҳикматҳо ва маъноҳо ва мақсадҳо насиб кардааст, ки гуё он ҷавви саморо бо гуфторҳои раду барқҳо, радҳо қатраҳо ба гуфтугу мекунад. Ва камоли ҳикмат ва ҷамоли раҳмати худро дарс медиҳад.

Ва чигуна сари заминро гуфторти маънидори ҳайвонот ва наботат ба гуфтор оварда камоли санъати худро ба коинот нишон медиҳад. Онгуна низ: Наботот ва дарахтон ки як навъи гуфтор он сари замин ҳастанд низ бо гуфторҳои баргҳо, шукуфаҳо, меваҳо ба интоқ оварда (ба гуфтор оварда) боз камоли санъати худро ва чамоли раҳмати худро эълон мекунад. Ва шукуфаҳо ва меваҳо ки ҳар яки як – як гуфтор ба шумор меравад низ, бо гуфторҳои тухми гулҳо ба гуфтор оварда дақоиқи санъати худро ва камоли рубуияти худро ба аҳли шуур таълим медиҳад.

Инак, дар дохили ин гуфторҳои тасбеҳие танҳо ба тарзи ифода як сунбул ва як шукуфа гӯш дода мешунавем чигуна шаҳодат мекунад, хоҳем донист.

Бале ҳар як набот, ҳар як дарахт, бо лисонҳои хели зиёд сонеъҳояшро онгуна нишон медиҳанд, ки аҳли диққатро дар ҳайрат мемонанд. Ва ба ононе ки нигоҳ мекунанд “СубҳонАллоҳ! чиқадар зебо шаҳодат мекунанд!” мегуёнанд.

Бале, дар замони гул боз кардан ва дар ҳангоми сунбул додан ҳар як набот, тасбеҳоте ки дар ҳангоми такаллумоти маънавӣ табассум корона мекунанд, монанди худашон зебо ва зоҳир мебошад. Чунки бо даҳони зебои ҳар як гул ва шукуфа ва бо лисони мунтазами сунбул ва бо гуфторҳои тухмҳои мавзун ва ҳаббаҳои мунтазам, он низом ки ҳикматро нишон медиҳад, билмушоҳида дар дохили як мизоне ки иламро нишон медиҳад қарор дорад. Ва он мизон бошад, дар дохили як нақши санъате, ки маҳорати санъатро нишон медиҳад қарор дорад. Ва ин нақши санъат, дар дохили роҳҳои латиф, ки раҳмат ва эҳсонро нишон медиҳад қарор дорад. Ва ин кайфиятҳои маънидор, ки дар дохили якдигар қарор доранд, онгуна як лисони шаҳодат ҳастанд, ки ҳам Сонеъи Зулҷамоли худро бо исмҳои ӯ таъриф мекунанд, ҳам бо авсофаш тавсиф мекунанд, ҳам ҷилваи исмҳои ӯро тафсир мекунанд, ҳам таваддуд ва таърруфашро, яъне дӯст доштан ва шиносониданашро ифода мекунад.

Инак аз як гул ва шукуфа ингуна шаҳодатро бишнавӣ, аҷабо дар боғҳои Раббоние, ки дар рӯйи замин қарор доранд, умум шукуфаҳо ва гулҳоро шунида битавонӣ, чи дараҷа бо як қуввата баланд вуҷуб ва вуҷуди Сонеъи Зулҷалолро ва ваҳдати ӯро эълон кардани онҳоро бишунавӣ, оё ҳеҷ шубҳа ва васваса ва ғафлатат хоҳад монд? Агар шубҳа ва васваса ва ғафлатат бимонад, ба ту инсон ва зишуур гуфта хоҳад шуд?

Биё ҳоло ба як дарахт бо диққат нигоҳ кун! Инак дар мавсими баҳор мунтазиман баромадани баргҳо дар, мавзунан боз шудани шукуфаҳоро, бо ҳикмат ва бо раҳмат бузург шудани меваҳоро ва дар дастҳои шохаҳо монанди атфоли махсус, даҳони латифи он меваҳоро ки дар дохил бозӣ кардан бо вазидани насим аст бубин. Чигуна бо забони баргҳое ки бо дасти каром сабз карда шудаанд ва бо лисони шигуфаҳое ки бо як нашъу лутф табассум мекунанд ва бо гуфторҳои меваҳое ки бо як ҷилваи раҳмат механданд, ки ин ифода бо адли мизон ки дар дохили низони бо ҳикмат қарор дорад, ва санъатҳо ва нақшаҳои бо диққате ки нишон диҳанда адл аст ва дар дохили мизон қарор доранд, ва дар дохили зинатҳо ва нақшҳо бо маҳорат, ҷудо – ҷудо мазаҳо ва чашиданиҳои ширин ва хушмаза, ки нишон диҳанда раҳмат ва эҳсон аст ва дар дохили ҷудо – ҷудо бӯйҳояш ва зебо ва ҷашиданиҳои хуш, тухумҳо ва ҳастаҳо қарор даранд, ки он тухмҳо ва ҳастаҳо, як – як муъҷиза қудратанд, тамоми ин ҷизҳо яке дар боло зикр шуд, ба як сурати хеле зоҳир ва ошкор, вуҷуби вуҷуд ва ваҳдат ва ҷамили раҳмат ва камоли рубубият як Сонеъи Ҳаким, Карим, Раҳим, Муҳсин, Мунъим, Муҷаммил, Муфаззилро нишон медиҳад.

Инак агар лисони ҳоли тамоми дарахтоне ки дар рӯйи замин қарор доранд, якбора шунавида битавонӣ: дар хазина يُسَبِّحُ لِلّٰهِ مَا فِى السَّمٰوَاتِ وَمَا فِى الْاَرْضِ чиқадар зебо ҷавҳарҳо буданро хоҳӣ дид, хоҳӣ донист.

Инак эй ғофиле ки худро дар дохили нонкӯрӣ афсор гусихта гумон кардаӣ! Инак Карими Зулҷамоле, ки ин дараҷа бо лисонҳои беҳад ба ту худро мешиносонад ва мефаҳмонанд ва худро ба ту дӯст медоронд, ӯро шинохтан хоста нашавад, ин лисонҳоро хомӯш кардан лозим. Модоме, ки хомӯш карда намешавад, гӯш кардан лозим, бо ғафлат гӯши худро баста кунӣ наҷот ёфта нахоҳӣ тавонист. Чунки: Ту барои баста кардани гӯши худ, коинот саковат нахоҳад карда; мавҷудот хомӯш нахоҳанд шуд; шоҳидҳои ваҳдоният садоҳояшро қатъ нахоҳанд кард. Албатта туро маҳкум хоҳанд кард…

Панҷараи Бистум (Ҳошия)

فَسُبْحَانَ الَّذٖى بِيَدِهٖ مَلَكُوتُ كُلِّ شَىْءٍ ۞ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا عِنْدَنَا خَزَٓائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُٓ اِلَّا بِقَدَرٍ مَعْلُومٍ ۞ وَ اَرْسَلْنَا الرِّيَاحَ لَوَاقِحَ فَاَنْزَلْنَا مِنَ السَّمَٓاءِ مَٓاءً فَاَسْقَيْنَاكُمُوهُ وَ مَٓا اَنْتُمْ لَهُ بِخَازِنٖينَ ۞

 

Чигуна дар ҷузъиёт ва натиҷаҳо ва дар силсилаҳо, камоли ҳикмат ва ҷамоли санъат дида мешавад; онгуна низ: вазъиятҳои зоҳиран бетартиб ва ғайри мунтазами унсурҳои куллӣ, махлуқоти бузурге ки тасодуфӣ ва бетартиб ва ғайри мунтазам таваҳҳум карада шудааст низ, бо як ҳикмат ва бо як санъат вазиятҳо мегиранд. Инак дурахшидани зиё (нур), бо далолати соир хизмати бо ҳикмат, дар рӯйи замин маснавиёти Илоҳиро бо изни Раббонӣ ташхир ва эълон кардан аст. Пас маълум мешавад, ки аз тарафи як Сонеъи Ҳаким зиё истихдом мешавад. Санъатҳои антиқи худро ки дар намоишгоҳи бозори олам қарор дорад, бо он зиё орои мекунад.

Ҳоло ба бодҳо нигоҳ кун: бо шаҳодаи соир фоидаҳо ва вазифаҳои ҳакимона, каримонаҳояш, бо вазифаҳо хеле муҳим ва бо касрат (зиёд) мешитобанд. Пеш аз он мавҷ омадан ва ба эҳтизоз дар омадан аз тарафи Сонеъи Ҳаким як тавзиф (вазифа додан) аст, як тасриф аст, яъне як сарф кардан аст, як истеъмол кардан аст. Мавҷ омадан ва ба эҳтизоз дар омаданашон бошад, ба тундӣ ва ба зудӣ ба ҷой овардани амри Раббонӣ бо сурат кор кардан ва кӯшиш  кардан аст.

Ҳоло нигоҳ кун ба чашмаҳо, ба рӯдҳо, ба наҳрҳо! Аз замин аз кӯҳҳо ҷӯш хӯрдани онҳо тасодуфе нестан. Чунки: Бо шаҳодати фоидаҳо ва самараҳое ки осори раҳматанд ва ба онҳо тараттуб кардааст, яъне ба онҳо тааллуқ ёфтааст ва ба онҳо оид шудааст, ва бо фоидаҳои идхори (захира) онҳо дар кӯҳҳо яъне бо фоидаҳои захира карда шудани онҳо дар кӯҳҳо як мизони ҳоҷат ва бо далолати равон карда шудани онҳо бо як мизони ҳикмат, нишон дода мешавад ки: бо тасхир ва иддихори як Рабби Ҳаким аст, яъне бо тазхир ва захира кардани як Рабби Ҳаким аст ва хуш хурдани онҳо бошад, ба амри ӯ бо ҳаяҷон имтисол карданшон мебошад.

Холо ба унвои тамоми сангҳо ва ҷавҳарҳо ва маданҳое, ки дар замин аст нигоҳ кун! Тазиинот ва хоситҳои бо манфиати инҳо, бо тазъин, бо тадбир ва бо тасвири як Сонеъи Ҳаким буданро ба онҳо муталлиқ (оит) фоидаҳои ҳакимона ва масолеҳи ҳаёти ва лавозимоти инсонӣ ва ҳоҷати ҳайвонӣ ки ба як тарзи мувофиқ иҳзор шудааст нишон медиҳад.

Ҳоло ба гулҳо ва шукуфаҳо ва меваҳо нигоҳ кун! Табассум кардан ва ханда ба лаб доштани онҳо ва лаззат ва мазаи онҳо қашшангӣ ва зебоиҳои онҳо ва нақшҳои онҳо ва бӯйи ва рейҳа додани онҳо; дар суфра як Сонеъи Карим, як Мунъими Раҳим, ба ҳукми як – як тараф, як – як давъатнома, ба ҳар навъи ҷудо – ҷудо ба шакли таърифа ва даъватнома, бӯй ва рангҳо ва мазаҳо мухталиф дода шудааст.

Ҳоло ба парандагон нигоҳ кун! Бо ҳамдигар ҳарф задани онҳо ва чик – чик кардани онҳо, интоқ ва ба сухан овардани як Сонеъи Ҳаким аст, ба ин як далели қатъи бошад, ба як тарзи ҳайратангиз ба якдигар бо он садоҳо мудола ҳиссиёт ва ифодаи мақсад кардани онҳост.

Ҳоло ба абрҳо нигоҳ кун! Шип шипи борон як садои бе маъно набудан ва раду барқ бо садои ғурриши осмон, як садои холӣ набудан як далели қатъӣ бошад, дар як ҷои холии он аҷоибро эҷод кардан ва аз онҳо қатраҳое ки ба ҳукми оби ҳаёт ҳастанд, дӯшидан ва ба зиҳаётҳои муштоқ ва мӯҳтоҷе ки дар рӯйи заминанд, ширдодан нишон медиҳад ки: Он шир – шири об, он садои ғурриш, хеле маънидор ва ҳикматдор ҳаст, ки бо амри як Рабби Карим ба муштоқҳои он борон фарёд мекунад ки “ба шумо муҷда меоем!..” маънояшро ифода мекунанд.

Ҳоло ба осмон нигоҳ кун! Дар дохили фазо аз иҷроми беҳад танҳо ба қамар (моҳ) диққат кун! Ҳаракати он, бо амри як Қадири Ҳаким аст, ки ба он моҳ мутаалуқ ва ҳикматҳои муҳиме ки ид ба рӯйи замин аст мебошад, чунон ки дар ҷои дигар баён кардам, саҳнаро кӯтоҳ мекунад.

Инак аз зиё бигир, то ба қамар тамоми ин унсурҳое ки ҳисоб намудем, ба як тарзи хеле васеъ ва ба як миқёси бузург як панҷара боз мекунад. Ваҳдат ва камоли қудрат ва азамати султони як Воҷибил Вуҷудро нишон медиҳад, эълон мекунад.

Инак эй ғофил! Агар ин садое ки монанди садои ғурриши осмон аст, хомӯш ва сукут карда битавонӣ ва он зиёе ки монанди равшании офтоби дурахшон аст хомӯш карда битавони, Аллоҳро фаромӯш кун… вагарна ғофили худро ба сари худ бигир! سُبْحَانَ مَنْ تُسَبِّحُ لَهُ السَّمٰوَاتُ السَّبْعُ وَالْاَرْضُ وَمَنْ فٖيهِنَّ  бигӯ.

(Ҳошия) Ин ҳақиқати панҷари бистум, як замон ба як сурати арабӣ ингуна ба қалб омада буд:

 

تَلَئْلُأُ الضِّيَاءِ مِنْ تَنْوٖيرِكَ تَشْهٖيرِكَ § تَمَوُّجُ الْاِعْصَارِ مِنْ تَصْرٖيفِكَ تَوْظٖيفِكَ § سُبْحَانَكَ مَا اَعْظَمَ سُلْطَانَكَ

تَفَجُّرُ الْاَنْهَارِ مِنْ تَدْخٖيرِكَ تَسْخٖيرِكَ§ تَزَيُّنُ الْاَحْجَارِ مِنْ تَدْبٖيرِكَ تَصْوٖيرِكَ § سُبْحَانَكَ مَا اَبْدَعَ حِكْمَتَكَ

تَبَسُّمُ الْاَزْهَارِ مِنْ تَزْيٖينِكَ تَحْسٖينِكَ § تَبَرُّجُ الْاَثْمَارِ مِنْ اِنْعَامِكَ اِكْرَامِكَ § سُبْحَانَكَ مَا اَحْسَنَ صَنْعَتَكَ

تَسَجُّعُ الْاَطْيَارِ مِنْ اِنْطَاقِكَ اِرْفَاقِكَ § تَهَزُّجُ الْاَمْطَارِ مِنْ اِنْزَالِكَ اِفْضَالِكَ § سُبْحَانَكَ مَا اَوْسَعَ رَحْمَتَكَ

تَحَرُّكُ الْاَقْمَارِ مِنْ تَقْدٖيرِكَ تَدْبٖيرِكَ تَدْوٖيرِكَ تَنْوٖيرِكَ § سُبْحَانَكَ مَا اَنْوَرَ بُرْهَانَكَ مَا اَبْهَرَ سُلْطَانَكَ

Панҷараи бисту якум

وَ الشَّمْسُ تَجْرٖى لِمُسْتَقَرٍّ لَهَا ذٰلِكَ تَقْدٖيرُ الْعَزٖيزِ الْعَلٖيمِ

Инак, Офтоб ки чароғи ин коинот аст, ба вуҷуд ва ваҳдонияти Сонеъи ин коинот монанди Офтоб як панҷараи дурахшон ва нуронӣ мебошад. Бале баробар бо кураи мо дувоздаҳ саёра, ки манзуъмаи шамсӣ гуфта мешаванд, дар ҳоле ки ҷирмҳояшон бо эътибор хурди ва бузурги хаёлиҳо мухталиф ва мавқеъҳояшон аз нуқтаи наздике ва дури хаёлиҳо мутафовут ва сирриати ҳаракатҳояшон мутановеъанд, бо камоли интизом ва ҳикмат ва бо камоли мизон ва як сония низ бидуни иштибоҳ ҳаракатҳояшон  ва давронҳояшон яъне давр задан ва гардишҳояшон ва бо Офтоб, бо як қонуни илоҳие ки қонуни ҷазиба таъбир мешавад, бо якдигар баста шудани онҳо, яъне иқтидори онҳо ба имомиашон ки офтоб аст, дар як миқёси бузург қудрати Илоҳӣ ва Ваҳдонияти Раббониро нишон медиҳад.

Чунки он ҷирмаҳои ҷомидро, он кутлаҳои (чизҳои) бузурги бешуурро, дар дохили ниҳоят дараҷа интизом ва мизони ҳикмат дар шаклҳои мухталиф ва дар масофаҳои мухталиф ва дар ҳаракатҳои мухталиф чархонидан ва баргардондан, истиҷном кардан чӣ дараҷа як қудрат ва як ҳикматро исбот мекунед қиёс кун. Ба ин кори бузург ва сангин зарра миқдор дасодуф мудохила кунад, онгуна як таркиш хоҳад дод ки, коинотро ба ҳам хоҳад зад. Чунки як дақиқа дасодуф яки онҳоро тавқиф кунад. Ба берун шудан аз меҳвараш сабаб хоҳад дод, ба мусадама кардан бо дигар саёрот роҳ боз хоҳад кард. Мусадама бо чирмҳое ки ҳазор дафъа аз замин бузургтаранд, чӣ дараҷа бо даҳшат буданро қиёс карда хоҳӣ тавонист.

Аҷоиботи Манзумаи Шамсиро, яъне аҷоиботи дувоздаҳ саёра ки маъмурҳо ва меваҳои шамсӣ (офтоб) ҳастанд, ба олами муҳити Илоҳӣ ҳавола карда, танҳо ба арз ва саёра худи мо ки дар пеши чашмони мо қарор дорад нигоҳ мекунем, мебинем ки: Ин саёраи мо ба як сурате ки як азимати шавкати рубуиятро ва як ҳашамати салтанати улуҳиятро ва як камоли раҳмат ва ҳикматро нишон диҳад, дар атрофи Офтоб бо амри Раббонӣ — чунонки дар Мактуби Сиюм баён карда шудааст — барои як хизмати хеле бузург як саёҳати хеле дур ба болои он замин анҷом дода мешавад. Ба монанди як сафинаи Раббонӣ, бо аҷоиботи маснавиёти Раббонӣ пур карда шуда ва ба бандагони зишуури Худованд, ба монанди сайронгоҳ, як вазъияти мискини саёра ба он замин дода шудааст. Ва Қамар (замин) ро низ барои нишон додани вақтҳо ва ҳисоб, монанди ақрабаки соат бо ҳисобҳои дақиқ бо ҳикматҳои азим ба он насиб карда шудааст ва ба он Қамар ба дигар манзилҳо ҷудо — ҷудо саёр ва саёҳат дода шудааст. Инак ин ҳолҳои ин саёраи мубораки мо бо як шаҳодате ки бо як қуввати кураи арз аст, вуҷуби вуҷуди як Қадири Мутлақро ва ваҳдонияти ӯро исбот мекунад. Модоме ки ин саёраи мо ингуна аст; манзумаи шамсиро ба он қиёс карда хоҳӣ тованист?

Ҳам ба шамс (офтоб), дар болои меҳвари  худаш торҳои маънавӣ, ки ҷозиба гуфта шудааст, барои кулӯла кардан яъне барои печонидани он торҳо ва офтоб, офтобро ки ба ҳукми ҷарх таъбир карда шудааст, он офтобро бо амри як Қадири Зулҷалол ба дури чархонида, он саёротро бо он торҳои маънавӣ баста карда танзим намудан ва офтобро бо тамоми саёроташ дар як сония ба як масофае, ки панҷ соатро қатъ карда битавонанд, бо онгуна як суръат ба як тахмин ба як тарафи “Бурҷи Ҳаркӯл” ва ё ба ҷониби шамсул шумус савқ кардан, албатта бо қудрат ва амри як Зоти Зулҷалол ки Султони азал ва абад аст, савқ карда мешавад. Гуё барои нишон додани ҳашмати рубуияти худ бо ин урдуи манзумъи шамсӣ ки ба ҳукми нафарҳои фармонбардор башумор мераванд, ба болои онҳо як манер (намоишдиҳӣ) анҷом медиҳад.

Эй мӯҳтарам ситорашинос! Кадом тасодуф ба ин корҳо мудохила карда хоҳад тавонист? Дасти кадом асбоб ба ин расида хоҳад тавонист? Кадом қувват ба ин наздик шуда хоҳад тавонист? Зуд бош ту бигӯ! Оё ҳеҷ ингуна як Султони Зулҷалол, аҷзи худро нишон дода дигариро ба мудохила дар мулки худ иҷоза хоҳад дод? Оё бо хусус зиҳаётҳоро ки меъва, натиҷа ва мақсади коинот аст, ба дастҳои дигар хоҳад дод? Оё иҷоза мудохила карданро ба дигари хоҳад дод? Оё бо хусус инсонҳоро ки ҷомеътарини он меваҳо ва мукаммал тарин он натиҷаҳо ва халифа замин ва як мусофири ойнадори он султон мебошад, афсор гусихта хоҳад гузашт? Ва оё онҳоро ба табиат ва тасодуф ҳавола карда ҳушумати салтанати худро ба хечӣ хоҳад андохт? Оё камоли ҳикмати худро суқут хоҳад кард?

 

Панҷараи бисту дуюм

اَلَمْ نَجْعَلِ الْاَرْضَ مِهَادًا ۞ وَ الْجِبَالَ اَوْتَادًا ۞ وَخَلَقْنَاكُمْ اَزْوَاجًا ۞

فَانْظُرْ اِلٰٓى اٰثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى الْاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا

Кураи арз, як сар аст ки; садҳазор даҳон дорад. Дар ҳар як даҳонаш, садҳазор лисон дорад. Дар ҳар лисонаш, садҳазор бурҳон дорад ки; ҳар яки бо бисёр ҷиҳатҳо ба ваҳдат, ва авсови қуддусӣ ва ба исмҳои ҳасана ва ба вуҷуби вуҷуди як Зоти Зулҷалол ки; Воҷиб-ул Вуҷуд, Воҳиди Аҳад, ба ҳар чиз қодир, ба ҳар чиз алим аст шаҳодат мекунанд.

Бале, ба аввали офаридани замин нигоҳ мекунем, ки: Аз як модда сайёла (моеъ) ки ба ҳоли моеъ қарор дошт, санг ва аз санг хок халқ шудааст. Агар моеъ мемонд, қобили зист намебуд. Он моеъ баъд аз санг шудан, монанди оҳан сахт мебуд, қобил истифода намебуд. Албатта онгуна ба ин замин ин вазиятро додааст, ҳикмати як Сонеъи Ҳаким аст, ки ҳоҷоти сокинини заминро мебинанд.

Баъдан табақа туроби, яъне табақа хокӣ, ба рӯи сутунҳои кӯҳҳо андохта шудааст, то зилзилаҳое ки аз инқилоботи дохилии он кӯҳҳо меояд, бо он кӯҳҳо танафус карда, заминро аз ҳаракаташ ва аз вазифааш ба иштибоҳ наандозат. Ҳам аз истелоӣ баҳри заминро наҷот диҳад. Ҳам ба лавозимоти ҳаёте зиҳаётҳо як – як хазина шуд. Ҳам ҳаворо соф кунад, аз газҳои зарарнок тасфия кунад, то ба танаффус қобил шавад. Ҳам онҳоро якҷо карда иддихор кунад, яъне зоҳира кунад. Ҳам ба соир маъданиҳое ки ба зиҳаёт лозим аст маншаъ ва мадор шавад.

Инак ин вазият ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдати як Қадири Мутлақ ва як Ҳакими Раҳим хеле қатъӣ ва бо қувват шаҳодат мекунад.

Эй мӯҳтарам ҷуғрофидон! Инро бо чӣ эзоҳ карда хоҳӣ тавонист? Кадом тасодуф ин сафина Раббониро, ки бо ин аҷоиби маснуот пур карда шудааст, як машҳари аҷоиб, яъне як намоишгоҳи аҷоиб сохта дар як масофа бист чаҳор ҳазор сола, дар як сол бо суръат чархонида, аз ашиёе, ки дар рӯи он радиф карда шудааст ҳеҷ як чизеро сақут надиҳад.

Ҳам ба санъатҳои аҷоибе ки дар рӯйи замин аст нигоҳ кун. Аносирҳо, чи дараҷа бо ҳикмат тавзиф шудааст. Бо амри як Қадири Ҳаким, ба меҳмонҳои Раҳмон ки дар рӯйи заминанд, чигуна хуб ва зебо нигоҳ мекунанд. Ба хидматҳояшон мешитобанд.

Ҳам дар дохили санъатҳои аҷиб ва ғариб ба ин хатҳои бо нақши рангоранг ки дар симои замин аст нигоҳ кун! Чигуна; барои сокининаш наҳрҳо ва рӯдҳоро, баҳр ва дарёҳоро, кӯҳҳо ва тачҳоро; ба ҷудҷо ҷудо махлуқҳо ва бандагони худ як – як мискин ва васоити нақле сохтааст, баъдан бо садҳо ҳазор аҷноси (навъи) наботот ва унвоъи ҳайвонот бо камоли хикмат ва интизом пур карда ҳаёт дода онҳоро хушҳол ва шод кардан, вақт ба вақт мунтазаман бо мавти онҳоро тархис карда, холи намуда, боз мунтазиман ба сурати “Баъсу баъдал мавт”яъне баъд аз мурдан дубора зинда кардан; ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдати як Қадири Зулҷалол ва як Ҳакими Зулкамол бо садҳо ҳазор лисонҳо шаҳодат мекунанд.

Алҳосил: Замин ки, равиш ки ба эҷоби санъат як машҳар (намоишгоҳ) яъне як намоишгоҳ ва ба ғуруби санъат як машҳар яъне як намоишгоҳ ва ба сафуфи (сафҳо) бандагон як масҷид ва мақарр аст; аз ингуна ин замин ба ҳукми қалби тамоми коинот ба шумор меравад, ба қадри коинот ба шумор меравад, ба қадри коинот нури ваҳдониятро нишон медиҳад.

Инак эй мӯҳтарам ҷуғрофидон! Ин сари замин, садҳазор даҳан, дар ҳар яки он даҳан, бо сад ҳазор лисони Аллоҳ (ҷ) ро бишиносонад ва ту ӯро нашиносӣ, сари худро ба ботлоқи табиат дохил намои, дарҷаи қабаҳати (ахмоқи) худро факир кун. Чи дараҷа ба як ҷазои бо даҳшат туро мустаҳақ хоҳад кард, баъдан, ба ҳуш биё. Ва сари худро аз ботлоқ берун кун. اٰمَنْتُ بِاللّٰهِ الَّذٖى بِيَدِهٖ مَلَكُوتُ كُلِّ شَىْءٍ бигӯ.

Панҷараи Бисту сеюм

اَلَّذٖى خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيٰوةَ

Ҳаёт, нуронитарин, зеботарин муъҷизоти қудрати Раббонӣ мебошад. Ва ҷомеътарин ва барроқтарин оинаҳои таҷалиёти Самадонӣ мебошад. Бале ҳаёт, бо танҳои Ҳайи Қайюмро бо тамоми исмҳо ва шууноташ мефаҳмонад. Чунки ҳаёт, як зиё, тирёқест (даво), ки ба ҳукми як маъҷуни мамзуч (якҷо шуда) аз хелеҳо сафон (сифатҳо) мебошад. Алвони сабъа дар зиё, яъне ҳафт ранг дар рушни ва мухталиф давоҳо дар тирёқ чигунна, ки мунтазиҷан яъне ба шакли махлут ёфт мешавад; онгуна низ ҳаёт, як ҳақиқатест, ки аз хелеҳо сифатҳои зиёд сохта шудааст. Як қисми сифатҳо яке дар он ҳақиқат аст, бо воситаи ҳисҳо инбасот намуда, инкишоф карда ҷудо мешаванд. Қисми аксари он сифатҳо бошад, ба сурати ҳиссиёти худашро эҳсос хоҳанд кард ва худашро ба сурати аз ҳаёт ҷӯшон хоҳанд фаҳмонд.

Ҳам ҳаёт, ризқ ва раҳмат ва иноят ва ҳикмат, ки дар тадбир ва идораи коинот ҳукм фармост тазмин мекунад. Гуё ҳаёт, онҳоро ба ақби худ гирифта, ба ҷое ки дохил мешавад онҳоро низ дар онҷо мекушад. Масалан: Ҳаёт вақте, ки ба як ҷисм, ба як бадан дохил шавад, исми Ҳаким низ таҷалли мекунад. Ошёнаи ҳаётро бо ҳикмат бо диққат сохта танзим мекунад. Дар айни ҳол исми Карим низ таҷалли намуда маскани он ҳаётро, назар ба ҳоҷати худаш тартиб ва тазъин мекунад. Боз дар айни ҳол ҷилваи исми Раҳим дида мешавад, ки барои идома ва камоли он ҳаёт бо навъҳо ва қисмҳои эҳсонот талтиф (лутф) мекунад. Боз дар ин ҳол ҷилва исми Раззоқ дида мешавад, ки ба бақо ва инкишофи он ҳаёт лозим аъзоҳои моддӣ ва маънавӣ мерасонад. Ва қисман дар баданаш идхор мекунад, яъне зоҳира мекунад. Пас ҳаёт, ба ҳукми нуқти меҳроқия (марказ); мухталаф сифат ба дохили якдигар дохилин мешаванд, балки айни якдигар мешаванд. Гуё ҳаёт тамоман ҳам илмаст, дар айни ҳол қудрат аст, ва дар айни ҳол низ ҳикмат ва раҳмат аст ва ҳоказо… Инак ҳаёт бо эътибори ин маҳияти ҷомеъи худ, як ойнаи Самадонӣ мебошад ки бо шууни Зоти Раббонӣ ойнадори мекунад инак аз ин сирр мебошад, ки Воҷиб-ул Вуҷуде ки Ҳаййи Қайюм аст, ҳаётро хелеҳо бо касрат ва бо мабазулит (арзон) ва фаровони офарида, нашр ва ташхир мекунад. Ва ҳар чизро дар атрофии ҳаёт ҷомеъ намуда, ба он ҳаёт ҳизматкор менамоид. Чунки вазифаи ҳайт бузург аст.

Бале, оинаи Самадит шудан як чизи осон нест, як вазифаи одӣ нест. Инак ин ҳайтҳои нав ба нав ки ба ҳад ва ҳисоб намеоянд ва рӯҳҳо ки аслҳо ва зотҳои ҳаётанд, дар пеши чашмони худ ҳар вақт мебинем; якбора ва аз ҳеҷ ба вуҷуд омадани инҳо, вуҷуби вуҷуд ва сифати қудсӣ ва асмои ҳуснӣ яъне исмҳои зебои як Зоти Воҷиб-ул Вуҷуд ва Ҳаййи Қайюм, монанди ламъати офтоб яъне монанди дурахшишҳо офтоб, чунонки офтобро нишон медиҳад, он вуҷуби вуҷуд ва сифати қуддусӣ ва асмои ҳуснӣ як Зоти Воҷиб-ул Вуҷудро ва Ҳаййи Қайюмро нишон медиҳад. Одаме ки осмонро намешиносад ва қабул намекунад, читур равшание ки рӯзро пуркардааст, ба инкор кардани он рӯзи равшан маҷбур мешавад. Онгуна низ, одаме ки Шамси Аҳдият ки Ҳаййи Қайюм ва Муҳйӣ ва Мумит аст нашиносат, рӯйи заминро балки вуҷуди зиҳаётҳое, ки гузаштаву ояндаро пур кардааст инкор бояд кунад ва аз ҳайвон сад дараҷа паст шуда, аз мартабаи ҳаёт суқут намуда ҷомид як ҷоҳили ҷоҳилтар бояд шавад.

 

Панҷараи Бисту чорум

لَٓا اِلٰهَ اِلَّا هُوَ كُلُّ شَىْءٍ هَالِكٌ اِلَّا وَجْهَهُ لَهُ الْحُكْمُ وَ اِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Мавт, ба қадри ҳаёт як бурҳони Рубубият аст. Як ҳуҷҷати хеле бо қуввати ваҳдоният аст. Бо далолати اَلَّذٖى خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيٰوةَ мавт, адам, иъдам, фано, ҳеҷӣ, як инқироси бе феъл нест, балки аз тарафи як Фоили Ҳаким аз хизмат тархис ва тахвили макон (иваз кардани макон) ва табдили бидун ва аз вазифа таътил ва аз ҳисси бидуни озодашон ва як асри мунтазами ҳикмат аст ки, ин дар “Мактуби Якум” нишон дода шудааст.

Бале, чигуна маснуъот ва зиҳаётҳое ки дар рӯйи замин, ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдонияти як Сонеъи Ҳаким шаҳодат мекунанд; онгуна низ: Он зиҳаётҳо бо маргҳояшон ба сармадӣ ва Ваҳдониятӣ як Ҳаййи Боқӣ шаҳодат мекунанд. Чунонки дар “Гуфтори Бисту дуюм” як бурҳони ваҳдат ва як ҳуҷҷати сармадӣ будани мавт, хеле бо  қувват исбот ва изоҳ карда шудааст, ин баҳсро ба он гуфтор ҳавола намуда танҳо як нуқта муҳими онро баён хоҳад кард. Ингуна ки:

Чигуна зиҳаётҳо, бо вуҷудҳояшон ба вуҷуди як Воҷиб-ул Вуҷуд далолат мекунанд. Онгуна низ: Он зиҳаётҳо бо маргҳои худ ба сармадӣ, ба воҳидияти як Ҳаййи Боқӣ шаҳодат мекунанад. Масалан: Рӯйи замин ки як зиҳаёт аст, бо интизомоти хайс бо аҳволҳои худаш чунон ки Сонеъро нишон медиҳад, дар вақти марг; яъне зимистон, бо кафани сафед рӯйи он замини мурдаро бо пинҳон кардан, назари башарро аз он замин бармегардонад. Ва ё инки назар, ба ақаби баҳори гузашта ба мозӣ рафта, як манзара хелеҳо зеботареро нишон медиҳад. Яъне ҳар баҳор ба монанди муҷиза қудрат, тамоми баҳорҳои гузашта пур аз мавҷудоти ҳаётдори замин мебошанд, аз инки ин баҳорҳо ба омадани мавҷудоти ҳаётдори орзӯи пур аз заминро ки як – як хориқа қудрат ба шумор мераванд, дубора боз дар ояндаи он баҳорҳои мавҷудоти ҳаётдорро эҳсос ба вуҷудҳояшон шаҳодат мекунанд, онгуна ба як дараҷа бо қувват ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдат ва бақо сармодият як Сонеъи Зулҷалол ва як Қадири Зулкамол як Қаюми Боқӣ, як Шамси Сармадӣ шаҳодат мекунанд ва он гуна далолати дурахонро нишон медиҳанд ки, хоҳ нохоҳ ба дараҷа бидиҳат ба “اٰمَنْتُ بِاللّٰهِ الْوَاحِدِ الْاَحَدِ ” гуфтан водор месозад.

Алҳосил назар ба сирри وَ يُحْيِى الْاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ; ин замини ҳаётдор, чунонки дар як баҳор ба Сонеъ шаҳодат мекунад; ба мурдани он, назарро ба муҷизоти қудрат ки дар ду боли гузашта ва оянда замон радиф шудааст бармегардонад. Ба ҷои як баҳор ҳазорҳо баҳорро нишон медиҳад. Баҷои як муҷиза ба ҳазорҳо муъҷизоти қудрати худ ишорат мекунад. Ва аз онҳо ҳар баҳор, аз ин баҳори ҳозир қатъитар шаҳодат мекунад. Чунки, онҳое ки ба тарафи мозӣ (замони гузашта) гузаштаанд, баробар бо исботи тоҳири худаш рафтаанд; дар ақибашон боз монанди онҳо, баҷои онҳо дигарон омадаанд. Пас асбоби зоҳири ҳеҷаст. Танҳо як Қадири Зулҷалол, онҳоро халқ карда бо ҳикмати худ ба асбоб (сабабҳо) баста намуда равон карданашро нишон медиҳад. Ва рӯйи заминҳои ҳаёдоре, ки дар замони оянда радиф шудааст, хелеҳо дурахшонтар шаҳодат хоҳанд кард. Чигуна: Аз ту, аз нест, аз ҳеҷ сохта шуда равон карда шуда, ба замин омада манзил намуда ва меҳмон шуда, вазифа дида, баъдан равон карда мешаванд.

Инак эй ғофиле, ки ба табиат қарор рафтаӣ ва дар ботлоқ ба дарҷа хафа шудан ва ғарқ шудан омадаӣ! Як чизе ки соҳиби дасти маънавие ки ба тамоми мозӣ ва мустақбил (замони гузаштаву оянда) расида натавонат, чигуна ба ҳаёти ин замин мудохила карда хоҳад тавонист? Оё тасодуф ва табиати монанди ту ки ҳеҷ андори ҳеҷ аст; ба ин мудохила карда тавонист? Начот ёфта мехоҳӣ: “Табиат, агар бошад як давфтари қудрати Илоҳӣ аст. Тасодуф бошад, як пардаи махфии ҳикмати Илоҳӣ мебошад, ки ҷаҳли моро пинҳон карда аст бигӯ, ” ба ҳақиқат наздик шав.

 

Панҷараи Бисту панҷум

Чигуна ки мазруб, албатта зарбаи далолат мекунад. Як асри бо санъат, санъаткорро эҷоб мекунад. Волида волидро иқтизо мекунад. Таҳтит (поён), фавқитро (боло) истозом (лозим) мекунад. Ва ҳоказо… монанди тамоми ин авсофи нисбие ки яке бидуни дигаре буда наметавонад, ва ин авсофи нисбиро умури  изофӣ таъбир намудаанд, ҳамон гунна имкон низ, ки дар ҷузиёт ва ҳаёти умуми коинот дида мешавад, воҷибро нишон медиҳад. Ва тамоми ҳиссиёте ки дар он дида мешавад, як феълро нишон медиҳад. Ва махлуқоте ки дар умуми он дида мешавад, холиқатро нишон медиҳад. Ва касрат ва таркибе ки дар умуми он дида мешавад, ваҳдатро истизом мекунад. Ва вуҷуб ва феъл ва холиқият ва ваҳдат, билбадаҳа ва билзарура; мавсуфҳо воҷиб ва фоил, ваҳдат ва холиқ ки; мумкин мунфеъл, касир, мураккаб яъне таркиб шуда, махлуқ набошад, онгуна мавсувҳоро мехоҳад. Онгуна бошад билбадаҳо тамоми имконоте ки дар тамоми коинот мавҷуд ҳаст, тамоми инфеолҳо тамоми махлуқотҳо, тамоми касрат ва тамоми таркибҳо, ба як Зоти Воҷиб-ул Вуҷуд, Фаъалун-Лима-Юрид, Холиқи Кулли Шеӣ, Воҳид Аҳад шаҳодат мекунад.

Алҳосил: Чигуна, аз имкон вуҷуб дида мешавад, аз инфъол феъл аз касрат ваҳдат; вуҷуди инҳо, ба вуҷуди онҳо қатъиян далолат мекунад. Онгуна низ: Сифатҳои махлуқат ва марзуқиёт ки дар болои мавҷудот дида мешавад низ, ба вуҷудҳои шуунҳои монанди сонеъият, раззоқият қатъи далолат мекунад. Вуҷуди ин сифат низ, боззарур ва билбадоҳа ба вуҷуди як Холиқ ва як Раззоқи Сонеъи Раҳим далолат мекунад. Пеш ҳар як мавҷуд бо лисони садҳо ингуна сифатҳое ки ҳамл мекунанд, ба салҳо исмҳои зебои Зоти Воҷиб-ул Вуҷуд шаҳодат мекунад. Ин шаҳодатҳо, агар қабул нашавад, тамоми ингуна сифатҳои мавҷудотро инкор кардан лозим меояд…

 

Панҷараи Бисту шашум (Ҳошия)

Ҷамолҳо ва ҳуснҳое ки дар рӯи мавҷудоти ин коинот тоза шуда ва омада мераванд, як навъӣ сояҳои ҷилваҳои як Ҷамоли Сармадӣ буданро нишон медиҳад. Бале чуноне ки баъд аз рафтани дурахшишҳое ки дар рӯи оби равони дарё дурахшида баъдан дар ақиб рафтани онҳо ва ду бора боз ба ҷои он порчаҳои он ки дар ақиб ҷараён дорад, боз бо тамоси нури офтоб ба он порчаҳои об ки бо тамоси нури офтоб медурахшонад ва ингуна ба монанди дурахшидани порчаҳои обҳое ки дар ақиб ҷори ҳастан, ҳамингуна ин дурахшишҳо ба шуоъҳои як шамси доимӣ оина шудани он порчаҳои обро нишон медиҳад, ҳамингуна ба монанди ин мисол; ламъот ва дурахшишҳои ҷамолие ки дар дарёи сайёли замон ва дар болои мавҷудоти саёра медурахшид низ, ба як ҷамоли сармади ишорат мекунанд. Ва як навъи амора ва ишораҳои ӯ мебошанд.

Ҳам ашқи ҷиддие ки дар коинот ҳаст, як Машуқи Лоязалро нишон медиҳад. Бале, чизе ки дар моҳияти дар ҳаёт вуҷуд надошта бошад, ба як сурати асосӣ чунон ки дар мевааш вуҷуд нахоҳад дошт, бо ин далолат, ашқи лоҳутие ки дар мева шаҷараи коинот ки инсон аст, нишон медиҳад ки дар тамоми коинот – фақат башаклҳои дигар – ҳақиқӣ ашқ ва муҳаббат вуҷуд дорад. Онгуна бошад ин ашқ ва муҳаббати ҳақиқие ки дар қалби коинот вуҷуд дорад, як Маҳбуби Азалиро нишон медиҳад.

Ҳам инҷизобот, ҷазбаҳо, ҷозибаҳо ки дар бисёр суратҳо дар синаи коинот тазоҳур мекунад; бо ҷазби як ҳақиқати ҷозибадори азалӣ буданро ба қалбҳо хушёр нишон медиҳад.

Ҳам бо иттифоқи аҳли кашф ва волоият ки ҳассостарин ва нуронитарин тоифа  махлуқотанд, ба завқ ва шоҳидонаш истинод намуда ба ҷилва ва таҷаллӣ як Ҷамили Зулҷалол мазҳар шуданашро ва ба шиносонидан ва дӯст доштонидани худро он Ҷалили Зулҷамол, бо завқ муталлеъ (хабардор) шудани худро он аҳли кашф ва волоият, муттафиқан (бо ҳам) хабар доданашон, боз ба вуҷуди як Зоти Воҷиб-ул Вуҷуд, як Ҷамили Зулҷалол ва он Зот ки ба инсонҳо худро мешиносонад, қатъиян шаҳодат мекунад.

Ҳам қалами тахсин тазйин (беҳтаршавӣ зебошавӣ), ки дар рӯи коинот ва дар болои мавҷудот кор мекунад, зебоии исмҳои соҳиби зоти он қалбро вазиҳан (кушод ва равшан) нишон медиҳад.

Инак ҷамоле ки рӯи коинот аст ва ашқе ки дар қалби коинот аст ва инҷизобе ки дар синнаи коинот аст, ва ҳусну ва тазиноте, ки нурониро боз мекунад. Бо он, як Ҷамоли Зулҷалол ва як Маҳбуби Лоязол ва як Маъбуди Ламязал ки исмҳояш ҷамил яъне зебо ҳаст ба ақлҳо ва ба қалбҳо нишон медиҳад.

Инак эй ғофиле ки дар торикиҳои моддиёт, дар зулумоти авҳом, дар дохили шӯбҳаҳои хафакунанда ва ғарқ кунанда боло ва пар мезанӣ ва талош мекунӣ! Ба худ биё. Ба яки сурате ки ба инсоният лоиқ аст тарақи кун. Бо ин ҷаҳор равзана нигоҳ кун. Ҷамоли воҳидотро бубин, камоли имонро ба даст биёвар, ҳақиқи инсон шав!..

(Ҳошия) Ин панҷара умум не, балки ба ақли қалб ва ба ақли муҳаббат хусусият дорад.

Панҷараи Бисту ҳафтум

اَللّٰهُ خَالِقُ كُلِّ شَىْءٍ وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ وَكٖيلٌ

Дар коинот, ба ашёе ки “Асбоб ва мусабаббот”, яъне сабабҳо ва натиҷаҳо” дида мешаванд. Нигоҳ мекунем ва мебинем ки: Олитарин як сабаб яъне натиҷаи қувваташ намерасад. Пас асбоб як парда аст. эҷодкунанда мусибаббот дигар аст. Масалан: Аз беҳуда маснуот танҳо ба сурати як масоили ҷузъӣ, қувваи ҳофизаи инсон, ки ба миқдори хардал хелеҳо хурд аст ва дар дохили сирри инсон ҷо ба ҷо карда шудааст, нигоҳ мекунем. Мебинем ки: онгуна як китоби ҷомеъ, балки ба ҳукми китобхона аст ки тамоми саргузашти ҳаёташ, дар дохили он қувваи ҳофиза бидуни иштибоҳ ва ғалатӣ навишта мешавад.

Аҷабо ба ин муҷиза қудрат кадом сабаб нишон додашуда хоҳад тавонист? Оё талофифи димоғия (пӯшиши мағзи сар)? Оё зарраҳои басит ва бешуури ҳуҷайраҳо? Оё бодҳои тасодуф? Дарҳоле ки ин муҷизаи санъат, санъати онгуна як зот хоҳад тавонист, ки дар ҳашр дар вақт мусоҳиба аъмоли башар ки дар дафтари бузургии аъмоли башар нашр карда хоҳад шуд, ба хотири ба ёд овардан ва хотирнишон сохтан ва ҳар феълро ки анҷом додааст, онро барои баёд овардан; он як аз санади хурд аз он қувва ҳофиза истинсох намуда, навишта карда, ба дасти ақли ӯ хоҳад дод, санъати онгуна як Сонеъи Ҳаким буда хоҳад тавонист.

Инак, ба қувваи ҳофизаи башар мисол, тамоми тухмҳои парандагонро, ҳастаҳоро, тухумҳоро киёс кун ва ба ин муҷизаҳои хелеҳо хурд соир мусибатҳоро низ қиёс кун. Чунки ба кадом мусибатҳо ва маснавӣ нигоҳ кунӣ, онгуна як санъати хориқа ҳаст, ки танҳо сабаби адои ва басити он, балки тамоми асбоб ҷомеъ шавад, ба муқобили он изҳори аҷз хоҳанд кард. Масалан офтобро ки як сабаби бузург гумон мешавад; бо ихтиёр, бо шуур фарз намуда ба ӯ гуфта шавад: Оё вуҷуди як магасро сохта хоҳӣ тавонист?” Албатта хоҳад гуфт: “Оё эҳсони Холиқам зиё, ҳарорат бисёр аст, фақат дар вуҷуди магас монанди чашм, гӯш, ҳаёт онгуна чизҳо аст, ки на дар дӯкони ман ёфта мешавад ва на дар дохили иқтидори ман аст.”

Ҳам чигуна ки санъат ва тазийноти хориқа ки дар мусибатҳо дида мешавад, асбобро азал мекунад, ба Воҷиб-ул Вуҷуд ки мусаббибул-асбаб аст ишорат карда, бо сирри وَ اِلَيْهِ يُرْجَعُ الْاَمْرُ كُلُّهُ ба ӯ таслими умур мекунад. Онгуна низ: Натиҷаҳо, мақсадҳо, фоидаҳое ки ба мусибатҳо овезон шудааст, билбадоҳа, дар ақиби парда хеле корҳои як Рабби Карим ва як Ҳакими Раҳим буданро нишон медиҳад. Чунки асбоби бе шуур, албатта як мақсадро фақир карда яъне кӯшиш нахоҳанд кард. Ҳоле ки мебенем, ҳар махлуқе ки бавуҷуд меояд, як мақсад не, балки бисёр мақсадҳоро, бисёр фоидаҳоро, бисёр ҳикматҳоро тақиб намуда ба вуҷуд меояд. Пас маълум мешавад ки як Рабби Ҳаким ва Карим, он чизҳоро сохта равон мекунад. Он фоидаҳоро барои онҳо мақсад вуҷуд месозад. Масалан: Борон меояд. Сабабе ки зоҳиран боронро интоҷ (истеҳсол) мекунад, ҳайвонотро фикр карда, ба онҳо дилсӯхтонда марҳамат кардан чӣ қадар дур буданишон маълум аст. Пас бо ҳикмати як Холиқи Раҳим ки ҳайвонотро халқ кардааст ва ризқҳашонро таъҳуд (ваъда) кардааст: Ба имдод равон карда мешавад. Ҳатто ба борон, “Раҳмат” гуфта мешавад. Чунки бисёр осори раҳмат ва фоидаҳоро тазаммун мекунад, гуё раҳмат, ба шакли борон таҷассум карда аст, қатра – қатра меояд.

Ҳам тамоми наботот бо зиннат ки ба рӯи махлуқот табассум мекунанд ва тазийнот ва худнамоиҳое, ки ҳайвонат дар худашон нишон медиҳанд, билбадаҳа ва вуҷуби вуҷуд ва ваҳдати як Зоти Зулҷалоле, ки дар ақиби парда ғайб аст ва худро боин санъатҳои бозиннат ва зебо, шиносонидан ва дӯст доштан ва фаҳмондан хостани худро мехоҳад ва санъатҳои бо зинат ва зебое, ки дар тамоми наботот ва ҳайвонот дида мешаванд, ба вуҷуби вуҷуд ва ваҳдати Зоти Зулҷалол ки дар ақиби парда ғойб аст далолат мекунад. Пас вазиятҳои бо зинати ашё, кайфитҳои хушнамоие, ки дар ашё дида мешавад, ба сифатҳои шиносоӣ ва дӯстӣ, қатъиян далолат мекунад. Сифатҳои шиносоӣ ва дӯстӣ бошад, билбадаҳа ба вуҷуиб вуҷуд ва ваҳдати як Сонеъи Қадире ки Вадуд ва Маъруф аст шаҳодат мекунад.

Алҳосил: Аз инки сабаб, хеле одӣ, аҷиз ва мусибптҳое ки ба он иснод шудааст, хеле ба санъат ва бо қиммат аст, сабабро азл мекунад. Ҳам мақсад ва фоида мусибат низ, асбоби ҷоҳил ва ҷомидро аз миён мебардорад, ба дасти як Сонеъи Ҳаким таслим мекунад. Ҳам тазйинот ва маҳоратҳое ки дар рӯи мусибабҳо дида мешавад, ба як Сонеъи Ҳакиме ки қудраташро ба зишуурҳо фаҳмондан мехоҳад ва худро ба онҳо дӯст доштан орзу мекунад, ишорат мекунад.

Эй сабабпарасти бечора! Ин се ҳақиқати муҳимро бо чӣ эъзоҳ хоҳӣ карда тавонист? Ту чигунна худро фиреб дода хоҳӣ тавонист? Ақл дошта бошӣ, пардаи асбобро пора кун “Ваҳдаҳу ла Шарика Лаҳ” бигӯ, аз беҳад авҳом наҷот биёб.

Панҷараи бисту ҳаштум

وَمِنْ اٰيَاتِهٖ خَلْقُ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ وَاخْتِلَافُ اَلْسِنَتِكُمْ وَ اَلْوَانِكُمْ اِنَّ فٖى ذٰلِكَ لَاٰيَاتٍ لِلْعَالِمٖينَ

Ба ин коинот нигоҳ мекунем ки: Аз ҳуҷайроти бадан бигир, то ба маҷмӯъи олам шомил, як ҳикмат ва танзим мавҷуд ҳаст. Ба ҳуҷайроти бадан нигоҳ мекунем, мебинем ки: Масолеҳи баданро бинанда ва идора кунонда, бо амри ӯ қонуни як зот, дар он ҳуҷайроти хеле хурд, як тадбир бо аҳмият мавҷуд ҳаст ба меъда, чигуна як қисм ризқ, ба сурати чарби иддхор (захира) шуда дар вақти хоҷат сарф мешавад. Айнан дар он ҳуҷароти хеле хурд низ, тасарруф ва иддхор мавҷуд ҳаст. Ба наботот нигоҳ мекунем; хеле ҳокимона як тарбия, як тадбир дида мешавад. Ба ҳайвонот нигоҳ мекунем, дар ниҳоят дараҷа каримона як тарбия ва рӯзгузарониро мебенем. Ба аркони азими коинот нигоҳ мекунем; барои мақсадҳои муҳим як тадвир ва танвири хашмкоронаро мебинем. Ба маҷмӯъи олам нигоҳ мекунем; ба ҳукми як мамлакати мунтазам, як шаҳр, як қаср барои ҳикматҳои олӣ, барои мақсадҳои баландмартаба яъне барои мақсадҳои пур қиммат ва бо арзиш як танзимоти мукаммал мебинем. – Чунон ки дар Мавқифи Якуми Гуфторҳои Сию дувум изоҳ ва исбот карда шудааст. – Аз як зарра бигир, то ба ситораҳо зарра миқдор ба ширк чой намемонад. Онгуна ба якдигар маънан муносибатдор ҳастанд, ки онгуна тамоми ситораҳоро мусаххар накунада ва дар дасти худ нагирад, ба як зарра ҳақиқӣ Раб шудан, ба тамоми ситораҳо соҳиб шуда лозим меояд.

Ҳам, –  чуноне ки дар Мавқифи Дувуми Гуфтори Сию дувум эзоҳ ва исбот карда шудааст – онгуна дар халқ ва тасвия самавот муқтадир набошад, ташхисоне ки дар рӯи самои башар дида мешавад, он ташахусотро эҷод карда нахоҳад тавонист. Пас онки Рабби  (парвардигори) тамоми коинот набошад, нақши самовие ки аломати фориқа, ки дар як симои инсон дида мешавад, эҷот карда нахоҳад тавонист. Инак як панҷараи бузург ба қадири коинот ки аз он нигоҳ шуд, оятҳои اَللّٰهُ خَالِقُ كُلِّ شَىْءٍ وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ وَكٖيلٌ لَهُ مَقَالٖيدُ السَّمٰوَاتِ وَ الْاَرْضِ бо ҳарфҳои бузург, ба саҳифаҳои коинот навишта буданаш, бо чашми ақл низ дида хоҳад шуд. Онгуна бошад, касе ки намебинад, ё ақл надорад. Ва ё ба сурати инсон як ҷонвар аст!

 

Панҷараи бисту нӯҳум

وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

Дар як мавсими баҳор, ғарибона, мутафаккирона ба саёҳат меравфтам. Гузариш аз доманаи як теппа, як гули зарде дурахшон ва нурони ба назарам тамос намуд. Аз он ҷинс гулҳои зарде ки аз собиқ дар ватанам ва дар соир мамлакатҳои дида будам, дар хотир намуд. Ингуна як маъно ба қалб омад ки: Ин гул тура, яъне туғроие ки бошад, сиккае ки бошад ва мӯҳре ки бошад ва нақше ки бошад, албатта тамоми он навъ гӯлҳо ки дар рӯйи заминанд, мӯҳрҳои ӯ сиккаҳои ӯст.

Баъд аз тахайюли ин мӯҳр, ингуна як тасаввур омад, ки чигуна як мӯҳр як мактубе ки мӯҳр, мӯҳр шудааст. Он мӯҳр, соҳиби он мактубро нишон медиҳад; онгуна низ: Ин гул, як мӯҳри Раҳмонӣ мебошад. Ин теппае, ки бо анвои нақшҳо ва бо сатрҳои маънидори наботот навишта шудааст низ, мактуби Сонеъи ин гул мебошад.

Ҳам ин теппа низ як мӯҳр мебошад. Ин саҳро ва дашт, шакҳои мактуби Раҳмониро гирифт. Аз ин тасаввур ингуна як ҳақиқат ба зеҳн омад ки: Ҳар як чиз ба ҳукми як мӯҳри Раббонӣ, тамоми ашиёро ба Холиқи худ иснод мекунад. Мактуби котиби худаш буданро исбот мекунад.

Инак ҳар як чиз, онгуна як панҷараи тавҳид аст, ки тамоми ашиёро ба як Воҳиди Аҳад мол мекунад. Пеш дар ҳар як чиз, хусусан дар зиҳаёт онгуна хориқа як нақш, онгуна муҷизакор як санъат ҳаст, ки онки ӯро онгуна сохтааст ва онгуна маънидор нақш кардааст, тамоми ашёро эҷод карда хоҳад тавонист ва тамоми ашёро эҷодкунонда, албатта ӯ хоҳад буд. Пас онгуна тамоми ашиёро эҷод карда наметавонад, як чизро эҷод нахоҳад тавонист.

Инак эй ғофил! Ба рӯи ин коинот нигоҳ кун: Саҳифаҳои мавҷудот, ки ба ҳукми беҳад мактуботи Самадонӣ бешумор мераванд, ҳар як ин саҳифаҳои мавҷудот ки ба ҳукми мактуби Самадонианд, яке дар дохили дигаре қарор гирифтан дар болои ҳар як мактуб, бо беҳад мӯҳрҳои сиккаи тавҳид мавҷуд мебошад, шаҳодати тамоми ин мӯҳрҳоро ки такзиб карда хоҳад тавонист? Кадоми кувват онҳоро хомӯш карда метавонад? Бо қалб ва бо гӯш, диққат диҳӣ  اَشْهَدُ اَنْ لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ гуфтаҳоятро бояд шунавӣ.

Панҷараи сиюм

لَوْ كَانَ فٖيهِمَٓا اٰلِهَةٌ اِلَّا اللّٰهُ لَفَسَدَتَا ۞ كُلُّ شَىْءٍ هَالِكٌ اِلَّا وَجْهَهُ لَهُ الْحُكْمُ وَ اِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Ин панҷара, ба имкон ва ҳодисаву асосгузори панҷара умум мутакаллимин мебошад. Ва ба исботи Воҷиб-ул Вуҷуд кӯчаҳо доранд. Тафсилоти инро, ба китобҳои бузурги муҳақиқин монанди “Шарҳул Мувофиқ” ва “Шарҳул Мақосид” ҳавола намуда, танҳо як ду шуоъе ки аз файзи Қуръон ва як ду шуоъе ки аз ин панҷара ба рӯҳ омадааст нишон хоҳам дод. Ингуна ки:

Муқтазои амрият ва ҳокимият: Рақиб қабул накардан аст; иштирокро рад кардан аст; мудохиларо рофеъ кардан аст… ба хотири он аст ки: Дар як деҳаи хурд ду мухтор бошад, роҳат ва низоми деҳаро хароб хоҳанд кард. Дар як ноҳия ду мудир, дар як вилоят ду волӣ бошад, ҳарҷ ва марҷ (анархизм, бенизомӣ) хоҳанд кард. Дар як мамлакат ду подшоҳ бошад, ба як тӯфонӣ ва бе назмӣ сабабият хоҳанд дод.

Модоме ки як сояи зайиф ва як намунаи ҷузъӣ соя хокимият ва амрият, дар инсонҳои ба муовинат мӯҳтоҷ ва оҷиз, ингуна роқиб ва зидро ва мудохила имсоли худро қабул накунад; аҷабо ҳокимияте, ки ба сурати салтанати мутлақ ва амрие ки ба дариҷаи рубубият аст, дар як Қадири Мутлақ, чи дараҷа он қонуни ради мудохила ба як сурати чӣ қадар бо асос ҳукмашро иҷро мекунад қиёс кун. Пас қатъитарин ва доимитарин лозим; Улуҳият ва Рубуият; ваҳдат ва инфирод мебошад. Ба ин як бурҳони баҳир (ошкор) ва шоҳиди қатъӣ, инитзоми акмал (комил) ва инсиҷоми иҷмоли коинот аст. Аз боли магас бигир, то ба кандилҳои самовот (ситорҳо) онгуна як низом мавҷуд ҳаст ки: Ақл ба муқобили он аз ҳироти худ ва аз истеҳсони худ, аз паснадидан ва зебо дидани худ “СубҳонАллоҳ,  МошоАллоҳ, Боракаллоҳ” гуфта, саҷда хоҳад кард. Агар зеро миқдор ба шарик ҷое мебуд, мудохилааш мебуд, бо далолати ояти карима لَوْ كَانَ فٖيهِمَٓا اٰلِهَةٌ اِلَّا اللّٰهُ لَفَسَدَتَا низом хароб шуда, сурат тағир мекард осори фасод дида мешуд. Дар ҳоле ки: Бо далолати فَارْجِعِ الْبَصَرَ هَلْ تَرٰى مِنْ فُطُورٍ ۞ ثُمَّ ارْجِعِ الْبَصَرَ كَرَّتَيْنِ يَنْقَلِبْ اِلَيْكَ الْبَصَرُ خَاسِئًا وَ هُوَ حَسٖيرٌ ва бо ин ифода, назари башар, барои ҷустучӯӣ қусур чиқадар талош кунад, дар ҳеҷ як чои қусур пайдо нахоҳад кард, монда шуда ба чашм, ки манзили ӯст омада ба он ақли мунаққид ки ӯро равон карда буд хоҳад гуфт: “Беҳуда монда шудам, қусур нест”. Бо гуфтани ин ҷумла, нишон медиҳад ки: Низом ва интизом, хеле мукаммал аст. Пас интизоми коинот, шоҳид қатъӣ Ваҳдоният аст.

Биё ҳоло биёем ба масала “ҳудус” Мутакаллимин гуфтаанд ки:

Олам, мутағайир аст. Ҳар мутағайир, ҳар як ҳадис, ҳар як ҳадис, муҳдис яъне муҷид (эҷод кунанда) дорад. Онгуна бошад, як муҷиди қадими ин қоинот мавҷуд аст.

Мо низ мегӯем: Бале коинот ҳадис аст. чунки мебинем; Дар ҳар аср, дар ҳар сол, балки дар ҳар мавсим; як коинот, як олам меравад, ки дигараш меояд. Пас як Қадири Зулҷалол ҳаст, ки ин коинотро аз ҳеҷ эҷод намуд дар ҳар сол, балки дар ҳар мавсим, балки дар ҳар рӯз яке онро эҷод мекунад, ба аҳли шуур нишон медиҳад. Ва баъдан онро мегирад ва дигареро меоварад. Якеро ба дунболи дигари насб намуда, ба як сурати занҷирпеч ба риштаи замон овезон мекунад. Албатта монанди ин олам, дар ҳар баҳор ки он баҳорҳо ба ҳукми як – як коиноти мутаҷаддид (коиноти нав) ба шумор мераванд, дар пеши чашмони мо коинотҳое ки аз ҳеҷ омада ва мераванд, эҷод кунанда ин коинотҳо як Зоти Қадир аст, ки ин коинотҳо муъҷизоти қудрати ӯ мебошанд. Албатта зоте ки дар дохили олам, оламҳоро ҳар вақт офарида тағир ва табдил мекунад, қатъиян, ин оламро низ ӯ офарида аст. ва ин оламро рӯйи заминро ба он мусофирони бузург мусофирхона сохтааст.

Биёем ба баҳси “Имкон” Мутакаллимин гуфтаанд ки:

Имкон, “Мутасовиют-тарафин” аст. Яъне: Адам ва вуҷуд, ҳар ду низ мусовӣ бошад, як тахсис кунанда, як тарҷеҳ кунанда, як муҷид (эҷод кунанда) лозим аст. Чунки мумки мешавад, якдигарро эҷод карада тасосил (пайдарпар) карда нахоҳанд тавонист. Ва ё инки: + онро он дигар низ он дигариро эҷод карда, ба сурати дур яъне ба сурати мубодила ва табдил низ нахоҳад тавонист. Онгуна бошад як Воҷиб-ул Вуҷуд ҳаст, ки инҳоро эҷод мекунад. Дур яъне мубодила ва табдил ва тасосилро, бо дувоздаҳ бурҳон, яъне бо дувоздаҳ далели қатъи машҳур ба номи далелҳои арши ва сулламӣ давреро ибтол намудаанд ва тасосилро маҳол нишон додаанд. Силсилаи сабабҳоро қатъ намуда, вуҷуди Воҷиб-ул Вуҷудро исбот намудаанд.

Мо низ мегуем ки: Аз инки сабабҳо, бо тасосули бурҳон, дар ниҳояти олам қатъ шуда бошад, дар ҳар чиз ба Холиқи Кулли Шейъ махсус сиккаро нишон додан, қатъитар, осонтар аст. бо файзи Қуръон тамоми Панҷараҳо ва тамоми Гуфторҳо бар он асос рафтаанд. Баробар бо он, нуқта имкон беҳад як вусъат дорад. Бо чиҳадҳои беҳад вуҷуди Воҷиб-ул Вуҷудро нишон медиҳад. Танҳо, ба роҳи қатъӣ шудани тасосул, ки яке аз роҳ мутакаллимин аст, алҳақ ба он кӯчаи васеъ ва бузург мунхасир (иборат) нест. Балки бо роҳҳое ки беҳадду ҳисоб намеояд, ба маърифати Воҷибил Вуҷуд роҳ боз мекунад. Ингуна ки:

Ҳар як чиз, дар вуҷуди худ, дар сифати худ, дар муддати боқии худ дар ҳоле, ки дар дохили имконот беҳад, яъне дар роҳҳо ва ҷиҳатҳои хеле бисёр зиёд мутахайир (дар ҳайрат) аст, мебенем ки, дар дохили он ҷиҳатҳои беҳад аз нигоҳи вуҷуд, як роҳ мунтазамро таъқиб мекунад. Ҳар як сифатро низ ба як тарз махсус ба ӯ медиҳад. Тамоми сифат ва ҳолҳое ки дар муддати бақои худ тағйир дода аст низ, бо ингуна як тахсис дода мешавад. Пас бо ирода як мухасис, бо тарҷеҳи як муроҷҷеҳ, бо эҷоди як муҷиди ҳаким аст, ки дар дохили роҳҳои беҳад, дар як роҳи бо ҳикмат онро савқ мекунад. Сифат ва аҳволи мунтазамро ба ӯ мепӯшонад. Баъдан аз инфирод берун намуда, бо як таркиб ба ҷисм ҷузъ месозад; имконот зиёдтар мешавад. Чунки: Дар он ҷисм ба ҳазорон тарз буда хоҳад тавонист. Дар ҳоле ки дар дохили он вазиятҳои бе натиҷа, як вазияти махсус ва бо интиҷа ба ӯ дода мешавад, ки муҳим натиҷаҳо ва фоидаҳо ва дар он ҷисм вазифаҳо болои он ҷисм анҷом дода мешавад. Имконот хеле бисёртар тазйид мекунад. Чунки: Ба ҳазорон тарз буда хоҳад тавонист. Инак дар дохили он ҳазорон тарз, як вазият дода мешавад, бо он вазияти муҳим вазиятҳои болои он анҷом дода мешавад ва ҳоказо… То ҷое, ки меравад хелеҳо зиётдтар қатъӣ вуҷуби вуҷуди як Ҳакими Мудаббирро нишон медиҳад. Бо амри як Амири Алим савқ шуданашро мефаҳмонад. Ҷисм дар дохили ҷисм, тамоми ин таркибот ки дар дохили якдигар ҷузъ шуда мераванд; чигуна як нафар, дар дасти худ, дар қатъи худ, дар булуғи худ, дар баталёни худ, дар гурӯҳҳои худ, дар ордуи худ мутдохил дар ҳар яки он ҳаётҳо як – як вазифа махсус, як – як нисбати бо ҳикмат, як – як хизмати бо интизом пайдо мекунад.

Ҳам чигуна ки, як ҳуҷайраи мардумаки чашми ту; дар чашми ту як нисбат ва як вазифа дорад. Ба ҳаёти умуми сирри ту низ як вазифа ва хизмати бо ҳикмат дорад. Зеро миқдор иштибоҳ кунад, сиҳат ва идора будан хароб хоҳад шуд ба рагҳои хун, ба ҳисс ва ҳаракоти асабҳо, ҳатто дар умуми ҳаёти бидун як – як вазифа махсус, як – як вазияти бо ҳикмат дорад. Дар дохили ҳазорон имконот, бо ҳикмати як Сонеъи Ҳаким он вазъияти муайян дода шудааст. Онгуна низ: Ин мавҷудоте ки дар коинот дида мешаванд, ҳар яке бо зоти худаш, бо сифати худаш, дар дохили хели роҳҳои имконот; як вуҷуди хос ва як сурат бо ҳикмат ва сифатҳои бо фоида чи гуна ки ба як Воҷиб-ул Вуҷуд шаҳодат мекунад; онгуна низ: Дар вақти дохил шудан ба мураккабот (таркибот), дар ҳар як мураккаб бо як лисони дигар боз Сонеъи худро эълон мекунад. Рафта – рафта, то ба бузургтарин мураккаб нисбат ва вазифааш, бо эътибори хизматаш ба вуҷуби вуҷуд ва ихтиёр ва ирода Сонеъи Ҳаким шаҳодат мекунад. Чунки: Як чизро, ба тамоми мураккаботи бо ҳикмат, ба сурати муҳофиза намудани муносибат ҷобаҷо намудан, Холиқи тамоми он мураккабот буда хоҳад тавонист. Пас як чиз бо ҳазорон лисон ба ҳукми шаҳодат кунанда ба ӯ мебошад. Яъне бо ҳазорон лисон ба ӯ шаҳодат мекунанд. Инак танҳо ба мавҷудоти коинот, балки ба адади сифат ва мураккаботи мавҷудот низ аз нуқтаи имконот ба вуҷуди Воҷиб-ул Вуҷуд шаҳодатҳо меояд…

Инак эй ғофил! Инак шаҳодатҳоро, ин садоҳоро ки коинотро пур кардааст нашунидан… чӣ дараҷа кӯр ва беақл будан лозим меояд? Зуд бош ту бигӯ!..

 

Панҷараи сию якум

لَقَدْ خَلَقْنَا الْاِنْسَانَ فٖٓى اَحْسَنِ تَقْوٖيمٍ ۞ وَ فِى الْاَرْضِ اٰيَاتٌ لِلْمُوقِنٖينَ ۞ وَ فٖٓى اَنْفُسِكُمْ اَفَلَا تُبْصِرُونَ

Ин панҷара, панҷараи инсон аст ва анфуси мебошад. Ва аз чиҳати анфуси тафсилоти ин панҷараро ба ҳазорон китобҳои муфассали маҳаққиқони авлиё ҳавола намуда, танҳо ба як чанд асосе, ки аз файзи Қуръон гирифтаам, ишорат хоҳам кард. Ингуна ки:

Чунонки дар “Гуфтори Ёздаҳум” баён карда шудааст: “Инсон, онгуна як нусхаи ҷомеъ мебошад ки; Ҷаноби Ҳақ, тамоми исмҳои худро, бо нафси инсон ба инсон эҳсос мекунад”. Тафсилоташро ба дигар гуфторҳо ҳавола намуда танҳо танҳо се нуқтаро нишон ҳоҳем дод.

НУҚТАИ ЯКУМ: Инсон, бо се ҷиҳат ба исмҳои Илоҳӣ як оина аст.

Ваҷҳи якум: Дар шаби зулумот яъне торикиҳо, чигуна нурро нишон медиҳад, онгуна низ инсон, бо заъф ва аҷзаш, бо фақр ва ҳоҷоташ, бо нуқс ва қусураш, қудрат, қувват, ғано ва раҳмати як Қадир Зулҷалолро мефаҳмонд. Ва ҳоказо… Ба хелеҳо бисёр авсофи Илоҳӣ бо ин сурат оинадорӣ мекунад. Ҳатто дар беҳат аҷиз ва бениҳоят заъифаш, ба муқобили беҳад аъдоиш (душманонаш) бо ҷустуҷӯ кардани як нуқтаи истинод, виҷдон доимо Воҷиб-ул Вуҷуд нигоҳ мекунад. Ҳам дар бениҳоят фақираш, дар дохили бениҳоят хоҷоташ, ба муқобили мақсадҳои бениҳоят аз ин ки ба ҷустуҷӯи як нуқтаи истинод маҷбур аст, виҷдон доимо аз он нуқта ба даргоҳи як Ғании Раҳим такя намуда, бо дуо даст боз мекунанд. Пас дар ҳар виҷдон аз ҷиҳати ин нуқтаи истинод ва нуқтаи истимдод, ду панҷараи хурд, ба боргоҳи раҳмати Қадири Раҳим боз мешавад, ҳар вақт бо он нигоҳ карда хоҳад тавонист.

Ойнадори ваҷҳи дувум бошад: Бо ҷузёт монанди ҷузъи илм, ҷузъи қудрат, ҷузъи басар, ҷузъи самеъ (шунавоӣ), ҷузъи моликият, ҷузъи ҳокимият, ки аз навъӣ намунаҳо ба инсон дода шудааст; ба илм, ба қудрат ба баср, ба самеъ, ба ҳокимияти рубубияти Молики коинот оинадори мекунад. Онро фаҳмида, мефаҳмонд. Масалан: Ман чигуна ин хонаро сахтам ва сохтанашро медонам ва мебинам, месозад, идора мекунад. Ва ҳоказо…

 Ойнадори ваҷҳи севум: Инсон, ба нақшҳои исмҳои Илоҳӣ ки дар болояш дида мешавад, оинадори мекунад. Чунонки дар оғози Мавқифи Сеюми Гуфтор Сию дувум як миқдор эъзоҳ шудааст, дар моҳияти ҷомеъи инсон аз ҳафтод зиёдтар исмҳое ки накшаҳояш зоҳир ва ошкор, дар инсон мавҷуд мебошад. Масалан: Аз офариниши ту, исми Сонеъ, Холиқ ва аз ҳусни тақвими ту, исмҳои Раҳмон ва Раҳим ва аз ҳусни тарбияи ту исмҳои Карим ва Раҳим ва ҳоказо… Бо тамоми аъзо ва олоташ бо ҷиҳозот ва ҷавоҳирҳояш, бо латоиф ва маънавиёташ, бо ҳавос ва ҳиссиёташ, ҷудо – ҷудо нақшаҳои, ҷудо – ҷудо исмҳоро нишон медиҳад. Пас чи гуна ки исмҳо як исми азим мавҷуд ҳаст, ингунат низ: Дар нақши он исмҳо низ як нақши аъзам мавҷуд ҳаст ки: Он низ инсон аст.

Эй инсоне ки худро инсон медонӣ! Худро бихон. Вагарна ба ҳукми ҳайвон ва инсони ҷомида шудан эҳтимол аст.

НУҚТАИ ДУЮМ: Ба як сирри муҳими аҳадият ишорат мекунад. Ингуна ки:

Чигуна рӯҳи инсон ба тамоми ҷасад онгуна як муносибат дорад ки; тамоми аъзоҳояшро ва доруҳояшро ба якдигар кӯмак мекунанд. Яъне, авомири теквинӣ ки ҷилва иродаи Илоҳӣ аст ва рӯҳ ки аз он амр вуҷуди хориҷӣ пӯшонида шуда як қонуни амрӣ ва латоифи Раббонӣ мебошад, дар идораи онҳо, дар шунидани садоҳои маънавии онҳо ва дар дидани хоҷати онҳо ба якдигар монеъ намешавад; (латифаи Раббонӣ, як ҳисси хеле ҳасос ва зариф мебошад ки вобаста ба қалб буда ва султони тамоми ҳиссиёт мебошад) рӯҳро ба иштибоҳ намеандозад. Ба рӯҳ, дур – наздик ба ҳукми яке мебошад… Ба якдигар парда намешавад. Агар бихоҳад бисёреашро ба кӯмаке ки мерасонад. Агар бихоҳад бо ҳар чиз фаҳмида хоҳад тавонист, ҳисс карда хоҳад тавонист, идора карда хоҳад тавонист. Ҳатто бисёр нуроният касб карда бошад, бо ҳар чиз хоҳад дида хоҳад тавонист ва шунида хоҳад тавонист. Ингуна низ: “Ва Лиллаҳилмасалул-аъла” Ҷаноби Ҳақро, рӯҳ ки модом қонуни амри ӯ мебошад, дар ҷисм ва аъзои инсон, ки як олами хурд аст, ин вазъиятро нишон медиҳад; албатта дар коиноте, ки як олами акбар аст, ба иродаи куллӣ ва ба қудрати мутлақи он Зоти Воҷиб-ул Вуҷуд, беҳад феълҳо, беҳад садоҳо, беҳад дуоҳо, беҳад корҳо, ба ҳеҷ як ҷиҳат ба ӯ сангин нахоҳад омад. Ба якдигар монеъ нахоҳад шуд. Он Холиқи Зулҷалолро машғул нахоҳад кард, ба иштибоҳ нахоҳад андохт, тамоми онҳоро якбора хоҳад дид, тамоми садоҳоро якбора хоҳад шунид. Барои ӯ дур – наздик яке аст. Агар бихоҳад, тамоми онҳоро ба кӯмаки яке онҳо равон хоҳад кард. Ба ҳар чиз, ҳар чизро дида хоҳад тавонист. Садоҳояшонро шунида хоҳад тавонист ва бо ҳар чиз ҳар чизро хоҳад фаҳмид. Ва ҳоказо!..

НУҚТАИ СЕВУМ: Ҳаёт як моҳияти хеле муҳим ва як вазифаи бо аҳмиятро доро мебошад. Фақат он баҳс, чунон ки дар Панҷараи Ҳаёт ва дар Гуфтори Ҳаштуми Мактуби Бистум тафсили он зикр шуда аст; он баҳсро ба он ҳавола намуда танҳо инро ихтор мекунем ки:

Дар ҳаёт, нақшҳои омехта ба сурати ҳиссиёти ҷӯшон, ба хелеҳо зиёд исмҳо ва шууноти зотӣ ишорат мекунад. Ба як сурати хеле дурахшон ба шууроти Зоти Ҳаййи Қайюм оинадорӣ мекунад. Изоҳи ин сирр, ба муқобили ононе, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ.) ро намешиносанд ва то ҳол том тасдиқ накардаанд инки замонаш набуд, он дарвозаро баста мекунем.

 

Панҷараи сию дуюм

هُوَ الَّذٖٓى اَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدٰى وَدٖينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدّٖينِ كُلِّهٖ وَ كَفٰى بِاللّٰهِ شَهٖيدًا ۞

قُلْ يَٓا اَيُّهَا النَّاسُ اِنّٖى رَسُولُ اللّٰهِ اِلَيْكُمْ جَمٖيعًا الَّذٖى لَهُ مُلْكُ السَّمٰوَاتِ وَ الْاَرْضِ لَٓا اِلٰهَ اِلَّا هُوَ يُحْيٖى وَ يُمٖيتُ

Ин панҷара, Офтоби самои Рисолат, балки офтоби офтобҳо ки Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) аст, панҷараи он зот мебошад.

Ин панҷара хеле дурахшон ва бисёр бузург ва хеле нуронӣ, чунки дар Рисолаи Меъроҷ ки Гуфтори Сию якум ва Рисолаи Нубуввати Аҳмадӣ (с.а.в.) ки Гуфтори Нуздаҳум аст ва дар Мактуби Нуздаҳум ки нуздаҳ ишоратро ҳоъз (дар бар гирифтан) мебошад, чи дараҷа нуронӣ ва зоҳир буданаш исбот карда шудааст, он ду гуфторро ва он мактубро ва ишорати нуздаҳум он мактубро дар ин мақом фикр карда, саҳнаро ба онҳо ҳавола намуда, танҳо мегуем ки:

Зоти Аҳмадӣ (с.а.в.) ки як бурҳони нотиқи тавҳид аст, бо ҷиноҳҳои (парҳои) рисолат ва вилоят, яъне бо як қуввате ки қабл аз худаш иҷмоҳои силсилаи анбиёро ва асфиёҳоро тазаммун намуда, Ваҳдониятро нишон дода эълон кардааст. Ва монанди олами Исломият, як панҷараи васеъ, дурахшон ва нурониро ба маърифатуллоҳ боз намудааст. Монанди Имони Ғазолӣ, Имоми Раббонӣ, Муҳиддини Арабӣ, Абдулқодири Гелонӣ миллионҳо муҳақиқини асфиё ва сиддиқин, аз он панҷара нигоҳ мекунанд, ба дигарон низ нишон медиҳанд. Аҷабо ингуна панҷараро баста кунанда як парда мавҷуд ҳаст? Ва оё онгуна ӯро иттиҳом намуда, аз ин панҷара нигоҳ намекунад ақл дорад? Зуд бош ту бигӯ!

Панҷараи сию сеюм

اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ الَّذٖٓى اَنْزَلَ عَلٰى عَبْدِهِ الْكِتَابَ وَلَمْ يَجْعَلْ لَهُ عِوَجًا قَيِّمًا ۞ الٓرٰ كِتَابٌ اَنْزَلْنَاهُ اِلَيْكَ لِتُخْرِجَ النَّاسَ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّورِ

Тамоми панҷараҳое ки гузашт, яъне қатраҳое аз баҳри Қуръон будани онро фикр кун. Баъдан дар Қуръон, ба ҳукми нурҳои тавҳид, чӣ қадар мавҷуд буданро қиёс кардан хоҳӣ тавонист. Ба он Қуръон ки монеъ ва маъдан ва асли тамоми он панҷараҳо мебошад, ба яу сурати хеле муҷамал, ба як тарзи басит низ нигоҳ шавад, боз ҳам як панҷара ҷомеъи хеле дурахшон ва нурони мебошад. Чиқадар қатъӣ ва дурахшон ва нуронӣ будани он панҷараро ба Гуфтори Бисту панҷум, ки Рисолаи Эъҷози Қуръон аст ва Ишорати Ҳаҷдаҳуми Мактуби Нуздаҳуми ҳавола мекунем. Ба арши Раҳмоние ки Зоти Зулҷалол ки Қуръонро ба мо равон кардааст, ниёз карда мегӯем:

اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ الَّذٖٓى اَنْزَلَ عَلٰى عَبْدِهِ الْكِتَابَ وَلَمْ يَجْعَلْ لَهُ عِوَجًا قَيِّمًا ۞ الٓرٰ كِتَابٌ اَنْزَلْنَاهُ اِلَيْكَ لِتُخْرِجَ النَّاسَ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّورِ

*      *     *      

Ихтор

Ин Мактуби Сию севум, ки Сию се Панҷара аст, онро ки имон надорад ИншоАллоҳ ба имон хоҳад овард. Онро ки имонаш заиф аст, имонашро бо қувват хоҳад сахт. Онро ки имони қавӣ ва тақлидӣ дорад, имонашро таҳқиқӣ хоҳад сохт. Онро ки имони таҳқиқӣ дорад, имонашро васеъ хоҳад сахт. Ба кассе ки имонаш васеъ аст, дар маърифатуллоҳ ки асос ва мадори тамоми камолоти ҳақиқӣ аст, тарақиёт хоҳад дорад; хелеҳо нуронитар, хелеҳо дурахшонитар манзараҳоро боз хоҳад кард.

Инак бахтиёр ин, “Як панҷара барои ман кофӣ омад, кофист” гуфта нахоҳӣ тавонист. Чунки: Ба ақли ту қаноат омада бошад, ҳисси худро гирифта бошад; қалби ту низ ҳисси худро мехоҳад. Рӯҳи ту низ ҳисси худро мехоҳад. Ҳато хаёл низ аз он нур ҳисси худро хоҳад хост. Бинаеналейҳ ҳар як панҷара ҷудо – ҷудо фаидаҳо дорад.

Дар Рисолаи Меъроҷ асл мухотаб, мӯъмин будан; мулҳид ба дараҷаи дуввум дар мақом истимоъ қарор дошт. Дар ин рисола бошад; мухотаб мункир мебошад; дар мақомҳои истимоъи мӯъмин қарор дорад. Инро фикр намуда бояд нигоҳ шавад.

Танҳо мутаассифона, бинобар як сабаби муҳим ин мактуб аз ин ки бо суръат навишта шудааст ва ҳатто аз ингуна дар ҳоли мусвадда (сиёҳнавис) монда буд, албатта дар тарзи ифода оид ба ман мушавашият ва қусурҳо хоҳад буд. Бо назари омузандаву нигоҳ карданашонро ва агар аз дасташон биёяд ислоҳи онҳоро ва бо мағфират ба ман дуо намуданашонро аз бародарони худ мехоҳам…

وَالسَّلَامُ عَلٰى مَنِ اتَّبَعَ الْهُدٰى وَالْمَلَامُ عَلٰى مَنِ اتَّبَعَ الْهَوٰى

سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ

اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلٰى مَنْ اَرْسَلْتَهُ رَحْمَةً لِلْعَالَمٖينَ وَ عَلٰى اٰلِهٖ وَ صَحْبِهٖ وَ سَلِّمْ اٰمٖينَ

*         *       *

 

Гуфтори Бисту сеюм

 

ГУФТОРИ БИСТУ СЕЮМ

(Ин гуфтор аз ду боб иборат аст)

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ1

لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ (*) ثُمَّ رَدَدْنَاهُ أَسْفَلَ سَافِلِينَ (*) إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ2

Боби аввал

Аз ҳазорон зебоиҳои имон танҳо панҷтояшро

дар панҷ нукта баён мекунем.

НУКТАИ АВВАЛ

Инсон бо нури имон ба баландиҳои инсоният мебарояд ва манзалату арҷи лоиқи биҳиштро ба даст меорад. Ва торикии куфру беимонии ӯро ба қаъри асфали софилин сарнагун месозад ва ба вазъияте дучор мешавад, ки аҳли дӯзахро сазост. Чунки, имон инсонро бо Сонеъи Зулҷалолаш пайванд мекунад. Имон ин як интисоб аст. Бад-ин василаи инсон ба эътибори санъати Илоҳӣ ва нақшҳои номҳои Раббонӣ, ки тавассути имон дар ӯ намоён шудаанд, арзиши волое ба даст меорад. Аммо, беимонӣ ва куфр ин робита ва пайвандро қатъ месозад. Қатъ шудани робита санъати Илоҳиро пинҳон мекунад ва қадру қимати инсон бошад танҳо ба модда (ҷисми моддӣ) баробар мешавад. Аммо, модда ҳеҷ арзише надорад, чунки он ҳамчун як ҳаёти ҳайвонӣ фонӣ, бебақо ва ҳам муваққатист.

Ин сирро бо як тамсил баён мекунем.

Масалан, маълум аст, ки дар миёни саноеъе, ки бо дасти инсон сохта шудааст, арзиши мавод ва арзиши чизи сохташуда хеле дигаргун мебошад. Баъзан онҳо арзиши баробар доранд ва гоҳо маводи аввалия аз чизи сохташуда қиматтар аст. Баъзан чунин мешавад, ки дар сохтани масолеҳе ки панҷ куруш арзиш дорад, як санъате ки панҷ лира арзиш дорад, сарф шудааст. Ва баъзан ягон санъати ноёб ва бостонӣ арзиши як миллиона пайдо мекунад, дар ҳоле ки масолеҳи он панҷ куруш ҳам арзиш надорад.

Пас, агар чунин санъати ноёб ва бостонӣ дар бозори ашёи антиқа ҳамчун маҳсули кори устои ҳунарманди бостонӣ ба фурӯш гузошта шавад, он метавонад ки ба як миллион фурӯхта шавад. Аммо, агар он чиз дар бозори маҳсулоти оддии оҳангарон ба фурӯш гузошта шавад, онро шояд чун оҳани арзишаш панҷ куруш бихаранд.

Ҳамин тавр, инсон чунин як санъати ноёб ва бостонии Аллоҳ Таъоло аст. Инсон муъҷизаи аз ҳама нозук ва нозанини қудрати Илоҳист. Ба ҳамин сабаб, Худованд инсонро мазҳари ҷилваҳои асмои ҳуснои хеш қарор дода, ӯро чун меҳвари мадори нақшҳои худ офарид ва ӯро дар шакли як намунаи хурди коинот бунёд кард.

Агар нури имон ба инсон ворид шавад, он гоҳ ба шарофати ин нур тамоми нақшу нигорҳои Худовандро, ки бар сафҳаи вуҷуди инсон нақш бастаанд, метавон хонд. Пас, ин шахси мӯъмин ҳам худ бо шуур ва тафаккур онро мехонад ва ҳам ба шарофати ин интисоб, яъне имон онро ба дигарон низ меомӯзад. Яъне, бо фикрҳое чун: “Ман бунёд шуда ва махлуқи Сонеъи Зулҷалол ҳастам, ки ба раҳмат ва карами ӯ мушарраф шудаам” санъати Раббонии нуҳуфта дар инсон тазоҳур меёбад.

Яъне имон, ки иборат аз интисоби Сонеъи Зулҷалол аст, тамоми осори санъати Илоҳии дар инсонбударо намоён мекунад. Инсон арзише чун санъати Раббонӣ ба даст меорад ва соҳиби эътиборе чун оинаи Худованд мегардад. Бинобар ҳамин асос аст, ки ин инсони беаҳамияту ночиз ба шарофати ин эътибор ҳамчун ашрафи махлуқот ва мухотаби Илоҳӣ ва мусофири Раббонии лоиқи Биҳишт мегардад.

Аммо, агар куфр ва беимонии иборат аз қатъи интисоб ба инсон ворид шавад, он гоҳ тамоми нақшҳои маънидори номҳои Илоҳӣ дар торикӣ қарор мегиранд ва хондану фаҳмидани онҳо имконнопазир мегардад. Зеро, агар кас Сонеъро фаромӯш кунад, он вақт ҷиҳатҳои маънавии мутаваҷҷеҳ ба Сонеъро фаҳмида наметавонад. Гӯё, ки ҳама чиз сарозер мешавад. Бисёре аз он санъатҳои олии маънидор ва нақшҳои олии маънавӣ ноаён мешавад. Боқимонда ва баъзеи онҳо, ки бо чашм дида мешаванд, ба асбоби ночиз ва ба табиату тасодуф нисбат дода мешаванд ва ниҳоят тамоман арзиши худро аз даст медиҳанд ва аз байн мераванд. Ҳар яке аз онҳо агар гавҳари дурахшон бошад, ба шишаи хира табдил меёбад. Арзиши онҳо танҳо ҳамчун моддаи ҳайвонӣ муайян мегардад. Мақсад ва моҳияти модда, чӣ тавре дар боло зикр кардем, ин доштани танҳо як ҳаёти маҳдуд ва кӯтоҳ мебошад, ки дар он ҳаёт ӯ оҷизтарин, мӯҳтоҷтарин ва серташвиштарин мавҷуди ҷаҳони зиндааст. Сипас мемирад ва нобуд мегардад.

Ҳамин тариқ, беимонӣ ана ҳамин моҳияти инсониро маҳв мекунад ва ӯро аз алмос ё гавҳар ба ангишт мубаддал месозад.  

НУКТАИ ДУВВУМ          

Имон ҳам нур аст ва ҳам қувват аст. Имон ба инсон имкон медиҳад, то тамоми мактуботи Самадониро, ки дар болои ӯ навишта шудаанд, бихонад. Инчунин, имон коинотро низ равшану дурахшон мекунад. Имон гузашта ва ояндаро аз торикӣ озод мекунад. Ин розро бо таваҷҷӯҳ ба сирри ин ояти карима бо як тамсил баён менамоем:

اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّو ِر3

Чунин воқеаи хаёлӣ ба назари ман намуд: Ду кӯҳи баланд муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Дар болои онҳо кӯпруки калоне сохта шудааст. Дар зери кӯпрук дараи чуқур вуҷуд дорад. Ман дар болои он кӯпрук мебошам. Атроф ҳама ҷо торик ва зери истилои зулмоти шадиде аст.

Ман ба тарафи рости худ нигоҳ кардам ва дар торикӣ қабристони калонеро дидам, яъне чунин тасаввур кардам.

Сипас ба тарафи чапи худ нигоҳ кардам ва гӯё дидам, ки дар қаъри зулмоти мудҳиш бадбахтии бузург – тӯфони азиму балову мусибат дар ҳаракат аст.

Ба поён нигоҳ кардам ва ба ман чунин намуд, ки гӯё як ҷари хеле чуқуреро мебинам. Бар зидди ин зулмоти мудҳиш ман чароғаки кисагие доштаму бас. Ман аз он истифода кардам. Зери нури ночизи он ба атроф нигоҳ кардам ва манзараву вазъияти мудҳише пеши чашмам ҷилвагар шуд. Ҳатто дар саршавии кӯпрук, ки рӯбарӯям буд ва дар атрофи он ба назари ман аждаҳоҳои тарсовар, шерҳо ва дигар ҷонварон намуданд, ки ман ба худ гуфтам: “Кошки ин чароғаки кисагиам намебуд ва ман ин даҳшатҳоро намедидам.” Ба кадом тарафе, ки нури чароғакро равона кардам, маро чунон тарсу даҳшат фаро гирифт. “Эй воҳ! Ин чароғаки дастӣ ҳам балоест ба сарам.” гуфтам. Ман дарғазаб шуда, чароғаки кисагии худро ба замин задам ва шикастам. Гӯё ки дар натиҷаи шикастани он ман тугмаи чароғи бузурги электрикиро, ки тамоми дунёро равшан мекард, пахш кардам ва он зулмоту торикӣ нест шуд. Аз нури он чароғи бузург ҳама ҷо равшан ва пурнур шуд ва он нур ҳақиқати ашёро намоён кард.

Мебинам, ки: Он кӯпруке, ки ман дидам, ин як роҳе дар ҷои бисёр ҳамвори водӣ будааст.

Он гӯристони калоне, ки дар тарафи рости худ дида будам, аз аввал то ба охир боғҳои сабзу зебо будааст, ки дар онҳо ман маҷлисҳои ибодат, хизмат, сӯҳбат ва зикре, ки дар тахти раёсати онҳо инсонҳои нуронӣ нишастаанд, дидам.

Ҷариҳо ва қуллаҳои кӯҳ, ки дар тарафи чап ба назари ман хеле пуршӯру пурталотум намуда буданд, акнун аз дур ман дидам, ки дар пушти кӯҳҳои сабзу хуррам, дилкаш ва ҷозибадор як зиёфатгоҳи азим, ҷои зебое барои сайругашт ва як нузҳатгоҳе мебошад. Ва он ҷонварони ваҳмовар ва аждаҳорҳое  ки ба назарам намуда буданд, ҳайвонҳои хонагӣ ба монанди шутур, гов, рамаҳои бузу гӯсфанд будаанд. Он гоҳ ман اَلْحَمْدُ ِللّٰهِ عَلٰى نوُرِ اْلاِيمَانِ4 (Алҳамдулиллоҳи ъало нурил имон) гуфта ин ояти каримаро:

اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّو ِر3 хондам ва аз он хоб бедор шудам.

Ҳамин тариқ, он ду кӯҳ яке аввали ҳаёт ва дигаре охири ҳаёт, яъне олами арз ва олами барзах мебошанд.

Он кӯпрук бошад, роҳи ҳаёт аст.

Тарафи рост замони гузашта аст.

Тарафи чап бошад, замони оянда мебошад.

Чароғаки кисагӣ ин ғурур ва худбинии инсонест, ки ба фаҳму дониши худ эътимод дорад ва ба ваҳйи осмонӣ бетаваҷҷӯҳ аст.

Он ҷонварону даррандагони ваҳшӣ бошанд, ҳодисаҳо ва махлуқоти аҷиби дунё мебошанд.

Ҳамин тавр, одами ба ғурури худ эътимод кунанда, ки ба зулмоту ғафлат афтидааст ва ба торикиву гумроҳӣ мубтало шудааст, монанди ҳолати аввалаи ман дар он воқеа буд: ӯ бо мадади чароғаки кисагӣ бо маълумоти ноқис ва залолатолуд замони гузаштаро дар намуди гӯристони калон ва ғарқи зулмоту нестӣ мебинад. Ояндаро бошад, ӯ хеле хатарнок ва тарсовар мебинад, ки ҳама чиз тасодуфӣ рӯй медиҳад.

Ҳар як ҳодиса ва мавҷудоти олам, ки маъмуру мусаххари Ҳакими Раҳими ягона мебошанд, дар ҳукми ҷонвари ваҳшии зиёнкоре дониста мешаванд. Ҳамин тариқ, ғурур ва худбинии инсон, ки танҳо ба ваҳму дониши худ умед мебандад ва ба ваҳйи осмонӣ бетаваҷҷӯҳ аст, ӯро ба ҳолате оварда мерасонанд, ки ояти зерин нишон додааст:

وَالَّذِينَ كَفَرُوا اَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ

5يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ اِلَى الظُّلُمَاتِ  

Аммо, агар инсон ҳидояти ИИлоҳиро дарёбад, имон ба дилаш роҳ ёбад, фиръавнияти нафсаш бишканад ва гӯш ба китоби Аллоҳ бидиҳад, он вақт ӯ ба ҳолати дуюми ман дар он воқеа монанд мешавад. Он вақт коинот якбора чун рӯз равшан мешавад ва саршор аз нури Илоҳӣ мегардад. Олам ин оятро мехонад:

اَللّٰهُ نُورُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ6  

Дар он ҳолат ӯ бо чашми қалбаш мебинад, ки замони гузашта барои инсон танҳо ҳамчун гӯристони калон нест, балки ҷоест дар он гурӯҳҳои ҷонҳои соф, ки дар ҳар як асри гузашта вазифаҳои убудиятро таҳти сарварии як паёмбар ва ё авлиёе адо кардаанд, пас аз анҷомёбии вазифаҳои ҳаётӣ бо нидои اللّٰه أكبر7 ба сӯи мақомоти олӣ парвоз мекунанд ва ба сӯи гузашта ҳаракат мекунанд.

Ба сӯи чап назар мекунад ва бо нури имон дар қафои инқилобҳои барзахӣ ва ухравии монанди кӯҳҳои азим аз дур як зиёфати раҳмониро, ки дар қасрҳои саодати боғҳои биҳишт ороста шудааст, фарқ мекунад. Ва ҳодисаҳое чун тӯфон, зилзила ва ваборо ӯ ҳамчун хизматкорони мусаххари Худованд медонад. Аммо дар воқеаҳое чун борон ва раъду барқи баҳорӣ ӯ мадори ҳикматҳои дар зоҳир зишт вале дар асл нозукро мебинад. Ҳатто маргро ӯ муқаддимаи ҳаёти абадӣ ва қабрро бошад дарвозаи саодати ҷовидон медонад.

Ҷиҳатҳои дигари ин воқеаро худ муқоиса карда, ҳақиқатро бо тамсил татбиқ намо!

НУКТАИ СЕЮМ

Имон ҳам нур аст ва ҳам қудрат. Ҳа, инсоне ки имони ҳақиқӣ дорад, бартар аз ҳамаи коинот мешавад. Бо нерӯи имон ӯ метавонад аз балои ҳодисаҳои гуногун дар амон бимонад ва бо гуфтани ‌تَوَكَّلْتُ عَلَى اللّٰهِ‌  (Таваккалту ъалАллоҳ), дар сафинаи ҳаёт дар байни гирдоби ҳодисаҳои азим бе биму ҳарос сайр кунад. Чунин шахс тамоми вазниниҳои ҳаётро ба қудрати Қодири Мутлақ амонат мегузорад, дар дунё бороҳат зиндагӣ карда, дар дунёи барзах низ ба оромӣ ва осудагӣ мерасад, истироҳат карда сипас, барои ба дунёи саодати абадӣ ворид шудан ба сӯи баландиҳои биҳишт парвоз мекунад. Аммо, агар инсон ба Аллоҳ таваккал накунад, вазниниҳои дунё на танҳо нест намешаванд, балки ӯро ба асфала софилин мефарорад.

Пас, имон тавҳидро, тавҳид таслимро, таслим таваккалро ва таваккал саодати ҳар ду дунёро тақозо мекунад.

Фақат нодуруст нафаҳм. Таваккал ба Аллоҳ маънии онро надорад, ки бояд тамоман сабабҳоро нодида гирифт; балки баръакс, бояд сабабҳоро пардаи дасти қудрати Илоҳӣ донист. Инро чунон мебояд донист, ки муроҷиат ба сабабҳо ин як навъ дуъои феълӣ барои хостани натиҷа танҳо аз Худои Мутаъол аст. Ва бояд донист, ки  натиҷаҳо ҳама аз Аллоҳ бармеоянд ва ба Ӯ шукргузор бояд буд.

Ҳикояти он одаме, ки таваккал мекунад ва он, ки аз таваккал мегурезад, мисли ин қисса аст:

Рӯзгоре ду нафар бар сару китфашон борҳои вазнине зада ва бо таҳияи чипта савори киштии калоне мешаванд. Яке аз он ду нафар вақте по ба киштӣ мегузорад, бору бунаашро ба замин гузошта рӯи он менишинад ва ба атроф менигарад. Нафари дуюм бошад, аз ғуруру аблаҳӣ бору бунаашро ба замин намегузорад. Касе ба ӯ мегӯяд:

“Борҳоятро ба замин бигзор ва роҳат бош.”

Аммо ӯ ҷавоб медиҳад:

“Не! Намехоҳам, ки ин корро бикунам. Шояд борҳоямро аз даст диҳам. Ман нерӯманду тавоноям, метавонам борҳоямро бар сару китфам нигоҳ дошта онҳоро муҳофизат кунам.”

Дубора ба ӯ мегӯянд:

“Ин киштии амн, ки мову шуморо бо худ мебарад, ба подшоҳ тааллуқ дорад ва қудратмандтар аз ҳамаи мост ва беҳтар аз мо метавонад бору бунаамонро ба сарманзили мақсуд бирасонад ва муҳофизат кунад. Шояд сарат чарх занад ва ҳамроҳи борҳоят ба дарё биафтӣ. Ё ки рафта-рафта хаста ва нотавон шавӣ ва ин камари хамида ва он сари бемағзат дер ё зуд аз ҳамли бори сангин оҷиз бимонад. Капитани киштӣ низ агар аз дар дарояд ва туро дар ин ҳолат бубинад, ё девонаат мехонад ва аз киштӣ берун мекунад ва ё гумон мекунад, ки ту хоин ҳастӣ, киштӣ ва ӯро ба бекифоятӣ муттаҳам карда масхара мекунӣ. Ва он вақт, амр ба ҳабсу дастгирии ту медиҳад. Дар ниҳоят ҳама туро масхара хоҳанд кард ва дар назари аҳли диққат бо такаббурат, ки баёнгари заъф ва бо ғурурат, ки баёнгари аҷз ва бо риёкорӣ, ки  нишондиҳандаи худнамоии туст, ангуштнамои ҳамагон мешавӣ ва халқ ба ту механдад.”

Пас аз шунидани ин суханҳо ақли он шахс ба ҷояш омад. Борашро ба замин гузошта рӯи он нишаст ва гуфт:

“Оҳ, Худованд аз ту розӣ бошад, ки аз заҳмату ҳабсу истеҳзо дар амон мондам.”

Пас, эй инсони бе таваккал! Ту ҳам монанди ин одам ақлатро кор фармо ва таваккал кун. То ки аз аҷзу дармондагӣ дар баробари коинот,  аз тарсу ларз дар муқобили ҳаводис, аз риё ва худнамоӣ, аз масхара шудан, аз бадбахтии ухравӣ ва аз фишорҳои зиндагӣ раҳоӣ ёбӣ.

НУКТАИ ЧАҲОРУМ

Имон инсонро инсон мекунад. Ҳатто ӯро ба мақоми сарварӣ ва подшоҳӣ мерасонад. Вазифаи аслии ҳар як инсон имон варзидан ва дуо кардан аст. Аммо куфр инсонро ба як ҳайвони бениҳоят оҷиз табдил медиҳад.  

Аз байни ҳазорон далеле, ки барои исботи ин масъала метавон зикр кард, возеҳтарини онҳо шеваҳои ба дунё омадани инсон ва ҳайвон ва тафовути байни онҳо аст.

Ҳа, он, ки инсон ба сабаби имон инсони ҳақиқӣ мегардад, фарқи ба дунё омадани инсон ва ҳайвон онро нишон медиҳад.

Чунки: Ҳайвон вақте зода мешавад, мисли он ки дар олами дигаре парварда шуда тибқи табиат ва истеъдоди вуҷудиаш ба шакле такмил ёфта ва мукаммал по ба ҷаҳон мегузорад. Ба тавре, ки дар ду соат, ё дар ду рӯз ва ё дар ду моҳ тамоми шароити зиндагиро бар асоси фитрат ва мутаносиб бо тавоноиҳои боқувва ва табиияш ёд гирифта ва омӯхтаҳояш ҷузви малакаи вуҷудиаш мешавад. Қудрати зистан ва маҳоратҳои зиндагиро, ки инсон дар тӯли бист сол ба даст меоварад ва меомӯзад, як гунҷишк ва занбӯри асал дар арзи бист рӯз ба даст оварда ва барояшон илҳом мешавад.

Пас вазифаи аслии ҳайвон ин нест, ки бо касби илму омӯзиш такомул пайдо кунад ва тавассути касби маърифат тараққӣ намояд ва бо изҳори аҷзу заъф аз тариқи дуо худоро ба мададу ёрӣ биталабад. Балки, вазифаи аслии як ҳайвон дар ҳадди қобилияташ рушд кардан, амал кардан ва убудияти феълӣ мебошад.

Аммо инсон бошад, аз рӯзе, ки чашм ба дунё мекушояд, мӯҳтоҷ ба омӯзиши ҳар чизе аст ва ноогоҳ аз қонунҳои зиндагӣ. Ҳатто, то бистсолагӣ низ наметавонад тамоми қонунҳо ва шароити зиндагиро ёд бигирад. Инсон то вопасин рӯзи зиндагӣ ниёзманди омӯхтан аст ва ба шакли бисёр оҷиз ва нотавон ба дунё фиристода шуда ва яке ду сол тӯл мекашад, ки битавонад рӯи пои худ биистад. Дар понздаҳсолагӣ фақат қодир мешавад, ки ба сахтӣ суду зиёни худро ташхис диҳад. Инсон бо зиндагии ҷисмониаш танҳо метавонад нафъеро мутаваҷҷеҳи худ бикунад ва ё зарару зиёнеро аз худ дафъ кунад.

Пас бояд донист, ки вазифаи фитрии инсон дастёбӣ ба камол ва такомул аз тариқи омӯзиш аст ва дастёбӣ ба бандагӣ ва убудият аз тариқи дуост. Яъне бояд бидонад ва аз худ савол кунад, ки “Бо иноят ва раҳмати чӣ касе чунин ҳакимона зиндагиамро идора мекунам? Бо меҳру карами кист, ки чунин мушфиқона ва меҳрубонона тарбият мешавам? Ӯ кист ва соҳиби чӣ вижагиҳое аст, ки манро дар сояи лутфи худ чунин бо нозу неъмат бузург мекунад?” Чунончӣ аз миёни ҳазорон неъмат фақат аз яке ранҷ мебарад ва ба яке аз ҳоҷатҳояш нарасида аст, он вақт аст, ки бояд дасти дуо ба сӯи Қози-ул ҳоҷот дароз кунад ва бо забони аҷзу фақр хостаашро талаб кунад. Яъне бо болҳои аҷзу дармондагӣ ба сӯи мартабаи волои бандагӣ ва убудият парвоз кунад.

Пас, бояд гуфт, ки ҳадаф аз омадани одамӣ ба ин ҷаҳон такомули вай аз тариқи донишу ниёиш аст. Аз диди моҳият ва зот ҳар чизе дар ин дунё вобаста ба илму дониш аст. Манбаъу сарчашма ва рӯҳу нури тамоми донишҳо ва илмҳои ҳақиқӣ маърифати Аллоҳ Таъолост. Асосу пояи он низ имон ба Худост.

Ва ҳам инсон ба хотири аҷзи бениҳоят ва фавқулоддааш ба бадбахтӣ ва бемориҳо гирифтор мешавад ва ҳамеша дар маърази ҳуҷуми балоҳо ва душманон аст. Ба хотири нотавониаш низ ниёзмандиҳои зиёде дорад ва мӯҳтоҷи ёрӣ ва дастгирӣ аст ва ҷуз паноҳ овардан ба вазифаи аслии фитриаш, ки ӯро ба дуову имон даъват мекунад, ҳеҷ чорае надорад. Дуо ва ниёиш аслу асоси бандагист.

Ҳамон сон, ки кӯдакон барои расидан ба хостаашон ва ба даст овардани чизе ё гиря мекунанд ва ё нияти худро бар забон меоваранд. Яъне бо забони аҷз феълан ва ё қавлан (бо рафтор ва гуфтор) дуо мекунанд ва бо дуо ба мақсади худ ноил мешаванд.

Ба ин сабаб низ инсон дар миёни тамоми мавҷудоти ҷондор ба ҳукми як кӯдаки нозук, нозанин ва ноздор аст. Инсон бояд ба даргоҳи Худованди бахшанда ва меҳрубон рӯй оварад ва бо гиря бар аҷзу заъфи худ барои рафъи фақр ва эҳтиёҷоташ дуову ниёиш кунад, то ки ба мақсадҳои худ бирасад ва шукронаи тасхирро  адо кунад. Аммо, агар баъд аз муддате мисли кӯдаки беақлу нодон муддаӣ шавад ва бигӯяд: “Ман бо қудрат ва тавоноиам метавонам бар ҳама чиз тасхир ва истило ёбам ва ҳатто чизҳо ва падидаҳоеро, ки ҳазорон бор аз ман тавонманд буданд, бо фикр ва тадбири худ онҳоро ба зону дар оварам.” Бо ин андеша ӯ дучори куфри неъмат мешавад ва бо ин кирдораш, ки бо фитрати асили инсонӣ дар таззод мебошад, хешро мустаҳақи азоби шадид мекунад.

НУКТАИ ПАНҶУМ

Имон дуоро чун василаи қатъӣ барои расидан ба ҳоҷатҳо медонад ва фитрати инсонӣ низ ба шиддат бар он тамоюл нишон медиҳад.  Ҷаноби Ҳақ Таъоло таъкид мекунад: “Бе зикри дуо ва ниёзаш магар чӣ аҳамияте метавонед дошта бошед?

8قُلْ مَا يَعْبَؤُا بِكُمْ رَبِّى لَوْلاَ دُعَاؤُكُمْ ва низ бо ояти اُدْعُونِى اَسْتَجِبْ لَكُمْ9 яъне, “Бихонед маро то иҷобат кунам шуморо” инсонро ба дуо амр мекунад.

Агар бигӯӣ, ки : “Мо бисёр дуо мекунем ва қабул намешавад. Ҳол он ки, оят умумӣ аст ва умумро мухотаб қарор медиҳад ва маънои онро дорад, ки ҳар дуое ҷавоб дорад.”

Алҷавоб: Ҷавоб додан ба дуо ва қабул шудани дуо аз ҳам фарқ доранд. Барои ҳар дуое ҷавоб дода мешавад, аммо қабул шудани он дуо ва иҷобати матлубаш ба ҳикмати Ҷаноби Ҳақ вобаста аст.

Мисол: Кӯдаки беморе фарёд мезанад:

– “Эй ҳаким! Ба фарёдам бирас.”

Ҳаким “лаббайк” гуфта мепурсад:

– “Чӣ мехоҳӣ?”

Кӯдак мегӯяд:

– “Ин доруро ба ман бидеҳ.”

Ҳаким ё чизеро медиҳад, ки кӯдак мехоҳад ва ё давои беҳтар аз онро медиҳад, ки ба маслиҳату салоҳи бемор аст ва ё ҳеҷ доруе намедиҳад то зараре ба бемор нарасад.

Пас Ҷаноби Ҳақ, ки Ҳакими Мутлақ ва дар ҳама ҷо ҳозиру нозир мебошад, ба дуои бандааш посух медиҳад. Ваҳшат ва даҳшати бекасӣ ва танҳоиро бо ҳузури самимона ва ҷавобе, ки медиҳад ба фазои инс ва дӯстӣ табдил медиҳад. Парвардигор на бар мабнои хостаҳо ва таманноҳои нафсу тобеият аз тамоюлоти ҳаваскоронаи инсон, балки назар ба  иқтизои ҳикмати Раббонии худ ё айни хостаи инсонро ё беҳтар аз онро ба ӯ медиҳад ва ё онро рад намуда чизе намедиҳад.

Дуо навъе аз убудият ва бандагӣ аст. Бандагӣ ҳам ҳамроҳ бо самароти ухравӣ мебошад. Мақсадҳои дунявӣ фақат ёдовари вақти дуоҳо ва ниёишҳо мебошад. Он ҳадафҳои дунявӣ камоли матлуб ва ниҳоӣ нестанд.

Масалан, намоз ва дуо барои талаби борон навъе ибодат аст ва беборонӣ ва хушксолӣ вақти он дуост. Лизо он ибодат ва дуо танҳо барои нузули борон нест. Агар он дуо ва ибодат сирф барои нузули борон бошад, ниёише холисона нест ва лоиқи қабул ва мустаҷоб шудан намебошад.

Ҳамчунон, ки ғуруби офтоб вақти намози мағриб аст ё ҳамон гуна низ вақте моҳу хуршед дучори гирифтагӣ мешавад ин нишонгари вақти хоси намозҳои мартабат бо кусуф ва хусуф аст. Яъне, вақте бо нишонаҳои нуронӣ ниқобе бар чеҳраи рӯзу шаб кашида мешавад ва азамати Илоҳӣ дар мадоре хос намуд пайдо мекунад, он вақт аст, ки Худои Мутаъол бандагонашро ба чунин навъи хосе аз ниёиш даъват мекунад. Ва илло он намозҳо сирф барои раҳоӣ аз падидаҳои кусуф ва хусуф нест, ки мунаҷҷимон ҳисоби дақиқи онро доранд.

Айни он, беборонӣ ва хушксолӣ ҳам эълони вақти намоз барои нузули борон аст. Мусибат, бадбахтӣ ва нохушиҳо вақти намозҳои хос мебошанд, то одамӣ ба аҷзу заъфи худ ошкоро пай бубарад ва бо дуо ва ниёз паноҳ ба даргоҳи Қодири Мутлақ оварда ва аз ӯ наҷот талабад.

Агар бо ин дуо карданҳо ниёзе бароварда нашавад ва ё балое дафъ нагардад, ҳаргиз набояд гуфт: “Дуоҳоямон мустаҷоб нашуд.” Балки бояд гуфт: “Шукри Худо, ки дуо ва ниёиши мо қазо нашуд.”

Агар Ҷаноби Ҳақ бо фазлу карами худ балоеро рафъ кард, нуран ало нур он вақт аст, ки замони дуо ба поён мерасад.

Пас, бояд гуфт, ки дуо розе аз розҳои убудият аст. Бандагӣ ва ибодат бояд холисона ва барои ризои Илоҳӣ бошад. Бо изҳори аҷз ва нотавонӣ бояд фақат паноҳ ба даргоҳи Худо бурд ва аз ӯ наҷот талабид. Бояд ба Раббонияти Худо ва тадбири Илоҳӣ имон дошт ва ҳамаи корҳоро ба ӯ супурд. Ба ҳикмат ва дониши Парвардигор эътимод бояд кард ва аз раҳмати ӯ набояд ноумед шуд.

Бале, ин ҳақиқати ростин аст ва ҳама бо оёти баййинот собит шудааст, ки тамоми мавҷудот забон ва баёни хоси худро барои ҳамду ситоиши Худованд доранд ва ҳар кадом ба тариқи худ дар саҷда ва ниёишанд ва ҳамаи ин дуоҳо аз тариқи коинот аст, ки ба боргоҳи илоҳӣ роҳ меёбад.

Ва ё ба тариқи забонӣ баён мешаванд. Мисли дуои ҳамаи гиёҳҳо ва растаниҳо, ки бо забони махсусе адо шуда ва аз Файёзи Мутлақ шаклу сурати муайянеро металабанд ва лоиқи асмои худ таҷаллӣ ва кашфе тоза мехоҳанд.

Ва ё ки ба забони фитрӣ талаби ҳоҷат мекунанд. Тамоми зӣ ҳаёт ва мавҷудот барои бароварда шудани ҳоҷатҳо ва ҳамаи он чизҳоеро, ки дар ҳавзаи иқтидорашон нест, дуо мекунанд. Ҳар кадом бар асоси ниёзи фитриашон аз бахшандаи мутлақ барои идомаи ҳаёт ва таъмини рӯзии хеш ба шеваи худ чизе мехоҳанд.

Ва ё ба забони изтирор дуое мехонанд. Дуое, ки: Ҳар мавҷуди дармонда ва парешон бо паноҳ ба Худо анҷом медиҳад ва хостори наҷоти хеш аз як ҳомии пинҳон мешавад ва ҷуз ба Рабби Раҳимаш ба касе рӯ намеорад.

Ин се навъ дуое, ки зикр шуд, ҳамеша мустаҷоб аст, ба шарти ин ки монеъи сабаби адами қабули он набошад.

Навъи чаҳорум, ки машҳуртарин аст, ин дуои мо одамиён аст. Ин ҳам ду навъ дорад: Яке, феълӣ ва ҳолӣ аст ва дуввум қалбӣ ва қолӣ.

Масалан: Талаби асбоби зиндагӣ як дуои феълӣ аст. Дуо барои тадоруки заминаҳои иҷтимоии як амр, далели ин ки ҳатман он амр бояд ҳодис бишавад ва иттифоқ бияфтад, нест. Балки, бо забони ҳол дархосте аз Худост то шароити мусоид ва созгори вуқӯъи як падида ба вуҷуд биёяд. Ҳатто, дархостҳои ҷуфту дастаҷамъӣ аз Худо ба дари раҳмати вай паноҳ бурдан аст. Аз он ҷо, ки ин навъи дуои феълӣ мутаваҷҷеҳи ном ва мақоми бахшандаи мутлақ аст, имкони пазириш ва мустаҷоб шудани он низ эҳтимоли тамом ва фаровон дорад.

Навъи дуввум ин дуо бо забон ва қалб аст. Дархости чизҳое аст, ки имкони даст ёзидан ба онҳо мушкил аст. Муҳимтарин бахши ин гуна дуо ва ниҳояти зебоӣ ва самараи дилчаспаш ин аст, ки: “Фарди дуокунанда мефаҳмад, ки яке ҳаст ва нидои қалби ӯро мешунавад ва ба ҳар коре тавоност ва ҳар орзуеро метавонад бароварда созад, ба аҷзу заъфи ӯ ёрӣ мерасонад ва барои раҳоии ӯ аз фақру ҷаҳл мадад мерасонад.”

Пас эй инсони оҷиз ва эй башари дармонда! Калидҳои хазинаи раҳмати Илоҳиро, ки ҳамоно дуову ниёиш аст, аз даст надеҳ. Ба дуо рӯй ор ва ба мақоми волои инсоният роҳ пайдо кун. Ҳамчун султоне бош, ки тамоми дуоҳои коинотро бо дуоҳои худ меомезад. Як бандаи кулл ва як вакили умумӣ шав ва اِيَّاكَ نَسْتَعِينُ10  бигӯ ва аҳсани тақвими коинот шав.

Боби дуввум

Шомили “панҷ нукта” аст, ки дар меҳвари Саъодат ва Шақовати инсон мечархад.

Аз он ҷое ки инсон дар аҳсани тақвим халқ гардида ва истеъдоди ҷомиъе ба ӯ дода шудааст, метавонад вориди майдони имтиҳоне шавад, ки мақомот, маротиб, дараҷот ва партгоҳҳои он аз асфала софилин то аълои ъилиййин ва аз фарш то арш ва аз зарра то шамсро фаро мегирад, инсон ба сурати як муъҷизаи қудрат ва натиҷаи хилқат ва аъҷубаи санъат – ки ду роҳ ки ба саъуд ва сақути бепоён меанҷомад, пеши рӯи худ дорад – ба ин дунё фиристода шудааст.

Пас инак рамзи ин тараққӣ ва суқути инсонро дар “Панҷ Нукта” ба шарҳи зер баён мекунем.

НУКТАИ АВВАЛ

Инсон ба аксари анвоъи коинот мӯҳтоҷ ва алоқадор аст. Эҳтиёҷоташ дар ҳар гӯша ва канори олам пароканда шуда ва орзуҳояш то абад имтидод ёфтааст. Ҳамон гуна, ки хоҳони як шохаи гул аст, хостори баҳоре пуршукӯҳу зебост ва ҳамон тавр ки орзуи доштани боғчаеро дорад, биҳишти абадиро низ орзу мекунад ва ҳамон гуна ки дидори дӯстро интизор дорад, муштоқи дидани Ҷамили Зулҷалол низ мебошад. Ҳамон тавр, ки барои мулоқоти дӯсташ, ки дар макони дигарест, бояд дари он маконро боз кунад. Ба ҳамин тартиб низ барои дидор бо навадунӯҳ дарсад аз дӯстони ба барзах рафтааш ва барои наҷот аз фироқи абадии онҳо ниёз дорад, то ба даргоҳи Қодири Мутлақ паноҳ биёварад, ки ба зудӣ дарвозаи дунёро баста, дарвозаи охиратро ки растохези аҷоибҳост, хоҳад кушод ва бо барчидани бисоти дунё охиратро бино намуда, ҷойгузини он хоҳад кард.

Лизо дар чунин вазъияте фақат ягона Қодири Зулҷалол, ягона Раҳими Зулҷамол ва ягона Ҳакими Зулкамоле, ки маҳори ҳар чиз дар дасти ӯ ва хазонаи ҳама чиз дар назди ӯст ва нозир бар ҳама, ҳозир дар ҳар макон, мунзаҳ аз макон, мубарро аз аҷз, муқаддас аз қусур ва волотар аз ҳар айб аст, метавонад маъбуди ҳақиқии инсон бошад.

Чунки, бароварда кардани ҳоҷатҳои бепоёни инсонӣ танҳо аз дасти соҳиби қудрат ва дорандаи амале муҳит ва фарогир бармеояд. Бинобар ин, фақат чунин зоте сазовори ибодат аст.

Пас эй инсон! Агар танҳо ӯро бипарастӣ ва бандаи ӯ бошӣ, ба мақоми ашрафи махлуқот хоҳӣ расид.

Аммо, агар аз убудият ва бандагиаш рӯ бигардонӣ, онгоҳ бандаи залили махлуқоти оҷиз мешавӣ.

Агар бо фахр ва ноз ба иноният ва қудратат, даст аз дуо ва таваккал бардошта, бо такаббур ва ғурур аз масири Ҳақ мунҳариф шудӣ, онгоҳ дар ҷиҳати “хайр ва эҷод” нотавонтар аз мӯрча ва занбӯри асал, ҳатто дармондатар аз магас ва анкабут хоҳӣ шуд ва дар “шар ва тахриб” сангинтар аз кӯҳ ва мазартар аз тоъун хоҳӣ буд.

Бале, эй инсон! Дар ту ду ҷиҳат вуҷуд дорад:

Якум: Эҷод ва вуҷуд ва хайр ва мусбат ва феъл.

Дуввум: Тахриб, адам, шарр, нафӣ ва инфиъол.

Аз нуқтаи назари ҷиҳати нахӯст поёнтар аз занбӯри асал ва гунҷишк… заифтар аз магас ва анкабут  ҳастӣ.

Аммо, аз нуқтаи назари ҷиҳати дуввум метавонӣ аз кӯҳ, замин ва осмонҳо бигзарӣ ва бореро бар дӯш бикашӣ, ки онҳо аз ҳамли он изҳори аҷз намуданд. Дар натиҷа метавонӣ доирае васеътар ва бузургтар аз онҳо касб кунӣ. Зеро, вақте ба эҷод ва анҷоми кори неке даст мезанӣ, фақат ба андозаи тоқат ва то ҷое, ки дастат ба он ҷо мерасад, ба мизони тавон ва қудратат муваффақ мешавӣ. Аммо, агар даст ба тахриб ва вайронкорӣ бизанӣ, дар он сурат тахриб, таҷовуз ва вайронкориат дар ҳама ҷо густариш ёфта ва ҳама чизро таҳти таъсири худ қарор медиҳад.

Барои мисол: куфр танҳо як вайронкорӣ, як тахриб ва як адами тасдиқ аст. Аммо, ҳамин як бадӣ, ба таҳқири тамоми коинот мунҷар мешавад ва кӯчак шуморидани ҳамаи асмои Илоҳӣ ва тавҳин ба ҳамаи инсониятро дар бар дорад. Чунки, мавҷудот дорои мақоми олӣ ва вазифаи муҳиме ҳастанд ва онҳо мактуботи Раббонӣ, оинаҳои Субҳонӣ ва маъмурини Илоҳӣ маҳсуб мешаванд.

Аммо куфр, зимни ин, ки онҳоро аз мақоми оинадорӣ ва вазифадорӣ ва маънидор будан поён оварда, онҳоро бозичаи дасти тасодуф дониста ва ҳамчун маводи фонӣ медонад, ки таҳти таъсири тахриботе, ки аз завол ва фироқ ба онҳо расида, сареъ хароб ва фосид мешаванд ва тағйири шакл мекунанд. Илова бар он, онҳоро беаҳамият, беарзиш ва бефоида медонад. Ва дар айни ҳол Асмои Илоҳиро ҳам, ки нақшу ҷилваву ҷамолаш дар ҳама коинот ва дар оинаи мавҷудот намоён аст, инкор мекунад, хурд мешуморад ва ҳатто инсониятро ҳам нафӣ мекунад. Инсонияте, ки иборат аст аз қасида ва манзумаи саросари ҳикмате, ки тамоми ҷилваҳои Асмои Қудсияи Илоҳиро ба зебоӣ эълон карда ва ба унвони муъҷизаи тобони қудрат мисли як ҳастии ҷомеъ, шох ва баргҳои шаҷараи таййибаро дар бар мегирад. Ва касест, ки бо ба ӯҳда гирифтани амонати кубаро бар кӯҳҳо ва осмонҳо ва замин бартарӣ меёбад ва мақоме волотар аз мақоми фариштагон ба даст меоварад ва халифаи замин мегардад. Яъне куфр, чунин инсониятеро аз залилтарин ҳайвони фонӣ ва нопойдор ҳам залилтар, заифтар, оҷизтар ва фақиртар қарор дода, дар партгоҳи бемафҳумӣ ва сардаргумӣ сарнагун месозад ва ҳамчун лавҳаи оддӣ, зоид, изофӣ ва бемаънӣ мебинад.

Хулоса: Нафси аммора дар роҳи тахриб ва шарр метавонад ҷиноятҳои зиёдеро муртакиб шавад, аммо дар роҳи эҷод ва хайр қудраташ бисёр кам ва ҷузъӣ аст. Хонае, ки сохтани он сад рӯз тӯл мекашад, дар як рӯз вайрон мекунад.

Аммо, агар инсон инониятро раҳо карда, хайр ва вуҷудро аз тавфиқи Илоҳӣ талаб намояд ва аз шарр ва тахриб ва аз пайравӣ ва эътимод ба ҳавои нафс даст бардорад ва бо истиғфор бандагии худро ба тамоми маънӣ ба ҷо оварад, он гоҳ машмули рамзи يُبَدِّلُ اللّٰهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ11 мешавад ва тавонмандиҳои бисёреро, ки дар заминаи анҷоми шарр дошт, ба тавонмандии бузурге барои анҷом додани хайр табдил медиҳад ва арзиши Аҳсани Тақвимро касб намуда, ба аълои ъилиййин гом мегузорад.

Пас, эй инсони ғофил! Ба фазлу карами парвардигор бингар. Дар ҳоле, ки айни адолат аст, агар як гуноҳро ҳазор гуноҳ маҳсуб кунад ва як некиро фақат як некӣ бинависад, Ё ҳеҷ подоше барояш қоил нашавад. Аммо, парвардигори Субҳон як гуноҳро як гуноҳ ва як некиро даҳ некӣ ва гоҳе ҳафтод ва гоҳе ҳафтсад ва дар мавриде ҳафт ҳазор менависад!

Бинобар ин, огоҳ бош! Дохил шудан ба Ҷаҳаннами мудҳиш ҷазои амал ва айни адолат аст. Аммо, дохил шудан ба Ҷаннат сирф фазл ва марҳамати Илоҳист.

НУКТАИ ДУЮМ

Инсон дорои ду ваҷҳ аст:  

Якум: Ваҷҳи иноният, ки назар ба ин ҳаёти дунявӣ дорад.

Дуввум: Ваҷҳи убудият, ки назар ба ҳаёти абадӣ дорад.

Пас инсон ба эътибори ваҷҳи аввал чунон махлуқи бечорае аст, ки аз ирода ва ҷузъи ихтиёре ҷузъӣ фақат ба андозаи тори мӯе баҳра бурда, аз иқтидори бисёр каме бархурдор аст ва аз ҳаёт танҳо як шӯълаи хомӯш шуданӣ ва аз умр ҳам танҳо як лаҳзаи гузаро ва аз вуҷуд ва ҳастӣ низ ҷисми кӯчаке дорад, ки ба суръат фарсуда мешавад. Илова бар ҳамаи ин сифот низ инсон дар байни анвои мухталифи мавҷудоте, ки дар табақоти ҳастӣ бешуморанд ва пароканда ҳастанд, мавҷуде зариф ва заиф ба шумор меравад.

Аммо ба эътибори ваҷҳи дуввум, ба хусус аз ҷиҳати аҷз ва фақре, ки мутаваҷҷеҳи убудият аст, доираи бисёр васеъ ва аҳамияти волое дорад. Чунки, Фотири Ҳаким аҷзе бисёр бузург ва фақре бас танумандро дар моҳияти маънавии инсон ғунҷонида аст, то оинаи ҷомеъ ва тамоми намое бошад, ки таҷаллиёти беҳад Қадири Раҳимро ки қудраташ бениҳоят буда ва Зоти Ғании Каримеро, ки ғанояш бепоён аст, бозтоб диҳад.

Бале, инсон ба ҳастие шабеҳ аст, ки аз ҷониби Қудрати Илоҳӣ абзори маънавии пураҳамияте ба ӯ дода шудааст ва аз ҷониби Қадар тарҳ ва нақшаи муҳим ва боарзише фарорӯяш гузошта шудааст, то дар зери хок фаъолият кунад ва саранҷом аз он олами маҳдуд берун ояд ва бо омадан ба олами васеъҳаво бо забони истеъдод аз Холиқаш бихоҳад, то дарахте шавад ва ба камоли муносиб бирасад.

Ҳол, агар ин ҳастӣ ба далели бадмизоҷе абзори маънавиашро дар зери хок ба ҷалб ва ҷазби маводи мазр бигуморад, мусалламан пас аз муддате мепӯсад ва мегандад ва бефоида мемонад.

Аммо, агар бо пайравӣ аз амри таквине 12فَالِقُ الْحَبِّ وَالنَّوَى  абзори маънавиашро ба ваҷҳи аҳсан ба кор барад, дер нахоҳад поид, ки аз он дори олам берун омада ва дарахти бузурги мевадор ва пурсамаре шуда, ки ҳақиқати ҷузъӣ ва рӯҳи маънавии кӯчакаш ба ҳақиқате бузург ва куллӣ табдил меёбад.

   Ба ҳамин тартиб низ, дар моҳияти инсон абзори муҳиме аз ҷониби қудрати Илоҳӣ ва тарҳҳо ва барномаҳои боарзише аз ҷониби қадари Илоҳӣ ба ӯ амонат дода шудааст.

Агар инсон дар замини дори олам ва дар зери хоки ҳаёти дунявӣ, ҷиҳозоти маънавиашро дар роҳи ҳавасҳои нафсонӣ сарф кунад, ӯ ҳам мисли ҳамон тухми фосидшуда ба хотири лаззати ҷузъӣ ва зудгузар дар умри кӯтоҳ ва дар фазои танг ва дар вазъияти сахту дарднок мепӯсад ва фосид мешавад ва бори масъулияти маънавиашро бар дӯши рӯҳи бадбахташ ҳамл мекунад. Саранҷом, аз ин дунё рахт баста меравад.

Аммо агар инсон тухми истеъдодашро парвариш диҳад ва онро дар зери хоки убудият бо оби Ислом обёрӣ намуда, бо нури имон тағзия кунад ва бо пайравӣ аз авомири Қуръонӣ ҷиҳозоти маънавии он тухмро мутаваҷҷеҳи аҳдофи ҳақиқиаш гардонад, ба яқин дар олами мисол ва барзах реша ва шоха хоҳад дод ва гул боз хоҳад кард ва дар олами охират ва ҷаннат як шаҷараи боқӣ, ки меҳвари камолоти беҳад ва неъматҳои бешуморест шуда, ҳастӣ бо арзиш ва ҷомеъи ҷиҳозоти як ҳақиқати доимӣ ва василаи пурдаромад ва пурмаҳсул ва меваи хуҷаста ва пурнури дарахти коинот мешавад.

Бале, рушду тараққии ҳақиқӣ замоне имконпазир аст, ки қалб, асрор, рӯҳ, ақл, ҳатто хаёл ва соири қувваи додашуда ба инсон, ба сӯи ҳаёти абадӣ таваҷҷӯҳ дода шавад ва ҳар кадоми онҳо ба вазифаи убудияте, ки махсус ва муносиби ӯст, машғул гардад.

Зеро, ғӯтавар шудан дар тамоми завоёи ҳаёти дунявӣ ва чашидани анвоъ ва ақсоми лаззатҳо ва шириниҳои он, ҳатто пасттарини он, ки тамоми латоиф ва қалб ва ақлро аз байн мебарад, онҳоро ҳалқабагӯш ва асир ва ёри нафси аммора мекунад, ҳаргиз тараққӣ ва пешрафт нест. Балки суқут аст.

Ин ҳақиқатро дар як воқеаи хаёлӣ дида будам ва акнун бо мисоли зер ба шарҳи он мепардозам:

Ба шаҳри бузурге ворид шудам. Ман дидам, ки кохҳои бузурге дар он шаҳр вуҷуд дошт. Дар пеши дарвозаи баъзе аз ин кохҳо, ҷашнҳо ва маҳфилҳои шодиву хурсандӣ ва зебоӣ ҳам чун саҳнаҳои театр барпо буд, ки нигоҳҳоро ба худ ҷалб мекард. Онгуна ҷаззобияти аҷибе дошт, ки ҳар касро ба рақс вомедошт. Бодиққат нигаристам ва дидам, ки соҳиб ва сарвари он кох наздики дар омада бо сагҳо бозӣ мекунад ва дигаронро ҳам машғули ин кор кардааст. Занҳо ҳамроҳ бо ҷавонони бегона машғули сӯҳбатҳои ошиқонаанд. Ва духтарони ҷавон низ бозии кӯдаконаеро тартиб медоданд. Дарбонон бошанд, мисли фармондеҳи гурӯҳ ҳолати як ҳунармандро ба худ гирифта буданд. Он вақт пай бурдам, ки дар дохил касе нест ва корҳои муҳим раҳо шуда ва ин гурӯҳ ба далели фасоди ахлоқиашон ҳама чизро раҳо карда, дар пеши дарвоза ба вазъияти фаҷиъе гирифтор шудаанд.

Андаке пештар рафтам. Кохи бузурги дигареро дидам. Саги вафодоре наздики дарвозаи вурудӣ хобида ва нигаҳбони матину бовиқоре бо салобат дар канори дар истода буд. Вазъият комилан ором буд ва дар пеши дарвоза чизе ҷалби таваҷҷӯҳ намекард. Аз ин оромӣ ва сукут тааҷҷуб кардам, ки чаро он яке бадон ҳолат ва ин яке ингуна аст?!

Ба кох дохил шудам. Дидам, ки бошукӯҳ ва зебост. Аҳли кох дар ошёнаҳои мухталиф ба корҳои муҳиму гуногун машғуланд. Кормандон дар ошёнаи аввал кохро идора ва назорат мекунанд. Дар ошёнаи дуввум духтарону кӯдакон машғули омӯзишанд. Дар ошёнаи саввум хонумҳо машғули санъатҳои хеле латиф, хайётӣ ва гулдӯзӣ ҳастанд. Дар ошёнаи охир соҳиби кох бо подшоҳ тамоси телефонӣ гирифта, барои таъмини осоиш ва оромиши мардум ва рушду пешрафташон машғули адои вазифаҳои хос ва анҷоми корҳост. Чун онҳо маро намедиданд, касе монеъи вуруди ман нашуд. Лизо бо оромиши комил гаштугузор кардам.

Сипас хориҷ шудам ва ба шаҳр бозгаштам. Дидам, ки дар ҳар тарафи шаҳр ҳамин ду навъ бино ва қасрҳо вуҷуд доранд. Сабаби онро пурсидам. Ба ман гуфтанд: “Қасрҳои навъи аввал, ки дарунашон холӣ ва берунашон пуриздиҳом аст, паноҳгоҳи пешвоёни куффор ва аҳли залолат аст. Қасрҳои навъи дуввум ҷойгоҳи пешвоёни ғаюр ва бономус ва бошаҳомати мусулмонон аст.”

Баъд аз он дар яке аз гӯшаҳои шаҳр кохи дигареро дидам, ки номи Саид рӯи он навишта шуда буд. Тааҷҷуб кардам. Бештар диққат кардам ва гӯё тасвири худро бар он медидам. Аз тааҷҷуб ва тарсу ваҳшати зиёд фарёд кашидам ва ба ҳуш омада бедор шудам.

Инак, ин воқеаи хаёлиро таъбир мекунам. Аллоҳ хайр кунад.

Он шаҳр ҳаёти иҷтимоии башар ва мадинаи маданияти инсонист.

Ҳар яке аз он кохҳо як инсон аст.

Аҳолӣ ва сокинони он кох латоифи мавҷуд дар инсон ба монандӣ: чашм, гӯш, қалб, сар, рӯҳ, ақл ва муҳаррикҳое мисли: нафс ва ҳаво ва қувваи шаҳвонӣ ва қувваи ғазаб ҳастанд.

Ҳар як аз ин латоифи омода дар вуҷуди инсон низ вазифаи убудияти махсус ба худро доранд ва лаззатҳо ва дардҳои онҳо аз якдигар фарқ доранд. Аммо нафс ва ҳаво ва қувваи шаҳвонӣ ва қувваи ғазаб дар ҳукми нигаҳбон ва саги посбонанд.

Пас агар он латоифи баланду олӣ зери фармони нафсу ҳаво бошад ва он вазифаи аслӣ фаромӯш шавад, албатта суқут аст, на тараққӣ! Соири мавридҳоро низ худ тафсир ва таъбир кунед.

НУКТАИ САВВУМ

Инсон аз лиҳози феъл ва амал ва аз нуқтаи назари саъй ва талоши моддӣ як ҳайвони заиф ва як махлуқи оҷиз аст. Дар ин ҷиҳат доираи тасарруфот ва моликияташ чунон кӯтоҳ аст, ки ба андозаи дарозии дасташ мебошад. Ҳатто, ҳайвоноти хонагӣ, ки маҳорашон ба дасти инсон дода шудааст, қисмате аз заъф ва аҷз ва танбалии худро аз инсон гирифтаанд, ки бо муқоисаи онҳо бо ҳайвоноти ваҳшии ҳамгурӯҳи худ тафовути калони байни онҳо мушоҳида мешавад. Монанди фарқи гӯсфанду гови хонагӣ бо гӯсфанду гови ваҳшӣ.

Аммо ҳамин инсон аз лиҳози инфиъол, қабул, дуо ва савол, дар ин меҳмонхонаи дунё меҳмони азиз ва мусофири парвардигори Каримест, ки дари ганҷинаҳои раҳмати беинтиҳояшро ба рӯяш кушода ва маснуъоти бадеъ ва ходимони худро дар инхтиёри ӯ гузошта. Ва барои тафриҳ, тамошо ва истифодаи ин меҳмон чунон доираи бузургеро муҳайё намудааст, ки фақат нисфи қутр, яъне аз доира то маркази он, то ҷое, ки чашму хаёл кор мекунад, имтидод ёфта ва вусъат дорад.

Пас, агар инсон бо такя ба иноният ва ғурураш зиндагонии дунёро ҳадафи афкори худ қарор диҳад ва гирифтори маишати дунё шавад ва тамоми саъю талошро ба лаззатҳои зудгузар мунҳасир созад, дере намегузарад, ки дар доираи зиндагии бисёр маҳдуде, ки барои худ дуруст карда, хафа мешавад ва заҳматаш барбод меравад. Саранҷом тамоми ҷиҳозот ва олот ва имконот ва латоифе, ки ба ӯ дода шудаанд, аз ӯ шикоят мекунанд ва рӯзи маҳшар алайҳи ӯ шаҳодат дода ва ӯро ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Аммо, агар худро мусофири дунё бидонад ва сармояи умрашро дар чорчӯби ризояти Зоти Кариме, ки ӯро меҳмон кардааст, сарф намояд, онгоҳ дар доираи васеи зиндагӣ, ки пеши рӯи худ дорад, барои расидан ба ҳаёте абадӣ неру ва талоши худро ба кор бурда ва нафаси роҳату оромӣ кашида ва ба осоиш мерасад. Саранҷом метавонад аълои ъилиййин саъуд кунад. Ва тамоми ҷиҳозот ва олот ва имконот, ки ба ӯ дода шудааст, аз ӯ ташаккур намуда ва дар охират ба нафъи ӯ шаҳодат медиҳанд.

Бале, ин ҳама ҳиссиёт ва аъзо ва имконоти шигифтоваре, ки бв инсон дода шудааст, танҳо ба хотири ин зиндагии дунявии беаҳамият нест. Балки, барои ҳаёти боқии бисёр муҳим ба ӯ дода шудааст. Чунки, ҳар гоҳ инсонро бо ҳайвон муқоиса кунем, мебинем, ки инсон аз лиҳози ҷиҳозот ва олот бисёр ғанӣ аст ва сад дараҷа бар ҳайвон бартарӣ дорад. Аммо, аз лиҳози бархурдор будан аз лаззати зиндагии дунявӣ ва ҳаёти ҳайвонӣ сад дараҷа фақиртар аз ҳайвон аст.

Чунки, инсон ҳар лаззате, ки мебарад, ҳазорон дарду ранҷ барои ӯ мекашад. Дардҳои гузашта ва тарс ва изтироб нисбат ба оянда ва афзун бар он, дарди заволи ҳар лаззат комашро талх мекунанд ва дар лаззаташ асаре аз дард барҷой мегузоранд.

Аммо ҳайвон чунин нест. Лаззаташ бедард ва суруру шодмониаш орӣ аз андӯҳ аст. На ранҷҳои гузашта озораш медиҳанд ва на тарс аз оянда нигаронаш мекунад. Балки, бароҳат зиндагӣ мекунад, мехобад ва шукри Холиқашро ба ҷо меорад.

Пас, инсоне ки ба сурати Аҳсани Тақвим халқ шудааст, агар фикрашро сирф ба зиндагии дунё мунҳасир кунад, бо ин ки сармояаш сад дараҷа волотар аз ҳайвон аст, мақоми худро аз ҳайвоне ҳамчун гунҷишк ҳам поёнтар меорад. Ин ҳақиқатро дар ҷои дигар, дар зимни мисоле баён кардаам. Чун муносиб омад, дар ин ҷо бори дигар онро такрор мекунам:

Шахсе даҳ тилло ба яке аз хизматгоронаш дод ва чунин амр кард: “Барои худ аз матои махсус пироҳане бидӯз.” Ва ба хизматгори дигараш ҳазор тилло дод ва ёддоште навишт, ки чизҳое бар рӯи он навишта шуда буд ва дар ҷайби ӯ гузошт ва равонаи бозораш кард.

Хизматгори якум либосе бисёр олӣ аз порчаи бисёр хуб ба даҳ тилло харид. Хизматгори дуюм аблаҳӣ карда, пеш аз он, ки ёддоштро бихонад, бо тақлид аз хизматгори якум тамоми ҳазор тиллоро ба дӯкондор дод ва як даст либос хост. Дӯкондори беинсоф ҳам аз ҷинси хароб як даст либос ба ӯ фурӯхт. Он хизматгори бадбахт ба назди арбобаш рафт ва ҷазову шиканҷаи сахт дид.

Бинобар ин, касе ки андак шууре дошта бошад, дар ин ҷараён пай мебарад, ки ҳазор тиллои ба хизматгори дуюм додашуда барои тиҷорати муҳиме буд, на барои хариди пироҳан.

Айнан монанди он: Ҳар яке аз ҷиҳозоти маънавӣ ва латоифи ба инсон додашуда сад дараҷа пешрафтатар аз ҳайвон аст.

Барои мисол: Чашми инсон, ки тамоми маротиби зебоиҳоро ташхис медиҳад куҷову чашми ҳайвон куҷо?! Қувваи зоиқаи инсон, ки таъмҳои гуногуни навъҳои таомҳоро медонад куҷову қувваи зоиқаи ҳайвон куҷо?! Ва ақли инсон, ки дар жарфои ҳамаи ҳақоиқ нуфуз дорад куҷову ақли ҳайвон куҷо?! Ва қалби инсон, ки муштоқи анвои камолот аст ва ҳиссиёт ва аъзо ва имконоти дигари ӯ куҷо?! Ва ҷиҳозоти басити ҳайвон, ки инкишофоте дар дараҷоте поён дошта ва рушд наёфтааст, куҷо?! Фақат бо ин тафовут, ки бархе аз аъзо ва ҳиссиёти махсуси ҳайвон дар кор ва амале махсус, ки мунҳасир ба ҳамон ҳайвон мебошад, зиёдтар рушд ва инкишоф ёфтааст, ки он инкишоф хусусӣ мебошад.

Рамзи сарватманд будани инсон аз назари ҳиссиёт ва аъзо ва имконот ин аст:

Ҳиссиёт ва қувваи идроки ӯ бо кумак ва ёрии ақл ва фикраш инкишоф, рушд ва тавсеъаи бештаре ёфтааст. Ва ба сабаби ниёзҳои гуногун ва фаровонаш ҳавос ва органҳояш низ мутанаввеъ шудааст ва ба сабаби ҷомеъ будани фитраташ орзуҳояш низ дурудароз буда ва ба мақсадҳои фаровоне чашм дӯхтааст. Ва бо таваҷҷӯҳ ба зиёд будани вазифаҳои фитриаш имконот ва ҷиҳозоташ низ бисёр рушд намудааст. Ва аз он ҷое, ки фитрати бадеъи ӯ омодагии анҷоми анвои ибодатҳоро дорад, лизо истеъдоде, ки дарбар гирандаи ҳастӣ ва ҷавҳари ҳар навъ камолот буда, ба ӯ дода шудааст.

Пас, ин ҳама ҳиссиёт ва аъзо ва имконоти боарзиш ва сармояҳои фаровон сирф барои таҳсили зиндагии дунявии беаҳамият ва муваққат ба инсон дода нашудааст. Балки, вазифаи асосии чунин инсонест, ки вазифаҳоеро анҷом диҳад, ки ҳадафҳо ва мақсадҳои бепоёне дар он нуҳуфта аст. Ӯ бояд бо анҷоми ибодат ва бандагӣ, аҷз ва фақрашро ба даргоҳи Худованди ҷалла ҷалолуҳу эълон кунад ва бо диде боз тасбеҳоти мавҷудотро мушоҳида намояд ва ба он шаҳодат диҳад ва имдоду алтофи Раҳмониро дар неъматҳо бубинад ва шокир бошад ва бо тамошои мӯъҷизоти қудрати Раббонӣ дар маснуъот дар бораи онҳо фикр кунад ва бо чашми ибрат ба онҳо бингарад.

Эй инсони дунёпараст, ошиқи ҳаёти дунё ва ғофил аз рамзи аҳсани тақвим! Ҳақиқати зиндагии ин дунёро Саиди Кӯҳна дар ҳодисае хаёлӣ дидааст. Ҳодисае, ки ӯро ба Саиди Нав табдил дод. Пас хуб онро гӯш кун!

Дидам, ки мусофир ҳастам ва ба мусофирати дуру дарозе меравам. Яъне, ба ҷои дуре фиристода мешавам. Арбобам шаст тилло бароям дар назар гирифта буд ва ба тадриҷ ва рӯзона маблағе аз онро ба ман медод. Миқдоре аз он маблағро харҷ кардам, то ин ки ба мусофирхонае рафтам. Дар он ҷо дар зарфи як шаб даҳ тиллоро дар қимор ва мумор ва тафреҳ ва саргумӣ ва шӯҳратталабӣ харҷ кардам. Субҳ шуд. Пуле надоштам. Фоидае ҳам накарда будам. Ҳатто барои ҷое, ки мерафтам, чизе нахарида будам. Ва он чӣ аз он пул ба даст овардам, дарду гуноҳ ва захму кудурат ва айёшиву лаззатҳои номашрӯъ буд. Дар чунин ҳолати асафноке ногаҳон марде дар баробарам зоҳир шуд ва ба ман гуфт:

“Тамоми сармояатро барбод додӣ ва мустаҳақи муҷозот шудӣ. Ба ҷое, ки бояд мерафтӣ, акнун маҷбурӣ, ки дасти холӣ ва сарафканда биравӣ. Оқил бош ва шитоб кун. Ҳанӯз дари тавба боз аст. Ва аз понздаҳ тиллои боқимонда, ки баъд аз ин ба ту дода мешавад, нисфашро эҳтиёт ва захира кун, то бо он ниёзҳои сафаратро харидорӣ кунӣ.” Дидам, ки нафсам розӣ намешавад.

Он мард гуфт: “Як саввумашро.”

Боз ҳам нафсам итоат накард.

Сипас гуфт: “Як чаҳорумашро.”

Дидам, ки нафсам намехоҳад одатеро, ки ба он мубталост, тарк кунад. Дар охир, он мард бо асабоният аз ман рӯ гардонд ва рафт.

Якбора вазъият тағйир ёфт. Дидам, ки савори қаторае ҳастам, ки дар тунели зеризаминӣ босуръат дар ҳаракат аст ва ҳар лаҳза имкон дорад вожгун шавад. Хеле тарсидам. Роҳи гурезе вуҷуд надошт. Ҳар тараф баста буд. Ночор таҳаммул кардам. Ҷолиб ин буд, ки дар ду самти қатора гулҳои зебо ва ҷаззоб ва меваҳои лазизе ба чашм мехӯранд. Ман ҳам мисли афроди беақл дастамро дароз кардам ва кӯшидам, ки гулҳоро ва меваҳоро бичинам. Аммо намешуд. Гулҳо бо хорҳо пӯшида буданд ва он хорҳо дастамро захмӣ ва хунолуд мекарданд. Қатора босуръат дар ҳаракат буд. Чидани гулҳо бароям бисёр душворӣ мекард.

Яке аз ходимони қатора бо дидани ин ҳолат ба ман гуфт:

“Панҷ куруш бидеҳ ва ҳар чӣ қадар ки бихоҳӣ ба ту гул ва мева медиҳам. Ин кор беҳтар аз он аст, ки худро азият кунӣ ва дастат захмӣ шавад ва садҳо дирҳам зарар кунӣ. Инро ҳам бидон, ки кандани меваҳо бе иҷозат мамнӯъ аст! Агар ин коратро идома бидиҳӣ, ҷазо хоҳӣ гирифт.”

Бисёр нороҳат шудам ва бо худ гуфтам: “Билохира кай аз тунел хориҷ хоҳам шуд? Сарамро аз панҷара берун карда, ба пеш нигаристам то охири тунелро бубинам. Аммо дидам, ки дар охири тунел чоҳҳои зиёде ҳаст ва мусофиронро аз дохили қатора ба даруни он чоҳҳо меандохтанд. Дар ин миён дар рӯ ба рӯи худ чоҳе дидам, ки дар ду тарафи он ду санги қабр омода шуда буд. Бодиққат ба он сангҳо чашм дӯхтам. Дидам, ки рӯи он сангҳо бо ҳарфҳои калон номи “Саъид” навишта шудааст. Ман аз таассуф ва ҳайрат “Эй воҳ!” гуфтам. Ногаҳон садои марде ба гӯшам расид, ки қаблан дар мусофирхона маро насиҳат карда буд.

Ӯ гуфт:

– “Ақлат ба сарат омад?”

Гуфтам:

– “Бале, омад. Фақат қуввате дар ман боқӣ намонда аст ва чорае нест.”

Гуфт:

– “Тавба кун ва таваккал кун.”

Гуфтам:

– “Тавба ва таваккал кардам.”

Ман ба ҳуш омадам. Дигар он Саиди Кӯҳна набудам. Худро Саиди Нав медидам.

Аз худованд мехоҳам, ин воқеаи тахайюлиро сабаби хайр гардонад. Яке ду қисми онро таъбир мекунам. Қисмҳои дигарро худ таъбир ва тафсир кунед:

Он сафар, сафарест, ки аз олами арвоҳ, аз раҳми модар, аз даврони ҷавонӣ, аз даврони пирӣ, аз қабр, аз барзах, аз ҳашр ва аз пули сирот гузашта ва ба тарафи абадулобод ба дарозо мекашад.

Он шаст тилло бошад, шаст соли умр аст. Вақте, ки ин воқеа ба ман иттифоқ афтод, фикр мекунам, чилупанҷсола будам. Мадраку замонате ҳам надоштам, ки то шастсолагӣ зинда мемонам. Аммо, яке аз шогирдони мухлиси Қуръон маро насиҳат кард, ки ниме аз понздаҳ соли умри боқимондаи худро дар роҳи охират сарф кунам.

Он қаср барои ман шаҳри Истанбул буд.

Он қатора замон аст ва ҳар соли он ба манзалаи як вагон мебошад.

Он тунел бошад, зиндагонии дунёст.

Он гулҳо ва меваҳои хордор лаззатҳои номашрӯъ ва саргармиҳои ҳароме ҳастанд, ки ҳангоми ҷудоӣ, дарди тасаввури заволи онҳо қалбро захмӣ ва хунолуд карда, инсон аз фироқ ва ҷудоии онҳо сахт азоб мекашад ва сабаби азоби қиёмат низ мешавад.

Ва таъбири сухани ходими қатора, ки гуфта буд: “Панҷ куруш бидеҳ ва ман ҳар чӣ бихоҳӣ, ба ту медиҳам” чунин аст: Хушӣ ва лаззате, ки инсон аз умури ҳалол ва машрӯъ мебарад, барои лаззат бурдани ӯ кофист ва ба анҷом додани умури ҳаром эҳтиёҷе нест.

Қисмҳои дигари онро худ таъбир кунед.

НУКТАИ ЧАҲОРУМ

Инсон дар ин коинот ба кӯдаки нозанин ва боназокат ва зудранҷе шабоҳат дорад, ки дар нотавониаш қувваи бузург ва дар аҷзаш қудрати азиме нуҳуфта аст. Чунки, бо нерӯи он заъф ва бо қудрати он аҷз аст, ки ҳамаи мавҷудот зери амри ӯ қарор гирифтаанд.

Агар инсон бо дарки заъфаш қавлан, ҳолан ва тавран (бо гуфтор ва аҳвол ва кирдори худ) дуо кунад ва бо пай бурдан ба аҷзаш аз Худованд кумак хоста, шукри он тасхирро адо намояд, дар расидан ба хостаҳо ва баровардани мақсадҳояш муваффақ ва пирӯз мешавад, ки бо қудрати ҷузъӣ ва ночизи худаш ҳатто як даҳуми он барояш муяссар намешавад. Аммо ӯ гоҳе он чиро бо дуои забони ҳол ба даст оварда аст, ба иштибоҳ онҳоро аз қудрат ва тавони худ медонад.

Барои мисол: Заъфе, ки мурғ дар чӯҷаи худ мебинад, сабаб мешавад, ки мурғ ба тарафи шер ҳамлавар шавад. Бачаи навзоди шер, шери дарранда ва гуруснаро зери фармони худ дароварда, сабаб мешавад, ки он шери дарранда худ гурусна бимонад, то ки бачааш сер шавад. Бале, нерӯи дар заъф вуҷуддошта тааҷҷуббарангез буда, таҷаллии раҳмати илоҳӣ дар он низ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Як кӯдаки ноздору дӯстдоштанӣ бо гиряву нола ё бо хоҳишу илтимос ё бо ҳолати ғамангез ба наҳве хостаҳояшро бароварда карда, афроди қавӣ ва нерӯмандро зери фармони худ дар меоварад. Дар ҳоле, ки бо қудрати ночизи худ ҳаргиз наметавонист ба яке аз ҳазорон хостааш бирасад. Пас метавон гуфт:

Заъф ва аҷзи он кӯдак шафқат ва ҳимояи дигаронро бармеангезад. Ба гунае, ки бо ишораи ангушташ қаҳрамонон ва подшоҳонро низ мутеъи худ мегардонад.

Ҳол, агар чунин кӯдаке он шафқатро инкор ва ҳимоятро муттаҳам кунад ва бо ғурури аҳмақона бигӯяд: “Ман бо қувват ва нерӯи худ ҳамаи ин афродро зери фармонам даровардаам.” Бешак, шаппотии сахте хоҳад хӯрд.

Ҳамчунон агар инсон раҳмати Холиқашро инкор кунад ва ҳикматашро зери савол барад ва бо куфрони неъмат монанди Қорун бигӯяд: اِنَّمَا اُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ  яъне: “Ман бо илм ва қудратам он сармояро ба даст овардаам.”

Ба яқин худро мустаҳақи азоб мекунад.

Пас, манзалату ҷойгоҳи додашуда ба инсон ва пешрафтҳои башарӣ ва камолоти мадании машҳуд, натиҷаи манфиат талабӣ, ғалаба, бартари ҷӯйи ва қувваи ҷидолу муноқишаи ӯ нест. Балки, ба сабаби заъфи дар ихтиёри ӯ гузошта шуда ва ба хотири аҷзаш ба ӯ кумак шуда ва ба ҷиҳати фақраш ба ӯ эҳсон ва ба сабаби ҷаҳлаш ба ӯ илҳом шуда ва барои рафъи ниёзҳояш ба ӯ икром гардидааст. Аз ин рӯ, сабаби салтанати ӯ ҳаргиз тавон ва иқтидори илмиаш нест. Балки, шафқат ва раъфати Раббонӣ, раҳмат ва ҳикмати Илоҳӣ, ҳама чизро дар ихтиёраш қарор дода, ба ӯ ато кардааст.

Бале, инсоне ки мағлуби ҳашароте ҳамчун ақраби бечашм ва мори бепой аст, албатта қудрат ва тавони ӯ ҳаргиз наметавонад аз кирми кӯчаке ҳамчун кирми абрешим либоси абрешимӣ ба ӯ бипӯшонад ва аз ҳашароте заҳрдор хӯроке чун асал барояш таҳия кунад. Дар воқеъ, ҳамаи инҳо натиҷаи заъфи ӯст, яъне натиҷаи тасхири Раббонӣ ва икроми Раҳмонӣ дар ҳаққи ӯст.

Эй инсон! Модоме, ки ҳақиқат чунин аст, ғурур ва худхоҳиро тарк кун. Дар даргоҳи улуҳият бо забони истимдод ба аҷз ва заъфат эътироф кун ва бо забони тазаррӯъ ва дуо фақр ва ниёзатро эълон намо ва банда буданатро нишон деҳ ва 13حَسْبُنَا اللّٰهُ وَنِعْمَ الْوَكِيلُ  бигӯ ва пешрафт кун! Ва нагӯ: “Ман чизе нестам, чӣ аҳамияте дорам, ки ин коинот аз тарафи ягона Ҳокими Мутлақ ва бо хостаи ӯ дар ихтиёри ман қарор гирад ва он гоҳ дар ивази он шукри куллӣ аз ман хоста шавад?!”

Зеро, ту аз нигоҳи нафс ва сурати зоҳирӣ дар ҳукми ҳеҷ ҳастӣ. Аммо аз назари вазифа ва мартаба дар ҳукми нозири дақиқкори ин коиноти боҳашамат ҳастӣ, ва забони гӯё ва расои мавҷудоти пурҳикмат ҳастӣ ва бо дарку фаҳм мутолиакунандаи китоби олам ҳастӣ ва дар ҳукми наззорагари шигифтангези махлуқоти тасбеҳгӯй мебошӣ ва ба унвони устоди кулл ва мӯҳтарами ин маснуъоти ибодатгузор офарида шудаӣ.

Эй инсон! Ту аз назари ҷисми наботӣ ва нафси ҳайвониат як ҷузъи кӯчак ва ҷузъии ҳақир ва махлуқе фақир ва ҳайвони заифе ҳастӣ, ки дар амвоҷи пурталотуми мавҷудоти шигифтангез дасту по мезанӣ.

Аммо, аз лиҳози инсонияте, ки бо тарбияи исломӣ такомул ёфта бошад ва бо нури имон, ки дарбаргирандаи нури муҳаббати Илоҳист, мунаввар шудааст, ту дар айни абд буданат подшоҳ ва дар айни ҷузъӣ буданат як кулл ва дар айни кӯчакиат оламе ҳастӣ ва дар айни ҳақир буданат мақом ва ҷойгоҳат баланд ва доираи назоратат чунон васеъ аст, ки метавонӣ иддао кунӣ: “Парвардигори Раҳимам дунёро хона ва масканам қарор дода ва моҳу хуршедро чароғи ин хона ва баҳорро ҳам дастагули он ва тобистонро суфраи неъмат ва ҳайвонотро хидматгузор ва набототро зинату зевари хонаам сохта аст.”

Натиҷаи калом: Ту агар ба нафс ва шайтон гӯш кунӣ, ба асфала софилин мефароӣ. Аммо, агар ба Ҳақ ва Қуръон гӯш бидиҳӣ, ба аълои ъилиййин мебароӣ ва аҳсани тақвими коинот хоҳӣ шуд.

НУКТАИ ПАНҶУМ

Инсон ба унвони маъмур ва мусофир ба ин дунё фиристода шуда, истеъдодҳои бисёр муҳим ва боарзише ба ӯ иноят гардида ва мутобиқи ҳамон истеъдодҳо, вазифаҳои муҳиме амонат ба ӯ супорида шудааст. Ва барои он, ки инсон дар ҷиҳати пешбурди ҳамон ҳадафҳо ва вазифаҳо талош кунад ва онҳоро ба наҳви аҳсан анҷом диҳад, ба шиддат ташвиқ ва таҳдид шудааст.

Вазифаҳои инсоният ва усулу пояҳои убудиятро дар ҷои дигар тавзеҳ дода будем. Дар ин ҷо ҳам ба иҷмол тазаккур медиҳем, то рамзи “Аҳсани Тақвим” фаҳмида шавад.

Инсон бо омадан ба ин дунё бояд аз ду ҷиҳат худоро бандагӣ кунад:

Ҷиҳати якум: Убудият ва тафаккур ба сурати ғоибона.

Ҷиҳати дигар: Убудият ва муноҷот ба сурати хитобӣ ва ҳузурӣ.

 Ҷиҳати якум тасдиқ бо итоат аз салтанати рубубияте аст, ки дар коинот мушоҳида мешавад ва назорат кардан бо ҳайрат ва таъзим бар камолот ва маҳосини парвардигор.

Сипас, панду андарз ва ибрат гирифтан аз осор ва нақшу нигорҳои бадеъи Асмои Қудсияи Илоҳӣ ва пардохтан ба нашр ва таблиғ ва эълони он.

Сипас, ҷавоҳир ва гавҳарҳои Асмои Раббониро, ки ҳар кадом аз онҳо дар ҳукми хазонаи пинҳон аст, бо тарозуи идрок ва ба сират вазн намуда, онгоҳ қадршиносӣ аз самими қалб ва пардохти баҳои он.

Сипас, мутолиаи сафаҳоти китоби мавҷудот ва баргҳои замину осмон, ки ҳар кадом дар ҳукми навиштаҳои қалами қудратанд ва онгоҳ тафаккур дар бораи онҳо бо шигифтӣ ва ҳайрат.

Ва саранҷом, бо нигаристан ва нигоҳи таҳсиномез ба зевари мавҷудот ва ба санъатҳои латиф ва зебое, ки дар онҳост, саъй бар алоқа ва муҳаббат нишон додан ба маърифату шинохти Фотири Зулҷамолашон ва орзу ва талош барои ҳузур дар даргоҳи Сонеъи Зулкамол ва ҷалби таваҷҷӯҳи ӯ ба сӯи худ.

Ҷиҳати дуюм иборат аст аз мақоми ҳузур ва хитоб, ки аз асар ба муассир нуфуз мекунад. Инсон дармеёбад, ки Сонеъи Зулҷалол қасд дорад бо намоён кардани муъҷизаҳои санъаташ худро муаррифӣ кунад ва бишиносонад.

Ӯ низ бо имон ва маърифат лаббайк мегӯяд.

Сипас дармеёбад, ки Рабби Раҳим мехоҳад бо меваҳои ширин ва зебои раҳматаш худро маҳбуб созад.

Ӯ низ дар муқобил бо ҳасри муҳаббат ва тахсиси таъаббуд худро маҳбуби ӯ мекунад.

Сипас мушоҳида мекунад, ки Мунъими Кариме ӯро ғарқ дар лаззатҳо ва неъматҳои моддӣ ва маънавиаш кардааст ва ба беҳтарин шакл мепарваронад.

Ӯ низ дар муқобил феълан, ҳолан ва қолан (бо кирдор, ҳолот ва гуфтор) ва ҳатто агар битавонад, бо тамоми ҳавос ва ҷавори ҳуш, шукр ва ҳамду санои ӯро ба ҷой меоварад.

Сипас мебинад, ки як Ҷалили Ҷамил, кибриё ва камол, ҷалол ва ҷамолашро дар оинаи мавҷудот нишон дода ва нигоҳҳоро ба он мутаваҷҷеҳ мекунад.

Ӯ низ дар муқобил, бо гуфтани “Аллоҳу Акбар” ва “СубҳонАллоҳ” бо ҳайрат ва муҳаббат ва дар тавозӯъ ва фурӯтани сар ба саҷда мениҳад.

Сипас дарк мекунад, ки Ғании Мутлақе бо саховате мутлақ, сарват ва ганҷинаҳои бешумор ва тамом нашуданӣ худро нишон медиҳад. Ӯ низ дар муқобил бо таъзим ва сано дар камоли фақр дасти талаб дароз карда, дуо мекунад.

Сипас пай мебарад, ки он Фотири Зулҷалол сатҳи заминро ҳамчун намоишгоҳе сохта, ки тамоми саноеъи нодир ва арзишманди худро дар он ҷо ба намоиш гузоштааст.

Ӯ низ дар муқобил бо гуфтани “МошоАллоҳ” қадршиносӣ карда, бо гуфтани “БоракАллоҳ” таҳсин мекунад ва бо гуфтани “СубҳонАллоҳ” шигифтзада мешавад ва бо гуфтани “Аллоҳу Акбар” офаридгори онро сипос мегӯяд.

Саранҷом дармеёбад, ки як Воҳиди Аҳад бо сиккаи ғайри қобили тақлид ва бо хотами махсус ва бо турраи мунҳасир ба фардаш дар ин сарои коинот ва бо фармони махсус ба худ, тамғаи ваҳдатро бар тамоми мавҷудот ниҳода ва нишонаҳои тавҳидро бар рӯи онҳо нақш мекунад ва дари офоқ ва атрофи олам парчами ваҳдониятро барафрошта, рубубияташро эълон мекунад.

Ӯ низ бо тасдиқ, бо имон, бо тавҳид, бо изъон, бо шаҳодат овардан ва бо убудият посух медиҳад.

Бале, инсон бо ингуна ибодатҳо ва тафаккурҳо инсони ҳақиқӣ шуда, нишон медиҳад, ки ҷойгоҳи ӯ дар Аҳсани Тақвим аст ва ба юмну баракати имон, лаёқати ба дӯш гирифтани амонат ва халифаи замин шуданро касб мекунад.

Пас эй инсони ғофиле, ки дар Аҳсани Тақвим халқ шудаӣ ва ба сабаби сӯиистифода аз ихтиёр ба асфала софилин рафтаӣ! Ба суханонам гӯш деҳ ва ба ду лавҳаи навишташуда дар мақоми дуюми “Гуфтори ҳабдаҳум” бингар, то бидонӣ, ман низ мисли ту дар рӯзҳои ғафлат ва айшу нӯш ва авҷи ҷавонӣ дунёро зебо ва ширин мепиндоштам. Аммо, лаҳзае ки дар субҳи пирӣ замони маргам фаро расид ва аз мастии бодаи ҷавонӣ ба ҳуш омадам, дидам, дунёи маҷозӣ, ки мутаваҷҷеҳи охират нест, чӣ қадар зишту олуда аст! Ва он дунёи ҳақиқӣ, ки мутаваҷҷеҳи охират буд, чӣ қадар хубу зебост!

Лавҳаи якум: Ҳақиқати дунёи аҳли ғафлатро ба тасвир мекашад. Ман дар гузашта бо пардаи ғафлат, аммо бе он, ки масту сархуш шавам, дунёро чунин дида будам.

Лавҳаи дуюм: Ба дунёи ҳақиқии аҳли ҳидоят ва ҳузур ишора мекунад. Ин ду лавҳаро ба ҳамон тарзи кӯҳна нигоштам, ки бештар ба шеър шабоҳат дорад, аммо шеър нест.

   14 سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

 رَبِّ اشْرَحْ لِى صَدْرِى وَيَسِّرْ لِى اَمْرِى وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِنْ لِسَانِى يَفْقَهُوا قَوْلِى15

 اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى الذَّاتِ الْمُحَمَّدِيَّةِ اللَّطِيفَةِ اْلاَحَدِيَّةِ شَمْسِ سَمَاءِ اْلاَسْرَارِ وَ مَظْهَرِ اْلاَنْوَارِ وَ مَرْكَزِ مَدَارِ الْجَلاَلِ وَ قُطْبِ فَلَكِ الْجَمَالِ اَللّٰهُمَّ بِسِرِّهِ لَدَيْكَ وَ بِسَيْرِهِ اِلَيْكَ آمِنْ خَوْفِى وَ اَقِلْ عُثْرَتِى وَ اَذْهِبْ حُزْنِى وَ حِرْصِى وَ كُنْ لِى وَ خُذْنِى اِلَيْكَ مِنِّى وَ ارْزُقْنِى الْفَنَاءَ عَنِّى وَ لاَ تَجْعَلْنِى مَفْتُونًا بِنَفْسِى مَحْجُوبًا بِحِسِّى وَاكْشِفْ لِى عَنْ كُلِّ سِرٍّ مَكْتُومٍ يَا حَىُّ يَا قَيُّومُ يَا حَىُّ يَا قَيُّومُ يَا حَىُّ يَا قَيُّومُ وَ ارْحَمْنِى وَارْحَمْ رُفَقَائِى وَ ارْحَمْ اَهْلِ اْلاِيمَانِ وَ الْقُرْآنِ آمِينَ يَا اَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ وَ يَا اَكْرَمَ اْلاَكْرَمِينَ

وَ آخِرُ دَعْوَيهُمْ اَنِ الْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

 

Тарҷумаи кўтоҳи маънои оятҳои Қуръони Карим ва ҳадисҳо

  1. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
  2. Мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем. Он гоҳ ӯро фурӯтар аз ҳамаи фурӯтарон гардонидем, (пасттар аз ҳамаи пастҳо, ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки музде бепоён доранд. (сураи Тин ояи 4-6)
  3. Худо ёвари мӯъминон аст. Онҳоро аз торикиҳо ба равшанӣ мебарад.  (сураи Бақара ояи 257)
  4. Шукри Худо барои нури имон
  5. Вале онон, ки кофир шудаанд, тоғут (бутҳо ва Худоҳои дурӯғин) ёвари онҳост, ки, онҳоро аз равшанн ба торикиҳо мекашанд. (сураи Бақара ояи 257)
  6. Худо – нури осмонҳову замин аст. (сураи Нур ояи 35)
  7. Худо бузург аст
  8. Бигӯ: “Агар дуъо (ву илтиҷо)-и шумо намебуд, Парвардигори ман ба шумо қадрдоние намекард. (сураи Фурқон ояи 77)
  9. Дуову илтиҷо кунед Маро, то шуморо иҷобат кунам. (сураи Ғофир ояи 60)
  10. Танҳо аз ту кўмак металабем. (сураи Фатиҳа ояи 5)
  11. … Худо гуноҳонашонро ба некиҳо мубаддал мекунад… (сураи Фурқон ояи 70)
  12. Худост, ки донаву ҳастаро мешикофад… (сураи Анъам ояи 95)
  13. … Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест! (сураи Оли Имрон ояи 95)
  14. Гуфтанд: “Муназзаҳӣ (покӣ) Ту. Моро ҷуз он чӣ Худ ба мо омӯхтаӣ, донише нест. Тӯӣ донои ҳаким!” (сураи Бақара ояи 32)
  15. Гуфт: “Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон.* Ва кори маро осон соз.* Ва гиреҳ аз забони ман бикушой, * то гуфтори маро бифаҳманд. (сураи Таха ояи 25-28)