Мактуби Бистум

МАКТУБИ БИСТУМ

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ وَحْدَهُ لَا شَرٖيكَ لَهُ لَهُ الْمُلْكُ وَ لَهُ الْحَمْدُ يُحْيٖى وَ يُمٖيتُ وَ هُوَ حَىٌّ لَا يَمُوتُ بِيَدِهِ الْخَيْرُ وَ هُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ وَ اِلَيْهِ الْمَصٖيرُ16

Ин ҷумлаи тавҳидӣ зимни ин ки ёздаҳ калимаро дорост, ба ривояти саҳиҳ, мартабаи исми аъзамро низ бо худ дорад ва такрори он баъд аз намози субҳу шом фазилати фаровоне дорад. Дар ҳар як калимаи он, ҳам муждау башорат, ҳам тавҳиду рубубият ва ҳам ба сабаби робитаи он бо исми аъзам як кибриёи ваҳдату як камоли ваҳдоният вуҷуд дорад.

Ин ҳақиқати бузургу воло дар ҳамаи Гуфторҳои “Расоили Нур” шарҳ дода мешаванд, танҳо дар инҷо бино бар ваъдае ки дода будем, ба шакли феҳрист ва ба сурати мухтасару хулоса, зимни як “муқаддима” ва “ду мақом” ба шарҳи он мепардозем.

 МУҚАДИМА

Қатиян бидон, ки “имон ба Аллоҳ” волотарин ҳадафи хилқат ва бузургтарин натиҷаи фитрат аст.

“Маърифатуллоҳ” дарунмои имон ба Аллоҳ, волотарин мартабаи инсоният ва бузургтарин мақоми башарият аст.

“Муҳаббатуллоҳ” дарунмои маърифати Аллоҳ, дурахшондатарин саъодату ширинтарин неъмат барои ҷинну инс мебошад.

“Лаззати рӯҳонӣ” дарунмои муҳаббатуллоҳ, беолоиштарин хурсандӣ барои рӯҳи башар ва поктарин шодӣ барои қалби инсон аст.

 Бале бадурустӣ тамоми саъодатҳои ҳақиқию сурури ноб ва неъматҳои ширину лаззатҳои пок дар “Маърифатуллоҳ” ва “Муҳаббатуллоҳ” мебошад. Бале касби он, бе ин ду имконпазир нест.

Инсони Худошиносу дӯстдори Худованд, ё “би-л қувва” ва ё “би-л феъл” ғарқи саъодат, неъмат, анвору асрор мебошад, шахсе ки Ӯро нашиносад ва дӯстдори Ӯ набошад, ба сахтиҳои фаровону дардҳоу ваҳмҳои – ҳам маънавӣ ва ҳам моддӣ – гирифтор мешавад.

Бале, инсони мискину оҷиз, дар ин дунёи парешонҳол, овора дар байни башарият дар ҳаёти бесамар, бесоҳибу беҳомӣ басар мебарад, гарчи султони тамоми дунё бошад бефоидау беарзиш аст.

Пас ҳама инро дарк хоҳанд кард, ки инсон дар ин дунёи парешонҳолу фонӣ агар соҳибашро нашиносад ва моликашро наёбад, саргардону бечора аст.

Аммо агар соҳибашро биёбаду моликашро бишиносад, инзамон раҳматашро паноҳгоҳ ва қудраташро такягоҳи худ хоҳад кард, дар натиҷа он ваҳшатгоҳи дунё табдил ба тафриҳгоҳ ва маконе барои тиҷорат хоҳад шуд.

Мақоми аввал

Дар ҳар як аз ин “ёздаҳ калима”-и мавҷуд дар ин каломи тавҳидӣ, муждаест ва дар ҳар кадоми аз ин муждаҳо шифо ва дар ҳар кадоми аз ин шифоҳо, лаззати маънавӣ вуҷуд дорад.

Калимаи аввал

لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ17  “Лоилоҳа иллАллоҳ” мужда медиҳад:

Рӯҳи инсон ки ба ниёзҳои бепоёне гирифтор аст ва дар ҳадафи ҳуҷуми дӯшманони бисёрест, ин лафзи ҷалолуҳу василае барои талаби ёрию истимдоди ӯ мешавад, ки бар ӯ дари ганҷинаи раҳматеро боз карда, ки тамоми ниёзмандиҳояшро таъмин мекунад. Ва такягоҳе мешавад, ки маъбуду холиқи худро – ки соҳиби қудрати мутлақ аст ва рӯҳи инсонро аз шарри тамоми душманонаш наҷод дода амният мебахшад – мешиносонаду муаррифӣ мекунад ва соҳибашро нишон медиҳаду мегуяд, ки Моликаш кист. Бо ирояи он, қалби инсонро аз ваҳшати мутлақу фарогир ва рӯҳи инсонро аз ҳузну андӯҳ наҷот медиҳад ва шодмонии абадиву сурури доимӣ мебахшад.

Калимаи дувум

وَحْدَهُ18 “Ваҳдаҳу” дар ин лафзи ҷалолуҳу муждаи шифодиҳанда ва саъодатбахш вуҷуд дорад.

Рӯҳи башару қалби инсон ки бо аксари мавҷудоти дар коинот алоқаманд буда ва дар иртибот аст, ба сабаби ин алоқамандиву иртибот, ба ҳадди хафагӣ дар ин парешониву кашмакаш расида, дар лафзи ҷалолуҳуи وَحْدَهُ18 “Ваҳдаҳу” паноҳгоҳу наҷотдиҳандае меёбад, ки ӯро аз тамоми он парешониҳоу кашмакашиҳо наҷот медиҳад, яъне лафзи ҷалолуҳуи وَحْدَهُ18 “Ваҳдаҳу” дар маъно мегуяд:

“Ҳамоно Худованд яктост, бо паноҳ бурдан ба дигарон худро хаста накун! Ва дар назди онҳо бо хурд кардани худ миннат накаш! Ва гардани худро бо фурӯтанӣ хам накун! Ва бо бароҳ афтодан дар пушти сари онҳо заҳмат бахуд надеҳ! Ва аз тарси онҳо наларз!

Зеро ҳамоно Султони коинот якест, тамоми калидҳо дар дасти Ӯ ва ҳама чиз таҳти маҳори Ӯст, ҳама чиз бо амри Ӯ анҷом мешавад. Агар Ӯро ёфтӣ, тамоми хостаҳоятро хоҳӣ ёфт ва аз зери бори миннату тарси бисёре наҷот меёбӣ.”

Калимаи сеюм

لَا شَرٖيكَ لَهُ19 “Ло шарика лаҳу” яъне, аз онҷое ки дар ӯлуҳияту салтанат шарике надошта, Аллоҳ яка аст ва чандин Аллоҳ вуҷуд надорад, дар рубубияту иҷроиёт ва иҷодоташ низ шарике надорад. Албатта гоҳо дида мешавад бо ин ки султон якест, дар салтанаташ шарике надорад, аммо маъмурҳои иҷроии Ӯ дар қисмати иҷроӣ, шарики Ӯ маҳсуб мешаванд, иҷозаи ҳузур ба ҳар касеро намедиҳанд ва мониъ мешаванду мегуянд: “Ба мо низ муроҷиъат кунед.” танҳо нуктаи қобили зикр ин аст, ҳамон гуна ки Ҷаноби Ҳақ, ки султони азалу абад мебошад, дар салтанаташ шарике надорад, ҳамонгуна низ дар иҷроиёти рубубияташ ба шарику дастёр мӯҳтоҷ нест. Агар амру иродау ҳавлу қуввати Ӯ набошад, ҳеҷ кас наметавонад, дар кори дигаре мудохила кунад. Ва ҳар кас метавонад мустақиму бевосита ба Ӯ муроҷиат кунад, ба хотири набуди шарику дастёр наметавон ба шахси муроҷиаткунанда гӯфт: “Манъ аст наметавонед ба ҳузури эшон биравед.”

Пас ин лафзи ҷалолуҳу ба рӯҳи башар мужда медиҳад, ки рӯҳи башар ки силоҳи имонро дар даст дорад, метавонад бидуни мониъ, бидуни мудохила, бепарда, бидуни ҳеҷ мамониате, дар ҳар ҳолате, бо ҳар орзӯе, дар ҳар замонеу дар ҳар ҷое ба ҳузури Ҷамили зулҷалол ва Қадири зулкамоле ки соҳиби хазинаҳои саъодат ва молики ганҷинаҳои раҳмат аст, бираваду ниёзҳояшро арз кунад. Ва бо ёфтани раҳмату такя ба қудраташ, метавонад камоли суруру хушнудиву фараҳро бадаст оварад.

Калимаи чаҳорум

20لَهُ الْمُلْكُ “Лаҳу-л мулк” яъне, Ӯ соҳиби мулку ҳаронче дар ӯст, мебошад ва шахси ту, мулк ва ҳам мамлуки Ӯ ҳасти, ҳам ин ки дар мулки Ӯ машғул бакор мебошӣ.

Ин лафзи ҷалолуҳ муждаи шифобахш медиҳаду мегуяд:

Эй инсон! Ту худро молики худ ҳисоб накун, зеро қодир ба идораи худ нестӣ, он бори сангинест, ту наметавонӣ аз худ муҳофизат кунӣ, наметавонӣ бо паноҳ бурдан аз балоҳо ниёзҳоятро муҳаё намоӣ, пас худро беҳуда музтариб накуну азоб мадеҳ, соҳиби мулк дигар кас аст, он Молик ҳам Қадир аст ва ҳам Раҳим. Такя ба қудрати Ӯ кун, ба раҳматаш итиҳом набанд, ғамро раҳо куну лаззат бубар, заҳматро дур бияндозу сафоро биёб.

Ва мегуяд: ҳоло ин коиноте – ки дӯстдору алоқаманди он ҳастӣ ва аз ҳоли парешонаш, парешон шудаву қодир ба ислоҳи он набудаӣ – мулки як Қадири Раҳим аст, пас мулкро ба соҳибаш таслим куну ба дасти Ӯ бисупор ва дар ивази ҷафо сафои онро бичаш. Ӯ ҳаким асту Раҳим, ҳарончи бихоҳад, дар мулкаш анҷом медиҳаду идора мекунад, замоне ки тарс вуҷудатро фаро гирифт, ҳамчун Иброҳими ҳаққӣ бигӯ:

Мавло гуралим нелар   неларса гузел елар

Яъне: Дар кардаи ҳақ бингар, ҳарончи анҷом диҳад, ҷилвагару зебо бошад.

Ва аз пушти панҷара нигоҳ куну вориди ҷузъиёт нашав.

Калимаи панҷум

21وَ لَهُ الْحَمْدُ “Лаҳу-л ҳамд” яъне, ҳамду сано мадҳу миннат махсуси Ӯ ва шоистаи Ӯст. Инак ки Ӯ соҳиби неъматҳост, аз хазинаи Ӯ меояд ва хазина низ доимист, пас ин лафзи ҷалолуҳ мужда медиҳаду мегуяд:

Эй инсон! Аз заволи неъмат дард накаш, зеро ганҷинаи раҳматаш беинтиҳост ва ба заволи лаззат фикр накуну доду фарёд баланд накун, зеро он меваи неъмат самараи раҳмати беинтиҳост. Чун дарахти доимист, агар меваи он чида шавад дубора аз нав сабз мешавад. Бо сипосу андеша дар лутфу илтифоти раҳмете, ки дар лаззати неъмат нуҳуфта аст, аз он садҳо бор ширинтар аст, метавони он лаззатро ба якбора чандин баробар кунӣ.

Онгуна ки Подшоҳ бо ҳадяи себе ба тӯ, ҳисси лаззати инояту таваҷҷуҳи шоҳонаи худро – ки аз садҳо балки ҳазорон себ лаззатбахштараст – дар тӯ зинда мекунад ва ба тӯ эҳсон менамояд, ҳамонгуна низ бо лафзи ҷалолуҳуи 21 لَهُ الْحَمْدُ “Лаҳу-л ҳамд” яъне бо ҳамду шукр, яъне бо эҷоди ҳисси инъоми неъмат, яъне бо шинохти Мунъиму тафаккур дар инъом, яъне бо тафаккур дар инояти раҳмату ҷалби таваҷҷуҳ ба шафқату доимӣ будани неъмат, дарвозаи бузурги лаззати маънавиро ки чандин баробар аз худи неъмат лазизтар аст ба рӯйи тӯ боз мекунад.

Калимаи шашум

22يُحْيٖى “Юҳйӣ” яъне, зиндагибахшу ҳаётдиҳанда Ӯст, касе ки ҳаётро бо ризқу рӯзӣ давом мебахшад Ӯст, муҳаёкунандаи ниёзҳои ҳаёт низ Ӯст, ҳадафҳои волои ҳаёт мутаалиқ ба Ӯст ва натиҷаҳои муҳими он назар ба Ӯ дорад ва навадунӯҳ дар сади самараи ҳаёт назар ба Ӯ дорад. Пас ин лафзи ҷалолуҳу башари оҷизу фониро садо мезанад ва мужда дода мегуяд:

Эй инсон! Таклифҳои сангини ҳаётро бадӯш нагир ва худро заҳмат надеҳ, ба нобудии ҳаёт фикр накуну андӯҳгин нашав, дар омадурафти ин дунё танҳо бо фикр кардан ба меваҳои беаҳамияти дунявӣ пушаймонӣ дар пеш нагир. Он мошини ҳаёт мавҷуд дар киштии вуҷуд, мутаалиқ ба Ҳайи Қаюм аст, Ӯ лавозими мавриди ниёзро тадорук мебинад, ва ҳадафҳову натиҷаҳои фаровоне дар ҳаёт вуҷуд дорад, ки ҳама мутаалиқ ба Ӯст.

Тӯ но Худои он киштӣ ҳастӣ, вазифаатро ба хубӣ анҷом бидеҳу подошро бигиру лаззат бубар, ба арзиши он киштии ҳаёт ва ба фоидаҳои зебои он ва ба Кариму Раҳим будани зоти соҳиби сафина фикр куну бо хӯшҳолӣ шукр кун, бидон! Замоне ки вазифаатро бо истиқомат анҷом диҳӣ, дар ҷиҳати дурустӣ тамоми натиҷаҳои он киштӣ дар дафтари аъмоли тӯ сабт мешавад, ҳаёти ҷовидонаро барои тӯ дарпай дорад ва бо эҳёи ҳамешагии тӯ, ба тӯ ҷовидонагӣ мебахшад.

Калимаи ҳафтум

23وَ يُمٖيتُ “Ва юмитӯ” яъне, маргу мирҳо аз тарафи Ӯст, яъне, Ӯст ки аз вазифаи ҳаёт рухсат мекунад, ҷойгоҳи тӯро аз дунёи фонӣ тағйир медиҳад ва аз кулфату хизмат озод мекунад, яъне тӯро аз ҳаёти фонӣ ба ҳаёти боқӣ мебарад. Пас ин лафзи ҷалолуҳу бар ҷинну инси фонӣ фарёд бармекашаду мегуяд:

Мужда ва башорат бар шумо бод! Марг эъдом нест, ҳечу пуч шудан нест, нобудӣ нест, аз миён рафтан нест, хомӯшӣ нест, фироқи абадӣ нест, адам нест, тасодуф нест, нест шудан бидуни фоил нест, балки рухсату табдили маконест аз тарафи Фоили Ҳакими Раҳим, ҷазбу кушишест ба тарафи саодати абадӣ ва ватани аслии онҳо, дарест барои висоли маҷмуъи навадунӯҳ дар сади аз дӯстонамон дар барзах.

Калимаи ҳаштум

وَ هُوَ حَىٌّ لَا يَمُوتُ24 “Ва ҳува ҳаюу лоямут” яъне, дар ивази камолу ҳусну эҳсоне ки дар тамоми мавҷудоти ҳастӣ дида мешавад ва далели муҳаббат доштан ба онҳост, соҳиби ҷамолу камоли эҳсони бепоёну чандин мартаба волотари дигаре вуҷуд дорад ва маъбуди лам язалу маҳбуби лоязолуи дигаре ҳаст, ки танҳо як ҷилва аз ҷамоли ӯ дар баробари тамоми он маҳбубон кофӣ меояд ва соҳиби ҳаёти доимие – ки азаливу абадист – буда, муназзаҳ аз завол – ки нишонаи нуқсоният аст – мебошад ва аз фанову нишонаҳои нақсу қусур мубаррост. Пас ин лафзи ҷалолуҳу ба ҷинну инс ва тамоми бошуъурону аҳли муҳаббату ишқ эълон медорад:

Бар шумо мужда бод! Як маҳбуби боқӣ доред, ки дарди ҷудоиро дармон мекунад ва бар он марҳам мениҳад. Акнун ки Ӯро дореду абадист, ба чизҳои дигар фикр накунед ва нигарон нашавед, ҳусну эҳсон, фазлу камоле ки сабаби муҳаббататон ба маҳбубонатон шуда буд, сояи заифе аз сояи он маҳбуби боқист, ки он соя дар пушти пардаҳои ҷилваи ҷамоли боқии Ӯ пинҳон мебошад. Заволу нобудии онҳо шуморо андӯҳгин накунад, зеро онон ба манзалаи оинаҳое ҳастанд, ки иваз кардани ин оинаҳо барқи ҷилваҳои ҷамолро тозау зеботар мекунад. Ҳоло ки Ӯ ҳаст, ҳама чиз ҳаст.

Калимаи нуҳум

بِيَدِهِ الْخَيْرُ25 “Биядиҳи-л хайр” яъне, ҳама хайр дар дасти Ӯст. Тамоми аъмоли хайратон дар дафтари Ӯ ворид шуда ва ҳама аъмоли солиҳатон дар назди Ӯ сабт мешавад. Пас ин лафзи ҷалолуҳу ҷинну инсро садо мезанад ва мужда медиҳад:

Эй бечораву дармондагон! Замоне ки ба қабристон кӯч кардед, нагуед: “Эйвоҳ! Сармояамон бабоди ҳаво рафт, кӯшиши ноҷо кардем, танҳо як ваҷаб хок аз ин дунёи зебоу бузӯрг насибамон шуд.” бо нолау фарёд ноумед нашавед, зеро аз тамоми ончи доштаед муҳофизат хоҳад шуд ва аъмолатон навишта шудааст, ҳамаи хизматҳоятон сабт шудааст. Зоти Зулҷалое ки подошдиҳандаи хадамот Ӯ буда ҳамаи хайр дар дасти Ӯст ва ба анҷоми ҳар хайр қодир аст, шуморо ба сӯи худ мекашад ва муваққатан дар зери замин нигоҳ медорад, сипас баҳузури худ мепазирад. Хушо ба саодати шумо ки хадамоту вазифаи худро баитмом расонидед, заҳмататон бапоён расиду ба сӯйи осоишу раҳмат  меравед, хидмату сахтиву ранҷ тамом шуд, меравед то подош бигиред. Бале, Қадири Зулҷалоле ки базру ҳастаи баҳори гузаштаро, ки дар ҳукми варақаҳои дафтари аъмолу сандуқчаи хадамоти он башумор меравад муҳофизат мекунад ва дар баҳори баъдӣ ба сурати хиракунанда, ҳатто чанд мартаба пурбаракаттар аз асли он ҳифз карда ва сабаби рушду нумуи он мешавад, албатта натиҷаи ҳаёти шуморо низ ҳамчун он муҳофизат карда ва подоши хидматҳоятонро басурати густурда хоҳад дод.

Калимаи даҳум

وَ هُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ26  “Ва ҳува ъало кулли шайин қадир” яъне, Ӯ Воҳид асту Аҳад, Ӯ бар ҳар чиз тавоност, ҳеҷ чиз барои Ӯ сангинӣ надорад, барои Ӯ халқи як баҳор ба андозаи халқи як гул осонаст ва халқи Биҳишт низ ба андозаи халқи баҳор барояш саҳл аст. Маснуоти поённопазире ки дар ҳар рӯзу ҳар солу ҳар аср яке пас аз дигаре эҷод кардааст, қудрати бениҳояти Ӯро бо забонҳои бисёре шаҳодат медиҳанд. ин лафзи ҷалолуҳу низ мужда медиҳад:

Эй инсон! Хизматҳо ва бандагие, ки анҷом дода будӣ, бесамар нахоҳад буд, бароят дори мукофоту дори саодат ҳозир шудааст. Дар ивази ин дунёи фонӣ, биҳишти боқӣ мунтазири туст. Ба ваъдаҳои Холиқу Зулҷалоле ки ибодаташ кардаӣ ва Ӯро мешиносӣ, имон дошта бош ва иътимод кун. Муҳол аст хилофи ваъдааш амал кунад. Қудраташ аз ҳар назар бенуқсу бе айб аст, аҷз қудрати мудохиларо дар корҳояш надорад. Ҳамон гуна ки боғчаи хонаатро халқ кардааст, биҳиштро низ метавонад бароят халқ кунад ва халқ кардаасту ваъда додааст, чун ваъда додааст, бешак туро низ ба он ҷо хоҳад бурд.

Ҳоло ки ба хубӣ дида истодаем Ҷаноби Ҳақ бештар аз сесад ҳазор навъи миллатҳои мухталифи ҳайвоноту набототро дар ҳар сол ва бар рӯйи замин бо камоли интизому мизон ва бо камоли суръату суҳулат ҳашр мекунаду нашр медиҳад, пас бешак чунин Қадири Зулҷалол ба анҷоми ваъдаҳояш муқтадир аст.

Ва ҳам ин ки он Қадири мутлақ дар ҳар сол намунаҳои ҳашру биҳитро ба тарзи гуногуну мухталифе эҷод мекунад. Ва ҳам ин ки бо фармонҳои осмонӣ саодати абадиро ваъда карда муждаи биҳишт медиҳад.

Ва ҳам ин ки тамоми иҷроиёту корҳои Ӯ, ҳаққу ҳақиқат аст ва бо сидқу ҷиддият аст.

Ва ҳам ин ки бо шаҳодати осораш тамоми камолот ба камолоти бениҳояти Ӯ шаҳодат медиҳанду далолат мекунанд. Дар Ӯ ҳеҷ гуна айбу кутоҳие нест.

Ва ҳам ин ки медонем, бадқавлӣ, хилоф, кизбу фиреб аз бадтарин хислатҳост ва айбу камбудӣ башумор меравад, пас албатта ва ҳатмӣ он Қадири Зулҷалолу Ҳакими Зулкамол ва Раҳими Зулҷамол ба ваъдааш амал карда ва дарвозаҳои саодати абадиро боз хоҳад кард ва шуморо ба биҳишт ба ватани аслии падаратон Ҳазрати Одам – эй аҳли имон – дохил хоҳад кард.

Калимаи ёздаҳум

وَ اِلَيْهِ الْمَصٖيرُ27 “Ва илайҳи-л масир” яъне, инсонҳо ки барои тиҷорату анҷоми маъмурият ба ин дунё – яъне ба ин дори имтиҳон – фиристода шудаанд ва вазифаҳои муҳим бадуш доранд, тиҷораташонро анҷом медиҳанд ва вазифаҳояшонро ба итмом мерасонанд ва баъд аз бапоён расонидани хадамоташон, дубора ба назди Холиқи Зулҷалол бархоҳанд гашт, ки фиристонандаи онҳо буд ва бо Мавлои Карими худ мулоқот мекунанд, яъне аз ин дори фонӣ гузашта, дар макони боқӣ ба ҳузури Кибриёи Парвардигор мушарраф хоҳанд шуд, яъне аз муҷиботи парешонӣ наҷот меёбанд ва пардаҳои торики восита бардошта хоҳанд шуд ва дар макони салтанати абадӣ бепарда бо Рабби Раҳимашон мулоқот хоҳанд кард, ҳар кас мустақиму бевосита Холиқ, Маъбуд, Раб, Сайиду Молики худро шинохта ва меёбад, пас ин лафзи ҷалолуҳу болотар аз тамоми муждаҳои додашуда, башорате медиҳаду мегуяд:

Эй инсон! Оё медонӣ ба куҷо меравӣ ва ба куҷо кашида мешавӣ? Ҳамон тавр ки дар қисмати охири “Гуфтори сию дуюм” гуфта шудааст, бидон! Як соати зиндагӣ дар биҳишт бо ҳазор сол зиндагии саодатмандонаи дунё баробар аст ва як соат дидани ҷамоли ҷамили Зулҷалол, бо ҳазор сол зиндагӣ дар биҳишт баробарӣ мекунад ва инак тӯ барои ноил шудан ба мақоми дидори ҷамолу ба доираи раҳмати он зоти Ҷамили Зулҷамол меравӣ, ба ҷойгоҳи ҳузури Маъбуди ламязол ва Маҳбуби лоязол меравӣ ки ҳусну ҷамоли тамоми мавҷудоти дунёву тамоми маҳбубони маҷозие ки мубталову мафтуну муштоқи онҳо ҳастӣ, танҳо сояе аз ҷилваи ҷамолу ҳусни асмои Ӯст, тамоми Биҳишт бо ҳамаи нозукияш, як ҷилваи раҳмати Ӯст, тамоми иштиёқҳо, муҳаббатҳо, ҷаззобиятҳоу ҷозибаҳо, партаве аз муҳаббати Ӯ мебошад ва ба Биҳишт ба зиёфатгоҳи абадии худ даъват мешавед, вақте ки чунинаст, на ин ки гирён, балки хандон ба дарвозаи қабр ворид шавед.

Ҳамҷунин ин лафзи ҷалолуҳу мужда медиҳаду мегуяд:

Эй инсон! тасаввур накун ба фано ба адам, ба нестӣ, ба зулумот, ба нусён, ба пӯсидагӣ, ба вайрониву нобудӣ меравӣ ва дар такопую касрат ба нобудиву хафагӣ маҳкумӣ! Шумо на ба фано, балки ба бақо меравед ва на ба адам, балки ба сӯйи вуҷуди доимӣ кашида мешавед ва на ба зулумот, балки ба олами нур ворид мешавед ва ба сӯйи соҳибу молики ҳақиқӣ меравед ва ба пойтахти Султони Азалӣ бармегардед ва дар будану касрати маҳкум ба набудану хафагӣ нестед, балки дар доираи ваҳдат нафас хоҳед кашид. Ва на ба ҷудоӣ, балки ба висол хоҳед расид.

Бахше аз канфронси иҷроя шуда ба донишҷуён ва талабаҳои Рисолаи Нур

بسم الله الرحمن الرحيم

Эй азизони арзишманду ташна ба оби ҳаёти имон!

Пеш аз ҳар чиз бояд эътироф кунам, ҷойгоҳи ман дар ин канфронс ва ин курсӣ сабаб намешавад, то худро болотар аз шумо бубинам, бидонед, Худро бародари шумо медонам, ин канфронс, аз сабаби бисёр мӯҳтоҷ буданам, ба ман дарси нафеъ (фои-дабахш) мебошад. Мухотаби он худам ҳастам, дарсамро ба унвони музокира бо шумо дӯстони пок қалбам хоҳам хонд, агар камбудие дидед, аз ман аст ва камолоту зебоиҳои он махсуси Рисолаи Нур аст, ки дар суханонам аз он баҳра гирифтаам. Аввалин канфронси диниамон, ки аз имрӯз шурӯъ кардем, агар иттифоқи хоссе пеш наояд, ҳафтае як бор идома хоҳем дод, дар мавриди имон аст. Зеро ҳамон тавр ки Устоди арҷмандамон “Бадиуззамон Саъид Нурсӣ” дар аввалин давраи маҷлис баён карда буданд: “Волотарин ҳақиқати ҳастӣ, имон аст ва баъд аз имон, намоз аст.”

Пас мо низ муносиб дидем, ки дар ин канфронс, аз Қуръон, имон ва Расули Акрам (с.а.в.) сӯхан бигӯем, ИншоАллоҳ дуюмин ҷаласаи дарсамон дар мавриди “ибодату намоз” баргузор мешавад. Ба ҳамин далел ба дунболи асаре рафтам то ин дарсҳоро биомӯзам, дар ниҳоят Рисолаи Нурро баргузидам, зеро иҳтиёҷоти ҳаётӣ ва абадиро ба шеваи муносиб бо фаҳми авом таълим дода, зиёда панҷоҳ сол мешавад, ки мавриди эътимоду итминон аст ва муътабартарин асри динӣ башумор меравад.

Акнун сабаби интихоби имонро ба унвони мавзӯъи канфронс шарҳ медиҳам, барои ин кор матлабе дар мавриди ин асар ва муалифи он баён мекунам:

Душманони дини Ислом дар ин аср, нахуст нақшау барномаи нобудӣ ва суст кардани пояи (аркони) имонро сарлавҳаи кори худ қарор додаанд. Суиқасд барои нобудии арконҳои имонӣ, бо нифоқ ва дар зери ниқобҳои гуногун дар ин бисту панҷ сол (ин ҷумла дар таърихи 1950 милодӣ гуфта шудааст) бисёр ваҳшатнок буда аст. Ва шакли вайронгаре ба худ гирифта аст, ҳатто ба гунае ки таърих ба худ надида аст. Ҳамон тавр ки медонем, шубҳау инкор дар яке аз аркони имон аз бемасъулиятӣ дар қиболи фурӯъи динӣ чандин мартаба кушандау зиёнмандтар аст, бадин сабаб муҳимтарин вазифаи мо табдили имони тақлидӣ ба имони таҳқиқӣ, қуввату нерӯ бахшидан ба имон ва наҷоти он мебошад, пас нисбат ба чизҳои дигар пардохтан ба аркони имон, амри заруриву ниёзи мубрам ҳатто амри воҷиб шудааст. Ин натанҳо барои Туркия балки шомили тамоми дунёи Ислом мешавад.

Бале кушиш барои таъмиру зиннат додани хонае ки пояҳои он пӯсида дар ҳоли фурӯ рафтан аст, барои вайрон нашудани он бино, чӣ кумаке метавонад кунад?! Оё талошу тадбир барои хӯшк нашудани шоху баргҳои дарахте, ки решаҳои он пӯсида аст фоида дорад?

Инсон ба қасре монанд аст, ки пояҳояш аркони имонӣ буда ва дарахтест ки решааш асоси имон аст. Муҳимтарин рукни имон низ “имони ба Аллоҳ” яъне имон ба Худост, баъд аз он “нубувват” ва “ҳашр” мебошад.

Пас инсон аввалин илме ки бояд кӯшиш ба омӯхтани он кунад, улуми имонест ва улуми имони дар ҳукми шоҳу подшоҳи асосии ҳамаи илмҳост.

Имон танҳо тасдиқи забонӣ нест, имон шомили мартабаҳои фаровонест. Имони тақлидӣ ба хусус дар ҷоҳилияти ин замон ва дар баробари амвоҷи туфони бединӣ, зуд хомуш хоҳад шуд. Аммо имони таҳқиқӣ нерӯи тағирнопазиру хомуш нашуданист. Касоне ки имони таҳқиқӣ доранд, ҳатто агар имону динашон дар маърази гирдбоди бединӣ қарор гирад, қудрати он гирдбод дар баробари нерӯи имонашон бетаъсир хоҳад буд, касе ки имони таҳқиқиро ба даст оварад ҳаргиз гирифтори васваса, шакку шубҳаи бединтарин файласуфон низ нахоҳад шуд. Мо низ бешубша ба ин натиҷа расидем, ки бино бар ҳақиқатҳои мавҷуд бо таълими имони таҳқиқӣ, ба имон нерӯ мебахшем ва суботу давому диққат дар хондани асари ҷомиъ аз ҳақиқатҳои Қуръону имон – ки саодати абадиву озодиро ба инсонҳо мебахшад – лозиму зарурист, мутаасифона бар акси он ба вазъияте гирифтор шудаем, ки дар мусибатҳои ваҳшатноки дунёиву ухравӣ маҳбус мондаем, бешубҳа ин ҳақиқати ҳоли мост, ягона чораи наҷотамон паноҳ бурдан ба оятҳои имонии Қуръони ҳаким ва ба тафсири волое аз оёти карима мебошад, ки он мутобиқ бо ин аср тафсир шудааст.

Акнун мебинем ҳаяҷоне аз нуру ангеза барои пай бурдан ба суоли “оё чунин асаре дар ин аср вуҷуд дорад?” дар чеҳраҳоятон дида мешавад.

Бале, барои ёфтани чунин асаре ки ба ниёзҳои мухталифи мо ҷавоб диҳад, бо диққату аҳаммият ҷустуҷӯ кардем, саранҷом ба ин натиҷа расидем, ки “Расоили Нур” асари Бадиуззамон Саъид Нурсӣ ҳамон асарест, ки дар пай он будем, ин асари муршид раҳбару раҳнамои комиле аз сӯйи Қуръон, барои ҷавонони Турк ва уммати мусулмону башарият мебошад. Ҳазорон каси дигар низ ҳамроҳ бо мо ба ин ҳақиқат, ки Расоили Нур наҷотдиҳандаи имон аст, шаҳодат медиҳанд.

Мо низ асоси кори худро бар ин мабно қарор додем, ки муалифи чунин асаре – ки вазифаи ҳидоятро дар қарни бистум ба уҳда мегирад – бояд дорои чунин хусусиёте бошад, тамоми ин хусусиятҳоро дар Расоили Нур ва муаллифи он Бадиуззамон Саъид Нурсӣ дидем.

Ин хусусиятҳо иборатанд аз:

  1. Муалифи он Қуръони ҳакимро устоду раҳбари худ қарор дода бошад…
  2. Қуръони ҳаким китоби муқаддасест, ки ҳовии улуми ҳақиқист ва хутбаи азалист, ки дар ҳар аср умуми табақоти иҷтимии инсонҳои он асрро мухотаби худ қарор медиҳад, бадин сабаб касе ки Қуръонро тафсир мекунад, дуруст бояд айни ҳақиқатҳои онро баён кунад ва барои анҷоми чунин тафсире, тафсиркунандаҳо набояд таҳти таъсири маслаку машраби худ қарор бигиранд ва набояд ҳавоу ҳаваси ӯ дар он мудохила кунад ва ҳамчунин барои исботи ҳақиқатҳои Қуръоние ки маъноҳои Қуръонро кашфу нишон медиҳанд лозим аст, ки он муфассир дорои шохисаҳое бошад, аз ҷумла алломаи мутахассис дар тамоми фанҳо ва соҳиби фикри бозу диди равшан ва ихлоси ҳақиқӣ бошад, илова бар он дорои заковати беназиру соҳиби иҷтиҳод бо қудрати нуфузу амиқ ва нерӯи қудсӣ бошад…
  3. Тафсири Қуръон бояд бо ихлосе таълиф шавад, ки дар тафсири он, муалиф набояд ба ҷуз ризои Ҷаноби Ҳақ ҳеҷ гуна манфиати моддиву маънавиро мадди назар дошта бошад, бояд ин кирдори шоистау воло дар тули ҳаёти ин муалиф ошкоро мушоҳида шуда бошад…
  4. Аз бузургтарин муъҷизоти Қуръон, муҳофизат аз ҷавониву тозагии худ дар ҳар замон аст, бояд Қуръон вижагӣ ҷавобгӯе ба тамоми иҳтиёҷотро дар ҳар замону асре дошта бошад, гӯё дар он аср нозил шудааст.  Пас тафсире ки ба ҷомеъа пешкаш мешавад, бояд бо кашфи ибъоде аз Қуръон ки назар ба асрамон дорад, тавре исботу шарҳ дода шавад, ки тамоми табақаҳои ҷомиъа аз авом то хавос битавонанд аз он баҳраманд шаванд.
  5. Муфассир бояд ба шевае ҳақиқатҳои имону Қуръонро исбот кунаду таълим диҳад, ки сабабу далелҳои ӯ касеро озурдахотир накунад, яъне исботгароӣ бо диди мусбатро яке аз асосоти кори худ  бидонад.
  6. Бояд касе ки ҳақиқатҳои Қуръонро дарс медиҳад, чунон нерӯманд, балиғ, нофизу муассир бошад, ҳам ба Ақлу ҳам ба Қалб ва ҳам ба Рӯҳу ҳам ба Виҷдон, нуру итминон бубахшад ва нафсро ба зонӯ шинонад ва ҳатто ба шайтон низ қабул кунонад…
  7. Инсонро аз хислатҳои баде ҳамчун худбин, ғурӯр, уҷб (мағрӯр ба амалҳо шудан) ва иноният наҷот дода, ахлоқҳои писандидау волое ҳамчун тавозӯъ ва фурӯтаниро ҷойгузини он кунад.
  8. Он олиме ки Қуръонро тафсир мекунад, бояд аз суннати Расули Акрам (с.а.в.), пайравӣ кунад, бояд зуҳду тақвои аъзам, ихлоси аъзам, суботи аъзам дар хизмат ба Дин, дурустиву садоқати аъзам, фидокориву иқтисоду қаноати аъзам дошта бошад. Хулоса ин ки муфассири Қуръон зоти хизматгоре бошад, ки навиштаҳояш бо нерӯи қудсӣ ва убудияти аъзаму тақвои азими рисолаи Аҳмадӣ намоёнгари партави вилояти Аҳмдӣ бошад.
  9. Муфассири Қуръон бояд ҳамчун мусулмони воқеъӣ шуҷоъву ҷасур бошад, чун замоне ки ӯ дар ҳоли баёни масъалаҳои шаръиву Қуръонист, набояд азобу шиканҷаҳои дигаронро мадди назар гирифта ва набояд таҳти таъсири он иттифоқот қарор бигираду фатвое диҳад. Бояд бо хурд шумурдани марг ва бо нерӯе аз имон ки битавонад ба василаи он дунёро ба мубориза биталабад, бепарво ҳақиқатро иброз намояд.

Илова бар ин дар чунин асри ваҳшатангезе, ки Уламоро ба дор меовезанд ва иҷозати нашри китобҳои диниро намедиҳанд, бахусус замоне ки қасди аз миён бардотани Қуръон ва хомуш шудани онро доранд, дар саҳна будани муршиди комил ки дастуроти шаръиро нашру таълиф карда бошад ва як муфассири аъзаму муътабари Қуръон ва як раҳбари комилу ҳақиқии ин асри Ислом, лозиму зарӯрист.

 Бале дар ин аср ҳамчун рӯз равшан аст, ки он нуҳ шарт дар “Расоили Нур” ва муалифи он Саъид Нурсӣ бахубӣ дида мешавад ва он ба иттифоқ, тавотуру иҷмоъи уламои Ислом собит шудааст, илова бар он ҳам миллати ҳушёри Мусулмон ва ҳам Амрикову ҳам Аврупо онро қабулу тасдиқ мекунанд.

 Бале дӯстони ман! Мо ба дунболи чунин тафсире аз Қуръон будем ва чунин муфассире мехостем.

***

Пас манзалату ҷойгоҳи додашуда ба инсон ва пешрафтҳои башариву камолоти мадании машҳуд, натиҷаи манфиатталабиву ғалабау бартариҷӯӣ ва қуввати ҷидолу муноққашаи ӯ нест, балки ба сабаби заъф дар ихтиёри ӯ гузошта шуда ва ба хотири аҷзаш ба ӯ кумак шуда ва ба ҷиҳати фақраш ба ӯ эҳсон ва ба сабаби ҷаҳлаш ба ӯ илҳом шуда ва барои рафъи ниёзҳояш ба ӯ икром гардида аст.

 

Тарҷумаи кўтоҳи маънои оятҳои Қуръони Карим ва ҳадисҳо

16. Ба номи Худованди пок аз ҳамаи норасоиҳо. ”… Ҳеҷ мавҷуде нест, ҷуз он ки Ӯро ба покӣ меситояд…” (сураи Исро ояи 44)  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. “Нест маъбуде ғайри Худо, Худованд яктост, шарике надорад. Ҳама мулк ва ҳастӣ аз они Ӯст. Ва ситоиш аз они Ӯст. Диҳандаи ҳаёт. Гирандаи ҳаёт. Ва Ӯ намурдааст, Ӯ зиндааст. Хайр дар дасти Ӯст. Бар ҳама чиз қодир аст. Ва ба сӯи Ӯ бармегардем. (ва ба сӯи Ӯст бозгашт) ” (Бухори Азон 155, Таҳаҷҷуд 21, Муслим Зикр 28, Тирмизи Мевакит 108, Муснад 1:47)

17. Нест маъбуде ғайри Худо.

18. Худованд яктост.

19. Шарике надорад

20. Ҳама мулк ва ҳастӣ аз они Ӯст.

21. Ситоиш аз они Ӯст.

22. Диҳандаи ҳаёт.

23. Гирандаи ҳаёт.

24. Ва Ӯ намурдааст, Ӯ зиндааст.

25. Хайр дар дасти Ӯст.

26. Бар ҳама чиз қодир аст.

27. Ва ба сӯи Ӯ бармегардем. (ва ба сӯи Ӯст бозгашт)

Эътизор

Эътизор

Аз сабаби он, ки ин китобча дар муддати чил дақиқа навишта шуда буд, аз баски ман ва ёрдамчие, ки ин сиёҳнависро навишт, ҳардуямон бемор будем. Бинобар ин, дар он баъзе камбудиҳою печдарпечиҳо метавонанд ҷой дошта бошанд. Аз бародарони худ интизорем, ки онҳо бо назари нармдилона онро нигоҳ кунанд ва он чие, ки онҳо зарур меҳисобанд, метавонанд ислоҳ намоянд.

 

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

اَلسَّلَامُ عَلَيْكُمْ وَ رَحْمَةُ اللّٰهِ وَ بَرَكَاتُهُ

Бародарони азиз ва сиддиқам!

Аввало: Шаби Барат ва фароррасидани моҳи мубораки Рамазонро ба шумо табрик гуфта аз Ҷаноби Ҳақ мехоҳам атои шаби Қадрро барои мо ва шумо беш аз ҳазор моҳи бо хайркунда ва инчунин вориди дафтари аъмоламон намояд. Мо ният кардем то абад, чунин дуо кунем: “ اَللّٰهُمَّ اجْعَلْ لَيْلَةَ قَدْرِنَا فٖى هٰذَا الرَّمَضَانَ خَيْرًا مِنْ اَلْفِ شَهْرٍ لَنَا وَ لِطَلَبَةِ الرَّسَائِلِ النُّورِ الصَّادِقٖينَ .”

Ҳамчунин ирсоли ду Қуръони муҷизона тавассути шумо дар ин моҳҳои муборак, Иншоаллоҳ чунон мадори баракот, савоб, ҳасанот ва футӯҳот аст, ки аз раҳмати Илоҳӣ масулияте дорем ҳар рӯзи ин моҳи Рамазон ҳукми як шаби қадрро бар имон дошата бошад.

Мо то ин вақт тадбир кардем, ки ҳар яке аз талабаҳои хоссӣ Рисолаи Нур дар инҷо, ҷузъе аз ду Қуръони мазкурро ҳамроҳ бо шумо қироат кунанд, то дар ҳар рӯзи моҳи Рамазон як бор Қуръонро хатм карда бошем. Аз раҳмати Ҷаноби Ҳақ масулият дорем, тавфиқ диҳад дар маҷлиси маънавӣ ва бисёр густурда, дар доирае, ки Испарто ва Кастамонро дарбар мегирад талабҳои Рисолаи Нур ҳалқаҳое ташкил диҳанд; шумо дар маркази он доира бошед ва шогирдони Рисолаи Нур дар атрофи шумо ва монанди маросими хатми Қуръон дар миёни Нақшабандиҳо амал кунед. Албатта аз онҷое, ки шумораи шогирдони Рисолаи Нур зиёд аст, дар миқёси бузург ва ба лиҳози маъно дар ҳама ҷо ҳузур доранд, умедвор ҳастам дар доирае, ки гуфтем ҳозир бошанд ва қироат бо ин тасаввур анҷом шавад ва маросими муқаддаси хатми Қуръон ба ин сурат амалӣ гардад.   

Нуқтаи Нӯҳум

НУҚТАИ НЎҲУМ

Яке аз ҳикматҳои рўзаи моҳи шарифи Рамазон аз нуқтаи назари шикастани рубубияти мавҳум ва бо шикастани нафс ва аҷзу нотавонии ў убудиятро меомўзад ва маълумотдиҳӣ оиди зарурияти рўза инаст:

Нафс, Раббашро шинохтан намехоҳад, Фиръавнона худро рубубият мехоҳад. Ба кадом азобҳое, ў дучор гардад, ин хислат дар вай боқӣ мемонад ва танҳо бо гуруснагӣ ин хислаташ шикаста мешавад.

Ҳамин тавр, рўзаи моҳи шарифи Рамазон бевосита ба ҷабҳаи Фиръавнонаи нафс зарба зада ва ўро мешиканад, аҷзашро, заъфашро, фақрашро нишон дода, ба вай мефаҳмонад, ки ў абд аст.

Дар ҳадис омадааст: Ҷаноби Ҳақ аз нафс пурсид:

«Ман ки ҳастам ва ту кистӣ?»

Нафс ҷавоб дод: «Ман – ин манам, Ту – ин Туӣ!»

ўро ба азобҳо гирифтор карда, ба ҷаҳаннам партофт, баъдан боз пурсид. Боз нафс ҷавоб дод: «Ана-ана, анта-анта!»

 Ба кадом азобҳое, ки ўро гирифтор мекард, аз аноният вай рўй намегардонд. Баъдан ўро гурусна гузошт. Боз пурсид: «Ман ана ва мо анта?»

     Нафс ҷавоб дод: «اَنْتَ رَبِّى الرَّحِيمُ وَاَنَا عَبْدُكَ الْعَاجِزُ»

  Яъне; “Ту Рабби Раҳими манӣ, ман бошам як абди оҷизи Туям…”

اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ صَلاَةً تَكُونُ لَكَ رِضَاءً وَ لِحَقِّهِ اَدَاءً بِعَدَدِ ثَوَابِ قِرَائَةِ حُرُوفِ الْقُرْآنِ فِى شَهْرِ رَمَضَانَ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ وَ سَلِّمْ

سُبْحَانَ رَبِّكَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ وَسَلاَمٌ عَلَى الْمُرْسَلِينَ وَ الْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ آمِينَ

Нуқтаи Ҳаштум

НУҚТАИ ҲАШТУМ

Яке аз ҳикматҳои зиёди моҳи шарифи Рамазон аз нигоҳи ҳаёти шахсии инсон инаст ки:

Барои инсон аз ҳама муҳимтарин як навъи дорў – ин худдории моддию маънавӣ, парҳез мебошад. Аз нуқтаи назари тиб; нафси инсон бо хурдану нўшидани кайф бахшидан ба саломатии моддии худ зарар мерасонад, инчунин байни ғизоҳои ҳалол ва ҳаром фарқ нагузошта, чизе ки зери даст афтад ғасб карда, одатан вай ҳаёти рўҳонии худро заҳролуд месозад. Ҳам ба ин гуна нафс, итоат кардан ба қалб ва рўҳ душвор мегардад. Пеш аз ин ки инсон савори нафс шавад вай лаҷомро саркашона ба даст гирифта, ба инсон савор мешавад.

Дар моҳи шарифи Рамазон, ба воситаи рўза, нафс як навъи парҳезиро унс гирифта, ба риёзат одат мекунад ва ба амрҳо пайравӣ карданро меомўзад. Меъдаи бечораю заифро пеш аз ҳазм бо таъом аз болои таъом пур накарда ва дар худ бемориҳоро ҷалб намекунад. Ба воситаи амрҳо вай ҳатто аз чизҳои ҷоиз ҳам даст мекашад, то инки худро аз ҳаром парҳез намуда, қобилияти итоат намуданро ба фармонҳое, ки аз ақл ва Шариъат бар меояд, пайдо мекунад. Ҳамчунон, кушиш мекунад, ки ҳаёти маънавии худро вайрон насозад.

Ҳам, аксарияти мутлақи инсоният тез-тез ба гуруснагӣ мубтало мешаванд. Баҳри сабру таҳаммул, онҳо ба гуруснагию парҳезкорӣ иҳтиёҷ доранд. Рўза дар моҳи шарифи Рамазон ба муддати понздаҳ соат, бе таъоми пеш аз субҳ бошад – бисту чор соат давом дорад, ба сабр ва таҳаммул ва ба як риёзат, одат намуда ва идмон мебошад. Ин аз он далолат медиҳад, ки рўза як навъ даво аз бесабрию бетаҳаммулӣ мебошад, ки онҳо мусибати инсониро дучанд месозанд.

  Ҳам, дар он фабрикаи меъда, ходимони зиёде ҳастанд. Боз ҷиҳозоти зиёди инсонӣ ҳаст, ки бо он робита доранд. Пас агар нафс рўзона, дар муддати як моҳ фаъолияташро мавқуф нагузорад, он гоҳ, ҳамон узвҳову хизматчиёни он фабрика ибодати асосии худашонро фаромўш ва онҳоро ба худ машғул карда, зери ҳокимияти худ мегирифт. Узвҳои боқимондаи инсониятро бошад, бо дуди механизмҳои он фабрикаи маънавӣ, мушаваш месохт. Пайваста диққати онҳоро ба худ ҷалб мекард. Муваққатан сабаб мешуд, то ки онҳо вазифаҳои олии худашонро фаромўш кунанд. Бинобар ин, аз давраҳои қадим, аҳли вилоят барои такоммул ёфтан, ба таъому ошомидании кам, худро одат мекунонданд.

     Танҳо моҳи шарифи Рамазон, ходимони он фабрика дарк мекунанд, ки онҳо танҳо барои ин фабрика офарида нашудаанд. Ҳамчунин, соири узвҳо бо ҳамроҳӣ лаззатҳои суфлии он фабрика дар моҳи шарифи Рамазон аз лаззатҳои малакутию маънавӣ, ҳаловат мебаранд ва ба онҳо диққати худро равона месозанд. Барои ҳамин, дар моҳи шарифи Рамазон диндорон вобаста аз дараҷаи инкишофи маънавиёташон сазовори нуру файз ва сурури гуногуни маънавӣ, мегарданд. Ба воситаи рўза дар ин моҳи муборак, барои латоиф мисли қалб ва рўҳ, ақл ва сирр, тараққиёт ва файзҳои фаровоне дорад. Онҳо маъсумона ба муқобили гиряҳои меъда механданд.

Нуқтаи Ҳафтум

НУҚТАИ ҲАФТУМ

Аз нуқтаи назари ҷамъоварии неъматҳо аз тарафи навъи инсон, ки ба ин дунё барои зироат ва тиҷорати охират омадааст, яке аз ҳикматҳои бешумори сиёми Рамазон инаст ки:

Дар моҳи шарифи Рамазон савоби амал аз як ба ҳазор мерасад. Мувофиқи (насси ҳадис) ҳар як ҳарфи хондашудаи Қуръони Ҳаким даҳ савоб ва даҳ ҳасана дорад, инчунин даҳ меваи биҳиштиро дарбар дорад. Дар моҳи шарифи Рамазон бошад, на ин ки даҳ савоб, балки ҳазор савоб мешавад; ва дар ин гуна оятҳо, ҳамчун, «Оят ал-Курсӣ» ҳазорҳо савоб аст ва савоби он дар рўзҳои ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон бошад, боз ҳам бисёртар. Дар Шаби Қадр бошад, сӣ ҳазор ҳасана ҳисобида мешавад!

Бале, Қуръони Ҳаким, ки бар ивази ҳар як ҳарфаш сӣ ҳазор меваҳои абадӣ медиҳад, ба шаҷараи нуронии Тубо шабоҳад дошта, барои имондорон дар моҳи шарифи Рамазон имконият медиҳад, ки миллионҳо меваҳои абадӣ фоида ба даст биёранд. Пас биёву ба ин тиҷорати қудсӣ, абадӣ, фоидабахш назар кун, бо диққат нигоҳ кун, андеша намо ва бифаҳм: Чӣ қадар дар хасорати бепоён мемонанд онҳое, ки аҳамиятнокии ин ҳарфҳоро қадр накрданд!

Ҳамин тавр, моҳи шарифи Рамазон барои намоишгоҳи фоидаовар, мисли бозорест барои тиҷорати ухравӣ. Ҳам барои ҳосилоти ухравӣ, як замини серҳосил, инчунин моҳи баҳорӣ, барои нашъунамои аъмол аст. Ин моҳ ба худ симои идонаи қудсиро барои намоиши убудияти башарият, дар назди Салтанати Рубубияти Илоҳӣ мегирад. Барои он ки инсон ба ғафлат ва дар ин гуна эҳтиёҷҳои ҳайвонӣ ба монанди, хўроку об, инчунин ба иштиҳои молояънӣ ва ҳавопарастона ғарқ нашавад вазифаи ў нигоҳдории рўза шудааст. Гўё, аз ҳолати ҳайвонӣ муваққатан баромада ба ҳолати малакутӣ дохил шуда, ё инки машғули тиҷорати охират гаштаву муваққатан эҳтиёҷоти дунявии худро яксў монда, ба тасвири як одами ухравӣ даромада ва ҷисман дар тасвири як рўҳе зоҳир шуда, бо савми худ, то як навъе ба мисли оина сифати Самадиятро инъикос мекунад.

Ҳамин тавр, моҳи шарифи Рамазон дар ин дунёи фонӣ, дар ин умри фонию ҳаёти кўтоҳ, дохил намудани ҳаёти дарозу умри абадиро медиҳад ва дарёфт мекунонад.

Бинобар ҳамин, танҳо Рамазон имконияти ба даст овардани самараи ҳаёти ҳаштодсоларо медиҳад. Насси қатъии ин гуфтаҳо, Қуръон мебошад, дар он овардашуда, ки Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳ аст.

Ба монанди он, ки як подшоҳ дар муддати салтанати худ, ҳар сол баъзе рўзҳоро ид эълон мекунад; ё соли ба тахт омадани худро, ё инки рўзи дигареро барои ифоданамоии бо шукўҳии ҷилваи салтанати худ. Дар ин рўз, на дар доираи қонунҳои асосӣ, балки ў зердастонашро мукофот медиҳад, ҳам халқи арзандаю бо садоқати худро бо мукофотҳо ва ҳузури шахсии худ бе парда, бо илтифоти хосси худ, бо иҷроъоти фавқулода ва хайрхоҳии ғайриодии бевоситаи худ сарфароз мегардонад.

Ба ҳамин монанд, Султони Азалу Абад, Подшоҳи Зулҷалоли ҳаждаҳ ҳазори олам, дар моҳи шарифи Рамазон Қуръони Ҳакимро нозил кард, ки фармони олишаъни худи ўст, ба он ҳаждаҳ ҳазор олам таалуқ ва нигаронида шудааст.

Султони Азал ва Абаде, ки Подшоҳи Зулҷалоли ҳажда ҳазори олам мебошад, Қуръони Ҳакимро дар моҳи шарифи Рамазон нозил кард, Қуръони Ҳакиме ки як фармони олишаън аст ва назар ба онҳо дорад. Албатта муқтазои ҳикмат аст, ки Рамазон, симои махсуси иди Илоҳиро пайдо карда, ки як навъ намоишгоҳи машҳари Раббонӣ ва як маҷлиси рўҳонӣ мебошад. Модоме, ки Рамазон ид мебошад, пас албатта, барои он ки то як дараҷае инсонҳоро аз машғулиятҳои суфлию ҳайвонӣ канор бубарад, ба онҳо фармон шудааст, ки рўзаро ба ҷо биёранд.

Мукаммалии ин рўза бошад: Ҳамаи ҳиссиёту ҷиҳозоти инсонӣ, ба монанди чашму гўш, қалб, тахайюлоту андешаҳои ў, монанди меъда, барои гирифтани як навъ рўза водор месозад. Яъне, аз муҳаррамот, аз молояънӣ, худдорӣ карда, ҳар яки онҳоро ба убудияти махсус водор месозад.

Масалан: Забонро ба воситаи гирифтани рўза, аз фиреб, ғайбату бадлафзӣ дур сохта, ин лисонро барои ин гуна корҳо, ба монанди қироати Қуръон, зикр, тасбеҳ, салавот ва истиғфор машғул кунад…

Масалан: Чашмҳоро аз нигоҳи пасти одамони номаҳрам ва гўшҳоро аз бадлафзиҳо манъ карда, чашмҳоро ба мисолҳои ибратбахш, гўшҳоро барои суханони дуруст ва шунидани Қуръон истифода барад. Ба монанди ин, боқимонда аъзоҳои инсониро барои баҷооварии рўзаи махсус водор созад. Зотан меъда, ки аз ҳама фабрикаи азим ба ҳисоб меравад, агар бо рўза фаъолияти онро боз дорем, он вақт дигар дастгоҳҳои хурди ин фабрикаро барои пайгирии он тобеъ сохтан осон мегардад.

 

Мактуби Нуздаҳум

МАКТУБИ НУЗДАҲУМ

Ин рисола бештар аз сесад мӯъҷизаи Расули акрамро, ки рост будани рисолати ӯро собит мекунанд, баён мекунанд. Мӯъҷизаҳо ҳамчунин баёнгари онанд, ки худи онҳо дар навбати худ як каромот ва атои хеле бузург ҳастанд. Онҳо дар зоти худ амали ғайриоддӣ буда, инро бо бештар аз се роҳи зайл  бозгӯ мекунанд:

Якум, таълифи ҳамин рисолае, ки айни ҳол дар даст доред, худ бидуни шак, корест ғайриоддӣ. Зеро он бидуни рӯй овардан ба сарчашмаҳо, яъне танҳо бо эътимод бар ёддоштҳо таълиф шудааст. Бо вуҷуди он ки рисола шомили чанд ривоят аз ҳадисҳои шариф аст, дар бештар аз сад саҳифа, дар доманаҳои кӯҳҳо, миёни дараҳо ва боғҳо дар фурсати наздик ба чор рӯз ва ҳар рӯзе се соатӣ, дар маҷмӯъ дар зарфи дувоздаҳ соат таълиф шудааст.

Дуюм, он касе, ки мехоҳад онро нусхабардорӣ кунад, ҳаргиз аз ин кор хаста намешавад. Ҳарчанд онро мутолиа кунад ва ё бинависад, бо вуҷуди тулонӣ буданаш ҳаловаташро гум намекунад. Барои ҳамин аст, ки баъзе нависандагони танбалро, ки дар атрофи мо қарор доранд, водор ба он кард, ки бештар аз ҳафтод нусхаи онро дар як сол бинависанд, ин ҳам бошад дар ин даврони сахт. Ин кор боиси он гашт, ки ононе, ки шароити моро хуб медонанд, қаноатманд шуданд, ки ин рисола худ яке аз каромоти ҳамон мӯъҷизаҳо мебошад.

Сеюм, дар тамоми ин рисола ибораи «Паёмбари гиромӣ (с.а.в ва дар сархати панҷуми он ибораи «Қуръони карим» дар суҳуфи яке аз нусхабардорон мувофақат намуд, бе ин ки худи он кас инро дониста бошад ва аҷибтараш дар он аст, ки ин ҳама баҳамомаданҳо дар саҳифаҳои ҳашт нафар нусхабардорони дигар низ мушоҳида шуд, бе он ки онҳо варақаҳои ҳамдигарро дида ва қаблан бо ҳам якҷо нишаста бошанд ва билохира, пеш аз он ки ин корро ҳатто худи мо маълум намоем. Он касе, ки андаке инсоф дошта бошад, албатта, инро тасодуф намегӯяд, балки ҳар касе, ки рисоларо мутолиа мекунад, албатта, онро яке аз асрори ғайб меҳисобад ва яқин мекунад, ки он худ каромоте аз кароматҳои мӯъҷизаофарини ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) мебошад, ки дуруду раҳмати беканори Худованд бар ӯ бод.

Инро низ дар назар бояд дошт, ки асосҳоеро, ки ин рисола фаро мегирад, хело муҳиманд ва тамоми ҳадисҳое, ки дар он оварда шудааст, илова бар он ки ҳама дар назди имомони ҳадис саҳиҳ ва мақбуланд, ривоятҳоро ба таври қотеъона ва бо исботи бештар баён мекунад.

Агар мо тамоми хусусиятҳои ин рисоларо бихоҳем баён намоем, мо ниёз ба як рисолаи дигаре ба ҳаҷми ҳамин рисола дорем. Барои ҳамин мо хондани онро ақалан барои як маротиба пешниҳод мекунем, то хонанда худ ин хусусиятҳоро эҳсос намояд.

 

                                                     Саъид Нурсӣ

 

 

ОГОҲӢ*

Ман дар ин рисола ҳадисҳои зиёдеро овардаам, дар ҳоле ки дар пеши ман ҳеҷ як аз китобҳои ҳадис набуд. Пас, агар ман дар ибораи ҳадисе, ки дар рисола омадааст, иштибоҳ карда бошам, бояд ислоҳ карда шавад ва маънои он дар назар гирифта шавад. Зеро қавли роҷеҳ он аст, ки ривоят намудани маънои ҳадиси шариф ҷоиз аст, ба ин маъно, ки гӯяндаи ҳадис метавонад маънои ҳадисро бо ибораҳое аз пеши худ нақл намояд. Пас, агар дар ин рисола ҳадисеро мушоҳида намоед, ки бо дигар ибора омадааст, бояд онро ба маънояш ҳамл намуд ва дар назар дошта бошед, ки ман маънои ҳадисро мазмунан баён намудаам.

                                                      Саъид Нурсӣ

 

 

    

МӮЪҶИЗАҲОИ АҲМАДӢ

Бар соҳиби ин мӯъҷизаҳо беҳтарин салавоту бузургтарин салом бод!

                                       Ба номи поки ӯ

 

«Ҳеҷ чизе вуҷуд надорад, магар ин ки барои шукронаи ӯ тасбеҳ мегӯяд».

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

 «Ӯст Зоте, ки Паёмбари худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар тамоми динҳо зоҳир намояд ва барои гувоҳӣ додан Худо кофист. Муҳаммад фиристодаи Худост…»

 

(Ба сабаби он ки ибораҳои нуздаҳ ва сиву як хос ба рисолати Аҳмадӣ буда,  исбот намудани паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) -ро бо далелҳои қотеъона анҷом медиҳанд, мо ба ин қазия аҳамияти хосса дода, дар ин ҷо барои пурра шудан онро баён мекунем ва ишорае ба ин ҳақиқати бузург намуда, зимнан нуздаҳ ишораи пурмазмуну пурмуҳтаворо хоҳем овард).

 

ИШОРАИ АВВАЛ

Бешак, соҳиби ин ҷаҳон ва Парвардигори олам бо илми худ ҳарчи мехоҳад, меофарад, аз рӯйи ҳикмат дар корҳояш амал намуда, аз рӯйи дидгоҳи худ ҳамаро идора мекунад, ҳама чизро бо илму фаҳмишаш назора карда, ба мақсади намоён кардани ҳикмат, ҳадаф ва фоидаҳои тамоми он чи мо мушоҳида мекунем, корҳоро амалӣ мекунад.

Пас, Офаридгор ҳамаро медонад, модоме ки ҳамаро медонад, тавони сухан гуфтанро дорад ва аз он ҷое , ки ӯ сухан мегӯяд, пас ҳатман бо касоне сухан мегӯяд, ки ӯро мешунаванд, шуур доранд ва онро дарк мекунанд. Дар навбати аввал ӯ бо инсоне сухан мегӯяд, ки беҳтарин навъи бошуур, мутафаккир ва бофаҳм аст. Пас, модоме ки каломи ӯ ба насли башарият аст, табиист, ки ӯ бо ононе, ки сазовори хитоб мебошанд, ба ҳади камоли инсоният расидаанд, ононе, ки омодагии болотару ахлоқи накӯтар доранд, сазовори онанд, ки барои ҷинси башарият намуна ва роҳнамо бошанд. Пас, бешак, Худованд бо Муҳаммад (с.а.в), ки дӯсту душман дар ҳаққи ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ӯ соҳиби беҳтарин ахлоқу бузургтарин одоб аст, сухан мегӯяд. Ҳамон паёмбаре, ки панҷяки ҷаҳониён аз ӯ пайравӣ мекунанд ва дар зери парчами маънавии ӯ ними ҷаҳон пайваст шудаанд ва оянда  нуреро, ки ӯ овардааст, муддати бештар аз сездаҳ аср истифода мебаранд, Паёмбаре, ки ба ӯ аҳли имон ва мардуми нуронӣ ҳамеша салавот мефиристанд ва барои ӯ бо раҳмату саодату муҳаббат сано ва дуо мекунанд ва ҳамеша бо ӯ паймонро ҳамарӯза панҷ маротиба аз нав мебанданд. Дар ҳақиқат, Худованд бо ин Паёмбар (с.а.в) сухан гуфтааст, ҳатман чунин инсонро ҳамчун расул интихоб намудааст ва дар воқеъ, ӯро намуна ва пешвои тамоми мардумон гардонидааст, ки дар асл ҳам чунин аст.

 

ИШОРАИ ДУЮМ

Паёмбари бузургвор, паёмбарии худро эълон кард, барои он далелҳо овард ва бо беш аз ҳазорон мӯъҷизае. ки назди уламо ва муҳақиқин собит мебошанд, таъйид ёфт. Ин мӯъҷизаҳо дар маҷмӯъ собит ва қатъӣ мебошанд, ба ҳамон тавре ки худи паёмбарии эшон собит ва қатъист, ҳатто он сару садоҳое, ки аз кофирони даврони бадхоҳ бо номи сеҳр мебаромад ва онро Қуръони карим дар чандин ҷой аз забони кофирон зикр намудааст, худ ишора ба он мекунад, ки онҳо субути мӯъҷизаро инкор накардаанд ва наметавонистанд ҳам онро инкор кунанд, вале барои худфиребӣ ва пайравӣ аз хоҳишоти нафсонии худ онро сеҳр меномиданд.

Бале, мӯъҷизаҳои Аҳмадӣ қатъиян пурра ва ба сатҳи садҳо мутавотир расидаанд ва ҳаргиз роҳе барои инкор намудани онҳо вуҷуд надорад.

Мӯъҷиза худ эътимодест аз ҷониби Парвардигори оламиён ба Паёмбари бузургвор (с.а.в), зеро он ки мӯъҷиза ба ҷойи чунин сухани Худованд омадааст: «Ин бандаи Ман рост мегӯяд, пас шумо аз ӯ фармонбардорӣ намоед!».

Мисол. Агар ту дар ҳузури подшоҳе  бошӣ ва  ба атрофиёни худ бигӯӣ, ки ин подшоҳ маро барои фалон кор таъйин намуд, ва вақте мардум аз ту барои ин гуфтаҳоят ҳуҷҷату далел талаб кунанд, подшоҳ худ ишора намояд, ки бале, ман дар ҳақиқат ӯро ба чунин кор таъйин намудам, оё ин худ далел ба рост гуфтан нест? Хусусан агар ин подшоҳ ба хотири ту нишонаҳояшро иваз кунад ва қонунҳояшро тағйир диҳад ва хоҳишоти туро бароварда кунад? Оё ин корҳо ҳуҷҷати қавитаре барои даъвоҳои ту намегардад, аз ин ки подшоҳ танҳо «Бале» бигӯяд?

Даъвоҳои Паёмбар  (с.a.в) низ чунин буданд, ӯ мегуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори оламиёнам ва далел ҳамин аст, ки Худованди мутаъол бо зораю дуо ва таваллои ман қонунҳояшро тағйир мекунад, биёед, шумо ба ин ангуштони ман назар кунед, ки чи гуна аз байни онҳо об ҷорӣ мешавад, ҳамчуноне ки аз чашмасорон ҷорӣ мешавад, шумо ба тарафи ин моҳ назар кунед, ки барои ман бо як ишора дупора мегардад, шумо ба ин дарахт нигоҳ кунед, ки чи гуна ба тарафи ман меояд ва ростгӯ будани маро тасдиқ мекунаду шаҳодат медиҳад, шумо ба ин таоми андак назар кунед, ки чи гуна дусад ва ё сесад нафарро сер мегардонад…»

Бо ҳамин тариқ, Паёмбар (с.а.в) садҳо мӯъҷизаҳоро аз амсоли ин нишон медиҳад.

Дониста бош, ки далелҳо барои рост будани Паёмбар (с.а.в) ва ҳуҷҷатҳои паёмбарии ӯ танҳо дар мӯъҷизаҳояш набуданд, балки муҳаққиқин бар ин назаранд, ки тамоми ҳаракат, гуфтор, рафтор, суханон, ахлоқ, кирдор, шаклу сурат ин ҳама рост буданд ва ихлоси ӯро собит мекарданд, ба дараҷае, ки бисёре аз олимони Бани Исроил танҳо бо як дидани чеҳрааш ба ӯ имон оварданд, ба монанди Абдулллоҳ ибни Салом, ки мегуфт: «Вақте чеҳраи ӯро дидам, эҳсос намудам, ки ин чеҳраи дурӯғгӯ нест».[1]

Бо вуҷуди ин ҳама мӯъҷизаҳо муҳаққиқин ва уламо ҳазорон ҳуҷҷату далел, балки садҳо ҳазор далелро барои исботи паёмбарии ӯ (с.а.в) ва мӯъҷизаҳояш  ёдрас шудаанд. Бо вуҷуди он ки садҳо ҳазор мардум дорои афкори мухталиф буданд, онро ба садҳо ҳазор роҳ тасдиқ намуданд. Худи Қуръони карим ба танҳоӣ ҳазор далелу ҳуҷҷатро барои исбот намудани паёмбарии ӯ (с.а.в) илова бар чиҳил намуд мӯъҷизаҳояш овардааст.

Вақте дар ҷинси одамизод паёмбари воқеъшуда ва собит аст ва садҳо ҳазор инсонҳо[2] дар тӯли таърих омаданду паёмбарии худро эълон намуданд ва барои исботи даъвоҳои худ мӯъҷизаҳо оварданд, пас бидуни шак, паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) аз дигарон собиттару қавитар мебошад. Далел он аст, ки доираи паёмбарии дигар паёмбарон, чигунагии бархӯрди онҳо бо умматҳояшон ва далелу хусусияту вазъияте, ки ба паёмбарии онҳо далолат мекард, ба монанди ҳазрати Мусо ва Исо бо тамоми маъно ва беҳтарин сурат дар Муҳаммад (с.а.в) дида мешуд. Ҳамчуноне ки ҳукми паёмбар ва асбоби он дар шахсияти ӯ ба пуррагӣ дида мешуд. Пас, метавон гуфт, ки ҳукми паёмбарии ӯ (с.а.в) аз дигарон паёмбарони илоҳӣ (а.с) собиттар мебошад.

 

ИШОРАИ СЕЮМ

Мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в), хело зиёду гуногун мебошанд ва ин ба сабаби он аст, ки рисолати ӯ умумӣ буда, тамоми оламиёнро дар бар мегирад. Аз ҳамин сабаб аст, ки мӯъҷизаҳои ӯ дар бештарин намудҳои коинот дида мешуд. Мо барои бештар тавзеҳ додани ин масъала чунин мисол меорем, ки агар сафири бузургворе аз назди подшоҳи бузурге ба зиёрати шаҳре биёяд, ки пур аз инсонҳои гуногун бошад ва ин сафир бо худ барои аҳолии ин шаҳр ҳадяҳои пурарзиш оварда бошад, пас ҳар тоифа барои вохурӣ ва пешвози ин сафир аз номи қабила намоянда мефиристад, то аз номи онҳо меҳмонро хайрамақдам гӯяд.

Ҳамчунин вақте бузургтарин сафири подшоҳи азалӣ ин оламро бо қудуми худ мушарраф гардониду онро мунаввар сохт ва ӯ ҳамчун намояндаи Парвардигори оламиён ба тарафи аҳли замин омаду бо худ ҳадяҳои маънавӣ ва ҳақиқатҳои мунавваре овард, ки ба ҳақиқати тамоми олам тааллуқ доранд, аз ҳар гуна тоифа махлуқот омада, ӯро бо забони хоси худ хайрамақдам гуфтанд ва дар ҳузури эшон ҳар тоифа мӯъҷизаи тоифаи худро барои тасдиқи ӯ ба намоиш гузоштанд ва ӯро «Хушомадед» гуфтанд. Тамоми махлуқот аз санг шурӯъ намуда, то Моҳ, Офтоб ва ситорагон гӯё ҳама ба забони ҳоли худ такрор менамуданд, ки биъсати ту муборак ва ҳумоюн бод!

Баҳси ин ҳама мӯъҷизаҳо ниёз ба чандин муҷаллад китобҳо дорад, зеро онҳо хело зиёду гуногун мебошанд. Олимони пок дар тафсилоти ин мавзӯъ ва барои далелҳои исботи Паёмбар будани ӯ (с.а.в) чандин ҷилд китобҳои бузург таълиф намуданд, вале мо дар ин ҷо аз миёни ин ҳама мӯъҷизаҳои зиёд ба тариқи мухтасар ба баъзе мӯъҷизаҳое, ки қотеъона ва яқинан ба мо расидаанд, мепардозем ва ба он иктифо мекунем.

Далелҳо барои исботи Паёмбар будани Муҳаммад (с.а.в) ду намуд мешаванд:

Якум. Ҳолатҳое,ки он бо номи ирҳосот машҳур мебошанд ва он иборат аз ҳамон ҳодисаҳои ғайриоддиест, ки ҳангоми таваллуд ва ё пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) рух додаанд.

Дуюм. Дигар намуд далелҳои Паёмбар(с.а.в). Ин намуд боз ба ду қисм тақсим мешавад:

а) Корҳои ғайриоддие, ки баъди Паёмбар (с.а.в) рух додаанд ва ба рост будани Паёмбарии ӯ (с.а.в)  далолат мекунанд.

б) Корҳои ғайриоддие, ки дар замони ҳаёти мубораки ӯ (с.а.в) рух доданд ва ин қисм боз ду намуд мешаванд:

1) Он чи аз даелҳои Паёмбар  дар (с.а.в) шахсият, рафтор, сурат, ахлоқ ва камоли ақли ӯ дида мешавад.

2) Он корҳои ғайриоддие, ки берун аз зоти поки ӯ дар фазо ва олам рух додааст. Ин боз ба ду намуд ҷудо мешавад:

а) Мӯъҷизаҳое, ки ҳангоми даъвати Паёмбар (с.а.в)  рух додааст ва ин кор барои шикастани саркашии кофирон ва ё барои пурқуввват гардидани имони муъминон рух додааст, ба монанди дупора гардидани Моҳ, ҷорӣ шудани об аз миёни ангуштони шарифашон, сер гардонидани гурӯҳи зиёде бо андак таом, ба сухан омадани ҳайвонот, дарахтон ва сангҳо ва ҳамчунин мисолҳои дигаре, ки теъдодашон ба бист мерасад ва ҳамаи инҳо ба дараҷаи тавотури маънавӣ мерасанд ва барои ҳар намуди он метавон чандин  намуна овард.

б) Ҳодисаҳоеро, ки Паёмбар  (с.а.в) пеш аз ба вуқӯъ омаданашон бо кумаки Парвардигор дар бораи онҳо хабар дода буд ва дере нагузашта ин ҳодисаҳо, ба ҳамон тавре ки ӯ хабар дода буд, ба вуқӯъ омаданд.

Акнун мо аз ҳамин қисми охир суханро оғоз мекунем, то ба ҳамин тариқ ба силсилаи феҳрасти умумӣ бирасем.

 

ИШОРАИ ЧОРУМ

Он чи Паёмбар  (с.а.в) бо дастуроти илоҳӣ, ки ҳама ғайбро доност, аз умури ғайбӣ хабар додааст, хело зиёд ва аз доираи ҳисобу шумора берун аст. Мо дар ибораи бисту панҷум, ки хос дар мавзӯи эъҷози Қуръон буд, ишора намуда,  чандин далелҳо оварда будем. Аз ҳамин сабаб, барои ошноӣ ба хабарҳои ғайбӣ, ки вобаста ба замонҳои гузашта, паёмбарони пешин, ҳақиқатҳои илоҳӣ, ҳақиқатҳои олам ва ҳақиқатҳои охират аст, метавон дар ин хусус ба ҳамон ибора муроҷиат намуд. Аммо дар ин ҷо мо баъзе мисолҳоро дар хусуси хабарҳои ғайбӣ, ки ба олу асҳоби Паёмбар (с.а.в) мерасанд, хоҳем овард, ки баъди вафоти Паёмбар (с.а.в)  рух додаанд ва ҳамчунин хабарҳо дар хусуси он ки бар сари умматони ӯ дар ояндаҳо чи чизҳо хоҳад омад, зикр хоҳад шуд. Барои пурра расидан ба фаҳми ин ҳақиқат мо пеш аз оғози баҳс шаш асосро ҳамчун муқаддима пешкаш менамоем:

Асоси аввал. Тамоми ҳолатҳои Паёмбар (с.а.в)  ва ҳама ашколи ӯ метавонад далеле бар рост будани ӯ ва шоҳиде барои паёмбарии ӯ (с.а.в) бошад, вале ин маънои онро надорад, ки тамоми афъол ва кирдори ӯ ғайриоддӣ буданд. Сабаби ин дар он аст, ки Худованди пок ӯро ҳамчун инсон ба Паёмбар (с.а.в) баргузид, то бо ҳама гуна ҳаракоту рафтори худ имом ва роҳнамое барои тамоми башарият бошад ва то ин ки барои онҳо саодати дунё ва охиратро биёварад ва ба онҳо корҳои ҳайратовари Парвардигор ва тавони ҳайратангези ӯро баён кунад, ки ин худ дар ҳадди зоташ мӯъҷиза аст.

Агар Паёмбар (с.а.в)  дар тамоми кору кирдори худ ғайриоддӣ ва берун аз тарзи одамизод мебуд, ҳаргиз наметвонист ӯ барои дигарон намунае бошад, ки ба ӯ иқтидо намоянд ва имкон надошт то бо рафтор, гуфтор ва кирдори худ имом ва пешвои дигарон бошад. Аз ҳамин сабаб, ӯ ба мӯъҷизаҳои худ рӯй намеовард, магар гоҳ-гоҳ ва ин ҳам бошад, ҳангоми ҳоҷат ва барои он ки паёмбарии худро дар назди кофирони саркаш исбот намояд. Вақте тақозои таклифи илоҳӣ бар асоси имтиҳону санҷиш қарор дорад, аз ҳамин сабаб мӯъҷиза боиси он намегардад, ки инсон хоҳу нохоҳ ҳатман бояд имон орад. Зеро асрори имтиҳон ва ҳикмати санҷиш якҷоя онро тақозо мекунанд, ки дар баробари ақл роҳи интихобро бо кашида гирифтани ирода набанданд. Агар мӯъҷиза бадоҳатан зоҳир мешуд ва ақлро маҷбур мекарданд, то онро бовар кунад, ҳаргиз барои ақл интихоб боқӣ намемонд ва Абӯҷаҳл ҳам ба монанди Абӯбакр (р) имон меовард ва дар ин сурат фоидаи таклиф ва ҳадафи имтиҳон аз байн мерафт ва дар натиҷа, инсонҳои пок бо инсонҳои паст омехта мешуданд.

Аммо он чизе, ки даҳшат ва ҳайратро меорад, ин аст, ки дар ҳамон лаҳзае, ки ҳазорон инсонҳо аз ҷинсҳои гуногун ба мӯъҷизаҳо, ба суханон ва ҳатто ба як нигоҳ кардан ба чеҳраи мубораки Паёмбар (с.а.в)  ё ба дигар далоили паёмбарии ӯ имон оварданд. Ҳамчунин ҳазорон олимону муҳаққиқону мутафаккирини барҷаста ба ӯ имон оварданд ва инро метавон аз ривоятҳои таҳқиқшуда ва нақли осори онҳо дарк намуд. Акнун ман мегӯям оё ин боиси тааҷуб намешавад, ки бадбахтони ин замон ин ҳама далелҳои равшанро мушоҳида мекунанд ва гӯё ин ҳама барои имон овардани онҳо кофӣ набошад ва аз ҳамин сабаб аст, ки онҳо дар гирдоби гумроҳӣ сарсон гаштаанд.

Асоси дуюм. Паёмбари бузургвор (с.а.в)  инсон аст. ӯ бо мардум дар асоси ҳамин инсонияти худ муомила мекунад. Дар айни ҳол ӯ Паёмбар (с.а.в) аст ва дар асоси ин паёмбарии худ ӯ сухангӯи амини Худованди мутаол ва таблиғгари содиқи дастуроти Худои мутаъол аст. Пас, рисолати ӯ бар ҳақиқати ваҳй такя мекунад ва ваҳй ду намуд мешавад:

а) Ваҳйи ошкоро, ба монанди Қуръони карим ва баъзе ҳадисҳои қудсӣ. Пас, Паёмбар (с.а.в) дар ин намуд ваҳй танҳо расонанда аст, бе ин ки дар ин намуд ваҳй ҳаққи тасарруф ва ё дахолат дошта бошад.

б) Ваҳйи нисбӣ ва он ҳамон намуди ваҳй аст, ки хулоса ва муҷмали он аз тариқи ваҳй ва илҳом аст, аммо тасаввур ва тафсилоти он бар худи Паёмбар (с.а.в) бармегардад. Барои мисол баёни ҳодисае, ки дар оянда рух медиҳад, аз ваҳй мебошад, аммо тасвири он ҳодисаро ё Паёмбар (с.а.в) бо такя бар ваҳй ва илҳом баён мекунад ва ё бо фаросати шахсии худ онро шарҳ медиҳад. Ва ин тасвиреро, ки Паёмбар (с.а.в) бо иҷтиҳоди шахсии худ баён мекунад, онро ё бо ҳамон қувваи дониши волои худ ва дар асоси рисолаташ баён мекунад ва ё онро бо ҳамон хусусиятҳои башарии худ ва ба ҳамон сатҳе, ки дар урфи мардум, одат ва афкори онҳо маъруф аст, баён месозад.

Барои ҳамин ба тамоми тафсилоти ҳар ҳодисаи бузург набояд аз нигоҳи ваҳй назар намоем ва дар айни ҳол набояд асароти бузурги рисолати Паёмбар (с.а.в) ва афкори ӯро, ки аз сар мегузаронад, аз рӯйи инсон буданаш назар намоем. Аз сабаби он ки баъзе воқеаҳо ба сӯйи ӯ аз роҳи ваҳй муҷмалан расонида мешаванд ва ӯ аз рӯйи фаросати худ ва ё аз рӯйи урфу одати умумӣ онро шарҳу эзоҳ менамояд, барои ҳамин лозим аст то гоҳо ин намуд илҳомотро, ки ин тасаввур онро дар бар мегирад, шарҳу равшанӣ андохта шаванд, зеро баъзе ҳақиқатҳо ба зеҳн аз роҳи мисол ворид мешаванд. Масъалан, боре мардум дар назди Паёмбар (с.а.в) нишаста буданд ва садои ҳавлнокеро шуниданд. Пас Паёмбар (с.а.в) инро шарҳ дода чунин гуфтанд:

       «Ин садои сангест, ки ҳафтод сол қабл ба оташ андохта шуда буд ва он санг ҳамчунон тарафи поёни Дӯзах мерафт ва ҳамакнун ба қаъри Дӯзах афтод».[3]

Аз миён як соат нагузашта буд ва марде омаду гуфт, ки фалон мунофиқи машҳуре, ки умраш аз ҳафтод гузашта буд, мурд ва ба ҷаҳаннам рафт, ки бад ҷоест. Пас ин худ таъвилест барои ин ташбеҳи пурмазмуне, ки Паёмбар (с.а.в) онро пештар гуфта буд.

Асоси сеюм. Асарҳои ривоятшуда агар мутавотир бошанд, пас собит будани онҳо қатъист ва ифодаи яқинро мекунанд. Мутавотир ду намуд мешавад:

Якум, мутавотири ошкор ва ё мутавотири лафзӣ.

Дуюм. Мутавотири маънавӣ ва ин дар навбати худ боз ба ду қисм ҷудо мешавад:

Қисми аввал, аз тариқи хомӯш истодан, ба маънои он ки раъйи худро бо хомӯш шудан зоҳир мекунад. Масалан, вақте як инсон ҷамоати худро дар бораи ҳодисае, ки дар ҳузури онҳо рух додааст, хабар бидиҳад ва онҳо суханони ӯро рад накунанд, балки бо хомӯшӣ гуфтаҳои ӯро таъйид кунанд, ин маънои онро дорад, ки онҳо вуқӯи ин ҳодисаро қабул доранд ва хусусан, ҳангоме ки ин ҳодисаи нақлшуда ба худи ҳамин ҷамоат тааллуқ дошта бошаду ҷамоат тавони онро дошта бошад, ки онро рад кунад ва ё ривоятро ислоҳ намояд, ононе ки аслан хаторо намепазиранд, балки дурӯғро як кори бад меҳисобанд, дар сурате, ки бо шунидани хабаре хомӯширо интихоб мекунанд, ин далолат бар он мекунанд, ки ин воқеа дар ҳақиқат рух додааст.

Қисми дуюм, мутавотири маънавӣ. Иттифоқи мардум бар як андозаи муайяни воқеа аст, агарчи ривоятҳо гуногун бошанд.

Масъалан, вақте мегӯянд як коса таом дусад мардро сер намудааст ва ононе, ки ин ривоятро кардаанд, онро бо суратҳои гуногун мушоҳида намудаву бо ибораи мухталиф онро ривоят карданд.

Яке мегӯяд сад мард, дигаре се сад мард, яке мегӯяд ду коса таом буд ва ҳамин тариқ ривоятҳо гуногунанд, вале мебинем ҳамагон дар вуқӯи ин ҳодиса иттифоқ доранд ва он ин аст, ки таоми андак тавонист инсонҳои зиёдеро сер кунонад. Пас, ин ҳодиса дар шакли умумаш аз лиҳози маъно мутавотир аст ва ин суратҳои ихтилоф ба рост будани он зарар намерасонанд. Аҳёнан баъзе хабарҳои оҳод бо доштани баъзе шартҳои муайян метавонад монанди хабари мутавотир ҳукми қатъиро бигирад ва бо ҳуҷҷатҳои берун аз ин хабар метавонад қотеъона бошад.

Бо ҳамин тариқ, қисмати бештаре аз он чи ба мо аз далоили Паёмбар (с.а.в) ва мӯъҷизаҳои ӯ расидааст, он тавассути мутавотири ошкору сареҳ ва ё бо тавотури маънавӣ ва қисмате ҳам бо хабарҳои оҳоде, ки бо доштани шурути муайян онро олимони илми ҳадису илми ҷарҳу таъдил мавриди қабул қарор доданд, ҳукми он ҳам монанди мутавотир аст. Бидуни шак, агар хабари оҳодро муҳаддисон ва муҳаққиқоне аз соҳибони сиҳоҳи шашгона қабул намудаанд ва алалхусус, Имом Бухорӣ ва Имом Муслим ва чунончи маълум аст, соҳибони ин сиҳоҳ ҳамагон ҳофизони бузургворе буданд, ки на камтар аз сад ҳазор ҳадисро ҳифз намуда буданд ва вақте мебинем ин олимони барҷаста ба он розӣ гаштаанд, ҳамон олимоне, ки намози бомдодро бо таҳорати хуфтан мегузоштанд ва инро дар тӯли панҷоҳ сол такрор менамуданд, пас мо мегӯем агар инҳо дуруст будани хабари оҳодро қабул намудаанд, пас дар қатъӣ будани он ҳеҷ шаке намемонад ва ҳукми он аз тавотур ҳеҷ камие надорад.

Бале, олимони илми ҳадис ва мунаққидони он дар ин фан хело мутахассис гашта, дар шинохти суханони волои Паёмбар (с.а.в) малака касб намудаанд,ба пурарзиш будани ибораронии ӯ ва тарзи баёни ӯ ошно гардидаанд ва тавони онро доранд, ки суханони ӯро аз дигар суханон ҷудо намоянд. Онҳо агар ҳадиси мавзӯеро дар миёни садҳо ҳадис пайдо кунанд, онро як тараф мегузоранд ва мегӯянд «Ин ҳадис мавзӯъ аст. Ин ҳадис наметавонад ҳадиси шариф бошад». Ин олимон дар ин боб монанди мубодилачии асъор гаштаанд, ҳадиси тозаро аз ҳадиси тақаллубӣ фарқ мекунанд.

Вале як қисмат аз муҳаққиқон дар нақди ҳадисҳо аз ҳад зиёд интиқод мекунанд, ба монанди Ибни Ҷавзӣ, ки бисёре аз ҳадисҳои саҳеҳро мавзӯъ меҳисобад[4] ва инро ҳам бояд дониста бошем, ки ҳадиси мавзӯъ, яъне ин сухани Паёмбар (с.а.в) нест ва ин маънои онро надорад, ки ин сухан ботил ва ё вайрон аст.

Савол: Ин ҳама санади дароз чӣ фоида дорад, ки мегӯянд ин ривоят аз фалон… аз фалон… аз фалон аст ва чаро барои як воқеаи маълум бояд ин ҳама санадро баён намуд?

Ҷавоб: Фоидаҳо хело зиёданд. Зеро зикр намудани ин санади дароз як намуд тавофуқро баён мекунад, ки ин ҳама ровиёни мӯътабар ба ин ҳадис розӣ мебошанд ва бо ин барои аҳли илму муҳақиқон як пайвастшавӣ ва алоқа миёни ровиён маълум мегардад. Ин маънои онро дарад, ки ҳар имом ва алломае, ки дар санади ҳадис номи ӯ омада аст, барои дуруст ва саҳеҳ будани ин ҳадиси шариф имзо мондааст.

С.: Чаро мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) бо аҳамияти бештар ривоят карда нашудаанд, ҳамчуноне ки дигар аҳкоми зарури шариат ривоят шудааст, яъне бо роҳҳои мутавотир ва усулбҳои гуногун?

Ҷ.: Зеро тамоми мардум дар ҳама давру замон ниёз ба аҳкоми шариат доранд ва ин аҳкоми шариат барои онҳо ба монанди фарзи айн мебошад, зеро он ба ҳар як инсон алоқа дорад. Дар сурате ки на ҳар инсон ниёз ба мӯъҷиза дорад ва ҳатто агар ба он ниёз ҳам дошта бошад, як бор шунидани он кофист. Пас, онҳо ба монанди фарзи кифоя мебошанд ва одатан кофист, ки як гурӯҳи инсонҳо онро бидонанд ва шарт нест, ки ҳамагон онро бидонанд.

Барои ҳамин гоҳо мебинем, ки яке аз мӯъҷизаҳо қотеъона собит шудааст ва дар қувват он ба монанди дигар аҳкоми шариат аст, вале ровии он як ё ду нафаранд, дар сурате ки ровиёни ҳар ҳукми шариат даҳ ё бист нафар ҳастанд.

Асоси чорум. Як қисмат аз воқеаҳои ояндаро, ки Паёмбар (с.а.в) дар бораи онҳо хабар додааст, ҳодисаҳо умумӣ мебошанд, ки дар вақтҳои гуногун такрор ёфтаанд ва он як ҳодисаи ҷузъии танҳо нест. Пас, Паёмбар (с.а.в) дар бораи чунин воқеаҳои куллӣ ба сурати ҷузъӣ хабар медиҳад ва баъзе ҳолатҳои онро баён мекунад, зеро чунин ҳодисаи куллӣ метавонад зиёд ба вуқӯъ ояд. Пас, Паёмбар (с.а.в) дар ҳар сӯҳбати худ шакле аз ашколи он ҳодисаро баён мекунад, вале вақте ин ривоятҳоро пайи ҳам меорем, чунон вонамуд мешавад, ки гӯё миёни ровиён дар ин масъала ихтилоф аст. Масалан, дар бораи Маҳдӣ ривоятҳои гуногун омадааст, ки дар тафсилот ва тасвири он ихтилоф вуҷуд дорад[5]. Паёмбар (с.а.в) бо такя бар ваҳй хабар додааст, ки Маҳдӣ зуҳур мекунад, то қувваи маънавиёти мӯъминонро нигоҳ дорад ва онҳоро аз ноумедию наҳсӣ дар баробари он ҳодисаҳое, ки мушоҳида мекунанд, раҳо созад ва миёни уммат робитаи қавиеро бо занҷири нуронии аҳли байт барқарор созад. Мо инро дар яке аз қисматҳои «Ибораи бисту чор» баён намуда будем. Аз ҳамин сабаб аст, ки мебинем ҳар асру замон дорои як намуд Маҳдие аз хонадони Паёмбар (с.а.в) мебошад, ҳамон тавре ки дар охири замон Маҳдӣ зуҳур мекунад, балки метавон гуфт ҳар замон чанд нафар Маҳдӣ дорад. Ҳатто дар шахсияти Маҳдии Аббосиён, ки аз оли байт буд, бисёре аз сифатҳои Маҳдӣ дида мешуд.

Бо ҳамин тариқ, авсофи ононе, ки пеш аз Маҳдии бузургвор меоянд ва ононе, ки ӯро намояндагӣ мекунанд, ба монанди хулафои пок ва қутбҳои замон дар худ як навъ омехтагӣ аз авсофи Маҳдии бузургворро доранд. Пас, аз ҳамин сабаб аст, ки дар ривоятҳо ихтилоф дида мешавад.

Асоси панҷум. Худи Паёмбар (с.а.в.),   ,

«аз пеши худ ғайбро намедонист», модоме ки Худованди пок ба ӯ наомӯзонид. Чунки илми ғайб хоси Худованди мутаол аст ва ба ҳар касе хоҳад, аз он чизеро меомӯзонад. Аз он рӯй, ки Худованд меҳрубон ва боҳикмат аст, ҳамин ҳикмату раҳмати ӯ инро талаб мекунад, ки бештарин корҳои ғайбиро пӯшида нигоҳ дорад ва онро ҳамчунон пинҳон ва номаълум қарор диҳад. Зеро он воқеаҳое, ки инсонро нохуш мекунанд, аз воқеаҳои хушнудкунанда дида дар ин дунё бештаранд. Пас, агар инсон ин ҳама воқеаҳоро бидонад, сахт ранҷуру аламзада мешавад.

Аз ҳамин сабаб аст, ки марг ва аҷал ҳамчунон аз илми инсон пӯшида ва мубҳам мемонанд ва ҳамчунин мусибат ва балоҳое, ки бар сари инсон дар оянда меоянд, дар паси пардаи ғайб ниҳонанд. Пас, аз талаботи ҳамин ҳикмати раббонӣ ва раҳмати илоҳист, ки Худованд тамоми асрори ғайби худро дар бораи ин ки баъди вафоти он ҳазрат (с.а.в) ба сари хонадону асҳоб ва умматонаш чӣ воқеаҳои аламовар ва мусибатҳои ранҷовар меояд, ҳатто аз Паёмбараш пӯшида нигоҳ медорад[6]. Аммо дар баробари ин ӯ ба Паёмбари худ баъзе асрори муҳими ғайбии фоҷеабахшро аз рӯйи ҳикмати худ хабар додааст, ин ҳам бошад ба хотири он ки Муҳаммад (с.а.в) бо умматон ва хонадону асҳоби худ хело меҳрубонию дилсузӣ доштанд. Ҳамчунин Худованди мутаол ӯро ба омадани ҳодисаҳои фараҳбахш баъзеро ба тариқи муҷмал ва баъзеро муфассал мужда додааст. Пас, Паёмбар (с.а.в) ба умматони худ он чизеро, ки аз Парвардигори хеш меомӯхт, ривоят менамуд ва муҳаддисони ростин ва одил онро аз роҳи санадҳои саҳеҳ ба мо расонидаанд. Онҳо ашхосе буданд сахт парҳезкор ва аз ин метарсиданд, ки агар хато кунанд, он ваъиде бар сари онҳо меояд, ки Паёмбар (с.а.в) фармуда буд:

«Ҳар ки қасдан дурӯғеро аз номи ман бигӯяд, пас барои ҷойгир шудан дар оташ омодагӣ гирад».[7]

Ҳамчунин онҳо сахт бими онро доштанд, ки мабодо ин гуфтаи Худованд ба онҳо расад, ҷое, ки Худованд дар Қуръони худ фармудааст:

«Пас кист золимтар аз оне, ки бар Худованд дурӯғҳо мебофад» («Зумар», ояти 32).

Асоси шашум. Аҳвол ва авсофи Паёмбар (с.а.в) дар шакли сират ва таърих баён шудааст. Вале аксари ин авсофу аҳвол танҳо баёнгари инсон будани ӯ мебошанд. Зеро шахсияти маънавии ин зоти муборак хело баланд ва моҳияти нуронии муқаддаси ӯ ба он ҳадде баланд аст, ки он васф ва аҳволе, ки дар таърих ва сират омадааст, наметавонад баёнгари мақоми баланду дараҷаи волои ӯ гардад. Зеро  дар асоси қоидаи машҳур:  «сабабгори кор ба монанди анҷомдиҳандаи он аст» ҳамарӯза ба саҳифаи камоли ибодатҳои ӯ ибодатҳои тамоми умматонаш изофа мешаванд.

Ҳамчуноне ки насими бепоёне аз боди раҳмати илоҳӣ ба Паёмбар (с.а.в) , ҳамон паёмбаре, ки дорои истеъдодҳои бепоён буд, ба таври бепоён ва ба андозаи беҳисоб мерасад, ҳамчунин ба ӯ (с.а.в) ҳамарӯза дуоҳои бепоёни мардуми зиёде мерасад, ки аз ҳисоб берун аст.

Ин Паёмбари пурбаракате, ки беҳтарин намунаи тамоми коинот аст ва Паёмбаре, ки комилтарин расонанда аз номи Офаридгори олам ва дӯсти Парвардигори оламиён аст, мо наметавонем он миқдоре, ки дар китобҳои сират ва таърих дар бораи аҳвол ва рафтори башарии он омадааст, воқеан кӣ будани ӯ ва ҳақиқати камолоти ӯро дарёфт намоем. Чӣ гуна метавон шахсияти бузургвореро, ки ҳазрати Ҷаброил ва Микоил дар ғазваи Бадр рафиқони амини ӯ буданд, дар чанд ибора ва калима ҷамъоварӣ намуд? Ё ин ки чӣ гуна метавон ҳақиқати чунин ҳодисаро, амсоли он ҳодисае, ки ҳамроҳ бо соҳиби аспе сурат гирифита буд, ки Паёмбар (с.а.в) он аспро аз ӯ харидорӣ намуда буд, ба мо равшан гардад? Он мард харидани Паёмбарро инкор намуд ва аз Паёмбар (с.а.в) барои исботи ин кор шоҳид талаб кард. Пас, саҳобаи бузургвор, Хузайфа омад ва ба фоидаи Паёмбар (с.а.в) шаҳодат дод.[8]

Пас, барои он ки касе дар гирдоби хато наафтад, лозим аст, ки он касе, ки сифатҳои башарии оддии ӯро мешунавад, ҳамеша чашмашро кушода намояд ва моҳияти ҳаққи ӯро бингарад ва шахсияти маънавии ӯро, ки дар қуллаи мартабаи рисолат аст, дар назар бигирад ва илло беадабӣ мекунад ва дар вартаи тахаюлоту шубҳаҳо меафтад.

Донаи хурмоеро дар зери хок мекунанд, чанд муддат пас  як дарахти баланди хурмо мешавад ва ҳар рӯз бузургтару зеботар мегардад ва ё тухми товус, ки ҳарорати муайян ба он мерасад, мекафад ва аз дарунаш чӯҷа мебарояд ва ҳар қадар нашъунамо меёбад, ба ҳамон андоза зеботару рангинтар мегардад, ки қалами қудрати илоҳӣ ҳаматарафа онро дар зеботарин сурат нақш мекунад.

Пас, баъзе сифат ва хусусиятҳои вижае ҳаст, ки ба худи ҳамон дона ва ё тухм бармегардад ва ҳар яке аз онҳо шомили баъзе моддаҳои нозук мебошанд ва ҳамчунин хурмо ва товус дар баробари дона ва тухм дорои авсоф ва кайфияти хосе ҳастанд. Пас, вақте сифату шакли дона ва тухмро дар баробари хурмо ва товус қарор медиҳем ва ҳар дуро бо ҳам баён мекунем, дар ин сурат бояд ақли одамӣ аз дона ба тарафи хурмо мунтақил ёбад ва аз тухм ба тарафи товус ва дар он хубтар андеша кунад, то тавонад авсофи онро ба пуррагӣ баён намояд. Агар инсон ҳангоми васфи дона бигӯяд, ки ман аз ин дона як тонна хурмо хоҳам чид ва ё ба тухм ишора намуда бигӯяд, ки ин шоҳи парандагон аст, ҳамагон ӯро дурӯғгӯ мепиндоранд.

Бо ҳамин тариқ, инсон будани Паёмбари гиромӣ (с.а.в) дар мисол ба ҳамон дона ва ё тухм монандӣ дорад, вале вазифаи рисолат дар олӣ будан ва баланд будан ӯ ба монанди дарахти хуррами биҳиштӣ ва парандаи биҳиштӣ мебошад.

Аз ҳамин сабаб, вақте ба баҳсе, ки дар бозор ҳамроҳи аъробӣ рух дод, фикр мекунем, бояд тахаюлоти афкори худро баланд бардорем ва зоти нуронӣ, бузург, дурахшон, ки ба қобуққавсайн расида, Ҷаброилро дар пушт монда буд, тасаввур намоем. Агар ичунин тасаввур накунем, пас нафси аммора (беадабӣ намуда) камтар эҳтирому қадрдониро дар ҳаққи ӯ мекунад ва ё қадамҳои аввалашро барои инкор хоҳад гузошт.


ИШОРАИ ПАНҶУМ

Ин ишора хос ба мавзӯи  корҳои ғайбӣ таалуқ дорад. Мо дар ин мавзӯъ чанд мисол меорем:

Мисоли якум. Паёмбар (с.а.в) дар яке аз хутбаҳои худ, дар миёни гурӯҳе аз саҳобагонашон (Худованд аз эшон розӣ бод, ва ин ҳадис ба мо тавассути ривояти саҳеҳ ва мутавотир расидааст) чунин фармуданд:

«Ҳамин фарзанди ман бузург аст ва шояд Худованд ба сабаби ӯ миёни ду тоифаи мусалмонон оштӣ андозад»[9] ва дар ривояти дигаре «Ду тоифаи бузург» омадааст. Баъди гузашти чил сол ду тоифаи бузурге аз лашкари мусалмонон ба муқобили ҳам бархостанд. Пас Ҳасан (р) бо Муовия (р) сулҳ намуд ва бо ин сулҳ суханони бобои бузургвораш (с.а.в) таҳаққуқ ёфтанд.

Мисоли дуюм. Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба ҳазрати Алӣ (р) гуфтанд:

«Рӯзе мерасад, ки ту бо аҳдшиканҳо, ситамгарон ва аз дин беруншудаҳо хоҳӣ ҷангид»[10].  Паёмбар (с.а.в) бо ин ҳадис дар хусуси ҳодисаи Ҷамал, Сифин ва дар бораи Хавориҷ хабар доданд.

Паёмбар (с.а.в) вақте муҳаббати шадидро миёни Алӣ ва Зубайр дид, ба Зубайр гуфт: «Рӯзе ту бо ӯ хоҳӣ ҷангид, дар ҳоле ки ту ба ӯ ситам мекунӣ»[11].

Паёмбар (с.а.в) ба ҳамсарони покаш гуфт:

«Бар сари кадом яке аз шумоён сагони Алҳавъаб меҷаканд?»[12]. «Дар тарафи рост ва чапи он зан кушташудагони зиёде мебошанд».[13] Баъди сӣ сол ин гуфтаҳо дар ҳақиқат воқеъ шуданд ва он дар ҷанги Ҷамал, ки миёни Алӣ ва Оиша ба вуқӯъ омад, ки Талҳа ва Зубайр (р) бо Оиша буданд. Ҳамчунин дар ҷанги Сифин, ки миёни Алӣ ва Муовия ба вуқӯъ омад ва ҳамчунин дар ҷангҳои Ҳаруро ва Наҳрован, ки миёни Алӣ ва хавориҷ сурат гирифт.

Паёмбар (с.а.в) ба ҳазрати Алӣ хабар дода буд, ки чӣ касе ӯро мекушад ва ба ӯ гуфт: «Эй Алӣ! Касе туро зарба мезанад, ба дараҷае ки ин ҷо аз он тар мешавад»[14], яъне аз хуни сар риши ту тар мешавад. Алӣ он касро мешинохт ва ӯ Абдураҳмон ибни Мулҷами хавориҷӣ буд.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) дар бораи марде синадоре[15] хабар дод, ки нишонаи махсус дошт ва ӯ миёни мурдагони хавориҷ дида хоҳад шуд ва феълан ӯ дар миёни мурдагони онҳо дида шуд. Он марди сиёҳе буд, ки яке аз мушакҳои баданаш ба монанди синаи занон бузург буд. Пас Алӣ онро ҳамчун ҳуҷҷат бар ҳақ будани худ қарор дод ва эълон намуд, ки ин аст мӯъҷизаи Паёмбари акрам (с.а.в).

Паёмбар (с.а.в) ҳамчунин ба ривояти саҳеҳ аз Умми Салама ва дигарон хабар дод, ки Ҳусайн дар Таф[16], яъне дар Карбало кушта мешавад ва баъд аз панҷоҳ сол ин воқеаи даҳшатнок рух дод ва он хабари ғайбӣ рост баромад.

Паёмбар (с.а.в) такроран хабар дода буд:

«Аҳли байти ман аз дасти умматонам баъди  ман куштор ва дарбадариро мечашанд»[17] ва дар воқеъ, ҳамчуноне ки хабар дода буд, рух дод.

Дар ин ҷо саволи муҳиме ба миён меояд, ки мегӯянд Алӣ барои халифа шудан сазовортар ва муносибтар буд, зеро ӯ аз як тараф бо Паёмбар (с.а.в) хешовандӣ дошт ва аз тарафи дигар марди далери аҷибу ягона ва аз илми фаровон бархурдор буд. Пас, чаро ӯро аввалин халифа интихоб накарданд? Чаро аҳволи мусалмонон дар вақти хилофати ӯ ноором гардид?

Ҷавоб. Гурӯҳи аъзаме аз оли байти Паёмбар (с.а.в) мегӯянд Паёмбар (с.а.в) орзу дошт, ки Алӣ халифаи ӯ бошад, вале аз ғайб ба ӯ хабар расида буд, ки иродаи Худованд на чунин аст. Пас, аз майли худ баргашт ва пайрави иродаи Худованди пок ва бузург гардид.

Дар чанд сатри зерин танҳо яке аз ҳикматҳои иродаи Худовандро дар ин кор баён мекунем: Баъди он ки Паёмбар (с.а.в) ин дунёро тарк намуда, ба сӯйи рафиқи аълояш сафар намуд, саҳобагони киром (Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ бошад) ба иттифоқу ҳамбастагӣ сахт ниёз доштанд. Агар Алӣ бар курсии хилофат менишаст, эҳтимоли зиёд мерафт, ки ба сабаби он ки Алӣ хотирбинӣ надошт, фикрҳои мустақил дошт, сахт парҳезкор буд, итминон дошт, ниёзе ба мардум надошт ва илова бар ҳамаи инҳо он шуҷоати беҳамтое, ки дошт, метавонист ин ҳама авсофи хубаш ихтилофоту ҷанҷолҳоро миёни шахсиятҳои зиёд ва қабилаҳои гуногун барангезад. Пас, бо ин дар миёни сафҳои мусалмонон парокандагӣ эҷод мешуд, ҳамчуноне ки дар замони хилофати ӯ воқеа ва фитнаҳое ҳам сар зада буд.

Аммо чаро вақти хилофати ӯ ин қадар дер омад? Метавон гуфт яке аз асбобаш ин аст, ки бодҳои фитна дар миёни уммати исломӣ, ки иборат аз қавмиятҳои гуногун ва дорои афкори мухталиф буданд, ҳукмфармоӣ дошт ва ҳар яке аз онҳо тухми гурӯҳе аз гурӯҳҳои ҳафтоду сегонаро, ҳамчуноне ки Паёмбар (с.а.в) хабар додааст[18] (нест карданӣ буд). Пас, мебоист шахсияти қавии барҷаста, пурқуввати неруманд, бофаросату зирак, аз хонадони асил ва бузург, яъне аз оли байт ва аз Бани Ҳошим зимоми умурро ба даст гирад, то дар баробари ин ҳама финтаҳо истодагарӣ намояд. Чунин шахсияти барҷаста танҳо дар симои Алӣ (р) дида мешуд. Дар воқеъ, ӯ тавонист дар баробари ин ҳама фитнаҳои парешон истодагӣ намояд. Пештар Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд, ки ӯ дар роҳи таъвилҳои Қуръон мубориза мекунад, ҳамчуноне ки худи ӯ дар роҳи нозил шудани он мубориза карда буд[19].

Аз тарафи дигар, агар Алӣ намебуд, шояд салтанати дунё уммавиёнро шефта менамуд ва куллан онҳоро фирефта мекард ва аз роҳи рост дур месохт, вале ба сабаби он ки онҳо дар баробари худ Алӣ ва оли байтро медиданд, талош менамуданд, то ба мартабаи онҳо бирасанд ва дар ҷойгоҳ ба онҳо наздик шаванду дар назари омма мақоми худро аз даст надиҳанд. Пас, бештарин роҳбарони давлати уммавиён ночор буданд худро барои нигоҳ доштани анҷоми ҳақиқатҳои имон ва нашри имон ва ҳифзи аҳкоми Қуръону Ислом маҷбур созанд, дар ҳоле ки онҳо бо худ кореро анҷом намедоданд. Аз ҳамин сабаб аст, ки дар партави давлати онҳо ҳазорон олимон, муҳаққиқон, муҷтаҳидон, имомони ҳадис, авлиёи солеҳ, бузургворон ва барҷастагон нашъу намо ёфтанд. Агар ин ҳама камолоти аҳли байт, ростин будани онҳо ва пойбанд будани онҳо ба гуфтаҳои Худованд намешуд, албатта, уммавиён лағшиш мехӯрданд ва куллан аз роҳи дуруст берун мешуданд. Ҳамчуноне ки дар охирҳои давронашон ба он расида буданд ва ҳамчуноне ки Аббосиён низ дар охири даврони худ ба он расиданд.

Агар чунин гуфта шавад, ки чаро хилофат дар оли байт қарор нагирифт, бо вуҷуди он ки ҳамагон медонистанд, ки онҳо ҳақ мебошанд.

Ҷавоб ин аст, ки подшоҳии дунё фиребанда аст, дар сурате ки аҳли байт вазифадор буд, то ҳақиқати Ислом ва ҳақиқати Қуръонро ҳифз намояд. Он касе, ки зимоми корҳои хилофатро ба даст мегирад, набояд дунё ӯро мағрур созад ва ӯ бояд ё монанди паёмбарон маъсум ва ё хело тақводору хело парҳезгор ба монанди хулафои рошидин ва Умар Ибни Абдулазиз ва Маҳдии Аббосӣ бошад, то ин ки натавонад дунё ӯро фирефта намояд. Пас, подшоҳии дунё барои аҳли байт лоиқ нест, зеро ин онҳоро аз анҷом додани вазифаҳои асосии эшон, ки нигоҳ доштани дин ва хидмати ба Ислом аст, боз медорад. Он хилофати Фотимиҳо, ки бо номи аҳли байт дар Миср барпо шуд ва ҳукумати муваҳҳидине, ки дар Африқо ба вуҷуд омад ва он давлати Саффавиён, ки дар Ирон таъсис ёфт, ҳамаи инҳо ҳуҷҷат ва далел бар он шуданд, ки подшоҳии ин дунё барои аҳли байт намеарзад. Дар айни ҳол, мушоҳида мешавад, ки ҳаргоҳ онҳо дунё ва салтанатро тарк намуданд, талошҳои назаррас ва кӯшишҳои беназире дар роҳи хидмати Ислом ва баланд бардоштани парчами Қуръон намуданд.

Агар мехоҳӣ, пас биё ва ба ин ҳама қутбҳое, ки аз насли Ҳасан (р) омадааст, каме андеша кун ва хусусан дар бораи он чаҳор қутб, аз ҷумла дар бораи Шайх Ҷайлонӣ. Агар хоҳӣ, каме дар бораи имомоне, ки аз насли Имом Ҳусайн (р) омадаанд, фикр кун, аз ҷумла дар бораи Зайналобидин, Ҷаъфари Содиқ ва амсоли онҳо… Ҳар яке аз ин бузургворон ба монанди Маҳдии маънавӣ гардида, зулуму торикиҳои маънавиро бо нашри нурҳои Қуръон ва ҳақиқатҳои имон нест намуда буданд ва дар ҳақиқат собит намуданд, ки онҳо падари бузургвори Худ, Муҳаммад (с.а.в)-ро, воқеан, мерос бурдаанд.

Агар гуфта шавад, ки ҳикмат аз ин ҳама фитнаҳои хунин ва даҳшатнок дар даврони хулафои рошидин ва беҳтарин аср, ки бар сари уммати Ислом омада буд, дар чист? Ҷое ки барои ин бузургворон мумкин нест, ки ғазаби илоҳӣ омада бошад, мусибатҳо бар сари онҳо омад ва чӣ гуна метавон гуфт, ки ин ҳама раҳмати илоҳист ва сири он дар куҷост?

Ҷавоб. Ҳамчуноне ки борони фаровон, ки ҳамроҳ бо бод дар баҳорон меояд ва тухми ҳар намуд набототро ба ҳар тараф мекашонад, тухмиҳо ба ҳар тараф мераванд ва донаҳо парешон мешаванд ва дар натиҷа гулҳои он намоён мешаванд ва ҳар яке аз инҳо вазифаи табиии худро анҷом медиҳад, ҳамчунин фитнае, ки саҳобагони киром ва тобеин (ки Худованд аз эшон розӣ бод), ба он гирифтор шуда буданд, асрори истеъдодҳои эшонро кашф намуд ва донаҳои истеъдодҳои пинҳони онҳоро берун кард, пас барои ҳар тоифаи онҳо бонги хатар зада шуд ва онҳоро биму тарс фаро гирифт, ки хатари вазнине бар болои Ислом меояд ва оташи фитна дар миёни мусалмонон мунташир мешавад. Ин кор боиси он гардид, ки ҳар тоифае аз онҳо барои нигоҳ доштани дин ва муҳофизати имон истодагарӣ кунад.

Пас, ҳар яке аз ин тоифаҳо дар зимаи худ вазифае аз вазоифи имон ва ҷамъ намудани парокандагии мусалмононро ба уҳда гирифт, ҳар яке ба андозаи истеъдод ва тавонаш дар ин роҳ бо тамоми ҷиддият ва ихлос ҳаракат намуд. Баъзеҳо барои ҷамъоварии ҳадисҳои Паёмбар (с.а.в) пардохтанд ва баъзе барои навиштани аҳкоми шариат ва тоифаи дигаре барои ҷамъоварии аҳкоми ақидаю ҳақиқати имон ва дигарон барои ҳифзи Қуръони карим.

Бо ҳамин тариқ, ҳар тоифа дар зери вазифа ва воҷибе аз воҷибот пардохтанд, ҳамон вазифаҳе, ки имон ва Ислом ба онҳо вазифадор намудааст ва дар роҳи анҷоми ин вазифаҳои худ талошҳои сангине намуданд ва дар натиҷа он тухмҳоеро, ки боди фитна онҳоро дар гӯшаҳои гуногун парешон намуда буд, ба гулҳои рангоранге мубаддал гардонид, ки дар тамоми гӯшаҳои олам дида мешаванд ва ба дараҷае, ки олами ислом бо бӯстонҳое пур аз гулҳо мубаддал гардид. Аммо, мутаасифона, дар миёни ин ҳама гулҳои рангоранг хорҳо низ пайдо шуданд. Гӯё дасти қудрати илоҳӣ ин асрро бо камоли аҷибе нигоҳ дошт ва бар сари эшон сахтию мушкилотро овард, то ин ки ҳиммат ва эҳсоси мардони боҳиммат ва ғаюрро баланд бардорад ва ин ҳаракат, ки аз дарун меҷӯшид, бисёре аз муҷтаҳидон, муҳаддисон, ҳофизон, бузургон, қутбҳо ва авлиёҳоро маҷбур намуд, то ба дигар гӯшаҳои олами ислом ҳиҷрат намоянду кӯч банданд. Мусалмонон ба тарафи Шарқ ва Ғарб сафар намуданд ва чашмони худро кушоданд, то аз конҳои Қуръони карим ва хазинаҳои он дастовардҳо ёбанд.

Акнун бармегардем бар сари ҳамон мавзӯе, ки дар он будем, яъне он чи Паёмбар (с.а.в) дар бораи корҳои ғайбӣ хабар дода буд, феълан ҳама ба вуқӯъ омад ва шумори онҳо ба ҳазор ва шояд ба беш аз ҳазор мерасад, вале мо дар инҷо танҳо ба чанд намунаи он ишорат мекунем. Ба ҳамоне ишора мекунем, ки бар саҳеҳ будани он соҳибони шаш китоби саҳеҳ иттифоқ намуданд, ки Бухорӣ ва Муслим дар муқаддимаи онҳо мебошанд. Ҷое, ки аксари онҳо аз лиҳози маъно онро нақл кардаанд ва олимону муҳаққиқон ба саҳеҳ будани баъзе аз онҳо иттифоқ кардаанд, он ба манзалаи мутавотир расидааст.

Соҳибони сиҳоҳ ва олимон тамоми он чи Паёмбар (с.а.в) ба ёронаш дар бораи пирӯз гаштанаш бар душманонаш ва фатҳи Макка[20], фатҳи Байтулмуқаддас[21], Яман, Шом ва Ироқ[22] хабар дода буд, ривоят намудаанд… Ҳамчунин дар бораи фатҳи Хайбар[23] ва дар бораи хазинаҳои Қайсар ва Кисроро[24] тақсим намудани мусалмонон, ки дар он замон дар ҷаҳон бузургтарин империя ба шумор мерафтанд. Аз тарафи дигар, вақте Паёмбар (с.а.в) ин суханони ғайбиро мегуфт, ӯ ба ин ибора намегуфт, ки «ман чунин гумон мекунам» ва ё «чунин тахмин мезанам» ва ё «шояд ин тавр шавад», балки ӯ ин хабарҳоро ба таври яқин мегуфт ва гӯё воқеияте буданд, ки онҳоро мушоҳида мекард. Инро ҳам бояд қайд намуд, ки вақте Паёмбар (с.а.в) ин суханонро мегуфт, замоне буд, ки маъмур шуда буд, то Маккаро тарк намояду ба Мадина ҳиҷрат кунад ва замоне буд, ки саҳобагони ӯ хело кам, олами атрофи Мадина ҳама душманони ӯ ва дар фикри аз байн бурдани ӯ буданд.

Дар ривоятҳои саҳеҳ омадааст ва Паёмбар (с.а.в) борҳо инро такрор кардаанд:

عَلَيْكُمْ بِسِيرَةِ الَّذَيْنِ مِنْ بَعْدِى اَبِى بَكْرٍ وَعُمَرَ

«Шумо ба он ду нафаре, ки баъди ман меоянд, Абӯбакр ва Умар пайравӣ намоед»[25]. Гуфтаҳои ӯ маънои онро доштанд, ки Абӯбакр ва Умар бештар аз ман умр хоҳанд дид ва онҳо халифаҳои ман мешаванд ва ҳаққи хилофатро, ҳамчуноне ки лоиқ аст ва Худову Паёмбарашро розӣ мекунад, ба ҷо меоваранд. Пас Абӯбакр чанд муддати кутоҳе халифагӣ мекунад, дар сурате ки Умар муддати бештаре халифа мемонад ва дар замони хилофати ӯ бештарин футуҳоти исломӣ сурат мегирад.

Паёмбар (с.а.в) фармудаанд:

 

«Худованд барои ман тамоми ин заминро нишон дод ва Шарқу Ғарби онро ман дидам ва ин ки умматони ман ба ҳар ҷое мерасанд, ки ба ман нишон дода шуд»[26] ва воқеан ҳам чуноне шуд, ки ӯ хабар дода буд.

Паёмбар (с.а.в) дар ривояти саҳеҳ[27] пеш аз ба вуқӯъ омадани ғазваи Бадр макони кушта шудани кофирон ва ҷойи ба замин афтодани онҳоро хабар дода буд:

Ин ҷо Абӯҷаҳл кушта мешавад ва ин ҷо Атаба ва дар инҷо бошад Умайя ва ин ҷо фалону онҷо фалон «Ва медонам, ки Убай ибни Халаф кушта мешавад».[28] Ва дар воқеъ, ҳамчуноне шуд, ки ӯ хабар дода буд.

Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (с.а.в.) дар ғазваи Муъта ҳамон тавр дар бораи асҳоби худ сухан мегуфт, ки гӯё онҳоро мушоҳида мекунад ва бо онҳост, дар ҳоле ки ӯ дар якмоҳа роҳ дуртар аз онҳо буд ва онҳо дар сарҳади Шом буданд. ӯ мегуфт:

«Парчамро Зайд гирифт ва ӯ кушта шуд, пас парчамро Ҷаъфар гирифт, кушта шуд ва онро Ибни Равоҳ гирифт, кушта шуд ва чашмонаш медурахшиданд, ҳатто парчамро шамшере аз шамшерҳои Худо гирифт ва роҳи наҷотро барои онҳо пайдо намуд»[29]. Баъди гузашти чанд ҳафта Яъло ибни Мунаббаҳ аз майдони ҳарб баргашт ва пеш аз он ки моҷарои ҷангро пурра дар ҳузури Паёмбар (с.а.в) нақл кунад, Паёмбар (с.а.в) худ қиссаи комили воқеаҳои рухдодаро нақл карданд. Пас, Яъло ибни Мунаббаҳ арз намуданд, ки: «Қасам ба Зоте, ки туро аз рӯйи ҳақ фиристодааст, аз суханони он ҷо як ҳарф ҳам кам нагуфтӣ»[30].

Дари ривояти саҳеҳи дигар омадааст, ки ӯ (с.а.в.) хабар дод:

«Хилофат баъди ӯ сӣ сол давом мекунад ва баъди он подшоҳӣ мешавад».[31] «Ва ин ки ин кор бо Паёмбарӣ ва раҳмат оғоз шуд ва сипас раҳмат ва хилофат мешавад ва сипас подшоҳии мустаҳкам мешавад ва баъд зулму ситаму фасод дар ин уммат мешавад».[32] Пас Паёмбар (с.а.в.) дар бораи ин ки хилофат баъди ӯ сӣ сол идома меёбад, хабар дода буд ва ин сӣ сол бо илова намудани шаш моҳи хилофати Ҳасан (р) пурра мегардад ва баъди он подшоҳию зулму ситам ва фасоди уммат мешавад ва феълан ҳам ҳамон тавре шуд, ки ӯ хабар дод.

Дар ривояти саҳеҳи дигар омадааст Паёмбар (с.а.в.) гуфта буд:

 

«Усмон (р) ҳангоми хондани Қуръон[33] кушта мешавад»

«Шояд Худованд ба ӯ ҷомаеро бипӯшонад ва дигарон бихоҳанд онро аз танаш бикашанд»[34] ва воқеан ҳамон тавре шуд, ки ӯ хабар дода буд.

Дар ривояти саҳеҳи дигар омадааст, ки замоне  Паёмбар (с.а.в.) ҳиҷомат намуданд, Абдуллоҳ ибни Зубайр барои табаррук хуни мубораки ӯро нӯшид ва онро ба замин нарехт. Пас ба ӯ гуфт:

«Вой барои мардум аз дасти ту ва вой барои ту аз дасти мардум»[35]. Паёмбар (с.а.в.) хабар дод, ки Абдуллоҳ бо шуҷоати хоса ва аҷибе роҳбарии мардумро ба уҳда мегирад ва ин кор боиси он мегардад, ки ӯ ҳадаф барои ҳуҷуми сахт мегардад ва ба сабаби ӯ мусибату балоҳо бар сари мардум меояд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди он ки Абдуллоҳ ибни Зубайр дар даврони Умавиён, дар Макка худро халифа эълон намуд, Ҳаҷҷоҷи золими сақафӣ ӯро бо лашкари бузурге дар Макка муҳосира намуд ва баъди ҷанги пуршиддату хунину сахт ӯ ба шаҳодат расид.

Паёмбар (с.а.в.) дар бораи «Подшоҳии Бани Умайя»[36], яъне ба пайдо шудани давлати Умавиён ва дар бораи «Амир шудани Муовия ва фарзандонаш» хабар дода, ба ӯ гуфта буд:

«Вақте мулк ба дасти ту расид, пас рост шав ва ё носеҳ бош».[37] Ҳамчунин хабар дода буд, ки «Бани Умайя моли Худоро дар миёни худ чарх мезанонад»[38] ва  подшоҳону амирони онҳо золим ва дар миёни онҳо нафароне ба монанди Язид[39] ва Валид пайдо мешаванд.

Ҳамчуноне ки Паёмбар (с.а.в.) хабар дода буд, ки:

«Фарзандони Аббос замоне бо парчамҳои сиёҳ қиём мекунанд ва муддати мулки эшон дарозатар мешавад аз мулки инҳо»,[40] яъне баъди Умавиён давлати Аббосиён пайдо мешавад ва онҳо дар ҳукм бештар мемонанд аз он ки Уммавиён монда буданд ва феълан ҳамон тавре шуд ки ӯ (с.а.в) хабар дода буд.

 

Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Вой ба ҳоли араб, ки бадие наздик шудааст»[41], пас ӯ дар бораи балоҳои Чингизхон ва Ҳулако ва ин ки чӣ гуна онҳо давлати Аббосиёнро аз байн мебаранд, хабар дод, ва ҳамон тавре ки ӯ гуфта буд, ба вуқӯъ омад.

Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки ӯ (с.а.в) ба Саъд Ибни Абуваққос, замоне ки сахт бемор буданд, гуфтанд:

 

«Шояд, ки ту боқӣ монӣ ва чанд қавмеро кӯмак намоӣ ва ба дигароне зарар расонӣ»[42]. Паёмбар (с.а.в) хабар додаст, ки дар оянда ӯ сарлашкар хоҳад шуд ва Худованд бо дастони ӯ ба қавмҳои зиёде фоида меорад, ки онҳо ба доираи Ислом медароянд ва баъзе дигарро ба сабаби ӯ зарар мерасонад, яъне давлатҳои худро аз даст медиҳанд. Дар воқеъ  ҳамон тавре шуд, ки ӯ гуфта буд ва дар оянда Саъд сарлашкари артиши Ислом гардиду давлати Форсро шикаст дод ва сабаби даромадани қавм ва миллатҳои гуногун ба Ислом гардид.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в)  барои Наҷҷошӣ[43] ғамгин шуд, дар худи ҳамон рӯзе, ки ӯ даргузашт. Ин дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ сурат гирфт. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ салоти ҷанозаи ғоиб хонданд ва баъди гузашти як ҳафта хабари марги ӯ расид, ки дар ҳақиқат Наҷҷошӣ дар ҳамон рӯзе вафот кардааст, ки Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд.

Ҳамчунин фармудаанд:

 

«Ором шав, ки дар болои ту Паёмбар (с.а.в) ва сиддиқ ва шаҳид қарор гирифтааст»[44]. Инро ҳангоме гуфт, ки бо иддае аз саҳобагони бузургаш дар болои кӯҳи Уҳуд (ё дар болои Ҳиро)[45] буданд, ки кӯҳ дар зери онҳо ба ҷунбиш даромад. Пас баён намуданд, ки Умар, Усмон ва Алӣ ба шаҳодат мерасанд ва воқеа ба ҳамон сурат ба вуқӯъ пайваст.

 

***

Эй нотавон! Эй касе, ки дилаш мурдааст! Ва эй бадбахт!

Шояд ту гуфтанӣ бошӣ, ки Муҳаммад (с.а.в) барҷаста буд ва бо ин донише, ки дошт, ин корҳои ғайбиро дарк намуда буд ва бо ин чашми худро аз ҳақиқати паёмбарии ӯ, ки ба монанди Офтоб аст мепушонӣ!

Эй бечора! Он чи шунидӣ, танҳо як қисмате аз понздаҳ намуди мӯъҷизаҳои Памёбар (с.а.в) мебошад ва донистӣ, ки тамоми онҳо собитанду ба ривоятҳои саҳеҳу бо санадҳои мутавотири маънавии саҳеҳ ба мо расидаанд. Ту то ҳол танҳо андакеро дар бораи корҳои ғайбӣ шунидаӣ. Оё баъди он ки инсон ин ҳама мӯъҷизаҳоро мешунавад, ба соҳиби ин мӯъҷизаҳо мегӯяд, ки ту донишманди барҷастае ҳастӣ, ки бо фаросати худ ояндаро дарк мекунӣ?

Фарзан, агар мо ҳам ба монанди ту бигӯем, ки ӯ донишманд буд, пас оё имкон дорад, ки он касе, ки ин ҳама донишу зиракиро дошта бошад ва аз дониши нодир бархӯрдор бошад, барои ӯ дидгоҳ нодуруст бошад? Оё мисли чунин инсони бузург метавонад қадри бузурги худро бо гуфтани хабарҳои нодуруст ба замин занад? Оё девонагӣ ва аҳмақӣ нест, агар мо аз он чи ин инсони донишманд дар бораи саодати ду дунё хабар додааст, рӯйгардон бошем?

 

ИШОРАИ ШАШУМ

Дар хабари собит омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба Фотима чунин хабар додаст, ки:

«Аввалин кассе хоҳад буд, ки аз хонадонаш баъд аз фавти ӯ ба ӯ мепайвандад»[46] Яъне аввалин касе аст, ки баъди даргузаштани Паёмбар (с.а.в) аз хонадонаш мемирад. Ин пешбинии Паёмбар (с.а.в) баъди шаш моҳ рух дод.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба Абӯзар дар хусуси рондани ӯ, яъне аз Мадина хабар дода буд, ва ҳамчунин аз оне, ки:

سَتُخْرَجُ مِنْ هُنَا وَتَعِيشُ وَحْدَكَ وَتَمُوتُ وَحْدَكَ

«ӯ танҳо зиндагӣ мекунаду танҳо мемирад»[47]. Баъд аз бист сол, ҳамчуноне ки Паёмбар (с.а.в) гуфта буд, воқеъ шуд.

Ҳамчунин ривоят шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) дар хонаи Умми Ҳаром (холаи Анас ибни Молик) аз хоб бо табассум бедор шуда, чунин гуфтанд:

«Мардумоне аз умматамро дидам, ки бар болои Баҳр чун подшоҳон дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд». Умми Ҳаром гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с.а.в), дуо кун, то ман ҳам аз ҷумлаи онҳо бошам». Паёмбар (с.а.в) барои ӯ дуо кард[48]. Баъди чил сол ҳамроҳи шавҳараш Убода ибни Сомит ба фатҳи Қибрис рафтанд ва дар он ҷо вафот намуд. Ва то ҳол қабри ӯ он ҷо маъруф асту мардумон онро зиёрат мекунанд.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Дар Қабилаи Сақиф як дурӯғгӯ ва як хунхор мебошад».[49] Паёмбар (с.а.в) дар ин ҳадис аз Мухтор, ки хело машҳур буда, даъвои паёмбарӣ намуд, ва аз хунхор, Ҳаҷҷоҷи золим, ки сад ҳазор одамро кушта буд, хабар додааст[50].

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудаанд:

«Қустантиния ба зудӣ фатҳ мешавад, беҳтарин амир амири он ва беҳтарин лашкар он лашкар аст». Бо ин ҳадиси худ Паёмбар (с.а.в) хабар додааст, ки шаҳри Истанбул бо дасти мусулмонон озод мешаванд[51] ва барои Ҳазрати Султони Муҳаммад Фотеҳ мартабаи бузурге аст, ва ҳамин гуна ҳам шуд.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудааст:

«Агар дин дар Сурайё бошад, онро мардоне аз аҳли Форс ба даст меоранд»[52]. Ишора ба донишмандон ва авлиёест, ки дар Форс мебошанд, ба монанди Имом Абӯҳанифа.

Ҳамчунин фармуданд:

«Олими Қурайш кулли табақаҳои заминро пур аз илм мекунад»,[53] ишора ба Имом Шофеӣ аст.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) хабар додааст, ки

«Уммати Ислом ба ҳафтоду се гурӯҳ тақсим мешавад ва аз миёни онҳо гурӯҳи аҳли суннат ва ҷамоат бар ҳақ аст»[54].

 

Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Ҷамоати қадария маҷусони ин умматанд»[55], ишорае ба тоифаи қадария, ки мункирони тақдир мебошанд ва ҳамчунин аз рофизиҳо хабар дода баён кардааст, ки онҳо ба гурӯҳҳои гуногуну зиёд тақсим мешаванд.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) дар хусуси гурӯҳҳои зиёде хабар додааст. Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба ҳазрати Алӣ чизе ба ин маъно гуфтааст: «Қиссаи ту монанди Исо (а) аст, ту сабаби ҳалоки ду ҷамъи бузурге аз мардум мешавӣ: яке онҳо, ки дар муҳаббати ту  ва дигаре  дар адовати ту ифрот мекунанд[56]. Ҳамчуноне ки масеҳиён дар муҳаббати

Исо(а) ифрот намуда, аз ҳади машруъ баромаданд ва бо ин амали худ ҳалок шуданд ва ҳамчуноне ки мегуфтанд Исо (а) писари Худо аст (наузу биллоҳ), аммо яҳудиҳо бошанд дар душмании ӯ аз ҳад баромада, Паёмбарӣ ва шаъни баланди ӯро инкор менамуданд». Яъне дар бораи муҳаббати ту низ баъзе мардум аз ҳади шаръӣ баромада, ҳалок мешаванд, зеро Паёмбар (с.а.в) дар ҳақи онҳо гуфтааст:

“Онҳо набзе доранд ва ба онҳо «рофиза» гуфта мешавад”[57]. Аммо гурӯҳи дигаре бо душманӣ намудан бо ӯ ҳалок мешаванд ва онҳо ҳавориҷ ва гурӯҳе аз дӯстдорони ифротии уммавиҳо буданд, ки ба онҳо «носиба» гуфта мешуд.

Агар гуфта шавад, ки Қуръони карим ба муҳаббати оли байт амр мекунад ва Паёмбар (с.а.в) дар аҳодиси зиёде ба он таъкид намудааст, пас муҳибон ҳамеша шефта ва масти маҳбуби худ мебошанд. Пас, ин муҳаббат барои дӯстдорон ҷоиз аст ва дӯстдорон маъзуранд. Пас, чаро шиъа ва ба алалхусус рофизиҳо аз ин муҳаббат истифода набаранд ва чаро ин намуд муҳаббат онҳоро аз азоб наҷот надиҳад?

Ҷавоб. Муҳаббат ду қисм аст: якум, муҳаббат бо маъноӣ луғавии он ва он муҳаббати Алӣ, Ҳасан, Ҳусайн ва аҳли байти Паёмбар (с.а.в) аст, ки хос барои Худо, Паёмбар (с.а.в) ва дар роҳи ризои онҳо мебошад. Ин намуд муҳаббат, муҳаббати Паёмбар (с.а.в) -ро афзун намуда, василае барои пайдо намудани муҳаббати Худованд аст ва ин гуна муҳаббат машруъ ва дуруст аст. Ифрот намудан дар он зараре надорад, зеро он аз ҳади шаръӣ набаромада аст ва боиси бад кардан ва ё душманӣ бо дигарон нагардида ва дуюм, муҳаббат бо маъноӣ истилоҳӣ, яъне муҳаббати табии онҳо ҳамчуни шахсият, яъне Алиро барои шуҷоату комил будан, ва Ҳасану Ҳусайнро барои фазилату хусусиятҳои онҳо дӯст доштан бошад. Бидуни алоқаи онҳо бо Паёмбар (с.а.в), ҳатто шахсоне онҳоро дӯст медоранд, ки Худову Паёмбар (с.а.в)-ро намешиносанд. Пас, ин гуна муҳаббат василае барои муҳаббати Худо ва Паёмбар (с.а.в) нест. Агар дар ин муҳаббат ифрот набошад, он ба бад гуфтану душманӣ варзидани дигарон мерасонад.

Ҳамин тавр, баъзеи онҳо, ҳамон гуна ки ҳадис баён намудааст, дар муҳаббати Алӣ (р) ифрот намуда, аз Абӯбакру Умар (р) безорӣ баён намудаанд. Бо ин амалашон онҳо вориди зарари бузург шудаанд. Ин муҳаббати манфӣ боиси нокомии онҳо гардидааст.

Дар ривояти саҳеҳ омада аст, ки Паёмбар (с.а.в) уммати худро чунин огоҳ намудаст:

«Агар бо кибр роҳ раванд ва духтарони Форсу Рум ба онҳо хидматгор шаванд, Худованд душманиро дубора дар миёни онҳо баргардонда, бадбахтҳои онҳоро бар сари некон мусаллат мегардонад»[58]. Баъди сӣ сол, ҳамон тавре ки Паёмбар (с.а.в) фармуда буд, воқеъ шуд.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудаанд:

«Ёрони худро аз фатҳи Хайбар бо дасти Алӣ хабар додаст»[59]. Дар рӯзи оянда мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в) воқеъ шуд, Алӣ (р) дарвозаи қалъаи Хайбарро канда, ба худ сипар гирифт. Баъд аз пурра пирӯз шудан, онро ба замин андохт ва он дарвозаи бузурге буд, ки ҳатто ҳашт нафар ва дар ривояте чил нафар онро натавонистанд аз замин бардоранд[60].

Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Қиёмат барпо намешавад, то ду гурӯҳи бузург, ки даъвояшон як аст, бо ҳам биҷанганд» [61]. Аз ҷанги Сиффин миёни Алӣ (р) ва Муовия хабар додааст.

Аз ҷумлаи дигар хабарҳои Паёмбар (с.а.в)

«Амморро гурӯҳи саркаш ба қатл мерасонад» [62]. ӯ (р) дар ҷанги Сиффин кушта шуд. Алӣ (р) баъди кушта шудани Аммор далел меовард, ки гурӯҳи Муовия ҳама боғӣ ва саркашанд, аммо Муовия ҳадисро таъвил мекард. Амр ибни Ос чунин мегӯяд: «Фақат касоне, ки ӯро куштаанд,боғӣ мебошанд ва мо ҳама боғӣ нестем».

Паёмбар (с.а.в) ҳамчунин фармуданд:

«То он даме, ки Умар зинда аст, фитнаҳо зоҳир намешаванд»[63] ва ҳамин тавр ҳам буд.

Ҳангоме ки Суҳайл ибни Амр пеш аз мусулмон шуданаш дар ғазваи Бадр асир шуд, Умар (р) гуфт: «Эй Паёмбар (с.а.в)и Худо, ин мард забони бурро дорад, бигзор ман дандонҳои поини ӯро бишканам, то аз ин пас бар зидди ту суханварӣ карда натавонад». Паёмбар (с.а.в) гуфт:

 

«Эй Умар, шояд ба ҷойгоҳе бирасад, ки туро хушҳол кунад»[64]. Ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте Паёмбар (с.а.в) вафот намуданд ва ин ҳодисае буд, ки сабр дар баробари он хело мушкил буд, Абӯбакр (р) аз ҷо бархоста, мусалмононро таъзия баён намуда, дилҳои онҳоро ба тарафи субот хонд ва барои онҳо хутбаи пурмазмуне намуд. Саҳл низ дар Макка роҳи Абӯбакрро пеш гирифта, хутбае пешкаши мардум намуд, ки ба хутбаи Абӯбакр (р) монанд буд ва ҳатто ибораҳои ҳар ду ба ҳам шабоҳат доштанд.

Паёмбар (с.а.в) ба Суроқа гуфт:

«Худро чӣ гуна меҳисобӣ, агар дастбандони Қайсарро дар даст намоӣ»[65]. Дар замони Умар (р) давлати Қайсар суқут кард ва ҷавоҳироти қайсар ба Мадина оварда шуд, Умар (р) ин дастбандонро ба Суроқа пӯшонда, гуфт:

«Шукр Худоро, ки инро аз Қайсар гирифт ва Суроқаро пӯшонд ва Паёмбар (с.а.в) бо он чӣ, ки хабар дода буд, рост гуфтааст»[66].

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) фармудааст:

«Агар ин Қайсар ҳалок шавад, баъди ӯ қайсари дигаре нахоҳад омад»[67]. Сипас, ҳамон тавре ки Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд, ҳамон гуна шуд.

Паёмбар (с.а.в) ба сафири Қайсар чунин хабар дод: «Худованд писари Қайсарро ба худи ӯ вогузор намуд, ва ӯро дар он вақт ба қатл расонид…»[68] Сипас он сафир дар кушта шудани Қайсар таҳқиқ намуда, яқин намуд, ки дар ҳамон лаҳзае, ки Паёмбар (с.а.в) ин суханро гуфт, ҳодиса ба вуқӯъ омад, ки ин сабаби имон овардани ӯ шуд. Номи он сафир тавре дар баъзе ривоятҳо омадааст, Фирӯз буд.

Паёмбар (с.а.в) аз номаи Ҳотаб ибни Абибалтаъа, ки ба ба тариқи сиррӣ ба кофирони Макка равон карда буд, хабар додааст. Сипас Алӣ ва Миқдодро равон намуд ва гуфт дар фалон макон зане аст ва бо худ нома дорад, он номаро гирифта ба назди ман биёред. Ҳарду рафтанд ва дар ҷойи баённамудаи Паёмбар (с.а.в) номаро дарёфтанд ва онро гирифта ба Паёмбар (с.а.в) ҳозир намуданд. Паёмбар (с.а.в) Ҳотабро ба назди худ хонд ва гуфт: «Чӣ чиз туро ба ин амал водор кард?». ӯ узри худро баён кард ва Паёмбар (с.а.в) узри ӯро пазируфт[69]. Ин ривоят саҳеҳ ва собит шудааст.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) дар бораи Утба ибни Абӯлаҳаб гуфт:

«ӯро саги Худо мехӯрад»[70]. Паёмбар (с.а.в) аз оқибати бади ӯ хабар дод. Баъди муддате Утба ба тарафи Яман рафт ва дар роҳ ҳайвони дарандае ӯро хӯрд. Дуои Паёмбар (с.а.в) бар ӯ рост баромад.

Ривояти саҳеҳ аст, ки ҳангоме Паёмбар (с.а.в) Маккаро фатҳ намуд, Билолро дастур дод, ки болои Каъба баромада, азон диҳад. Дар ҳоле ки Абӯсуфён ибни Ҳарб, Уттоб ибни Усайд ва Ҳорис ибни Ҳишом, ки аз сардорони Макка буданд, дар саҳни Каъба нишаста буданд. Уттоб гуфт: «Худованд Усайдро бо надидани ин рӯз икром намуд». Ҳорис гуфт: «Муҳаммад ғайр аз ин зоғи сиёҳ дигар муаззине пайдо накард!». Дар ин ҳангом Абӯсуфиён гуфт: «Ман чизе намегӯям ва агар чизе бигӯям, ин сангҳо ба ӯ (с.а.в) хабарро мерасонанд». Паёмбар (с.а.в) ба назди онҳо омаду гуфт: «Он чи, ки шумо гуфтед, ман медонам» ва суханони онҳоро барояшон зикр намуд.

Сипас Ҳорис ва Аттоб гуфтанд: «Мо шаҳодат медиҳем, ки ту Паёмбари Худо мебошӣ, касе ба ин гуфтаҳои мо огоҳӣ надошт, ки гӯем ӯ хабарро ба ту расондааст»[71].

Пас, аҷаб ба касе, ки ба ин Паёмбар (с.а.в) имон намеоварад.

Эй мулҳид! Ба ин ду марди сардорони сарсахти Қурайш фикр намо, ки чи гуна дар баробари як хабари ғайбии Паёмбар (с.а.в) нафсҳои худро нагузоштанд то  имон оварданд. Пас дили ту чи қадар вайрон аст, ки бо шунидани ҳазорон мӯъҷизаҳои ба ин монанд, ки бо роҳҳои саҳеҳ ва тавотури маънавӣ ривояту собит шудаанд, итминон пайдо намекунад…

Бармегардем ба мавзӯъ.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в)  аз моле хабар додааст, ки амакаш, Аббос дар назди ҳамсараш, Умми Фазл пинҳон намуда буд [72]. Ва ҳангоме, ки Аббос дар Бадр асир афтод, аз ӯ мол талаб карданд ва ӯ дар ҷавоб  гуфт: «Ман мол надорам». Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт: «Молеро, ки дар назди Умми Фазл гузоштӣ, чӣ мекунад?» . ӯ гуфт: «Ғайри ман ва ҳамсарам касе инро намедонист». Сипас имон овард[73].

Ҳамчунин собит шудааст, ки Лабиди яҳудӣ барои азияти Паёмбар (с.а.в) бо мӯй дар шона ҷоду намуду онро дар чоҳе партофт. Паёмбар (с.а.в), Алӣ ва саҳобагонро амр намуд, то ба фалон чоҳ рафта, ашёе, ки дар он ҷоду баста шудааст, берун оранд. Онҳо рафтанд ва он ашёро пайдо намуда, ҳозир намуданд. Ҳар гоҳ Паёмбар (с.а.в) гиреҳеро аз он боз менамуд, дардаш камтар мешуд[74].

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба гуруҳе, ки дар миёни онҳо Абӯҳурайра ва Ҳузайфа буд, фармуданд:

«Дандони яке аз шумо дар Дӯзах мисли кӯҳи Уҳуд мебошад»,[75] яъне аз муртад шудани якеи онҳо ва баёни оқибати ӯ хабар додааст. Абӯҳурайра мегӯяд: «Ҳамаи ҳозирини он гуруҳе мурданд ва фақат ман ва як марди дигар боқӣ мондем ва ман дар хавф будам, вале он мард муртад шуд ва дар ҷанги Ямома кушта шуд»[76] ва ҳақиқати хабари Паёмбар (с.а.в) зоҳир шуд.

Ҳамчунин дар қазияи Умайр бо Сафвон собит шудааст, ки ӯ бо Сафвон пинҳонӣ сӯҳбат намуда, ба ӯ шарт гузоштааст, ки агар Паёмбар (с.а.в) ро ба қатл расонад, ба ӯ молу маблағи зиёде медиҳад. Вақте Умайр барои куштани Паёмбар (с.а.в) меояд, Паёмбар (с.а.в) ӯро аз мақсадашу рози пинҳонияшон хабар дода, дасти мубораки худро ба синаи ӯ мегузорад ва ӯ имон меоварад [77].

Дар ҳақиқат, баъди ин ҳама мисолҳои зиёд аз хабарҳои ғайбии Паёмбар (с.а.в), ки дар китобҳои саҳеҳи шашгона омадаанд, онҳоро бо санадҳои машҳур баён кардаанд. Бисёр ҳодисаҳои зикршудаи ин китоб дар ҳукми тавотури маънавӣ буда, бо яқин ва қатъӣ собит шудаанд. Кутуби Бухорӣ ва Муслим, ки бо қавли зиёди донишмандон дурусттарин китоб баъди Қуръон мебошанд, ин ҳодисаҳоро зикр намудаанд. Ҳамчунин  дар китобҳои саҳеҳи сунан чун Тирмизӣ, Нисоӣ, Абӯдовуд ва «Мустадрак»-и Ҳоким, «Муснад»-и Аҳмад ибни Ҳанбал ва «Далоил»-и Байҳақӣ низ бо санад ривоят шудаанд.

 

Пас эй мулҳиди ғофил! Суханони лоф мазан!

Магӯ Муҳаммад (с.а.в) як марди доное буд ва нашавад, ки бо ин баҳона масъаларо тарк намуда, аҳамияте ба он надиҳӣ! Ин хабарҳои рост, яъне ӯ даст ба корҳои ғайбӣ мезанад, аз ду амр холӣ наоянд. Ё он ки мегӯед ин мард нигоҳи амиқ ва ақли васеъ дорад, яъне чашми биное дорад, ки бо он гузаштаю ояндаи оламро мебинаду дар он ҳама чизро бо ҳама ҳодисаҳо медонад, пас кулли атрофи замин бо шарқу ғарб зери назари шоҳидони ӯст ва чунон дониши бузург дорад, ки ин барояш имконият медиҳад, то умури гузашта ва ояндаро ҳис намояд! Ин ҳолат, ҳамон гунае ки ҳама медонед, дар одамӣ дида намешавад. Агар дар одаме ҳам рух диҳад, он мард фарди фавқулодда ва соҳиби истеъдодест, ки Худованд ба ӯ додааст ва ин дар ҳади зоти худ мӯъҷизаи бузург аст. Ё ин ки маҷбурӣ инро қабул намоӣ, ки он шахси бузургвор шогирд ва маъмурест, ки аз тарафи бинандаи ҳама чиз ҳидояту таълимотро мегирад, аз тарафи оне, ки дорои қудрати тасарруф дар ҳама кор, дар ҳар замону макон аст. Ҳама чиз дар Лавҳулмаҳфуз навишта шудааст ва хостаи худро дар ҳар вақт ба шогирди худ таълим медиҳад. Пас собит мешавад, ки Муҳаммад (с.а.в) таълимотро аз муаллими азалии худ касб намуда, онро ба дигарон таблиғ мекунад.

Собит шудааст, ки ҳангоме Паёмбар (с.а.в) Холид ибни Валид (р)-ро равон кард, то бо Акидар, сардори қабилаи Давматулҷандал биҷангад, ба ӯ чунин дастур дод:

«ӯро дар ҳолати шикор намудани гов (ваҳшӣ) пайдо мекунед»[78]. Ҳамчунин хабар дода буд, ки ӯро бидуни ҷанг асир намуда, меорад. Холид рафт ва ӯро дар ҳолате дид, ки Паёмбар (с.а.в) васф намуда буд ва ӯро бидуни муқовамат асир гирифт.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба Қурайш хабар додааст, ки кирме саҳифаи онҳоро, ки дар он Ибни Ҳошимро маҳкум намуда, бо онҳо қатъи хешутаборӣ намуданд, хӯрдааст ва фақат дар он номи Худоро боқӣ гузоштааст. Онҳо чунончи Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд, саҳифаро, ки дар Каъба овезон буд, пайдо мекунанд[79].

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) аз паҳн шудани бемории вабо дар фатҳи Байтулмуқаддас хабар дода буд. Дар замони Умар (р) ин беморӣ хело густариш ёфта, дар муддати се рӯз ҳафтод ҳазор нафарро ба ҳалокат расонид.[80]

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) аз бунёд гардидани Басра[81] ва Бағдод[82] қаблан хабар дод. Ҳамчунин аз ҷамъоварии тамоми хазинаҳои замин ба Бағдод низ хабар доданд.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) аз ҷанги бо туркҳо ва қавмҳое, ки дар атрофи баҳри Хазар зиндагӣ мекунанду сипас бисёри он қавмҳо ба ислом мушарраф мешаванд ва пайдоиши империяи араб хабар доданд[83], Дар ин мавзӯъ Паёмбар (с.а.в) мефармояд:

«Аҷам дар миёни шумо зиёд мешаванд ва моли шуморо хӯрда, шуморо ба қатл мерасонанд»[84].

Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Ҳалоки умматони ман дар дасти фарзандони Қурайш мебошад». Паёмбар (с.а.в) дар ин ҳадис аз Язиду Валид ва амсоли онҳо, ашрофзодагони умавиҳо хабар медиҳад[85].

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) аз сар задани муртадшавӣ дар баъзе аз манотиқ ба монанди Ямома хабар додааст[86].

Дар ғазваи Хандақ Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

 

«Дигар Қурайш ва ҳампаймонони онҳо ба ман ҳамла намекунанд, балки мо ба онҳо ҳамла мекунем»[87]. Ва ҳамин гуна ҳам шуд.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ду моҳ пеш аз марги худ гуфта буд:

«Бандаро ихтиёр гузоштаанд ва ман он чи дар назди Худо аст, интихоб намудам»[88].

Паёмбар (с.а.в) дар ҳаққи Зайд ибни Савҳон фармудааст:

«Як узви ӯ пеш аз худаш ба Биҳишт меравад». Сипас дасти ӯ дар ҷанги Наҳованд, дар ҷиҳод бурида шуда, шаҳид шуд ва пеш аз ӯ вориди Биҳишт гардид [89].

Бо ин ҳама корҳои ғайбие, ки дар хусуси он баҳс намудем, аз миёни даҳ намуди мӯъҷизаҳо танҳо яктои он мебошад ва мо ҳамаи он даҳ мӯъҷизаро баён накардаем, балки танҳо мухтасаран чор намуд хабарҳои ғайбиро, ки махсуси Қуръон мебошанд, дар «Калимаи бисту панҷум» баён кардаем.

Дар ин намуд мӯъҷиза фикр намуда, онро ба он чор навъи дигар, ки Паёмбар (с.а.в) аз он ба забони Қуръон хабар додааст, изофа намоем, мебинем, ки чи гуна як далели қатъию ошкорро ташкил мекунад ва он касе, ки дилу ақлашро аз даст надода бошад, онро қабул мекунад ва ба ин боварӣ мерасад, ки ин Паёмбари акрам (с.а.в), Паёмбари Офаридгори ҳама чиз ва олиме ба ғайб буда, аз ғайб хабар медиҳад.

ИШОРАИ ҲАФТУМ

Як чанд мӯъҷизаи Паёмбар(с.а.в) -ро дар хусуси баракат дар таом ҳамчун намуна, аз миёни дигар мӯъҷизаҳояш зикр мекунем. Ин мӯъҷизаҳо бо ривоёти саҳеҳ, возеҳ ва бо далелҳои қонеъкунандаю собиткунанда тасдиқ шудаанд

 

                                        Пешгуфтор

 

Мисолҳо роҷеъ ба мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в)  дар боби баракати таом як қисмати мӯъҷизаҳо буда, бо дувоздаҳ шоха ривоят шудаанд. Бештари ин мӯъҷизаҳо дар назди ҷамоати бузурге аз саҳобагон, ки холӣ аз дурӯғ гуфтан ва дигар сифатҳои пасти инсонӣ буданд, рух додааст. Бояд зикр намуд, ки онҳо дар мақому манзалат ва сидқу амонатдорӣ мақоми хоса доштанд.

Мисол барои тавзеҳ. Яке аз саҳобагон ривоят мекунад, ки ҳафтод нафар аз як табақи хурд таом хӯрданд ва ҳамаи онҳо сер шуданд. Инро дар ҳоле қисса мекард, ки ҳафтод мард онро мешунид ва на нафаре ба ӯ ихтилоф кард ва на ӯро рад намуд, балки ҳамаи онҳо бо сукути худ гуфтаи он мардро тасдиқ намуданд.

Саҳобагони киром дар беҳтарин аср, дар роҳи ҳақ ва сидқу амонатдорӣ зиндагӣ мекарданд. Аз олуда шудан ба ботил худро ҳифз мекарданд. Агар касе аз онҳо ҳангоми ибрози ривоят заррае майл ба сӯйи дурӯғ медид , хомӯш намемонд, балки фавран сухани сухангӯро рад мекард.

Пас фазилати ин ривоятҳо дар он аст, ки онҳо бо роҳҳои гуногун ривоят шудаанд. Касоне ки дар он замон ин қиссаҳоро шуниданд, аммо сокит монданд,  шаҳодат аз он аст, ки ривоятҳоро тасдиқ мекунанд. Ҳикмати хомӯшии онҳо ин аст, ки гӯё ровии ин қиссаҳо худи онҳоянд. Ин амали онҳо ба он водор мекунад, ки чунин ривоятҳо мутавотир номида шаванд.

 

Умуман таърих ва хосатан сирати Паёмбар (с.а.в) гувоҳӣ аз он медиҳад, ки саҳобагони киром баъд аз ҳифзи Қуръони карим ҳадиси шарифро ҳифз мекарданд. Намуд, рафтор, кирдор, гуфтор ва тақрироте, ки бо назардошти мансубият ба аҳкоми шариат ва мӯъҷизаҳои Паёмбар дошт, саҳобагон ҳамаро аз бар намуда буданд. Масъали ҳифзи илми ҳадисро ҳеҷ гоҳ канор намегузоштанд (Худованд барои онҳо беҳтарин подошро ато намояд). Хурдатарин ҳаракате, ки дар сирати мубораки Паёмбар  анҷом мепазируфт, аз ҳамон ҳолатҳо ва ҳаракатҳои Паёмбар  барои худ далел ва ҳуҷҷатҳо гирифта, ҳамаи онҳоро ҷамъоварӣ намуда, дар пеши худ девонҳо месохтанд. Ҳафт нафаре, ки номашон бо номи Абдуллоҳ оғоз меёбад, онҳо аз рӯйи номашон ба Абдуллоҳҳои ҳафтгона машҳуранд. Ҳамаи онҳо Қуръони каримро ҳифз намуда, илми ҳадиси шарифро низ дар замони саҳобагон аз худ намуда буданд. Ду нафари инҳо дар баробари ин бо тарҷумони Қуръони карим машҳур гардида буданд. Аз ҷумлаи онҳо Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Зубайр буданд. Ҳамин тавр, дар замони худ саҳобагон ин мактабро таъсис намуда, баъди сӣ ва чил сол ба дасти бузургони тобиъин ҳамчун амонат супориданд. Ин бузургон бо як ихлосмандӣ ин амонатро қабул намуда, онро нигоҳ доштанд. Бо навиштаҷот ва таълифоти худ ҳадисҳоро нигоҳ доштанд. Пас аз гузашти дусад сол аз ҳиҷрат ба соҳибони сиҳоҳи шашгона онро ба амонат супориданд. Сарони сиҳоҳи шашгона, Имом Бухорӣ ва Муслим буданд. Сипас замони аҳли интиқод, илми ҷарҳу таъдил, ки илми ҳадисро таҳқиқ мекунанд, фаро расид. Аз ҷумлаи муборизини машҳури ин мактаб Ибни Ҷавзӣ буд, ки ҳадисҳои мавзӯъро, ки мулҳидону ҷоҳилон ҳамчун дасиса дар илми ҳадис ворид карда буданд, аз ҳадисҳои саҳеҳ ҷудо карданд. Сипас олимони бо зуҳду тақво идомадиҳандаи ин кори бузург шуданд. Намунаи онҳо Ҷалолиддини Суютӣ мебошад. Дар канори равзаи Паёмбар маскан гирифта, ҳадисҳои саҳеҳро аз ҳадисҳои мавзӯъ ва дигар каломҳои буҳтон бо чунин шакл тоза мекард.

Ҳар гоҳ ҳадисҳоро дар назди равзаи Расули акрам (с.а.в) қироат мекард, агар садои калимаи саҳеҳро ҳафтод маротиба аз Расули акрам (с.а.в) дар хобаш монанди дар бедорӣ намешунид, онро ҳамчун ҳадиси саҳеҳ қабул намекард. Ин заҳаматҳои наҷиби бузургон оид ба илми ҳадис ва мӯъҷизаҳои дурбори Паёмбар (с.а.в) буданд, ки то замони мо расиданд. Баъди он аҳодиси Паёмбар (с.а.в) даст ба дасти аминҳо мунтақил мешуданд.

Пас, бояд Худовандро шукр намуд, ки ин ҳама аз фазлу бузургии Парвардигори мост.

Пас, набояд чунин савол моро домангир шавад, ки бо вуҷуди ба вуқӯъ омадани ин ҳама ҳодисаҳо чӣ тавр ҳадисҳои Паёмбар (с.а.в) дар ҳифзу амон монданд.

 

Чанд мисол

аз мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в.) роҷеъ ба баракати  таом.

 

Мисоли аввал. Сиҳои ситта намунае аз ин мӯъҷизаҳоро зикр менамояд, ки Имом Бухорӣ ва Муслим дар саҳеҳайни худ онро қайд кардаанд. Ҳадисеро Анас (р) ривоят намуда чунин мегӯяд: «Паёмбар (с.а.в) навдомод ва Зайнабро ба никоҳи худ дароварда буд. Модари ман, Умми Сулайм каме аз хурмову равған ва таоми андак, ки ҳиссаи як нафар буд, дар як косаи хурд омода карда ба ман доду гуфт, ки инро назди Паёмбар (с.а.в) бибар ва ба ӯ бигӯ модарам инро барои шумо равон карда ба шумо салом мегӯяд ва хоҳиш дорад ин тушаи андаки моро қабул кунад. Онро ба назди Паёмбар (с.а.в) бурдам ва суханҳои модарамро ба ӯ расонидам.

Паёмбар (с.а.в) ба ман гуфт онро дар ин ҷо бигузор ва рафта фалону фалониҳоро (номҳояшонро номбар кард) даъват намо. Ҳамчунин ҳар касеро, ки вомехӯрӣ, даъват намо. Ман рафта, шахсонеро, ки номбар карданд ва ҳамчунин касонеро, ки вомехӯрдам, даъват намудам. Чун баргаштам, макон хело танг буд ва Паёмбар (с.а.в) аз ман пурсид, ки чанд нафарро даъват намудӣ? Ман ба эшон гуфтам, ки наздик ба сесад нафар. Сипас Расули акрам (с.а.в)-ро дидам, ки дастони мубораки худро дароз карду ин ибораро гуфт: «Ба он чизе ки Худо хоста бошад». Даҳ нафар – даҳ нафар даъвашудагонро ба наздаш мехонд ва барояшон мегуфт номи Худоро зикр кунед. Ҳамагӣ таомро тановул мекарданд. Ҳар кас аз пеши худаш таом мехӯрд ва як гурӯҳ медаромаду тановули таом карда мебаромад ва боз гурӯҳи дигаре медаромад. Ҳамин тавр, ҳамаи онҳо хӯрданду сер шуданд. Баъд Паёмбар (с.а.в) ба ман гуфт: «Эй Анас, ин косаро аз ин ҷо бигир». Анас мегӯяд: «Вақте косаро гирифтам, намедонам таом ҳангоми гузоштанам бештар буд ё вақти гирифтанам»[90].

Мисоли дуюм. Рӯзе аз рӯзҳо Паёмбар (с.а.в) меҳмони Абӯаюби ансорӣ шуд. Соҳиби мизбон барои ду нафар, Паёмбар (с.а.в) ва Абӯбакр (р) таом омода намуд. Паёмбар (с.а.в) Абӯаюби ансориро гуфт, ки:

«Сӣ нафар аз ашрофзодагони ансорро даъват кун». Сӣ нафарро даъват кард ва ҳамагӣ таом хӯрданд, боз таом боқӣ монд. Сипас фармуд:

«Шаст нафари дигарро даъват кун». Мизбон шаст нафари дигарро даъват намуд ва онҳо низ ба мисли гурӯҳи пешин тановули таом карданд ва боз таом боқӣ монд. Боз амр намуд, ки

«Ҳафтод нафари дигарро даъват кун». Ҳафтод нафари дигар даъват шуд ва боз таом боқӣ монд. Аз даъватшудагон ҳама бо Паёмбар (с.а.в) аҳду паймон бастанд. Ҳамин тавр, Абӯаюби ансорӣ мегӯяд: «Яксаду ҳаштод нафар даъват шуда буданд, ки ҳама таом хӯрданду сер шуданд ва таом боз боқӣ монд».[91]

Мисоли сеюм. Ҳадисе, ки Салма ибни Акваъ, Абӯҳурайра, Умар ибни Хатоб ва Абӯамраи Ансорӣ (р) ривоят мекунанд, яке аз ҳолатҳои гуруснагӣ барои Паёмбар (с.а.в) ва иддае аз мардум буд, ки дар яке аз ғазваҳо рух дод. Паёмбар (с.а.в) талаб намуд, то ҳар таоме бошад, ҷамъ намоянд. Марде, ки  наздаш каме таом монда буд, онро овард. Дигаре андаке аз ин бештар овард ва бештарин касе, ки таом овард, як паймона хурмо буд. Ҳамаи онро дар як табақ ҷамъ намуд. Салма мегӯяд, чун ҳамаи инҳоро ҷамъ намудам, ба андозаи як саргини бузғола буд. (Албатта, саргини бузғола дар ҳаҷм хело кам аст). Баъд Паёмбар (с.а.в) ҳамаи навкаронро (хизматгоронро) даъват намуд, ки табақҳои худро биоранд ва барои онҳо таом тақсим мекард. Таом барои ҳамаи онҳо басанда шуд ва аз он боз каме боқӣ монд. Дар ривояти дигар зикр шудааст, ки агар ҳамаи аҳли Замин меомаданду аз он мегирифтанд, барои ҳама басанда буд ва боз боқӣ мемонд.[92]

Мисоли чорум. Дар сиҳоҳи ситта собит шудааст ва аз ҷумла, Имом Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд, ки Абдурраҳмон ибни Абӯбакри Сиддиқ мегӯяд: «Мо ҳамроҳи Паёмбар (с.а.в) дар як сафар яксаду сӣ нафар будем. Барои каме пухтани нон хамир карда шуд. Як бузғола забҳ карда пухта шуд, фақат шишу ҷигарро кабоб карданд. Ба Худо савганд, Паёмбар (с.а.в) кабобро ба яксаду сӣ нафар саҳобагон ба ҳар яке онҳо як порча бурида дод. Ҳамаи мо аз он таом хӯрдем ва дар он таом чунон баракат омад, ки мо ҳама сер шудем ва бақияи таомро ба шутурон бор кардем».[93]

Мисоли панҷум. Дар сиҳои ситта низ собит шудааст ва ҳадисро Ҷобир ривоят мекунад, ки дар ҷанги Хандақ, Расули акрам (с.а.в) бо баракати худ ҳазор нафарро бо як коса орди ҷав хӯронид. Ҷобир мегӯяд: «Ба Худо қасам мехӯрам, ки ҳамагон аз он хӯрданд ва рафтанд. Ҳамчунон таоми мо боқӣ буд ва нони мо пухта мешуд.[94] Паёмбар (с.а.в) ҳамин қадар саҳми худро дар ин хамир гузошт, ки ба он об рехт ва дуои баракатро хонд». Ҷобир бо эълони қасам мегӯяд ин мӯъҷиза дар ҳузури ҳазор нафаре, ки дар онҷо буд, рух дод.

Ин ривоят қатъист, зеро ин ривоятро ҳазор нафар мушоҳида намуданд.

Мисоли шашум. Дар сиҳои ситта собит шудааст. Абӯталҳа амак ва ходими Паёмбар (с.а.в) аз Анас (р) ривоят намуда, мегӯяд: «Ҳазрати Анас (р) рӯзе дар зери китфи худ порае аз нони ҷавро ба назди Расули акрам (с.а.в) меовард. Паёмбар (с.а.в) амр мекунад, ки он пораи нонро боз чанд қисмат кунад. Анас (р) онро боз чор қисмати дигар кард. Паёмбар (с.а.в) дар ин пораҳо дуои баракат кард. Ҳаштод нафар мард аз он тановул карданд ва сер шуданд. Аз ҷиҳати танг будани манзил, онҳо даҳ нафарӣ вориди манзил шуда, аз он мехӯрданд ва бо ҳамин тариқ, ҳамаи онҳо сер шуданд, боз пораи нон боқӣ монд».[95]

Мисоли ҳафтум. Дар «Саҳеҳ»–и Имом Муслим, «аш-Шифо» ва дигарон собит шудааст, ки Ҷобири ансорӣ мегӯяд: «Як марде назди Паёмбар (с.а.в) омад ва таом талаб кард. Паёмбар (с.а.в) барои он мард хурмо ва сабӯси ҷавин дод. Ин мард инҳоро ҳамроҳи ҳамсараш ва меҳмоне, ки ба хонааш омада буд, хӯрданд. Баъди он бақияро вазн кашиданд, ки чӣ қадараш кам шудааст. Онҳо диданд, ки баракат аз инҳо гирифта шудааст ва рӯз аз рӯз кам мешавад. Ба Паёмбар (с.а.в) инро нақл намуданд. Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Шумо агар вазн намекашидед, баракати он ҳамеша боқӣ мемонд ва шумо солҳои дароз аз он истеъмол мекардед».[96]  

Мисоли ҳаштум.

Ин дар китоби сиҳоҳи ситта, монанди Имом Тирмизӣ, Насоӣ, Байҳақӣ ва китоби «аш-Шифо» аз Самра ибни Ҷандаб зикр шудааст, ки марде бо нияти зиёрати Паёмбар (с.а.в) бо андаке аз гӯшти пухта вориди манзили Паёмбар (с.а.в) шуд. Баъди ин гурӯҳ-гурӯҳ мардумон вориди манзили Паёмбар (с.а.в) мешуданд ва аз он гӯшт тановул мекарданд. Қавме менишасту қавми дигаре беруни манзил мешуд. Ин ҳолат аз субҳ то шаб идома ёфт. Бо назардошти он мӯъҷизаҳое, ки дар муқаддима зикр намудем, танҳо ин пайдоиши баракат дар ривояти Самра нест, ки гурӯҳҳо ва қавмҳо аз он ошомиданду сер шуданд, балки эълони ин ривоят, намунае аз онҳост.[97]

Мисоли нуҳум. Мардони боэътимод ба монанди Шифо ибни Абишайба, Табаронӣ ва олимони муҳаққиқ бо як санади хуб аз Абӯҳурайра ривоят мекунанд, ки ӯ мегӯяд: «Паёмбар (с.а.в) маро амр кард, то аҳли Суффаро даъват намоям. Аҳли Суффа ҳама муҳоҷирони фуқаро буданд ва теъдоди онҳо каме бештар аз сад нафар буд. Ҳамаи онҳоро дар масҷид ҷой намуданд ва боз дигарон ҳам ба сафи онҳо пайваст шуданд. Табақи таомро дар миёни онҳо гузоштанд, ҳамаи онҳо таомро хӯрданд ва аз он фориғ шуданд, табақ ба монанди аввалааш пур аз таом боқӣ монд. Ин аз асари расидани ангуштони мубораки Паёмбар (с.а.в) бар ин таом буд».[98]

Абӯҳурайра санади ин ривоятро, ба ҳамаи аҳли Суфа, ки онҳо ровии ин қисса ҳастанд, рабт медиҳад ва онро ривояти қатъӣ мешуморад. Пас, оё имкон дорад чунин хабарро такзиб кард, ки аҳли Суфа ҳама аҳли сидқу шахсони баркамол буданд ва ҳеҷ яке аз онҳо инро рад накарданд.

Мисоли даҳум. Бо як ривояти саҳеҳ аз Алӣ (р) омадааст. Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Рӯзе Паёмбар (с.а.в) Бани Абдулмуталлибро ҷамъ намуд, ки теъдодашон чил нафар буд. Дар миёни онҳо касоне буданд, ки ба танҳоӣ як шутурбачаро ва чор қадаҳ ширро, ки маъмулан барои се ё чор нафар кофӣ буд, мехӯрд. Барои ин адади мазкур гӯшту шир бениҳоят кам буд. Сипас Паёмбар (с.а.в) дасти муборакашро бар таом дароз карду дуои баракатро хонд ва барои қадаҳҳои шир ҳам дуо кард. Ҳама аз он гӯшту шир истеъмол карданд, сер шуданд ва боз он гӯшту шир ба монанди аввал боқӣ монд».[99]

Ин ҳам яке аз намунаҳои мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) аст, ки марди ғаюри исломӣ, ҳазрати Алӣ (р) онро ривоят мекунад ва бояд зикр кард, ки он бо далели қатъӣ собит шудааст.

Мисоли ёздаҳум. Бо ривояти саҳеҳ собит шудааст. Ҳангоми хонадор шудани ҳазрати Алӣ (р) бо Фотима (р), Паёмбар (с.а.в) ҳазрати Билолро амр кард, то чор ё панҷ паймона гандумро омода намуда  барои ин маросими арусӣ сари шутуреро бибуранд. Ҳазрати Билол мегӯяд: «Дар ҳақиқат ин корро кардам ва ба назди Паёмбар (с.а.в) овардам ва ӯ ба сари он бо дасташ бизад. Сипас мардум гурӯҳ-гурӯҳ даромада, таом мехӯрданд ва ин таом боз боқӣ мемонд ва ба ман амр намуд, ки ин боқимондаро ба дигар ҳамсаронаш бибарам ва барояшон гуфт худ бихӯред ва ба дигарон бидиҳед»[100]. Албатта, ин издивоҷи пурбаракат сазовор аст, то маросими пурбаракат дошта бошад ва албатта, бо таъсири мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в).

Мисоли дувоздаҳум. Имом Ҷаъфари Содиқ аз падараш Абӯмуҳаммади Боқир ва Абӯмуҳаммади Боқир аз падараш Зайналобиддин ва Зайналобиддин аз Ҳазрати Алӣ (р) ривоят мекунанд, ки ӯ гуфтааст: «Фотима (р) барои ду нафар таом омода кард, барои шавҳараш, ҳазрати Алӣ (р) ва Паёмбар (с.а.в) . Таомро ба ҳазрати Алӣ (р) дод ва ба назди Паёмбар (с.а.в) фиристод, то бо ҳам он таомро бихӯранд. Паёмбар (с.а.в) ба ҳазрати Фотима (р) амр кард, то аз он таом барои тамоми ҳамсаронаш як косагӣ бигирад. Баъд аз он барои Паёмбар (с.а.в) ва ҳазрати Алӣ (р) файзу баракат дар деги таом он чунон афзуд, ки ҳамаи мо аз он таом бо серӣ хӯрдем ва боз таом дар дег боқӣ монд».[101]

Аз кори ту, эй одамизод, дар тааҷҷуб афтодаем, ки чӣ гуна ба ин мӯъҷизаҳои ошкор ва равшан бовар надошта боши, ки ҳамаи ровиҳо аз табақаи мардони покдоман ҳастанд. Ҳатто шайтон наметавонад роҳеро барои инкор кардан пайдо кунад.

Мисоли сездаҳум. Абӯдовуд, Аҳмад ибни Ҳанбал ва Байҳақӣ аз Дукайни Аҳмасӣ ибни Саъиди Музин, аз як саҳобие, ки ҳамроҳи шаш бародари худ мушарраф ба сӯҳбати Расули акрам (с.а.в) шуда буданд, ривоят мекунад, ки ҳамон саҳобӣ Нуъмон ибни Муқрини Аҳмаси Музин аст. Аз ҷумлаи ровиёни ин қисса Ҷарир ҳам ҳаст ва ин қисса бо роҳҳои гуногун ривоят шудааст.

Расули акрам (с.а.в), ҳазрати Умар ибни Хаттобро амр намуд, ки боз чорсад нафар савораро аз Бани Аҳмас тӯшаи роҳ бидиҳад. Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Эй Расули Худо (с.а.в), танҳо каме хурмо боқӣ мондааст».

Расули Худо (с.а.в) гуфт: «Бирав, онро зиёд кун!». Андак хурмо дар косае монда буд, ба миқдори он ки як шутурбача саргин мекунад (яъне аз лиҳози камӣ онро ба ин монанд кардааст). Ҳама даъват шуданд ва аз он хурмо истеъмол намуданд, ҳамагон сер шуданд ва он хурмо ҳамон миқдоре, ки буд, боз боқӣ монд.[102]

Пайдо шудани ин баракат танҳо ба ҳазрати Умар (р) тааллуқ надорад, балки ба ҳамон чорсад нафаре, ки даъват шуда буданд, тааллуқ дорад ва ҳамаи онҳо ровии ин қисса ва ин мӯъҷиза ҳастанд. Сукути онҳо дар баробари ривояти ҳазрати Умар (р) худ нишонгари тасдиқи онҳост. Ин хабарро иҷтиҳод гуфта намешавад, зеро ки ровиёни ин хабар хело зиёданд ва онро тавотури маънавӣ мегӯянд.

Мисоли чордаҳум. Дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ ва Муслим собит шудааст, ки Ҷобир (р) барои пардохти қарзҳои падараш мушкилӣ мекашид. Падари Ҷобир (р) аз яҳудиҳо қарздор буд ва муддати ду сол мешуд, ки меваҳои боғашро чида ба онҳо медод, аммо аз қарз халос намешуд. Боре Паёмбар (с.а.в) дар ҳолати ҷамъоварии ҳосилаш аз пеши ӯ мегузашт ва барои ин саҳобӣ дуои баракат кард. Дар ҳамон сол барои ӯ муяссар гашт, то қарзҳои падарашро бо пуррагӣ пардохт намояд ва дар баробари ин, ҳосилоти ӯ ҳамчунон боқӣ монд. Аз ин ҳолат яҳудиёне, ки барои падари ин саҳобӣ қарз дода буданд, дар тааҷуб афтоданд.[103]

Ин мӯъҷизаи ошкорро на танҳо Ҷобир (р) ривоят кардааст, балки шахсони гуногун ривоят намуданд ва ин хабарро ҳам мутавотир номидан мумкин аст, ки ба ҳамаи иштирокчиёни он мӯъҷиза тааллуқ дорад.

Мисоли понздаҳум. Як гурӯҳ олимони муҳаққиқ ва дар раъси онҳо Имом Тирмизӣ ва Байҳақӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят мекунанд, ки боре дар яке аз ҳарбҳо бо номи ғазваи Табук саҳобагон дар ҳолати ногуворӣ қарор доштанд. Пас Паёмбар (с.а.в) ба ман (Абӯҳурайра) гуфт:

«Оё аз хӯрок чизе дорӣ?». Гуфтам: «Бале» (каме хурмо буд, ки теъдодаш ба понздаҳ адад мерасид). Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Хурмоҳоро ба назди ман биоред». Паёмбар (с.а.в) дасти муборакашро андохту як қабза бароварда, дуо хонд, сипас барои ҳамагон тақсим намуд ва амр намуд, ки даҳ нафарӣ омада хурмо бигиранд. Ҳама аз он хӯрданд ва ба пуррагӣ сер шуданд. Баъд барои ман гуфт:

«Ин хурмоҳоро бигир ва дастатро дар он дохил кун, вале қабзаатро хурд нагир». Вақте ки ман қабзаамро дохил намудам, аз пештарааш хурмо зиёдтар буд. Аз ҳамон хурмо то он замоне ки Паёмбар (с.а.в) , ҳазрати Абӯбакр, Умар ва Усмон (р) ҳаёт доштанд, ман истеъмол менамудам. Дар замони ҳазрати Усмон (р) ин неъмат аз дасти ман гирифта шуд.[104]

Дар ривояти дигар омадааст, ки аз ҳамин хурмо миқдори зиёде дар роҳи Худо сарф шуд. Ҳазрати Абӯҳурайра (р) худ таълимгирифтаи мадрасаи Муҳаммад (с.а.в) аст, ки ин мӯъҷизаро ривоят мекунад. Албатта, сифати шогирдии ин мадраса бар ҷаҳониён маъруф аст, ки чӣ гуна дуоҳо барои бақои ҳифзи ин мадраса кардааст. Ин ривоятро мо низ мутавотир мегӯем, зеро ҷамъи иштирокчиёни ин ғазва ҳама ровии ин мӯъҷиза ҳастанд.

Мисоли шонздаҳум. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва дигар сиҳоҳи ситта собит шудааст, ки гуруснагӣ бошиддат ҳазрати Абӯҳурайраро фаро гирифт. Аз паси Паёмбар (с.а.в) мерафт, ки ба Паёмбар (с.а.в) як қадаҳ шир ҳадя намуданд. Паёмбар (с.а.в) (ба ҳазрати Абӯҳурайра) фармуд, то аҳли Суффаро даъват кунад. (Ман (Абӯҳурайра) гумон кардам, ки ин як қадаҳ ширро худам нӯшида метавонам, зеро ман бисёртар мухтоҷам. Фақат барои фармони Паёмбар (с.а.в.) аҳли суффаро даъват намудам, ки теъдодашон ҳудуди сад нафар буд). Абӯҳурайра мегӯяд: «Маро амр намуд, ки ба даъватшудагон ширро тақдим намоям. Ман ба яке аз онҳо ширро додам, он кас нӯшиду ба дигараш дод, ҳамин тавр ҳамаи онҳо нӯшиданду сер шуданд. Паёмбар (с.а.в.)ба ман гуфт:

«Акнун ману ту мондем ва нишастаму ширро нӯшидам». Паёмбар (с.а.в) ба ман гуфт: «Бинӯш». Нӯшида сер шудам. Гуфт: «Боз бинӯш». Гуфтам: «Қасам ба он Зоте, ки туро бо ҳақ фиристодааст, дигар имконияти нӯшидан надорам». Пас қадаҳи ширро гирифту Худоро шукргузорӣ намуд ва бо гуфтани «Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим» боқӣ ширро бинӯшид.

Садҳо ҳазор бор нӯши ҷонат шавад, эй Паёмбар (с.а.в.)и Худо.[105]

Чунин мӯъҷизаҳои ҳақиқӣ холӣ аз шакку шубҳаҳо ҳастанд. Монанди ин мӯъҷизае, ки дар раъси он шоҳи ровиҳо, Имом Бухорӣ аст ва панҷсад ҳазор ҳадисҳои саҳеҳро солимона ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ҳифз кардааст. Барои шакку шубҳа дигар ҷое боқӣ намондааст, ки дилҳо тасдиқкунанда ва чашмҳо бинандаи ин ҳол аст.

Ровии ин мӯъҷиза худ шогирди мадрасаи Муҳаммадӣ ва худи мударриси ин мадраса муаллими башаррият аст, пас худ қазоват кунед, ки ӯ (с.а.в) чӣ гуна таълим медиҳад. Ҳазрати Абӯҳурайра яке аз шогирдони ин мадраса, шахсияти беназир ва аксар ҳолатҳо бо Паёмбар (с.а.в) буд. Бисёр чизҳоро бо чашми сар мушоҳида менамуд ва агар ин мӯъҷиза аз ягон шахси тасодуфӣ шунида мешуд, ҷой дошт ӯро фосид ё маҷнун хонд. Пас ин номумкин аст, ки чунин нобовариро дар симои як саҳобии ҷалил ва машҳур, ки тамоми умрашро дар канори Паёмбар (с.а.в) сарф намуда ва ҳадисҳои ӯро ҳифз намудааст, ҷустуҷӯ намоем. Ҳар иззатеро, ки ин саҳобӣ касб намудааст, аз рӯйи баракати ҳифзи ҳадисҳои набавӣ аст, пас оё ӯ шакку шубҳаҳоро дар ин асарҳо ҷой медиҳад ва суханеро мегӯяд, ки мухолифи ҳақ аст? Ҳаргиз не! Касе ин сухани Паёмбар (с.а.в) -ро шунидааст: «Шахсе, ки қасдан аз номи ман тӯҳматеро эҷод мекунад ва ба мардум мегӯяд, маконаш дар Дӯзах аст»?, ба ӯ (с.а.в) дурӯғ намебандад.

Парвадигоро, ба ҳурмати баракати мӯъҷизаҳои Паёмбарат (с.а.в) дар ризқу рӯзии моддию маънавии мо баракат ато бифармо.

Нуқтаи муҳим. Бадеист, ки ҳар ҷое агар маълумот бештар ҷамъ шавад, заъфияташро гум карда қавӣ мегардад. Агар риштаҳои борик бо ҳам печонда шаванд, ба як ресмони мустаҳакам мубаддал мегарданд. Шонздаҳ мӯъҷизае, ки ин ҷо овардем, аз пайдоиши баракат дар таом буд ва ҳар мӯъҷизае, ки ин ҷо зикр карда шуд, дар мақоми худаш қавӣ буд. Имкон надорад, ки якеи онро дар баробари дигаре заъиф бихонӣ. Зеро мӯъҷизаҳо ниёз ба омилҳои тақвиятдиҳанда надоранд. Ин шонздаҳ мӯъҷизае, ки мо ин ҷо зикр намудем, ҳамааш ба дараҷаи тавотур расида буданд, ки инҳоро мӯъҷизаҳои кубро мегӯянд. Агар инҳоро бо чаҳордаҳ мӯъҷизаи дигар зам карда шавад, ки дар атрофи пайдоиши баракат аст, ба як кӯҳи бошукӯҳи мустаҳакам табдил мешавад. Ҳамаи ин мӯъҷизаҳоро бо ҳам ҷамъ кунем, мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в)ро ҳуҷҷати қонеъкунанда буда, инсонро аз шакку тадрид дур месозанд. Ин ҳуҷҷатҳои возеҳу равшан аломати Паёмбариашро тасдиқ мекунанд.

Шоҳсутуни далелҳои нубуввати Аҳмадӣ мӯъҷизаҳое ҳастанд, ки ба монанди як бинои мустаҳкам паёмбарии ӯро собит месозанд. Акнун фаҳмидем, ки мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) чӣ гуна мартабаи бузургеро ишғол менамоянд. Ташбеҳи ин мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) ба як бинои боҳашамат, дуркунандаи шакку хаёл ва гумонҳо нисбати нубуватии Паёмбар (с.а.в) аст. Аз ҷумлаи мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) «Баракат дар таом» аст, ки далолаткунанда бар рост будани Паёмбарии ӯ (с.а.в) мебошад. Паёмбар (с.а.в) зери фармон қарор дошт ва маҳбуби Худованди меҳрубон буд.

Худованд ба Паёмбар (с.а.в) он неъматҳо ва мӯъҷизаҳоеро, ки аз доираи одат берун буд, ато менамуд. Дар ҳолати ногуворӣ барои Паёмбар (с.а.в) аз хазинаи ғайбаш неъматҳои рангоранг ато менамуд, ки атрофиёнро ба ҳайрат меовард. Бояд қайд кард, ки нимҷазираи Арабистон ба ҷуз беобӣ ва як биёбони хушк чизи дигар набуд. Бо илова, ки дар оғози Ислом аҳолии нимҷазираи Арабистон дар як ҳолати ногуворӣ қарор доштанд ва дар гуруснагию ташнагӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Машҳуртарин мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в) дар фаровон шудани неъмати Худованд дар ризқу обу нони ин минтақа аст. Ин мӯъҷизаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки лутфу карам ва меҳрубонию меҳмондории Худованд бар Паёмбараш хело зиёд буд. Мувофиқи ҳоҷаташ Худованд ӯро икром мекард ва ҳамин икромҳои Худованд далолат бар рост будани Паёмбарии ӯ (с.а.в) мекунанд. Зеро касоне ки дар замони ҳаёти Муҳаммад (с.а.в) шоҳиди ҳоли чунин мӯъҷизаҳои ӯ (с.а.в) буданд, худ тақвиятбахши имони онҳо буд. Ҳар вақт мӯъҷизае зоҳир мешуд, имони онҳо ҳамон қадар зиёд мегардид. Афзудани чунин мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) нур болои нури имони онҳо мешуд.

 

ИШОРАИ ҲАШТУМ

қисме аз муъҷизотеро баён мекунад, ки ба об тааллуқ доранд.

Муқаддима

Ҳодисаҳое, ки миёни мардум ба вуқуъ меафтанд, ҳатто агар як нафар онро ривоят кунад ва аз ҷониби дигарон дурӯғ ҳисобида нашавад, далолат бар сидқи вуқуъи он ҳодиса мекунад. Зеро фитрати солими инсон дурӯғро бад мебинад ва онро инкор мекунад. Бахусус он саҳобагон, ки дар баробари дурӯғ сокит намемонданд, махсусан дар ҳолате, ки ин ҳодисаҳо ба Паёмбари Худо (с.а.в) тааллуқ дошта бошанд, ва аз он ҳам дақиқтар он ровиён саҳобагони машҳур мебошанд. Пас ровии хабари оҳод дар он ҳолат чун намоянда аз ҷониби он ҷамъе аст, ки айнан мушоҳада намудаанд. Дониста бошем, ки ҳар мисоле аз мисолҳои вобаста ба об бо роҳҳои гуногун аз саҳобагони киром ривоят шуда, онро имомон ва олимони тобиин ҳифз намуданд ва ҳар ривояти онро бо амонати бузург ба касоне, ки баъди онҳо дар асрҳои оянда меомаданд, месупориданд. Олимони ин аср он ривоётҳоро бо тамоми ҷиддияту амонат қабул намуда, ба олимони асри оянда нақл менамуданд ва ҳамин гуна ҳазорон олимони бузург дар ҳар асру табақа пайи ҳамдигар нақл намуданд, то оне ки имрӯз ба мо расиданд. Илова бар оне, ки китобҳои ҳадис дар замони Паёмбар (с.а.в) навишта шуда буданду аз даст ба даст мунтақил мешуданд, (то он ки ба дасти имомони ҳадис ба монанди Бухорӣ, Муслим расиданд) онро пурра фаҳмида буданд ва ин ривоятҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо ва табақабандӣ менамуданд. Онҳо ҳадисҳои саҳеҳеро, ки холӣ аз шубҳа мебошанд, дар китобҳои саҳеҳи худ ҷамъ намуда ба сӯйи ҳақ роҳнамоӣ карданд.

“Худованд онҳоро ҷазои хайр диҳад”.

Мисол. Баромадани об аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) ва об додани мардуми бисёр бо ривоёти мутавотир нақл шудаст. Онро ҷамъи азиме нақл намуданд, ки бар дурӯғ ҷамъ шудани онҳо имкон надорад ва маҳол аст. Пас, ин мӯъҷиза қатъӣ собит шудааст, бо вуҷуди он ки се бор дар назди се ҷамоъати бузург рух додааст. Ин ҳодисаро бо ривояти саҳеҳ ҷамъи саҳобагон ва дар муқаддимаи онҳо Анас (ходими Паёмбар (с.а.в)), Ҷобир ва Ибни Масъуд (р) ривоят намудаанд ва имомони ҳадис чун Бухорӣ, Муслим, Имом Молик, Ибни Шуайб ва Қатода (р) бо ривоятҳои силсилавӣ ба мо нақл намудаанд.

Ҳоло нӯҳ мисол аз муъҷизоти мутааллиқ ба обро зикр мекунем.

Мисоли якум. Дар саҳеҳайни Бухорӣ, Муслим ва дигар китобҳои ҳадис аз Анас ибни Молик (р) собит шудааст, ки ӯ мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в)-ро дидам, ки вақти намози аср наздик мешуд ва мардум мехостанд таҳорат кунанд, аммо об пайдо намекарданд, дидам, ки ба назди эшон кӯзаи обе оварданд ва Паёмбар (с.а.в) дастони худро дар он кӯза гузошт, об аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) берун шуд ва ҳама мардум таҳорат намуданд”. Қатода мегӯяд аз Анас пурсидам, ки чанд нафар будед? ӯ гуфт: “Сесад нафар ё наздик ба он” [106].

Дар ин ривоят мебинед, ки Анас ин ҳодисаро ҳамчун намоянда аз он 300 нафар ривоят мекунад. Пас, оё имкон дорад, ки он сесад нафар дар ривояти ин ҳадис аз ҷиҳати маъно шарик набошанд? Агар ин ҳодиса ба вуқӯъ наомада бошад, оё имкон дорад, ки ин сесад нафар дурӯғи Анасро ошкор накунанд?

Мисоли дуюм. Дар китобҳои саҳеҳе чун Бухорӣ ва Муслим аз Солим ибни Абӯҷаъд аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи ансорӣ (р) чунин ривоят омадааст: “Мардум дар рӯзи Ҳудайбия ташна шуданд. Паёмбар (с.а.в) бо кӯзаи обе, ки дошт, таҳорат намуд ва мардум ба сӯйи Паёмбар (с.а.в) давиданд. Паёмбар (с.а.в) ба онҳо гуфт: “Ба шумо чӣ шудааст?”. Онҳо гуфтанд: “Обе барои таҳорат ва нӯшидан надорем, магар он чи дар назди шумо аст”. Ҷобир мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в) дасти худро вориди он кӯза намуд ва об аз миёни ангуштони ӯ (с.а.в) чун чашма берун мешуд ва мо ҳамагон нӯшидем ва таҳорат гирифтем”. Солим мегӯяд ба Ҷобир гуфтам: “Шумо чанд нафар будед?”. ӯ гуфт: “Агар сад ҳазор мебудем, об барои мо кифоят мекард, аммо мо 1500 нафар будем”[107]. Аз ҷиҳати маъно мебинед, ки ровиёни ин ҳодис ба ҳазору панҷсад нафар расидааст, зеро инсон табиатан дурӯғро бад дида, мегӯяд ин дурӯғ аст, пас он саҳобагони киром, ки дар роҳи сидқу ҳақиқат ҷон, мол, падар, писар, хешовандон ва қавми худро фидо менамуданд, дурӯғ гуфтанашон маҳол аст. Бахусус баъд аз шунидани ин таҳдиди “Касе қасдан аз номи ман ҳадис мегӯяд, ҷойгоҳи худро дар Дӯзах интизор шавад”, маҳол аст, ки онҳо дурӯғро бишнаванду хомӯш бошанд. Пас, модоме ки онҳо ин ҳодисаро қабул доранду ба он эътирозе накардаанд, онҳо низ дар ривояти ин ҳодиса шарик ва аз ҷиҳати маъно тасдиқкунандаи он мебошанд.

Мисоли сеюм. Китобҳои саҳеҳ аз ҷумла Бухорӣ ва Муслим[108] дар зикри ғазваи Бувот ривоят мекунанд, ки Ҷобир гуфтааст: “Паёмбар (с.а.в) ба ман фармуд, ки:

“Эй Ҷобир, барои таҳорат кардан мардумро даъват намо”. Ба ӯ (с.а.в) гуфтем, ки об надорем. Паёмбар (с.а.в) каме об хост. Ба Паёмбар (с.а.в) каме об оварданд ва ӯ дастони худро дар он гузошт ва чизе гуфт, ки ман намедонам. Сипас фармуд:

رِدْنَا بِجَفْنَةِ الرَّكْبِ

“Бигӯ, то деги корвонро ҳозир кунанд”. Дегро ба назди Паёмбар (с.а.в)) оварданд ва Паёмбар (с.а.в) дастони худро дар дег андохт ва ангуштонашро боз намуд. Ҷобир мегӯяд: “Ба Худо қасам! Обро дидам, ки аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) ҷорӣ мешавад ва баъди лаҳзае дег пур шуд, ва сипас амр намуд, то ҳама об нӯшанд ва мардум то сер шудан об менӯшиданд. Ман гуфтам оё каси дигаре ҳаст, ки ниёз ба об дошта бошад? Сипас Паёмбар (с.а.в) дасти худро аз дег бардошт, дар ҳоле ки он пур аз об буд”.

Ин мӯъҷизаи ошкор аз ҷиҳати маъно мутавотир мебошад, зеро Ҷобир дар муқаддимаи шоҳидони ҳодиса буд ва ҳақ дорад дар бораи ин ҳодиса ҳарф занад ва аз номи мардум онро эълон кунад ва сабабаш дар он аст, ки ӯ дар он замон ходими Паёмбар (с.а.в) буд.

Ривояти Ибни Масъуд дар китобҳои саҳеҳ ба чунин сурат омадааст: “Дар ҳақиқат ман дидам, ки об аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) берун мебаромад”[109].

Аҷиб ин аст, ки саҳобагони бузургу содиқ ба монанди Анас, Ҷобир ва Ибни Масъуд онро ривоят карда бошанду дар ривояти худ ибораи дидамро истифода бурда бошанд, магар  надидани онҳо имкон дорад?

Сипас! Ин се мисолро бо ҳам ҷамъ намо, то бузургии қуввату қудрати ин мӯъҷизаро дарк намоӣ, зеро агар ҳар се роҳи ривоят бо ҳам як шаванд, ин ривоятро бо тавотури маънавии қатъӣ собит мекунанд, ки дар ҳақиқат об аз миёни ангуштони Паёмбар (с.а.в) берун шудааст. Ин мӯъҷиза аз мӯъҷизаи Мӯсо (а), ки аз санг дувоздаҳ чашма берун кард, боло ва бузургтар аст, зеро баровардани об аз санг одатан мумкин аст, аммо баромадани об ба монанди чашма аз даруни гӯшту устухон хело тааҷҷубовар аст.

Мисоли чорум. Имом Молик дар китоби пурқимати худ “Муватаъ”[110] аз саҳобагони бузург чунин ривоят мекунад: “Аз Муъоз ибни Ҷабал ривоят аст, ки онҳо дар ғазваи Табук вориди чашмае шуданд, ки оби он хело кам буд” Паёмбар (с.а.в) амр намуд оби онро ҷамъ кунанд. Саҳобагон бо дастони худ дар зарфе обро ҷамъ намуданд. Сипас Паёмбар (с.а.в) дар он зарф дасту даҳону рӯйи худро шуст ва обро дубора ба он баргардонд, аз он оби бисёр баромад ва ҳама аз он об сер шуданд. Ҳатто дар ҳадиси Ибни Исҳоқ омадааст, ки баъди он оби чашма ба фаровон баромадан гирифт ва Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт:

“Агар умрат дароз шавад, дар ин макон боғҳои зиёд мебинӣ”. Ва дар воқеъ ҳамин гуна ҳам шуд.

Мисоли панҷум. Имом Бухорӣ аз Барро ва Муслим аз Салма ибни Акваъ, дар китобҳои саҳеҳи дигар бо дигар роҳҳо ривоят шудааст, ки “Дар рӯзи Ҳудайбия ҳазору чорсад нафар будем. Дар Ҳудайбия чоҳе буд, ки мо ҳамаи оби онро берун баровардем, ҳатто дар он як қатра об боқӣ намонд. Паёмбар (с.а.в) дар лаби чоҳ нишасту фармуд, то ба ӯ (с.а.в) об биёранд ва сипас бо он об мазмаза намуду онро бо оби чоҳ якҷо кард. Баъди каме интизорӣ мо ҳама аз он чоҳ об хӯрдем ва шутуронро низ об додем.”[111]. Барроа мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в) амр намуд, то ҳар соле аз он об ба назди ӯ биоваранд ва мо об меовардем ва Паёмбар (с.а.в) оби даҳони мубораки худро дар он меандохт ва дуо менамуд ва он обро дар чоҳ холӣ менамуд. Оби чоҳ чунон зиёд гашт ва ҳатто то лаби чоҳ расид ва ҳама аз он об нӯшиданду савораҳои худро об доданд”.

Мисоли шашум. Имомони ҳадис чун Муслим ва Ибни Ҷарири Табарӣ ва дигарҳо аз Абӯқаддода (р) ривоят мекунанд, ки мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в), ҳангоме ки хабари кушта шудани сарлашкаронро шунид,[112]  барои кӯмаки аҳли Муъта равон шуд.” Ман як зарфе барои вузӯъ гирифтан бо худ доштам ва Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Ин зарфи худро нигоҳ дор, зеро дар он хабаре ҳаст.” Каме баъд мо ҳама дучори ташнагии шадид шудем ва адади мо ба ҳафтод тан мерасид (дар ривояти дигар, ки Табарӣ онро ривоят мекунад, адади онҳо сесад (300) нафар мегӯяд). Паёмбар (с.а.в) фармуд (ба Абӯқаддода (р)): “Он зарфи худро биёр” ва ман онро овардам. Паёмбар (с.а.в) онро гирифту даҳони мубораки худро ба даҳони он гузошт ва намедонам, ки дар он пуф намуд ё не, сипас баъди он ин ҳама омада, аз он об менӯшиданд ва зарфҳои худро пур аз об менамуданд, баъди ин ман онро гирифтам ва он мисли пешина пур аз об буд”[113].

Пас, биё дар ин мӯъҷизаи ошкорро фикр намо ва сипас ба Паёмбар (с.а.в) ва оли ӯ ба адади қатраҳои об дуруд бифирист.

Мисоли ҳафтум. Имом Бухорӣ ва Муслим аз Имрон ибни Ҳумайн, ҳангоме ки Паёмбар (с.а.в) бо асҳоби худ дар баъзе аз сафарҳо дучори ташнагӣ шуданд, чунин ривоят мекунанд: “Мо дар сафаре бо Паёмбар (с.а.в) будем. Мардум аз ташнагӣ ба ӯ шикоят карданд. Паёмбар (с.а.в) поён шуд ва Алӣ (р)-ро садо карду фармуд: “Ҳардуи шумо биравед ва об ҷустуҷӯ кунед”. Он ҳарду рафтанд ва занеро пайдо намуданд, ки ду обдон дошт ва онро гирифта, ба назди Паёмбар (с.а.в) оварданд. Паёмбар (с.а.в) як зарфе хост ва обро дар он холӣ кард. Сипас садо баровард, ки ҳама аз ин об бинӯшед. Ҳамаи мардум омада нӯшиданд… Ба ман чунин аён шуд, ки он аз аввала дида, пуртар буд”.

Паёмбар (с.а.в) фармуд: “Барои он зан чизе ҷамъ кунедва ҳама барои ӯ чунин карданд. Ҳатто барои ӯ дар як зарф хӯрок ҷамъ намуда, ба шутураш бор карданд. Сипас бо он зан фармуд, ки:

“Мо аз оби ту ризқ истифода накардем, балки Худованд моро сероб намуд”.[114]

Мисоли ҳаштум. Ибни Хузайма ҳадиси Ибни Умарро дар ғазваи Табук ривоят кардааст. ӯ ҳамчунин қисса мекунад, ки чи гуна онҳо дучори ташнагии сахт гардиданд, ки ҳатто ҳар мард шутури худро мекушт ва обро аз даруни он берун намуда менӯшид. Абӯбакр (р) дар ин ҳангом аз Паёмбар (с.а.в) дуо хост ва Паёмбар (с.а.в) дастони худро боло намуда, дуо намуд ва қабл аз ин ки дастонашро поён кунад, борон нозил шуд ва ҳама зарфҳои худро пур аз об намуданд, аммо борон берун аз пойгоҳи онҳо набуд”[115].

Ин маҳз мӯъҷизаи Муҳаммадӣ буда, дар он тасодуф дида намешавад.

Мисоли нуҳум. Аз Амр ибни Шуайб (набераи Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос), ки дар тахриҷи ҳадис назди соҳибони чор сунани саҳеҳ мақбул мебошад, ривоят шудааст: “Дар Зулҳиҷаз (бозоре дар Арафа) Абӯтолиб, ки дар пушти Паёмбар (с.а.в) нишаста буд, гуфт ман ташна шудаам ва обе надорам. Паёмбар (с.а.в) поён рафт ва заминро бо пойи худ мезад, то ин ки аз он об баромад, сипас Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт: “Бинӯш”[116]. Яке аз донишмандон мегӯяд ин ҳодиса қабл аз Ислом буд ва аз ҷумлаи нишонаҳои паёмбарӣ аст. Ҷорӣ шудани чашмаи Арафа баъди гузашти ҳазор сол аз ҷумлаи икроми Худованд аст ба Паёмбар (с.а.в) .

Бо ҳамин тариқ, гарчи мӯъҷизаҳо оид ба об ба навад адад расидааст, ин нӯҳ мисолеро, ки мо зикр намудем, бо навад роҳ ривоят шудаанд.

Ҳафт мисоли аввал саҳеҳ ва қатъӣ мебошанд, ба монанди тавотури маънавӣ ва ду мисоли ахир бо вуҷуди он ки санади онҳо қавӣ ва зиёд нест ва ровиёни зиёде онро ривоят накардаанд, аммо донишмандони ҳадис амсоли Имом Байҳақӣ ва Ҳоким аз Умар (р) мӯъҷизаи дигареро атрофи абрҳо ривоят мекунанд, ки барои мисоли ҳаштум, ки онро низ Умар (р) ривоят кардааст, тақвиятбахш ба шумор меравад.

Ривоят чунин аст: “Дар баъзе аз ҷангҳои Паёмбар (с.а.в) мардум дучори ташнагӣ шуданд. Умар (р) аз Паёмбар (с.а.в) хост то дуо кунад. Паёмбар (с.а.в) дуо кард, абрҳо пайдо шуданду борон борид ва ҳама аз об сер шуданд ва сипас абрҳо пароканда шуданд”[117]. Гӯё ин абрҳо маъмур буданд, то фақат бар лашкар борон биборад, зеро фақат борон дар макони онҳо борид. Пас ин ҳодиса мисоли ҳаштумро қавӣ ва таъйид намуда, онро собит мекунад. Ҳатто Ибни Ҷавзӣ, ки баъзе аз ҳадисҳои саҳеҳро рад намуда, онҳоро дар сафи ҳадисҳои мавзӯъ ҷой додааст, чунин мегӯяд: Ин ҳодиса дар ғазваи Бадр воқеъ шуда, дар шаъни он ин оят нозил шудааст, ки:

 “Ва фуруд меовард аз осмон оби боронро, то пок созад шуморо ба он”.

Пас, модоме ки ин оят дар бораи он нозил шуда онро ошкоро баён кардааст, пас дар воқеъ, дар рух додани он шакке нест.

Нозил шудани борон бо дуои Паёмбар (с.а.в) пеш аз он, ки дастони мубораки худро поён кунад, хело бисёр такрор шудааст ва ин дар навбати худ мӯъҷизаи алоҳидае мебошад. Баъзе ҳолатҳо Паёмбар (с.а.в) дар болои минбар борон талаб мекард ва қабл аз ин ки дастони худро поён кунад, борон меборид ва ин ривоят аз роҳҳои мутавотир собит шудааст.

 

ИШОРАИ НУҲУМ

Яке аз мӯъҷизаҳои Паёмбари акрам (с.а.в) ин итоат намудани дарахтон ва аз ҷояшон бархоста, ба монанди инсонҳо ба сӯйи ӯ омадани онҳост. Ин мӯъҷизаи дарахтон аз ҷиҳати маъно чун баромадани об аз ангуштони ӯ (с.а.в) мутавотиру мӯътамад буда, бо роҳҳои зиёд ривоят шудааст.

Бале! Гуфтан дуруст аст, ки канда шудани дарахтон ва бо амри Паёмбар (с.а.в) ба назди ӯ омадани онҳо мутавотири саҳеҳ мебошад,[118] зеро ин ҳадис аз тарафи саҳобагони содиқ ба мисли Алӣ, Ибни Аббос, Ибни Масъуд, Ибни Умар, Яъло ибни Мурра, Ҷобир, Анас ибни Молик, Бурайда, Усома ибни Зайд ва Ғилон ибни Салама ва дигарон ривоят шудааст ва ҳар кадоми онҳо ин мӯъҷизаи мутааллиқ ба дарахтро бо исботи қатъӣ ривоят кардаанд. Садҳо тобеин аз онҳо ин ривоятро бо роҳҳои мухталиф ривоят намудаанд, ки дар аввали ҳар ривоят саҳобие қарор гирифтааст. Яъне ин ривоят барои мо чун мутавотири дучанд нақл шудааст ва аз ин сабаб дар ин мӯъҷиза шакку шубҳа ворид шуда наметавонад, зеро ин ривоят дар дараҷаи мутавотири маънавии қатъӣ мебошад. Ин мӯъҷиза бо вуҷуди оне, ки борҳо такрор шудааст, дар ин ҷо якчанд аз ривоятҳои саҳеҳи онро дар чанд мисол баён мекунем:

Мисоли якум. Ибни Моҷа, Дорамӣ ва Байҳақӣ аз Анас ибни Молик ва Алӣ ва Баззор ва Байҳақӣ аз Ибни Умар ривоят мекунанд, ки се саҳобаи Паёмбар (с.а.в) гуфтаанд Паёмбар (с.а.в) ба сабаби такзиб намудани кофирон хело ғамгин шуда буд ва гуфт:

“Парвардигоро! Барои ман нишонае баён намо, то баъди он ба касе, ки ба ман дурӯғ мегӯяд, аҳамият надиҳам”. Дар ривояти Анас омадааст: “Ҷаброил ҳангоме Паёмбар (с.а.в)-ро ғамгин дид, гуфт: “Мехоҳӣ барои ту нишонае баён кунам?”. Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Бале!”. Сипас ба дарахте, ки дар пушти дарра буд, назар намуд. Ҷаброил ба ӯ гуфт: “Он дарахтро фарёд намо”. Он дарахт ба ҳаракат даромада, ба назди Паёмбар (с.а.в) омад, Ҷабраил ба ӯ гуфт: “Амр намо, то баргардад ва ба ҷойи худ биравад.”[119]

Мисоли дуюм. Қози Айёз, олими Мағриб, дар китоби “Шифо”-и худ бо санади саҳеҳ аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунад, ки ӯ гуфта: “Бо Паёмбар (с.а.в) дар сафаре будем, аъробие ба ӯ наздик шуд. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Эй аъробӣ, куҷо меравӣ?”. Гуфт: “Ба тарафи хонаводаи худ”. Паёмбар (с.а.в) гуфт:

“Туро ба хайре роҳнамоӣ кунам?”. Гуфт: “Он хайр чист?”. Паёмбар (с.а.в) гуфт:

“Бар он шоҳидӣ медиҳӣ, ки ба ҷуз Худо маъбуде нест ва ӯ ягона ва шарике надорад ва Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст?”. Гуфт: “Ба гуфтаи ту кӣ шоҳидӣ медиҳад?”. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Ин дарахти самурра”. Ва он дарахт дар лаби дарра буд. Он дарахт заминро шикофта, ҳар чи зуд дар назди Паёмбар (с.а.в) ҳозир шуд ва ӯ (с.а.в) се маротиба талаби шоҳидӣ пурсид ва дарахт шоҳидӣ доду сипас ба ҷойи худ баргашт”[120].

Аз Бурайда бо тариқи ибни Соҳиби Асламӣ ва бо нақли саҳеҳ ривоят шуда аст: “Аъробие аз Паёмбар (с.а.в) як нишона барои паёмбариаш пурсид. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт:

“Ба он дарахт бигӯ, ки Паёмбар (с.а.в) туро ба назди худ мехонад”. Дарахт ба тарафи росту чап ва пешу ақиб такон хӯрда, решаҳои худро аз замин боз канд ва ба назди Паёмбар (с.а.в) ҳозир шуд ва гуфт: “Салом бар ту, эй Паёмбари Худо”. Он аъробӣ гуфт: “Амр кун то ба ҷойи худ баргардад”. Сипас он дарахт бо амри Паёмбар (с.а.в) ба ҷойи худ баргашта, ба ҳолати пешини худ истод. Он аъробӣ гуфт: “Барои ман иҷозат деҳ, то ба ту саҷда намоям”. Паёмбар (с.а.в) фармуд: “Агар касеро ба саҷда амр мекардам, занро амр мекардам, то ба шавҳари худ саҷда намояд”. Сипас гуфт: “Иҷозат деҳ, то дастону пойҳои туро бибӯсам” ва Паёмбар (с.а.в) ӯро иҷозат дод”[121].

Мисоли сеюм. Имом Муслим ва соҳибони китобҳои саҳеҳ аз Ҷобир (р) ривоят мекунанд, ки гуфтааст: “Дар сафаре бо Паёмбари Худо (с.а.в) будем. Паёмбар (с.а.в) барои қазои ҳоҷат рафт ва чизе барои пӯшондани худ пайдо накард, ду дарахтро дар паҳлуи дарра дид ва ба сӯйи яке аз онҳо рафт ва барге аз онро гирифта фармуд:

“Ба ман наздик шав!”. Он дарахт монанди шутуре ба ӯ наздик шуд ва ин корро дарахти дигар низ анҷом дод. Ҳангоме ки дар байни онҳо қарор гирифт, гуфт: “Бо амри Худо маро пӯшонед”. Онҳо Паёмбар (с.а.в)-ро паноҳ намуданд”[122]. Сипас Паёмбар (с.а.в) дар пушти онҳо нишаст ва баъди қазои ҳоҷат онҳоро гуфт, ки ҳар кадом ба ҷойи худ баргардад.

Дар ривояти дигар Паёмбар (с.а.в) ба Ҷобир (р) фармуд:

“Эй Ҷобир, ба ин дарахт бигӯ, ки Паёмбари Худо (с.а.в) ба ту мефармояд, ки ба дигар дарахт пайваст шав, то ман дар пушташон биншинам”. Он дарахт ҳаракат намуд ва бо дигар дарахт пайваст шуд. Сипас Паёмбар (с.а.в) дар пушти онҳо нишаст. Ман баромадам ва нишаста, бо худам ҳарф мезадам. Ҳангоме ки рӯй гардондам, Паёмбар (с.а.в)-ро дар рӯ ба рӯйи худ дидам. Ҳарду дарахт аз якдигар дур шуда, ҳар кадомашон рост истодаанд. Паёмбари Худо (с.а.в) каме истод, сипас бо сари худ ин гуна ба тарафи чапу рост ишора намуд”[123] .

Мисоли чоҳорум. Усома ибни Зайд, ходими рости Паёмбар (с.а.в) ва яке аз сарлашкаронаш ривоят мекунад, ки дар сафаре бо Паёмбар (с.а.в) будем ва барои қазои ҳоҷат ҷойи муносибе дур аз чашми мардум пайдо накард. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Оё дарахти хурмо ё сангеро мушоҳида мекунед?”. Гуфтам: “Дарахтони хурмои бо ҳам наздикро мебинам”. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

“Бирав ва ба онҳо бигӯ, ки Паёмбари Худо (с.а.в) шуморо амр мекунад, то барои паноҳ намудани ӯ ҳозир шавед ва сангҳоро низ чунин бигӯ”. Ман суханҳои Паёмбар (с.а.в)-ро ба онҳо гуфтам ва қасам ба Зоте, ки ӯро ба дини ҳақ фиристодааст, дарахтони хурморо дидам, ки бо ҳам наздик мешаванд, то ин ки якҷо шуданд ва сангҳоро дидам, ки бар болои якдигар меистанд, то ин ки дар пушти онҳо чун девор қарор гирифтанд ва баъди он ки Паёмбар (с.а.в) қазои ҳоҷат намуд, ба ман фармуд:

“Ба онҳо бигӯ, то пароканда шаванд”. Қасам ба он Зоте, ки ҷони ман дар яди ӯст, дарахтони хурмо ва сангҳоро дидам, ки ҳама пароканда шуданд, то ин ки ба ҷойҳои худ баргаштанд”[124].

Ин ду ҳодисаеро, ки Ҷобир ва Усома ривоят кардаанд, Яъло ибни Мурра, Ғилон ибни Саламати сақафӣ ва Ибни Масъуд ба вуқӯъ омадани онро дар ғазваи Уҳуд ривоят кардаанд.

Мисоли панҷум. Алломаи даврони худ, Ибни Фаврак, ки Шофеъии дувум номида мешуд, дар “Киноя аз ҷиҳод ва фазли ӯ” зикр намудааст: “Паёмбар (с.а.в) дар ғазваи Тоиф шабона дар ҳолати нимхобӣ ҳаракат мекард, ки дарахти сидра дар пеши роҳи ӯ монеа шуд. Он дарахт дупора гашт, то аз байни онҳо гузашт ва ҳамчунин, то омадани мо ба ду соқ боқӣ монд” [125].

Мисоли шашум. Яъло ибни Сиёба ривоят мекунад, ки[126] дарахтоне бо номи талҳа ё самура ба назди Паёмбар (с.а.в) омада, атрофи ӯ давр заданду сипас ба ҷойи худ баргаштанд. Паёмбар (с.а.в) фармуд:

Иҷозат хост, то ба ман салом диҳад” (яъне аз Парвардигор иҷозат хост).

Мисоли ҳафтум. Шайхайн аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят мекунанд, ки ӯ гуфтааст: “Дарахте Паёмбар (с.а.в)-ро дар хусуси ҷин дар он шабе, ки ҷинҳо ба ӯ гӯш доданд, хабар намудааст”. Он замоне, ки ҷинҳои Насибин дар Батнинахл барои қабули Ислом омада буданд, дарахте омадани онҳоро ба Паёмбар (с.а.в) хабар дод.

Муҷоҳид аз Ибни Аббос дар хусуси ин ҳадис чунин ривоят мекунад: “Ҷинҳо ба Паёмбар (с.а.в) гуфтанд, ки кӣ ба ту гувоҳӣ медиҳад?” Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Ин дарахт”. Сипас ба дарахт хитоб намуда, ӯро ба назди худ хонд. Он дарахт решаҳои худро рӯ-рӯйи замин бардошта, бо садое монанди садои аслиҳа ба назди Паёмбар (с.а.в) омад[127].

Танҳо ҳамин як мӯъҷиза барои гурӯҳе аз ҷинҳо кофӣ буд. Пас инсоне, ки ҳазорон мӯъҷизаро аз ин қабил мешунавад, вале имон намеоварад, оё гумроҳтар аз он шайтоне нест, ки Қуръон дар бораи он аз забони дигар ҷинҳояш чунин гуфтааст:

Ва (бояд бидонед) ки аҳмақе аз мо (яъне Иблис) ифтиро мекард бар Худо дурӯғро”.

Мисоли ҳаштум. Имом Тирмизӣ аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в) ба аъробие гуфт:

“Агар ин шохаи дарахти хурморо ба назди худ бихонам, оё ту шаҳодат медиҳӣ, ки ман Паёмбари Худо (с.а.в) мебошам?.” Гуфт: “Бале!”. Паёмбар (с.а.в) он шохаро садо кард ва он парида-парида ба назди Паёмбар (с.а.в) омад. Сипас Паёмбар (с.а.в) ба он гуфт: “Баргард!”. Он ба ҷойи худ баргашт”[128].

Мисолҳои зиёде вуҷуд дорад, ки  бо роҳҳои гуногун ривоят шудаанд ва маълум аст, ки агар якчанд ришта бо ҳам ҷамъ шаванд, табдил ба як ресмонӣ қавӣ мешаванд. Ҳамчунин ҳамин мӯъҷизае, ки ба дарахт тааллуқ дорад ва бо роҳҳои гуногун аз саҳобагони гиромӣ ривоят шудааст, дар дараҷаи қувваи тавотури маънавӣ қарор мегирад, балки он худ мутавотири ҳақиқӣ мебошад. Бидуни шак, ҳангоми ривояти он аз тобеин хусусияти тавотурро мегирад, хусусан дар санадҳое, ки соҳибони сиҳоҳ ба монанди Бухорӣ, Муслим, Ибни Ҳаббон, Тирмизӣ ва ғайра пеш гирифтаанд, ҳамааш бешубҳа саҳеҳ мебошанд. Балки метавон гуфт, ки ҳар ҳадисе, ки дар Бухорӣ омада бошад, монанди он аст, ки аз худи саҳоба шунида мешавад.

Пас агар ин дарахтон Паёмбар (с.а.в) -ро шинохта, ба дигарон шиносонда бошанд ва рисолати ӯро тасдиқ карда, бар ӯ салом дода бошанд ва ҳамон гуна, ки дидем, ӯро зиёрат намуда, фармонҳои ӯро ба ҷо овардаанд, пас чӣ гуна ин мавҷуди аҳмақ, ки худро инсон меҳисобад, ӯро намедонад ва намешиносад? Оё ин барои дил ва ақл нанг нест? Оё чунин инсон аз дарахти хушк пасттар ва аз ҳезуме, ки барои оташ афрӯхтан аст, беарзиштар нест?

 

ИШОРАИ ДАҲУМ

Он чизе, ки ин мӯъҷизаҳои ба дарахт тааллуқдоштаро тақвият ва таъкид мекунад, ин мӯъҷизаи нола кардани шохи дарахт аст, ки ин ривоят аз роҳҳои мутавотир ба мо расидааст.

Оре! Дар воқеъ, нолиши шохи дарахти хушк дар масҷиди Набавӣ,  дарду алами он дар фироқи Паёмбари гиромӣ (с.а.в) дар пеши ҷамоати зиёде аз саҳобагони киром буд ва ин таъкиду тақвиятбахши мисолҳоест, ки дар боло дар робита ба мӯъҷизаҳои дарахтҳо зикр намудем. Зеро шохи дарахт аз ҷинси худи дарахт аст, вале ин мӯъҷиза мутавотир ба зот мебошад, аммо дигар мӯъҷизаҳое ҳастанд, ки қисман мутавотир ҳастанд, зеро ҷузъиёти он ва мисолҳои он ба ҳадди тавотур намерасанд.

Болои масҷиди набавӣ бо шохаҳои дархти хурмо рӯпӯш шуда буд ва ҳар вақте ки Паёмбар (с.а.в) хутба мехонданд, бар паҳлуи хурмое истода хутба мехонд. Вақте ки барои Паёмбар (с.а.в) минбар сохта шуд ва ӯ бар болои минбар хутба мехонд, садои нолае аз он дарахти хурмо шунида шуд, ки пештар дар паҳлуяш хутба мехонд. Шохи дарахт ба монанди шутури ҳомиладор нолаи дарднок мекард. Паёмбари акрам (с.а.в) ба назди он омада, бо ӯ сӯҳбат кард ва тасалияташ бахшид, сипас дарахт хомӯш шуд.

Ин мӯъҷиза бо роҳҳои зиёде ба таври мутавотир нақл шудааст.

Оре! Дар воқеъ, мӯъҷизаи нолиши дарахт машҳур аст ва хабари ин мӯъҷиза аз хабарҳои мутавотири сареҳ мебошад[129]. Дар ҳақиқат, садҳо тобеин бо понздаҳ роҳ аз ҷамоате аз саҳобагони киром онро ривоят кардаанд ва ҳамин тавр, ба ононе, ки баъд омаданд, онро расониданд. Саҳобагони бузурге ба монанди Анас ибни Молик (хидмадгори Паёмбар (с.а.в)), Ҷобир ибни Абдуллоҳи ансорӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Аббос, Саҳл ибни Саъд, Абӯсаиди Худрӣ, Убай ибни Каъб, Бурайда ва модари мӯъминон, Умми Салама (Худо аз онҳо розӣ бошад) хабарро ривоят кардаанд. Ҳар яке аз инҳо сардори гурӯҳе аз ровиёни ҳадис мебошанд. Дар воқеъ, ин мӯъҷизаи бузурги мутавоттирро Бухорӣ, Муслим ва дигарон низ ривоят кардаанд.

Аз Ҷобир (р) ривоят шудааст, ки мегӯяд болои масҷид бо шохаҳои дарахти хурмо рӯпуш шуда буд ва Паёмбари акрам (с.а.в) вақте хутба мехонд, дар паҳлӯи яке аз он дарахтони хурмо меистод бо номи . Чун барои Паёмбар (с.а.в) минбар сохтанд, ба болои минбар баромад. (Ин лаҳза) аз он дарахти хурмо садое шунидем ба монанди садои шутури ҳомиладор. Паёмбар (с.а.в) омада, дасти муборакашро бар тани вай гузоштанд, сипас дарахт хомӯш шуд[130].

Аз Анас[131] ривоят омадааст: «Ҳатто масҷид аз нолаи он ба ларза даромад».

Саҳл ибни Саъд[132] ривоят мекунад, ки вақте мардум гиряву нолаи дарахтро шуниданд, худи онҳо низ ба гиря даромаданд.

Аз Убай ибни Каъб[133] ривоят шудааст, ки чунон нола кард, ки аз (шиддати) гиря ба кафидан даромад.

Дигарон дар ривоят инро илова карданд, ки Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Дар воқеъ, ин гиряҳои ӯ барои дур шуданаш аз зикри Худо мебошад»[134]. Дар ривояти дигар омадааст:

«Қасам бар он Зоте, ки ҷони ман дар яди ӯст, агар ман ӯро ором намекардам, то рӯзи қиёмат нола мекард» (яъне аз фироқи Паёмбар (с.а.в) гирёну нолон мемонд)[135].

Дар ҳадиси Бурайда омадааст: «Вақте ки шохи дарахт нола мекард, Паёмбар (с.а.в) дасти муборакашро бар тани вай гузошта, ба ӯ гуфт:

«Агар мехоҳӣ туро ба ҳамон боғе бармегардонам, ки дар он ҷо будӣ, то решаҳои ту сабз шаванд ва шоху панҷа ва меваҳоят аз нав бисабзанд ё агар бихоҳӣ, туро дар Биҳишт мешинонам ва авлиёи Худованд аз меваҳоят мехӯранд». Сипас Паёмбари акрам (с.а.в) ба ӯ гӯш андохт, то чӣ мегӯяд ва дарахт дар ҷавоб гуфт:

«Ман мехоҳам, то маро дар Биҳишт бишинонӣ, то аз меваҳои ман дӯстони Худо бихӯранд ва дар ҷое бошам, ки дигар фано ва нобуд нашавам». Он касоне дар пушти Паёмбар (с.а.в) буданд, онҳо сухани дарахтро мешуниданд. Сипас Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Дар воқеъ, чунон кардам ва дори бақоро бар дори фано ихтиёр кард».[136]

Имом Абӯисҳоқ ал-Асфаронӣ, ки яке аз олимони илми калом мебошад, чунин мегӯяд: «Дар асл Паёмбари акрам (с.а.в) ба назди дарахт нарафтааст, балки онро ба назди худ хондааст ва дарахт заминро шикофта, ба назди Паёмбар (с.а.в) омадааст ва Паёмбар (с.а.в) онро тасаллият бахшида, сипас амр карда, то ба ҷояш баргардад».[137]

Убай ибни Каъб мегӯяд: «Баъди зуҳур шудани ин мӯъҷиза Паёмбари акрам (с.а.в) васият кардааст, ки дар зери ҳамин минбар ӯро ба хок супоранд ва чунин ҳам карданд. Паёмбар (с.а.в) ҳар вақте ки намоз мехонд, ба сӯйи ӯ намоз мехонд». Вақте ки масҷидро барои аз нав сохтан хароб карданд, Убай он дарахтро гирифта, дар пеши худ то пӯсида аз байн рафтанаш нигоҳ дошт.[138]

Ҳасани Басрӣ ҳар вақто ки ин ҳадисро ба шогирдонаш нақл мекард, гиря карда мегуфт: «Эй бандагони Худо! Чун дарахте аз шавқу иштиёқ барои Паёмбар (с.а.в) гиряву нолиш мекунад, пас шумо беҳтару ҳақтар ҳастед, ки пазмони дидори ӯ шавед»[139].

Мо мегӯем меҳру муҳаббат ва шавқу иштиёқ бар Паёмбар (с.а.в) ин пайравист аз суннату шариати ӯ!

Нуктаи муҳим. Агар пурсанд, ки мӯъҷизаҳое, ки хоси баракати таоме буданд, ки онро бештар аз ҳазор нафар мушоҳида карданд ва он дар ҷанги Хандақ рух дод, ки ҳамагӣ як соъ (тақрибан се кг) буд, вале ҳамагонро сер намуд ва ҳамчунин мӯъҷизаҳое, ки хоси об буданд, ки ҳазор нафарро серроб кард, яъне он обе, ки аз миёни ангуштони мубораки Паёмбар (с.а.в) ҷорӣ шуда буд, чаро ин ду мӯъҷиза бо роҳҳои зиёд ривоят нашуданд, ҳамчуноне ки мӯъҷизаи нолаи дарахт шӯҳрат пайдо кард? Илова бар ин, инро ҳам бояд қайд намуд, ки ин ду ҷамоате, ки мӯъҷизаи таом ва обро мушоҳида намуда буданд, ба маротиб бештар аз ин ҷамоате буд, ки мӯъҷизаи дарахтро диданд.

Ҷавоб ҳамин аст, ки мӯъҷизаҳои зуҳуркарда ду қисматанд. Якум, он чизе, ки бо дасти Паёмбар (с.а.в) зуҳур мекунад ва барои тасдиқи даъвои Паёмбарии ӯ (с.а.в) ва ҳуҷҷати даъваташ мешавад ва ин чунин мӯъҷиза боиси зиёд гардидани имони мӯъминон мегардад ва аҳли нифоқро ба сӯйи ихлосу имон мекашонад ва кофиронро ба сӯйи имон даъват мекунад ва мӯъҷизаи дарахти хурмо аз ҳамин гуна мӯъҷизаҳо буд. Аз ҳамин лиҳоз, оммаи мардум ва хосашон ин мӯъҷизаро диданду дар ҳамлу нақлаш аҳамияти бештар зоҳир карданд.

Аммо мӯъҷизаи таому об аз мӯъҷиза дида бештар каромот ҳастанд, агарчӣ дар воқеъ мӯъҷиза бошанд. Балки метавон гуфт, ки он икроми худовандӣ ҳаст ва аз каромот дида, меҳмондории Худо мебошанд. Агар ин ҳарду, ҳам мӯъҷизаи таом ва ҳам мӯъҷизаи об  далелу ҳуҷҷат барои рост будани даъвои паёмбарӣ бошанд, вале ҳадаф ва мақсади асосӣ ин аст, ки лашкари беш аз ҳазор нафар дар як ҳолати ногувори гуруснагӣ қарор ва ниёз ба таому шароб доштанд.

Худованди мутаол аз хазинаи ғайби худ ба онҳо кӯмак расонид ва бо андак таоми иборат аз се кило ҳазор нафарро сер кунонид ва инчунин ҳазор нафар муҷоҳиди роҳи Худоро, ҳангоме ки ташнагӣ бетоқаташон карда буд, серроб гардонид. Худованди пок ин обро аз байни ангуштони сарвари азиму бузургашон ҷорӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, дараҷаи мӯъҷизаи таому об ба мартабаи мӯъҷизаи дарахт нарасидааст, вагарна ҳардуи он мӯъҷизаҳо аз нигоҳи намудашон дар умум мутавотир ҳастанд, ба монанди хабари гиряи дарахти хурмо. Инчунин метавон гуфт, ки ҳар як шахс баракати таом ва ҷараёни обро аз байни ангуштони Паёмбар (с.а.в) мушоҳида ва эҳсос намекунад, балки асарашро мебинад, аммо ҳар касе, ки дар масҷиди набавӣ буд, дар воқеъ, садои гиряи дарахтро мешунид ва аз ҳамин лиҳоз, бештар нашр гардидааст…

Агар ки пурсанд, ки саҳобагони бузургвор (р) ҳамаи ҳолату ҳаракатҳои Паёмбар (с.а.в) -ро мушоҳида менамуданд ва ба он аҳамияти зиёд медоданд, дар он андеша мекарданду бо ҳушёрӣ ва огоҳии том онро  ба наслҳои оянда ривоят мекарданд, пас чаро ин гуна мӯъҷизаҳои бузург танҳо аз бист роҳ ривоят шудааст ва чаро аққалан бо сад роҳ ривоят нашудаанд? Чаро бештари ҳадисҳоро Анас, Ҷобир ва Абӯҳурайра ривоят мекунанд ва дар ин боб аз Абӯбакру Умар камтар ривоятҳо омадааст?

Ҷавоб. Ҷавоби саволи аввалро дар асоси сеюм, дар ишораи чорум зикр намуда будем. Аммо ҷавоби қисмати дуюми савол ин аст, ки инсон агар эҳтиёҷ ба даво дошта бошад, ба табиб муроҷиат мекунад, агар хостори сохтани манзил шавад, ба муҳандис муроҷиат мекунад ва агар мехоҳад шариатро биёмӯзад, назди муфтӣ меравад, то барои ӯ фатво диҳад… Ҳамин тавр, вазифаи баъзе саҳобагон маҳдуд дар бардошт ва нақлу ривояти ҳадис барои наслҳои оянда буд. Пас ҳамаи талошу саъю кӯшиши худро дар ин роҳ мебахшиданд. Абӯҳурайра ҳамаи ҳаёташро барои ҳифзи ҳадисҳои Паёмбар (с.а.в) бахшида буд ва дар айни ҳол Умар (р) машғули бардошти машаққатҳои хилофат ва сиёсату мудирияти давлат буд. Аз ин лиҳоз, онҳо бар саҳобагоне амсоли Абӯҳурайраву Анасу Ҷобир дар ҳамлу нақли ҳадис ба мардум такя менамуданд. Ба ҳамин хотир, аз ҳазрати Умар ривоят хело кам омадааст. Аз тарафи дигар, агар ровӣ содиқ ва мӯътамад бошад, ривояти ӯ барои мардум кофию қобили қабул аст ва ниёз ба ривояти дигаре нест. Аз ин рӯ, баъзе ҳодисаҳои муҳим танҳо бо ду се тариқ ривоят шудаанд.

 

ИШОРАИ ЁЗДАҲУМ

Ин ишора мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в)-ро дар ҷимодот аз қабили сангу кӯҳҳо баён мекунад. Ҳамон гуна ки дар ишораи даҳум гузашт, он роҷеъ ба мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) дар боби наботот буд, дар ин ишора мо аз миёни чандин мисолҳо танҳо ба ҳашт мисол ишора мекунем.

Мисоли якум. Бухорӣ ва алломаи Мағрибӣ Қозӣ Аёз аз ибни Масъуд, ки ходими Паёмбар (с.а.в) буданд, ривоят мекунанд: «Дар ҳақиқат, ҳангоми хӯрдани таом, тасбеҳ гуфтани таомро мешунидем».[140]

Мисоли дуюм. Аз Анас ва Абӯзар (р) собит шудааст ва Анас[141] мегӯяд: «Паёмбар (с.а.в) як панҷа сангпораро дар дасташ гирифт ва мо тасбеҳ гуфтани сангпораҳоро мешунидем. Сипас дар дасти Абӯбакр (р) онҳоро рехт ва боз он сангпораҳо тасбеҳ мегуфтанд ва баъд ба дасти мо доданд ва дар дасти мо тасбеҳ нагуфтанд».

Дар ривояти Абӯзар[142] омадааст, ки он сангрезаҳо дар дасти Умар (р) ҳам тасбеҳ мегуфтанд. Пас онҳоро дар замин гузоштанд ва он сангрезаҳо хомӯш шуданд ва сипас он сангрезаҳоро гирифта, дар дасти Усмон (р) гузошт ва онҳо тасбеҳ мегуфтанд, баъд аз он онҳоро дар дасти мо ниҳод, вале онҳо хомӯш шуданд.

Мисоли сеюм. Аз Алӣ, Ҷобир ва Оиша (р) бо ривояти саҳеҳ собит шудааст, ки дар воқеъ, Паёмбар (с.а.в) аз ҳар кӯҳу дашту биёбоне, ки мегузашт, бар ӯ мегуфтанд: «Ассалому алайкум, эй Паёмбари Худо».[143] Дар ривояти дигар аз Алӣ чунин омадааст: «Дар ибтидои биъсат дар Макка будем ва бо Паёмбар (с.а.в) барои сайругашт ба атрофи Макка баромадем, ҳар дарахту кӯҳе, ки Паёмбар (с.а.в) аз пеши он мегузашт, ба ӯ мегуфтанд: «Ассалому алайкум, эй Паёмбари Худо».

Дар ривояти Ҷобир омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) бар ҳар сангу дарахте мегузашт, бар ӯ саҷда мекарданд[144], яъне ҳар яке аз онҳо дар пешгоҳи Паёмбар (с.а.в) сар хам намуда, мегуфтанд: «Ассалому алайкум, эй Паёмбари Худо».

Дар ривояти дигар аз Ҷобир[145] ибни Самра (р) аз Паёмбар (с.а.в) чунин омадааст:

«Дар воқеъ, ман сангеро дар Макка медонам, ки бар ман салом медод», яъне пеш аз он ки ба паёмбарӣ фиристода шавам. Мегӯянд он ишора бар санги сиёҳ, Ҳаҷаруласвад аст.

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки мегӯяд Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Аз вақте ки Ҷаброил маро бо рисолати паёмбарӣ истиқбол кард, бар ҳар сангу дарахте, ки гузар менамудам, бар ман ин гуна салом медоданд: «Ассалому алайкум, эй Паёмбари Худо».[146]

Мисоли чорум. Дар ҳадиси Аббос[147] (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (с.а.в): Аббос ва чаҳор фарзандонашро (Абдуллоҳ, Убайдуллоҳ, Фазл ва Ҳусамро) дар зери ҷомааш ҷамъ намуда, барои онҳо дуо намуд, то аз оташи Дӯзах эмин бошанд. ӯ мегуфт:

«Худовандо, ин амаки ман аст, бародари падарам ва инҳо фарзандони ӯ ҳастанд. Аз оташи Дӯзах инҳоро сатр намо, ҳамчуноне ки ман онҳоро бо ин ҷомаам сатр намудам». Пас дару деворҳо омин-омин мегуфтанд, яъне дар дуо шарик шудаанд.

Мисоли панҷум. Китобҳои сиҳоҳ ва дар муқаддимаи онҳо Бухорӣ, Ибни Ҳаббон, Абӯдовуд ва Тирмизӣ бо иттифоқ аз Анас[148], Абӯҳурайра[149], Усмони Зинурайн[150], Саъид ибни Зайд[151] яке аз даҳ ёрони биҳиштӣ, ривоят мекунанд, ки дар ҳақиқат «Паёмбар (с.а.в), Абӯбакр, Умар ва Усмон бар болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, кӯҳ дар ин ҳол ба ларза даромад», яъне аз тарсу ҳарос ё ин ки аз хурсандию сурур. «Пас Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Собиту устувор бош, эй Уҳуд, ки бар болои ту паёмбару сиддиқу ду шаҳид истодаанд», бо ин ҳадис Паёмбари гиромӣ (с.а.в) ба шаҳодат расидани Умару Усмонро  хабари ғайбӣ медиҳад.

Дар давоми ин ҳадис омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) аз Макка ҳиҷрат мекунад ва кофиронӣ Қурайш ба ҷустуҷӯйи ӯ мебароянд. ӯ ба болои кӯҳи Субайр мебарояд. Субайр ба Паёмбар (с.а.в) мегӯяд: «Эй Паёмбари Худо, аз болои ман поён шав, ки ман метарсам ту дар болои ман кушта мешавӣ ва Худованд маро азоб медиҳад». Кӯҳи Ҳиро гуфт:

«Эй Паёмбари Худо, ба тарафи ман биё».

Аз ин аҳли салоҳу сидқу вафо бармеояд, ки кӯҳи Субайр дар ҳолати хавфу бим ва кӯҳи Ҳиро дар ҳолати амн қарор доштанд.

Аз маҷмӯи ин мисолҳо бармеояд, ки кӯҳҳои азиму бузург ба монанди дигар махлуқот маъмур буданд, то Худованди таолоро тасбеҳ гӯянд ва ба худ вазифаи махсусе доранд. Онҳо Паёмбар (с.а.в) -ро мешиносанд ва ӯро дӯст медоранд. Пас кӯҳҳо беҳуда офарида нашудаанд.

Мисоли шашум. Ибни Умар[152] ривоят мекунад ки Паёмбар (с.а.в) бар болои минбар ин оятро хонд:

«Ва сифат накарданд (яҳудиҳо) Худоро чунон ки мебоист…» Сипас гуфт:

Пок медорад Худованд худро ва такрор карда мегӯяд:

Ман ҷаббор ҳастам, ман бузургу ҷаббор ҳастам, ман бузургу боло ҳастам” ва минбар ба ларза даромад, ҳатто гуфтем ҳозир Паёмбар (с.а.в) меафтад.

Мисоли ҳафтум. Аз бузурги ин уммат ва тарҷумони Қуръон, Ибни Аббос (р) ва аз яке аз олимони саҳоба, Ибни Масъуд[153] (р) чунин ривоят шудааст: «Дар атрофи хонаи Худо сесаду шаст бут рост карда буданд, ки бар сангҳо мустаҳкам карда шуда буданд. Вақте соли фатҳ Паёмбар (с.а.в) дохили масҷид шуд, бо асои худ тарафи ҳар буте ишора мекард, яъне дасташро намерасонд ва мегуфт:

«Ва бигӯ: «Омад дини ҳақ» (ислом) ва нобуд шуд дини ботил (яъне куфр), албатта чизи ботил несту нобудшаванда аст»[154] (сураи «Исро», 81). Паёмбар (с.а.в) ба тарафи рӯйи ҳар он буте, ки ишора мекард, он ба пушт меафтод ва  агар ба пушти он ишора мекард, ба рӯяш меафтид, то оне, ки дар онҷо дигар буте намонд».[155]

Мисоли ҳаштум. Ин қиссаи роҳиби машҳур Буҳайро[156] мебошад, ки Паёмбар (с.а.в) бо амуяш, Абӯтолиб ва ҷамоате аз Қурайш ба сафари Шом баромаданд ва ин сафар пеш аз биъсати ӯ буд. Вақте ба наздикии маъбади он роҳиб расиданд, дар паҳлӯи маъбад нишастанд. Он роҳиб назди касе намебаромад, вале ба назди Паёмбар (с.а.в) баромада, дастони ӯро гирифт ва гуфт: «!Ин сарвари оламиён аст ва Худованд ӯро раҳмате бар оламиён мефиристад».

Баъзе бузургони Қурайш ба ӯ гуфтанд: «Шумо инро аз куҷо медонед?». Дар ҷавоб гуфт: «Дар воқеъ, ҳеҷ сангу дарахте намондааст, ки ба ин кас саҷда накунад ва инҳо бар ҳеҷ кас саҷда намекунанд, магар ба Паёмбар (с.а.в)». Ровӣ идома медиҳад: «сипас ҳангоми бозгашт абре болои сари Паёмбар (с.а.в)-ро соя меафканд ва чун мехост ба сояи дарахте биншинад, мардум пештар аз ӯ сояи дарахтро ишғол намуда буданд, вале чун Паёмбар (с.а.в) нишаст, сояи дарахт ба тарафи ӯ майл намуд»[157].

Ҳамин гуна ҳаштод мисоли дигар аст, ба монанди ин мисолҳои ҳаштгона. Ин мисолҳои ҳаштгона бо ҳам якҷо шаванд, дар ниҳоят қавию боэътимод мегарданд, ки ҳеҷ шакку шубҳае дар дуруст будани онҳо намемонад.

Ҳамчунин ин мӯъҷизаҳо (ба сухан омадани ашё) далелу ҳуҷҷати ошкор аст бар рост будани даъвои Паёмбар (с.а.в) ва ин аз ҷиҳати маънояш дар ҳукми мутавотир мебошад. Ҳар яке аз ин мисолҳо қувваеро тавлид мекунад, то мисолҳои дигарро тақвият бахшад ба монанди марди заифе, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайвандад ва онҷо қавӣ мегардад, ки метавонад ҳатто бо ҳазор нафар муқовимат кунад. Ҳамчунин монанди як сутуни заифе, ки паҳлуи сутунҳои дигар гузошта мешавад ва бо қувват мегардад. Ин, ба шарте ки баъзеи ривоятҳо заиф бошанд, вале агар тамоми ин ривоятҳо саҳеҳу собит бошанд, пас чӣ мешавад?

 

ИШОРАИ ДУВОЗДАҲУМ

Се мисоли муҳиме, ки ба ишораи ёздаҳум рабт доранд.

Мисоли якум. Ояти каримаи

 «Ва ту (ай Муҳаммад с) наяндохтӣ (мушти хокро ба сӯйи онон), вақте ки андохтӣ, лек Худо андохт (ки дар чашмҳояшон дохил шуд он резаҳои хок ва кӯру нобино гашта ҳалок шуданд)» (сураи «Анфол», 17) бо ибораи қотеъ ва бо таҳқиқи ҷамъи муфассирон, олимон ва имомони ҳадис баёнгар он аст, ки «Паёмбар (с.а.в) дар ҷанги Бадр панҷае аз хоку сангрезаҳоро гирифта, ба рӯйи лашкари кофирон пош медод ва мегуфт:  «Зишт шавад рӯятон»[158] ва он хок ба чашму гӯшҳои ҳамаи мушрикон медаромад ва ибораи «зишту бенамуд бод рӯйҳо» таъсири худро мерасонид ва онҳо баъд аз оне, ки дар ҳоли ҳуҷум бар алайҳи мусалмонон буданд, машғул бо чашму гӯшҳои худ шуданд ва фирор карданд.

Имом Муслим ривоят мекунад,[159] ки вақте дар ҷанги Ҳунайн кофирон бар рӯйи мусалмонон ҳуҷум мекарданд, Паёмбар (с.а.в) як мушт хокро гирифта, ба рӯйи мушрикон пош медиҳад ва мегӯяд: «Зишту бенамуд бод рӯйҳо» ва бо ризои Худованд ягон нафаре аз онҳо намонд, магар ин ки чашмонашон пур аз хок шуд ва гӯё чун ин калимаро шуниданд, рӯй ба фирор ниҳоданд.

Пас ин ҳодисаҳои ғайриоддӣ дар ҷанги Бадр ва Ҳунайн рух дода буд. Инҳо ҳодисаҳое буданд, ки болотар аз қудрат ва тавони башар мебошанд ва дар айни ҳол ҳеҷ имкон надорад, ки онро ба ину он сабабҳои табиӣ нисбат дод ва аз ин рӯ, Худованд мегӯяд:

«Ва ту (ай Муҳаммад (с.а.в) наяндохтӣ (мушти хокро ба сӯи онон) вақте ки андохтӣ, лек Худо андохт (ки дар чашмҳояшон дохил шуд он резаҳои хок ва кӯру нобино гашта ҳалок шуданд)» (сураи «Анфол», 17). Яъне дар ҳақиқат ин ҳодисаҳо аз қудрати хоси илоҳист.

Мисоли дуюм. Китобҳои ҳадис ва дар пешсафи онҳо Бухорӣ ва Муслим овардаанд: «Яҳудизане бо номи Зайнаб бинти Ҳарс дар ҷанги Хайбар як бузеро бирён карда, онро заҳролуд намуда, ба Паёмбар (с.а.в) ҳадя мекунад. Паёмбар (с.а.в) аз он гӯшт мехӯрад ва дигарон низ мехӯранд. Сипас Паёмбар (с.а.в) мегӯяд:

 

«Дастҳоятонро боло бардоред, ки ӯ ба ман хабар дод, ки дар воқеъ, гӯсфанд заҳролуд аст». Ҳама дастҳояшонро бардоштанд, магар Бушр писари ал-Барро, ки баъдан аз таъсири заҳр вафот кард. Паёмбар (с.а.в) он яҳудизанро ба наздаш мехонад ва ба ӯ мегӯяд: «Чӣ туро маҷбур кард, то ин корро анҷом додӣ?». Гуфт: «Агар Паёмбар (с.а.в) бошӣ, он чизе, ки ман омода кардам, ба ту зарар намерасонад ва агар подшоҳ бошӣ, мардумро аз пайравии ту боз медорам». Сипас Паёмбар (с.а.в) дастур дод, то он занро куштанд.[160] Дар баъзе ривоятҳои дигар омадааст, ки ба куштани ӯ амр накарда буд ва олимону муҳаққиқон мегӯянд: «Ба куштанаш амр накарда буд, балки ӯро ба соҳибони Бушр ибни Албарро супорид ва онҳо ӯро куштанд».[161]

Ҳоло барои тавзеҳи мӯъҷиза будани ин ҳодиса ба ин се мисол гӯш намо:

Якум, Дар ривояте омадааст, ки чанде аз саҳобагон овози бузро шуниданд, ки аз заҳролуд будани он хабар медод.[162]

Дуюм. Дар ривояти дигаре омадааст, ки пас аз оне ки Паёмбар (с.а.в) аз ин масъала хабар медиҳад, мегӯяд: «Бисмиллоҳ бигӯед, сипас онро бихӯред». Дар ҳақиқат, баъди зикри номи Худо дигар он зарар намекунад. Ин ривоятро агарчӣ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ қабул надорад, вале олимони зиёде онро қабул доранд.

Сеюм. Дар воқеъ, тамоми касоне, ки сухани Паёмбар (с.а.в) -ро шунида буданд, ки мегуфт: «Он ба ман хабар дод, ки заҳролуд ҳастам», итминон ҳосил намуданд ва гӯё ин суханро бо гӯши худ шунидаанд. Зеро онҳо боре ҳам аз Паёмбар (с.а.в) сухане нашунидаанд, ки бо воқеият мухолиф бошад ва ин сухан яке аз онҳост. Ҳангоме ки яҳудиҳо нақша мекашанд, то зарбаи аламоварро ба Паёмбар (с.а.в) ва асҳоби киром (р) бизананд, тамоми машварат, маслиҳат, макр ва дасисаи онҳоро оиди сӯйиқасд тавассути як хабари ғайбӣ хунсо мекунад ва воқеа ҳамчуноне мешавад, ки Паёмбар (с.а.в) хабар медиҳад.

Мисоли сеюм. Мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в) дар се ҳодиса ба мӯъҷизаҳои ҳазрати Мӯсо (а) монандӣ доранд, ҳамчун мӯъҷизаи дасти сафеду асои он.

Ҳодисаи якум. Имом Аҳмад аз Абӯсаиди Худрӣ ҳадиси саҳеҳеро ривоят мекунад[163] ки Паёмбар (с.а.в) ба Қитода ибни Нӯъмон, ки бо ӯ намози хуфтанро хонд, дар як шаби торику боронӣ як асои хурди кӯтоҳе дода мегӯяд: «Ин асоро бо худ бибар, ки он даҳ равшанӣ аз пеш ва даҳ равшанӣ аз пушти ту мекунад. Вақте вориди хонаат шудӣ, сиёяҳиро хоҳӣ дид ва ӯро бо ин асо бизан, ки он шайтон аст». Пас Қатода ба роҳ афтод ва он асо ба монанди дасти нуронӣ ба ӯ равшанӣ мекард, то ин ки вориди хонаи худ шуд ва дар онҷо сиёҳиро дид ва ӯро бо он асо зада ронд».

Ҳодисаи дуюм. Шамшери Аккоша ибни Муҳсини Асадӣ дар ҷанги Бадр, дар он ҷанге, ки пур аз ҳодисаҳои аҷибу ҳайратовар буд, мешиканад. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ як чӯби ғафси дароз дода мегӯяд: «Бо ин бизан»!, пас он чӯб ба як шамшери тез, дароз, сафед ва оҳанин табдил меёбад ва ӯ бо он шамшер меҷангад. ӯ бо ин шамшери худ дар чандин ҷангҳои дигар ширкат мекунад, то ин ки он дар ғазваи аҳли Ридда»[164] дар Ямома шаҳид мешавад.

Ин ҳодиса қотеъона собит шудааст. Аккоша дар тӯли умраш бо он шамшер ифтихор мекард ва он шамшерро «Авн» номид. Шӯҳрат ёфтани номи «Авн» бар ин шамшер ва ифтихор намудани Аккоша бо он ду далел ва ҳуҷҷате ҳастанд бар ҳақиқати ин ҳодиса.

Ҳодисаи сеюм. Ибни Абдулбар,[165] ки яке аз алломаҳо ва олимони муҳаққиқони даврони худ мебошад, ривоят мекунад ки Абдуллоҳ Ибни Ҷаҳш, ки писари аммаи Паёмбар (с.а.в) буд, «Дар ҳақиқат шамшерашро ҳангоми ҷанги Уҳуд аз даст дод. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ пусти дарахти хурмое дод ва он дар дасти ӯ ба шамшер мубаддал гардид».

Ибни Сайиду-н-нос дар «Сират»-и худ мегӯяд: «Ин шамшер чанд муддат аз даст ба дасте мегузашт ва сипас ба шахсе бо номи Бағои Туркӣ бо дусад динор фурӯхта шуд».[166]

Ин ду шамшер мӯъҷизаҳое ҳастанд ба монанди мӯъҷизаи Мӯсо (а), танҳо фарқ дар он аст, ки мӯъҷизаи асои Мӯсо (а) баъди вафоти ӯ мӯъҷиза будани худро аз даст дод, вале ин ду шамшер баъд аз вафоти Паёмбар (с.а.в) чанд муддате ҳамчун мӯъҷиза боқӣ монданд.

 

ИШОРАИ СЕЗДАҲУМ

Ҳамчунин аз муъҷизоҳои Паёмбар (с.а.в) бо даму нафаси мубораки худ шифо бахшидани беморон ва маҷрӯҳин аст. Ин намуди мӯъҷизаҳо ба ривоятҳои мутавотир ба мо расидаанд, вале қисмате аз ҷузъиёти онҳо мутавотири маънавӣ мебошанд ва қисмати дигари он ба таври оҳод ривоят шудааст, вале бо вуҷуди ин ин ривоятҳо қаноати илмро ба бор меорад ва сабабаш дар он аст, ки олимон онро мӯътамад ҳисобиданд ва муҳаддисон онҳоро саҳеҳ хондаанд.

Мисоли якум. Қозӣ Айёз[167] аз Саъд ибни Абӯваққос, яке аз даҳ ёрони биҳиштӣ ва ходими Паёмбар (с.а.в) ва яке аз сарлашкарони Паёмбар (с.а.в) ва ҳамчунин яке аз сарлашкарон дар даврони Умар чунин ривоят мекунад: «Паёмбар (с.а.в) ба ман найзаи бе дамеро дода, гуфт: «Бо ин тир андоз», дар он рӯз ҳам Паёмбар (с.а.в) хело тирандозӣ карда буд ва найзаи ӯ хароб шуда буд». Ин ҳодиса дар ҷанги Уҳуд рух дод ва он тирҳое, ки дам надоштанд, монанди пари паранда рафта, дар ҷасади кофирон мехалиданд».

Ҳамчунин мегӯяд:[168] «Ҳамон рӯз чашми Қитода ибни Нӯъмон ҷароҳат бардошта ва ба рӯяш овезон шуда буд. Паёмбар (с.а.в) онро» бо дасти мубораки худ «гирифта ба маконаш багардонид ва он чашм аз дигараш беҳтар медид». Ин ҳодиса хело шӯҳрат пайдо карда буд, то ҷое ки яке аз наберагони Қитода назди Умар ибни Абдалазиз худашро бо мисраҳои шеър муаррифӣ намуда мегӯяд: «Ман фарзанди он касе ҳастам, ки чашмаш ба рӯяш овехта буд, сипас он бо дасти Мустафо, ки беҳтарин шифобахш буд, ба ҷояш баргардонида шуд, пас чашм ба ҳолати пешини худ баргашт ва эй беҳтарини чашмҳо ва эй беҳтарини шифобахшҳо!».

Инчунин собит шудааст ки «Паёмбар (с.а.в) оби даҳони худро ба ҷароҳати чеҳраи Қитода, ки дар рӯзи Қардин (ин ғазвае аст, ки баъди Ҳудайбия воқеъ шуда буд) тире ба рӯяш халида буд ва Қитода мегӯяд гӯё на дарде ба ман буд ва на зарбае хӯрда будам»[169], ин ба сабаби он буд, ки Паёмбар (с.а.в) бо дастони муборакашон онро молиш доданд.

Мисоли дуюм. Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд, ки дар рӯзи Хайбар Паёмбар (с.а.в) байрақро ба ҳазрати Алӣ дода буд, дар ҳоле ки чашмони ӯ хираву торик шуда буданд. Паёмбар (с.а.в) оби даҳонашро гирифта, ба чашмони ӯ молид, пас бо розигии Худованд чашмонаш равшану бино шуданд.[170] Фардои ҳамон рӯз Алӣ (р) дари қалъаи оҳанинеро бардошта, қалъаро фатҳ кард.

Инчунин соқи пойи Салама ибни Акваъ дар ҷанги Хайбар ҷароҳат бардошта буд ва Паёмбар (с.а.в) онро дам намуд ва ӯ шифо ёфт.[171]

Мисоли сеюм. Насоӣ[172] аз Усмон ибни Ҳунайф ривоят мекунад, ки нобиное ба назди Паёмбар (с.а.в) омаду гуфт: «Эй Расули Худо! Аз Худо талаб кун, то чашмони маро бино кунад». Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Ё ин ки туро ба ҳолат бигузорамат?». Гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с.а.в), ин кӯриям барои ман машақат меорад». Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт:

«Бирав таҳорат кун ва ду ракаат намоз бихон ва баъди он бигӯ Парвардигоро, аз Ту мепурсам ва ба сӯйи Ту таваҷҷӯҳ мекунам бо паёмбар, Муҳаммад (с.а.в) ҳастам, ки паёмбари раҳмат аст». Гуфт: «Эй Муҳаммад, ман таваҷҷӯҳ ба сӯйи Худои ту бо ту мекунам, то ин ки чашмҳои маро бино кунад, бор илоҳо ӯро шафоаткунанда барои ман бигардон ва худамро шафоаткунандаи нафсам бигардон».

Баъди он чун баргашт, дид ки чашмҳояшро бино гаштааст».

Мисоли чорум. «Абӯҷаҳл дар ҷанги Бадр дасти Муавваз ибни Афроро бурид. ӯ яке аз чордаҳ нафарае аст, ки дар ҷанги Бадр шаҳид шуда буданд. Сипас дасташро бардошта, ба назди Паёмбар (с.а.в) омад ва Паёмбар (с.а.в) оби даҳонашро гирифта, бар дасти ӯ молиду онро часпонид ва он даст ба ҷойи худаш часпид. Сипас боз дубора ба ҷанг баргашту то ба шаҳодат расиданаш бо кофирон ҷангид. Ин ҳодисаро Ибни Ваҳҳаб ривоят кардааст»[173] ва ӯ яке аз эмомони ҳадис мебошад.

Инчунин дар ривоятҳо омадааст ки: «Хубай ибни Ясоф дар рӯзи Бадр, ки ҳамроҳи Паёмбар (с.а.в) буд, аз гарданаш ҷароҳат бардошт, ҳатто ҷоғаш як тараф шуд. Паёмбар (с.а.в) онро ба маконаш баргардонид ва дар он оби даҳон молид, пас шифо ёфт».[174]

Ин ду воқеа агар ривояти оҳод ҳам бошанд, Имоми бузургвор Ибни Ваҳҳаб онҳоро тасҳеҳ намудааст ва ҳарду дар қисмати мӯъҷизаҳои Бадр сурат гирифтанду шоҳидони зиёде онҳоро таъйид мекунанд. Барои ҳамин касе наметавонад дар ин ду воқеа шакку тардид намояд.

Ҳамчунин ҳазору як намунаест, ки бо ҳадисҳои саҳеҳ собит шудаанд, ки дасти Паёмбари аъзам (с.а.в) шифобахш ва дармоне барои беморону маҷруҳин буд.

 

Агар ин порча бо оби тилло

навишта шавад ва бо алмос зиннат

дода шавад, меарзад.

Дар ҳақиқат, ҳамчуноне ки дар гузашта баён шуд, тасбеҳ гуфтани сангпораҳо ва ором гардидани онҳо дар дасти Паёмбар (с.а.в) ҳаққасту рост. Бо хондани ин ояти карима:

«Ва ту (ай Муҳаммад с) наяндохтӣ (мушти хокро ба сӯйи онон) вақте ки андохтӣ, лек Худо андохт (ки дар чашмҳояшон дохил шуд он резаҳои хок ва кӯру нобино гашта ҳалок шуданд)» («Анфол», ояти 17).

Хоку сангпораҳо дар дасти мубораки ӯ ба монанди тиру туфанг мубаддал гаштанд, то ин ки душманон рӯ ба гурез ниҳоданд.

Дупора шудани моҳ бо ишораи як ангушти ҳамон даст. Чунончи Қуръон сароҳатан онро баён намудааст:

«Ва Моҳ дупора шуд».

Ҷорӣ шудани об ба монанди чашмаи равон аз миёни даҳ ангуштонаш ва сероб шудани лашкар аз он. Малҳам шудани он барои маҷруҳин ва шифо бахшидан ба беморон. То ин ки ошкоро баёнгари он бошад, ки то чӣ андоза ин дастони шариф пурбаракат мебошанд, то чӣ андоза ин дастон мӯъҷизаи тавонои бузурги Худованданд.

Гӯё кафи он даст гӯшаи хурдест барои зикри Худованд, дар байни дӯстон ки агар сангпора ба он дарояд, ба зикр кардан шурӯъ мекунад. Гӯё ҳамон кафи даст сипари хурди Худованд аст дар баробари душманон, ки агар ба он хок дарояд ба монанди кӯраи ҳавоӣ парвоз мекунад.

Он даст дорухонаи хурди раҳмонӣ мегардад, то маҷрӯҳон ва беморонро табобат кунад ва ҳаргоҳ ин даво ба дарде мерасид, онро шифо медод. Ҳар вақте ин даст бармехест, бо чунон азамат ва шукӯҳ бармехест, ки бо як ишораи ангушт моҳро ду пора мекард. Агар як назари зебое мекард, аз дасти мубораки Паёмбар (с.а.в) чашмаҳои раҳмат фаровонтар аз даҳ чашма мебаромад ва ба монанди чашмаи салсабил ҷорӣ мешуд.

Агар дасти ин Паёмбар (с.а.в) макони ин қадар мӯъҷизаҳои ҳайратовар бошад, оё сароҳатан фаҳмида намешавад, ки дар назди Парвардигораш аз чӣ мақоме бархӯрдор аст? Дар роҳи даъват худ чӣ қадар содиқ аст? Ононе, ки ин дасти муборакро байъат кардаанд, чӣ хушбахте буданд?

  

Савол. Дар воқеъ, дар бисёри ривоятҳо мегӯем, ки онҳо мутавотир ҳастанд, вале мутавотир будани онҳоро то кунун нашунидаем, магар мешавад тавотур то ин андоза номаълум бошад?

Ҷавоб. Назди олимони шариат ривоятҳои мутавотири зиёде ҳастанд, ки назди дигарон номаълум мебошанд ва назди олимони ҳадис ҳадисҳои мутавотире ҳастанд, ки назди дигарон ҳамчун ривояти оҳод шинохта шуданд. Ва ҳамин тавр, бадеҳиёт ва назарияҳои ҳар илм, дар воқеъ, ҳамон тавр баён мешаванд, ки мутахассисони он соҳа тарҳрезии он илмро кардаанд. Аммо дигарон дар он илм эътимод ба онҳо мекунанд. Пас онҳо ба суханони олимон таслим мешаванд ё ин ки дар он соҳа таҳқиқоти нав мебаранд ва он чизеро ки эшон тарҳрезӣ кардаанд, пайдо мекунанд. Он чизеро, ки аз ҳадисҳои мутавотири ҳақиқӣ ё маънавӣ ва ё ҳадисҳое ки дар ҳукми мутавотир ҳастанд, хабар додем, ҳукмашонро муҳаддисон, шариатшиносон, усилиҳо ва дигарон баён карданд. Агар марди оддӣ ва ғофиле аз он дар дар ғафлат монда бошад ва ё ҷоҳилоне ҳастанд, ки аз ҳақиқат чашм мепӯшанд, дар ин сурат маломат бар дӯши худи онҳост.

Мисли панҷум. Эмом Бағавӣ ривоят мекунад, ки «Дар ҷанги Хандақ соқи Алӣ Ибни Ҳакам шикаста шуд, пас Паёмбар (с.а.в) соқи ӯро молиш дод ва аз аспаш нафаромада, соқаш шифо ёфт»[175].

Мисоли шашум. Байҳақӣ ва ғайраш ривоят мекунанд, ки «Алӣ дар назди Паёмбар (с.а.в) аз дарди худ фарёд зада, шикоят кард. Пас, Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Парвардигоро, ӯро шифо деҳ ё саломаташ намо», сипас ӯро бо пояш зарбае зад, дигар аз он дард шикоят накард»[176].

Мисоли ҳафтум. «Дар кафи дасти Шараҳбил захме буд, ки ӯро аз бардоштани шамшер ва лаҷоми ҳайвон бозмедошт. ӯ ин дарди худро ба Паёмбар (с.а.в) шикоят намуд. Паёмбар (с.а.в) кафи дасти ӯро гирифта, молиш дод ва аз он захм дар дасти ӯ асаре намонд».[177]

Мисоли ҳаштум. Шаш тифл, ки ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ яке аз мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в)-ро дарёфтанд: Якум, аз ибни Абишайба, ки аз имомони ҳадис аст, ривоят шудааст, ки: «Зане аз Хасъам ба назди Паёмбар (с.а.в) кӯдакеро овард, ки гирифтори балое буд, ки гап зада наметавонист. Пас оберо оварданд ва Паёмбар (с.а.в) бо он об даҳонашро мазмаза кард ва дастонашро бишуст ва сипас он обро ба кӯдак доданд ва амр намуд, то аз он об ӯро бинӯшонанд ва ӯро молиш диҳанд. Пас он кӯдак шифо ёфта, чунон оқил шуд, ки ақлаш бар ақлҳои мардум бартарӣ дошт».[178]

Дуюм, аз Ибни Аббос ривоят аст, ки «зане ба назди Паёмбар (с.а.в) писарашро овард, ки девона буд. Паёмбар (с.а.в) синаи ӯро молиш дод. Пас чунон атсаи сахт зад, ки аз дарунаш чизе ба монанди сангчаи сиёҳ баромад, чизи сиёҳе ба монанди бодринги хӯрде ва сипас шифо ёфт».[179]

Сеюм, Имом Байҳақи ва Насоӣ[180] ривоят кардаанд: «Деги пур аз хӯроки гарм бар дасти Муҳаммад ибни Ҳотиб рехт ва ӯ кӯдак буд. Паёмбар (с.а.в) дасти ӯро молиш доду бар вай дуо кард ва бар он оби даҳони муборакашонро молид, пас фавран шифо ёфт».

Чорум, «тифлеро ба назди Паёмбар (с.а.в) оварданд, мӯяш сафед шуда буд ва наметавонист сухан гӯяд. Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Ман кӣ ҳастам?». Кӯдак гуфт:

«Паёмбари Худо (с.а.в)» ва бо ҳамин Худованд ӯро сухан гуфтан ато кард».[181]

Панҷум, Имом Ҷалолуддини Суютӣ, он касе ки мушарраф гардидааст дар бедорияш чандин борҳо дидори Паёмбар (с.а.в)-ро бубинад, чунин ривоят овардааст: «Марде аз аҳли Ямома бо кӯдаки навзоде ба назди Паёмбар (с.а.в) омад. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт: «Эй писар, ман кӣ ҳастам?». Гуфт:

«Ту Расули Худо ҳастӣ». Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Боракаллоҳ, рост гуфтӣ». Сипас кӯдак то калон шуданаш дигар сухан нагуфт. Баъди ин ӯро Баракаи Ямома мегуфтанд, ин ба сабаби он ки Паёмбар (с.а.в) ба ӯ дуои баракат карда буд.[182]      

 Шашум, «кӯдакеро дуои бад кард, зеро беадаб буд, яъне намозашро бурида буд. Гуфт:

«Худованд паятро канда кунад». Ба ҷазои беадабияш расид.[183]

 Ҳафтум, «канизе ҳангоми таомхӯрии Паёмбар (с.а.в) аз ӯ хӯрок пурсид, ба ӯ хӯрокеро, ки дар пешаш буд, дод. Он зан, ки беҳаё буд, гуфт: «Онеро мехоҳам, ки дар даҳон дорӣ». Паёмбар (с.а.в) он чизеро, ки дар даҳонаш буд, ба ӯ дод. Паёмбар (с.а.в) ҳеҷ саволкунандаро бенасиб намегардонид. Чун он таом ба шиками он каниз расид, ӯро чунон ҳаё фаро гирифт, ки ҳеҷ зане аз ӯ бо ҳаётар дар Мадина дида намешуд».[184]

Ҳамин гуна дар ин боб мисолҳо хело зиёд мебошанд, ки теъдодашон аз ҳашсад болотар аст ва онҳо дар китобҳои ҳадис ва сират омадаанд. Бале, дасти мубораки Паёмбар (с.а.в) чун доруи Луқмони ҳаким, оби даҳони ӯ чун чашмаи ҳаёти Хизр (а), даму тобаш чун даму нафаси Исо (а) дар шифо бахшидан буд. Одамон ба балоҳову мусибатҳо гирифтор мешуданд, бе шакку шубҳа маризону кӯдакону беморони бисёр ба ӯ муроҷиат мекарданд ва бешак, ҳамаи онҳо аз беморию дардҳо шифо меёфтанд. Ҳатто Товуси Ямомӣ, ки аз имомони машҳури тобеӣ мебошад, бо зуҳду тақвояш чил маротиба ҳаҷ кардааст, чил сол намози бомдодро бо таҳорати хуфтан хондааст, бештари саҳобагони киромро мулоқот кардааст ва ин олими ҷалил хабари аниқро дода мегӯяд: «Девонае ба назди Паёмбар (с.а.в) намеомад магар эшон дасти муборакашро бар синаи ӯ мегузошт, ва вай шифо меёфт».

Вақте имоме чун Товуси Ямомӣ, ки саҳобагони киромро мулоқот кардааст, ин хабари аниқро медиҳад, пас ҳеҷ шубҳае нест, ки ба назди Паёмбар (с.а.в) беморони бениҳоят зиёд омадаанд, мумкин аст шумораи онҳо ба ҳазорҳо бирасад, ки ҳамаи онҳо шифо ёфтаанд.

 

 

ИШОРАИ ЧОРДАҲУМ

Аз бештарин намудҳои мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) ин корҳои ғайриоддиест, ки бо дуои ӯ рух додаанд. Дар ин намуд мӯъҷиза ҳеҷ шубҳае нест ва онҳо мутавотири ҳақиқӣ ҳастанд. Мисолҳо ва ҷузъиёти он бениҳоят зиёд ва аз ҳисоб берун ҳастанд, ки ба дараҷаи мутавотир расидаанд, балки машҳури ба тавотур наздик гаштаанд. Баъзе чунин ривоятҳоро имомони бузург нақл кардаанд, то ҷое ки ба ҳади мутавотири қотеъона ифодаи қатъиятро мекунанд. Инҷо баъзе мисолҳоро ҳамчун намуна зикр мекунем, зеро ин намуд мӯъҷиза чунон зиёд ҳастанд, ки наздик ба ҳади мутавотир расидаанд.

Мисоли якум. Имомони ҳадис ва дар муқаддамаи онҳо имом Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд, ки дуои Паёмбар (с.а.в) барои борон талабидан дар ҳол мустаҷоб мешуд. Ин ҳодиса чандин маротиба такрор шудааст, ҳатто гоҳо ӯ дасташро боло карда борон металабид ва ӯ дар болои минбар буд, дуояш пеш аз фаромаданаш аз минбар қаблул мешуд. Ин ривоятҳо собит мебошанд ва ба ҳадди тавотур расидаанд. Чунончи пештар зикр намудем, дар сафаре мардумро ташнагӣ фаро гирифта буд, абрҳо болои ҳам ҷамъ мешуданд ва ҳар вақте, ки эҳтиёҷ ба об мешуд, борон нозил мешуд, сипас онҳо об мегирифанд ва борон аз боридан боз меистод.

Балки дуои ӯ (с.а.в) пеш аз паёмбарии эшон низ мустаҷоб мешуд, Абдулмуталлиб, бобои бузургвори Паёмбар (с.а.в) дар кӯдакии Паёмбар (с.а.в) бо чеҳраи мубораки ӯ  борон талаб мекард ва борон меборид. Ин ҳодиса чунон машҳур гардид, ки Абдулмуталиб онро дар баъзе сурудаҳои худ ёдоварӣ мекард.

Дар ҳақиқат, Умар ибни Хаттоб баъди вафоти Паёмбар (с.а.в) боронро бо васила намудани Аббос, амуи Паёмбар (с.а.в) талаб намуда мегуфт: “Худовандо дар воқеъ, мо Паёмбар (с.а.в) -ро барои боронталабӣ васила қарор медодем ва ту ба мо борон медодӣ. Акнун мо ба сӯят амуи Паёмбаратро васила қарор медиҳем, пас моро об деҳ” ва воқеан ҳам борон меборид.[185]

Аз Бухорӣ ва Муслим ривоят аст ки аз Паёмбар (с.а.в) талаб намуданд, то ин ки аз Худованд талаби борон кунад, пас, Паёмбар (с.а.в) дуои борон кард ва борон борид. Мардум аз зиёд шудани борон шикоят карданд ва Паёмбар (с.а.в) дуо кард то борон қатъ шуд.[186]

Мисоли дуюм. Дар ривояти машҳуре ки он ба ҳадди тавотур расидааст, чунин омада: «Замоне ки муъминон кам ва заиф буданд ва пинҳонан ибодат мекарданд, Паёмбари Худо (с.а.в) чунин дуо кард: «Худовандо, Исломро бо Умар (р) ё бо Абӯҷаҳл иззат бидеҳ». Дуои ӯ дар ҳаққи Умар мустаҷоб шуд. ӯ дар дуои худ гуфта буд:

«Бор илоҳо, иззат бибахш Исломро бо Абӯҷаҳл ибни Ҳишом ё бо Умар ибни Хаттоб» ва чун фардо шуд, Умар назди Паёмбар (с.а.в) омада, дини Исломро қабул кард».[187] Ҳамин мусалмон шудани Умар сабаби иззати Ислом гардид ва барои ҳамин ба Умар лақаби Форуқ гузоштанд.

Мисоли сеюм. Дар ҳақиқат, Паёмбари акрам (с.а.в) барои баъзе саҳобагони киром ба хотири баъзе мақсадҳояшон дуо мекард ва дуоҳои ӯ мустаҷоб мешуданд, ҳатто кароматҳои ин дуоҳо ба дараҷаи эъҷоз расидаанд. Аз ҷумлаи чунин дуоҳо ононест, ки Бухорӣ, Муслим ва дигарон ривоят[188] кардаанд: Барои ибни Аббос чунин дуо кард:

 «Бор Худоё, ӯро дар дин донишманд бигардон ва илми таъвилро ба ӯ биомӯзон». Баъди он Ибни Аббос бо номи Ҳибр ва тарҷумони Қуръон машҳур гардид, ҳатто Умар (р) ба хурдсолияш нигоҳ накарда, ӯро иҷозат медод, то дар маҷлиси бузургони саҳоба биншинад.[189]

Бухорӣ ва дигарон аз Анас (р) ривоят кардаанд, ки ӯ гуфт: «Модарам гуфт, ки «Эй Расули Худо, барои ходими худ, Анас дуо кун». Гуфт:

«Бор илоҳо, молу фарзандашро зиёд кун ва дар он чизе ки ба ӯ додаӣ, баракат деҳ». Дар ривояти Икрима омадааст, ки Анас гуфтааст: «Қасам ба Худованд, ки молам зиёд аст ва писараму писаронам имрӯз аз сад нафар бештар шуданд». Дар ривояти дигаре омадааст, ки мегӯяд: «Ҳеҷ касро намедонам, ки аз ман бештар зиндагии хуб дошта бошад, дар ҳақиқат, бо дасти худам сад нафар фарзандонамро якто-якто гӯрондаам ва ман намегӯям, ки наберагони ман, балки фарзандонамро»[190] ва ҳамаи он бо баракати дуои Паёмбар (с.а.в) буд.

Имом Байҳақӣ ва дигар имомони ҳадис ривоят кардаанд, ки Паёмбар (с.а.в) «Ба Абдураҳмон ибни Авф дуои баракат кард» ва ӯ яке аз даҳ ёрони биҳиштӣ мебошад бо баракати он дуо моли зиёде ба даст овард, ки боре корвоне иборат аз ҳафсад шутур бо бору банд ва матоашро дар роҳи Худо садақа кард».[191] Пас  дуои баракати Паёмбар (с.а.в)-ро бубинед. Баракаллоҳ бигӯед.

Имом Бухорӣ ва дигарон ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в) барои Арва ибни Абӯҷаъд дуое барои баракат дар тиҷорати онҳо намуд. Пас ӯ мегӯяд: «Ман дар бозори Канофа кор мекардам, барнамегаштам, магар ин ки бо худ чил ҳазор даромад мекардам». Бухорӣ дар ҳадиси худ мегӯяд: «Чунон гардида буд, ки агар хокро мегирифт, дар он як фоида медид».[192]

Ҳамчунин, ба Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар дуо намуд, то дар тиҷорат баракат ёбад. Аз ин пас ӯ ҳар чизеро, ки мехарид, аз он фоида ба даст меовард.[193] Кор ба дараҷае расид, ки ӯ дар даврони худ бо молдорӣ машҳур гардид, ҳамчуноне ки ба саховатмандӣ шӯҳрат ёфта буд.

Барои ин намуд мӯъҷизаҳо мисолҳо хело зиёданд, вале мо ин чор мисолро ҳамчун намуна овардем.

Имом Тирмизӣ ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в) барои Саъд ибни Абуваққос дуо намуда гуфт:

«Худовандо, ҳар гоҳ Саъд туро бихонад, дуояшро иҷобат намо».[194] Аз ин пас Саъд мустаҷобуддаъват шуд, ба дараҷае ки мардум аз дуои ӯ метарсиданд.

Паёмбар (с.а.в) ба Абӯқатода гуфт:

«Рӯят хуш бод. Худовандо, дар мӯй ва чеҳрааш баракат деҳ». ӯ дар синни ҳафтодсолагӣ вафот кард, дар ҳоле ки ба ҷавони понздаҳсола монанд буд».[195] Ин ривояти собит хело машҳур буд.

Вақте шоири машҳур Нобиға дар ҳузури Паёмбар (с.а.в) ин шеърро мехонд:

«Мо дар иззату бузургӣ ба осмон расидаем ва мо болотар аз он бузургиро хоҳонем». Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт.

Боз чиро талаб мекунӣ, эй Абӯлайло?”. Гуфт:

«Эй Паёмбари Худо, Биҳиштро хоҳонам». Сипас қасидаи дигареро замзама намуд, ки пур аз маъноҳои бузург буд. Пас Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт:

«Худованд ҳаргиз даҳонатро дардманд насозад». Ба сабаби ин дуо то охири умраш ҳеҷ дандонашро аз даст надод ва дандонҳои ӯ беҳтарин буданд. Агар як дандони ӯ меафтид, албатта, ба ҷои он дандони дигаре мебаромад. ӯ як саду бист сол умр дид ва мегӯянд аз ин ҳам бештар умр дидааст.[196]

Дар ривояти саҳеҳе ривоят шудааст: “Паёмбар (с.а.в)[197] дар ҳаққи Алӣ дуо намуда, гуфт:

Худовандо, ӯро аз гармо ва сармо нигоҳ дор». Бо баракати ин дуо ӯ дар зимистон либоси тобистона мепӯшид ва дар тобистон либоси зимистона ва на гармӣ ба ӯ таъсир мекарду на сардӣ».

Паёмбар (с.а.в) барои духтари худ, Фотима дуо намуда, гуфт:

«Худовандо ҳаргиз гуруснагиро набинад». Фотима мегӯяд баъди ин ман ҳаргиз гурусна нашудам.[198]

Туфайл ибни Амр аз Паёмбар (с.а.в) нишонае барои қавмаш талаб намуд, пас ба ӯ гуфт:

Худовандо, ба ӯ нуре бидеҳ. Пас дар миёни чашмони ӯ нуре медурахшид. ӯ гуфт: “Худоё, ман бими онро дорам, ки барои ман мегӯянд ҷароҳат аст”, пас он нур ба пушти гуши ӯ рафт. Он нур дар шабҳои тира ӯро рушноӣ мекард ва ба сабаби он ӯро нурдор меномиданд.[199]

Дар ривоят ин ҳама ҳодисаҳо шакке нест.

Аз Абӯҳурайра ривоят шудааст, ки мегӯяд (ба Паёмбар (с.а.в) гуфтам): «Ман аз ту ҳадисҳои зиёдеро мешунавам, вале онҳоро фаромӯш мекунам». Гуфт: «Ҷомаатро кушо» ва ман онро кушодам. Мегӯяд пас ӯ дастонашро дар он андохт (ба монанди касе, ки чизеро аз ғайб мегирад), пас ба ман гуфт: «Акнун ҷомаатро ҷамъ кун» ва ман онро ҷамъ намудам. Пас аз ин ман чизеро фаромӯш намекардам.»[200]

Ин ҳадис аз ҳадисҳои машҳур мебошад.

Мисоли чорум. Мо дар ин мисол чанд намунаеро аз мустаҷоб шудани дуоҳои Паёмбар (с.а.в) меорем, ки барои баъзеҳо дуо намуда буд.

Якум, хабари дарондани номаи Паёмбар (с.а.в) тавассути подшоҳи Форс, ки Парвиз ном дошт, расид. Пас, Паёмбар (с.а.в) гуфт:

Худовандо, ӯро пора кун!” пас ӯ куллан пора ва пароканда шуд ва Шерӯя, ки писари ӯ буд, падари худро бо ханҷар ба қатл расонид ва Саъд ибни Абӯваққос мулки ӯро пора намуд. «Аз ин пас чизе аз ӯ боқӣ намонд ва барои Форс дар гӯшаҳои олам сарварӣ намонд».[201] Дар сурате, ки барои мулки Қайсар ва ҳаммаслакони ӯ мулк монд ва ин ҳам бошад, ба сабаби он ки нисбат ба номи Паёмбар (с.а.в) эҳтиром зоҳир намуд.

Дуюм. Дар ҳадиси машҳур ва саҳл, ки ба тавотур наздик аст, омадааст ва ояти карима низ ба он ишора мекунад, ки роҳбарони Қурайш дар Масҷидулҳаром бо ҳам ҷамъ омаданд ва бо Паёмбар (с.а.в) хело муомилаи бад карданд ва Паёмбар (с.а.в) дар ҳаққи онҳо дуо намуд ва онҳоро ном ба ном гирифт. Ибни Масъуд мегӯяд ман ҳамаи онҳоро дар рӯзи Бадр дидам, ки кушта шуданд.[202]

Сеюм. Қабилаи Музир вақте Паёмбар (с.а.в) -ро дурӯғгӯ хонда буданд, ӯ дар ҳаққи онҳо дуо кард, пас гирифтори қаҳтӣ шуданд, ба дараҷае, ки Қурайш ба ҳолашон раҳм намуданд. Пас, Паёмбар (с.а.в) барои онҳо дуо кард, то борон борид.[203] Ин ривоят қариб ки мутавотир аст.

Мисоли панҷум. Мустаҷоб гардидани дуои Паёмбар (с.а.в) ба баъзе ашхоси муайян, ки мо дар ин ҷо ҳамчун намуна баъзе мисолҳо меорем, бо вуҷуди он ки дар ин ҷода мисолҳо хело зиёд мебошанд.

Аввал. Дуои Паёмбар (с.а.в) бар Утба ибни Абӯлаҳаб, ки гуфта буд:

«Худовандо, сагеро аз сагонат бар сари ӯ равона кун»[204]. Утба сафаре кард ва дар ин сафар шере ба ҷустуҷӯи ӯ омада, ӯро аз миёни корвон ҷудо карда, хӯрд. Ин ҳодиса машҳур буда, онро имомони ҳадис ривоят намуда, онро тасҳеҳ кардаанд.

Дуюм. Паёмбар (с.а.в) лашкаре бо сардории Омир ибни Азбат фиристод ва Муҳаллим ибни Ҷасома ҳамроҳи ӯ буд. Муҳаллим Омирро аз рӯи ғадр ба қатл расонид. Чун ин хабар ба гӯши Паёмбар (с.а.в) расид, хело асабонӣ шуда, гуфт:

“Худовандо, ҳаргиз Муҳаллимро омурзиш макун” ва Муҳаллим баъди ҳафт рӯз даргузашт. «Ҳатто замин ӯро қабул накарда, чанд маротиба ба берун меандохт, пас ӯро дар миёни ду дара андохта, бо санг рӯйи ӯро пӯшониданд».[205]

Сеюм. Паёмбар (с.а.в) мардеро дид, ки бо дасти чапи худ хӯрок мехӯрд ва ба ӯ гуфт:

Бо дасти рости худ бихӯр.  Гуфт:

Ман наметавонам. Пас Паёмбар (с.а.в) гуфт:

Ҳаргиз натавонӣ. Аз ин пас ӯ дасташро то даҳон бардошта наметавонист. [206]

Мисоли шашум. Мо аз мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) чанд мисолеро меорем, ки қотеъона бо дуоҳо ва даст расонидан собит шудаанд:

Якум. Аз Паёмбар (с.а.в) омадааст, ки чанд тори мӯйи худро ба Холид ибни Валид (Сайфуллоҳ) дода, ба ӯ дуои пирӯзӣ дод. Пас Холид он торҳои мӯйро дар кулоҳи худ гузошт (дар ҳеҷ ҷанге ширкат намекард, магар ин ки пирӯз мешуд).[207]

Дуюм. Салмони Форсӣ ғуломи яҳудие буд ва мавлояш ӯро бо додани сесад дарахт, ки ҳамаи он ба бор дарояд, мукотиба намуд ва ҳамчунин ба чил дона тилло. Пас Паёмбар (с.а.в) бархоста барои ӯ бо дастони худ ниҳол мешинонд. ӯ ҳамаи он ниҳолҳоро шинонд ба ғайр аз як ниҳол, ки онро дигар нафар шинонд. Пас ҳамаи дарахтон бузург шуда ба бор даромаданд, магар он як дарахт, ки Паёмбар (с.а.в) онро барканд ва дубора шинонд пас он ҳам сабз шуд. Дар китоби Баззор омадааст, ки дар ҳамон сол тамоми дарахтон ба самар даромаданд, магар он як дарахт, ки Паёмбар (с.а.в) онро дубора шинонд ва дар соли оянда ба бор даромад. Ҳамчунин ба ӯ дар ҳаҷми тухми мурғ тилло дод баъди он ки онро дар забони худ давр занонд пас он барои мавлои Салмон (раз) ба миқдори чил дона тилло вазн пайдо намуд ва дар пеши худ ҳамон миқдоре боқӣ монд, ки ба ӯ дода буд»[208]. Ин корҳои ғайриоддии муҳиме, ки дар ҳаёти Салмон (р) рух додааст, ҳамаи имомони мӯътабар онро ривоят кардаанд.

Сеюм. Умми Молики саҳобизанро ҷоме аз пӯст буд, ки дар он барои Паёмбар (с.а.в) равған омода мекард. Пас Паёмбар (с.а.в) ӯро фармуд, то онро наҷафад ва онро ба он зан баргардонид. Пас ӯ дид, ки он халта пур аз равған аст ва фарзандони ӯ ба наздаш омада, аз ӯ хурок пурсиданд. ӯ хост ҳамон пӯстро барои онҳо пазонда бидиҳад. Вақте даст ба он зад дид, ки пур аз равған аст ва равғанро аз он мегирифт, то ин ки онро ҷафид. Пас баъди он дар дохили он чизе пайдо накард.[209]

Мисоли ҳафтум. Обҳои шӯр ва талх бо баракати дуои Паёмбар (с.а.в) ва даст задан ба он ба обҳои ширин мубаддал мешаванд ва аз он бӯйи хуш меояд ва барои ин танҳо чанд мисол меоерм:

Якум. Байҳақӣ ва дигар имомони ҳадис ривоят мекунанд, ки об дар чоҳи Қубо баъзе вақтҳо хушк мешуд ва бо фазли таҳорат намудани Паёмбар (с.а.в) дар он, дигар ҳаргиз оби он хушк нашуд.[210]

Дуюм. Абӯнаим ва дигар муҳаддисон ривоят мекунанд ки дар ҳавлии Анас чоҳе буд, ки дар он Паёмбар (с.а.в) оби даҳони худро пош дод ва дуо хонд. Дар натиҷаи дуои Паёмбар (с.а.в) дар Мадина ҳеҷ чоҳе дар ширинӣ ба он чоҳ баробар шуда наметавонист.[211]

Сеюм. Ибни Моҷа ривоят мекунад, ки ба назди Паёмбар (с.а.в) кӯзаи оби Замзам оварданд ва Паёмбар (с.а.в) даҳони мубораки худро обгардон кард, бо ин кори Паёмбар (с.а.в) об аз мушк хуштар гардид.[212]

Чорум. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ривоят мекунад, ки ба назди Паёмбар (с.а.в) кӯзаи обе оварданд ва ӯ дар он даҳони муборакашонро обгардон карданд, ки дар натиҷа об аз мушк ширинтар гардид.[213]

Панҷум. Ҳаммод бини Салама, ки яке аз ровиёни мӯътабар аст ва Имом Муслим аз ӯ ривоятҳо кардааст, ривоят мекунад ки Паёмбар (с.а.в) оберо дуо хонда, ғарғара кард ва ба саҳобагони киром дода, ба онҳо гуфт, ки ин обро танҳо дар таҳорат истифода кунанд. Ҳангоме ки вақти намоз фаро расид, онҳо обро кушода диданд ки аз баракати даҳони мубораки ӯ об ба ширу мос мубаддал гаштааст.[214]

Ин танҳо панҷ мисоли ҷузъӣ буд, ки баъзеи он хело машҳуранд, ва имомони бузург онро нақл кардаанд. Инҳо ва дигар мисолҳоеро, ки ин ҷо зикр накардаем, дар умум мутавотири маънавӣ буда, ифодаи онро мекунанд, ин мӯъҷизаҳо комилан таҳқиқшудаанд.

Мисоли ҳаштум. Дар хусуси гӯсфандҳое, ки пистоҳои онҳо баъд аз хушк шудан бо баракати дуои Паёмбар (с.а.в) ва даст задани эшон бар пистонҳои онҳо, шири фаровоне додаанд. Дар ин ҷода мисолҳо хело зиёд омадааст, вале мо дар ин ҷо танҳо се мисоли машҳурро зикр менамоем:

Якум. Ҳамаи китобҳои муътабари сират инро овардаанд, ки Паёмбар (с.а.в) вақте ҳамроҳи Абӯбакри Сиддиқ ҳиҷрат карданд, аз назди оғули Отика бинти Холиди Алхазоъӣ, ки ӯро Умми Маъбад мегуфтанд, мегузаштанд. Онҳо ба назди ӯ омаданд ва ӯ бузи лоғаре дошт, ки шир надошт. Аз ӯ пурсиданд: “Оё ин буз шир дорад?” Умми Маъбад гуфт: “Пистони ин хун надорад, пас аз куҷо шир дошта бошад?”. Сипас Паёмбар (с.а.в) пушти он бузро молиш дода, даст бар пистони ӯ карда, гуфт: “Зарфе биёред ва ӯро биҷӯшед”. Бузро ҷӯшиданд ва аз шири он Паёмбар (с.а.в) ва Абӯбакр нӯшиданд ва баъди онҳо тамоми касоне, ки дар он сарои бузҳо буданд, нӯшида, сер шуданд ва боз аз он шири буз миқдоре боқӣ монд.[215]

Дуюм. Қиссаи бузи Ибни Масъуд (р). Аз Ибни Масъуд ривоят аст, ки мегӯяд бузҳои Уқба ибни Абӯмуитро бонӣ мекардам, ки Паёмбар (с.а.в) бо Абӯбакр аз онҷо гузаштанд. Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Эй ҷавонмард, шир дорӣ?”. Гуфтам: “Бале, аммо ин бузҳо дар пеши ман амонат ҳастанд”. Гуфт: “Оё бузе дорӣ, ки ҳомиладор нашуда бошад?”. Пас бузеро ба назди ӯ (с.а.в) овардам ва эшон пистони онро даст карда молид ва буз ширдор шуд. Дар ҳол онро ҷӯшида, ҳамроҳи Абӯбакр нӯшиданд…[216] ва ҳамин ҳодиса сабаб шуд, ки ибни Масъуд (р) Исломро қабул кунад.

Сеюм. Қиссаи «Бузҳои Ҳалимаи Саъдия,[217] ширдеҳи Паёмбар (с.а.в) ». Ин қисса хело машҳур аст, ки дар ҳамон сол хушксолие фаро расид ва тамоми бузҳо лоғар буданд ва дар пистонҳои онҳо шир набуд ва бо серӣ намечариданд. Сипас Паёмбар (с.а.в)-ро барои шихорагӣ ба назди Ҳалимаи Саъдия фиристоданд ва ба сабаби баракати ӯ (с.а.в) бузҳояш аз чарогоҳҳо сер бармегаштанд ва пистонҳои онҳо пур аз шир буд, вале бузҳои дигарон инчунин набуданд.

Дар китобҳои сира ин ва монанди он мисолҳои зиёде ҳаст, вале он чи мо зикр намудем, кофӣ мебошад.

Мисоли нуҳум. Дар ин ҷо чанд намунаеро аз намунаҳои бешумори машҳур меорем, ки мухолифи одати башар мебошанд ва он ҳангоми сару рӯйҳои баъзеҳоро бо дастони муборакашон молиш додани Паёмбар (с.а.в) ва дуо намудан дар ҳаққи онҳо рух додааст.

Якум. Паёмбар (с.а.в) сари Умайр ибни Саъдро молиш дода, барои ӯ баракат талаб кард ва ӯ дар синни ҳаштодсолагӣ вафот намуд, дар ҳоле ки сафедие дар мӯйи сараш набуд.[218]

Дуюм. Паёмбар (с.а.в) сари Қис ибни Зайди Алҷазомиро молиш дода, ӯро дуо дод ва ӯ дар синни сад солагӣ вафот кард ва он ҷойҳоеро, ки дасти мубораки Паёмбар (с.а.в) расида буд, ҳамчунон сиёҳ боқӣ монданд ва аз ин рӯ, ӯро пешонисафед мегуфтанд.[219]

Сеюм. Замоне ки Абдураҳмон ибни Зайд ибни Хаттоб тифл ва сари ӯ кафида буд, Паёмбар (с.а.в) сари ӯро молиш дод ва барои ӯ дуо ва талаби баракат кард. ӯ беҳтарини мардон аз лиҳози қаду қомат гардид.[220]

Чорум. Дар рузи ҷанги Ҳунайн Оиз ибни Амр ҷароҳат бардошта ва чеҳрааш пурхун буд. Паёмбар (с.а.в) барои ӯ дуо намуд, ва гуфт:

ва аз ин пас дар пешонияш сафедие чун сафедии пешонаи асп пайдо шуд.[221]

Панҷум. Рӯйи Қитода ибни Мулҳамро Паёмбар (с.а.в) маҳс кард, сипас дар рӯяш як рӯшноие пайдо шуд, ки чуноне дар оина менигарӣ, ҳамон гуна гардид[222].

Шашум. Паёмбар (с.а.в) дар рӯйи Зайнаб бинти Умми Салама дар хурдсолияш каме обе аз он чи вузӯ мегирифт, бипошид. Чунон зебо гашт, ки дар миёни занон ба он зебогӣ касе дида намешуд.[223]

Ин гуна мисолҳо хело зиёданд ва онро имомони ҳадис ривоят кардаанд, ки дар умум мутавотири маънавиро ифода мекунанд ва воқеъ гардидани мӯъҷизаҳои Аҳмадиро дар умум баён мекунанд. Ҳатто агар фарз кунем, ки ҳар яки ин мисолҳо ва хабарҳо оҳод ва заиф бошанд, вале дар асл маҷмӯъи онҳо дар ҳукми мутавотири маънавӣ мебошанд. Зеро агар як ҳодисаи муайянро дар суратҳои мухталиф ва бо ривоятҳои гуногун нақл кунанд, ин маънои онро дорад, ки он ҳодиса воқеъ шудааст ва ҳеҷ шубҳае дар он нест, магар ин ки дар ривоят суратҳои вуқуъи он ҳодиса ихтилоф аст. Барои мисол агар дар маҷлисе садои баланде шунида шавад, баъзеҳо гӯянд, ки хонаи фалон вайрон шуд ва дигаре гӯяд хонаи шахси дигаре хароб шуд ва дигаре гӯяд не, хонаи фалонӣ хароб шуд… Ҳамин тавр, ҳар як ривоят аз ин ривоятҳо бо вуҷуди онки оҳоду заиф ҳастанд ё ин ки мухолифи воқеъ ҳастанд, вале дар ҳодисаи аслӣ, яъне дар воқеъ шудани он ҳеҷ шакке нест, яъне хароб шудани хонаи касе ба вуқуъ пайвастааст. Пас, ривоятҳо дар маҷмӯашон ифодаи қатъӣ бар воқеъ шудани ҳодиса мекунанд ва инҳо дар асл иттифоқ ҳастанд. Аммо мисолҳои ҷузъие, ки зикрашон намудем, ривоятҳои саҳеҳ ҳастанд, ҳатто баъзеи онҳо ба дараҷаи машҳур расидаанд. Агар фарз кунем, ки ҳамаи ин ривоятҳо заифанд, вале ба ин шакли зиёд омадани онҳо қотеъона далолати бар вуҷуди мӯъҷизаҳои Аҳмадӣ мекунанд, чуноне ки ривоятҳо дар мисоли дар боло зикршуда далолат бар вайрон шудани хонае мекунанд.

Ҳамин гуна ҳар намуди мӯъҷизаҳои Аҳмадӣ собиту устувор ҳастанд ва дар онҳо шакку шубҳае нест. Ин ҷузъиёте, ки мо зикр намудем, ба намуна ва суратҳо гуногунӣ ба мӯъҷизаҳои мутлақ доранд.

Чуноне ки дасти мубораки Паёмбар (с.а.в) ва ангуштону оби даҳон ва даму дуои ӯ сароғози бисёри мӯъҷизаҳо буд, дар воқеъ дигар нозукиҳо ва ҳаввос ва дигар аъзоҳои ӯ маншаи корҳои фавқи тоқати башарӣ буданд. Дар ҳақиқат китобҳои сирату таърих он мӯъҷизаҳоро баён мекунанд ва хело далелу ҳуҷҷатҳои набавиро дар сирату сурати Паёмбар (с.а.в) возеҳ менамоянд

 

ИШОРАИ ПОНЗДАҲУМ

Дар ҳақиқат, тамоми ҳайвонот, ҷинҳо, мурдагон ва малоик ин Паёмбар (с.а.в)-ро мешинохтанд ва тоифае аз онҳо бархе аз мӯъҷизаҳои худро барои тасдиқи нубуввати Паёмбар (с.а.в) нишон медоданд, ҳамчуноне ки сангҳо ва офтобу моҳтоб нишон медоданд ва бо ин зоҳир менамуданд, ки онҳо Паёмбар (с.а.в)-ро мешиносанд.

Ҳамин ишораи понздаҳум се қисмро дар бар мегирад:

 

ҚИСМИ ЯКУМ

Ин шинохтани ҷинси ҳайвонот ва зоҳир намудани мӯъҷизаҳои ӯ (с.а.в) мебошад. Барои ин шоха мисолҳо хело зиёданд ва дар ин ҷо мо танҳо ривоятҳои аз лиҳози маънавӣ машҳур, қатъӣ ва мутавотирро аз аҳодис ва ё он намуд ҳадисҳоеро, ки дар назди аҳли илм мақбул аст ва ё уммат онҳо қабул намуданд, баён мекунем .

Ҳодисаи якум. Ривояти ҳодисаи ғор, ки ба ҳадди тавотур расидаасту он хело машҳур мебошад,  дар он омадааст, ки Паёмбари Худо (с.а.в) ҳамроҳ бо Абӯбакр барои наҷот аз шарри қурайшиҳо дар ғор пинҳон шуданд, “Худованд дар ин ҳангом ду кабӯтарро амр намуд, то дари ғор биншинанд” ва дар ҳадиси дигар омадааст, ки “Тортанак бар дари ғор тор кашида буд”, то он ки Убай ибни Халаф, ки яке аз сардорони Қурайш буд, баъдтар дар Бадр кушта мешавад. Вақте Қурайш аз ӯ талаб намуданд, то ба ғор дарояд, гуфт: “Ба ин ғор[224] чӣ ҳоҷат доред, ки дар даҳони ғор торҳои анкабут аст ва ман фикр мекунам, ки торҳо пеш аз вилодати Муҳаммад кашида шуда бошад”. Вақте кабӯтарҳо дар даҳони ғор истода буданд, қурайшиҳо гуфтанд агар дар ин ғор касе мебуд, ҳаргиз ин кабутарҳо дар инҷо намебуданд. Паёмбари Худо (с.а.в) дар даруни ғор истода, тамоми суханони онҳоро мешунид, то замоне ки онҳо ҳама он маконро тарк карда, аз онҷо рафтанд[225].

Ибни Ваҳҳаб ривоят мекунад, ки кабӯтарони Макка дар рӯзи фатҳи Макка бар сари Паёмбар (с.а.в) соя меафканданд ва Паёмбар (с.а.в) барои онҳо дуои баракат мекард[226].

Аз Оиша (р) аст чунин ривоят омадааст: “Мо ҳайвони хонагӣ доштем ва ҳангоме ки Паёмбари Худо (с.а.в) дар хона мебуд, дар ҷояш қарор меистод ва ҳангоме ки аз хона берун мешуд, ба бозӣ медаромад.[227] Яъне Паёмбар (с.а.в) -ро эҳтиром мекард.

Ҳодисаи дуюм. Қиссаи машҳури гург аст, ки ин ҳадис бо роҳҳои гуногун ривоят шудааст ва ҳатто ба дараҷаи ҳукми тавотур низ расидааст. Дар ҳақиқат, ин достони аҷиб бо роҳҳои гуногун аз саҳобагони зиёде ривоят шудааст, аз ҷумла аз Абӯсаиди Худрӣ, Салма ибни Акваъ, Ибни Абӯваҳҳаб ва Абӯҳурайра. Аммо соҳиби достон чӯпоне буд бо номи Уҳбон. Ин афрод бо роҳҳои гуногун чунин ривоят мекунанд: “Боре чӯпоне бузҳои худро ба чарогоҳ бурда буд ва гурге омаду яке аз бузҳои ӯро гирифт. Чӯпон талош намуд ва бузғоларо аз чанголи гург халос кард ва дар ин ҳангом гург ба пойи худ рост истода гуфт: “Чаро аз Худованд натарсиди ва ризқи манро аз ман дур карди?”. Чӯпон гуфт: “Аҷаб аст, ки гург бо забони одамӣ сухан мегӯяд!”. Сипас гург гуфт: “Оё туро ба аҷибтару ҷолибтар аз ин кор хабар кунам? Паёмбари Худо (с.а.в) дар Мадина аст ва мардумро аз гузаштагон хабар медиҳад ва ба ростӣ дарҳои Биҳишт барои ӯ боз шудааст ва шуморо ба он даъват менамояд”.

Бо оне, ки ҳамаи ривоятҳо ба сухан кардани гург иттифоқ доранд, аммо қавитарини ин ривоятҳо ҳадисест, ки Абӯҳурайра ривоят кардааст ва он чунин мебошад: “Чупон гуфт[228] кӣ ин бузҳои маро нигаҳбонӣ мекунад?”. Гург гуфт: “Ман то баргаштани ту онҳоро нигаҳбонӣ мекунам”. Чӯпон бузҳои худро ба гург супориду рафт” ва аз эмон овардану достони ӯ ва он ки Паёмбари Худо (с.а.в) дар ҷанг буд, хабар медиҳад. “Чӯпон баъди бозгашт ба амонатдории гург қоил шуда, як бузғоларо кушта, ба ӯ бахшид”.

Дар ривояти дигар ин ҳодиса ба Абӯcуфён ва Сафвон ибни Умайя рух додааст, ки онҳо гургро диданд, ки ба оҳу ҳамла мекард ва ҳангоми ворид шудани оҳу ба Масҷидулҳаром гург аз дунболгирӣ бозистод. Инҳо аз рафтори гург тааҷҷуб карданд, вале гург ба забон омада гуфт: “Аҷибтар аз ин Муҳаммад (с.а.в) ибни Абдуллоҳ дар Мадина мебошад, ки мардумро ба Биҳишт фаро мехонад”. Сипас Абӯсуфён гуфт: “Қасам ба Лоту Уззо, агар ин ҳодисаро ба мардуми Макка нақл кунем, ҳама аз он баромада, онро холӣ мегузоранд.[229]

Аз ин ҳама натиҷа мегирем, ки қиссаи гург бо қаноату итминон ҳамчун хабари мутавотири маънавӣ ба мо расидааст.

Ҳодисаи сеюм. Ин ҳодисаи шутур аст, ки ба панҷ ё шаш роҳ аз саҳобагони машҳур ба мисли Абӯҳурайра, Саълаба ибни Молик, Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Абдуллоҳ ибни Абуавфо ва дигарон ривоят шудааст. Ҳамаи ин саҳобагон иттифоқ доранд, ки шутур ба назди Паёмбари Худо (с.а.в) омад ва дар наздаш саҷда кард, яъне саҷдаи таъзиму эҳтиром ва бо Паёмбари Худо (с.а.в) сухан кард. Ривояти дигаре омадааст, ки он шутур дар боғе беқарор шуда буд ва ҳар ки дохили боғ мешуд, ба ӯ ҳамла мекард, вале ҳангоме Паёмбари Худо (с.а.в) вориди боғ шуд ва шутурро садо кард, шутур омада, сарашро барои бастан поён намуд ва Паёмбари Худо (с.а.в) ӯро бубаст.[230]

Дар ривояти дигари ҳадиси шутур омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) онҳоро аз ҳоли шутур пурсид, онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки мо қасди куштани онро доштем.[231]

Дар ривояти дигар омадааст, ки “он шутур ба ман (яъне Паёмбар (с.а.в)) шикоят кард, ки шумо ӯро баъди корҳои сангин дар даврони солимияш ҳоло нияти куштани ӯро доред”. Дар ҷавоб гуфтанд: “Бале”.

Ҳамчунин омадааст, ки шутури Паёмбар (с.а.в) , ки Азбо ном дошт, баъди марги Паёмбар (с.а.в) аз хӯрдану нӯшидан бозмонд, то оне ки ҷон дод.[232] Абӯисҳоқи Исфаронӣ дар достони Азбо зикр кардааст, ки ӯ бо Паёмбари Худо (с.а.в) дар кори муҳиме ба сухан омадааст.

Дар “Саҳеҳ” собит шудааст, ки[233] шутури Ҷобир ибни Абдуллоҳи ансорӣ дар сафаре бисёр аз пой монда шуд ва аз роҳ рафтан бозмонд, сипас Паёмбари Худо (с.а.в) ӯро оҳиста молиш дод ва баъди он ин шутур хело чолок шуд, ба дараҷае, ки дигар лаҷомашро гирифтан мушкил буд ва ин ҳам бошад, аз дидани лутфи Паёмбар (с.а.в) ба амал омад.

Ҳодисаи чаҳорум. Имом Бухорӣ ва имомони ҳадис ривоят мекунанд, ки шабе аҳли Мадина аз садое ба тарс омаданд ва ҳама ба сӯйи макони он садо равон шуданд. Паёмбари Худо (с.а.в) баъди он ки аз ҷойи ҳодиса бармегашт, онҳоро дар роҳ вохӯрд. ӯ ба макони садо бо аспи безини Абӯталҳа рафта ва шамшере дар гардани ӯ овезон буд ва ба мардум гуфт: “Дигар натарсед” ва сипас ба Абӯталҳа гуфт:

“Мо аспи туро дар Ҳиро пайдо карда будем, ки хело оҳиста мерафт ва аз ин шаб шурӯъ карда, дигар аспе натавонад ӯро сабқат намояд”[234].

Дар ривоят собит шудааст, ки ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) дар баъзе аз сафарҳояш, вақте ки ба намоз бармехост, ба аспи худ чунин мегуфт: “Худо ба ту баракат диҳад, то вақте ки мо намозро ба поён нарасонем, аз ҷоят ҳаракат накун” ва ӯро дар тарафи қиблаи худ мегузошт. То он замоне, ки Паёмбар (с.а.в) намози худро комил намекард, асп ҳаракат намекард.[235]

Ҳодисаи панҷум. Хизматгори Паёмбари Худо (с.а.в.) бо номи Сафина барои рафтани ба назди Муъоз ибни Ҷабал ба Яман фармон гирифта рафт.[236] ӯ дар роҳ бо шер вохӯрд. Сафина ба ӯ гуфт: “Ман хизматгори Паёмбари Худо(с.а.в.) мебошам”. Шер овози баланд бароварда роҳро боз кард ва ҳуҷум накард.

Дар ривояти дигар омадааст, ки Сафина ҳангоми бозгашт роҳро гум кард ва бо шере вохӯрд. Хизматгори Паёмбар (с.а.в) мегӯяд, ки шер маро бо дасташ ишора намуда, роҳро нишон дод.

Аз Хазрати Умар ривоят аст,[237] ки Паёмбар (с.а.в) дар маҷлисе бо ёрони худ нишаста буд, ки аъробие ворид шуд, ки калтокеласе шикор намуда буд. Аъробӣ гуфт: “Ин мард кист?”. Саҳобагон гуфтанд: “Паёмбари Худо (с.а.в) мебошанд”. Гуфт: “Қасам ба Лоту Уззо, ки ба ту эмон намеоварам, то ки ин калтокелас ба ту имон биёварад” ва ӯро дар назди Паёмбар (с.а.в) гузошт. Паёмбар (с.а.в) ба калтокелас гуфт: “Эй келас, ҷавоб деҳ!”. Сипас он хазанда бо забони возеҳ, ки ҳама мешуниданд, ҷавоб дод: “Гӯш мекунам ва ба ту эмон дорам”. Сипас Аъробӣ низ эмон овард.

Аз Умми Салама ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в) дар биёбоне буд ва оҳуе садо намуд: “Эй Паёмбари Худо (с.а.в) …” (то охири ҳадис) пас берун баромада давиду гуфт: “Шаҳодат медиҳам, ки нест Худое ғайри Аллоҳ ва ин ки ту фиристодаи ӯ ҳастӣ”.[238]

Ҳамин гуна мисолҳои зиёд дар ин хусус вуҷуд дорад, ки мо фақат машҳур ва возеҳтарини онро баён намудем.

Пас, эй инсон ва эй касе, ки ин Паёмбар (с.а.в) -ро намешиносию ба ӯ итоат намекунӣ, аз ин ибрат бигир ва кӯшиш кун, то пасттар аз гургу шер набошӣ, зеро ин ҳайвонот Паёмбар (с.а.в) -ро мешиносанд ва итоат мекунанд.

ҚИСМИ ДУЮМ

 

Ин Паёмбари акрам (с.а.в)-ро шинохтани мурдагон, ҷин ва малоик аст ва барои ин хело мисолҳои зиёд аст, ки мо фақат машҳуртарини онҳоро, ки уламои сиққа(гузашта) ривоят кардаанд, баён менамоем. Аввал мисолҳо аз мурдагонро зикр менамоем, аммо мисолҳои ҷину малоик бошад, хело бисёр аст.

Мисоли аввал. Имом Ҳасани Басрӣ, ки ӯ имоми уламои зоҳир ва ботин ва аз содиқтарин шогирдони ҳазрати Алӣ (р) ва аз ҷумлаи тобиин мебошад, чунин ривоят кардааст:[239] “Марде ба назди Паёмбар (с.а.в) омад ва аз партофтани духтарчаи хурди худ дар даррае хабар дод. Паёмбар (с.а.в) ғамгин шуд ва бо ҳамроҳии ӯ ба он дарра рафту духтари ӯро бо номаш садо кард: “Эй фалонӣ, ба амри Аллоҳ ҷавоб бидеҳ!”. Сипас он духтарча баромада фармуд: “Лаббай ва хушо ба ҳолат”. Пас ба ӯ гуфт: “Падару модари ту мусалмон шуданд ва агар мехоҳӣ, туро ба назди онҳо баргардонам”. Он духтарча гуфт: “Ман ба онҳо ҳоҷате надорам, Худоро аз онҳо беҳтар ёфтам”.[240]

Мисоли дуюм. Имом Байҳақӣ ва Имом ибни Адӣ бо санад аз Анас (р) ривоят мекунанд, ки ҷавоне аз ансор вафот кард ва як модари пири кӯре дошт. Он ҷавон фарзанди ягонаи ӯ буд. Мо ба назди модари ӯ рафта, бо оромӣ таъзия баён кардем. Он пиразан гуфт: “Писари ман фавтидааст?”. Мо гуфтем: “Бале”. Он пиразан гуфт: “Парвардигоро, Ту худат медонӣ, ки ман ба сӯйи Ту ва Паёмбари Ту (с.а.в) ҳиҷрат кардаам. Истироҳати ҳаёти маро таъмин мекардаги як фарзандаамро ба ҳурмати Паёмбарат(с.а.в.) бубахш”. Ҳазрати Анас мегӯяд: “Мо аз ҷоямон барнахеста будем, ки он ҷавон кафанро аз худ дур кард ва бо мо хӯрок хӯрд”.[241] Имом Бусайрӣ низ ба ин ҳодисаи аҷиб ишора карда, дар қасидаи худ чунин мегӯяд:

Агар мӯъҷизаҳои ӯ дар бузургӣ ба мартабаи ӯ мерасиданд,

Танҳо гирифтани номи ӯ мурдаи пӯсидаро зинда менамуд.

 

Мисоли сеюм. Имом Байҳақӣ ва дигарон аз Абдулло ибни Убайдуллоҳи Ансорӣ ривоят мекунанд, ки ӯ гуфтааст: “Ман аз ҷумлаи касоне будам, ки Собит ибни Қайсро дафн намудем ва ӯ дар ҷанги Ямома кушта шуда буд. Дар ҳолате, ки ӯро ба гӯр мемонданд, чунин садо аз ӯ шунидем:

“Муҳаммад (с.а.в) Паёмбари Худо аст, Абӯбакр сиддиқ аст, Умар шаҳид ва Усмон хубу раҳмдил”. Пас ба ӯ нигоҳ кардем ва ӯ мурда буд”.[242]

ӯ аз шаҳодати Умар қабл аз халифа шуданаш хабар дод.

Мисоли чорум. Имом Табаронӣ ва Абӯнаъим дар китоби “Далоилун-нубувваҳ” аз Нӯъмон ибни Башир ривоят мекунанд, ки Зайд ибни Хориҷа дар кӯчае аз кӯчаҳои Мадина мурда буд. Пас ӯро бардоштанд ва кафан карданд. Дар миёни намози шому хуфтан ва дар ҳолате, ки занҳо дар атрофаш нола мекарданд, шуниданд, ки ӯ мегуфт:  “Гӯш намоед, гӯш намоед”. Шахсон рӯяшро боз карданд, ӯ мегуфт: “Муҳаммад (с.а.в) Паёмбари Худо аст” ва баъди он боз гуфт, ки “Ассалому алайка, эй Паёмбари Худо”. Баъди гуфтани ин суханон дубора мурд.[243]

Пас агар мурдаҳо, ки ҳаёт надоранд, паёмбарии Паёмбари Худо (с.а.в)-ро тасдиқ мекунанд, пас чӣ гуна мешавад, ки зиндае ӯро тасдиқ накунад? Пас оё мункирон мурдагони бадбахт ва беҳаёттар аз мурдагони ҳақиқӣ нестанд?

* * *

Аммо хидмати малоика ба Паёмбар (с.а.в), кӯмаки онҳо ба ӯ ва имони ҷинҳо ва тоаташон аз Паёмбар (с.а.в) ба тавотур собит шудааст. Қуръони карим дар бисёре аз оятҳояш ошкоро онро баён мекунад ва панҷ ҳазор малоика дар ғазваи Бадр ба монанди саҳобагон дар зери фармони ӯ буданд, чуноне ки дар Қуръон омадааст. Ҳатто он малоикаҳо дар байни дигар малоик барои дар Бадр иштирок намуданашон соҳиби шараф шуданд, ба монанди ононе, ки асҳоби Бадр ба он расиданд.[244]

Ин масъала ду ҷиҳат дорад:

Якум, мавҷуд будани ҷин ва малоика ва иртиботи онҳо бо мо. Ин ба монанди вуҷуди ҳайвону инсон яқинан собит шудааст, ки дар вуҷудашон шакке нест. Инро бо яқин дар “Ибораи бисту нӯҳум” оварда будем ва барои донистани исбот ба он ибора муроҷиат бояд кард.

Дуюм, дидан ва сухан гуфтани баъзе аз афроди уммат бо малоика ва ҷин ва ин ҳам ба хотири дарёфти шарафи нисбати онҳо бо Паёмбар (с.а.в) ва ин баёнгари асаре аз осори муъҷизоти Паёмбар (с.а.в) аст.

Имом Бухорӣ ва Имом Муслим ва имомони ҳадис бо итифоқ аз Умар (р) ривоят кардаанд,[245] ки мегӯяд: “Рӯзе мо дар назди Паёмбари Худо (с.а.в) нишаста будем, ногоҳ марде бо либоси сафед ва мӯйҳояш сиёҳ, ворид шуд, ки дар ӯ асари сафар дида намешуд ва касе ҳам аз мо ӯро намешинохт. ӯ ба назди Паёмбари Худо (с.а.в) нишаст… Сипас ба Паёмбар (с.а.в) гуфт:

“Ислом, имон ва эҳсон чист?” ва Паёмбар (с.а.в) ба тамоми саволҳои ӯ ҷавоб дод. Баъди ин Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Оё медонӣ ин суолдиҳанда кӣ буд?”. Гуфтам: “Худо ва Паёмбараш донотаранд”. Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Ин Ҷаброил буд, омад, то ба шумо динатонро биёмӯзонад”.

Ба ривоятҳои саҳеҳи мӯътамад ва дар дараҷаи тавотури маънавӣ аз муҳаддисон собит шудааст, ки асҳоби Паёмбар (с.а.в) бисёр вақтҳо ҳазрати Ҷаброилро дар назди Паёмбар (с.а.в) ба сурати Диҳияи Калбӣ (р), ки хело зебо буд, медиданд[246]. Аз ҷумла, Умар, Ибни Аббос, Усома, Ҳорис, Оишаи Сиддиқа ва Умми Салама, ризогии Худо бар онҳо бод, ҳамаи онҳо мегӯянд дар бисёри маворид Ҷаброилро дар назди Паёмбар (с.а.в) ба сурати Диҳияи Калбӣ медидем. Оё мумкин аст, ки онҳо  бигӯянд мо дидем, дар ҳоле ки надидаанд?! Ва бо исноди саҳеҳ аз Саъд ибни Абиваққос (р) яке аз башоратшудагон ба Биҳишт ва фотеҳи Форс собит шудааст, ки гуфтааст: “Дар ҳақиқат, мо дар ҷанги Уҳуд Паёмбари Худо (с.а.в)-ро дидем, ки аз тарафи рост ва чапи ӯ Ҷаброил ва Микоил ба сурати ду мард, бо либоси сафед, ба ҳайси ду муҳофиз барои ӯ буданд”[247]. Пас агар қаҳрамоне аз қаҳрамонони Ислом гӯяд мо дидем, оё мумкин аст, ки хилофи ин рух дода бошад?

Ҳамчунин Абӯсуфён ибни Ҳорис ибни Абдулмуталлиб, ки писарамӯи Паёмбари Худо (с.а.в) аст, дар рӯзи Бадр дар байни замину осмон мардони сафедро дид, ки савори аспони алла (аблақ) буданд.[248]

Ҳазрати Хамза аз Паёмбар (с.а.в) ниёз карда пурсид: “Ман Ҷаброилро дидан мехохам”. Паёмбар (с.а.в) дар Каъба ба у Ҷаброилро нишон дод ва ӯ таҳомул накарда  беҳуш шуд.[249]

Пас мисолҳои дидани малоика хело бисёранд ва ҳамаи онҳо баёнгари навъе аз муъҷизоти Аҳмад (с.а.в) аст ва далолат мекунанд, ки малоика дар атрофи нураш чун парвона давр мезаданд.

* * *

Аммо вохӯрӣ бо ҷин ва дидани онҳо ҳатто бо мардуми оддӣ бисёр рух медиҳад, пас чӣ расад бо саҳобагони киром, аммо олимони ҳадис барои мо дурусттарин ва собиттарини ривоётро нақл намудаанд.

Абдуллоҳ ибни Масъуд дар шаби ҷин , яъне шаби ҳидоят ёфтани онҳо дар хурмозор, ҷинро дида ва суханони онҳоро шунидааст ва онҳоро ташбеҳ додааст ба мардони Зут, ки дар Судонанд ва хело қомати баланд доранд[250].

Ҳамчунин ҳодисаи машҳур, ки онро олимони ҳадис нақл ва ихроҷ мекунанд ва онро қабул доранд, ин аст: “Замоне ки Холид ибни Валид (р) мехост бути Узоро бишканад, сиёҳзани урёни фиғонбарорро, ки он ҷо буд, ба қатл мерасонад. Холид ба Паёмбар (с.а.в) ин хабарро расонид. Паёмбар (с.а.в)  гуфтанд: “Он Уззо аст, ки мардум ӯро дар шакли бути Уззо мепарастиданд ва дигар парастиш карда намешавад”.[251]

Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст: “Ҳангоме ки мо бо Паёмбари Худо (с.а.в) нишаста будем, ногоҳ як пирамард дар дасташ асо ҳозир шуд ва ба Паёмбар (с.а.в) салом дод ва Паёмбар (с.а.в) ба ӯ ҷавоб дод. Сипас Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Садои ҷин аст, ту кистӣ?”. Гуфт: “Ман Ҳомма мебошам”. Ҳадиси тӯлонии дигарест, ки Паёмбар (с.а.в) ӯро чанд сураи Қуръон таълим дод.[252] Пас ин ҳодиса бо вуҷуди он, ки мавриди интиқоди баъзе олимони ҳадис шудааст,[253] вале олимони дигар ин ҳадисро саҳеҳ шумурдаанд… Ба ҳар ҳол, мо зарурати беш аз ин мисол оварданро надорем ва мисолҳо дар ин боб хело зиёданд.

Ҳамчунин инро гуфтанием, ки дар воқеъ, он касоне, ки бо нури Муҳаммад (с.а.в) мунаввар шудаанд ва тарбияту таълимоти Паёмбар (с.а.в) -ро гирифтаанд ва бар асари ӯ (с.а.в) амал мекунанд ва онҳо тарбиятдидаи ҳазорон авлиё, аллома, уламои пок мебошанд, аз қабили шайх Ҷайлонӣ, бо малоик ва ҷин вохӯрдаанд ва ба онҳо сухан гуфтаанд ва ривоятҳо дар ин мавзӯъ зиёд, мутавотир ва қатъӣ мебошанд[254].

Бале, вохӯрдани уммати Муҳаммад (с.а.в) ва сухан намудани эшон бо ҷину малоик асаре аз осори тарбияти мактаби Муҳаммадӣ ва ҳидояти фавқуллоддаи ӯ аст.

 

ҚИСМИ СЕЮМ

Исмати Худованд ба Паёмбари акрам ва ҳифозати ӯ (с.а.в) аз зарари мардум як мӯъҷизаи ошкор ва ҳақиқати равшане аст, ки Қуръон онро баён кардааст. Худованд мефармояд:

 “Ва Худованд туро аз мардум нигоҳ медорад”(“Моида”,67).

Пас дар ин оят муъҷизоти бисёре вуҷуд дорад. Ҳангоме ки Паёмбари акрам (с.а.в) паёмбариашро эълон намуд, ӯ (с.а.в) танҳо ба як гурӯҳи муайян, қавм, сиёсатмадор, ҳокими муайян ва ҷамъияте рақобат накард, балки ба ҳамаи подшоҳон ва ҳамаи адён рақобат намуд ва ғайри Худо пуштибоне надошт, ҳатто амакаш ба ӯ (с.а.в) душманӣ эълон кард ва ҳамчунин қавму қабилаш бо ӯ душман буданд ва бо вуҷуди дучори хатару ҳалокатҳои бисёр бо ин ҳол муддати 23 сол бидуни ҳеҷ муҳофиз дар даъват боқӣ монд. Дар воқеъ, Худованд Паёмбар (с.а.в) -ро аз зарари мардум нигоҳ медошт, то ин ки бо итминони комил ба назди Парвардигори худ рафт. Ҳамаи ин ҳамчун Офтоби рӯзи равшан далолат бар он мекунад, ки ин ояти карима баён кардааст.

“Ва Худованд туро аз мардум нигоҳ медорад” (“Моида”,67) ва беҳтарин нуқтаи далолат бар исмати ӯ (с.а.в) мебошад.

Акнун баъзе аз ҳодисаҳаро, ки қатъиян собит шудаанд, баён мекунем.

Ҳодисаи якум. Муҳаддисон ва таърихнигорон бо иттифоқ ривоят мекунанд, ки дар ҳақиқат, ҳангоме Қурайшиҳо ба куштани Паёмбар (с.а.в) иттифоқ намуданд, иблис ба сурати пирамарде омаду онҳоро роҳнамоӣ намуд, ки аз ҳар қабила ҷавонеро интихоб кунанд, то дар байнашон ихтилоф рух надиҳад. Теъдоди онҳо ба дусад мард расид ва бо сардории Абӯҷаҳл ва Абӯлаҳаб ба тарафи хонаи Паёмбар (с.а.в) равон шуданд. Алӣ (р) дар назди Паёмбар (с.а.в) буд ва ӯро фармон дод, то дар ҷояш хоб равад ва худ интизор шуд, то Қурайшиҳо омаданд ва хонаи ӯро муҳосира карданд. Паёмбар (с.а.в) бар тарафи онҳо баромад ва бар сари онҳо хок пошид, дар ҳоле ки Худованд чашмони онҳоро кӯр намуда буд ва бо ҳамин ӯ аз онҳо наҷот ёфт[255].

Ҳамчунин муҳофизати ӯ ҳангоми таъқиби Қурайшиҳо, ки даҳони ғор ба хости Худованд бо тори анкабут ва истодани кабӯтар бар он мӯҳкам шуд.[256]

Ҳодисаи дуюм. Ин достони Суроқа ибни Молик аст[257]. Ҳангоми ҳиҷрат қурайшиҳо барои зинда ё мурда овардани Паёмбар (с.а.в) ва Абӯбакр ҷоиза гузошта буданд. Суроқа аз ин хабардор шуд ва ҳарчи зуд ба аспаш савор шуду ба дунболи Паёмбар (с.а.в) рафт, то он ки ба Паёмбар (с.а.в) наздик шуд. Пойҳои аспаш дар замин фурӯ рафт ва ӯ аз асп ба замин афтод… ва бори дигар ба асп савор шуду Паёмбар (с.а.в)-ро дунбол кард, то он ки наздик шуду садои Паёмбар (с.а.в) -ро шунавид, вале Паёмбар (с.а.в) нигоҳе ба ӯ намекард. Абӯбакр нигоҳ намуда, ба Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Ба мо расид”. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт:

“Ғамгин машав, Худо бо мост”, ҳамчуноне ки инро ба ӯ дар ғор низ гуфта буд. Дар ин ҳол бори дигар пойҳои аспи ӯ ба замин фурӯ рафт ва ӯ аз асп ба замин афтод. Аспро заду танбеҳ кард. Асп аз ҷояш бархест, аммо пойҳояш қувват надошт. Сипас ӯ аз Паёмбар (с.а.в) амон хост ва Паёмбар (с.а.в) барои ӯ амоннома навист ва ӯро амр намуд ба касе нагзорад, ки ба онҳо наздик шавад ва Суроқа баргашт.

Дар ривояти дигар омадааст, ки чӯпоне аз роҳи интихобкардаи Паёмбар (с.а.в) ва Абӯбакр хабардор шуд ва зуд ба тарафи Макка барои хабар додан ҳаракат намуд, ҳангоме ба Макка ворид шуд, барои чӣ омаданашро фаромӯш кард ва чи қадар ҳаракат карда бошад ҳам ба хотираш наомад. Маҷбур шуда  дубора ба макони аввалааш баргашту фаҳмид, ки ӯ ба фаромӯшӣ гирифтор шуда будааст.[258]

Ҳодисаи сеюм. Имомони ҳадис бо санадҳои гуногун ривоят мекунанд, ки дар ғазваи Ғатфон ва Анмор раиси ин қабила Ғаврас ибни Ҳориси Муҳорибӣ хост, то Паёмбар (с.а.в) -ро ноогоҳона ба қатл расонад ва Паёмбар (с.а.в) хабар нашуд ва ба наздаш омада гуфт: “Туро аз ман кӣ наҷот медиҳад?” Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Худо” гуфта чунин дуо кард:

“Худовандо! Маро аз шарри ӯ ҳар гунае ки мехоҳӣ, наҷот деҳ”. Дар ин ҳолат дар пушташ аз ғайб як зарба хурд, ӯ аз ҳаракат боз монд ва шамшер аз дасташ афтид.[259] Паёмбар (с.а.в) шамшерро ба даст гирифта гуфт: “Акнун туро кӣ аз ман наҷот медиҳад?”. Пас аз гуноҳаш гузашт ва ӯро афв намуд.[260] Ин мард ба назди қавмаш баргашту гуфт: “Ман ба сӯйи шумо аз назди беҳтарин мард омадам”.

Мисли ҳамин достон дар рӯзи Бадр низ рух додааст. Ҳангоме ки Паёмбар (с.а.в) дар як вақти парешонӣ, ҳеҷкас надида, як марди мунофиқ дунбол намуд ва мисли достони пешин зикр шудааст, ки ӯ шамшерашро бароварда, хост Паёмбар (с.а.в) -ро бизанад, аммо ҳангоме ки Паёмбар (с.а.в) ба ӯ нигоҳ кард, ӯ ларзиду шамшер аз дасташ афтод.

Ҳодисаи чаҳорум. Имомони ҳадис ривоятеро нақл мекунанд, ки қариб ба дараҷаи тавотур мерасад ва аксари уламои тафсир низ дар сабаби нузули ояти каримаи

 “Ҳамоно сохтем дар гарданашон тавқҳо то зери манаҳ, пас онҳо сарболокардагонанд (яъне онҳо пеши ҳақ сар ҳам намекунанд). Ва сохтем аз ҷониби пешу пушташон садде (деворе), боз пӯшидем онҳоро, ки дигар ҳеҷ набинанд” (“Ёсин”,ояҳои 8-9) мегӯянд Абӯҷаҳл савганд ёд кард, ки агар Муҳаммад (с.а.в)-ро дар ҳолати саҷда бинам, бо ин санги бузург ӯро мезанам ва бо санге омаду Паёмбар (с.а.в) -ро дар ҳолати саҷда дид ва Қурайш назорат доштанд, то кай сангро бар сари ӯ мепартояд, аммо ногоҳ санг аз дасташ афтид ва дастонаш дар гулӯяш баста шуд ва Паёмбар (с.а.в) баъд аз тамоми намоз рафт ва дастони ӯро боз кард ва ин боз шудан ё ба иҷозати Паёмбар (с.а.в) буд ё ба сабаби он ки дигар коре аз дасташ намеояд.[261]

Валид ибни Муғира рӯзе бо санги калоне ба назди Паёмбар (с.а.в) омад, то ӯро бо ин санг ба қатл расонад. Худованд чашмонашро кӯр кард ва Паёмбар (с.а.в) -ро дида натавонист ва овози ӯро шунавиду ба сӯйи Қурайш баргашт, аммо онҳоро низ дида натавонист, то он ки ӯро фарёд намуданд ва баъди баромадани Паёмбар (с.а.в) аз масҷид дубора бино шуд.[262]

Аз Абӯбакри Сиддиқ (р) ривоят аст, ки баъди нузули ояти

“Хушк бодо дастони Абӯлаҳаб”, Умми Ҷамила зани Абӯлаҳаб, ки ба ҳезумкаш маъруф буд, ба сӯйи Паёмбар (с.а.в) рафт ва дар даст сангчаҳо дошт, дар ҳолате ки ӯ (с.а.в) бо Абӯбакр (р) дар масҷид нишаста буданд, ӯ омаду дар назди онҳо истод ва ҷуз Абӯбакр касеро намедид, дар ҳоле ки Худованд биноии чашмашро дур намуда буд. Он зан гуфт: “Эй Абӯбакр, ин рафиқи ту дар куҷост, ба ман хабар расидааст, ки ӯ маро бад кардааст. Агар ӯро ёбам, бо ин сангҳо даҳони ӯро мезанам.[263]

Бале, ҳаргиз ин ҳезумкаши Дӯзах натавонист султони бузург, ҳамонеро ки Худованд ӯро ин ҳама манзалатҳои баланд додааст, бубинад.

Ҳодисаи панҷум. Бо ривояти дуруст собит шудааст, ки[264] Омир ибни Туфайл ва Арбад ибни Қайс ба назди Паёмбар (с.а.в) омаданд ва қаблан Омир ба рафиқаш гуфта буд, ки ман Муҳаммад (с.а.в)-ро ба худам машғул мекунам ва ту ӯро бизан. Аммо дид, ки ӯ чизе карда натавонист ва баъдтар ӯ дар ин мавзӯъ пурсид ва  гуфт: “Барои чи назадӣ?” Гуфт:“Ҳар қадар хостам, ки ӯро бизанам, туро байни худам ва ӯ медидам, пас чӣ гуна туро мезадам?”.

Ҳодисаи шашум. Ҳамчунин бо ривояти саҳеҳ собит шудааст, ки Шайба ибни Усмони Ҳаҷабӣ Паёмбар (с.а.в) -ро дар рӯзи Ҳунайн ё Уҳуд дарёфт, дар ҳоле ки Ҳамза падар ва амаки ӯро ба қатл расонида буд ва бо худ гуфт имрӯз қасосамро аз Муҳаммад (с.а.в) мегирам ва баъд аз боҳам рафтани мардум аз пушти Паёмбар (с.а.в) омад, то ӯро бизанад. ӯ худ мегӯяд: “Паёмбар (с.а.в) аз қасдам бохабар шуд ва маро ба наздаш даъват кард ва дасташро бар болои дилам гузошт, дар ҳоле ки бадтарини халқ дар назари ман буд. Аммо вақте ки дасташро аз дилам бардошт, дӯстдоштатарини мардум ба ман шуд. Сипас ба ман фармуд, ки наздик шаву биҷанг ва ман ба назди ӯ (с.а.в) омадам. Дар пеши ӯ меҷангидаму ӯро муҳофизат мекардам ва ҳатто агар падарамро дар муқобили ӯ (с.а.в) медидам, омода будам ӯро ба хотири Паёмбар (с.а.в) бизанам”.[265]

Аз Фузола писари Амр ривоят аст, ки мегӯяд: “Дар фатҳи Макка мехостам Паёмбар (с.а.в) -ро дар ҳолате, ки тавоф мекард, ба қатл расонам. Ҳангоме ки ба ӯ наздик шудам, гуфт: “Ту Фузола ҳастӣ?”. Гуфтам: “Бале”. Гуфт: “Бо худат чиҳо мегуфтӣ?”. Гуфтам: “Ҳеҷ чиз”. ӯ (с.а.в) хандиду барои ман талаби мағфират намуд ва дасташро ба синаам гузошт, дилам ором шуд ва ба Худо қасам, ки дасташро аз синаам набардошта буд, магар ки ӯ маҳбубтарин халқи Худо барои ман шуд”.[266]

Ҳодисаи ҳафтум. Бо ривояти саҳеҳ собит шудааст, ки яҳудиҳо барои қатли Паёмбар (с.а.в), ҳангоме ки дар зери девор нишаста буд, нақшае кашиданд. Яке аз онҳо рафт, то санги бузургеро бар болои сари ӯ андозад, вале Паёмбар (с.а.в) аз ҷояш бархесту рафт ва бо кӯмаки Худо нақшаи онҳо хунсо(бекора) шуд.[267]

Ҳодисаҳои бисёре низ ба монанди ин ҳаводис вуҷуд дорад. Имом Бухорӣ, Муслим ва дигар имомони ҳадис аз Оиша (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с.а.в) -ро то нузули ояти

“Ва Худованд туро аз мардум нигоҳ медорад” посбонӣ мекарданд, вале баъди нозил шудани ин оят Паёмбар (с.а.в) кулоҳро аз сари худ баровард ва гуфт:

“Эй мардум! Биравед, дигар Худованд худ нигаҳбони ман аст”.[268]

Пас ин баҳс, аз аввал то ба охир баёнгари он аст, ки ҳар навъи мавҷудот ва ҳар намуд махлуқот Паёмбар (с.а.в) -ро мешиносад ва бо ӯ робита ва алоқаи хосе дорад, дар ҳоле ки муъҷизоташ барои ҳар навъе аз ин коинот баён мешавад. Ба маънои дигар Паёмбар (с.а.в) фиристодаи Худованд, Парвардигори тамоми оламиён аст.

Бале! Агар як мансабдор ё шахси салоҳиятдоре, ки дар назди подшоҳ аз мақому манзалате бархӯрдор аст, ба ҳар сохтори давлатие ворид шавад, аз ӯ хуб истиқбол мегиранд, зеро ӯ аз ҷониби подшоҳ муваззаф гардидааст. Агар фарзанди ӯ фақат як муфаттиши адлия бошад, ӯро фақат масъулони адлия пешвоз мегиранд, зеро ӯро масъулони дигар сохтор он қадар намешиносанд ва агар ӯ муфаттиши сипоҳ бошад, ӯро коркунони сохторҳои дигар намешиносанд. Дар ҳоле ки аз мисолҳои қаблӣ фаҳмида мешавад, тамоми коинот, ки дар зери қудрати Худованд мебошанд, Паёмбар (с.а.в) -ро хуб мешиносанд. Сабаби ин дар он аст, ки  Худованд ба ҳамаи онҳо, аз малоика шурӯъ намуда, то пашшаву анкабут таълим додааст, ки Паёмбар (с.а.в)-ро бишносонанд. Пас, ӯ (с.а.в) бидуни шак, хотами паёмбарон аст ва паёмбарии ӯ (с.а.в) барои ҳамаи мавҷудот мебошад, на хос барои қавми муайян, бар хилофи дигар паёмбарон, ки хоси як қавм буданд.

 

ИШОРАИ ШОНЗДАҲУМ

 

Ин нишонаҳое мебошанд, ки пеш аз зуҳури Паёмбар (с.а.в) зоҳир шуда буданд ва аз сабаби он ки бо рисолати ӯ алоқа доранд, аз нишонаҳои паёмбарӣ ба ҳисоб мераванд ва ин намуд ба се қисм тақсиманд:

Қисми аввал. Он чи Таврот, Инҷил, Забур ва саҳифаҳои дигар паёмбарон (алайҳимуссалом) дар хусуси нубуввати Муҳаммад (с.а.в) хабар додаанд ва Қуръони карим онро тасдиқ кардааст. Бале, дар ҳоле ки инҳо китобҳои осмонӣ ба шумор мераванду соҳибони онҳо паёмбар  мебошанд, пас бояд хабар додани ин китобҳо аз шахсе, ки нуреро меораду ними ҷаҳон аз он пайравӣ мекунанд, дигар шариатҳоро мансух мекунаду ҷаҳонро дигаргун месозад, гуфтаниям, ки чунин хабар додан дар хусуси ин зоти пурбаракат хело муҳим ва зарурист. Оё мумкин аст, ки он китобҳо масоили ҷузъиеро дар бар бигиранд ва бузургтарин ҳодисаи оламро, ки биъсати Паёмбар (с.а.в) аст, тарк кунанд? Пас агар зикр ва баҳси он зарурӣ бошад, ин китобҳо ё ӯро дурӯғ мешумориданд, то дини худро аз насх шудан ҳифз намоянд ё Паёмбар (с.а.в) -ро тасдиқ мекунанд, то дину китобашонро аз хурофот нигоҳ доранд. Аз сабаби он ки дӯсту душман ҳама иттифоқ бар он доранд, ки ҳеҷ нишонае аз инкор кардан дар он вуҷуд надорад, балки чандин нишонаҳо дар хусуси тасдиқи ӯ вуҷуд доранд, пас агар тасдиқ умумӣ бошад, ин як далели қатъӣ аст ва сабаби асосӣ барои вуҷуди ин тасдиқ мавҷуд аст. Мо дар навбати худ бо се далели қатъӣ ин гуфтаҳоро исбот мекунем:

Якум Паёмбар (с.а.в) бар онҳо оятҳоро мехонд ва бо онҳо рақобат мекард, мисле, ки ба онҳо ба забони Қуръон ҳарф мезанад, ки китобҳои шумо сифатҳои маро ва даъвати маро қабул доранд.

         “Бигӯ Тавротро биоред ва онро бихонед, агар ростгӯ бошед” (“Оли Имрон”, ояи 93).

“Пас бигӯ, биёед фарзандҳои мо ва фарзандҳои шуморо даъват мекунем ва занҳои мо ва занҳои шуморо ва худамон ва худатонро, сипас дуои баде мекунем ва лаънати Худоро барои дурӯғгӯён мефиристем” (“Оли Имрон”, ояи 61) .

Бо ин рақобати ошкор ҳеҷ як олими яҳудӣ ва масеҳӣ бо ӯ (с.а.в) баҳсу мубоҳала накард. Агар дар ин мавзӯъ андаке нозукӣ ё хатое мебуд, он яҳудиҳои кинаҷӯ ва кофироне, ки дар ҳама ҷо ҳастанд, ин хаторо эълон мекарданд.

Пас ин як рақобат буд, онҳо ё далеле бар хилофи гуфтаҳои ӯ (с.а.в) меоранд ва ё ӯ (с.а.в) бо онҳо ҷиҳод мекунад ва онҳо барои далел надоштанашон ҷангу ҳиҷратро ихтиёр карданд ва агар далеле хилофи гуфтаҳои ӯ (с.а.в) меёфтанд, барои онҳо аз додани ҷону мол ва дурӣ аз аҳл осонтар буд.

Дуюм. Ба сабаби пайиҳам тарҷума шудани Таврот, Инҷил ва Забур иштибоҳот ва суханон хатои муфассирин ҳангоми таъвил ва ё тафсири оятҳои он калимаҳои ғарибу аҷибе вориди онҳо шудаанд. Аз ин рӯ, эъҷозе, ки дар оятҳои Қуръон дида мешавад, дар оятҳои ин китобҳо дида намешавад, ба ғайр аз оне, ки ҷоҳилону бадхоҳон дар ин даврон дар онҳо таҳрифот ворид намуданд, ки таҳрифоти қаблиро зиёдтар мекунад. Алломаи Ҳиндӣ, ки баҳсҳое дар ин мавзӯъ бо олимони яҳуду масеҳӣ намудааст, барои онҳо ҳазорон таҳрифот дар китобҳои гузаштаашон пайдо намуд.[269]

Бо ин таҳрифоте, ки дар китобҳои онҳост, олими машҳур Ҳусайн Алҷиср дар асри ҳозир яксаду даҳ далел аз китобҳои худи онҳо бар паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) ҷамъоварӣ намудааст ва онро дар китоби худ бо номи “ар-Рисола ал-ҳамида” баён кардааст ва ин китобро марҳум Исмоил Ҳаққи ал-Маностарӣ ба забони туркӣ тарҷума кардааст ва ҳар ки мехоҳад, ба он китоб муроҷиат кунад.

Пӯшида нест, ки бисёре аз олимони яҳуду масеҳӣ ба ин иқрор доранд, ки авсофи Муҳаммад (с.а.в) дар китобҳои онҳо омадааст. Аз ҷумла, Ҳирақл аз подшоҳони Рум эътироф намуда мегӯяд: “Исо (а) ба омадани Муҳаммад мужда додааст”. Ҳамчунин подшоҳи Миср, Муқавқис, Ибни Суриё, Ибни Ахтаб ва бародараш Каъб ибни Асад, Зубайр ибни Ботиё ва ғайра аз олимони яҳуд эътироф кардаанд ва ҳамчунин сардорҳояшон мегуфтанд, ки бале авсофи ӯ (с.а.в) дар китобҳои мо зикр шудааст.

Аз тарафи дигар, бисёре аз олимони машҳури яҳуд ва масеҳӣ душманӣ ва якравиро як тараф андохта, нишонаҳои Паёмбар (с.а.в)-ро дар китобҳои худ пайдо намуданд ва ба ӯ (с.а.в) имон оварданд. Онҳо чунин далелҳоро барои дигар донишмандони худ низ баён намуданд.

Аз ҷумла, машҳур Абдуллоҳ ибни Салом, Ваҳҳаб ибни Мунаббаҳ, Абӯ Ёсир ва Шомул (Молики Яман дар замони Туббаъ буд. Туббаъ, ки пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) ғоибона ба ӯ имон овардааст ва Шомул ҳам…), Усайд ва Саълаба фарзандони Саъя буданд ки, Ибни Ҳайбон марди Худошиносе буд, ки пеш аз биъсат бар Бани Назир меҳмон шуда, ба онҳо гуфта буд:

“Паёмбаре ба наздикӣ зуҳур мекунад ва ин ҷо макони ҳиҷрати ӯст ва ӯ ин ҷо вафот хоҳад кард”.

Пас вақте, ки Паёмбар (с.а.в) ба онҳо меҷангид, мегуфтанд:

“Қасам ба Худо, ин ҳамон марде аст, ки Ибни Ҳайбон ба мо баён карда буд”. Аммо Бани Назир ба сухани ӯ аҳамият намедоданд ва аз ин сабаб, бар сари онҳо ҳамон балое омад, ки омад.

Ҳамчунин аз олимони яҳуд Ибни Ёсин, Мухайриқ, Каъбулахбор ва дигарон баъди дар китобҳои худ пайдо намудани васфи Паёмбар (с.а.в) имон оварда, барои дигарон ҳуҷҷат шуданд.

Аз ҷумлаи касоне, ки аз уламои насронӣ имон оварданд, Буҳайрои роҳиб аст. Дар достони ӯ зикр шудааст, ки замоне Паёмбар (с.а.в) дувоздаҳ сол дошт ва бо амуяш, Абӯтолиб ба Шом мерафт, Буҳайро ба хотири меҳмондории Паёмбар (с.а.в) барои аҳли корвони Қурайш таом дод. ӯ мушоҳида мекард, ки чӣ гуна абре бар болои ин корвон соя меафканад ва ба худ мегуфт он касе, ки ман дар ҷустуҷӯяш будам, ҳамон аст. ӯ нафареро барои ҳозир намудани ӯ фиристод ва ба Абӯтолиб гуфт, ки ӯ (с.а.в)-ро ба Макка баргадонад, зеро яҳуд ба ӯ макр мекунанд ва мо васфи ӯро дар Таврот хондаем.

Ҳамчунин Настурӣ ва подшоҳи Ҳабаша, Наҷҷошӣ вақте васфи ӯ (с.а.в)-ро дар Инҷил диданд, ба Паёмбар (с.а.в) имон оварданд. Олими машҳури насронӣ, Зағотир авсофи Паёмбар (с.а.в) -ро дар Рум бо далел эълон кард. Олими насронии машҳур, Ҳорис ибни Абӯшимри Ғассонӣ, роҳбарони рӯҳонӣ, подшоҳони Шом, Ҳирақл, Ибни Нозур, Ҷоруд ва дигарон, ки баъди он ки дар китобҳои худ васфи Паёмбар (с.а.в) -ро пайдо намуданд, имон оварданд. Аммо Ҳирақл барои ҳирсаш ба мулк имонашро зоҳир накард.

Ба монанди инҳо бисёриҳо имон оварданд. Аз ҷумла, Салмони форсӣ, ки дар ибтидо насронӣ буд ва чун аз васфи Паёмбар (с.а.в) бохабар шуд, дар ҷустуҷӯи ӯ буд ва чун ӯро пайдо намуд, ба ӯ имон овард. Ҳамчунин Тамим, ки хело олими машҳур буд ва Наҷҷошӣ подшоҳи Ҳабаша ва олимони масеҳӣ дар Наҷрон, ҳамаи онҳо бо иттифоқ хабар медиҳанд, ки мо баъд аз мушоҳидаи авсофи ӯ (с.а.в) дар китобҳои худ имон оварданд.

Сеюм. Барои мисол баъзе аз оётеро, ки ба омадани Паёмбар (с.а.в) дар Инҷил, Таврот ва Забур мужда медиҳанд,[270] баён мекунем:

Аввал. Ояте дар Забур аст:

маънояш чунин аст. “Парвардигоро, баъд аз замоне барои мо иҷрокунандаи суннатро бифрист” ва он Муҳаммад аст.

Ояти Инҷил:Исо гуфт:

Ман  меравам, то барои шумо Форақлит биояд,[271] яъне Муҳаммад (с.а.в.)

Ояти дигар аз Инҷил:

“Ман аз Парвардигорам талаб мекунам, то барои шумо Форақлитро бидиҳад ва бо шумо то абад боқӣ мемонад[272]. Форақлит, яъне байни ҳақ ва ботил фарқкунанда ва ин номи Паёмбар (с.а.в) дар он китобҳо мебошад.[273]

Ояти дигар аз Таврот:

“Худованд ба Иброҳим (а) фармуд дар воқеъ, Ҳоҷар фарзанде таваллуд мекунад ва аз фарзанди ӯ касе меояд, ки дасти ӯ болотар аз ҳама буда, дасти ҳамагон бо итоат ба сӯйи ӯ дароз мебошанд”.[274]

Ояти дигаре аз Таврот:

Ва Худованд гуфт: эй Мӯсо, ман барои онҳо аз насли бародарҳояшон паёмбаре мефиристам ва суханамро дар даҳони ӯ ҷой медиҳам ва ҳар, ки сухани Паёмбарамро намепазирад, ман аз ӯ интиқом мегирам”.[275]

Ояти сеюм дар Таврот:

“Мӯсо гуфт: “Парвардигоро, ман дар Таврот уммате меёбам, ки беҳтарин уммат аст, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва ба Худо имон доранд, пас онҳоро уммати ман бикун”, Худованд фармуд: “Онҳо уммати Муҳаммад мебошанд”.

Огоҳӣ. Китобҳо номи Муҳаммад (с.а.в)-ро бо номҳои сирёнӣ дар зимни номҳои ибрӣ баён кардаанд. Мисол, Мушаффаҳ, Мунҳамно, Ҳамёто ва дигар аз номҳо, ки маънои Муҳаммад (с.а.в)-ро дар арабӣ ифода мекунанд. Аммо худи номи Муҳаммад (с.а.в) сароҳатан баён нашудааст, магар хело кам ва мумкин яҳуд барои ҳасади худ онро таҳриф карда бошанд. Аз ин ҷумла, дар Забур ояте аст дар бораи нармии Муҳаммад (с.а.в):

Эй Довуд, баъд аз ту Паёмбаре меояд, ки Аҳмад, Муҳаммад, ростгӯ ва сайид аст ва умматаш некбахт аст”.

Пеш аз таҳрифи ин оят ва пеш аз он ки дасти бозингарон ба он расад, олимоне зиёде аз вуҷуди он эълон намуданд. Олимоне ба монанди Абдуллоҳ ибни Амр Ибни Ос, ки яке аз ҳафт Абдуллоҳи машҳур, ки аз китобҳои пешин маълумот доред, Абдуллоҳ ибни Салом, ки аз олимони яҳуд мебошад ва Каъбулахбор, ҳамаи инҳо ақида доранд, ки ин оят Мӯсо (а)-ро мавриди хитоб қарор дода, баъд хитобро ба тарафи паёмбаре, ки дар оянда омаданист, равона намуд.

Эй Паёмбар (с.а.в), мо туро ба ҳайси шоҳид, муждарасон ва огоҳкунанда роҳбари умиҳо фиристодаем. Ту бандаи Ман ҳастӣ, туро Мутаваккил ном ниҳодам. ӯ дурушт ва сиёҳдил нест, бозоргард нест, бадиро бо бадӣ посух намедиҳад, балки бахшишу афв мекунад, то оне, ки миллати гумроҳро ба ҷое расонад, ки ҳама гӯяндаи “Худо якка ва ягона аст”, Худованд ҷонашро намеситонад”.[276]

Ояти дигаре аз Таврот:

“Муҳаммад Паёмбари Худо аст ва дар Макка таваллуд мешавад ва ба Тайба ҳиҷрат мекунад ва мулки ӯ ба Шом мерасад ва уммати ӯ сипосгузоранд”. Ва ибораи Муҳаммад дар ин оят ба забони сирёнӣ омадааст.

Ҳамчунин ояти дигаре аз Таврот:

“Ту банда ва Паёмбари Ман мебошӣ, Ман туро Мутаваккил ном гузоштаам”. Ин оят хитоб ба касе аст, ки баъд аз Мӯсо (а) аз фарзандони Исмоил, ки онҳо бародарони фарзандони Исҳоқ мебошанд, далолат дорад.[277]

Ояти дигаре аз Таврот:

“Бандаи ман Мухтор, шахси сахт ва дурушт намебошад”.[278] Мухтор ин ҳамон Мустафо аст, номе аз номҳои Паёмбар (с.а.в) .

Дар Инҷил таърифҳои гуногун баён шудааст барои сарвари олам, ки баъди Исо (а) ба он мужда шудааст. Аз ҷумла:

“ӯ бо худ қитъаи оҳан дорад ва бо уммати худ ба воситаи он ҷанг мекунанд.” Қитъаи оҳан, яъне шамшер, яъне дар оянда касе меояд, ки соҳиби шамшер аст ва умматаш ба ҷиҳод амр шудааст. Ҳамчуноне ки Қуръон дар охири сураи “Фатҳ” дар васфи эшон мегӯяд:

 

 “Он сифоте, ки барои мӯъминон мазкур шуд, дар Тавроту Инҷил, ҳамчунин аст монанди зироъате, ки баровард гиёҳи сабзи худро, пас қавӣ сохт онро ва (оҳиста-оҳиста) ғафс шуд, пас росту муҳкам шуд (он шоха) бар танаи худ, ки дар ҳайрат меорад зироъаткунандагонро ва ба хашму ғазаб орад кофиронро” (Сураи “Фатҳ”, 29).

Ҳамчунин оятҳои зиёдест ба ин монанд, ки дар Инҷил омадаанд.[279]

Дар боби сиву сеюми аз китоби панҷуми Таврот ин оят омадааст: “Ҳақ Таъоло аз Тури Сино омад ва тулӯъ кард бар мо аз Соъиро ва аз кӯҳҳои Форон зуҳур шуд ва бо ӯ ҳазорҳо шахсони пок аз тарафи рости ӯ мебошанд”.

Ин оят, ҳамчуноне ки аз паёмбарии Мӯсо (а) хабар медиҳад ва он ҳам бошад бо омадани ҳақ аз Тури Сино, ҳамчунин аз паёмбарии Исо (а) ба баромадан аз Соъиро ва дар айни ҳол аз паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) ба пайдо шудани ҳақ аз кӯҳҳои Форон, ки бо иттифоқи ҳама он кӯҳҳои Ҳиҷоз мебошанд, хабар медиҳад. Пас оят дар ҳақиқат аз паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) хабар медиҳад. Аммо ибораи “Бо ӯ дар тарафи росташ ҳазорон шахсони пок аст,” ин тасдиқкунандаи оятҳои охири сураи “Фатҳ” аст,

Он сифоте, ки барои мӯъминон мазкур шуд, дар Тавроту Инҷил”, ки ёрони Паёмбар (с.а.в) -ро ба авлиёиву покӣ васф мекунад”.

Ин оят дар боби чилу дуюми китоби  Ашъиё омадааст: “Худованди пок дар охири замон баргузидаи худро мефиристад ва Ҷаброилро барои таълим додан ба назди ӯ равон мекунад ва баъд умматашро таълим медиҳад, ба ҳамон шакле, ки Ҷаброил ӯро таълим дода буд, дар миёни мардум адолатро ҷорӣ мекунад ва ӯ нурест, ки мардумро аз торикӣ ба рӯшноӣ мебарад. Парвардигори ман, барои ман аз он чи рух медиҳад, омӯхтааст ва ман барои шумо мегӯям”, ин оят ошкоро авсофи Паёмбар (с.а.в) -ро баён мекунад.

Дар боби чаҳоруми китоби Михоил ояти зерин омадааст: “Дар охири замон уммати раҳмшудае меояд, ки Ҳақро мепарастанд ва кӯҳи муқаддасро интихоб мекунанд ва мардуми зиёде онҷо аз тамоми манотиқ ҷамъ шуда, Худоро ибодат мекунанд ва ба ӯ ширк намеоранд”.

Ин оят аз Арафот хабар медиҳад ва мардуми зиёд ҳоҷиёне мебошанд, ки қасди ин кӯҳи муқаддасро мекунанд ва уммати раҳмшуда ин уммати Муҳаммад (с.а.в.) мебошад, зеро ин сифатҳо ҳама шиори онҳост.

Дар боби ҳафтоду дуюми Забур ин оят омадааст: “ӯ аз баҳр то баҳр ва аз дарё то дуртарин замин соҳиб мешавад ва аз Яману ҷазираҳо барои ӯ ҳадяҳо меоранд ва подшоҳон ба ӯ саҷда мекунанд ва сар хам мекунанд, ҳар вақт бар ӯ салавот мефиристанд ва ҳар рӯз бар ӯ дуои баракат мекунанд, аз Мадина нури ӯ медурахшад ва то абад ёди ӯ боқӣ мемонад ва номи ӯ пеш аз офариниши Офтоб вуҷуд дошт ва то замоне Офтоб ҳаст, номи ӯ боқӣ мемонад”.

Ин оят сароҳатан дар васфи Паёмбар (с.а.в) аст. Оё Паёмбар (с.а.в) баъд аз Довуд (а) наомадааст, ки динашро дар шарқу ғарб паҳн карда, подшоҳон бо сари хам барояш ҷизя медиҳанду султонҳо аз муҳаббат дар пеши ӯ сархаманд ва ҳар рӯз барои ӯ панҷяки башар дуруду салавот мефиристанд ва нури ӯ аз Мадина берун шуда аст? Оё ғайри ӯ дигаре ҳаст?

Дар ояти бистуми боби чордаҳуми Инҷили Юҳанно, ки ба забони туркӣ тарҷума шудааст, чунин омадааст: “Ман бо шумо зиёд сухан намекунам, барои он ки сарвари олам меояд ва дар назди ман монанди ӯ чизе нест.”[280]

Пас ибораи сарвари олам ҳамон ифтихори олам аст ва ин унвони машҳур аст барои Паёмбарамон (с.а.в).

Дар ояти ҳафтуми боби шонздаҳуми инҷили Юҳанно омадааст: “Вале ман барои шумо ҳақро мегӯям. Барои шумо беҳтар он аст, ки ман биравам, зеро агар ман наравам, иззатбахш намеояд.”[281]

Ояти ҳаштум аз боби шонздаҳуми Инҷили Юҳанно мегӯяд: “Ҳар вақт ӯ меояд, оламро бар диндорӣ, некӣ ва ростӣ қарор медиҳад”. Он касе, ки фасоди оламро ба салоҳ мубаддал мекунад ва мардумро аз гуноҳу ширк наҷот медиҳад ва асоси ҳокимияти оламро тағйир медиҳад, оё ғайри Муҳаммад каси дигаре ҳаст?

Ояти ёздаҳум аз боби шонздаҳуми Инҷили Юҳанно: “Замони омадани сарвари олам расидааст” ё “Ва аммо агар аз наздик шудан бошад, пас омадани сарвари олам наздик аст”. Пас бояд мурод аз сарвари олам[282] Муҳаммад (с.а.в) бошад .

Ояти сездаҳуми боби шонздаҳум аз Инҷили Юҳанно: “Агар рӯҳи ҳақ ояд, шуморо ба сӯйи ҳақ ҳидоят мекунад, зеро ӯ аз назди худаш сухан намегӯяд, балки аз ҳар чи ба ӯ ваҳй мешавад, сухан мегӯяд ва аз масъалаҳои оянда ба шумо хабар медиҳад”. Ин оят сароҳатан дар фазли Муҳаммад (с.а.в) аст, зеро ғайри ӯ кист, ки кулли башариятро ба сӯйи ҳақ даъват кардааст ва гуфтаҳояш ҳамеша бо ваҳй бошад ва чизеро аз Ҷаброил шунид, баён мекунад? Кист ғайри ӯ, ки мардумро воқеаҳои оянда пурра хабар намояд?

Баъди ин ҳам дар саҳифаҳои дигар Паёмбар (с.а.в)они гузашта номҳоеро аз Паёмбар (с.а.в) метавон пайдо кард, ки маънои Муҳаммад, Аҳмад, Мухтор ва Мустафоро ифода мекунад ва ин номҳо ба забони ибрӣ ва сирёнӣ мебошад.

Масалан, дар саҳифаи Шуайб (а) Мушаффаҳ омадааст, ки маънои Муҳаммадро ифода мекунад. Дар Таврот Мунҳаманно аст, ки маънои Муҳаммадро дорад, аммо дар Забур Ҳимёто вуҷуд дорад ва маънояш Паёмбари Ҳарам аст ва ҳамчунин Мухтор низ дар ин китоб зикр шудааст. Дар Таврот номи Ҳотам, Хотам омадааст ва Муқимуссунна дар Тавроту Инҷил зикр шудааст. Аммо дар саҳифаҳои Иброҳим (а) ва Таврот Мозмоз зикр шудааст ва ҳамчунин дар Таврот Уҳид омадааст.

Паёмбар (с.а.в) фармудааст:

“Номи ман дар Қуръон Муҳаммад, дар Инҷил Аҳмад ва дар Таврот Уҳид мебошад ва бар ин хотир, Уҳид номида шудам, ки дар рӯзи қиёмат оташи Дӯзахро аз умматам дур мекунам”.[283] Ҳамчунин аз ҷумлаи дигар номҳои Паёмбар (с.а.в), ки дар Инҷил зикр шудааст, ин “соҳиби оҳан” аст. Пас, шак нест, ки аз миёни тамоми паёмбарон танҳо Паёмбар (с.а.в) ба воситаи ҷиҳод ва ҷиҳоди умматонаш фазилати бештар дорад. Ҳамчунин аз номҳои зикршудаи Паёмбар (с.а.в) дар Инҷил ин “соҳиби тоҷ” мебошад ва ин сифат хос ба Паёмбар (с.а.в) аст, зеро қавми араб танҳо маъруф ба дастор мебошанд, на дигар умматҳо. Тоҷ ё дастор ҳарду ба як маъно омадааст. Соҳиби тоҷ, ки дар Инҷил зикр шудааст, ғайри Паёмбар (с.а.в) дигар касе нест.

Дар Инҷил ҳамчунин номҳои ал-Борақлит ё ал-Форақлит омадааст, ки маънои ҳарду, ҳамчуноне ки дар тафсири Инҷил омадааст, фарқкунанда байни ҳақ ва ботил мебошад ва ин яке аз номҳои Паёмбар (с.а.в) аст, ки мардумро ба ростӣ даъват мекунад.

Исо (а) дар Инҷил фармудааст: “Ман меравам, то сарвари олам биояд.” Оё баъд аз Исо (а) касе ҷуз Муҳаммад (с.а.в) омадааст ва дар олам ҳақро аз ботил ҷудо намуда, мардумро ба хайру салоҳ хондааст? Яъне Исо (а) ҳамеша мужда медод, ки баъди ман паёмбаре меояд ва ман муқаддимаи ӯ мебошам ва дигар ҳоҷате ба мисли ман нест. Чуноне ки Қуръон инро дар сураи “Саф” (ояи 6) баён кардааст:

 “Ва ҳангоме Исо ба Бани Исроил фармуд: Ман Паёмбари Худоям, ба сӯйи шумо ва тасдиқкунандаи он чи дар пеши ман аст, аз Таврот ва муждадиҳандаам ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номи ӯ Аҳмад аст”.

Бале, Исо (а) умматони худро хело зиёд аз омадани сарвари олам[284] ва роҳбари он мужда додааст ва онро бо номҳои гуногуни ибрӣ ва сирёнӣ баён намудааст. Муҳаққиқон мегӯянд маъонии ин номҳо баёнгари Аҳмад, Муҳаммад ва фарқкунанда байни ҳақ ва ботил мебошанд.

Савол: Чаро Исо (а) нисбат ба дигар паёмбарон аз омадани Паёмбар (с.а.в) бештар мужда додааст, дар ҳоле ки дигарон танҳо хабар додаанд?

Ҷавоб: Зеро Паёмбари акрам (с.а.в) Исо (а)-ро аз бисёр дурӯғ ва тӯҳматҳои яҳуд раҳо медиҳад, ҳамчунин дини ӯро аз таҳрифҳои бад наҷот дод, дар ҳоле ки Паёмбар (с.а.в) бо дини азиме омад, ки он ҷойгузине барои шариати яҳуд буд, ки ба Исо (а) имон надоштанд ва дигар бани Исроилро, ки ба ӯ имон меоварданд, озор медоданд. Ин шариати Ислом ҷомеъ ва пуркунанда аст барои он чизе, ки дар шариати Исо (а) нокомил монда буд. Инҷо аст, ки Исо ба омадани ин сарвари олам мужда медиҳад.

Ҳамин тариқ, мо мебинем, ки Таврот, Инҷил ва дигар саҳифаҳои паёмбарон ба паёмбари охири замон аҳамият додаанд ва оятҳои он китобҳо сифатҳои бешумори ӯро овардаанд. Пас, ин паёмбари охирзамон, ки ин китобҳо дар ояҳои зиёд ӯро васф кардаанд, ғайри Муҳаммад (с.а.в) оё каси дигаре мебошад!

 

ҚИСМИ ДУЮМ

 

Аз пешоҳанг ва нишонаҳои паёмбарӣ хабар додани авлиёи Худо ва фолбинон аз омадани ӯ пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) мебошад. Онҳо ин гуфтаҳоро дар назди ҳамдигар ва дар ашъорашон барои мо баён кардаанд. Чунин хабарҳо зиёданд, аммо фақат машҳуртарин ва мӯътамадтарини онҳоро, ки дар назди уламои сират ва таърих мебошанд, баён мекунем.

Якум. Он чи, ки подшоҳи Туббаъ, яке аз подшоҳони Яман нишонаҳои Паёмбар (с.а.в) -ро дар китобҳои пешин дида буд ва он боиси имони ӯ гардид ва ӯ имони худро бо шеър эълон намуд:

“Ман ба Аҳмад гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ паёмбарест аз ҷониби Офаридгори насим. Агар умрам то омадани ӯ боқӣ монад, барои ӯ вазир мешудам ва писараму (яъне барои ӯ монанди Алӣ (р) мешудам)”.

Дуюм. Эълон кардани Қайс ибни Соъида яке аз машҳуртарин суханварону хатибони араб ва яктопараст пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) шеъре дар бораи рисолати ӯ навиштааст:

“Аҳмад ба сӯйи мо фиристода шуд. ӯ беҳтарин паёмбарест, ки фиристода шудааст. Дуруди бепоёни Худо бод бар ӯ, то замоне ки пиёда ё саворае ҳаст”.

Сеюм. Он чи ки бо илҳом Каъб ибни Луай, яке аз аҷдодони Паёмбар (с.а.в) дар васфи ӯ гуфтааст:

“Муҳаммад (с.а.в) ногоҳ мабъус мешавад ва хабарҳоро рост ва ҳақиқӣ баён мекунад”.

Чаҳорум. Хабардор шудани Сайф ибни Зи Язин, яке аз подшоҳони Яман аз авсофи Паёмбар (с.а.в) дар китобҳои пешин ва имон оварданаш ба ӯ ва муштоқи дидори ӯ буданд. Вақте бобои Паёмбар (с.а.в) бо қофилаи Қурайш ба Яман мерафт, ин подшоҳ онҳоро ба наздаш даъват намуд ва ба онҳо гуфт:

“Агар дар Туҳома (яъне Ҳиҷоз) писаре таваллуд шавад ва дар байни ду китфаш холе бошад, ӯ роҳбар ва имом мешавад ва ту, эй Абдулмуталлиб, бобои он мебошӣ”.

Панҷум. Вақте бори нахуст ба Паёмбар (с.а.в) ваҳйи нозил шуд, Паёмбар (с.а.в) -ро каме тарс фаро гирифта буд. Хатиҷа ӯро ба назди Варақа ибни Навфал, писарамуяш (писарамакаш) бурд ва ба ӯ гуфт: “Эй писараму, аз фарзанди бародарат бишнав”. Варақа ба Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Эй писари бародар, бигӯ чӣ дидӣ?”. Паёмбари Худо ӯро аз моҷарои ҳодиса хабар дод. Варақа ба ӯ (с.а.в) гуфт: “Ин ҳамон фариштаест, ки Худованд ба Мӯсо (а) фиристода буд. Эй кош, ман зинда ва баруманд мебудам, вақте ки қавмат туро берун мекунанд…”.[285]

Ва аз ҷумла, Варақа гуфт:

“Мужда медиҳам ба ту, эй Муҳаммад, ки ман шаҳодат медиҳам, ки ту паёмбари мунтазар ҳастӣ ва Исо низ ба омадани ту мужда дода буд”.

Шашум. Пеш аз биъсат Аскалони Ҳумайрӣ, ки Худошинос буд, бо Қурайш вохӯрд ва ба онҳо гуфт: “Оё дар миёни шумо касе ҳаст, ки даъвои паёмбарӣ кунад?”. Гуфтанд: “Не”. Ин саволро бори дигар дар замони биъсати Паёмбар (с.а.в) пурсид. Қурайшиҳо гуфтанд, ки бале дар мо шахсе аст, ки даъвои паёмбарӣ дорад. ӯ гуфт: “Ҷаҳон дар интизори ӯ мебошад”.

Ҳафтум. Яке аз олимони масеҳӣ ба номи Ибни Уло пеш аз биъсат, аз омадани Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд ва баъд аз биъсат омад ва Паёмбар (с.а.в) -ро дид ва гуфт:

“Қасам ба Зоте ки туро ба ҳақ фиристодааст, сифатҳои туро дар Инҷил дида будам ва писари Марям низ ба омадани ту мужда дода буд”.

Ҳаштум: Наҷҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша мегуфт:

“Эй кош, ба ҷойи ин подшоҳӣ, хизматгори ӯ мебудам”.

Баъд аз он ки мо пешгӯйии ин орифонро бо илҳоми Худованд аз омадани Паёмбар (с.а.в) баён намудем, акнун ба он чизе, ки фолбинҳо ба воситаи арвоҳу ҷин пешгӯйӣ кардаанд,  мегузарем. Онҳо низ аз омадани Паёмбар (с.а.в) ошкоро хабар медоданд ва теъдоди онҳо хело зиёданд, вале мо дар ин ҷо фақат он ривоятҳоеро баён мекунем, ки ба ҳукми тавотур ба мо расидаанд ва дар китобҳои таъриху сират зикр шудаанд. Мо достонҳои тӯлониро ба мутолиаи ҳамон китобҳо вогузор намуда, фақат дар инҷо хулосаи онро баён мекунем.

Якум. Коҳине буд бо тахаллуси Нима , ки дар ҳақиқат ними инсон буд ба маънои он ки як даст, як пой ва як чашм дошт. Ин коҳин борҳо аз Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд, ки суханонаш ба ҳадди тавотур расидааст.

Дуюм. Коҳине дар Шом буд, ки Сатиҳ ном дошт ва ӯ аҷоиб буд, зеро ҷасад дошт, аммо аъзо надошт. Устухоне дар баданаш ба ғайр аз сараш надошт ва чеҳрааш дар синааш буд. ӯ умри тӯлонӣ дошт ва хабарҳои ғайбии ӯ дар ҳама ҷо паҳн шуда буд, ҳатто Кисро подшоҳи Форс вақте ҳангоми таваллуди Паёмбар (с.а.в) хоб дид, ки чордаҳ сутуни қасраш шикаста шуда фурӯ мерезанд, олимеро бо номи Муйзон ба назди ҳамин коҳин фиристод, то  таъбири хоби ӯро бидиҳад. ӯ барои Кисро чунин ҷавоб фиристод: “Дар мулки шумо чордаҳ подшоҳи дигар ҳукумат мекунанд ва баъд аз он подшоҳӣ ва давлати шумо ба охир мерасад ва шахсе бо дини нав фиристода мешавад ва он шахс сабаби аз байн рафтани дин ва давлати шумо мегардад”. Ҳамин тавр Сатиҳ аз омадани Паёмбар (с.а.в) ошкоро хабар дод.

Аз шоҳони Наҷрон, Савод ибни Қориби Давсӣ, Ханофир ва Афъо ва ҳамчунин аз мардуми Наҷрон, Ҷазл ибни Ҷазали Кандӣ, Ибни Халсаи Давсӣ, Фотима, духтари Нӯъмони Наҷҷория ва дигар коҳинони машҳур буданд, ки аз омадани паёмбари охири замон хабар додаанд, ки дар воқеъ, ин Паёмбар  Муҳаммад (с.а.в) аст, ҳамчуноне ки китобҳои таъриху сират зикр намуданд.

Саъд ибни Кариз, ки аз хешовандони Усмон (р) буд, аз паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) аз роҳи фолбинӣ дарёфт намуд ва ба Усмон (р) ишора намуд, то дар ибтидои Ислом имон оварад ва ба ӯ гуфт: “Ба назди Муҳаммад бирав ва имон биёр”, ки боиси имони Усмон гардид. Саъд ин ҳодисаро ба назм дароварда мегӯяд:

“Худованд Усмонро ба воситаи сухани ман, ки салоҳаш аст, ҳидоят намуд ва Худованд ҳидоятгари роҳи ҳақ мебошад”.   

* * *

Садоҳо низ ба монанди хабарҳои коҳинон, аз омадани Паёмбар (с.а.в) хабар медоданд. Мурод аз садоҳо садои баландест, ки шунида мешуд, вале гӯяндаи онро намедиданд. Аз ҷумла, Зайёб ибни Ҳорис садоеро аз ҷин шунид, ки мегуфт:

“Эй Зайёб! Эй Зайёб! Хабари аҷибро бишнав, Муҳаммад бо китобе фиристода шудааст, дар Макка даъват мекунад, аммо қабулаш намекунанд”. Ҳамин садо сабаби имон овардани ӯ ва дигарон гардид.

Аз ҷумла, шунидани Ибни Қурраи Ғатафонӣ садоеро, ки мегуфт:

“Ҳақ омаду рӯшноӣ кард ва ботил шикаста шуду нест шуд”. Ин садо сабаби имони баъзе аз мардум гардид.

Ҳамин тариқ, муждаи коҳинон ва садоҳо хело машҳур ва зиёд мебошад.

* * *

Ҳамчунин аз дохили бутҳо ва ҳайвоноте, ки дар пеши бутҳо қурбонӣ менамуданд, садое мебаромад, ки хабари омадани Паёмбар (с.а.в) -ро медод, ҳамчуноне ки аз забони коҳинон ва аз садоҳо шунида мешуд.

Аз ҷумла, бути қабилаи Мозин аз омадани Паёмбар (с.а.в) хабар дода, чунин садо кард:

“Ин Паёмбар (с.а.в) фиристодаи Худост ва бо китоби ҳақ омадааст”.

Ҳамчунин сабаби ислом овардани Аббос ибни Мирдос ин ҳодисаи машҳур аст, ки ӯ буте дошт бо номи Замор. Рӯзе шунид, ки ин бут мегӯяд[286]:

“Зиморе, ки пеш аз омадани Муҳаммад онро мепарастиданд, бияфтид”.

Ҳазрати Умар (р) пеш аз имон оварданаш аз гӯсолае, ки марде оварда буд, то дар пеши буте онро қурбонӣ намояд, шунид ки мегуфт:

“Эй аҳли забҳ, воқеаи хубест, марди фасеҳ мегӯяд “Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ.”[287]

Ҳамин гуна ҳодисаҳои ба ин монанд дар ин хусус хело зиёданд, ки китобҳои мӯътамади таъриху сират онро зикр намудаанд.

Ҳамчуноне ки коҳинон, худошиносон ва садоҳои ғайбӣ ва ҳатто буту қурбониҳо аз паёмбарии Аҳмад хабар дода буданд, ки ҳар кадоми инҳо боиси мусалмон шудани гурӯҳе аз мардум гардиданд, ҳамчунин дар баъзе сангҳо ва навиштаҷоти қабрҳо паёдо мешуд, ки дар он бо хати қадимӣ ин ибора навишта шуда буд, ки “Муҳаммад муслиҳу амин аст” ва он сабаби имон овардани қисми зиёде аз мардум буд.

Бале, ибораи “Муҳаммад муслиҳу амин аст”, арзандаи Паёмбар (с.а.в) мебошад, зеро танҳо ӯ ин сифотро дорост ва касе пеш аз ӯ (с.а.в) бо ин ном, яъне Муҳаммад номида нашуда буд ва агар буд, дорои чунин сифат набуд.

ҚИСМ СЕЮМ

 

Ин нишона ва ҳодисаҳое мебошанд, ки ҳангоми таваллуди Муҳаммад (с.а.в) рух додаанд. Ҳар ҳодисае, ки пайдоиши он ба таваллуди Паёмбар (с.а.в) рабт дорад ва ё ҳодисае, ки пеш аз биъсат рух дода бошад, он мӯъҷизае аз мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) ба шумор меравад ва чунин ҳодисаҳо хело зиёданд, вале мо дар ин ҷо фақат чанд мисоли машҳуреро аз онҳо меорем, ки уламои ҳадис онро қабул доранд ва саҳеҳ будани онро собит кардаанд.

Якум. Он хоберо, ки модараш дида буд,[288] ки “Дар вақти таваллуди ӯ(с.а.в.) нуре ҳамроҳаш баромад”. Ин нурро Умми Усмон ибни Ос ва модари Абдураҳмон ибни Авф, ки шаби таваллуд бо модари Паёмбар (с.а.в) буданд, медиданд. Онҳо ривоят мекунанд, ки ҳангоми таваллуд нуре дидем, ки барои мо миёни машриқу мағрибро рӯшноӣ мекард.

Дуюм. Шикаста шудани бештарин бутҳое, ки дар Макка буданд.

Сеюм. Ба ларза даромадани қасри Кисро ва афтидани чордаҳ айвонаш.

Чаҳорум. Хушк шудани об дар кӯли Сова, ки онро муқаддас меҳисобиданд ва хомӯш шудани оташ дар оташкадаи форсҳо, ки беш аз ҳазор сол хомӯширо надида буд. Ин оташ дар Истахаробод буд ва маҷусиҳо онро мепарастиданд.[289]

Ин чор ҳодиса маънои онро дорад, ки ин навзод ибодати бутҳоро манъ намуда, подшоҳии мулки Форсро барҳам медиҳад ва парастиши ҳар чизеро ғайр аз Аллоҳ ҳаром менамояд.

Панҷум. Ҳодисаи Фил. Ҳарчанд ин ҳодиса аз ҳодисаҳои шаби таваллуд  нест, аммо ба он наздик аст. Аз ин лиҳоз, он ҳам аз ҷумлаи пешоҳанг барои паёмбарӣ мебошад. Ин ҳодисаро Қуръон чунин баён намудааст: “Оё надид, эй Муҳаммад, ки чӣ гуна Парвардигори ту бо асҳоби Фил кард.” Хулосаи достон ин аст, ки Абраҳа, подшоҳи Ҳабаша мехост Каъбаро вайрон кунад. Барои ин ӯ бо лашкари зиёде ба Макка омад ва дар муқаддимаи лашкари худ фили бузургеро, ки Маҳмуд ном дошт, гузошта буд. Вақте фил ба Макка наздик шуд, дар ҷояш таваққуф намуд ва аз ҳаракат бозмонд. Ҳар қадар мекӯшиданд, ки фил ҳаракат кунад, вале фил ҳаракат намекард. Чун натавонистанд, баргаштанд, вале парандаҳое бо номи Абобил онҳоро солим нагзошта, бо гилҳои сиҷҷил бар сари онҳо мезаданд ва ҳамаи онҳоро залил намуда пурра шикаст доданд. Ин ҳодиса дар тамоми китобҳо машҳур аст ва яке аз нишонаҳои паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) мебошад, зеро қибла ва маҳбубтарин ҷой барои ӯ хонаи Каъба аз шарри Абраҳа наҷот ёфт.

Шашум. Дар сафар бо дастури Худованд абрҳо бар сари ӯ соя меафканданд ва ривояте низ шудааст, ки Ҳалима замоне Паёмбар (с.а.в) дар наздаш буд, абрро медид, ки дар саҳро бар сари ӯ (с.а.в) соягӣ мекунад.[290] Шавҳари ӯ низ шоҳиди ин воқеа буд ва мардумро аз ин ҳодиса хабар дод ва ин як ҳодисаи машҳур ба шумор меравад.

Буҳайрои роҳиб низ дар сафари Паёмбар (с.а.в) ба тарафи Шом, ки ҳанӯз дар синни дувоздаҳ буд, абрро медид, ки ба Паёмбар (с.а.в) соягӣ мекунад ва инро ба мардум нишон дод.[291]

Дар ривояти дигар инро Хадиҷа ва ҳамроҳонаш дар бозгашт аз Шом дидаанд, ки “ду малак ба ӯ (с.а.в) чун абр соягӣ мекарданд” ва инро ба Майсараи ғуломаш зикр мекунад, ӯ низ хабар медиҳад, ки чунин воқеаро аз замони баромадан ба сафар мушоҳида намудааст.[292]

Ҳафтум. Бо ривояти саҳеҳ собит[293] шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) қабл аз биъсат дар баъзе аз сафарҳояш зери дарахти хушкшуда истироҳат мекард, дарҳол дар атрофи дарахт сабза медамид ва дарахт сабзу хурам мешуд ва навдаҳои дарахт ба Паёмбар (с.а.в) соягӣ менамуданд.

Ҳаштум: Ҳангоме ки ӯ (с.а.в) бо амуяш, Абӯтолиб ва оилааш хӯрок мехӯрд, ҳамаи онҳо сер мешуданд, аммо агар дар набудани ӯ хӯрок мехӯрданд, сер намешуданд.[294] Ин ҳодиса саҳеҳ ва хело машҳур мебошад.

Умми Айман, каниз ва парастори Паёмбар (с.а.в) дар хурдӣ гуфтааст: “Паёмбар (с.а.в) -ро надидаам, ки дар хурдӣ ё бузургӣ аз гуруснагӣ, ташнагӣ шикоят карда бошад”.[295]

Нӯҳум. Аз миёни қавми Саъдия омадани баракат танҳо дар шутуру бузҳои Ҳалимаи Саъдия. Ин ҳодиса машҳур мебошад ва дар сиҳаташ шакке вуҷуд надорад.[296]

Паша дар бадану либосаш наменишаст ва ӯро озор намедод.[297] Шайх Абдулқодири Ҷайлонӣ инро аз бобои бузургаш, Муҳаммад (с.а.в) мерос гирифта буд, зеро паша дар бадани ӯ низ наменишаст.

Даҳум. Зиёд шудани сангсор бо ситораҳои осмон баъди омадани Паёмбар (с.а.в) ва бахусус, шаби таваллудаш. Афтидани ситораҳоро аз осмон ва сангсор намудани шайтонҳоро дар ибораи понздаҳум собит намуда будем ва мақсад аз он қатъ шудани робитаи ҷинҳо ва шайтонҳо ба осмон аст. Онҳо қаблан баъзе хабарҳоро медуздиданд. Пас, модоме ки Паёмбар (с.а.в) ба ҳамаи олам мабъус шуд, лозим буд, ки коҳиноне, ки ба воситаи ҷин аз ғайб сухан мекарданду дурӯғ мегуфтанд, манъ карда шаванд, то ваҳйи Худоро нашунаванд ва ҳеҷ айбе пайдо накунанд. Коҳинон қабл аз Паёмбар (с.а.в) хело бисёр буданд, аммо баъд аз нозил шудани Қуръон хело кам шуданд, зеро аксари онҳо имон оварданд. Зеро дигар ҳеҷ паёмоваре аз ҷин наёфтанд, то ба онҳо аз ғайб хабар оварад. Қуръон роҳи онҳоро баст. Навъе аз коҳинони собиқа дар ҳоли ҳозир дар Аврупо зоҳир шуданд назди касоне, ки ба ҳозир шудани рӯҳ имон доранд… ва бар ҳар ҳол…

Натиҷа. Ҳодисаҳои бисёр ва шахсони зиёде пеш аз биъсат барои таъйиди нубуввати Паёмбар (с.а.в) зоҳир шуданд. Бале! Касе, ки сарвари маънавии ин ҷаҳон аст,[298] касе, ки самти оламро дигар мекунад, дунёро киштзори охират қарор медиҳад, мартабаи баланду покии махлуқотро эълон мекунад, ҷину инсро ба роҳи неку салоҳ ҳидоят мекунад, онҳоро аз нобудии мутлақ наҷот медиҳад, ҳикмати халқу муаммои онро барои олам кашф мекунад, касе, ки мақсадҳои Парвардигорро медонаду меомӯзонад, касе, ки он Парвардигорро мешиносаду ба дигарон мешиносонад, пас бо ин ҳама авсоф бояд ҳама чиз ва ҳар тоифае аз махлуқот муштоқ ва дар интизори омадани ӯ дар ҳар лаҳза омода бошанд ва ба дигарон расонанд. “Агар Парвардигор ӯро хабар карда бошад”. Мо мақосиди инро дар далел ва мисолҳои гузашта дидем, ки ҳар намуд махлуқоте, ки мӯъҷизае пешкаш намудааст, ин ба монанди он аст, ки гӯё онро барои истиқболи он ҳазрат (с.а.в) тақдим намудааст ва гӯё бо забони ҳол мегӯянд: “Эй Муҳаммад (с.а.в), ту дар даъватат содиқ мебошӣ”.

ИШОРАИ ҲАБДАҲУМ

 

Бузургтарин мӯъҷиза барои Паёмбар (с.а.в) баъд аз Қуръон ин зоти муборакаш мебошад. Яъне дар сифот ва ахлоқи накӯяш дӯсту душман иттифоқ доранд, ки ӯ (с.а.в) аз болотарин, бофазлтарин ва беҳтарин ахлоқро дорост. Ҳатто қаҳрамони шуҷоъ, Алӣ (р) дар бораи ӯ (с.а.в) чунин гуфтааст: “Ҳангоми шиддат гирифтани ҷанг ва душвор шудани авзоъ ҳама ба Паёмбари Худо (с.а.в) такя мекардем…“ Паёмбари Худо (с.а.в) дар чунон мақому манзилате буд, ки касе дар яке аз сифотҳои некаш ба ӯ (с.а.в) баробар шуда наметавонист ва шуҷоат яке аз он сифатҳост.

Ин мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в) -ро ба китоби “аш-Шифо фи ҳуқуқи ал Мустафо”-и қози Айёзи Мағрибӣ, ҳавола мекунем, зеро ӯ дар ҳақиқат бо баёни зебо ва маҳорати олӣ ин мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в) -ро баён кардааст. Баъд аз ин ҳам ин шариати пок ва беғубори Паёмбар (с.а.в) , ки ба монанди он мӯъҷизае наомадааст ва нахоҳад омад, як мӯъҷизаи дигаре барои Паёмбар (с.а.в) мебошад, ки душману дӯст бар он иттифоқ доранд. Тафсилоти ин мӯъҷиза ва баёни онро ба навиштаҳоямон аз “Сиву се Ибора”, “Сиву се Мактубот”,“Сиву як Ламаъот” ва “Сездаҳ Шуъот” ҳавола мекунем.

Пас, яке аз бузургтарин мӯъҷизаи Паёмбар (с.а.в) ин пора шудани Моҳ мебошад, ки он ба тавотур ривоят шудааст ва бе камтарин шубҳа қотиона собит шудааст. Ин ҳодиса аз роҳҳои гуногун ва бо тавотур аз Ибни Аббос, Ибни Масъуд, Ибни Умар, Имом Алӣ, Анас, Ҳузайфа (р) ва ғайра ривоят шудааст. Бо оне, ки Қуръон ин мӯъҷизаро баён кардааст:

 

“Қиёмат наздик шуд ва Моҳтоб пора шуд.” Ҳатто кофирони Макка бо он ҳама куфру саркашӣ барои инкори ин мӯъҷиза талош накарданд, балки гуфтанд “ин як ҷоду аст”. Яъне ин ҳодиса амри собит аст, ҳатто аз тарафи кофирон, вале онро ба ҷоду нисбат доданд.

Инро ба номаи пора шудани моҳтоб дар зайли “Ибораи сиву якум”, рисолаи “Меъроҷ” ҳавола мекунем.

Паёмбар (с.а.в) барои аҳли осмон мӯъҷизаи меъроҷро зоҳир намуд, ҳамон гуна ки барои заминиён мӯъҷизаи пора шудани моҳтобро ба намоиш гузошт. Мо ба  рисолаи “Меъроҷ” бармегардем, ки дар “Калимаи сию якум” омадааст. Дар он ҳақиқати ин мӯъҷиза ба пуррагӣ баён шудааст, аммо дар ин ҷо мо фақат чизеро баён мекунем, ки муқаддимае барои ин мӯъҷиза мебошад ва он сафари Паёмбар (с.а.в) ба Байтулмуқаддас ва васфи Байтулмуқаддасро талаб намудани Қурайш аст дар субҳи ҳамон рӯз ва баёни муъҷизоте, ки дар ин сафар зоҳир шуд.

Вақте Паёмбар (с.а.в) аз сафараш дар субҳи ҳамон рӯз хабар дод, Қурайшиҳо онро инкор намуда гуфтанд: “Агар сафари ту ба Байтулмуқаддас рост бошад, пас барои мо дарҳо, девор ва атрофи Байтулмуқаддасро васф намо”. Паёмбар (с.а.в) мегӯяд:

 

 

Ман чунон ғамгин шудам, ки ҳеҷ гоҳ чунон ғамгин нашуда будам, вале Худованд Байтулмуқаддасро ба ман зоҳир кард ва ман онро медидам.”[299] Паёмбар (с.а.в) ба васф намудан шурӯъ намуд ва Қурайш яқин намуд, ки ӯ рафтааст. Сипас онҳо гуфтанд: “Қофила, ки Паёмбар (с.а.в) дар роҳ дида буд, кай ба Макка мерасад?”. Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Рӯзи чоршанбе”. Чун чоршанбе шуд, Қурайш дар интизори омадани қофила шуданд, вале қофила нарасид. Паёмбар (с.а.в) дуо намуд ва соате дар рӯз ба ӯ (с.а.в) афзуда шуд ва Офтоб нигоҳ дошта шуд, то он ки қофила расид.[300]

Чунончӣ мебинем, замин барои тасдиқи Паёмбар (с.а.в) вазифаи хешро соате таъхир мекунад ва Офтоб бо бузургиаш бар сидқаш шоҳидӣ медиҳад. Пас бадбахттар аз касе пайдо мешавад, ки гуфтаҳои Паёмбар (с.а.в) -ро қабул надорад? Дар ҳоле ки замин барои ӯ вазифаашро соате таъхир карду Офтоб аз сайраш бозистод. Хушо, ба ҳоли касе, ки ба гуфтаҳои ӯ (с.а.в) пайравӣ кунад ва бигӯяд “мешунавем ва тоат мекунем…” Ин ҳама гуфтаҳоро фикр кун ва такрор кун:

 

“Шукр Худоро бар неъмати имону ислом”.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ИШОРАИ ҲАЖДАҲУМ

 

Бузургтарин мӯъҷиза аз мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) Қуръони карим мебошад, ки садҳо далелҳои Паёмбар (с.а.в)-ро дар бар дорад ва эъҷози он бо чил роҳ собит шудааст. Ҳамон гуна ки дар ибораи бисту панҷум баён шудааст. Аз ин лиҳоз, баёни ин захираи бузург аз муъҷизотро ба ҳамон ибора вомегузорем ва дар ин ҷо фақат бо баёни се масъалаи дақиқ иктифо мекунем.

 

Нуктаи якум

 

Савол. Агар гуфта шавад, ки сирри Қуръон дар балоғати олӣ аст, дар ҳоле ки ин сирро аз ҳазор олими забардасти илми балоғат мумкин як нафар дарк намояд, дар сурате, ки мебоист ҳар табақаи мардум аз эъҷози Қуръон баҳраманд мешуданд.

Ҷавоб. Қуръон барои ҳар табақае аз табақаҳои мардум эъҷозе дорад, вале ин эъҷоз бо услуби муайян ва бо тариқаи хос дарк карда мешавад. Барои мисол Қуръон эъҷози балоғати худро барои олимони балоғат баён мекунад. Ҳамчунин  услуби зебои баланди адабии худро барои арбоби шеър ва хатибон баён мекунад. Ин услубест, ки ҳамаи мардум аз он истифода мекунанд, аммо касе ҷуръати тақлид кардани онро надорад. Қуръон аз такрор кардани зиёд кӯҳна намешавад ва аз вирди забон овардан фарсуда намегардад, агарчи чанд замоне гузаштааст. Он як услуби ботароватест, ки ҳамеша зебогии худ ва ҷаззобияти худро нигоҳ медорад. Он услубест, ки ҳам назм ва ҳам насрро дар бармегирад, ки ин дар айни ҳол боиси он мегардад, ки он ҳамеша баланду воло ва ширину зебо бимонад.

Қуръон ҳамчунин эъҷози худро бо расонидани хабарҳои ғайбӣ баён мекунад ва гурӯҳи коҳинон ва касонеро, ки даъвои донистани илми ғайбро мекунанд, ба мубориза даъват мекунад. Қуръон ҳамчунин барои муаррифон ва касоне, ки ҳодисаҳои оламро ҷамъ мекунанд, қиссаҳоро меорад, то эъҷози худро барои онҳо баён кунад. Эъҷозашро тавассути ба ёд овардани саргузашти умматҳои пешин, баёни аҳволи онҳо ва баёни он чи дар оянда рух медиҳад, чӣ дар ин дунё ё дар барзах ва ё дар охират ва онҳоро бо ин эъҷози зебояш ба мубориза мехонад.

Қуръон ҳамчунин эъҷози худро барои ҷомеашиносон, сиёсатмадорон ва ҳукуматҳо пешкаш мекунад ва онро ба воситаи баёни дастур ва қонунҳои зебоӣ. Бале! Шариати Кубро, ки аз Қуръон сарчашма гирифта, ба пуррагӣ сирри он эъҷозро баён мекунад.

Қуръон ҳамчунин барои касоне, ки дар маърифати илоҳӣ ва ҳақоиқи кавнӣ сахт фурӯ рафтаанд, эъҷози возеҳеро бо ишора намудан ба ҳақиқатҳои баланди илоҳӣ ва ё бо нишон додани ин ҳама эъҷоз ба онҳо баён мекунад. Ҳамчунин барои касоне, ки роҳи вилояту тасаввуфро пеш гирифтаанд, Қуръон эъҷози худро бо конҳои асрораш, ки баҳри беканори оятҳо онро баён кардааст, ба миён мегузорад.

Ҳамин гуна ҳар намуд мӯъҷизаҳои Қуръон барои ҳар тоифа мардум роҳеро нишон медиҳад ва ҳатто Қуръон барои касоне, ки қудрати фаҳму идрокро надоранд ва аз мардуми авом ба ҳисоб мераванд, эъҷозе баён мекунад. Онҳо ба маҳзи гӯш додан ба ин оятҳо эъҷози Қуръонро тасдиқ намуда, қабул мекунанд, дар ҳоле ки ба худ мегӯяд “ин равиши Қуръон куллан аз равиши дигар китобҳо фарқ дорад”. Пас ин мегӯянд фарқият  ба сабаби он аст, ки услуби Қуръонӣ аз услуби дигар китобҳо поёнтар аст ва ин номумкин ва ҳатто сахттарин душманон чунин намепиндоранд ва ё услуби он болотар аз ҳама услубҳо аст, ки ин маънои онро дорад, ки он мӯъҷиза аст. Қуръон аз аввалин рӯзе, ки ба саҳнаи мубориза баромад, ду хоҳишро дар нафси мардум барангезонид:

Якум, хоҳиши тақлидро барои дӯстонаш бедор кард, онҳо хело дӯст медоштанд, ки бо услуби баланди Қуръон монанд бошанд ва барои ин кор талош менамуданд, то услуби худро бо услуби Қуръон монанд созанд.

Дуюм, хоҳиши эътироз ва танқидро барои душманону рақибони худ, ки талош менамуданд, то монанди он ибораҳоро биёваранд ва бо ин кори худ даъвои эъҷоз будани Қуръонро аз байн бибаранд. Пас, ин ду хоҳиши шадид сабаби чоп шудани миллионҳо китоб шудааст, ки имрӯз мебинем, вале агар болотарини ин китобҳоро аз лиҳози балоғат бо Қуръон қиёс кунем, яъне агар ҳардуи онро якҷо мавриди мутолиа қарор диҳем, ҳар шунаванда ё хонанда агар мегӯяд, ки Қуръон аз ҳамаи ин услубҳо фарқ дорад ё он аз услуби ин китобҳо поёнтар аст,  ин бидуни шакке имкон надорад ва ҳеҷ кас ба овардани далел ба он муваффақ нашудааст ва ҳатто шайтон аз ин амал оҷиз буд.[301] Пас собит мешавад, ки Қуръон аз ҳамаи он услубҳо болотар аст ва ин ҳам бо эъҷози хубу зебояш.

Ҳатто шахси бесавод ва нодон, ки чизе аз маънои Қуръонро намефаҳмад, эъҷози Қуръонро бо хаста нашуданаш аз тиловати муқаррари он ҳис мекунад. Ин бесавод бо худ мегӯяд, паёпай гӯш намудан ба тиловати Қуръон ҳеҷ гоҳ хастагиро намеорад, балки бисёр тиловат кардани он ҳаловатро эҷод мекунад, дар ҳоле ки агар як қасидаи хубро чанд маротиба такрор намоем, хело хаста мешавем. Пас аз ин фаҳмида мешавад, ки Қуръон бешубҳа каломи одамӣ набудааст.

Кӯдаконе, ки барои ҳифзи Қуръон ин ҳама майлу рағбат доранд, Қуръон эъҷозашро барои онҳо бо ин ки бо ҳамон ақлҳои хурди худ онро ҳифз мекунанд, баён мекунад. Бо вуҷуди он ки дар Қуръон оятҳои ба ҳам монанд зиёд аст, аммо онҳо ба осонӣ онро аз худ мекунанд, дар ҳоле ки барои аз худ кардани як саҳифа аз дигар китобҳо хело заҳмат бояд кашид. Ҳатто бемороне, ки дар сакароти ҷон додан мебошанд ва аз шунидани ҳар гуна сухан азият меёбанд, ба Қуръон гӯш медиҳанд ва онро хуб мепазиранд ва бо ин эъҷози Қуръонро дарк мекунанд.

Хулосаи баёноти боло. Қуръон ҳеҷ тоифае аз ин чил табақаҳои гуногуни мардумро аз эъҷози худ маҳрум ва бенасиб намегузорад ва ҳар тоифае насиби худро аз эъҷози он дорад ва ё Қуръон барои онҳо эъҷозашро баён мекунад. Ҳатто Қуръон як навъ эъҷози худро барои касоне, ки аз илм бархӯрдор нестанд ва танҳо аз қуввати дидан бархӯрдор буда, аз шунидан, фаҳмидан ва эҳсоси дарунӣ маҳруманд, баён кардааст[302]. Тавзеҳи ин масъала чунин аст: калимаҳои Қуръон, ки бо хати Усмонӣ чоп шудааст, дар муқобили ҳамдигар меистанд ва баёнгари ҳамдигаранд. Масалан: ибораи “Ва ҳаштуми онҳо саги онҳо буд”, ки дар сураи “Каҳф” омадааст, монандӣ мекунад ба ибораи  “Қитмир”, ки дар сураи “Фотир” омадааст. Агар мо сафҳаҳои Қуръонро аз болои ибораи аввал сӯрох намоем, ибораи дувум бо каме поинтар аз тарафи дигар мебарояд, ки он номи саги онҳост.

Ҳамчунин ибораи  “Муҳзарун”, ки дар сураи “Ёсин” ду бор такрор омадааст, мебинем, ки онҳо болои ҳам омадаанд, ки ҳарду дар баробари ибораи  “Муҳзарин” ва  “Муҳзарун” омадаанд, ки дар сураи “Соффот” омадааст. Агар саҳифаҳоро сӯрох намоем, айни калима бо андаке поён ё болотар дар тарафи дигар намоён мешавад.

Ҳамчунин ибораи  “Масно”, ки дар охири сураи “Сабаъ” омадааст, айнан дар рӯ ба рӯйи иборае истодааст, ки дар охири сураи “Фотир” омадааст. Дар Қуръон ибораи  “Масно” се бор такрор шуда ва дар рӯ ба рӯйи ҳам омадани дутои он, албатта, тасодуфӣ нест. Аз ин намуд дар рӯ ба рӯ омаданҳо метавон мисолҳои зиёде пайдо намуд ва ҳатто як ибора дар шаш ҷойи Қуръон такрор шудааст, агар саҳифаҳои онро дар ростои ин ибора сӯрох намоем, бо каме тафовут ба ҳам пайваст мешаванд.

Ман Қуръонеро дидам, ки ҷумлаҳои баёнгари якдигар дар саҳифаҳои рӯ ба рӯйи ҳам бо хати сурх кашида шудааст ва дар ин вақт гуфтам ин ҳам як нишонае аз нишонаҳои эъҷози Қуръон мебошад ва баъди он Қуръонро гирифта, ба ҷумлаҳои он назар карда, инро дидам, ки бисёре аз онҳо баёнгари якдигаранд бо андак тағйироте.

Дар ҳоле ки тартиби Қуръон бо роҳнамоии Паёмбар (с.а.в) муайян шудааст ва хаттотҳои моҳир онро навиштаанд, дар хат ва нақши зебои он ишорае ба навъе аз эъҷози Қуръон аст, зеро ин тарзи баён ва навишт ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ ва ё маншаъгирифта аз фикри инсон намебошад. Агар тақсири чопҳо намебуд, шояд дар нусхаҳо ҳамаи ибораҳои ба ҳам монанд дар рӯ ба рӯйи ҳам меистоданд.

Мо дар сураҳое, ки дарозанд ва дар Мадина нозил шудаанд, як ҳамоҳангии аҷиберо мушоҳида мекунем. Такрор ва тартиби калимаи Аллоҳро мебинем, ки ба як тарзи муайян такрор шудааст ва он ё панҷ ё шаш ё ҳафт ё ҳашт ё нӯҳ ва ё ёздаҳ мебошад. Ҳамчуноне ки як муносибати ададиро дар ду паҳлуи варақи мусҳаф мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна дар рӯ ба рӯйи ҳам истодаанд.[303]

Нуктаи дуюм

 

Дар замони Мӯсо (а) сиҳру ҷоду авҷ дошт ва мӯъҷизаҳои ӯ (а) ба ҷоду шабоҳат дошт ва дар замони Исо (а) тиб ривоҷ ёфта буд ва аз ин лиҳоз, аксари мӯъҷизаҳои ӯ (а) аз ин қабил буданд ва ҳамин гуна замони биъсати Паёмбар (с.а.в) дар нимҷазираи Араб чаҳор чиз машҳур ва ривоҷ ёфта буд:

  1. Балоғату фасоҳат.
  2. Шеър ва суханварӣ.
  3. Фолбинӣ ва аз ғайб хабар додан.
  4. Шинохт аз ҳодисаҳои гузашта ва воқеаҳои табиӣ.

Адибону балиғон дар назди эъҷози Қуръон оҷиз ва нотавон монданд ва бо ҳайрату тааҷҷуб ба он гӯш медоданд. Шоирону хатибонро ба ҳайрат гузошта, ҳатто шаъни муаллақоти ҳафтгона, ки онро ба оби тилло навишта, дар хонаи Каъба овезон мекарданд, дар баробари худ ночиз намуд. Ақли коҳинон ва ҷодугарон парешон гардида, аз ғайб хабар додани онҳоро аз ёди онҳо баровард, зеро ҷинҳои эшонро биронд ва бар рӯйи коҳинон парда гузошт ва дарҳои хабари онҳоро то абад баст.

Таърихнигорони умматҳои гузашта ва ҳодисаҳои оламро аз таҳрифе, ки ба он аз қабили дурӯғу тӯҳмат илова карда буданд, наҷот дод ва онҳоро ба ҳақиқати ҳодисаҳо ва воқеаҳои гузашта роҳнамоӣ намуд. Ҳамин тавр, ин чаҳор масъалаи зикршуда дар баробари Қуръон оҷиз ва нотавон шуданд, дар ҳоле ки ҳамагон ҳайратзада шуда буданд. Сипас, ҳамаи онҳо ба Қуръон шогирд шуда, аз он ҳидояту рушдро меомӯхтанд ва ҳеҷ гоҳ баён нашудааст, ки яке аз онҳо бо Қуръон дар як сура муқобилият нишон дода бошад.

Агар гӯянд чӣ гуна медонед, ки ҳеҷ касе ба мубориза берун нашуд ва касе дар пайдо намудани далел ба монанди Қуръон комёб нашуд ва чӣ гуна медонед, ки ба монанди Қуръон пайдо намудан номумкин аст?

Ҷавоб ин аст, ки агар муқобилият бо Қуръон имкон медошт, пас бе ягон монеае душманони он баҳри он талош менамуданд ва касе аз онҳо дар ин кор қафо намемонд. Зеро мубориза бо Қуръон барои онҳо хело муҳим буд ва онҳо ҳама барои мубориза алайҳи он роҳҳоро ҷустуҷӯ менамуданд ва наҷоти дин, мол, нафс ва хонадони худро дар ин мубориза медиданд. Барои ҳамин, агар муқобилият нишон додан имконият медошт, ҳеҷ кас аз ин кор даст намекашид ва кофирону мунофиқон, ки теъдоди онҳо ба маротиб бештар буд, аз ин пирӯзӣ ва муваффақияти худ дар миёни оммаи мардум, дар ҳама маҳфилҳо хабар медоданд, ба ҳамон тавре ки аз ҳар амали зиддиисломии худ хабар медоданд. Баъди ин ҳама агар мубориза имконият медошт, муаррифон онро дар китобҳои худ қайд менамуданд. Аммо ин китобҳои таърих, ки дар пеши мост, дар он аз муборизаи Қуръон чизе намебинем, магар ибораҳое, ки Мусайламаи каззоб бофта буд.

Бо вуҷуди ин, ки Қуръон муддати бисту се сол онҳоро ба мубориза даъват менамуд ва эъҷози оятҳои он гӯшҳои онҳоро сӯрох мекард ва бо ин тариқ, онҳоро ба мубориза даъват менамуд, ки ин аст Қуръон, ки дар даст доред ва агар тавон доред, ба монанди оне, ки марди уммие ба монанди Муҳаммад баён намудааст, биёваред!

Агар аз анҷоми он оҷиз бошед, онро ба воситаи як олими бузург на як уммӣ баён кунед! Агар аз ин ҳам оҷиз бошед, пас ҳама якҷоя шуда, ба монанди Қуръон китобе биёваред!

Бигзор, дар ин кор уламо ва адибони шумо ҳама ҷамъ шаванд, якдигарро кӯмак намоянд ва ҳатто аз арбобҳоятон хоҳиш намоед, то мисли Қуръон намунае биёварад.

Агар аз ҳама пешниҳодҳо оҷиз бошед, ҳамаи китобҳои адабӣ ва пурмазмуни гузаштаро ҷамъ намоед ва аз он дар эътирози худ истифода намоед ва ҷилдҳои китобҳои гузаштаро бихонед, то ба шумо дар ин кор кӯмак намоянд!

Агар аз ин ҳам оҷиз бошед, пас на тамоми Қуръонро, балки аққалан даҳ оятеро ба монанди он биёред. Агар аз ин ҳам оҷиз бошед, пас сухани пурмӯҳтавое биёред, ки ба балоғати Қуръон монанд бошад ва ҳатто аз он “достонҳои дурӯғин”.

Аз ин ҳам оҷиз бошед, пас фақат як сура мисли Қуръон баён кунед ва бигзор сураи кӯтоҳ бошад. Ва аз ҳамаи ин оҷиз бошед, пас дониста бошед, ки ҳамчуноне ки дин ва ҷонҳои шумо дар охират дар хатар аст, дар дунё ҳам дар хатар мебошад.

Бо ин роҳ Қуръон бо ҳашт намуд аз мубориза хондани ҷину инс ва ин даъвати ба мубориза танҳо дар муддати бисту се соли паёмбарӣ мунҳасир набуд, балки муддати як ҳазору сесад  сол ва аз он бештар то ба ҳол оламро ба мубориза мехонад ва ин то рӯзи охират идома хоҳад ёфт.

Аз ин лиҳоз, агар мубориза бо Қуръон имкон мебуд, кофирон роҳи ҷанг ва харобиро пеш намегирифтанд, ки бо тарки роҳи осони мубориза худ, мол, ва аҳлашонро дучори ҳалокату ҷанг намоянд.

Пас, мубориза бо Қуръон имкон надорад ва дар тавони башар нест. Зеро оё мумкин аст оқиле, бахусус аҳолии нимҷазираи Арабистон ва бахусус Қурайш нафс, ҷон ва аҳли худро дар хатар андозанд, дар ҳоле ки роҳи осони мубориза бо овардани як сура аз ҷониби адибе дар ихтиёри онҳо буд. Пас агар имкони овардани як сура осон бошад, чаро нафсу ҷони худро аз ҳалокат наҷот намедоданд?

Хулосаи сухан он аст, ки Ҷоҳиз гуфтааст: “Вақте бо роҳи сухан ва илм мубориза карда натавонистанд, маҷбур ба кашидани силоҳ шуданд”.

Агар гӯянд: Мубориза бо Қуръон оят бо оят ва калима бо калима имкон надорад, куҷо расад ба сура ва касе ҳам ба майдон барои мубориза наомадааст, ин маънои онро дорад, ки ба Қуръон касе муқобилият накардааст. Ин суханон каме беасос ва муболиға мебошанд, ки он қадар ба ақл рост намеояд. Зеро бисёре аз ибораҳои башар ба ибораҳои Қуръон монанд мебошанд, пас маънои ин гуфта ва ҳикмати он дар чист?

Ҷавоб. Дар баёни эъҷози Қуръон ду мазҳаб вуҷуд дорад:

Мазҳаби якум, зебогии балоғати Қуръон ва хусусияти маонии он болотар аз тавони башар аст. Ин мазҳаб қавитару роҷеҳтар буда, мазҳаби аксарияти уламо мебошад.

Мазҳаби дуюм, мегӯянд, ки муборизаи як сураи Қуръон дар тавони башар ҳаст, аммо Худованд онро аз барои он манъ кардааст, то Қуръон ҳамчунон мӯъҷизаи Муҳаммад (с.а.в) боқӣ бимонад ва ин гуфтаҳоро олимон бо овардани чанд мисоли зерин рад мекунанд: хестан ва нишастани ҳар шахс дар зери қудрати худаш аст ва агар паёмбаре ба шахсе барои зоҳир намудани мӯъҷизаи худ бигӯяд, ки ту дигар бархеста наметавонӣ ва он шахс бархеста ҳам натавонист, ин фақат барои баёни мӯъҷиза мебошад. Ба ин мазҳаби дуюм сарафа мегӯянд, ба маънои он ки Худованд ҷин ва инсро аз қудрати мубориза бо Қуръон сарф кардааст ва агар онҳоро аз мубориза сарф намекард, онҳо имконияти онро доштанд.

Ҳамин тавр, олимоне, ки тибқи ин мазҳаб мегӯянд мубориза ҳатто бо як калимаи  Қуръон имкон надорад , сухани саҳеҳ аст ва ҳеҷ шакке дар он нест, зеро Худованд онҳоро барои он ки Қуръон мӯъҷиза боқӣ бимонад, манъ кардааст ва онҳо имконияти муборизаро надоранд ва агар хостори гуфтани чезе барои мубориза кардан шаванд, қудрат пайдо намекунанд, магар бо амр ва хости Худованд. Аммо мазҳаби якум, ки роҷеҳтар аст ва ба он аксари уламо розиянд,  мегӯяд, ки ибораҳо ва ҷумлаҳои Қуръони карим дар рӯ ба рӯйи ҳам қарор гирифтаанд ва бо якдигар наззора мекунанд. Ҳар як ибора дар даҳ ҷой зикр шудааст ва дар он даҳ ибораи пурмазмун балоғат ва даҳ хусусиятеро, ки онро бо дигар ибораҳо пайваст мекунанд, метавон пайдо намуд. Мо ин хусусиятҳоро дар тафсири худ, “Ишоротул эъҷоз фи мазонил эъҷоз” ҳам дар сураи “Фотиҳа” ва ҳам дар аввали сураи “Бақара” баён кардаем.

Алиф. Лом. Мим. Ин китобест, ки нест ҳеҷ шакку шубҳае дар он».

Биёед, инро бо мисол баён намоем. Агар чунин тасаввур намоем, ки қасри бузурге ҳаст, ки деворҳои он пур аз нақшу нигор ва он хело баланду зебост, бешак, гузоштани санги асос дар ҷойи муносиб, ба тавре ки ҳамаи ин ҳамаро бо якдигар бипайвандад ва донистани комили ин ҳама нақшу нигор аз ҳамон рӯзи ниҳодани санги асос лозиму зарур аст.

Мисоли дигарро аз ҷисми худи инсон меоварем. Дар ҳақиқат, гузоштани гавҳараки чашми инсон дар ҷойи муносиб маънои донистани алоқаи чашм бо ҷисми инсонро дорад ва ҳамчунин шинохти дақиқ аз робитаи гавҳараки чашм бо ҳар ҷузъе аз ҷузъҳои ҷисм дорад.

Пас, бо ин ду мисол фикр кун, ки чӣ гуна аҳли ҳақиқат аз гузаштагон, роҳҳои гуногун, алоқаҳо ва робитаҳои ибораҳои Қуръонро, ки бо дигар оят ва ҷумлаҳо робита доранд, баён намудаанд ва хусусан олимони уламои ҳуруфи Қуръон, ки дар ин мавзӯъ хело зиёд ворид шудаанд ва бо далел собит намудаанд, ки ҳар ҳарфи Қуръон асрори дақиқе дорад, ки баёну тавзеҳаш саҳифаҳоро пур мекунад.

Бале, модоме ки Қуръон китоби Парвардигори олам ва холиқи ҳамаи мавҷудот аст, пас бояд ҳар калимаи он мисли решае бошад, ки аз он дарахти пур аз асрор ва маъонӣ ба бор меояд ё ба монанди қалбест, ки дар атрофаш асрору маънавиёти зиёде гирд омадаанд.

Аз ин лиҳоз мегӯем бале, дар каломи башар он чи бо ҷумла, ибора ва оятҳои Қуръон шабоҳат дорад, вуҷуд дорад, магар ин ки он ояти карима, ибора ва ҷумлаи Қуръон дар ҷойи махсуси худ гузошта шудааст. Дар ҷобаҷогузории иртиботу алоқаҳо тақозо дар назар гирифта шуда, дар ҷойи муносиб оварда шудаанд.

Нуктаи сеюм

 

Худованд рӯзе барои ман неъмати тафаккурро дар моҳияти Қуръон ато намуд ва сипас онро, ҳамон гуна ки ба дилам ворид шуда буд, бо забони арабӣ менависем ва сипас маънояшро баён мекунем:

 

Пок аст он Зоте, ки ба ваҳдонияти худ шаҳодат додааст ва авсоф, ҷамол, ҷалол ва камоли ӯро ошкоро Қуръони карим баён намудааст. Қуръоне, ки самтҳои шашгонаашро нуронӣ намуда, фарогири асрори тамоми китобҳои паёмбарон, авлиё ва худопарастони ҳар аср, ҳар шариат ва ҳар равияҳо мебошад, онҳое, ки бо дилу ақлҳои хеш тасдиқкунандаи куллиёт ва асосҳои Қуръон буданд. Қуръон бо иҷмоъи нозилкунанда ва нозилшуда ва ононе, ки бар онҳо нозил шудааст, ваҳй холис, чашмаи ҳидояти ошкоро, кони нурҳои имони асосӣ, майдони ҷойгиршаваии ҳақиқати яқин, роҳи расидан ба саъодати айён, соҳиби самараи пурра, қабулшуда назди малоикаву ҷину инс мебошад. Ҳамчунин Қуръон бо иттифоқи олимони барҷаста бо далелҳои ақлӣ таъйид  ва бо фитрати салиму бо шаҳодати виҷдон тасдиқ шудааст ва мӯъҷизаи абадиест, ки роҳҳои эъҷози он бо гузашти асрҳо ҳамчунон боқӣ мемонанд. Доираи роҳнамоии он аз малаи аъло то китобхонаи кӯдакон густариш ёфтааст, ки аз он ҳам малоикаҳо меомӯзанд ва ҳам тифлакон. Ҳамчунин Қуръон чашми биноест, ки ошкороу равшан чизҳоро нишон медиҳад, онро иҳота мекунад, оламро дар дасташ дигаргун мекунад ва ба мо нишон медиҳад, ҳамчуноне, ки соатсоз соатро дар дасти худ чапу рост мегардонад ва ба мардум нишон медиҳад. Пас, ин Қуръони карим ва азимушшаън аст, ки такроран мегӯяд: “Худованд Зотест, ки ғайри ӯ Худое нест”, “Пас, дониста бош, ки ӯ Зотест, ки ғайри ӯ Худое нест”.

Аммо маънои ин тафаккур чунин аст: самтҳои шашгонаи Қуръон аз ҳар тараф мунаввар аст, ки ҳеҷ шубҳа ва ваҳме дар он ворид намешавад. Ин барои он аст, ки дар паси он Арши бузург истодааст ва ба он такя мекунад ва низ он ваҳй аст. Аз пеши он саодати ду олам аст, ки онро ҳадафи худ қарор медиҳад. Иртиботу алоқаи он бо абад ва охират хело тӯлонӣ аст, зеро Биҳишту саодат онҷост. Аз болояш бошад, оятҳои эъҷоз рӯшноӣ дода, ҳар кунҷашро медурахшонад. Аз поёнаш сутунҳои далелу ҳуҷҷати ошкор вуҷуд дорад, ки дар он ҳидояти холис аст. Дар тарафи росташ бо кор бурдани ақл ва тасдиқи он аст, ки дар он ибораи “Оё ақлро ба кор намебаред?” хело зиёд такрор шудааст, то бо тааҷуб бигӯяд. Дар паҳлуи чапаш бошад, шаҳодат додани виҷдон аст, то бо тааҷҷуб инро ба забон оварад, ки “Пок аст Худованд” ва ин сухан ба ӯ оромиши тану ҷон мебахшад.

Пас, бо ин ҳама ҳифозат аз куҷо метавонад ваҳму шубуҳот дар он ворид шавад. Пас, ин маънои онро дорад, ки Қуръон ҷамъкунандаи асрори ҳамаи китобҳои паёмбарон, авлиё ва худопарастон мебошад, бо ихтилофи замон макон ва ихтилофи равияҳояшон. Яъне ҳар як соҳибақли солим ва соҳибдили ором Қуръонро бар асоси даъвати он куллан тасдиқ дорад, зеро онро дар китобҳои онҳо зикр мекунанд. Пас, онҳо ба мисоли усули дарахти Қуръон мебошанд.

Бо ин ҳам Қуръон ба ваҳйи илоҳӣ такя мекунад, бинобар ин худи он ваҳйи мутлақ аст, зеро Худованди таоло онро ба дили паёмбараш, Муҳаммад (с.а.в) нозил намуда, бо муъҷизоти паёмбараш онро бо ваҳй баён мекунад. Қуръон, ки аз ҷониби Худованд нозил шудааст, бо эъҷози зоҳирии худ баён мекунад, ки он аз Арш аст. Бар шахсе нозил шуд, ки он Паёмбари акрам (с.а.в) аст ва оне, ки дар аввал ва аснои нузули он Паёмбар (с.а.в) ба изтироб омад ва ин баёнгари қадру мартабаи он аст, ки он на монанди дигар китобҳост. Ин ҳама далолат бар он мекунад, ки он ба воситаи малоикаи азалӣ ба Паёмбар (с.а.в) нозил мешавад.

Қуръон ҳамчунин ошкоро ваҳйи маҳз буда, хилофи куфру гумроҳӣ аст. Қуръон ҳатман манбаи нури имонӣ аст ва торикӣ хилофи нур аст ва ин ҳақиқатро дар калимоти зиёде баён намудаем. Бо ин ҳама Қуръон бо яқини комил ҷомеъи ҳақоиқ буда, аз хаёлу хурофот яқинан дур аст. Пас, шакл додани он аз олами Ислом ва он чи ба он омадааст, аз шариати ноб ва он чизеро, ки аз ахлоқи некӯ баён кардааст ва ҳатто дар мавриди баҳси худ аз олами ғайб “ҳамчуноне ки дар баҳси худ аз олами шаҳодат аст”, айни ҳақиқат аст ва бо он ҳеҷ чизи хилофи ҳақиқат наздик ҳам шуда наметавонад. Ҳамчунин Қуръон, ҳамон гунае ки воқеияти ҳол аст, ба хушбахтии дорайн мерасонад ва башариятро ба он мехонад ва агар касе шакк дорад, пас як бор ба Қуръон муроҷиат намуда, ба он гӯш андозад ва бубинад, ки Қуръон чӣ мегӯяд.

Самараҳое, ки башар аз Қуръон мегирад, самараҳои ҳаётӣ ва комил аст ва шакке нест, ки решаҳои дарахти Қуръон дар умқи ҳақиқат ҷой гирифта, дар ҳаёт реша давондааст ва ҳаёти ин мева далолат ба ҳаёти дарахт мекунад. Пас, агар бихоҳӣ, нигоҳе андоз, ки Қуръон чӣ самараҳое аз авлиё ва баргузидагону солиҳин дар мурури асрҳо ба бор овардааст.

Қуръон ҳамчунин манбаи ризоияти инсу ҷин аст ва ин бо далели содиқе, ки аз нишонаҳои зиёд сарчашма мегирад ва онҳо дар вақти тиловати Қуръон чун ба монанди парвонаҳо дар атрофи он ҷамъ мешаванд, далолат мекунад.

Бо вуҷуди он, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст, бо далелҳои ақлӣ ҳам таъйид шудааст ва яке аз далелҳо ин иттифоқи оқилон аст, ки дар пешсафи эшон олимони илми калом ва файласуфоне амсоли Ибни Сино ва Ибни Рушд мебошанд. Ҳамаи онҳо бо иттифоқ асоси Қуръонро бо усулу далелҳои худ собит намудаанд.

Қуръон ҳамчунин аз сӯйи фитрати солим қобили қабул аст, дар ҳоле ки ба он фитрат беморӣ ё зараре ворид нашуда бошад. Ин барои он аст, ки роҳати қалб ва итминони виҷдон аз нурҳои Қуръон сарчашма мегиранд, яъне фитрати солими ҳар шахс онро ба итминони комил қабул мекунад. Бале! Ин фитрат ба забони ҳолаш ба Қуръон мегӯяд: “Бидуни ту камоли мо пурра намешавад”. Ва ин ҳақиқатро дар мавзеъҳои гуногуни ин рисола собит намудаем.

Қуръон ҳамчунин мӯъҷизаи абадӣ ва бадеҳист ва инро бо мушоҳида метавон дарк намуд ва дар ҳама вақт мӯъҷиза боқӣ мемонад ва ҳеҷ гоҳ нураш мисли дигар мӯъҷизаҳо пинҳон намешавад ва поён надорад, балки он то абад боқӣ хоҳад монд.

Манзалати роҳнамоии Қуръони карим аз ҷиҳати шумулият ва камол чунон баланд аст, ки ҳатто таълими онро Ҷаброил ҳамроҳ бо кӯдаке меомӯзад, дар ҳоле ки файласуфе бузург чун Ибни Сино аз донистани он дар баробари як шахси уммӣ оҷиз меистад, балки мумкин фоидае, ки он марди уммӣ бо қувваи имонаш аз он бардошт намояд, ки Ибни Сино натавонад.

Дар Қуръон чашми биное аст, ки тамоми мавҷудотро мебинаду онро иҳота мекунад ва ҳамаи он мавҷудотро дар пеши худ қарор медиҳад, ки гӯё он ба саҳифаи китобе мемонад, ки омилҳо ва табақаҳои онро тавзеҳ медиҳад. Мисли соҳиби соат, ки соати хурде дар даст мегираду онро ин тарафу он тараф карда, мекушояду муаррифӣ мекунад. Олам ҳам дар назди Қуръон чунин аст, яъне ҳамаи аҷзои онро таърифу баён мекунад.

Пас, ин Қуръон ваҳдониятро бо

 

“Пас дониста бош, ки ӯ Зотест, ки ғайри ӯ Худое нест” (сураи “Муҳаммад”, ояи 19) собит мекунад.

 

       Худовандо, ин Қуръонро барои мо дар дунё рафиқ бигардон ва дар қалб мӯнис ва дар қиёмат шафеъ ва дар пули Сирот нур ва аз оташ парда ва дар Ҷаннат рафиқ ва ба тарафи тамоми накӯиҳо роҳбаладу имом. Худовандо, дилҳо ва қабри моро бо нури имон ва Қуръон мунаввар бигардон ва ҳуҷҷатҳои Қуръонро бо ҳақ ва ба ҳурмати он ки ба ӯ (с.а.в.) онро нозил кардаӣ, мунаввар бисоз. Салавоту салом аз Зоти бахшандаву меҳрубон бар ӯ (с.а.в.) бод.

ИШОРАИ НУЗДАҲУМ

 

Дар ишораҳои гузашта яқинан ва бо далелҳои қатъӣ собит шуд, ки Паёмбари акрам (с.а.в), он шахсе, ки паёмбарияш бо ҳазорҳо далелҳои қатъӣ собит шудааст, далели возеҳе бар ваҳдонияти Худованд ва ҳидоятгари нуроние барои саодати абадӣ мебошад. Дар ин ишора он ҳуҷҷатҳои содиқ ва далелҳои ошкори ваҳдониятро ба таври мухтасар таъриф намуда, хулосатан баён мекунем. Зеро шинохтани ин далелҳо ва ба куллӣ омӯхтани он лозим аст, зеро далел ба шинохти Худованд мерасонад. Аз ин хотир, дар ин ҷо бо ихтисори шадид ҷиҳати далелии он ҳазрат (с.а.в)-ро бар ваҳдонияти Худо баён намуда мегӯем, ки Паёмбар (с.а.в) бо шахсияти худ бар ваҳдонияти Худо далел аст, ҳамон гунае ки ҳар мавҷуде аз мавҷудот бар он далел мебошад. Паёмбар (с.а.в) ҷиҳати бар ваҳдоният далел будани хешро бо далелҳои қатъии тамоми мавҷудот эълон намудааст. Бо вуҷуди оне, ки Паёмбар (с.а.в) далеле бар ваҳдоният аст. Мо дар ин ҷо сидқи далолат, ҳуҷҷат, дуруст ва ҳақиқат будани ӯ (с.а.в)-ро дар зимни понздаҳ асос баён мекунем.

Асоси аввал. Ин далеле, ки бо зоти худ ва забони худ ва аҳволи худ ба Офаридгори ин олам далолат мекунад, ӯ худ аз ҷониби ҳақиқатҳои олам содиқ ва тасдиқшуда мебошад. Зеро далел будани ҳамаи мавҷудот бар ягонагӣ, худ гувоҳест барои касе, ки аз ягонагӣ сухан мегӯяд. Яъне ба сӯйи он чизе, ки ӯ даъват мекунад, олам онро тасдиқ менамояд ва ба он чи аз ваҳдоният, ки камоли мутлақ, хушбахтии абадӣ ва хайри комил аст, мужда медиҳад, ки ба ҳусну камол ба куллӣ мутобиқанд ва дар ҳақиқати ин олам зоҳир мешаванд. Пас, ӯ дар даъвои худ бешакку шубҳа содиқ аст. Паёмбари акрам (с.а.в) далели содиқ ва ростин аст бар ваҳдоният ва саодати абадӣ мебошад.

Асоси дуюм. Дар воқеъ, ин далели содиқ ва ростин дорои ҳазорон мӯъҷиза аст. Паёмбар (с.а.в) ва оне, ки шариатеро овардааст поку ноб, шариати ӯ ҳаргиз мансух намешавад, аз байн намеравад ва моли тамоми инсу ҷин аст. Пас, шакке нест, ки он шахсияти паёмбар Муҳаммад (с.а.в) аст. ӯ дар ҳақиқат ҷомеъи ҳикмат ва асрор аст, ки мӯъҷизаҳои дигар паёмбарон ва иттифоқи эшонро дар бар гирифта аст. Яъне иҷмоъи тамоми паёмбарон ва шаҳодати мӯъҷизаҳои онҳо ба тарафи рост будани шахси ӯ ва даъвати ӯ (с.а.в) равона шудааст.

Авлиё ва баргузидагони пок, ки ба дараҷаи камол расидаанд, самараи тарбияти ӯ (с.а.в) ва ба ҳидояти шариати ҳақиқии ӯ мебошад, зеро ӯ (с.а.в) роҳнамо ва сарвари онҳост ва аз ин лиҳоз Паёмбар (с.а.в) ҷомеъи асрори каромот, ростӣ, қувваи таҳқиқ ва таълимоти онҳо мебошад. Барои он, ки онҳо ҳамон роҳеро пеш гирифтаанд, ки устодашон дарҳои онро барояшон боз намуда, кушода мондааст ва онҳо танҳо ҳамон дари кушодаро дарёфтаанд. Ҳамаи каромот, таҳқиқоти илмӣ ва иҷмоъии онҳо мисолу далеле аст бар сидқи устоди покашон ва даъвати ноби ӯ (с.а.в).

Аз тарафи дигар, он далелҳои ошкор бар ягонагӣ, ҳамон гунае ки дар ишораҳои гузашта баён шуд, дарбаргирандаи мӯъҷизаҳои қотеъона, яқин ва нишонаҳои фавқулодаю далелҳои паёмбарии ӯ (с.а.в) аст, ки дар онҳо шакке нест. Ҳар яки онҳо ӯ (с.а.в)-ро чунон тасдиқ мекунанд, ки агар олам ҳама ҷамъ шаванд, то ба он шубҳае ворид кунанд, муваффақ нахоҳанд шуд.

Асоси сеюм. Ҳамин доъӣ ба ягонагӣ ва муждарасон ба саодати абадӣ, ки дорои чунин муъҷизот мебошад, дар зоти покаш дорои ахлоқи баланд ва дар адои вазифаи даъваташ дорои сифоти олӣ буда, дар таблиғи динаш дорои хислатҳои наҷиб аст. Ҳамаи инҳо боиси он мешаванд, ки сарсахттарин душмани ӯ (с.а.в) маҷбур мешавад ӯро бовар кунад, зеро дигар маҷоле барои инкор намемонад.

Пас, модоме ки ӯ (с.а.в) дар зоти худ, дар адои вазифа ва динаш зебо буда, баландтарин ахлоқ, камол, сифот ва болотарин хислатҳоро дорост, бешак ӯ (с.а.в) намуна бар камоли мавҷудот аст.

Аз ҳамин сабаб камолоте, ки аз зот ва вазифаи динии ӯ бармеояд, як далели қавие бар рост будани ӯ мекунад ва онро касе инкор карда наметавонад.

Асоси чаҳорум. Он доъӣ ба ваҳдонияту саодати абадӣ (с.а.в), ки кони камолот ва муаллими ахлоқи нек аст, аз ҳаво ва нафси худ сухан намегӯяд, балки ончи мегӯяд, ҳама ваҳйи илоҳӣ мебошад. ӯ (с.а.в) ваҳйиро аз Парвардигораш мегираду ба дигарон таблиғ мекунад ва ин бо ҳазорон далеле аз далелҳои паёмбарӣ, ба ҳамон гуна, ки дар далелҳои гузашта баён шуда буд, собит шудааст.

Парвардигори олам ҳамаи он мӯъҷизаҳоро офарида дар ихтиёри паёмбараш гузошта буд, то баёнгари он бошанд, ки ин Паёмбар (с.а.в) барои он Худованд амал мекунад ва дар роҳи ӯ сухан мегӯяд ва гуфтаҳои ӯро таблиғ мекунад. Қуръон, ки ба ӯ нозил шудааст, бо эъҷози зоҳирӣ ва ботинии худ баён мекунад, ки ин Паёмбар (с.а.в) расонандаи паёми Парвардигори олам аст. Шахсияти Паёмбар (с.а.в) бо доштани ин ҳама ахлоқи воло, тақво ва ҷиддияти беҳамто дар роҳи даъват ва амал кардан бо амонати комил дар ин роҳ, баёнгари он аст, ки ӯ дар ҳама аҳвол аз номи худ ва фикри шахсии худ сухан намегӯяд ва ҳарчӣ мегӯяд, ҳама аз номи Худованд аст.

Касоне, ки аз аҳли ҳақиқат ӯро гӯш менамуданд, бо кашф ва таҳқиқи илмӣ ӯро қабул намуда, ба ин яқин мерасиданд, ки ӯ на аз ҳаво ва нафс, балки танҳо тавассути ваҳй сухан намегӯяд. Пас ӯ расонандаи амине аз тарафи Парвардигор аст, ки мардумро ба воситаи ваҳй ба тарафи рушд мехонад.

Ҳамин гуна, ин чаҳор асоси қавӣ ва мустаҳкам далолат бар сидқи ин роҳнамо (с.а.в) ва ҳақ будани ӯ мекунанд.

Асоси панҷум.  Ин роҳнамо, ба каломи Худованд амин аст, метавонад рӯҳҳоро бубинад ва бо малоик сухан гӯяд, ҳидоятгаре барои инсу ҷин бошад. Илмро аз олами арвоҳу малоика, ки аз олами инсу ҷин болотар аст, касб намекунад, балки омӯзиши илмро болотар аз онҳо мегирад ва аз он болотар ҳам аз умури илоҳӣ иттилоъ мегирад. Мӯъҷизаҳо ва сирати Паёмбар (с.а.в), ҳақиқати ин ду масъаларо ба мо бо тавотур нақл ва собит мекунанд. Аз ин сабаб, ҷин ва арвоҳу малоик ба умуре, ки ба ӯ аз ҷониби Худо мерасад, дахолат ва наздик намешуданд, ҳатто малоикаҳои муқарраб ғайр аз Ҷаброил. Паёмбар (с.а.в) гоҳо аз рафиқи худ Ҷаброил низ пештар мерафт.

Асоси шашум. Дар воқеъ, ин роҳнамо, ки сарвари малоик, ҷин ва инс мебошад, беҳтарин ва комилтарин самараи дарахти коинот, муҷассамаи раҳмати илоҳӣ, мисоли муҳаббати раббонӣ, роҳнамои равшан ба сӯйи ҳақ, чароғи равшан ба ҳақиқат, калиди коинот, кашшофи муаммои олам, шореҳи ҳикмати олам, хонанда ба сӯйи худопарастӣ, роҳнамои нек ба сӯйи санъати Парвардигор мебошад. Пас, ин зоти муборак бо ин ҳама сифатҳояш мисоли комиле барои камолоти тамоми мавҷудот мебошад. Аз ин сабаб, ин хусусиётеро, ки Паёмбар (с.а.в) дорост, ва  он сифатҳое, ки мавсуф шудааст, ошкоро баёнгари он аст, ки Паёмбар (с.а.в) сабабгори асосии вуҷуди ин олам мебошад, яъне ҳамеша зери назари холиқ аст. ӯро назар намуда, оламро офаридааст ва метавон гуфт, ки агар ӯро намеофарид, оламро низ намеофарид.

Бале! Он чи ин Паёмбар (с.а.в) аз ҳақиқат ва нури имон ба инсу ҷин овардааст ва инчунин бо доштани ахлоқи олӣ ва тамомии камолоти шахсияти ӯ далел, шоҳиди қатъӣ ва тасдиқкунанда барои ин ҳақиқат мебошад.

Асоси ҳафтум. Ин нури дурахшони ҳақиқат ва чароғи равшани ҳақиқат, дини побарҷо ва шариати шомилеро овард, ки дорои қавонини ҷомеа ва хушбахтии ду олам мебошад ва дар баробари ин, ӯ ҳақиқати олам ва вазифаи он ва сифоту номҳои Худоро ба таври комил баён намудааст. Агар касе бо чашми бино ба дини Ислом ва шариати шомили он дар ин тарзи баёни олам назар намояд, яқинан дарк мекунад, ки ин дин низоми холиқи ин олами хело зебо мебошад ва дар навбати худ муаррификунандаи он холиқ аст. Ҳамон гунае ки як муҳандиси хуби корсоз барои маҳорати худро нишон додан қасри сохтаи худро таърифи лоиқ мекунад ва онро бо маҳорати хело олӣ менависад, ин дин ва ин шариати ноб бо ин ҳама олӣ ва бузург буданаш баён мекунад, ки он офаридгоре, ки инро бо ин тарз сохтааст, холиқ ва мудаббири ин олам аст.

Бале, он Зоте, ки ин оламро бо ин тарз танзим намудааст, танҳо ӯст, ки ин дини комилро бо ин низоми зебо танзим намудааст.

Асоси ҳаштум. Касе, ки мавсуф ба ин сифот аст ва рисолати ӯ ба ин далелу ҳуҷҷатҳо такя мекунад, он шахс фақат Паёмбар (с.а.в) мебошад, ки аз номи олами ғайб ба олами ҳозир сухан намуда, онро ба ҷину инс ва ба тамоми миллатҳои асрҳои оянда хитоб намуда, бо садои баланд паёми ҳақро дар ҳама асру макон ва ҳар ҷое, ки бошанд мерасонад… (Ва мо эътироф мекунему мегӯем:) Бале! Оре! Мо шунидем!.

Асоси нуҳум. Хитоби ӯ чунон баланд мебошад, ки ҳамаи асрҳо онро мешунаванд. Бале, ҳар асре садои овози ӯро мешунавад.

Асоси даҳум. Дар сирату аҳволи ӯ мебинем, ки шахсияти мубораки ӯ дар ибтидо худ мебинад ва ба қаноат мерасад, сипас дар асоси он чи ки дидааст, дигаронро мефаҳмонад. Зеро ӯ (с.а.в)-ро мебинем, ки ҳатто дар ҳолати рӯ ба рӯ шуданаш бо хатарҳо, бидуни тарсу ҳарос ва бо итминону боварии комил таблиғ менамояд ва ҳатто худ ба танҳоӣ тамоми оламро ба мубориза даъват мекунад.

Асоси ёздаҳум. ӯ (с.а.в) даъваташро бо он қуввату қудрате, ки Худо ба ӯ дода буд, бо овози баланд идома медод, ҳатто нисфи Замин ва аз панҷяки башарият фармонҳои ӯро(с.а.в.) ба ҷо оварда, ҳама бо ҳар дастуроти ӯ мегӯянд:  “Шунидем ва итоат мекунем!”.

Асоси дувоздаҳум. ӯ (с.а.в) бо ихлоси комил ва ҷиддият даъват намуда, тарбияи мустаҳкам медод, чуноне ки дастуроти ӯ дар асрҳо дар саҳифаҳои кишварҳо ва дар дафтари рӯйи замон навишта шудаанд.

Асоси сездаҳум. ӯ (с.а.в) бо итминону яқини пурра сухан мегуфту аҳкомро мефаҳмонид ва даъваташ ошкор буда, дар он андаке шубҳа вуҷуд надошту надорад. Агар ҳамаи олам ҷамъ шавад, то ӯро аз даъваташ ва ё аз ҳукме аз аҳком дур намоянд, муваффақ нахоҳанд шуд ва сирату таърихи ҳаёташ бузургтарин далел бар ин гуфтаҳост.

Асоси чордаҳум. ӯ (с.а.в) бо итминони комилу эътимоди пурра даъват ва бо яқини комил таблиғ мекунад, ба ҳайсе, ки дар даъвати худ чизеро тарк намекунад ва аз пайдо шудани мушкилот дудила намешавад, даҳшату хавф дар даъваташ ӯро намеҳаросонад, балки бо ихлос ва сафои комил даъвати худро идома медиҳад. Аҳкоми шариатро аввал дар худ ҷорӣ намуда, сипас ба дигарон таълим медиҳад. Далели ин зуҳд, бетамаъ будани ӯ аз мардум ва дурии ӯ (с.а.в) аз фирефтаниҳои дунёи фонӣ мебошад ва ин дар назди дӯстону душманон маълум аст.

Асоси понздаҳум. ӯ (с.а.в) бохушуътарини онҳо дар баробари Худо, мутеътарин ба авомири илоҳӣ, обидтарин ва ботақвотарини онҳо аз он чи Худо манъ кардааст, мебошад ва ин бар он далолат мекунад, ки ӯ (с.а.в) мубаллиғи амини подшоҳи азалу абад мебошад. ӯ Паёмбари маҳбуби Худо ва холистарин банда ва расонандаи паёми Худо мебошад.

Аз ин понздаҳ асос метавон хулоса намуд ки дар воқеъ, ин Паёмбари акрам (с.а.в), ки дорои авсофи дар боло зикршуда буда, бо тамоми қудрате, ки Худованд ба ӯ додааст, дар мадори зиндагии худ ваҳдониятро эълон намудааст.

“Нест маъбуде ғайри Аллоҳ”

 

“Худовандо, салоту саломи худро бар ӯ ва хонадони ӯ ба теъдоди накӯиҳои умматаш бирасон”.

“Ба покӣ ёд мекунем Туро, ҳеҷ донише нест моро, магар он чи таълим додӣ моро, ҳамоно Туӣ донову боҳикмат!”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ИКРОМИ ИЛОҲӢ ВА

ЯК АСАРИ ИНОЯТИ ПАРВАРДИГОР

 

Бо умеди он ки аз асрори ояи

“Ва аз неъмати Парвардигорат” (ки ба ту паёмбарӣ ва неъматҳои дигар ато намудааст), сухан бигӯӣ” (доимо ба мардум ва хабар деҳ онҳоро) бохабар шавем,  мегӯем, ки асари иноят ва дасти раҳмати илоҳӣ ҳангоми таълифи ин рисола зоҳир шуд, онро ба хонандагони ин рисола баён мекунам, то дар атрофи он ҷамъ шуда, ба он аҳамияти хоса диҳанд.

Ибораи сиву як ва нуздаҳ, ки атрофи рисолаи Аҳмадия баҳс менамоянд, дар атрофи ин мавзӯъ таълиф шуда буданд, барои ҳамин нияте оиди таълифи ин рисола надоштам. Аммо ногоҳ фикре ба сарам омад ва маро водор бар он намуд, ки ба таълифи ин рисола шурӯъ намоям, дар ҳоле ки хотираи ман ба сабаби мусибат ва душвориҳо хело заифу нотавон шуда буд. Аз тарафи дигар, ман дар таълифоти хеш аз рӯйи одат нақлро аз дигар китобҳо намегирифтам (масалан намегӯям фалон гуфт… чунин шуд) ва илова бар ин ҳеҷ сарчашмае аз сарчашмаҳои ҳадиси шариф ва сирати Паёмбар (с.а.в) дар даст надоштам…

Вале бо ин ҳама бо худ гуфтам: “Ба худо таваккал мекунам” ва бо таваккали ба Худо ба таълифи ин рисола шурӯъ намудам ва бо тавфиқи илоҳӣ ҳофизаи ман чунон қавӣ гардид, ки аз ҳофизаи Саъиди пешина болотар буд ва ба дараҷае қавӣ гардид, ки дар чил саҳифа, бо суръати хело баланд ва дар зарфи чор соат менавиштам, балки дар муддати як соат понздаҳ саҳифа менавиштам. Бисёр масъалаҳои нақлшуда аз китобҳое чун Бухорӣ, Муслим, Байҳақӣ, Тирмизӣ, китоби “Шифо”-и қози Айёз, Абӯнаъим Табарӣ, ва аз амсоли онҳо буд. Ҳамеша дилам дар тапиш ва беқарор буд, то хатое ба ин ривоятҳо ворид нашавад, ки боиси гуноҳ гардад, зеро инҳо ҳама аҳодис мебошанд.

Лекин яқинан дарк намудам, ки инояти Худо бо мост ва ҳоҷат ба ин рисола хело зиёд аст. Бо фазли илоҳӣ ҳамаи аҳодиси саҳеҳро нақл намудам. Ва бо ин ҳам агар дар матни ҳадис ё ровии он хатое ворид шуда бошад, аз бародарони азиз хоҳиш мекунам, ки аз хатои ман гузашта, онро тасҳеҳ намоянд.

                                                    Саъид Нурсӣ

 

 

Бале! Устод ҳангоме мегуфт ва мо менавиштему дар дафтарчаи ёддошти худ онро қайд мекардем, дар дасти устод ҳеҷ сарчашмае набуд. Хеле босуръат сухан мегуфт ва тақрибан дар муддати 3 ё 4 соат 40 саҳифа менавиштем. Мо низ яқин кардем, ки тавфиқи илоҳӣ дар таълифи ин рисола яке аз каромоти муъҷизоти Паёмбар (с.а.в) аст.

 

 

Ҳофиз тавфиқ        Ҳофиз Холид       Сулаймон Сомӣ      Абдуллоҳи Човуш

нависандаи лоиҳа  бародари қиёматӣ       ходими он ва                  ва асли он

ва нависандаи лоиҳа  ходими ҳамешагии      нависандаи

лоиҳа


 

ЗАМИМАИ АВВАЛ

 

АЗ РИСОЛАИ  “МУЪҶИЗОТИ АҲМАДӢ”

 

(бо истифода аз мавриди муносиб, дар инҷо ин калимаи нуздаҳум, ки хоси рисолаи Аҳмадӣ бо қисмати он дар хусуси мӯъҷизаи пора шудани моҳ аст, илова шудааст)

Ибораи чордаҳум аз чордаҳ банд иборат аст[304].

 

Банди якум. Он чи, ки Парвардигор моро шиносоӣ мекунад, се нишонаи бузург аст:

Якум, саҳифаи олам, ки баъзе аз шаҳодати онро дар сездаҳ тавзеҳе аз тавзеҳоти Маснавии Арабии Нурӣ шунидаем.

Дуюм, бузургтарин аломати ин саҳифаи бузурги олам, Паёмбар (с.а.в), хотами паёмбарон аст.

Сеюм, Қуъони карим.

Пас, мо бояд ҳоло далели дуюмро биёмӯзем, ки он Паёмбари хотам (с.а.в) ва сарвари паёмбарон аст ва бо виқор ба ӯ гӯш меандозем. Бидон! Он ҳуҷҷати нотиқ (с.а.в) соҳиби шахсияти олӣ ва бузург мебошад. Ва агар пурсед: ӯ кист ва чӣ хусусият дорад? Дар посух мегӯянд: ӯ (с.а.в) касе аст, ки сатҳи Замин барои бузургии ӯ масҷид шудааст, Макка меҳробу Мадина минбари ӯст. ӯ имоми ҳамаи мӯъминин мебошад ва ҳама аз пушташ саф меистанд. ӯ (с.а.в) хатиби башар буда, барои онҳо қонунҳои саодатмандии онҳоро мефаҳмонад. Сардори паёмбарон буда, ҳамаи онҳоро содиқ медонад ва асосҳои дини онҳоро бо шумули дини худ қабул дорад. Сарвари авлиё буда, онҳоро бо нури рисолати худ ҳидоят мекунад. ӯ (с.а.в.) мояи ҳалқаи зикр аст, ки аз паёмбарон, баргузидагон, сиддиқин ва накӯкорон иборат буда, ҳамаи онҳо имони худро ба ӯ иқрор мекунанд. ӯ(с.а.в.) дарахти нуроние мебошад, ки решаҳои мустаҳками он паёмбарон бо динҳои осмонии худ мебошанд, ва шоху меваи он авлиё бо маърифати илҳомии худ ҳастанд.

Ҳар кореро, ки иддио кунад, тамоми паёмбарон бо такя ба мӯъҷизаҳои худ ва тамоми авлиё бо такя ба каромоти худ ба он кор шоҳидӣ медиҳанд. Гӯё ҳар даъвои ӯ хотимаи даъвои дигар паёмбарон аст. ӯ ҳангоме ки “Нест маъбуде ғайри Худованд” мегӯяд ва бо ин гуфта ҳамагонро ба тавҳид мехонад, мо акси ин садоро аз гузаштагон ва ояндагони нуронӣ, яъне аз хуршедҳои башарият ва ситорагоне, ки дар доираи зикр нишастаанд, мешунавем. Ҳама он ибораро такрор намуда, бар он иттифоқ доранд, бо вуҷуди ихтилофи равия ва мазҳабҳои худ ҳамаи онҳо бо як садо мегӯянд: “Рост ва ҳақ гуфтаед”. Пас, ваҳму хаёл кай метавонад барои рад кардани даъвати ӯ дастдарозӣ намояд, дар ҳоле ки паёмбарону авлиё бо муъҷизоту каромоти худ ӯ (с.а.в)-ро таъйид кардаанд.

Банди дуюм. Бидон! Ин ҳуҷҷати нуронӣ (с.а.в) шахсест, ки башарро ба яктопарастӣ роҳнамоӣ менамояд. Чунончи ӯ бо иҷмоъ ва тавотур ба паёмбарӣ ва вилоят таъйид шудааст, омадани ӯро нидоҳое бо ишорот аз Тавроту Инҷил, Забур ва саҳифаҳои аввалин мужда доданд,[305] ва ҳазорон аломатҳо, садҳо муждаҳои парешон дар олам, шаҳодати коҳинон,  муъҷизот ба монанди дупора шудани моҳтоб, баромадани об аз миёни ангуштонаш, ба ҳаракат омадани дарахт бо садои ӯ, боридани борон ҳангоми дуояш, сер намудани инсонҳо бо зиёд шудани хӯроки андак, ба сухан омадани оҳу, келос, гург, сангу шутур ва ҳазор мӯъҷизаҳои дигар, ки муҳаддисин, ровиён ва муҳақиқон онҳоро баён намудаанд ва ҳамчунин овардани шариате, ки ҷомеъи саодати дунё ва охират аст, ин ҳама ӯро тасдиқ мекунанд.

Бидон! Ҳамон гунае, ки ин далелҳои ошкор ӯро тасдиқ кардаанд, ӯ ҳамон гуна дар шахсияти хеш монанди Офтоб аст ва барои худ далел мешавад. ӯро(с.а.в.) далелҳои нафсӣ низ тасдиқ мекунанд, зеро бо иттифоқ баландтарин ахлоқи накӯ дар шахси ӯ дида шудааст. Ҳамин тариқ, шахсияти маънавии ӯ дар адои вазифаи худ беҳтарин хислат ва олитарин ахлоқро ҷамъ намудааст. Қувваи имонии ӯ аз қувваи зуҳд, тақво ва ибодат манша гирифтааст. Дар роҳе, ки мерафт, яқини комил ва камоли ҷиддияту матонат дошт ва ҳаракати ӯ ба андозаи қуввати итминони ӯ буд. Ҳамаи ин сифатҳо ӯро дар даъват ба ҳақ ва роҳи ҳақиқӣ монанди офтоби дурахшон намуда буд.

Банди сеюм. Бидон! Муҳити замонӣ ва маконӣ дар муҳокимаи ақл таъсири бузурге дорад. Агар мехоҳӣ, як назаре ба беҳтарин асрҳо ва асри саодати Паёмбар (с.а.в) намоем, дар ҳоле ки ӯ адои вазифа мекард, то аз зиёрати ӯ, агарчи хаёл бошад ҳам, баҳрае бибарем.

Пас, чашмонатро бикушо ва бингар! Аввалин чизе, ки дар ин мамлакат ба мо намоён мешавад, шахси ғайриоддӣ, дорои сурати беҳамто, сирати олӣ ва дар даст китоби мӯъҷизадор, дар забонаш калимоти ҳакимонаи кӯтоҳ, барои ҳамаи инсоният хутбаи азалӣ мехонад, балки бар ҷину инс ва ҳатто бар ҳамаи мавҷудот.

Пас аҷиб аст! ӯ чӣ мегӯяд? Бале! ӯ аз амри азиме сухан мегӯяд ва хабари бузургеро ҷӯё мешавад, зеро ӯ муаммои сирри ин оламро шарҳ медиҳад ва дари бастаи сирри ҳикмати коинотро боз ва кашф мекунад ва се суолеро, ки ақлҳоро ҳайратзадаю сарсон намуда буд, баҳс ва тавзеҳ медиҳад, ва ин се суол аст, ки ҳар мавҷуд аз он мепурсад: “Ту кӣ ҳастӣ? Аз куҷо омадаӣ? Ба куҷо равонӣ?”.

Банди чаҳорум. Бингар! Ба ин шахси нуронӣ, чӣ гуна ҳақиқат нури равшандиҳандаро ошкор мекунад ва аз ҳақ нурро мебарорад, то шаби сиёҳи инсонҳоро ба рӯз ва зимистони онҳоро ба баҳор табдил диҳад, то коинот шакли худро табдил дода, баъди ғамгину гирён будан, хушҳолу хандон ояд. Агар лаҳзае мавҷудотро аз меҳвари нури ҳидоят берун андеша намоӣ, дар онҳо ғаму мотамро мушоҳида намуда, мавҷудоти он чун бегона, ғариб ва душман ба назар мерасанд ва якдигарро намешиносанд ва бо ҳам душманӣ меварзанд ва тамоми ашёро дар он ҳамчун ҷанозаи даҳшатзада, ва ҳайвоноту мардумашро аз заволу фироқ чун ятимони нолон мушоҳида менамоед.

Ин аст моҳияти коинот, ҳангоме ки ба меҳвари нури худ дохил нашавад. Пас ҳоло бингар ба ин коинот, ки дар доираи нур, дар оинаи дин ва дар доираи шариат чӣ гуна ба назар мерасад? Бингар! Дар ҳақиқат, шакли олам дигар шудааст, хонаи пур аз мотам ба масҷиди зикру фикр ва маҷлиси шукр табдил шудааст, душманони бегонаи мавҷудот ба бародарони дӯст табдил шудаанд, мавҷудоти мурда ва хомӯши он ба мавҷудоти зинда, ором, обод, ром мубаддал гардидаанд, ки бо забони ҳоли худ аз нишонаҳои Офаридгори хеш сухан мегӯянд. Ҷондорони ин коинот, ки ятимони гирён буданд, ба зикркунандагони тасбеҳҳои хеш ва сипосгузорони вазоифи худ мубаддал гардиданд.

Банди панҷум. Ҳамин тариқ, бо ин нур ҳаракати коинот, ва дигаргуншавии онҳо аз беҳудагӣ ва бемаъногӣ ба мактаби илоҳӣ ва саҳифаҳои нишонаи офариниш ва баёнгари номҳои поки илоҳӣ табдил шуданд ва ҳатто олам ба дараҷаи китоби ҳикматҳои илоҳӣ расид.

Бингар ба ин инсон, ки чӣ гуна аз ҳолати ҳайвонии худ, аҷзу ниёзмандӣ, дорои ақли пур аз ғамҳои гузаштаву ҳарос аз оянда, бо кор фармудани ин ақл ба авҷи хилофат расид. Чӣ гуна сабабҳои ба поён рафтани ӯ аз оҷизӣ ва фақр, бо нури ин шахс сабаби боло рафтани ӯ гардид.

Пас, агар фарз кунем, ки ин шахс намебуд, коиноту инсон ҳама нест мешуданд ва ҳар чиз ба дараҷаи нестӣ мерасид, қимату аҳамияти худро аз даст медод. Барои ин гуна коиноти зебою аҷиб лозим аст, ки шахсе ба монанди ин шахси намуна, абқарӣ ва орифу муҳаққиқ биёяд ва агар ин шахс набошад, коинот ҳам намебошад, зеро бидуни ин шахс барои мо коинот маъное надорад.

Банди шашум. Агар пурсӣ, ки ин шахс кист, ки ӯро ҳамчун Офтоб барои олам мебинем ва бо дини худ камолоти оламро кашф мекунад? ӯ чӣ мегӯяд? Ба ту гуфта мешавад, ки бингар ва бишнав, ки ӯ чӣ мегӯяд. ӯ аз саодати абадӣ хабару мужда мерасонад, раҳмати бепоёнро баён мекунад. ӯ ҳақро эълон мекунаду мардумро ба он мехонад. ӯ даллол ва нозири зебогиҳои подшоҳии Худованд  ва кашфкунандаи канзҳои номҳои Худо ва муаррификунандаи ӯ аст. Ба ӯ аз нигоҳи рисолаташ бингар! ӯро далели ҳақ, чароғи ҳақиқат, офтоби ҳидоят ва василаи саодат мебинӣ. ӯро аз ҷиҳати шахсияташ (ҳамчун банда) бингар, ӯро мисоли муҳаббати Худо ва тимсоли раҳмати раббонӣ, шарафи ҳақиқати инсоният ва болотарин самара аз самароти дарахти хилқат мебинӣ.

Бори дигар бингар! Чӣ гуна нур ва дини ӯ чун суръати барқ ба Шарқу Ғарб паҳн гардид ва қариб нисфи замин ва панҷяки башарият бо хоҳиши худ ҳадяи ҳидояти ӯро пазируфтанд, бо дараҷае, ки ҳама барои ӯ ҷонфидо гардиданд. Пас оё шайтону нафс имконияти муноқишаи даъвоҳои ин шахсро доранд? Ба хусус дар даъвое, ки асоси ҳамаи даъвоҳо мебошад ва он калимаи “Нест маъбуде ғайри Худованд”  бо ҳамаи дараҷаҳои он аст!?…

Банди ҳафтум. Агар бидонӣ он чизе, ки ӯро ҳаракат медиҳад, он ҳамон қувваи қудсӣ аст. Бингар амали ӯро дар Ҷазираи Араб! Оё намедонӣ, ин қавмҳои мухталиф дар ин саҳрои кушод, ки ба ибодатҳои худ хело таассуб ва дар миёни худ ҳам душманӣ доштанд, чӣ гуна ин шахс тамоми ахлоқи зишти онҳоро дар муддати андаке аз байн бурд? Онҳоро дорои ахлоқи накӯ намуда, муаллимони олам ва устодони дигар умматҳо гардонид. Бингар! ӯ фақат дар зоҳир султон нест, балки вориди ақлу дилҳо шудааст ва арвоҳу нафсҳоро мусаххар намудааст, то он ки маҳбуби дилҳо, муаллими ақлҳо, мураббии нафсҳо, ва султони ҷонҳо гардидааст.

Банди ҳаштум. Маълум аст, ки дур намудани як одати хурд мисли сигоркашӣ, мумкин аст бар дӯши як подшоҳи бузург душворӣ ва заҳмати зиёдро талаб кунад, аммо ин Паёмбар (с.а.в) -ро мебинем, ки одатҳои бисёре аз қавмҳои гуногунро, ки мутаассибу боҳассос буданд, бо андак қувва ва каме заҳмати зоҳирӣ дар муддати кӯтоҳе аз байн бурд. Дар муқобили он дар рӯҳияи онҳо сифат ва ахлоқҳои некӯро гузошт ва барои мо ҳазорҳо муъҷизоти амалии ӯ маълум гардид ва агар касе ин асри босаодатро надида бошад, барои ӯ ҷазираи Арабро дар чашмаш ҷой мекунему ӯро ба мубориза мехонем, то худ дар онҷо таҷриба намояд. Пас, бигзор сад нафар файласуфони худро гирифта, ба ҷазираи Араб раваду фаъолият намоянд ва онгоҳ бубинанд, ки як фисад аз ончи Паёмбар (с.а.в) дар муддати як сол анҷом додааст, метавонад дар муддати сад сол анҷом бидиҳад?

Банди нуҳум. Бидон! Агар ту аз хилқати башар бохабар бошӣ, инро медонӣ, ки ба ҳеҷ одами оқил осон нест ки даъвои дурӯғи пурмунозара намояд ва аз ошкор шудани фиребаш шарм надорад ва ин даъворо бидуни ҳеҷ тарсу ҳарос, бо ҳила ва бидуни ҳеҷ тайёрӣ ва он ҳам дар назди душманону бадхоҳонаш ба ҳама расонад, агарчи ин шахси хело хурд ё соҳиби вазифаи хурд ва дар ҷойгоҳи пасти ҷомеаи хурд ва дар масъалаи ночизе ҳам бошад. Пас чӣ гуна мумкин аст, ки барои чунин шахси бузург, ки соҳиби мансаби баланд, дорои вазифаи буданд, бо ҳайсияти олӣ, бо обрӯ, боэътибор ва дар миёни ҷамоати азиму дар баробари душманони сарсахт ва дар масъалаи бузург бо ин ҳама даъвои азим биёяд? ӯ буд, ки ҳар чӣ мехост, бидуни аҳамият ба мухолифони худ сухан мегуфт ва бидуни шакку тардиду  тарсу ваҳм, бо самимияту ҷиддияти холисона ва бо услубе, ки асаби мухолифонро беҷо мекарду онҳоро ҳақиру беақл баён менамуд, анҷом медод. Пас, оё ворид шудани ҳила дар мисли ин гуна даъво аз чунин шахс ва дар чунин ҳолат имконият дорад? Ҳеҷ гоҳ!

“Қуръон танҳо ваҳйест, ки фиристода мешавад”.

Бале! Ҳақ болотар аз он аст, ки бо найранг ба даст ояд ва нигоҳи ҳақиқат болотар аз он аст, ки ба он фиреб ворид шавад! Бале! Роҳи ҳақиқати ӯ бениёз аст аз он ки таҳриф шавад ва назари ӯ аз пинҳон намудани ҳақиқат пок аст.

Банди даҳум. Бингар ва бишнав, ки ӯ чӣ мегӯяд! ӯ ҳақоиқи бузургу ҷаззоби дил ва  ашёи ҷолибро барои ақл ҷӯё мешавад, зеро маълум аст, ки кашфи ҳақиқатҳо бисёр аҳли мутолиа ва илмро ба тарафи фидокории арвоҳ равона мекунад.

Оё намебинӣ, ки агар ба ту гӯянд, ки агар нисфи умр ё нисфи молатро фидо намоӣ, аз Моҳтоб ё Муштарӣ шахсе поён меояду  ба ту аз аҳвол ва рӯзгори ояндаат хабар медиҳад, ба фикри ман ба ин фидокорӣ розӣ мешавӣ.

Пас, аҷиб нест, ки барои он чизе, ки донистанашро мехоҳӣ, омодаӣ то ними умр ва молатро фидо намоӣ, боз аҳамияте ба гуфтаҳои Паёмбар (с.а.в) намедиҳӣ, дар ҳоле ки ӯро иҷмоъи шоҳидон ва ҳамаи аҳли хоса аз паёмбарону авлиё ва муҳаққиқин қабулу тасдиқ намудаанд? Дар ҳоле ки ӯ аз умури Худое сухан мегӯяд, ки Моҳ дар мамлакати ӯ монанди пашшае аст, ки атрофи чароғ давр мезанад. Моҳ аз миёни ҳазорон чароғ танҳо якест, ки ӯ онро  барои меҳмонони худ омода намудааст.

Ҳамчунин ин Паёмбар (с.а.в) аз оламе хабар медиҳад, ки маҳали аҷоиботу корҳои ҳайратовар аст ва дар он дигаргуниҳои бузург рух медиҳад, ки агар замин кафида шаваду кӯҳҳояш чун абр пароканда шаванд, баробари аз даҳяки он дигаргуниҳо ҳосил намешавад. Агар мехоҳӣ, бишнав, ки Қуръон дар ин хусус чӣ мегӯяд:

 

“Вақте ки Офтоб печида шавад (яъне бенуру хира гардад)” ва “Вақте ки осмон шигофта (яъне сӯрох) шавад” ва “Вақте ки ҷунбонида шавад заминро ба он ҷунбиши (даҳшатноки) худаш” ва “Қиёмат (ки ба даҳшати худ қалбҳоро мекӯбад”).

Ҳамин гуна аз оянда хабар медиҳад ва ояндаи дунё нисбат ба он охират чун қатраи сероб аст дар баҳри бесоҳил. Аз саодати охират хабар медиҳад, ки ин саодати дунё нисбат ба он дар баробари офтоби абадӣ чун барқи гузарандааст.

Банди ёздаҳум. Зери пардаи ин коиноти пурасрору аҷоиб, амалҳои аҷибтаре моро интизор аст. Пас, зарур аст, ки барои хабар додани чунин аҷоибот шахси намунае бошад, ки аз гуфтаҳои ӯ маълум гардад, ки ӯ аввал худ мебинад, сипас дигаронро хабар медиҳад.

Бале! Аз корҳо ва рафтори ӯ маълум аст, ки мушоҳида мекунаду шоҳид мешавад ва сипас мужда ва ё огоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин аз ризо ва хости Парвардигор аст, ки моро бо неъматҳои худ фаро гирифта хабар медиҳад ва…

Пас, вой бар ҳоли ғофилону гумроҳон! Тааҷҷуб аз аблаҳии бисёре аз мардум! Чӣ гуна хешро дар баробари ин ҳақу ҳақиқат нодону хомӯш меҳисобанд? Ба гуфтаҳои ӯ аҳамияте намедиҳанд, дар ҳоле ки бояд барои ин гуна шахс ҷонро фидо кард ва шитобон дунёро тарк намуда, ба сӯйи ӯ ҳаракат намуд.

Банди дувоздаҳум. Бидон, ин Паёмбар (с.а.в) бо шахсияти маънавии худ ба мо маълум аст ва бо амалҳои бузургаш дар олам машҳур, ҳамон гуна ки ӯ бурҳони нотиқ бар ваҳдонияти Худо ва далели ҳақ ба ҳаққонияти тавҳид аст. ӯ (с.а.в) ҳамчунин бурҳони қотеъ ва далели ошкор ба саодати абадӣ мебошад, балки даъвату ҳидояти ӯ васила ва сабаби расидан ба саодати абадӣ аст. Зеро ӯ бо дуо ва ибодати худ сабаб ва василаи эҷоди ин саодат мебошад…

Агар бихоҳӣ, ба ӯ ҳангоми намози бузург бингар, ки бо азамати васеъаш ин ҷазира ва дигар заминҳо пур аз намозхонон гардидааст. ӯро бингар, ки бо ин ҷамъи бузург  намозро адо мекунад, ба он дараҷае, ки ӯ дар меҳроби асри худ имом аст ва беҳтарин фарзандони одам аз пушти вай саф кашидаанд, аз Одам (а) то ин аср ва то охири дунё ҳама ба ӯ иқтидо намуда, ба дуои вай якҷоя омин мегӯянд.

Сипас, бубин бо ин ҷамоат дар ин намоз чӣ кор мекунад. ӯ барои ҳоҷати бузурги умум дуо мекунад ба дараҷае, ки замину осмон, балки ҳамаи мавҷудот ба забони ҳол мегӯянд Парвардигоро, дуои ӯро қабул намо, мо низ бо он ҳамаи номҳое, ки ба мо маълум гаштааст, мехоҳем, ки дуои ӯро иҷобат намоӣ.

Сипас ба намуди зоҳирии ӯ назар кун, ки чи гуна тазаррӯъ менамояд, фақирона бо иштиёқи шадид, бо ҳузни амиқу маҳбубияти ҳазин, ба ҳайсе, ки коинотро ба ҳаяҷон меорад ва онҳоро дар дуояш шарик месозад. Бингар, ба кадом мақсаду ҳадаф тазаррӯъ мекунад? ӯ барои мақсаде дуо мекунад, ки агар он набошад, инсонҳо, балки тамоми махлуқот нест гардида, ба асфалассофилин мерасанд, на қимат доранду на маъно. Бо талаби ӯ коинот ба авҷи камолоти худ мерасад. Бубин, ки чи гуна бо фарёди шадиду ғамхорона мададу кӯмак металабад, ба он дараҷае, ки Арш ва осмонҳоро ба ваҷд меораду онҳо омин мегӯянд. Бубин, чи гуна ҳоҷати худро аз кадом Зот талаб мекунад.

Бале! Аз Худованди кариму тавоно, доно, бино, меҳрубон, аз он Зоте, ки ниёзи пӯшидаро барои ҳайвони ноаён ва бо садои паст мешунавад, дар ҳоле ки ҳоҷати ӯро бо мушоҳида иҷобат мекунад ва ҳамин гуна камтарин амалро дар пасттарин ҳайвон бо камтарин мақсад мебинад ва ба ӯ бо роҳе, ки дар фикраш набуд, ошкор мерасонад ва ба тарзи мунтазаму бо сурати ҳакимона раҳму икром менамояд. Шакку шубҳа дар он нест, ки ин тадбиру тарбия аз ҷониби Худованди шунаво, доно, бино ва ҳаким аст.

Банди сездаҳум. Аҷабо! Ин шахсе, ки дар рӯйи Замин аст, ин ҳама беҳтарини одамонро атрофи худ ҷамъ намудасту дастонашро ба тарафи Арш бардошта дуо мекунад ва ҷину инс ба он омин мегӯянд, чӣ мехоҳад? Аз корҳояш фаҳмида мешавад, ки ӯ шарафи инсонияту ягонагии кавну макон ва фахри табиат дар ҳама аҳвол аст ва бо ҳама номҳои қудсии Худо, ки дар мавҷудот зоҳир аст, талаби шафоат мекунад, балки ҳатто он номҳо низ талаби дуо мекунанд ва айни чизеро, ки ӯ мехоҳад, онҳо низ мехоҳанд.

Пас, бишнав! ӯ бақову лиқо ва Ҷаннату ризои Худоро металабад. Агар он сабабҳои бешуморе, ки боиси саодати абадӣ мегарданд, ба монанди раҳмату иноят, ҳикмату адолат, ки ҳамагон онро медонанд, намебуд, ба маънои он ки ҳеҷ раҳмату инояту ҳикмату адолат намемонд ва ҳамчунин ин ҳама номҳои пок, ки саодатро талаб мекунанд, намебуд, ҳамон дуои ин шахси нуронӣ кофӣ буд, то Худованд барои сохтани Биҳишт барои ӯ ва ҳамҷинсонаш ба вуҷуд биёварад ва ҳар баҳор барои мо Биҳиште, ки бо офаридаҳои гуногунаш зебо шудааст, бино кунад. Ҳамон гуна ки рисолати ӯ сабаби боз шудани ин олам ба имтиҳону ибодат шуд, ҳамин гуна дуои ӯ сабабе барои мукофот ва ҷазо дар қиёмат хоҳад гардид.

Пас, оё мумкин аст, ки дар ин низоми олӣ ва ин раҳмати кушоди бепоён ва дар ин зебогие, ки бадие надорад, ба дараҷае, ки Имом Ғаззолиро ба нутқ даровардааст, ки мегӯяд:

 

“Дар имкони касе ба вуҷуд овардани зеботар аз он нест”, чизе ворид шавад, ки ин ҳақиқатро ба бадию зиштӣ, зулму ситам ва ташвиши бузург мубаддал созад, яъне ба он расонад, ки қиёмат наояд? Зеро Худованд пасттарин овозро аз заифтарин шахс ва дар ночизтарин ҳоҷат мешунавад ва ба аҳаммияти пурра онро иҷобат мекунад, дар ҳоле ки садои баланд ва дуои боҳоҷатро иҷобат накунад ва он ҳам бошад, дар беҳтарин амалу умед. Табиист, ки чунин бадӣ вуҷуд надорад ва нуқсоне аст, ки аз он ноқистар нест ва ҳеҷ гоҳ чунин намешавад ва Худо аз ин пок аст. Ин зебогии бекамбуд ҳеҷ гоҳ чунин бадиеро қабул намекунад.

Пас, эй дӯст! Дар ин сайри аҷиб оё ҳамаи ин мушоҳидаҳо барои ту кофӣ нест? Аз ин бештар донистан имкон надорад ва агар дар ин Ҷазира муддати сад сол бимонӣ, наметавонӣ кулли масъаларо дарк намоӣ ва ҳатто наметавонӣ як фисади корҳои аҷиби ӯ ва фаъолиятҳои ҳайратовару ғароиби ӯро пурра дарк намоӣ.

Оҳиста-оҳиста ба қафо бармегардем ва ба ҳар аср дар алоҳидагӣ менигарем, ки чи гуна аз файзи он аср рост ва пурфайз шуданд? Бале, дар ҳар аср гузаре мекунем, мебинем, ки гулҳояшро бо офтоби асри саодат шукуфонидааст ва ҳар асре амсоли Абӯҳанифа, Шофеъӣ, Абӯязиди Бастомӣ, Ҷунайд, шайх Ҷайлонӣ, Имом Ғазолӣ, Шоҳ Нақшбандӣ, Имом Раббонӣ ва ҳазорон чароғони дигар ба монанди онҳоро аз файзи ҳидояти он марди нуронӣ чун самара ба бор овардааст. Муфассал дар бораи ин чароғон сухан гуфтанро ба ҷойи дигар мегузорем ва бар он шахсияти роҳнамои нуронӣ ва соҳиби мӯъҷизаҳо дуруду салавот мефиристем, ки ишора ба қисме аз мӯъҷизаҳои ӯ дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

* Бар он нафаре, ки аз Арши бузург Худованди бахшандаи меҳрубон Қуръонро ба ӯ нозил кард.

* Ба Муҳаммад миллионҳо дуруду салом ба теъдоди накӯиҳои умматаш.

* Дуруд бар касе, ки рисолати ӯ аз ҷониби Тавроту Инҷил, Забур ва дигар китобҳои пешин хабар дода шудааст.

* Нишонаҳои паёмбарӣ, садоҳои ҷин, авлиёи инс, коҳинони башар ба паёмбарии ӯ мужда додаанд, моҳтоб бо ишораи ӯ ду пора гардид. Ба теъдоди нафасҳои умматаш ҳазор-ҳазор дуруду салом ба сарварамон Муҳаммад (с.а.в).

* Дуруд бар касе, ки бо фарёди ӯ дарахт ҳозир мешуд, борон фавран меборид, абрҳо дар гармҳо бар ӯ соя меафканданд, аз табақи ӯ садҳо инсонҳо сер мешуд, аз миёни ангуштонаш се маротиба чун Кавсар об ҷорӣ шуд, Худованд барои ӯ келос, оҳу, гург, шутур, асп, санг, кӯҳ, дарахт ва ғайраро ба забон даровард.

* Соҳиби меъроҷ ва расидан ба қурби илоҳӣ.

* Бар Муҳаммад (с.а.в) сарвар ва шафиъи мо ҳазору ҳазор дуруду салом, ба теъдоди ҳарфҳои шаклгирифта дар ибораҳои мардум, ки бо дастури Худованд дар оинаи мавҷҳои ҳаво ҳангоми хондани ҳар калимаи Қуръон аз ҳар қорӣ ва аз аввали нозил шудани он то охири замон паҳн мегардад. Парврдигоро, моро ба ҳар дуруди он мавриди раҳмат ва мағфирати хеш қарор бидеҳ. Омин.

 

Дониста бош, ки нишонаҳои паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) аз ҳадди ҳисоб ва шумориш берунанд, муҳаққиқони бузург дар ин маврид таълифоти зиёде доранд. Ман бо ин ҳама нотавонӣ ва тақсири хеш танҳо шуое аз он офтобро дар рисолаи худ, ки номаш ба туркӣ “Шуоҳо дар шинохти Паёмбар (с.а.в)” аст ва мактуби нуздаҳум баён намудаам. Ҳамчунин ба таври кӯтоҳ мӯъҷизаи бузурги ӯро, ки Қуръон аст, баён намудаам ва бо фаҳми кӯтоҳи худ дар рисолаи “ал-Лавомиъ” ба чил намуди эъҷози Қуръон ишора кардаам ва аз ин чил танҳо яктои онро, ки дорои балоғати назмии беҳамто мебошад, ба миқдори чил саҳифа аз тафсири арабӣ, ки “Ишороти эъҷоз” номида шудааст, баён доштаам. Агар хоҳиш дошта бошед, ба ин се китоб муроҷиат намоед.

Банди чордаҳум. Бидон! Қуръони карим ҳамчун баҳре барои мӯъҷизаҳо ва бузургтарин мӯъҷиза аст, ки паёмбарии Аҳмад ва ваҳдонияти илоҳиро исбот мекунад ва ҳуҷҷатро барпо медораду далел меорад ва далелҳоеро зоҳир мекунад, ки ниёз ба далели дигар намемонад.

Мо дар ин ҷо фақат ба таърифи он ишора намуда, сипас ба шуое аз эъҷози онро, ки назди бисёриҳо суол ба вуҷуд овардааст, ишора хоҳем намуд.

Ин Қуръони карим, ки Парвардигори моро шинос мекунад:

  • Тарҷумаи ҳамешагии ин табиат.
  • Тарҷумони абадии забонҳои табиат аст, ки оятҳои таквиниро мехонад.
  • Тафсирдиҳандаи китоби олам…
  • Ҳамчунин кашфдиҳандаи конҳои махфии номҳост, дар саҳифаҳои пинҳони осмону Замин.
  • Ҳамчунин калиди ҳақиқатҳои пӯшидааст дар рафти ҳодисаҳо.
  • Забони ғайб дар олами ҳозир.
  • Хазинаи хитобҳои азалӣ ва илтифоти ҳамешагии раҳмонист.
  • Ҳамчунин он асос, асл ва офтобест барои ин олами маънавии исломӣ.
  • Харитаест барои олами ухравӣ.
  • Ҳамчунин Қуръон каломи шарҳдиҳанда, тафсири возеҳ, ҳуҷҷати қавӣ, тарҷумони олии зоту сифот, номҳо ва умури Худованд аст.
  • Қуръон мураббиест барои олами маънавӣ.
  • Чун обу нур аст барои инсонияти бузург, ки он исломият аст.
  • Ҳикмати ҳақиқист барои башарият.
  • Муршиду роҳнамост барои он чи башар баҳри он офарида шудааст.
  • Қуръон барои инсоният омадааст.
  • Ҳамон гуна ки он китоби шариат аст, китоби ҳикмат низ мебошад.
  • Ва ҳамон гуна ки китоби дуо ва ибодат аст.
  • Китоби амру даъват низ ҳаст ва ҳамон гуна ки китоби зикр аст.
  • Китоби фикр низ мебошад ва ҳамон гуна ки он як китоб аст ва дохилаш пур аз китобҳои ниёзҳои маънавии инсонҳо, он манзили муқаддаси пуршуда бо китобу рисолаҳо низ мебошад.
  • Ҳатто Қуръон чашмаест гуворотар аз чашмаҳои гуногуне, ки аз он ташнагони гуногун менӯшанд.
  • Он чашмаи гуворост барои аҳли тариқатҳои гуногуне аз авлиёву сиддиқин ва орифону муҳаққиқон ва рисолаи равшанест барои нӯшидан аз ин оби гуворо ва нур бахшидан ба онҳо ва барои идома додани роҳи онҳо, ки гӯё Қуръон маҷмӯае аз рисолаҳост.

Бингар, ки бо баён намудани шуои эъҷози Қуръони карим дар такрори оятҳои он, вале аксари ҷоҳилон онро нуқсоне дар балоғати он медонанд. Дониста бош! Аз сабаби он ки Қуръони карим китоби зикр, дуо ва даъват аст, такрор дар он хуб, балиғ, балки лозим низ мебошад ва он гуна ки ноқисандешон гумон мекунанд, чунон нест. Зеро зикр бояд такрор шавад ва дуо ҳамеша вирди забон бошад ва даъват бояд таъкид шавад, ки дар такрори зикр рушноӣ, дар ба забон овардани дуо оромӣ ва дар такрори даъват таъкид мебошад.

Бидон, ки дар як вақт хатми кулли Қуръон, ки даво ва шифо аст, барои ҳар як шахс муяссар нест. Аз ин лиҳоз, Худованди ҳаким аксари матлабҳои онро дар бисёри сураҳо, ба хусус дар сураҳои дароз тадриҷан баён кардааст, то он ки ҳар як сура як Қуръони хурде бошад ва бо ин роҳ барои ҳар фард муяссар гардад, бидуни ин ки касеро аз он маҳрум намояд ва аз ин лиҳоз, тавҳид, ҳашр ва достони Мӯсо (а) бо такрори зиёд омадааст.

Ҳамон гуна ки талаботи моддии инсон дар ҳар вақт гуногун аст, ҳамин тавр, талаботи маънавии инсон низ дар ҳар вақт якнамуд нест. Эҳтиёҷи рӯҳи инсон дар ҳар лаҳза ба ибораи “Худованд ин аст” монанди эҳтиёҷи ҳамешагии бадани инсон ба ҳаво аст ва ҳамчунин ниёз ба  “Бисмиллоҳ” ва амсоли ин низ.

Пас, такрори ибораҳо дар Қуръон барои шиддати эҳтиёҷ, огоҳӣ, бедории он, ташвиқи ва таҳрики иштиҳо ба он ғизои маънавӣ аст.

Бидон! Ҳамчунин Қуръон муассиси ин дини бузург ва волост ва асосҳои олами исломӣ, табдилдиҳандаи ҷомеаи башар мебошанд. Ҷавоби суолҳои такрории табақаҳои гуногуни инсонҳо бо забону аҳволи гуногунашон мебошад. Пас, барои асосгузор зарур аст, то барои исбот намудан такрор кунад, барои шакро бартараф намудан баргаштаю баргашта гӯяд ва барои дар ақл ҷой гирифтан такрор намояд.

Бидон, ки Қуръон аз масоили бузург ва ҳақиқатҳои дақиқ баҳс намуда, дилҳо ва ақлҳоро ба имон ва маърифати он даъват мекунад. Аз ин лиҳоз, ҷо намудани он дар дилҳо ва собит намудан дар афкори оммаи мардум ба суратҳои мухталиф ва услубҳои гуногун зарур аст.

Бидон! Ҳар ояти Қуръон зоҳиру ботину ҳадду андоза ва ҳар қиссаи он роҳ, аҳком, мақсад ва фоидаҳои худро дорад, ки дар як мавзеъ барои як ҳадаф ва дар мавзеи дигар барои дигар ҳадаф омадааст ва дар сурае ба як мақсад ва дар сураи дигар ба мақсади дигар баён мешавад. Дар ин асос метавон гуфт, ки такрорҳо фақат дар шакл, вале ҳадаф дигар аст.

Аммо баёни баъзе аз масоили табиӣ ба таври кӯтоҳ ва ё мубҳам гузоштани масоили дигар, яке аз эъҷози Қуръон ба ҳисоб меравад, вале аҳли ваҳм ва мулҳидон онро тақсиру нақд дар ҳаққи Қуръон мешуморанд.

Агар бипурсед, ки чаро Қуръон аз табиат, тавре ки илми фалсафа ва фанни ҳикмат баҳс мекунад, баҳс намекунад, баъзе масоилро муҷмал мегузораду дигареро дақиқ зикр мекунад, ки бо шууру афкори авом мунсаҷим асту боиси зарару малол намешавад, балки онҳоро бо тадриҷу содда ва зоҳир баён мекунад.

Дар посух мегӯем ин ба сабаби он аст, ки фалсафа аз ҳақиқат дур шуда, онро гум кардааст.

Аз дарсҳо ва ибораҳои гузашта дарк намудед, ки Қуръон аз табиат баҳс мекунад танҳо барои далолат намудани он Зоти Парвардигор ва номҳои ӯ, яъне Қуръон маънои табиатро мефаҳмонад, то тавассути он Офаридгори онро бишносанд. Яъне Қуръони карим мавҷудотро барои шиносоии холиқаш истифода мебарад, на барои худи мавҷудот. Аммо илми фалсафа ба табиат ҳамчун табиат нигоҳ карда, танҳо аҳли илм ва файласуфонро мавриди хитоб қарор медиҳад. Барои ҳамин, модоме ки Қуръон мавҷудотро ҳамчун далел истифода мебарад, пас шарти далел ин аст, ки зоҳир ва дар назди омма натиҷааш равшан бошад. Модоме ки Қуръон роҳнамо аст, шаъни пурмазмуни роҳнамо он аст, ки фикри мардумро ба назар гирад ва ба эҳсос ва фикри омма муроҷиат намояд, то назари онҳоро беҳадаф, фикрашон бемаъно ва эҳсосашонро бефоидаю пароканда нагардонад. Зеро роҳнамо ва хатиби моҳир бояд бо мардуми омма ошкор, содда, осон ва кӯтоҳ сухан намояд, то ба онҳо душворӣ ва хастагиро таҳмил накунад, он чизе, ки тафсилаш лозим нест куллан баён намуда, барои ҷалби диққату фаҳми онҳо аз зарбулмасалҳо истифода бибарад.

Аз лиҳозе, ки Қуръон барои ҳамаи табақаҳои башар роҳнамост, лозим аст, ки балоғати роҳнамоии он чиро, ки аксариятро бо иштибоҳу дурӣ аз ҳақиқат баён накунад ва урфи маъруфи онҳоро тағйир надиҳад ва чунин корро нодида бигирад ва ё онро муҷмалан баён намояд. Мисол, Қуръон аз Офтоб баҳс мекунад, на барои худи Офтоб ва на аз моҳияти он, балки аз Зоте, ки онро нуронӣ ва чароғ гардондаст, ва аз вазифаи он барои меҳвар буданаш дар низоми офариниш ва марказият доштани он ба низоми халқ ва ин ҳама низому интизом танҳо барои он аст, ки оинае барои маърифати холиқ бошад. Қуръони карим бо нишон додани низоми Офтоб ва гардиши муназзами он камолоти Офаридагори хешро баён мекунад. Қуръон мегӯяд:

“Ва Офтоб равона мегардад” ва бо ин оят Худованд тасарруфоти қудрати илоҳиро дар дигаргуншавии шабу рӯз, бо навбат омадани зимистону тобистон мефаҳмонаду баён мекунад. Нигоҳи андаке ба Офтоб шунавандаро аз бузургии қудрат ва якка будани Офаридгор дар руббубият огоҳ месозад. Пас, ҳақиқати гардиши Офтоб ва дар кадом сурат будани он ба ҳар навъе бошад, дар мақсади асосии Қуръон, ки баёни интизом ва далел овардан аст, таъсире намекунад.

Қуръон ҳамчунин мегӯяд:

“Ва Офтобро чароғ гардонидааст” (“Нӯҳ”, ояи 16). Дар таъбири чароғ гӯё оламро ба сурати қаср, ашёи дар олам бударо ба лавозимоти зиннат, таомҳои онро барои аҳли он қаср ва мусофирини он тасвир кардааст, ва эҳсос мешавад, ки дасти бузурге ин ҳама таомро барои меҳмону ходимони худ омода намуда аст. Офтоб танҳо як махлуқи маъмур ва чароғи равшандиҳанда аст. Дар таъбири чароғ ишорае ба раҳмати Парвардигор бо бузургии руббубият ва фаҳми эҳсони ӯ бо раҳмати кушод ва эҳсоси карамаш дар бузургии салтанаташ мебошад.

Ҳоло бишнав, ки фалсафии пургуфтор дар бораи Офтоб чӣ мегӯяд. ӯ мегӯяд Офтоб як ҷурми азиме аз оташ буда, дар атрофи худ ва дар ҷойи истодааш давр мезанад, шарораҳо аз он пароканда шудаанд, ки онҳо замини мо ва дигар сайёраҳо мебошанд. Пас ин сайёраҳо гуногун буда, ҷисман мухталиф… бузургиашон чунину… моҳияташон чунон аст…

Ин масъалаи баёншуда, ба ту ғайр аз ҳайрати мудҳиш ва даҳшати бузург чӣ фоида медиҳад ва барои ту на фоидаи камоли илмӣ ва на завқи рӯҳӣ ва на аҳдофи инсонӣ ва на фоидаи динӣ дорад. Бо ин муқоиса намо, то қимати масоили фалсафиро дарёбӣ, ҳамон масоиле, ки зоҳираш дурӯғ ва ботинаш нодонист. Пас, набояд туро ҷилои зоҳири он мағрур созад ва аз эъҷози баёни Қуръон дур шавӣ.

Худовандо! Ин Қуръонро барои мо ва барои котибонаш ва дигарон шифо бигардон ва онро аниси мо дар зиндагӣ ва марг қарор деҳ ва дар қабр ғамгусор бисоз ва дар қиёмат шафеъ, дар Сирот нур, аз оташ пардаю сатр, дар Биҳишт ҳамнишин ва ба сӯйи тамоми накӯиҳо роҳнамою пешво бигардон. Бо умеди фазлу карам ва лутфу раҳматат, эй бузургтарини бузургон ва эй меҳрубонтарини меҳрубонон. Омин.

Худовандо! Салоту саломи худро бар он касе, ки ба ӯ Қуръонро фиристодаӣ, бирасон ва ҳамчунин бар тамоми хонадону саҳобагони ӯ. Омин.

МӮЪҶИЗАИ

ПОРА ШУДАНИ МОҲ

(Замимаи Ибораи Нуздаҳум ва Сиву якум)

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

 «Наздик омад қиёмат ва пора шуд моҳ. Агар кофирон бубинанд ба чашми сар мӯъҷизаеро эъроз кунанд ва гӯянд: «Ин ҳамон сеҳри доимист!» (“Қамар”, оёти 1,2).

Файласуфони моддигаро ва муқаллидони кӯркӯронаи онҳо мехоҳанд ин мӯъҷизаи чун моҳи шаби чордаҳ ошкори Паёмбар (с.а.в)-ро ботил намоянд ва онро бипӯшонанд ва аз ин лиҳоз, атрофи он ваҳму шакро паҳн намуда, мегӯянд “агар дар ҳақиқат ду пора шудани моҳтоб амалӣ шуда бошад, олам онро мушоҳида менамуд ва китобҳои таърих онро зикр мекард”.

Ҷавоб. Пора шудани Моҳ мӯъҷизаест барои исботи паёмбарӣ. Дар замоне мӯъҷиза рух дод, ки иддиое хабари Паёмбар (с.а.в) шудани Муҳаммадро шунида буданд, вале онро инкор намуданд. Ин ҳодиса дар шаб, ҳангоме ки ғафлат ҳама ҷоро фаро гирифта буд, ба вуқӯъ омад ва зоҳир шуд. Ба сабаби он, ки метавонад абр ё монанди он пеши роҳи дидани тамоми мардумро бигирад ва ба сабаби он ки дар он замон васоили нав барои дидани сайёраҳо вуҷуд надошт, зарур нест, ки ин мӯъҷизаро ҳамаи мардум дар ҳар маконе, ки буданд, мушоҳада намоянд ва ҳамчунин лозим нест, ки дар китобҳои таърих қайд шавад.

Ҳоло ба панҷ нуқтаи муҳим аз миёни дигар нуқтаҳо таваҷҷӯҳ намоед, ки бо хости Худо пардаи он ваҳму шакро, ки ба рӯйи ин мӯъҷиза ворид шудааст, пароканда мекунад:

Нуқтаи якум. Саркашӣ ва душмании куффори Макка дар он замону он муҳит таърихан маълум ва машҳур мебошад, пас ҳангоме ки Қуръон мӯъҷизаи  “Ва Моҳ пора шуд”-ро эълон намуд ва садояш ба ҳама атроф паҳн шуд, ҳеҷ як аз куффор, ки Қуръонро инкор мекарданд, ҷуръати инкори ин мӯъҷиза ва нишонаро накарданд. Яъне вуқӯъи ин ҳодисаро инкор накарданд. Агар ин ҳодиса феълан воқеъ намешуд ва дар назди куффор собит намебуд, онҳо бо шиддат мекӯшиданд, то даъвои Паёмбар (с.а.в) -ро инкор намоянд ва ӯро дурӯғгӯ бигӯянд. Дар ҳоле ки ҳеҷ як аз китоби таърих ва сират инкори онҳоро дар ин маврид зикр накардааст. Магар он чиро, ки ояти Қуръон баён намудааст:  “Ва мегӯянд сеҳрест идомаёб” ва он ин аст, ки куффоре, ки ин мӯъҷизаро мушоҳида намуда буданд, гуфтанд ин як ҷоду аст ва шумо ба атрофи Замин пайк бифиристед, то бубинед оё онҳо низ мушоҳида намудаанд ё на? . Ҳангоме ки субҳ шуд, қофилаҳо аз Яман ва аз дигар ҷойҳо омаданд ва аз онҳо дар мавриди ин мӯъҷиза пурсиданд, онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки айни ҳодисаро мушоҳида намуданд. Куффор дар ҷавоби онҳо чунин баён гуфтанд, ки ҷодуи писари Абӯтолиб ҳатто ба осмонҳо ҳам расидаст!.

Нуқтаи дуюм. Аксари уламои калом мисли Саъдии Тафтозонӣ гуфтаанд: “Дар воқеъ, мӯъҷизаи дупора шудани Моҳ мутавотир аст, мисли ҷорӣ шудани об аз миёни ангуштонаш ва нӯшидани лашкар аз он, ҳамчунин нола кардани чӯбе, ки Паёмбар (с.а.в) дар вақти хутба ба он такя мекард ва ҷамоате ин садоро дар масҷид шунидааст”. Яъне ин ҳодисаро ҷамоати бисёр ривоят кардааст, ки дурӯғ пиндоштани онҳо маҳол аст. Пас, ин ҳодиса мутавотири қатъист, мисли зуҳури ситораи думдор пеш аз ҳазор сол ва мисли вуҷуди Ҷазираи Сарандебе, ки онро надидаем.

Ҳамин гуна эҷоди шакку шубҳа атрофи чунин масъалаи қатъӣ ва амсоли он аз масоиле, ки айнан дида шудааст, ғайр аз аблаҳӣ ва ҳамоқат чизи дигаре нест. Барои сиҳати он ҳамин кофист, ки он аз ҷумлаи мумкинот буда, маҳол нест. Бо вуҷуди он ки дупора шудани Моҳ корест имконпазир ба монанди баромадани вулқонҳо аз кӯҳ.

Нуқтаи сеюм. Мӯъҷиза барои исботи даъвои паёмбарӣ аз роҳи қонеъ намудани мункирон меояд, на барои маҷбури онҳо ба имон овардан. Аз ин лиҳоз, изҳори он фақат барои касоне, ки даъвои паёмбариро шунидаанд, лозим аст, то онҳоро ба қаноату яқин ва сидқи паёмбарӣ бирасонад. Аммо зоҳир намудани он дар ҳар макон ё онро бадоҳатан намоён кардан, то мардумро бидуни иродаи онҳо ба имон дароварад, ин мухолифи ҳикмати Худованди соҳибҷалол ва мухолифи сирри таклифи илоҳӣ мебошад. Зеро сирри таклифи илоҳӣ ин боз мондани роҳ аст барои ақл, на салби ихтиёр аз он. Фарз кунем, ки Парвардигори карим ин мӯъҷизаро ҳамон гуна, ки файласуфон мехоҳанд, муддати ду соат боқӣ мегузошт ва онро барои олам зоҳир менамуд ва он вориди китобҳои таърих мешуд, кофирони он вақт мегуфтанд: “Ин як ҳолати зоҳирии фалакӣ аст”. Ин барои сидқи нубуввати Паёмбар (с.а.в) далел ва мӯъҷиза намешуд ва ё он як мӯъҷизаи бадеҳӣ мешуд ва ақлро ба имон овардан маҷбур мекард ва ихтиёрро аз он салб менамуд. Дар ин ҳолат арвоҳи пасту ночизи Абӯҷаҳлҳо бо арвоҳи софи чун алмоси Абӯбакрҳо баробар мебуданд, яъне он сирри таклифи илоҳӣ аз байн мерафт.

Барои ҳамин, ин мӯъҷиза дар шаб ва ҳангоми ғафлат ба вуқӯъ омад, абр ва ғайра барои дидани тамоми мардум монеа гардид ва ин ҳодиса дар китобҳои таърих ворид нагардид.

Нуктаи чаҳорум. Ин мӯъҷизае, ки шаб, ҳангоми ғафлат ба вуқӯъ омад, албатта ва бешак ҳамаи мардум дар ҳама макон онро мушоҳида карда наметавонанд. Агар барои баъзеи онҳо зоҳир шавад, чашмаш онро қабул намекунад ва агар қабул ҳам кунад, мисли ин ҳодиса, ки аз як шахс ривоят шудааст, дорои қимати таърихӣ намебошад. Уламои муҳаққиқ ривоятеро, ки Моҳ баъди дупора шуданаш ба Замин фаромадаст, рад намуда мегӯянд мумкин ин ривоятро баъзе аз мунофиқон барои иҳонат ва паст задани арзиши он ворид кардаанд. Баъди ин ҳам дар он замон абрҳо болои осмони Англияро пур намуда буд, дар Испания Офтоб қариби ғуруб буд ва дар Америка рӯз ва дар Чину Ҷопон субҳ медамид ва дар дигар давлатҳои олам барои дидан ҳолатҳои гуногун буд ва бинобар ин, ин мӯъҷизаи бузург дар онҳо дида намешуд. Акнун ки аз ин сир воқиф шудӣ, пас сирри суханони бадхоҳонро ҳис мекунӣ, ки мегӯянд таърихи Англия, Чин, Ҷопон, Америка ва амсоли инҳо аз ин ҳодиса ҳарфе баён накардаанд, пас ин ҳодиса ба вуқӯъ наомадааст!.

Нуктаи панҷум. Дупора шудани Моҳ ҳодисае нест, ки бо ихтиёр, бар асоси асбоби табиӣ ва тасодуфӣ воқеъ шуда бошад, балки онро Худованди ҳаким, Парвардигори Офтобу Моҳ ҳамчун як ҳодисаи ғайричашмдошт ва барои тасдиқ ва эълони сидқи даъват ва рисолати Паёмбар (с.а.в) ба вуқӯъ овардааст. Худованд онро мувофиқ бо ҳикмату сирри иршоду таклиф ва ҳикмати таблиғи рисолат ва барои барпо намудани ҳуҷҷат бар шоҳидоне, ки ӯ хоста буд, баён кардааст. Дар ҳоле ки онро бо ҳикмату хости худ аз касоне, ки даъвати Паёмбар (с.а.в) ба онҳо  нарасидааст, баён накардааст ва бо воситаи абрҳо, ихтилофи мушоҳида, набаромадани Моҳ, шуруқи Офтоб дар баъзе давлатҳо, даромадани рӯз дар дигаре ва ғуруби Офтоб дар дигар давлатҳо ва ба сабабҳои дигаре, ки ба пӯшондани Моҳ тааллуқ доранд, пинҳон намудааст.

Пас, агар ин мӯъҷиза дар олам ба ҳамаи мардум зоҳир мешуд, он аз ду сурат холӣ намебуд. Яке ин ки ё он барои ишораи Паёмбар (с.а.в) ва зоҳир намудани мӯъҷизаи ӯ мебуд ва дар ин ҳолат ин як ҳодисаи бадеҳӣ мебуд, яъне мардумро ба қабул кардан маҷбур мекарду ихтиёрро аз онҳо салб менамуд ва дар ин ҳолат сирри таклиф аз байн мерафт. Дар ҳоле ки имон интихобро аз инсон салб намекунад. Ё ин ки пора шудани Моҳ ҳамчун як ҳодисаи табиии осмонӣ мебуд ва дар ин ҳолат он ҳеҷ алоқае бо паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) намедошт ва хусусияти мӯъҷиза будани худро аз даст медод.

Хулоса, Ҳеҷ шакке дар дупора шудани Моҳтоб вуҷуд надорад ва он қотеъона собит шудааст. Ҳоло аз байни далелҳои зиёд шаш далели қотеъро зикр мекунем[306], ки иборатанд аз иҷмоъи тамоми саҳобагон (р) ки ҳама одил мебошанд, иттифоқи уламои муҳаққиқ дар тафсири  “Ва Моҳ пора шуд”, нақли ҳамаи муҳаддисин дар ривоятҳои худ бо роҳҳо ва санадҳои гуногун,[307] шаҳодат додани тамоми аҳли кашф ва илҳом аз авлиё, тасдиқи уламои калом бо ихтилофи масолик ва сарчашмаҳояшон ва қабули уммат, ки ҳеҷ гоҳ бар гумроҳӣ, чуноне ки ҳадис аст, ҷамъ намешаванд.

Ҳамаи инҳо дупора шудани Моҳро қотеъона исбот мекунанд.

Маҳсули ин суханҳо. Баҳс то ин ҷо ҳамчун таҳқиқоти илмӣ барои қонеъ намудани рақиб буд. Аммо баъди ин, сухан дар бораи имону ҳақиқат меравад. Таҳқиқоти илмӣ чунон гуфта буд, аммо ҳақиқат чунин аст, ки мегӯем: хотами девони Паёмбар (с.а.в) ки Моҳтоби мунаққари осмони паёмбарон мебошад ва вилояти бандагии ӯ (с.а.в) ба дараҷаи маҳбубият расидааст, сипас мӯъҷизаи бузург ва каромати азим дар шаби меъроҷ зоҳир шуд, яъне бо ҷисми заминӣ дар офоқи осмонҳои олӣ сайр намуд ва аҳли осмон бо ӯ (с.а.в) шинос шуданд ва бо ин мӯъҷиза вилояти азими худ ва маҳбубияти холисро ба Худованд зоҳир намуд ва ӯ (с.а.в)-ро аз аҳли осмону малаки аъло боло гузоштанд. Ҳамин гуна Худованд бо ишораи бандаи худ дар замин Моҳи дар осмон овезон ва муртабит бо заминро дупора намуд ва бо ин мӯъҷиза ӯ (с.а.в)-ро ба аҳли Замин барои исботи рисолати он бандаи маҳбуб зоҳир намуд, Худованд ӯро бо ду боли нуронӣ, яке вилоят ва дигаре рисолат мисли ду фалаки мунаввари Моҳтоб ба авҷи камолот бурд, ҳатто ба дараҷаи қобақавсайн ё наздиктар расонид ва бо ин фахри аҳли Замину Осмон шуд.

Ба пурии замину осмонҳо дуруду салом бар ӯ ва бар хонадону ёронаш.

 

“Ту пок ҳастӣ, мо донише надорем, магар он чӣ ба мо омӯхтаӣ, ҳамоно ту доноӣ, ҳакимӣ” (оят).

 

ПОРАЕ АЗ ИДОМАИ

“МУҶИЗАҲОИ АҲМАДӢ(С.А.В.)”

 

Чаро хусусияти меъроҷи бузургро ба Муҳаммад (с.а.в) доданд?

 

(Ин баҳс зимни баҳсҳои далелҳои паёмбарии Аҳмад ва ҷавоби суолест, ки дар ишколи якуми он се ишколи муҳим, ки дар охири асоси севум аз “Рисолаи меъроҷ” омадааст, навишта шудааст ва он чун феҳристи мухтасар мебошад).

 

Суол. Чаро Муҳаммад(с.а.в) ба ин меъроҷ интихоб шуд?

Ҷавоб. Ин саволи шумо дар ибораи сию се, дар вақти навиштани он ба пуррагӣ ҷавоби худро ёфта буд, аммо дар ин ҷо танҳо бо як ишораи кӯтоҳе ҳамчун як назари сариъ, бузургии Паёмбар (с.а.в) ва нишонаҳои камоли ӯро баён мекунем, ки ӯро ба ин меъроҷ лоиқ гардонидааст.

Аввал. Китобҳои муқаддас ,Таврот, Инҷил ва Забур, бо вуҷуди оне ки дар тӯли аср дучори таҳриф шудаанд, олими муҳаққиқ Ҳусайн Ҷиср дар замони имрӯза аз дохили онҳо сад муждаро кашф кардааст, ки ба паёмбари бузургворамон вобаста аст ва онро дар китоби худ бо номи “ар-Рисолатул ҳамида” гирд овардааст.

Дуюм. Таърих ва бо ривоёти саҳеҳ муждаҳои зиёдеро собит намудааст, ки онҳоро коҳинон, аз ҷумла ду коҳини машҳур, Шиқ ва Сатиҳ пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) хабар дода буданд, ки ӯ (с.а.в) паёмбари охирин мебошад.

Сеюм. Он чи ки дар шаби таваллуди Паёмбар (с.а.в) рух дод, ба монанди афтидани бутҳои Каъба, шикастани айвонҳои қасри Кисро ва садҳо нишонаҳои ғайриоддӣ, ки дар китобҳои таърих зикр шудааст.

Чаҳорум. Баромадани об аз миёни ангуштонаш ва об додани лашкар аз он, нолаи чӯби меҳроб дар масҷид, дупора шудани Моҳ, ҳамон гунае ки Қуръон онро баён намудааст

(“Ва моҳ дупора шуд”) ва дигар мӯъҷизаҳои собитшуда дар назди уламо, ки шумораи онҳо ба ҳазор мерасад ва китобҳои сирату таърих онро собит намудаанд.

Панҷум. Дӯстон ва душманон бешакку шубҳа иттифоқ доранд, ки ахлоқеро, ки Паёмбар (с.а.в) доро буд, дар болотарин дараҷа ва рафторе, ки дар даъвати худ аз он истифода мебурд, дар баландтарин мартаба буд ва инро рафтору муносибати ӯ бо мардум баён менамуд. Шариати ноби ӯ дорои комилтарин ахлоқ аст, ахлоқи волои некӯ дар дини ӯ шоҳиди он аст.

Шашум. Дар ишораи дуюми ибораи даҳум баён намудем, ки Паёмбар (с.а.в) шахсе буд, ки болотарин ва бузургтарин дараҷаи бандагиро дар дини худ барои дарёфти ризои Худо, дар пешгоҳи худовандияш, аз рӯи ҳикмат зоҳир менамуд.

ӯ, ҳамчуноне ки маълум аст, беҳтарин роҳнамои ҷамол бо камоли мутлақ ба сӯйи холиқи олам буд ва беҳтарин касе, ки даъвати Худовандро дар зоҳир намудани ин ҷамол ба воситаи паёмбарияш лаббайк гуфт.

ӯ чунончӣ мебинем, бузургтарин роҳнамо бар камоли офариниш бо зебогии пурраи офаридгори олам буд ва бо даъвати бузург ва садои форами худ иродаи Парвардгорро дар ҷалби назар ба камоли санъаташ ва эълон аз он лабайк гуфт.

ӯ комилтарин касест, ки иродаи Худоро дар пурра гардидани сатҳи даъват хабар дода, яктопарастиро барои ҳама табақаҳои мардум эълон намуд.

Ҳамчунин ӯ беҳтарин ва зеботарин оина барои акси зебогии ҷамоли Худо ва ҳусни беҳамтои ӯ буд, ҳамчуноне ки хабар ва ривоятҳо бар он далолат мекунанд.

ӯ беҳтарин касе буд, ки Худованд ӯро дӯст медорад ва муҳаббати ӯро дар дили дигарон ҷой додааст. Пас ӯ иродаи Худоро дар дидани он ҷамоли муқаддас ва баёни он тибқи талаботи ҳақиқату ҳикмат лаббайк гуфтааст.

Ҳамчунин ӯ бузургтарин касест, ки бо хазинаҳои ғайби Офаридгори ин олам ошноӣ дорад, хазинаҳои пур аз беҳтарин мӯъҷизаҳо ва пурарзиштарин ҷавоҳирот. ӯ бузургтарин шахсест, ки он хазинаҳоро тавсиф намуда аз он эълон намудааст. Пас, ӯ иродаи Худоро дар зоҳир намудани он канзҳои махфӣ ва баёни камолоташ  лаббайк гуфтааст.

ӯ комилтарин роҳнамои Қуръон барои ҷину инс, барои рӯҳ ва малоикаҳо мебошад ва бузургтарин шахсест, ки маънои осори офариниши ин табиатро, ки бо зеботарин зиннат муайян гардидааст ва аҳли ақлу шуурро барои назару тафаккур дар он ва эътибор гирифтан имконият додааст. ӯ иродаи Худоро дар баёни маонии ин осор ва тақдири қимати онҳо барои аҳли фикру назар тибқи тақозои ҳикмат лаббайк гуфтааст.

ӯ беҳтарин касест, ки ҳақоиқи Қуръонро оиди ҳадаф аз ин ҳама таҳаввулоти табиат ва мақсад аз онро кашф намудааст ва комилтарин касест, ки муаммои ҳайратовари ин мавҷудотро ҳал намудааст, ки аз се суоли калидӣ иборат аст: Ту кистӣ? Аз куҷо омадаӣ? Ба куҷо равонаӣ? Пас, ӯ иродаи Худоро дар кашфи сеҳри ин муаммо барои аҳли ақл ба воситаи мабъус, лаббайк гуфтааст.

Ҳамчунин ӯ шахсест, ки мақосиди илоҳиро дар Қуръон комилан баён намуда, беҳтарин роҳро барои расидан ба ризои Худо муайян кардааст. Пас, ӯ иродаи Худоро дар таърифи он чи, ки аз оқилон мехоҳад ва он чиро аз онҳо ризои ӯ металабад, ба воситаи пайк лаббайк гуфтааст. Ин ҳам бошад, баъди он, ки худро ба онҳо тавассути махлуқоти гуногунаш ошно сохт ва тавассути неъматҳои азимаш, маҳбуб гардонд.

ӯ бузургтарин касест, ки вазифаи Қуръонро ба дӯш гирифта, онро дар болотарин мартаба, беҳтарин сурат ва олитарин услуб адо намудааст. ӯ иродаи Парвардигорро ба ҷо овард ва самти нигоҳи инсониятро аз парокандагӣ ба ягонагӣ ва аз нобудшавӣ ба пояндагӣ бурд. Ин ҳам бошад, ба воситаи роҳнамоии ин инсоне, ки Худованд ӯро ҳамчун самараи илм офарид ва барои ӯ чунон истеъдодҳо додааст, ки тамоми оламро метавонад гунҷоиш диҳад ва ба ӯ шуури бисёрталабӣ додааст.

Чунончи ҷондорҳо бузургтарин мавҷудот мебошанд ва бошуурон дар миёни ҷондорҳо беҳтаринанд ва беҳтарини бошуурон одамизод аст. Аз ин лиҳоз, касе, ки аз миёни одамизод муваффақ бар он гардад то вазифаҳои бандагиро адо намуда, ҳаққи онро дар беҳтарин сурат ва болотарин мартаба анҷом диҳад, бешак, ӯ ба меъроҷ, ба қобақавсайн ё наздиктар аз он мебарояд. ӯ дари саодати абадиро кӯбида, хазинаҳои раҳмати васеъро боз мекунад, ва ҳақиқатҳои имони ғайбиро бо нигоҳи ҳақиқӣ мебинад, пас кист он мард ғайр аз Паёмбари акрам (с.а.в)?

Ҳафтум. Шахси бофикр чун дар махлуқоти побарҷои Худованд, ки дар ин оламанд, назар мекунад, мебинад, ки дар офариниши онҳо зебу зиннат бо камол амалӣ шудааст. Пас табиист, ки ин зебоию ҷамол далолат ба иродаи зебою ҷамоли Офаридгори ин махлуқот мекунад. Ин ирода худ далолат ба рағбати қавӣ ва муҳаббати муқаддаси ин холиқ нисбат ба махлуқоташ аст.

Аз ин рӯ, табиист, ки муҳбубтарин махлуқ назди офаридгоре, ки махлуқоти хешро дуст медорад, касе мебошад, ки ҳамаи он сифоти зеборо дошта бошад ва дар зоти худ зебогиҳои хилқатро комилан зоҳир намояд ва касест, ки онро бишносаду ба дигарон шиносонад ва касе, ки нафси худро дӯст дораду бо шефтагӣ ва қадрдонӣ зебоии дигар махлуқотро таҳсин гӯяд.

Пас, кист он касе, ки замину осмонро чуноне гардонидааст, ки бо “Субҳоналлоҳ… Мошоаллоҳ, Аллоҳу акбар” аз зикрҳои шефтагӣ ва тасбеҳу такбир дар баробари зебогии табиат, ҳусну ҷамоли он ва хусусиятҳои он садо мекунад? Кист он касе, ки табиатро ба садои Қуръон такон дода базру барро дар иштиёқи бепоён нисбат ба ин зебогию латофат ба фикр ва ҳаяҷон андохта, такбиру тасбеҳро бар забони онҳо андохтааст? Ин нафари пурбаракат ғайри Муҳаммад (с.а.в.) кӣ метавонад бошад?

Пас, мисли ин Паёмбаре, ки ба мизони ҳасаноти ӯ накӯиҳои тамоми умматонаш изофа мешавад ва ин ҳам бошад дар асоси қоидаи “сабабгори кор ба монанди иҷрокунандаи кор аст” ва касе, ки ба камолоти маънавии ӯ дуруду салавоти умматонаш илова мешавад ва касе, ки бар ӯ муҳаббату раҳмати илоҳӣ беандоза нозил мешавад ва бар оне ки савоби адои вазифаи рисолати худро ҳосил мекунад… бале! Пас, дар рафтани мисли ин Паёмбари бузург ба Биҳишту Сидратулмунтаҳо ва Арши азим то ба дараҷаи Қобақавсайн ё наздиктар айни ҳақиқат ва Зоти ҳақиқат ва маҳзи ҳикмат аст.[308]

МАРТАБАИ ШОНЗДАҲУМ

РИСОЛАИ “АЛОМАТИ БУЗУРГ”, ки

оид ба “РИСОЛАТИ АҲМАДӢ” баҳс мекунад

 

(Барои муносиби мақом дар ин ҷо оварда шуд)

Сипас ин сайёҳе, ки дар Замин сайр мекард, ба тарафи ақли худ хитоб намуд гуфт: Модоме ки соҳиб ва Офаридгори худро ҷустуҷӯ мекунам ва онро аз тамоми мавҷудот пурсон мешавам, пас барои ман беҳтар он аст, ки касеро зиёрат кунам, ки комилтарин инсон дар арсаи ҳастӣ, бузургтарин роҳнамо ба тарафи накӯиҳо (ҳатто ба шаҳодати душманонаш) ва пуровозатарин, содиқтарин дар гуфтор, боманзалаттарин ва оқилтарини онҳо мебошад, ки албатта, он Муҳаммад (с.а.в) аст, ки бо фазоилу Қуръони худ чордаҳ асрро равшанӣ бахшидааст. Барои пайдо намудани посухҳо ба он чи дар ҷустуҷӯи онам ва барои расидан ба зиёрати ӯ (с.а.в) бояд ҳамроҳ ба сӯйи беҳтарини асрҳо ба сӯйи асри саодат баргардем. Асри паёмбарӣ ва сипас бо ақли худ вориди он аср шуда мушоҳада намоем, ки дар ҳақиқат, он аср бо вуҷуди Паёмбар (с.а.в) асри саодати башарият буд. Зеро Паёмбар (с.а.в) бо нуре, ки бо он омада буд, дар муддати кӯтоҳ ин қавми саҳронишин ва дар ҷаҳл фурӯрафтаро ба устодони олам ва пешвоёни он табдил дод.

Ҳамчунин ақли худро хитоб намуда мегӯяд: “Бояд пеш аз ҳама аз бузургии ин мӯъҷиза чизе омӯхт ва онро ба воситаи ҳақиқӣ будани аҳодис ва сидқи ахбораш пайдо намоям. Сипас аз Офаридгори худ мепурсем ва баҳсро шурӯъ намуд. Дар бораи сидқи паёмбарии ӯ далелҳои қотеъ ва собитеро пайдо намуд, ки ҳисоб надорад, вале метавон ҳамаи онро дар нӯҳ банд хулоса намуд:

Якум. Васф шудани ӯ (с.а.в) ба тамоми сифот ва хислатҳои поку ҳамида аст, ки ҳатто душманон ба он шоҳидӣ додаанд ва ҳамчунин зоҳир шудани садҳо мӯъҷиза ба монанди дупора шудани Моҳтоб бо ишораи ангушти ӯст. Чунончи Қуръон фармудааст:

“Ва Моҳ дупора шуд”. Шикасти лашкари душман бо пошидани хок бар чашмони онҳо, ки бо панҷаи худ пошида буд, бо ибораи ин оят, ки мефармояд:

“Ва ту (ай Муҳаммад с) наяндохтӣ (мушти хокро ба сӯи онон) вақте ки андохтӣ, лек Худо андохт (ки дар чашмҳояшон дохил шуд он резаҳои хок ва кӯру нобино гашта ҳалок шуданд)”, нӯшидани саҳобагон аз обе, ки чун Кавсар аз миёни панҷ ангушти ӯ (с.а.в) баромада буд ва ғайри инҳо аз садҳо мӯъҷизаҳое, ки аз ӯ (с.а.в) зоҳир шудааст ва бо нақли саҳеҳу қотеъ ё мутавотир ба мо расидааст. Сайёҳ онро аз “Мактуби нуздаҳум”, яъне рисолаи “Мӯъҷизаҳои Аҳмадия” пайдо намуд, он рисолаи фавқулодда ва шариф, ки беш аз сесад мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в)-ро бо далелҳои қотеъ ва санадҳои собит ривоят кардааст.

Сипас боз ба худ гуфт: “Дар воқеъ, ин марде, ки дорои ин қадар ахлоқи неку фазоил ва соҳиби ин теъдод мӯъҷизаҳои ошкор аст, ҳеҷ шакке нест, ки ӯ марди содиқ аст ва ҳеҷ имкон надорад, ки аз ҳилаву дурӯғ ва фосидин бошад”.

Дуюм. Қуръоне, ки дар дасти ӯст, бо ҳафт ваҷҳ эъҷоз дорад, ин амри содир шудаи подшоҳи олам аст, ки беш аз сесад миллион башар дар ҳар аср ба он таслим мешаванд ва имон меоранд. Модоме ки ибораи понздаҳум, яъне рисолаи “Мӯъҷизаҳои Қуръонӣ” ки офтоби рисолаҳои “Нур” мебошад, бо далелҳои қавӣ исбот намудааст, ки Қуръон бо чил ваҷҳ муъҷиз аст ва он каломи Парвардигори олам мебошад ва аз ин лиҳоз он сайёҳро ба он рисолаи машҳур барои баёни тафсили эъҷоз вогузор мекунам. Сипас гуфт: “Ин амин ба каломи Худо ва тарҷумони феълии он, мубаллиғи ин хабари бузург ба мардум, ки айни ҳаққу ҳақиқат дар зоти он аст, имкон надорад, ки аз ӯ дурӯғ сар занаду мавриди шубҳа бошад”.

Сеюм. ӯ бо шариъати пок, дини фитрӣ, бо ибодати холис, дуои бохушӯъ, даъвати шомил, имони мустаҳкам омадааст ва ҳангоми биъсат ва баъди он ӯ ҳамто надорад ва аз ӯ касе комилтар пайдо нашудааст ва нахоҳад шуд. Зеро шариате, ки аз як бесавод зоҳир шуд ва панҷяки башариятро бо вуҷуди дигаргунии онҳо муддати чордаҳ аср бо устувории ҳақиқату адолат ва қонунҳои дақиқи худ идора кардааст, ҳеҷ гоҳ ҳамтое нахоҳад ёфт.

Ҳамин гуна Ислом, ки аз феъли он, гуфтор, ва аҳволи он бесавод (с.а.в) содир шудааст, сарвару марҷаъи сесад миллион башар дар ҳар аср, муаллим ва муршиди ақлҳои онҳо, мунавварбахши дилҳо ва поксози дилҳо, мураббии нафсҳо ва поккунандаи он, мадори инкишофи рӯҳ ва маъдане барои баланд намудани он мебошад. Ба монанди ӯ (с.а.в) касе наомадааст ва нахоҳад омад.

Ҳамчунин боло будани ӯ (с.а.в) дар ҳама намуди ибодоте, ки шомили дини худ аст, тақвои зиёд нисбат ба дигарон, тарси шадид аз Худо, талоши пайи ҳам, рӯй овардан ба дақиқтарин асрори ибодат, ҳатто дар сахтарин ҳолат ва шароитро доро буд. Паёмбар (с.а.в) бидуни тақлиди касе бо он ибодот бо комилтарин сурат ва бо тамоми фаҳму идрок аз аввал то ба охир побарҷо буд. Пас, шакке нест, ки мисли ӯ (с.а.в) дида нашудааст ва дида нахоҳад шуд.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) муттасиф ба ҷавшани кабир, ки яке аз дуоҳои ӯ (с.а.в) аз байни ҳазорҳо дуо ва муноҷот мебошад, ки Парвардигори худро бо маърифати раббонӣ чунон васф мекунад, ки орифу авлиё ҳама ба он мартабаи маърифат ва дараҷаи он васф аз қадим бо нав шудани афкор расида наметавонанд. Ин баёнгари он аст, ки касе дар дуо монанди ӯ (с.а.в) нест. Агар касе ба шарҳи мухтасари як порча аз миёни наваду нӯҳ порчаи ин ҷавшани кабир бипардозад, ки он дар охири рисолаи “ал-Муноҷот” омадааст, имкон надорад, магар он ки бигӯяд ин дуои олӣ, ки мисоли маърифати баланди Худо аст, мисл надорад.

Ҳамчунин ӯ (с.а.в) дар таблиғи рисолат ва дар даъвати мардум ба сӯйи роҳи ҳақ ошкору собит ва дорои салобату шуҷоате буд, ки касе ба он монанд шуда наметавонад ва ҳеҷ гоҳ бо вуҷуди оне, ки давлатҳои бузург, адёни бонуфус, ҳатто қавму қабила ва амуяш ба ӯ (с.а.в) душманӣ менамуданд, аммо боре ҳам миқдори як зарра асаре аз шак ва дудилагӣ ба ӯ ворид нашудааст ва на ноумед шудаасту на тарс дар ӯ (с.а.в) ворид шудааст. ӯ (с.а.в) ба танҳоӣ тамоми оламро ба мубориза мехонд, Худованд ӯро пирӯз намуд ва ӯ ҳамаи дунёро ба тоҷи Ислом табдил дод, пас кист мисли Муҳаммад дар таблиғи рисолоти Худо?

Ҳамчунин ӯ имони қавии мустаҳкам, яқини саҳеҳ, инкишоф ва эътиқоди комиле дошт, ки оламро пур аз нур намуда буд. Афкору ақидаҳо, ҳикмати ҳакимон ва улуми сарварони руҳонӣ дар он аср хело зиёд буда, имконияти таъсири шубҳа, тараддуд, заъф ё васвасаро бар он надоштанд. Бале, натавонистанд то дар яқин, эътиқод, эътимод бар Худо ва итминон бар бо доштани мухолифату эътироз ва инкори он онро таъсире гузорад. Илова бар ин, илҳом гирифтани ҳамаи касонеро, ки дар маънавиёту мартабаҳои имонӣ аз аҳли имону салоҳ мебошанд ва дар муқаддимаи онҳо саҳоба ва файзгирии онҳо аз мартабаи имонии ӯ ва ӯро дар болотарин мартаба дидани онҳо, ҳама он баён ва ошкор мекунад, ки мисли имони Паёмбар (с.а.в) имоне нест.

Сайёҳ фаҳмид ва ақли худро тасдиқ намуд, ки мисли соҳиби ин шариъати пок, ки бадие надорад, исломи ноб, ки монанд надорад, бандагии холисе, ки назир надорад, дуои зебо, даъвати оламшумул ва имони муъҷиз, ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяду фиребкор низ намебошад.

Чаҳорум. Иҷмоъи паёмбарон ва иттифоқи онҳо бар айни ҳақоиқи имонӣ, далели қатъӣ бар вуҷуди Худо ва бар ваҳдонияти ӯ ва ҳамчунин шаҳодати содиқ бар сидқи ин Паёмбар (с.а.в) ва рисолати ӯ мебошад. Зеро ҳар чизе, ки бар сидқи паёмбарии он паёмбарон далолат мекунад ва ҳар сифоту мӯъҷизаҳои муқаддас, муҳиммоти дошта, ки мадори паёмбарии онҳост, монанди он ва ё аз он комилтар дар Паёмбар (с.а.в) дида мешавад. Ҳамон гунае ки дар таърих омадааст, ин паёмбарон бо забони ҳол дар Инҷилу Таврот, Забуру саҳифаҳои дар даст доштаи худ аз омадани ин Паёмбар (с.а.в) хабар дода, мардумро ба омадани ӯ (с.а.в) мужда медоданд. “Ҳатто беш аз бист ишора аз он муждаҳои китобҳои муқаддас дар “Рисолаи Аҳмадия” собит ва ошкор баён шудааст”. Пас, ҳамон тавре ки онҳо ба омадани ӯ (с.а.в) мужда додаанд, ӯ (с.а.в)-ро бо забони ҳоли худ, яъне бо мӯъҷизаҳои паёмбарии худ тасдиқ намуда, бар сидқи паёмбарии ӯ мӯҳри таъйид мегузоранд. Зеро ӯ собиқ ва комил дар вазифаи паёмбарӣ ва даъват ба сӯйи Худо мебошад. Ин сайёҳ дарк намуд, ки он паёмбарон (а) ҳамон тавре ки бо забон ва иҷмоъ бар ваҳдоният далолат мекунанд, ҳамин гуна бо забони ҳол ва бо иттифоқ бар сидқи ин Паёмбар (с.а.в) шоҳидӣ медиҳанд.

Панҷум. Расидани ҳазорон авлиё ба ҳақиқату камолоту каромот ва дарёфти онҳо ин ҳама кашфиёту мушоҳидаҳоро фақат ба иқтидо намудан ба Паёмбар (с.а.в) ва ҳидояту тарбият ва паёравӣ аз ӯ (с.а.в) буд. Ҳамон тавре ки ҳамаи онҳо бар ваҳдонияти Худо шаҳодат медиҳанд, ҳамин гуна ба иҷмоъу иттифоқ бар сидқи Паёмбар (с.а.в) устод ва имоми худ ва бар ҳақиқӣ будани рисолати ӯ низ шоҳидӣ медиҳанд. Ин мусофир мушоҳада намуд, ки дидани онҳо қисме аз хабари ғайбии Паёмбар (с.а.в) ва ба он эътиқоду тасдиқ намудан ё бо илми яқин ё айналяқин ва ё ҳаққиляқин чун нури Офтоб зоҳир мекунад, ки чӣ гуна як муршиди бузург ва як сарвари азиме доранд.

Шашум. Миллионҳо донишмандон ва муҳаққиқини содиқ ва ҳакимони муъмин, ки ба баландтарин мартаба расиданд, бо фазли хондани ҳақоиқе аст, ки Паёмбар (с.а.в) онро овардааст ва ё илмҳое аст, ки аз он сарчашма гирифтааст ва ё он чиро аз маърифати илоҳӣ кашф намудааст. Ҳамаи инҳо ҳамон гунае ки бо далелҳои қатъӣ ваҳдониятро, ки асоси даъвати Паёмбар (с.а.в) аст, собит мекунанд, ҳамин гуна онҳо сидқи ин муаллиму устоди бузург ва дурустии каломи ӯро шоҳидӣ медиҳанд. Шаҳодати онҳо далели ошкор ва чун рӯз равшан аст бар сидқ ва дурустии рисолати ӯ (с.а.в). Рисолаҳои “Нур” бо кисмҳои худ, ки беш аз сад мисол дорад, фақат як далеле бар сидқ ва савоби ин Паёмбари маҳбуб (с.а.в) мебошад.

Ҳафтум. Ин ҷамъи бузург, ки ба онҳо “хонадон ва саҳобагон” мегӯянд, онҳо машҳуртарин, бофаросаттарин, оқилтарин, комилтарин, пурсадотарин, дақиқтарин, диндортарин ва боманзалатарини башар баъди паёмбарон мебошанд… Нигоҳ ва тадқиқи ҷиддӣ ва пурҳадафи онҳо аз аҳволи зоҳирию ботинӣ, афкору тасаруфоти ӯ (с.а.в) ва сипас бо итифоқу иҷмоъ тасдиқ намудани онҳо бар он ки ӯ (с.а.в) содиқтарин, боманзалаттарин, ҳаққу ҳақиқатзотарин мард мебошад. Тасдиқи онҳо, ки бо доштани имони росих заиф намешавад, далели ошкорест чун далолати рӯз бар рӯшноии Офтоб.

Ҳаштум. Ҳамчуноне ки ин ҷаҳон далолат бар Офаридгори худ, котиб ва тасвиркунандаи худ мекунад, ки онро ба вуҷуд овардаасту идора мекунад ва онро ба низом медарорад, инчунин дар он бо тадбиру тасвири зебо кор мекунад ва гӯё ин ҷаҳон қасри бузург ё китоби калонҳаҷм ва ё майдони азимест, ки  ҳатман ба вуҷуди касе ниёз дорад, ки маънои ин китоби бузурги оламро шарҳ диҳад, то ин инсон ҳадафҳои илоҳиро аз ин халқи олам биомӯзонад ва ҳикмати Парвардигорро дар ин таҳавулот ва табаддулоти илоҳӣ таълим диҳад ва натиҷаи ҳаракатҳои табии онҳоро биомӯзонад ва арзиши моҳият ва камолоти ҳар мавҷудотро эълон намояд. Ба маънои дигар, ин олам тақозои онро дорад, ки доъии бузург, роҳбари содиқ, устоди муҳаққиқ ва муаллими зирак дошта бошад. Пас, ин сайёҳ, инро эҳсос кард, ки ин олам дар асоси гуфтаҳои боло бар рост будани ин Паёмбари акрам (с.а.в) далолат мекунад ва бар он шаҳодат медиҳад.

Нуҳум. Модоме ки дар паси парда касе аст, ки моҳир будан ва тавонмандии худро бо ин ҳама махлуқоти пур аз ҳикмат ва маҳорат зоҳир мекунад, худро шинос мексозад ва бо ин ҳама махлуқоти беҳисоби зебову фаттон нишон медиҳад ва бо додани неъматҳои бешумори лазизу нафис шукр ва ситоишашро воҷиб гардонида аст ва халқро ба тарафи ибодат дар баробари Парвардгории худ, бо ибодати пур аз муҳаббат, сипосгузорӣ ва шукр дар баробари ин тарбия ва дастгирии умумӣ бо меҳрубониву парасторӣ ташвиқ мекунад (ба дараҷае, ки ӯ хӯрок ва таомҳои раббониро тавре омода месозад, ки нозуктарин завқи даҳон ва ҳама гуна иштиҳо онро муносиб медонад). ӯ халқро ба тарафи имон, ислом, итоат ва фармонбардорӣ дар баробари худовандияш, ки онро бо пайи ҳам овардани мавсимҳо ва гардиши шабу рӯз ва дигаргуншавии онҳо ва дигар намуд корҳои бузург,у амалиётҳои азим ва фаъолиятҳои пурҳайбату навовариҳои ҳаким, равон мекунад…

ӯ адолат ва инсофи худро бо ҳимояи ҳамешагии накӯӣ ва накӯкорон, бартараф кардани бадӣ ва бадхоҳон, саркӯб намудани золимҳо ва дурӯғгӯён ва овардани балоҳои осмониро барои ҳалоки онҳо зоҳир мекунад.

Пас, шакке нест, ки маҳбуб ва содиқтарин банда дар назди Зоти аз чашм ноаён касест, ки барои мақсадҳои зикршудаи ӯ холисона амал намояд ва касест, ки сирри бузургро дар пайдоиши олам ҳал намуда, муаммои онро баён кунад, ва ҳамеша бо номи холиқи худ талош кунаду аз ӯ дар ҳама амалҳо мададу тавфиқу қувват талаб намояд. Пас, ин банда ғайр аз Муҳаммади қурайшӣ дигар ҳеҷ кас нест.

Сипас, ин сайёҳ ақлашро хитоб намуд: “Модоме ки ин нӯҳ далел сидқи ин Паёмбар (с.а.в)-ро исбот мекунанд, пас шакке нест, ки ӯ қутби шарафи башарият ва мадори фахри олам мебошад ва ӯ арзанда ва лоиқи номгузор шудани шарафи одамизод ва гирифтани лақаби фахри оламиён бошад. Он чи, ки дар дасти ӯ аз ҷониби Худо мебошад, Қуръони карим аст, ки ҳукми маънавии худро дар беш аз нисфи олам бо камолоти доштаи худ побарҷо намуда, зоҳир мекунанд, ки хубтарин инсон дар ин олам Паёмбар (с.а.в) мебошад ва сухани ҳақиқӣ дар ҳақи Парвардигорамон ин сухани ӯ (с.а.в) аст.

Пас, эй ақли ман биё ва андеша намо, асоси даъватҳои ин Паёмбар (с.а.в) ва ҳадафи зиндагии ӯ шаҳодат бар вуҷуди Худо, далолат бар ягонагии ӯ, баёни сифатҳои поки ӯ, собит намудани номҳои поки ӯ ва исботу эълони он аст. Бо ҳуҷҷат ва ҳазорҳо ҳақиқатҳои қавию садҳо мӯъҷизаҳои собиту қатъӣ. Яъне офтоби маънавие, ки ин оламро нур медиҳад ва далели ошкор бар ваҳдоният ва вуҷуди Парвардигорамон мекунад, ин Паёмбари карим (с.а.в) аст, ки лақабаш ҳабиби Худо аст.

Ин ҷо се иҷмоъи бузургеро, ки  на фиреб медиҳанд ва на мегузоранд фиребат диҳанд ва шаҳодати ӯро тасдиқ мекунанд, баён мекунем:

Иҷмоъи аввал. Иҷмоъи касоне, ки дар олам бо номи хонадони Муҳаммад (с.а.в) шинохта шудаанд, ин ҷамоати нуроние, ки Имом Алӣ (р) дар муқаддимаи онҳост мефармояд: “Агар парда бардошта шавад, яқини ман зиёд намешавад” ва аз пайи онҳо ҳазорон авлиёи бузурги соҳибақли росто ва нигоҳи амиқ, ки ғоибона аз ӯ пайравӣ намуданд, ба монанди шайх Ҷайлонӣ, ки бо вуҷуди дар Замин буданаш, бо басирати худ Арш ва Исрофилро бо азаматаш медид.

Иҷмоъи дуюм. Иҷмоъи он ҷамоати машҳури олам, ки маъруф ба саҳобагон (р) мебошанд ва бо иттифоқ, тасдиқ ва имони побарҷои онҳо ба ин Паёмбар (с.а.в), ба дараҷае ки молу рӯҳ ва падару хешовандони худро фидо ва қурбони ин Паёмбар (с.а.в) мекарданд, онҳо қавме буданд, ки дар саҳро ва дар муҳити ҷаҳлу нодонӣ дур аз ҳаёти иҷтимоъӣ ва афкори сиёсӣ, бидуни ҳидояту китоб ва дар торикии асри пеш аз биъсат зиндагӣ мекарданд. Аммо дар муддати кӯтоҳ ба устод, роҳнамо, сиёсатмадор ва ҳокимони одил барои пешрафтатарин умматҳо аз ҷиҳати сиёсат, ҷомеашиносӣ, илм ва тамаддун мубаддал шуданд, оламро аз Шарқ то ба Ғарб ҳукм намуда, байрақи адолати онҳо дар замину баҳр ҷилва менамуд.

Иҷмоъи сеюм. Тасдиқи ҷамъи бузурги олимони муҳаққиқ, ки ададу шумора надоранд ва дар уммати ӯ бузург шудаанду маслакҳои гуногунро пайравӣ намудаанд ва онҳо дар ҳар аср мухлисони худро доштанд, ки дар ҳар илм мутахассис мебошанд, бо иттифоқ иҷмоъи ҳамаи онҳо бар сидқи ӯ иҷмоъи бузург аст!…

Ин сайёҳ хулоса намуд, ки шаҳодати ин Паёмбар (с.а.в) бар ваҳдонияти Худо мисли шаҳодати як шахси оддӣ ва ҷузъӣ нест, балки шаҳодати умумӣ, куллӣ ва мустаҳкамест, ки ҳаргиз табдил намешавад ва агар шайтонҳо дар ҳама макон ҷамъ шаванд, ба он шаҳодат халал ворид карда наметавонад.

 

* Мулоҳиза. Шояд дар ин рисола ташобуҳи миёни ривоятҳоро мулоҳиза карда бошед, ки Қозӣ Айёз дар китоби машҳури худ, «аш-Шифо битаърифи ҳуқуқил Мустафо» ёдрас кардааст. Ман ибораҳои Қозӣ Аёзро ба ҷойи ибораи худам гузоштам ва онро дар даруни нохунак гирифтам. Аммо дар хусуси тахриҷи ҳадисҳои шариф бародар, Фаллоҳ Абдурраҳмон Абдуллоҳ, ки Худованд аҷрашро бидиҳад, дастбакор буд. Пас, ҳар ҳадисеро, ки дар ҳошия тахриҷ карда шудааст ва номи тахриҷкунанда омада бошад, дониста бошем, ки   ин кор аз заҳматҳои ӯст, фарқе намекунад, ки дар ҳамин ҷилд бошад ва ё дар ҷилдҳои дигар.

 

[1] Қиссаи мусалмон шудани Абдуллоҳ ибни Салом дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омадааст. (ниг. «ал-Мишкот» 5870) ва («аш-Шифо» 1/247) аз Тирмизӣ ва дигарон.

[2] Аз Абӯамома ривоят шудааст, ки Абӯзар мефармояд: «Пурсидам эй Паёмбар и Худо (с.а.в)! Ба пуррагӣ теъдоди набиҳо чанданд?». Фармуданд: «Як саду бисту чор ҳазор, ки аз миёни онҳо сесаду понздаҳ нафарашон расул буданд». Ривояти Аҳмад (муҳаққиқи «Мишкотулмасобеҳ» (3/122-5737) мегӯяд ҳадис саҳеҳ аст). Ҳамчунин ниг. «Зодулмиъод» муҳаққиқаш ал-Арноутӣ (1/43-44)

[3] Имом Муслим дар китоби «Зуҳд, сифати Ҷаннат ва имон» аз Абӯҳурайра чунин ривоят мекунад, ки ӯ гуфта: «Мо ҳамроҳи Паёмбари Худо (с.а.в) нишаста будем, ки садои афтидани чизе ба гӯшамон расид. Пас Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Оё медонед ин чи буд?». Гуфтем: «Худо ва Паёмбараш беҳтар медонанд». Гуфт: «Ин садои сангест, ки ҳафтод сол қабл ба оташ андохта шуда буд ва он санг ҳамчунон тарафи поёни Дӯзах мерафт ва ҳамакнун ба қаъри Дӯзах афтод». Дар ривояти дигар ибораи «Пас шумо садои онро шунидед» изофа шудааст  (4/2184 – 2185 рақами 2844).

Ҳамчунин аз Ҷобир (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар  (с.а.в) аз сафаре баргаштанд ва вақте ба Мадина наздик мешуданд, чунон боди сахте вазид, ки наздик буд ҳамаи савораҳоро зери хок намояд. Пас Паёмбар (с.а.в) фармуданд: «Ин бод барои марги мунофиқе мевазад». Вақте ба Мадина расиданд, маълум шуд, ки яке аз мунофиқони бузург вафот крадааст». (4/2145 рақами 2784). Ҳамчунин ин ҳадисро Аҳмад бо ибораи дигар ривоят кардааст: (3/341,346). Ниг. Китоби «Шарҳи шифо»-и Алиқорӣ (1/697)

[4] Ба ақволи олимони ҳофизи ҳадис ба монанди Ассуютӣ, Ассаховӣ, Ибни Салоҳ, Ибни Таймия, Лактавӣ ва дигарон дар мавзӯи аз ҳад гузаштани Ибни Ҷавзӣ дар китоби худ бо номи «Алмавзуъот» муроҷиат  намо, ки чӣ гуна ӯ дар ин боб сахт фурӯ рафтааст, ҳатто ҳадисҳои саҳеҳи зиёдеро дар китоби худ дарҷ намудааст… ниг. китоби «Посухҳои бартар барои даҳ саволи мукаммал»-и Абдулҳайи Лактавӣ ва таҳқиқи Абдулфаттоҳ Абӯҷадда дар саҳ. 80, 120, 163, 170 ва инчунин китоби «ар-Рафъ ваттакмил», саҳ. 50-51.

[5] Ҳадисҳо дар бораи Маҳдӣ дар «Сунан»-и Тирмизӣ омадааст, 52. Абӯдовуд, боби «ал-Маҳдӣ» 1-21, «Ал-муснад» 1/84, Ибни Моҷа 534, Ҳоким, Табаронӣ, Абӯяълои Мусалӣ, ки инҳо ҳама исноди ҳадисҳоро ба гурӯҳе саҳобагон медиҳанд. Шавконӣ дар «ат-Тавзеҳ» мегӯяд: «Ҳадисҳое, ки дар мавриди Маҳдӣ омаданд ва метавон  ба онҳо дастрасӣ пайдо кард, ададашон панҷоҳ мебошанд, ки дар миёни онҳо ҳадиси саҳеҳ, ҳасан ва мавзӯъ дида мешавад».  Пас ҳадиси Маҳдӣ бидуни шак, мутавотир мебошад ва дар он ҳеҷ шубҳае нест. Лафзи мутавотирро метавон ба истилоҳҳои навишта дар усул монд, ки ба ҳадди мутавотир нарасида бошанд. Аммо осоре, ки аз саҳобагон дар бораи Маҳдӣ ба мо расидааст, хело зиёданд, ки ҳукман ҳама марфуъ мебошанд, зеро дар бораи Маҳдӣ танҳо аз пеши худ наметавон иҷтиҳод намуд. («ал-Изоъа»-и Муҳаммадсиддиқ Ҳасанхон, 113-114).

[6] Далел бар ин, ки Худованд Паёмбари худро дар бораи ин ки Оиша (р) дар ҷанги Ҷамал ширкат мекунад иттилооти комил надод, ин аст, ки ӯ ба ҳамсарони покаш мегуфт: «Бар сари кадом яке аз шумоён сагони Ал-Ҳаваб меҷаканд?». Яъне кадом яке аз шумоён дар ин воқеа ширкат мекунед? Ҳикмати ин дар он аст, ки Худованди мутаол намехост хотири Паёмбар (с.а.в)-ро нисбат ба ҳамсаре, ки хело дӯсташ медошт, озурда намояд, вале дар баробари ин Худованди мутаол ба ӯ ин воқеаро муҷмалан баён намуд ва барои ҳамин ба ҳазрати Алӣ (р) гуфтанд: مَاْمَنَهَا بَلِّغْهَا وَ فَارْفَقْ «Бо он меҳрубон бош ва ба ҷойи амн ӯро бирасон». Муаллиф.

[7] Саҳеҳи мутавотир аст,китоби саҳеҳи «Ҷомеъуссаѓир». Муҳаққиқ мегӯяд: «Ин ҳадис саҳеҳ ва мутавотир аст» (5/352). ӯ номи ҳафтоду як саҳобиро овардааст, ки ин ҳадисро ривоят кардаанд. Ҳамчунни дигар касоне буданд, ки ин ҳадисро аз ҷумлаи мутавотир ҳисобидаанд амсоли Ибни Салоҳ, Нававӣ, Ироқӣ, Ибни Ҷавзӣ ва дигарон. («Назми пароканда дар бораи аҳодиси мутавотир», 20-24).

[8] Аммора ибни Хузайфа ривоят мекунад, ки амакаш, ки аз саҳобагони Паёмбар (с.а.в) буд, ба ӯ чунин нақл намудааст: «Паёмбар (с.а.в) аз аъробие асперо харидорӣ намуд. Пас Паёмбар (с.а.в) аз аъробӣ талаб намуд, то аз паси ӯ равад, то қимати онро пардохт намояд ва Паёмбар (с.а.в) пешопеш тезтар роҳ мерафт ва аъробӣ оҳиста аз қафои ӯ равон буд. Чанд марде пеши роҳи аъробиро гирифтанд ва аспро нарх менамуданд ва онҳо намедонистанд, ки Паёмбар  (с.а.в) ин аспро харидааст. Пас, аъробӣ ба тарафи Паёмбар (с.а.в) садо намуд, ки агар аспро хариданӣ бошед, пас онро бихаред ва илло ман ӯро мефурӯшам. Пас, Паёмбар (с.а.в) вақте ин суханони аъробиро шунид, гуфт: «Оё ин аспро ман аз ту нахаридаам?». Аъробӣ гуфт: «Ба Худо қасам не, ман онро ба ту нафурӯхтам». Пас, Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Не, онро ба ман фурӯхтаӣ».   Аъробӣ баргашта талаб мекард, то шоҳид биёварад. Хузайма гуфт: «Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ту онро харидаӣ».   Паёмбар (с.а.в) ба тарафи Хузайфа рӯй оварда гуфт: «Дар кадом асос гувоҳӣ медиҳӣ?». Гуфт: «Эй Паёмбари Худо! Дар он асос, ки туро бовар мекунам». Паёмбар (с.а.в) шаҳодати Хузаймаро ҳамчун ду гувоҳ қарор дод». Ҳадис саҳеҳ аст. Онро Абӯдовуд бо рақами (3607), Нисоӣ дар боби «Савдо» (81), «Алмуснад» (5/215-216, дар «Маҷмаъ» (9/360) аз ҳадиси Хузайфа Ибни Собит. Ҳайсамӣ мегӯяд: «Онро Табаронӣ ривоят кардаааст ва тамоми мардони санади он мӯътамад мебошанд». Онро Ҳофиз дар «Матолиби олия» (4052) овардааст ва муҳаққиқи он ба саҳеҳ будани он ишорат кардааст. Ҳамчунин ба китобҳои «ал-Исобат» (2260) ва «Найлулавтор» (5/180) муроҷиат намоед.

[9] Ин ривоятро Бухорӣ дар китоби «Сулҳ» аз Абӯбакр ривоят мекунад (3/244), ва  дар китоби «Нишонаҳои Паёмбарӣ» (4/249) ва дар «Маноқиб» низ омадааст. Ҳамчунин онро Муслим дар «Маноқиб» (30) зикр намудааст ва мегӯяд ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст («Туҳфатул аҳвазӣ» 10/277-288).

Онро Насоӣ дар боби «Ҷумъа» (27) ва Аҳмад дар «Муснад»-и худ (5/37,44,49,51,354) ривоят намуданд. Табаронӣ (шумораи 874) ва Абӯдовуд дар «»Сунан»-и худ дар боби «Дар бораи фитна сухан нагуфтан» 12,13 (2/519-520) ривоят намуданд.

[10] Аз ҳарати Алӣ ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Маро Паёмбари Худо (с.а.в) дар бораи ҷанг бо аҳдшиканҳо, ситамгарон ва аз дин беруншудаҳо хабар дода буд». Дар ривояти дигаре омадааст, ки «Ман маъмурам то бо аҳдшиканҳо биҷангам» пас он ҳадисро гуфтанд. Ин ҳадисро Баззор ва Табаронӣ дар «ал-Авсат» ривоят кардаанд. Дар яке аз ду ривояте, ки аз Баззор  омадааст, дар он ривоят тамоми мардони санади он ба ѓайр аз Рабиъ ибни Саъид саҳеҳ мебошанд ва Ибни Ҳаббон ӯро мӯътабар мешуморад («Маҷмауззавоид»-и Байҳақӣ 7/238) ва Ҳофиз ибни Ҳаҷар ӯро дар гурӯҳи олӣ овардааст (4462, 4463).

[11] Ин ҳадисро Ибни Касир дар «ал-Бидоя ванниҳоя» овардааст (6/213) ва гуфтааст онро Байҳақӣ аз роҳи Ҳузайл ибни Билол овардааст. Дар ин ҳадис заъф аст. Онро Байҳақӣ дар «Маҷамауззавоид»» аз Абӯҳаризи ал-Мозанӣ овардааст, ки Абӯяъло онро ривоят кардааст. Дар санади ин ҳадис номи Абдумалик ибни Муслим омадааст, ки Бухорӣ ҳадисҳои ӯро саҳеҳ намешуморад (7/235). Ниг. «Шарҳи Шифо»-и Алиқорӣ (1/686-687), ки дар он омадааст: «Онро Байҳақӣ дар «Далоили набувват» ривоят кардааст». Дар «Матолиби олия»-и Ибни Ҳаҷар ин ҳадис бо ибораи дигар ва бо санади дигари ба ин наздик омадааст (рақами 4470, 4475, 4476).

[12] Ин ҳадис саҳеҳ аст: онро Аҳмад ривоят кардааст (6/ 52, 97) ва дигарон аз Яҳё ибни Саъид ва дигарон ривоят кардаанд. Ибораи Яҳё чунин аст: «Вақте Оиша омад ва шабона ба обҳои қабилаи Омир расид, сагҳо ба ҷакидан даромаданд. Оиша пурсид: «Ин чӣ обест инҷо?». Гуфтанд: «Оби Ҳавъаб». Гуфт: «Гумон мекунам ман бояд баргардам». Баъзе касоне, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, гуфтанд бояд пеш равӣ, то мусалмонон туро бубинанд ва шояд дар миёни онҳо сулҳ шавад. Гуфт: «Паёмбари Худо (с.а.в) рӯзе ба ман  гуфта буд: «Бар сари кадом яке аз шумоён сагони Алҳавъаб меҷаканд?…».

[13] Ҳадис саҳеҳ аст. Инро Ҳайсамӣ мегӯяд (7/234). Ривоят аз Баззор аст ва мардони санади он мӯътаманданд. Ҳофиз низ дар «Фатҳулборӣ» чунин гуфтааст (13,45). Онро ҳамчунин Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар «Матолиби олия» бо тарзи наздик ривоят кардааст (4/297) ва муҳаққиқи он ба саҳеҳ будани он ишора намудааст ва гуфтааст Бусайрӣ мегӯяд: «Онро Ибни Абӯшайба ривоят кардааст ва тамоми ровиёни он мӯътамад мебошанд». Бусайрӣ дар инҷо ѓайри Бусайрии соҳиби китоби «Қасидаи Бурда» аст.

[14] Саҳеҳ аст. Онро Табаронӣ ва Ҳоким (3/113) аз Аммор ибни Ёсар ривоят намудаанд, ки Паёмбар (с.а.в) фармудаанд: «Оё мехоҳед шуморо дар бораи бадбахтарини мардумон хабар диҳам, ки ду мард мебошанд? Уҳаймари қавми Самуд, ки шутурро ба қатл расонид ва дигараш ҳамонест, ки эй Алӣ, туро зарба мезанад бар ин ҷо, ҳатто инҷоят тар мешавад» (  «Ҷомеъуссаѓир» бо рақами 2586 ва муҳаққиқ гуфтааст он саҳеҳ аст). Аммо дар бораи қотилашро чӣ гуна шинохтани Алӣ   ба «Маҷмаъ» (9/138) муроҷиат намо.

Ҳайсамӣ мегӯяд тамоми мардони санади он мӯътамад мебошанд ва онро ба Абӯяъло нисбат медиҳад ва онро Ҳофиз дар «Матолиб» овардааст (4513) ва муҳаққиқ ба воқеъ шудани он ишора намуда.

[15] Бухорӣ (3/343) ва Муслим (2/744-745) аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят мекунанд, ки ҳангоме ки мо ҳамроҳи Паёмбари Худо (с.а.в) будем ва ӯ чизеро тақсим мекард, ногоҳ ба назди ӯ Зухувайсира омад ва ӯ марде буд аз қабилаи Тамим, пас гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с.а.в) адл кун». Паёмбар (с.а.в) гуфтанд: «Вой бар ту! Агар ман адл намекунам, чӣ касе адл мекунад? Ман ноумеду зиёнкор мешавам, агар адл накунам». Пас Умар гуфт: «Иҷозат диҳед, то гарданашро бишканам».Паёмбар (с.а.в) гуфтанд: «ӯро раҳо кун. ӯ дӯстоне дорад, ки ҳар яке онҳо намозҳои шуморо дар баробари намозҳои худ ва рӯзаҳои шуморо дар баробари рӯзаҳои худашон ночиз мешуморанд ва онҳо Қуръонро тиловат мекунанд, дар ҳоле ки он аз ҳалқи онҳо дуртар намеравад, онҳо аз дин берун мешаванд, ҳамчуноне ки тир аз камон берун мешавад, ба либосу таому ҷому шароби худ назар мекунанд, чизеро намебинанд, ки хун ва палидӣ ҳамаро пур кардааст, нишонаи онҳо ҳамон марди сиёҳе мебошад, ки яке аз мушакҳои ӯ ба монанди синаи зан аст. Онҳо мебароянд дар миёни беҳтарин гурӯҳи мардум». Абӯсаид мегӯяд: «Ман шаҳодат медиҳам, ки инро аз Паёмбар (с.а.в) шунидаам ва шаҳодат медиҳам, ки Алӣ писари Абӯтолиб бо онҳо ҷангид ва ман низ бо Алӣ будам. Пас Алӣ дастур дод, то он мардро пайдо кунем, пас онро ба назди ӯ оварданд, ҳатто вақте ба ӯ назар намудам, ҳамон авсоферо, ки Паёмбар (с.а.в) намуда буд, дар ӯ пайдо намудам».

[16] Ҳадис саҳеҳ аст. Онро Имом Аҳмад дар боби «Фазилатҳои саҳоба» аз умми Салама ва Оиша овардааст. Муҳаққиқ мегӯяд санади он саҳеҳ аст (1357). Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъ» мегӯяд, ки онро Аҳмад ривоят кардааст ва тамоми мардони сананди он саҳеҳанд (9/187). Ниг. «ал-Муснад» 6/294 ва онро Табаронӣ ихроҷ кардааст 3/113, ривоят аз ҳазрати Оиша аст ва дар он шакке нест ва исноди он саҳеҳ аст. Аммо он чи ривоят шудааст ба ин ки ӯ дар Аттаф кушта мешавад, онро Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъ» ривоят кардааст (9/188). Ҳамчунин ин ҳадисро тақвият медиҳад, он чи Паёмбар  (с.а.в) таҳдидан баён намуданд, ки ин ҳодиса дар соҳили Фурот рух медиҳад ва дар Карбало ва ин ба дигар ҳадисҳо собит шудааст. Ниг. Саҳеҳи «Ҷомеъуссаѓир» ва зиёдаҳои он (217) ва фазилатҳои саҳобагон (1391).

[17] Порае аз ҳадисест, ки онро Ҳоким ихроҷ намудааст (4/787). Заҳабӣ мегӯяд ин ҳадис мавзӯъ аст. Ва он чи дар дигар ҳадиси саҳеҳ омадааст ва он маънои инро собит мекунад ва Табаронӣ дар «ал-Кабир» аз Амр ибни Ос ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд: «Аввалин мардуме, ки ҳалок мешаванд, Қурайшҳо мебошанд ва аввалин қурайшиҳое, ки ҳалок мешаванд, ин аҳли байти мананд» («Ҷомеъуссаѓир» 2585. Муҳаққиқ мегӯяд саҳеҳ аст.) Ҳамчунин ниг. «Силсилаи ҳадисҳои саҳеҳ», 1737).

[18] Ҳадис саҳеҳ аст. Ҳадиси   “Уммат ба ҳафтоду се гурӯҳ тақсим мешаванд ва аз миёни онҳо танҳо як тоифа раҳоёфта мебошад», бо чандин роҳҳо ривоят шудааст. Исноди он саҳеҳ аст. Мо аз миёни ривоятҳо инро зикр мекунем, ки аз Муовия ривоят шудааст, ки «Ҳафтоду ду тоифа дар Дӯзаханд ва танҳо як тоифаи он дар Биҳишт ва ин ки дар миёни умматони ман қавмҳое мебароянд, ки ҳаво дунболи онҳо медавад, ҳамчуноне ки саг дунболи соҳиби худ медавад ва рагу пайванде дар онҳо намемонад, магар ин ки ҳаво дар он дохил мешавад». Ин ҳадисро Аҳмад ва Абӯдовуд ривоят мекунанд («Мишкотул масобеҳ», 172. Муҳаққиқ мегӯяд он саҳеҳ аст). Онро ҳамчунин Тирмизӣ ривоят кардааст ва мегӯяд ҳасан ва саҳеҳ аст ва Ибни Моҷа ва Абӯдовуд ҳамаи инҳо ҳадисро аз Абӯҳурайра ривоят кардаанд («ал-Фатҳу раббонӣ»-и Суютӣ 2/24). Онро Абӯдовуд аз Анас дар боби «Фитнаҳо» (1322) зикр намудааст. Дар «аз-Завоид» омадааст, ки исноди он саҳеҳ аст ва мардонаш ҳама мӯътамаданд. Тирмизӣ ҳадисро аз Ибни Амр ривоят кардааст ва дар он ибораи «Ҳамаи онҳо дар оташанд, магар як миллат, ки дар оне мебошад, ки ману асҳобам дар он будем». («Саҳеҳи «Ҷомеи саѓир», 2558 ва муҳаққиқ мегӯяд саҳеҳ аст). Ниг. «Силсилаи ҳадисҳои саҳеҳ», 1737.

[19] Ҳадис саҳеҳ аст. Аз Абӯсаъиди Худрӣ ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Мо ҳамроҳи Паёмбар (с.а.в) будем, ки фармуданд: «Дар миёни шумо касест, ки барои таъвили Қуръон ҷанг мекунад, ҳамчуноне ки ман барои нозил шудани он ҷангидаам». Инро Аҳмад ривоят мекунад ва исноди он ҳасан аст. («Маҷмаъуззавоид», 6/244). Ҳамчунин онро Ҳайсамӣ овардааст   (9/133-134) ба ибораи дарозтар аз он. Ва мегӯяд: «Онро Аҳмад ривоят кардааст ва мардони санади он мардони саҳеҳанд ба истиснои Фитр Ибни Халифа ва он мӯътамад аст». Ва он дар назди Имом Аҳмад аст дар «Муснад» (3/83). Ин ҳадисро Ҳоким саҳеҳ шуморидааст бар шартҳои шайхайн ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқ аст ва ҳардуро муҳаққиқ дар «Фазоили саҳоба» иқрор кардааст (2/627,637).

[20] Инро шайхайн ва дигарон ривоят кардаанд (Алиқорӣ 1/678-679)

[21] Инро Бухорӣ аз Авф ибни Молик ривоят кардааст (Алиқорӣ 1/678-679)

[22] Инро Бухорӣ ва Муслим ва Молик аз Сафён ибни Абӯзуҳайр ривоят кардаанд (Алиқорӣ 1/678)

[23] Ҳамчуноне ки онро Бухорӣ дар боби «Нишонаҳои Паёмбарӣ» овардааст (4/254). Ҳамчуноне ки онро шайхайн аз Саҳл ибни Саъд ривоят кардаанд (Алиқорӣ 1/679)

[24] «Саҳеҳ»-и Муслим (4/2236-2237 бо рақами 2918).

[25] Ҳадис саҳеҳ аст. Онро Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Ҳоким ва Тирмизӣ саҳеҳ гуфтаанд («Туҳфатулаҳвазӣ», 10/147) ва онро Аҳамад ривоят кардааст («Фатҳуррабонӣ»-и Суютӣ 22/182).  Дар «Мишкотул масобеҳ» омадааст (3/232). Муҳаққиқ мегӯяд: «Тирмизӣ онро ҳасан мешуморад ва ҳамон таврест, ки ӯ гуфтааст ё болотар. Дар китоби «Фазоили саҳоба»-и Имом Аҳмад бо санади саҳеҳ, ҳасан ва заиф ин ҳадис омадааст. Муҳаққиқ мегӯяд: «Ҳадиси рақами (197,479) санадҳои онҳо ҳасан аст ва рақами (478,670) санадҳои ин ду саҳеҳ аст ва ҳамаи ин ҳадисҳо аз Ҳузайфа ривоят шудаанд».

[26] Инро Муслим ривоят мекунад (4/2215 бо рақами 1779) ва Аҳамд (5/278 бо рақами 284) ва Тирмизӣ дар ҳошияи «Туҳфатулаҳвазӣ» (6/397). Тирмизӣ мегӯяд: «Ин ҳадис саҳеҳ ва ҳасан аст». Ва Ибни Моҷа 3952 (2/1304) ва Абӯдовуд (2/412) ва ҳамаи ривоятҳо аз Савбон омадааст.

[27] Инро Муслим ривоят мекунад (бо рақами 1779) ва Аҳамд онро тахриҷ мекунад (1/390 бо рақами 284) ва Ҳоким (3/349)   онро саҳеҳ мегӯяд ва Заҳабӣ бо он мувофақат  мекунад («Мишкотул масобеҳ», 3/167 бо рақами 5871) ва дар «Зодулмиъд» бо таҳқиқи Арноутӣ (3/174)

[28] «аш-Шифо», (1/343). Онро Байҳақӣ аз Урва ва Саъид ибни Мусайяб ҳамчун мурсал ривоят мекунад. Он дар ҷанги Уҳуд аз гардан  ҷароҳат хӯрд ва бо он мурд. (Ал-Хафоҷӣ 3/207 ва Алиқорӣ 1/699). Ниг. «аш-Шифо», (1/116).

[29] Бухорӣ (5/182) аз Анас. Онро Аҳмад ва Насоӣ низ ривоят кардаанд («Саҳеҳи «Ҷомеъуссаѓир», 1/122).

[30] Хафоҷӣ (3/210) дар «Зодулмиъод», таҳқиқи Арноутӣ (3/385)

[31] Ҳадис саҳеҳ аст. Аз Сафина ривоят шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд: «Баъди ман хилофат дар умматонам сӣ сол аст, пас баъди он подшоҳист». Инро Аҳмад, Тирмизӣ, Абӯяъло дар «Муснад»-ҳояшон   ва Ибни Ҳаббон дар «Саҳеҳ»-аш ривоят кардаанд. («Саҳеҳи «Ҷомеъуссаѓир» бо рақами 3336, муҳаққиқ онро саҳеҳ гуфтааст) («Фатҳурраббонӣ»-и Суютӣ23/10) ва дар «Сисилаи ҳадисҳои саҳеҳ» (460) бо чандин равиш.

[32] Ҳадис саҳеҳ аст. «аш-Шифо» (1/340). Имом Аҳмад ривоят мекунад (4/273), ки Паёмбар  (с.а.в) мефармояд: «Дар миёни шумо то он замоне ки Худованд мехоҳад, он бошад ва сипас онро бармедорад. Чӣ пас подшоҳии қавӣ дар миёни шумо мешавад, то он замоне ки Худованд мехоҳад он бошад ва сипас онро бармедорад. Сипас подшоҳи ситамкор мешавад, то он замоне ки Худованд мехоҳад, он бошад ва баъд онро бармедорад. Сипас хилофат бар равиши Паёмбар (с.а.в) мешавад» ва баъд Паёмбар (с.а.в) хомӯш истод. Ин ҳадис дар «Муснад»-и Таёлисӣ (438). Ҳайсамӣ дар «Маҷамъ» (5/189) мегӯяд: «Инро Аҳмад ва Баззор пурратар аз ин ривоят кардааст ва Табаронӣ дар «Қисмат» баъзеи онро ривоят намудааст. Мардони санади он мӯътамад мебошанд». Онро Ҳофизи Ироқӣ саҳеҳ гуфтааст («Силсилаи ҳадисҳои саҳеҳ», 1/9 ва «Фатҳурраббонӣ-и Суютӣ 3/10).

[33] Ҳадис саҳеҳ аст. Дар «Фазилатҳои саҳобагон» аз Амра духтари Артааи Адавӣ омадааст, ки мегӯяд: «Ман дар он соле, ки Усмон кушта шуд, ҳамроҳи Оиша ба тарафи Макка баромадем. Чун аз Мадина мегузаштем, ҳамон мусҳаферо дидем, ки чун Усмон кушта шуд, он дар доманаш буд. Аввалин қатраи хуни ӯ, ки рехта шуд, дар болои ин оят буд «Пас ба зудӣ Худованд бароятон кофист ва ӯ шунаво ва доност» («Бақара», 137), пас ҳеҷ касе аз қотилони ӯ табиӣ намурд». Муҳаққиқ мегӯяд: «Санади он саҳеҳ аст», (1/501 рақами 817).

[34] Ҳадис саҳеҳ аст. Аз Оиша (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд: «Эй Усмон! Шояд Худованд туро ҷомае бипӯшонад, пас агар хостанд онро аз тани ту баркашанд, ту онро кашида ба онҳо мадеҳ». Инро Тирмизӣ ва Ибни Моҷа ривоят кардаанд. Тирмизӣ мегӯяд: «Дар ин ҳадис қиссаи дарозест ва ҳадис ҳасан ва ѓариб аст». Муҳаққиқ мегӯяд: «Санади он саҳеҳ аст ва дар «Муснад» (6/114) равиши дигари он омадааст («Мишкотул масобеҳ», 3/238).

[35] Ҳадис ҳасан аст. Бусайро мегӯяд: «Онро Абӯяъло ва Баззор бо санади ҳасан ривоят кардаанд» («ал-Матолибулъолия», 4/21). Ҳайсамӣ мегӯяд: «Онро Табаронӣ ва Баззор кӯтоҳ ривоят кардаанд ва мардони Баззор мардони саҳеҳ мебошанд, ба ѓайр аз Ҳунайд ибни Алқосим ва  ӯ мӯътамад аст». (2708). Ҳоким инро ривоят мекунад (3/554)

[36] «аш-Шифо» (1/338) дар ҳадисе, ки онро Тирмизӣ ва Ҳоким аз Ҳасан ибни Алӣ ривоят кардаанд ва Байҳақӣ онро аз Саъид ибни Мусаяд мурсал ривоят кардааст,   дар санади он заъф дида мешавад (Алиқорӣ, 1/683. «ал-Хафоҷӣ», 1/179).

[37] Асли ҳадис ин аст, ки Муовия обдонеро баъди Абӯҳурайра гирифта, дунболи Паёмбар (с.а.в) рафт. Абӯҳурайра инро шикоят кард. Замоне ки Муовия барои Паёмбар  (с.а.в) оби таҳорат мерехт, Паёмбар (с.а.в) сари худро як ё ду бор ба тарафи ӯ бардошт ва ба ӯ гуфт: «Эй Муовия, агар коре ба ту супорида шавад, пас ту аз Худованди мутаол битарс ва адлро пеша бигир». Муовия мегӯяд: «Ман ба сабаби ин гуфтаҳои Паёмбар (с.а.в) ҳамеша мунтазир будам, ки ба чӣ гирифтор мешавам, то ин ки ба ин кор гирифтор шудам». Ҳайсамӣ (5/186) мегӯяд: «Ин ҳадисро Аҳмад ривоят мекунад ва мардони он мардони саҳеҳ мебошанд» ва онро Абӯяъло аз Саъид ибни Муовия ривоят кардааст ва мардони он саҳеҳ мебошанд. Ниг. «ал-Матолибулъолия», (4085).

[38] «аш-Шифо» (1/338). Онро Тирмизӣ ва Ҳоким аз Ҳасан ибни Алӣ ривоят кардаанд ва Байҳақӣ онро аз Абӯҳурайра ривоят кардааст, (Алиқорӣ 1/684). Маънои ин ҳадисро метавонӣ дар «Саҳеҳи «Ҷомеъус-саѓир» (412) ва «ал-Матолибулъолия» (4531) пайдо намоӣ.

[39] Абӯяъло аз Абӯзар ривоят мекунад, ки Паёмбар  (с.а.в) фармуданд: «Аввалин касе, ки равиши маро дигар мекунад, мардест аз хонадони Умайя». («Саҳеҳи «Ҷомеъус-саѓир», 2579). Муҳаққиқ мегӯяд: «Ҳадис ҳасан аст»  («Силсилаи ҳадисҳои саҳеҳ», 1749) ва дар тавзеҳи ин ҳадис мегӯяд, ки манзур аз он мард Язид аст, ҳамчуноне ки дар «ал-Матолибулъолия» омадааст (4527, 4529).

[40] «аш-Шифо» (1/338). Дар «Муснад»-и Имом Аҳмад (1786, 2/216-218) аз ҳадиси Абӯмайсара аз Аббос омадааст: «Шабе ман дар ҳузури Паёмбар (с.а.в)  будам. ӯ (с.а.в) гуфт: «Бингар оё дар осмон ситорае пайдо мекунӣ». Гуфтам: «Бале». Гуфт: «Чиро мебинӣ?».   Гуфтам: «Сураёро мебинам». Гуфт: «Аммо дониста бош, ки замоне ин умматро ба теъдоди он аз насли ту сарварӣ мекунанд ва ду нафари он дар фитна мебошанд». Ҳайсамӣ (5/186)  мегӯяд: «Ин ҳадисро Аҳмад ва Табаронӣ ривоят мекунанд ва дар санади он Айсара мавлои Аббос омадааст ва ман ӯро намешиносам, магар дар тарҷумаи Абӯқабил ва боқӣ дигар мардони Аҳмад мӯътамад мебошанд». Аллома Аҳмад Шокир дар бораи ин ҳадис мегӯяд: «Исноди он саҳеҳ аст». Суханони ӯро метавонӣ дар «Муснад»-аш пайдо намоӣ. Ин ҳадисро Ҳоким ихроҷ кардааст (3/326) ва Хатиб дар «Таърихи Баѓдод» (11/96-97). Заҳабӣ мегӯяд: «Ин ботил аст». Ҳофиз дар «Лисонулмизон» ба ин таълиқ намудааст.

[41] Онро Бухорӣ дар боби «Фитнаҳо» ривоят кардааст (5/15) ва Муслим (40/2207 бо рақами 2880) ва ҳамчунин Бухорӣ дар боби «Маноқиб» (4/241).

[42] Инро шайхайн ривоят кардаанд («ал-Хафоҷӣ” 3/209 ва Алиқорӣ 1/699) ва «Ҳилятулавлиё» (1/94).

[43] Аз Абӯҳурайра ривоят шудааст, ки «Паёмбар (с.а.в) дар ҳамон рӯзе, ки Наҷҷошӣ даргузашт, ѓамгин гардид ва ба тарафи намозгоҳ рафт ва бо мардум саф гирифта, чор такбир намуд». Инро Бухорӣ дар боби «Ҷаноза», боби «Фазилати саҳобагони Паёмбар (с.а.в)» ва дар боби «Марги Наҷҷошӣ» ривоят мекунад. Онро ҳамчунин Муслим, Аҳмад, Молик, Шофеӣ, Байҳақӣ ва Абӯдовуд ривоят кардаанд.

[44] Онро Бухорӣ (5/15) ва Абӯдовуд ва Тирмизӣ аз Анас ва Тирмизӣ аз Усмон ва Аҳмад ва Абӯяъло дар санадаш ва Ибни Ҳаббон аз Саҳл ибни Саъд ривоят намудаанд.

[45] Муслим ривоят мекунад, ки  аз Абӯҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд: «Ором бош, эй Ҳиро. Дар рӯйи ту танҳо Паёмбар (с.а.в) аст ё сиддиқ ва ё шаҳид», инро замоне гуфт, ки дар рӯйи он худи Паёмбар (с.а.в) , Абӯбакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр, Саъд Ибни Абӯваққос буданд. Ривояти дигаре ба ин монанд вуҷуд дорад (4/1880): «Ором бош, эй Ҳиро, ки дар рӯйи ту Паёмбар (с.а.в) аст ё сиддиқ ё шаҳид». Инро Аҳмад аз Анас аз Абӯҳурайра ривоят мекунад ва Табаронӣ дар «ал-Кабир» онро аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунад. Ин ҳадиси саҳеҳ аст («Саҳеҳи «Ҷомеъуссаѓир», 1/97 бо рақами 130).

[46] Ҳадиси саҳеҳ аз «аш-Шифо» 1\340.   Аз Оиша (р) ривоят шуда аст: «Паёмбар (с.а.в)  дар вақти бемории худ Фотима, духтарашро ба назди худ хонд, ба ӯ чизе гуфт. ӯ гирён шуд, сипас дубора ба гӯшаш хабаре гуфт, ки ӯ хушҳол шуд. Ман ӯро пурсидам, Фотима ба ман чунин гуфт: «Ба ман хабар дод, ки дар ин беморӣ вафот мекунам ва ман гирён шудам. Сипас ба ман хабар дод, ки ман аввалин касе мебошам, ки ба ӯ мепайвандам, ман аз ин хушҳол шудам». Инро Имом Бухорӣ (4\248, 5\26) ва Имом Муслим (4\1904, зери рақами 2450), Имом Аҳмад дар «Муснад»-и худ (6\77, 240,282,283) ва Тирмизӣ дар маноқиб ривоят намудаанд.

[47] Ҳадиси ҳасан аст  («аш-Шифо» 1\343) дар ҳадисе, ки онро Аҳмад ибни Роҳавия, Ибни Абӯусома ва Байҳақӣ ривоят намудаанд (Али Қорӣ 1\701). Ҳофиз ибни Касир ин ҳадисро аз ҳадиси дарозе, ки дар он сухани Ибни Масъуд аст, ҳангоме  ки ҷанозаи Абӯзарро дид, гуфт: «Паёмбар (с.а.в)  рост мегӯяд, Худо Абӯзарро раҳмат кунад, ки ӯ танҳо меравад ва танҳо зиндагӣ мекунад ва танҳо мемирад. Сипас пиёда шуда ва бо дастони худ ӯро ба гӯр супорид». Санади он ҳасан аст ва таҳриҷ нашудааст («Бидоя ва ниҳоя» 5\8,9). Ҳофиз ибни Ҳаҷар ин ҳадисро дар «ал-Маматолибулъолия» (4\116 бо рақами 4109) зикр намудааст. Бингар ба «ал-Исоба» (387,4\64), «Маҷмаъ» (9\332). Ҳайсамӣ мегӯяд: «Аҳмад ин ҳадисро бо ду роҳ ривоят кардааст ва ровиёни яке аз онҳо саҳеҳ мебошанд. Баззор ҳам ҳамин гуна бо ихтисор ривоят кардааст.

[48] Имом Бухорӣ, Муслим, ва Тирмизӣ онро аз Анас ривоят намудаанд ва Имом Аҳмад, Муслим, Насоӣ ва Ибни Моҷа аз Умми Ҳаром ривоят намудаанд («Саҳеҳи «Ҷомиъуссаѓир», 6\24 рақами 6620).

[49] Ҳадиси саҳеҳ.  Аз Асмоа бинти Абӯбакр (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудааст: «Дар Сақиф як дурӯѓгӯ ва як хунхор аст”, ривояти Аҳмад ва Муслим (4\1971) ва ибора аз ӯст.

[50] Ҳадиси саҳеҳ. Тирмизӣ мегӯяд: «Каззоб Мухтор ибни Абӯубайд ва хунхор, Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф аст («Ҷомиъулусул», 10\99 бо рақами 7567) зикр шудааст, ки Ҳишом ибни Ҳассон гуфт: «Куштаҳои Ҳаҷҷоҷ ҳисоб карда шуд ва таъдоди онҳо ба 120 ҳазор расидааст”. Тирмизӣ тахриҷ кардааст (т.521). Муҳаққиқ мегӯяд: «Санади ҳадис то Ҳишом ибни Ҳассон саҳеҳ аст («Ҷомиъулусул» 10\99, рақами 7568). Бо сабр кушта шудан, яъне бидуни ҷанг куштан ё зиндон шудан то марг.

[51] Ҳадиси саҳеҳ аст. Онро Имом Аҳмад ва писараш дар «Завоид»-и худ (4\235), Имом Бухорӣ дар «Таърихи саѓир» (139) ва Ҳоким ривоят намуда, фармуданд: «Санади ҳадис саҳеҳ буда, ба он Заҳабӣ мувофиқат кардааст».  Ҳадисро ҳамчунин Хатиб дар «Талхис» (1\91), Ибни Асокир   (16\223\2) ривоят кардаанд ва Имом Ҳайсамӣ онро дар «Маҷмаъ» (6\218) зикр намуда, мегӯяд: «Имом Аҳмад, Баззор ва Табаронӣ онро ривоят намудаанд ва мардони санадаш саҳеҳ мебошанд». Ибни Ҳайсамӣ ҳадисро дар «Таърих» (2\10\101, «Махтутуррибот») ва Ибни Қониъ дар «Муъҷам» (15\2) ривоят кардаанд. Имом Албонӣ ҳадисро дар аҳодиси заъиф ворид намуда, онро заиф мегӯяд…

[52] Имом Бухорӣ, Муслим ва Тирмизӣ аз Абӯҳурайра ривоят кардаанд: «Агар имон дар Сурайё бошад, онро мардоне аз аҳли Форс ба даст меоранд» ва дар Муслим ривояте аз ин қабил омадааст (Имом Бухорӣ дар китоби «Тафсири сураи «Ҷумъа» ин ҳадисро ривоят кардааст («Луълӯ ва марҷон» бо рақами 1650 тахриҷ кардааст).

[53] Ҳадиси хело заъиф аст. Ҳамон гуна ки дар «Силсилаи аҳодиси заъиф» (1\390-392) ва китоби «Тазкиратулмавзуъот» (112) баён шудааст. Имом Аҳмад ҳадисро ба ибораи тамриз ривоят кардааст ва Имом Таёлсӣ онро марфуъ бо ибораи ба ин монанд ривоят кардааст ва ҳадис намунаҳои зиёд дорад, ки онро Хатиби Баѓдодӣ дар таърихи худ ва Байҳақӣ дар «ал-Мадхал» ривоят намудаанд. Имом Тирмизӣ низ ҳадисро ривоят намуда  ҳадиси ҳасан хондааст онро. Имом Аҳмад бо дигар ибора онро мегӯяд ва ин ҳадис ба Имом Шофеӣ, чунончӣ Аҳмад ва дигарон гуфтаанд, рост меояд. Имом Байҳақӣ ва Ибни Ҳаҷар гуфтаанд: «Роҳҳои ҳадис агар бо якдигар зам шаванд, қувват пайдо мекунанд ва маълум аст, ки ҳадис асл дорад» (бо ихтисор аз «Кашфулхаффо» 2\53-54).

[54] Ҳадиси саҳеҳ . Бингар ба ҳошияи (10) аз ишораи панҷ.

[55] Ҳадиси ҳасан. Имом Абӯдовуд ва Ҳоким аз Ибни Умар ривоят намудаанд, («Саҳеҳи «Ҷомеъуссаѓир» бо завоидаш 4\150). Имом ибни Ҳаҷар ба ҳасан будани он ишора намудааст, ҳамчуноне ки дар «Мишкот» баён шудааст (3\305).

[56] Дар ҳадисе, ки Имом Аҳмад ривоят намудааст «ал-Фатҳур раббонӣ лиссоъотӣ» (23\134) Суютӣ мегӯяд: «Имом Ҳоким бо иловае дар «Мустадрак» онро ривоят намуда, санадашро саҳеҳ гуфтааст ва онро тахриҷ накардаанд». Имом Заҳабӣ баъд аз Ҳоким мегӯяд: «Ҳакам Ибни Муъинро ваҳмӣ хондааст». Ҳайсамӣ мегӯяд: «Ҳадисро Абдуллоҳ, Баззор бо ихтисор ва Абӯяъло аз ӯ комилтар ривоят намудааст ва дар санади Абдуллоҳ ва Ибни Муъин Ҳакам ибни Абдулмалик мебошад ва ӯ заиф аст. Дар санади Баззор, Муҳаммад ибни Касири Қурайшии Куфӣ мебошад, ки ӯ низ заиф аст»

( «Маҷмаъуззавоид», 9\133). Табрезӣ дар «Мишкот» ба Имом Аҳмад нисбат додааст (3\246 рақами 693) Муҳаққиқ мегӯяд: «Ҳадисро Абдуллоҳ дар завоиди «Муснад» (1\160) ривоят намуда, санади онро заиф арзёбӣ намуданд, ҳадиси бо ин маъно ва бо санади дигари саҳеҳ омадааст. Аз Аби Саввор ривоят аст, ки    Алӣ (р) гуфт:  «Мардуме манро дӯст медоранд, то он ки вориди Дӯзах мешаванд ва қавме манро бад дида, бо ин бад дидан вориди Дӯзах мешаванд», Имом Аҳмад ин ҳадисро дар «Фазоилуссаҳоба» ривоят кардааст. Муҳаққиқ мегӯяд: «Санади ҳадис саҳеҳ аст» (565 рақами 952).

[57] Дар ҳадиси Паёмбар (с.а.в) омадааст, ки «Онҳо набаз доранд ва рофиза номида мешаванд», қисме аз ҳадисе, ки Табаронӣ аз Ибни Аббос ривоят кардааст, санади он ҳасан мебошад («Маҷмаъуззавоид» 10\22). Ҳадис бо чандин роҳ ва бо ибораҳои гуногун ривоят шудааст, бингар масдари гузашта ва «ал-Фатҳурраббонӣ лиссоъиди»-ро (24\20-21) ва ҳамчунин «Муснад»-и таҳқиқнамудаи Аҳмад Шокирро (2\137 бо рақами 880) ӯ санади ҳадисро аз роҳи Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб заиф мегӯяд.

[58] Ҳадиси саҳеҳ. Тирмизӣ аз Ибни Умар ривоят кардааст (2262 таҳқиқи Аҳмад Шокир) ва мегӯяд: «Ин ҳадис ѓариб, яъне заиф мебошад ва муҳаққиқи «Ҷомиъул-усул» онро мутолиа намуда, муваффақ нашудаанд» (10\40 рақами 7503). Пас, ҳадис ҳадиси саҳеҳ буда, онро муҳаққиқи «Ҷомиъуссаѓир» саҳеҳ мегӯяд (813) ва онро дар зумраи аҳодиси саҳеҳа гузоштааст (954)… Ҳадис намунае дигаре дорад аз ривояти Абӯҳурайра, ки онро Ҳасамӣ дар «Маҷмаъ» (10\237) ривоят намуда гуфтааст: «Ҳадисро Табаронӣ дар «Алавсат» зикр намуда, санади он ҳасан мебошад».

[59] Паёмбар (с.а.в) дар рӯзи Хайбар гуфтанд: «Фардо парчамро ба касе месупорам, ки Худованд бо дастони ӯ фатҳро меорад, ӯ Худову Паёмбар (с.а.в)ро дӯст медорад ва Худову Паёмбар (с.а.в) низ ӯро дӯст медоранд…». Ин ҳадисро Имом Бухорӣ дар «Маѓозӣ», боби «Ѓазваи Хайбар» (5\171), дар «Ҷиҳод», боби «Дуои Паёмбар (с.а.в) ба Ислому Паёмбарӣ», боби «Фазилати касе, ки ба дасти ӯ шахсе имон биоварад ва дар «Фазоили  асҳоби Паёмбар (с.а.в)», боби «Алӣ ибни Абӯтолиб» ривоят намудааст. Имом Аҳмад низ ҳадисро ривоят намудааст (5\333). Ин ҳама ривоятро аз ҳадиси Саҳл ибни Саъд ривоят кардаанд. Ҳамчунин ин ҳадисро Имом Бухорӣ (7\366), Муслим (рақами 1807) ва Аҳмад аз ҳадиси Салма ибни Акваъ ривоят намудаанд.

[60] Ҳадиси заъиф. Имом Суютӣ дар «ад-Дуррулмунтасира» (118) онро зикр намудааст: «Алӣ дарвозаи Хайбарро бардошта буд». Имом Ҳоким бо санади худ аз Ҷобир бо иборае ривоят кардааст, ки: «Алӣ (р) баъд аз оне, ки ба қалъа даст ёфтанд, яке аз дарвозаҳои онро канда, ба замин андохт, сипас ҳафтод мард ҷамъ шуданд ва бо машаққат дарро ба маконаш баргардониданд”. Суютӣ мегӯяд: «Ибни Исҳоқ дар китоби сирати худ аз Ибни Рофиъ ривоят мекунад: «Ҳафт нафар онро ба дигар паҳлӯ гардонида натавонистанд…». Рофиъ, ходими Паёмбар (с.а.в), ровии ҳадис мегӯяд: «Ман бо нафароне, ки ҳаштуми онҳо будам, кӯшиш намудем, то он дарро ба дигар паҳлӯ баргардонем, вале муваффақ нашудем». Ривоятҳои дигар хело бисёранд, аммо аз заъф дур нестанд, бингар «ал-Бидоя ванниҳоя»-и Ибни Касир (4\189-190). Ва «Кашфулхафо» (1168).

[61] Имом Аҳмад, Бухорӣ, Муслим, Абӯдовуд ва Тирмизӣ ин ҳадисро аз Абӯҳурайра ривоят намудаанд («Саҳеҳи «Ҷомиъус саѓир» ва зиёдоти он 6\174 рақами 7294).

[62] «аш-Шифо» (1\339). Имом Муслим аз Умми Салама бо ибораи «Гурӯҳи боѓӣ Амморро мекушанд” ривоят кардааст (4\2236) ва ҳамчунин аз Умми Салама бо ибораи «Туро гурӯҳи боѓиён мекушад” дар китоби «Фитнаҳо ва аломоти қиёмат» (4\2236 рақами 2916) ривоят намудааст. Имом Аҳмад аз Абӯсаъиди Худрӣ аз Абӯқатода бо ҳамин ибора ривоят намудааст («Фатҳурраббонӣ», 22\330). Имом  Бухорӣ ин ҳадисро ба ѓайри ибораҳои гузашта дар китоби «Намоз», боби «Кӯмак дар сохтмони Масҷид» ва дар китоби «Ҷиҳод», боби «Масҳи чанг ё хок аз сар» (1\112) ривоят кардааст. Имом Суютӣ ин ҳадисро дар  ҷумлаи аҳодиси мутавотире, ки тақрибан аз сӣ саҳобӣ ривоят шудааст, ривоят намудааст «Фатҳурраббонӣ» (23\142). Бингар ба «ан-Назмулмутаносир фил ҳадисил мутавотир» (126) шомил намуда.

[63] Дар ҳадисе, ки Имом Бухорӣ (4\238), Муслим (4\2218), Тирмизӣ ва дигарон ривоят кардаанд ва аз Ҳузайфа низ ривоят омадааст: «Туро ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад. Миёни ту ва хатар дарвозаи муҳкаме вуҷуд дорад».

[64] Имом Байҳақӣ ва шайхи ӯ, Ҳоким аз Ҳасан ибни Муҳаммад ҳадисро ба таври мурсал ривоят кардаанд (Алӣ Қорӣ 1\704), Хафоҷӣ (3\218). Ҳофиз онро дар «Исоба» ворид намудааст (3573,2\93-94). Байҳақӣ онро дар «ад-Далоил» нисбат додааст. Ҳоким ин ҳадисро тахриҷ намудааст (4\282). ӯ ва Заҳабӣ бар он хомӯш истодаанд.

[65] Ривояти Байҳақӣ (Алиқорӣ 1\703) Имом Ҳофиз онро дар «ал-Исоба» бо рақами (3115) ворид намудааст.

[66] «аш-Шифо» (1\344) боз ба «ал-Исоба» назар намо.

[67] Имом Бухорӣ (4\254), Муслим дар ҷои ҳалок шудани мурдани онро (4\2236,2237) ривоят намудаанд. Имом Тирмизӣ мегӯяд: «Ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст», («Таҳфатулаҳвазӣ», 6\462,463) ҳама аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд.

[68] Ҳадиси саҳеҳ:. Байҳақӣ онро ривоят кардааст (“Ҳафоҷӣ” 3\211 Алиқорӣ 1\700). Аз Даҳя ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд: «Ба назди сардоратон рафта, ӯро хабар диҳед, ки Парвардигори ман худои ӯро имшаб куштааст», яъне Қайсарро. Ин ҳадисро Абӯнаъим ривоят намудааст (Саҳеҳи «Ҷомиъуссаѓир» ва зиёдоти он (875). Муҳаққиқ мегӯяд: «Ҳадис саҳеҳ аст.» («Силсилаи аҳодиси саҳеҳа», 1427).

[69]  Асли ҳадисро Бухорӣ дар тафсири сураи «Мумтаҳана» ривоят кардааст (5\184-185). Муслим дар боби «Фазоили саҳоба» бо рақами (2494) ривоят кардааст. Абӯдовуд, Аҳмад ва Тирмизӣ аз ҳадиси Алӣ ривоят намудаанд (1\80).

[70] Дар ҳадисе, ки Ҳоким, Байҳақӣ ва Ибни Исҳоқ онро бо роҳҳое, ки санадаш саҳеҳ аст, ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3\193) (Алиқорӣ 1\664). Дар «Канзулуммол» зикр шудааст ва онро ба Ибни Асокир нисбат додааст (438-439) Аммо ӯ шарте гузоштааст, хулосаи  он чи, ки ба Ибни Асокир нисбат шудааст, аз ҷумлаи ҳадисони заиф аст (1\10). Суютӣ дар «Хасоис» мегӯяд: «Ибни Исҳоқ ва Абӯнаъим бо дигар роҳҳо ҳадисро мурсал таҳриҷ намудаанд (1\366).

[71] “Хафоҷӣ” (3\219-220). Қисми аввали ҳадисро Ибни Ҳаҷар дар «ал-Матолибулолия» зикр намудааст (4366). Аммо гуфтугӯи сардорони қурайшро муҳаққиқи «Зодулмеъод» (3\409-410) ба Ибни Ҳишом нисбат додааст (2\413).

[72] Имом Аҳмад ва Ҳоким аз Ибни Аббос ин ҳадисро ривоят кардаанд ва онро саҳеҳ шуморидаанд. Байҳақӣ ҳадисро аз Оиша (р) бо санади саҳеҳ ривоят кардааст (Хафоҷӣ 3\206, Алиқорӣ 1\699). Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъ» мегӯяд: «Аҳмад ривоят кардааст ва дар он як ровие омадааст, ки номаш зикр нагардидааст ва бақияи ровиён ҳама мӯътамад мебошанд (6\85).

[73] «аш-Шифо» (1\343), (хафоҷӣ 3\207).

[74] Асли ҳадисро Бухорӣ дар китоби «Тиб» ва китоби «Адаб» ривоят мекунад (4\148). Ривояти Муслим (4\1719-1720 бо рақами 2189). Ибни Моҷа бо дигар ибора онро ривоят намудааст (3545 дар китоби «Тиб», 31 ва боби «Ҷоду», 45). Имом Аҳмад ҳадисро аз Зайд ибни Акқам (4\367) ва аз Оиша (6\ 57, 63, 97) бо ибораҳои гуногун ривоят кардааст. Бингар ба таълиқоти муҳаққиқи «ал-Мишкот» алал ҳадис (3\174 рақами 5793).

[75] «аш-Шифо» (1\342). Табаронӣ ин ҳадисро аз Рофиъ ибни Худайҷ бо санади саҳеҳ ривоят кардааст (Хафоҷӣ 3\203). Хабар додани Паёмбар (с.а.в) аз Дӯзах ва рафтани яке аз онҳо дар «Маҷмаъ» омадааст (8\289-290). Дар санади ҳадис Воқидӣ омада аст ва ӯ заиф мебошад, дар «Маҷмаъ» низ бо ҳамин маъно аз Авс ибни Холид ривоят шудааст. Ҳайсамӣ мегӯяд: «Табаронӣ онро ривоят кардааст, аммо Авс ибни Холид аз ӯ ѓайр аз Алӣ ибни Зайд дигар касе ривоят накардааст ва дар хусуси ҳарду сухан зиёд аст ва боқии мардони ровӣ ҳама саҳеҳ мебошанд. Муслим аз Абӯҳурайра ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в) фармудааст: «Дандони кофир дар Дӯзах мисли кӯҳи ӯҳуд аст ва пӯсти кофирро чунон ѓавс мегардонад, ки миқдори масофаи он серӯза роҳ аст» (4\2189). Бингар ба «Мишкот» (3\603).

[76] «аш-Шифо» (1\342).

[77] «аш-Шифо» (1\342, 343). Асли ҳадис дар «Маҷмаъуззавоид» аст (8\286, 287). Ҳайсамӣ мегӯяд: «Табаронӣ ин ҳадисро ривоят кардааст ва ровиёни он саҳеҳ буда, ҳадис намунаҳои дигар низ дорад. Дар «Маҷмаъ» низ аз ҳадиси Муҳаммад ибни Ҷаъфар ибни Зубайр ривоят шудааст (8\284, 286). Ҳайсамӣ мегӯяд: «Табаронӣ ҳадисро мурсал ривоят карда, санади он хуб аст». Бо ифодаи Ҳайсамӣ ин ҳадис аз Урва ибни Зубайр бо санади ҳасанун мурсал ривоят шудааст. Бингар ба «ал-Бидоя ваннниҳоя» (3\313).

[78] Дар «аш-Шифо» (1\344) ҳамон гуна Исҳоқ ва Байҳақӣ ривоят кардаанд, (хафоҷӣ 3\218). Ҳамчунин дар «Зодулмиъод», таҳқиқи Арноут (5\538-539) омада. Муҳаққиқ мегӯяд: «Ибни Ҳишом (2\526) ва Ибни Кассир (4\30) ҳадисро ривоят кардаанд».

[79] «аш-Шифо» (1\345). Байҳақӣ аз Заҳабӣ ривоят кардааст (Хафоҷӣ 3\220) (Алиқорӣ 1\706) («ал-Бидоя ванниҳоя» 3\96-97).

[80] Ҳадисҳои зиёде дар мавриди ҳалок шудани ин уммат аз вабо ривоят шудааст, бингар ба ривояти Бухорӣ аз Ибни Аббос ва Абдураҳмон ибни Авф (7\167). Муслим низ аз ӯ ривоят кардааст (4\1740 бо рақами 2219). Имом Аҳмад ва Молик низ ривоят намудаанд («ал-Фатҳурраббонӣ лиссоъотӣ», 23\86).

[81] Ҳадиси саҳеҳ. Дар ҳадиси Анас (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудаст: «Эй Анас! Мардум шаҳрҳоро бунёд мекунанд ва яке аз он шаҳрҳо Басра ном дорад», ривояти Имом Довуд (Саҳеҳи «Ҷомиъуссаѓир» бо зиёдоташ 6\268 бо рақами 7736 ва муҳаққиқ онро саҳеҳ мегӯяд). Дар «Мишкот» бо рақами (5433) дарҷ шудааст. Абӯдовуд аз Абӯбакр ривоят кардааст. Муҳаққиқ санади ҳадисро хуб гуфтааст.

[82] Дар «Шифо» (1\344) чунин омадааст: «Байни Даҷла, Дуҷайла, Қатрбил ва Сирот шаҳре бунёд мешавад, ки хазинаҳои замин ба он ҷамъ карда мешавад» ва муродаш Баѓдод аст». Абӯнаъим аз Ҷарир ва хатиби Баѓдодӣ дар таърихи худ (Алиқорӣ 1\703) ривоят кардааст. Ибни Касир ин ҳадисро дар «ал-Бидоя» аз роҳҳое, ки онро зиъиф ва ѓайри саҳеҳ гуфтаанд, ривоят кардааст (10\102).

[83] «аш-Шифо» (1\344) аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудааст: «Қиёмат барпо намешавад, то он ки бо турк ҷанг намоед», ҳадисро Имом Бухорӣ, Муслим, Абӯдовуд, Тирмизӣ ва Ибни Моҷа ривоят намудаанд (Саҳеҳи «Ҷомиъуссаѓир» ва зиёдоти он 6\173).

[84] Ҳадиси саҳеҳ дар «аш-Шифо» (1\341). Баззор ва Табаронӣ бо санади саҳеҳ аз ҳадиси тӯлоние ривоят кардаанд (хафоҷӣ 3\193) (Алиқорӣ 1\692). Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ» мегӯяд: «Аҳмад, Баззор ва Табаронӣ  ин ҳадисро ривоят кардаанд ва ровиёни Аҳмад саҳеҳ мебошанд» (7\310).

[85] Имом Бухорӣ дар китоби «Мунофиқҳо» ривоят кардааст(4\242) ва ҳамчунин бо ибораи «ҳалок шуд» дар китоби «Фитан» аз Абӯҳурайра ривоят намудааст (9\60). Имом Аҳмад бо ин ибора ва бо дигар ибораҳо ривоят кардааст ((2\288, 292, 301, 304, 324, 377, 520, 536 ва дар 4\66 ва 5\38). Таёлусӣ бо рақами (2508) ривоят кардааст.

[86] Ривояти Бухорӣ (4\247), Муслим (4\1781 бо рақами 2274). Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудааст: «Ҳангоме ки ман хоб будам, дар хобам ду даспонаи тиллоӣ дидам, инҳо манро ҳайрон намуданд, сипас ба ман ваҳй нозил шуд, ки онҳоро пуф намо ва ман ҳам пуф намудам, онҳо парида шуданд, ман хобамро ба баромадани ду дурӯѓгу таъвил намудам, яке аз онҳо Ансӣ буд ва дигаре Мусайламаи каззоб, сардори Ямома».

[87] Аз Сурди Хазоъӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в) дар рӯзи Аҳзоб фармуд: «Ҳоло дигар мо ба онҳо ҳуҷум хоҳем кард, на онҳо ба мо». Бухорӣ (4109, 4110) ва Аҳмад (262) ин ҳадисро тахриҷ кардаанд.

[88] Дар ҳадисе, ки шайхайн ва Тирмизӣ ривоят кардаанд, зикр шудааст (3\306-307, тоҷ), дар Бухорӣ китоби «Фазилатҳои ёрони Паёмбар(с.а.в)», боби «Қавли Паёмбар (с.а.в): “Ҳама дарҳоро бандед, магар дари Абӯбакрро» ва боби «Ҳиҷрати Паёмбар (с.а.в) (с.а.в) ба Мадина», китоби «Масоҷид», боби «Дарича ва роҳгузаре   дар масҷид» баён шудааст. Дар Муслим зери рақами (2382) ва дар Тирмизӣ аз ҳамин тариқ, аммо бидуни ин ибора баён шудааст (3661) (таҳқиқи Аҳмад Шокир).

[89] «аш-Шифо» (1\343) дар ҳадисе, ки Ибни Адӣ ва Байҳақӣ муснадан ривоят кардаанд, ривояти Байҳақӣ аз Алӣ нақл шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудааст: «Ҳар ки бихоҳад мардеро бинад, ки баъзе узви баданаш аз ӯ пештар ба Биҳишт меравад, пас бингарад ба Зайд ибни Савҳон». Дар санади ин ҳадис Ҳузайл ибни Билол аст, ки ӯро Байҳақӣ заъиф хондааст (Алиқорӣ 1\70 ва Хафоҷӣ 3\214). Ҳайсами мегӯяд: «Ин ҳадисро Абӯяъло ривоят кардааст ва дар санади он шахсест, ки ман намедонам» (9\397). Ибни Ҳаҷар дар «Матолибулъолия» ҳадисро ба Абӯъяло нисбат додааст (4\91 бо рақами 4048). Муҳақиқ мегӯяд: «Бусайро дар бораи ин ҳадис хомӯш истодааст».

[90] Ин ҳадисро имом Бухорӣ (4/234-235) ва Муслим (2045) ривоят кардаанд.

[91] «аш-Шифо» (1/292). Онро Табаронӣ ривоят карда, мегӯяд дар санади он касонеанд, ки ман онҳоро намешиносам («ал-Маҷмаъ» 8/303) ва Хафоҷӣ нисбати онро ба Байҳақӣ илова намудааст (3/33) ва Алиқорӣ (1/604).

[92] Бухорӣ онро дар боби «Ширкат»,  боби «Ширкат дар таом» ва ҳамчунин дар боби «Ҷиҳод», боби «Бурдани таом дар ҷанг» зикр намудааст ва Муслим онро бо рақами (1729). Ҳадиси Абӯҳурайра ва Умар (р)-ро Муслим бо рақами (27) овардааст.

[93] Имом Бухорӣ онро дар боби «Ҳиба», боби «Қабул намудани ҳадя аз мушрикон» боби «Савдо», боби «Хариду фурӯш бо мушрикон ва бегонагон», дар боби «Таомҳо» ва ҳамчунин дар боби «Он ки то сер кардан мехӯрад», овардааст. Муслим (2057) ва Аҳмад («ал-Фатҳураббонӣ»-и Суютӣ 22/55).

[94] Онро Бухорӣ дар боби «ал-Маҷозӣ», боби «Ҷанги Хандақ», боби «Ҷиҳод» ва боби «Ононе, ки бо форсӣ ҳарф мезананд», овардааст  ва Муслим (таҳти 3029).

[95] Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Абӯталҳа ба Умми Сулайм гуфт, ки садои Паёмбар  (с.а.в)-ро хело заиф мешунавам ва медонам, ки ӯ гурусна аст. Пас, оё чизе дар хона доред? Гуфт, ки бале. Пас, чанд бурда нони ҷавиро баровардаму ва ба назди Паёмбар (с.а.в) рафтам. Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Оё Абӯталҳа туро фиристод?». Гуфтам: «Бале». Пас ӯ ба ононе, ки бо мо буданд гуфт: «Бархезед». Ман ба назди Абӯталҳа омада, ин хабарро ба ӯ расонидам. Абӯталҳа гуфт: «Паёмбар (с.а.в) бо мардум ин ҷо меоянд ва мо дар хона чизе надорем, то онҳоро бихӯронем». Гуфт: «Худо ва Паёмбараш беҳтар медонанд». Паёмбар (с.а.в) ворид шуд ва гуфт: «Эй модари Сулайм, ҳар он чи дорӣ, биёр». Он бурдаҳои нони ҷавинро овард. Пас, он бурдаро пора намуда, дар он каме об рехт ва чизе дар он мехонд ва сипас гуфт: «Барои даҳ нафар иҷозати ворид шудан деҳ», ҳатто онҳо даромаданд ва ҳама хӯрданду сер шуданд ва мардум ҳафтод ё ҳаштод нафар буданд. Бухорӣ (4/234-235) Муслим дар боби «Нӯшокиҳо» 2040 ва ибора аз Бухорист)  ҳамчунин онро Аҳмад ривоят мекунад («ал-Фатҳураббонӣ»-и Суютӣ, 22/59) ва дигарон.

[96] Онро Муслим ривоят мекунад (2281).

[97] Ҳадис саҳеҳ аст. Аз Самра ривоят шудааст, ки мегӯяд, ки мо ҳамроҳи Паёмбар (с.а.в) (с.а.в) будем ва аз як коса тановул мекардем ва ин корро аз субҳ то шаб давом додем. Даҳ нафар менишастанд ва даҳ нафар бармехестанд. Пас мо гуфтем: «Аз куҷо мадад мегирад?» Гуфт: «Шумо аз чӣ тааҷҷуб мекунед? Мададро танҳо аз он ҷо мегирад» ва бо дастони худ тарафи осмон ишорат намуд. Инро Тирмизӣ ривоят мекунад (2629 таҳқиқи аҳмад Шокир) ва мегӯяд  ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст ва муҳаққиқи «Ҷомеулусул» онро тасдиқ намудааст (8913). Ҳадисро Дорамӣ тахриҷ намудааст бо рақами (157/32-33). Ҳоким онро тасҳеҳ намудааст ва Заҳабӣ бо он мувофиқат намудааст ва муҳақиқи «Мишкот» ҳардуро таъйид намудааст (5928).

[98] «аш-Шифо» (1/293) (Алиқорӣ 1/606). Маънои ҳадис дар «Маҷмаъ»-и Ҳайсамӣ аз Абӯҳурайра омадааст (8/308). Ҳайсамӣ мегӯяд: «Онро Табаронӣ дар «Авсат» ривоят кардааст ва тамоми мардони он мӯътамад мебошанд» ва ҳадисеро ба ин маъно аз Воила ибни Асқаъ (р) бо ду роҳ омадааст (8/305). Ҳайсамӣ дар аввалаш мегӯяд  аз Ибни Моҷа тарафи охири он омадааст. Онро ҳамчунин Аҳмад ривоят кардааст ва тамоми мардони он мӯътамад мебошанд. Дар ривояти дигараш мегӯяд: «Ҳамаи онро Табаронӣ бо ду санад ривоят кардааст ва санади он саҳеҳ аст».

[99] «аш-Шифо» (1/293). Онро Аҳмад ва Байҳақӣ бо санади хуб ривоят кардаанд (Хафоҷӣ 3/36). Онро Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ» овардааст (8/302-303). Мегӯяд: «Онро Баззор ривоят кардааст ва ибора аз они ӯст ва Аҳмад ба шакли кӯтоҳ ва Табаронӣ дар «Авсат» низ ба шакли кӯтоҳ овардааст ва мардони Аҳмад ва яке аз санадҳои Баззор саҳеҳ мебошанд, ба ҷуз Шарик, ки мӯътамад аст». Ҳайсамӣ ҳадисе ба монанди он овардааст (8/302) ва мегӯяд: «Онро Аҳмад ривоят кардааст ва тамоми мардони он саҳеҳ ҳастанд» ва ҳадисе ба ҳамин мазмун дар «Фазоилисаҳоба» омадааст (1220) ва ҳамчуноне ки муҳаққиқ мегӯяд, санади он саҳеҳ аст.

[100] «аш-Шифо» (1/297).

[101] «аш-Шифо» (1/294). Ибни Саъд онро мунқатиъ ривоят намудааст. Зеро Муҳаммад ва падари ӯ Алиро надидаанд. Пас сухани Ҳалабӣ, ки инро Боқир аз Алӣ ривоят кардааст, мурсал аст. (Алиқорӣ 1/608). Ҳадиси дигаре ҳаст, ки маънои ин ҳадисро шомил мешавад ва онро Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар «ал-Матолибулолия» (4/73 бо рақами 4001) овардааст ва муҳаққиқ онро ҳасан гуфтааст. Дар санади он Ибни Луҳайъа омадааст, ки ҳофизаи бад дошт ва ҳадисҳои ӯ ҳасан мебошанд ва бад будани ҳофизааш он қадар воҳимаангез нест. Саҳеҳ аст, агар аз яке аз Абдуллоҳҳо бошад, зеро ин вақте рух дод, ки ҳанӯз китобҳои ӯ оташ нагирифта буданд, ҳамчуноне ки Ҳофиз ва дигарон инро сароҳатан баён намудаанд. Аммо ба гуфтаи Абдуллоҳ ибни Солеҳ аз Ибни Луҳайъат ҳадиси Ҷобир саҳеҳ аст.

[102] Онро Имом Аҳмад бо ибораи дарозтар аз Дукин ривоят намудааст. Суютӣ мегӯяд: «Онро Абӯдовуд ривоят кардааст ва Мунзарӣ мегӯяд, онро Бухорӣ дар «Таърихи кабир» тахриқ намудааст. Дар «Муснад»-и Имом Аҳмад барои Дукин ривояти дигаре ѓайри ҳамин ривоят вуҷуд надорад. Имом Аҳмад онро аз чор роҳ нақл намудааст, ки пурратарини онҳо ҳаминест, ки мо онро овардаем ва санади он хуб аст. Абӯдоқд ва Манзарӣ дар бораи он сукут намудаанд» («Фатҳурраббонӣ», 22/58 ба таври мухтасар) Ҳайсамӣ мегӯяд: «Онро Азмад ва Табаронӣ ривоят намудаанд ва мардони санади Аҳмад ҳама саҳеҳанд» (8/304).

[103] Онро Бухорӣ ривоят кардааст (4/235) ва Аҳмад («Фатҳурраббонӣ», 22/60), «аш-Шифо» (1/295).

[104] «аш-Шифо» (1/295). Онро Ҳофиз ибни Касир дар таърихи худ овардааст ва онро ба Имом Аҳмад нисбат додааст. Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ низ ривоят кардааст ва онро аз ин лиҳоз ҳасан ва ѓариб номидааст («Фатҳурраббонӣ», 22/56). Онро Табрезӣ дар «ал-Мишкот» овардааст (3/191 бо рақами 5933) ва мегӯяд  онро Тирмизӣ ривоят кардааст. Муҳаққиқ мегӯяд: «Онро бо ибораи ѓариб заиф шуморидааст». Муҳаққиқи «Ҷомеулусул» онро ҳасан номидааст  ва ин ҳадис дар Тирмизӣ омадааст (бо рақами 3838 таҳқиқи Аҳмад Шокир). ниг. Ба «Маҷмаулфақоид» (12/481).

[105] Имом Бухорӣ онро дар боби «Иҷозат хостан», боби «Вақте мардеро даъват намуданду  омад, оё боз иҷозат мепурсад», боби «Риқоқ», боби «Ин ки ҳаёти Паёмбар (с.а.в) ва саҳобагони ӯ чӣ гуна мегузашт ва чӣ гуна даст аз дунё бардошта буданд» овардааст.   Ин ҳадис дар Тирмизӣ (2479 таҳқиқи Аҳмад Шокир) бо андак ихтилоқ дар аввали он омадааст ва дар он ёде аз сад мард наомадааст. Валлоҳу аълам.

[106] Имом Бухорӣ ин ҳадисро дар китоби “Таҳорат”, боби “Агар вақти намоз дарояд” ва ҳамчунин дар китоби “Анбиё”, боби “Нишонаҳои Паёмбарӣ дар ислом” ривоят намудааст. Имом Муслим дар ҳадиси (2279). Ҳадис бо ривоёти дигар бо ҳамин санад дар “Муватаъ” (1\32) зикр шудааст. Имом Насоӣ дар ҳадиси (1\60) ва Тирмизӣ дар ҳадиси (3635, таҳқиқи Аҳмад Шокир) ин ҳадисро ривоят намудаанд.

[107] Имом Бухорӣ онро дар китоби “Анбиё”, боби “Нишонаҳои Паёмбарӣ” ва дар китоби “Маѓозӣ”, боби “Ѓазваи Ҳудайбия” ва дар тафсири сураи “Фатҳ”, боби  “Замоне, ки бо ту дар зери дарахт байъат мекарданд” ва дар китоби “Нӯшиданиҳо”, боби “Нӯшидани баракат ва оби муборак” ривоят намудааст. Имом Муслим ин ҳадисро зери рақами (1856) ривоят кардааст.

[108] Қисме аз ҳадиси тӯлоние, аз тариқи Убода ибни Валид ибни Убода ибни Сомит аз Абиюср ва Ҷобир ривоят шудааст. Имом Муслим ин ҳадисро дар китоби “Зуҳд” (3006 то 3014), боби “Ҳадиси Ҷобир ва қиссаи Абиюср” ривоят кардааст.

[109] Бухорӣ ин ҳадисро дар китоби “Анбиё” (4\235), боби “Нишонаҳои паёмбарӣ” ривоят кардааст. Имом Тирмизӣ   (3637, таҳқиқи Аҳмад Шокир), Имом Нисоӣ низ онро бо ҳамин тариқ ва ба ибораи дигар ривоят кардаанд (1\60).

[110] Имом Муслим дар “Саҳеҳ”-и худ онро ривоят кардааст (4\1984, рақами 706).

[111] Ҳадиси Барроаро Имом Бухорӣ дар китоби “Анбиё”, боби “Нишонаҳои паёмбарӣ” ва дар “Маѓозӣ” ривоят кардааст (3\234) ва ҳадиси Салма ибни Акваъро дар   боби “Ширкат кардан дар таъом” ва ҳамчунин дар “Ҷиҳод”, боби “Гирифтани хӯрок дар ҷабҳа” ривоят намудааст. Ҳадисро Имом Муслим зери рақами (1729) ривоят кардааст. Имом Аҳмад низ ривоят кардааст (“Фатҳурраббони лиссоъотӣ”, 22\61).

[112] Сарлашкароне, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд, Зайд ибни Ҳорис, Ҷаъфар ибни Абӯтолиб ва Абдуллоҳ ибни Равоҳ мебошанд. Сабаби ин дар он аст, ки Паёмбар (с.а.в)  номае ба тарафи Басрӣ равон кард ва ӯ фиристодаи Паёмбар (с.а.в)-ро ба қатл расонид ва пештар аз он ҳеҷ фиристодаи ӯро накушта буданд. Пас Паёмбар (с.а.в) лашкареро омода намуда, парчами онро ба дасти Зайд дод ва мардумро барои итоати ӯ васият намуд. Ҳамчунин гуфт агар Зайд кушта шавад, пас амири шумо Ҷаъфар аст ва агар ӯ кушта шавад, амири шумо Абдуллоҳ ибни Раввоҳ аст (Хафоҷӣ 3/26). Аз тарҷумон.

[113] Ривояти Муслим 681, бо лафзи ба ин монанд аз ҳамин тариқ, Абӯдовуд ривоят кардааст (437-441).

[114] Имом Бухорӣ дар “Таяммум”, боби “Замини пок, оби кофӣ барои таҳорати мусалмон” ва боби “Таяммум як зарба аст”, дар “Анбиё”, боби “Нишонаҳои паёмбарӣ” ривоят кардааст. Ва ривояти Муслим (682).

[115] Ҳайсамӣ аз Ибни Аббос дар “Маҷмаъ” (6\194) ривоят намуда гуфтааст: “Ҳадисро Баззор ва Табаронӣ дар “ал-Авсат” ривоят кардаанд ва мардони ровии Баззор мавсуқ мебошанд. Ҳадисро ҳамчунин дар “Канзулуммол” (12\353) ба Ибни Ҷарир ва дар “Далоилунбувва” ба Ҷаъфари Ѓирёбӣ ва дар “Сунану шуъаб” ба Ибни Хузайма, Ибни Ҳаббон, Ҳоким ва Байҳақӣ нисбат додаанд. Пас ҳадис саҳеҳ ё ҳасан мебошад.

[116] Аз ҳадисе, ки Ибни Саъд аз Исҳоқ ибни Азрақ ривоят кардааст (“Хафоҷӣ” 3\29), («аш-Шифо” 1\290).

[117] Байҳақӣ ривоят намуд ва Ҳоким онро саҳеҳ гуфтааст (“Хафоҷӣ”, 3\128).

[118] Ниг. ба “Назмулмутаносир мин ал ҳадисил мутавотир,” саҳ.137.

[119] Ҳадиси ҳасан: “аш-Шифо” (1\302). Ҳайсамӣ онро дар “ал-Маҷмаъ” (9\10) ворид намуда фармудааст: “Баззор ва Абӯяъло инро ривоят намудаанд ва исноди Абӯяъло ҳасан аст”. Ва дар “Канзулуммол” (2\354) ҳадисро ба “ад-Далоил”-и Байҳақӣ нисбат додаанд ва иснодаш ҳасан мебошад.

[120] Ҳадиси саҳиҳ: “аш-Шифо” (1\298). Ва дар “Маҷмаъуззавоид” (8\292) Ҳайсамӣ гуфтааст: “Табаронӣ ривоят кардааст ва мардони ровии он саҳиҳ мебошанд”. Абӯяъло ва Баззор низ онро ривоят кардаанд. Ибни Касир онро дар “ал-Бидоя” (6\125) зикр кардааст ва онро ба Ҳоким нисбат додаанд. Ҳофиз мегӯяд, ки санади ин ҳадис хуб аст ва онро таҳриҷ накардаанд ва Имом Аҳмад онро ривоят накардааст. Ҳофиз ибни Ҳаҷар онро дар “ал-Матолиб” (4\16 рақами 3836) зикр намудааст. Муҳаққиқ мегӯяд: “Бусайро гуфта аст: “Абӯяъло ин ҳадисро бо санадаш дар саҳеҳи худ зикр намудааст ва Баззор, Табаронӣ ва Ибни Ҳаббон дар саҳиҳи худ низ зикр намудаанд”. Ва онро дар “Мишкот” (5925) ба Дорамӣ нисбат додаанд, ва муҳаққиқ онро саҳеҳ шумурдааст.

[121] “аш-Шифо” (1\299). Ҳайсамӣ онро дар “Маҷмаъ” (9\10) зикр намудааст ва дар он зикри саҷда нест ва гуфтааст: “Баззор ин ҳадисро ривоят кардааст ва дар санади он Солиҳ ибни Ҳайён аст, ки ӯ заъиф мебошад”. Хафоҷӣ гуфтааст: “Баззор ин ҳадисро бо иснод ривоят кардааст”, (3\49).

[122] Қисме аз ҳадиси тӯлоние, ки Имом Муслим дар китоби “Зуҳд”, боби “Ҳадиси Ҷобир, ки тӯлонӣ аст ва достони Абиюср” ривоят кардааст ( 3006- 3014).

[123] «аш-Шифо” (1\299) ба ѓайри санади Муслим (“Хафоҷӣ”, 3\51).

[124] Ҳадиси ҳасан: “аш-Шифо” (1\300). Ҳофиз онро дар “Матолиб” (4\8.10 рақами 3830) зикр намудааст. Ҳофиз ривояти Абӯяълоро чунин мегӯяд: “Санади он ҳасан ва дорои заъф низ мебошад, лекин аз тариқи Яъло назди Аҳмад намунае дорад. Муҳаққиқон гуфтаанд, ки аз ҷиҳати санад  ин ҳадис ҳасан аст ва Муъовия ибни Яҳёи Садафӣ заъиф мебошад, лекин ҳадис аз тариқи Яъло ибни Мурра намунае дорад. Ҳадисро Аҳмад ва ѓайри ӯ тахриҷ кардаанд. Бусайро мегӯяд: “Ҳадисро Абӯяъло бо исноди ҳасан ривоят кардааст, дар ин боб намунаҳо вуҷуд доранд”. Мегӯям: “Ҳайсамӣ дар “Маҷмаъ” (9\5,6) ҳадиси Яъло ибни Мурраро зикр намуда гуфтааст , ки Аҳмад ва Табаронӣ онро бо ду иснод ривоят намуда, яке аз ровиёни Аҳмад саҳиҳ мебошанд”.

[125] “аш-Шифо” (1\301). “Хафоҷӣ” (3\57).

[126] Ҳадиси саҳиҳ аст: “аш-Шифо” (1\301), дар ҳадиси саҳиҳе, ки Аҳмад, Табаронӣ ва Байҳақӣ онро ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ” 3\53), Ҳайсами онро дар “Маҷмаъ” (9\6,7) ривоят намуда фармудааст: “Табаронӣ низ он гуна ривоят намудааст, магар ин ки, ӯ гуфтааст  баъди он бар болои ду қабр омад ва иснодаш ҳасан аст”.

[127] Бухорӣ дар “Фазоили саҳобии Паёмбар (с.а.в)”, боби “Зикри ҷин ” ривоят кардааст. Муслим ҳадиси (450).

[128] Ҳадиси саҳиҳ. Тирмизӣ дар ҳадиси (3632, таҳқиқи Аҳмад Шокир) ривоят карда гуфтааст: “Ин ҳадис  ҳасан ва саҳеҳ аст”. Дар “Тӯҳфаулаҳвазӣ” (3707) омадааст: “Ин ҳадис ҳасан, ѓариб ва саҳеҳ аст”. Дар тасҳеҳи Тирмизӣ нигоҳе аст, дар санади ҳадис Шарик Қозӣ аст, ки дар бораи ӯ гуфтаниҳо вуҷуд дорад, лекин ҳадис намудҳое дорад, ки бо дигар алфозу санадҳо ривоят шуда, онро қавӣ мегардонад. Дар “ал-Маҷмаъ” (9\10) ҳадисро Абӯяъло ривоят кардааст ва мардони ровии он ҳама саҳеҳ мебошанд, ѓайр аз Иброҳим ибни Ҳуҷҷоҷ, ки ӯ мӯътамад аст. Ҳамчунин ҳадисро Абӯнаъим дар “Далоил” ба шакле, ки дар “Маҷмаъ” аст, ривоят кардааст ва ҳадис дар назди Аҳмад бидуни сиёқ аст. Аллома Аҳмад Шокир дар “Таҳқиқи муснад” (3\293) ҳадисро саҳиҳ гуфтааст.

[129] Ниг. китоби “ан-Нузуму алмутаносир фи ҳадиси алмутавотир,” 134-135.

[130] Саҳеҳул Бухорӣ (4/237-238), ва Насоӣ (3/102) ҳамаи ривоятҳо аз ҳадиси Ҷобир ба лафзҳои гуногун омадаанд.

[131] Саҳеҳ аст. Чуноне ки Тирмизӣ ривоят кардааст (3631, таҳқиқи Аҳмад Шокир) ва Тирмизӣ гуфтааст: “Ин ҳадиси ҳасану ѓариб аст ва   он аз Убай, Ҷобир, Ибни Умар, Саҳл ибни Саъд, Ибни Аббос ва модари Салама ривоят шудааст”. Ниг.  “Ҷомиъу алусул” (8899).

[132] Чуноне ки Шайхайн ривоя кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3/102).

[133] Саҳеҳ аст. Чуноне ки Шофеъӣ дар санадаш ривоят кардааст ва Ибни Моҷа ва Аддорамӣ ва Байҳақӣ (“Хафоҷӣ”, 3/62) ва Абдуллоҳ онро дар санадаш ривоят кардааст, бо каме иловаҳо. Дар он марде аст, ки номаш зикр нашудааст ва Абдуллоҳ писари Уқайл ва дар бораи он суханҳо аст, вале ӯ мӯътамад аст (“Туҳфату алаҳваз”, 3/22).

[134] Саҳеҳ Бухорӣ (4/237) ва Аҳмад (“ал-Фатҳуррабонӣ”, 22/49-50).

[135] Дар ривояти Ибни Аббос омадааст ки ба наздаш омаду ӯро ба оѓӯш гирифт, сипас он ором шуд ва гуфт: “Агар ман онро ба оѓӯш намегирифтам, то рӯзи қиёмат нола мекард». Аллома Аҳмад Шокир дар бораи санади ин ҳадис мегӯяд: “Санади он саҳеҳ аст.  : Ҳофиз ибни Касир дар таърихаш онро зикр намудааст (6/125), нолиши ин шохи дарахтро бо санадҳои зиёди саҳеҳ бо ҳашт ривоят аз саҳобагон”, сипас ин бобро бо ривояти Абӯҳотами Розӣ аз Амр писари Савод хотима бахшида мегӯяд Шофеъӣ бар ман гуфт: “Худованд он чизеро, ки ба Муҳаммад (с.а.в) додааст, ба ҳеҷ паёмбари дигаре надодааст”. Ба ӯ гуфтам: “Ҳазрати Исо (а) мурдаҳоро зинда мегардонид!”. Пас гуфт: “Ба Муҳаммад (с.а.в) тани дарахти хурмое дода шуд, ки бар паҳлуяш хутба мекард, то ин ки барояш минбар муҳайё шуд. Вақте ки барояш (с.а.в) минбар омода шуд, дарахт ба гиряву нолиш даромад, то дараҷае, ки садояш шунида шуд. Пас ин бузургу калонтар аст аз он» (2236), таҳқиқи санад аст. Дар ҳақиқат, бо санадҳои саҳеҳ ҳадиси нолиши дарахт  ворид шудааст ва баъзе рақамҳои ҳадисҳоро барои мисол зикр менамоем: (2237) аз Анас (2400) аз Ибни Аббос ва аз Анас (2401) аз Ибни Аббос ва Анас (2430) аз Ибни Аббос (2431) аз Анас (2432) аз Анас.

[136] Дар ҳадиси дарозе, ки онро Аҳмад, Шофиъӣ, Ибни Моҷа   ривояташ карданд ва назди ҳамаи ровиҳо Абдулло писари Муҳаммад писари Ақил чуноне Насоӣ мегӯяд: “Заиф аст”.  Абӯҳотам лайин “мулоим” мегӯяд. Тирмизӣ мегӯяд: “Муҳаммадро садуқ шунидам (яъне Бухориро). Мегӯяд, ки Аҳмаду Исҳоқу Алҳамд ҳуҷҷатоварӣ бо ҳадиси ибни Ақил мекунанд (мулхас аз “Фатҳуррабонӣ”, 22/49).

[137] «аш-Шифо» (1/304).

[138] «аш-Шифо» (1/304) Абдулло писари Имом ва Аҳмад дар “Завоидаш”   ривояташ кардааст ва дар ҳошияаш ()8 тахриҷаш кардааст.

[139] «аш-Шифо» (1/305).

[140] Қисмате аз ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст (4/235)  дар “ал-Анбиё” ва дар боби “Аломатҳои Паёмбар (с.а.в)” ва Тирмизӣ низ онро ривоят кардааст (3712, “Туҳфтулаҳвазӣ”) ва мегуфт ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст. Дар воқеъ, баъзе қисмҳои он гузаштааст.

[141] «аш-Шифо» (1/306) дар ҳадиси дигар, ки онро писари Асокир дар “Таърих”-аш ривоят кардааст, (“ал-Хафоҷӣ”, 3/70) ва Табаронӣ ва Баззор аз Анас ривояташ кардаанд… Алиқорӣ онро зикр намудааст: “Ин ки ӯ заиф аст (“ал-Аҳодис ал-Мушкила…” 112) ва дар “Канзулумол” аз ду роҳ омадааст: якеи он аз Ҳасану аз Анас, дигараш аз Собити Албаннонӣ ва ба Ибни Асокир нисбаташон додаанд.

[142] “аш-Шифо” (1/306), ҳадис дар “Маҷмаъ” омадааст (5/179) аз Абӯзар. Алҳайсамӯ мегӯяд: “Табаронӣ дар “ал-Авсат” онро ривоят кардааст ва дар санади он Муҳаммад писари Абӯҳамайд аст ва ӯ заиф мебошад. Ин ҳадис аз роҳи  беҳтари дигаре омадааст, аз ин роҳ “Дар нишонаҳои паёмбар”    ва санади он саҳеҳ аст. Алҳайсамӣ аз ӯ мегӯяд (8/298-299): “Баззор бо ду роҳ онро ривоят кардааст, мардҳои яке аз ин ривоятҳо мӯътамаданд, аммо дар дигараш   баъзе мардон заиф мебошанд. Дар «Канзулуммол» (35409,35410) аз ҳадиси Абӯзар ва ба Ибни Асокир нисбаташон додааст. Дар «ал-Фатҳ” (6/590) Ҳофиз гуфтааст: “Аммо тасбеҳи сангрезаҳо бо ҳеҷ роҳи дигаре наомадааст, магар бо ҳамин як роҳ бо вуҷуди заъфаш (яъне аз ҳадиси Абӯзар)”. Гуфтам медонӣ тахриҷи гузаштаи ин ҳадисро, ки ҳадиси тасбеҳи сангрезаҳо зиёда аз чанд роҳ ривоят шудааст.

[143] Тирмизӣ онро ривоят кардааст (363 таҳқиқи Аҳмад Шокир аст). Тирмизӣ мегӯяд: “Ин ҳадис ѓариб аст” ва дар баъзе нусхаҳои “Туҳфатулаҳвазӣ” (3705) ин ҳадисро ҳасану ѓариб мехонад. Аддорамӣ низ  ривоят кардааст бо рақами (1,21/19-20) ва заифияш дар “Муҳаққау Ҷомиъулусул” аст (8893) ва дар “Маҷмаъ” (8/260) аз Эмом Алӣ (р) ҳамин гуна ривоят аст. Ҳайсамӣ мегӯяд: “Табаронӣ онро ривоят кардааст (дар “ал-Авсат”) ва тобеӣ, Абӯаммора Алҳавонӣ, ки намедонам ӯро. Ва боқӣ ҳамаи мардҳои он боэътимод ҳастанд”. Дар «Канзулуммол” (2/365) нисбати онро зиёда кардааст, ба ад-Дуруқӣ ва Ҳоким ва Байҳақӣ дар “Далоил” ва дар “Канз” ба заъфи он ишора кардааст.

[144] «аш-Шифо» (1/307), Байҳақӣ онро ривоят кардааст (“ал-Хафоҷӣ”, 3/71).

[145] Муслим онро ривоят кардааст (4/782 бо рақами 2277) ва Тирмизӣ (бо рақами 3703 «Туҳфатулаҳвазӣ”) ва Аҳмад (5/89,95,105).

[146] «аш-Шифо» (1/307), дар ҳадиси саҳеҳе, ки Баззор дар санадаш онро ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” (3/71) Алҳайсамӣ дар “Маҷмаъ” мегӯяд (8/259): “Баззор аз шайхаш, Абдулло писари Шабиб ривоят мекунад, ки ӯ заиф аст”.

[147] Ҳасан аст. Дар “ал-Маҷмаъ” (9/269-270) аз Абдулло писари Алѓасил мегӯяд  бо ҳамроҳии Паёмбар  (с.а.в) будам, ки аз назди Аббос мегузаштем, гуфт: “Эй амак, бо писаронат манро пайгирӣ бикун”. Пас шаш писараш ба дунболи ӯ рафтанд, ки онҳо Алфазл, Абдулло, Убайдулло, Абдурраҳмон, Қасам ва Маъбад буданд. Паёмбар (с.а.в) ба хонае онҳоро даровард ва онҳоро бо ҷомае, ки хатҳои сиёҳ дошт, печонид ва… Алҳайсамӣ мегӯяд: “Табаронӣ дар “ал-Авсат” онро ривоят кардааст ва дар санадаш ҷамоъате аст, ки онҳоро намедонам”.  Дар “Маҷмаъ” (9/270) бо ҳамин маъно аз Абӯусайд Ассоъидӣ…   Ҳайсамӣ мегӯяд: “Табаронӣ онро ривоят кардааст ва санадаш ҳасан аст”.

[148] Ҳадиси Анасро  Бухорӣ ривоят кардааст, дар “Фазоили асҳоби Паёмбар (с.а.в)” ва  Абӯдовуд (4651) ва Тирмизӣ (3781 “Туҳфатулаҳвазӣ”) мегӯянд: “Дар ин боб аз Усмон ва Саъид ибни Зайд ва Ибни Аббос ва Саҳл ибни Саъд ва Анас ибни Молик ва Бурайдаи Аласламӣ. Ин ҳадис саҳеҳ аст».

[149] Ҳадиси Абӯҳурайраро Муслим ривоят кардааст бо рақами (2417) ва Тирмизӣ (3698) аз ҳамин роҳ бо каме илова. Ҳошияи (37), муроҷиат кун ба ишораи панҷум.

[150] Саҳеҳ аст. Ҳадиси Усмон (р) – ро Тирмизӣ ривоят кардааст (2783 «Туҳфатулаҳвазӣ») ва мегӯяд: «Ин ҳадис ҳасану саҳеҳу ѓариб мебошад». Мубораки Кафурӣ дар нисбати он ба Насоӣ ва  Доруқутнӣ ишора кардааст ва мегӯяд: «Бухорӣ бо таълиқ дар саҳеҳаш онро ривоят кардааст».

[151] Саҳеҳ аст. Ҳоким онро тахриҷ намудааст (3/450) ва мегӯяд «санади ин ҳадис ѓариб ва саҳеҳ аст» ва ӯ онро ба ин ибора наовардааст. Аҳмад (1/187,188,189) ва Абӯдовуд ва Ибни Моҷа ва Тирмизӣ 3782 «туҳфатун» мегӯянд, ин ҳадис саҳеҳу ѓариб аст. Ибни Ҳаббон ҳадисро саҳеҳ (2198) ва санади онро ҳасан гуфтааст (875) ва ин ҳадис саҳеҳ мебошад бо шоҳидояш.

[152] Дар ҳадисе, ки Муслим (6/132-133) дар ҳошияи ан-Нававӣ, ва Насоӣ ва Аҳмад дар санади худ ва онро ривоят кардаанд, бо ҳамин ибора омадааст (««ал-Хафоҷӣ”» 3/75), «аш-Шифо» (1/38).

[153] Ҳадиси Абдулло ибни Масъудро Бухорӣ дар «Маѓозӣ» баровардааст, боби «Паёмбар (с.а.в) парчамро дар рӯзи фатҳи Макка дар куҷо ниҳод» ва дар «Мазолим», боби «Оё кӯзаҳоеро, ки дар он арақ аст, мешиканад» ва дар тафсири сураи «Бани Исроил», бобби «Ва бигӯ, ки ҳақ омад» ва Муслим (бо рақами 1781), Тирмизӣ (3137) ва Ибни Ҳаббон (1702).

[154] Ҳадисро то ин ҷо Бухорӣ ва Муслим ва Тирмизӣ ривоят кардаанд ва давоми онро дигарон ривоят кардаанд.

[155] Ҳадиси Ибни Аббос (р) аст, дар «ал-Маҷмаъ» (6/176) Ҳайсамӣ мегӯяд, инро Табаронӣ ривоят кардааст ва мардҳои он боэътимод ҳастанд ва Баззор онро бо ихтисор ривоят кардааст ва ҳамчунин ҳадиси дигареро ривоят кардааст, бо маънояш аз ҳадиси Абӯҳурайра (р), ки дар он омадааст: «Бутҳо меафтиданд бе ин ки ба онҳо даст расонанд». Ҳайсамӣ мегӯяд: «Табаронӣ онро дар «Авсат» ривоят кардааст бо ҳамин роҳ, вале дар ривояти ӯ Осим ибни Умар ал-Ъамрӣ мебошад ва ӯ матрук аст ва Ибни Ҳаббон ӯро беэътимод хондааст ва мегӯяд  «хилоф ва хато мекунад» ва боқӣ дигар ровиҳои он боэътимод ҳастанд.

[156] Саҳеҳ аст. Қиссаи роҳиб аз ҳадиси Абӯбакр ибни Абӯмӯсои Ашъарӣ  ва аз падараш аст, ва ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст (3699 «Туҳфатулаҳвазӣ») ва мегӯяд «ин ҳадис ҳасану ѓариб аст». Ал-Ҷузарӣ мегӯяд: «Санади он саҳеҳ аст ва ровиҳои он саҳеҳ мебошанд». Ҳофиз дар «ал-Исоба» мегӯяд: «Ровиҳои он боэътимод ҳастанд» ва ҳадисро муҳаққиқи «Мишкот» саҳеҳ кардааст (5918,3/186). Аммо оне, ки Абӯбакру Билол зикр мекунанд, хатои аён аст, чуноне ки аҳли илм гуфтаанд. Эҳтимол аст, ки ҳадис дарҷ гардида бошад, вале он қатъ  шудааст аз ҳадиси дигаре ва он ҳам аз яке ровиёнаш мебошад, чуноне ки соҳиби «Туҳфатулаҳвазӣ» аз Мавоҳибу Ладуния онро нақл кардааст ва ҳадис ба ѓайри зиёдаи ахир саҳеҳ аст.

[157] «аш-Шифо» (1/083).

[158] Ҳасан аст. Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъ» онро ворид намудааст (6/84), аз ҳадиси Ҳаким ибни Ҳизом, ки мегӯяд: «Табаронӣ дар «Кабирул авсат» онро ривоят кардааст ва санади он ҳасан мебошад». Ҳайсамӣ аз ҳадиси Ибни Аббос онро овардааст ва мегӯяд «Табаронӣ онро ривоят кардааст ва ровиҳояш саҳеҳ ҳастанд».

[159] «Саҳеҳ»-и Муслим (3/1398 бо рақами 1775,1777). Дар китоби «ал-Ҷиҳод» ва «Сияр», боби «Ѓазваи Ҳунайн», аз ҷумла омадааст: «…вақте ҳуҷум намуданд, Паёмбар (с.а.в) аз маркаби худ поён шуд ва панҷае аз хокро аз замин гирифта, дар рӯ ба рӯйи онҳо истода, онро ба рӯяшон пош дод, пас гуфт: «Харобу зишт бод рӯйҳо». Ягон нафараш намонда, Худованд чашмонашонро бо он қабзаи хок пур аз хок намуд, сипас рӯ ба фирор оварданд…».

[160] Ҳадиси гӯсфанди заҳролудшударо Бухорӣ дар китоби «Тиб» овардааст, боби «Он чизе, ки дар бораи Пёмбар (с.а.в) зикр карда мешавад» ва дар бобҳои «Ҷиҳод», «Агар мушрикон бо мусалмонон ѓадр кунанд, оё бахшида мешаванд» ва дар «ал-Маѓозӣ», боби «Гӯсфанде, ки барои Паёмбар (с.а.в) (с.а.в) заҳролуд карда буданд». Абӯдовуд (4509), Дорамӣ (1/4,3) Аҳмад (2/451) аз ҳадиси Абӯҳурайра. Ва аз ҳадиси Анас Бухорӣ дар китоби «ал-Ҳиба», боби «Қабули ҳадя аз мушрикон» онро тахриҷ кардааст. Муслим (2992), Абӯдовуд (4508)   бо ихтисор. Он чи мазмуни онро Устод Нурсӣ нақл мекунад, онро Абӯдовуд ривоят каордааст (4512), аз ҳадиси Муҳаммад ибни Амр аз Абӯсалама ва Абӯҳурайра зикраш нанамудааст.

[161] Ҳасан аст. Ҳоким ва Байҳақӣ дар сунани худ онро аз Абӯҳурайра тахриҷ намудаанд.  «…Ин ки ӯро куштанд, ҳангоме ки Бушр ибни Албарро вафот кард», дар ҳақиқат, миёни ин ду ривоят тавофуқ кардааст, зеро ин ки дар ибтидо ӯро накуштааст. Вақте Бушр мурд, ӯро куштанд. Ҳадисро  муҳаққиқи «Зодулмиъод» ҳасан хондааст. (3/336).

[162] Дар ба сухан омадани бозуи гӯсфанд ҳадиси саҳеҳе омадааст, ки онро Абӯдовуд ва Дорамӣ аз Ҷобир ривоят кардаанд. Муҳаққиқи китоби «ал-Мишкот» онро саҳеҳаш кардааст (5931). Ниг. «Ҷомиъулусул» (8888). Дар ин хусус ҳадисҳои дигаре омадааст аз роҳҳои дигар ва барои ин ба «ал-Маҷмаъ» муроҷиат кун (8/295-296).

[163] Саҳеҳ аст. Ибни Хузайма ва Ҳоким ривоят карда мегӯянд ин ҳадис санадаш саҳеҳ аст, бар шарти Шайхайн, вале онҳо онро тахриҷ накардаанд ва Заҳабию Аҳмад бо он мувофиқат кардаанд (22/66-67 «ал-Фатҳуррабонӣ»), аз ҳадиси Абӯҳурайра. Дар «Маҷмаъ» (2/166-167) бо матни дарозтар онро ворид  кардааст. Ҳайсамӣ мегӯяд: «Ҳадиси Абӯҳурайра саҳеҳ аст ва ҳадиси Абӯсаид дар даму нафас инчунин». Аҳмад онро ривоят кардааст ва ҳамин гуна Баззор ба он монанд ривоят кардааст ва он дар ривояти Баззор илова шудааст. Ҳайсамӣ мегӯяд, ровиёни он саҳеҳ ҳастанд. Дар «Маҷмаъ» (9/318-319) аз ҳадиси Қитода ибни Аннӯъмон зикри ин мӯъҷиза ворид шудааст. Ҳайсамӣ мегӯяд: «Табаронӣ онро ривоят кардааст». Ниг. «ал-Исоба» (7076) ва «Канзулуммол» (12/376).

[164] Дар ҳадисе, ки Байҳақӣ онро ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/156). «аш-Шифо» (1/333). «Сират»-и ибни Ҳишом 1/637 (ниг. «Зодуалмиъод»-ро, таҳқиқи ал-Арнавутӣ 3/186). Ва Ибни Исҳоқ онро дар «Сират»-аш бесанад овардааст («ал-Аҳодису алмушаккала» 99).

[165] «аш-Шифо» (1/333).  Ва дар «ал-Истиъоб» (қисми сеюм, 879). Байҳақӣ дар ҳадиси муснад онро ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/157).

[166] Ниг. «Уюнул»- асари Ибни Сайиди Аннос (2/20) ва Ибни Ҳаҷар дар «Исоба» онро зикр намудааст бо рақами (4583).

[167] «аш-Шифо» (1/322). Ибни Исҳоқ ва Байҳақӣ аз Осим онро мурсал ривоят карданд (Алиқорӣ 1/651). Дар «ал-Маҷмаъ» (6/113), аз ҳадиси Саъд ибни Абӯваққос, Ҳайсамӣ мегӯяд: «Баззор онро ривоят кардааст ва дар он Усмон Алваққосӣ аст ва ӯ матрук аст.

[168] «аш-Шифо» (1/322) баргардонидани чашми Қитода дар баъзе ривоятҳо дар ҷанги Уҳуд воқеъ шудааст, дар «ал-Маҷмаъ» (6/113). Алҳасамӣ мегӯяд: «Табаронӣ онро ривоят мекунад ва дар санади он касест, ки ман ӯро намешиносам ва ӯро дар «ал-Канз»-и Ибни Асокир дарҷ кардааст (12/376), дар дигар ривоятҳо омадааст, ки ин воқеа дар ҷанги Бадр рух дод, ҳамчуноне ки дар «ал-Канз» (376/12) омадааст. Онро ба Абӯяъло нисбат додааст ва Ибни Адӣ дар «ал-Комил» ва Байҳақиву Баѓавӣ дар «Далоил» ва Ибни Асокир. Ниг.тафсили ин ҳадисро дар «Зодулмиъод»- и таҳқиқшуда (3/186-187).

[169] «аш-Шифо» (1/322), яъне ҳеҷ дарде намекард ва зардоб ҳам аз он ҷорӣ намешуд. Ин ҳадис саҳеҳ аст онро Тирмизӣ ва Байҳақӣ ривоят кардаанд («ал-Хафоҷӣ” 3/113).

[170] Барои фаҳмидани асли ҳадис ниг. Бухорӣ (4/58,65,73,5/23,171) ва Муслим (12/185,15/178).

[171] Ниг. Бухорӣ (5/170), «Сунан»-и Абӯдовуд (2/339). Онро Аҳмад ривоят кардааст («ал-Фатҳуррабонӣ»-и Суютӣ 22/259).

[172] Саҳеҳ аст, ибораи ҳадис азони ӯст. Тирмизӣ онро ривоят намуда, мегӯяд ҳадис ҳасану саҳеҳ аст. Ибни Моҷа ва Ибни Хузаймӣ ва Ҳоким онро ривоят кардаанд ва Ҳоким мегӯяд, ки ҳадис саҳеҳ аст бар шарти Бухорию Муслим, Имом Аҳмад ва Табаронӣ дар «ал-Кабиру вассаѓир» онро ривоят кардаанд, ҳамчунин Ибни Ассуннӣ («Саҳеҳу ал-Ҷомиъуссаѓир» бо рақами 1290).

[173] «аш-Шифо» (1/324).

[174] «аш-Шифо» (1/324). Албайҳақӣ аз Ибни Исҳоқ онро ривоят кардааст (Алиқорӣ 1/656) ва дар «ал-Бидоя ванниҳоя» (6/164) ривояти Имом Аҳмад бо санадаш омадааст.

[175] Дар «Мӯъҷам»-и Алиқорӣ (1/656) ва «ал-Хафоҷӣ” (3/118) ва «аш-Шифо» (1/323). Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ» (6/124) мегӯяд: «Табаронӣ онро ривоят кардааст ва дар санади он касе мебошад, ки ӯро намедонам. Яъқуб Муҳаммад Аззуҳарӣ ва ҷумҳур онро заиф хондаанд ва Ибни Ҳаббон бо эътимодаш гуфтааст».

[176] «аш-Шифо» (1/323). Аҳмад ривояташ кардааст (1/1070) ва бо ҳамин санад дар «Фазоили саҳоба» (1192) ва дар «Муснад» низ омадааст (1/83) аз Яҳё ва аз Шӯъба, аллома Аҳмад Шокир дар таҳқиқи «Муснад» (бо рақами 637,2/54) ва (1/128) саҳеҳаш кардааст (аз Вакиъ аз Шуъба) ва онро Тирмизӣ (3635) ривоят кардааст. «Туҳфатулаҳвазӣ» гуфтааст: «Ин ҳадис ҳасану саҳеҳ аст ва аллома Аҳмад Шокир онро тасҳеҳ кардааст (бо рақами 638) ва муҳаққиқи «Ҷомиъулусул» онро ҳасан хондааст (6513) ва Муборак Кафурӣ нисбаташро зиёда кардааст ба Ҳоким, Ибни Ҳаббон ҳадисро заиф хондааст ва муҳаққиқи «Мишкот» (3/247)  ва муҳаққиқи «Фазоили саҳоба» ҷиҳати иҳтилофро бо тафсил баён кардааст.

[177] «аш-Шифо» (1/324). Табаронӣ ва Мухаллад онро ривоят кардаанд ва Мухалладу аз он болоро намешиносам ва боқӣ мардони санади он саҳеҳ ҳастанд («Маҷмаъуззавоид» 8/298). Ва Алиқорӣ нисбати онро ба Байҳақӣ илова намудааст (1/657).

[178] «аш-Шифо» (1/324). Ибни Моҷа ривояташ кардааст бо рақами (3532) аз ҳадиси Умми Ҷундуб (р).

[179] Заиф аст, «аш-Шифо» (1/324). Эмом Аҳмад ва Ибни Абӯшайба ва Байҳақӣ ривояташ кардаанд, дар воқеъ, Аҳмад аз ду роҳ зикраш кардааст (Алиқорӣ 1/657). Аҳмад Шокир дар таҳқиқи «Муснад»-аш мегӯяд: «Санадаш заиф аст» (4/136). Ҳайсамӣ онро дар «Маҷмаъ» овардааст, аз ҳадиси Ибни Аббос мегӯяд: «Онро Аҳмад ва Табаронӣ ривоят кардаанд вале дигарон ӯро заиф мешуморанд. Онро Дорамӣ дар «Сунан»-и худ ривоят кардааст (1/11-12). Санади он ҳамчуноне ки муҳаққиқи «Мишкот» мегӯяд, заиф аст. ӯ ҳадиси дигареро барои шифо ёфтани кӯдак аз девонагӣ дар «Муснад» овардааст (4/172). Муҳаққии «Мишкот» онро саҳеҳ гуфтааст (5922).

[180] «аш-Шифо» (1/324) Аттаёлосӣ онро ривоят кардааст, бо санади саҳеҳ («ал-Хафоҷӣ” 3/121). Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ» мегӯяд: «Аттабаронӣ онро ривоят кардааст ва Ҳарс ибни Муҳаммад ибни Ҳотиб ҳаст, вале ӯро намедонам ва боқӣ мардони он мӯътамаданд (9/415). Ба «ал-Бидоя» ванниҳоя» (1/295) ва «Мустадрак»-и Ҳоким  муроҷиат кун 4/62-63.

[181] «аш-Шифо» (1/319). Вакиъ онро ривоят кардааст ва аз то Фаҳд онро баровардааст. Ва инчунин Байҳақӣ онро ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/105) тафсили ҳадисро дар «ал-Бидоя ванниҳоя» назар бикун (6/158-159).

[182] «аш-Шифо» (1/319). Ассуютӣ мегӯяд: «Ҳадис ҳасан аст» («ал-Хафоҷӣ” 3/105), дар ҳақиқат ба соҳиби «Канзулҳусайн» нисбаташ кардааст (4/379), ба Ибни Наҷҷор ва дар санадаш Муҳаммад ибни Юнус аст.

[183] «аш-Шифо» (1/328) Абӯдовуду Байҳақию  Ибну Ҳаббон ривояташ кардаанд («ал-Хафоҷӣ” 3/137).

[184] «аш-Шифо» (1/325). Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ» мегӯяд (8/312): «Табаронӣ онро ривоят кардааст ва дар санадаш Алӣ ибни Язиди Алилҳонӣ мебошад, ки ӯ заиф аст» ва дар «ал-Маҷмаъ» бо роҳи дигар воридаш кардааст.

[185] Ҳадиси истисқо бо Аббосро Бухорӣ ривоят кардааст (2/35)  китоби “ал-Истисқо” (5/25) боби “Маноқибу ассаҳоба”.

[186] «аш-Шифо” (1/327). Шайхайн онро ривоят кардаанд (Алиқорӣ, 1/66).

[187] Саҳеҳ аст. Тирмизӣ онро ривоят кардааст (3684) ва мегӯяд ин ҳадис ҳасану саҳеҳу ѓариб аст аз ҳадиси Ибни Умар ва муҳаққиқи “ал-Мишкот” онро иқрор кардааст (6036) ва гумон мекунад, ки ривояте ки дар “Мишкот” аз Ибни Аббос омадааст. Тирмизӣ мегӯяд, ки (3766 “Туҳфатулаҳвазӣ”) аз ин роҳ ин ҳадис ѓариб омадааст. Ҳадиси Ибни Аббосро Аҳмад дар “Муснад”-и худ тахриҷ кардааст, чунони соҳиби “Туҳфатулаҳвазӣ” мегӯяд ва ҳадиси Ибни Умарро муҳаққиқи “Ҷомиъуалусул” (7428) ба Аҳмад рабт медиҳад ва Ибни Саъд дар “ат-Табақот”-у Байҳақӣ дар  “Далоилуннубува”. Ибни Ҳиббон онро саҳеҳ хондааст. Ҳадиси Ибни Умарро ва Ибни Аббосро муҳаққиқи “Ҷомиъуалусул” ҳасан  хондааст.

[188] «аш-Шифо” (1/327), чуноне ки шайхайн онро ривоят кардаанд (Алиқорӣ 1/661) («ал-Хафоҷӣ” 3/130). Ҳадис бо ин мазмун дар саҳеҳайн нест, балки назди Аҳмаду дигарон бо санади саҳеҳ омадааст. Арноутӣ дар тахриҷи ин ҳадис мегӯяд (“Ҷомиъулусул”, 9/63) ин ҳадис назди Аҳмад дар муснадаш омадаст (1/264,314,328,335).

Инчунин Ибни Ҳаббону Табаронӣ онро ривоят кардаанд ва дар саҳеҳайн бо ин лафз наомадааст, ба ҳамин хотир, мусанниф (р) мегӯяд: “Дар ин ду китоб онро пайдо накардам”. Ҳамидӣ мегӯяд: “Ин зиёдатӣ дар саҳеҳайн нест”. Ҳофиз дар «Фатҳ» мегӯяд: “Чуноне ки Ҳамидӣ гуфтааст… ва дар ҷои дигар Ҳофиз гуфтааст: “Матни «Бор Худоё, ӯро донои дин бигардон ва таъвилро биомӯзон бар вай», чунон  шӯҳрат пайдо кардааст дар забони мардум, ки ҳатто баъзеҳо ба саҳеҳайн нисбаташ кардаанд ва хато кардаанд ва ҳадис назди Аҳмад бо ин лафз вуҷуд дорад”. Ҳоким дар “Мустадрак” онро ворид кардааст (4/534) ва санади онро саҳеҳ хондааст, бидуни ихроҷ ва Аззаҳабӣ онро ихроҷ намудааст. Муслим танҳо ҳамин ҷумларо ривоят кардааст «Аллоҳума фаққиҳҳу» ва Бухорӣ онро ривоят кардааст (1/29)  бо лафзи «Аллоҳума аллимҳу алкитобата» – “Бор илоҳо, китобатро ба ӯ биомӯзон”. Дар ривояти дигаре аз ӯ (5/34) чунин омадааст: «Аллоҳумма аллимҳул ҳикмата»- “бор илоҳо, ҳикматро ба ӯ биомӯзон”. Тирмизӣ ва Ибни Моҷа бо лафзҳои бо ҳам наздик онро ривоят кардаанд… Ҳамаи ин барои он зикр шудааст, ки барои хонандаи гиромӣ равшан гардад, ки чӣ гуна Устод Нурсӣ маъзур будааст дар нисбат додани ҳадис бо ин мазмун бар саҳеҳайн, зеро ки бузургони муҳаддисон чун Табрезӣ, Алиқорӣ, Қози Иёз («ал-Хафоҷӣ”) ва дигарон дар мисли ин гуна корҳо воқеъ шудаанд, зеро ин ки мутахассиси ин соҳа мебошанд ва онҳо дар байни масдарҳои нав ба нав ҳастанд, аммо устод Нурсӣ, ки Худованд икромаш кардааст, бо навиштани ин мӯъҷизаҳо аз ин масдарҳо тамоман дур мондааст. Бо донистани ин ки ин ҳадисе, ки онро зикр кардааст, саҳеҳ мебошад. Алҳамдулиллоҳе, ки бо фазлаш солеҳот анҷом меёбанд.

[189] Саҳеҳ аст. Аҳмад онро ихроҷ кардааст (1/338) ва бо ҳамин санад онро дар «Фазоили саҳоба» бо рақами (1871) ворид намудааст, Муҳаққиқ онро тасҳеҳ кардааст ва ҳадисро Бухорӣ ва Абӯнаъим ибни Саъд ва Ибни Мунзирӣ ва Табаронӣ ва Ибни Мардвайҳ ва Байҳақӣ ривоят кардаанд (муроҷиат кун бо тафсил дар «Фазоили саҳоба»).

[190] Ба Бухорӣ муроҷиат кун (8/93,100), Муслим бо рақами (2480,2481) Аҳмад онро ривоят кардааст (6/430,3/190) ва «Туҳфатулаҳвазӣ»-ро нигоҳ кун (10/330) ва Муслим (4/1929) ва «Фатҳуррабонӣ» (22/203) бо мазмунҳои гуногуну  ин мазмун низ зикр шуда.

[191] «аш-Шифо» (1/326). (Алиқорӣ 1/659).(«ал-Хафоҷӣ” 3/125).

[192] «Аз Урва омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба ӯ диноре дода мегӯяд, ки гӯсфанде бихарад. ӯ рафта бо он динор ду гӯсфанд мехарад ва якеи онро бо як динор мефурӯшад ва бо динору як гӯсфанд бармегардад ва бар ӯ дуо медиҳад, то ин ки дар хариду фурӯшаш баракат бошад, сипас ҳатто хокро мехарид, аз он фоида ба даст меовард» (Бухорӣ 4/252 боби «Нишонаҳои Паёмбарӣ»).  Аҳмад ҳам онро ривоят кардааст («Фатҳуррабонӣ» 22/326) ва дар он чунин омадаст: «Худовандо, дар аҳду паймони хариду фурӯш ба ӯ баракат деҳ», дар ҳақиқат, дар бозори Каносаи Куфа меистодам, пеш аз ба хона баргаштанам чил ҳазор фоида ба даст меовардам …

[193] Ҳадис саҳеҳ аст: «аш-Шифо» (1/327) Табаронӣ ва Абӯяъло онро ривоят карданд ва ровиёни он саҳеҳ мебошанд (“Маҷмаъуззавоид”, 5/286) (“ал-Матолибуолия” бо рақами (4077,4078) ва Аҳмад онро ривоят кардааст бо ровиёни саҳеҳ, ин чунин дар “Маҷмаъ” омадааст.

[194] Ҳадис саҳеҳ аст. Тирмизӣ онро дар «Маноқиб” ривоят кардааст (2752,5/649), боби «Маноқиби Саъд ибни Абӯваққос». Ибни Ҳаббон дар саҳеҳи худ онро ривоят кардааст (бо рақами 1221) ва Ҳоким (3/499) онро тасҳеҳ кардааст ва Заҳабӣ ба он мувофақат кардааст. Ибни Абӯосим онро дар “Суннат” (138 б) ва Абӯнуъайм дар «Алҳиля» ривоят кардааст.

[195] «аш-Шифо» (1/327) онро Байҳақӣ дар «Далоил» ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/128).

[196] Алқорӣ (1/661). Асли ин ривоят ба ривояти Алиқорӣ монанд аст. Дар «Исоба» омадааст, ки мо дар иззату бузургӣ ба осмон расидаем ва мо болотар аз он бузургиро хоҳонем. Ҳамчунин дар ривояти Исфаҳонии Абӯнаим ва “Муснад”-и Ҳорис (2/6) омадааст. Баззор баъзеи онро ва Ҳасан ибни Сафён дар муснадҳои худ тахриб карданд ва ҳамаи он аз роҳи Яъло ибни Ашдақ мебошад, агарчи ӯ соқитулҳадис аст, вале пайравӣ карда мешавад. Дар «Исоба» низ чунин омадааст. Аммо дар санади Ҳорис касест, ки номашро зикр накардаанд (“Матолибулолия”, рақами 4065), (“ал-Исоба”, 8639). Зикр мекунад, ки ин ҳадисро Шерозӣ дар “Алқоб” ривоят намудааст. Ин ҳадис аз дигар роҳҳо низ ривоят шудааст. Ибни Касир мазмуни онро дар «ал-бидоя ваниҳоя» зикр намудааст (6/168) ва онро ба Ҳофиз Абӯбакри Баззор ва Байҳақӣ аз дигар роҳ нисбат додааст ва дар он баъди сухани Паёмбар (с.а.в) дар мазмуни ҳадис илова намудааст, ки «Хуш гуфтӣ, ҳаргиз Худованд даҳонатро дардманд насозад». Абӯяъло мегӯяд: “Ман ӯро дидам, ки ба саду чандсолагӣ расида буд, вале дандонҳояш ҳанӯз солим буданд.

[197] Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъ» аз номи Абдураҳмон ибни Лайло дар яке аз санадҳои ин ҳадис мегӯяд (9/122): онро Табаронӣ дар «Авсат» овардааст ва санади он хуб аст. Дар китоби «Фазоили саҳоба»-и Имом Аҳмад (бо рақами 950) омадааст ва санади он ба сабаби Муҳаммад ибни Абдураҳмон ибни Абӯлайло заиф аст ва Ибни Моҷа онро ривоят кардааст (117,1/43-44). Муҳаққиқи китоби «Фазоил» ин ҳадисро заиф хондааст ва Имом Аҳмад дар санади худ онро бо ҳамин санад тахриҷ намудааст (1/99,133). Аллома Аҳмад Шокир дар таҳқиқи «Муснад»-аш онро ҳасан хондааст (2/120). «ал-Хафоҷӣ” (3/133)  мегӯяд: “Байҳақӣ ва Ибни Моҷа онро бо санади саҳеҳ пайвастшуда ба Алӣ   ривоят кардаанд”.

[198] «аш-Шифо» (1/328) дар ҳадисе, ки онро Байҳақӣ аз Имрон ибни Алҳусайн ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/134). Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ» мегӯяд (9/203): “Ин ҳадисро Табаронӣ дар «Авсат» ривоят кардааст ва дар санади он Утба ибни Ҳамид мебошад, ки Ибни Ҳаббон ва дигарон ӯро мӯътабар хондаанд ва ҷамоае ӯро заиф гуфтаанд, аммо дигар ровиёни ин ҳадис ҳама мӯътабаранд”.

[199] «аш-Шифо» (1/328). Ибни Исҳоқ бе санад ин ҳадисро ривоят кардааст ва Байҳақӣ онро аз ӯ ривоят кардааст ва Ибни Ҷарир аз тариқи Алкалбӣ онро ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/134) ва (Алиқорӣ 1/662).

[200] Бо ҳамин лафз ин ҳадисро Имом Бухорӣ ривоят кардааст (1/41, 4/253), Тирмизӣ низ онро ривоят кардааст ва мегӯяд: “Ин ҳадиси ҳасану саҳеҳ мебошад”. Ин ҳадис ҳамчунин бо дигар роҳ аз Абӯҳурайра ривоят шудааст (10/334 бо рақами (3923 “Туҳфатулаҳвазӣ”). Ниг.таҳқиқи Арнаутӣ бар «Ҷомиъулусул» (9/95). Дарвоқеъ, ин ҳадис бо дигар роҳ низ омадааст. ниг.Бухорӣ. (3/68) китоби “Хариду фурӯш” (3/143), китоби «Музораат» (9/133) ва китоби «Алиътисом». Муслим бо рақами (2492) онро ривоят кардааст ва Аҳмад низ ин ҳадисро ривоят кардааст (2/240,274,427), ин ҳадис ҳамчунин дар «Фатҳурраббонӣ» омадааст (22/405,409-410) ва Тирмизӣ (10/334-335 бо рақами3924) ва Абӯнуъайм дар «Алҳиля» онро ривоят кардааст (1/381) ва дар «ал-Исоба» бо рақами (1190) ва дар «ал-Бидоя  ванниҳоя» (6/162) омадааст.

[201] «аш-Шифо» (1/328) дар ҳадиси дигаре назди Бухорӣ омадааст (6/10) ва назди Аҳмад (“Фатҳуррабонӣ” 22/159) аз ҳадиси Аббос омадааст.

[202] Аз Ибни Масъуд омадааст, ки мегӯяд: “Ҳангоме ки Расули Худо дар назди Хонаи Худо намоз мехонд, Абӯҷаҳл бо ёронаш нишаста буданд. Як рӯз пеш шутуреро кушта буданд ва Абӯҷал гуфт: “Кадоме аз шумоён хеста, шикамбаи бани фалонро гирифта, дар гардани Муҳаммад меандозад?”. Яке аз бадтарини қавм аз ҷои худ бархоста, вақте ки Паёмбар (с.а.в) саҷда кард, он шикамбаро гирифта, дар байни кифҳои ӯ гузошт. Ровӣ мегӯяд  ҳамаи онҳо бар ин ҳол механдиданд ва бо ҳамдигар ба ҳоли ӯ масхара мекарданд ва ман (Ибни Масъуд) дар он ҷо нигоҳ мекардам ва агар пуштибоне медоштам, албатта, онро аз пушти Паёмбар (с.а.в) дур мекардам. Паёмбар (с.а.в) (с.а.в) ҳамчунон дар ҳоли саҷда буд ва сарашро намебардошт, то ин ки шахсе рафта, Фотимаро аз ин ҳол хабар дод. ӯ дар ҳоли хашм омада, шикамбаро гирифта, аз пушти Паёмбар (с.а.в) дур ва онҳоро дашном дод. Ҳангоме ки Паёмбар (с.а.в) намозашоро адо кард, бо садои баланд бар онҳо дуо кард. Тибқи одати ӯ ҳар гоҳ дуое мекард ва ё аз Худованд чизе мехост, се бор дуои худро такрор мекард. Дар дуои худ чунин гуфт: «Худоё, чораи қурайшиҳоро худат бубин» ва инро се бор такрор кард. Вақте ки онҳо садои Паёмбар (с.а.в)-ро шуниданд, ки дуо мекунад, онҳо аз ханда бозмонданд ва аз дуои ӯ сахт тарсиданд. Баъд аз он гуфт: «Бор илоҳо, чораи Абӯҷал ибни Ҳишом ва ҳамсафони ӯро худат бубин”. Утба ибни Рабиа, Шайба ибни Рабиа, Алвалид ибни Утба, Умайя ибни Халаф, Уқба ибни Абӯмуит ва ҳафтумашонро зикр кардааст, вале ҳифзаш накардам ва қасам ба он Зоте, ки Муҳаммадро барҳақ фиристодааст, он касоне, ки номҳои онҳоро гарифта буд, рӯзи Бадр дидам, онҳо девонаю мадҳуш шуданд» (“Саҳеҳ”-и Муслим 3/1418 бо рақами 1794). Бухорӣ онро ривоят кардааст (5/57,94) инчунин Аҳмад низ онро ривоят кардааст (1/417).

[203] Аз Абӯзуҳо ва Масруқ омадааст ки ба назди Ибни Масъуд омадам ва ӯ ба ман гуфт  Қурайш пеши роҳи Исломро мегирифтанд ва Паёмбар (с.а.в)  бар онҳо дуо кард. Як сол нагузашта буд, ки ҳамаи онҳо дучори ҳалокат шуданд ва мурдаҳоро бо устухонҳояшон мехӯрданд. Абӯсуфён ба назди Паёмбар (с.а.в) омада гуфт: “Эй Муҳаммад, ту моро ба силаи раҳм даъват менамудӣ ва ҳамакнун қавми ту ҳалок мешаванд ва Худоро дуо кун!”. Пас Паёмбар (с.а.в) ин ояи каримаро хонд: «Мунтазир бош, замоне ки аз осмон дуде мебарояд». Баъди ин онҳо боз ба ҳамон куфри худ баргаштанд ва ин гуфтаи Худованд аст, ки мефармояд: «Рӯзе, ки азоби сахтро меорем», ки мурод аз он рӯзи Бадр аст. Асбот аз Мансур ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в) дуо мекунад ва баъди он чунон бороне меборад, ки мардум назди Паёмбар (с.а.в) аз зиёд боридани борон шикоят мекунанд. Пас Паёмбар (с.а.в) гуфт: Бор илоҳо, ин боронро ба нафъи мо бигардон на ба зарарамон”. Пас абрҳо аз болои сари эшон пароканда шуданд ва мардум сероб шуданд» (Бухорӣ 2/37 китоби «Талаби борон кардан», боби «Агар мушрикон бо мусалмонон якҷоя дар ҳоли қаҳтӣ талаби борон кунанд»).

[204] «аш-Шифо» (1/329. Ниг. ҳошияи (25) аз «Ишораи шашум».

[205] Ҳадис ҳасан аст ва Ибни Моҷа онро аз ҳадиси Имрон ибни Алҳусайн тахриҷ кардааст 3930. Албусайрӣ дар «аз-Завоид» аз роҳи аввал мегӯяд: “Санади ин ҳадис ҳасан аст ва дар санади он Самит омадааст, ки Алъаҷлӣ ӯро мӯътабар хондааст ва ҳамчунин Муслим аз ӯ ривоят карда, ӯро саҳеҳ гуфтааст. Дар санад ҳамчунин Осим омадааст ва Муслим дар саҳеҳи худ аз ӯ ривоят мекунад ва Ибни Ҳаббон ӯро дар радифи ҳадисҳои мӯътабар хондааст. Дар хусуси Сувайд ибни Саъид ихтолоф аст. Мегӯям  ин ҳадис ҳасан аст ва он сарчашмаи дигаре дорад, ки Ибни Моҷа онро тахриҷ кардааст. Албусайрӣ мегӯяд: “Санади ин ҳадис ҳасан аст, чунки дар санади он Исмоил ибни Ҳафс аст ва дар сиқа будани ӯ ихтилоф аст ва боқӣ мардони санади он мӯътабар мебошанд”.

[206] «аш-Шифо» (1/329), дар ҳадисе, ки Муслим бо рақами (2021) ривоят кардааст.

[207] Ҳадис саҳеҳ аст, «аш-Шифо» (1/331). Ин ҳадисро Табаронӣ ва Абӯяъло бо ҳамин тарз ривоят кардаанд ва ровиёни ҳадис саҳеҳ мебошанд. Ҷаъфар ин ҳадисро аз гурӯҳе саҳобагон шунидааст ва намедонам, аз Холид шунидааст ё не. Чунонеки дар «Маҷмаъуззавоид» омадааст (9/349) муҳаққиқи “Матолибулолия» мегӯяд ки  Албусайрӣ гуфта: “Абӯяъло бо санади саҳеҳ онро ривоят кардааст” (“Матолибулолия» 4/90, рақами 4044).

[208] Ҳадис ҳасан аст: қисмате аз ҳадис хело ҳам дароз аст, дар он қиссаи ислом овардани Салмон (р) зикр шудааст. Ҳадисро Аҳмад тахриҷ кардааст (5/441-442) ва Ибни Саъд онро дар Табақот аз ҳадиси Ибни Аббос ривоят кардааст (4/53-57). Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ» онро зикр намудааст (9/332-336) ва мегӯяд: ҳамаи онро Аҳмад ривоят кардааст ва ҳамчунин Табаронӣ дар «Кабир» ровиёни онро мӯътабар ҳастанд, ба ѓайр аз Муҳаммад ибни Исҳоқ, ки ӯро дар шунидан айбдор мехонанд.  Соҳиби силсилаи «Ҳадисҳои саҳеҳ» ин ҳадисро ҳасан хондааст (894) ва мегӯяд: порае аз ин ҳадисро аз ҳамин роҳ Ҳоким ривоят кардааст (2/16) ва мегӯяд: он саҳеҳ аст, бо шарти Муслим ва Аззаҳабӣ бо ин сухан мувофақат кардааст.

[209] «аш-Шифо» (1/332) дар ҳадисе, ки Муслим онро ривоят кардааст, бо рақами (2280) ҳадис аз тариқи Ҷобир ибни Абдулло (р) ривоят шудааст.

[210] «аш-Шифо» (1/331) Байҳақӣ пайваста аз Анас ин ҳадисро ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/149).

[211] «аш-Шифо» (1/331).

[212] «аш-Шифо» (1/332) Ибни Моҷа ин ҳадисро бо рақами (659) ривоят кардааст ва дар «Завоид» гуфтааст, ки санади ин ҳадис мунқатиъ аст, зеро Абдуҷаббор ибни Воил аз падараш дар ин хусус чизе нашунидааст ва Ибни Наъиму дигарон инро гуфтаанд. Ниг.тахриҷи ҳадиси баъдиро. Ҳадис саҳеҳ аст.

[213] Ҳадис саҳеҳ аст ва Аҳмад бо ду роҳ ривоят кардааст (22,67 «Фатҳуррабонӣ»). Суютӣ мегӯяд: «Ин ҳадисро Ибни Моҷа тахриҷ кардааст, аз тариқи Абдуҷаббор ибни Воил аз падараш… Бо ҳамин тарз ҳадис саҳеҳ мебошад, зеро Муслим ва чор имоми дигари ҳадис онро ривоят кардаанд».

[214] «аш-Шифо» (1/334) Ибни Саъд ин ҳадисро ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/160).

[215] Асли ҳадис аз Ҳизом ибни Ҳишом аз падараш аз бобояш Ҳубайш ибни Холид дар “Шарҳи Сунна” ривоят шудааст ва онро Ибни Абдулбар дар “ал-Истиоб” ва Ибни Алҷавзӣ дар китоби «ал-Вафо» овардааст ва дар ин ҳадис сухан зиёд аст (“Мишкот” бо рақами 5943). Алмуҳаққиқ мегӯяд  инчунин ин ҳадисро Ҳоким ривоят кардааст (2/109) ва онро саҳеҳ гуфтааст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқат кардааст… Гуфтам: “Ҳадиси Умми Маъбад дар «Маҷмаъ» (8/313) аз Умми Маъбад бо ихтисор омадааст”. Ҳайсамӣ мегӯяд: “Ин ҳадисро Табаронӣ ривоят кардааст ва ровиёни ҳадис саҳеҳанд ба истиснои Ҳизом ибни Ҳишом ибни Ҳубайш ва падараш ва ҳардуяшон мӯътабаранд”. Дар «ал-Маҷмаъ» (6/58) аз ҳадиси Қис ибни Нӯъмон Ҳайсамӣ мегӯяд: “Баззор онро ривоят кардааст ва ровиёни ҳадис ҳама саҳеҳанд ва ҳадис бо ин роҳ саҳеҳ аст, алҳамдулиллоҳ”. Қиссаро дар «ал-Бидоя ванниҳоя» муроҷиат кун (3/190-191) ва дар «Зодулмиъод» (3/55-57) ва Ибни Саъд дар «Табақот» (1/230-231).

[216] Ҳадис саҳеҳ аст ва онро Аҳмад ривоят кардааст. Аллома Аҳмад Шокир дар таҳқиқи санад мегӯяд: “Санади ҳадис саҳеҳ аст ва Ибни Касир дар “Таърих” (6/102) аз ҳамин роҳ ривоят кардааст ва мегӯяд  ин ҳадис аз Абӯавон аз Осим ривоят шудааст (“Таҳқиқи Муснад” 5/210, рақами 3598)”.

[217] Ҳалима мегӯяд (ҳамон тавре, ки Ибни Исҳоқ, Ибни Роҳавайҳ, Абӯяъло, Табаронӣ, Байҳақӣ, Абӯнаъим ривоят карданд): “Гурӯҳе аз занҳои Бани Саъд ибни Бакр ба Макка омаданд ва кӯдакҳоро барои шир додан ҷустуҷӯ мекарданд, дар он соле, ки қаҳтӣ ҳамаро фаро гирифта буд. Пас гуфт: “Ман низ бо шутури пири худ, ки ҳамроҳаш шутурбача дошт, омада будам ва он шутур қатрае шир надошт ва шабҳо аз гуруснагӣ бо кӯдакамон хоб намерафтем ва дар пистони худ низ ман шире надоштам, ки ба ӯ диҳам. Қасам ба Худо, чун ба Макка омадем, занеро намедонам, ки бо ӯ Паёмбар (с.а.в)-ро барои нигаҳбонӣ пешниҳод намуданду ӯ қабул карда бошад, зеро онҳо мегуфтанд, ки ӯ ятим аст ва аз гирифтани ӯ даст мекашиданд. Ҳамаи занҳое, ки бо ман буданд, бо худ тифлеро гирифтанд, аммо ман ѓайри Муҳаммад дигар тифле наёфтам, пас ба шавҳарам гуфтам  ман нохуш мешавам, ки дар байни дугонаҳоям бидуни тифл баргардам, ман ба назди он ятим рафта, ӯро бо худ мегирам. Вақте ки ба назди ӯ рафтам, ӯ дар як либоси сафед печонида шуда, аз ӯ бӯи мушк меомад ва дар зери ӯ абрешими сабз буд. Пас, нахостам, ки ӯро аз хотири зебогиаш аз хоб бедор кунам. Кам-кам ба ӯ наздик шуда, дастамро дар болои синааш гузоштам, ӯ табассум намуда, чашмонашро боз намуда, ба ман нигоҳ мекард. Сипас аз чашмони ӯ нуре баромад, ки ба осмонҳо расид ва ман ӯро аз пешониаш бӯсида, пистони ростамро ба даҳонаш гузоштам ва ӯ ба қадри имкон шир хӯрд. ӯро ба тарафи пистони чапам гузоштам, ӯ онро нагирифт ва аз ин пас ин хислати ҳамешагии ӯ буд. Ҳалима мегӯяд ӯ бо бародараш то сер шудан шир хӯрданд. Сипас ӯро гирифта, то назди шутурам расида будам, ки дубора пистонҳоям пур аз шир гардиданд. ӯ ва бародараш то сер шуданашон шир мехӯрданд. Пас шавҳарам ба назди шутур барои шир ҷӯщидан рафт, ки пистонҳои шутурро пур аз шир дид. ӯ шутурро ҷӯшид ва мо ҳарду бо серӣ аз он шир хӯрда, шабро ба некӣ гузаронидем. Пас шавҳарам гуфт  эй Ҳалима ба Худо қасам, ман мебинам, ки ту як тифли муборакеро гирифтаӣ. Оё намебинӣ, ки баъд аз гирифтани ӯ шабро ба хайр гузаронида, Худованд баракати моро афзун мекунад. Ҳалима мегӯяд  сипас мо бо модари Паёмбар (с.а.в) худоҳофизӣ намуда, ба хари худ савор шуда, Паёмбар (с.а.в)-ро дар оѓӯшам гирифтам. Хари лоѓарам, ки бисёр заиф буд, тамоми савораҳоро сабқат намуд ва ҳамроҳонамро дар ҳайрат гузошт. Баъд аз он мо ба қабилаи Бани Саъд, ки хеле заминҳояш хушк буд, расидем. Ҳамчунин гӯсфандонам ҳангоми баргашт аз чарогоҳ бо пистонҳои пуршир бармегаштанд, онҳоро ҷӯшида, бо серӣ менӯшидем, дар ҳоле ки дигарон аз пистони гӯсфандонашон қатраи шире пайдо намекарданд. Ин баъзе қавмро водор намуд, ки ба чӯпонҳояшон мегуфтанд  ҳамон гунае ки чӯпони Ҳалима вақти бештаре дар саҳро аст, шумо низ дертар чӯпонӣ кунед. Чунки гӯсфандонашон аз чарогоҳ бо шиками гурусна ва пистонҳои холӣ баргашта, гӯсфандони ман серу пуршир бармегаштанд. Мо дар муддати ду сол аз Худованд баракату хайрро медидем. Баъд аз онки аз пистон ҷудо шуд, ҳамчунон калон мешуд, вале на монанди дигар кӯдакон… (ҳамин гуна дар тавзеҳи Суютӣ ба тартиби муснад ворид шудааст (“Фатҳуррабонӣ” 20/192-293). Ҳайсамӣ ин ҳадисро бо санади наздик ба ин ривоят намуда гуфтааст: “Абӯяъло ва Табаронӣ ҳамин гуна онро ривоят намудаанд ва мегӯяд  Ҳалима бинти Абӯзуайб ва ровиёни ин ҳадис мӯътабаранд” («Маҷмаъуззавоид» 8/220-221). Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар «Алматоллибулолия» ин ҳодисаро зикр намудааст. Муҳаққиқ мегӯяд: “Бусайрӣ гуфтааст  Ибни Ҳаббон дар “Саҳеҳ”-и худ аз Абӯяъло онро ривоят намудааст… ва ба ҳасан будани ҳадис ишора намудааст”.

[218] «аш-Шифо» (1/334).

[219] «аш-Шифо» (1/334).

[220] «аш-Шифо» (1/335).

[221] «аш-Шифо» (1/334) Алҳайсамӣ дар «Маҷмаъ» мегӯяд (9/412). Табаронӣ ин ҳадисро ривоят мекунад ва дар санади он касест, ки ман ӯро намедонам.

[222] «аш-Шифо» (1/334) аз Ҳайён ибни Умайр омадааст, ки мегӯяд Паёмбар (с.а.в) рӯйи Қитода ибни Малҷонро молида, такбир гуфт, пас тамоми баданаш ба истиснои рӯяш тар шуд. Гуфт: Дар вақти маргаш ҳозир будам ва зане аз он ҷо мегузашт ва ман дар рӯйи ӯ сурати он занро дидам, ки гӯё ӯро дар оина медидам (“ал-Исоба”-и бини Ҳаҷар 3/225) ва аз роҳи дигар Имом Аҳмад онро ривоят кардааст ва ровиёни ҳадис мӯътабаранд (“Маҷмаъуззавоид” 5/319).

[223] «аш-Шифо» (1/334) Ибни Абдулбар онро дар “Истиоб” ривоят кардааст («ал-Хафоҷӣ” 3/163). Умми Салама ҳамон модари мӯъминон мебошад (р) ва Зайнаб духтари ӯст. Паёмбар (с.а.в) ӯро бузург кардааст. Зайнаб дар Ҳабашистон ба дунё омадааст ва бо модараш якҷоя омада буд. Зайнаб хоҳари ширхораи Зубайр аст. Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ» мегӯяд (9/259): “Табаронӣ онро ривоят кардааст ва Умми Аттоф, ки дар санади он омадааст, ӯро намедонам”.

[224] “аш-Шифо” (1\ 313). Ҳадиси тори анкабут бо ривояти Имом Аҳмад (1\248), ҳамчунин Абдураззоқ дар “ал-Муснаф” (5\389) аз ривояти Усмон ибни Амр ибни Соҷ аз Муқсим, хидматгори Ибни Аббос, аз Ибни Аббос, ки хабар дод… Ин ҳадисро Ибни Касир дар “ал-Бидоя  ваанниҳоя” (3\179…181) ҳасан гуфтааст. Ҳамчунин Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар “ал-Фатҳ” ва дар “ал-Маҷмаъ” (7\27). Ҳайсамӣ мегӯяд: “Ин ҳадисро Аҳмад ва Табаронӣ ривоят кардаанд ва дар санади он Усмон ибни Амри Ҷазарӣ аст, ки ӯро Ибни Ҳаббон мавсуқ шумурдааст ва дигарон заиф ва дигар ҳамаи ровиёни он мавсуқанд”. Ниг. тахриҷи “Зодулмеъод” (3\52) ва муҳаққиқи “ал-Мишкот” низ онро заиф гуфтааст (5934). Ҳадис шоҳиде  дар муснади Абӯбакри Розӣ дорад (№73). Арноутӣ гуфтааст: “Асноди ҳадис ҳасан аст, магар ин ки ҳадис аз ҷониби Башшор ибни Мусои Ҳаффофи Аҷалӣ мурсал шудааст ва Алӣ ибни Мудайнӣ дар бораи ӯ хуб гуфтааст. Имом Аҳмад дар он боке намебинад ва Ҷаъфар ибни Сулаймон кӯдак аст ва мавсуқ ва Муслим аз ӯ дар “Саҳеҳ”-аш ҳадисро ривоят кардааст. Абӯимрони Ҷавани Абдулмалик ибни Ҳабиб Аздӣ мебошад, ки мавсуқ аст ва ҷамоате аз ӯ ривоят кардаанд.

[225] “аш-Шифо” (1\313). ҳадиси истодани кабӯтарҳо дар даҳони ѓор. Зайлаъӣ дар “Насбурроя” (1\123) гуфтааст: “Ҳадисро Табаронӣ дар “Мӯъҷам”-и худ, Байҳақӣ дар “Далоилуннубувва” ва Баззор дар “Муснад”-аш ривоят кардааст… баъд аз он ин ҳадисро зикр карда фармудааст: “Баззор гуфт ровиёни онро ѓайр аз Авин ибни Амр, ки яке аз олимони машҳури Басра аст, касе намедонад”. Ибни Касир низ аз Ибни Асокир ривоят карда фармудааст: “Ин ҳадис бо ин матн хело ѓариб аст”. Дар “Маҷмаъ” (6\52, 53)  низ чунин гуфта шудааст. Ҳайсамӣ мегӯяд: “Ҳадисро Баззор ва Табаронӣ ривоят кардаанд ва дар он ровиёне вуҷуд доранд, ки намедонам”. Ниг. тахриҷи ҳадиси пешин, ки дар он сухани мушрикин, чуноне  ки дар “Муснад” омадааст “Агар ба ин ҷо ворид мешуд, ин торҳои анкабӯт дар даҳони ѓор боқӣ намемонд”.

[226] “аш-Шифо” (1\313).

[227] “аш-Шифо” (1\309) ин ҳадис саҳеҳ аст ва онро Аҳмад, Баззор, Абӯяъло, Байҳақӣ ва Доруқутнӣ ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3\79).

[228] Саҳеҳ аст, “аш-Шифо” (1\310). Имом Аҳмад ин ҳадисро ривоят кардааст ва аллома Аҳмад Шокир дар “Саҳеҳ”-и худ гуфтааст (15\202…203), бо рақами (8049) аз Абӯҳурайра ва дар “Маҷмаъ” (291…292).  Ҳайсамӣ гуфтааст: “Ин ҳадис дар “Саҳеҳ” бо ихтисор омадааст”. Имом Аҳмад ҳадисро ривоят кардааст ва ровиёнаш сиқот мебошанд. Дар “Муснад” аз ҳадиси Абӯназрата аз Абӯсаъид ривоят шудааст (1185).  Таҳқиқи “Муснад” зери рақами (11864…11867) аз ҳадиси Шуҳр ибни Ҳавшаб аз Абӯсаъид зикр шудааст. Ҳофиз Ибни Касир мегӯяд: “Танҳо Аҳмад ин ҳадисро ривоят кардааст ва ҳадисро тахриҷ накарданд. Шояд Шуҳр ибни Ҳавшаб аз Абӯсаъид ва ҳамчунин Абӯҳурайра ривоят кардааст”. Қасталонӣ ҳадисро дар “Мавоҳиби ладунӣ” ворид кардааст ва гуфтааст: “Имом Аҳмад  ҳадиси Абӯсаъидро бо санади хуб ривоят кардааст”. Зарқонӣ дар шарҳи он овардааст: “Яъне он мақбул аст”. Ҳамчунин, Тирмизӣ ва Ҳоким ҳадисро ривояту тасҳеҳ кардаанд (“ал-Фатҳураббонӣ”-и Суютӣ 20\240). Ҳайсамӣ ҳадисро дар “ал-Маҷмаъ” вориду баён карда (8\291), гуфтааст: “Аҳмад ва Баззор бо ин тариқ ҳадисро бо ихтисор ривоят кардаанд ва силсилаи ровиёни яке аз ду санади Имом Аҳмад мардони мавсуқанд”.

[229] “аш-Шифо” (1\311) “ал-хафоҷӣ” (3\84).

[230] Ҳадисҳои сухан гуфтани шутур бо санадҳои қавӣ ва саҳеҳ ривоят шудааст. Ҳадиси аввалро Ҳайсамӣ дар “Маҷмаъ” (9\4) аз ҳадиси Анас ибни Молик ривоят намудааст. Ҳайсамӣ мегӯяд: “Ҳадисро Аҳмад ва Баззор ривоят мекунанд ва мардони санади он мӯътамад мебошанд, ба истиснои Ҳафс писари бародари Анас, ки мӯътамад нест”. Ҳофизи Мунзирӣ ҳадисро дар ”ат-Таѓриб ва аттаҳриб” зикр кардааст ва гуфтааст, ки ҳадисро Аҳмад бо санади хуб ривоят кардааст ва ровиёнаш ҳама машҳуру мӯътамад мебошанд. Баззор низ ҳамин гуна зикр намуда, мегӯяд: “Насоӣ бо ихтисор ва Ибни Ҳаббон дар “Саҳеҳ”-аш аз Абӯҳурайра ривоят намудаанд” (“ал-Фатҳурраббонӣ”, 22\50-51). Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар санадаш дуруст ва Имом Аҳмад онро ривоят кардааст (ниг. 1745 аз “Муснад”-и муҳаққиқ). Онро Имом Муслим, Ибни Моҷа ва Абӯдовуд дарозтар ривоят кардаанд. Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Абӯавфро Абӯнаъим ва Байҳақӣ ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3\87).

[231] Имом Аҳмад аз Яъло ривоят кардааст (4\173) ва аз санаде, ки Имом Ҳоким ихроҷ кардааст, санадашро саҳеҳ гуфтааст ва Имом Заҳабӣ низ бо ӯ аз ҳадиси Яъло ибни Мурра аз падараш  мувофиқ аст ва ҳадис дар умум хуб аст (бингар ба “Силсилаи аҳодиси саҳеҳа”, 485).

[232] “аш-Шифо” (1\313).

[233] Ривояти шайхайн дар “ал-Хафоҷӣ” (3\145).

[234] Имом Бухорӣ дар “Саҳеҳ”-аш, китоби “Ҷиҳод”, боби “Номи асп ва хар” ва боби “Бор ва овезон кардани шамшер дар гардан” ривоят кардааст ва Имом Муслим дар ҳадиси (2307), Абӯдовуд (4988) ва Тирмизӣ (1685).

[235] “аш-Шифо” (1\315), “Хафоҷӣ”   (3\95).

[236] Ҳадис саҳеҳ аст. (“Мишкот” 3\199 рақами 5949) муҳаққиқ гуфтааст: “Имом Ҳоким ҳамин гуна ривоят кардааст (3\606) ва ҳамчунин гуфтааст  ба шарти Муслим саҳеҳ аст ва Имом Заҳабӣ бо ӯ мувофиқ аст ва гуфтаи онҳо дуруст аст”. Бингар китоби “Матолибулолия” (4\125 бо рақами 4127). Дар “Маҷмаъ” (9\366…367)  Ҳайсамӣ гуфтааст: “Баззор ва Табаронӣ ривоят кардаанд ва мардони санадашон мӯътамад аст”. Бингар ба китоби “ал-Ҳиля”-и Абӯнаъим (1\367. 369) ва “ал-Бидоя ваанниҳоя” (6\147).

[237] Имом Табаронӣ дар китоби “ас-Саѓир ва ал-авсат” аз шайхаш, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Валиди Басрӣ ривоят кардааст. Байҳақӣ мегӯяд: “Ин ҳадис ба дӯши ӯ аст”. Гуфтам: “Боқии ровиёни санад саҳеҳанд” (ҳамин тавр дар китоби “Маҷмаъуззавоид” 8\293. 294) ва дар “Канзулаъмол” (12\385). Нисбати ҳадисро ба Ибни Адӣ дар “ал-Комил” афзудаанд ва Ҳоким дар китоби “ал-Мӯъҷизот”, Абӯнаъим дар “ад-Далоил” ва ҳамчунин Байҳақӣ ва Ибни Асокир. Ибни Даҳя дар “ал-Хасоис” ҳадисро мавзӯъ донистааст. Заҳабӣ дар “ал-Мизон” ин ҳадисро ботил донистааст. Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар “ал-Лисон” гуфтааст: “Ҳадисро Исмоилӣ аз Суламӣ дар “Мӯъҷам”-аш ривоят кардааст ва гуфтааст, ки мункарулҳадис мебошад”. Ҳофиз ибни Касир дар “ал-Бидоя ваанниҳоя” зикр кардааст (6\149.160), зери унвони  “ҳадиси келос ки ѓарибу накир аст” ва қавли Байҳақиро овардааст, ки дар ин бора аз Оиша (р) ва Абӯҳурайра (р) низ ривоят шудааст ва он чи, ки баён кардем, аз дигар санадҳо беҳтар аст, дар ҳоле ки заиф мебошад. Бингар ба Алиқорӣ (1\632) ва “Хафоҷӣ” (3\79).

[238] “аш-Шифо” (1\314) аз ҳадисе, ки Табаронӣ ва Байҳақӣ ривоят кардаанд ва Ибни Ҳаҷар ба сабаби бо дигар роҳҳо ривоят шуданаш ҳадисро саҳеҳ гуфтааст (“Хафоҷӣ” 3\91). Табаронӣ низ ҳадисро ривоят кардааст ва дар санадаш Аѓлаб ибни Тамим аст, ки ӯ заиф аст (“Маҷмаъуззавоид” 8\295).

[239] Худованд устод Нурсиро ҷазои хайр диҳад, ки дар васфи Имом Ҳасани Басрӣ гуфтааст, ки ӯ бо пайравӣ аз Паёмбари Худо (с.а.в) дорои илми зоҳир ва ботин аст. Худованди мутаол мефармояд: “Шумо ошкори гуноҳ ва пинҳони онро тарк кунед”. Шайх ибни Таймия мегӯяд: “Илми ботине, ки илми имон, маърифат ва аҳволи дилҳост, он илмест ба ҳақиқати имони дарунӣ ва ин беҳтар аст аз донистани илми амалҳои зоҳирии Ислом” (“Фатвоҳо”, 11/225). Шайх Рафоъӣ мегӯяд: “Шумо нагӯед, ҳамчуноне ки баъзе суфиҳо мегӯянд, ки  мо аҳли ботин ҳастем ва онҳо аҳли зоҳир. Ин динро ботин маѓзи зоҳири он аст ва зоҳираш зарфи ботини он” (“ал-Бурҳон”, 61).

[240] “аш-Шифо” (1\320). «ал-Хафоҷӣ” (3\106).

[241] “аш-Шифо” (1\320. Ибни Касир дар “ал-Бидоя” аз Анас чунин нақл кардааст ва Абӯбакр ибни Абиддунё низ ривоят кардааст. Байҳақӣ бо чанд роҳ аз Солиҳ ибни Шибр, яке аз зоҳидони Басра ривоят кардааст ва дар санадаш Лайин аз Собит аз Анас мебошад. Дар ривояти Байҳақӣ  модари он ҷавон пиразани кӯр буд. Баъд аз ин Байҳақӣ ҳадисро аз тариқи Исо ибни Юнус аз Абдуллоҳ ибни Авн аз Анас (р) ҳамчуноне ки гуфта гузаштем, баён кардааст ва ин санад қавитар аст, ки дар он омадааст, ки ин ҳодиса дар ҳузури Паёмбар (с.а.в)  буд ва ровиёни ин санад ҳама мӯътамад мебошанд, локин дар Абдуллоҳ ибни Авн ва Анас қатъ мешавад (“ал-Бидоя ванниҳоя”, 6\296).

[242] “аш-Шифо” (1\320).

[243] Ҳадис саҳеҳ аст. Ҳофиз ибни Касир гуфтааст: “Достони Зайд ибни Хориҷа ва сухан гуфтани ӯ пас аз маргаш ва шаҳодат доданаш бо ростгӯии Паёмбар (с.а.в), Абӯбакр, Умар ва Усмон хело машҳур аст ва он аз чанд роҳи саҳеҳ ривоят шудааст”. Имом Бухорӣ дар китоби “Таърихулкабир“ гуфтааст: “Зайд ибни Хориҷа аз қабилаи Хазраҷ ва ансорӣ аст, ки дар Бадр иштирок намуда, дар замони хилофати Усмон (р) вафот намудааст ва ӯ аст, ки баъди марг сухан кардааст. Имом Байҳақӣ дар китоби “ад-Далоил” ва Имом Ҳоким дар “Мустадрак” ривоят кардаанд. (“ал-Бидоя ванниҳоя”, 6\293, 6\156, 157) ва он ҳамчунин бо дигар роҳҳо низ ривоят шадааст. Ҳайсамӣ дар “ал-Маҷмаъ”-аш бо ду ривоят зикр кардааст (5\179.180) ва фармудааст, ки: “Табаронӣ дар китоби “ал-Кабир ва ал-авсат” бо ихтисор бо ду ривоят, ки санади якеи онҳо дар “ал-Кабир” мӯътамад аст, ривоят кардааст”. Аммо дар “Маҷмаъ” (2\292) аз Ҳузайфа ривоят аст, ки гуфтааст: “Аз Паёмбар (с.а.в)  шунидам, ки мегуфт “Дар уммати ман як марде аст, ки баъди марг сухан мегӯяд”.

[244] Ҳадис саҳеҳ аст. Аз Муъоз ибни Руфоъа ибни Рофиъи Зурқӣ аз падараш, ки аҳли Бадр буд, чуниин ривоят аст: “Ҷаброил ба назди Паёмбар (с.а.в) омад ва гуфт: “Аҳли Бадрро чӣ гуна меҳисобед?”. Паёмбар (с.а.в) гуфт: “Беҳтарини мусулмонон” ё калимае аз ин қабил. Ҷаброил гуфт: “Ҳамин гуна шоҳидони Бадр аз малоикаҳо ҳастанд”. (Бухорӣ 5\103 боби “Иштироки малоик дар Бадр”).

[245] “Саҳеҳ”-и Бухорӣ (1\19…20). Муслим дар “Китоби имон”.

[246] Дар хусуси Ҷабраилро дидани баъзеи саҳобагон ҳадисҳои саҳеҳ ривоят шудааст. Бингар Бухорӣ (4\250). “Маҷмаъ” (9\276. 277), аз Ибни Аббос ва дар он Ҷиброилро ба сурати Даҳяи Калбӣ дидааст. Ҳайсамӣ гуфтааст: “Ҳадисро Табаронӣ ривоят кардааст ва дар санадаш ровиёне аст, ки ман намедонам ва Ҷаброилро дидани Ибни Аббос бо аҳодиси саҳеҳу ҳасан ривоят шудааст, дар китоби “Фазлуссаҳоба “ рақами (1853) аз Ибни Аббос ва дар “ал-Ҳадисул муснад” (1\212) дар “Маҷмаъ” (9\276) ва гуфтааст, ки ҳадисро Аҳмад ва Табаронӣ ба санадҳои гуногун ва ровиёни “Мӯътамад” ривоят кардаанд, муҳаққиқи “ал-Фазоил” ҳадисро ҳасан гуфтааст ва ин суханро дар ҳадиси воридшуда бо рақами (1918) низ гуфтааст ва он дар “Фазоили саҳоба” аз дигар тариқ (1817) бо санади саҳеҳ ривоят шудааст ва Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар “Исоба” бо санади саҳеҳ зикр кардааст. Ҳорис  ибни Нӯъмон Ҷаброилро дидааст (1\598) ва ҳадисҳои дигар низ ҳастанд ва мо фақат баъзеи онро барои мисол баён намудем.

[247] “аш-Шифо” (1\361). Бухорӣ дар “ал-Маѓозӣ” дар боби “Замоне, ки ду гурӯҳе аз шумоён ирода доштанд, то ноком шаванд, дар ҳоле ки Худованди дӯсти он ду буд” ва дар боби “Либос”, боби “Пӯшоки сафед” ин ҳадисро ривоят кардааст ва Имом Муслим дар ҳадиси (20306).

[248] “аш-Шифо” (1\362), (“Хафоҷӣ” 3\281).

[249] “аш-Шифо” (1\262) дар ҳадисе, ки Байҳақӣ мурсал ривоят кардааст (“Хафоҷӣ”, (3\82).

[250] Ҳадисҳо дар бораи дидани ҷин  бо санадҳои саҳеҳ ворид шудааст, аммо ҳадиси Ибни Масъудро Аҳмад дар “Муснад”-и худ ва Доруқутнӣ ривоят кардаанд ва аллома Аҳмад Шокир онро саҳеҳ мегӯяд (6\165 рақами 4353) дар “Таҳқиқи “Муснад””.

[251] “аш-Шифо” (1\362), ҳадиси саҳеҳ мебошад. Имом Байҳақӣ ва Нисоӣ онро ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3\287). Ибни Касир дар “Бидоя” зикр кардааст (4\316). Ҳайсамӣ дар “Маҷмаъ” гуфтааст, ки ҳадисро Табаронӣ ривоят кардааст ва дар санадаш Яҳё ибни Мунзир аст ва ӯ заиф аст (6\176).

[252] “аш-Шифо” (1\363). Байҳақӣ ва Ибни Мокулои Хаффоҷӣ низ ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, бингар ба ҳошияи 30).

[253] Ҳофиз ибни Касир гуфтааст: “Ҳофиз Абӯбакри Байҳақӣ дар ин ҷо ҳадисе зикр кардааст, ки ѓариб, мункар ва мавзӯъ аст ва баъд ҳадисро мукаммал баён кардааст (5\96.97). Бингар ба “ал-Фавоид”и  Шавконӣ (498). Хафоҷӣ гуфтааст: (3\287) “Бидон, дар ин ҳадис миёни уламо ихтилоф аст”. Ибни Ҷавзӣ ин ҳадисро мавзӯъ ва беасл медонад ва санадҳои ҳадисро баён кардааст, ки дар он шахсони дуруѓгӯ вуҷуд доранд, аммо дигарон бо ӯ мухолифанд, ӯ ҳамчунин гуфтааст “бо роҳҳои гуногун ривоят шудани ин ҳадис далолан бар сиҳаташ дорад, зеро Ибни Ҷавзӣ ҳадисҳои мавзӯъи зиёд баён кардааст, аммо аксари онҳо мавзӯъ нестанд” ва ин ҳадисро шахсони бо эътимод аз қабили Байҳақӣ ва Ибни Асокир ва дигарон ривоят кардаанд.

[254] Шайх ибни Таймия дар китобаш “ат-Тавасул валвасила” ҳодисае аз ин қабил зикр кардааст (с.24). Шайх Абдулқодири Ҷайлонӣ мегӯяд: “Рӯзе дар ибодат будам, як арши бузургро, ки пур аз нур буд, дидам ва ба ман гуфт: “Эй Абдулқодир! Ман Парвардигори ту ҳастам ва барои ту он чиро, ки ба дигарон ҳаром кардаам, ҳалол кардам”. Абдулқодир мегӯяд, гуфтам: “Оё ту Парвардигори ягонаӣ? Гум шав, эй душмани Худо”. Сипас он рӯшноӣ пароканда шуда, торик шуд ва гуфт: “Эй Абдулқодир, аз ман ба илму донишат наҷот ёфтӣ, ман бо ин роҳ 70 мардро гумроҳ кардам”. Аз Абдулқодир пурсиданд, ки чӣ гуна фаҳмидӣ ӯ шайтон аст? Дар ҷавоб гуфтааст бо суханаш, ки ба ту ҳаромро ҳалол кардаам ва медонед, ки дини Муҳаммад таѓйир намеёбад ва ҳамчунин ӯ гуфт, ки ман рабби ту мебошам ва натавонист бигӯяд ман Худои якка ва ягонаам. Бингар ба “ал-Фатово”(11\307), дар ӯ чизи қимате аст, аз гуфтаи устод Нурсӣ.

[255] Саҳеҳ аст:  «аш-Шифо” (1\349). Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки мегӯяд: ҷамъе аз Қурайш дар назди Каъба ҷамъ шуданд ва бо Лоту Уззо, Манот, Ноила ва Исоф қасам хӯрданд, ки агар Муҳаммад (с.а.в)-ро бубинем, ҳама якҷо ӯро мекушем. Дар ин ҳангом Фотима (р) зуд ба назди Паёмбар (с.а.в)  бо чашми гирён омад ва гуфт: ин ҷамъ аз Қурайш бо худ аҳд кардаанд, ки агар туро пайдо кунанд, бикушанд ва ҳар кадом барои худ насибе доранд. Паёмбар (с.а.в) фармуд: Об биёр, то таҳорат кунам ва баъд ба сӯи Масҷид рафт ва ҳангоме ба Масҷид ворид шуд, ҳама ӯ (с.а.в)-ро диданд, аммо натавонистанд кореро анҷом бидиҳанд ва чашмонашонро поён карданд. Паёмбар (с.а.в) ба назди онҳо омад ва дар наздашон истоду панҷае аз хокро гирифта, бар онҳо пошид ва бар касе нарасид,  магар рӯзи Бадр кушта шуд. “Таҳқиқи ал-Муснад”-и Аллома Аҳмад Шокир (4\269 №2762) ва гуфтааст, ки санадаш саҳеҳ аст. “Маҷмаъуззавоид” (2\228) ва гуфтаст, ки ҳадисро Аҳмад бо санад ривоят кардааст ва санади яке аз ривоятҳо саҳеҳ аст ва ман мегӯям, ки ҳардуи санадҳо саҳеҳ аст.

[256] “аш-Шифо” (1\349),  (“Хафоҷӣ” 3\236)  тахриҷи ҳадис дар   1 ва 2 гузаштааст.

[257] Ривояти Бухорӣ (4\245…246) дар “Анбиё”, боби “Аломоти паёмбарӣ дар ислом” ва дар “Фазоили асҳоби Паёмбар (с.а.в)”, боби “Фазоили муҳоҷирин” ва боби “Ҳиҷрати Паёмбар (с.а.в) ва асҳобаш ба Мадина”. Муслим (2009). Ва Аҳмад низ ривоят кардааст.

[258] “аш-Шифо” (1\351).

[259] “аш-Шифо” (1\348). Ин ҳадис дар “ал-Маҷмаъ” аз Абӯҳурайра аз ҷумлаи мӯъҷизоти хело тӯлонист.  Ҳайсамӣ мегӯяд: “ Баъзе ҳадисҳоро Табаронӣ дар “ал-Авсат” ва Баззор ба шакли мухтасар ривоят кардаанд ва дар санадаш Абдулҳаким ибни Суфён аст, ки Ибни Абиҳотам зикр кардааст ва касе ӯро заиф нагуфтааст ва боқӣ ҳама мӯътамад мебошанд. Имом Ҳоким низ ривоят кардааст (3\29.30) ва ҳадисро ба шарти “Шайхайн” саҳеҳ гуфтааст ва Заҳабӣ мувофиқ аст.

[260] “аш-Шифо” (1\347), асли ин ҳадисро Бухорӣ дар “Ҷиҳод”, боби “Пароканда шудани мардум аз имом” ва дар “ал-Маѓозӣ”, боби “Овезон кардани шамшер дар дарахт ҳангоми сафар” ва дар “Ѓазваҳо” дар боби “Ҷанги Қайнақоъ” ривоят кардааст. Муслим зери рақами (843).

 

[261]“аш-Шифо” (1\351), ривояти Абӯнаъим дар “ад-Далоил” ва Ибни Исҳоқ (Хафоҷӣ 3\241) ва Ҳайсамӣ дар “Маҷмаъ” (8\227) ворид намуда гуфтааст: “Табаронӣ ҳадисро дар “ал-Кабир ва ал-авсат” ривоят кардааст ва дар он Исҳоқ ибни Фарва аст, ки матрук аст,  амали Абӯҷаҳл ин мӯътамад аст дар ѓайри матни собиқ аз Абӯҳурайра”. Ривояти Муслим (2797). Дар яке ривоятҳо омадааст, ки Абӯҷаҳл гуфтааст: “Агар намоз хондани Муҳаммадро дар назди Каъба бубинам, бар гарданаш мезанам” ва ин ба Паёмбар (с.а.в)   расид ва он Ҳазрат (с.а.в) фармуданд: “Агар анҷом медод, малоик ӯро мекушт”.

[262] «аш-Шифо” (1\351). Самарқандӣ зикр кардааст (“Хафоҷӣ”, 3\242).

[263] «аш-Шифо” (1\349) ривояти Байҳақӣ ва дигарон низ чуноне ки Ибни Исҳоқ ривоят кардааст (“Хафоҷӣ”” 3\233). Ва ривояти Баззор, ки ҳадисро ҳасанулсанад гуфтааст. Ҳайсамӣ дар “ал-Маҷмаъ” гуфтааст: “Дар санадаш Ато ибни Соиб аст” (7\144).

[264] «аш-Шифо” (1\353) ривояти Ибни Исҳоқ ва Байҳақӣ бидуни санад ва Абӯнаъим дар “ад-Далоил” бо санад ривоят кардааст (“Хафоҷӣ”, 3\249).

[265] «аш-Шифо” (1\353) Абӯнаъим дар “ад-Далоил” бо санади саҳеҳ ривоят кардааст ва ҳадис муфассал аст дар сирати  Ибни Сайидуннос  (“Хафоҷӣ”, 3\248). Ҳайсамӣ дар “Маҷмаъ” гуфтааст: “Табаронӣ ҳадисро ривоят кардааст ва дар санадаш Аюб ибни Ҷобир аст ва ӯ заиф аст” ( 6\283…184).

[266] «аш-Шифо” (1\353) Ибни Исҳоқ ва Ибни Сайидуннос ривоят кардааст (“Хафоҷӣ”, 3\284).

[267] «аш-Шифо” (1\352) Абӯисҳоқ дар китоби “Сират”-и худ  ва ѓайри ӯ чун Калбӣ дар тафсираш ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3\243).

[268] «аш-Шифо” (1\346). Ривояти Тирмизӣ (3049) таҳқиқи Аҳмад Шокир  ва Ибни Ҷарир низ чунин тахриҷ мекунад (12276) ва Ҳоким (2\213) мегӯяд, ки санади он саҳеҳ аст ва Заҳабӣ бо ӯ мувофиқ аст. Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар “Фатҳ” ин ҳадисро ҳасан медонад. Бингар ба “Ҷомеъулусул”, 599.

[269] (1818-1891) ӯ инро дар китоби машҳури худ бо номи «Изҳори ҳақ», ки аз дақиқтарин китоб дар бораи интиқоди Тавроту Инҷил ба шумор меравад, овардааст. Сабаби таълифи ин китоб дар он буд, ки ҳангоми ишѓол намудани Ҳинд аз тарафи Англия доиёни масеҳӣ бошиддат ба муқобили ислом ҳуҷумҳо намуданд. Олимони мусалмони зиёде бо онҳо бархӯрд менамуданд ва нахустин мубоҳисаи расмӣ миёни доиёни масеҳӣ ва муаллифи ин китоб дар 10/03/1854 баргузор шуд. Ин мубоҳисаҳо навишта мешуданд ва дар он бузургони Ҳинд ширкат менамуданд ва натиҷа он шуд, ки доии масеҳӣ баъди он ки ҳуҷҷатҳоро шунид, натавонист баҳсро идома диҳад ва аз баҳс даст кашид. Аломмаи марҳум баъди инқилоби Ҳинд ба муқобили Англия дар соли 1857 ба Макка ҳиҷрат намуданд ва ба султон Абдулазизхон ва баъди ӯ бо султон Абдулҳамиди дуюм мулоқот намуд. Баъди ин ӯ китоби худ, “Изҳорул ҳақ”-ро дар Истанбул таълиф намуданд ва он ба чандин забонҳо тарҷума шудааст. Эшон аст, ки дар Макка мадрасаи Савлаиро таъсис додаанд, ки то кунун арзи ҳастӣ дорад. Муаллиф (аз китоби бузургтарин муҷоҳид дар таърих Шайхи марҳум аст. Тарҷумаи урдуии он аз Аҳмад Ҳиҷозӣ Ассақо. Мутарҷим).

[270] Устод бештарини ин оятҳоро бо забони арабӣ овардааст ва вақте ман талош намудам, то ҳар оятро ба сарчашмааш дар Инҷил бозгардонам, дидам, ки дар миёни нусхаҳо ва чопҳои он ихтилоф хело зиёд аст ва дар тарҷумаи онҳо низ фарқият хело бузург мушоҳида мешавад, бо вуҷуди он ки мафҳуми асосиро аз даст надоданд. Барои ҳамин, ман онро ба ҳамон тавре меорам, ки устод баён намудааст, то асл маҳфуз бимонад (тарҷумон).

[271] Инҷили Юҳано. Исҳоҳи чордаҳум (тарҷумон).

[272]  Инҷили Юҳано. Исҳоҳи чордаҳум (тарҷумон).

[273] Вале чунончӣ бармеояд, тарҷумонҳо ибораи Форақлитро дар тарҷумаи Инҷил тарк намуданд ва сабаби ин дар он аст, ки ин ибора дар назди мусалмонон    ҳазрати Муҳаммад маъруф ва маълум аст. Ҳиндии марҳум дар «Изҳори ҳақ» ихтилофоти тарҷумаҳоро дар чопҳои гуногун  ва ҳатто қадимтарин нусхаҳо  пайгирӣ намуда буд (тарҷумон).

[274] Сифри Ҳастӣ, Исҳоҳи Ҳабдаҳум (тарҷумон).

[275] Сифри Ҳастӣ, Исҳоҳи Ҳаждаҳум (тарҷумон).

[276] Ашъиё, Исҳоҳи 42 (тарҷумон).

[277] Сифри Тасния, исҳоҳи ҳаждаҳум (тарҷумон).

[278] Сифри Тасния, исҳоҳи ҳаждаҳум (тарҷумон).

[279] Муаллиф чунин оятҳоро бо забони туркӣ меорад ва ба макони он ишорат мекунад.

[280] Ояти сиюми Исҳоҳи чордаҳум аз Инҷили Юҳино (чопи ҷамъиятҳои китоби муқаддас). Тарҷумон.

[281] Дар чопи Мусал аз соли 1876 омадааст: «Форқалит барои шумо намеояд». Тарҷумон.

[282] Бале, чӣ бузург сарварест, ки дар ҳар аср сесаду панҷоҳ миллион шахс ва дар тӯли сездаҳ аср бо тоат ва муҳаббати худ аз ӯ пайравӣ мекунанд ва ҳамарӯза бо салом додан  бо ӯ таҷдиди байъат мекунанд.

[283] Ҳадисро Ибни Аббос ривоят кардааст («ал-анворул Муҳаммадия минал мавоҳибил маданияҳ», 143). Тарҷумон.

[284] Сайёҳи машҳури турк,   Авлиёи Челебӣ  дар мақбараи Шамъун, китоби Инҷилеро пайдо намуд, ки дар он ин оят навишта шуда буд “(Итун) Мавлуд (Озарбиюн) аз насли Иброҳим (Бруфтун) Паёмбар (с.а.в) мешавад (Луѓаслин) ӯ дурӯѓгӯ нест (Ибнит афанзулот) дар Макка таваллуд мешавад (Каҳколушер) салоҳу некиро меорад (Тунуманин) номи ӯ пурбаракат аст (Мавомит) Аҳмаду Муҳаммад (калимаи Мавомит таҳрифшудаи Муҳаммад аст) (Эсфидус) касоне бо ӯянд ва ӯро пайравӣ мекунанд (Токардис) онҳо асоси ин ҷаҳонанд (Бейст бес) ӯ сарвари ин олам аст” (Муаллиф).

 

[285] Саҳеҳ аст. Имом Аҳмад ривоят кардааст. Аллома Аҳмад Шокир мегӯяд: “Санади ҳадис саҳеҳ аст”  (таҳқиқи “ал -Муснад”, рақами 2846, 4\304).

[286] Ин ҳадис заиф аст. Ҳадиси Аббос ибни Мирдосро Хароитӣ дар “Азоулканз”, дар боби “Садоҳо” овардааст (12/472) ва ҳамчунин онро Ибни Асокир овардааст, санади он заиф аст.

[287] Бухорӣ онро дар “Фазоили асҳоби Паёмбар (с.а.в)” дар боби “Исломи Умар ибни Хаттоб (р)” ривоят кардааст ва матни ҳадис дар Бухорӣ дарозтар омадааст ва достони дигаре монанд ба ин дар “Муснад”-и Имом Аҳмад зикр шудааст (20\2030 “ал-Фатҳурраббонӣ”). Ҳайсамӣ гуфтааст: “Ҳадисро Аҳмад ривоят кардааст ва ровиёни он мавсуқ мебошанд”.

[288] Саҳеҳ ба ривояти Аҳмад ва Байҳақӣ ва ҳадиси баромадани нуре, ки тамоми заминро рӯшноӣ дод, инро ҷамоате ривоят кардааст ва Ибни Ҳаббон ва Ҳоким онро саҳеҳ гуфтаанд (“Хафоҷӣ”, 3\311). Бингар тафсилоти худро дар “ал-Фатҳ” (6\5830), “Мишкот” (5759). Муҳаққиқ саҳеҳ гуфтааст. Бингар ба ҷумлае аз аҳодис дар ин мавзӯъ дар “Маҷмаъуззавоид” (8\223-224) ва дар саҳеҳи “Ҷомиъуссаѓир” бо рақами (3445). Аз Абӯумома ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в)   фармудааст: “Модари ман нуре дидааст, ки аз ӯ хориҷ шуда, қасрҳои Шомро рӯшан гардондааст”. Ривояти Ибни Саъд ва муҳаққиқ саҳеҳ гуфтааст.

[289] Дар китоби  “ал- Маснуъ фӣ маърифати алҳадис” аз Алиқорӣ  омадааст ва касе, ки инро таҳқиқ намудааст, Абдулфаттоҳ Абӯѓудда мебошад, ки хулосааш дар саҳифаи 18 баён шудааст: “Пас ин ҳадис заиф мебошад (мақсад ларзиши қасри Кисро ва афтидани 14 айвони он, хомӯш шудани оташи маҷусиҳо ва хушк шудани оби кӯли Сова…)”, баъд боз мегӯяд  аз ин ки баъзе олимон дар китобҳои сирату таърих чизе аз ин қабил гуфтаанд, туро нафиребад аз амсоли Ибни Ҷарирӣ Табарӣ дар таърихаш (2\131-132), Абӯнаими Исфаҳонӣ дар “Далоилуннубувваҳ” (96-99), Байҳақӣ низ дар “Далоилуннубувваҳ” (1\67-71), Қасталонӣ дар “ал-Мавоҳиб ал-ладуния” 1\23), Зарқонӣ дар шарҳи “ал-Мавоҳиб ал -ладуния” (1\121-122), Саютӣ дар “ал-Хасоис ал-кубро” (1\51), Ашшомӣ ассолиҳӣ дар “Мироти ашшомия” , “Найлул ҳудо  вар рашод фи сирати хайрил ибод” (1\429-430) ва дигарон. Ин муаллифон ва амсоли онҳо дар китобҳои худ инро зикр намудаанд ва ҳар он чи дар ин боб омада бошад, саҳеҳ бошад ё набошад, барои навиштан, маърифати он ва байни ѓариб будану таҳқиқ намудан аст, на барои рост ва саҳеҳ буданаш.

[290] Ҳамчуноне ки Воқидӣ, Ибни Асокир ва Ибни Саъд   аз Ибни Аббос ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3\318).

[291] Саҳеҳ, бингар ба ҳошияи 17, аз ишораи 11.

[292] “Хафоҷӣ” (3\318).

[293] “Хафоҷӣ” (3\318). “аш-Шифо” (1\368).

[294] Ҳамчуноне ки Ибни Саъд ва ѓайра ривоят кардаанд.

[295] “Хафоҷӣ” (3\315).

[296] “Хафоҷӣ” (3\313). Ба ҳошияи (33) аз ишораи 14 муроҷиат намо.

[297] “Хафоҷӣ” (3\319).

[298] Он зоте, ки дар ҳаққи ӯ гуфтаанд «Агар ту намебудӣ, ҳаргиз оламро намеофаридам», дар ҳақиқат, сарвари бузургест. Зеро ҳукумати ӯ ҳазору сесаду панҷоҳ сол идома дорад ва пайравони ӯ дар ҳар аср сесаду панҷоҳ миллион нафар мебошанд. Шахсе, ки парчами худро дар ними курраи замин афрӯхтааст ва пайравони ӯ ҳамарӯза бо ӯ дар намозҳои худ таҷдиди паймон мекунанд ва ба ӯ бо тамоми эҳтирому адаб салом мефиристанд ва пурра пойбанди дастурот ва фармонҳои ӯ мебошанд.

Ҳадиси “Агар ту намебудӣ, агар ту намебудӣ, эй Муҳаммад, замину осмонро  халқ  намекардам”-ро ҳам аз лиҳози маъно ва ҳам аз лиҳози иборат муҳадисон мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Шояд суханони Имом Алиқорӣ мӯътадилтар бошад, ки на онро рад мекунад ва на пурра қабул мекунад, ӯ мегӯяд: “Ҳадис аз лиҳози маъно саҳеҳ аст, гарчӣ ибораи он заиф бошад” (“Шарҳушшифо”, 1\6).

[299] «аш-Шифо” (1\191), Имом Бухорӣ дар “Фазоили асҳоби Паёмбар (с.а.в)”, боби “Исро” ривоят кардааст, дар тафсири сураи “Исро” низ он баён шудааст. Муслим ҳадиси рақами (170) ва Тирмизӣ ҳадиси (2132 таҳқиқи Аҳмад Шокир) ривоят намуданд, ки ибораи ҳадис ин аст: “Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки шунидааст Паёмбари Худо (с.а.в) фармуданд: “Вақте Қурайшиҳо сафари маро дурӯѓ гуфтанд, ман дар назди Ҳиҷр истодам ва Худованд Байтулмуқаддасро барои ман зоҳир намуд, сипас ман онро дида, нишонаҳояшро ба онҳо хабар медодам”. Бухорӣ дар ривояте онро дарозтар ривоят кардааст.

[300] «аш-Шифо” (1\284). Алиқорӣ мегӯяд (1\591-592): “Баъзе аз уламои ҳадис бозистодани Офтобро саҳеҳ намедонанд агарчанде баъзе гумон бурданд, ки ҳадиси мазкурро Қозӣ Иёз дар «аш-Шифо” аз Таҳовӣ тахриҷ кардааст. Ибни Таймия мегӯяд: “Бо вуҷуди қадри баланд доштан ва аз мақоми воло бархӯрдор будан, дар илми ҳадис кори Қозӣ тааҷҷубовар аст. Чӣ гуна ӯ метавонад сокит бошад ва гумон кунад, ки ин ҳадис саҳеҳ аст, ривояти он собит шудааст ва мардони санади он мӯътамаданд? Дар “Мавоҳиб” омадааст, ки шайхи мо аз Аҳмад ривоят мекунад, ки ин ҳадис асос надорад ва Ибни Ҷавзӣ низ ин раъйро таъйид намудааст ва ин ҳадисро дар ҷумлаи мавзӯъҳо овардааст”. Аммо Таҳовӣ ва қозӣ Айёз онро саҳеҳ шуморидаанд ва Ибни Манда ва Шоҳин онро аз ҳадиси Асмоа бинти Умайс тахриҷ намудаанд ва Ибни Мардавият аз ҳадиси Абӯҳурайра. Қасталонӣ мегӯяд: “Табаронӣ низ дар “Маъҷами Кабир”-и худ бо санади ҳасан ривоят намудааст. Саютӣ дар (“ад-Дурарул мунтасира”, 193) сухане ба ин монанд овардааст ва дар поёни он овардааст, ки Ибни Ҷавзия иддао дорад, ки ин ҳадис мавзӯъ аст, вале ҳамчуноне ки дар “Мухтасари мавзӯъот ва таъқибот” оварда будем, ӯ хато кардааст. Ҳадисҳои дар ин боб омадаро дар “Маҷмаъ”  (8/296) ва “ал-Фатҳ”(6/155) нигоҳ кун ва ҳамчунин дар “Ҳадисҳои заиф” (972), ки дар онҷо атрофи ин мавзӯъ таҳлилҳои зиёде ҳаст.

[301] Боби аввали “Номаи бисту шашум” инро пурра баён мекунад. Муаллиф.

[302] Тариқаи эъҷози ин гурӯҳ аз мардум, ки аз илму идрок маҳруманд ва танҳо дида метавонанд, ба пуррагӣ баён нашудааст ва он дар номаи бисту нӯҳум ва сиюм ба пуррагӣ баён шудааст, то он дараҷа, ки кӯрҳо низ бо як эҳсос намудан метавонанд аз он истифода баранд. Мо барномаи чопи ояндаи Қуръонро ба тавре гузоштам, ки ин намуди эъҷозро ба таври ошкор баён намояд ва дуо мекунем, ки дар чопи он муваффақ бошем. Мутарҷим.

[303] Ҳамин тавр, эъҷози Қуръон барои  аҳли зикру аҳли муноҷот  услуби фасеҳи Қуръон ва калимоти зебояш балоѓати ҷолибаш бо оне, ки бисёр аст, ба дили ҳар шахс ҷиддият, оромии пурра ва ҷамъи хотир медиҳад. Дар ҳоле ки дигар намуд фасоҳатҳо бо вуҷуди оне, ки хело олӣ тартиб шудаанд, аммо аз ихлосу ҷиддият холиянд, итминон ва оромии дилро барҳам мезананд ва фикру андешаро  парешон мекунанд. Ҳатто беҳтарин ва зеботарин муноҷот, ки муноҷоти Имом Шофеъӣ аст ва он аз ҷиҳати назм хело боло, бо ихлос ва ҷиддӣ аст ва бо вуҷуди он ки қаҳтӣ ва қиматиро аз Миср дур кард, мебинем он наметавонад ихлоси комилро ато намояд. Дар муддати нӯҳ соле, ки ман муноҷотро ҳамарӯза мехондам ва онро барои худ вазифа қарор дода будам, натавонистам дар он ба ихлоси комил муваффақ шавам. Баъди он фаҳмидам, ки назму қофияи Қуръон, ки ин хоси худ ва як эъҷози он мебошад, бо оне, ки дилро ором ва ба он ихлосу оромӣ мебахшад, агар аҳли муноҷот онро бо ақл дарк накунанд, онро бо қалб дарк хоҳанд кард.

Яке аз асрори маънавии Қуръон он аст, ки Қуръон дараҷаи болотарин ва равшантарини имони Паёмбар (с.а.в)-ро, ки Исми аъзамро медонист, баён мекунад. Ҳамчунин Қуръон он мартабаи баланд ва васеъи дини ҳақро таълим намуда, баён мекунад ва ҳамчунин баёнкунандаи олами охират ва олами руббубият аст. Қуръон ҳамчунин хитоби Парвардигори мутлақ ва боиззату азамат аст. Пас, ин услуб бо ин таъбири имтиёзнок ва баёни қуръонӣ бо ин навъе, ки ҳаст, имкон надорад, ки ақли башар ва  агарчӣ дар як ақл ҷамъ шаванд, чунин услубе биёранд. Ҳамон гуна ки Қуръон фамудааст:

“Бигӯ агар ҷину инс ҷамъ шаванд, то мисли Қуръон чизе биёранд, онҳо ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳанд шуд”. Зеро имкон надорад бо ин се асосе, ки ҳаст, Қуръонро тақлид ва бо он монанде биоранд.

Оятҳои Қуръон дар охири саҳифа тамом мешаванд,  чуноне ки дар аксари Қуръонҳо аст ва саҳифа низ бо қофияи зебо хотима меёбад, сирри ин дар он аст, ки дарозтарин оят ин ояти (дайн) аст, ки ваҳдати қиёси саҳифаи Қуръон аст, аммо сураи “Ихлос” ва “Кавсар” мояи қиёси сатр аст. Ва бо ин як имтиёзи зебо ва аломати эъҷози Қуръон баён мешавад.

Бо оне, ки ин баҳс хело боаҳамият пурмӯҳтаво ва аз ҷиҳати тавфиқи илоҳӣ баёнгари каромат ва зебоист, аммо дар ин ҷо фақат ба мисолҳои ҷузъӣ ва хело кам иктифо намудаем ва ҳамчунин нишонаҳои хурдеро баён кардаем ва ин ба сабаби саросемагӣ дар навиштан  аст. Бале! Он каромат ва ҳақиқати бузурге, ки онро силсилае аз каромоти Қуръон зоҳир менамояд, дар панҷ ё шаш навъ аст ва баёнгари навъе аз эъҷози Қуръон, ки онро бо чашм мебинем ва он манбаи ишораҳои ѓайбӣ аст, мушоҳида мекунем. Феълан ин ҳосил шуд, зеро Қуръоне ба нашр расид, ки лафзи Аллоҳро дар ҳар сафҳа баён мекунад ва ҳамчунин шаш рисола бо номи “ар-Румузот ассамония”, ки ишораҳои махфии Қуръонро ба воситаи тавофуқ миёни ҳарфҳо баён мекунад. Ман низ панҷ рисола дар бораи тасдиқи расоили нур ва қадрдонӣ аз он бо вуҷуди асрори тавофуқии он навиштаам ва ин “Каромати Ѓавсия” ва се каромат аз каромоти “ал -Алавия” ва як рисолаи “Ишоротул Қуръония” мебошад. Шояд дар рисолаи “ал-Муъҷизот ал-Аҳмадия” он ҳақиқати бузургро ҳис карда бошед, аммо мутаасифона, муаллиф фақат чизҳои камеро баён намуда, аз баҳр фақат қатраеро баён менамояд ва дигар чизеро илова накардааст. Муаллиф.

[304] Устод Нурсӣ ин рисоларо ба забони арабӣ дар “ал-Маснавии арабии Нурӣ” навиштааст ва баъд онро ба туркӣ тарҷума намуда “Калимаи 19” ном гузоштааст. Ҳангоми тарҷумаи он бори дигар ба арабӣ насси арабии устодро бо тақдиму таъхир ва ҳазфу изофа дар матни туркӣ нигоҳ доштам. (Мутарҷим).

[305] Ҳусайн Ҷиср саду чордаҳ башоратро аз матни он китобҳо тахриҷ намуда, онро ба “Рисолаи ҳамидия” зам кардааст. Агар ин башорот баъди таҳриф ин қадар бошад, пас шакке нест, ки ишораҳои зиёде қаблан мавҷуд будааст  (Муаллиф).

 

[306] Яъне инҷо шаш далели қатъӣ бо шаш навъи иҷмоъ дар воқеъ шудани ин мӯъҷиза вуҷуд дорад, вале мутаассифона, ба ин баҳс эҳтимоми комил надодем ва лизо ҳамчунон нопурра боқӣ мемонад. Муаллиф.

[307] Се ҳадиси муттафақро зикр мекунем: 1. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки гуфтааст: “Дар замони Паёмбар (с.а.в) Моҳ ду қитъа шуд ва Паёмбар (с.а.в) фармуд: “Шоҳид бошед”. Муттафақун алайҳ. 2. Аз Анас ривоят аст, ки аҳли Макка Паёмбар (с.а.в)-ро аз нишон додани далеле пурсиданд ва Паёмбар (с.а.в) онҳоро дупора шудани моҳтобро нишон дод. Муттафақ. 3. Аз Ибни Аббос(р) ривоят аст, ки Моҳтоб дар замони Паёмбар (с.а.в) дупора шуд. Муттафақ. Бингар “Муснад”-и Аҳмад 1\377, 413, 447, 456,  3\207, 220, 275, 278, 4\81  ривояти Табаронӣ, рақами 295, 1891, 1960. Тафсири Ибни Касир (6\469) барои маърифати ҳодиса. Мутарҷим.

[308] Рӯзномаи исломие, ки ба умури мусулмонон аҳамияти бештар медиҳад, зикр намудааст, ки сиёсатмадорони машҳур ва ҳуқуқшиносоне, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ аҳамият медиҳанд, соли 1927 дар Аврупо як конфронс ташкил намуда, дар он файласуфони бегона дар бораи Ислом сухан кардаанд, дар зер ибораи гуфтаи онҳоро зикр намуда, бо як калима тарҷума мекунем ва бо илова намудани ин ду шоҳидии дигар ба сию панҷ шаҳодате, ки дар охири рисолаи “Нур” зикр шудааст, дар назди мо 45 шаҳодат атрофи ҳақ будани ислом ҳосил мешавад. Ҳақ он чизе аст, ки душманон гуфтаанд ва ба дурусти уламои ѓарб ба бузургии асосҳои ислом ва салоҳияти он бар ҷомеа эътироф намудаанд… раиси донишкадаи донишгоҳи Афина, устод Шабул дар конфронси ҳуқуқдонҳо, ки дар соли 1927 баргузор шуда буд, гуфтааст: “Башарият бо омадани марде чун Муҳаммад ифтихор дорад, зеро ӯ бо вуҷуди оне ки бесавод буд, тавонист қабл аз зиёда аз даҳ аср қонунеро ба роҳ андозад, ки мо аврупоиҳо агар баъди дуҳазор сол ба қимати он бирасем, хушбахт мешавем”.

Барнордшоу мегӯяд: “Дини Муҳаммад барои он, ки дорои нишоти аҷибе аст, ҳамеша мавриди тақдири ман мебошад. Барои он, ки чуноне ба ман маълум аст, он ягона дине мебошад, ки қудрати ҳалли табақоти мухталифи ҳаёти зиндагиро бо қудрати ҷалби ҳамаи мардум ба он доро аст. Ман зарур медонам, ки Муҳаммад бояд наҷотдиҳандаи башарият шинохта шавад ва ҳамчунин мӯътақидам, ки агар марде чун ӯ роҳбарии олами ҳозирро ба даст гирад, дар ҳалли мушкилоти олам пирӯз шуда, оламро ба сулҳу субот мерасонад ва чӣ қадар олами ҳозир ба сулҳ ниёз дорад”.

МУЪҶИЗОТИ АҲМАДӢ

ТАҚРИЗ

       Нимаи авали асри 20 ва ибтидои асри 21 давраи бисёр боло рафтани нуфузи динҳои ҷаҳонӣ, хусусан Ислом аст. Ин падида чанд сабаби умда дорад.

– аз нимаи дуюми асри 20 Ислом дар мамлакатҳои шарқи мусулмонӣ ба мафкураи миллӣ-озодихоҳӣ аз истисмори аҷнабӣ ва раҳоӣ ёфтан аз султон мустамликадорини ғарбӣ гардид. Ба ин ваҷҳ Ислом ба як маънӣ ба давраи нави эҳёи худ ворид гардид;

– дар солҳои 60-80-уми қарни гузашта дар як даста мамлакатҳои шарқи исломӣ, чун Покистон, Афғонистон ва Эрон, инқилобҳои исломӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа давлатҳои исломӣ ба маънии васеъи ин калима роҳ ёфтанд. Ин падида таъсири Исломро дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ тавсеъаи бештар бахшид;

– шикасти сохти сотсиалистӣ ва мафкураи марксистӣ дар як низоми сотсиалистии ҷаҳонӣ, хусусан дар Иттиҳоди Шуравӣ, таназзули ҳаракати коргарии коммунистии ҷаҳон ва мафкураи он низ нуфузи Исломро беш аз пеш тақвият доданд. Дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ки таърихи исломӣ доштанд, аз ҷумла Тоҷикистон, мафкураи исломӣ вориди эҳё гардид;

– инкқилобҳои охирини мамолики араб, чун Ироқ, Тунис, Миср, Либия… ва ба сари ҳокимият омадани қувваҳои исломгаро низ таъсири Исломро дар ҳаёти ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сахт тақвият бахшид.

Ба ин сабабҳо боло рафтани нуфузи Ислом дар ҳаёти ҷомеъа, хусусан ҷомеъаи дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягона, ки Тоҷикистон ба гурӯҳи онҳо мансуб аст, тақозо менамояд, ки роҳҳои ҳамзистии осоиштаи дин ва давлати дунявӣ… бозҷӯӣ шаванд, то ки амнияти ҷомеъа барои ояндаи дур таъмин гардад.

Ба фикри мо яке аз муҳимтарин роҳҳои ҳалли ин масъала ташаккули шуури мудоропазирӣ, ақлгароии муътадил, бартараф кардани  ҳамагуна хуруфотпарастӣ ва дарёфти исломи ноб аст. Дар ин роҳ нашр ва тарғиби осори мутафаккирони бузурги исломӣ, ки хатти миёнаро дар тарғиби дин, фалсафа ва илм пеша карда буданд, саҳми бузург бозида метавонанд. Аз сӯи дигар дастраси омма кардани осори муслиҳон ва маорифпарварони исломӣ, чун Ҷамолуддин Афғонӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Кавокибӣ, Абдуҳ, Аҳмади Дониш ва бешак навиштаҳои Саъид Нурсӣ дар ин маврид нақши бузурги маърифатӣ дошта метавонанд.

Асари Саъид Нурсӣ «Муъҷизоти Аҳмадӣ», ки шарҳу баёни масоили умдаи Исломро ба назардошти фаҳмиши омма шомил аст, ва ба забони равони тоҷикӣ тарҷума шудааст, барои дарёфти исломи ноб аз ҷониби мардум бисёр муфид мебошад.

Аз ин сабаб, нақши ин китобро тақозои замон мешуморам.

 

          17.07.2012 с.

Академики Академияи

илмҳои Тоҷикистон 

М. Диноршоев.

ТАҚРИЗ

 

Мӯъҷиза бузургтарин раҳоварди паёмбарони Худо барои тасдиқи паёмбариашон ба сӯйи башарият мебошад. Мӯъҷиза аз ҳама корҳои «хориқулода»-ву «фавқулода» чашмбандиҳову шуъбадабозиҳои ҷиннию инсӣ фарқ дошта, барои соҳибназарон хурдтарин шакку тардидро дар мавриди ваҳдонияти Худо ва бар ҳақ будани паёмбарони ростинро бармало намуда, ҳама макру ҳилаҳои коҳинону соҳинонро бепоя мегардонад ва имони муъминонро тақвият бахшида, гумроҳону ҷоҳилонро раҳнамоӣ менамояд ва боиси куфру илҳоди бештарашон мегардад.

Ба паёмбари охирзамон-Муҳаммади Мустафо(с) мисли ҳама паёмбарони пешин мӯъҷизаҳо омадааст. Вале мӯъҷизаҳои паёмбарони пеши нагар аз нигоҳи замонӣ (ва маконӣ) маҳдуд ва бештар вобаста ба тӯли зиндагонии соҳибонашон мебуд, пас, мӯъҷизаҳои Паёмовари охирин(с) аз нигоҳи замонию маконӣ маҳдуд набуда, ҷовидонаву тағйирнопазиранд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон аз бузургтарин мӯъҷизаи Паёмбари Худо(с) Қуръони карим ёд намуд, ки каломи илоҳӣ будаву дар дарозои таърих таҳриву тағйире нахӯрда ва мардумро ҳама давру замон ба ростию ҳақиқат фаро хондаву ба тамоми масоил аз заминӣ то ба кайҳони ишора намудааст.

Дар мавриди мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) таърихнигорону донишмандони исломӣ китобҳое навиштаанд, ки китоби «Муъҷизоти Аҳмадӣ»-и Саид Нурсӣ дар пайравӣ аз онҳо навишта шудааст. Муаллиф кӯшидааст, то дар ин китоб танҳо ба ҳамон мӯъҷизаҳое ишора намояд, ки дар таърихи Ислом ба сурати мутавотир ривоят шудаанд ва бузургтарин донишмандони исломӣ, ба вижа муҳаддисону сиранависон ба омӯзиши дақиқи онҳопардохта санади, онҳоро саҳеҳу муътамад эълом доштаанд.

Муаллиф дар баробари ба таври кутоҳ овардани матни ҳадисе, ки аз чигуна воқеъ шудани мӯъҷизае аз мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) ҳикоят мекунад, боз ба таҳлили таърихии он пардохта, барои хубтар роҳ ёфтани он ба зеҳни хонанда аз тамсилҳои ба инсони имрӯз ошно истифода намудааст ва гоҳе ба мардум, ба вижа ба нафароне, ки дар ҳақиқати мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) кӯчактарин шакку тардиде менамоянд, хитоб намуда, онҳоро ба он фаро мехонад, ки ба мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) бод иди дунсиона назар намоянд ва пардаи ҷаҳлу гумроҳиро аз пеши назари худ ба дурр андозанд.

Дар ҳошияи китоб ҳадисҳои овардашуда тахриҷ шудаанд, ки воқеан, ин арзиши илмии онро боз дучанд намуда, дигар барои нуктагирону кутаҳбинон  дармавриди саҳеҳу муътамад будани санадҳои он ҷойи тардидеро намегузорад.

Ҷойи тазаккур аст, ки дар бархе мавридҳо муаллиф аз бузургони аҳли тасаввуф ва баъзе каромотҳои онҳо ба таври муҷмал ёдовар шудааст, ки ин пеш аз ҳама аз таъби суфиёна дошатни ӯ дарак медиҳад.

Ба таври умумӣ, китоби «Муъҷизоти Аҳмадӣ»-и Саид Нурсӣ маълумоти зиёдеро ба таври муфассал аз мӯъҷизаҳои Паёмбари Худо (с) ва аз сирати бемисоли Ӯ (с) дар бар гирифта, инчунин, дар мавриди бузургтарин мӯъҷизаи Ӯ (с) – Қуръони карим нуктаҳои ҷолиберо дар худ дорад, ки бе шак ба ҳар хонандае писанд меляд.

 

Муқарриз устоди ДМТ

Исмонов Кароматулло

Ламъаи Бисту сеюм

Рисолаи Табиат

Ин Рисола, андешаи куфромезеро, ки мумкин аст аз табиат сар барорад, аз байн мебарад ба шакле, ки ҳеҷ гоҳ ҷон нагирад ва аслу асоси куфро зеру забар мекунад.

Ихтор

Воқеияти масире, ки табииюни мункир тай мекунанд, дар ин баёния, таҳти унвони нӯҳ муҳол, ки дар баргирандаи камаш навад муҳол мебошад, баён мегардад. Ва нишон дода мешавад, ки то чи  андоза аз ақл дур ва то чи дараҷа ифлос ва чи қадар хурофа мебошад. Зеро муҳолҳои мазкур, дар рисолаҳои дигар то ҳудуде тавзеҳ дода шудааст. Дар ин ҷо, барои риояи ихтисор, ба баъзе мавридҳо напардохтаем. Бинобар ин, дар як лаҳза ба зеҳн чунин мегузарад: “Чигуна мумкин аст ин файласуфони ақлгарои машҳур, чунин як хурофаи ошкору равшанро пазируфта, ба он роҳ раванд?”.

Бале, онҳо натавонитаанд ботини маслаки хешро бубинанд. Ҳақиқати маслаки онҳо ва лозимаву муқтазои он ба унвони хулосаи мазҳаби ғайри маъқул[1], кареҳу нопокашон, дар ибтидои ҳар муҳол навишташудааст. Ва ман ҳозирам онро барои касоне, ки шубҳа доранд, бо бурҳонҳои бадеҳию қатъӣ, муфассалан баёну исбот кунам.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

[2] قَالَتْ رُسُلُهُمْ اَفِى اللّٰهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ

Ин ояти карима, бо истифҳоми инкорӣ, эълом медорад, ки дар хусуси Ҷаноби Ҳақ шаке нест ва набояд бошад. Ва нишон медиҳад, ки вуҷуду ваҳдонияти Илоҳӣ, дар мартабаи бадоҳат аст.

      Пеш аз тавзеҳи ин сирр, як тазаккур бояд диҳем.

Дар соли 1338 (1922 м.) ба Анқара рафтам. Дидам, як андешаи куфромези зиндиқӣ, барои нуфуз кардан ба олами фикрии қавии аҳли имон, ки аз ғалабаи лашкари Ислом бар Юнон, дар нишоту сурур буд, барои тахриби он бо дасисаву фиреб, фаъол аст. Гуфтам: Эй воҳ, ин аждаҳо ба аркони имон садама мезанад! Дар он лаҳза ояти каримаи мазкур, вуҷуду ваҳдонияти Илоҳиро комилан бадеҳӣ, ба ман фаҳмонд. Аз оят истимдод кардам ва бурҳони қавии аз Қуръони Ҳакимро, ки метвонист сари он зиндиқро ба санг кубад, дар рисолаи Арабӣ навишта ва дар  матбааи “Йенӣ Гун” дар Анқара мунташр кардам. Афсус, теъдоди касоне, ки арабиро медонанд, кам аст. Ва шумори ононе, ки ин гуна матолиб, барояшон аҳамият дошта бошад, нодир аст. Рисолаи  мазкур, ки як бурҳони қавиро дар ниҳояти иҷмолу ихтисор  баён мекард, таъсири чандоне аз худ нагузошт. Мутаасифона андешаи  бединӣ, густариш ёфт ва қудрати бештар гирифт. Он бурҳони ёдшударо, ночор ба туркӣ баён мекунам. Баъзе аз порчаҳои он бурҳон, дар рисолаҳои дигар, комилан тавзеҳ дода шудааст. Бинобар ин, дар ин ҷо мухтасаран, навишта мешавад. Бурҳонҳое, ки дар дигар рисолаҳо ба кисмҳо ҷудо шудаанд, дар ин бурҳон қисман муттаҳид шуда ва ҳар кадомашон дар ҳукми як ҷузъи аз ин бурҳон, талаққӣ мегардад.

Муқадимма

Эй инсон! Бидон, калимаҳое ҳаст, ки аз даҳони инсонҳо хориҷ шуда, бӯйи бединӣ медиҳанд. Аҳли имон, ногаҳон аз онҳо истифода мекунанд. Се мавриди муҳимтарини онҳоро баён мекунем.

Якум: اَوْجَدَتْهُ الْاَسْبَابُ  Яъне, асбоб ин чизро эҷод мекунад.

Дуюм: تَشَكَّلَ بِنَفْسِهٖ  Яъне, худ ба худ шакл гирифта, вуҷуд меёбад ва ба охир мерасад.

Сеюм: اِقْتَضَتْهُ الطَّبٖيعَةُ  Яъне, табиист ба иқтизои табиат вуҷуд ёфтааст.

Бале, мавҷудот ҳастанд ва ҳастии онҳоро наметавон инкор кард. Ҳар мавҷуде низ ҳунармандона ва бо ҳикмат ба вуҷуд меояд. Ба ҳамин тартиб  мавҷудод чун қадим нестанд тоҷаранд ҳодис маҳсуб мешаванд. Акнун эй мулҳид! Дар бори ин мавҷуд, масалан ин ҳайвонро ё бояд бигуӣ асбоби олам инро эҷод кардааст, яъне ба воситаи иҷтимои асбоб вуҷуд ёфта, ё ин ки худ ба худ мавҷуд шудааст, ё ба иқтизои табиат яъне таҳти таъсири табиат ҳастӣ меёбад ва ё ин ки бо қудрати Қадири Зулҷалол эҷод мешавад.

Ба лиҳози ақлӣ ҷуз ин ҷор роҳ, роҳӣ дигаре вуҷуд надорад. Агар се роҳи аввал яқинан исбот гардад ки муҳолу ботил ва мумтаниъу имконнопазир мебошад, биззарура ва билбадоҳа роҳи чоррум ки тариқи ваҳдоният аст бе шакку шубҳа исбот мегардад.

Аммо роҳи якум ки мегуяд:

Вуҷуди махлуқот ва шаклгирии ашё, ба воситаи иҷтимоъи асбоби олам сурат мегирад. Аз муҳолҳои фаровони ин баҳс, танҳо се тоашро зикр мекунем:

Муҳоли якум: Дар як дорухона, садҳо шишаи маводи гуногун паҳлуи ҳам вуҷуд дорад. Фарз кунем аз доруҳое, ки дар ин дорухонааст, мехоҳанд маъҷуни зиҳаёт таҳия кунанд. Яъне мехоҳанд аз он шишаҳо, подзаҳри олӣ ва дар айни ҳол бархурдор аз ҳаёт ба вуҷуд ояд. Фарз кунем, омадем ва дарон дорухона теъдоди зиёди он маъҷун, ё подзаҳри зиҳаётро дидем ва ҳар кадомашонро мавриди баррасӣ қарор додем. Мебинем, ки ҳар кадоми шишаҳо ба як андозаи махсус, масалан ба вазни ду дирҳам аз ин, се чор дирҳам аз он, шаш ҳафт дирҳам аз дигараш ва ғайраҳо, андозаҳои гуногун, аз ҳар кадомаш бардошта шудааст. Медонем, ки аз ин шиша, масалан аз як дирҳам зиёдтар, ё камтар гирифта шуда бошад, он дармон, дорои ҳаёт намешавад. Яъне он дору, хосияти худро гум мекунад. Агар ҳар як шиша, як модда ба андозаи мушаххас доштабошад, ки агар заррае кам, ё зиёд шавад, дармон хосияти худро аз даст медиҳад. Шумори шишаҳо аз панҷоҳ адад зиёд аст ва аз ҳар як ба мизони мушахасу ҷудогона, дору бардошта шудааст.

Оё аслан имкон ва эҳтимол дорад, ки доруҳои гирифта шудаи аз шишаҳо, ки ба миқдорҳои мухталиф гирифта шудааст, бо пароканда шудани шишаҳо  дар як тасодуфи аҷибу ғариб, ё дар як ҳавои туфонӣ ва рехта шудани мӯҳтавиёташон ба ҳамон вазни  мавриди назари ҳосилшуда ва доруҳо худ ба худ гирди  ҳам ҷамъ шаванд ва маъҷуни мавриди назарро  ба вуҷуд оранд? Оё бепоятар, ботилтар муҳолтар аз ин, чизи дигаре ҳаст? Ҳатто хар агар хартар шавад ва баъд инсон шавад, боз ҳам ин фикрро қабул накарда, мегурезад.

Ҳамаи зиҳаётон ҳамчун мисоли мазкур, бешубҳа маъҷун ё таркиби бархурдори аз ҳаёт мебошанд. Ҳар як гиёҳ, монанди подзаҳр дорои ҳаёт аст, ки аз маводи бисёр мутааддид ташкил шуда ва бо мизону миқёси бисёр дақиқ аз маводи арзшуда, таркиб гардида аст. Ҳамин гиёҳ, агар ба сабабҳо нисбатдода шуда, гуфта шавад: “Сабабҳо ва унсурҳо онро эҷод кардаанд”, монанди ҳамон маъҷуне, ки иддио шуд, бо чаппа шудани шишаҳои дорухона, пайдо шудааст, дур аз ақл ва муҳолу ботил мебошад.

Натиҷа: Инки дар дорухонаи бузурги олам, маводи ҳаёте, ки бар асоси қазову қадари Ҳакими Азалӣ гирифта машавад, бо ҳикмати бе ниҳоят ва илми бепон ва иродае, ки ҳама чизро  шомил мешавад, метавонанд вуҷуд ёбанд. Бечорае, ки хилқатро кори асбобу табиат ва унсури куллӣ медонад, кӯру кар ва ҳамчун сел дар ҷараён аст. Монанди девонаест, ки бар асари ҳазаён, мегуяд: Он подзаҳри аҷиб, худ ба худ аз дохили шишаҳо берун омада, ба вуҷуд омадааст. Ӯ аҳмақтар аз аҳмақест, ки дар ҳоли мастӣ ба сар мебарад. Бале, куфргуии мазкур дар ҳақиқат ҳазаёни аҳмақона, нохирадона ва аблаҳонааст.

Муҳоли дуюм: Агар ҳамаи чизҳо, ба Қадири Зулҷалоле, ки Воҳиди Аҳад аст, нисбат дода нашаванд, балки ба сабабҳо нисбат дода шаванд, бояд бисёри аз сабабҳо ва унсурҳои олам, дар вуҷуди ҳар зиҳаёт дахолат кунанд. Дар ҳоле, ки дар вуҷуди як махлуқи хурди монанди паша, иҷтимои сабабоҳи мутабойин ва тазод барои эҷоди назми комил ва мизони ҳассос ва пайванди том, чунон муҳолу ошкорест, ки агар касе, ба андозаи боли пашша шуур дошта бошад, хоҳад гуфт: “Ин муҳоли ғайри мумкин аст”.

Бале, ҷисми бисёр хурди паша, бо бисёри унсурҳову сабабҳои олам, дар иртибот аст. Ва ҳатто фушурдаву хулосаи олам аст. Агар хилқати пашша ба Қадири Азалӣ нисбат дода нашавад, сабабҳои моддӣ, ҳамеша мебоист дар ҳастии он ҳузур дошта бошанд. Ва ҳатто  дар даруни ҷисми хурдтаринаш бошанд. Масалан: Бояд вориди ҳуҷайраи чашмаш шаванд,  ки як намунаи хурди аз ҷисмаш аст, зеро агар сабаб моддӣ бошад, бояд ҳамроҳ, дар даруни мусабаб бошад. Ҳоло дар даруни ҳуҷайраи чашме, ки ду банди ангуштони нозуктар аз сӯзани пашша низ, ҷо намегирад, бояд қабул кард, ки аркон ва унсурҳо ва табиати олам, ба таври моддӣ, дар дохили чашм ҳузур доранд ва бо маҳорат низ, кор мекунанд.

Аблаҳтарин суфастоӣ низ, аз қабул кардани чунин ақида шарм мекунад.

Муҳоли сеюм: Бар  асоси қоидаи қатъии اَلْوَاحِدُ لَا يَصْدُرُ اِلَّا عَنِ الْوَاحِدِ  Агар як мавҷуде дорои ваҳдат бошад, бешубҳа аз воҳид содир шудааст. Хоссатан ин, ки он мавҷуд агар аз назми комил ва мизони дақиқ бархурдор буда ва мазари ҳаёти ҷомеъ бошад, яқинан  дониста мешавад, ки дастҳои мутаадиде, ки боиси ихтилофу кашмакаш мешаванд, дар офариниши он мавҷуд дахолат надоштаанд. Балки Холиқи бисёр қудратманду Ҳаким онро офаридааст. Сабабҳои табии беҳаду канор, ҷомид, ҷоҳил, мутаҷовиз, беидрок, кӯр, кар ва ошуфтаанд. кӯрию карӣ дар роҳҳои пур аз имконоти бешумор ва ба воситаи иҷтимоъу ихтилот зиёдтар мешаванд. Бо ин ҳол нисбат додани мавҷуди бархурдор аз ваҳдату инсуҷом ва муназзам, ба онҳо монанди сад муҳолро якбора қабул кардан аз ақлу хирад дуртар мебошад.

Сарфи назар аз амри муҳол, сабабҳои моддӣ ба воситаи мубоширату тамос, таъсири худро мегузоранд. Дар ҳоле, ки тамоси сабабҳои табиӣ, бо зоҳири мавҷудоти зиҳаёт сурат мегирад. Аммо ба равшанӣ мушоҳида мекунем, ботини зиҳаётоне, ки барои асбоби моддӣ қобили дастрас ва тамос нест, бисёр муназзамтар, латифтар ва аз назари сунъ, комилтар аз зоҳири онҳо мебошад.

Мавҷудоти бисёр кӯчак, ё ҳайвоноти кӯчаке, ки сабабҳои моддӣ бо тамоми абзор ва васоилашон, ба ҳеҷ ваҷҳ, ба тасарруфи ботини онҳо қодир нестанд ва ба зоҳири онҳо низ, тамоси комил наметавонанд дошта бошанд; аммо гоҳо аз назари сунъ, аз махлуқоти бузург дида, зиёдтар ҳайратофаринанд. Ва аз назари офариниш, дорои сурати бадеъ ҳастанд. Нисбат додани онҳо, ба сабабҳои кӯр, кар, мутазоди боҳам, асбоби бузург, дур, ҷомид, ҷоҳил ва азим, танҳо дар  сурате имконпазир аст, ки фард сад дараҷа кӯр ва ҳазор дараҷа кар бошад.

КАЛИМАИ ДУЮМ:

 تَشَكَّلَ بِنَفْسِهٖ Яъне, худ ба худ шакл мегирад. Ин иборат низ, муҳоли фаровон дорад. Ва аз ҷиҳоти бисёр, ботилу муҳол аст. Барои намуна, се мавриди аз муҳолоташонро баён мекунем.

МУҲОЛИ ЯКУМ: Эй мункири муонид! Ғурурат чунон сабаби ҳамоқати ту шудааст, ки сад амри муҳолро ба якбора ҳукм ба қабул кардан мекунӣ. Чунки ту мавҷуд ҳастӣ. На як моддаи баситу ҷомид ва бе тағйир. Мудом дар ҳоли таҷаддуду навшудн ҳастӣ. Ҳамчун мошини муназзам ва дақиқ, ё монанди як қасри фавқулодае, ки ҳамеша дар  таҳаввул аст. Заррот ҳамеша дар вуҷуди ту машғули коранд. Вуҷуди ту махсусан дар муносиботи вобаста ба ризқ ва хоссатан бо эътибори бақои навъи худ, бо коинот алоқадор аст ва доду гирифт дорад. Зарроти фаъол, дар вуҷуди ту барои пешгирӣ аз тахриби ин муносибат  ва барои мамониат аз нобудии ин иртибот, диққат карда ва бо эҳтит гом бармедоранд. Гуё назар бар тамоми коинот доранд. Ва муносибати туро дар саросари коинот мушоҳида карда, худро бо он танзим ва ҳамоҳанг мекунанд. Ту ба ҳиссаҳои зоҳириву ботинии хеш, нисбат ба вазъияти фавқулодаи зарроти вуҷудиат истифода мекунӣ.

Агар ту зарраҳои вуҷудатро маъмурони хеле кӯчак надонӣ, ки бар асоси қонуни Қадири Азалӣ ҳаракат мекунанд ва ё қабул надошта бошӣ, ки як лашкар, ё нуги қалами тақдири ӯ, ҳар як зарраи нуги қалам ва ё нуқтаҳои қалами қудрати ӯянд, ҳар як зарраи як нуқта, дар он сурат, ҳар як зарраи фаъол, масалан: дар чашми ту бояд чунон як чашме дошта бошад, ки аввалан битвонад ҳар сӯи пайкари ҷисмониатро бубинад, сониян: саросари коиноте, ки бо он дар иртибот ҳастӣ, зери назар дошта бошад, гузаштаву оянда, наслу асл ва сарчашмаи аносури вуҷудӣ ва манбаъу маъдани ризқу рӯзиатро доанд ва бишиносад ва ба андозаи сад нобиға, ақлу хирад дошта бошад. Ба монанди ту, ки дар ин масалаҳо миқдори як зарра ақл надорад, ба як зарраи он, ба қадри ҳазор Афлотун илму шуур додан, ҳазор дараҷа девонагию хурофааст.

МУҲОЛИ ДУЮМ: Вуҷуди ту ба як қасри боазамати дорои ҳазор гунбадро монанд аст. Сангҳо дар ҳар гунбад, бе сутун, сарбар шонаи якдигар ниҳода, муъаллақан. Вуҷуди ту, албатта аз  ин қаср ҳазорон бор аҷибтар аст. Зеро қасри вуҷуди ту, доимо дар камоли диққату мунтазам, нав мешавад. Сарфи назар аз рӯҳ ки амри бисёр фавқулодааст ва қалбу латифаҳои маънавӣ, ҳар як аз аъзои баданат дар ҳукми хонае бо гунбади зебост. Заррот монанди сангҳои истифода шудаи дар гунбад, дар камоли ҳамоҳангӣ ва таносуб дар канори ҳам, бинои фавқулода, ҳунари ҳайратангез ва мӯъҷизоти қудратмандонае ҳамчун чашму забонро ба намоиш мегузоранд.

Дар сурате, ки ҳар як аз ин заррот, маъмури тобеъ ба амри устои ин олам набошад, ҳар зарра мебоист ҳокими мутлақ ва дар айни ҳол маҳкуми мутлақи ҳамаи зарроти бадан бошад. Бояд шабеҳи тактаки онҳо буда ва дар айни ҳол аз назари ҳокимият, бояд бо онҳо тазод дошта бошад. Ҳамчунин мебоист, масдару манбаъи аксари сифате бошад, ки хоси Воҷибул-вуҷуд аст, низ комилан муқаяд ва дар айни ҳол комилан  мутлақ бошад. Ба зарроти бешумор нисбат додани як маснӯъи воҳиду мунтазамеро, ки бар асоси сирри ваҳдат, танҳо як асари Воҳиди Аҳад метавонад бошад, матлабест, ки агар касе миқдори зарра шуур дошта бошад, дарк мекунад, ки як муҳоли зоҳиру ошкор, балки сад муҳол будани инро дарк мекунад.

МУҲОЛИ СЕЮМ: Агар вуҷуди ту бо қалами Қадири Азалие, ки Воҳиди Аҳад аст, мактуб нашавад ва тобеъу мансуби асбобу табиат бошад, лозим меояд қолабҳои табиат барои ҳуҷайраҳои вуҷудат гирифта то ҳазорон чизи мураккаб – монанди доираҳои даруниҳам – вуҷуд дошта бошад. Зеро масалан ҳамин китобе, ки дар даст доред, агар мактуб бошад, қалами воҳид ҳамаи онро бо истинод ба илми котибаш хоҳад навишт. Аммо агар мактуб набошад ва ба қалами ӯ супоридан нашавад ва бигуянд худ бахуд ба вуҷуд омадааст, ё онро ба табиат нисбат диҳанд, дар он сурат монанди китоби чопшуда, барои ҳар як ҳарфаш як қалами оҳанин лозим аст то мунташир гардад.

Ҳамон тавре, ки дар ҷопхона ба теъдоди ҳуруф, қолабҳои оҳанин вуҷуд дорад ва ба воситаи онҳост, ки  ҳарфҳо дар китоб пайдо мешаванд. Дар он сурат дар муқобили танҳо як қалам, ба теъдоди ҳарфҳо бояд қаламҳо вуҷуд дошта бошад. Мумкин аст дар байни ҳарфҳо, дар даруни як ҳарфи бузург ба қалами рез як саҳифа бо хати рез навишта шавад – чуноне, ки чунин мавридҳо пеш меояд – дар ин сурат барои як ҳарф, ҳазорон қалам лозим аст. Агар махлуқи мавриди назар, монанди ҷисми ту, дорои вазъияти мунтазаму дарун ба дарун бошад, мебоист дар ҳар доира барои ҳар як ҷузъ, ба теъдоди ҳамаи мураккабҳо, қолаб дошта бошем.

Бинобар ин, агар ин матлабро низ, ки садҳо бор муҳол аст, мумкин бидонӣ,  мебоист ҳарфҳои оҳанини ҳунармандона ва мунтазам ва қолабҳову қаламҳои дақиқро, боз ҳам ба як қалами воҳид вогузор кард. Дар ғайри ин сурат, барои сохтани қаламҳо, қолабҳову ҳарфҳои оҳанини мавриди ниёз, ба теъдоди худашон қаламу қолаб ва ҳарф лозим буд, зеро онҳо низ, маснуоти сохташудаву мунтазам ҳастанд. Ва ҳоказо силсила ба ҳамин шакл идома меёбад…

Инак ту низ дарёб! Чунин як андеша, ба теъдоди зарроти вуҷудат бо муҳолот ва масоили беҳда омехтааст. Эй инкоркунандаи муонид! Шарм кун! Даст аз ин залолат бардор.

 

КАЛИМАИ СЕЮМ:

اِقْتَضَتْهُ الطَّبٖيعَةُ Яъне, иқтизои табиат аст, табиат ба вуҷуд меоварад. Ин ҳукм, муҳолҳои фаровон дорад, ки ҳамчун намуна се мавриди онро баён мекунем.

МУҲОЛИ ЯКУМ: Агар санъату эҷоди басиронаву ҳакимонае, ки дар мавҷудот, махсусан мавҷудоти зиҳаёт мушоҳида мешавад, ба қалами тақдир ва қудрати Шамси Азалӣ нисбат дода нашуда, онро аз табиат ва қудрати куру кар ва беандеша бидонем, табиат бояд барои эҷоди ҳар чиз, мошинҳо ва чопхонаҳои маънавии бешумор дошта бошад, ё дар ҳа чиз, қудрату ҳикмате қарор диҳад, ки  ба халқ кардан ва идораи коинот қодир бошад.

Чунки, ҷилваҳо ва инъикоси офтоб дар порчаҳои хурди рӯйи замин, ё дар қатраҳо дида мешавад. Агар ин офтобакҳои кӯчаки мисолие, ки бо инъикос ба вуҷуд омадаанд, ба офтоби аслии осмон нисбат дода нашавад, бояд дар порчаи шишаи кучаке, ки ба андозаи сари як гугирд ҳам нест, вуҷуди зоҳирии хуршеди табиӣ, фитрӣ, зоҳиран кучак, аммо ба лиҳози маъно бузургу амиқ ва дорои хусусиятҳои марбутаро бипазирем ва ночор қабул кунем, ки ба теъдоди зарроти ташкилдиҳандаи шишаҳо, хуршедҳои табиӣ вуҷуд дорад…

Дуруст, монанди ҳамин мисол, агар мавҷудот ва зиҳаётонро мустақиман ба таҷаллии асмои Шамси Азалӣ, нисбат надиҳем, дар ҳар як мавҷуд, махсусан дар ҳар як зиҳаёт, бояд табиат ва як нерӯи дорои қудрату иродаи бепоён ва як илму ҳикмати беинтиҳо вуҷуд дошта бошад, ки дар ҳақиқат ба маънеи пазириши вуҷуди як илоҳе дар онҳост. Ин тарз, талаққии ботилтарин муҳолот ва бепоятарин фикр дар олам аст. Касе, ки сунъи Холиқи коинотро ба табиати мавҳум ва беаҳамияту беидрок нисбат медиҳад, нишон медиҳад, ки аз ҳайвонот садбор ҳайвонтару беидроктар аст.

МУҲОЛИ ДУЮМ: Агар мавҷудоти комилан мутавозину мунтазамеро, ки бар асоси ҳикмату сунъ офарида шудаанд, ба Қадири беинтиҳо ва зоти Ҳаким нисбат надода, эҷоди онҳоро аз табиат бидонем, табиат бояд дар ҳар як тика хок, мошинҳо ва матбааҳо ба теъдоди тамоми чопхонаҳо ва корхонаҳои аврупо дошта бошад; то ин ки он тика хок, битавонад маншаъу маҳали рушду нумӯи гулҳову меваҳо гардад.

Зеро билфеъл мушоҳида мешвад, ҳама гулҳое, ки донаҳояшон ба навбат дар хоки гулдон ниҳода мешавад, шаклу шамоили тамоман гуногун меёбанд.

Агар (офариниши мавҷудотро) ба Қадири Зулҷалол нисбат надиҳем, дар хоки гулдон ва барои ҳар як гул, бояд мошини табиӣ, маънавӣ ва ҷудогона, тадорук бубинем. Дар ғайри ин сурат ҳеҷ гуле ба вуҷуд намеояд. Зеро моддаи донаҳо низ, монанди нутфаҳо ва тухмиҳо якест. Яъне, аз махлути бешаклу номуназзам иборат аст ва хамирмонанде аз гидрогену оксиген ва карбону азот. Аз тарафи дигар ҳамчун ҳаво, об,  ҳарорат ва нур, баситу беидроканд ва дар баробари ҳар чиз ҳамчун сел ҷараён меёбанд, барои он ки гулҳои бешуморе вуҷуд ёбанд ва ҷудогонаву мунзам ва ҳунармандона сар аз хок бароранд билбадоҳа ва биззарура бояд дар хоке, ки дар он коса ё гулдон аст, ба лиҳози маъно ба андозаи аврупо, матбааҳову корхонаҳои маънавӣ ва дар як миқёси кӯчак вуҷуд дошта бошад ва ин миқдор порчаи зиҳаёт ва мансуҷот бо ҳазорон нақш таҳия гардад.

Акнун мизони инҳирофи андешаи куфромези табиатпарастонро аз доираи ақл худ қиёс кун ва аҳмақҳои сархуши ба зоҳир инсонро бубин, ки гумон кардаанд табиат офаринанда аст. Инҳо идио мекунанд донову хирдаманданд ва ту бубин, ки то чи ҳад аз ақлу дониш дуранд ва андешаи бепоя, мумтаниъу ғайри мумкинро маслаки хеш қарор доданд. Бар онҳо биханду туф кун.

Агар гӯӣ: Дар сурате, ки хилқати мавҷудот ба табиат нисбат дода шавад, чунин муҳолҳои аҷиб ҳосил мегардад ва мушкилот дар ҳадди имтиноъ рух менамояд. Агар ба зоти Аҳаду Самад нисбат дода шавад, мушкилоти мазкур чигуна аз миён меравад? Ва имтинои саъб табдил мешавад?

Посух: Дар аввалин мавриди муҳол ҳамчуноне, ки дидем, ҷилваи инъикоси хуршед бо камоли суҳулат ва бе мушаққат файзу таъсирашро аз хурдтарин зарраи ҷомид гирифта то сатҳи дарёи бузург, бо хуршедҳои мисолӣ ва дар ғояти суҳулат нишон дод. Акнун агар иртиботи ҷилваи инъикоси мазкур бо хуршед қатъ шавад дар он сурат бояд бипазирем ки вуҷуди хориҷии хуршеди табиӣ ва биззот дар ҳар заррача бо як суубат дар ҳадди имтиноъ имконпазир аст.

Ба ҳамин тартиб агар вуҷуди ҳар мавҷудро мустақиман ба зоти Аҳаду Самад нисбат дода шавад, суҳулате дар ҳадди вуҷуд, бо осонӣ ва бо интисобу таҷаллӣ, эҳтиёҷоти ҳар мавҷудро барояш таъмин мекунад.

Ин нисбат, агар қатъ шавад ва он маъмурият агар раҳо гардад ва ҳар як мавҷуд ба худ, ё ба табиат нисбат дода шавад, бо садҳо ҳазор мушкилу сахтии дар ҳадди имтино мебоист пазируфт. Он чи ба як ҷондоре ҳамчун пашша, ки як хулосае аз олами ҳастист, ҳаёт бахшида ва мошини фавқулодаи вуҷудашро ба кор андохта, табиати курест, ки аз қудрату ҳикмат бархурдор мебошад ва коинотро халқ карда ва идора мекунад. Ин низ на як бор, балки ҳазорон бор муҳол аст.

Натиҷа: Ҳамчуноне, ки қоилшудани шарик барои зоит Воҷибул-вуҷуд мумтанеъ ва муҳол аст, қабули мудохилаи дигарон дар рубубияти Ӯ ва эҷоди ашё низ, монанди шарики зот, мумтанеъу муҳол аст.

Ҳамон тавре, ки мушкилоти муҳоли дуюм дар рисолаҳои мутааддид исбот шудааст, агар вуҷуди ҳамаи ҷизҳо ба Воҳиди Аҳад нисбат дода шавад, офариниши ҳамаи онҳо, монанди офаридани як чиз, саҳлу осон хоҳад буд. Аммо агар ба асбобу табиат дода шавад, хилқати танҳо як чиз, монанди офариниши ҳамаи мавҷудот душвор хоҳад буд. Ин матлаб бо бурҳонҳои мутааддиду қатъӣ ба исбот расидааст. Хулосаи яке аз бурҳонҳо ин аст:

Агар касе ба лиҳози низомӣ ё маъмурият ба подшоҳ интисоб ёбад, ба муҷиби тавону қудрати ҳосил шудаи аз он, ба анҷоми корҳое қодир мешвавад, ки садҳазор бор аз қудрати шахсиаш зиёдтар аст. Ва ҳатто мумкин аст ба номи подшоҳаш, подшоҳи дигареро ба асорат дароварад. Зеро қудрату имконоти мавриди ниёзи корҳое, ки мекунад ва осоре, ки анҷом медиҳад, аз худаш нест ва маҷбурӣ ҳам нест, ки аз худаш бошад. Ба сабаби интисоби мазкур аст, ки хазинаи подшоҳ ва лашкари султоне, ки нуқтаи такияи ӯ мебошад, ҳомили он қудрату ҷиҳозот аст. Пас корҳое, ки он фард анҷом медиҳад, метавонад шоҳона буда ва осоре, ки нишон медиҳад, метавонад монанди кори як лашкар, таъсироти бузург дошта бошад.

Ҳамон тавре, ки мурча маъмурияте, ки дошт, тавонист қасри Фиравнро вайрон кунад ва пашша ба далели интисобаш ба Худованд, Намрудро мекушад. Бо ҳамин интисоб, донаи дарахти санавбаре, ки ба андозаи донаи гандум аст, ҳама лавозимоти мавриди ниёзи он дарахти бузурги санавбарро таъмин мекунад.[3]

Акнун агар ин интисоб қатъ шавад ва маъмурияти он фард ба поён расад, маҷбур аст лузумоти корҳое, ки мехоҳад анҷом диҳад ва қудрати лозим барои онро худ дошта бошад. Дар ин сурат, ба мизони қудрати андак ва муҳимоти мухтасараш, коре карда метавонад. Корҳое, ки дар вазъияти нахуст, бо суҳулати том ба анҷом мерасоанд, ҳоло агар аз ӯ бихоҳанд анҷом диҳад, ба ӯ лозим аст аз қудрати як лашкари бузург бархурдор бошад ва корхонаи аслиҳасозии султонро бо худ бардорад. Масхарабозҳое, ки барои хандонидани дигарон достонҳову афсонаҳои аҷиб нақл мекунанд низ, аз тасаввури ин матлаб шарм мекунанд.

Натиҷа: Нисбат додани ҳар як мавҷуд ба Воҷибул-вуҷуд дорои суҳулати дар ҳадди вуҷуб аст. Аммо нисбат додан ба табиат, як мушкилоти дар ҳадди имтиноъ дорад ва аз доираи  ақл берун аст.

МУҲОЛИ СЕЮМ: Ду мисолеро ки дар тавзеҳи ин матлаб дар рисолаҳои дигар омадааст, инҷо баён мекунем.

Мисоли Якум: Як шахси бадавӣ, вориди як қасре мешавад, ки дар саҳрои бараҳут сохта шуда ва бо тамоми осори маданият тазйин гардида аст; нигоҳ мекунад, ҳазорон ашёи зеборо дар онҷо мебинад. Бар асари даҳшату ҳамоқат, мудаӣ мешваад, ки касе аз берун мудохила надошта ва яке аз ашиёи дохили қаср, муҷиби пайдоиш ва эҷоди он ва эҷоди тамоми васоилаш шудааст. Ба ҳар чизе, ки нигоҳ мекунад, ақли ҳайратзадааш намепазират, ки он чиз созандаи ҳамаи инҳо бошад.

Онгоҳ дафтарчаеро мебинад, ки барномаи созмонӣ, феҳристи амвол ва муқаррароти мудирияти қаср дар он навишта шудааст. Дафтарча низ, чунон бе дасту бе чашм ва бе абзор аст, ки монанди ашёи дигар, наметавонад муҷиб ва тазйинкунандаи қаср бошад. Аммо ӯ дармондаву ночор, дафтарчаеро ки метавонад унвонӣ қавонини илмиро низ дошта бошад, нисбат ба маҷмӯъи ашёи дигар муносибаттар дида, мегуяд: “Ҳамин дафтарча аст ки қасрро эҷод кардааст ва васоили дохилашро танзиму тазйин намуда ва ҳар чизро дар ҷойи худ гузоштааст.” Ба ин тартиб, ҳайрати худро ба ҳазаёни бехирадон ва сархушон табдил мекунад.

Дуруст монанди ҳамин мисол, як инсони бадавие, ки аз андешаи табиатпарастон ҷонибдорӣ мекунад ва роҳ ба сӯйи инкори улуҳият дорад, вориди қасри ин олам мешавад, ки комилтару мунтазамтар аз он қасри зикр шудаи тамсилист ва ҳама ҷонибҳояш пур аз ҳикматҳои эъҷозомез аст. Бе он ки биандешад, ин олам аз сари сунъи зоти Воҷибул-вуҷудест, ки хориҷ аз доираи мумкинот мебошад. Ва бо эърози аз ҳақ, бо як маҷмуъае аз қавонин ва одоти илоҳие, ки ба хато ва иштибо номи “Табиат” бар он ниҳодаанд ва як хулоса аз офариниши Раббонист, мувоҷҷеҳ мешаванд. Табиате, ки дар доираи мумкинот дар ҳукми як лавҳе барои навиштан ва поккарданиҳои муқаддароти илоҳист. Табиате, ки монанди як дафтар барои сабти тағйиру табдили қонунҳои қудратмандонаи Илоҳӣ ва иҷрои онҳост. Ва мегуяд:

“Модоме, ки ин чизҳо як сабаб мехоҳанд, ҳеҷ чизи муносибтар аз ин дафтар “Табиат” ба назар намерасад. Гарчи ақл ба ҳеҷ ваҷҳ намепазирд чунин дафтари бечашму нотавон ва бешуур, аз паси хилқате барояд, ки кори рубубияти мутлақ аст ва иқтизои қудрати бе ҳадду канорро дорад. Аммо ман, ки Сонеъи Қадимро қабул надрам, муносибтар ин аст, ки бигуям: ҳамин дафтар (табиат) ҳама чизро халқ карда ва халқ мекунад.” Мо низ мегуем:

Эй аҳмақи сархуше, ки дарси ҳамоқат аз аҳмақи аҳмақон гирифтаӣ! Сар аз ботлоқи табиат бардор, пушти саратро бубин ва ба пасат нигар ва бар Сонеъи Зулҷалоле назар кун, ки ҳамаи мавҷудот, аз заррот то сайёрот бо забонҳои гуногун, бар вуҷудаш шаҳодат медиҳанд ва ба ӯ ишора доранд. Ҷилваи наққоши Азалиро бубин, ки қасри оламро офарид. Ва барномаи онро дар дафтари (табиат) навишт. Ба фармонаш назар кун, Қуръонашро бишнав… ва худро аз ҳазаёнҳо наҷод деҳ!

Мисоли дуюм: Фарди бадавие вориди гарнизон мешавад. Ҳаракоти мунтазами низомиёнро мебинад, дастаҷамъона, дар омӯзишанд. Бо ҳаракати як нафар, як баталён бар мехезад, менишинад ва меравад. Мебинад, ки бо фармони як нафар, ҳамаи онҳо, оташ мекушоянд. Ӯ бо ақли бадавию ақибмондааш, наметавонад маънеи дастуроти фармондеҳӣро, ки бар асоси низоми ҳукуматӣ ва қонунҳои подшоҳӣ сурат мегирад, бифаҳмад. Аз ин рӯ, онро инкор карда, чунин мепиндорад, ки сарбозон бо як таноб ба ҳамдигар баста шудаанд. Ба таноби хаёлиаш меандешад, ҳайрон шуда мегуяд: Чи қадар хориқулодааст.

Сипас рафта, дар рӯзи ҷумъа вориди як масҷиди бузурге монанди Аясофия мешавад. Мебинад, ки як ҷамоати муслимин бо садои як нафар бармехезанд, хам мешаванд, саҷда мекунанд ва мешинанд. Чун аз шариате, ки аз маҷмӯъи қонунҳои осмонӣ иборат аст ва аз дастуроти маънавии соҳиби шариат чизе намедонад, хаёл мекунад ин намозгузорон, бо таноб ва бо як пайванди моддӣ, ба якдигар муттасиланд ва ин таноби аҷиб, онҳоро ба банд кашида, ба дилхоҳи худ, ба харакат дар меоварад. Онгоҳ бо чунин як андешаи масхарае ки ваҳшитарин ҷонварони ба сурати инсонро низ, ба ханда дароварда, хориҷ шуда меравад.

Бале дуруст, монанди ин мисол, мункири табиатгаро, ки ваҳшати маҳз аст, ба ин оламе, ки гарнизони бо азамати лашкариёни бешумори Сулотони азалу абад мебошад. Ин коиноте, ки масҷиди зебои он Маъбуди азалист, ворид мешавад. Ҳар як аз қонунҳои маънавии низоми коинотро, ки аз ҳикмати он Султони Азалӣ, моддӣ тасаввур мекунад ва бо хаёли ин, ки ҳар як аз аҳкому дастуроти маънавӣ ва қонунҳои эътибори салтанати рубубӣ ва шариати фитрию куброи он Маъбуди азалие, ки дорои вуҷуди илмист, мавҷудоти хориҷию моддӣ мебошанд, баҷои қудрати Илоҳӣ дар садади иқомаи ҳамон қавонине бар меояд, ки реша дар он илму калом доранд ва сирфан дорои вуҷуди илмӣ мебошанд. Онгоҳ амри эҷодро ба онҳо нисбат медиҳад ва номи “табиат” бар онҳо мегузорад ва қувватеро, ки як ҷилва аз қудрати Раббонист “қадир” талаққӣ мекунанд. Ваҳшати чунин матлаб, ҳазор бор зиёдтар аз он чизест, ки дар мисоли мазкур буд.

Натиҷаи якум: Барои амри мавҳум ва дур аз ҳақиқате, ки табиатпарастон табиат меноманд, агар ҳақиқати хориҷӣ қоил шавем, дар ниҳоят метавонад сунъи Холиқ бошад, на ин ки онро сонеъ бидонем. Нақш аст на наққош. Ҳукм аст на ҳоким. Шариати фитрист, на шореъ. Пардаи иззатест махлуқ, наметавонад холиқ бошад. Фитрати мунфаъил аст, наметавонад фоили фотир бошад. Қонун аст на қудрат, наметавонад қодир бошад. Меъёру миқёс аст, наметавонад масдар воқеъ шавад.

Натиҷаи дуюм: Мавҷудот ҳастанд. Ва чуноне, ки дар ибтидои ёддошти шонздаҳум баён шуд ба тақсими ақлӣ барои ҳастии мавҷудот ҷуз чорроҳ дигар нест. Аз чор кисми мазкур, бутлони се маврид, исбот гардид. Ва ҳар як маврид, бо се амри муҳоли зоҳир ба сурати қатъӣ исбот гардид. Албатта роҳи чорум низ, ки роҳи ваҳдат буд, биз-зарура ва бил-бадоҳа исбот мегардад.

Ояти [4] اَفِى اللّٰهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ Дар иртибот бо роҳи чорум, бешубҳа ва яқинан, улуҳияти зоти Воҷибул-вуҷудро нишон дода ва мушаххас мекунад, ки ҳама чиз ба таври мустаким, аз дасти қудрати ӯ содир мешавад. Ва осмонҳову замин дар зери қабзаи ӯянд.

Эй бечораи асбобпараст ва ибодаткунандаи табиат! Модоме, ки табиати ҳар чиз монанди худи он чиз махлуқ аст, зеро ба вуҷуд омада ва ҳодис мебошад. Ва иллааит зоҳири он низ, монанди ҳар маълул, маснуъ аст. Ва вуҷуди ҳар чиз, ниёзманди абзор ва ҷиҳозоти бисёр зиёдест. Пас як Қадири мутлақе ҳаст, ки табиату иллати мазкурро меофарад. Ва ӯ чи ниёзе дорад, ки васоили оҷизро дар рубубият ва офариниш шарики худ қарор диҳад?! Ҳошо! Ӯ иллат ва маълулро мустақиман ва ҳамроҳ бо ҳам меофарад ва барои зуҳури ҷилваҳои асмо ва ҳикмати худ, бо тартибу танзим, муқоринат ва сабабияти зоҳирӣ ба ашё медиҳад ва асбобу табиатро пардаву ҳиҷоби қудрати хеш мекунад, то марҷаи қусурҳо ва номеҳрубониҳо ва ноқисоти зоҳирӣ шаванд ва иззати ӯ ҳифз гардад.

Оё ин содатар аст, ки як соатсоз, чарҳи соатеро бисозад ва онҳоро танзим кунад, ё ин, ки як  дастгоҳи шигифтангез дар дохили чарх насб кунад ва баъд,  сохтани соатро ба дастгоҳи беҷони мазкур бисупорат? Оё ин хориҷ аз доираи имон нест? Ба ақли беинсофат руҷӯъ кун,  худ қазоват намо!

Ё масалан як котиби муракаб, ё коғазу қалам меоварад. Оё ин содатар аст, ки худ бо васоили мазкур, як китоб бинависад, ё ин, ки бо машаққату сахтии зиёдтар як дастгоҳ барои навиштан бисозад, ки махсуси ҳамун китоб бошад ва баъд ба дастгоҳи беидрок бигуяд: “Акнун ту бинавис” ва худаш низ, дахолат накунад? Кадом осонтар аст? Оё садбор мушкилтар аз навиштан нест?!

Агар бигуӣ: Бале эҷоди дастгоҳе, ки китоб менависад, сад баробар душвортар аз он китоб аст. Аммо  дар дастгоҳи мазкур аз ин назар, ки воситаи нигориши нусхаҳои мутааддиди китоб мешавад эҳтимолан суҳулате вуҷуд дорад.

Посух: Наққоши Азалӣ бо қудрати беинтиҳои худ таҷаллиёти бениҳоти асмояшро ҳамеша нав мекунад, то дар шаклҳои мухталиф бирасонад. Аз ин рӯ, мушаххас кардан ва суратҳои хоси ашиёро ба тавре халқ кардааст, ки ҳеҷ мактуби Самадонӣ ва ҳеҷ китоби Раббонӣ ҳамчун китобҳои дигар намебошад. Барои ифодаи маънеҳои ҷудогона, мебоист суратҳои ҷудогонае бошад.

Агар чашм дошта бошӣ, ба симои инсон нигару бубин, ки аз замони ҳазрати Одам то кунун ва балки то абад, ин чеҳраи кӯчак, бо инки аъзои аслии он мушобеҳи аъзои аслии чеҳраҳои дигар аст, аммо ҳар чеҳра нисбат ба чеҳраҳои дигар қатъан аломату вижагии хос дорад.

Инаст, ки ҳар як чеҳра, китоби ҷудогона аст. Лекин танзими сунъ, мусталзами нигориш ва таълифу тартиби ҷудогона аст. Ва барои таъмини маводи лозим ва қарор додани он дар ҷои муносиб ва дарҷи ҳар чизи мавриди ниёз барои вуҷуд, як дастгоҳи комилан ҷудогона лозим аст.

Агар ба фарзи муҳол, табиатро як матбаа бидонем; танзими умури интишор, яъне қарордодани интизоми муайянаш дар қолаб, аз масъалаҳои аслии як чопхона хоҳад буд. Ҳоло эҷоди маводи мавҷуд дар бадани зиҳаётон, ки сад баробар мушкилтар аз эҷоди назм ва қолаббандии муайян дар матбаа аст. Ва ҷамъоварии ин мавод аз гушаҳои мухталифи олам бо мизони махсус ва сару сомон доданим мунтазам ба онҳо ва дар ихтиёри матбаа қарор доданашон, боз ҳам ниёзманди як қудрат ва иродаи Қадири Мулақе хоҳад буд, ки он чопхонаро эҷод кардааст. Ба ин тартиб, эҳтимол ва фарзи матбаа будани табиат, комилан бемаънову беҳудааст.

Сонеъи Зулҷалол ва Қодири кулли шай, монанди он чи дар мисоли китоб ва соат буд, сабабҳоро халқ кард, мусибатҳоро низ халқ мекунад. Ӯ бо ҳикмати хеш, мусибаҳоро ба сабабҳо пайванд медиҳад. Як ҷилва аз шариати фитрии куброи илоҳиро, ки аз қонунҳои одатуллоҳ иборат аст – барои танзими ҳаракоти коинот – таъин карда. Ва дар муқобиили он ҷилва дар ашё, табиати ашиёро танҳо ба унвони як оина ва маъкас, бо иродаи хеш таъйин кардааст. Ва як ваҷҳ аз табиати мазкурро, ки мазҳари вуҷуди хориҷист, бо қудрати хеш эҷод кард. Ва ашиёро дар матни табиат офарид ва дар якдигар омехт. Оё пазириши ин ҳақиқат, ки комилан маъқул ва натиҷаи бурҳонҳои бешумор аст, осон аст (дар ҳадди вуҷуб лозим нест?), ё ин ки бигуем моддаи беҷон, беидрок , махлуқ, маснӯъ ва басите, ки шумо онро сабаб ва табиат меномед, ҳама ҷиҳозот ба васоили бешумор ва мавриди ниёз барои ҳастии мавҷудотро дар ихтиёрашон гузошта ва аз онҳо мехоҳад корҳои ҳакимонаву басиронаро худ анҷом диҳанд? Оё ин амр мумтаниъ ва аз доираи имкон хориҷ нест? Матлабро ба инсофи ақли беинсофи ту ирҷоъ медиҳем.

Табиатпарасту мункири Ҳақ, мегуяд: Модоме, ки манро беинсоф мегуӣ, бояд бигуям: Эътироф мекунам роҳи хатое, ки то кунун тай кардаам, як маслаки бениҳоят паст будааст ва сад баробар муҳолу зиёновар. Касе, ки аз ақлу шуур, андак баҳраманд бошад, бо назар ба таҳқиқоти собиқи шумо, дар меёбад, ки нисбат додани вуҷуд ба асбоби табиат, амри мумтаниву муҳол буда ва нисбати мустақими ҳар чиз, ба Воҷибул-вуҷуд воҷиб ва зарурист. Бинобар ин, бо гуфтани “Алҳамду лиллоҳи ала-л имон” имон меорам.

Шубҳаи якум: Холиқ будани Ҷаноби Ҳақро қабул мекунам. Аммо пазируфтани ин, ки баъзе асбоби ҷузъӣ дар эҷоди чизҳои беаҳамият дахолат доранд ва мадҳу санои онҳо, барои салтанати рубубӣ чи зарар метавонад дошта бошад? Магар мумкин аст салтанати Ҳақ дучори нуқсон гардад?

Посух: Ҳамчуноне, ки дар баъзе рисолаҳо ба таври қатъӣ исбот кардаем, шаъни ҳокимият рад кардани мудохилааст. Ҷузъитарин ҳоким, ё маъмур низ, ҳатто писарашро дар қаламрави ҳукумати худ намепазирад. Баъзе подшоҳони диндор (бо ин, ки халифа буданд)  фарзандони бегуноҳашонро бо таваҳуми мудохила дар ҳокимият, ба қатл расонидаанд. Инҳо нишон медиҳад, ки “қонуни радди мудоҳила” то чи ҳад ҳукми асосӣ дар ҳокимият аст. Аз вуҷуди ду мудир дар як ноҳия гирифта, то вуҷуди ду подшоҳ дар як кишвар, истиқлол дар ҳокимият, “қонуни манъи иштирок”-ро  тақозо дорад. Ин қоида, бо ҳарҷумарҷҳои фаровон қудрати худро дар таърихи башар нишон додааст.

Сояе аз ҳокимияту амириятро дар инсонҳои дармондаву ниёзманд, бубин, ки чигуна бо мудохила кардан зид ҳастанд ва дахолати дигаронро намехоҳанд ва дар ҳокимияти хеш, шарик намепазирад ва дар мавқеъу мақоми худ, бо ниҳояти ҷиддият аз истиқлолаш муҳофизат мекунад. Сипас онро дар зоти Зулҷалол бо ҳокимияти мутлақ дар дараҷаи рубубият ва омирияти мутлақ дар дараҷаи улуҳият ва истиқлоли мутлақ ва дар дараҷаи аҳадият ва истиғнои мутлақ дар дараҷаи қодирияти мутлақ, муқоиса кун. Ва дарёб, ки радди мудохила ва манъи иштирок ва радди шарик барои он ҳокимият, то чи ҳад муқтазои  лозим, воҷибу зарурист.

Шубҳаи дуюм: Агар баъзе аз асбоб, марҷаи баъзе убудиятҳо дар як даста аз ҷузъиёт бошанд, чи нуқсоне мутаваҷҷеҳи убудияти махлуқоти аз заррот то сайёрот мешавад, ки рӯ ба суӣ зоти Воҷибул-вуҷуде доранд, ки маъбуди мутлақ аст?

Посух: Офаринандаи Ҳаким, коинотро ба монанди дарахт офарид ва зишууронро комилтарин меваи он офарид. Ва ҷомеътарин мева дар миёни зишууронро низ, инсон қарор дод. Акнун Худованде, ки ҳокими мутлақ ва омири мустақил аст, Худое, ки Воҳиду Аҳад аст ва коинотро офарида, то худро бишиносонад, то  дӯсташ дошта бошанд. Оё мумкин аст инсонро, ки меваи коинот аст ва шукри ибодатро, ки олитарин меваи инсон мебошад, шукру ибодатеро, ки муҳимтарин самараи инсон, балки ғояти фитрат ва натиҷаи хилқати ӯст, ба дастони дигаре бисупорад? Оё мумкин аст натиҷаи хилқат ва самараи коинотро дар зиддияти комил бо ҳикматаш, беҳудаву абас кунад? Ҳошо ва калло… Оё мумкин аст розӣ шавад, ки ибодати бандагонашро ба дигарон диҳанд ба тарзе ки ҳикмату рубубияташ дучори инкор гардад? Оё Худованд чунин иҷоза медиҳад? Низ худованде, ки бо афъоли хеш нишон медиҳад, дар пайи муаррифии худ аст ва мехоҳад ӯро дӯст бидоранд, оё мумкин аст шукргузорӣ ва эҳсоси дин ва дӯстӣ ва бандагии комилтарини махлуқашро ба сабабҳои дигар дода ва муҷиби фаромушии хеш гардад, то мақсадҳои олии дар коиноташро инкор кунанд? Эй дӯсте, ки аз табиатпарастӣ даст бардоштӣ, ту бигӯ!

Ӯ мегуяд: Алҳамдулиллоҳ, ду шубҳаи ман ҳал шуд, дар хусуси ваҳдонияти Илоҳӣ ва ин, ки маъбуди ҳақ Ӯст ва ҷуз Ӯ касе шоистаи парастиш нест. Ду далели муҳкам ва равшан баён кардӣ, ки лозими инкор кардани онҳо, ҳамчкн инкори хуршед ва инкори рӯзи равшан, такаббури бузург аст.

Ҳотима

Шахсе, ки маслаки куфромези табиатгарои худро раҳо карда, имон оварда буд, гуфт: Худоро шукр ҳеҷ шубҳа бароиям боқӣ намонд, аммо чанд савол сабаби кунҷковиям мешавад:

Саволи якум: Аз тамбалҳо ва ториксалотҳо мешунавем, ки мегуянд: Ҷаноби Ҳақ чи ниёз ба ибодатҳои мо дорад, ки дар Қуръон бо таъкид, таҳдид карда, мегуяд: Ҳар кас тарки ибодат кунад муҷозот мешавад ва бо ҷазое ҳамчун ҷаҳаннам азоб мешавад. Оё шоиста аст Қуръони саҳеҳу муътадил ва одил, бо як хатои ҷузъӣ чунин бархурди шадид кунад?

Посух: Бале Ҷанби Ҳақ на танҳо ба ибодати ту, балки ба ҳеҷ чиз ниёз надорад. Аммо ту муҳтоҷи ибодатӣ, зеро аз лиҳози маъно беморӣ. Мо дар рисолаҳои гуногун собит кардем, ки ибодат ба амрози маънавӣ, чун тарёқу подзаҳр аст. Чи қадар бемаъност, фарди бемор ба ҳакими мушвиқе, ки исрор мекунад доруҳои нофеъ истеъмол кунад, хитоб карда гуяд: Ту чи ниёзе ба ин матлаб дорӣ, ки то ин андоза ба ман исрор мекунӣ?

Аммо дар ин бора, ки далели таҳдидҳои шадид ва ҷазоҳои ваҳшатноки Қуръон, дар хусуси тарки ибодат чист? Бояд гуфт: Ҳамон тавре, ки як подшоҳ барои муҳофизат аз ҳуқуқи раият, фардеро, ки бо хатои худ ба ҳуқуқи раияташ таҷовуз мекунад, ба шиддад ҷазо медиҳад.

Касе, ки тарки намозу ибодат мекунад низ дар ҳақиқат нисбат ба ҳуқуқи мавҷудот, ки дар ҳукми раияти Султони азалу абад мебошанд, таҷовузи муҳим намуда ва ситами маънавӣ раво медорад. Зеро камоли мавҷудот бо тасбеҳу ибодат дар чеҳра рӯ ба Холиқашон намоён мегардад. Шахсе, ки тарки ибодат мекунад, мавҷудотро намебинад ва наметавонад бубинад ва усулан ӯро инкор мекунад. Дар он сурат, мавҷудотеро, ки аз назари ибодату тасбеҳ, мақомҳои олӣ доранд ва ҳар кадоми онҳо дар ҳукми мактуби Самадонӣ ва як оинае барои асмои Рабонӣ ҳастанд, таҳқир карда ва вазъияти онҳоро беаҳамият ва худашонро бемасъулияту ҷомид ва парешон қаламдод мекунад. Ӯ чунин мавҷудотро таҳқир карда ва камолоташонро инкор ва ба ҳуқуқашон таҷовуз мекунад.

Бале, ҳар кас коинотро бо инои хеш мушоҳида мекунад. Ҷаноби Ҳақ инсонро барои олам ба як сурати миқёсу мизон офарида аст. Як олами хосе аз ин олам ба ҳар инсон дода шуда, ки ранги он нисбат ба эътиқоди қалби инсон мушаххас мешавад.

Масалан: Инсоне, ки маъюсу мотамзада аст ва мегиряд, мавҷудотро гирёну маъюс мебинад. Ва касе, ки шоду хушҳол аст ва ба сабаби муждае, ки ба ӯ додаанд, шодмон механдад. Оламро шоду хурам ва хандон мебинад. Касе, ки мутафаккиронаву ҷиддӣ ибодат мекунад ва тасбеҳ мегуяд, ибодату тасбеҳ ҳақиқатан мавҷуди махлуқотро ба воситаи мартаба кашфан мушоҳида мекунад. Касе, ки бар асари инкору ғафлат ибодатро тарк кардааст, мавҷудотро зидду мухолиф, бар хато ва дар зиддият бо ҳақиқати камолоташон таваҳум карда ва ба лиҳози маъно ба ҳуқуқашон таҷовуз мекунад.

Торикус-салоти мазкур, ба нафси худ аз ин лиҳоз, ки махлуқи Худост ва моликияте бар он надорад низ ситам мекунад. Моликаш барои нагирифтани ҳаққи махлуқи худ аз нафси аммораи ӯ, ба шиддат таҳдидаш мекунад. Ӯ ибодатро ба натиҷаи хилқат ва ғояти фитрат тарк намудааст. Бинобар ин коре, ки мекунад дар ҳукми таҷовуз ба ҳикмати Илоҳӣ ва машийяти Раббонист. Инаст, ки муҷозот мешавад.

Ҳосили Калом: Тарккунандаи ибодат, ҳам ба худ зулм мекунад – зеро нафсаш абд ва мамлуки Ҷаноби Ҳақ аст – ва ҳам дар баробари ҳуқуқи камолоти коинот, муртакиби таҷовузи зулм мешавад. Бале, ҳамчуноне, ки куфур таҳқири мавҷудот аст, тарки ибодат низ инкор кардани камолоти олами коинот аст. Ва ҳам дар ҳукми таҷовуз ба ҳикмати Илоҳист, чунин кас мустаҳиққи таҳдидҳои даҳшатнок ва ҷазоҳои шадид мебошад.

Барои баёни ин истеҳқоқ ва ҳақиқати мазкур аст, ки Қуръони муъҷизул-баён ба як сурати эъҷозомез, лаҳни бошиддатро бармегузинад. Ва чун ҳақиқати балоғат аст бо тақозои ҳол мутобиқат мекунад.

Саволи дуюм: Шахсе, ки аз табиат даст кашида, ба сӯи имон омад, мегуяд:

Ҳақиқати бузургест, ки ҳар мавҷуд дар ҳар мақому шароит тобеъи машийяти Илоҳӣ ва қудрати Раббонист. Ин ҳақиқат, он қадар азим аст, ки зеҳни мардуди мо гунҷоиши онро надорад. Фаровонии густурда, ки бо чашмони худ мебинем ва суҳулати бениҳояте, ки дар хилқату эҷоди ашё вуҷуд  дорад. Ва дар масири ваҳдат, дар эҷоди ашё, осонии бениҳоят аст, дар оятҳои монанди

 [5]  مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ اِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ ۞

  [6]۞ وَمَٓا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ

сароҳатан аз як суҳулати бениҳояти он, баҳс мешавад. Инҳо нишон медиҳанд, ки ҳақиқати бузурги мазкур, мақбултарин ва маъқултарин масъалааст. Сирру ҳикмати ин суҳулат чист?

Посух: Дар баёни وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ ки калимаи даҳуми аз Мактуби Бистум аст, сирри  мазкур комилан возеҳ, қатъӣ ва қонеъкунанда баён гардида аст. Хусусан дар зайли он мактуб, возеҳан собит шудааст, ки ҳамаи мавҷудот, вақте ба Сонеъи Воҳид нисбат дода шаванд, хилқаташон ҳамчун офариниши яке аз мавҷудот, саҳлу осон хоҳад буд. Акнун агар ин нисбат ба Воҳиди Аҳад дода нашавад, офариниши танҳо як мавҷуд, ҳамчун хилқати ҳамаи мавҷудот душвор мешавад. Ва эҷоди як дона, суубати як дарахтро хоҳад дошт.

Агар эҷодҳо ба Сонеъи Ҳақиқӣ нисбат дода шавад, дар ин сурат офариниши коинот ҳамчун офариниши як дарахт,  осон хоҳад буд. Ва дарахт ҳамчун ба мисли дона, биҳишт ба мисли баҳор ва баҳор ба монанди як шохаи гул, осон хоҳад буд. Базлу бахшиши фаровон, ба хубӣ қобили мушоҳида аст ва ин ки бисёре аз офроди як навъ ба суҳулат ёфт  мешавад. Ва халқи мавҷудоти маснуъу бо арзиш он ҳам бо суҳулати тамом ва бо сурат,  далолати фаровоне дорад, ки мадори суҳулати мазкуранд ва ҳикмату рози онро нишон медиҳанд. Мо дар рисолаҳои дигар ба онҳо пардохтаем. Бинобар ин, дар инҷо  танҳо ба ду намуна, он ҳам ба ихтисор ишора мекунем.

Масалан: Агар сад сарбозро тахти амри як афсар қарор  диҳанд, бисёр осонтар аст аз ин, ки як сарбозро ба сад афсар бисупоранд. Ба ҳамин тартиб, вақте таҷҳизоти низомии як артиш ба як қонун, як корхона ва таҳти амри як подшоҳ дода шавад, ба таври маъмул ва аз назари камияту кайфият, ба андозаи умури таҷҳизоти як сарбоз, осону сода хоҳад буд. Акнун агар таҷҳизоти низомии як сарбозро ба марказҳои гуногун бисупоран ё мутаваҷҷеҳи корхонаҳои мутааддид кунанд ва ба фармондеҳони  гуногун ирҷоъ диҳанд аз назари каммият, мушкили таҷҳизоти як артишро дорад, зеро дар он сурат барои таҷҳизи танҳо як сарбоз, ба корхонаҳои мавриди ниёзи як артиш эҳтиёҷ хоҳад буд.

Ё дарахтеро дар назар гиред, ки ба сабаби сирри ваҳдат, маводи ҳаётиаш дар як реша, дар як марказ ва бо як қонун таъмин мегардад. Бинобар ин, мушоҳида мешавад, ки хилқати ин дарахт бо он, ки ҳазорон мева медиҳад, ба андозаи офариниши як мева осону сода аст. Агар ҷиҳати ҳаракат аз ваҳдат ба сӯи касрат бошад ва маводи ҳаётие, ки барои ҳар мева лозим аст аз ҷойҳои дигар таъмин шавад, ҳар мева ба андозаи як дарахт мушкил хоҳад шуд. Шояд дона низ, ки як хулосаву намунаи аз дарахт аст, ба андозаи дарахт мушкилсоз шавад, зеро тамоми маводи ҳаётии мавриди ниёзи як дарахт, барои як дона низ лозим аст.

Садҳо мисоли дигар, монанди ҳамин чанд мисол, нишон медиҳанд, хилқати ҳазорон мавҷуде, ки дар ваҳдат, бениҳоят саҳлу сода офарида мешаванд, аз хилқати воҳид, ки дар ширк ва касрат ба сар мебарад, чанд мартаба осонтар аст.

Дар рисолаҳои дигар, ин ҳақиқатро монанди ду зарби ду баробари чор исбот кардаем. Бинобар ин, хонандаро ба онҷо ирҷоъ медиҳем ва дар инҷо танҳо рози бисёр муҳимеро аз манзари суҳулату осонӣ дар илму қадари Илоҳӣ ва қудрати Раббонӣ баён мекунем:

Аввалан ту як мавҷуд ҳастӣ. Агар худро ба Қадири Азалӣ вогузор кунӣ, туро ба сурати шуълавар шудани гӯгирд, аз ҳеҷ, аз адам, бо як фармон ва бо қудрати бениҳояташ дар як лаҳза меофарад. Ва агар худро ба ӯ во нагузорӣ ва ба асбоби моддиву табиат нисбат диҳӣ, дар он сурат ҳамчун хулосаву мева ва фушурдаву мухтасари коинот ҳастӣ. Ва барои офариданат мебоист олами коинот ва ҳама унсурҳоро аз ғилболи зариф гузаронида ва бо миқёсҳои дақиқ маводи вуҷуди туро аз саросари олам ҷамъовари кунанд.

Зеро асбоби моддӣ, сирфан ҷамъоварӣ ва таркиб мекунад. Ҳамаи оқилон тасдиқ мекунанд ки асбоби моддӣ ончиро дар худ надоранд наметавонанд ба вуҷуд оваранд. Бинобар ин, барои эҷоди ҷисми як зиҳаёти кӯчак, маҷбуранд  унсурҳои ташкилдиҳандаашро аз саросари олам ҷамъовари кунанд. Инак дарёб, ки дар ваҳдату тавҳид, то чи андоза суҳулат аст ва  дар ширку гумроҳӣ, то чи ҳад мушкилот вуҷуд доранд.

Сониян: Дар илм суҳулати бепоён вуҷуд дорад. Ин гуна, ки:

Қадар, як навъи илм аст, ки дар ҳукми қолаби махсус ва маънавии ҳар чиз, як миқдори мушаххас таъйин мекунад. Миқдори қадарӣ барои вуҷуди  он чиз, дар ҳукми як тарҳ, ё як намуна мебошад. Ҳангоме, ки қудрат даст ба эҷод мезанад, бениҳот осон бар асоси миқдори қадарӣ таъйиншуда эҷод мекунад.

Агар чизи мазкур ба Қадири Зулҷалоле, ки соҳиби илми азалӣ беинтиҳову муҳит аст, нисбат додан нашавад, – ҳамчуноне, ки пештар гуфтем – натанҳо ҳазорон мушкиле, ки муҳолҳои фаровон ошкор мегардад, зеро агар миқдори қадарӣ ва миқдори илмӣ набошад, лозим мешавад ҳазорон қолаби моддию хориҷӣ, дар бадани як ҳайвони бисёр хурд, истифода бурд.

Суҳулати бениҳоятеро, ки дар ваҳдат вуҷуд дорад ва мушкилоти фаровоне, ки дар ширку залолат ҳаст, дарёб ва таваҷҷӯҳ кун, ки ояти

وَمَٓا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ []7  чи ҳақиқати дуруст, воқеъӣ ва олиро баён медорад.

Саволи сеюм: Ҳидоятшудае, ки пештар душман буд ва инак дӯст шудааст, мегуяд: Файласуфҳои бисёр машҳури замонаи мо мегуянд: Аз адам на чизе ба вуҷуд меояд ва на чизе аз байн меравад. Сирфан як таркибу таҳлилест, ки дастгоҳи олами коинотро ба кор меандозад.

Ҷавоб: Машҳуртарин файласуфоне, ки бо нури Қуръон ба мавҷудот нигоҳ намекунанд, дидаанд, ки вуҷуд ёфтани мавҷудот ба воситаи табиату асбоб – ҳамон тавре, ки пештар исбот кардаем – дорои мушкилоти дар ҳадди имтиноъ мебошад. Бинобар ин, ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:

Як қисми онҳо суфастоӣ шуданд, даст аз ақл ки хосаи инсон аст, шустанд ва аз ҳайвонот низ пастар шуда ва вуҷуди олами ҳастиро инкор намуданд. Онҳо ҳатто мункири вуҷуди худ шуданд ва ин назарро саҳлтар аз қоилшудани фоилияти асбобу табиат ёфтаанд. Бинобар ин, бо инкор кардани худ ва коинот, дучори ҷаҳли мутлақ гардидаанд.

Гурӯҳи дуюм диданд эътиқод ба фоиляти асбоби табиат дар масири залолат, масалан эҷоди як пашша, ё як дона мушкилоти фаровоне вуҷуд дорад ва ин амр ниёзманди иқтидори берун аз доираи ақл аст. Ба ҳамин хотир, ночор ба инкори масъалаи эҷод пардохта, мегуянд, “Аз нест, ҳаст ҳосил намешавад.” ва адамро низ муҳол номида, мегуянд: “Ҳаст, нест намешавад.” ин дастаи файласуфон дар таваҳҳуми худ ба як вазъияти эътиборӣ ба сурати таркибу таҳлил ва омехтагию таҷаммуъ қоилан, ки бар асари тасодуфу ҳаракати заррот, ҳосил мешавад.

Акнун биё, касонеро мушоҳида кун, ки дар пастарин сатҳи ҳамоқату ҷаҳолат ҳастанд ва худро оқилтарин афрод гумон кардаанд. Ин ҳақиқатро дарёб, ки залолат инсонро то чи ҳад масхара ва пасту нодон мекунад ва аз он ибрат гир!

Ҷаноби Ҳақ солона чорсад ҳазор навъро ба якбора ба рӯйи замин халқ мекунад. замину осмонҳоро дар шаш рӯз офарид, қудрати азалие, ки дар ҳар баҳор, дар шаш ҳафта, олами зинда, бар асоси санъату ҳакимонатар аз пеш эҷод мекунад.

Мавҷудоти илмияе, ки тарҳу миқдорашон дар доираи илми азалӣ, муайян гардида ва фоқиди вуҷуди хориҷианд, ба осонии том тавассути қудрати азалӣ, вуҷуди хориҷи меёбанд. Мисли молидани як модда бар коғазе, ки дида намешавад ва мушаххас шудани навиштаҳои он. Номумкин донистани матлаб аз қудрати азалии ҳақ ва инкор кардани офариниш, ба маротиб аҳмақонатар ва ҷоҳилонатар аз тарзи фикри гурӯҳи аввал, яъне суфастоиён аст.

Ин бечорагону оҷизони мутлақ, чизе ҷуз иродаи махдуд дар ихтиёрашон нест. Ва чун нафси фиръавнияшон ба нобдӣ ва аз байн бурдани чизе қодир намебошад ва чун наметавонанд зарра, ё моддаеро аз ҳеҷ ва адам, мавҷуд кунанд ва асбобу табиат низ, ки мавриди эътимодашон аст қодир ба эҷод чизе намебошад,  аҳмақона мегуяд: “Вуҷуд аз адам ҳосил намешавад ва мавҷуд низ ҳеҷ гоҳ маъдум намешавад.” Ва мехоҳанд Қадири Мутлақро низ, шомили ин қоидаи ботилу хато кунанд.

Бале, Қадири Зулҷалол ду навъ эҷод мекунад: Яке бо ихтироъу ибдоъ аст. Яъне аз ҳеҷ ва нестӣ пайдо мекунад ва ҳар чизи лозими барои ин мавҷудро низ, аз ҳеҷ эҷод карда дар ихтиёраш мегузорад. Навъи дигар, бо иншо ва бар асоси санъатгарист. Яъне барои ҳикматҳои дақиқ, ҳамчун нишондодани камоли ҳикмат ва ҷилваҳои асмои худ, як қисми мавҷудотро аз унсурҳои олам пайдо мекунад  ва зарроту маводро, ки тобеъи амрҳояш ҳастанд, ба воситаи қонуни раззоқият, ба сӯи онҳо гусел мекунад ва дар онҳо истифода мекунад.

Бале, Қодир Мутлақ ба ду сурат, яъне ибдову иншо эҷод мекунад. Нест кардани ҳаст ва ҳаст кардани нест, осонтарину содатарин ва умумитарину доимитарин қонуни Ӯст. Соҳиби қудратест, ки дар ҳар баҳор тамоми аҳволу кайфиёти шаклҳову сифот ва зарроти сесад ҳазор навъи махлуқотро аз нестӣ ҳаст мекунад. Касе, ки дар мавриди чунин Парвардигор бигуяд: “Қодир ба ҳасткардан нест.” худ бояд маъдум шавад!

Шахсе, ки табиатро раҳо карда ва вориди ҳайтаи ҳақиқат шуда буд, мегуяд: Ҷаноби Ҳақро ба рақами ҳамаи заррот, шукру ҳамд ва сано мегуям, ки камоли имонро ба даст овардам ва аз авҳому залолат наҷот ёфтам ва ҳеҷ шубҳа низ боқӣ намонд.

 

اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلٰى دٖينِ الْاِسْلَامِ وَ كَمَالِ الْاٖيمَانِ

سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ

***

 

[1]  Сабаби таълифи ин рисола, муқобила бо тазъифи беасоси ҳақоиқи имония ва муқобила бо ҳуҷуми ба Қуръон ва ононест, ки ҳар он чиро, ки ақли бехирад ба тарки он қодир нест, хурофа мехонанд. Ҳамлаи ба Қуръон, хашми шадидро дар қалбам, қаламам эҷод кард. Ва сабаб шуд силиҳои муҳкаму шадид бар мулҳидон ва мазҳабҳои ботили онҳо, варид кардад; вагарна шеваи Рисолаи Нур риояти виқор ва матонат ва истифода аз сухани нарм аст.

[2] сураи Иборҳим: 10

[3]  Бале агар интисоб матраҳ бошад, дона аз қадари Илоҳӣ дастур мегирад ва мазҳари умури хориқулода мегардад. Агар дар он интисоб, инқитоъ ҳосил шавад, хилқати он дона, беш аз офариниши дарахти бузурги санавбар, ниёзманди ҷиҳозот, қудрат ва санъат хоҳад буд. Зеро дарахти санавбар, дар кӯҳистоне, ки асари муҷассами қудрат аст, бо тамоми аъзову ҷиҳозот, бояд дар дарахти маънавии мундариҷ дар донае, ки асари қадари Илоҳист мавҷуд бошад. Чаро ки корхонаи тавлидкунандаи он дарахти бузург, ҳамин дона аст. Дарахти муқаддаре, ки дар дохили донааст, ба воситаи қудрати Илоҳӣ дар хориҷ зҳур меёбад ва сурати ҷисмонии дарахти санавбар ҳосил мегардад.

[4] Сураи Иброҳим:10

[5] Сураи Луқмон: 28

[6] Сураи Наҳл:77

[7] Сураи Наҳл:77

Гуфтори Даҳум

Баҳси Ҳашр

Ихтор: Дар ин рисола, ташбеҳу тамсилҳоро ба сурати ҳикояҳо навиштаам. Ҳадафам аз ин кор, ҳам тасҳилу осонсозии матлаб буд ва аз сӯйи дигар, мехостам нишон диҳам, ки ҳақиқатҳои исломӣ чи қадар маъқул, мутаносиб, муҳкаму мутаносид аст. маънӣи аслии ин ҳикояҳо, ҳамон ҳақиқатҳое ҳастанд, ки дар охир онҳо зикр мешавад. ва ин ҳикояҳо ба шакли киноя, ба он ҳақиқатҳо далолат доранд. Пас бояд гуфт: ин ҳикояҳо, ҳикояҳои хаёлӣ нестанд, балки ҳақиқатҳои росту дурустанд.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Бародар! Агар мехоҳӣ масъалаи ҳашр ва охиратро бо забони содаву омиёна ва ба таври возеҳ баён кунам, биёву ҳамроҳ бо нафсам ба ин ҳикоячаи тамсилӣ бингар ва гӯш кун:

Замоне, ду нафар ба як кишвари монанди ҷаннат зебо (ишора аст ба ин дунё) рафтанд. Дар он ҷо диданд, ки мардум дари хонаҳо ва мағозаҳояшонро боз гузошта, аз онҳо муроқибат намекунанд. молу сарваташон дар инҷову онҷо бесоҳиб мондааст. Яке аз он ду нафар ба ҳар ҷӣ дилаш мехост даст дароз карда, дуздӣ ва ё ғасб мекард, бо пайравӣ аз ҳавою ҳавасаш ҳар гуна зулму сафоҳатро муртакиб мешуд. аҳолӣ низ, ба ӯ эътибори чандон намекарданд.

Дӯсти дигараш ба ӯ гуфт:

Чӣ кор мекунӣ?! ҷазоятро хоҳӣ дид, маро низ гирифтори бало мекунӣ. ин молҳо аз подшоҳанд. аҳолии инҷо бо фарзандонашон сарбозони ӯ ҳастанд, ё ин ки маъмурони ӯ башумор мераванд. дар умури ин мамлакат, ба сурати кормандони ғайри низомӣ, истихдом мешаванд. Ба ҳамин хотир, чандон эътиборе ба кори ту надоранд. Аммо назму муроқибати шадид бар ҳама ҷо ҳоким аст. Подшоҳ дар ҳама ҷо телефонҳову маъмурҳо дорад. Пас зуд бош маъзаратхоҳӣ карда, аз фармони ӯ итоат кун.

Аммо он бехирад, аз рӯйи инод гуфт:

Не, ин амволи подшоҳ нест, балки амволи вақфшудаю бесоҳиб аст, ҳар кас метавонад ба гунаи дилхоҳ, аз он истифода кунад. Зеро ман ҳеҷ сабабро намебинам, ки истифода аз ин чизҳои зеборо маън кунад.

Он марди аблаҳ дар идомаи суханонаш гуфт: “ ман то замоне, ки чизеро бо чашмам набинам, бовар намекунам.” ва низ бо адои файласуфона, сафсатаҳои зиёдеро ба забон овард. Бад-ин гуна дар байни он ду, як мунозираи ҷиддӣ оғоз шуд.

Аввалан он сарсом гуфт:

“Подшоҳ кист? ман ӯро намешиносам.”

Сипас, дӯсташ ба ӯ ҷавоб дод:

Медонӣ, ки як деҳа, бе сардор ва як сузан бесозандаю бесоҳиб нест. як ҳарф бе нависанда ба вуҷуд намеояд. Пас чигуна имкон дорад ин мамлакати бениҳоят мунтазам, ҳоким надошта бошад? мебини, ки дар ҳар соат як вагоне пур аз амволу пӯшокҳои арзишманду мусаннаъ, мисли ин ки аз ғайб биёяд, ба инҷо мерасад ва борашро холӣ карда меравад. Пас чигуна мумкин аст, ин ҳама сарват соҳиб надошта бошад? чигуна имкон дорад, эълонномаҳо ва баённомаҳое, ки дар ҳар ҷо дида мешавад ва муҳру нишон ва аломате, ки рӯйи ҳар амвол ба чашм мехурад ва парчамҳое, ки дар ҳар гӯшаи ин сарзамин ба ҳаракат даромадааст, молике надошта бошад? маълум мешавад, ки ту ба хондани чанд китобу асари фарҳангӣ басанда намудаӣ, осору навиштаҳои исломиро мутолиа намекунӣ, аз донишмандон низ намепурсӣ. Пас биё то бузургтарин фармонро бароят бихонам.

Он сарсом баргашту гуфт:

Фарз кун подшоҳ ҳаст, аммо истифодаи ҷузъию ночизи ман, чӣ зарар ба ӯ дорад, ва чӣ нуқсон ба хазинаи ӯ ворид мекунад? аз сӯйи дигар дар инҷо ҳабс мабс нест, ҷазое низ дида намешавад.

Дӯсташ ба ӯ посух дод:

Бубин, ин мамлакат, як майдони монур аст. Ҳам, намоишгоҳи санъатҳои аҷибу шигифтангези подшоҳ аст. Низ, мусофирхонаест муваққату нопойдор. Магар намебинӣ, ки ҳар рӯз як қофила меояд ва қофилаи дигар мераваду нопадид мегардад. Бад-ин минвол, ҳамеша дар ҳоли пуру холишудан аст. Замоне баъд, ин мамлакат табдил мешавад ва ин аҳолӣ, ба мамлакати дигар ки доимист, мунтақил хоҳанд гардид. Дар он ҷо, ҳар кас дар бадали хизматаш ҷазо ё мукофот хоҳад дид. Боз он хоини бехирад тамарруд намуда, гуфт:

Бовар намекунам. магар имкон дорад, ки ин мамлакат нобуд шавад ва аҳолии он ба ҷойи дигар куч кунанд?

Аз ин сабаб, дӯсти аминаш гуфт:

Модом ба ин дараҷа иноду тамарруд мекунӣ, пас биё далелҳои беҳадду ҳисобро бо “дувоздаҳ сурат” ба ту нишон диҳам, ки як маҳкамаи кубро вуҷуд дорад. Ва ҷое барои мукофоту эҳсон ва маҳалле барои муҷозоту зиндон ҳаст. ин мамлакат ки ҳар рӯз, андак андак холӣ мешавад, рӯзе фаро мерасад ки тамоман холӣ ва нобуд мегардад.

 

СУРАТИ ЯКУМ

Оё имкон дорад, дар як низому салтанат, хусусан дар салтанати шукӯҳманде мисли инҷо, ба мутеъоне ки вазифаҳояшонро ба ваҷҳи аҳсан анҷом додаанд, мукофот дода нашавад ва ба исёнкорон муҷозоте набошад? Метавон гуфт, ки чунин чиз дар инҷо нест. Пас бешубҳа, дар ҷойи дигар, як маҳкамаи бузург ҳаст.

 

СУРАТИ ДУЮМ

Ба раванди корҳо ва иҷрооте, ки дар ин ҷо сурат мегирад, нигоҳ кун! бубин, ки ризқу рӯзии ҳар мавҷуд, аз фақиртарину заифтарин гирифта то ҳар каси дигар, ба комилтарин шакл дода мешавад. Ва аз беморони бе ёру ёвар ба хубӣ муроқибат ба амал меояд. дар ҳар ҷо, ғизоҳои бисёр арзишманду шоҳона ва нишонҳои мурассаъу либосҳои музайян вуҷуд дорад ва меҳмониҳои бошукӯҳе барпост. Бубин! ба ҷуз бехирадоне ҷуз ту, ҳар кас вазифаашро ба диққат анҷом медиҳад. ҳеҷ кас, заррае аз ҳаддаш берун намешавад. Бузургтарин шахс, бо бузургтарин итоат ва таҳти таъсири тарсу ҳайбати мутавозеъона, хизмат мекунад.

Пас бояд гуфт, ки соҳиби ин салтанат, карами бисёр бузургу марҳамати бисёр васеъ дорад. Ва низ иззаташ бисёр бузургу ҳайсияту номусаш бисёр бо ҷалол аст. Аз инру, карам мехоҳад инъом кунад. Ва марҳамат наметавонад беэҳсон бошад. Иззат низ, ғайратро металабад. Ҳайсияту номус низ, мехоҳад беадабон адаб дода шаванд.

Ҳоло онки дар ин мамлакат, аз ҳазор як коре, ки лоиқи он марҳамату номус аст, анҷом намеёбад. Золим дар иззату мазлум низ дар лаззаташ боқӣ мемонад, саранҷом аз инҷо куч карда меравад.

Пас бешубҳа, подошу кайфар ба як маҳкамаи кубро супурда мешавад.

 

СУРАТИ СЕЮМ

Бубин! корҳо бо чи ҳикмату интизоми олӣ, анҷом меёбад ва бо чӣ адолату мизон, рафтор мешавад. Ҳикмати ҳукумат, мехоҳад то касоне, ки ба ҳимояти салтанат паноҳ овардаанд, мавриди лутфу меҳрубонӣ қарор гиранд. Ва адолат низ, хостори муҳофизат аз ҳуқуқи раият мебошад, то аз ҳайсияти ҳукумату шукӯҳи салтанат, муҳофизат гардад. Ҳоло онки дар ин ҷойҳо, аз ҳазор як иҷрооте, ки шоистаи ҳикмату адолат аст, ба иҷро дар намеояд. Бисёре аз бехирадоне ҳамчун ту, бе инки ба сазои аъмолашон бирасанд, куч карда мераванд. Пас бешубҳа, кайфари аъмоли онҳо ба як маҳкамаи кубро вогузор мешавад.

 

СУРАТИ ЧОРУМ

Бубин! ҷавоҳироти беназире, ки дар ин намоишгоҳҳои беҳадду ҳисоб вуҷуд дорад ва ғизоҳои бемонанде, ки рӯйи ин суфраҳо гузошта шудааст, нишон медиҳад, ки: Подшоҳи ин сарзаминҳо, саховати беҳад ва хазинаҳои пуру беҳисоб дорад. Чунин саховату хазинаҳои бепоён, хостори меҳмонхонае ҳастанд, ки доимӣ ва ҳар чизи дилхоҳ дар он мавҷуд бошад. Ва низ хостори онанд, ки муталаззизони он меҳмонӣ, барои ҳамеша дар онҷо бимонанд, то заволу фироқ сабаби ранҷу азоби онҳо нашавад. Зеро онгуна, ки заволи дард, лаззат аст, заволи лаззат низ, дард аст.

Ба ин намоишгоҳҳо бингар! Ба ин эълонҳо диққат кун! Ба ин даъватгарон гӯш фаро деҳ, ки санъатҳои арзишманду ноёби як подшоҳи эъҷозгарро ташкил дода, ба намоиш мегузоранд. Ва камолоти ӯро нишон медиҳанд ва ҷамоли маънавии бемонандашро баён медоранд. Ва аз лутфи ҳусни махфиаш, баҳс мекунанд. Маълум мешавад, ки ӯ камолоту ҷамоли маънавии бисёр муҳиму ҳайратангез дорад.

Камоли пинҳону беайбу нуқсон мехоҳад, дар баробари тамошокунандагони қадршиносу таҳсинкунанда, ва мушоҳидони “мошоаллоҳ” гуянда, ба намоиш дарояд. Ва ҷамоли махфию беназир низ, мехоҳад дида шаваду бубинад. Яъне мехоҳад ҷамоли худро ба ду ваҷҳ бубина: Яке инки дар оинаҳои мухталиф шахсан мушоҳида кунад; ва дигар инки бо мушоҳидаи тамошогарони муштоқ ва таҳсинкунандагони мутаҳайир, мушоҳида намояд. Аз инру, хостори дидан, дида шудан, мушоҳидаи доимӣ, ва ишҳоди абадист. низ, он ҷамоли доимӣ мехоҳад, ки тамошогарону таҳсинкунандагони муштоқ, ҳамеша бошанд. Чунки: Як ҷамоли доимӣ, ба муштоқи зоил, розӣ намешавад. Зеро муҳаббати тамошогаре, ки маҳкум ба заволи баргаштнопазир аст, бо тасаввури завол, ба душманӣ табдил мешавад, ва ҳайрату эҳтиромаш ба таҳқир тамоюл мекунад. Зеро, инсон бо онче намедонад ва наметавонад ба он бирасад, душман аст. Ҳоло онки ҳар кас аз ин меҳмонхонаҳо, ба суръат мераваду нопадид мегардад ва танҳо як партав аз он камолу ҷамолро, балки сояи заифи онро як лаҳза мебинад ва аз он сер нашуда меравад.

Пас, масири ҳар кас ба сӯйи тамошогоҳи доимист.

 

СУРАТИ ПАНҶУМ

Бубин! дар ин корҳо дида мешавад, ки он Зоти бемонанд, шафқати бисёр бузург дорад. Зеро, ба имдоди ҳар мусибатзада мешитобад. Ба ҳар як хостаи матлуб, посух медиҳад. Ҳатто агар кӯчактарин ниёзи хурдтарин раияташро бубинад, бо камоли шафқат бароварда месозад. Агар пойи гӯсфанди чӯпоне захмӣ шавад, дарҳол ба ӯ марҳам ё байтор мефиристад.

Акнун бо ман биёву бубин! як иҷтимоъи бузург дар ин ҷазира барпост. Ҳама ашрофи мамлакат дар онҷо ҷамъ шудаанд. Пас биё ба онҷо биравем. Бубин! як паёмовари гиромие, ки нишони бисёр бузург бо худ дорад, ба сухан мепардозад. Ва аз он подшоҳи мушфиқ чизҳоеро мехоҳад, ва ҳамаи аҳолӣ низ, ӯро тасдиқ мекунанд ва мегуянд: “Бале, мо низ дархостҳои ӯро мехоҳем.” Акнун гӯш кун, ки ин дӯсти маҳбуби подшоҳ мегуяд:

“Эй Подшоҳе, ки моро бо неъматҳоят парвардаӣ! Аслу манбаъи ин намунаҳо ва сояҳоро – ки нишонамон додаӣ – ба мо нишон деҳ! Ва моро ба мақарри салтанатат фаро хон! моро дар ин биёбонҳо маҳву нобуд магардон! Моро ба ҳузурат бигир. Ва ба мо марҳамат фармо. Неъматҳои лазизеро ки дар инҷо ба мо чашонидаӣ, дар онҷо бихурон. Ва бо заволу табъид, моро азоб надеҳ. Ин раияти фармонбардоратро ки муштоқу сипосгузори туанд, ба ҳоли худашон раҳо накун ва нобуд магардон.”

Ӯ ингуна ниёишу илтимос мекунад, ту низ онро мешунавӣ. Оё имкон дорад чунин подшоҳи мушфиқу қудратман, камтарин хоҳиши кӯчактарин фардро бо камоли аҳамият бароварда созад, локин зеботарин мақсуди маҳбубтарин паёмовари гиромиашро рад карда, ба ҷо наорад? Ҳоло онки мақсуди он маҳбуб, мақсуди умуми раият аст, ва ризою марҳамату адолати подшоҳ низ, онро тақозо мекунад, ва баровардани он низ барояш душвор нест. Сохтани тафриҳгоҳҳои муваққатии ин меҳмонхонаҳо, мушкил нест. Модом, ки ӯ барои нишон додани намунаҳои раҳматаш, инқадар масраф намуда, ва масрафҳои зиёдро ба намоишгоҳҳое, ки чанд рӯзе беш давом намекунад ихтисос дода ва ин мамлакатро офаридааст, пас бешубҳа ганҷинаҳои ҳақиқии камолоту ҳунарҳояшро дар мақарри салтанаташ, бо шукӯҳ нишон хоҳад дод. Чунон намоишгоҳҳое мекушояд, ки ақлҳо бо дидани он, дар ҳайрат мемонанд.

Пас ононе, ки дар ин майдони имтиҳон қарор доранд, беҳуда нестанд, балки қасрҳои саодат ва зиндонҳо дар интизори онҳост…

 

СУРАТИ ШАШУМ

Акнун биёву бубин, ки ин вагонҳои бузург, ҳавопаймоҳо, таҷҳизот, анборҳо, намоишгоҳҳо ва амалкардҳо, нишон медиҳанд, ки дар паси парда, салтанати бисёр шукӯҳманде вуҷуд дорад ва ҳукм мекунад. Ин салтанат, хостори раиятест, ки шоистаи он бошад.

Ҳоло ин, ки мебинӣ, тамоми раият дар ин меҳмонхона гирди ҳам омадаанд. Меҳмонхона низ, ҳар рӯз пуру холӣ мешавад. Низ ҳамаи раият, барои иҷрои як монур дар ин майдони имтиҳон басар мебаранд. Ва майдон низ дар ҳар соат, дар маърази дигаргунӣ қарор дода мешавад. Низ, ҳамаи раият, ба манзури тамошои намунаҳои эҳсону карами арзишманди подшоҳ ва санъатҳои хориқулодаю аҷиби ӯ, чанд дақиқа дар ин намоишгоҳ таваққуф карда, ба тамошо мепардозанд. Намоишгоҳ низ дар ҳар дақиқа таҳаввул мегардад. Онки рафта боз намеояд ва онки омадааст дубора меравад. Пас ин ҳолат ва ин вазъият, ба таври қатъӣ нишон медиҳад, ки дар паси ин меҳмонхона ва ин майдон ва ин намоишгоҳҳо, қасрҳои доимӣ, масканҳои ҷовидон, ва хазинаҳову боғҳое, ки пур аз аслҳои холису олии ин намунаҳову суратҳост, қарор дорад.

Маълум мешавад. Талош дар инҷо, барои расидан ба он аслҳост.

Дар инҷо, кор мефармояд, дар онҷо бошад, уҷрат медиҳад. Ҳар кас ба андозаи истеъдодаш, дар онҷо саодат дорад.

 

СУРАТИ ҲАФТУМ

Биё то андаке ба гаштугузор карда бубинем, ки дар байни ин аҳолии маданӣ, чӣ мегузарад ва чӣ чизҳо вуҷуд дорад. Бубин! дар ҳар ҷо ва дар ҳар гӯшаву канор, дурбинҳои мутааддид насб шудааст ва филмбардорӣ мекунанд. Бубин, дар ҳар ҷо нависандагони мутааддид нишастаанд ва чизҳое менависанд ва ҳар чизро ёддошт мекунанд, ва ночизтарин кор ва одитарин рӯйдодро забт менамоянд. Бале, дар ин кӯҳи баланд, дурбини бисёр бузург насб гардидааст, ки махсуси подшоҳ аст ва аз ҳамаи рӯхдодҳои ин ҷо, филмбардорӣ мекунад. Маълум мешавад, ки он зот, дастур додааст то ҳамаи рӯхдодҳову корҳои мамлакаташ, забт гардад. Яъне, ин ки он зоти муаззам, тавассути маъмуринаш, ҳамаи ҳодисаҳоро ёддошт ва филмбардорӣ мекунад. Пас ин муроқибати бодиққату муҳофизат, ҳатман барои як муҳосиба аст.

Акнун ки чунин аст, оё имкон дорад, он Ҳокими ҳафизе, ки одитарин амали одитарин раияташро мӯҳмал намегузорад, бузургтарин амали бузургтарин раияташро муҳофизат накунад ва муҳосиба нанамояд ва мукофоту муҷозот надиҳад? Аммо боз ҳам корҳову амалҳое аз он раияти бузург сар мезанад, ки ба иззату ғайрати он Зот, бар мехурад ва шаъни марҳаматаш ҳаргиз онро намепазирад. локин онҳо дар ин ҷо, ҷазо намебинанд.

Пас бешубҳа, ба як маҳкамаи кубро вогузор мегардад.

 

СУРАТИ ҲАШТУМ

Биё! то ин фармонҳоро ки аз ҷониби ӯ омадааст, бароят бихонам. Бубин! ӯ мукарраран ваъда медиҳад ва бо шиддат таҳдид карда, мегуяд: “Шуморо аз он ҷо гирифта, ба мақарри салтанатам меорам ва итоаткунандагонро масъуд ва осиҳоро маҳбус хоҳам кард. Ва он ҷойи муваққатиро нобуд карда, мамлакати дигареро ки дорои қасрҳову зиндонҳои абадист, таъсис хоҳам намуд.”

Ииз, амалӣ сохтани ваъдаҳояш барои ӯ бисёр осон аст ва барои раияташ низ, бисёр дорои аҳамият мебошад. ва ваъдахилофӣ, комилан бо иззати иқтидораш дар тазод қарор дорад.

Пас, бубин эй сарсом! ваҳми дуруғин, ақли ҳазаёнгу ва нафси фиребандаатро тасдиқ мекунӣ, аммо зотеро такзиб мекунӣ, ки ҳаргиз ба хулфу хилофи ваъда маҷбур нест, ва амал ба хилофи ваъда, аз ҳеҷ ваҷҳ шоистаи ҳайсияти ӯ намебошад. Ҳамаи корҳое, ки дида мешавад, ба сидқу дурустии ӯ шаҳодат медиҳад. Пас ту бо ин такзиб, ҳатман мустаҳиққи ҷазои сангин мешавӣ. Мисоли ту, монанди раҳгузаре ҳаст, ки аз нури хуршед чашмонашро баста, мехоҳад барои ёфтани роҳ аз хаёлоташ истифода кунад ва бо чароғи ваҳмангези ақлаш, ки ба монанди кирми шабтоб аст, дар равшан кардани роҳи торику ваҳшатангези худ, кушиш дорад. Ҳоло ки ӯ ваъда намудааст, ҳатман онро амалӣ месозад. Чаро ки амалӣ кардани он, барояш бисёр осон ва барои мову ба ҳар чиз ва салтанати ӯ, лозим аст.

Пас бояд гуфт, ки як маҳкамаи кубро ва як саодати узмо вуҷуд дорад.

 

СУРАТИ НӮҲУМ

Акнун биё! баъзе сардорони доираҳо ва ҷамъиятҳоро бубин, ки ҳар кадоми онҳо, телефони махсус барои тамос бо подшоҳро доранд. Баъзе аз онҳо низ, ба ҳузури ӯ рафтаанд. Бубин! онҳо, ба иттифоқ ҳам мегуянд: Он Зоти бузург як ҷойи бисёр шукӯҳманд ва ҳайбатнокеро барои мукофоту муҷозот омода намудааст. Ӯ бо қудрат, ваъда медиҳад ва бо шиддат, таҳдид мекунад. Ва иззату ҷалоли ӯ, ҳаргиз ба ваъдахилофӣ мақоми худро паст накарда, зиллатро қабул нахоҳад кард. Шумораи он паёмоварон низ, дар дараҷаи тавотур аст ва бо иттифоқе ки қуввати иҷмоъро дорад, хабар медиҳанд, ки: мадору мақарри ин салтанати бузурге, ки баъзе аз асарҳои он дида мешавад, дар сарзамини дигаре ки аз инҷо бисёр дур аст, қарор дорад. Ва сохтмонҳои ин майдони имтиҳон, муваққатӣ ҳастанд. баъдан, ҷойи онҳоро қасрҳои доимӣ мегирад. Ва ин ҷойҳо дигаргун мешавад. Зеро, салтанати шукӯҳманду безаволе, ки осори он бар азаматаш далолат дорад, бар мабнои чунин умури бедавом, беқарор, беаҳамият, бебақо, мутағайир, бебақо, ноқису номукаммал, таъсис намегардад ва устувор намемонад… балки бар бунёди умури доимӣ, мустақар, безавол, мустамир, мукаммал ва шукӯҳманде ки шоистаи он аст, таъсис мегардад.

Пас бояд гуфт, ки диёри дигаре вуҷуд дорад ва ҳама ба он су мераванд.

 

СУРАТИ ДАҲУМ

Биё, имрӯз, наврӯзи султонист. Ба ин муносибат, дигаргуниҳо рух дода ва корҳои аҷиб мешавад. Пас биё дар ин рӯзи зебои баҳорӣ, ба ин саҳрои сарсабзе ки пур аз гулҳои зебост, биравему тафриҳ кунем.

Бубин, ки аҳолӣ низ, ба ин тараф меоянд. Бубин, кори сиҳрангезе рух медиҳад. Он сохтмонҳо, ногаҳон фурӯ рехта ва як шакли дигар ба худ гирифтанд. Бубин, як мӯъҷиза ҳаст. Он сохтмонҳои фурӯрехта, яку якбора дар ин ҷо бино гардиданд. гӯё ин биёбони холӣ, ба як шаҳри маданӣ табдил шуд. Бубин, ҳамчун пардаҳои синамо, дар ҳар соат олами дигареро нишон медиҳад ва шакли дигар ба худ мегирад. Ба ин амр диққат кун, ки дар байни ин ҳама пардаҳои ҳақиқии мухталиту сареъ ва фаровон, чӣ як интизоми комил вуҷуд дорад, ки ҳар чиз дақиқан, дар маҳали муносибаш гузошта мешавад. Пардаҳои синамои хаёлӣ низ, наметавонанд ба ин андоза мунтазам бошад. Миллионҳо соҳири моҳир низ, наметавонанд ин санъатҳоро бисозанд. Маълум мешавад, он подшоҳе ки аз чашми мо ниҳон аст, мӯъҷизаҳои бузург дорад.

Эй сарсом! Ту мегуӣ: Чигуна ин мамлакати бузург, тахриб шуда ва дар ҷойи дигар таъсис мешавад?

Магар намебинӣ, ки дар ҳар соат, инқилобҳо ва дигаргуниҳои зиёде ҳамчун он табдили макон рух медиҳад, ки ба ақли ту намегунҷад. Аз ин ҷамъ шудану пароканда шудан ва аз ин авзоъу афъол, фаҳмида мешавад ки дар ин ҷамъ шудану пароканда шуданиҳо ва ташкилоту тахриботи сареъ, мақсаду ҳадафи дигаре вуҷуд дорад. Барои иҷтимоъи як соата, ба андозаи даҳ сол масраф мешавад. Пас, ин вазъиятҳо мақсуди биззот нестанд. Балки, як тамсилу тақлиданд, ки подшоҳ, бо як мӯъҷиза анҷом медиҳад. ҳадаф аз он тасвир бардорӣ ва таркиби онҳо ва ҳифзи натиҷаҳову навиштани онҳост – ҳамон тавре, ки дар майдони монур ва имтиҳони ӯ, ҳар чиз навишта ва ёддошт мешавад-. Маълум мешавад, ки дар як гирдиҳамоии бузург, бар бунёди ҳамин ёддоштҳо, муомила мешавад. ва низ, дар як намоишгоҳи азим, ба таври ҳамешагӣ, ба намоиш гузошта мешавад. Пас бояд гуфт, ки ин авзоъу афъоли муваққатию нопойдор, суратҳои собиту меваҳои доимӣ, бабор меоранд.

Пас ин маросимҳо, барои як саодати азим, як додгоҳи бузург ва ҳадафҳои волоест, ки мо намедонем.

 

СУРАТИ ЁЗДАҲУМ

Биё эй дӯсти муонид! савори ҳавопаймо ва ё вагоне шавем, ки ба шарқ ё ғарб, яъне гузашта ва оянда меравад, то бубинем ин Зоти эъҷозгар, дар дигар ҷойҳо чӣ навъ мӯъҷизаҳо нишон додааст.

Инак бубин! дар ҳар тараф, аҷоибе ҳамчун манзилу майдон ва намоишгоҳе ки дида будем, ба чашм мехурд, аммо аз лиҳози санъату сурат, бо якдигар фарқ доранд. Пас ба ин хуб диққат кун, ки дар он манзилҳои бесубот, ва майдонҳои нопойдор, ва намоишгоҳҳои бебақо, чӣ қадар интизоме аз ҳикмати боҳир, ва то чӣ дараҷа ишороте аз як инояти зоҳир, ва чӣ мартаба аломоте аз як адолати олӣ, ва чӣ самароте аз як марҳамати васеъ, дида мешавад. ҳар он касе ки фоқиди басират набошад, яқинан пай мебарад, ки ҳикмате комилтар аз ҳикмати ӯ ва инояте зеботар аз инояти ӯ ва марҳамате фарогиртар аз марҳамати ӯ ва адолате ҷалилтар аз адолати ӯ наметавонад мавҷуд бошад ва ҳаргиз қобили тасаввур нест.

Агар фарзан, он гуна, ки ту гумон мекунӣ, дар доираи мамлакати он подшоҳ манозили доимӣ, маконҳои олӣ, мақомҳои собит, масканҳои боқӣ, аҳолии муқиму раияти хӯшбахт мавҷуд набошад, Онгоҳ ба хубӣ маълум аст, ки ин мамлакати нопойдор, наметавонад мазҳари ҳақоиқи ин ҳикмат, иноят, марҳамату адолат қарор гирад. Ва агар маҳалли дигаре барои бозтоби онҳо набошад, онгоҳ лозим меояд то бо ҳамоқати монанди инкори хуршед дар рӯзи равшан, ин ҳикматро, ки дар пеши чашми мо қарор дорад ва ин иноятро ки аён аст ва ин марҳаматро ки мебинем ва ин адолатро, ки ишоратҳои қавии он дида мешавад, инкор кунем. Ва бояд бупазирем ки соҳиби ин иҷрооти ҳакимона ва афъоли каримона ва эҳсоноти раҳимонае ки мебинем (Ал-аёзу биллоҳ! ва ҳошо!) як бозигари сафеҳу як ситамгари ғаддор аст, ки ин, ба маънӣи инқилоби ҳақоиқ бар алайҳи ҳақоиқ мебошад. ҳоло он, ки инқилоби ҳақоиқ, ба иттифоқи ҳамаи оқилон – ба истиснои Суфастоиёни аблаҳе ки вуҷуди ҳар чизро инкор мекунанд – муҳол асту номумкин.

Пас бояд гуфт, ғайр аз ин диёр, як диёри дигар вуҷуд дорад ва дар он ҷо як маҳкамаи кубро ба номи адолаткадаи олӣ ва як меҳмонсарои бошукӯҳ ҳаст, то ин марҳамату ҳикмат ва инояту адолат, битавонад дар он ҷо ба таври комил зуҳур кунанд.

 

СУРАТИ ДУВОЗДАҲУМ

Биё акнун бармегардем ва бо раисону афсарони ин ҷамоатҳо дидор мекунем ва таҷҳизоташонро мебинем, ки оё он таҷҳизот, танҳо барои сипарӣ намудани зиндагии кӯтоҳи дар ин майдон додашудааст? Ё ин ки барои ба даст овардани зиндагии пурсаодати дуру дароз дар ҷойи дигар? Мо наметавонем ба ҳар кас ва ба ҳамаи таҷҳизот бингарем, танҳо барои намуна, ба ҳуҷҷату дафтари ин афсар нигоҳ мекунем. Дар ин корт рутба, маош, вазифа, хоҳишот ва дастуруламали ин афсар навишта шудааст.

Бубин, ин рутба на барои чанд рӯз, балки барои муддати замони зиёд дода мешавад. Дар ин ҷо навиштааст ки “Ин маошро дар фалон рӯз аз хазинаи махсус мегирӣ” ҳоло онки он рӯз, баъд аз чандин муддат ва пас аз баста шудани ин майдон меояд. Ва ин вазифа низ, на ба таносуби ин майдони муваққат, балки барои ба дастовардани саодати доимӣ дар қурби подшоҳ дода шудааст.

Ин матлабҳову хостаҳо низ, барои чанд рӯзи зиндагӣ, дар ин меҳмонхона матраҳ намегардад, балки танҳо метавонад барои зиндагии дарозу босаодат хоста шавад. Ин дастуру роҳнамо низ, ба хубӣ ошкор месозад, ки соҳиби ин корт, номзади дигар ҷой аст ва ба дигар олам кор мекунад.

Бубин, дар ин дафтарҳо равиши истифода аз олатҳою таҷҳизоти навишташуда ва масъулияти истифода кунандагон дар қиболи онҳо, дарҷ шудааст. Акнун агар ғайр аз ин майдон, ҷойи бисёр олию доимии дигар мавҷуд набошад, ин корту дафтар, комилан бемаънӣ мебошад. Ва ин шахси муҳтараму фармондеҳи мукаррам ва раиси муаззам, поинтар аз ҳамаи аҳолӣ қарор мегирад, ва бадбахтару бечоратар ва залилтару фақиртар ва заифтар аз дигарон мешавад.

Пас бо ин муқоиса кун. Ба ҳар чизе ки диққат кунӣ, гувоҳӣ медиҳад, ки баъд аз ин дунёи фонӣ, як олами боқӣ вуҷуд дорад…

Эй дӯст! ин мамлакати муваққат дар ҳукми як мазраа аст, ва ба як омӯзишгоҳу тиҷоратхона монанд аст, ки аз пайи он, бешубҳа як маҳкамаи бузург ва саодати азим меояд. Агар инро инкор кунӣ, он вақт маҷбур мешавӣ, кортҳову дафтарҳо ва таҷҳизоту роҳнамоии афсаронро ва ҳатто худи ин мамлакатро бо ҳамаи ин интизомоташ ва ҳатто худи ҳукуматро инкор кунӣ. Ва мавҷудияти ҳамаи иҷрооти ба вуқӯъ пайвастаро такзиб намоӣ. Онгоҳ туро инсон ва бошуур хитоб карда намешавад, балки беақлтар аз суфастоиён мешавӣ.

Мабодо гумон куни, ки далилҳои табдили мамлакат, ба ҳамин “дувоздаҳ сурат” мунҳасир аст, балки далоили беҳадду ҳисоб вуҷуд дорад. бино бар инки ин мамлакати беқарору тағйиркунанда, ҷояшро ба як мамлакати безаволу мустақар хоҳад дод. Ва низ ишораҳову аломатҳои беҳадду ҳисоб ҳаст, ки ин аҳолӣ аз ин меҳмонхонаҳои муваққатӣ, бардошта шуда ва ба мақарри доимии салтанат, бурда мешаванд.

Биё то як бурҳони дигареро, ки ба мартабаҳои қавитар аз ин дувоздаҳ сурат аст, ба ту нишон диҳам. Бале, биёву бубин, ки дар байни он ҷамоати бузурге, ки аз дур дида мешавад, ҳамон паёмовари гиромие ки дар ҷазираи қаблӣ дида будем ва нишони бузург бо худ дошт, дар ҳоли суханронист. Биравем ва ба суханонаш гӯш диҳем. Бубин он паёмовари тобон фармони бузургеро ки дар он баландиҳо овезон аст, ба аҳолӣ хабар медиҳад ва мегуяд:

Омода бошед! Мо ба сарзамини ҷовидонаи дигар меравем. Чунон сарзамине, ки ин мамлакат дар муқоиса бо он, ба манзалаи як зиндон аст. Шумо ба мақарри салтанати подшоҳамон меравед ва аз марҳамату эҳсоноти ӯ баҳраманд мешавед. Ин дар суратест, ки шумо ин фармонро ба хубӣ бишнавед ва аз он итоат кунед… Аммо агар нофармонӣ намуда, ба он гӯш фаро надиҳед, ба зиндонҳои ҳайбатнок андохта мешавед.

Ту худ мебини, ки дар он фармони бузург, чунон муҳри эъҷозангез зада шудааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тақлид нест. Ғайр аз ту барин бехирадон, ҳар кас қатъиян мефаҳмад ки он фармон, фармони подшоҳ аст.

Ва он паёмовари гиромӣ низ, чунон нишонаҳое бо худ дорад, ки ғайр аз ту барин нобиноён, ҳар кас яқинан бовар дорад ки ӯ содиқтарин тарҷумони амрҳои подшоҳ аст.

Оё ин масъалаи табдили мамлакат, ки он паёмовари гиромӣ, ба иттифоқи он фармони бузург, бо тамоми тавон, муддаӣ ҳастанд ва ба таблиғи он мепардозанд, эътирозеро ба худ роҳ медиҳанд? ҳаргиз! магар ин, ки ҳамаи он чиро ки мебинем инкор кунӣ.

Ҳоло эй дӯст! навбати сухани туст. Ҳар чӣ дилат мехоҳад бигӯ!

Чӣ метавонам бигуям, оё дар баробари – ин ҳақиқати бузург – метавон чизе гуфт? Оё касе метавонад дар нимарӯз, офтобро инкор кунад? Танҳо метавонам бигӯям: Алҳамдулиллоҳ, сад ҳазор шукр, ки аз тасаллути ваҳму ҳаво ва аз асорати нафсу ҳавас, наҷот ёфтам, ва аз зиндону ҳабси абад, озод гардидам ва бовар намудам, ки ғайр аз ин меҳмонхонаи пурошубу нопойдор, як саройи саодат дар қурби подшоҳ, вуҷуд дорад. ва мо низ, номзади рафтан ба онҷо ҳастем.

Ба ин тартиб, ин ҳикояти тамсилие, ки киноя ва иборат аз ҳашр буд, дар ин ҷо ба охир расид. Инак ба тавфиқи Илоҳӣ, ба шарҳи ҳақиқати волое мепардозем ва дар баробари “Дувоздаҳ сурат”-и гузашта “Дувоздаҳ ҳақиқати мутасонид”-ро бо як муқаддима баён мекунем.

 

МУҚАДДИМА

Ба чанд масъалае, ки дар ҷойҳои дигар, яъне дар Гуфторҳои бисту дуюм, Нуздаҳум ва Бисту шашум, бо чанд ишора тавзеҳ дода шуд, ишора мекунем.

Ишораи якум

Марди ғофил ва дӯсти аминаш, ки зикрашон дар ҳикоят гузашт, се ҳақиқат доранд:

 

Якум: Иборат аст аз: Нафси аммора ва қалбам.

 

Дуюм: Шогирдони фалсафа ва тилмизҳои Қуръони ҳаким.

 

Сеюмӣ: Уммати Исломӣ бо миллати куфр аст.

 

Нашинохтани Парвардигор, хатарноктарин залолатест, ки шогирдони фалсафаю миллати куфр ва нафси аммора дар он, дармондаанд.

Онгуна, ки марди амин дар ҳикоят гуфта буд:

Як ҳарф наметавонад бенависанда бошад ва як қонун низ, беҳоким.

Мо низ мегуем:

Навиша шудани як китоб бенависанда, муҳол аст. Хусусан, китобе ки дар ҳар калимаи он, як китобе бо хати борик навишта шуда ва дар ҳар ҳарфи он, қасидае бо қалами зариф, дарҷ гардидааст. Инчунин, аз ҷумлаи муҳолтарини муҳолҳост, ки ин коинот бенаққошу офаринанда, бавуҷуд биёяд. Зеро, ин коинот чунон китобест, ки ҳар саҳифаи он, китобҳои фаровонеро дарбар мегирад. ҳатто дар ҳар калимаи он, як китоб вуҷуд дорад ва ҳар ҳарфи он, дарбаргирандаи қасидааст.

Бале, сатҳи замин як саҳифааст ва китобҳои фаровоне дар он вуҷуд дорад. Ҳар дарахт, як калимааст ва саҳифаҳои зиёде дар он ҳаст. Ҳар мева, як ҳарф ва ҳар тухмӣ, як нуқтааст ва дар ин нуқта, барнома ва феҳристи дарахти бузурге нӯҳуфтааст. Пас чунин дарх, танҳо метавонад нақши қалами Зоти Зулҷалоле бош, ки қудрату ҳикмати бепоён дорад ва ҷалолу ҷамол авсофи ӯст. Яъне, як нигоҳ ба олам ва мушоҳидаи он, мусталзами  чунин имон мебошад. Аммо касе, ки масту мадҳуши залолат бошад, ҳеҷ суде аз ин нигоҳ намегирад.

Ҳам онгуна, ки ҳеч хона бебино бавуҷуд намеояд, хусусан чунин хонае, ки бо нақшу нигорҳои аҷиб ва тазйиноти шигифтангез ва санъати хориқулода сохта шудааст, ба ҳадде ки дар ҳар санги он зарофату санъати ҳамаи қаср бакор бурда шудааст. Пас ҳеч оқил, қабул намекунад, ки чунин қаср бе як бинокори моҳир бавуҷуд биёяд. хусусан қасре, ки дар ҳар соат, ҳамчун пардаи синамо манзилҳои ҷадид дар он бо камоли назму ҳамоҳангӣ, шакл мегирад ва ба осонии иваз кардани либос,  иваз шуда, тағйир мекунад. Ҳатто дар ҳар пардаву саҳнаи ҳақиқӣ, чандин ҳуҷраи хурд сохта мешавад.

Пас ин ҳастии бузург низ, як офаридагори ҳакиму алим ва қадир мехоҳад. Зеро, ин коиноти шукӯҳманд ба як кохе монанд аст, ки моҳу хуршед чароғҳои он аст ва ситорагон, шамъҳову чилчароғҳои он башумор мераванд ва замон ҳам риштаю танобест, ки Сонеъи зулҷалол дар ҳар сол, олами дигареро бар он меовезад ва нишон медиҳад. ва дар он олам, суратҳои мураттабу муназзамеро дар сесаду шаст тарз, таҷдид мекуннад, ва аз сари нав, равонаи ҳастӣ месозад ва бо камоли назму ҳикмат, ононро тағйир медиҳад.

Ӯ сатҳи заминро ба сурати як суфра пур аз неъматҳои гуногун кардааст. ва дар ҳар фасли баҳор, ин суфраро бо сесад ҳазор навъи аз анвоъи махлуқоташ, ороиш медиҳад ва бо эҳсонҳои беҳадду ҳисобаш, пур месозад. Бо инки ин неъматҳо махлуту дарҳам омехтаанд, аммо бо камоли имтиёз ва тафовут аз якдигар, ҷудо мешаванд. Ҷиҳатҳои дигари онро худ муқоиса кун, то бидонӣ, чигуна метавон аз сонеъи чунин кохи шукӯҳманд, ғафлат кард?

Ва низ ҳамоқати бузурге хоҳад буд, агар касе дар нисфи рӯз ва дар осмони соф, хуршедро инкор кунад, бо вуҷуди дидашудани дурахшишу партавҳои он ба рӯйи кафкҳои дарё ва маводи дурахшандаи хӯшку порчаҳои барф, мавҷудияти онро қабул нанамояд. Зеро дар ин ҳолат, инкор кардани мавҷудияти як хуршед, мусталзами онаст, ки инкоркунандаи мавҷудияти хуршедакҳои ҳақиқию аслиро ба андозаи қатраҳову кафкҳои дарё ва пораҳои барф, пазираду қабул кунад! Пас онгуна ки пазируфтани мавҷудияти хуршеди бузург дар як зарраи хурд, ҳамоқату девонагист, ба ин монанд, имон наовардан ба Холиқи Зулҷалол ва тасдиқ нанамудани авсофи камоли Ӯ  бо дидани ин коинот ва мушоҳидаи дигаргуниҳо ва навовариҳои пай дар пайю муназзами он, ҳамоқатест бадтар аз ҳамоқати пешакӣ. Балки ҳазаёну ҷунун аст. Зеро надоштани имон ба офаридагор, мусталзами қабул намудани як улуҳияти мутлақ дар ҳар чиз ва ҳатто дар ҳар заррааст. Зеро – барои мисол – ҳар кадоми аз зарроти ҳаво, метавонад дар ҳар гул, ҳар меваю ҳар барг дохил шавад ва дар онҷо вазифаашро анҷом диҳад. Акнун агар ин зарра, маъмуру мусаххар набошад, онгоҳ лозим меояд, ки тарзи ташкилу ба вуҷуд омадани ҳар ончиро, ки метавонад вориди он шавад ва дар он кор кунад, бидонаду аз сурату таркибу сохтори он огоҳ бошад. Яъне лозим аст, ки илми муҳит ва қудрати фарогир доштабошад, то битавонад ба чунин корҳо даст бизанад.

Масалан: ҳар зарраи хок метавонад сабаби равиши навъҳои тухмиҳо қарор гирад. Акнун агар ин зарра, маъмуру мусаххар набошад, лозим меояд, ки абзору олоти маънавии фаровоне ба теъдоди ҳамаи гиёҳону дарахтонро бо худ доштабошад ва ё инки қудрату маҳорате ба ӯ дода шавад, ки битавонад наҳваи таркиби гиёҳону дарахтонро бидонаду бисозад ва симоеро ки ба онҳо пӯшонида шудааст, бишиносаду бибофад. мавҷудоти дигарро ба ин қиёс кун то бифаҳмӣ, ки дар ҳар чиз, далилҳои ошкору фаровони ваҳдоният вуҷуд дорад.

Бале, сохтани ҳар чиз аз як чиз ва сохтану табдил кардани ҳама чиз ба як чиз, кори махсуси Холиқи ҳамаи чиз аст. Пас ба фармони пуршукӯҳи وَ اِنْ مِنْ شَيْءٍ اِلاَّ يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ диққат кун! Пас бояд гуфт: Дар сурати қабул накардани Зоти воҳиди аҳад, лозим меояд, то илоҳҳое ба теъдоди мавҷудот қабул шавад.

 

Ишораи дуюм

Дар ҳикоят, аз як паёмовари гиромӣ, сухан ба миён омаду гуфта шуд: “Ҳар онки кур набошад бо дидани нишонаҳои ӯ дармеёбад, ки он шахсияти бузург, ба дастури подшоҳ ҳаракат мекунад ва маъмури хосси ӯст.” Бидон, ки ин паёмовари гиромӣ, Расули акрам (алайҳиссалоту вассалом) аст.

Бале, лозим аст, ки чунин коиноти зебо ва он Сонеъи муқаддасаш, чунин Расули акрам дошта бошад. Ин лузум, ҳамчун лузуми нур бар хуршед аст. Зеро, онгуна, ки нурафшонӣ накардани хуршед мумкин нест, ин имкон ҳам вуҷуд надорад, ки улуҳият, паёмбарони бузургворро нафиристаду худро нишон надиҳад. Магар имкон дорад, ҷамоле ки дар ниҳояти комил аст, нахоҳад худро ба василаи як роҳнамову муаррификунанда, нишон диҳад.

Оё мумкин аст, як санъати комилу бениҳоят зебо, алоқаманд ба намоиш даромадани ҳунару санъати худ, набошад ва ба василаи мубаллиғе ки нигоҳҳоро мутаваҷҷеҳи он месозад, шинохта нашавад.

Оё мумкин аст Салтанати куллии як Рубубияти омма, нахоҳад ваҳдонияту самадонияташро ба василаи шахсияти бузургворе, ки дорои ду ҷаноҳ (ду сифат) аст, ба табақаҳои мухталиф эълон нанамояд. дар шарҳи ду сифати он шахси бузургвор бояд гуфт, ки якеаш, убудияти куллист, ӯ аз ин лиҳоз, намояндаю тамсилкунандаи табақаҳои мухталифи мавҷудот дар пешгоҳи Худо мебошад. Дуюумӣ низ, сифати рисолату қурбият аст, ки аз ин лиҳоз, ӯ фиристодаи Худованд ба сӯйи ҳамаи оламиён аст.

Ҳам мумкин аст, соҳиби як ҳусни мутлақ, нахоҳад маҳосини ҷамол ва латоифи ҳуснашро дар оинаҳое, ки ҷамолро ҷилва медиҳанд, бубинад ва ба махлуқоташ нишон диҳад? Расуле, ки ҳам ҳабиб аст, бо убудияташ худро маҳбуби парвардигор карда, ва ҳам расул аст, ки парвардигорашро маҳбуби махлуқот мегардонад ва ҷамоли асмояшро нишон медиҳад.

Ҳам ҳеч мумкин аст касе, ки ганҷинаҳои пур аз ашёву ҷавоҳироти шигифтангез ва мӯъҷизоти аҷоибу арзишманд дорад, ба пешкаш намудан ва нишон додани он ба мардум майл надошта бошад ва камолоти пинҳонашро нишон надиҳад ва ба ин мақсад, як муаррификунандаи моҳир бар нагузинад?

Оё мумкин аст, Зоте ки ин коинотро бо маснуоти зебое, ки баёнгари камолоти асмои ӯст, танзим намуда ва онро ба монанди кохи шукӯҳманд қарор дода ва бо санъатҳои зарифаш ороста ва ба намоиш гузоштааст, муаллиму роҳнамоеро барои шиносоӣ ва баёни он муваззаф насозад?

Оё мумкин аст, соҳиби ин коинот сафиреро бар нагузинад ва тавассути ӯ, ғояту ҳадафи таҳаввулоти ин ҳастиро баён нанамояд ва ин тилисми муғлақу печидаро накушояд ва ба ин се саволи мушкили мавҷудот, ки иборат аст аз: “Аз куҷо омадаам? Ба куҷо меравам? Вазифаам чист?” посух надиҳад?

Оё мумкин аст, Холиқи Зулҷалоле, ки бо ин санъатҳои зебо, худро ба аҳли шуур муаррифӣ намуда ва бо неъматҳои арзишманд, худро маҳбуби он қарор додааст, расулеро нафиристад ва дар баробари он неъматҳо, хостаҳояшро аз аҳли шуур баён нанамояд?

Оё ҳеҷ мумкин аст, ки навъи инсонро ба ихтилофи дар шууру ҷиҳатгириҳо мубтало намуда ва истеъдодашро ба убудияти куллӣ, муҳаё сохтааст ба василаи як муршиду роҳнамо, нахоҳад назарҳои ин навъро аз касрат ба сӯйи тавҳид баргардонад?

Инчунин, далилҳои бисёр зиёди дигаре низ вуҷуд дорад, ки ҳар кадомаш ба як бурҳони қотеъ, вазифа ва масъулиятҳои нубувватро баён намуда ва собит месозад, ки: Улуҳият наметавонад бе рисолат бошад!

Акун, оё дар олам касе зуҳур намудааст, ки шоистатар аз Муҳаммади арабӣ алайҳиссалоту вассалом буда ва зиёда аз ӯ, ҷомеъи авсофу вазифаҳои мазкур бошад? Оё касе ҳаст, ки ба мансаби рисолат ва вазифаи таблиғ, лоиқтар аз ӯ бошад? Оё таърих, беҳтар аз ӯ касеро нишон додааст? Ҳаргиз, ва абадан! Ӯ имоми ҳамаи анбиё, сарвари ҳамаи асфиё, гузидаи ҳамаи муқаррабон, султони ҳамаи муршидон ва комилтарини ҳамаи махлуқот аст. Барои нишон додани рисолати ӯ ки иловаи ҳазорон мӯъҷизааш, монанди шаққи қамар ва фаварони об аз байни ангӯштонаш ва бар иловаи далелҳои беҳадду ҳисоби нубуввати ӯ, басандааст аз Қуръон ном бубарем, ҳамон Қуръоне, ки дарёи ҳақиқатҳову мӯъҷизаи куброст ва ҳамчун хуршеди тобон, бар рисолати ӯ муҳри тасдиқ мезанад. Дар рисолаҳои дигар, хусусан дар Гуфтори бисту панҷум, тақрибан аз чиҳил ваҷҳи эъҷози Қуръони карим баҳс намудаем, бинобар ин, дар ин ҷо ба ҳамин ёдоварӣ басанда мекунем.

 

Ишораи сеюм

Мабодо ба зеҳни касе хутур курда, бигуяд: Ин инсони кучак, чӣ арзишу аҳамият дорад, ки ин дунёи бузург барои муҳосибаи аъмоли ӯ ба охир мерасад ва дунёи дигар кушода мешавад!

Зеро, ҳамин инсони кӯчак ба лиҳози ҷомиъияти фитраташ, пешвои ҳамаи мавҷудот аст ва вазифаи таблиғи салтанати улуҳиятро ба уҳда дорад ва мазҳари убудияти куллӣ, мебошад. аз ин сабаб, аз аҳамияти шоён бархурдор аст.

Боз ба зеҳни касе хутур накунад, ки: ин инсон дар як умри бисёр кӯтоҳ, чигуна мустаҳиққи азоби абадӣ мешавад? Зеро куфр, арзишу дараҷаи ин коинотро, ки баробар бо қимату дараҷаи ин номаҳои самадонист, ба даракаи беҳудагӣ пойин меорад ва пучу холӣ, месозад ва ҳамаи коинотро таҳқир мекунад ва ба инкору радди ҳамаи асмои муқаддаси Илоҳӣ, мепардозад, ки ҷилваҳову нақшҳои он, дар мавҷудот дида мешавад. ва далелҳои бешумореро, ки нишондиҳандаи ҳаққонияту сидқи Офаридагори мутаол аст, такзиб мекунад. Аз инру, куфр, як ҷинояти бепоён аст ва ҷинояти бепоён низ, сабаби азоби бепоён мебошад.

 

Ишораи чорум

Чуноне, ки дар ҳикоят бо дувоздаҳ сурат дидем, ба ҳеч ваҷҳ мумкин нест, ки як подшоҳи бузург, мамлакати муваққатие доштабошад, ки монанди меҳмонхона аст, аммо мамлакати пойдору доимии дигаре ки шоистаи шукӯҳу азамату салтанати волои ӯст, надоштабошад.

Инчунин, ҳаргиз мумкин нест, ки Холиқи боқӣ, ин олами фониро эҷод намояд ва олами боқии дигарро халқ накунад. Ва низ мумкин нест, ки Сонеъи сармадӣ, ин коиноти бадеъу зоилро халқ кунад ва коиноти мустақарру доимии дигареро эҷод нанамояд. Ва низ мумкин нест, ки Фотири ҳаким ва Қадири раҳим, ин дунёро ки ба манзалаи намоишгоҳ ва майдони имтиҳон ва киштзори муваққатист, халқ кунад, аммо дори охиратро ки аз ҳамаи ҳадафҳову мақсадҳои он (дунё) парда бар медорад, халқ накунад.

Аз “дувоздаҳ дар” метавон вориди ин ҳақиқат шуд. Ва бо дувоздаҳ ҳақиқат, он дарҳоро метавон кушод. Мо аз кӯтоҳтарин ва содатарини онҳо оғоз мекунем.

 

Ҳақиқати якум

Боби Рубубият ва салтанат ва таҷаллии исми “Раб”

Оё мумкин аст Зоте, ки аз шаъни рубубияту салтанати улуҳият бархуодор аст, барои нишон додани камолоташ, чунин ҳастии шукӯҳмандеро бо ҳадафҳои бисёр олӣ ва мақсадҳои баланд халқ кунад, аммо ба мӯъминоне, ки мақсадҳои ӯро бо имону бандагӣ, посух додаанд, подош надошта бошад, ва аҳли залолатро ки ба радду таҳқири он мақсадҳо пардохтаанд, ҷазо надиҳад?!

 

Ҳақиқати дуюм

Боби караму раҳмат ва ҷилваи исми Кариму Раҳим

Оё мумкин аст Рабби ин олам, ки ба гувоҳии асарҳояш, караму раҳмати бепоён, иззату ғайрати номаҳдуд дорад, мукофоте, ки лоиқи караму раҳмати ӯст ва ҷазое, ки шоистаи иззату ғайрати ӯст, надошта бошад.

Бале, агар инсон ба ҷараёнҳои ин дунё диқат кунад, мебинад ки ба ҳар ҷондор, аз оҷизтарину заифтарини он гирифта то боқуваттарини он, ризқи шоиставу муносиб дода мешавад. Ҳатто Худованди мутаол ба заъифтарину оҷизтарини онҳо, беҳтарин рӯзиро медиҳад, ва доруи ҳар бемор, аз ҷое, ки гумон намекунад, расида, дар ихтиёраш қарор мегирад. Ва ниёзи ҳар ниёзманд, таъмин мегардад. Пас ин меҳмониҳои саховатмандона ва меҳрубониҳои бардавом, нишон медиҳанд, ки як кариму саховатманде ҳаст, ки ин умурро мечархонад.

Масалан: Дар фасли баҳор пӯшонидани либосҳои зебою сундус гуна бар тани ҳамаи дарахтон – мисли ин ки ҳурони биҳиштӣ бошанд – ва оростани ин дарахтон бо ҷавоҳироти гулҳову меваҳо, ва гузоштани онҳо дар хизмати мо, бо пешкаши ширинтарину хушмаззатарин меваҳо бо шохаҳои нозукашон, ки ба манзалаи дастони латифи онҳост. Ва низ тавонманд сохтани мо ба гирифтани асали ширину шифобахш, аз як ҳашараи заҳрогин. Ва пӯшонидани зеботарину нармтарин либос аз матоъе, ки як ҳашараи бедаст бофтааст. Ва нигаҳдории ганҷинаи як раҳмати бузург дар як тухмии хурд барои мо, бадоҳатан нишон медиҳад, ки ин корҳо, асари як карами бисёр зебо ва як раҳмати бисёр латиф аст.

Ва низ, кӯшишу талоши ҳамаи махлуқот – баҷуз инсон ва баъзе аз ҷонварон – аз хуршеду моҳ ва замин гирифта то хурдтарин махлуқ, дар роҳи анҷоми вазифаҳояшон бо камоли диққату назм ва бе ягон ғафлату аз ҳад гузаштан, ва итоату фармонбардории комили онҳо, дар таҳти як ҳайбати бузург, нишон медиҳад, ки ин махлуқот, ба амри Зоте ки соҳиби ҷалолу иззат аст, ҳаракат мекунанд.

Ҳамчунон, инояту муроқибати саршор аз шафқату марҳамати модарон ба навзодони заифу нотавонашон – чӣ дар наботот ё ҳайвонот ва ё инсонҳо – ва тағзияи онҳо бо ғизои латифу гуворое ҳамчун шир, ҷилваҳои раҳмати беканореро нишон медиҳад.

Пас модоме, ки мутасаррифи ин ҳастӣ, чунин карами бепоён, чунин раҳмати беканор ва чунин ҷалолу иззати мутлақ дорад, ва иззату ҷалоли мутлақ низ, хостори адаби беадабон аст. Ва карами бепоён низ, икроми бепоёнро мехоҳад. Ва раҳмати беканор низ, толиби эҳсоноти муносиб ба худ аст. Аммо дар ин дунёи фонию умри кӯтоҳ, танҳо ҷузъи ночизи аз онҳо, ки ҳамчун як қатра аз дарёст, таҳаққуқ меёбад ва таҷаллӣ мекунад.

Пас албатта, дори саодат вуҷуд дорад, ки лоиқи караму шоистаи раҳмат аст, вагар на лозим меояд, ки мавҷудияти ин раҳмати машҳуд инкор шавад, ки чунин амр, ба манзалаи инкори вуҷуди хуршед аст, ки рӯзро бо нураш пур сохтааст. Зеро заволе, ки бозгашт ба дунболи он набошад, истилзоми хомӯшии ҳақиқати раҳмат аз ҳастӣ аст. Зеро чунин завол, шафқатро ба мусибат, муҳаббатро ба ҳирқат, неъматро ба неқмат, лаззатро ба дард ва ақлро ба олати шуму наҳс мубаддал месозад.

Аз сӯйи дигар, он ҷалолу иззат низ, бояд ҷазохонаи муносиб дошта бошад. Зеро, аксаран золимон дар иззат ва мазлумон дар зиллату хорӣ, басар мебаранд ва саранҷом, ба ҳамин ҳолат дунёро тарк мегуянду мераванд. Пас маълум мешавад, ки подошу кайфари онон, ба як маҳкамаи кубро мавкул мегардад ва ба таъхир андохта мешавад ва ин таъхир, ҳар гиз ба маънӣи бепарвоию дар назар нагирифтан нест. Баъзан дар дунё низ, ситамгарон, ҷазои аъмолашонро мегиранд. Азобҳое, ки дар қарнҳои гузашта бар сари қавмҳои осию мутамаррид нозил шудааст, нишон медиҳад, ки инсон худсар нест, балки ҳар замон дар маърази силии як ҷалолу ғайрат қарор дорад. Оё мумкин аст инсон, аз байни ҳамаи мавҷудот баргузида шавад ва вазифаи муҳиму истеъдоди комилу фарогир ба ӯ дода шавад, Парвардигораш ҳам, бо ин ҳама махлуқоти мунтазамаш худро ба ӯ муаррифӣ кунад, аммо дар қиболи он, инсон ӯро бо имон нашиносад? Ва боз Парвардигори мутаол, бо арзонӣ доштани меваҳои зебои раҳматаш, худро маҳбуби ӯ гардонад. Аммо дар қиболи он, инсон худро бо ибодат маҳбуби ӯ қарор надиҳад? Ва боз Парвардигори мутаол, бо ин неъматҳои рангорангаш, муҳаббату раҳмати худро ба инсон нишон диҳад, аммо дар муқобили он, инсон бо шукру ҳамд, ба таҷлилу гиромидошти Ӯ напардозад? Оё мумкин аст, чунин инсон бе ҷазо боқӣ монад ва ба ҳоли худ раҳо шавад?! ва Зоти зулҷалоле, ки соҳиби он иззату ҷалол аст, ҷоеро барои ҷазои ӯ омода насозад?

Оё мумкин аст, он Парвардигори Раҳмону Раҳим ба мӯъминоне, ки бо шинохти имонӣ, аз таърифе ки ӯ аз худ нишон дода буд истиқбол намудаанд ва муҳаббати ӯро бо ибодату муҳаббат, посух додаанд, ва дар муқобили раҳматаш низ, бо шукру сипосгузорӣ, адои эҳтиром намудаанд, дори савобу саодат ва хӯшбахтии абадро ато нанамояд?

 

Ҳақиқати сеюм

Боби ҳикмату адолат ва таҷаллии исми Ҳаким ва Одил

Оё мумкин аст Зоти Зулҷалое, ки бо ҳикмат, интизом, адолату мизоне, ки аз заррот то саёрот  ҷараён дорад, салтанати рубубияташро нишон додааст, мӯъминонеро, ки ба рубубияти ӯ паноҳ овардаанд ва мутии ҳикмату адолати Ӯ ҳастанд, лутфу эҳсон нанамояд, ва беадабонеро, ки бо куфру туғёнашон ба исёну нофармонӣ аз он ҳикмату адолат пардохтаанд, ҷазо надиҳад?

Ҳоло онки инсон, дар ин дунёи фонию муваққат, ҷуз бахши ночизе аз подош ва ё ҷазое, ки лоиқи он ҳикмату адолат аст, дода намешавад ва ба оянда мавкул мегардад. Зеро аксари аҳли залолат бе инки ба кайфари аъмолашон бирасанд ва ағлаби аҳли ҳидоят ҳам, бе инки мукофот бубинанд, аз инҷо мераванд. Пас маълум аст, ки як довар дар ҳаққи онҳо, ба як маҳкамаи кубро ва саодати узмо, мавкул мегардад.

Бале, маълум аст, Зоте, ки дар ин олам тасарруф мекунад, бо ҳикмати бепоён ҳар корро анҷом медиҳад. Оё дар ин маврид далил мехоҳӣ?  Пас бубин ки Парвардигори мутаол дар ҳар чиз маслиҳатҳо  ва фоидаҳоро риоя мекунад! Магар намебини ки дар тамоми аъзои инсон, ба шумули: устухоҳову рагҳо, ҳатто дар ҳуҷайраҳои бадан ва дар ҳар ҷойю ҳар ҷузъи он, фоидаҳову ҳикматҳои фаровон дар назар гирифта шудааст. Ҳатто фоидаҳову асрори баъзе аз аъзои бадан, ба андозаи меваҳои як дарахт аст. Ин амр баёнгари ин аст ки ҳар кор, бо дасти як ҳикмати бепоён анҷом меёбаду амалӣ мешавад.

Ва низ мавҷудияти назму ҳамоҳангии комил дар санъату офариниши ҳар чиз, нишон медиҳад, ки коинот ҳикмати бепоён дорад.

Бале, дарҷ намудани барномаи дақиқи як гули зебо дар тухмии кӯчаки он ва навиштани саҳифаи аъмол, таърихчаи зиндагӣ ва феҳристи таҷҳизоти як дарахти бузург дар тухми он бо қалами қадари маънавӣ, ба вузӯҳ нишон медиҳад, ки қалами як ҳикмати бепоёне, машғули кор аст.

Ва низ мавҷудияти санъати зебо ва зарофати хос дар офариниши ҳар чиз, нишон медиҳад, ки ин санъату нақши зеборо як сонеъи бениҳоят ҳаким падид овардааст.

Бале, дарҷ намудани феҳристи ҳамаи коинот, калиди ҳамаи ганҷинаҳои раҳмат ва оинаҳои ҳамаи асмои ҳусно дар ҷисми хурди ин инсон, ҳикмати фарогиреро дар як санъати зебо нишон медиҳад.

Акнун оё мумкин аст, чунин ҳикмате ки бар ин иҷрооти Раббонӣ ғолиб аст, хостори латиф ва эҳсон бар касоне, ки ба сояи он паноҳ оварда ва бо имон, итоат намудаанд, набошад ва савобу подоши абадиро ба онон арзонӣ надорад?

Оё ту дар мавриди анҷомёфтани корҳо бо адолату мизон, далел мехоҳӣ? Пас бидон, ки додани вуҷуд ва пӯшонидани сурат ба ҳар чиз, бо мизонҳои ҳассосу меъёрҳои махсус ва гузоштани он дар ҷойи муносиб. Нишон медиҳад, ки ҳар як кор бар асоси адолату мизони бепоён, таҳаққуқ меёбад.

Ҳамчунин, додани ҳаққи ҳар соҳибҳақ, ба нисбати истеъдоду тавонмандиаш; яъне таъмини ниёзҳои мухталифи ӯ барои вуҷуд ва тадовуми зиндагӣ ба гунае, ки муносиби вазъияти ӯст, нишон медиҳад, ки дасти як адолати бепоён, ҳар чизро мечархонаду идора мекунад. Ва низ иҷобати давомдор ва баровардани ҳар он чи бо забони истеъдод ва ё бо забони ниёзи фитрӣ ва ё бо лисони изтирору дармондагӣ, хоста шудааст, нишон медиҳад, ки як адолату ҳикмати мутлақ, чархи коинотро мечархонад.

Акнун, оё мумкин аст чунин адолату ҳикмате, ки ба мадади хурдтарин махлуқ мешитобад, ниёзи бузурге ҳамчун бақои бузургтарин махлуқе ҳамчун инсонро иҳмол кунад? Ва бузургтарин хоҳишу бузургтарин орзӯи ӯро, беҷавоб бигузорад? Ва ҳашамату шукӯҳи рубубиятро пос надорад ва аз иҷобати ҳуқуқи бандагон тахаллуф варзад?! Аммо инсоне, ки умри кӯтоҳро дар ин дунёи фонӣ, сипарӣ мекунад, ба ҳақиқати чунин адолат нойил намегардад ва наметавонад нойил шавад. балки ба як додгоҳи бузург мавкул мешавад. Зеро адолати ҳақиқӣ мехоҳад, ки ин инсони кӯчак, на ба нисбати хурд буданаш, балки бар асоси бузургии ҷиноят, аҳамияти моҳияту азамати вазифааш, мукофоту муҷозот бинад. Аммо аз он ҷое, ки ин дунёи фонию зудгузар, ҳаргиз наметавонад дар хусуси инсоне, ки барои зиндагии абадӣ офарида шудааст, як маҳали муносиб ҷиҳати иҳқоқи он адолату ҳикмат бошад, пас ҳатман он Зоти Одили Ҷалили зулҷамол ва он Ҳакими Ҷамили зулҷалол, як ҷаннати абадӣ ва як ҷаҳаннами доимӣ дорад.

Ҳақиқати чорум

Боби ҷуд ва ҷамол ва таҷаллии исми Ҷаввод ва Ҷамил

Оё мумкин аст ҷуду саховати мутлақ, сарвати бепоён, ганҷинаҳои беинтиҳо, ҷамоли сармадии бемонанд ва камоли абадии беайбу нуқсон, хостори он набошад, ки ниёзмандони шукргузори ин ҷуду сахо ва муштоқону тамошогарони ҳайратзадаи он ҷамолу камол, барои ҳамеша дар як сарои саодату маҳали зиёфат ба сар баранд?

Бале, оростани чеҳраи дунё, бо ин ҳама маснуоти музаян; инчунин офтобро чароғ кардан ва омода сохтани моҳ ба монанди як лампа, ва густурдани замин ба монанди як суфраи неъмате, ки пур аз анвоъи ғизоҳои лазиз аст, ва ниҳодани дарахтони мевадор ба сурати зарфҳои рангин бар сари он суфра, ва таҷдиду тоза кардани он дар ҳар фасл барои чандин бор, нишондиҳандаи ҷуду саховати беҳаду ҳисоб аст.

Инчунин ҷуду саховати беҳаду ҳисоб, ва ончунон ганҷинаҳои бепоёну раҳмати беканор, хостори ҷойгоҳе барои  зиёфату маҳал барои саодат аст, ки ҳам ҷовидон бошад ва ҳам ҳамаи орзӯҳо дар он бароварда шавад. Ва низ барои қатъӣ, мехоҳад ононе, ки аз он зиёфату меҳмонӣ лаззат мегиранд, барои ҳамеша дар он маҳалли саодат давом кунанду боқӣ бимонанд, то дарди заволу фироқро начашанд. Зеро, онгуна, ки заволи дард, лаззат аст, заволи лаззат низ, дард мебошад. Пас чунин саховат, ҳаргиз хостори дарду ранҷ нест. Балки мавҷудияти як ҷаннати абадиро мехоҳад, ки бо ниёзмандон ҳамеша дар он боқӣ бимонанд.

Зеро ҷуду саховати бепоён, хостори эҳсону инъоми бепоён аст; ва эҳсону инъоми бепоён низ, хостори миннатдории бепоён мебошад. Ин амр, хостори давоми вуҷуди шахсист, ки мустаҳиққи эҳсон аст, то бо бархурдор шудан аз неъмати доимӣ, шукру имтинонашро дар баробари неъматҳои доимӣ нишон диҳад. Дар ғайри ин сурат, лаззати ночизе, ки заволу фироқ онро талх сохааст ва вақти он низ бисёр кӯтоҳ аст. ҳаргиз бо тақозои чунин ҷуду саховат созгор нест.

Боз ба намоишҳои гӯшаву канори ҳастие бингар, ки намоишгоҳи санъати илоҳист, ва ба эълоноти Раббоние,ки дар дасти набототу ҳайвоноти рӯйи замин аст, диққат кун. ва ба анбиёву авлиёе, ки халоиқро ба сӯйи маҳосини рубубият фаро мехонанд, гӯш дода ва бубин, ки чигуна ҳама боҳам, камолоти беайбу нуқсони Сонеъи зулҷалолро ба намоиш гузоштани санъатҳои хориқулодаи ӯ нишон медиҳанд ва дидаҳоро ба сӯйи ӯ ҷалб мекунанд.

Пас, Офаридогори ин коинот, камолоти бисёр муҳиму ҳайратангезу пинҳонӣ дорад. Мехоҳад бо ин санъатҳои зебо, онҳоро нишон диҳад. Камоли пинҳони беайбу нуқсон, дӯст медорад, дар пеши чашми таҳсин кунандагону мошоаллоҳ гуяндагон, ба намоиш дарояд. Камоли доимӣ низ, хоҳони зуҳури доимист. Ва ин низ ба навбати худ, давоми вуҷуди тақдиру таҳсинкунандагонро мехоҳад. Зеро, қимату арзиши камол дар назари таҳсинкунандае, ки боқию доимӣ нест, суқут мекунад. Ва низ онгуна, ки рушании рӯз  бар мавҷудияти хуршед далолат мекунад, ин мавҷудоти бисёр зебо, бо санъат, тобандаю оростае, ки дар саросари ҳастӣ, густурдааст, низ бар маҳосини як ҷамоли маънавии бемислу монанд далолат дорад. Ва ба латоифи як ҳусни пинҳону беназир ишора мекунад. Инчунин, ҷилваҳои он ҳусни муназзаҳ ва он ҷамоли муқаддас, аз мавҷудияти ганҷинаҳои пинҳонии бисёре дар асмои ҳусно ва ҳатто дар ҳар исм, ҳикоят дорад.

Пас ҳамон гуна, ки чунин ҷамоли пинҳону олӣ ва беназир, мехоҳад маҳосинашро дар як оина бубинад ва арзишу дараҷаҳои ҳусну миқёсҳои ҷамолашро дар як оинаи бошууру муштоқ, мушоҳида намояд. Инро низ мехоҳад, ки ба манзури нигаристан ба ҷамоли маҳбубаш бо назари дигарон, зуҳур намояд ва таҷаллӣ кунад. Яъне мехоҳад аз ду ҷиҳат, ҷамоли худро бубинад:

Якум: Мушоҳидаи ҷамол биззот, дар оинаҳое, ки рангҳои мухталиф доранд.

Дигарӣ: Мушоҳида намудани ҷамол, бо назари тамошокунандагон, муштоқону таҳсинкунандагони мутаҳайир.

Яъне, ин ки: ҳусну ҷамол, мехоҳанд бубинанд ва дидашаванд, дидану дида шудан низ, хоҳони мавҷудияти тамошокунандагони муштоқу таҳсинкунандагони мутаҳайир аст. Аз он ҷое, ки ҳусну ҷамол, абадию сармадӣ ҳастанд, бинобар ин, вуҷуди муштоқони ҳамешагиро барои худ мехоҳанд. Зеро ҷамоли доимӣ, ба муштоқи зоилу фонӣ, розӣ намешавад.

Зеро, тамошокунандае, ки ба заволу бознагаштани ба ҳаёт маҳкум аст, бо тасаввури завол, муҳаббаташ ба адоват, ва ҳайраташ ба истихфоф ва эҳтиромаш ба таҳқир табдил мешавад. Зеро онгуна, ки инсони худхоҳ бо ончи намедонад, душман аст. Бо чизе, ки дасташ ба он намерасад низ адоват мекунад. Пас, тамошокунандаи маҳкуми ба завол, дар баробари ҷамоле, ки шоистааст, бо муҳаббати бепоёну шавқу истеҳсони беҳад муқобил шавад, адовату кина ва инкори зимнӣ (пӯшида)-ро дар дил мепарваронад. Ва аз ҳамин ҷо, рози душмани Худо будани кофир, фаҳмида мешавад.

Вақте он ҷуду сахои номаҳдуд, ва он ҳусну ҷамоли бемонанд ва он камоли беайбу нуқсон, хоҳони абадӣ будани шукргузорону муштоқон ва таҳсинкунандагон аст, ва мо дар ин меҳмонхонаи дунё мебинем, ки ҳар кас базудӣ куч карда, меравад ва нопадид мешавад. танҳо андаке аз эҳсони онро мечашаду иштиҳояш боз мешавад ва пеш аз сер шудан, дунёро тарк карда меравад. Ва аз он ҷамолу камол низ, танҳо партави ночиз ва ҳатто сояи заифи онро барои як лаҳза мебинад, пеш аз сер шудан, меравад. Яъне ба як тамошогаҳи доимӣ меравад.

 

Хулоса: Онгуна, ки ин ҳастӣ, бо тамоми мавҷудоташ ба таври қатъӣ ба Сонеъи Зулҷалол далолат мекунад, сифоти муқаддаси асмои ҳуснои Сонеъи Зулҷалол низ, ба дори охират далолат мекунад ва онро нишон медиҳад ва хоҳони он аст.

 

ҲАҚИҚАТИ ПАНҶУМ

Боби шафқату убудияти Муҳаммадия (алайҳиссалоту ва-ссалом) ва таҷаллии исми “Муҷиб” ва “Раҳим”

Оё ҳеҷ мумкин аст Раббе, ки шафқату раҳмати беканор дорад, хурдтарин ниёзи хурдтарин махлуқро мебинад ва онро аз ҷое, ки гумон намебарад, бо камоли шафқату меҳрубонӣ, бароварда месозад ва пинҳонтарин садои пинҳонтарин махлуқро мешунаваду ба мададаш мерасад ва ҳар чизеро, ки бо забони ҳолу қол хоста шудааст, иҷобат мекунад; оё мумкин аст чунин парвардигори иҷобаткунандаю меҳрубон, бузургтарин ниёзи бузургтарин банда ва дӯстдоштатарин махлуқашро бароварда насозаду ба кумакаш нашитобад!

Бале, масалан: Лутфу суҳулате, ки дар хусуси тағзияву тарбияи ҳайвоноти заифу навзодашон ба мушоҳида мерасад, хеле хуб нишон медиҳад, ки молики ин коинот, бо як раҳмати беканор, рубубият мекунад. Оё имкон дорад, Рубубияте, ки то ин андоза мушфиқу меҳрубон аст, зеботарин дуои бартарин махлуқро қабул накунад? Ин ҳақиқатро дар Гуфтори нуздаҳум баён намудабудам, дар инҷо бозҳам, такрораш мекунам.

Эй дӯсте, ки ҳамроҳ бо нафсам, манро гӯш мекунӣ! дар ҳикояти тамсилӣ гуфта будем: Дар як ҷазира, иҷтимоъе барпост, ва як паёмовари гиромӣ, дар ҳоли суханронист. Пас ҳақиқате, ки ҳикоят ба он ишора мекунад, бад-ин қарор аст:

Биё! то аз қайду банди замона халос шавем ва бо афкори худ, ба асри саодат ва бо хаёли худ, ба Ҷазирату-л Араб биравем, то Расули акрам(алайҳссалоту ва салом)-ро дар ҳоли анҷоми вазифаю ибодат бубинем ва зиёраташ кунем. Бубин! Ӯ онгуна, ки бо рисолату ҳидояташ, сабаби ҳусули саодати абадӣ ва василаи вусули он аст, бо убудияту дуояш низ, сабаби вуҷуди он саодат ва василаи эҷоди ҷаннат мебошад.

Пас бубин! Ин Паёмбари бузургвор, дар чунон салоти кубро ва бо чунон ибодати воло, барои саодати абадӣ дуо мекунад, ки гӯё ҷазирату-л араб, ҳатто саросари замин бо намози боазамати ӯ намоз мегузорад ва ба дуои ӯ омин мегуяду ба ниёиш мепардозад. Зеро, убудияти он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) убудияти ҳамаи умматашро, ки пайрави ӯ ҳастанд, тазаммун мекунад (дар бар мегирад). Ва низ назар ба сирри – мувофиқати дар усул – сирри убудияти ҳамаи анбиёро низ, дар бар мегирад.

Ӯ он салоти куброро бо чунон ҷамоати бузурге адо мекунад ва бо чунон як риққату тазаррӯъ ба ниёиш мепардозад, ки гӯё ҳамаи инсонҳои комилу нуронии бани одам, аз ҳазрати Одам гирифта то асри мо, ҳатто то қиёмат, ба ӯ иқтидо намуда ва ба дуояш омин мегуянд. Бубин! Ӯ барои як ниёзи умумие, ки бақову ҷовидонист, ончунон дуо мекунад, ки на танҳо аҳли замин, балки аҳли осмонҳо, ҳатто ҳамаи мавҷудот ба дуову ниёиши ӯ иштирок намуда ва бо забони ҳолашон мегуянд: Бале, Парвардигоро! Дуояшро қабул кун, мо низ хостаҳои ӯро мехоҳем.

Боз бубин! Ӯ ончунон ғамгинонву маҳбубона ва муштоқонаю тазаррӯона, саодати абадиро мехоҳад, ки ҳамаи коинотро андӯҳгин сохта, ба гиря дармеорад ва дар дуояш шарик месозад.

Бубин! Ӯ саодату хушбахтиро барои чунон мақсади волое мехоҳаду дуо мекунад, ки инсон ва ҳамаи махлуқотро аз суқути дар асфалусофилин, ки фанои мутлақу беарзишию беҳудагист, наҷот дода, ба аъло илийине, ки саросар арзишу бақост боло мекунад, ва вазифаҳою масъулиятҳои волое ба ӯ месупорад. Ин шоистагиро ба ӯ медиҳад, ки ба манзалату дараҷаи мактуботи самадонишудан, даст ёбад.

Бубин! Ӯ бо гиряву зорӣ, мадад мехоҳад ва бо талабу орзуе, ки аз умқи вуҷудаш бархоста, ба андозае илтимос мекунад, ки гӯё оҳу нолаашро ба ҳамаи мавҷудот, ҳатто осмонҳову арш мешунавонад ва ононро ба ваҷду шавқ меорад. ва бо шарик сохтани дар дуояш, ба гуфтани: “Омин, аллоҳумма омин” вомедорад. Бубин! Ӯ саодату бақоро аз чунон Қадире, ки самеъу карим ва аз чунон Алиме, ки басиру раҳим аст, мехоҳад, ки ӯ пинҳонтарин орзӯ ва махфитарин ниёзи пинҳонтарин зиҳаётро мебинад, мешунавад, қабул мекунад ва бо камоли марҳамат, бароварда месозад. Ҳатто агар ин дуо бо забони ҳол низ бошад, онро иҷобат мекунад.

Бале, ӯ бо чунон ҳикмату басирату марҳамат, ба мадади он мерасад ва иҷобат мекунад, ки ҳеҷ тардид боқӣ намегузорад. ва он тарбияту тадбир, махсуси чунин Зоти самиъу басиру кариму раҳим аст.

Аҷабо, ин фахри коинот (с) ки шарафи навъи инсон ва фариди кавну замон аст ва ҳамаи банни одамро пешвоӣ мекунад ва бо қарор гирифтан бар кураи замин ва бо рӯй овардан ба сӯйи Арши аъзам, ба дуову ниёише мепардозад, ки шомили ҳақиқати убудияти Аҳмадӣ, ки хулосаи убудияти башарият аст мебошад. Бубин, ӯ чи мехоҳад. Биё ба ӯ гӯш фаро диҳем:

ӯ ба худ ва ба умматаш, саодати абадиро мехоҳад. Ӯ хоҳони ҷовидонӣ, дар дори бақост. Ӯ ҷаннату неъматҳои онро металабад. Ӯ биҳиштро ҳамроҳ бо ҳамаи асмои муқаддаси Илоҳӣ, ки ҷамолашро дар оинаи мавҷудот нишон додааст, металабад. Чунон ки мебинӣ, он асмои ҳусноро шафоатгар қарор медиҳад.

Агар ҳеҷ як аз асбоби муҷибаи охират ва ҳеҷ як аз далоили вуҷуди он намебуд, танҳо як дуои ин Паёмбари гиромӣ кофӣ буд, то сабаби эҷоди ҷаннат шавад. Ҳамон ҷаннате, ки офаридани он, дар баробари қудрати Холиқи раҳими мо, ба андозаи падидовардани фасли баҳор, осон аст.

Бале, ба Қадири мутлақе, ки дар фасли баҳор сатҳи заминро ба монанди як мисол барои ҳашр қарор дода ва садҳо ҳазор намунаи ҳашру растохезро ба вуҷуд овардааст, офаридани биҳишт чигуна метавонад мушкил бошад?!

Пас онгуна, ки рисолати ӯ алайҳиссалоту вассалом сабаби кушода шудани ин дори имтиҳон гардид ва боиси ошкор шудани рози لَوْلاَكَ لَوْلاَكَ لَمَا خَلَقْتُ اْلاَفْلاَكَ шуд, убудияташ низ, сабаби кушодашудани он дори саодати абадӣ қарор гирифт.

Пас, оё мумкин аст ин интизоми ҳастие, ки ақлҳоро ба ҳайрат андохтааст ва ҳусни санъати бенуқсону ҷамоли рубубияте, ки дар зери пӯшиши як раҳмати беканор қарор дорад, бо иҷобат накардани он дуо, қубҳи шанеъу зулми фаҷеъ ва як ҳарҷумарҷро қабул кунад! Яъне ҷузъитарин ва беаҳамияттарин хоҳишоту садоҳоро бо аҳамияти комил бишнавад ва бароварда созад, аммо муҳимтарин ва заруритарин орзӯҳоро беаҳамият бишумораду набинад ва нашунавад ва иҷобат накунад. Ҳошо ва калло, сад ҳазор бор ҳошо ва калло! чунин ҷамол, ҳаргиз бо пазируфтани ин зиштӣ, зишт намешавад.

Пас, онгуна, ки Расули акрам алайҳиссалоту вассалом бо рисолаташ, дарвозаи дунёро боз кард, бо убудияташ низ, дари охиратро хоҳад кушод.

عَلَيْهِ صَلَوَاتُ الرَّحْمنِ مِلْءَ الدُّنْيَا وَ دَارِ الْجِنَانِ ٭ اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى عَبْدِكَ وَ رَسُولِكَ ذلِكَ الْحَبِيبُ الَّذِى هُوَ سَيِّدُ الْكَوْنَيْنِ وَ فَخْرُ الْعَالَمَيْنِ وَ حَيَاتُ الدَّارَيْنِ وَ وَسِيلَةُ السَّعَادَتَيْنِ وَ ذُو الْجَنَاحَيْنِ وَ رَسُولُ الثَّقَلَيْنِ وَ

عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِينَ وَ عَلَى اِخْوَانِهِ مِنَ النَّبِيِّينَ وَ الْمُرْسَلِينَ آمِينَ

 

 

ҲАҚИҚАТИ ШАШУМ

Боби ҳашамату сармадият ва таҷаллии исми Ҷалил ва Боқӣ.

Оё мумкин аст рубубияти шукӯҳманде, ки ҳамаи мавҷудотро аз хуршедҳо то дарахтону заррот, ба унвони сарбозони гӯш ба фармон, тасхиру идора мекунад, салтанаташро танҳо бар ҳамин фониҳои бечораю парешоне, ки зиндагии муваққатиро дар ин меҳмонхонаи дунё, сипарӣ мекунанд, мунҳасир созад ва мақарри боқию сармадиро барои шукӯҳу салтанаташ, наофарад ва мадори рубубияти олию абадиро эҷод накунад?!

Бале, иҷрооти шукӯҳманде ҳамчун табдили фаслҳо, ва тасарруфоти бузурге ҳамчун ба гардиш даровардани саёрот ва тасхироти муҳибе ҳамчун гаҳвора сохтани замин ва чароғ сохтани хуршед ва таҳаввулоти васиъе ҳамчун зинда кардан ва оростани замини мурдаву хушкида, нишон медиҳад, ки дар паси парда, рубубияти муаззаму бузурге вуҷуд дорад ва бо як салтанати пуршукӯҳ, ҳукумравоӣ мекунад. Пас, чунин салтанати рубубият, хоҳони раиятест, ки муносиби он бошад, ва афродеро мехоҳад, ки шоистаи мазҳар бошад.

Ҳоло онки мебинӣ, аз назари моҳият, муҳимтарину ҷомеътарин банда ва раиятҳои ӯ, ба сурати ошуфтаю парешон дар ин меҳмонхонаи дунё, муваққатан ҷамъ шуданд. Меҳмонхона низ, ҳар рӯз пуру холӣ мешавад.

Ва раият низ, танҳо барои таҷрубаю озмоиши вазифаашон, муваққатан дар ин майдони имтиҳон ҳастанд. Майдон низ, дар ҳар соат табдил мешавад. Ва ҳамаи афроди он раият, барои тамошо намудани намунаҳои эҳсоноти арзишманду санъатҳои бадеъи Сониъи Зулҷалол дар намоишгоҳҳои бозори ҳастӣ, барои як чанд дақиқа, дар ин намоишгоҳ меистанд ва барои тиҷорат, тамошо мекунанд ва сипас, нопадид мегарданд. Худи ин намоишгоҳ низ, дар ҳар дақиқа, таҳаввул мешавад. Онки рафта, боз намеояд ва онки омадааст, меравад. Пас, ин ҳолу вазъият, яқинан нишон медиҳад, ки дар паси ин меҳмонхонаву ин майдон ва ин намоишгоҳҳо, қасрҳои доимию масканҳои абадӣ, қарор дорад, ки шоистаи салтанати сармадист. Ва боғҳою ганҷинаҳо маҷуд аст, ки асли намунаҳову суратҳое, ки дар ин дунё дида будем, дар онҷо қарор дорад ва холису ноб аст. Пас, маълум мешавад, талошҳои инҷо, барои дастёфтан ба онҳост. Дар инҷо кор мефармояд, ва дар онҷо подош медиҳад. Пас, ҳар кас бо таваҷҷуҳ ба истеъдоду талошаш, дар онҷо саодат дорад – ба шарте, ки онро аз даст надиҳад -.

Бале, муҳол аст, ки чунин салтанати сармадӣ, танҳо бар ҳамин фониҳои залил, мунҳасир бимонад.

Ба ин ҳақиқат, аз дурбини мисоли зер бингар:

Фарз кун ту дар роҳе меравӣ, мебини ки дар масири роҳ, як корвонсаро вуҷуд дорад, онро як подшоҳи бузург барои меҳмононаш сохтааст. Барои шод намудани меҳмонон ва ибрат гирифтани онҳо, миллионҳо сиккаи тиллоиро барои зинату оростани он корвонсаро масраф месозад. Аммо он меҳмонон ба як муддати кӯтоҳ, ба тамошои гӯшаҳои ночизи аз тазйинот мепардозанд ва андаке аз он ғизоҳоро бошитоб мечашанд ва пеш аз сершудан, корвонсароро тарк карда, мераванд. Аммо ҳар як меҳмон, бо дурбини аккосии махсусе, ки дорад, аз ашёи он корвонсаро тасвирбардорӣ мекунад. Коргарони соҳиби корвонсаро низ, аъмолу рафтори меҳмононро бо камоли диққату амонат, филмбардорӣ мекунанд. Низ мебинӣ, ки он подшоҳ, бахшҳои умдаи зиннатҳои боарзишро рӯзона вайрон карда, ба меҳмонони наваш, зинатҳои навро бавуҷуд меорад. Пас аз дидани инҳо оё шубҳае боқӣ мемонад, ки шахсе, ки ин корвонсароро дар масири ин роҳ сохтааст, қасрҳои бисёр баланду доимӣ ва ганҷинаҳои арзишманди бепоён ва саховати бузургу мустамир дорад. Бо нишондодани лутфу карамаш дар ин корвонсаро, ба чизҳое, ки дар назди худ дорад, иштиҳои меҳмононро мекушояд ва ба ҳадяҳое, ки барои онҳо омода кардааст, майлу рағбаташонро бармеангезонад.

Ба ин монанд, агар аз ин мисол дар вазъияти ин меҳмонхонаи дунё тааммул кунӣ, ва бо дироят дар он бияндешӣ, ба ин нӯҳ асос пай хоҳӣ бурд.

 

Асоси Якум: Хоҳӣ фаҳмид, ки ин дунёи монанд ба он меҳмонсаро низ, бесабабу аз пеши худ пайдо нашудааст. Худ бахуд, ба ин шаклу сурат наомадааст. Балки меҳмонхонаест, ки бо ҳикмат сохташудааст ва ҳамеша пуру холӣ мешавад ва корвони махлуқоте, ки аз роҳ омадаанд, дар он манзил мекунанд ва мераванд.

 

Асоси Дуюм: Низ хоҳӣ фаҳмид, ки сокинони ин меҳмонсаро, меҳмононе ҳастанд, ки Парвардигори каримашон, ононро ба доруссалом даъват мекунад.

 

Асоси Сеюм: хоҳӣ фаҳмид, ки зинатҳои ин дунё, танҳо барои талаззузу баҳрабардорӣ нест. Зеро агар барои як лаҳза лаззатовар бошад, бо фироқаш соатҳо ранҷ медиҳад, ба ту мечашонаду иштиҳоятро мекушояд, аммо серат намесозад. Зеро умри ту ва ё умри ӯ бисёр кӯтоҳ аст, барои сершудан кифоякунанда нест. Пас, ин зиннатҳое, ки арзишашон олию умрашон кӯтоҳ аст, барои ибрат ва шукру ташвиқ барои расидан ба усули он аст ва барои ҳадафҳои баланду болои дигарест.

 

Асоси Чорум: Хоҳӣ фаҳмид, ки зинатҳои ин дунё дар ҳукми суратҳову намунаҳои неъматҳоест, ки бо раҳмати Худовандӣ, дар ҷаннат барои мӯъминон захира шудааст.

 

Асоси Панҷум: Хоҳӣ фаҳмид, ки ин маснуоти фонӣ, барои фано нестанд. ва ба ин хотир офарида нашудаанд, ки лаҳзае дида шаванд, сипас маҳву нобуд гарданд. Бале, дар ин ҷо ба муддати кӯтоҳ ҷамъ шуда, вазъияту ҷойгоҳи хостаашонро гирифтаанд, то аз онҳо тасвирбардорӣ гардад ва маънӣҳояшон фаҳмида шавад ва натиҷаҳояшон забт гардад, то ба аҳли хулуду ҷовидонагӣ, манозири доимию ҳамешагиро насҷ намоянд (бофанд) ва дар олами бақо низ, мадори ғояҳои дигар шаванд.

Аз мисоли зер фаҳмида мешавад, ки ашё барои бақо офарида шудаанд, на фано, ҳатто фанои зоҳириашон низ, ба мафҳуми рухсату поён ёфтани вазифаю маъмурият аст. Пас ончи аз як ҷиҳат ба фано меравад, аз ҷиҳатҳои бисёр зиёоде боқӣ мемонад. Масалан: Ба як гуле, ки яке аз калимоти қудрати илоҳист, бингар ва бубин, ки як муддати кӯтоҳ табассум мекунаду ба мо менигарад, сипас дар паси пардаи фано, пинҳон мешавад. Аммо ҳамчун вожае, ки аз даҳонат берун шудааст, ӯ низ мераваду ҳазорон мисолашро дар гӯшаҳо ба вадиат мемонад ва ба теъдоди ақлҳои шунаванда, маънӣҳояшро дар ақлҳо бар ҷо мегузорад ва пас аз анҷоми вазифааш, ки ифодаи маънӣ буд, роҳашро гирифта, меравад. Пас, ин гул низ, пеш аз рафтан, сурати зоҳириашро дар ҳофизаи ҳар чизе, ки дидааст мегузорад ва моҳияти маънавиашро низ, дар базраш ҷо медиҳад. гӯё, ҳар ҳофизаю ҳар базр, ба манзалаи аксу тафсирест ҷиҳати ҳифзи зиннату зебоӣ ва тасвири он, ва маҳалест ҷиҳати давоми бақои он.

Вақте, бо маснуъе, ки дар пойинтарин сатҳи ҳаёт қарор дорад, чунин рафтор барои бақо сурат гирад, ба хубӣ метавон дарёфт, ки инсоне, ки дар болотарин табақаи ҳаёт ба сар мебарад ва соҳиби арвоҳи боқӣ аст, чи қадар бо бақою ҷовидонагӣ иртибот дорад. Вақте аксу тасвири набототи гулдору мевадор ва қонуни таркибашон, ки андаке ба руҳ шабоҳат дорад, дар базрҳою ҳастаҳои заррамонанди онҳо бо камоли назм ва бо вуҷуди инқилобҳои пурҳарҷумарҷ, муҳофизату нигаҳдорӣ мешавад, ба хубӣ метавон дарёфт, ки рӯҳи инсон ки дорои хислатҳои ҷомеъу моҳияти воло буда ва як қонуни амри зишууру нуронист ва вуҷуди хориҷӣ пӯшонида шудааст, чи қадар бо бақо пайванд дорад ва чи андоза дар иртибот аст.

 

Асоси Шашум: Ва низ хоҳӣ донист, ки инсон, худсару бепарво раҳо нашудааст, то дар ҳар ҷо, ки хоста бошад бичарад. Балки ҳамаи аъмолу кирдори ӯ, ёддошту филмбардорӣ мешавад ва ҳамаи афъолаш, сабту забт мегардад то ба муҳосиба кашонида шавад.

 

Асоси Ҳафтум: Хоҳӣ фаҳмид, ки маргу нобудие, ки дар фасли тирамоҳ ба суроғи махлуқоти баҳору тобистон меояд, фанои ҳамешагию эъдоми абадӣ нест. Балки, тархиси онҳо пас аз анҷому итмоми вазифаашон аст. Ва низ, заминасозию холӣ намудани макон ба махлуқотест, ки дар баҳори нав меоянд ва ҷойи мавҷудоти пешинро ишғол намуда, вазифаю маъмурияти худро анҷом медиҳанд.

Ва низ, ҳушдору танбеҳҳои субҳонӣ аст, ба аҳли шууре, ки ғафлати вазифаҳояшонро аз ёдашон бурда, мастӣ низ, ононро аз шукр боздоштааст.

 

Асоси Ҳаштум: Ва низ, хоҳӣ фаҳмид, ки Сонеъи сармадии ин олами фонӣ, олами боқию доимии дигаре дорад, ки бандагонашро ба самти он савқ медиҳаду ташвиқ мекунад.

 

Асоси Нӯҳум: Ва хоҳӣ донист, ки Раҳмон, бандагони мухлисашро дар он олами паҳновар, чунон икром мекунад, ки на чашм онро дида ва на гӯш онро шунида ва на бар қалби башар хутур намудааст. Оманно…

 

ҲАҚИҚАТИ ҲАФТУМ

Боби ҳифзу ҳафизият ва таҷаллии исми Ҳафиз ва Рақиб

Оё мумкин аст Ҳафизу Рақибе, ки ҳар чизи тару хӯшк, хурду бузург, одию олиро дар осмону замин ва дар хушкию дарё бо камоли интизому мизон муҳофизат карда, аъмолу кирдори инсонро ки дорои фитрати волост ва рутбаи хилофати дар заминро ба даст овардааст ва вазифаи бузурге ҳамчун амонати куброро ба душ дорад, муроқибат нанамояд? ва афъоли ӯро, ки ба рубубият тамос мегирад, муҳофизат накунад? ва муҳосиба нанамояд? ва дар тарозуи адолат вазн накунад? ва ҷазою мукофоти шоистаро ба ӯ надиҳад? Ҳаргиз!

Бале, Зоте, ки ин коинотро идора мекунад, ҳар чизро дар даруни низому мизон, муҳофизат менамояд. Мизону низом низ, мазҳари илму ҳикмат ва иродаю қудрат аст. Зеро мебинем, ки ҳар як махлуқ ба ғоят мунтазаму мавзун офарида мешавад, ва суратҳое, ки дар тӯли ҳаёташ тағйир медиҳад низ, дар як интизоми дақиқ аст. Онгуна, ки ҳайъати маҷмӯъаш таҳти як назми устувор қарор дорад. Ва низ мебинем, ки Ҳафизи зулҷалол, суратҳои ҳар чизро, ки бо поён ёфтани вазифааш, ба умраш низ хотима додамешавад ва аз ин олами шаҳодат, рахт бармебандад. Дар ҳофизаҳое, ки ба лавҳи маҳфуз шабоҳат доранд ва дар чизҳое, ки ба оинаҳои мисолӣ монанданд, муҳофизату нигаҳдорӣ мекунад. ва аксари таърихчаи зиндагии онро, дар базрҳояш менависад ва дар фаровардаҳою меваҳояш нақш мезанад, ва дар оинаҳои зоҳирию ботинӣ ба ҳаёти он идома медиҳад. Масалан: Ҳофизаи башар, меваи дарахт, ҳастаи меваю базри гул, азамати иҳотаи қонуни ҳафизиятро нишон медиҳад.

Магар намебинӣ, ки ҳамаи мавҷудоти гулдору мевадори баҳори бузургу густурдаро ҳамроҳ бо саҳифаҳои аъмоли махсус ва қонунҳои таркибу намунаҳои аз суратҳояшон дар як шумори маҳдуди аз базрҳо менависаду муҳофизат мекунад. Ва бо фарорасии баҳори оянда, саҳифаҳою барномаи кориро бар асоси санҷишу муҳосибаи дақиқе, ки муносиби онҳост, мегустаронад. Ва баҳори шукӯҳманди дигареро бо камоли интизому ҳикмат, равонаи ҳастӣ месозад. Оё ин амр, нишон намедиҳад, ки ҳафизият бо чи иҳотаи неруманде нофизу ҷорист?!

Вақте аз ашёи зудгузар, одӣ, нопойдору беаҳамият, чунин муҳофизат ба амал ояд, оё мумкин аст, аъмолу кирдори башар, ки дар олами ғайбу олами охирату олами арвоҳ ва дар пешгоҳи рубубияти Парвардигор, самараҳои муҳимеро бабор меорад, ҳифз нашавад ва бо аҳамият, сабту забт нагардад? Ҳаргиз ва абадан!

Бале, аз таҷаллии ин ҳафизият бад-ин сурат фаҳмида мешавад, ки молики ин мавҷудот, ба забту ёддошти ҳамаи ҷараёноту рухдодҳои мулкаш таваҷҷуҳу аҳамияти хос дорад. Инчунин дар кори ҳокимият, бисёр зиёд диққат мекунад. Дар салтанати рубубияташ низ, ба андозае эҳтимом меварзад, ки хурдтарин ҳодиса ва ночизтарин амалро менависад ва менависонад. Ва сурати ҳар он чиро, ки дар мулкаш ҷорист, дар ҷоҳои мутааддиду дар чизҳои зиёд, муҳофизат мекунад.

Пас, ин ҳафизият, далолаткунанда бар ин аст, ки як дафтар барои муҳосибаи аъмол кушода хоҳад шуд. Хоссатан бузургтарин аъмол ва муҳимтарин афъоли бузургтарину мукаррамтарин ва мушаррафтарин махлуқе ҳамчун инсон, ки фитратан аз мазоёи зиёд бархурдор аст, вориди мизон ва як муҳосибаи дақиқ хоҳад шуд. Ва саҳифаҳои аъмоли ӯ, ба нашр хоҳад расид.

Оё ҳеҷ ақл инро мепазирад, ки ин инсон, бо мақоми хилофату амонат, гиромӣ дошта шавад ва бо эълону таблиғгари ваҳдоният дар майдонҳои мухталифи махлуқот ва бо тамошои шууноти куллии рубубият, ба манзалати пешвою шоҳид будан бар махлуқот бо мудохила  дар ибодатҳою тасбиҳоташон ноил ояд ва саранҷом низ, ба қабр бираваду роҳату ором бихобад ва бедор карда нашавад? ва аз ҳар амали хурду бузурги ӯ, пурсида нашавад? ва ба маҳшар нараваду дар додгоҳи бузург, ба муҳокима кашонида нашавад?! Ҳаргиз ва ҳаргиз!

Ин инсон, чигуна метавонад ба адам бираваду дар хок пинҳон шавад ва аз дасти Қадири зулҷалол фирор кунад. Ҳамон Қадири зулҷалоле, ки ҳамаи воқеаҳову рухдодҳои гузашта, ки мӯъҷизаҳои қудрати ӯ ҳастанд, бар қодир буданаш бар ҳамаи мумкиноте, ки дар замонҳои оянда рӯх хоҳад дод, далолат мекунад. Ва замистону баҳорро, ки шабеҳи қиёмату ҳашранд, бавуҷуд меорад.

Аз онҷое, ки инсон дар ин дунё ба гунае, ки мустаҳиқ аст, ба муҳосиба кашонида намешавад ва ҳеҷ ҳукм дар мавриди он содир намешавад. Пас бешубҳа, ӯ рӯзе ба як маҳкамаи кубро ва ба як саодати узмо, хоҳад рафт.

 

ҲАҚИҚАТИ ҲАШТУМ

Боби ваъду ваид ва таҷаллии исми Ҷамил ва Ҷалил.

Оё мумкин аст, cонеъи ин маснуот, ки Алими мутлақ ва Қадири мутлақ аст, ба ваъдаю ваиди ботакрораш, ки ҳамаи анбиё бо тавотур аз он хабар дода ва ҳамаи сиддиқину авлиё, билиҷмоъ ба он гувоҳӣ додаанд, вафо накунад ва баҷо наорад ва бад-ин гуна – алаёзу биллоҳ – аҷзу ҷаҳл нишон диҳад. Ҳоло онки умуре, ки ба он ваъда ва ё ваид додааст, дар баробари қудраташ сахту душвор нест. Балки, бисёр содаю осон аст. Ба осонӣ, бозгардонидани мавҷудоти беҳисоби баҳори гузашта, айнан ва ё мислан дар баҳори оянда.

Вафо намудан ба ваъда ва ҳам ба мо, ҳам ба ҳар чизу ҳам ба салтанати рубубияташ, амри зарурист. Аммо ваъдахилофӣ, ҳам бо иззату қудраташ дар тазод аст ва ҳам манофии иҳотаи илми ӯст. Зеро ваъдахилофӣ, ё аз ҷаҳл мешавад ва ё аз аҷз.

Пас, эй мункир! Оё медони, ки бо куфру инкор карданат, чи ҷинояти аҳмақонаро муртакиб мешавӣ! Ту, ваҳми дурӯғгу, ақли ҳазаёнсаро ва нафси фиребандаатро тасдиқ намуда, ба такзиби зоте мубодарат меварзӣ, ки ҳаргиз маҷбур ба хулфу хилофи ба ваъда нест, ва ваъдахилофӣ, ҳаргиз ба иззату азаматаш намезебад ва ҳамаи ашё ва корҳои машҳуд, ба сидқу ҳаққонияташ шаҳодат медиҳад. Ту бо вуҷуди онки бисёр хурд ҳастӣ, аммо ҷинояти бисёр бузургро муртакиб мешавӣ! Аз ин ру, мустаҳиққи ҷазои абадии бисёр бузург хоҳӣ шуд. Барои ироаи миқёсӣ ба бузургии ҷинояте, ки кофир муртакиб мешавад, ривоят шудааст, ки як дандони баъзе аз аҳли ҷаҳаннам, ба андозаи кӯҳ аст. Мисоли ту, ба мусофире монанд аст, ки чашмонашро аз нури хуршед баста, аз хаёле ки дар ақлаш қарор дорад, пайравӣ мекунад, сипас мехоҳад роҳашро бо нури ночизи ақлаш, ки монанди кирми шабтоб аст, нуронӣ намояд! Вақте Парвардигор ваъда додааст ва ин мавҷудот ҳам калимоти содиқу ҳақгуйи ӯянд ва ин ҳаводиси коинот низ, оёти нотиқу ростгуйи ӯ ҳастанд. Пас ӯ ҳатман ба ваъдааш вафо хоҳад кард, ва як маҳкамаи куброро хоҳад кушод, ва як саодати узморо хоҳад бахшид.

 

ҲАҚИҚАТИ НӮҲУМ

Боби эҳё ва имота ва таҷаллии исми Ҳайи қайюм, Муҳйӣ ва Мумит

Оё мумкин аст зоте, ки замини бисёр бузургро пас аз мурдану хушкиданаш эҳё намуда, дар ин эҳё зиёда аз сесад ҳазор навъи аз анвоъи махлуқотро ки ҳар кадоми аз онон ҳамчун шигифтии ҳашру нашри башар шигифтангез аст, барангехта ва бад-ин гуна қудраташро нишон додааст. ва дар ин ҳашру нашр ҳам бо тафриқу ҷудосохтани ҳар мавҷуде аз мавҷуди дигар, бо вуҷуди омезишу дарҳаму барҳам буданашон, густурдагии иҳотаи илмашро нишон додааст, бо ваъда додани ҳашру нашр дар ҳамаи фармонҳои осмониаш, нигоҳи ҳамаи бандагонашро ба сӯйи саодати абадӣ, баргардонидааст. Ва бо эҷоди пайванди дӯстию ҳамкорӣ дар байни ҳамаи мавҷудот ва мусаххар сохани онҳо ба якдигар ва бо чархонидани онон дар чорчубаи амру иродааш, азамати рубубияти худро нишон додааст. Ва башарро ба сурати ҷомеътарину латифтарин ва нозанинтарину ноздортарин ва ниёзмандтарин меваи дарахти коинот офарида ва ҳар чизро мусаххари ӯ қарор дода ва ӯро ба унвони мухотаби худ баргузида ва бад-ин гуна, аҳамияту ҷойгоҳи волои инсонро нишон додааст. Оё мумкин аст чунин Қадири раҳим ва Алими ҳаким, қиёматро наорад ва ҳашрро барпо надорад ва башарро дубора зинда накунад ва ё инки аз анҷоми ин кор оҷизу нотавон бошад? ва як додгоҳи бузургро накушояд ва ҷаннату ҷаҳаннамро халқ накунад? Ҳаргиз ва ҳаргиз!

Бале, мутасаррифи бузурги ин ҳастӣ, дар ин замини муваққату танг, дар ҳар асру сол ва ҳар рӯз, мисолҳо, намунаҳо ва ишораҳои зиёди ҳашри акбар ва майдони қиёматро эҷод мекунад.

Аз ҷумла: Мо дар ҳашри баҳор мебинем, ки дар зарфи панҷ – шаш рӯз, зиёда аз сесад ҳазор навъи аз анвоъи ҳайвоноту набототи хурду бузургро ҳашру нашр мекунад. Ва решаҳои ҳамаи дарахтону гиёҳонро ва баъзе аз ҳайвонотро айнан эҳё намуда, дубора бар мегардонад. Ва дигаронро низ, бо мислашон, ки комилан монанд ба айнашон аст, дубора эҷод мекунад. Бо инки базрҳо аз лиҳози модда тафовути андаке бо якдигар доранд ва комилан омехтаю дарҳаму барҳам ҳастанд, аммо бо камоли имтиёзу ташхис ва босуръату вусъату суҳулат, дар зарфи шаш рӯз ва ё шаш ҳафта, бо интизому санҷиши дақиқ, офарида мешаванд. Оё мумкин аст ба зоте, ки ин корҳоро анҷом додааст, анҷом додани як кор мушкил бошад? Ва натавонад осмонҳою заминро дар шаш рӯз, халқ намояд? Ва инсонро бо як фарёд ҳашр накунад?! Ҳаргиз!

Бубин! Агар як нависандаи хориқулодае бошад ва сесад ҳазор китоберо, ки ҳуруфи он пок шуда ва ё аз байн рафтааст, танҳо дар як саҳифа бидуни барҳам задан ва бидуни иштибоҳу каму кӯтоҳ ба сурати бениҳоят зебо дар зарфи як соат бинависад ва ба ту гуфта шавад, ки: ин нависанда метавонад китоби туро ки дар об афтодааст ва таълифи худи ӯст, аз нав дар зарфи чанд дақиқа, аз ҳофизааш бинависад. Дар ин сурат, оё ту метавонӣ тардид нишон диҳию бигуӣ: Не наметавонад, ман бовар намекунам!.

Ва оё инки як подшоҳи эъҷозгар барои нишон додани қудраташ ва ё барои панду ибрати мардум, бо як ишора, кӯҳҳоро барканад ва шаҳрҳоро тағйир диҳад ва дарёро ба биёбон табдил кунад ва ту шоҳиди ин саҳнаҳо бошӣ ва дар ин ҳангом бубинӣ, ки як сахраи бузург ба дара суқут намуда, роҳи меҳмонони он подшоҳро баст, шахсе омада ба ту гуфт: Ин подшоҳ бо як ишорааш, сангро ҳарчанд бузург низ бошад, аз сари роҳи меҳмононаш мебардорад ва меҳмононашро дар нимароҳ намемонад. Акнун, чиқадар аҳмақию девонагист агар ту бигуӣ: Не намебардорад ва ё инки наметавонад бардорад!

Ва ё инки як фармондеҳ битавонад дар як рӯз, ҳамаи афроди лашкареро, ки аз нав худаш ташкил додааст, як ҷо ҷамъ орад ва ба ту гуфта шавад: Ӯ бо як бонг задан, сарбозони дар ҳоли истироҳату парокандаро метавонад дар таҳти ливояш ҷамъ кунад, аммо ту бигуӣ: Ман бовар намекунам! Онгоҳ хоҳӣ фаҳмид, ки ин ҷавоби ту, нишонаи девонагию ҳамоқати туст.

Агар ба ин се мисол пай бурдаӣ, пас бубин, ки Наққоши азалӣ, дар пеши чашмони мо саҳифаи сафеди замистонро варақ мезанад ва баргҳои сабзи баҳору тобистонро мекушояд ва дар саҳифаи рӯйи замин, зиёда аз сесад ҳазор навъи аз анвоъи мухталифи махлуқоташро бо қалами қудрату қадар, ба аҳсани сурат ва ба гунае менависад, ки бо вуҷуди дарун ба дарун буданашон, боз ҳам, бо ҳам намеомезад, ва ҳамаро бо ҳам менависад ва ҳеҷ як, монеъу музоҳими дигарӣ намешавад. Ва бо онки шаклу сурати ҳар кадом тафовут дорад, аммо ҳеҷ хато рух намедиҳад.

Оё касе метавонад дар мавриди Зоти ҳакими ҳафизе, ки барномаи рӯҳи бузургтарин дарахтро дар тухмии нуқта барин хурд, муҳофизат намудааст, ин саволро матраҳ кунаду бигуяд: Ӯ чигуна рӯҳи мурдагонро муҳофизат мекунад?

Дар мавриди Зоти қадире, ки кураи заминро ба монанди санги фалахмон, дар мадораш ба гардиш даровардааст, оё метавон ин саволро матраҳ карду гуфт: Ӯ чигуна ин кураи заминро аз роҳи меҳмононе, ки раҳсипори охиратанд, бархоҳад дошт ва ё пароканда хоҳад сохт?! Оё мумкин аст Зоти зулҷалоле, ки зарротро аз нестӣ ба вуҷуд оварда ва бо фармони كُنْ فَيَكُونُ дар ҷасадҳои мавҷудоти зинда, ҷобаҷо намуда ва лашкарҳои муҷаҳҳазу бузургеро аз он заррот падид овардааст, зери савол бурда шавад ва гуфта шавад, ки: Ӯ чигуна метавонад зарроти асосӣ ва ҷузҳои аслии ҷасади лашкармонандро, ки якдигарро шинохтаанд ва таҳти низоми он ҷасад даромадаанд, бо як фарёд ҷамъ кунаду гирди ҳам оварад?

Ва низ ту бо чашми сар мебинӣ, ки Офаридагори субҳон, бисёре аз намунаҳо ва мисолҳою аломатҳои ҳашрро, ки монанди ҳашри баҳор аст, дар ҳар аср ва дар ҳар фасл офаридааст. ҳатто табдили шабу рӯз, ва ба вуҷуд овардани абарҳо, сипас пок кардани онҳо аз фазо, намунаҳое аз ҳашру растохезанд.

Агар худро дар ҳазор сол пеш тасаввур кунӣ, сипас гузаштаю ояндаро ки ду ҷаноҳи замонаанд, рӯ барӯйи ҳам қарор диҳӣ, онгоҳ мисолҳои ҳашр ва намунаҳои қиёматро ба теъдоди асрҳо ва рӯзҳо хоҳӣ дид.

Боз агар бо вуҷуди ин ҳама мисолҳову намунаҳо, боз ҳам ҳашри ҷисмониро дур аз ақал бидонӣ, ва бо истибъод, онро инкор кунӣ, онгоҳ ту низ, албатта мефаҳмӣ, ки инкор кардани ҳашр, чи қадар ҳамоқату нодонист!

Бубин! фармони аъзам дар хусуси ин ҳақиқат чи мегуяд:

فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Хулоса: Чизе нест, ки монеъи вуқӯъи ҳашр шавад, балки ҳар чиз хоҳони он аст. Бале, Зоте ки ин замини паҳноварро, ки намоишгоҳи аҷоиб аст, ҳамчун як ҳайвон мемиронаду зинда мекунад, ва онро гаҳвораи орому киштии зебо барои инсону ҳайвон қарор додааст, ва хуршедро чароғи нурафшону гармобахши ин меҳмонсаро сохтааст ва саёраҳоро ҳавопаймои фариштагонаш қарор додааст, бешубҳа, чунин рубубияти шукӯҳманду сармадӣ ва чунин ҳокимияти муаззаму муҳиташро танҳо бар пояи умури ин дунёи зудгузар, бедавом, беқарор, беаҳамият, мутағйир, бебақо, ноқису такомул наёфта, бино нахоҳад кард ва мунҳасир нахоҳад сохт.

Пас ҳатман як саройи боқию доимӣ ва безаволу шукӯҳманди дигар, вуҷуд дорад, ки шоистаи ӯст. Ӯ моро барои онҷо, ба кору талош во медорад ва ба он су фаро мехонад ва моро ба онҷо интиқол медиҳад, ва бар ин амр, ҳамаи баргузидагоне, ки дорои арвоҳи найира ва ҳамаи ақтобе, ки дорои қулуби мунаввара ва ҳамаи арбобони ақли нуроние, ки аз зоҳир ба ҳақиқат нуфуз намуда ва ба қурбу ҳузури илоҳӣ, мушарраф шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд. Ва ба иттифоқ, иблоғ медоранд, ки Парвардигори мутаол, мукофоту муҷозотеро омода намудааст. Ва ӯ ботакрор қатъиян ваъда медиҳад ва ба шиддат таҳдид мекунад.

Пас ваъдахилофӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, ба ҷамоли муқаддаси ӯ наздик намешавад. Зеро ваъдахилофӣ, ҳам зиллат аст ва ҳам тазаллул. Ва хулфу-л ваид низ, ё аз афву гузашт ва ё аз аҷзу нотавонӣ, пайдо мешавад. Ҳоло онки куфр, ҷинояти мутлақ аст ва сазовори афву бахшиш нест. Ва Қадири мутлақ, аз аҷзу нотавонӣ низ, муназзаҳу муқаддас аст. Ва гувоҳону хабардиҳандагон низ, бо онки дар маслаку манҳаҷ ва машрабашон, ихтилоф доранд, аммо дар асоси ин масъала, комилан муттафиқанд. Ва аз лиҳози касрат, ба дараҷаи тавотур ва аз лиҳози кайфият, ба қуввати иҷмоъ расидаанд ва аз назари ҷойгоҳу манзалат низ, ситорагону нури чашми башарият ҳастанд ва азизони як миллатанд. Ва аз ҳайсияти аҳамият низ, дар ин масъала, аҳли ихтисосу аҳли суботанд.

Чунон, ки маълум аст, дар илму санъат, ҳукми ду мутахассис бар ҳазорон ғайри мутахассис, тарҷиҳ дорад. Ва дар ихбору ривоят низ, ду собиткунанда, бар ҳазорон нафйикунанда, тарҷеҳ дода мешавад. Масалан: Ду нафаре, ки аз субути руъяти ҳилоли рамазон хабар медиҳанд, инкори ҳазорон мункирро ҳеҷ месозанд.

Хулоса: Дар дунё хабари росттар аз ин, ва даъвое солимтар аз ин ва ҳақиқате зоҳиртар аз ин, вуҷуд надорад.

Пас бешубҳа, дунё як мазраа, ва маҳшар низ, як хирмангоҳ, ва ҷаннату ҷаҳаннам низ, ҳар кадомашон як хазинаанд.

 

ҲАҚИҚАТИ ДАҲУМ

Боби ҳикмату иноят ва раҳмату адолат ва таҷаллии исми Ҳаким, Карим, Одил ва Раҳим

Оё мумкин аст Молику-л мулки зулҷалоле, ки дар ин меҳмонхонаи фонии дунё ва дар ин майдони имтиҳони нопойдор ва дар ин намоишгоҳи бесуботи замин, осори як ҳикмати ба ин дараҷа боҳир ва як инояте ба ин ҳад зоҳир ва як адолате ба ин дараҷа қоҳир ва як раҳмате ба ин ҳад густурдаро нишон додааст, дар олами малаку малакуташ, масканҳои доимӣ, сокинони абадӣ, мақомоти доимию махлуқоти муқимро бавуҷуд наоварад ва ҳақиқатҳои ин ҳикмату иноят ва адолату марҳамати ошкор, ҳеҷу пуч шавад?!

Оё оқилона аст, ки Ҳакими зулҷалол ин инсонро аз байни ҳамаи махлуқот, ба унвони мухотаби куллии худ баргузинад, ва ӯро як оинаи ҷомиъ ба асмои ҳуснояш, қарор диҳад ва ҳамаи муҳтавиёти ганҷинаи раҳматашро ба ӯ бичашонад ва қадрашро бифаҳмонаду муаррифӣ кунад ва худашро бо ҳамаи исмҳояш, ба ӯ бишиносонад ва ӯро ба худ ва худро ба ӯ дӯст бисозад ва пас аз ҳамаи инҳо, ин инсони бечораро ба он мамлакати абадиаш нафиристад?! Ва ба он саодатгоҳи доимӣ, даъват накунад?!

Оё оқилонааст, ки ба ҳар як мавҷуд ва гарчи инки як тухмию ҳаста бошад, вазифаҳои зиёдеро ба сангинии як дарахт, бор кунад ва ҳикматҳоеро ба андозаи гулҳои он, бар душаш бигузорад ва маслиҳатҳоеро ба шумори меваҳои он бар ӯ меовезад, сипас ғояву ҳадафи ҳамаи он вазифаҳою ҳикматҳо ва маслиҳатҳоро танҳо ба ҳамин ҷузъи ночизе, ки мутаваҷҷеҳи дунёст, мунҳасир созад. Яъне танҳо дар дунё боқӣ монданро, ки ба андозаи донаи хардал аҳамият надорад, ғоя қарор диҳад ва ин вазифаҳою хизматҳо ва маслиҳатҳоро тухмиҳои олами маънӣ ва мазраааи олами охират қарор надиҳад, то ғояҳои ҳақиқию шоистаашонро бабор бинишонанд.

Оё маъқул аст, ки ин ҷашнҳои пуршукӯҳ ва маҳфилҳои бузургро беҳадафу беҳуда ва бемаънӣ раҳо кунад?! Ва чеҳраи ононро ба олами маънӣ ва олами охират, барнагардонад, то ғояҳои аслӣ ва меваҳои шоистаро нишон диҳанд! Бале, оё мумкин аст, бо анҷом додани ин ҳама хилофи ҳақиқат, – ҳошо сумма ҳошо – ба зидди авсофе ҳамчун: Ҳаким, Карим, Одил ва Раҳим, худро муттасиф нишон дода ва ҳақиқатҳои ҳамаи коинотро, ки ба васфҳои муқаддасе ҳамчун: Ҳикмат, Карам, Адл ва Раҳмати ӯ далолат доранд, такзиб кунад! Ва шаҳодати ҳамаи мавҷудотро рад намояд! Ва далилҳои ҳамаи маснуотро ботил созад! Оё ҳеҷ ақл инро мепазирад, ки ӯ ба инсон ва ба ҳавоси дарунии ӯ вазифаҳоеро ба шумори мӯйҳои сараш бисупорад, аммо ба ӯ подоши дунявии ночиз бидиҳад, ки танҳо ба манзалаи як тори мӯйи ӯст?! Ва бо ин амалаш коре кунад, ки хилофи адолати ҳақиқӣ ва нафйкунандаи ҳикмати ҳақиқии ӯст?! Оё мумкин аст, ки парвардигори субҳон ба ҳар як зиҳаёт, ҳатто ба ҳар узв, ҳамчун забони ӯ ва ҳатто ба ҳар маснуъ, ҳикматҳо ва маслиҳатҳоеро ба андозаи натиҷаҳою меваҳои ҳар дарахт биёвезад ва бад-ин гуна собит намояду нишон диҳад, ки ӯ як ҳакими мутлақ аст ва пас аз он, бақову лиқо ва саодати абадиро ба инсон надиҳад. Ҳамон саодатеро, ки бузургтарин ҳикматҳо ва муҳимтарин маслиҳатҳо ва лозимтарин натиҷаҳо мебошад. Ва ҳикматро ҳикмат ва неъматро неъмат ва раҳматро раҳмат сохтааст ва манбаъу сарчашмаи ҳамаи ҳикматҳою неъматҳову раҳматҳо ва маслиҳатҳост. Пас оё мумкин аст бо надодани чунин саодати абадӣ, ҳамаи корҳояшро ба дараи абасияти мутлақ бияндозад ва худро – ал аёзу биллоҳ – мушобеҳи шахсе бисозад, ки кохи бузургеро месозад ва дар ҳар санги он, ҳазорон нақшу нигорро ороста мекунад ва дар ҳар кунҷи он, ҳазорон зебу зинатро ба намоиш меорад ва дар ҳар манзили он, ҳазорон олатҳо ва лавозими арзишмандро ҷобаҷо мекунад. Аммо сақфи он кохро намесозад ва иҷоза медиҳад, ки ҳар чиз пусаду аз байн равад?! Ҳошо ва калло! Аз хайри мутлақ, хайр меояд ва аз ҷамили мутлақ, зебоӣ содир мешавад ва аз ҳакими мутлақ, ҳеҷ кори беҳуда сар намезанад.

Бале, агар ҳаркас фикран савор бар киштии таърих шаваду ба сӯйи гузашта равад, манзилҳову майдонҳо ва намоишгоҳҳою оламҳои вафотёфтаро ба теъдоди ҳамаи солҳои сипаришуда хоҳад дид, ки шабеҳи ин манзили дунё ва манзили имтиҳон ва намоишгоҳи замони мост. Инҳо бо онки аз назари сурату кайфият, бо якдигар тафовут доранд, аммо аз назари интизому нишон додани қудрату ҳикмати офаридагор, шабеҳи якдигаранд.

Ва низ хоҳад дид, ки дар он манзилҳои бесубот, дар он майдонҳои бедавом ва дар он намоишгоҳҳои бебақо, чунон интизоме аз як ҳикмати ҳувайдо ва чунон самараҳое аз як марҳамати беканор вуҷуд дорад, ки агар басираташро аз даст надода бошад, яқинан мефаҳмад, ки: ҳикмати комилтар аз он ҳикмат, намебошад ва инояти зеботар аз инояте, ки аз осораш пайдост, вуҷуд надорад. Ва ҳеҷ адолат наметавонад ба пойи адолате, ки аломатҳои он дидамешавад, бирасад. Ва ҳеҷ марҳамате фарогиртар аз марҳамате, ки самараҳои он ба чашм мехурад, тасаввур карда намешавад.

Агар ба фарзи муҳол, Султони сармадие. ки ин корҳоро ба гардиш дароварда ва ин меҳмонону меҳмонсароро ҳамеша тағйир медиҳад ва дар қаламрави мамлакаташ манзилҳои доимӣ, маконҳои олӣ, мақомҳои собит, сукунатгоҳои доимӣ, риоятҳои ҷовидон ва бандагони хушбхате надоштабошад. Онгоҳ лозим меояд, ки ҳақиқати васфҳое ҳамчун: ҳикмат, адолат, иноят ва раҳмат, ки ба манзалаи чаҳор унсури боқуввату густурда ба монанди нуру ҳаво ва обу хоканд, инкор шавад ва мавҷудияти зоҳирии он унсурҳои маънавие, ки мисли ин чаҳор унсури моддӣ, зоҳиру равшан аст, нафйи гардад. Зеро ин дунё ва ончи дар он аст, ба зуҳури ҳақиқатҳои онҳо кофӣ нест. Агар дар ҷойи дигар низ, як маҳал барои зуҳури комили онҳо набошад, онгоҳ лозим меояд, то бо девонагии касе, ки дар рӯзи равшан хуршедро инкор мекунад, ҳикмати мавҷуди ашё низ, инкор шавад, ва инояте, ки ҳамеша дар нафси худ ва дар ҳар чиз мушоҳида мекунем, ва ин адолате, ки аломатҳои бисёр қавии он дида мешавад ва ин марҳамате, ки дар ҳар ҷо мебинем, нафй гардаду инкор шавад. Ва низ лузуман бояд пазируфта шавад, ки соҳиби иҷрооти ҳакимона ва афъоли каримона ва эҳсоноти раҳимонае, ки дар ин коинот мебинем – Ҳошо сумма ҳошо – як беҳудагари сафеҳ ва як ғаддору ситамгар аст (Таъолаллоҳу ан золик) ва ин, ҷуз инқилоби ҳақиқатҳо ба зидҳояш чизи дигаре нест, ва бениҳоят муҳол аст. Ҳатто суфастоиёни аҳмақе, ки вуҷуди ҳар чиз ва ҳатто вуҷуди худро инкор мекунанд, низ ба осонӣ наметавонанд ба ин тасаввури муҳол, наздик шаванд.

ХУЛОСА:

Ҳеҷ пайванду муносибате миёни рухдодҳои ин ҳастӣ аз қабили: гирдиҳамоиҳои густурда барои зиндагӣ, ва ҷудоиҳои сареъ бар асари марг, ва ҷамъ шуданиҳои пуршукӯҳ, ва парокандагиҳои сареъ, ва маҳфилҳои азим, ва таҷаллиёти бузург ва миёни натиҷаҳои ҷузъӣ  ва ғояҳои кӯтоҳмуддату беаҳамият ва муваққатии онҳо, ки ба мо маълум аст ва вобастаи ин дунёи фонист, вуҷуд надорад. Бинобар ин, ин адами таносуб, ба ин монанд аст, ки ба як санги хурд, ҳикматҳою ғояҳое ба бузургии кӯҳ, ва ба як кӯҳи бузург низ, як ғояи ҷузъию муваққатӣ, ба ҳаҷми як сангреза дода шавад, ки чунин чизҳо бо ҳеҷ ақлу ҳикмат, созгор нест.

Пас ин парокандагию бемуносибатӣ, дар миёни ин мавҷудот ва шууноти онҳо ва миёни ғояҳои вобаста ба дунявиашон, қотеъона гувоҳӣ медиҳад, ки чеҳраи ин мавҷудот, таваҷҷуҳ ба олами маънӣ дорад. Зеро, меваҳо ва самараҳои муносиб дар онҷо дода мешавад ва чашмонашон ба асмои ҳусно духтааст. Ғояҳояшон ба он олам менигарад ва ба онки базрҳояшон, зери хоки дунё дафн шудааст, аммо хушаҳояшон дар олами мисол, боз мешавад ва инкишоф мекунад. Пас инсон ба нисбати истеъдодаш, дар ин ҷо мекораду кошта мешавад ва дар охират дарав мекунад.

Ҳар гоҳ ба чеҳраҳои ин мавҷудот, ки мутаваҷҷеҳи асмои ҳусно ва олами охират аст бингарӣ, мебинӣ, ки: ҳар як тухмие, ки яке мӯъҷизоти қудрати Илоҳист, ғояҳои бузурге ба андозаи як дарахт дорад.

Ва ҳар гуле, ки як калимаи ҳикмат аст маънӣҳо ба андозаи гулҳои як дарахт дорад. Ва ҳар мевае, ки мӯъҷизаи санъату манзумаи раҳмат аст, ба теъдоди меваҳои як дарахт, ҳикматҳо дорад. Ва ризқу рӯзӣ шудани ӯ барои мо, танҳо як ҳикмате аз байни ҳазорон ҳикмат аст. Зеро вазифааш бапоён мерасад, маънӣашро бозгу мекунад, сипас мемирад ва дар меъдаи мо дафн мешавад.

Пас модоме, ки ин ашёи фонӣ, дар ҷойи дигар меваҳои боқӣ медиҳанд ва суратҳои доимиро аз худ барҷо мегузоранд ва маънӣҳои боқиро бозгу мекунанд ва дар он ҷо азкору тасбиҳоти ҷовидон мехонанд. Ин инсон низ, замоне инсони ҳақиқӣ мешавад, ки ба ин чеҳраи онҳо ки мутаваҷҷеҳи ҷовидонагист, нигараду бияндешад. Онгоҳ дар фонӣ, роҳ басӯйи бақо меёбад.

Пас дар ин мавҷудоте, ки байни зиндагию марг тоб мехуранд ва ҷамъу пароканда мешаванд, мақсади дигар вуҷуд дорад. Зеро аҳволи инҳо – дар мисоли муноқиша нест – ба аҳволе монанд аст, ки ба манзури намоишу тамсил, тартиб ёфтааст ва дар ин роҳ пулҳои зиёд ба масраф мерасад то гирдиҳамоиҳову парокандагиҳо барпо гардаду филмбардорӣ шавад ва пас аз таҳияву тадвин, барои ҳамеша дар саҳна нишон дода шавад.

Инчунин, яке аз ҳадафҳои сипарӣ намудани зиндагии шахсию иҷтимоъӣ, ба муддати кӯтоҳ дар ин дунё иборат аст аз: тасвир бардорию тартиб ва тадвини онҳо ва муҳофизат аз натиҷаҳои аъмол барои муҳосибаи он дар гирдиҳамоии бузург ва ба намоиш гузоштани он дар як намоишгоҳи бузург ва нишон додани истеъдоди он ба як саодати узмо. Пас, ҳадиси шариф: “Дунё мазрааи охират аст” Баёнгари ҳамин ҳақиқат аст. Модоме, ки дунё амалан вуҷуд дорад ва ҳикмату иноят ва раҳмату адолат низ, бо ин осораш дар дунё мавҷуд аст, пас ҳатман ба қатъияти мавҷудияти дунё, охират низ вуҷуд дорад.

Вақте дар дунё ҳар чиз аз як ҷиҳат ба он олам менигарад, пас маълум мешавад, ки сафар ба он су аст. Бинобар ин, фаҳмида мешавад, ки инкор кардани охират, инкор кардани дунё ва мофиҳо аст.

Пас онгуна, ки аҷалу қабр, мунтазири инсон аст, ҷаннату ҷаҳаннам низ, мунтазир ва муроқиби ӯ ҳастанд.

ҲАҚИҚАТИ ЁЗДАҲУМ

Боби инсоният ва таҷаллии исми Ҳақ

Оё мумкин аст Парвардигори ҳақ ва маъбуди ҳақиқӣ, инсонро дар ин ҳастӣ ба гунае биофарад, ки дар баробари рубубияти мутлақ ва ҳам дар баробари рубубияти оммааш бар ҳамаи оламиён, гиромитарин ва муҳимтарин бандаи ӯ бошад ва мутафаккиртарин мухотаби амрҳои субҳониаш қарор диҳад ва бо офаридан дар аҳсани тақвим, ӯро оинаи ҳаманумо ба асмои ҳусно ва ба таҷаллии исми аъзам ва таҷаллии мартабаи узмои ҳар як аз ин асмо бигардонад, то зеботарин мӯъҷизоти қудрати илоҳӣ бошад. Ва барои ин, ки муҳтавиёти ганҷинаи раҳматро вазн намояд ва бишиносонад, аксари таҷҳизоту мавозинро ба ӯ бидиҳад ва ӯро зиёдтар аз ҳар мавҷуди дигар, ниёзманди неъматҳои бешумораш бигардонад, ба андозае, ки зиёдтар аз ҳама, аз фаною нестӣ, аламдор шавад. Ва шавқи бақоро дошта бошад. Ва нозуктарину ноздортарин ва ниёзмандтарин падидаҳояш шумурда шавад ва аз назари ҳаёти дунявӣ, мутаалламтарин ва дармондатарин. Ва аз лиҳози истеъдоди фитрӣ, ба олитарин ва бартарин сурату моҳият биофаринад. Аммо ӯро ба як сарои абадие, ки шоистаю муштоқи рафтан ба он ҷост, нафиристад ва бад-ин гуна, ҳақиқати инсониятро нобуд созад ва ба коре, ки комилан манофии ҳақонияти ӯст мубодарат варзад?!

Ва аз назари ҳақиқат, муртакиби беадолатии зишт шавад?!

Оё мумкин аст Ҳокими би-л ҳақ ва Раҳими мутлақе, ки истеъдоди воло ба ин инсон дода ва тавони таҳаммули амонати бузургро ки осмонҳову замин ва кӯҳҳо аз ҳамли он ибо варзиданд, ба ӯ бахшидааст. Яъне, инсонро бо меъёрҳои хурду ҷузъӣ ва бо маҳоратҳои ночизаш, ба дарку шинохти сифатҳои муҳит, шууноти куллию таҷалиёти бениҳояти Холиқаш қодир сохтааст. Ва бо онки ӯро ба сурати латифтарину нозуктарин ва оҷизтарину заифтарини махлуқоташ дар рӯйи замин падид овардааст, аммо маъмурияти назорату танзими ҳамаи набототу ҳайвоноти рӯйи заминро ба ӯ супорида ва тавони мудохила дар шеваи ибодатҳою тасбиҳоташонро ба ӯ додааст, ва ӯро дар миқёси хурд, ба унвони намуна барои иҷрооти илоҳиаш дар коинот, нишон дода ва вазифаи эълони рубубияти поку муназзаҳашро – феълан ва қавлан (бо кирдору гуфтор) дар коинот ба ӯ супоридааст. Бад-ин гуна, манзалати ӯро волотар аз манзалати фариштагон қарор дода ва мақому манзалати хилофатро ато намудааст. Акун, оё мумкин аст Парвардигори субҳон, ин ҳама вазифаҳоро ба ӯ супорад, аммо саодати абадиро ки ғояву натиҷа ва самараи он вазифаҳост, ба ӯ надиҳад? Ва ӯро дар даракаи зиллату бечорагӣ ва фалокату бадбахтӣ, биандозад ва дармондатарин ва мусибатзадатарини махлуқоташ бигардонад. Ва ин ақли мубораку нурониро ки ҳадияи ҳикмати ӯ ва василаи шинохи саодат аст, шумтарин ва зулмонитарин василаи азоб қарор диҳад ва ба коре, ки комилан хилофи ҳикмати мутлақ ва манфии раҳмати ӯст, мубодарат варзад?! Ҳошо ва калло!

Хулоса: Онгуна, ки дар ҳикояи тамсилӣ, бо дидани ҳуҷҷати ҳувият ва дафтарчаи як афсар, мутаваҷҷеҳ шудем, ки рутба, вазифа, маош ва корҳое, ки бояд анҷом диҳад, дар он навиштааст. Ва бо дидани инҳо дарёфтем, ки кори он афсар, барои ин майдони муваққат нест. Балки ӯ озими як мамлакати побарҷо ва доимист ва барои он, кор мекунад. Инчунин, латифаҳое, ки ҳуҷҷати ҳуввияти қалбу ҳавосе, ки дар дафтари амал ва таҷҳизоте, ки дар истеъдоди инсон вуҷуд дорад, комилан мутаваҷҷеҳи саодати абадӣ мебошад. Ва барои ноил шудан ба он саодат, дода шуда ва муносиби он вазифа, таҷҳиз шудааст. Ва ин ҳамон чизест, ки аҳли таҳқиқу кашф дар мавриди он, муттафиқанд. Азҷумла:

Масалан, агар ба қувваи тахаюл, ки яке аз хизматгузорон ва тасвирбардорони ақл аст, гуфта шавад: Ба ту як миллион сол умр ҳамроҳ бо салтанати дунё дода мешавад, аммо баъд аз он, ҳатман барои ҳамеша, несту нобуд хоҳӣ шуд. Албатта мебинем, ки ӯ ба ҷойи шодӣ, ғамгин мегардад ва оҳ мекашад (ба шарти он, ки нафс дахолат накунад ва фиреби таваҳҳумро нахурад.) Яъне ин, ки бузургтарин фонӣ – ки дунё ва мофиҳост – наметавонад хурдтарин олату ҷиҳози инсонро – ки хаёл аст – сер кунад. Пас ин истеъдоди инсон ва орзӯҳои ӯ ки то абад имтидод ёфтааст, ва фикрҳои ӯ ки ҳастиро фаро гирифтааст, ва хостаҳои ӯ ки ба анвоъи саодати абадӣ, реша давондааст, нишон медиҳад, ки: ин инсон барои абад офарида шуда ва ҳатман ба сӯйи абад меравад. Ин дунё меҳмонхонаи ӯ ва толори интизори охират аст.

 

ҲАҚИҚАТИ ДУВОЗДАҲУМ

Бобу-р Рисолати ва-т Танзил ва таҷаллии “Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим”

Оё мумкин аст роҳи охират ва дари ҷаннатро, ки Расули акрам саллаллоҳу алайи васаллам, бо тамоми тавону қудрат ва бо истинод бар ҳазорон мӯъҷизаи собиташ ва бо эътимод бар ҳазорон оёти Қуръони кариме, ки дар чил ваҷҳ мӯъҷиза мебошад, кушодасат ва ҳамаи анбиё низ, бо истинод ба мӯъҷизоташон, суханони ӯро тасдиқ намуда ва ҳамаи авлиёву солиҳон, бо пӯштибонии кашфу кароматашон даъвои ӯро тасдиқ намудаанд ва ҳамаи олимону асфиё, бо истинод ба таҳқиқоташон, ба сидқи ӯ шаҳодат додаанд, оё мумкин аст, ваҳмҳои беарзише, ки ба андозаи боли як магас қудрат надорад, роҳи охиратро масдуд намояд ва дари ҷаннатро бубандад?!

Аз ҳақиқатҳои гузашта фаҳмидашуд, ки масъалаи ҳашр, чунон ҳақиқати росихест, ки ҳеҷ қудрат наметавонад онрот мутазалзил созад, ва агарчи ин қудрат, тавони баркандани замин ва пора-пора кардани онро доштабошад. Зеро Парвардигори мутаол, он ҳақиқатро ба тақозои ҳамаи исмҳову сифоташ, собит мекунад ва Расули гиромиаш низ, бо ҳамаи мӯъҷизоту бурҳонҳояш, бар он тасдиқ мекунад ва Қуръони ҳаким бо ҳамаи ҳақиқатҳою оёташ, онро ба исбот мерасонад. Ва ин коинот, бо ҳамаи оёти таквинӣ ва шууноти ҳакимонааш, шоҳиди он аст.

Оё мумкин аст дар масъалаи ҳашр, бо Зоти воҷибулвуҷуди ҳамаи мавҷудот – ба истиснои куффор – муттафиқ бошанд, сипас шубҳаю васвасаҳои шайтонӣ, бархезанд ва ин ҳақиқати росиху олиро мутазалзил созанду аз ҷо баркананд? Ҳошо ва калло!

Мабодо гумон кунӣ, ки далоили ҳашр танҳо ба ҳамин дувоздаҳ ҳақиқате, ки баҳс намудем, мунҳасир асту бас. Зеро, онгуна, ки Қуръони ҳаким ба танҳоӣ, ин дувоздаҳ ҳақиқатро ба мо дарс медиҳад, илова бар он, бо ҳазорон ваҷҳи дигар низ, ишора мекунад, ки Офаридагори мо, моро аз ин дори фано ба дори бақо равона месозад.

Боз мабодо гумон кунӣ, ки исмҳои илоҳие, ки ҳашрро тақозо мекунанд, танҳо ба исмҳое ҳамчун: Ҳаким, Карим, Раҳим, Одил ва Ҳафиз, ки мо аз он баҳс намудем, мунҳасир аст. Не, балки ҳамаи асмои ҳуснои илоҳие, ки дар тадбири ҳастӣ, таҷаллӣ намудаанд, хостори охират ва ҳатто мусталзами он ҳастанд.

Боз мабодо гумон кунӣ, ки оёти таквинии коинот, ки ба ҳашр далолат дорад, танҳо ба ончи баҳс намудем, мунҳасир аст. Балки дар аксари мавҷудот, ваҷҳу офоқи фаровон вуҷуд дорад, ки ҳамчун пардаи синамо, ба росту чап боз мешаванд ва онгуна, ки як ваҷҳашон ба Сонеъи зулҷалол шаҳодат медиҳад, ваҷҳи дигари он ба ҳашр ишора мекунад.

Масалан: Санъати зебои инсон, дар офарида шуданаш дар аҳсани тақвим, онгуна, ки офаридагорро нишон медиҳад, зоилу нопадид шудани инсон бо ҳамаи қобилиятҳо ва тавонмандиҳои дар аҳсани тақвим низ, ба ҳашр ишора мекунад. Ҳатто дар баъзе мавридҳо агар бо ду дид, танҳо бо як ваҷҳ нигариста шавад, ин ваҷҳ ҳам Сонеъро ва ҳам ҳашрро нишон медиҳад. Масалан: Бо дар назар гирифтани моҳияти танзими ҳикмат, тазйини иноят, тавзини адолату латофати раҳмат, ки дар ашё ба мушоҳида мерасанд, ошкор хоҳад шуд, ки ҳамаи ин корҳо аз дасти қудрати як Сонеъи ҳаким, карим, одилу раҳим анҷом шудааст. Инчунин, агар дар канори бузургӣ ва фонӣ будани ин сифот, умри кӯтоҳ ва арзиши ночизи ин мавҷудоти фонӣ, ки ҷилвагоҳи онҳо ҳастанд низ, дар назар гирифта шавад, охират ба мушоҳида мерасад. Яъне ҳар чиз бо забони ҳолаш: “Оманту биллоҳи ва билявми-л охир” ро мехонаду мехононад.

 

ХОТИМА

Дувоздаҳ ҳақиқати гузашта, таъйидкунандаю такмилкунанда ва пӯштибони ҳамдигаранд. Ҳамаи онҳо бо иттиҳоду якпорчагӣ, натиҷаро нишон медиҳанд. Пас кадом ваҳм метавонад аз ин дувоздаҳ сури муҳками оҳанин ва ҳатто фулодин, гузарад, то имони ба ҳашрро ки ҳисни ҳасин қарор дорад, мутазалзил созад?!

Ояи каримаи مَا خَلْقُكُمْ وَلاَ بَعْثُكُمْ اِلاَّ كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ баён медорад, ки: “Офаридан ва ҳашр гардидани ҳамаи инсонҳо дар баробари қудрати илоҳӣ, ба андозаи офаридан ва ҳашр гардидани як инсон, осон аст” Бале, дар ҳақиқат чунин аст. Ман ин ҳақиқатро дар баҳси Ҳашр, як рисола ба номи “нуқтае аз нури Худошиносӣ” ба тафсил навиштаам. Дар ин ҷо бо тамсил ба хулосаи он ишора мекунам. Агар хоҳони ботафсил ҳастӣ, ба он рисола муроҷиат кун.

Масалан: وَ لِلّٰهِ الْمَثَلُ اْلاَعْلَى (дар мисол муноқаша нест) онгуна, ки хуршед ба сирри “Нуроният” ҷилваашро – ва лав ба иродаи худаш – бо суҳулат ба як зарра медиҳад. Дуруст ба ҳамон суҳулат, ба ҳамаи маводи шаффофи беҳадду ҳисоб низ, мефиристад.

Низ, ба сирри “Шаффофият” қобилияти одамаки чашми як зарраи шаффоф, дар гирифтани тасвири офтоб, бо сатҳи паҳновари як дарё мусовист.

Низ, ба сирри “Интизом” онгуна, ки як кӯдак, асбоби бозии киштимонандашро бо ангӯшташ ба ҳаракат дар меорад, метавонад як киштии бузурги ҳақиқиро низ, ҳаракат диҳад.

Низ, ба сирри “имтисол” онгуна, ки як фармондеҳ, сарбозеро бо фармони “Ба пеш!” ҳаракат медиҳад, як лашкари бузургро инз, метавонад бо ҳамин калима, ба пеш биронад.

Низ, ба сирри “Мувозана” фарз кунем, як тарозӯйи бисёр бузургу ҳассос дар фазо вуҷуд дорад, ки агар ду чормағз дар ду паллаи он гузошта шавад, эҳсос мекунад. Дар айни ҳол, метавонад ду хуршедро низ, дар ду палааш ҷой диҳаду вазн намояд. Пас дуруст, бо ҳамон неруе, ки барои болою поин овардани чормағзҳо харҷ намуда буд, ду хуршедро низ, метавонад вазн кунад, якеро ба арш, дигареро ба фарш бирасонад.

Пас, вақте, ки дар ин махлуқот ва мумкиноти оддӣ ва ноқису фонӣ, бузургтарин чиз бо хурдтарини он, ба сирри нуроният, шаффофият, интизом, имтисол ва мувозана, мусовист, чизҳои бешумор дар мувозию мусовӣ, бо як чиз дида мешаванд, пас бешубҳа, ба сирри таҷалиёти нуронии қудрати зотӣ ва бениҳоят комили Парвардигор ва шаффофияту нуронияти дар малакути ашё ва интизоми ҳикмату қудрати ӯ ва имтисолу фармонбардории комили ашё аз амрҳои таквинии ӯ ба сирри мувозанаи мавҷуди дар имкон, ки вуҷуду адами мумкинотро мусовӣ месозад. Онгуна, ки дар баробари қудрати мутлақи Парвардигори мо, каму зиёд, хурду бузург мусовист. Ӯ метавонад ҳамаи инсонҳоро ба монанди як инсон ва бо як фарёд, ҳашр намояд.

Аз сӯйи дигар, маротиби қуввату заъфи як чиз, иборат аст аз мулоҳизаи зидди он дар он. Масалан: Дараҷоти ҳарорат, аз мудохилаи бурудат пайдо мешавад ва маротиби зебоӣ, аз мудохилаи зиштӣ, пайдо мешавад ва табақоти нур, аз мудохилаи торикист. Аммо агар як чиз, зотӣ бошад на оризӣ, дар ин ҳолат, зидди он чиз, наметавонад дар он мудохила кунад. Зеро, ҷамъи ду зид, лозим меояд ва ин муҳол аст. Яъне дар ончи зотӣ восил аст, маротиб вуҷуд надорад.

Пас, вақте қудрати Қадири мутлақ зотист, ва ҳамчун мумкинот оризӣ нест ва дар камоли мутлақ қарор дорад, Пас муҳол аст, ки зидди он, яъне аҷз, битавонад дар он мудохила кунад. Яъне, офаридани баҳор ба нисбати Зоти зулҷалолаш, ба андозаи офаридани як гул, осон аст. Ва низ, барангехтану ҳашр намудани ҳамаи инсонҳо, ба андозаи ҳашри як нафар осон аст. Аммо агар ин кор ба асбоби моддӣ иснод гардад, онгоҳ офаридани як гул, ба қадри офаридани баҳор, душвор хоҳад буд.

Ҳамаи мисолҳою тавзиҳоте, ки аз оғоз то инҷо дар хусуси суратҳо ва ҳақиқатҳои ҳашр баён гардид, аз файзу баракати Қуръони ҳаким аст. Нафсро ба таслим ва қалбро ба қабул, омода месозад. Зеро сухани аслӣ, сухани Қуръони ҳаким аст ва гуфта, гуфтаи ӯст. Пас ба он гӯш фаро диҳем!

فَلِلّٰهِ الْحُجَّةُ الْبَالِغَةُ

فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

قَالَ مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ وَهِىَ رَمِيمٌ قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِى اَنْشَاَهَا اَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ

يَا اَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمْ اِنَّ زَلْزَلَةَ السَّاعَةِ شَيْءٌ عَظِيمٌ يَوْمَ تَرَوْنَهَا تَذْهَلُ كُلُّ مُرْضِعَةٍ عَمَّا اَرْضَعَتْ وَتَضَعُ كُلُّ ذَاتِ حَمْلٍ حَمْلَهَا وَتَرَى النَّاسَ سُكَارَى وَمَا هُمْ بِسُكَارَى وَلكِنَّ عَذَابَ اللّٰهِ شَدِيدٌ

اَللّٰهُ لاَ اِلهَ اِلاَّ هُوَ لَيَجْمَعَنَّكُمْ اِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ لاَ رَيْبَ فِيهِ وَمَنْ اَصْدَقُ مِنَ اللّٰهِ حَدِيثًا

اِنَّ اْلاَبْرَارَ لَفِى نَعِيمٍ ٭ وَاِنَّ الْفُجَّارَ لَفِى جَحِيمٍ

اِذَا زُلْزِلَتِ اْلاَرْضُ زِلْزَالَهَا وَاَخْرَجَتِ اْلاَرْضُ اَثْقَالَهَا وَ قَالَ اْلاِنْسَانُ مَالَهَا يَوْمَئِذٍ تُحَدِّثُ اَخْبَارَهَا بِاَنَّ رَبَّكَ اَوْحَى لَهَا يَوْمَئِذٍ يَصْدُرُ النَّاسُ اَشْتَاتًا لِيُرَوْا اَعْمَالَهُمْ فَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ وَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ

اَلْقَارِعَةُ مَا الْقَارِعَةُ وَمَا اَدْرَيكَ مَا الْقَارِعَةُ يَوْمَ يَكُونُ النَّاسُ كَالْفَرَاشِ الْمَبْثُوثِ وَ تَكُونُ الْجِبَالُ كَالْعِهْنِ الْمَنْفُوشِ فَاَمَّا مَنْ ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ فَهُوَ فِى عِيشَةٍ رَاضِيَةٍ وَ اَمَّا مَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ فَاُمُّهُ هَاوِيَةٌ وَمَا اَدْرَيكَ مَاهِيَهْ نَارٌ حَامِيَةٌ

وَ لِلّٰهِ غَيْبُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَمَا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلاَّ كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ اِنَّ اللّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Ба оятҳои байиноти диггаре монанди инҳо, гӯш фаро дода бигуем: Оманно ва саддақно.

آمَنْتُ بِاللّٰهِ وَ مَلٰئِكَتِهِ وَ كُتُبِهِ وَ رُسُلِهِ وَ الْيَوْمِ اْلآخِرِ وَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَ شَرِّهِ مِنَ اللّٰهِ تَعَالَى وَ الْبَعْثُ بَعْدَ الْمَوْتِ حَقٌّ وَ اَنَّ الْجَنَّةَ حَقٌّ وَ النَّارَ حَقٌّ وَ اَنَّ الشَّفَاعَةَ حَقٌّ وَ اَنَّ مُنْكَرًا وَ نَكِيرًا حَقٌّ وَ اَنَّ اللّهَ يَبْعَثُ مَنْ فِى الْقُبُورِ اَشْهَدُ اَنْ لاَ اِلهَ اِلاَّ اللّٰهُ وَ اَشْهَدُ اَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللّٰهِ

اَللّٰهُمَّ صَلِّ عَلَى اَلْطَفِ وَ اَشْرَفِ وَ اَكْمَلِ وَ اَجْمَلِ ثَمَرَاتِ طُوبَاءِ رَحْمَتِكَ الَّذِى اَرْسَلْتَهُ رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ وَ وَسِيلَةً لِوُصُولِنَا اِلَى اَزْيَنِ وَ اَحْسَنِ وَ اَجْلَى وَ اَعْلَى ثَمَرَاتِ تِلْكَ الطُّوبَاءِ الْمُتَدَلِّيَةِ عَلَى دَارِ اْلآخِرَةِ اَىِ الْجَنَّةِ. اَللّٰهُمَّ اَجِرْنَا وَ اَجِرْ وَالِدَيْنَا مِنَ النَّارِ وَ اَدْخِلْنَا وَ اَدْخِلْ وَالِدَيْنَا الْجَنَّةَ مَعَ اْلاَبْرَارِ بِجَاهِ نَبِيِّكَ الْمُخْتَارِ آمِينَ

Эй бародаре, ки ин рисоларо аз рӯйи инсоф мутолиа намудӣ! нагу: чаро наметавонам ҳамаи ин гуфтори даҳумро ба якбора бифаҳмам? аз нафаҳмидани ҳамаи он, ғамгин мабош! Зеро файласуфи нобиғае ҳамчун Ибни сино гуфтааст: اَلْحَشْرُ لَيْسَ عَلَى مَقَايِيسَ عَقْلِيَّةٍ Яъне: Мо фақат ба ҳашр имон меорем, зеро бо ақл наметавон ин роҳро паймуд ва ба кунҳи он пай бурд. Низ, ҳамаи уламои Ислом, муттафиқан ҳукум намудаанд, ки қазияи ҳашр, як қазияи нақлист. Яъне далилҳои он, нақлист. Бо ақл бо он даст ёфта  наметавонӣ. Пас ин роҳ бисёр амиқ ва дар айни ҳол, аз назари маънӣ, бисёр олӣ. Наметавонад яку якбора ба як роҳи умумию ақлӣ, табдил гардад.

Аммо ба файзи Қуръони ҳаким ва ба раҳмати Холиқи раҳим, бар мо миннат гузошта шуд. Ва паймудани ин роҳи амиқу олӣ, дар асре, ки тақлиди дарҳам шикаста ва таслиму изъони фосидшудааст, осон гардид. Пас мо бояд барои ин лутфу эҳсони Парвардигор, ҳазорон бор шукр намоему сипосгузор бошем. Зеро, ҳамин миқдор барои наҷоти имони мо кофист. Мо бояд ба ҳамон миқдоре, ки фаҳмидаем, розӣ бошем ва бо мутолиаи пайдарпайи он, бар андухтаҳои худ биафзоем.

Яке аз асрори даст наёфтан ба масъалаи ҳашр аз роҳи ақл ин аст, ки: Ҳашри Аъзам аз таҷаллии исми Аъзам аст. Бо дидану нишон додани афъоли бузурге, ки аз таҷаллии исми Аъзам ва аз таҷаллии мартабаи узмои ҳар як аз асмои ҳуснои илоҳӣ, содир шудааст, метавон ҳашри аъзамро ба осонии исботи баҳор, собит намуд ва дар мавриди он ба изъони қатъӣ ва имони ҳақиқӣ, даст ёфт.

Дар ин гуфтори даҳум, масъалаи ҳашр ба файзи Қуръони карим, ба ҳамин гуна дида ва нишон дода мешавад. Аммо агар ақл бо меъёрҳои маҳдуду андакаш, ин роҳро бипаймояд, ҳатман бо аҷзу дармондагӣ, маҷбур ба тақлид хоҳад шуд.

Бахши нахуст аз пайвасти муҳими гуфтори даҳум ва бахши якуми аз лоҳиқаи он

 

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

فَسُبْحَانَ اللّٰهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ ٭ وَلَهُ الْحَمْدُ فِى السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ ٭ يُخْرِجُ الْحَىَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَىِّ وَيُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَكَذلِكَ تُخْرَجُونَ ٭ وَمِنْ آيَاتِهِ اَنْ خَلَقَكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ اِذَا اَنْتُمْ بَشَرٌ تَنْتَشِرُونَ

وَ مِنْ آيَاتِهِ اَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ اَنْفُسِكُمْ اَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا اِلَيْهَا وَ جَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَ رَحْمَةً اِنَّ فِى ذلِكَ َلآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَاخْتِلاَفُ اَلْسِنَتِكُمْ وَ اَلْوَانِكُمْ اِنَّ فِى ذلِكَ َلآيَاتٍ لِلْعَالِمِينَ

وَ مِنْ آيَاتِهِ مَنَامُكُمْ بِالَّيْلِ وَ النَّهَارِ وَابْتِغَاؤُكُمْ مِنْ فَضْلِهِ اِنَّ فِى ذلِكَ َلآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَسْمَعُونَ

وَ مِنْ آيَاتِهِ يُرِيكُمُ الْبَرْقَ خَوْفًا وَ طَمَعًا وَ يُنَزِّلُ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَيُحْيِى بِهِ اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ فِى ذلِكَ َلآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

وَمِنْ آيَاتِهِ اَنْ تَقُومَ السَّمَاءُ وَاْلاَرْضُ بِاَمْرِهِ ثُمَّ اِذَا دَعَاكُمْ دَعْوَةً مِنَ اْلاَرْضِ اِذَا اَنْتُمْ تَخْرُجُونَ

وَ لَهُ مَنْ فِى السَّمٰوَاتِ وَ اْلاَرْضِ كُلٌّ لَهُ قَانِتُونَ

وَ هُوَ الَّذِى يَبْدَؤُا الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ وَ هُوَ اَهْوَنُ عَلَيْهِ وَلَهُ الْمَثَلُ اْلاَعْلَى فِى السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

 

Як бурҳони бузург ва як ҳуҷҷати куброи ин оятҳои осмоние, ки як қутбу меҳвари имонро нишон медиҳад ва ин бурҳонҳои қудсие, ки ҳашрро ба исбот мерасонад, дар ин “Шуоъи нӯҳум” баён хоҳад шуд.

Ин як инояти латифи Раббонист, ки Саъиди қадим сӣ сол пеш, дар поёни яке аз осораш ба номи “Муҳокамот” ки муқаддимае бар тафсираш (Ишороту-л иъҷоз фи мазону-л ийҷоз) буд, чунин навишт:

Мақсади дуюм: Ду ояти Қуръоние, ки баёнгари ҳашр аст ва ба он ишора дорад, тафсир мешавад. Аммо бо ин ҷумла: نَخُو بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ оғоз намуд ва таваққуф кард ва натавонист бинависад.

Пас, ба шумори далелҳо ва нишонаҳои ҳашр, аз Холиқи раҳим сипосгузор ҳастам ва ҳамди ӯро ба забон меорам, бар инки баъд аз сӣ сол, тавфиқи баёни он тафсирро насиби ман кард. Инчунин, тақрибан даҳ сол пеш, манро ба тафсири яке аз он ду ояте, ки иборат аст аз فَانْظُرْ اِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ муваффақ сохт, ки дар натиҷаи он, Гуфтори Даҳум ва Гуфтори Бисту нӯҳум, нигошта шуд, ки ин ду гуфтор, тафсири он оят ва ду далили бисёр қавию равшвн аст ва мункиронро ба сукут во медорад.

Пас аз он, ки ҳудуди даҳ сол, аз баёни он қалъаи мустаҳками ҳашр сипарӣ гардид, боз Парвардигори субҳон лутф намуда, тафсири оятҳои оғозини он шуоъро арзонӣ дошт ва дар қолиби ин рисола, бавуҷуд омад.

Пас, ин Шуоъи нӯҳум, иборат аз нӯҳ мақоми олист, бо як муқаддимаи муҳим.

 

МУҚАДДИМА

(Ин муқаддима аз “Ду Нуқта” иборат аст, ки нахуст аз фоидаҳои рӯҳии бисёр зиёди ақидаи ҳашр ва аз натиҷаҳои ҳаётии он, фақат як натиҷаи ҷомеъро ба ихтисор баён намуда, изҳор медорад, ки ақидаи ҳашр, чи қадар ба зиндагии инсон, алалхусус зиндагии иҷтимоъии ӯ, лозиму зарурист.

Дар идома, аз байни ҳуҷҷатҳои бисёр зиёди ақидаву имони ба ҳашр, танҳо як ҳуҷҷати куллиро нишон дода, баён медорад, ки ақидаи ба ҳашр, чиқадар бадеҳист, ки шакку шубҳа ба он, роҳ надорад.)

 

Нуқтаи якум

Дар ин маврид, ки имони ба охират, уссу-л асоси зиндагии иҷтимоъию инфиродии инсон ва пояи камолоту хушбахтии ӯст, ба унвони як миқёсу намуна, ба чор далел аз миёни садҳо далел, ишора хоҳем кард.

Далели якум: Кудаконе, ки нисфи башариятро ташкил додаанд, танҳо бо фикри ҷаннат метавонанд дар баробари маргҳову ҷон доданиҳое, ки ба назарашон бисёр дардноку ранҷовар ба назар мерасад, муқовимат намоянд ва тобу таҳаммул дошта бошанд. Бо фикри ҷаннат метавонанд дар пайкари нозуку наҳифашон, ба як неруйи маънавӣ, даст ёбанд ва ба рӯйи рӯҳу табиъаташон, ки бемуқовимат аст ва ба андак чиз мегиянд, дарҳои умедро бикушоянд ва умедворонаю масрурона, ба зиндагияшон идома диҳанд.

Масалан: Кудаке, ки ба ҷаннат имон дорад, бо худ ба гуфтугу пардохта, мегуяд: Бародари хурдам ва ё дӯсти азизам мурд ва ба яке аз парандаҳои биҳиштӣ, табдил шуд. Акнун дар ҷаннат саёҳат карда, беҳтар аз мо зиндагӣ мекунад. Аммо агар имони ба ҷаннат намебуд, марги кӯдакони ҳамсинну солаш ва бузургсолоне, ки ҳамарӯза дар атроф ба вуқӯъ мепайвандад, муқовимату нерӯйи маънавии ин бечорагони заъифу нотавонро зеру забар месохт ва зиндагию равонашонро дар ҳам мекубид ва ҳамроҳ бо чашмонашон, рӯҳу қалбу ақл ва соири латоифи ононро ба гиря дар меовард. Дар натиҷа ё маҳву нобуд шуда ва ё ҳайвони девонаи бадбахт мешуданд.

Далели дуюм: Пиронсолоне, ки нисфи башариятро ташкил медиҳанд, танҳо бо имони ба охират метавонанд дар баробари қабре, ки дар лаби он қарор доранд, сабру таҳаммул намоянд. Ва дар муқобили ба хомӯшӣ гароидани шуълаи зиндагии ширин ва баста шудани дари дунёи зебояшон, фақат бо ҳамин имон метавонанд оромишу тасаллӣ биёбанд. Ва дар баробари яъсу ноумедии дардноку ваҳшатоваре, ки аз маргу завол бархоста ва зарбаҳои муҳлик бар арвоҳу табиатҳои кудаконаю зудтаъсирашон ворид намудааст, фақат бо умеди ба зиндагии ҷовидонаи охират, метавонанд муқобила намоянд. Аммо агар имони ба охират намебуд, ин падарону модарони гиромие, ки сазовори шафқату меҳрубонӣ ҳастанд ва шадидан ба оромишу истироҳати қалбӣ ниёз доранд, чунон вовайлои рӯҳӣ ва дағдағаи қалбӣ, эҳсос мекарданд, ки дунё бар сарашон танг ва як зиндони тираю тор мешуд ва зиндагӣ низ, ба як азоби сахт табдил мегашт.

Далели сеюм: Ҷавонону барноён низ, меҳвари зиндагии иҷтимоъии башарро ташкил медиҳанд. Ончи пешгирӣ аз таҷовузу зулм ва вайронгариҳои эҳсосоти дар ҷушу хуруши нафсу ҳавои ифротиашонро мегирад ва ҷараёни хуби зиндагии иҷтимоъиро таъмин мекунад, фақат фикри ҷаҳаннам аст. Агар тарси аз ҷаҳаннам намебуд, бинобар қоидаи “Ал-ҳукму лил-ғолиб” ин ҷавонони масту мадҳуш, дар пайи баровардани хоҳишҳояшон, дунёро ба бечорагону заифон ва дармондагон, ба ҷаҳаннам табдил карда, ҷойгоҳи баланди зиндагии инсониятро ба як зиндагии пасти ҳайвонӣ, табдил месохтанд.

Далели чорум: Дар зиндагии дунявии инсон, ҷомеътарин марказу асоситарин чархро, зиндагии хонаводагиаш ташкил медиҳад. Ва хонавода барои саодати дунявии ӯ, як биҳишт, як паноҳгоҳ ва як таҳассунгоҳ башумор меравад. Ва хонаи ҳар як шахс, дунёи кӯчаки ӯст. Ва саодату зиндагӣ, барои зиндагии он хонавода низ, бо эҳтироми мутақобили ҷиддию самимонаю бовафо ва бо марҳамату шафқату содиқона ва фидокорона, таъмин мегардад. Ин эҳтироми ҳақиқӣ ва марҳамати холисона ҳам, бо фикру ақидаи пайванд ва робитаи дӯстии абадӣ, рафоқати доимӣ ва ҳамроҳии сармадӣ, дар як замону зиндагии номаҳдуд бо тадовуми робитаи падаронаю фарзандона ва бародаронаю дӯстона, бавуҷуд меояд. Аз ин сабаб аст, ки шавҳар бо худ ҳарф зада, мегуяд: Ин хонуми ман дар олами абадӣ, дар як зиндагии доимӣ, дӯсти ҳамешагию шарики зиндагии ман аст. Бо онки пиру баднумо шудааст, аммо муҳим нест, чунки як зебоии абадӣ дорад ва хоҳад омад. Пас, ман барои ин дӯстии доимӣ, аз ҳеҷ фидокорию меҳрубонӣ, дареғ намекунам. Бад-ин тариқ, ин мард метавонад ба ҳамсари пираш, ҳамчун як ҳури биҳиштӣ нигарад ва ба ҳамон гуна, бо ӯ муҳаббату шафқат ва марҳамат намояд. Дар ғайри ин сурат, дӯстие, ки пас аз як-ду соат рафоқати суварию зоҳирӣ, ба фироқу ҷудоии абадӣ, мунҷар мешавад. Бешубҳа, як дӯстии зоҳирию зудгузар ва бебунёд аст. Ва ба ҷуз марҳамати маҷозию эҳтироми сохтакорӣ ва пайванди ҷинсии ҳайвонӣ, ҳосили дигаре надорад. Илова бар ин, манофеъу шаҳавоти нафсонӣ низ, он марҳамату эҳтиромро мағлуби худ месозад. Бад-ин гуна, он биҳишти дунявиро ба ҷаҳаннами абадӣ, табдил мекунад.

Инчунин, аз садҳо натиҷаи имони ба ҳашр, як натиҷаи он, ба зиндагии иҷтимоъии инсон, бармегардад. Ва ҳар гоҳ садҳо ҷиҳату фоидаи дигари ҳамин як натиҷа бо чил далели мазкур муқоиса гардад, фаҳмида мешавад, ки таҳаққуқу вуқӯъи ҳақиқати ҳашр, ба андозаи субути ҳақиқати волои инсон ва ниёзҳои куллии ӯ қатъист. Ҳатто равшантар аз он аст, ки мавҷудияти ниёз дар меъдаи инсон ба мавҷудияти ғизо, далолат мекунаду шаҳодат медиҳад. Агар натиҷаҳо  ва дастовардҳои ин ҳақиқати ҳашр, аз зиндагии инсонҳо салб шавад, моҳияти бисёр муҳиму олӣ ва бонишоти инсоният, ба монанди лошаи гандидаю мутааффин қарор хоҳад гирифт, ки паноҳгоҳи микробҳову олудагиҳост.

Акнун, аз ҷомеашиносону сиёсатмадорон ва олимони ахлоқ, ки бо идораву ахлоқ ва ҷомеаи башарӣ сару кор доранд, мехоҳем омада, бигуянд, ки ин холигиро бо чи чиз, пур месозанд? ва ин захмҳои амиқро бо чи чиз, муолиҷа мекунанд?

 

НУҚТА ДУЮМ

Ин нуқта, аз байни бурҳонҳои беҳадду ҳисоби ҳақиқати ҳашр, ба таври мухтасар як бурҳонро баён мекунад, ки аз хулосаи шаҳодатҳои соири аркони имон берун омадааст. Бад-ин гуна:

Ҳамаи мӯъҷизоти ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом, ки ба рисолати ӯ далолат доранд ва ҳамаи далелҳои нубувват ва бурҳонҳои ҳаққонияти эшон ба таври маҷмӯъ, ба таҳқиқи ҳақиқати ҳашр гувоҳӣ дода, ва онро ба исбот мерасонад. Зеро, даъвати он Ҳазрат (с) дар тӯли ҳаёти муборакаш пас аз тавҳид, ба масъалаи ҳашр тамаркуз ёфтааст. Ва ҳамаи мӯъҷизоту ҳуҷҷатҳои ӯ, ки соири паёмбаронро тасдиқ намуда ва ба тасдиқашон во доштааст низ, ба ҳамин ҳақиқат, яъне ҳашр шаҳодат медиҳад. Ва ҳамчунон,وَ كُتُبِهِ гувоҳии китобҳои осмоние, ки гувоҳии адошуда аз ҷониби وَ بِرُسُلِهِ паёмбарони илоҳиро бадоҳатан, иртиқо бахшидааст, низ шоҳиди ҳамин ҳақиқат мебошад. Бад-ин гуна:

Пеш аз ҳама, бо ҳамаи мӯъҷизаҳо, ҳуҷҷатҳову ҳақиқатҳояш – ки ҳаққонияти Қуръонро собит месозад – бар вуқӯъи ҳашр гувоҳӣ дода, онро ба исбот мерасонад. Зеро, аз се яки Қуръон ва шуруъи аксари сураҳои кӯтоҳ, ба ҳашр ихтисос дорад. Яъне, Қуръони карим бо ҳазорон ояташ, сароҳатан ва ё ишоратан, аз ҳамин ҳақиқат хабар медиҳад ва онро сароҳатан собит карда, нишон медиҳад.

Масалан:

اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ ٭

يَا اَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمْ اِنَّ زَلْزَلَةَ السَّاعَةِ شَيْءٌ عَظِيمٌ ٭

اِذَا زُلْزِلَتِ اْلاَرْضُ زِلْزَالَهَا ٭

اِذَا السَّمَاءُ انْفَطَرَتْ ٭

اِذَا السَّمَاءُ انْشَقَّتْ ٭

عَمَّ يَتَسَاءَلُونَ ٭

هَلْ اَتَيكَ حَدِيثُ الْغَاشِيَةِ

Пас, Қуръони карим бо анвоъи ин оёт дар оғози сӣ-чил сура, ҳақиқати ҳашрро қотиона, ба исбот расонида, нишон медиҳад, ки масъалаи ҳашр, муҳимтарину заруритарин ҳақиати коинот аст. Ва бо оятҳои дигараш низ, ба баёни далоили гуногуну бовардиҳандаи он ҳақиқат, мепардозад.

Бубин! агар китобе, ки ишораи як ояти он, ҳақиқатҳои илмӣ ва кавнии бисёрро дар бахши илмҳои исломӣ бабор овардааст, бо ҳазорон далелу шаҳодаташ, масъалаи имони ба ҳашрро ҳамчун офтоб нишон диҳад, оё имкон дорад аз ҳақиқат дур бошад ва инкор шавад? оё инкор кардани он, мисли инкори хуршед ва инкори мавҷудияти ҳастӣ ва сад дараҷа муҳолу ботил нест?!

Оё мумкин аст, ҳазорон сухан ва ваъдаю ваъиди подшоҳи азизу боқудрат, дуруғу дур аз ҳақиқат бошад, дар ҳоле, ки гоҳо махсус барои ин, ки як ишораи подшоҳӣ, дуруғ қарор нагирад, як лашкар дар ҳаракат даромада, вориди ҷанг мешавад.

Акнун, султони маънавии бузургеро дар назар бигиред, ки ҳокимияту фармонравоии ӯ сездаҳ қарн, бетаваққуф, идома ёфт ва арвоҳу ақлу қалб ва нафси беҳадду ҳисобро бар асоси ҳаққу ҳақиқат, тарбият карду идора намуд. Бо он, ки танҳо як ишораи ӯ барои исботи чунин ҳақиқат, кофист. Аммо ӯ бо ҳазорон сароҳат, ин ҳақиқатро нишон дода, ба исбот расонидааст. Пас, оё касе, ки ин ҳақиқати равшанро дарк накунад, аҳмақи ҷоҳил нест? оё сӯхтани ӯ дар оташи ҷаҳаннам аз рӯйи адолат нест? ва ҳамаи саҳифаҳои осмонӣ ва китобҳои муқаддасе, ки бар як асру замони хос ҳукумравоӣ мекарданд низ, бо ҳазорон далилҳо, даъвои Қуръони каримро дар хусуси ҳақиқати ҳашр, мавриди таъйид қарор медиҳанд. Бо ин тафовут, ки баёноти онҳо бино бар тақозои асру замонашон, кӯтоҳу мухтасар, аммо пурқудрат аст. Вале, Қуръони карим ҳокимияташ, ҳамаи асрҳоро таҳти пӯшиш қарор дода ва бар замонаҳои оянда низ, фармон меронад, ҳақиқати ҳашрро бо тафсилу тавзиҳ ва такрор баён доштааст.

Ба муносибати ин баҳс, матне, ки дар охири Рисолаи Муноҷот омадааст, дар инҷо дарҷ мегардад. Ин матн, як хулоса ва далели бисёр қавӣ бар ҳашр аст ва шаҳодати соири аркони имонӣ, алалхусус “Русул” (расулон) ва “Кутуб” (китобон)-ро бар масъалаи имони ба ҳашр дар бар мегирад ва авҳомро дур мекунад. ин ба шакли муноҷот аст:

Эй Рабби раҳими ман! бо таълими Расули акрам ва аз дарси Қуръон дарёфтем, ки: ҳамаи китобҳои муқаддасу паёмбарон, дар раъсашон Қуръони карим ва Расули акрамат (с) ба иҷмоъу иттифоқ, шаҳодат медиҳанд ва далолат мекунанд ва ишора менамоянд, ки таҷалиёти исмҳои ҷалолию ҷамолӣ, ки осори он дар ин дунё ва дар ҳар тараф дида мешавад, бо тобишу дурахшиши зиёд, ба сӯйи абадулобод давом хоҳад ёфт. Ва лутфу эҳсоноте, ки ҷилваҳои раҳимона ва намунаҳои он дар ин олами фонӣ, ба мушоҳида мерасад, бо шаъшааи бештар дар дори саодат, истимрор карда ва боқӣ хаҳад монд. Ва муштоқоне, ки дар ин зиндагии кӯтоҳи дунявӣ, он ҷилваҳоро бо завқ дидаанд ва бо муҳаббат ҳамроҳӣ намудаанд, дар абадият низ, ҳамроҳӣ хоҳад намуд. Ва ҳамеша дар канори онҳо хоҳанд монд.

Инчунин, ҳамаи паёмбароне, ки дорои арвоҳи нуронӣ ҳастанд, дар раъсашон Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи авлиёе, ки қутбҳои қалби мунавваранд ва ҳамаи сиддиқоне, ки маъданҳои ақлҳои қотеъу равшан ҳастанд, бо имони росихашон, ба ҳашр имон доранд. Ва бо истинод ба садҳо мӯъҷизаи боҳиру оятҳои қотеъ, ва бо такя ба ҳазорон ваъдаву ваиди бо такрор дар суҳуфи осмонию китобҳои муқаддас ва бо эътимод бар иззату ҷалол ва салтанати рубубияту шаъни воло ва бар сифоти муқаддасе ҳамчун қудрат, раҳмат, иноят, ҳикмат, ҷалолу ҷамоли ту, ки тақозои охиратанд ва бино бар мушоҳидоту кашфиёти беҳадду ҳисобашон, ки аз осору таровишоти охират хабар медиҳад ва бар бунёди имону ақидаи ҷозимашон, ки ба дараҷаи илмуляқин ва айнуляқин, башариятро ба саодати абадӣ, мужда медиҳанду изъон медоранд, ки барои аҳли ҳидоят. ҷаннат вуҷуд дорад ва барои аҳли залолат низ, ҷаҳаннам омода шудааст.

 

Эй Қадири ҳаким! Эй Раҳмони раҳим! Эй Содиқу-л ваъди-л карим! Эй Қаҳҳори зулҷалоле, ки соҳиби иззату азамат ва ҷалол ҳастӣ!

Ту садҳо ҳазор бор муқаддасу муназзаҳ ва бартар аз он ҳастӣ, ки ин ҳама дӯстони содиқ ва ин ҳама ваъдаҳою сифот шуунотатро такзиб кунӣ, ва он чиро ки салтанати рубубияти ту, қотиона тақозо мекунад, рад намоӣ, ва дуои бандагони солеҳатро, ки дӯсташон дорӣ ва онҳо ҳам бо имону тасдиқу итоат, худро маҳбуби ту қарор додаанд, нашунавию иҷобат накунӣ! Бале, Ту поктару бартар аз он ҳастӣ, ки аҳли залолату аҳли куфрро дар инкори кардани ҳашр, тасдиқ намоӣ. Ҳамон куффоре, ки бо куфру исён ва бо такзиби ваъдаҳоят, бар азамату кибриёи ту таҷовуз намуда ва иззати ҷалолу ҳайсияти улуҳият ва шафқати рубубияти туро дар назар нагирифтаанд.

Мо адолати бепоёну ҷамоли бениҳоят ва раҳмати беканорро аз чунин зулму зиштии бепоён, тақдис карда, покии туро баён медорем.

Мо бо тамоми тавон имон дорем, ки ҳазорон паёмбари содиқу ростгу ва теъдоди бешумре аз асфиёю авлиё, ки даъватгарони ту ҳастанд, бо ҳаққу-л яқин ва айну-л яқин ва илму-л яқин, бар ганҷинаҳои ухравии раҳмат ва бар дафинаҳои эҳсонотат дар олами бақо ва бар ҷилваҳои зебои асмои ҳусноят, ки дар дори саодат комилан зуҳур намудааст, шаҳодат медиҳанд. Ин шаҳодаташон, ҳаққу ҳақиқат аст. Ва ишораҳояшон дурусту воқеъист. Ва башораташон содиқу рост аст. Онҳо бо имони ба ин, ки ин ҳақиқати бузург – яъне ҳашр – бузургтарин шуоъи исми Ҳақ аст. Ин исм низ, марҷаъу хуршеди ҳамаи ҳақоиқ аст. Бо дастури ту бандагонатро дар доираи ҳақ, дарс дода, ин масъаларо ба унвони як ҳақиқати айнӣ, таълим медиҳанд.

 

Ё Раб! Ба ҳақ ва ба сипоси дарсу таълими инҳо, ба мо ва ба ҳамаи талабаҳои Рисолаи Нур, имони акмал ва ҳусни хотимаро насиб фармо. Ва моро шоистаи шафоаташон бигардон. Омин…

Модоме, ки ҳамаи далелҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки ҳаққонияти Қуръони карим, балки ҳамаи китобҳои осмониро ба исбот мерасонад, ва ҳамаи мӯъҷизаҳову бурҳонҳое, ки нубуввати Ҳабибуллоҳ, балки ҳамаи анбиёро собит мекунад, ба навбати худ бузургтарин даъвои онҳоро, ки таҳаққуқи охират аст, низ собит месозаду бар он далолат мекунад. Ҳамчунин, аксари далелҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки бар вуҷуду ваҳдати Воҷибулвуҷуд шаҳодат медиҳад низ, ба навбати худ бар мавҷудияту кушоиши дори саодат ва олами бақое, ки бузургтарин мадор ва мазҳари рубубияту улуҳият аст, гувоҳӣ медиҳад. Зеро, онгуна, ки дар мақомоти оянда, баён ва исбот хоҳад шуд, ҳам мавҷудият ва ҳам умуми сифот ва бисёри исмҳои зоти Воҷибулвуҷуд ва авсофу шууни муқаддаси ӯ ҳамчун: рубубият, улуҳият, раҳмат, иноят, ҳикмату адолат ба дараҷаи лузум, тақозои охиратанд. Ва ба дараҷаи вуҷуб, истилзоми дори саодат мебошанд. Ва ба дараҷаи зарурат, ҳашру нашрро барои мукофоту муҷозот мехоҳанд. Бале, як Аллоҳи абадию азалӣ вуҷуд дорад, пас ҳатман охирате, ки меҳвари салтанати улуҳияти ӯст низ, вуҷуд дорад. Вақе дар ин коинот, алалхусус дар мавҷудоти зиндаи он, рубубияти мутлақи бошукӯҳ ва ҳикмату шафқат ҳаст, пас ҳатман як дори саодати абадӣ, вуҷуд дорад, ки рубубиятро аз беаҳамиятӣ ба махлуқот ва ҳикматро аз корҳои беҳуда ва шафқатро аз ғадару фиреб, нигоҳ медорад. Пас, чунин саройи саодат вуҷуд дорад. Ва саодатмандон ба онҷо хоҳанд рафт.

Ҳам модоме ин ҳамаи инъому эҳсон ва лутфу карам ва инояту раҳмат, дар пеши чашмонамон пайдову ошкор аст ва мавҷудияти як зоти раҳмону раҳимро дар паси пардаи ғайб, ба ақлҳое, ки хомӯш нашуда ва ба қалбҳое, ки намурдааст, нишон медиҳад. Пас, ҳатман дар як олами боқӣ, як зиндагии доимӣ вуҷуд дорад, ки инъомро аз истиҳзо ва эҳсонро аз фиреб додан ва иноятро аз адами таҳаққуқ ва раҳматро аз неқмат ва лутфу карамро аз иҳонат раҳоӣ мебахшаду дур нигоҳ медорад. Бале, ончи эҳсонро эҳсон ва неъматро неъмат месозад, мавҷудияти зиндагии доимист дар як олами доимӣ.

Ҳам модоме, ки қалами қудрате, ки дар фасли баҳор ва дар саҳифаи танги замин, сад ҳазор китобро беиштибоҳ ва ба сурати мутадохил менависад ва дар пеши чашмони мо бе хастагӣ, кор мекунад, соҳиби он қалам, садҳазор бор аҳд намуда ва ваъда додааст, ки: китоби пойдору зебо ва осонтар аз ин китоби ошуфтаву мутадохили баҳорро дар ҷойи васеътару зеботар аз ин саҳифаи танги замин хоҳам навишт ва барои ҳамеша, боқӣ хоҳад монд. Ва шуморо бо ҳайрату шигифт, ба хондани он водор хоҳам кард. Ӯ дар тамоми фармонҳояш, аз он китоб баҳс мекунад. Пас бешубҳа асли он китоб навишта шудааст, ҳошияҳои он низ, бо ҳашру нашр навишта хоҳад шуд. Ва номаи аъмоли ҳама, дар он қайд хоҳад шуд.

Ҳам модоме, ки ин замин ба лиҳози доштани касрати махлуқот ва ба лиҳози ин, ки маскану корхона ва намоишгоҳи садҳо ҳазор навъ аз анвоъи мухталифи зави-л ҳаёт ва зави-л арвоҳ аст, аҳамияти воло касб намуда ва ба манзалаи қалбу марказ ва хулосаву натиҷа ва сабаби хилқати кулли ҳастӣ, қарор гирифтааст. Ҳатто бо вуҷуди хурд будани ҳаҷмаш, боз ҳам дар ҳамаи фармонҳои осмонии ҳамчун: رَبُّ السَّمٰوَاتِ وَ اْلاَرْضِ дӯшодӯши осмонҳои бузург мешавад ва муодили онҳо талаққӣ мегардад.

Ва модоме, ки бани одам чунон аҳамияте дорад, ки ҳукмфармои тамоми замин аст ва бар аксари махлуқоти он, тасарруф дорад ва бо тасхири аксари мавҷудоти зиҳаёти он, онҳоро ба гирди худ ҷамъ намуда, ва маснуоту падидаҳои онро бар асоси меъёрҳои ҳавас ва дар чорчубаи ниёзҳои фитриаш, танзиму тазйин карда, ба намоиш мегузорад. Ва навъҳои шигифтангезтари онро, феҳриствор дар ҳар ҷо ба гунае мураттаб месозаду ороиш медиҳад, ки на танҳо нигоҳи инсу ҷин, балки таваҷҷуҳи аҳли осмонҳо ва саросари ҳастӣ, ҳатто нигоҳи молики коинотро ҷалб мекунад ва таҳсину тақдирашонро бармеангезад. Бад-ин сабаб, аҳамияти бузургу арзиши воло соҳиб шудааст. Ва бо илму маҳоратҳояш нишон додааст, ки ӯ ҳикмати офариниши ин коинот ва бузургтарин натиҷаю арзишмандтарин меваи он аст ва халифаи рӯйи замин мебошад. Ва аз он ҷое, ки ӯ санъатҳои хориқулодаи Холиқи коинотро бо зебоию ҷаззобияти хос, танзим дода, ба намоиш мегузорад. Азоби исёну куфраш, ба баъд мавкул гардида, ба ӯ иҷозат додашудааст, то дар ин дунё зиндагӣ кунад. Ва дар анҷоми ин кор, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шавад.

Ва модоме, ки банни одам – аз лиҳози офаринишу мизоҷ, дорои чунин моҳият аст, ва зимни заъфу аҷзи шадидаш, ниёзҳояш низ, беҳадду ҳисоб ва дардҳову ранҷҳояш низ, фаровон аст – мутасаррифи бисёр тавонову ҳаким ва мушфиқе дорад, ки қудраташ волотар аз ҳар чиз асту ихтиёри том дорад. Ва ин замини бузургро ба сурати як хазина, барои навъҳои маъданҳои мавриди ниёзи инсон офарида ва як анбор барои ҳар гуна ғизо ва як мағоза барои ҳар навъ ҷинси дилхоҳи ӯ, қарор додааст. Он Парвардигори меҳрубонаш, ингуна мутаваҷҷеҳи ӯст ва ӯро мепарваронад ва ҳамаи хостаҳояшро бароварда месозад.

Ва модоме, ки Раб ҳақиқаташ чунин аст, инсонро дӯст медорад ва худашро низ, маҳбубу дӯсти инсонҳо қарор медиҳад, ва боқӣ ҳасту оламҳои боқӣ дорад, ва ҳар корро бар асоси адолаташ иҷро намуда ва ҳар чизро бо ҳикматаш анҷом медиҳад. Ва азамати салтанату сармадияти ҳокимияти ин ҳакими азалӣ низ, дар ин зиндагии кӯтоҳи дунявӣ ва дар ин умри кӯтоҳи башар ва дар ин замини муваққату фонӣ, намегунҷад ва ҷой намешавад. Ва зулумҳову нофармониҳои бисёр бузург низ, ки инсон муртакиб мешавад, ва манофии (мухолиф) назми коинот ва мухолифи адолату тавозун ва ҷамоли зебои он аст, дар ин дунё бекайфар мемонад. Ва ҷазои тавҳину инкори куфрашро дар баробари мавлое, ки ӯро бо неъмату шафқат парвардааст, намебинад. Ва золимону ситамгарон низ, дар рафоҳу оромиш ба зиндагияшон идома медиҳанд ва мазлумону дармондагон низ, бо мушкилоти фаровон бо зиндагӣ, дасту панҷа нарм мекунанд. Пас, бешубҳат моҳияти адолати мутлақе, ки осори он дар саросари коинот ба мушоҳида мерасад, ҳаргиз намепазирад ва қабул намекунад, ки ситамгарони саркаш ва ситамдидаҳои бечора, пас аз марг, зинда нашаванд ва ҳама бо ҳам мусовиёна ва барои ҳамеша ба коми марг фурӯ раванд. Бешубҳа ин амр бо адолати мутлақ, дар тазод қарор дорад ва адолат, чунин чизро намепазирад ва иҷозат намедиҳад.

Ва модоме, ки соҳиби коинот, заминро аз коинот ва инсонро аз замин баргузид, ва ҷойгоҳи бисёр волою аҳамияти бузург ба ӯ дод. Ва аз байни инсонҳо низ, инсонҳои ҳақиқӣ, монанди анбиёю авлиё ва асфиёро ки ҳамгом бо мақсадҳои рубубият ҳаракат намуда, худро бо имону таслим, маҳбуби соҳиби коинот сохтаанд, баргузид ва дӯстону мухотабони худ, қарор дод. Ва онҳоро бо мӯъҷизаҳову тавфиқоташ, гиромӣ дошт. Душманонашро бо силиҳои осмонӣ, азоб дод.

Ва аз байни ин маҳбубони гиромию дӯстдоштааш низ, ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассаломро ки имом ва мояи фахру мубоҳоти онҳост, интихоб кард. Ва нисфи кураи бисёр муҳими замин ва панҷяки башарияти боаҳамиятро дар тӯли асрҳои мутамоддӣ, бо нури ӯ мунаввар сохт. Одатан мисли ин, ки ин коинот барои ӯ офаридашуда бошад. Ҳамаи ҳадафҳову ғояҳои он, бо ӯ ва бо дину қуръони ӯ, зуҳур меёбад ва ошкор мегардад. Пас ӯ мустаҳиқ ва шоиста буд, то дар баробари хадамоти бузургу арзишманду номаҳдудаш, ки ба васеъии як зиндагии чанд миллионсолааст, дар як замони номаҳдуд бо умри бепоён, подошашро дарёфт намояд. Аммо ӯ як умри кӯтоҳи ба муддати шасту се солро, он ҳам бо мушкилот сипарӣ намуд ва дунёро тарк кард! Аҷабо, пас оё ҳеҷ як эҳтимолу имкон ва ҳеҷ як қобилият дорад, ки ӯ бо амсолу дӯстонаш, дубора зинда ва ҳашр нагардад? Ва акнун низ, бо рӯҳаш, зинда набошад? ва барои ҳамеша, нест шаваду ба сӯйи адам равад? Ҳаргиз! Садҳазор бор ҳаргиз! Бале, ҳамаи коинот ва ҳамаи ҳақиқатҳои коинот, хостори дубора зиндашудани ӯ ҳастанд ва ҳаёти ӯро аз соҳиби коинот металабан.

Модоме, ки “Ояту-л Кубро”, ки Шуоъи ҳафтум аст, ба сию се иҷмоъи азим, ки ҳар иҷмоъи он, қудрату салобати кӯҳро дорад, собит намудааст, ки: ин коинот, аз як даст содир шудааст ва мулки як зот аст. Бад-ин тартиб, иҷмоъҳои мазкур, ваҳдату аҳадияти Худовандро ки меҳвару камолоти ӯст, ошкоро нишон медиҳад ва баён медорад, ки бо ваҳдату аҳадият, ҳамаи коинот ба манзалаи сарбозони гӯш бафармон ва маъмурони мусаххари он Зоти воҳиди аҳад дармеояд. Ва бо омадани охират, камолоти ӯ таҳаққуқ меёбад ва аз суқут шудан солим монда ва адолати мутлақаш, фармон меронаду аз зулм мераҳад. Ва ҳикмати оммааш, аз сафолату беҳудагӣ. бароат ёфта, раҳмати густурдааш аз азоб наҷот пайдо мекунад. Ва иззату қудраташро аз аҷзу зиллат дур мемонад. Ва ҳар кадом аз сифатҳои ӯ, бо тақаддусу покизагии шоистааш, муҷалло мегардад. Албатта ва албатта ва ба ҳар ҳол, бинобар тақозои ҳақиқатҳои зикршуда дар ҳашт банде, ки бо “Модом” оғоз гардид ва аз садҳо нуктаи муҳими имони ба Аллоҳ, танҳо якеро ташкил медод, қиёмат барпо хоҳад шуд ва ҳашру нашр бавуқӯъ хоҳад пайваст ва дори муҷозоту мукофот кушода хоҳад шуд, то аҳамияту марказияти замин ва ҷойгоҳи инсон, таҳаққуқ пайдо кунад. Ва адолату ҳикмат ва раҳмату салтанати Холиқ ва Мутасаррифи ҳакими замину инсон қарор ёбад. Ва дӯстони ҳақиқию муштоқи Парвардигори боқию доимӣ, аз фано ва эъдоми абадӣ, наҷот ёбад. Ва аз байни ин дӯстонаш, бузургтарину гиромитарини онҳо, подоши хизматҳои арзандаашро ки ҳамаи коинотро шоду мамнун сохтааст, дарёфт намояд. Ва камолоти Султони сармадӣ, аз нуқсу қусур, муқаддас бимонад. Ва қудраташ аз аҷзу дармондагӣ ва ҳикматаш аз сафоҳат ва адолаташ аз зулм, муназзаҳу мубарро гардад.

 

ХУЛОСА

Модоме, ки Аллоҳ ҳаст, албатта охират низ ҳаст.

Онгуна, ки се рукни мазкури имонӣ, бо ҳамаи далелҳояшон ба ҳашр гувоҳӣ дода, далолат мекунанд. Ду рукни дигари имонии وَ بِمَلٰئِكَتِهِ وَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَ شَرِّهِ مِنَ اللّٰهِ تَعَالَى низ истилзоми ҳашр аст. Ва бо қуввати комил бар олами боқӣ, шаҳодат дода, далолат мекунад. Бад-ин гуна:

Ҳамаи далелҳо ва мушоҳидоту муколамоте, ки бар вуҷуди фариштагон ва вазифаҳои убудияташон далолат дорад, ба навбати худ бар мавҷудияти олами арвоҳ ва олами ғайбу олами бақо ва олами охирату дори саодат ва ҷаннату ҷаҳаннаме, ки дар оянда бо ҷинну инс обод хоҳад шуд, низ далолат мекунад. Зеро фариштагон метавонанд бо иҷозати илоҳӣ, ин оламҳоро бубинанд ва дар онҳо дохил шаванд. Аз инру, фариштагони муқарраб ҳамчун ҳазрати Ҷабраил, ки бо башар дидор намудааст, муттафиқан аз мавҷудияти оламҳои мазкур ва гардишашон дар он оламҳо, хабар медиҳанд. Пас онгуна, ки мо қитъаи амрикоро надидаем, аммо эътимод ба хабари касоне, ки аз онҷо омадаанд, мавҷудияти онро бадоҳатан медонем. Пас лозим аст, то дар партави хабарҳои фариштагон, ки қуввати сад тавотурро дорад, ба ҳамон бадоҳати ба олами бақою сарои охират ва ҷаннату ҷаҳаннам имон оварем. Мо ба ҳамин гуна, имон дорем ва бовар мекунем.

Низ чунон, ки дар Гуфтори бисту шашум, яъне “Рисолаи Қадар” омадааст, далелҳое, ки “имони ба қадар”-ро собит месозанд, ба навбати худ, ба ҳашру нашри суҳуф ва вазни аъмол дар мизони акбар низ, далолат доранд. Зеро, мо дар пеши чашмони худ мебинем, ки муқаддароти ҳар чиз, дар лавҳаҳои низому мизон, ёддошт мегардад ва саргузашти зиндагии ҳар мавҷуди зинда, дар нерӯйи ҳофиза ва дар базрҳову тухмиҳояшон ва дар лавҳаҳои мисолии дигар, навишта мешавад. Ва дафтарҳои аъмоли ҳар зирӯҳ, алалхусус инсон, дар лавҳи маҳфуз сабт ва забт мегардад. Сипас бешубҳа, чунин қадари муҳиту тақдири ҳакимона ва тадвини дақиқу ёддошти аминона, танҳо метавонад барои мукофоту муҷозоте бошад, ки дар як маҳкамаи бузург ва дар натиҷаи як муҳокамаи умумӣ, дода мешавад. Дар ғайри ин сурат, ин ёддошту муҳофизати густурда ва бисёр дақиқ, ба таври куллӣ, бемаънӣю бефоида мемонад ва манофии ҳикмату ҳақиқат қарор мегирад. Яъне, агар ҳашр набошад, ҳамаи маънӣи ҳақиқии ин китоби коинот, ки бо қалами қадар навишта шудааст, барҳам мехураду вайрон мешавад, ки чунин чизе ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест. Ин эҳтимол, ба монанди инкори мавҷудияти ин ҳастӣ, муҳол аст. Ва ҳатто як ҳазаён аст.

Алҳосил: Панҷ рукни имон ҳамроҳ бо ҳамаи далелҳояш, ба вуқӯъ ва мавҷудияти ҳашру нашр ва вуҷуди дори охират ва кушода шудани дарҳои он далолат намуда, хоҳишманди он ҳастанд ва бар он гувоҳӣ медиҳанд.

Пас, дар мувофиқату ҳамоҳангӣ, бо бархурдор будани ҳақиқати ҳашр аз чунин пояҳои мустаҳкаму бурҳонҳои бузург аст, ки се яки Қуръони мӯъҷизулбаёнро мабҳасҳои ҳашру охират, ташкил додааст. Ва онро санги бино ва уссу-л асоси ҳамаи ҳақиқатҳояш, қарор медиҳад. Ва ҳар чизро бар пояи он, бино мекунад.

(Муқаддима ба охир расид.)

 

БАХШИ ДУЮМИ ПАЙВАСТ

(Иборат аст аз “Мақоми нахуст” аз нӯҳ мақоми табақаҳои нӯҳгонаи бурҳонҳои ҳашрияе, ки ояти зайл, мӯъҷизона ишора мекунад)

فَسُبْحَانَ اللّٰهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ ٭ وَلَهُ الْحَمْدُ فِى السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ ٭ يُخْرِجُ الْحَىَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَىِّ وَيُحْيِى اْلاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَكَذلِكَ تُخْرَجُونَ

Бурҳони боҳир ва ҳуҷҷати қотеъеро, ки ин оятҳо дар хусуси ҳашр нишон додаанд, иншоаллоҳ баён карда ва тавзеҳ хоҳем дод.

Дар Бису ҳаштумин хоссаи ҳаёт омадааст, ки: Ҳаёт, ба шаш рукни имон менигарад ва онро собит месозад ва ба таҳаққуқи он, ишора мекунад. Бале, вақте ҳаёт, муҳимтарин натиҷа ва ҷавҳару ҳикмати офариниши коинот аст, пас бешубҳа, он ҳақиқати воло ба ин зиндагии фонию кӯтоҳ ва ноқису ранҷовари дунё, мунҳасир нест. Балки ғояву натиҷаи дарахти ҳаётро бо бисту нӯҳ хосияташ, ба азамати моҳияти он, метавон пай бурд. Ва меваи он дарахт, ки шоистаи азамати он аст, бешубҳа зиндагӣ ва ҳаёти ухравию саройи саодат аст. Ҳамон сарои саодате, ки бо сангу дарахту хокаш, зиндаву ҷовид аст. Вагар на, лозим меояд то дарахти ҳаёте, ки бо ин ҳама таҷҳизоти муҳиму гуногун, таҷҳиз гардидааст, дар ҳаққи зишуур, алалхусус инсоон, бемеваю бефоида ва орӣ аз ҳақиқат бимонад. Масалан, инсоне, ки аз лиҳози сармояву таҷҳизот, бист дараҷа бартар аз гунҷишк аст ва бартарину муҳимтарин махлуқи ин коиноту зиҳаёт мебошад, дар бахши саодати зиндагӣ, бист дараҷа аз гунҷишк поинтар меафтад ва бадбахттарину залилтарин ва бечоратарини махлуқот қарор мегирад.

Ҳатто ақле, ки боарзиштарин неъмат аст, ба як балову мусибат табдил мешавад. Зеро бо ёдоварии ғаму андӯҳҳои гузашта ва тарсу нигарониҳои оянда, қалби инсонро ҳамеша меранҷонад, ва як лаззатро бо нӯҳ дард, оғушта месозад. Албатта чунин чиз, сад дар сад ботил аст.

Пас, ин зиндагии дунявӣ, худ рукни имони ба охиратро қатъан собит месозад, ва дар ҳар баҳор, зиёда аз сесад ҳазор намунаҳои ҳашрро ба мо нишон медиҳад.

Оё мумкин аст Парвардигори тавоное, ки тамоми таҷҳизоту ниёзҳои муносиби ҷисматро ва ҳатто боғчаву шаҳратро омода намуда ва бо ҳикмату инояту раҳматаш дар вақти замони муносиб, онро мефиристад, ҳатто дуои хусусию ҷузъии меъдаатро барои ризқе, ки орзӯйи бақову зиндагӣ намудааст, медонаду мешунавад. Ва бо фароҳам овардани ғизоҳои лазизу бешумор, қабул шудани он дуоро нишон медиҳад ва меъдаро мамнуну мутмаин месозад. Оё мумкин аст чунин Мутасаррифи қадир, туро нашиносаду набинад? Ва асбоби лозиму зарурии зиндагии абадиро ки бузургтарин ғояи инсон аст, омода насозад? Ва бузургтарину муҳимтарин ва умумитарин дуои ӯро ки дуои бақову ҷовидонист, бо адами эҷоди ҳаёти ухравию биҳишти барин, қабул нанамояд? Ва дуои ин инсонро ки бартарин махлуқ, балки султон ва натиҷаи замин аст, нашунавад? Ҳамон дуои умумию неруманди аз аъмоқи вуҷудаш бархостаро ки аршу фаршро ба такон дармеорад, напазирад ва ба андозаи дуои як меъдаи хурд, ба он аҳамият надиҳад ва ин инсонро розӣ насозад? Ва ҳикмати комилу раҳмати бениҳояташро дар маърази инкор қарор диҳад? Ҳаргиз! садҳазор бор ҳаргиз!

Оё мешавад, ки пинҳонтарин садои ҷузъитарин ҳаётро бишнавад ва ба дарду шукӯҳаш, гӯш фародиҳаду дармон намояд ва нозашро бикашад ва бо камоли инояту таваҷҷуҳ, онро парвариш диҳад ва бо диққати комил ба ӯ хизмат кунад, ва бузургтарин махлуқоташро хизматгори ӯ намояд, аммо садои раъдвори бузургтарину арзишмандтарин ва доимитарин ҳаётро нашунавад ва муҳимтарин дуои ӯро, ки дуои бақост, дар назар нагирад ва ба нозу ниёзаш таваҷҷуҳ накунад?! Ва ҳамчун шахсе шавад, ки як сарбозро бо камоли таваҷҷуҳу иноят, таҷҳизу идора мекунад, аммо ба як лашкари бузургу фармонбардор, ҳеҷ эътино надорад! Ва ё инки зарраро бубинаду хуршедро набинад. Ва ё овози магасро шунавад, аммо ғурриши осмонро нашунавад! Ҳошо, садҳазор бор ҳошо!

Оё ақл мепазирад, ки Зоти қадири ҳакиме, ки раҳмату муҳаббат ва шафқаташ, беҳадду ҳисоб аст ва санъаташро хеле дӯст медорад ва худро маҳбуби махлуқоташ қарор медиҳад. Ва касонеро ки дӯсташ доранд, ӯ ҳам хеле дӯст медорад. Зиндагии ононеро, ки ӯро бисёр дӯст медоранд ва маҳбубу шоистаи муҳаббатанд ва фитратан ба парастиши офаридагорашон мепардозанд, несту нобуд созад?  Рӯҳеро, ки ҷавҳари ҳаёт аст, бо марги абадӣ, эъдом намояд? Ва байни худу дӯстдоронаш фосилаи ҳамешагӣ эҷод кунад ва онҳоро аз худ биранҷонаду азоб диҳад? Ва сирри раҳмату нури муҳаббаташро дар маърази инкор қарор диҳад? Ҳошо, садҳазор бор ҳошо ва калло!.. Ҷамоли мутлақе. ки ин коинотро бо таҷаллиаш оростааст, ва раҳмати беканоре, ки ҳамаи махлуқотро шоду масрур сохтааст, бешубҳа аз чунин зиштии беҳад ва чунин қубҳу зулми мутлақ, поку муназзаҳу муқаддас аст.

Натиҷа: Вақте дар дунё ҳаёт ҳаст, пас ҳатман он идда аз инсоонҳое, ки ба рози ҳаёт пай бурда ва аз он, сӯистифода нанамудаанд, дар дори бақою ҷаннати боқӣ аз як ҳаёти боқӣ, бархурдор хоҳанд шуд. Оманно…

Ва ҳам, дурахшандагии маводи шаффофи рӯйи замин, ва равшану хомӯш шудани кафкҳои сатҳи дарё бар асари дурахшиши нур, ва нури кафкҳое, ки аз паси кафкҳои қаблӣ омадаанд ва мисли онҳо оинаҳое барои хуршедҳои хаёлӣ, қарор гирифтаанд, бадоҳатан нишон медиҳад, ки он партавҳо иборатанд аз: таҷаллии инъикоси хуршеди яктое, ки дар болоҳо қарор дорад. Ва бо забонҳои гуногун, ёдовари мавҷудияти хуршеданд ва бо ангӯштони нурӣ, ба он ишора мекунанд.

Инчунин, дурахшиши мавҷудоти зинда дар сатҳи замин ва дар даруни дарё, бо қудрати илоҳӣ ва бо таҷаллии исми Муҳйии Зоти Ҳай ва Қайюм, ва пинҳон шудани онҳо дар паси пардаи ғайб – бо вирди забон қарор додани “Ё Ҳай” – барои ҷо додан ба мавҷудоте, ки аз қафои онҳо омадаанд, ба ҳаёту зиндагии зоти Ҳайю Қайюме, ки дорои зиндагии абадист, шаҳодат дода ва ба вуҷуби вуҷуди ӯ ишора мекунанд.

Ҳамчунин ҳамаи далелҳое, ки бар илми илоҳӣ шаҳодат медиҳад ва асарҳои он дар танзими мавҷудот ба мушоҳида мерасад, ва ҳамаи бурҳонҳое, ки қудрати мутасаррифи коинотро ба исбот мерасонад, ва ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки иродаю машияти ҳоким бар иродаву танзими ҳастиро собит мекунад, ва ҳамаи аломатҳо ва мӯъҷизаҳое, ки рисолатҳоро ки мадори каломи раббонӣ ва ваҳйи илоҳӣ ҳастанд, собит месозад.

Ва ҳоказо, ҳамаи ин далелҳое, ки шоҳиди ҳафт сифати илоҳӣ ҳастанд, билиттифоқ, ба ҳаёти Зоти Ҳайю Қайюм, шаҳодат медиҳанду далолат мекунанд. Зеро агар як чиз тавони диданро доштабошад, ҳатман ҳаёт ҳам дорад. Ва қуввати шунавоияш, аломати ҳаёти ӯст. Ва агар тавони сухан гуфтанро дошта бошад, ин амр ба мавҷудияти ҳаёт ишора мекунад. Ва агар дорои ихтиёру ирода бошад, ин амр, мавҷудияти ҳаётро нишон медиҳад. Ба ин тартиб, сифатҳое ҳамчун қудрати мутлақ ва иродаи фарогир ва илми муҳите, ки асарҳои онҳо дар коинот, ба мушоҳида мерасад ва мавҷудияташон таҳқиқшудаву бадеҳист, ҳамроҳ бо ҳамаи далелҳояшон ба ҳаёту вуҷуби вуҷуди як зоти ҳайю қайюм, шаҳодат медиҳанд ва ба зиндагии сармадии ӯ, ки саросари коинотро бо як партаваш, пурнур сохта ва дори охиратро ҳамроҳ бо зарроташ, зинда намудааст. далолат мекунанд.

Ва ҳамчунин, ҳаёт ба рукни “имони ба малоика” низ, менигарад ва рамзан ба исботи он мепардозад. Зеро вақте ҳаёт, муҳимтарин натиҷаи коинот аст ва мавҷудоти зинда, барои арзишашон зиёдтар аз ҳар чизи дигар интишор намуда ва бисёр шудаанд. Ва ҳамин мавҷудоти зинда, бо омаду рафти корвонҳояшон, заминро ободу ороста сохтаанд. Вақте кураи арз, манзилгоҳи сели хурушоне аз мавҷудоти зиндааст ва бо ҳикмати таҷдиду таксири анвоъи мавҷудоти зинда, ҳамеша пуру холӣ мешавад. Ва дар мавҷудоти беарзишу гандидаи он низ, мавҷудоти зиндаи фаровон офарида мешавад. Бад-ин гуна, замин, шакли як намоишгоҳи зиндаро ба худ мегирад. Вақте шуури ақлие, ки холистарин тарашшӯҳи ҳаёт аст ва рӯҳе, ки латифтарину собиттарин ҷавҳари он мебошад, дар ин кураи арз, ба гунаи бисёр, офарида мешавад. Ба ҳадде, ки гӯё зиндагии замин, дар гарави ҳаёту ақлу шууру арвоҳ аст ва бо инҳо ороста мегардад. Пас имкон надорад, аҷроми осмоние, ки латифтару нуронитар ва бузургтару муҳимтар аз кураи замин аст, мурдаву ҷомид  ва фоқиди ҳаёту бешуур, боқӣ бимонад. Пас мавҷудоти зишууру зиҳёат вуҷуд доранд, ки осмонҳову хуршедҳо ва ситорагонро обод месозанд ва вазъияти зинда буданро ба онҳо мебахшанд ва натиҷаи офариниши осмонҳоро нишон медиҳанд ва ба хитобҳои илоҳӣ, мушарраф мегарданд.

Бале, чунин мавҷудоти зишууру зиҳаёте, ки сокинони муносиби осмонҳо ҳастанд, ба сирри ҳаёт, вуҷуд доранд ва онҳо низ, фариштагон ҳастанд.

Ва ҳамчунин, роз ва моҳияти ҳаёт, ба рукни “имони ба паёмбарон” менигарад ва рамзан ба исботи он мепардозад.

Бале, вақте коинот барои ҳаёт офарида шудааст ва ҳаёт низ, бузургтарин ҷилваю комилтарин нақш ва зеботарин санъати Парвардигори Ҳай ва Қайюм аст. Вақте ҳаёти сармадии ӯ, бо фиристодани паёмбарон ва нозил намудани китобҳо, худро нишон медиҳад Агар паёмбарону китобҳо набошанд, он ҳаёти азалӣ низ, фаҳмида намешавад. Ва онгуна, ки сухан гуфтани як шахс, баёнгари зинда будани ӯст, паёмбарону китобҳо ҳам, нишондиҳандаи он мутакаллими зиндаю доимӣ ҳастанд, ки аз паси пардаи ғайбие, ки дар он сӯйи пардаи ин коинот, қарор дорад, бо калимаҳову хитобҳояш ҳарф мезанад ва амру наҳйи мекунад. Албатта ҳаёте, ки дар коинот вуҷуд дорад, ба сурати қатъӣ бар вуҷуби вуҷуди он Ҳайи азалӣ, шаҳодат медиҳад. Бар масъалаи равон кардани русул ва фаровардани кутуб, ки аз шуоъҳо ва ҷилваҳои ҳаёти азалист ва робитаи зич ба он дорад низ, менигарад ва рамзан ба исботи он мепардозад. Алалхусус Рисолати Муҳаммадӣ ва ваҳйи Қуръонӣ, ба манзалаи рӯҳу ақли ҳаёт ҳастанд. Пас метавон гуфт: онгуна ки мавҷудияти ин ҳаёт, собиту қатъист, ҳаққонияти он ҳам, қатъию собит аст.

Бале, онгуна, ки ҳаёт хулосаи ин коинот аст, ва шууру ҳис низ, таровише аз ҳаётанд ва хулосаи он башумор мераванд, ақл низ, таровише аз шууру ҳис аст ва хулосаи онҳост. Рӯҳ низ, ҷавҳари холису софи ҳаёт аст ва зоти собиту мустақили он аст. Инчунин, ҳаёти моддию маънавии Муҳаммадӣ (с) низ, хулосату-л хулосае аз ҳаёту рӯҳи коинот мебошад. Рисолати Муҳаммадӣ (с) низ, софтарин гузидаест, ки аз ҳиссу шуур ва ақли коинот, таровиш намудааст. Балки ҳаёти моддию маънавии Муҳаммадӣ (с) ба гувоҳии осораш, ҳаётест барои ҳаёти коинот. Рисолати Муҳаммадӣ (с) ҳам шуурест барои шуури коинот ва ҳам нури он аст. Ваҳйи Қуръонӣ низ, ба шаҳодати ҳақиқатҳои зиндаву бо нишоти он, як рӯҳест барои ҳаёти коинот ва як ақлест, барои шуури он.

Бале, бале, бале!.. Агар нури Рисолати Муҳаммадӣ (с) аз коинот хориҷ шуда, равад, коинот вафот мекунад. Ва агар Қуръон равад, коинот девона хоҳад шуд ва кураи замин ақлашро аз даст медиҳад ва роҳашро гум мекунад. Ҳатто сари бешуурашро ба яке аз саёраҳо хоҳад зад ва қиёматро барпо месозад.

Ҳамчунин, ҳаёт ба рукни “Имони ба Қадар” низ, менигарад ва рамзан ба исботи он мепардозад. Модоме, ки ҳаёт, зиёи олами шаҳодат аст ва бар он ғолиб аст, ва натиҷаву ғояи вуҷуд, башумор меравад ва ҷомеътарин оинаи Холиқи коинот аст ва комилтарин феҳристу намунаи фаолияти Раббонӣ мебошад. Ҳатто ба манзалтаи – агар ташбеҳ ҷоиз бошад – як навъ барномаю манҳаҷи он аст. Пас бешубҳа, рози ҳаёт, тақозо мекунад, ки олами ғайб, яъне гузаштаву оянда, яъне махлуқоти гузаштаву оянда низ, дар низому интизом қарор гиранд. Ва маълуму машҳуд ва муаяну омодаи итоат аз амрҳои таквинӣ бошанд. Яъне он олами ғайб бояд дар як ҳаёти маънавӣ басар барад.

Чунон, ки тухмии аслӣ ва решаҳои як дарахт ва донаҳое, ки дар интиҳо ва меваҳои он қарор доранд, монанди худи дарахт, аз навъи ҳаёт бархурдор ҳастанд. Ҳатто ин тухмиҳо қонунҳои зиндагии печидатар аз қонунҳои зиндагии дарахтро бо худ ҳамл мекунанд.

Чунон, ки базрҳо ва решаҳое, ки қабл аз ин баҳор, яъне аз хазони гузашта мондааст, ва базрҳову тухмиҳое, ки баҳори имсол низ, бо рафтанаш бар ҷо хоҳад гузошт, монанди ин баҳор, нури ҳаётро бо худ ҳамл мекунанд ва тобеъи қонунҳои ҳаёт ҳастанд. Инчунин, дарахти коинот низ, бо ҳар шоху баргаш, гузаштаву оянда дорад. Ва дорои силсилае аст, ки аз авзоъу аҳволи гузаштаву ояндаи он, ташкил ёфтааст. Ва ҳар навъу ҳар ҷузъи он дар илми илоҳӣ, вуҷуди мутааддиде бо шаклҳои мухталиф дорад. Бад-ин гуна, як силсилаи вуҷуди илмиро ташкил медиҳад. Ин вуҷуди илмӣ низ, ҳамчун вуҷуди хориҷӣ, мазҳари таҷаллии маънавии ҳаёти умумӣ қарор мегирад, ки муқаддароти ҳаёт, аз он “Алвоҳи қадар” ки зиндаву бомаънӣст, гирифта мешавад.

Бале, пур будани олами арвоҳ, ки навъе аз олами ғайб аст, бо арвоҳе, ки айни ҳаёт ва моддаву ҷавҳар ва зоти ҳаётанд, истилзоми ин аст, ки гузаштаву оянда низ, ки навъи дигаре аз олами ғайбу қисми дуюми он ҳастанд, аз ҷилваҳои ҳаёт бархурдор бошанд.

Ва ҳамчунон, интизоми комилу авзоъи пурмаънӣ ва натиҷаҳову шаклҳои зиндае, ки як чиз дар вуҷуди илмиаш дорад, нишондиҳандаи шоисагии он, як навъ ҳаёти маънавист.

Бале, чунин таҷаллии ҳаёте, ки рушноии хуршеди ҳаёти азалист, ба ҳеҷ ваҷҳ танҳо ба ин олами шаҳодат ва ин замони ҳозир ва ин вуҷуди хориҷӣ, наметавонад мунҳасир бимонад. Балки, ҳар олам ба андозаи тавонмандиаш, мазҳари таҷаллии он рушноӣ мебошад. Ва коинот бо ҳама оламҳояш ба юмни он таҷаллӣ, зиндаву пурнур аст. Варна ҳар як аз ин оламҳо, онгуна, ки чашм залолатро мебинад, зери ин дунёи муваққату зоҳирӣ, ба сурати як ҷанозаи бузургу ҳавлнок ва ҳамчун як олами торику вайрона хоҳад буд.

Ба ин тартиб, яке аз вуҷуҳи имони ба қазову қадар низ, аз сирри ҳаёт фаҳмида мешавад ва баисбот мерасад. Яъне онгуна, ки ҳаётдор будани олами шаҳодат ва мавҷудоти ҳозир, бо интизому натиҷаҳои онҳо ошкор мешавад, махлуқоти гузаштаву ояндае, ки аз олами ғайб ҳисобида мешаванд низ, як вуҷуди маънавӣ доранд, ки маънан ҳаётдор аст. Ва як субути илмӣ доранд, ки зирӯҳ мебошанд, ва ба воситаи лавҳи қазову қадар, асари он ҳаёти маънавӣ, ба исми муқаддарот дида мешаваду тазоҳур мекунад.

 

БАХШИ СЕЮМИ ПАЙВАСТ

Саволест ба муносибати ҳашр: Баёноти мукаррари Қуръон ҳамчун:

اِنْ كَانَتْ اِلاَّ صَيْحَةً وَاحِدَةً

وَمَا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلاَّ كَلَمْحِ الْبَصَرِ

нишон медиҳад, ки ҳашри аъзам дар як ҳангом ва бидуни замон ба вуҷуд меояд. Ақлҳои танг, мисолҳои воқеъию машҳуд мехоҳанд то битавонанд ин ҳодисаи хориқулода ва масъалаи беназирро бовар кунанд.

Ҷавоб: Дар қазияи ҳашр, се масъала вуҷуд дорад, ки иборат аст аз: Бозгашти арвоҳ ба ҷасадҳо. Ҳам эҳёи ҷасадҳо. Ва ҳам иншо ва сохтани ҷасадҳо.

Масъалаи якум: Бозгашти арвоҳ ба ҷасадҳояшон, ки мисоли он: ҳамчун ҷамъ шудани сарбозони пароканда ва ба истироҳат рафтаи лашкари бисёр мунтазамест, ки бо шунидани садои баланди шайпур ва ё занг, фавран ҷамъ мешаванд.

Бале, онгуна суре, ки буқу шайпури Исрофил аст, камтар аз карнайи лашкар нест. Арвоҳе, ки дар тарафи абад ва дар олами заррот, нидои اَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ-ро ки аз ҷониби азал меояд, шунида ва бо قَالُوا بَلَى ҷавоб додаанд низ, бешубҳа ҳазорон бор мусаххартару фармонбардортар ва мунтазамтар аз лашкаранд. Дар гуфтори сиюм, бо далелҳои муҳкам собит шудааст, ки на танҳо арвоҳ, лашкари Субҳонианд, балки ҳамаи заррот сарбозони гӯш ба фармони ӯянд.

Масъалаи дуюм: Иҳёи ҷасадҳо ва мисоли он: Дар як шаҳри бузург ва дар шаби ҷашну шодӣ, садҳо ҳазор чароғро аз як марказ ва дар як лаҳза, гӯё бесипарӣ шудани замон, метавон равшан намуд. Пас, ин имкон низ вуҷуд дорад, ки дар сатҳи кураи замин, садҳо миллион чароғ аз як марказ равшан мешавад. Вақте падидае монанди барқ, ки як махлуқи Худост ва ҳамчун як маъмуру хизматгор дар меҳмонхонаи ӯ кор мекунад ва бо дарси интизому тарбияте, ки аз Холиқаш гирифтааст, даст ба чунин корҳо мезанад. Пас, ҳашри аъзам низ, дар як чашм барҳамзадан ва дар чорчуби қонунҳои мунтазами илоҳие, ки ҳазорон хизматгузори мунавваре ҳамчун барқ, онро тамсил мекунанд, ба вуҷуъ хоҳад пайваст.

Масъалаи сеюм: Иншои фаврии ҷасадҳо ва мисоли он: Дар фасли баҳор ва дар зарфи чанд рӯз, ҳамаи дарахтону баргҳое, ки шумораашон ҳазор баробар бештар аз маҷмӯъи башарият аст, айнан монанди баҳори қаблӣ, яку якбора ба шакли мукаммал иншо мегардад. Ва боз, гулҳову меваҳо ва баргҳои ҳамаи дарахтон, ҳамчун маҳсулоти баҳори гузашта бо суръати монанди барқ эҷод мегардад. Ҳамчунон базрҳову тухмиҳо ва решаҳои беҳадду ҳисобе, ки мабда ва сароғози он баҳоранд, яку якбора бедор мешаванд ва инкишоф меёбанду эҳё мегарданд. Ҳамчунон, ҷанозаҳои дарахтоне, ки монанди устухонҳои пӯсида, ба по истодаанд, бо як фармон, фавран мазҳари “Баъсу баъда-л мавт” қарор мегиранд ва барангехта мешаванд. Ва низ афроди беҳадду ҳисоби тоифаҳои ҳайвоноти хурд, бо камоли диққату санъат, эҳё мегарданд. Низ, ҳашру растохези қабилаҳои ҳашарот, алалхусус магасе, ки пайваста дар пеши чашмони мо, бо тамиз намудани дастҳову болҳо ва чашмҳояш, обдаст ва назофатро ба мо ёдовар мешавад. Ва шумори афроди нашршудаи онҳо дар як сол, зиёда аз теъдоди афроди бани одам, аз замони Одам то имрӯз аст. Ва дар канори инҳо ҳашру эҳё гардидани ҳашароти дигар дар ҳар баҳор ва дар зарфи чанд рӯз, на танҳо як мисол, балки ҳазорон мисол барои иншои ҷасадҳои инсонҳо дар рӯзи қиёмат аст.

Бале, аз онки дунё дору-л ҳикмат ва охират дору-л қудрат аст, эҷоди ашё дар дунё ба тақозои ҳикмати Раббонӣ ва ба иқтизои исмҳое ҳамчун: Ҳаким, Мураттиб, Мудаббир ва Мураббӣ, бо тадриҷу бо замон сурат мегирад. Аммо дар охират, қудрат ва раҳмат беш аз ҳикмат зуҳур мекунад. Аз инру, ниёз ба модда, муддат, замон ва интизор боқӣ намемонад. Пас дар он ҷо, ашё ба таври фаврӣ иншо мегарданд. Ва корҳое, ки дар инҷо дар зарфи як рӯзу дар як сол анҷом меёфт, дар охират дар як лаҳза ва дар як чашм бар ҳам задан таҳаққуқ меёбад. Қуръони карим низ, ба ҳамин матлаб ишора намуда, мефармояд:

وَمَا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلاَّ كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ

Агар мехоҳӣ бифаҳмӣ, ки омадани ҳашр монанди омадани баҳори оянда, амри қатъию ҳатмист, пас, ба “Гуфтори даҳум” ва “Бисту нӯҳум” бодиққат бингар. Агар ба омадани ҳашр низ, монанди омадани баҳор боварӣ пайдо накардӣ, онгоҳ омада ангӯштонатро ба чашмам бихалон!

Масъалаи чорум: Мавти дунё ва барпо шудани қиёмат аст:

Агар як саёра ва ё як ситораи думдор, ба дастури Раббонӣ, бо кураи замин, ки меҳмонхонаи мост тасодуф намояд, ин хонаю маскани моро дар як лаҳза нобуд хоҳад кард. Чуноне, ки як қаср дар даҳ сол бино гардидааст, дар зарфи як дақиқа валангор мешавад.

 

БАХШИ ЧОРУМИ ПАЙВАСТ

 

قَالَ مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ وَهِىَ رَمِيمٌ قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِى اَنْشَاَهَا اَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ

Яъне, инсон мегуяд: “Кӣ метавонад, ин устухонҳои пӯсидаро зинда кунад?” Бигу: “ҳамон, ки онҳоро нахустин бор иншо кард ва ҳаёт бахшид, ҳам ӯ хоҳад офарид.”

Тавре, ки дар мисоли сеюми Ҳақиқати Нӯҳуми Гуфтори Даҳум омада буд:

Агар шахсе дар пеши чашмони мо дар зарфи як рӯз, як лашкари бузургеро ташкил диҳад, ва ба ту гуфта шавад, ки: “ин шахс метавонад  лашкари хурдеро ки сарбозони он барои истироҳат, мутафарриқ гаштаанд, бо як шайпур гирди ҳам оварад ва ҳамаро дар таҳти низом қарор диҳад” аммо ту гӯйи: Не ман бовар намекунам! Оё ин ҷавобу инкори ту ҳамоқату девонагӣ нест?

Инчунин, Зоте ки ҷасадҳои лашкаргунаи ҳамаи ҳайвонот ва мавҷудоти зиндаро ки ба як лашкар шабоҳат доранд, аз ҳеч ба вуҷуд оварда ва зарроту латоифи он ҷасадҳоро бо як назми комилу мизони ҳакимона, ба дастури

кун фаякун, сабт намуда ва дар он ҷасадҳо ҷобаҷо кардааст ва дар ҳар қарн, ҳатто дар ҳар баҳор, анвоъи мавҷудоти зиндаро ки ба як лашкар монанд аст, ҳамроҳ бо тоифаҳову дастаҳои гуногунашон дар сатҳи замин меофарад. Оё дар мавриди чунин як Зоти қадиру алим ин саволро метавон матраҳ карду гуфт ки: Ӯ чигуна метавонад зарроти асосӣ ва аҷзои аслиро, ки таҳти низоми ҷасаде, ки ба як фирқа монанд аст, даромада ва якдигарро шинохтаанд, бо як сиҳҳаи сури Исрофил гирди ҳам орад?! Оё метавон чунин кореро аз ӯ баъид донист?! Оё ин истибъод, як ҳамоқату девонагӣ нест?!

Пас, гоҳо Қуръони карим афъоли аҷиби илоҳиро дар дунё ёдовар мешавад, то зиҳнҳоро ба тасдиқ ва қалбҳоро ба қабул намудани афъоли хориқулодаи ӯ дар охират ҳозиру омода намояд.  Дар мавридҳое низ, афъоли аҷиби илоҳиро, ки дар оянда ва дар охират рӯх медиҳад, ба як сурат зикр мекунад, ки мо бо мушоҳидаи назирҳои мутааддиди онҳо, ба бовару итминони комил мерасем. Масалан:

اَوَ لَمْ يَرَ اْلاِنْسَانُ اَنَّا خَلَقْنَاهُ مِنْ نُطْفَةٍ فَاِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُبِينٌ то поёни сураи Ёсин. Қуръони ҳаким қазияи ҳашрро мавриди баҳс қарор дода, бо ҳафт – ҳашт сурати мухталиф, иқомати далел мекунад ва ба исботи он мепардозад.

Аввалан, нашъаи якумро матраҳ намуда ва дар маърази намоиш қарор дода мегуяд: Шумо марҳалаҳои офариниши худро аз нутфа то алақа ва аз алақа то музға ва аз музға то офариниши инсон, мебинед. Пас, чигуна нашъаи ухроро инкор мекунед, ки ин ҳам мисли қаблӣ, ҳатто осонтар аз он аст?

Сипас бо اَلَّذِى جَعَلَ لَكُمْ مِنَ الشَّجَرِ اْلاَخْضَرِ نَارًا ба неъматҳову эҳсонҳои бузургаш ба инсон ишора карда, мегуяд: Зоте, ки чунин неъматҳоро ба шумо арзонӣ доштааст, ҳаргиз шуморо ба ҳоли худатон раҳо намекунад, то ба қабр дохил шавед ва барои ҳамеша дар онҷо бихобеду бедор нашавед.

Дар идома, рамзан мегуяд: Шумо зиндаву сарсабз шудани дарахтони мурдаро мебинед, пас чаро зинда шудани устахонҳои ҳезуммонандро баид медонед ва бо дарахт муқоиса намекунед? Оё Зоте, ки осмонҳову заминро офаридааст, аз зинда сохтану миронидани инсоне, ки меваи осмонҳову замин аст, оҷиз хоҳад монд? Оё мумкин аст идоракунандаву парваришдиҳандаи дарахт, меваи онро аҳамият надода, ба дигарон раҳо кунад? Оё гумон мекунед, ки ӯ дарахти офаринишеро ки ҳамаи аҷзои онро боҳикмат саришта намудааст, беҳуда раҳо созад ва меваҳову натиҷаҳои онро аҳамият надиҳад?

Пас Зоте, ки шуморо дар ҳашр зинда месозад, чунон зотест, ки ҳамаи коинот ба манзалати сарбози гӯш ба фармони ӯст. Дар баробари фармони кун фаякун бо камоли фармонпазирӣ, сар фурӯд меорад. Ва офаридани баҳор ба андозаи офаридани як гул, барояш осон аст. Ва бар қудраташ эҷоди ҳамаи ҳайвонот, ба андозаи эҷоди як магас, осону саҳл аст. Пас, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон бо пурсиши مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ қудрати чунин Зотро оҷиз шуморид ва зери савол бурд!

Баъд аз он, бо таъбири فَسُبْحَانَ الَّذِى بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ баён медорад, ки: Зимоми ҳар чиз дар дасти ӯст. Ва калиди ҳар чиз дар назди ӯст. Ва шабу рӯз, замистону тобистонро ҳамчун саҳифаҳои як китоб ба осонӣ варақ мезанад. Ва дунёву охират дар назди ӯ, ҳамчун ду манзиланд. Инро мебандаду онро боз мекунад. Вақте чунин бошад, натиҷаи ҳамаи ин далелҳо ин аст: وَ اِلَيْهِ تُرْجَعُونَ яъне: Ӯ шуморо аз қабр зинда мекунад ва ба ҳашр меорад ва дар ҳузури кибриёияш ба ҳисоби шумо мерасад.

Бад-ин тартиб, ин оятҳо, зеҳнро ба қабули ҳашр муҳаё намуд ва қалбро барои пазируфтани он, ҳозир месозад. Чунки назираҳои онро бо афъоли дунявӣ нишон дод.

Низ, гоҳо Қуръони ҳаким афъоли ухравиро ба шакле зикр мекунад, ки назираи дунявии онҳо эҳсос ва қобили ҳис кардан бошад, то маҷоле барои истибъоду инкор, боқӣ намонад. Масалан:

اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ ило охириҳи…

ва اِذَا السَّمَاءُ انْفَطَرَتْ ило охириҳи

ва اِذَا السَّمَاءُ انْشَقَّتْ ило охириҳи

Аз инру, дар ин сураҳо, инқилоботи азим ва тасарруфоти Раббониро дар ҳашру қиёмат, ба чунон шевае зикр мекунад, ки қалб дучори тарсу ваҳшат мешавад ва ақл дар ҳайрат мемонад. Аммо чун инсон назоири онро дар тирамоҳу баҳор дидааст, баосонӣ қабул мекунад. Аз онҷое, ки тафсири ин се сура ба дарозо мекашад, ногузир як калимаро ҳамчун намуна мавриди баҳс қарор медиҳем.

Масалан: اِذَا الصُّّحُفُ نُشِرَتْ ин матлабро мерасонад, ки дар ҳашр, тамоми аъмолу кирдори ҳар кас, бар як саҳифа навишта ва пахшу нашр мегардад. Ин масъала худ бахуд бисёр аҷиб аст. Аз инру, ақл наметавонад ба он роҳ ёбад. Аммо онгуна, ки сура низ, ишора мекунад, ҳамон тавре, ки назоири ҳашри баҳор дар дигар масъала қобили руъят аст, пас назири ин нашри суҳуф низ, возеҳу равшан аст. Ва ибодоту тасбеҳот низ дорад. Ба шакле, ки ба василаи ин ибодатҳо асмои ҳуснои илоҳиро нишон медиҳад. Аз ин ру, ҳамаи ин аъмол, ҳамроҳ бо таърихи зиндагии вай, дар базру тухмиаш навишта шудааст ва дар баҳори дигар ва замини дигар, берун меояд. Яъне, онгуна ки ҳар дарахт бо забони шаклу сурате, ки нишон додааст, аъмоли модарону усулашро бо фасоҳати комил, ёдоварӣ мекунад, бо шохаҳову баргҳо ва гулҳову меваҳояш низ, саҳифаҳои аъмоли худро мунташир месозад.

Бале, касе ки дар пеши чашмони мо, ин корро ҳакимона, ҳафизона, мудаббирона, мураббиёнаю латифона, анҷом медиҳад. Ӯст, ки мегуяд: اِذَا الصُّّحُفُ نُشِرَتْ Нуқтаҳои дигарро ба ин қиёс кун, агар метавонӣ, истинбот намо. Ва барои инки кӯмаке ба ту карда бошем اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ -ро низ, ба ту хоҳем гуфт. ин ҷумла бо лафзи “куввират” ки ба маънӣи дарҳам печидану ҷамъ кардан аст, зимни ишора ба як мисоли равшан, ба назиру монанди он дар дунё низ, ишорае дорад.

Якум инки: Худованди субҳон пардаҳои адаму асир ва саморо бардошт, ва чароғе ҳамчун офтобро ки дунёро равшан мекунад аз хазинаи раҳматаш берун овард ва ба дунё нишон дод. Пас аз баста шудани дунё, ин чароғро бо пардаҳояш печонида, мебардорад.

Дуюм: Офтоб маъмуру муваззаф аст, то субҳгоҳон матоъи равшанеро биафшонад ва шомгоҳон онро барчинад. Бад-ин тартиб, шабу рӯзро яке пайи дигарӣ, бар сари замин бигустаронад. Ин маъмур, ҳар шаб матоашро ҷамъ мекунад ва муомилоташро коҳиш медиҳад. Гоҳо пардае аз абр, сабаби камшудани доду гирифташ мегардад. Ва дар баъзе мавридҳо, моҳ низ ҳамчун пардаю ниқоб, рӯйи онро мепӯшонад ва то андозае муомилаи ӯро коҳиш медиҳад. Пас онгуна, ки ин маъмури муваззаф, бар асари чунин омилҳо, матоашро ҷамъ карда, ва дафтарҳои аъмолашро мепечонад. Пас албатта, рӯзе хоҳад омад, ки ин маъмур аз вазифааш азл гардад ва даврони маъмурияташ ба охир расад. Ҳатто агар ҳеҷ сабаб барои азлу барканории он набошад, шояд бо бузург шудани ду доғи хурде ки ба рӯйи он қарор дорад ва оҳиста – оҳиста дар ҳоли вусъатёфтан аст. Офтоб нуреро, ки бо иҷозати Илоҳӣ, бар замин мунташир кардааст, дубора ба амри Раббонӣ бозмегирад ва ба даври худ мепечонад. Онгоҳ Парвардигори субҳон, ба ӯ хитоб карда мегуяд: Акнун маъмуриятат дар замин бапоён расид, ҳоло ба ҷаҳаннам рафта, ононеро, ки туро парастиш намуда ва маъмури мусаххаре ҳамчун туро ба хиёнату бесадоқатӣ муттаҳам сохта, таҳқир кардаанд, бисӯзон!

бад-ин гуна, офтоб фармони илоҳӣ اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ -ро ба рӯйи чеҳраи доғдору сиёҳаш мехонад.

 

БАХШИ ПАНҶУМИ ПАЙВАСТ

Бале, яксаду бистучор ҳазор набие, ки ба насси ҳадис, баргузидатарин шахсиятҳои башаранд, бо иҷмоъу тавотур ва баъзе бо истиноди ба шуҳуд ва баъзе дигар низ, бо истиноди ба ҳаққу-л яқин, билиттифоқ аз вуҷуди охират хабар дода, эълон намудаанд, ки инсонҳо ба онҷо савқ дода мешаванд. Холиқи коинот низ, ҳатман охиратеро ки ваъдаи қатъӣ додааст, меорад.

Ва боз ин хабари анбиёи бузургворро яксаду бистучор миллион авлиёи илоҳӣ, бо кашфу шуҳуд ва ба сурати илму-л яқин, тасдиқ намуда ва бар вуҷуди охират шаҳодат додаанд, ки ин худ, як далили муҳкаму қатъист бар вуҷуди охират.

Ва низ, ҳамаи асмои ҳуснои Сонеъи ҳаким, бо таҷалиёту ҷилваҳое, ки дар саросари коинот нишон додаанд, олами боқии охиратро билбадоҳа иқтизо мекунанд ва ба вузӯҳ бар вуҷуди он, далолат мекунанд.

Ва низ, Парвардигори субҳон бо қудрати азалӣ ва ҳикмати беҳисобу абадиаш, ки ҳеҷ исроф дар он нест, дар ҳар сол ва дар ҳар баҳор, ҷанозаҳои дарахтони мурдаи беҳадду ҳисобро, ки дар саросари рӯйи замин ба по истодаанд, бо амри “кун фаякун” зинда месозад ва нишона барои баъси баъдал мавт қарор медиҳад. Ва аз тоифаҳои набототу миллатҳои ҳайвонот, сесад ҳазор навъро ҳашру нашр менамояд. Бад-ин гуна, садҳо ҳазор намунаву далили ҳашру растохезро нишон медиҳад. Ва ҳамчунин раҳмати беканоре, ки ҳамаи мавҷудоти зирӯҳи муҳтоҷ ба ризқро бо камоли шафқату ҳикмат, тағзия медиҳад. Ва раҳмати боқию як инояти доимие, ки дар як муддати кӯтоҳ дар ҳар баҳор, навъҳои зиннатҳо ва маҳосини беҳадду ҳисобро ба намоиш мегузорад, билбадоҳа, истилзоми вуҷуди охиратанд.

Ва ҳамчунин, ишқи бақо, шавқи абадияту омоли сармадияте, ки дар фитрати инсон вуҷуд дорад, ҳамин инсоне, ки комилтарин меваи ин коинот ва маҳбубтарин махлуқи офаридагор аст ва бештарин пайвандро бо мавҷудоти коинот дорад, ба таври ошкор ишора мекунад, ки пас аз ин олами фонӣ, як олами боқӣ ва як сарои саодат вуҷуд дорад.

Пас, ҳамаи ин далелҳо бо камоли қотиият, мавҷудияти охиратро ба андозаи бадеҳӣ будани мавҷудияти дунё, ба исбот мерасонанд ва истилзоми қабули вуҷуди он ҳастанд.

Вақте муҳимтарин дарсе, ки Қуръон ба мо меомӯзад, дарси имони ба охират аст ва он имон низ, то ин андоза боқуввату неруманд аст ва дар он имон низ, чунон нуру умед ва оромише вуҷуд дорад, ки агар сад ҳазор пиронсолӣ дар як шахс ҷамъ шавад, ин нур ва ин умед ва оромиши сарчашма гирифтаи аз имон дар муқобили он, басанда хоҳад буд. Пас бар мо пиронсолону солхурдагон аст, ки бо гуфтани “Алҳамдулиллоҳи ало камоли-л имон” ба пирии худ, биболему хушҳол бошем.

 

Рисолаи Шукр

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

 وَ اِنْ مِنْ شَيْءٍ اِلاَّ يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ

Қуръони Муъҷизу-л Баён бо такрори оятҳо ҳамчун:

اَفَلاَ يَشْكُرُونَ ٭اَفَلاَ يَشْكُرُونَ ٭وَسَنَجْزِى الشَّاكِرِينَ ٭لَئِنْ شَكَرْتُمْ َلاَزِيدَنَّكُمْ ٭بَلِ اللّهَ فَاعْبُدْ وَ كُنْ مِنَ الشَّاكِرِينَ٭

нишон медиҳад, Холиқи Раҳмон муҳимтарин коре, ки аз бандааш мехоҳад, шукр аст ва дар Фурқони Ҳаким бо аҳаммияти зиёд, ба шукр даъват мекунад. Шукр накарданро ба сурати такзибу инкори неъмат нишон дода, бо фармони فَبِاَىِّ آلاَءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ дар сураи Раҳмон ба шиддат ва бо таъкиди даҳшатангезона сию як бор бо ин оят таҳдид мекунад ва ношукриро такзибу инкор менамояд.

Бале, чӣ гуна, ки Қуръони Ҳаким шукрро натиҷаи хилқат нишон медиҳад, ин коинот низ, ки Қуръони Кабир аст, нишон медиҳад; муҳимтарин натиҷаи хилқати олам, шукр аст, чунки, агар ба коинот диққат карда шавад, дида мешавад, ки ҳар он чи коинотро ташкил медиҳад, ба гунае, ки шукрро натиҷа диҳад, нисбат ба дараҷоти худ, то ҳудуде назар ба шукр дорад ва чеҳрааш мутаваҷҷеҳи ўст, гўё муҳимтарин меваи шаҷараи хилқат, шукр аст ва муҳимтарин маҳсуле ки аз коинот ба даст меояд, шукр аст.

Чунки, дар хилқати олам мушоҳида мекунем, мавҷудоти олам ба шакли як доираи ташкил шуда, ки даруни он доира, ҳаёт ба унвони нуқтаи маркази халқ шудааст, ҳамаи мавҷудот, ба ҳаёт назар доранд, ба ҳаёт хизмат мекунанд ва лавозимоти мавриди ниёзи ҳаётро мерасонанд, пас Зоте ки коинотро халқ карда, дар он доира, ҳаётро интихоб кардааст.

Сипас мушоҳада мекунем, ки оламҳои зиҳаётро басурати доира эҷод карда ва инсонро дар нуқтаи маркази он қарор медиҳад, гўё натиҷаҳое, ки мақсуди зиҳаёт буданд, дар ў тамаркуз кардаанд; ҳамаи зиҳаётро дар атрофи ў ҷамъ карда, ононро хизматкору мусаххари ў мекунад ва ўро ҳокими онон қарор медиҳад, пас Холиқи Зулҷалол аз миёни зиҳаёт, инсонро интихоб карда ва дар олам, ба ў иродаву ихтиёр медиҳад.

Сипас мушоҳада мекунем, ки дар олами инсон балки дар олами ҳайвонот як доира ташкил шуда ва нуқтаи маркази он, ризқ таъйин шудааст, дар тамоми инсонҳо, ҳатто дар ҳайвонот, муҳаббат ба ризқро бавуҷуд оварда, умуми ононро ходим ва мусаххари он кардааст, ризқ дар байни онон ҳукум мекунад ва ризқро онгуна хазинаи васеъу ғанӣ қарор дода, ки ба неъматҳои бисёре ҷомеъ аст, ҳатто барои шинохти мазаи як навъе аз анвоъи ризқ ба забон дар ҷиҳозе баноми қувваи зоиқа, тарозуҳои маънавии зарифе ба теъдоди маззаҳо гузорида шудааст, пас дар коинот аҷибтарин, ғанитарин, ширинтарин, ҷомеътарин ва бадеътарин ҳақиқат, ризқ аст.

Акнун назар мекунем, чӣ тавре ки ҳар чиз дар атрофи ризқ ҷамъ шудааст ва назар ба он дорад, ризқ низ бо ҳамаи навъҳои худ маънан ва моддатан, ҳолан ва қолан бо шукр номгўи карда ва бо шукр ба даст меояд ва шукрро ба мо мерасонада шукрро нишон медиҳад, зеро иштиҳо ва иштиёқ ба ризқ, як навъ шукри фитрӣ аст, лаззат ва завқ гирифтан низ як шукри ғайри шуур аст, ки ин навъи шукр дар тамоми ҳайвонот ҳаст, танҳо инсон бо залолату куфр, моҳияти фитрии шукрро тағир дода, аз шукр ба ширк меравад.

Ҳамчунин дар неъматҳои ризқ, шаклҳои зебо, роиҳаҳои хўшбўй ва таомҳои хўш маза, даъваткунандагони ба шукр ҳастанд; зиҳаётро ба шавқ даъват карда, ба он иштиёқ ва ба навъӣ ситоишу эҳтиром ташвиқ кардан, сабаб мешавад, мавҷудот шукри маънавӣ кунанда. Назари диққати зишуъурро ҷалб карда  ба истеҳсон тарғиб мекунад ва ононро ба эҳтироми неъматҳо ташвиқ мекунад; ингуна қавлан ва феълан ба шукр иршод мекунад ва сабаби шукр мешавад. Дар шукр, олитарин ва ширинтарин лаззату завқи шукрро ба он, мечашонад.

Яъне, нишон медиҳад, ин ризқу неъмат, бо он ки зоҳиран лаззати гузарову муваққатӣ дорад, аммо ба василаи шукр, сабаби илтифоти Раҳмонӣ мешавад, ки доимию ҳақиқист ва лаззату завқи бешумор дорад, яъне сабаб мешавад, ба илтифоти бешумору пурлаззати раҳмати ганҷинаҳои Молики Карим тафаккур шавад ва дар ин дунё низ маънан лаззати биҳишти боқиро мечашонад.

Пас ризқ, дар ҳоле ки бавоситаи шукр онгуна ганҷинаи бузург бо арзишу ғанӣ мешавад, бо ношукрӣ низ ба дараҷаҳои бениҳоят поине суқут мекунад.

Ҳамон гуна, ки дар «Гўфтори шашум» баён шуд, ҳангоме, ки қувваи зоиқаи забон ба номи Ҷаноби Ҳақ, яъне мутаваҷҷеҳи вазифаи маънавии шукр бошад, қувваи зоиқаи забон дар ҳукми муфаттиши шокиру нозири олиқадр, сипосгузори раҳмати бениҳояти Илоҳист.

Аммо агар ба номи нафс бошад, яъне агар ба шукри ризқи инъом фикр накарда ва мутаваҷҷеҳ ба он набошад, қувваи зоиқаи забон аз мақоми нозири воломақом ба мақоми нигаҳбони корхони батн ва дарбони тавилаи меъда, суқут мекунад, бад-ин тартиб, ҳамон тавр ки ин хидматкори ризқ, бо ношукрӣ ба чунин мартабае суқут мекунад, ҳамонгуна низ моҳияти ризқу соири хадамаи онҳам суқут мекунанд ва аз волотарин мақом ба пастарин мақом фуруд меоянд ва ба вазияти зидду мухолиф бо ҳикмати Холиқи коинот дучор мешаванд.

Миқёси шукр; қаноатаст, иқтисодаст, ризост ва мамнуният мебошад.

Мизони ношукрӣ; ҳирсаст, исрофаст, беҳурматист, беэътиноӣ ба ҳалолу ҳаром хурдани ҳарчиз мебошад.

Бале, ҳирс, ношукрӣ буда ва сабаби маҳрумият шуда ва ҳам воситаи зиллат аст. Ҳатто мўрча, ин ҳашароти муборак, ки дорои ҳаёти иҷтимоъист, гўё бахотири ҳирсаст, ки дар зери пой пахш мешавад, зеро бо онки чанд дона гандум барои ў кофист, қаноат накарда, агар тавонад, ҳазорҳо дона ҷамъ мекунад, аммо занбури асал, гўё бахотири қаноати ўст, ки ба болои сари ҳама парвоз мекунад ва чун қаноат мекунад, бо амри Илоҳӣ, асалро ба инсонҳо эҳсон карда, мехўронад.

Бале, баъд аз лафзи Аллоҳ ки алами Зоти Ақдасу аъзамтарин исми ўст, исми Раҳмон аст, ки аз аъзамтарин исм буда, ба ризқ назар дошта ва бо шукр дар ризқ, ба он расидааст ва ҳам зоҳиртарин маънои Раҳмон, Раззоқ аст.

Ҳамчунин шукр навъҳо дорад, ҷомеътарин ва феҳристи умумии он навъҳо, Намоз аст.

Ҳамчунин дар шукр, як имони покиза том ва як тавҳиди холис мавҷўдаст, зеро инсоне, ки себеро хурда, «Алҳамду лиллоҳ» мегўяд, бо он шукр, эълон мекунад: «Он себ мустақиму бевосита, ёдгори дасти қудрат буда ва мустақиму бевосита, ҳадияи хазинаи Раҳмат аст» ва бо чунин сухану бо чунин эътиқоде медонад, ҳарчиз – чӣ ҷузъӣ бошад чӣ куллӣ – аз тарафи дасти қудрати ў дода мешавад ва низ ҷилваҳои раҳматро, дар ҳарчиз медонад ва имони ҳақиқию тавҳиди холисеро бо шукраш баён мекунад.

Инсони ғофил, бо куфрони неъмат, зиёни бузурге мебинад, ки танҳо як ҷиҳати аз ҷиҳатҳои онро башарҳи зер баён мекунем:

Агар инсон неъмати лаззатро хурда ва шукр кунад, он неъмат бавоситаи он шукр, нур шуда, барои ў меваи ухравии Ҷаннат мешавад. Бо лаззати ба даст омада аз он, бо тафаккур ба ин ки асари илтифоти Ҷаноби Ҳақ аст, он мева барои ў лаззату завқи бузургу доимӣ дорад ва қисми аз он неъмат ки ганҷинаи маънавӣ буда, ки осон ба даст омада ва аз аъмоли баргузидае мебошад, ки бо амали кам ба даст меояд ва моддаи маънавӣ ҳастанд, ки мераванд то ба мақомоти воло бирасанд ва қисми моддию суфлӣ (пўст) ва пучоқи он неъмат вазифаашонро бапоён расонида мераванд, то ба асли худ, яъне ба аносир табдил шаванд.

Агар шукр накунад, он лаззати муваққатӣ, ба воситаи завол, аламу таассуфро бо худ дорад ва он неъмат, фузулот мешавад. Неъмате ки дар ҳукми алмос буд, ба ангишт табдил мешавад. Аммо ризқи зоил ба воситаи шукр, лаззатҳои доимӣ ва меваҳои боқӣ медиҳад. Неъмати бешукр бошад, аз зеботарин сурат, ба чиркинтарин сурат мубаддал мешавад. Чунки, аз назари он шахси ғофил, оқибати ризқ, табдил шудан ба фузулот баъд аз як лаззати гузарост.

Бале, ризқ сурати лоиқ ба ишқ дорад ва он сурат, бо шукр дида мешавад, дар ғайри ин сурат, ишқе ки гумроҳон ва ғофилон ба ризқ доранд, ҳайвонист, бо таваҷҷўҳ ба матлабҳои гуфта шуда, қиёс кунед, ки аҳли залолат ва ғафлат чӣ дараҷа ҳасрат мехўрданд.

Дар анвоъи зиҳаёт, инсон муҳтоҷтарини онон ба анвоъи ризқ мебошад. Ҷаноби Ҳақ инсонро ба гунае офарид, ки ҳам оинаи ҷомеъ ба итмоми асмои ҳусно аст ва ҳам муъҷизаи қудрате мебошад, ки молики ҷиҳозотест, ки тамоми маводи хазинаи раҳматро месанҷад ва мешиносад ва ҳам ба сурати халифаи арз буда, ки дар бар дорандаи олатҳоест, ки тамоми зарофатҳои санъату ҷилваи ҳамаи асморо тарозу мекунад. Ба ҳамин сабаб эҳтиёҷоти бепоёоне ба ў дод ва ўро ба навъҳои бешумори моддию маънавии ризқ, мўҳтоҷ кард. Бинобарин, инсон ба далели доро будани чунин ҷомиъияте, воситае ки битавонад ўро ба ҷойгоҳи волои аҳсани тақвим бирасонад, шукраст ва агар шукр набошад, ба асфали софилин афтода ва муртакиби зулми бузурге мешавад.

Алҳосил: Бузургтарин асос аз асосҳои чоргонаи тариқи убудият ва маҳбубият – ки бартарин ва волотарин тариқ мебошад – шукр аст, ки он чор асос чунин таъбир шудааст:

“Дар тариқи аҷзмандӣ, лозим омад чор чиз: Аҷзи мутлақ, фақри мутлақ, шавқи мутлақ, шукри мутлақ эй азиз.”

 

اَللّٰهُمَّ اجْعَلْنَا مِنَ الشَّاكِرِينَ بِرَحْمَتِكَ يَا اَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ

سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ سَيِّدِ الشَّاكِرِينَ وَ الْحَامِدِينَ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِينَ آمِينَ

وَ آخِرُ دَعْوَيهُمْ اَنِ الْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

* * *