Рисолаи Иқтисод

Рисолаи Иқтисод доир ба иқтисод ва қаноъат, исроф ва исрофкорӣ мебошад.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

كُلُوا وَ اشْرَبُوا وَ لاَ تُسْرِفُوا

Ин ояи карима,ба амри қатъӣ ба иқтисод ва наҳи сариҳ аз исроф, дарси муҳимме аз ҳикмат медиҳад. Ин масъала ҳафт нуқта дорад:

НУҚТАИ ЯКУМ

Холиқи Раҳим дар баробари неъматҳое, ки ба навъи башар додааст, шукр мехоҳад, исроф бошад, зидди шукр буда, дар баробари неъмат, истихфофе зиёновар аст, аммо иқтисод; иҳтироми судманд дар баробари неъмат аст.

Бале, иқтисод ҳам як шукри маънавӣ ва ҳам ҳурмат ба раҳмати Илоҳӣ мавҷуд дар неъматҳо, ҳам ба қатъи сабаби баракат, ҳам барои бадан монанди парҳез, мадори сиҳату саломатӣ, ҳам бо раҳо кардан аз зиллати гадоии маънавӣ, сабаби иззат буда ва ҳам дар эҷоди ҳисси лаззати даруни неъмат ва низ чашондани лаззати неъматҳое, ки дар зоҳир лаззате надоранд, нақши неруманду муассире дорад, аммо исроф, азбаски мухолиф бо неъматҳои зикршуда аст, натиҷаҳои ваҳмие дорад.

НУҚТАИ ДУЮМ

Фотири Ҳаким вуҷуди инсонро ба сурати як қасри мукаммал ва ҳамчун як шаҳри мунтазам халқ кардааст, қувваи зоиқаи даҳонро як дарбон, асабҳо ва рагҳоро ҳамчун телефон ва телеграф ба унвони василаи мухобираи қувваи зоиқа бо маркази бадан, ки меъда аст қарор дод, ки ба василаи он рагҳо, аз моддае, ки вориди даҳон мешавад хабар медиҳад, агар он модда мавриди ниёзи меъда набошад, ба бадан мегуяд: «мамнуъ аст» ва онро берун меандозад. Албатта, баъзан он модда илова бар ин ки манфиъате барои бадан надорад, музирру талх низ ҳаст, ки онро босуръат берун андохта, онро туф мекунад.

Пас модоме, ки қувваи зоиқаи даҳон, дарбон буда ва меъда аз нуқтаи назари идораи ҷисми бадан ҳокиму сарвар аст, пас ҳадияҳое, ки ба он қаср ва ё он шаҳр оварда шуда ва ба ҳокими қаср дода мешавад агар арзиши баробар бо сад дошта бошад, танҳо панҷ дар сади он – он ҳам ба шакли бахшиш – ба дарбон таъаллуқ мегирад, беш аз он наметавонад таъаллуқ гирад, то ин ки дарбон мағрўр нагашта ва аз ҳудуди худ хориҷ нашуда вазифаашро фаромўш накунад ва ихтилолгарҳое, ки саҳми бештаре медиҳанд, ба даруни қаср ворид накунад.

Пас бино ба сирри зикршуда, акнун ду луқмаро фарз мекунем. Агар як луқма аз маводи ғизоӣ ҳамчун панир ва тухм бо арзиши чил сомонӣ ва луқмаи дигар ширинии бақлава бо арзиши даҳ сомонӣ бошад, ин ду луқма пеш аз ворид кардан ба даҳон, аз нигоҳи бадан фарқе боҳам надошта бо якдигар баробар ҳастанд, баъд аз ворид шудан бадаҳон, бозҳам аз назари ғизои бадан мусовӣ буда ва ҳатто баъзан панири чил сомонӣ ғизои муносибтар маҳсуб мешавад, аммо аз лиҳози лаззати қувваи зоиқаи даҳон, тафовути чанд сонияе доранд, пас худ қиёс кунед, танҳо бахотири чанд сония лаззат, тарҷиҳи сад сомонӣ ба чил сомонӣ чи исрофи бефоида ва зиёнмандест. Пас, бо инки лозимаст ҳадияи ҳокими қаср чил сомонӣ бошад, агар ба дарбон саҳми нўҳ баробар зиёд аз ҳақи ў дода шавад, дар ин сурат дарбон аз ҳудуди худ хориҷ шуда ва мегуяд: «Ман ҳоким ҳастам.» Онкас, ки ширинию чизи зиёдтар ба ў диҳад, ўро бадарун ворид мекунад ва боиси ихтилол шуда оташсўзӣ бабор меорад ва инсонро маҷбур мекунад то бигўяд: «Амон, духтур биёяд, то ҳарорати баданамро ором кунад ва оташи вуҷудамро хомўш намояд.»

Пас, сарфакорию қаноат, ҳаракати мувофиқ бо ҳикмати Илоҳист, зеро қувваи зоиқаро дар ҳукми дарбон мебинаду муносиб бо вазифаи ў, бахшиш мекунад, аммо исроф чун ҳаракат бар зидди он ҳикмат аст, зуд шалоқ мехўрад ва меъдаро вайрон карда иштиҳои ҳақиқии худро аз даст медиҳад ва ба хотири иштиҳои козибу сохта ки аз навъҳои ғизо меояд, бо хурдани он таъом сабаби ҳазм нашудани ғизо шуда, инсонро бемор мекунад.

 

НУҚТАИ СЕЮМ

Дар нуқтаи дуюм гуфта шуд; қувваи зоиқа дарбонаст, бале, барои аҳли ғафлату инсонҳое, ки рўҳашон тараққӣ наёфта, дар маслаки шукр ҳаракат накардаанд, дар ҳукми дарбонаст, барои лаззат бурдани ў набояд ба исрофҳо ва арзиши даҳ баробар рў овард.

Танҳо барои аҳли шукр, аҳли ҳақиқат ва аҳли дили воқеъӣ ҳамон тавр, ки дар муқоисаи «Гўфтори Шашум» баён шуд қувваи зоиқаи чунин афрод, дар ҳукми назоратчӣ ва муфаттиши ошпазхонаи раҳмати Илоҳӣ мебошад. Он қувваи зоиқа бо санҷиш ва шинохти анвоъи неъматҳои Илоҳӣ ба мизони теъдоди таъомҳо, як шукри маънавиро ба бадану меъда хабар медиҳад. Пас, дар ин сурат қувваи зоиқа танҳо ба ҷасади моддӣ назар надорад, балки ба қалб, рўҳ, ақл низ назар дорад, пас ҳукми волотар аз меъда мақоми баландтар дорад.

Ба шарти исроф накардан, адои вазифаи шукр, эҳсоси неъматҳои Илоҳӣ, донистани он ба шарте ки машрўъ буда сабаби зиллату гадоӣ нашаванд, метавонад лаззати онҳоро бичашад. Барои он ки аз забоне, ки қувваи зоиқаро бо худ дорад, дар шукр истифода шавад, метавон таомҳои лазизро тарҷеҳ диҳад.

Яке аз рўхдодҳо, кароматҳои Ҳазрати Ғавс (қ.с.)ро, ки ба ин ҳақиқат ишора дорад, баён мекунем: Замоне назди ҳазрати Ғавси Аъзам Шайхи Гелонӣ (қ.с.) фарзанди як хонум тарбия мешуд, рўзе он мўҳтарам ба ҳуҷраи фарзандаш рафт, фарзандашро дид, ки як пора нони сиёҳи хушк мехўрад ва ба сабаби риёзат лоғар шуда буд, муҳаббати модариаш ҷўш зада ранҷид, сипас барои шикоят назди Ҳазрати Ғавс рафта дид, ки Ҳазрати Ғавс мурғи бирён мехўрад, ноз карду гўфт:

“Ё Устод! Фарзанди ман аз гуруснагӣ мемирад, шумо бошед мурғ мехўред!”

Ҳазрати Ғавс ба мурғ гўфт: «Қум биизниллаҳ» устухонҳои он мурғи бирёншуда ҷамъ шуд ва мурғ зинда шуда парид, ин ҳодисаро зотҳои мўътамад ва сиқаи бисёр, ба унвони каромати Ҳазрати Ғавс, ки дар дунё ба соҳиби кароматҳои хориқу-л одае машҳур аст, нақл кардаанд.

Ҳазрати Ғавс гуфтанд: “Кадом вақте, ки фарзанди ту ба ин мартаба расид, он замон ў низ мурғ хўрад.”

Маънои ин дастури Ҳазрати Ғавс инаст: Ҳарвақт фарзанди ту тавонист рўҳаш ба ҷасадаш, қалбаш ба нафсашро, ақлаш ба меъдааш ҳоким шавад ва лаззатро барои шукр бихоҳад, он вақт ў низ метавонад чизҳои лазизро бихўрад…

НУҚТАИ ЧОРУМ

Назар ба рози ҳадиси шариф لاَ يَعُولُ مَنِ اقْتَصَدَ “Он касе, ки сарфакорӣ кунад, хонаводааш балои зиндагиро намекашанд”, яъне: “Он касе, ки иқтисод кунад, хонаводааш дар зиндагӣ заҳмат ва машаққати зиёдеро нахоҳанд кашид.

Бале, далелҳои қатъӣ бисёрест, ки сарфакорӣ қатъан, сабаби баракат ва мадори ҳусни зиндагӣ мебошад, ин далоил ҳадду ҳисоб надорад. Аз ҷумла, бо мушоҳидаи худи ман ва касоне, ки ба ман хизмат кардан ва дўсти ман буданд, мегўям, ки ба сабаби сарфакорӣ, баъзан даҳ баробар баракат дидам, дўстонам низ шоҳиди ин буданд, ҳатто нўҳ сол пеш, баъзе аз сардорон, ки ҳамроҳ бо ман ба шаҳри Бурдур табъид шуда буданд, барои он ки аз бепулӣ ба зиллату сафолат дучор нашавам, кушиш карданд, то ман закоташонро аз онҳо қабул кунам. Ба он раисони сарватманд гуфтам: “Бо оне, ки пули чандоне надорам, аммо сарфакориро медонам ва ба қаноат кардан одат кардам, ман аз шумо сарватмандтарам.” Ба маротибу бо исрори зиёд таклифашонро напазируфтам, ҷойи диққату тааммул дорад, ки ду сол баъд аз он воқеъа баъзе аз онон, ки закоташонро ба ман пешниҳод карда буданд, ба сабаби риъоя накардани сарфакорӣ, қарздор шуданд. Лиллаҳилҳамд, ба муддати ҳафт сол ба баракати сарфакорӣ, он пўли кам бароям басанда буд ва сабаб шуд қоматамро назди дигарон хам накарда, ниёзманди дигарон нашавам ва дастури «истиғно аз нос», (талабидан аз одамон) ки яке аз дастуроти зиндагиям мебошад маслакамро вайрон накард.

Бале, он касе, ки сарфа намекунад, номзади зиллату гадоии маънавӣ ва сафолат мешавад. Дар ин замон пуле, ки сабаби исроф аст, бисёр гарон тамом мешавад, баъзан дар муқобили он, ҳайсият, номўсу ришва дода шуда ва баъзан муқаддасоти динӣ фўрухта мешавад, сипас он пўли наҳс (бебарор) бадаст меояд, яъне бо додани сад сомонӣ зарари маънавӣ сад сомонии моддӣ бадаст меояд, агар инсон сарфа намуда, ҳоҷатҳои зарўрии худро иқтисору ихтисор ва ҳаср кунад назар ба сирри اِنَّ اللّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ ва назар ба сароҳати وَمَا مِنْ دَابَّةٍ فِى اْلاَرْضِ اِلاَّ عَلَى اللّٰهِ رِزْقُهَا аз ҷои ғайри қобили интизор то ҳадде, ки зинда бимонад, ризқашро меёбад, зеро оятҳои зикршуда мутааҳҳид мешаванд.

Бале, ризқ ду навъ аст:

  Якум: Ризқи ҳақиқие, ки дар ҳаддест, ки бо он зинда мемонад ва бо ҳукми оятҳои зикршуда, ин навъи ризқ таҳти уҳдаи Раббонист, агар иродаи башар дахолат надоштабошад, он ризқи заруриро дар ҳар сурат меёбад ва маҷбур ба фидо кардани дину номўсу обрўйи худ намешавад.

    Дуюм: Ризқи маҷозист, ки сўистеъмол, сабаб мешавад, ҳоҷатҳои нозарурӣ, ҳоҷатҳои зарурӣ шуда, ба воситаи бало, дидану тақлид кардан аст, ки ба он мутеъ шуда, онро тарк карда натавонад, ин навъи ризқ, таҳти тааҳҳуди Раббонӣ намебошад, бадаст овардани ин навъи ризқ, хусусан дар ин замона пурқимат мебошад. Дар ибтидо бо фидо кардани иззату қабули зиллати худ, гадоии маънавӣ то ҷое, ки пойи инсонҳои пасту разилро мебўсад ва баъзан бо муқаддасоти динӣ, ки нури ҳаёти абадии ў мебошад, он моли наҳсу бебаракатро бадаст меоварад.

Ҳам дар ин замонаи фақру зарурат аз аламе, ки бавоситаи ҳисси ҳамнавъи дўстии аҳли виҷдон нисбат ба дарди афроди гуруснаву мўҳтоҷ падид меояд, ҳаронкас ки виҷдоне дорад, ба сабаби лаззати моле, ки аз роҳи ғайри машруъ бадаст меояд, азоб хоҳад кашид.

Дар чунин замонаи аҷибе, аз амволе ки шубҳа дар онаст, ба ҳадди зарурат бояд иктифо кард,

Зеро назар ба сирри اِنَّ الضَّرُورَةَ تُقَدَّرُ بِقَدْرِهَا агар маҷбур бошем аз моли ҳаром то ҳадди ниёз метавон гирифт, беш аз онро наметавон гирифтан. Бале, инсони музтар ва ночор, аз гўшти мурдор, наметавонад ба ҳадди серӣ бихўрад, балки бояд то ҳадде, ки аз мурдан наҷот ёбад, бихўрад, ҳамчунин шоёни зикраст. Дар ҳузури шахси гурусна набояд хелоҳам бо камоли лаззат хўрд.

Воқеъае, ки далолат мекунад, иқтисод, сабаби иззат ва камол мебошад:

Рўзе Ҳотами Тойӣ – ки дар дунё ба бахшишу саховат машҳур буд – зиёфати муҳиме барпо кард, баъд аз он, ки меҳмононашро бо ҳадияҳои фаровоне гусел кард, барои тафриҳ ба биёбон рафт, дар онҷо одами пиру фақиреро дид, боре аз хору хошок бар пушташ дорад, ки бар баданаш фурў мераванду баданашро хунин кардааст, Ҳотам ба ў гўфт:

“Ҳотами Тойӣ зиёфати муҳиме бо ҳадияҳо барпо кардааст, тў низ ба онҷо бирав дар ивази ин хору хошоки панҷ дирам, панҷсад дирам хоҳӣ гирифт”.

Он пири муқтасид ба ў гўфт: “Ман ин бори пур аз хору хошокро бо иззатам бар душ мекашам ва бар сарам мебардораму миннати Ҳотами Тойиро намекашам”.

Рўзе аз Ҳотами Тойӣ савол шуд: “Ту аз худ ҷавонмардтару азизтар киро мешиносӣ?” Гўфт: “Он пирамарди сарфакоронаро ки дар саҳро бо ў вохўрдам, азизтар, воломақомтару ҷавонмардтар аз худ дидам.”

НУҚТАИ ПАНҶУМ:

Ҷаноби Ҳақ аз камоли карамаш, ба фақиртарин инсон низ ҳамчун сарватмандтарин инсонҳо, ба гадо низ ҳамчун подшоҳ, лаззати неъматҳояшро мечашонад ва аз он эҳсос баҳраманд месозад. Бале, лаззате ки як фақир бавоситаи гуруснагию сарфакорӣ аз як бурдаи нони хушку сиёҳ мебарад, аз лаззате ки як подшоҳ ва фарди сарватманд аз шарми исрофу хурдани бақлава дар замони беиштиҳоӣ мебарад, бомазатар мебошад. Ҷойи ҳайрат аст, ки баъзе инсонҳои исрофкору сарфакор, чунин инсонҳои бо иқтисодро, туҳмати «хасис» мезананд. Ҳошо!… Иқтисод, иззату бахшиш аст. Хиссат ва зиллат бошад, ботину даруни мардонагии зоҳирии аҳли исроф мебошад. Дар соле, ки ин рисола ба таълиф расид, дар ҳуҷраам шаҳри «Испарта» воқеъае пеш омад, ки ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад, он воқеъа. Аз ҷумла:

Ба хилофи қоида ва дастури зиндагиям, яке аз талабаҳоям боисрор мехост дуним кило асалро ба унвони ҳадия аз ў қабул кунам, ҳар чанд бо қоидаам кашмокаш кардам розӣ нашуд, бо маҷбурият, ба нияти хурондани он асал ба се бародаре, ки назди ман буданд, ҳам ба нияти инки он се нафар дар моҳи Шарифи Шаъбону Рамазон бо риояи иқтисод тайи сӣ–чил рўз аз он бихўранд ва ҳам савоб барои шахсе ки асалро ҳадя дод, ҳам бахотири он ки онҳо бидуни ширинӣ намонанд, гуфтам: “Бигиред.” Ман низ як кило асал доштам, он се бародар гар чӣ аз афроди мустақим ва аз касоне буданд ки иқтисодро тақдир мекарданд, аммо ба нияти икроми якдигар ва ҷиҳати тарҷеҳу навозиши нафси дигарон ба худ, ки аз як ҷиҳат хислати улвӣ башумор меравад, иқтисодро фаромўш карда дар муддати се шаб, дуним кило асалро тамом карданд, ман табассумона ба онҳо гуфтам: “Мехостам бо он асал сӣ – чил рўз даҳонатонро ширин кунам, шумо бошед сӣ рўзро се рўз кардед. Иштиҳоӣ том!” Албатта ман як кило асали худро сарфакорона масраф кардам, тамоми Шаъбону Рамазон ҳам ман аз он хўрдам ва ҳам лиллоҳилҳамд, ба бародаронам дар вақти ифтор як қошуқӣ [1](Ҳошия) дода, сабаби савоби муҳиме шуд.

Касоне, ки манро дар он аҳвол диданд, шояд он вазъиятамро хиссат талаққӣ кунанд ва вазъияти бародаронамро дар он се шаб ҷавонмардӣ тасаввур кунанд, аммо аз нуқтаи назари ҳақиқат дидем, дар пушти он хиссати зоҳирӣ, иззати улвӣ ва баракати бузургу савоби волое нуҳуфта буд ва аз он ҷавонмардию исроф, агар даст намекашиданд, гадоию ҳолати пасттар аз хиссат ҳамчун нигоҳи мунтазирона ва тамаъкорона бадасти ғайрро натиҷа медод.

[1] Ҳошия: Як қошуқи чойхурӣ.

НУҚТАИ ШАШУМ:

Байни сарфакорию хасисӣ, фарқи зиёдест, ҳамон тавре, ки тавозўъ, хислати мамдўҳе аст, ки назар ба маъно дигар ва аз рўи сурат бошад ба пўст монанд, ки аз ахлоқи бад аст ва ҳамонгуна ки виқор, хислати писандидаест, ки назар ба маъно дигар ва аз рўйи сурат бошад ба такаббур монанд мебошад.

Ҳамонгуна низ, сарфакорӣ, ки аз ахлоқи олияи Пайғамбар буда, балки асоси низоми ҳикмати Илоҳӣ дар коинотаст, бо пастию бахилӣ, тамаъкорию ҳирс – ки оинаи хиссат ҳастанд – ҳеч муносибате надорад, танҳо дар сурат шабоҳат доранд. Воқеае, ки ин ҳақиқатро тасдиқ мекунад:

Яке аз мумтозтарин олимони Саҳоба, аз ҷумлаи Абодилаи Сабъа, Абдуллоҳ ибни Умар (р.з.) ва ў калонтарин фарзанди Форуқи Аъзам Халифаи Расулуллоҳ буд, ин зоти муборак, дар бозор ҳангоми хариду фурўш, барои сарфаи чил сикка ва барои амнияту истиқомат, ки асоси тиҷоратанд – башиддат муноқаша карданд, саҳобае ўро дида он муноқашаро хасисӣ таваҳҳум кард, ў дар паси имом афтод, то аз аҳволи эшон огоҳ гардад, зеро чигуна аз фарзанди амири мўъминон, халифаи рўйи замин Ҳазрат Умар (р.з) ин хислати хасисӣ содир шавад. дид ки Ҳазрати Абдуллоҳ ба хонаи муборакашон ворид шуданд, дар канори дари хона фақире буд, андаке бо ў суҳбат карду рафта вориди манзил шуд, сипас аз дари дигари хона берун омада фақири дигареро онҷо дид, назди ў низ андаке суҳбат карда сипас бароҳаш идома дод, он саҳоба ки аз дур онро медид, кунҷков шуда баназди он фақирон рафта аз онҳо савол кард: “Имом назди шумо истод чикор кард?”

Ҳар яки онҳо гуфтанд: “Баман як тило дод.”

Он Саҳоба гўфт: “Фасубҳоналлаҳ! Дар бозор барои чил сикка онгуна муноқиша кунад, сипас дар хонааш дусад сиккаро бо ихтиёр ва ризои худаш ба фақирон ноогоҳона диҳад!» ба фикр фурў рафт. Сипас ба сўи Абдуллоҳ ибни Умар (р.з.) рафт то бо ў мулоқот кунад:

“Ё имом! Мушкиламро ҳал кун, ту дар бозор чунин кардӣ ва дар хона бошад чунин.”

Дар ҷавоб ба ў гўфт: “Вазияте, ки дар бозор, ин аз иқтисод, камоли ақл ва ҳифзи амнияту истиқомат сарчашма мегирад, ки асос ва рўҳи хариду фурўш аст, хасисӣ нест ва афъол дар хонаам аз шафқати қалбу камоли рўҳ нашъат мегирад, на он хиссат аст ва на ин исроф.”

Имоми Аъзам бо ишора ба ин сирр фармудааст:

لاَ اِسْرَافَ فِى الْخَيْرِ كَمَا لاَ خَيْرَ فِى اْلاِسْرَافِ  ҳамон тавре, ки дар хайру эҳсон (барои онон, ки мустаҳиқанд) исроф нест, дар исроф низ ҳеч хайре нест.

НУҚТАИ ҲАФТУМ:

Исроф, самараи ҳирс буда, ҳирс се натиҷаро медиҳад.

Якум: Бе қаноатӣ. Бе қаноатӣ, шавқи меҳнатро аз саъйю кўшиш ронда мекунад. Ба ҷойи шукр шакво, пайдо шуда, боиси танбалӣ мешавад. Дар натиҷа инсон, моли машрўъ, ҳалолу[2](Ҳошия) камро тарк карда, моли ғайри машрўъу безаҳмат меҷўяд, дар ин роҳ натанҳо иззат балки ҳайсияташро низ фидо мекунад.

Натиҷаи дуюуми ҳирс: Маҳрумият ва зарар буда ва аз даст додани ҳадаф ва маъруз мондан ба беҳурматӣ ва маҳрум мондан аз суҳулату муованат мебошад. Ҳатто зарбулмасал: اَلْحَرِيصُ خَائِبٌ خَاسِرٌ яъне: “Ҳирс, сабаби зиён ва нокомӣ” аст, инро зарбулмасал тасдиқ мекунад.

[2] Ҳошия: Набудани сарфакорӣ сабаб мешавад, масрафкунандагон, зиёд шуда ва тавлидкунандагон кам мешаванд ва ҳама чашм ба дари ҳукумат мебандад, онҳангом «санъат, тиҷорат ва зироат» ки асосу мадори ҳаёти иҷтимоъиянд, кам шуда, рў ба нуқсон меравад ва он миллат, пасту фақир шуда, суқут мекунад.

Таъсироти ҳирс ва қаноат, дар олами зиҳаёт ба сурати дастури бисёр васеъе дар ҷараён аст.

Аз ҷумла, ба чанд мавриди ин ишора мекунем: Қаноати фитрии дарахтони мўҳтоҷ ба ризқ, ҳамон тавре, ки ризқи ононро ба сўи онон медавононад, давидани ҳайвонот низ бо ҳирс ва бо машаққату нуқсон басўи ризқ, зарари бузурги ҳирсу манфиъати азими қаноатро нишон медиҳад.

Ҳамчунин, бо будани қаноати навзодони заиф бо забони ҳоли худ, ғизои латиф, ҳамчун шир аз ҷои ғайри қобили интизор, барои онон ҷорӣ мешавад, аммо бо будани ҳирс дар ҷонварон, онон ба ризқи нуқсону мулаввас чанг мезананд, ки ин даъвоямонро ба рушанӣ исбот мекунад.

Ҳамчунин вазъияти қаноаткоронаи моҳиёни фарбеҳ, асоси ризқи комиле барои онон мешавад, аммо ҳайвоноти зираке, мисои рўбоҳу маймун, бо онки бо ҳирс ба дунболи ризқи худ ҳастанд вале ба андозаи кофӣ ризқи худро наёфта лоғару заъиф мемонанд, ки ин нишон медиҳад, ҳирс то чи ҳад сабаби мушаққат ва қаноат то чи ҳад сабаби осойиш мешавад.

Ҳамчунин миллати Яҳуд бо доштани ҳирс, рибо, ҳилаю найранги худ, ризқи бо зиллату сафолат ва рўзии ғайри машрўъро танҳо ба андозаи ниёзи зарурии зиндагӣ бадаст меоваранд, аммо саҳронишинон бо вуҷуди вазияти қаноаткоронаашон, зиндагии бо иззату ризқи кофӣ доранд, ки бори дигар даъвоямонро қатъан исбот мекунад.

Ҳамчунин фақре, ки олимону[3](Ҳошия) адибон[4](Ҳошия) ба сабаби ҳирсе ки заковаташон ба онон додааст, мубтало ба он шудаанд ва низ сарвате ки афроди нодону нотавон бо вуҷуди вазияти қаноаткоронаашон бадаст овардаанд, қатъан исбот мекунад, ки ризқи ҳалол, назар ба аҷзу фақр ба даст меояд, на ботавону ихтиёр, ҳатто ризқи ҳалол бо тавону ихтиёр робитаи маъкус дорад, зеро бо зиёд шудани тавону ихтиёри кўдакон, ризқи онон низ кам шуда, аз онон дуртар гашта, андак мешавад. Назар ба сирри ҳадис: «اَلْقَنَاعَةُ كَنْزٌ لاَ يَفْنَى» қаноат, ганҷинаи ҳусни маъишату осоиши ҳаёт мебошад, аммо ҳирс маъдани хасорату сафолат аст.

[3] Ҳошия: Подшоҳи одили эрон Ануширавон вазири одиле баноми Бузургмеҳр дошт, ки ба доноӣ машҳур буд, аз эшон савол шуд: «Чаро уламо дар даргоҳи умаро ҳозиранд, аммо умаро дар пешгоҳи уламо дида намешавад, ҳоло он ки илм аз аморат бартараст?»

Чунин посўх дод: «Ин аз илми уламо ва аз ҷаҳли умарост.» Яъне умаро аз ҷаҳлашон арзиши илмро намедонанд, то ба ҳузури уламо рафта ҷўёи илм шаванд, аммо уламо ҳам аз маърифаташон, ҳам ба он сабаб ки арзиши молро медонанд, ҷўёи он дар даргоҳи умароанд. Пас Бузургмеҳр, ҳирсро ки натиҷаи заковати уламо буда ва сабаби фақру зиллати онон шуда, бо зарофату маҳорати хоссае таъвил карда, ба шевое посўх доданд.

Хусрав

[4] Ҳошия: Воқиъае ки таъйидкунандаи онаст, ба адибон дар Фаронса барои он ки хуб гадоӣ мекунанд васиқаи гадоӣ медиҳанд.

Сулаймон Рушдӣ

Натиҷаи сеюм: Ҳирс, ихлосро аз байн бурда, амали ухравиро доғдор мекунад, зеро агар аҳли тақво ҳарис бошад, хоҳони таваҷҷўҳи инсонӣ аст, он касе, ки таваҷҷўҳи инсонро моддӣ назар дошта бошад, ихлоси томро ба даст намеоварад, ин натиҷа бисёр бо аҳамият буда ва ҷойи диққат дорад.

Алҳосил: Исроф, беқаноатиро натиҷа медиҳад, беқаноатӣ, шавқи коркарданро кам карда, сабаби танбалӣ мешавад ва дари шикоятро дар зиндагӣ боз карда, ҳамеша сабаби шикоят мешавад.[5](Ҳошия) Ҳам ихлосро аз байн бурда, дари риёро боз мекунад, ҳам иззаташро гирифта роҳи гадоиро нишон медиҳад. Аммо сарфакорӣ, қаноатро натиҷа медиҳад, назар ба сирри ҳадис «اَلْقَنَاعَةُ كَنْزٌ لاَ يَفْنَى» қаноат иззатро меорад ва саъю талошро зиёда мекунад, иштиёқро афзоиш дода, ба кору талош вомедорад.

Зеро масалан; фарди қонеъ бо кору талош дар як рўз, бо қаноат подоше ки дарёфт кардааст, рўзи дуюм низ албатта кор мекунад, аммо фарди исрофкунанда, чун қаноат намекунад, рўзи дуюм наметавонад кор кунад, агар кор ҳам кунад, дар кораш шавқ надорад.

[5] Ҳошия: Бале, аз ҳамаи инсонҳои мусриф, шикоят мешунавӣ, ҳатто агар сарватманд ҳам бошанд, бозҳам забонашон дар шикоят, аммо аз инсони фақири қаноаткор, фақат шукр мешунавӣ.

Ҳамчунин қаноате, ки аз сарфакорӣ ба даст меояд, дари шукрро боз карда ва дари шикоятро мебандад, дар ҳаёти худ доимо шокир (шукр карда) ва ба воситаи қаноат аз инсонҳо бениёз шуда, дар ҷустуҷўи таваҷҷўҳи инсонӣ намегардад. Дари ихлос боз шуда ва дари риё баста хоҳад шуд. Зарарҳои мудҳиши беиқтисодӣ ва исрофро дар муддати васъе, башарҳи зер мушоҳада кардам: Нўҳ сол пеш, ба шаҳри мубораке рафтам, азбаски мавсими зимистон буд манбаъи сарвати он шаҳрро надидам, муфтии он шаҳр – Аллоҳ раҳматаш кунад – чанд боре ба ман гўфт: “Аҳолии шаҳри мо фақиранд” ин сухани ў эҳсоси манро барангехт, то панҷ – шаш сол барои аҳолии он шаҳр андўҳгин будам, ҳашт сол баъд, дар фасли тобистон ба он шаҳр рафтам, боғҳои онҷоро дидам, сухани марҳум муфтии он ҷойро баёд овардам, ба худ гуфтам: Фасубҳоналлоҳ, маҳсулоти ин боғ беш аз ниёзи ин шаҳраст, бояд аҳолии ин шаҳр бисёр сарватманд бошанд ва тааҷҷуб кардам аз хотираи пур ҳақиқати раҳбарам – ки дар ҳеч замон маро фиреб надода ва дар дарки ҳақиқат, раҳбарам будааст – фаҳмидам: Бахотири бесарфа ва исроф, баракат аз ин шаҳр рафта буд, ба ҳамин сабаб он марҳум бо вуҷуди ин ҳама манбаъи сарват мегўфт: “Аҳолии мо фақиранд.”

Бале, таҷруба собит кардааст, додани закот ва риояи иқтисод, сабаби баракати мол мешавад, исроф ва надодани закот низ, сабаби бебаракатӣ мешавад, ки воқеъаҳои зиёде нишонгари онаст.

Афлотуни файласуфони Ислом, доҳии машҳур Абуалӣ ибни Сино ки шайхи ҳакимон ва устоди файласуфон аст, танҳо дар бораи илми тиб, ояи كُلُوا وَ اشْرَبُوا وَ لاَ تُسْرِفُوا ро ингуна тафсир кардаанд:

جَمَعْتُ الطِّبَّ فِى الْبَيْتَيْنِ جَمْعًا وَ حُسْنُ الْقَوْلِ فِى قَصْرِ الْكَلاَمِ

فَقَلِّلْ اِنْ اَكَلْتَ وَ بَعْدَ اَكْلٍ تَجَنَّبْ وَ الشِّفَاءُ فِى اْلاِنْهِضَامِ

وَ لَيْسَ عَلَى النُّفُوسِ اَشَدُّ حَالاً مِنْ اِدْخَالِ الطَّعَامِ عَلَى الطَّعَامِ

Илми тибро дар ду ҷумла хулоса мекунам: Зебоии калом дар кўтоҳии онаст, ҳангоми ғизо хўрдан кам бихўр ва баъд аз ғизо то чор – панҷ соат чизе нахўр, шифо дар ҳазми ғизост, яъне ба андозае бихўр, бароҳат ҳазм шавад, сангинтарин ва хастакунандатарини ҳолат барои нафсу меъда, ғизо хурдани пайдарҳам аст.[6](Ҳошия)

[6] Ҳошия: Яъне музиртарин чиз барои бадан, ғизо хурдан баъд аз ғизо дар фосилаи камтар аз чор – панҷ соатаст ва ё инки пур кардани меъда аз ғизоҳои мутанаввиъ барои лаззат бурданаст.

Тавофуқе, ки ҷои ҳайрату мадори ибрат аст:

Рисолаи Иқтисод тавассути се шахси мухталиф ва панҷ – мустансих (нусхабардор) дар маконҳои мухталиф навишта шуд ва дар ҳоле ки аз ҳамдигар дур буда, хати онон аз якдигар фарқ дошт, ба инки ба ҳарфи «алиф» таваҷҷўҳ кунанд, дар нусхаҳое, ки навишта буданд, ба ҳисобидани дуо «панҷяк» ва бо муҳосибаи дуо дар адад «панҷоҳу се» тавофуқ доштанд, ки таърихи таълифи Рисолаи Иқтисод ва панҳн гардиданӣ он, ба Румӣ «панҷоҳу як» ва ба таърихи арабӣ «панҷоҳу се» буд, ки бешак иттифоқӣ набудааст, ишора дорад, ки баракати иқтисод то ҳадди каромат пеш рафтааст ва ба дурустӣ номе, ки барои ин сол ба номи «Соли Иқтисод» номидаанд, лоиқи онаст.

Бале, ду сол баъд аз таълиф дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюум, дар замоне ки гуруснагию вайронӣ ва исрофот ҳамаҷоро фаро гирифта буд, навъӣ башар ҳама маҷбур ба иқтисод шуд, ин каромат иқтисодиро собит кардааст.

سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

* * *

Мактуби Бисту дуюм

بِاسْمِهٖ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ   

Ин мактуб ду боб дорад.
Боби аввал: Аҳли имонро ба дӯстӣ, бародарӣ ва муҳабат даъват мекунад.

Боби аввал

  1 بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ فَاَصْلِحُوا بَيْنَ اَخَوَيْكُمْ ۞

 اِدْفَعْ بِالَّتٖى هِىَ اَحْسَنُ فَاِذَا الَّذٖى بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَاَنَّهُ وَلِىٌّ حَمٖيمٌ ۞

2 وَالْكَاظِمٖينَ الْغَيْظَ وَالْعَافٖينَ عَنِ النَّاسِ وَاللّٰهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنٖينَ

Тарафдорӣ, ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва шиқоқ ва кин ва адоват миёни мӯъминҳо мегардад, зишт ва мардуд мебошад. Аз назари  ҳақиқат ва ҳам аз диди ҳикмат ва низ аз дидгоҳи Ислом – ки намоёнгари инсонияти куброст – ва ҳам аз нигоҳи ҳаёти шахсӣ инсонияти бузургии исломият аз назари ҳақиқат ва ҳикмат ва аз назари ҳаёти шахсӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавӣ, зишту мардуд ва музиру зулм буда, барои ҳаёти башари низ заҳр аст. Инак ба шарҳи «шаш ҷиҳат» аз ҷиҳатҳои бешумори ин ҳақиқат мепардозем.

Рисолаи Рамазон

Рисолаи Рамазон

 

Аз ҳикматҳои бешуморе, ки моҳи Шарифи Рамазон дорост, танҳо нўҳ нуқтаи онро баён мекунад.

 

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِى اُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَ بَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَ الْفُرْقَانِ

 

 

НУҚТАИ ЯКУМ

 

Савм дар Моҳи Шарифи Рамазон аз рукнҳои хамсаи Ислом буда, инчунин аз шиорҳои бузургтарини Исломӣ ба шумор меравад.

Рўзаи моҳи Шарифи Рамазон дорои ҳикматҳои фаровонест, аз ҷумла: ба Рубубияти Ҷаноби Ҳақ, ҳам ба ҳаёти иҷтимоии инсон, ҳам ба ҳаёти шахсии инсон, ҳам ба тарбияи нафс, инчунин ба изҳори шукр ва ба неъматҳои Илоҳӣ равона карда шудаанд.

Аз нуқтаи назари Рубубияти Ҷаноби Ҳақ , яке аз ҳикматҳои рўза чунин аст:

Ҷаноби Ҳақ, рўйи заминро як намуд дастархон офарида ва дар ин дастархон тамоми анвоъи неъматҳоро ба гунае чун: مِنْ حَيْثُ لاَ يَحْتَسِبُ ҷой карда, бо ин тариқ мехоҳад камоли Рубубият, раҳмоният ва раҳимияти худро нишон диҳад. Инсонҳо бошанд, дар зери пардаи ғафлат ва зери таъсири сабабҳо қарор дошта, наметавонанд пурра ҳақиқатро, бидонанд, баъзан фаромўш мекунанд.

Аммо дар моҳи Шарифи Рамазон, имондорон мунтазамона ба монанди қушуни муташаккили ҳарбӣ табдил меёбанд. Ба мисли онҳое, ки ба зиёфати Султони Азалӣ пеш аз шом махсус даъват шудаанд, гўё интизори амри «Марҳамат намоед!» ҳастанд, бо ин таври убудияткорона нишон медиҳанд, нисбати чунин шафқат ва ҳашамат ва куллияти Раҳмоният, бо як ибодати бовусъат ва боазамату боинтизоми худ муқобила мекунанд. Аҷабо, инсонҳое ки ба чунин ибодати олӣ ва зиёфати пурифтихор ҳамроҳ нашудаанд, оё лоиқ ҳастанд, ки онҳоро инсон номид?!

 

 

 

 

 

НУҚТАИ ДУЮМ

 

Аз нуқтаи назари шукргузорӣ ба неъматҳои Ҷаноби Ҳақ, як ҳикмате аз ҳикматҳои савм, дар Моҳи Мубораки Рамазон  чунин аст:

Чи тавре, ки дар «Гуфтори Якум» гуфта шуд, нозу неъматҳои овардашудаи фурушанда аз ошпазхонаи подшоҳ, музди муайянеро талаб мекунад. Бар ивази онҳо ба савдогар музди ночизеро додан, он неъматҳои пурарзишро ночиз ба назар мерасонад, ба монанди эътироф накардани он шахсе, ки онҳоро ҳадя кардааст бениҳоят аҳмақист. Айнан ҳаминтавр Ҷаноби Ҳақ дар рўи замин анвоъи неъматҳоро барои навъи башар шинондааст, бар ивази музди он неъматҳо, шукр мехоҳад. Ба он асбоб ва асҳоби зоҳирии он неъматҳо, ки дар ҳукми савдогаранд, ба он савдогар як навъ музд медиҳем, миннатдории худро баён намуда, ҳатто аз ҳад зиёд ҳурмат ва ташаккур менамоем, ки онҳо мустаҳақ нестанд. Аммо, Мунъими Ҳақиқӣ, аз он сабабҳо дида, тавассути он неъматҳо ба дараҷае беандоза лоиқи шукр мебошад.

Бинобар ин, ба Ў танҳо бо дарк намудани он, ки ҳамаи неъматҳо бевосита аз тарафи Ў меоянд, инчунин бо донистани арзиши он неъматҳо ва бо эҳсоси эҳтиёҷи худ нисбати он неъматҳо, шукргузорӣ кардан мумкин аст.

Ҳамин тавр, рўза дар моҳи Шарифи Рамазон калиди шукри ҳақиқӣ ва холис, боазамат ва умумӣ мебошад. Чунки, дар дигар вақтҳо бисёри инсонҳо зери маҷбурияти рўза қарор надоранд, гуруснагии ҳақиқиро ҳис накарда арзишмандии бисёри неъматҳоро дарк намекунанд. Ба инсонҳои сер, хусусан сарватмандон, дараҷаи неъмате, ки дар пораи нони хушк мавҷуд аст, намефаҳмад. Аммо, он пораи нони хушк аз назари шахси имондор дар вақти ифтор, як неъмати арзишноки Илоҳӣ мебошад, ки қувваи зоиқаи ў шаҳодат медиҳад. Ҳар касе, ки набошад аз подшоҳ сар карда то фуқаро, арзишҳои он неъматҳоро дар Моҳи Рамазон фаҳмида, ба як навъ шукри маънавӣ лоиқ мегардад.

Ҳам аз ҷиҳати мамнунияти хўрдани таъоми рўзона: «Ин неъматҳо молу мулки ман нестанд. Ман дар тановули инҳо ҳур нестам; маълум мешавад, ки онҳо молу инъоми каси дигар мебошанд. Ман амри Ўро интизор мешавам» гуфта, дар неъмат – неъмати аслиро дарк мекунад. Ҳамин тавр, як шукри маънавӣ мекунад.

Бинобар ин, ин намуди рўза аз бисёр ҷиҳат, дар ҳукми калиди шукр мегардад, ки ин вазифаи ҳақиқии инсон мебошад.

 

НУҚТАИ СЕЮМ

 

Як ҳикмате аз ҳикматҳои бешумори рўза аз нигоҳи ҳаёти иҷтимоии инсон инаст ки: инсонҳо аз ҷиҳати маъишат, мухталифи халқ шудаанд. Ҷаноби Ҳақ бинобар ин ихтилоф, сарватмандонро барои муованат ба фуқаро даъват мекунад. Зеро, сарватмандон пурра ҳолати машақати гуруснагии онҳоро, танҳо ба воситаи гуруснагии рўза эҳсос мекунанд.

Агар рўза набошад, он вақт сарватмандони бисёри нафспараст ёфт мешуд, ки ҳамин тавр наметавонистанд дарк кунанд, ки то чӣ дараҷа гуруснагӣ ва фақирӣ азоб аст ва то чӣ андоза онҳо ба шафқат мўҳтоҷ ҳастанд. Аз ин ҷиҳат, шафқати инсон нисбат ба ҳамҷинси худ, асоси як навъи шукри ҳақиқист. Ҳар фард, метавонад фақиртареро нисбат ба худ пайдо кунад ва мукаллаф аст, ки нисбати Ў шафқат дошта бошад.

Инсон ки ба воситаи шафқат ба муованат мукаллаф аст, агар нафс ба гуруснашинӣ маҷбур намешуд, онгоҳ, эҳсон ва ёрдам намекард; кунад ҳам, нопурра хоҳад шуд, чунки ў ҳақиқатан дар нафси худ он ҳолатро эҳсос намекард.

 

НУҚТАИ ЧАҲОРУМ

 

Аз нуқтаи назари тарбияи нафс, яке аз ҳикматҳои бешумори рўза дар Моҳи Шарифи Рамазон инаст ки:

Нафс мехоҳад, ки озод ва мустақил бошад, маҳз худро ҳамин тавр қабул мекунад. Ҳатто, бо табиати худ орзуи рубубияти мавҳумро дорад ва кайфу сафо амал намояд. Вай дар бораи неъматҳои беҳисобе, ки бо онҳо тарбия шудааст, намехоҳад андеша кунад. Хусусан, агар вай дар ҳаёти дунявӣ сарвату иқтидор дошта бошад, илова бар ин, агар ғофилию бепарвоӣ ўро дастгирӣ намояд, дар ин сурат ҳамчун ҳайвон пурраю яклухт, ҳарисона неъматҳои Илоҳиро ғосибона монанди ҳайвон фурў мебарад.

Ҳамин тавр, дар моҳи Шарифи Рамазон, нафси ҳар як инсон, аз сарватманд сар карда то фақир пай мебарад, ки вай молик нест, мамлук аст, ҳур нест, абд аст. Ҳам мефаҳмад, ки агар хости Худо набошад вай ҳатто ягон кори оддию соддаро анҷом дода наметавонад; дасташро ба об ҳам дароз карда наметавонад, рубубияти тахайюлии ў мешиканад ва либоси итоатро пўшида ба шукргузорӣ рў меорад, ки вазифаи ҳақиқии ўст.

 

НУҚТАИ ПАНҶУМ

 

Рўзаи моҳи Шарифи Рамазон, ки назар ба таҳзиби ахлоқи нафс ва ўро маҷбур месозад, ки аз саркашӣ даст кашад, яке аз ҳикматҳои бешумори рўза инаст ки:

Нафси инсонӣ аз рўи ғафлат худро фаромўш мекунад, аҷзи беканор, фақирии бепоён ва камбудиҳои бузурги дар ў ҷойдоштаро намебинад ва дидан ҳам намехоҳад. Вай дар бораи он ки ў чи гуна заъиф, мубталои марг аст ва нишоне барои бадбахтиҳо мебошад, дар бораи он ки танҳо аз гўшту устухонҳои тезвайроншавандаю шикананда иборат аст, андеша намекунад. Мисли он ки вуҷуди аз пулод доштабошад, худро лоямутона ва абадӣ тахаюл намуда, ба дунё худро андохта, гўё ки ҳастии устувор дошта бошад ва бо як ҳирс ва тамаъи шадид, ҳамчунон бо муҳаббат ва алоқаи баланд ба дунё, саъю кўшиш менамояд. Бо ҳар гуна чизҳои лаззатдиҳанда ва манфиатовар баста мешавад. Холиқи худро, ки бо камоли шафқат ўро тарбия кардааст, фаромўш мекунад. Ҳам, натиҷаи ин ҳаёт ва ҳаёти ухравиро фикр накарда, ба ахлоқҳои бадсифат гирифтор мешавад.

Ҳамин тавр, рўза дар моҳи Шарифи Рамазон ҳатто ба ғофилону мутамарридон, эҳсос намудани заифӣ ва оҷизӣ ва фақирии худашонро мефаҳмонад. Ба воситаи гуруснагӣ дар бораи меъдаи худ фикр мекунад, талаботҳои ўро мефаҳмад ва дарк мекунад, ки то чӣ андоза вуҷуди заифи ў номустаҳкам мебошад, сарфаҳм меравад, ки то чӣ дараҷа ў ба марҳамату шафқат мўҳтоҷ аст. Инсон, мағрурии фиръавнонаи нафсро яксў гузошта, дар оҷизӣ ва фақирии комил хоҳиши муроҷиат намудан ба даргоҳи Илоҳиро эҳсос менамояд ва бо дасти маънавии шукргузорона, ба задани дари раҳмат омода мешавад. Албатта агар гумроҳӣ қалби ўро сиёҳ накарда бошад…

 

НУҚТАИ ШАШУМ

 

Сиёми моҳи Шарифи Рамазон ба нозил шудани Қуръони Ҳаким рабт дорад, модоме ки моҳи Шарифи Рамазон замони муҳимтарини нузули Қуръон мебошад, яке аз ҳикматҳои рўза инаст ки:

Қуръони Ҳаким модоме, ки дар шаҳри Рамазон нузул шудааст, маҳз бо тасаввур намудани замони нузули ин Қуръон, барои он ки ин паёми осмониро хуб пешвоз гирифта шавад, дар моҳи Шарифи Рамазон зарур аст, ки аз ҳоҷоти суфлии нафс ва аз ҳолоти молояънӣ ҷудо шуда, аклу шурбро тарк карда, ба малоикҳо шабоҳат пайдо намояд, ҳамин тавр Қуръонро гўш карда ва хонда, мисле ки он худи ҳозир фиристода шуда бошад ва хитоботи Илоҳии дар он ҷойдоштаро ҳамин тавр гўш карда, ки гўё айни нузулаш аст ва ҳамин тавр бояд гўш андохта, эҳсос мекунад он хитобро гўё аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мешунавад, балки аз Ҳазрати Ҷабраил, балки аз Мутакаллими Азалӣ шунидаистода бошад ва сазовори як навъи ҳолати қудсӣ мешавад. Худаш тарҷумакунандаи Ў шуда, ба гўш кардан дигаронро барангезонад ва ба як дараҷае ҳикмати нозил гаштани Қуръонро дар ин моҳ нишон бидиҳад.

Бале, дар моҳи Шарифи Рамазон олами Ислом ба мисли як масҷиде табдил меёбад, ба як масҷиде, ки милёнҳо қорӣ дар ҳамаи кунҷҳои ин масҷиди акбар ин Қуръон – ин хитоби самовиро ба ҳама сокинони Арз мешунавонанд. Инчунин, ҳар Рамазон дар як шакли равшану тобон ин оятро намоиш медиҳад: شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِى اُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ Ҳам исбот менамояд, ки Рамазон моҳи Қуръон аст. Баъзеи аъзоёни ин ҷамъияти бузург бо хушҳолона ба ин ҳофизони Қуръон гўш андохта, баъзеи дигарашон бошад, худашон машғули қироат мешаванд.

Инчунин, ба мисле ки то чӣ андоза бад аст дар ин масҷиди муқаддас, дар ҳузури ин гуна вазъият қарор дошта бошию ба майлу ҳавасҳои суфлии нафс тобиъ шавӣ, аз ин вазъияти нуронӣ бо таъому об баромадан чӣ қадар чиркин бошад, то чӣ дараҷа ин ҳадафи нафрати ҷамъияти маънавӣ дар ин масҷид ҳузур дошта мегардад, айнан ҳамин тавр, бо аҳли сиём дар моҳи Шарифи Рамазон ҳамроҳнашудагон ба ҳамин дараҷа, ҳадафи нафрати маънавии тамоми олами Ислом мегарданд.

 

НУҚТАИ ҲАФТУМ

 

Аз нуқтаи назари ҷамъоварии неъматҳо аз тарафи навъи инсон, ки ба ин дунё барои зироат ва тиҷорати охират омадааст, яке аз ҳикматҳои бешумори сиёми Рамазон инаст ки:

Дар моҳи Шарифи Рамазон савоби амал аз як ба ҳазор мерасад. Мувофиқи (насси ҳадис) ҳар як ҳарфи хондашудаи Қуръони Ҳаким даҳ савоб ва даҳ ҳасана дорад, инчунин даҳ меваи биҳиштиро дарбар дорад. Дар моҳи Шарифи Рамазон бошад, на ин ки даҳ савоб, балки ҳазор савоб мешавад; ва дар ин гуна оятҳо, ҳамчун, «Оят ал-Курсӣ» ҳазорҳо савоб аст ва савоби он дар рўзҳои ҷумъаи моҳи Шарифи Рамазон бошад, боз ҳам бисёртар. Дар Шаби Қадр бошад, сӣ ҳазор ҳасана ҳисобида мешавад!

Бале, Қуръони Ҳаким, ки бар ивази ҳар як ҳарфаш сӣ ҳазор меваҳои абадӣ медиҳад, ба шаҷараи нуронии Тубо шабоҳад дошта, барои имондорон дар моҳи Шарифи Рамазон имконият медиҳад, ки миллионҳо меваҳои абадӣ фоида ба даст биёранд. Пас биёву ба ин тиҷорати қудсӣ, абадӣ,  фоидабахш назар кун, бо диққат нигоҳ кун, андеша намо ва бифаҳм: Чӣ қадар дар хасорати бепоён мемонанд онҳое, ки аҳамиятнокии ин ҳарфҳоро қадр накрданд!

Ҳамин тавр, моҳи Шарифи Рамазон барои намоишгоҳи фоидаовар, мисли бозорест барои тиҷорати ухравӣ. Ҳам барои ҳосилоти ухравӣ, як замини серҳосил, инчунин моҳи баҳорӣ, барои нашъунамои аъмол аст. Ин моҳ ба худ симои идонаи қудсиро барои намоиши убудияти башарият, дар назди Салтанати Рубубияти Илоҳӣ мегирад. Барои он ки инсон ба ғафлат ва дар ин гуна эҳтиёҷҳои ҳайвонӣ ба монанди, хўроку об, инчунин ба иштиҳои молояънӣ ва ҳавопарастона ғарқ нашавад вазифаи ў нигоҳдории рўза шудааст. Гўё, аз ҳолати ҳайвонӣ муваққатан баромада ба ҳолати малакутӣ дохил шуда, ё инки машғули тиҷорати охират гаштаву муваққатан эҳтиёҷоти дунявии худро яксў монда, ба тасвири як одами ухравӣ даромада ва ҷисман дар тасвири як рўҳе зоҳир шуда, бо савми худ, то як навъе ба мисли оина сифати Самадиятро инъикос мекунад.

Ҳамин тавр, моҳи Шарифи Рамазон дар ин дунёи фонӣ, дар ин умри фонию ҳаёти кўтоҳ, дохил намудани ҳаёти дарозу умри абадиро медиҳад ва дарёфт мекунонад.

Бинобар ҳамин, танҳо Рамазон имконияти ба даст овардани самараи ҳаёти ҳаштодсоларо медиҳад. Насси қатъии ин гуфтаҳо, Қуръон мебошад, дар он овардашуда, ки Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳ аст.

Ба монанди он, ки як подшоҳ дар муддати салтанати худ, ҳар сол баъзе рўзҳоро ид эълон мекунад; ё соли ба тахт омадани худро, ё инки рўзи дигареро барои ифоданамоии бо шукўҳии ҷилваи салтанати худ. Дар ин рўз, на дар доираи қонунҳои асосӣ, балки ў зердастонашро мукофот медиҳад, ҳам халқи арзандаю бо садоқати худро бо мукофотҳо ва ҳузури шахсии худ бе парда, бо илтифоти хосси худ, бо иҷроъоти фавқулода ва хайрхоҳии ғайриодии бевоситаи худ сарфароз мегардонад.

Ба ҳамин монанд, Султони Азалу Абад, Подшоҳи Зулҷалоли ҳаждаҳ ҳазори олам, дар моҳи Шарифи Рамазон Қуръони Ҳакимро нозил кард, ки фармони олишаъни худи ўст, ба он ҳаждаҳ ҳазор олам таалуқ ва нигаронида шудааст.

Султони Азал ва Абаде, ки Подшоҳи Зулҷалоли ҳажда ҳазори олам мебошад, Қуръони Ҳакимро дар моҳи Шарифи Рамазон нозил кард, Қуръони Ҳакиме ки як фармони олишаън аст ва назар ба онҳо дорад. Албатта муқтазои ҳикмат аст, ки Рамазон, симои махсуси иди Илоҳиро пайдо карда, ки як навъ намоишгоҳи машҳари Раббонӣ ва як маҷлиси рўҳонӣ мебошад. Модоме, ки Рамазон ид мебошад, пас албатта, барои он ки то як дараҷае инсонҳоро аз машғулиятҳои суфлию ҳайвонӣ канор бубарад, ба онҳо фармон шудааст, ки рўзаро ба ҷо биёранд.

Мукаммалии ин рўза бошад: Ҳамаи ҳиссиёту ҷиҳозоти инсонӣ, ба монанди чашму гўш, қалб, тахайюлоту андешаҳои ў, монанди меъда, барои гирифтани як навъ рўза водор месозад. Яъне, аз муҳаррамот, аз молояънӣ, худдорӣ карда, ҳар яки онҳоро ба убудияти махсус водор месозад.

Масалан: Забонро ба воситаи гирифтани рўза, аз фиреб, ғайбату бадлафзӣ дур сохта, ин лисонро барои ин гуна корҳо, ба монанди қироати Қуръон, зикр, тасбеҳ, салавот ва истиғфор машғул кунад…

Масалан: Чашмҳоро аз нигоҳи пасти одамони номаҳрам ва гўшҳоро аз бадлафзиҳо манъ карда, чашмҳоро ба мисолҳои ибратбахш, гўшҳоро барои суханони дуруст ва шунидани Қуръон истифода барад. Ба монанди ин, боқимонда аъзоҳои инсониро барои баҷооварии рўзаи махсус водор созад. Зотан меъда, ки аз ҳама фабрикаи азим ба ҳисоб меравад, агар бо рўза фаъолияти онро боз дорем, он вақт дигар дастгоҳҳои хурди ин фабрикаро барои пайгирии он тобеъ сохтан осон мегардад.

 

 

 

НУҚТАИ ҲАШТУМ

 

Яке аз ҳикматҳои зиёди моҳи Шарифи Рамазон аз нигоҳи ҳаёти шахсии инсон инаст ки:

Барои инсон аз ҳама муҳимтарин як навъи дорў – ин худдории моддию маънавӣ, парҳез мебошад. Аз нуқтаи назари тиб; нафси инсон бо хурдану нўшидани кайф бахшидан ба саломатии моддии худ зарар мерасонад, инчунин байни ғизоҳои ҳалол ва ҳаром фарқ нагузошта, чизе ки зери даст афтад ғасб карда, одатан вай ҳаёти рўҳонии худро заҳролуд месозад. Ҳам ба ин гуна нафс, итоат кардан ба қалб ва рўҳ душвор мегардад. Пеш аз ин ки инсон савори нафс шавад вай лаҷомро саркашона ба даст гирифта, ба инсон савор мешавад.

Дар моҳи Шарифи Рамазон, ба воситаи рўза, нафс як навъи парҳезиро унс гирифта, ба риёзат одат мекунад ва ба амрҳо пайравӣ карданро меомўзад. Меъдаи бечораю заифро пеш аз ҳазм бо таъом аз болои таъом пур накарда ва дар худ бемориҳоро ҷалб намекунад. Ба воситаи амрҳо вай ҳатто аз чизҳои ҷоиз ҳам даст мекашад, то инки худро аз ҳаром парҳез намуда, қобилияти итоат намуданро ба фармонҳое, ки аз ақл ва Шариъат бар меояд, пайдо мекунад. Ҳамчунон, кушиш мекунад, ки ҳаёти маънавии худро вайрон насозад.

Ҳам, аксарияти мутлақи инсоният тез-тез ба гуруснагӣ мубтало мешаванд. Баҳри сабру таҳаммул, онҳо ба гуруснагию парҳезкорӣ иҳтиёҷ доранд. Рўза дар моҳи Шарифи Рамазон ба муддати понздаҳ соат, бе таъоми пеш аз субҳ бошад – бисту чор соат давом дорад, ба сабр ва таҳаммул ва ба як риёзат, одат намуда ва идмон мебошад. Ин аз он далолат медиҳад, ки рўза як навъ даво аз бесабрию бетаҳаммулӣ мебошад, ки онҳо мусибати инсониро дучанд месозанд.

Ҳам, дар он фабрикаи меъда, ходимони зиёде ҳастанд. Боз ҷиҳозоти зиёди инсонӣ ҳаст, ки бо он робита доранд. Пас агар нафс рўзона, дар муддати як моҳ фаъолияташро мавқуф нагузорад, он гоҳ, ҳамон узвҳову хизматчиёни он фабрика ибодати асосии худашонро фаромўш ва онҳоро ба худ машғул карда, зери ҳокимияти худ мегирифт. Узвҳои боқимондаи инсониятро бошад, бо дуди механизмҳои он фабрикаи маънавӣ, мушаваш месохт. Пайваста диққати онҳоро ба худ ҷалб мекард. Муваққатан сабаб мешуд, то ки онҳо вазифаҳои олии худашонро фаромўш кунанд. Бинобар ин, аз давраҳои қадим, аҳли вилоят барои такоммул ёфтан, ба таъому ошомидании кам, худро одат мекунонданд.

Танҳо моҳи Шарифи Рамазон, ходимони он фабрика дарк мекунанд, ки онҳо танҳо барои ин фабрика офарида нашудаанд. Ҳамчунин, соири узвҳо бо ҳамроҳӣ лаззатҳои суфлии он фабрика дар моҳи Шарифи Рамазон аз лаззатҳои малакутию маънавӣ, ҳаловат мебаранд ва ба онҳо диққати худро равона месозанд. Барои ҳамин, дар моҳи Шарифи Рамазон диндорон вобаста аз дараҷаи инкишофи маънавиёташон сазовори нуру файз ва сурури гуногуни маънавӣ, мегарданд. Ба воситаи рўза дар ин моҳи муборак, барои латоиф мисли қалб ва рўҳ, ақл ва сирр, тараққиёт ва файзҳои фаровоне дорад. Онҳо маъсумона ба муқобили гиряҳои меъда механданд.

 

НУҚТАИ НЎҲУМ

 

Яке аз ҳикматҳои рўзаи моҳи Шарифи Рамазон аз нуқтаи назари шикастани рубубияти мавҳум ва бо шикастани нафс ва аҷзу нотавонии ў убудиятро меомўзад ва маълумотдиҳӣ оиди зарурияти рўза инаст:

Нафс, Раббашро шинохтан намехоҳад, Фиръавнона худро рубубият мехоҳад. Ба кадом азобҳое, ў дучор гардад, ин хислат дар вай боқӣ мемонад ва танҳо бо гуруснагӣ ин хислаташ шикаста мешавад.

Ҳамин тавр, рўзаи моҳи Шарифи Рамазон бевосита ба ҷабҳаи Фиръавнонаи нафс зарба зада ва ўро мешиканад, аҷзашро, заъфашро, фақрашро нишон дода, ба вай мефаҳмонад, ки ў абд аст.

Дар ҳадис омадааст: Ҷаноби Ҳақ аз нафс пурсид:

«Ман ки ҳастам ва ту кистӣ?»

Нафс ҷавоб дод: «Ман – ин манам, Ту – ин Туӣ!»

ўро ба азобҳо гирифтор карда, ба ҷаҳаннам партофт, баъдан боз пурсид. Боз нафс ҷавоб дод: «Ана-ана, анта-анта!»

Ба кадом азобҳое, ки ўро гирифтор мекард, аз аноният вай рўй намегардонд. Баъдан ўро гурусна гузошт. Боз пурсид: «Ман ана ва мо анта?»

Нафс ҷавоб дод: «اَنْتَ رَبِّى الرَّحِيمُ وَاَنَا عَبْدُكَ الْعَاجِزُ»

            Яъне; “Ту Рабби Раҳими манӣ, ман бошам як абди оҷизи Туям…”

اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ صَلاَةً تَكُونُ لَكَ رِضَاءً وَ لِحَقِّهِ اَدَاءً بِعَدَدِ ثَوَابِ قِرَائَةِ حُرُوفِ الْقُرْآنِ فِى شَهْرِ رَمَضَانَ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ وَ سَلِّمْ

سُبْحَانَ رَبِّكَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ وَسَلاَمٌ عَلَى الْمُرْسَلِينَ وَ الْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ آمِينَ

 

* * *

 

Эътизор

Аз сабаби он, ки ин китобча дар муддати чил дақиқа навишта шуда буд, аз баски ман ва ёрдамчие, ки ин сиёҳнависро навишт, ҳардуямон бемор будем. Бинобар ин, дар он баъзе камбудиҳою печдарпечиҳо метавонанд ҷой дошта бошанд. Аз бародарони худ интизорем, ки онҳо бо назари нармдилона онро нигоҳ кунанд ва он чие, ки онҳо зарур меҳисобанд, метавонанд ислоҳ намоянд.

 

 

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

اَلسَّلَامُ عَلَيْكُمْ وَ رَحْمَةُ اللّٰهِ وَ بَرَكَاتُهُ

Бародарони азиз ва сиддиқам!

Аввало: Шаби Барат ва фароррасидани моҳи мубораки Рамазонро ба шумо табрик гуфта аз Ҷаноби Ҳақ мехоҳам атои шаби Қадрро барои мо ва шумо беш аз ҳазор моҳи бо хайркунда ва инчунин вориди дафтари аъмоламон намояд. Мо ният кардем то абад, чунин дуо кунем: “ اَللّٰهُمَّ اجْعَلْ لَيْلَةَ قَدْرِنَا فٖى هٰذَا الرَّمَضَانَ خَيْرًا مِنْ اَلْفِ شَهْرٍ لَنَا وَ لِطَلَبَةِ الرَّسَائِلِ النُّورِ الصَّادِقٖينَ .”

Ҳамчунин ирсоли ду Қуръони муҷизона тавассути шумо дар ин моҳҳои муборак, Иншоаллоҳ чунон мадори баракот, савоб, ҳасанот ва футӯҳот аст, ки аз раҳмати Илоҳӣ масулияте дорем ҳар рӯзи ин моҳи Рамазон ҳукми як шаби қадрро бар имон дошата бошад.

Мо то ин вақт тадбир кардем, ки ҳар яке аз талабаҳои хоссӣ Рисолаи Нур дар инҷо, ҷузъе аз ду Қуръони мазкурро ҳамроҳ бо шумо қироат кунанд, то дар ҳар рӯзи моҳи Рамазон як бор Қуръонро хатм карда бошем. Аз раҳмати Ҷаноби Ҳақ масулият дорем, тавфиқ диҳад дар маҷлиси маънавӣ ва бисёр густурда, дар доирае, ки Испарто ва Кастамонро дарбар мегирад талабҳои Рисолаи Нур ҳалқаҳое ташкил диҳанд; шумо дар маркази он доира бошед ва шогирдони Рисолаи Нур дар атрофи шумо ва монанди маросими хатми Қуръон дар миёни Нақшабандиҳо амал кунед. Албатта аз онҷое, ки шумораи шогирдони Рисолаи Нур зиёд аст, дар миқёси бузург ва ба лиҳози маъно дар ҳама ҷо ҳузур доранд, умедвор ҳастам дар доирае, ки гуфтем ҳозир бошанд ва қироат бо ин тасаввур анҷом шавад ва маросими муқаддаси хатми Қуръон ба ин сурат амалӣ гардад.

Нуқтаи Шашум

НУҚТАИ ШАШУМ

Сиёми моҳи шарифи Рамазон ба нозил шудани Қуръони Ҳаким рабт дорад, модоме ки моҳи шарифи Рамазон замони муҳимтарини нузули Қуръон мебошад, яке аз ҳикматҳои рўза инаст ки:

Қуръони Ҳаким модоме, ки дар шаҳри Рамазон нузул шудааст, маҳз бо тасаввур намудани замони нузули ин Қуръон, барои он ки ин паёми осмониро хуб пешвоз гирифта шавад, дар моҳи шарифи Рамазон зарур аст, ки аз ҳоҷоти суфлии нафс ва аз ҳолоти молояънӣ ҷудо шуда, аклу шурбро тарк карда, ба малоикҳо шабоҳат пайдо намояд, ҳамин тавр Қуръонро гўш карда ва хонда, мисле ки он худи ҳозир фиристода шуда бошад ва хитоботи Илоҳии дар он ҷойдоштаро ҳамин тавр гўш карда, ки гўё айни нузулаш аст ва ҳамин тавр бояд гўш андохта, эҳсос мекунад он хитобро гўё аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мешунавад, балки аз Ҳазрати Ҷабраил, балки аз Мутакаллими Азалӣ шунидаистода бошад ва сазовори як навъи ҳолати қудсӣ мешавад. Худаш тарҷумакунандаи Ў шуда, ба гўш кардан дигаронро барангезонад ва ба як дараҷае ҳикмати нозил гаштани Қуръонро дар ин моҳ нишон бидиҳад.

Бале, дар моҳи шарифи Рамазон олами Ислом ба мисли як масҷиде табдил меёбад, ба як масҷиде, ки милёнҳо қорӣ дар ҳамаи кунҷҳои ин масҷиди акбар ин Қуръон – ин хитоби самовиро ба ҳама сокинони Арз мешунавонанд. Инчунин, ҳар Рамазон дар як шакли равшану тобон ин оятро намоиш медиҳад: شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِى اُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ Ҳам исбот менамояд, ки Рамазон моҳи Қуръон аст. Баъзеи аъзоёни ин ҷамъияти бузург бо хушҳолона ба ин ҳофизони Қуръон гўш андохта, баъзеи дигарашон бошад, худашон машғули қироат мешаванд.

Инчунин, ба мисле ки то чӣ андоза бад аст дар ин масҷиди муқаддас, дар ҳузури ин гуна вазъият қарор дошта бошию ба майлу ҳавасҳои суфлии нафс тобиъ шавӣ, аз ин вазъияти нуронӣ бо таъому об баромадан чӣ қадар чиркин бошад, то чӣ дараҷа ин ҳадафи нафрати ҷамъияти маънавӣ дар ин масҷид ҳузур дошта мегардад, айнан ҳамин тавр, бо аҳли сиём дар моҳи шарифи Рамазон ҳамроҳнашудагон ба ҳамин дараҷа, ҳадафи нафрати маънавии тамоми олами Ислом мегарданд.

НУҚТАИ ПАНҶУМ

НУҚТАИ ПАНҶУМ

Рўзаи моҳи шарифи Рамазон, ки назар ба таҳзиби ахлоқи нафс ва ўро маҷбур месозад, ки аз саркашӣ даст кашад, яке аз ҳикматҳои бешумори рўза инаст ки:

Нафси инсонӣ аз рўи ғафлат худро фаромўш мекунад, аҷзи беканор, фақирии бепоён ва камбудиҳои бузурги дар ў ҷойдоштаро намебинад ва дидан ҳам намехоҳад. Вай дар бораи он ки ў чи гуна заъиф, мубталои марг аст ва нишоне барои бадбахтиҳо мебошад, дар бораи он ки танҳо аз гўшту устухонҳои тезвайроншавандаю шикананда иборат аст, андеша намекунад. Мисли он ки вуҷуди аз пулод доштабошад, худро лоямутона ва абадӣ тахаюл намуда, ба дунё худро андохта, гўё ки ҳастии устувор дошта бошад ва бо як ҳирс ва тамаъи шадид, ҳамчунон бо муҳаббат ва алоқаи баланд ба дунё, саъю кўшиш менамояд. Бо ҳар гуна чизҳои лаззатдиҳанда ва манфиатовар баста мешавад. Холиқи худро, ки бо камоли шафқат ўро тарбия кардааст, фаромўш мекунад. Ҳам, натиҷаи ин ҳаёт ва ҳаёти ухравиро фикр накарда, ба ахлоқҳои бадсифат гирифтор мешавад.

Ҳамин тавр, рўза дар моҳи шарифи Рамазон ҳатто ба ғофилону мутамарридон, эҳсос намудани заифӣ ва оҷизӣ ва фақирии худашонро мефаҳмонад. Ба воситаи гуруснагӣ дар бораи меъдаи худ фикр мекунад, талаботҳои ўро мефаҳмад ва дарк мекунад, ки то чӣ андоза вуҷуди заифи ў номустаҳкам мебошад, сарфаҳм меравад, ки то чӣ дараҷа ў ба марҳамату шафқат мўҳтоҷ аст. Инсон, мағрурии фиръавнонаи нафсро яксў гузошта, дар оҷизӣ ва фақирии комил хоҳиши муроҷиат намудан ба даргоҳи Илоҳиро эҳсос менамояд ва бо дасти маънавии шукргузорона, ба задани дари раҳмат омода мешавад. Албатта агар гумроҳӣ қалби ўро сиёҳ накарда бошад…

НУҚТАИ ЧАҲОРУМ

НУҚТАИ ЧАҲОРУМ

Аз нуқтаи назари тарбияи нафс, яке аз ҳикматҳои бешумори рўза дар Моҳи шарифи Рамазон инаст ки:

Нафс мехоҳад, ки озод ва мустақил бошад, маҳз худро ҳамин тавр қабул мекунад. Ҳатто, бо табиати худ орзуи рубубияти мавҳумро дорад ва кайфу сафо амал намояд. Вай дар бораи неъматҳои беҳисобе, ки бо онҳо тарбия шудааст, намехоҳад андеша кунад. Хусусан, агар вай дар ҳаёти дунявӣ сарвату иқтидор дошта бошад, илова бар ин, агар ғофилию бепарвоӣ ўро дастгирӣ намояд, дар ин сурат ҳамчун ҳайвон пурраю яклухт, ҳарисона неъматҳои Илоҳиро ғосибона монанди ҳайвон фурў мебарад.

Ҳамин тавр, дар моҳи шарифи Рамазон, нафси ҳар як инсон, аз сарватманд сар карда то фақир пай мебарад, ки вай молик нест, мамлук аст, ҳур нест, абд аст. Ҳам мефаҳмад, ки агар хости Худо набошад вай ҳатто ягон кори оддию соддаро анҷом дода наметавонад; дасташро ба об ҳам дароз карда наметавонад, рубубияти тахайюлии ў мешиканад ва либоси итоатро пўшида ба шукргузорӣ рўй меорад, ки вазифаи ҳақиқии ўст.

НУҚТАИ СЕЮМ

НУҚТАИ СЕЮМ

Як ҳикмате аз ҳикматҳои бешумори рўза аз нигоҳи ҳаёти иҷтимоии инсон инаст ки: Инсонҳо аз ҷиҳати маъишат, мухталифи халқ шудаанд. Ҷаноби Ҳақ бинобар ин ихтилоф, сарватмандонро барои муованат ба фуқаро даъват мекунад. Зеро, сарватмандон пурра ҳолати машақати гуруснагии онҳоро, танҳо ба воситаи гуруснагии рўза эҳсос мекунанд.

Агар рўза набошад, он вақт сарватмандони бисёри нафспараст ёфт мешуд, ки ҳамин тавр наметавонистанд дарк кунанд, ки то чӣ дараҷа гуруснагӣ ва фақирӣ азоб аст ва то чӣ андоза онҳо ба шафқат мўҳтоҷ ҳастанд. Аз ин ҷиҳат, шафқати инсон нисбат ба ҳамҷинси худ, асоси як навъи шукри ҳақиқист. Ҳар фард, метавонад фақиртареро нисбат ба худ пайдо кунад ва мукаллаф аст, ки нисбати Ў шафқат дошта бошад.

Инсон ки ба воситаи шафқат ба муованат мукаллаф аст, агар нафс ба гуруснашинӣ маҷбур намешуд, онгоҳ, эҳсон ва ёрдам намекард; кунад ҳам, нопурра хоҳад шуд, чунки ў ҳақиқатан дар нафси худ он ҳолатро эҳсос намекард.

НУҚТАИ ДУЮМ

НУҚТАИ ДУЮМ

Аз нуқтаи назари шукргузорӣ ба неъматҳои Ҷаноби Ҳақ, як ҳикмате аз ҳикматҳои савм, дар Моҳи Мубораки Рамазон  чунин аст:

Чи тавре, ки дар «Гуфтори Якум» гуфта шуд, нозу неъматҳои овардашудаи фурушанда аз ошпазхонаи подшоҳ, музди муайянеро талаб мекунад. Бар ивази онҳо ба савдогар музди ночизеро додан, он неъматҳои пурарзишро ночиз ба назар мерасонад, ба монанди эътироф накардани он шахсе, ки онҳоро ҳадя кардааст бениҳоят аҳмақист. Айнан ҳаминтавр Ҷаноби Ҳақ дар рўи замин анвоъи неъматҳоро барои навъи башар шинондааст, бар ивази музди он неъматҳо, шукр мехоҳад. Ба он асбоб ва асҳоби зоҳирии он неъматҳо, ки дар ҳукми савдогаранд, ба он савдогар як навъ музд медиҳем, миннатдории худро баён намуда, ҳатто аз ҳад зиёд ҳурмат ва ташаккур менамоем, ки онҳо мустаҳақ нестанд. Аммо, Мунъими Ҳақиқӣ, аз он сабабҳо дида, тавассути он неъматҳо ба дараҷае беандоза лоиқи шукр мебошад.

Бинобар ин, ба Ў танҳо бо дарк намудани он, ки ҳамаи неъматҳо бевосита аз тарафи Ў меоянд, инчунин бо донистани арзиши он неъматҳо ва бо эҳсоси эҳтиёҷи худ нисбати он неъматҳо, шукргузорӣ кардан мумкин аст.

Ҳамин тавр, рўза дар моҳи шарифи Рамазон калиди шукри ҳақиқӣ ва холис, боазамат ва умумӣ мебошад. Чунки, дар дигар вақтҳо бисёри инсонҳо зери маҷбурияти рўза қарор надоранд, гуруснагии ҳақиқиро ҳис накарда арзишмандии бисёри неъматҳоро дарк намекунанд. Ба инсонҳои сер, хусусан сарватмандон, дараҷаи неъмате, ки дар пораи нони хушк мавҷуд аст, намефаҳмад. Аммо, он пораи нони хушк аз назари шахси имондор дар вақти ифтор, як неъмати арзишноки Илоҳӣ мебошад, ки қувваи зоиқаи ў шаҳодат медиҳад. Ҳар касе, ки набошад аз подшоҳ сар карда то фуқаро, арзишҳои он неъматҳоро дар Моҳи Рамазон фаҳмида, ба як навъ шукри маънавӣ лоиқ мегардад.

Ҳам аз ҷиҳати мамнунияти хўрдани таъоми рўзона: «Ин неъматҳо молу мулки ман нестанд. Ман дар тановули инҳо ҳур нестам; маълум мешавад, ки онҳо молу инъоми каси дигар мебошанд. Ман амри Ўро интизор мешавам» гуфта, дар неъмат – неъмати аслиро дарк мекунад. Ҳамин тавр, як шукри маънавӣ мекунад.

Бинобар ин, ин намуди рўза аз бисёр ҷиҳат, дар ҳукми калиди шукр мегардад, ки ин вазифаи ҳақиқии инсон мебошад.

Сирри Хилкати Коинот

Гуфтори Ёздаҳум

 بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

 وَالشَّمْسِ وَضُحَيهَا ٭ وَالْقَمَرِ اِذَا تَلَيهَا ٭ وَالنَّهَارِ اِذَا جَلَّيهَا ٭ وَ الَّيْلِ اِذَا يَغْشَيهَا ٭ وَ السَّمَاءِ وَمَا بَنَيهَا ٭ وَ اْلاَرْضِ وَمَا طَحَيهَا ٭ وَ نَفْسٍ وَمَا سَوَّيهَا ٭ الخ

Эй бародар!  Мехоҳӣ андаке аз асрори ҳикмати олам, ва муаммои офариниши инсон, ва рамзҳои ҳақиқати намоз огоҳ шавӣ, пас ҳамроҳи ман ба ин ҳикояи тамсилии кӯтоҳ бияндеш!

Замоне подшоҳе буд, бисёр сарватманд ва дорои хазинаҳои бешумор, ки ҳамаи навъи ҷавоҳир, алмос ва зумруд дар он ёфт мешуд. Илова бар ин, хазинаҳои бисёр шигифтангези дигаре низ дошт ва аз камолоташ дар бахши санъатҳои ғарибу пешрафта, маҳоратҳои чашмгире дошт, дар мавриди илмҳо ва навовариҳои аҷибу бешуморе иттилоъу иҳотаи ҳамаҷониба ва аз улуму дониши ҷадиди фаровону фарогире бархурдор буд.

Ин аз асрор аст, ки дорандаи ҳар ҷамолу камол дӯст дорад, ҷамолу  камолашро ҳам худ бубинад ва ҳам ба дигарон нишон диҳад, пас ин султони бошукӯҳ низ хост намоишгоҳе барпо кунад ва осорашро ба намоиш гӯзорад ва ба ин тариқ  таваҷҷӯҳи раъияташро ба шукуҳи салтанат, шуълаи сарват, шигифтҳои санъат ва ғароиби маърифаташ ҷалб кунад, ва ҷамолу камоли маънавиашро ба “ду ваҷҳ” мушоҳида намояд:

Ваҷҳи аввал: Шахсан бо нигоҳи жарфандеши худ бубинад.

Дигарӣ: Бо нигоҳи дигарон бингарад.

Нуқтаи Якум

 

    Аз ҳикматҳои бешуморе, ки моҳи Шарифи Рамазон дорост, танҳо нўҳ нуқтаи онро баён мекунад.

 بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِى اُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَ بَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَ الْفُرْقَانِ

НУҚТАИ ЯКУМ

 

   Савм дар Моҳи Шарифи Рамазон аз рукнҳои хамсаи Ислом буда, инчунин аз шиорҳои бузургтарини Исломӣ ба шумор меравад.

   Рўзаи моҳи Шарифи Рамазон дорои ҳикматҳои фаровонест, аз ҷумла: ба Рубубияти Ҷаноби Ҳақ, ҳам ба ҳаёти иҷтимоии инсон, ҳам ба ҳаёти шахсии инсон, ҳам ба тарбияи нафс, инчунин ба изҳори шукр ва ба неъматҳои Илоҳӣ равона карда шудаанд.

   Аз нуқтаи назари Рубубияти Ҷаноби Ҳақ , яке аз ҳикматҳои рўза чунин аст:

   Ҷаноби Ҳақ, рўйи заминро як намуд дастархон офарида ва дар ин дастархон тамоми анвоъи неъматҳоро ба гунае чун: مِنْ حَيْثُ لاَ يَحْتَسِبُ ҷой карда, бо ин тариқ мехоҳад камоли Рубубият, раҳмоният ва раҳимияти худро нишон диҳад. Инсонҳо бошанд, дар зери пардаи ғафлат ва зери таъсири сабабҳо қарор дошта, наметавонанд пурра ҳақиқатро, бидонанд, баъзан фаромўш мекунанд.

   Аммо дар моҳи Шарифи Рамазон, имондорон мунтазамона ба монанди қушуни муташаккили ҳарбӣ табдил меёбанд. Ба мисли онҳое, ки ба зиёфати Султони Азалӣ пеш аз шом махсус даъват шудаанд, гўё интизори амри «Марҳамат намоед!» ҳастанд, бо ин таври убудияткорона нишон медиҳанд, нисбати чунин шафқат ва ҳашамат ва куллияти Раҳмоният, бо як ибодати бовусъат ва боазамату боинтизоми худ муқобила мекунанд. Аҷабо, инсонҳое ки ба чунин ибодати олӣ ва зиёфати пурифтихор ҳамроҳ нашудаанд, оё лоиқ ҳастанд, ки онҳоро инсон номид?!