Мактуби Талабаҳои Нур аз Испарта

Матлаби зер, мактубест, ки ба муносибати табрики рамазон ба номи ҳамаи талабаҳои Рисолаи Нур дар Испорто навишта ва дар сездаҳ банд танзим шудааст.

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

Ҳазрати устод ва сарвари гиромӣ!

Эй ки барои саломатии ҷаҳони Ислом дар дунёву охират, ба воситаи файзи Қуръон ва ҳақиқати Рисолаи Нур ва ҳиммати шогирдони содиқ, бо чашмони мубораки хеш ба ҷойи ашк, хун мегирйед

Ва эй, ки дар буҳбуҳаи пурдағдағаю туфони фитнаи охируззамон беш аз ҳазрати Аюб алайҳиссалом гирифтори бемориҳову дардҳо ҳастед

Ва ба нури Қуръон ва бурҳонҳои Рисолаи Нур ва талоши шогирдон, амрози моддию маънавии олами Исломро монанди Луқмони Ҳаким, табобат мекунед

Ва эй касе, ки бо каромоти алавия ва ғавсия, ба сиюсе оят аз оятҳои Қуръон собит кардед, ки аҷзҳои нуре, ки дар дастони мубораки худ доред, ҳаққу ҳақиқат аст.

Ва эй касе, ки бо ҳоли солмандӣ ва зору наҳиф ва заифу тараҳҳумангези худ, бештар аз ҳар кас, то ҳадди фидо кардани ҷони хеш, нигарони ҷаҳони Ислом ҳастед ва барои касоне, ки дар пайи озордоданатон ҳастанд бо ҳақиқати Қуръон ва бурҳонҳои Рисолаи Нур ва садоқату ростии талабаҳои Нур, дуои хайр мекунед ва посухашонро ба некӣ медиҳед

Худ ва талабаҳоятон ба сабаби интишори “Ояту-л Кубро” аз осори муҳиматон, мусибат дидед ва зиндонӣ шудед

Ва шумо таҳти иршодоти Қуръон ва дарсҳои Рисолаи Нур ва иштиёқи шогирдон, зиндонро ба мадрасаи Юсуфия табдил намудед ва онро як дарсхона кардед

Ва сабаб шудед ҳама ҷоҳилоне, ки дар байни мо буданд, дар он дарсхона, Қуръонро хатм кунанд ва озод шаванд

Ва он мусибат, бо нерӯи Қудсии Қуръон ва тасаллии Рисолаи Нур ва таҳаммули бародарон бо вуҷуди ин, ки заифу солманд будед, ҳама дардҳо ва мусибатҳоямонро ба душ кашидед

Ва бо “Рисолаи Самара” ва “Мудофианома”, ки таҳрир намудаед, ба воситаи эъҷози Қуръони мӯъҷиз-ул баён ва бурҳонҳои мустаҳками Рисолаи Нур ва ихлоси шогирдон ва ба изни Илоҳӣ, дарҳои зиндонро кушодед ва боиси озодии маҳбусон шудед

Он рӯзро барои мо ва барои олами Ислом ид кардед

Ва ҳақиқатан исбот намудед, ки Рисолаҳои Нур “Нурун ало нур” аст ва ҳаққи навишта ва хонда шудани озодонаашро то қиёмат касб намудед

Ва исбот кардед, ки олами Ислом, бо ғизои қудсии Қуръони азимушаън ва таоми ухравии Рисолаи Нур ва иштиҳои шогирдон, ҳамчун обу нон ва ҳаво ба ин Рисолаҳо мӯҳтоҷанд. Ҳазорон фард бо хондану навиштани ин Рисолаҳо, мӯъминона аз дунё мераванд.

Эй, ки талабаҳои худро ҳеҷ куҷо мағлуб ва маҳҷуб (шарманда) намекунед

Ва имрӯз бо дарсҳои Қуръони осмонӣ ва асоси Рисолаи Нур ва заковати шогирдон ва ҳамчунин, бо масъалаҳои даҳуму ёздаҳум ва гулҳои Рисолаи Самара, ташнагии қалбҳоямонро, ки дар оташи фироқатон месӯзад, бо “Масала” ва “Гул”-и мубораки он, ҳамчун оби ҳаёту шароби кавсар, фурӯ менишонед ва ба сӯйи шодию сурур савқ медиҳед

Ва эй, ки маргро бар асоси ваъду ваъидҳои қатъии Қуръони Азимушаън ва кашфи қатъии Рисолаи Нур ва мушоҳидаи шогирдон дар гузашта ва мушоҳидаҳои соҳибони кашфу-л қубур дар назари аҳли имон, наҷот аз нобудии абадӣ, хондед ва тазкирае барои раҳоӣ аз ноумедӣ; маргеро ки ҷаҳониён зиёдтар аз ҳар чизи дига аз он воҳима доранд; исбот кардед, ки зеботарин сафар барои рафтан ба сӯйи Нур аст. Дар айни ҳол барои куффор ва мунофиқон, ғайр аз нобудии ҳамешагӣ, чизи дигаре нест.

Бо ахбори қатъии Қуръони мӯъҷиз-ул баён, таҳти  тасдиқи чил ваҷҳи эъҷозияаш ва ҳазорон мӯъҷизаи Аҳмадӣ алайҳиссалоту вассалом ва бо ҳуҷҷатҳои Рисолаи Нур, ки аз он (Қуръон) баромада, муонидтарин душманонро мағлуб мекунад. Ва бо нишонаҳову таҷрибаҳо ва эътиқодоти фаровони шогирдони Рисолаи Нур, исбот намудед, ки гӯри тангу сард ва торику тарснок, барои мӯъминон як маъвое дар биҳишт ва даре ба бӯстони ҷаннат аст. Барои куффор ва зиндиқони мунофиқ бошад, долоне аз ҷаҳаннам ва пур аз мору ақраб ва ду фаришта Накиру Мункар, ки ба он ҷо меоянд, мунису рафиқ барои раҳравони тариқи ҳаққу ҳақиқатанд

Эй касе, ки талабаҳои Рисолаи Нурро аз синфи талабаҳои улум дониста ва бо даргузашти марҳуми шаҳид  қаҳрамон Ҳофиз Алӣ кашф намудед, ки онон саволҳои Накиру Мункарро бо Рисолаи Нур посух медиҳанд.

Ва аз даргоҳи раҳмати Илоҳӣ масъалат кардед, ки зиндагонамон низ, посухҳои лозимаро бар асоси Рисолаи Нур диҳанд.

Эй, ки нишон додаед, ки Қуръон барои ҳар табақаи аз табақаҳои чилгонаи (башар) дорои мӯъҷиза аст ва каломи азалист, ки нозир бар ҳамаи коинот аст. Инро дар Рисолаҳои мӯъҷизоти Қуръония ва Рисолаи Самонияи Рисолаи Нур — ки тафсири Қуръон аст — исбот кардед; ва бо иноят ба ғайрату ҳамияти фавқулодаи бародарон ва шогирдон, ки ҳамчун  гардонандагони коргоҳи нуранд, аз онҳо хостед рисолаҳо нигошта шаванд; нигорише, ки аз замони Расулуллоҳ алайҳиссалоту вассалом то кунун, касе инчунин ба анҷоми эъҷозомези он қодир набудааст. Бо ин ҳол ба Хусрав котиби қаҳрамони Рисолаи Нур гуфтед “Навис” ва Қуръоне ҳамонанди он, ки дар лавҳи маҳфуз навишта шуда, навишта шуд; ва ба сурати беназиру зебо ва хориқулода, ки назири он, на дидашуда ва на шунида, таърифу исбот кардед, ки Қуръони Азимушаън, ҳақиқатан Каломуллоҳ аст ва дар мартабаи болотар аз ҳама китобҳои осмонии дигар қарор дорад ва аз ҳамаи онҳо  бофазилаттар аст. Дар як Фотиҳаи он, ҳазорон фотиҳа ва дар як сураи Ихлосаш ҳазорон ихлос аст ва бо ҳар ҳарфаш даҳ ва сад ва ҳазор ва ҳазорон савобу ҳасана насиби инсон мешавад. Бо нишондодани мӯъҷизоти Қуръони мӯъҷиз-ул баён, ки аз ҳазору сесад сол то кунун идома дошта, бо шикаст додани мухолифони он ва бо далоили ошкор, ҳамон тавре, ки чашм нурро ташхис медиҳад ва бо қаламҳои алмоси  шогирдони Рисолаи Нуре, ки то кунун ҳамтояш дида нашуда бо “Бисту Панҷумин Гуфтор” ва замимаҳояш, ки оламро таҳти фармони худ мехонад ва мутамарридтарину  муонидтарин афродро водор ба сукут мекунад, ба чил ваҷҳи эъҷоз, Қуръонро исбот менамоед.

Ва эй, ки собит мекунед, ҳазрати Пайғамбар алайҳиссалоту вассалом расули барҳақ аст  ва афзали яксаду бисту чор (124) ҳазор паёмбари пешин, ва сайиди онон аст ва ҳазорон мӯъҷизаи ӯро дар Рисолае ба номи “Мӯъҷизоти Аҳмадия” алайҳиссалоту вассалом ба шакли неку мешуморед. Ва низ таваҷӯҳ ба ин, ки Қуръони азимушаън Расули Акрам алайҳиссалоту вассаломро раҳматан лил оламин хонда ва Рисолаи Нур аз ибтидо то ба интиҳо, ин матлабро бо ҳуҷҷатҳо исбот мекунад, ҳамеша баён медоред, ки афъолу аҳволи Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом бояд намунаи ҳама бошад. Зеро мутмаинтарин ва комилтарин раҳбару ҳидояткунанда, ӯст. Инро ҳатто ба нобиноён низ мерасонед. Азбаски ҳангоми интишори Рисолаи Нур дар Анадолу ва мамлакатҳои дигар, ҳамеша балоҳо дур ва замони мамониати интишораш, мардум бо мусибатҳо рӯ ба рӯ мешуданд ва шогирдони Рисолаи Нур бо вуҷуди рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти воқеан сангин ва бо камоли матонат, ба хизматашон идома дода ва бо иртиботашон аз суннати санияи Паёмбар алайҳиссалоту вассалом пайравӣ кардаанд, гӯшзад кардаед, ки ин кор то чи андоза судманду муфид аст; мегуед пайравӣ аз суннати Расул, дар замонаи кунунӣ, подоши сад шаҳидро дорад

Ва ҳамон тавре, ки садақа дафъ кунандаи қазову балост, Рисолаи Нур низ, бист сол аст, ки қазову балоеро, ки мумкин буд Анадолуро гирифтор кунад, дафъ кардааст. Инро ба айналяқин исбот кардаед, эй устоди арҷуманд ва сарвари гиромии мо!

Инак, рафъи тавқифи Рисолаи Нур, шумо устоди маҳбуб ва баъд мо талабаҳои оҷизу гунаҳкор, сипас олами исломро бисёр шоду хурсанд кард; тавре, ки имрӯз дуюмин иди бузургамон башумор меравад. Ин иди шарифро ба устоди азизамон табрик мегуем. Иди сеюматон, яъне Рамазони муборак ва Лайлату-л-Қадратонро гиромӣ медорем. Аз Худованд мехоҳем, ин гуна идҳоро фаровон кунад ва аз тақсироти мо қосирон дар  гузарад. Ҳама дӯстон ба шумо салом мерасонанд ва дастони муборакатонро мебӯсанд ва аз сарвари гиромии худ илтимоси дуо доранд.

Талабаҳои Нур дар Испорто ва атрофи он

 

 * * *

Қабул накардани мутавозионаи матлабҳои ин нома, ки садбор зиёда аз ҳадду андозаи ман аст, куфрони неъмат ва дар назар нагирифтани гумони неки ҳамаи шогирдони азиз аст. Дар айни ҳол, пазириши он низ, шояд боиси ғуруру такаббур гардад. Бинобар ин, тасвире аз ин мактуби муфассалро, ки котиби Рисолаи Нур ба номи ҳамаи шогирдон нигошта, ба иловаи сездаҳ бандеро, ки изофа кардаам, бароятон ирсол мекунам, то шукру сипосгузорӣ кардабошам. Инчунин, дучори ғуруру куфрони неъмат нашуда бошам. Онро таҳти унвони “Номае аз талабаҳои Рисолаи Нур дар Испорто ва ҳаволӣ” дар поёни Масъалаи Ёздаҳуми Рисолаи Самара қарор диҳед.

Вақте машғули ҷарҳу таъдил ва нигориши ин нома будам, кабутаре ду мартаба ба панҷараи канори ҳуҷраам нишаст. Мехост дохил биёяд, аммо сари Ҷайлон (Ҷайлони Чалишкан яке аз шогирдони Бадиуззамон)-ро дида, наёмад. Чанд дақиқа баъд кабутари дигаре ба ҳамин шакл омада дар он ҷо нишаст, боз ҳам котибро дида, ворид нашуд. Гуфтам: Ҳатман монанади парандаи қуддуси якум, башоратдиҳанда аст. Ва ё ин, ки мактубҳои мутааддиде монанади ин мактубро менависем, омадааст то мубораки ҷарҳу таъдилҳоро табрик гуяд.

 

Саъид Нурсӣ  

Бахше аз Номаи Хусрав

Бахше аз номаи Хусрав, қаҳрамони  Рисолаи Нур, ки дар бораи Масъалаи Ёздаҳуми “Самара” навиштааст:

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

اَلسَّلَامُ عَلَيْكُمْ وَ رَحْمَةُ اللّٰهِ وَ بَرَكَاتُهُ

Устод ва сарвари бисёр арзишманду маҳбуб ва азизамон!

“Самара”, ки бо нӯҳ масъалааш ҳовии матолиби муфид, барои мамлакату миллат аст, дар замонаи шигифт ва дар миёни осиёни сармаст ва душманони хатарнок, ба шакли ҳайратангез, ба наҷоти шогирдонаш иктифо накарда балки, бо масъалаҳои даҳум ва ёздаҳумаш, махсусан талабаҳои Рисолаи Нурро ба роҳи ҳақиқат, ташвиқ мекунад ва аз аҳволи қабр — маконе, ки ҳақиқатан озимаш ҳастанд ва ёдаш ларза ба андоми ҳар кас меандозад ва хоссатан барои аҳли ғафлат манзили бисёр тарсноку дардовар ва азобдиҳанда дар зери хок аст — огоҳ менамояд ва боис мешавад фариштагонеро, ки қарор аст бубинанд ва бо онҳо гуфтугӯ кунанд, дӯст бидоранд; ва бо он макон, бештар унс гиранд. Низ ваҳшати фавқулода дар бораи қабрро, ки нахустин манзили тарсонки инсон, пас аз мурдан аст, таъдил мекунад ва боис мешавад инсон нафаси осуда кашад. Махсус ин Рисола, барои шахсоне  мисли ман, ки он олами нурониро надидаанд, дар ҳукми чароғи дурахшонест, ки шӯълаҳои он, фосилаҳои ҳазорон соларо равшан мекунад. Ин Рисола чун бӯстони намунаву пур аз гул аст, ки ҳамеша ӯро бояд буид.

Бале, мо ба устоди маҳбубамон арз мекунем, ҳамчун талабае, ки ҳар рӯз дар назди устод дарс мегузаронад, файзҳоеро ки аз Рисолаи Нур мегирем, ҳамеша пешкаши устоди азизамон мекунем, лекин устоди маҳбуби мо, феълан баёноти хешро ба ҳоли таътил дароварданд.

Устоди азизам! Ҳақиқати Рисолаи Нур ва зебоиҳои маҷмӯъаи “Самара” ва файзе, ки аз гулҳояш насиби мо мешавад, манро во доштааст, ки ба унвони фарде аз афроди ҷомеъа, сӯхан гуям ва ба қалби бисёр касоне: ки чун ман сӯхан мегуянд, ҳаёт бахшидааст. Акнун гомҳое, ки дар муҳити феълӣ ба сӯйи Рисолаи Нур бардошта мешавад ва дастоне, ки ба сӯяш дароз мешаванд ва бо ёздаҳумин гули  Рисолаи Самара, матонати бештар касб кардааст, равшанӣ ёфта ва ба фаъолият мепардозанд.

Талабаи бисёр ҳақиратон

Хусрав

 

 * * *

Лоҳиқае бар Ҳошияи Масъалаи Ёздаҳум

 ЛОҲИҚАЕ БАР ҲОШИЯИ МАСЪАЛАИ ЁЗДАҲУМ

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

Ҳисоби (абҷадӣ) иборатҳои Ояту-л курсӣ ба тартиби зер аст:

لَٓا اِكْرَاهَ فِى (الدّٖينِ قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ) مِنَ الْغَىِّ  -1350

(فَمَنْ يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ)  – (1929)  ва ё 1928.

(وَيُؤْمِنْ بِاللّٰهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ)  -946, мутобиқи номи Рисолаи Нур

(بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَى) لَا انْفِصَامَ لَهَا وَاللّٰهُ سَمٖيعٌ عَلٖيمٌ ۞  -1347.

(اَللّٰهُ) (وَلِىُّ الَّذٖينَ اٰمَنُوا) – агар бо ҳам хонда шавад 1012, дар ғайри ин сурат 945(яке аз ташдидҳо ҳисобида намешавад).

يُخْرِجُهُمْ مِنَ (الظُّلُمَاتِ) اِلَى النُّورِ  -1372(беташдид).

وَالَّذٖينَ كَفَـرُٓوا اَوْلِيَٓاؤُهُمُ (الطَّاغُوتُ) -1417.

(يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ اِلَى) الظُّلُمَاتِ  -1338(ташдид ҳисоб намешавад).

(اُولٰٓئِكَ اَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فٖيهَا خَالِدُونَ)  -1295(бо муҳосибаи ташдид).

Ба қалбам илҳом шуд, ки дар оятҳои фавқ, илова бар ин, ки номи Рисолату-н Нур ду бор зикр мешавад, ба сурати муҷоҳида ва таҳаққуқу таълиф ва замони такомули он татобуқи комиле вуҷуд дорад. Ғайр аз он, бар кӯшиши кофирон ишора мешавад, ки бо ҷанги ҳазору нӯҳсаду наваду се 1293 мехостанд нури олами исломро хомӯш кунанд; ҳамчунин бо замони ҳампаймони ваҳшатноке, ки ба воситаи ҷанги якум ҳазору сесаду сиюҳашт (1338) танзим шуд ва амалан дар пайи интиқоли аз нур ба зулумот буданд комилан мутобиқ аст; оятҳои мазкур ҳамин тавр бо зикри мувоҷҷиҳаи муқаррари нур ва зулумот, дар ин муҷоҳидаи маънавӣ, бо маънои ишорӣ аз нуре ёд мекунад, ки аз нури Қуръон бархостааст ва нуқтаи такяи аҳли имон хоҳад шуд.

Ман ҳам маҷбур шудам бинависам, сипас дидам муносибати маъноҳои оятҳои мазкур бо вазъияти замона, он қадар зиёд аст, ки ҳатто агар ҳеҷ нишонаи таносуб вуҷуд надошта бошад, азбаски вобаста ба ҳамаи замонаҳост, қатъан бо забони ишорӣ, бо мо низ гуфтугӯ мекунад.

Бале, аввалан: ҷумлаи لَٓا اِكْرَاهَ فِى الدّٖينِ قَدْ تَبَيَّنَ الرُّشْدُ  бар асоси ҳисоби абҷад ва ҷифр ба таърихи ҳазору сесаду панҷоҳ (1350) ангушт мениҳад ва бо маънои ишорӣ мегуяд: Ҳарчанд дар он таърих дар пайи ҷудоии дин аз дунё озодии виҷдон — ки бо икроҳу иҷбори дар дин ва муҷоҳидаи динӣ ва ҷиҳод бо силоҳ барои дин мухолиф аст — ба унвони қонуни асосии ҳукуматҳо ва ба унвони як асли сиёсӣ, мавриди қабул воқеъ шуда ва ҳукумат ба ҷумҳурии советӣ табдил хоҳад шуд. Аммо ба ҷойи он, як ҷиҳоди динии маънавии бо шамшери имони таҳқиқӣ сурат хоҳад гирифт. Бале, иборати фавқ, бо нишондодани ламъае аз эъҷоз, хабар медиҳад, ки нуре бархоста аз Қуръон рушду иршоду ҳаққу ҳақиқати динро бо бурҳонҳои мустаҳкам, дар муқобили дидагон зоҳир мекунад ва онро шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Оятҳои дар боло зикршуда то калимаи “ خَالِدُونَ ” нишонаи пинҳонест, ки бо мувоҷҷеҳи такроршудаи нуру зулумот ва имону торикиҳо — ки манбаи аслии ҳамаи мувозинаҳои Рисолаи Нур аст — ба муборизаву ҷиҳоди маънавӣ дар таърихи мазкур ва қаҳрамонии бузурги он, яъне “Рисолаи Нур” ишора дорад; Рисолае, ки садҳо тилисми диниро мекушояд ва шамшери алмоси он, ниёзе ба шамшерҳои дигар боқӣ намегузорад. Бале, бениҳоят сипос, ки бист сол аст Рисолаи Нур билфеъл намоёнгари ин ахбори ғайбӣ ва ламъаи эъҷозӣ, будааст. Ва ба далели ҳамин сирри аъзам аст, ки шогирдони Рисолаи Нур дар сиёсати дунё ва ҷараёнаш ва муҷодилаҳои моддии он, дахолат надоранд ва барояш аҳамият намедиҳанд. Ва мартабаи худро то он ҳад поён намебаранд. Низ шогирдони ҳақиқии Рисолаи Нур баттарин душмани худ ва дар муқобили таҷовузҳои таҳқиромезаш мегуянд “Эй бечора! Мо кӯшиш мекунем то туро аз нобудии ҳамешагӣ бираҳонем ва аз поёнтарину дардноктарин дараҷаи ҳайвонияти фонӣ ба саодати боқии инсоният интиқол диҳем, аммо ту барои нобудӣ ва аз байн бурдани мо талош мекунӣ, лаззатҳои ту дар ин дунё бисёр ночиз ва кӯтоҳ, аммо муҷозотат дар охират бисёр зиёду тулонист. Марги мо озодшудан аст, бирав! Мо худро бо ту машғул намекунем, ҳар чи мехоҳӣ бикун!”

Шогирдони Рисолаи Нур аз душмани золим, асабонӣ нестанд, барои ӯ дилсузию муҳаббат мекунанд ва ба умеди наҷоти ӯ барои ислоҳаш талош мекунанд.

Сониян: Бо диққат ба ду иборати қудсӣ:

وَيُؤْمِنْ بِاللّٰهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ ва بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقٰى мебинем, ки бо муносибати маънавии қавӣ ва бар асоси ҳисоби абҷад ва ҷифр, аввалаш бар номи Рисолаи Нур ва охираш бар таҳаққуқу такомулу футуҳоти дурахшони он ба таври комил, мутобиқат дорад; ва бо маънои рамзӣ хабар медиҳад, ки Рисолаи Нур дар замонаи кунунӣ ва дар ҳоли ҳозир, як “урвату-л вусқо” аст, яъне ресмони бисёр мустаҳкам ва “ҳаблу-л варид” аст. Касе, ки даст дар он овезад, наҷот меёбад.

Солисан: Ибораи اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذٖينَ اٰمَنُوا ба лиҳози маъно ва бар асоси ҳисоби ҷифр ишораи рамзӣ ба Рисолаи Нур дорад ва ба ин шакл…

(дар ин мақом парда фуру омад ва идомаи нигориш, иҷоза дода нашуд. Пас ба замони дигар, супорида мешавад.)

(Ҳошия): Сабаб ин, ки иҷоза дода нашуд, қисми боқии ин нуқта дар ин лаҳза навишта шавад, иртиботест, ки то ҳудуде бо дунё ва сиёсат дошт, мо аз нигоҳ ба ин арса манъ шудаем. Бале, اِنَّ الْاِنْسَانَ لَيَطْغٰى нозир ба ин тоғут аст ва ба он таваҷҷӯҳ медиҳад.

 

Саъид Нурсӣ

 * * *

Масъалаи Ёздаҳум

МАСЪАЛАИ ЁЗДАҲУМ

Ибтидои Масъалаи Ёздаҳуми Самара, шомили натиҷае чун биҳишт, саодати абадӣ ва дидори Аллоҳ аз меваҳои бешумори куллию ҷузъии шаҷараи кудсии имон аст, ки садҳо намунаи он, дар Рисолаи Нур баён гардида ва бо ҳуҷҷатҳои яқин исбот шудааст. Тавзеҳи матлабро ба “Сироҷи Нур” ишора мекунем ва мутаарризи аркони куллии он нашуда, танҳо чанд намунаи самараҳои хоссу ҷузъии аз ҷузъиёти мавзӯъ баён мегардад.

Якум: Рӯзе дар дуо гуфтам: “Ё Раббӣ! Манро ба ҳурмату шафоати Ҷабраил, Микоил, Исрофил ва Азроил, аз шарри ҷинну инс муҳофизат намо!” Вақте номи Азроилро, ки боиси тарсу ҳароси ҳамааст ба забон овардам, эҳсоси ширин, оромибахш ва дӯстдоштанӣ, ба ман рух дод. Гуфтам “Алҳамдулиллоҳ” кӯшиш ба дӯстдоштани Азроил кардам. Ба як самараи ҷузъии аз самараҳои бисёри имони ба Азроил ба унвони яке аз малоика, як ишораи мухтасар мекунем:

Аввалан: Бо арзиштарин дороии инсон, ки дасту пояш дар иртибот ба он, ба ларза меафтад рӯҳи ӯст. барои пешгирӣ аз зоеъ шудан ва нобудӣ ва билотаклифии (рӯҳ), супурдани он ба дастони қудратманду амин, сурури амиқ, насибам кард. Фариштагонеро ба ёдам овардам, ки аъмоли инсонро сабт мекунанд, дидам монанди ин мева чи самараҳои дилпазир доранд.

Сониян: Ҳар кас барои боқӣ мондани сухан ё феъли боарзиши худ, тавассути китобат, шеър ва ҳатто филму синамо, муштоқона нисбат ба ҳифзи он кӯшиш мекунанд. Махсусан агар феълҳои матраҳ бошад, ки дар биҳишт самароте бабор оварад, дар ин сурат фард алоқамандтар мешавад. Эҳсоси кироманкотибин, ки дар тарафи чапу рости инсон нишаста ва (амалу кирдори инсонро) барои нишон додан дар манзараҳои абадӣ, барои мукофоти доимӣ (сабт мекунанд); дар назарам чунон ширину дилпазир омад, ки ба баёнаш қодир нестам.

Онгоҳ, ки аҳли дунё аз ҳама ҷонибҳои зиндагии иҷтимоӣ, аз китобҳо, дӯстон, хизматгорон ва ҳама корҳое, ки боиси оромишам мешуд, боиси инзивоям гардиданд. Замоне, ки таҳти фишори ваҳшати ғурбат будам, дунёи пуч бар сарам овор мешуд, яке аз самараҳои бешумори имон овардани ба малоик, ба фарёдам расид. Ҷаҳони ҳастӣ ва дунёамро шодмону пур аз фариштагону рӯҳониён кард ва боис шуд ҷаҳоне, ки дар он зиндагӣ мекардам бо шодӣ лабханд бизанад. Дар ҳамон мавқеъ, нишонам доданд, ки олами аҳли залолат, пур аз ваҳшату холию гиристан аст.

Қувваи хаёлам дар ҳамон ҳол, ки ба сабаби лаззати ҳосилшудаи аз ин самара, шоду масрур буд. Меваи мушобеҳе аз меваҳои фаровони имон ба ҳама пайғамбаронро чашид. Ҳамон лаҳза эҳсос кардам ҳамроҳи ҳамаи анбиёи гузашта зиндагӣ кардаам. Имону тасдиқам нисбат ба онҳо, замонҳои собиқро равшанӣ бахшид, имонамро вусъат дода, куллият бахшид. Низ бар даъвоҳои Паёмбари охируззамонамон дар бораи имон гувоҳӣ дода, шаётинро ба сукуткардан маҷбур кард.

Ногаҳон саволе ба қалбам хутур кард, ки посухи қатъии он дар “Ламъаи Ҳикмату-л Истиоза” омадааст. Савол ин буд:

“Дар ҳоле, ки натиҷаҳову манфиатҳои зебои самараҳо ва фоидаҳову ҳасаноти бисёр дилнишине ҳамчун меваҳои зикршуда ва тавфиқоту иноятҳои меҳрубононаи Арҳамму-р-роҳимин, аҳли ҳидоятро ёрӣ карда ба онҳо қуввату нерӯ мебахшанд, чаро аҳли залолат дар бисёр вақтҳо ғолиб мешаванд ва гоҳо бист нафари онҳо, боиси парешонии сад нафар аз аҳли ҳидоятро фароҳам мекунанд?” Бале, эҳсос кардам саволе ба ин маъно аз ман пурсида шуд. Дар чунин андеша будам, ки ба ёди малоика ва таъкидҳои Қуръон афтодам, ки дар баробари дасисаҳои бисёр заифи шайтон, ёрии Ҷаноби Ҳақ насиби аҳли имон мегардад. Бо таваҷҷӯҳ ба шарҳу баёни ҳикмати қатъии ин мавзӯъ, дар Рисолаи Нур ишораи бисёр мухтасар ба посухи саволи мазкур мекунем:

Бале, гоҳо дар баробари талоши пинҳонии фарди девонаву музир барои оташзадани хонае, ки сад нафар онро бино карда ва садҳо нафар аз он муҳофизат мекунанд, ҳатто мумкин аст ба давлату подшоҳ низ муроҷиат шавад, то хонаи мазкур по барҷо боқӣ монад. Вуҷуди он хона ба вуҷуди шароити аркону асбоби лозима вобастагӣ дорад. Аммо аз байн рафтану вайрон кардани он хона, бо аз байн рафтани танҳо яке аз шароит, воқеъ мегардад. Яъне бо гӯгирд задани як девона, сӯхта нобуд мешавад. Ба ҳамин тартиб, шаётини инсу ҷин, бо камтарин коре, ки анҷом медиҳанд, боиси вайрониҳои бузург ва оташсӯзиҳои маънавию ваҳшатнок мешаванд. Решаи асосии ҳамаи бадиҳо ва исёнҳову шурур, адаму нобудист. Ва адаму тахриб, дар зери сурати вуҷуд, махфист. Шаётин ва шарри инсию ҷиннӣ дар истинод ба ин нуқта бо қудрати бисёр андак дар баробари қудрати беҳадду канор, меистанд. Ва аҳли ҳаққу ҳақиқатро ҳамеша  ба сӯйи даргоҳи Ҷаноби Ҳақ маҷбур ба фирор мекунанд. Қуръон низ, ба ҳимояти онон (аҳли ҳақиқат) ҳамеша таъкид мекунад ва асмои навадунӯҳ гонаи Илоҳиро дар ихтиёрашон мегузорад ва дастури ботаъкид медиҳад, ки дар рӯбарӯи душманон собитқадам бошанд.

Бо ин посух, яку якбора нишонаҳои ҳақиқати азим ва асоси масъалаи бузургу ҳайратангез, ба тартиби зер дида шуд:

Ҳамчуноне, ки биҳишт тамоми маҳсулоти олами вуҷудро дорад, тухмиҳои расидаи дунёро ба сурати доимӣ мепарварад. Ҷаҳаннам низ, барои нишондодани натиҷаҳои аламовари тарсноки беҳадду канор, адаму холӣ, маҳсулоти адамиро таҳия мекунад ва корхонаи ваҳшатноки ҷаҳаннам, илова бар соири вазифаҳое, ки дорад, олами вуҷуд ва коинотро аз зиштиҳои олами адам, пок мекунад. Феълан намехоҳем боби ин масъалаи ваҳшатнокро кушоем. Иншоаллоҳ баъдан тавзеҳ дода мешавад.

Низ, ҷузъе аз самараи имони ба малоик ва намунаи вобаста ба Накиру Мункар чунин аст:

Дар олами хаёл, вориди гуре шудам, ки монанди ҳар кас бояд вориди он мешудам, дар ҳоле, ки дар гури торику хунук, ки ба ҳуҷраи инфиродӣ монанд аст, танҳо, бекас, ғарқи ноумедӣ, ваҳшат ва танҳоии мутлақ, ба худ меларзидам. Ногаҳон ду дӯсти азиз аз тоифаи Накиру Мункар намоён шуданд, ба суям омада ва бо ман гуфтугӯро шуруъ карданд, қалбу қабрам вусъат ёфт, нурониву гарм шуд, ва даричаҳое ба сӯйи олами арвоҳ кушода шуд. Аз он чи, ки дар олами хаёл медидам ва қарор буд дар оянда воқеъан ба сарам ояд, аз дилу ҷон шод шуда, шукур гуфтам.

Яке аз талабаҳои улуми диние, ки сарфу наҳв мехонд, аз дунё меравад. Дар қабр накиру мункар аз ӯ мепурсанд: “مَنْ رَبُّكَ?” Парвардигори ту кист? Ӯ худро дар мадраса гумон карда, бар асоси илми наҳв чунин посух медиҳад: “مَنْ, мубтадо ва رَبُّكَ хабари он аст. Ин матлаб осон аст, саволҳои мушкилтар диҳед.” Фариштагон ва ҳам арвоҳи ҳозир ва валиеро, ки дар онҷо кашфу-л-қубур карда ва шоҳиди моҷаро будааст, ба ханда во медорад ва раҳмати Илоҳӣ низ, мутабассим шуда, талабаи мо аз азоб наҷот меёбад. Марҳум Ҳофиз Алӣ, ки аз шуҳадои қаҳрамони Рисолаи Нур аст, дар зиндон ҳангоме, ки Рисолаи Самараро бо камоли шавқ менавишту мутолиъа мекард, аз дунё рафт. Дар қабр ба фариштагоне, ки маъмури суоланд, монанди ҷаласаи додгоҳ, бо ҳақиқатҳои Рисолаи Самара ҷавоб медодааст. Ману талабаҳои Рисолаи Нур низ, саволҳои ононро дар оянда, ба шакли ҳақиқӣ ва дар айни замон, ба лиҳози маъно бар асоси ҳуҷҷатҳои қавию дурхшони Рисолаи Нур посух дода, Иншоаллоҳ онҳоро ба тасдиқу таҳсину такбир во медорем.

Намунаи ҷузъӣ аз ин, ки имон овардани ба малоика, мадори саодати дунявист:

Кӯдаки маъсуме, ки дарси илму фиқҳ гирифта, ба кӯдаки дигаре, ки дар канораш буд ва барои вафоти бародараш гиря мекард, гуфт: “Гиря макун, шукур кун… бародари  ту бо фариштагон ба сӯйи биҳишт рафт, дар онҷо сайру гашт карда, зиёдтар аз мо лаззат мебарад, монанди фариштагон, бол мезанад; ӯ ҳоло метавонад ҳамаҷоро тамошо кунад.” Ба ин тартиб, гиряи ӯро ба табассуму шодӣ, табдил кард.

Ман низ, монанди ҳамон кӯдаке, ки мегирист, дар ин зимистони ҳазин ва вазъияти аламоварам, хабари бениҳоят дарднок, яъне вафоти ду касро шунидам. Яке аз онҳо бародарзодаам марҳум Фуод буд, ки дар мактабҳои муътабару олӣ ҳамеша ба мақоми аввал ноил шуда, ба нашри ҳақиқатҳои Рисолаи Нур машғул буд. Дигараш низ, ҳамшираи марҳумаам Олимахонум буд, ки ба сафари Ҳаҷ рафту дар вақти сакарот ба тавоф машғул буда, аз дунё дар гузашт. Дар марги ин ду, ҳамчун дар вафоти марҳум Абдураҳмон, ки шарҳи он дар Рисолаи Пиронсолон омадааст, гиря кардам. Аммо дар айни ҳол ба нури имон дар олами маъно дидам, ки Фуоди бегуноҳу он бонуи солиҳа, ба ҷойи инсонҳо, бо фариштагон дӯст шудаанд, ва аз ҳалокату исёнҳои дунявӣ, наҷот ёфтаанд. Ба ҷойи ғаму андуҳи шадид, шодии бузург эҳсос кардам. Ба онҳо, ба падари Фуод яъне бародарам Абдулмаҷид ва ба худам табрик гуфтаму шукри Худои Арҳамму-р-роҳиминро ба ҷо овардам. Ин матлабро ба нияти дуои раҳмат, барои он ду марҳум навишта ва сабт кардам.

Ҳамаи мувозинатҳои дарҷшудаи дар Рисолаи Нур самараҳои имонро, ки мадори саодати дунявию ухравист, баён мекунад. Самараҳову фоидаҳои бузургу куллии имон дар ин дунё боиси саодати ҳаёту лаззати умр ҳастанд. Аз ин ҷиҳат, имони ҳар шахси мӯъмин, барояш саодати абадиро натиҷа медиҳад. Балки дар охират ба сурати саодат, сунбул дода ва ба он сурат мешукуфад.

Панҷ фоидаи самароти куллӣ ва бисёр фаровони мазкур, дар таҳти унвони меваи меъроҷ дар бахши поёни Гуфтори Сию Якум ва панҷ фоидаи дигар дар Шохаи Панҷуми Гуфтори Бисту Чорум ба унвони намуна навишта шудааст. Дар оғоз гуфта будем, ҳамон тавре, ки ҳар як аз аркони имон, дорои самараҳои ҷудо-ҷудо бисёр зиёд мебошад, як самара аз самараҳои фаровони он маҷмӯъа, биҳишти барин, самараи дигари саодати  абадӣ ва боз самараи дигар ва шояд дилнишинтаринашон руъяти Илоҳист. Дар мувозинати бахши поёни Гуфтори Сию Дуюм як қисми аз самароти имон, ки мадори саодати ду ҷаҳон аст, равшанӣ дода шудааст.

Яке аз далелҳои вуҷуди самароти бо арзиши рукни имони ба қадар дар ин дунё, дар забони мардум ба ин сурат зарбулмасал шудааст: مَنْ اٰمَنَ بِالْقَدَرِ اَمِنَ مِنَ الْكَدَرِ  яъне, “Касе ки ба тақдир имон дошта бошад аз ғаму ғусса наҷод меёбад.” Дар поёни Рисолаи Қадар бо як тамсили зебо вуруди ду мард ба боғи қасри шоҳона ва самараи куллии он баён шудааст. Ҳатто ман дар зиндагии худам ба сабаби ҳазорон таҷруба, дарёфта ва донистаам, ки агар имони ба қадар набошад, саодати ҳаёти дунявӣ аз байн меравад. Дар мусибатҳои дарднок, ҳар гоҳ аз гушаи имони ба қадар нигоҳ мекардам, медидам, ки дарди мусибат ба миқдори зиёд кам мешавад, ва ҳайрон аз ин мешудам, ки чигуна бидуни имон ба Қадари илоҳӣ метавон зиндагӣ кард.

Дар Мақоми Дуюми Гуфтори Бисту Дуюм ба яке аз самараҳои куллии рӯкни имони ба малоика чунин ишора шудааст: Азроил алайҳиссалом дар муноҷот ба Ҷаноби Ҳақ хитоб карда мегуяд: “Дар амал кардан ба вазифаи қабзи арвоҳ, бандагонат аз ман нороҳат шуда, шикоят мекунанд.” Ба ӯ ҷавоб гуфт: “Бемориҳову мусибатҳоро дар баробари анҷоми вазифаи ту парда карор медиҳам, то шикояти бандагонам аз онҳо бошад ва ҳеҷ мутаваҷҷеҳи ту нашаванд.”

Вазифаи Азроил алайҳиссалом низ, монанди ҳамин пардаҳост, то шикоятҳои ноҷо мутаваҷҷеҳи Ҷаноби Ҳақ ҷалла ҷалолуҳу нагардад. Зеро, ҳар кас ба мушоҳидаи ҳикмат, раҳмат, ҷамолу маслиҳате, ки дар марг вуҷуд дорад қодир намебошад. Зоҳирро мебинанд, лаб ба эътироз кушода шикоят мекунанд. Барои он, ки чунин шикоятҳои ноҷо мутаваҷҷеҳи Раҳими Мутлақ нагардад, ҳикмат ин аст, ки Азроил алайҳиссалом пардаву ҳиҷоб бошад.

Ба ҳамин тартиб, вазифаи ҳамаи малоик, балки ҳама асбоби зоҳирӣ, он аст, ки пардае дар баробари иззати рубубӣ шаванд, то иззату тақдиси қудрати Илоҳӣ ва иҳотаи раҳматаш дар чизҳое, ки зебоии онҳо дида намешавад ва ҳикматҳояшон дониста намешавад, дар ҳифз монад ва дар ҳадафи эътирозҳо воқеъ нагардад ва мубоширати қудрат дар чизҳои беарзишу бетараҳҳум… дида нашавад; вагарна Рисолаи Нур бо ҳуҷҷатҳои бешумор исбот кардааст, ки муҳри тавҳид аз он нишон дорад, ки ҳеҷ сабаби таъсири ҳақиқӣ надорад ва дар эҷод низ фоқиди қобилият лозим аст.

Халқ ва ё эҷод кардан хоссаи ӯст. Сабабҳо танҳо як парда ҳастанд. Бошуурон ба мисли фариштагон, ба сабаби ихтиёрҳои ҷузъияшон, танҳо навъи хизмати фитрие, ки касб номида мешавад ва танҳо як амали убудият, он ҳам беимкони эҷод, дар ихтиёр надоранд.

Бале, иззату азамат, хоҳони ин ҳастанд, ки сабабҳо пардадори дасти қудрат бошанд.

Дар назари ақлу тавҳид ва аҳадият низ, мехоҳанд сабабҳо, дасти худро аз таъсири ҳақиқӣ кӯтоҳ кунанд.

Пас ҳамчуноне, ки малоик ва сабабҳои зоҳирие, ки дар умури хайрӣ ва вуҷудӣ истихдом мешаванд. Қудрати Раббониро дар чизҳое, ки зебоиҳояшон дидаю дониста намешавад, аз зулму қусур муҳофизат намуда ва ҳар кадом як васила, барои тақдису тасбеҳи Илоҳӣ, ба шумор мераванд,

Ба ҳамин тариб, коркарди шайтонҳои инсу ҷин ва маводи зараррасон дар умури шаррӣ ва адамӣ низ, қудрати субҳониро аз зулму ситам ва эътирозоти ноҷо ва шикоятҳо, мераҳонад ва ба тақдису тасбеҳи Раббонӣ ва муназзаҳу мубарро буданаш аз ҳар гуна қусуре, ки мумкин аст дар коинот бошад, хизмат мекунад. Зеро ҳама нуқсонҳо аз адам ва аз надоштани қобилият ва аз тахрибу анҷом надодани вазифа — ки ҳар кадоми аз инҳо, навъе аз масъалаи адамист — ва аз афъоли адамие, ки фоқиди вуҷуданд, сарчашма мегирад. Ин пардаҳои шайтонӣ ва мубтанӣ бар шар, марҷаъи он нуқсонҳо қарор мегиранд ва эътирозҳоро ба сӯйи худ ҷалб карда, василае барои тақдиси Ҷаноби Ҳақ ҷалла ҷалолуҳу мешаванд.

Воқеан дар умури адамӣ ва тахрибию шаррӣ, ба қуввату иқтидор ниёз нест. Кори хурду қуввати ҷузъӣ, балки анҷом надодани вазифа кофист, то гоҳо боиси адамҳову тахрибҳои бузург гардад. Фоилони шурур, гумон меравад, ки муқтадиранд; дар ҳоле, ки ҷузъи адам, таъсире надоранд ва хориҷ аз касби ҷузъ, қудрате надоранд, бинобар ин, чун шурурони мазкур реша дар адам надоранд, пас шурурон, фоилони ҳақиқианд. Онҳо мустаҳиққи онанд, ки агар бошууранд муҷозотро таҳаммул кунанд. Пас шурурон дар сайиот, фоиланд.

Танҳо дар ҳасанот ва умури хайр ва аъмоли солиҳа сӯҳбат аз вуҷуд мешавад ва некон фоилону муассирони ҳақиқӣ нестанд. Онҳо қобиланд ва файзи Илоҳиро мепазиранд ва подошашон низ фазли Илоҳист. Бинобар ин, Қуръони Ҳаким мефармояд:

 مَٓا اَصَابَكَ مِنْ حَسَنَةٍ فَمِنَ اللّٰهِ وَمَٓا اَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ

Натиҷа: Дар ҳоле, ки коиноти ҳастӣ ва оламҳои бешумори адам, дар муқобила бо якдигар натиҷаҳое ҳамчун биҳишту ҷаҳаннамро ҳосил мекунанд. Ва ҳама оламҳои ҳастӣ “اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ” ва тамоми оламҳои адам “سُبْحَانَ اللّٰهِ سُبْحَانَ اللّٰهِ” мегуянд. Ва бо як қонуни муборизаи фарогири фариштагон бо шайтонҳо, хайрҳо бо бадиҳо, дар муборизаанд. Ин рӯбарӯӣ, то муборизаи илҳом ва васваса дар атрофи қалб кашида мешавад, якбора аз самараҳои имон овардани ба фариштагон таҷаллӣ мекунад ва масъала ҳал шуда, олами зулмонӣ, нуронию дурахшон мешавад. Нуре аз анвори ояти муборакаи اَللّٰهُ نُورُ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ -ро нишонамон дода, ширинии онро ба мо мечашонад.

Дар Гуфтори Бисту Чорум ва Бисту Нӯҳум — ки дорои каромати (Алиф)-ҳост — ба дигар самараҳои куллии ин матлаб, ишора мешавад ва вуҷуди малоик ва вазифаҳои онҳо ба вузӯҳ исбот мегардад. Бале, ҳашамати Рубубии пур меҳру муҳаббате, ки мехоҳад худро дар ҳар тарафи коинот дар ҳар чизи куллию ҷузъӣ ва дар ҳар навъе муаррифӣ кунад то ӯро шинохта ва дӯст бидоранд. Албатта дар муқобили он ҳашамату марҳамату муаррифӣ ва дӯстдоштан, бояд бо убудияти густурдаву фарогир, бинобар маърифату шуур, бо шукру тақдис, мувоҷеҳ шавад. Ин амри лозиму қатъист. Ин вазифаро танҳо ва танҳо малоики бешумор ҳастанд, ки метавонанд ба ҳисоби ҷимодот ва аркони азими бешуури дар коинот анҷом диҳанд. Танҳо онҳо ҳастанд, ки метавонанд иҷроиёти ҳакимонаю бошукӯҳи салтанати Рубубиро дар ҳар сӯ, дар замину осмон, дар умқи замин ва беруни он, намояндагӣ кунанд.

 Масалан, қонунҳои берӯҳи фалсафа, хилқати замин ва вазъияти фитрии онро бисёр зулмонию ваҳшатангез, нишон медиҳад; дар ҳоле, ки ба воситаи ин самараи нуронии замин, ба тарзи маънус ба дӯши ду фаришта ба номҳои Савр ва Ҳуд қарор дорад. Воқеан дар таҳти назорати онҳост. Яъне, моддаи ухравӣ ба номи Сахрат, ки аз биҳишт оварда шуда ва санги бинои боқии кураи заминест, ки фонӣ мебошад ва ишоратест ба ин, ки қисме аз он, дар оянда ба биҳишти боқӣ мунтақил мешавад ва барои малоикае, чун Савр ва Ҳут нуқтаи истинод қарор гирифтааст. Ба ин асос аз паёмбарони қадими Бани Исроил ривоятҳост. Ва аз Ибни Аббос низ ривоят шудааст. Мутаассифона ин маънои қудсӣ ва ин ташбеҳ ба мурури замон дар назари авом ҳақиқат талаққӣ шуда ва шакли ғайри мантиқӣ гирифтааст. Фариштагон ҳамон тавре, ки дар ҳаво гаштугузор мекунанд, дар хоку сангу замин низ, ҳузур доранд, бинобар ин, онҳо ба санги ҷисмонӣ ва кураи замин, ниёз надоранд. Инчунин, ниёз ба моҳию гов надоранд, ки ба рӯяшон қарор бигиранд.

Ё масалан, кураи замине, ки ба теъдоди сарҳои анвоъи (мавҷудот) ва ба теъдоди забони афроди анвоъи мазкур ва ҳамин тавр ба теъдоди аъзову баргҳо ва меваҳои он афрод тасбеҳ мегуяд, бешубҳа  бо огоҳӣ аз он убудияти бошукӯҳ ва бешуури фитрӣ ва барои он, ки онҳоро бо маърифат намояндагию тақдими даргоҳи Илоҳӣ кунад, ба фариштаи муваккале ниёз дорад, ки дорои чил ҳазор сар бошад, ҳар сар чил ҳазор забон дошта бошад ва бо ҳар забон чил ҳазор тасбеҳ бигуяд. Ин матлабро, ки айни ҳақиқат аст Мухбири Содиқ хабар додааст.

Фариштагоне ҳамчун Ҷабраил алайҳиссалом, ки муносибати Раббониро ба муҳимтарин натиҷаи офариниши коинот, яъне инсон таблиғу изҳор мекунад,  Исрофил ва Азроил алайҳимассалом, ки иҷроиёти Илоҳӣ ва махсуси Холиқ (Офаридагор), ҳамчун зинда кардан, ҳаёт бахшидан ва омода сохтан барои маргро — ки дар олами зиҳаётон мавридҳои ваҳшатноку боҳашамат, ба шумор мераванд — намояндагӣ мекунанд ва бо убудияти том, ба онҳо назорат доранд. Ҳамчунин Микоил алайҳиссалом, ки бар эҳсонҳои Раҳмонӣ дар ризқу рӯзӣ, ба унвони ҷомеътарин, густурдатарин ва лаззатбахштарини умур дар доираи ҳаёт, назорат дорад ва шукру сипосҳои бешуурро бошууру бомаърифат, намояндагӣ мекунад, моҳиятҳои бисёр аҷибе доранд ва бақои рӯҳу вуҷудашон муқтазои салтанат ва ҳашамати Рубубист. Вуҷуди онҳо ва ҳар як аз тоифаҳои махсуси онҳо ба андозаи вуҷуди ҳашамат ва салтанате, ки дар ҳастӣ мисли хуршед зоҳир аст, қатъию яқинӣ мебошад. Масъалаҳои дигари вобаста ба малоикро бояд бо ҳамин матолиб қиёс намуд.

Бале, Қадири Зулҷалоли ва-л Ҷамоле, ки ба рӯйи кураи замин чорсад ҳазор навъи зиҳаёт офарид ва ҳатто аз мутааффинтарин ва содатарин мавод, бисёре аз зируҳонро халқ кард ва ҳар сӯро ба вуҷуди онон муборак гардонид ва тавре тадбир намуд, ки дар муқобили сунъи мӯъҷизоташ ба забони хеш “Мошоаллоҳ, Боракаллоҳ, Субҳоналлоҳ” бигуянд ва дар баробари эҳсонҳои раҳматаш “Алҳамдулиллоҳ, ва Шукрулиллоҳ, Аллоҳу Акбар” ба забон оваранд, албатта бешубҳа, сокинон ва рӯҳониён, доим дар убудият ва дур аз исёну гарданкашӣ ва муносиб бо осмонҳои бузург халқ намуда ва самовотро ба вуҷудашон муборак гардонида ва холӣ раҳо нанамудааст. Бисёри аз анвоъи ҳайвонот, анвоъи малоике офарид, ки қисми аз онҳо бисёр хурданд ва савор бар донаҳои барфу борон бо забони худ офаринишу раҳмати Илоҳиро тақдир мекунанд, қисми дигари аз онҳо савор бар ситорагони сайёр ва дар ҳоли гашту гузор дар коинот дар баробари азамату иззату ҳашамати Рубубӣ, такбиру таҳлил мегуянд. Ба ин тартиб, убубияташонро ба оламиён эълон медоранд.

Бале, аз замони Одам то кунун, ҳамаи китобҳову динҳои осмонӣ, бар вуҷуди малоик ва убудияташон иттифоқи назар доштаанд. Низ, ривоятҳои фаровону мутавотир, бинобар воқеъ шудани гуфтугӯ ва муҳовара бо фариштагон дар тамоми асрҳо вуҷуд доштааст. Ин матолиб вуҷуди малоикро ва ин, ки бо мо дар иртибот ҳастанд ба ҳамон тартибе, ки мардуми Амрикоро надидаем, аммо ба вуҷудашон итминон дорем, бароямон ба сурати қатъӣ исбот мекунад.

Акнун биё бо нури имон ба дуюмин самараи куллӣ, бингар ва онро чашида бубин, чигуна сар то сари олами ҳастиро музайян сохта, зебо намуда ва табдил ба бузургтарин масчиду маъбади паҳновар кардааст ва дар баробари намоиши сарду мурда ва торику ваҳшатноки фанну фалсафа, олами дилнишин, маънус, нуронӣ, бошууру зиндаро нишон медиҳад ва ҷилвае аз лаззати ҳаёти боқиро нисбат ба дараҷоти аҳли имон, дар ҳамин дунё ба онҳо мечашонад.

 

Идома: Ҳамчуноне, ки дар ҳар сӯйи коинот ба сирри ваҳдату аҳадият, айни қудрат, айни исм, айни ҳикмат ва айни санъат вуҷуд дорад, ва ҳар офаридае ба забони ҳоли худ, бар ваҳдату тасарруфу эҷод ва рубубияту халлоқият ва қудсияти Офаридагор, гувоҳӣ медиҳад. Ба ҳамон тартиб, фариштагонро халқ кард ва тасбеҳотеро, ки ҳар махлуқ ба забони ҳол ва беидрок, баён медорад, тавассути малоик бо забони мубтанӣ бар убудият, ба анҷом мерасонад. Фариштагон ба ҳеҷ ваҷҳ бар хилофи фармонҳои Илоҳӣ ҳаракат намекунанд, ғайр аз убудияти холис кори дигаре надоранд ва бе фармони Илоҳӣ ба ҳеҷ кор дахолат намекунанд. Онҳо ҳатто берухсат, ба шафоат низ қодир нестанд. Малоик ба тамоми маъно мазҳари сирри عِبَادٌ مُكْرَمُونَ ۞ يَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ ҳастанд.

 

ХОТИМА

Ишораи мухтасарест бар ҳақиқати муфассал, ки яке аз мӯъҷизоти ғайбӣ ва ошкори Сураи قُلْ اَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ -ро нишон медиҳад. Ишорате, ки пас аз мағриб ногаҳон ва бе ихтиёр бар қалбам илҳом шуд, ки шомили нуктаи эъҷозомез ва хеле муҳим мебошад.

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

قُلْ اَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ ۞ مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ ۞ وَمِنْ شَرِّ غَاسِقٍ اِذَا وَقَبَ ۞ وَمِنْ شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ ۞ وَمِنْ شَرِّ حَاسِدٍ اِذَا حَسَدَ

Сирфан ба лиҳози маънои ишоратӣ, дар ин сураи азим ва хориқулода, ба Паёмбар ва уммати ӯ фармон дода мешавад: “Аз шурури шаётини инсӣ ва ҷинние, ки дар коинот ба ҳисоби оламҳои адамӣ фаъоланд, худро ҳифз кунед.” Ин фармон, ҳама асрҳоро шомил мешавад, махсусан бо маънои ишоратие, ки дорад, даврони аҷиби рӯзгори моро ошкоро мавриди хитоб қарор медиҳад ва хизматгузорони Қуръонро ба истиоза фаро мехонад. Ин мӯъҷизаи ғайбӣ, бо панҷ ишора ба таври хулоса баён мешавад.

Ҳар як ояти ин сура маънеҳои фаровон дорад. Ин ки дар маънои ишоратӣ, дар панҷ ҷумлаи он чаҳор бор калимаи “Шар” такрор мешавад ва бо муносибати маънавию боқувват, ба чор навъи шуруру инқилобҳо ва муборизаҳои моддию маънавии даҳшатнок ва туфонии ин аср ишора мешавад. Ва дар маъно, фармон дода мешавад, ки “Аз ин мавридҳо дур шавед” Бешубҳа  иршоди ғайбист, ки шоистаи эъҷози Қуръон мебошад.

Масалан قُلْ اَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ дар ибтидои сура бар асоси ҳисоби абҷад ва ҷифр ба таърихи 1352 ё 1354 ишорат аст, ки аз омодагии пур ҳирсу ҳасади навъи башар барои вуқӯъи ҷанги ҷаҳонии дуюм баъд аз ҷанги якум нишон дорад. Ин оят ба лиҳози маъно, ба уммати Муҳаммадия алайҳиссалом мегуяд: “Вориди ин ҷанг нашавед ва ба Худоятон паноҳ бубаред.” Дар маънои рамзӣ низ, ба шогирдони Рисолоаи Нур, ки хизматгорони Қуръон ҳастанд, бо таваҷҷӯҳи хос хабар медиҳад, ки дар таърихи мазкур аз зиндони Эскишаҳир ва аз шарри ваҳшатнок, наҷот ёфта ва тарҳи нобуд карданашон ақим хоҳад монд. Бинобар ин ба забони рамз, ба онҳо амр мекунад, ба Худо паноҳ бубаранд ва истиоза кунанд.

Ё ояти مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ бидуни шумориши ташдид мешавад 1361; ки ишоратест ба хасороти золимонаю бераҳмонаи ин ҷанги беназир бо таърихҳои Ҳиҷрию Румӣ ва дар айни ҳол бо маънои рамзӣ, ба шогирдони Нур, ки бо тамоми қувваташон дар роҳи хизмати ба Қуръон талош мекунанд, ишора дорад, ки аз тарҳи густурдаи нобудӣ ва балои аламовару ваҳшатнок ва аз зиндони Денизлӣ наҷот меёбанд. Ба забони ишора ба онҳо мегуяд: “Худро аз шарри халқ муҳофизат кунед.”

Намунаи дигар, иборати اَلنَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ аст – ташдидҳо шуморида намешаванд. – ки мешавад 1328; агар ломеро, ки ҳамроҳи ташдид ҳаст, ҳисоб кунем, адади 1358 ишорае ба соли 1358 замоне, ки ғаддорони аҷнабӣ бо ҳирсу ҳасад ва бо фикри нобуд кардани инқилоби озодихоҳи мо – ки дар ҳимояти аз Қуръон сурат гирифта буд – салтанатро табдил карда ва ба роҳандозии ҷангҳои Балкан ва Италиа ва ҷангҳои ҷаҳонии якум ва дуюм шароратҳои моддию маънавии худро бо дамидани фикрҳои заҳролуди дипломатҳояшон аз тариқи радио, дар зеҳнҳои ҳар кас, ҷой доданд ва тарҳҳои пинҳонии худро ба нуқтаҳои ҳассоси муқаддароти башар, талқин карданд. Ашрореро ба майдон оварданд то муқаддамоти нобудии ваҳшиёнаи пешрафтҳои ҳазорсолаи тамаддунро фароҳам оваранд. Ин нуктаҳо комилан мутобиқи маънои اَلنَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ аст.

Ба ҳамин тартиб وَمِنْ شَرِّ حَاسِدٍ اِذَا حَسَدَ – дар назар нагирифтани ташдиду танвин – муодили рақами 1347 аст, ки дар ин таърих, ба сабаби иҷбори муоҳидаҳои аҷнабӣ, буҳрони аҷибе дар ин ватан, сурат гирифт. Ва ба сабаби таҳаккуми фалсафа, дар миёни ин миллати диндор, таҳаввулоти муҳим эҷод шуд ва дар айни ҳол, ҳасодатҳо ва рақобатҳои ваҳшатноки давлатҳо, сабаби вуқӯъи ҷанги ҷаҳонии дуюм гардид. Тавофуқу мутобиқи маънои ишории ояти фавқ, бо ҳодисаҳои зикршуда, бешубҳа ламъае аз эъҷози ғайбии он аст.

Ёдоварӣ:

Ҳар як оят, маънои мутааддид дорад. Низ ҳар як маънои он, куллист ва мумкин аст дар ҳар давра, афродеро шомил шавад. Дар ин баҳс, танҳо маънои ишории оятҳое, ки мутаваҷҷеҳи давраи кунунии мост, зери назар аст. Дар баробари маънои куллии оят, асру замонаи мо, яке аз афроди он ба шумор меравад. Лекин ба сабаби хусусиёте, ки дорад, сабаб мешавад, оят ба таърихи он ҳодиса бингарад.

Ман чаҳор сол аст, ки намедонам ин ҷанг чи воқеъаҳо ё чи натиҷаҳо дошта ва напурсидаам, ки сулҳ шудааст ё не, аз ин сабаб, ҳеҷ гоҳ ба ин сураи қудсӣ, аз он назар муроҷиат накардам то бидонам, чи қадар ба замонаи мо ва ба ин ҷанг ишора дорад; вагарна дар бахшҳои мухталифи Рисолаи Нур, махсусан дар Рисолаи Самония баён ва исбот гардидааст. Ин хазина чи асрори фаровони дигаре дорад. Баҳсро дар инҷо кӯтоҳ мекунам ва хонандаро ба ҳамон ҷо ирҷоъ медиҳам.

 

Ҷавоби саволе, ки мумкин аст ба зеҳн ояд:

Дар ин ламъаи эъҷозия, ба муносибати бисёр зарифу латиф ва ба сабаби рамзу ишорааст, ки дар مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ ибтидои оят ҳам مِنْ ва ҳам شَرِّ ро дар муҳосиба овардаем, ва дар وَمِنْ شَرِّ حَاسِدٍ اِذَا حَسَدَ поёнӣ, танҳо شَرِّ ро ҳисоб намуда ва وَمِنْ ро сарфи назар кардем, низ дар وَمِنْ شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ ҳар дуи онҳоро ба ҳисоб наовардаем. Зеро дар махлуқот, ғайр аз шар хайрҳо низ ҳаст ва ҳама шаррҳо мутаваҷҷеҳи ҳар кас намешавад. مِنْ ва شَرِّ ки табъизия аст ва маънои “баъзӣ”ро медиҳад ва “шар” ба сурати рамз, вориди ин матлаб шудааст. Аммо танҳо ҳасуд ҳасад меварзад ва комилан шар мешавад ва лузуме ба мафҳуми “баъзӣ” нест. Дар рамзи اَلنَّفَّاثَاتِ فِى الْعُقَدِ ки гуфтем шомили дипломатҳои соҳир мешавад, ки барои манфиаташон оташ ба кураи замин медаманд, ки ҳар чи мекунанд, барои тахрибу нобудист. Аз ин рӯ, ба калимаи “шар” лузуме намемонанд. зеро ҳама корҳояшон “шар” аст.

 

ҲОШИЯЕ БАР ЯК НУКТАИ ЭЪҶОЗИИ ИН СУРА:

Ҳамчуноне, ки ин сура бо чаҳор ҷумла аз панҷ ҷумлаи худ,  бо маънои ишорӣ, чор инқилоб ва туфони бузурги шароратангези асри моро, дар назар дорад. бо чаҳор мартаба такрори مِنْ شَرِّ – ташдид ҳисоб намешавад – воқеан, чор маънои ишорӣ ва дар мақоми ҷифр ба ваҳшатноктарин фитнаи олами Ислом яъне, ҳамлаи Чингиз ва Ҳулогӯ ва асри фурӯпошии давлати Аббосӣ, назар дорад ва бар он таъкид мекунад.

Бале, شَرِّ  бидуни ташдид муодили панҷсад (500) аст ва مِنْ навад (90); бисёре аз оятҳо назар кунанда ба оянда, дар воқеъ ҳам ба давраҳои гузашта ва ҳам замони феълии мо назар доранд. Имом Алӣ (р.з.) ва Ғавси Аъзам (қ.с.) низ, ки аз оянда хабар додаанд; ба ҳамин тартиб, бо таваҷҷӯҳ ба давраҳои гузашта ва замонаву давраи феълии мо хабар доданд. غَاسِقٍ اِذَا وَقَبَ Дар муодили 1161 ва غَاسِقٍ 810; аз ин сабаб ин оят, ба шароратҳои муҳими моддию маънавии он рӯзгорон, ишора дорад, на замонаи феълӣ. Ҷамъи ин ду рақам, 1971 милодӣ мешавад ва хабар аз шарри ваҳшатнок дар он таърих медиҳад. Агар 30 сол баъд, маҳсули тухмиҳои феълӣ, ислоҳ нашавад, бешубҳа  бояд мунтазири силиҳои даҳшатангез буд.

***

Номаи Хусрав ба Устодаш

НОМАЕ, КИ ХУСРАВ БА МУНОСИБАТИ МАСЪАЛАИ ДАҲУМ БАРОИ УСТОДАШ НАВИШТААСТ

Устоди бисёр муҳтарам ва маҳбубам!

Ҷаноби Аллоҳро бениҳоят сипос “Гули Амирдоғ”, ки “Масъалаи Даҳуми Самараи Денизлӣ” ном гирифтааст, ба дастамон расид; изтироби ду моҳ дурию бехабариро кам намуд, зиндагии дубора насиби қалбамон кард, насими хушу тоза ба арвоҳамон арзонӣ дошт. Он навишта, маҳосини такрори дар оятҳои бошукӯҳу азиз ва муҳаббатомезу меҳрубононаи Қуръонро эҳдо намуда, ҳикмат ва лузуми такрору аҳамияти онро шарҳ дода, як дифоияи ҷонона, аз Рисолаи Нур аст. Бо истишмоми ин гул, ки алҳақ шоистаи камолу тақдиру таҳсин аст, иштиёқи рӯҳамон таолӣ ёфт. Ҳамчуноне, ки “Самараи Денизлӣ” бо нӯҳ масъалаи мундариҷи дар он, дар ивази фишори нӯҳ моҳ ҳабс, василаи бузурге барои озодии мо шуд ва зебоиашро ба ин сурат нишон дод. “Гули Амирдоғ” низ, ки даҳумин масъалааш аст, матолиби фавқулода дар эъҷози муҷмали Қуръонро нишон медиҳад ва ба ҳамин нисбат, зебоиашро ба намоиш мегузорад.

Бале, устоди маҳбубам! Ҳамчуноне, ки латофату ҷамоли фавқулодаи гул, иҷозати назар кардан ба хорҳои онро намедиҳад, ин гули нуронӣ низ, фишорҳои нӯҳ моҳ маҳбасро, аз ёди мо бурд. Тавре, ки гуё чунин чиз вуҷуд надоштааст.

Гули нуронии “Самараи Денизлӣ” тавре навишта шудааст, ки касе аз мутолиааш сер намешавад, ақлҳоро ҳайратзада мекунад, он зебоиҳое, ки дорад — махсусан дар муқобила бо иҳонат ба Қуръон, иҳонате, ки бо тарҷумаи Қуръон қасди одисозии Қуръонро дар назари мардум дошт — ва бо нишон додани арзиши дақиқи такрорҳо, бартарии Қуръонро, ки баробари олам аст, дар миён мегузорад.

Нав будани Қуръони мӯъҷиз-ул баёне, ки соликонаш дар ҳамаи асрҳо бо матонати фавқулода ба он даст меёбанд, ба амру наҳйиҳояш комилан гардан медиҳанд. Дар ин китоб, ба наҳве собит шудаст, ки гуё ба тозагӣ нозил шудааст. Қуръон дар ҳама замонҳо золимонро муқарар ба тарзи ваҳшатноку шадид таҳдид мекунад, ба ҳамин тартиб борҳо нисбат ба мазлумон изҳори лутфу раҳмат ва меҳрубонӣ дорад. Махсусан таҳдидҳое, ки мутаваҷҷеҳи золимони асри кунунии мост, намунааш дида нашудааст. Гуё шаш – ҳафт сол пеш бо ҷаҳаннами осмоние, ки як тамсил аз фазаъи акбар (қиёмат) мебошад, боиси фарёду фиғонашон шудааст. Низ, вуҷуди талабаҳои Рисолаи Нур дар канори ҳар як аз мазлумони ин аср. Дар ҳақиқат ин талабагонро монанди наҷоте, ки ба анбиёи умматҳои пешин додашуда буд, мазҳари наҷотҳои бузургу хурд қарор дода, нишон медиҳад, ки бе диноне, ки муоризи ононанд, бо азоби ҷаҳаннамӣ, силӣ мехӯранд. Китобе, ки бо ду ҳошияи латифу зебо хотима меёбад, талабаи фақиратон Хусравро бо чунон сурури азим, ба сӯйи шукри беҳадду канор бурд, ки шодию нишоте, ки аз мушоҳидаи ин гули зебо ҳосил шуд, ҳеҷ гоҳ дар тули умрам эҳсос накардабудам. Инро чунон, ки ба устоди маҳбубам арз кардабудам ба бародаронам низ такрор батакрор гуфтам.

Ҷаноби Ҳақ аз шумо устоди маҳбуб, ки бори сангину бузургеро ба дӯши заифу наҳифатон таҳаммул мекунед, то абад розӣ бошад ва бо сабук кардани ин сангинӣ, то абад рухсоратонро хандон гардонад. Омин!

Бале, устоди маҳбубам! Мо аз Аллоҳ, аз Қуръон, аз ҳабиби зишаън, аз Рисолаи Нур ва аз шумо, ки тарҷумони Қуръон ҳастед, ҳамеша розӣ ҳастем. Аз интисобамон ба шумо ба ҳеҷ ваҷҳ пӯшаймон нестем. Дар вуҷудамон қасд, ҳатто заррае анҷоми кори бад нест. Мо танҳо хостори Аллоҳ ва ризои ӯ ҳастем ва рӯз ба рӯз дар матни ризои ӯ иштиёқи васлашро дар қалбамон мустаҳкамтар мекунем. Мо бидуни истисно ҳамаи касонеро, ки ба мо бадӣ карда ва мекунанд, ба Ҷаноби Ҳақ месупорем, ононро мебахшем ва дар иваз, ба касоне, ки ба мо зулм мекунанд, хубӣ мекунем. Ин кор ба унвони як шиори Ислом дар қалби талабаҳои Рисолаи Нур ҷой гирифтааст. Ва Ҷаноби Ҳақро бениҳоят сипос мегуем, ки ин хислатро бехости мо ба ҳамагон эълон медорад.

 

Талабаи саропо тақсиратон

Хусрав

            

*  *  *

Ҳошияҳо бар Масъалаи Даҳум

ДУ ҲОШИЯ ҲАМЧУН ЯК ХОТИМА БАР МАСЪАЛАИ ДАҲУМ

Ҳошияи якум: Дувоздаҳ сол пеш[1] шунидам, ки ваҳшатноктарин ва муонидтарин зиндиқ, суиқасдро нисбат ба Қуръон дар қолаби тарҷумаи он оғоз карда гуфтааст: “Бигузор тарҷума шавад то ҳама бидонанд, ки чи мол дорад.” Яъне тарҳи муғризона дар пеш гирифта, масалан хостааст дигарон ба ҷойи Қуръон, тарҷумаи ӯро бихонанд ва такрорҳои ғайри зарурии Қуръонро бубинанд.

Аммо ҳуҷҷатҳои бенуқсони Рисолаи Нур яқинан исбот кардааст, ки тарҷумаи ҳақиқии Қуръон, ғайри мумкин аст. Ҳеҷ забони дигар ба ҳифзи мазиятҳо ва нуктаҳои Қуръоне, ки ба забони Арабист, қодир намебошад. Калимаҳои Қуръонӣ, аз даҳ то ҳазор савоб дарбар доранд ва бо тарҷумаҳои оддию ҷузъии башар, таъбирҳои ҷомеъу иъҷозомези Қуръонро наметавон мунтақил кард. Рисолаи Нур бо ин даъво, ки тарҷумаи мазкурро ба ҷои Қуръон дар масҷидҳо намешавад қироат кард, тарҳи ваҳшатноки мавриди ишораро ақим гузошт; аммо мунофиқоне, ки аз он зиндиқ дарс мегирифтанд, бо муҳосиботи шайтонӣ, хостанд ҳамчун кӯдакони нодон, хуршеди Қуръонро бо пуф кардан хомӯш кунанд; корҳои девонавору аҳмақона карданд. Эҳсос мекунам ҳикмат ин буд, ки дар ҳолати рӯҳии сахту озордиҳанда ва ҳассос “Масъалаи Даҳум” бар ман илқо шавад, то онро бинигорам. Чун бо дигарон дидор надоштам, ба дарки ҳақиқати ҳол қодир нестам.

Ҳошияи дуюм: Пас аз озодӣ аз зиндони Денизлӣ, дар ошиёнаи болои меҳмонхонаи машҳури шаҳр, нишаста будам. Дарахтони анбуҳи бед дар боғҳои зебои рӯбарӯ, ба чашм мехурд, шоху баргҳояшон ба монанде, ки гуё дар ҳалқаи зикранд, ба шакли бисёр латиф, ба навозиши бод ва бо ҳаракоти ҷаззобу гиро дар рақс буданд. Ин манзара ба қалбам, ки бар асари танҳоию ҷудоии дӯстон, маҳзуну ғамгин буд, таъсир гузошт. ногаҳон тирамоҳу зимистон ба зеҳнам хутур кард, ғафлат ба ман ғолиб шуд. Дилам барои бедҳои нозанин ва мавҷудоти дигаре, ки бо камоли завқу шавқ ҷилванамоӣ мекарданд, чунон ба раҳм омад, ки чашмонам пур аз ашк шуд. Фироқҳо ва рафтаниҳоеро, ки зери пардаи зиннатшудаи олами ҳастӣ буд, эҳсос кардам, пур аз фироқу ҳузну андуҳ шудам.

Дар як лаҳза нури ҳақиқати Муҳаммадӣ (с.а.в.) ба додам расид ва ғаму андуҳи фаровонро ба шодию нишот табдил кард. Он нур монанди ҳар касу ҳар аҳли имони дигар, миллионҳо файз насибам карда буд, аммо ман барои ёрию тасаллие, ки дар он лаҳза ва дар он вазъият насибам гардид, то абад мадюни Зоти Муҳаммадия (а) шудам. Матлаб аз ин қарор буд:

 

Ғафлате, ки дар ибтидо бар ман пирӯз шуд, мавҷудоти нозанинро дар назарам бемасъулияту бенатиҷа ҷилва дод; тавре ки эҳсос кардам, дар як фасл зоҳир мешаванд ва ҳаракоташон на бар асари завқу шавқ, ки аз ваҳшати фироқу адам аст; эҳсос кардам ба водии адам суқут мекунанд. Ин ҳис, монанди ҳар каси дигар эҳсосоти манро низ, ки ишқи бақову ҳубби маҳосин ва муҳаббати вуҷуду шафқати ҷинсият ва алоқа ба зиндагиро мефаҳмидам, чунон ҷариҳадор кард, ки ба назарам омад, дунё чун ҷаҳаннамест ва ақл, олоте барои азоб. Дар инҷо нуре, ки Муҳаммад (с.а.в.) барои башар ба армуғон оварда буд, ҳиҷобро яксӯ кард. Ман дидам, ҳар як аз он дарахтони бед, ба ҷойи нестӣ ва адаму пучӣ ва бемасъулиятию беҳудагӣ ва фироқу фано, ба теъдоди баргҳояшон дорои ҳикмату маъно ҳастанд. Ҳамон тавре, ки дар Рисолаи Нур исбот кардем, аз се қисми натиҷаву вазифа, бархӯрдоранд.

Қисми аввал: вобаста ба асмои Сонеъи Зулҷалол аст.

Масалан: ҳамон тавре, ки агар усто мошини фавқулодае бисозад, ҳама аз ӯ таърифу тамҷид карда, Мошоаллоҳ ва Боракаллоҳ мегуянд. Мошини мазкур низ, бо ба намоиш гузоштани мақсадҳову натиҷаҳои сохташуданаш, дар ҳақиқат бо забони ҳол, ба созандаи худ табрик гуфта, ӯро тамҷид мекунад. Ҳамаи зиҳаётон ва ашё низ, монанди ҳамон мошин ҳастанд ва бо гуфтани табрикоташон созандаи худро тамҷид мекунанд.

Қисмати дуюм: Ҳикматҳои мавриди баҳс низ, мутаваҷҷеҳи назари зиҳаётон ва зишуурон аст. Ҳар як маврид барои мутолиа, ҳамчун китоби маърифат мешаванд, маъноҳои худро дар зеҳнҳои бошуурон ва суратҳояшонро дар қувваи ҳофизаи онҳо ва лавҳаҳои мисолӣ ва дафтарҳои олами ғайб ва доираи вуҷуд, қарор дода ва олами шаҳодатро тарк гуфта, ба олами ғайб мунтақил мешаванд. Яъне вуҷуди сувариро раҳо карда, вуҷудҳои мутааддиди маънавию ғайбӣ ва илмиро ба даст меоранд.

 

Бале, модоме ки Аллоҳ ҳаст ва илмаш ҳамачизро дар иҳотаи худ қарор дорад, мавридҳое чун адам, нестӣ, ҳеҷ, нобудшавӣ ва фаношудан, ҳақиқатан дар дунёи шахсе, ки аҳли имон аст, ҷой надорад. Аммо дунёи кофирон, пур аз адаму фироқ ва пучию аз байн рафтан аст. Зарбулмасали зерин, ки забонзади ом аст, ҳақиқати мазкурро таълим медиҳад:

“Ҳар кас, ки Аллоҳро дорад, ҳама чиз дорад ва ҳар кас, ки ӯро надорад, ҳеч чиз надорад ва худ ҳеч аст.”

Натиҷа: Имон чуноне, ки дар замони марг инсонро аз нестии абадӣ наҷот медиҳад, ба ҳамон тартиб дунёи хусусии ҳар касро низ, аз нестию торикӣ ва пучӣ, наҷот медиҳад. Куфр низ, хусусан агар куфри мутлақ бошад, инсону дунёи хусусиашро ба воситаи марг нобуд мекунад ва боиси субути ӯ ба торикиҳои ҷаҳаннам мешавад ва лаззатҳои зиндагиашро ба заҳр табдил медиҳад. Ононе, ки ҳаёти дунявии худро бар охират бартарӣ медиҳанд, ҳушёр бошанд! Биёянд барои ин масъала чорае биёбанд ё вориди қаламрави имон гарданд ва аз хасороти ваҳшатнок раҳо ёбанд.

سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ

Бародаратон ки муштоқи шумо ва мӯҳтоҷи дуоҳоятон аст

Саъид Нурсӣ   

 *  *  *

[1] Дувоздаҳ сол пеш аз таълифи ин рисола.

Масъалаи Даҳум (Гули Амирдоғ)

МАСЪАЛАИ ДАҲУМ 

ГУЛИ АМИРДОҒ

Посухи муҳкамест ба эътирозҳое, ки вобаста ба такрорҳои  дар Қуръон аст.

Бародарони сиддиқу азизам!

Гарчи ин масъала ба хотири вазъияти парешонам мушаввашу беназм шуд, локин зери ин ибораҳои мушавваш, як навъ эъҷози қатъии арзишманд ёфтам. Мутаассифона ба баёни матлаб муваффақ нашудам. Бо вуҷуди норасоии ибораҳо, аз он лиҳоз, ки мавзӯъ вобаста ба Қуръон аст, ба монанди садафест, ки гавҳари дурахшон, баланду қудсиро дар бар гирифтааст ва як ибодати мутафаккирона ба шумор меравад. Назар ба ҷомаи ҷандааш не, балки ба алмосе бингаред, ки дар ихтиёр дорад. Дар сурате, ки муносиб бошад, онро “Масъалаи Даҳум” биномед, вагарна онро номае бидонед дар посух ба номаҳои табрикотатон. Дар зимн, матни ҳозирро дар як-ду рӯз аз рӯзҳои моҳи Рамазон дар ҳоле, ки бисёр бемор будам, ғизое надоштам ва вазъиятам ошуфта буд, дар ҳолати иҷборию комилан муҷмалу кӯтоҳ навиштам. Тавре, ки ҳуҷҷатҳои мутааддиду ҳақиқатҳои фаровонеро дар ҳар кадоми аз ҷумлаҳо дарҷ намудаам, маъзурам бидоред.[1]

 

Бародарони сиддиқу азизам!

Дар Рамазони Шариф ҳангоми тиловати Қуръони мӯъҷиз-ул-баён, сию се (33) ояте, ки дар шуоъи якум овардаам, ба Рисолаи Нур ишорат дорад, аз назар гузаронидам. Дидам саҳифаю барг ва қиссаи ҳар кадоме аз он оятҳо аз ин назар, ки барои Рисолаи Нур ва шогирдонаш ҳиссае аз қисса аст, як дараҷа мутаваҷҷеҳи мост. Хусусан ояти Нур дар сураи Нур, ки гӯё бо даҳ ангушт ба Рисолаи Нур ишора дорад ва ояти Зулмат дар ҳамон ҷо комилан бар муоризони Рисолаи Нур нозир аст. Эҳсос кардам мақоми мазкур гӯё аз ҷузъӣ будан хориҷ шуда, куллӣ касб намудааст. Дар ин аср Рисолаи Нур ва шогирдонаш, фарде аз афроди он куллӣ ҳастанд.

Бале, хитоби Қуръон аз мақоми фарогири Рубубияти оммаи Мутакаллими Азалӣ низ, аз мақоми густурдаи зоте, ки ба номи навъи башар ва саросари ҳастӣ, мавриди хитоб қарор гирад ва аз мақоми бисёр васеъи иршоди бани Одам ва навъи башар дар ҳама асрҳо, ва аз мақоми волою муҳити қавонин, доир бар тадбири тамоми махлуқоту рубубияти холиқи коинот ва аз (қавонини доир ба) дунёву охират ва замину осмонҳо ва азалу абад (хитоби Қуръон) вусъату улвият ва иҳота касб мекунад; ки ба сабаби ин улвияту вусъат ва иҳота, чунон эъҷозу шумул аз худ нишон медиҳад, ки мартабаи сода ва зоҳири он идроки басити табақаи оммаро ба унвони васеътарин қишр мавриди хитоби дарсҳои Қуръонӣ, навозиш медиҳад. Дар айни ҳол табақаҳои бартарро низ баҳраманд месозад. Гӯё интавр нест, ки саҳми андаке аз ҳамаи моҷаро ё дарси ибрате аз ҳикояти таърихӣ, матраҳ бошад, балки фармони куллист, ки барои хитоб ба ҳама асрҳо ва ҳама табақаҳо, нав ба нав нозил мешавад. Махсусан бо такрори фаровони اَلظَّالِمٖينَ اَلظَّالِمٖينَ ва баёни шадиди мусибатҳои заминию осмоние, ки ҷазои таҳдидҳо ва ситамгариҳояшон аст, моро мутаваҷҷеҳи зулмҳои аҷиби ин аср ва азобҳое мекунад, ки бар сари Фиръавну қавми Од ва Самуд омада буд. Ва бо ёдоварии наҷоти анбиё ҳамчун Иброҳим ва Мӯсо (а.с.) ба мазлумони аҳли имон тасаллӣ медиҳад.

Қуръони мӯъҷиз-ул-баён замонҳои гузашта ва асрҳои гузаштаро, ки дар назари ғофилону гумроҳон, адамистони ваҳшатноку даҳшатангез ва гуристони нобудшудаву дарднок мебошад, ба сурати китобҳои ибратангезу олами аҷибу зинда ва дорои рӯҳ ва дар иртибот бо мо чун мамлакати Раббонӣ, ҳам монанди он чи дар пардаи синамо дида мешавад, нишон дода, гоҳо моро ба гузашта мебарад, гоҳо гузаштаро назди мо меорад ва бо нишон доданаш ба ҳар асру табақа бо эъҷози мутаолӣ, таълим медиҳад. Қуръони азимушаън бо ҳамон эъҷоз, коинотро ки дар назари ғофилон, ҷомиду парешон, берӯҳу ваҳшаткадаи бузург аст ва миёни фироқу завол дар ҳоли дасту по задан ба сурати китоби Самадонӣ, шаҳри Раҳмонӣ, намоишгоҳи сунъи Раббонӣ, нишон медиҳад ва бо зинда кардани ҳамон чизҳои ба зоҳир ҷомид ва муваззаф карданашон ба сухан гуфтан бо якдигар ва ёварии ҳам вомедорад ва ба ин тартиб, ба навъи башару ҷин ва малак дарси ҳақиқию нуронии ҳикмат медиҳад. Қуръон имтиёзоти қудсӣ, монанди мавридҳои зер дорад:

  1. Дар ҳар ҳарфи Қуръон даҳ, сад ва гоҳо ҳазор ва ҳазорон савоб аст.
  2. Агар ҷинну инс ҷамъ оянд, наметавонанд монанди Қуръонро биёваранд.
  3. Қуръон бо тамоми фарзандони Одам (а.с) ва ба тамоми коинот сухан мегуяд.
  4. Ҳамеша дар қалби миллионҳо ҳофиз бо завқ нақш мебандад.
  5. Бо вуҷуди такрорҳои фаровонаш хастакунанда нест.
  6. Бо доштани ҷумлаҳои печида, дар зеҳни латифу басити кӯдакон низ, ба сурати мукаммал нақш мебандад.
  7. Назди беморону касоне, ки бо шунидани андак сухан, мутаасcир мешаванд ва касоне, ки дар сакароти марг ҳастанд, чун оби замзам, гуворо ба назар мерасад.

Қуръон саодати ҳар ду ҷаҳонро насиби шогирдони худ мекунад ва боиси риояи дақиқ, мартабаи уммияти тарҷумон[2] бе он, ки ба такаллуфу тасануъ ва густариш майдон диҳад, бо салосати фитрӣ ва нузули мустақимаш аз осмон ва навозиши идроки басити табақаи авом, бо таназзулоти каломе,[3] ки қишри бисёреро ташкил медиҳанд, зоҳиртарин ва бадеҳитарин саҳифаҳои арзу саморо мекушояд ва мӯъҷизоти хориқулодаи қудрати Ҳақ ва сатрҳои ҳикмати маънодорашро таълим медиҳад ва ба ин тариқ дар лутфу иршод, эъҷози некӯ, ба намоиш мегузорад.

Қуръон худро китоби дуо, даъват зикру тавҳидӣ, муъаррифӣ мекунад, ки иқтизои такрор дорад ва боиси ин роз бо такрорҳои зебову дилнишинаш дар як ҷумла ё қиссае маънеҳои мутааддиду фаровонеро ва мухотабони аз табақаҳои гуногун мефаҳмонад. Дар ҳодисаи ҷузъиву оддӣ, ба беаҳамияттарин ва пеши по афтодатарин чизҳо низ, бо назари марҳамат менигарад ва эълом мекунад, ки ҳамин матолиб дар доираи тадбиру иродаи ҳақ қарор доранд, ва бо баёни ин рози хурдтарини ҳодисаҳои вобаста ба саҳоба дар замони садри ислом ва шаклгирии шариатро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад ва дар айни ҳол дорои қавонини куллӣ низ ҳаст. Баёни ҳодисаҳои ҷузъии замони таъсиси Ислому Шариат аз он назар, ки донаҳое ҳастанд ва меваҳои бо аҳамият аз онҳо ҳосил мешавад, нишонгари як навъи эъҷоз аст.

Бале, Қуръон бо таваҷҷӯҳ ба лузуми такрору такаррури эҳтиёҷ дар муддати бист сол ба унвони ҷавоб барои саволҳои такроршуда, ба бисёре аз табақаҳо дарс дода, исбот мекунад, ки аз заррот гирифта то сайёрот дар тасарруфи як зот қарор дорад ва ӯст, ки коиноти боазаматро тика-тика карда ва дар қиёмат шакли онро иваз мекунад ва дунёро аз миён бардошта ва охиратро ба ҷойи он қарор медиҳад. Ва ғазаби Илоҳиро ба ҳисоби натиҷаи хилқати коинот дар муқобили зулми навъи башар — ки унсурҳо ва замину осмонҳо ва коинотро ба хашм меорад — нишон медиҳад. Ва дар замони таъсиси инқилоби даҳшаднок ва густурдаву фавқулода, бо такрори баъзе ҷумлаҳое, ки ба андозаи ҳазорон натиҷа қувват доранд ва такрори баъзе оёте, ки натиҷаҳои далелҳои  бешумор мебошанд, на танҳо муртакиби қусур намешаванд, балки хабар аз эъҷози қавию балоғати олӣ ва фасоҳату салосати комилан мутобиқи муқтазои ҳол дорад.

Масалан: Ибораи بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ ки як оят аст, яксаду чордаҳ 114 мартаба дар Қуръон такрор мешавад, чунон ки дар Ламъаи Чордаҳуми Рисолаи Нур баён шуда ҳақиқатест, ки фаршро ба арш мепайвандад, оламро рӯшноӣ мебахшад. Ҳар кас дар ҳар лаҳза, ба он мӯҳтоҷ аст; ин иборат агар миллионҳо бор низ такрор гардад, боз ҳам ниёзмандаш ҳастем. На ин ки монанди нон ҳар рӯз ба он ниёзманд бошем, балки ҳамчун ҳаво ва нур, ҳар лаҳза мӯҳтоҷу муштоқи он ҳастем.

Мисоли дигар: Ояти: اِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ الْعَزٖيزُ الرَّحٖيمُ аст, ки дар сураи “Шуаро” ҳашт бор такрор мешавад. Бо зикри наҷоти паёмбарон ва азоби қавмашон ба ҳисоби натиҷаи хилқати коинот ва рубубияти омма, ояте ки қувваи ҳазорон ҳақиқатро дорад, такрор мегардад. Иззати Раббонӣ азоби қавми золим ва раҳимияти Илоҳӣ, наҷоти анбиёро иқтизо дорад. Ҳоло агар ояти зикршуда бо ҳадафи таълим, ҳазорон бор низ такрор шавад балоғати олӣ ва муҷизу мӯъҷизавор аст, боз ҳам эҳтиёҷу иштиёқ ба он ҳаст.

Ё дар сураи “Раҳмон” ки ояти فَبِاَىِّ اٰلَٓاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ ва дар сураи “Мурсалот”, ки ояти: وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِلْمُكَذِّبٖينَ такрор мешавад, куфру зулми ҷин ва навъи башарро ёдоварӣ мекунад, ки олами ҳастиро ба ғалаён оварда, боиси ҳиддати замину осмонҳо мегардад ва натиҷаҳои хилқати дунёро тахриб мекунад ва бо инкор кардану таҳқир ба муқобила бо ҳашамати салтанати Илоҳӣ мепардозад. Бале, ин ду оят ки куфру куфрон ва таҷовузи онҳо ва тамоми махлуқотро ба ҳамаи асрҳо ва замину осмонҳо ҳушдор дода фарёд мекунад, бо ҳазорон ҳақиқати мушобеҳ, алоқадор аст ва дарси умумист, аз қуввати ҳазорон масъала бархӯрдор мебошад ва агар ҳазорон бор низ такрор шавад чун балоғатест дорои эъҷози шукӯҳманду эҷози зебо, боз ҳам ба он ниёз аст.

Намунаи дигари муноҷоти набавӣ “Ҷавшани Кабир” аст, ки навъи муноҷоти ҳақиқии Қуръонӣ ва баромадаи аз Куръон ва дар воқеъ ба як навъ хулосаи он аст, ва ибораи

سُبْحَانَكَ يَا لَا اِلٰهَ اِلَّا اَنْتَ الْاَمَانُ الْاَمَانُ خَلِّصْنَا وَ اَجِرْنَا وَ نَجِّنَا مِنَ النَّارِ [4]

сад бор дар он такрор мешавад. Дар ин такрор аз он назар, ки аз тавҳид ба унвони бузургтарин ҳақиқати олам ва вазифаҳое ҳамчун тақдису тасбеҳ аз муҳимтарин вазифаҳои махлуқот дар баробари рубубияти ҳақ ва раҳоӣ аз шақовати абадӣ — ки аз даҳшатноктарин масоили навъи инсон ва лозимтарин натиҷаи аҷзу убудияти инсон мебошад — ёд мешавад, агар ҳазорон бор низ такрор шавад, боз ҳам кам аст.

Такрорҳои Куръонӣ, назаркунанда ба чунин асоси матинест. Ҳатто гоҳо дар як саҳифа ба тақозои мақому ниёзи фаҳмҳо ва балоғати баён, як матлаб то бист мартаба сариҳан ё зимнан такрор мегардад ва ҳақиқати тавҳидро баён медорад. Ин на танҳо боиси малол намешавад, балки шавқу ҳаловат ва қувватро зиёд мекунад. Дар Рисолаи Нур бо далелҳои кофӣ, баён шудааст, ки такрорҳои Куръонӣ, то чи андоза муносибу мутобиқи балоғат аст.

Сураҳои Маккӣ ва Мадании Куръони мӯъҷиз-ул баён аз нуқтаи назари балоғат ва аз лиҳози эъҷоз ва тафсилу иҷмол, бо ҳам мутафовитанд. Сирри ҳикмати он инаст, ки мухотабу муоризони сафи аввали Куръон дар Макка уммиҳо ва мушрикон будаанд, аз ин сабаб барои бархӯрдорӣ аз қуввати балоғату услуби олӣ ва муҷизу қонеъкунандаи такрори матолиб, лозим будааст. Ба ин сабаб, сураҳои Маккӣ аксари аркони имон ва маротиби тавҳидро бо муҷизи эъҷозомез ва қавию олӣ, баёну такрор намуда, мабдаъ ва маод ва Худову охиратро на дар як саҳифаву як ояту як ҷумла ва як калима, балки гоҳо дар як ҳарф бо тақдиму таъхир ё таърифу танкир ё ҳазфу зикр, ончунон бо қувват исбот мекунад, ки бузургони илми балоғат низ, дар ҳайрат мемонанд. Рисолаи Нур, махсусан “Гуфтори Бисту Панҷум” — ки чиҳил навъи эъҷози Куръонро иҷмолан исбот мекунад — бо он чи дар зайли он баён гардида ва низ Рисолаи Нури Арабӣ ба номи тафсири “Ишорот-ул-эъҷоз” — ки ваҷҳи эъҷози “Куръон”-ро ба тарзи хориқулода баёну исбот мекунад — (ҳамагӣ) нишон медиҳанд, ки сураҳо ва оятҳои Маккӣ дар балоғат дорои олитарин услуб ва дар эҷоз, дорои олитарин эъҷоз мебошанд.

Аммо мухотабон ва муоризони сафи аввали сураҳо ва оятҳои Маданӣ, аҳли китобе ҳамчун яҳуду насоро буданд, ки Худоро қабул доштанд, аз ин рӯ зарурати аркони имон ва усули мутаолии дин дар баробари аҳли китоб, ба тарзе ки таносуб бо балоғату иршод ва мутобиқ бо мақому ҳол дошта ва содаву возеҳ ва бо тафсил бошад, вуҷуд надошт. Ба ҳамин сабаб тарҳи ҷузъиёти аҳкоми шаръӣ ва асбоби решаҳои қавонини куллие, ки мадори ихтилоф буд лозим менамуд. Пас сураҳову оятҳои Маданӣ, ғолибан бо услуби сода, аммо тафсилӣ ва тавзеҳшуда, бо шеваи беназире, ки хосси Куръон аст, дар чорчӯбаи ҳаводисе, ки падид меомад, баён мегардид ва бар хулосаи муҳкаму хотима ва далелу иборати тавҳидӣ ва асмоӣ ва ухравие, ки боиси куллӣ шудани  ҳодисаи ҷузъии шаръӣ ва интисобаш ба имон овардани ба Аллоҳ мегардад фарогир буд. Ба ин тартиб, мақоми мазкур нуронӣ мешавад, улвӣ шуда, сурати куллӣ ба худ мегирад.

Дар нури дуюми аз Шӯълаи Дуюми Гуфтори Бисту Панҷуми Рисоли Нур, дар бораи ибораҳои фишурда ё хотимаҳое ҳамчун

اِنَّ اللّٰهَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ[5] ۞

اِنَّ اللّٰهَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلٖيمٌ [6]۞

وَهُوَ الْعَزٖيزُ الرَّحٖيمُ [7]۞

وَهُوَ الْعَزٖيزُ الْحَكٖيمُ.[8]

ки ифодаи тавҳид ва охиратро доранд, дар бораи балоғат ва хусусияту салосат ва нуктаҳои он, равшанӣ додашуда ва даҳ нуктаи мазияти фаровонашон баён гардида ва барои душманон низ исбот шудааст, ки ҳамин ибораҳои кӯтоҳ, мӯъҷизаҳои бузурге ҳастанд.

Бале, Қуръон дар баёни ҷузъиёти шаръӣ ва қонунҳои иҷтимоъӣ, назари мухотабро дар як замон ба нуқтаҳои куллии мутаолӣ ҷалб мекунад. Услуби содаашро ба шеваи олӣ, мубаддал месозад ва мухотабро аз дарси шариат, ба дарси тавҳид роҳнамо мегардад, ба ин тартиб нишон медиҳад, ки Қуръон китоби шариат, аҳком ва ҳикмат аст ва дар айни ҳол китоби ақида, имон, зикр, фикр, дуо ва даъват низ ҳаст. Дар ҳар мақом мақсадҳои иршодӣ ва Қуръонии фаровонеро таълим медиҳад. Ва ҷудо аз тарзи балоғате, ки дар оятҳои Маккӣ ҳаст, фасоҳати нуронию эъҷозомезро зоҳир месозад. Гоҳо дар ду калима, масалан: رَبُّ الْعَالَمٖينَ ва رَبُّكَ дарси аҳадияту воҳидият медиҳад ва дар матни аҳадият ифодаи воҳидият мекунад, ҳатто дар як ҷумла ҳамон тавре, ки зарраеро дар меҳвараки чашм дида ва гунҷонидааст, хуршедро бо ҳамон оят ва ҳамон олат дар меҳвараки дидаи осмон қарор медиҳаду осмонро бино мекунад.

Масалан баъд аз ояти خَلَقَ السَّمٰوَاتِ وَ الْاَرْضَ

ибораи يُولِجُ الَّيْلَ فِى النَّهَارِ وَ يُولِجُ النَّهَارَ فِى الَّيْلِ ро қарор медиҳад ва онгоҳ мефармояд:وَ هُوَ عَلٖيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

Яъне, “дар офариниши ҳайратангези замину осмонҳо, хатарҳои қалбро низ медонад ва онро тадбир мекунад”. Бинобар ин тарзи баёне, ки сода дар мартабаи уммиҳо буд ва муҳоварае, ки баситу ҷузъӣ буд ва мизони фаҳми авомро дар назар дошт, ба гуфтугӯи мутаолӣ, ҷаззоб, умумӣ ва иршодкунанда табдил мешавад.

Як саволи муҳим: Гоҳо як ҳақиқат, тавассути назарҳои сатҳӣ, ташхис дода намешавад, ё дар баъзе мақомҳо аз ҳодисаи ҷузъӣ, хулосаи кӯтоҳу олӣ ва дастури куллӣ, баён мегардад; муносиб дида намешавад, (ва онро) мутаваҳҳимона нуқсон меноманд. Масалан зикри дастур ба мақсадҳои мутаолӣ: وَفَوْقَ كُلِّ ذٖى عِلْمٍ عَلٖيمٌ [9]

Дар достони Ҳазрати Юсуф алайҳиссалом, ки мехост ба тарзе бародарашро назди худ нигоҳ дорад, зоҳиран бо балоғат муносибат надорад, сирру ҳикмати ин чист?

Ҷавоб: Ҳар як сураи дароз ё мутавассит, ба танҳоӣ ба манзалаи Қуръони хурд ҳастанд ва бисёре аз саҳифаҳо ва матолиби Қуръон, танҳо як ду мақсад надошта ва Қуръон усулан китоби зикр, имон ва фикр аст. Дар айни ҳол китобҳои зиёде дар шариату ҳикмату иршодро дарбар мегирад ва дорои дарсҳои фаровону ҷудогона мебошад. Дар баёни иҳотаи Рубубияти Илоҳӣ бар ҳама чиз ва таҷаллиёти бо шукӯҳаш, дар воқеъ як навъ қироати китоби кабири коинот аст. Албатта дар ҳар мавқеъият, ҳатто гоҳо дар як саҳифа, мақсадҳои бисёреро таъқиб мекунад ва дар хусуси Маърифатуллоҳ ва мартабаҳои тавҳид ва ҳақиқатҳои имон, ба мо дарсҳо медиҳад, ва дар мавқеъияти дигар, масалан: ба муносибати дар зоҳир заиф, дарси дигаре мекушояд ва муносибатҳои мустаҳкамеро ба муносибати заифии пешин, илҳоқ мекунад; ба ин тартиб, муносибати мавриди баҳс, комилан мутобиқи он матлаб буда, мартабаи балоғаташ тараққӣ меёбад.

Саволи дуюм: Инки Қуръон дар ҳар сура, саҳифа ва ҳар мавқеъ, сароҳатан ё зимнан ё ба ишора, охирату тавҳиду мукофот ва муҷозоти башарро ҳазорон бор гӯшзад мекунад, чӣ ҳикмате дорад?

Ҷавоб: Барои таълими азимтарин, муҳимтарин, бузургтарину ҳайратангезтарин масоили вобаста ба вазифаҳои инсон, ки мадори саодату шақовати башарӣ, дар доираи имкон ва дар инқилоботи вобаста ба гузаштаи олами ҳастист, Инсоне, ки амонати кубро ва масъулияти хилофати заминро ба душ мекашад, ба манзури бартараф намудани шубҳаҳои бешумор ва инкорҳои шадид ва аз миён бардоштани инодҳост, ки Қуръон инқилобҳои даҳшатангезро тасдиқ карда ва масъалаҳои зарурию лозимаро ба бузургии ҳамон инқилобҳо ба башар ёдоварӣ мекунад. Акнун агар Қуръон мисоли мазкурро натанҳо ҳазорон бор, балки миллионҳо мартаба ёдоварӣ кунад боз ҳам зиёдаравӣ нахоҳад буд; мабҳасҳои мазкур бо миллионҳо бор такрор дар Қуръон хонда мешавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ малоловар нест ва инсон ҳамеша ба онҳо ниёзманд аст.

Масалан ҳақиқати башорати саодати абадие, ки дар ояти зер баён мегардад.

اِنَّ الَّذٖينَ اٰمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرٖى مِنْ تَحْتِهَا الْاَنْهَارُ … خَالِدٖينَ فٖيهَٓا اَبَدًا

Инсони дармонда, дунёву дӯстонашро аз эъдоми абадии мавте, ки ҳар лаҳза худро ба ӯ нишон медиҳад мераҳонад, салтанати абадиро насиби ӯ мекуна. Аз ин рӯ, ҳатто агар як миллиард бор такрор гардад ва ба андозаи коинот ба он аҳамият дода шавад, боз ҳам исроф нахоҳад буд ва арзишашро аз даст нахоҳад дод.

Бале, Қуръони мӯъҷиз-ул-баён, ки кӯшиш мекунад чунин масоили арзишмандро таълим диҳад ва дар замони таъсиси инқилобҳои даҳшатнок, ки коинотро монанди як хона дучори тағйир ва таҳаввул карда ва сурати онро тахриб мекунад; кӯшиш дар қаноат боваронидану исботи масоили мазкур дорад. Шубҳае нест, ки сареҳан ё зимнан ё ба ишора, назарҳоро ҳазорон бор ба масоили мазкур, ҷалб мекунад. Ин амр натанҳо исрофу зиёдаравӣ нест, балки дар ҳукми ҳоҷатҳои зарурӣ, ҳамчун нону дорӯ ва ҳавою нур аст ва боиси тозагии эҳсони ӯ мегардад.

Ё масалан ҳикмат ин, ки Қуръон оятҳои таҳдидомезе ҳамчун:

اِنَّ الْكَافِرٖينَ فٖى نَارِ جَهَنَّمَ ва اَلظَّالِمٖينَ لَهُمْ عَذَابٌ اَلٖيمٌ -ро бо шиддату ҳиддати том ва мукаррар, зикр мекунад. Чуноне, ки дар Рисолаи Нур ба сурати қатъӣ исбот шудааст, инаст ки куфр варзидани башар, чунон таҷовуз ба ҳуқуқи коинот ва бештари офаридагон аст, ки боиси хашми осмонҳову замин мешавад ва аносирро ба талотум во медорад ва ба силаи туфонҳо, ба он золимон силӣ мезанад. Бар асоси сароҳати ояти: اِذَٓا اُلْقُوا فٖيهَا سَمِعُوا لَهَا شَهٖيقًا وَهِىَ تَفُورُ ۞ تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ الْغَيْظِ

Ҷаҳаннам ба золимони мункир чунон хашм мегирад, ки чизе намемонад бар асари ин хашм бишикофад.

Ҳикмати Султони коинот тақозо мекунад, ки дар баробари чунин ҷинояти ом ва таҷовузи бузург, бидуни лаҳзаҳои кӯчакӣ ва беаҳамиятии башар дар муқобила бо бузургии ҷинояти золимонаву ваҳшати таҷовузи кофирона, аҳамияти ҳуқуқи риояи хеш ва пастии бениҳояти зулму куфри мункиронро нишон диҳад, пас агар дар фармони худи ҷинояти мазкур ва сазояшро бо ҳиддату шиддати фаровон на ҳазор мартаба, балки миллион мартаба такрор кунад, ин на исрофу зиёдаравист ва на қусур. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки садҳо миллион инсон, ҳаррӯз чунин оятҳоро бо камоли иштиёқ ва бидуни нороҳатӣ, ниёзмандона тиловат мекунанд.

Бале, ҳаррӯз доимо ҳамчун оламе ба ҳар кас мегузарад, ва дарҳои дунёи ҷадид ба ӯ кушода мешавад. Ӯ барои рӯшноии ҳар яке аз оламҳои гузаро бо иштиёқу ниёзмандона, ибораи لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ‌ -ро ҳазорон бор такрор мекунад. Бинобар ин, бар ҳар кадоми он пардаҳо ва оламҳои гузаро чароғи لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ‌ меовезад. Ба ҳамин тартиб, барои ин ки пардаҳои гузарову бисёр ва оламҳои мутаҳаррикеро, ки мудом дар ҳоли навшудан ҳастанд зулмонӣ накунад ва суратҳоеро, ки дар оинаи ҳаёташ инъикос меёбанд, зишт насозад ва вазъияти мусофиронаеро, ки метавонад шоҳиди муваффақ бошад, алайҳи худ дар наёварад, ва барои ин ки ҷазои он ҷиноятҳо ва таҳдидҳои шадиди подшоҳи азалиеро, ки иноди муонидонро дар ҳам мешиканад, дар ёд дошта бошад, Қуръон мехонад, то аз туғёни нафсаш раҳо ёбад. Қуръон ин мавзӯъро ба тарзи эъҷозомез, борҳо такрор мекунад. Ҳатто шайтон низ аз инки таҳдидҳои шадиду қавӣ ва такрори Қуръониро мутаваҳҳимона ботил бидонад ибо дорад. Бинобар ин, азоби ҷаҳаннам, барои мункироне, ки гӯшашон ба ин матолиб бадеҳкор нест, айни адолат аст.

Мисоли дигар: достони Мӯсо (а.с.) ва ҷумлаи анбиёст, ки ҳамчун асои Мӯсо (а) ҳикматҳо ва фоидаҳои фаровон дорад, дар Қуръон борҳо такрор мешавад. Худованд нубуввати ҳамаи пайғамбаронро ҳуҷҷате бар ҳаққонияти Рисолати Аҳмадия қарор медиҳад. Касе, ки ба инкори ҳамаи онҳо қодир набошад аз нуқтаи назари ҳақиқат, рисолати он Ҳазратро низ наметавонад инкор кунад. Бар асоси ин ҳикмат, ҳар кас ба тиловати ҳамаи Қуръон дар ҳар замон қодир нест ва усулан муваффақ ба ин намешавад. Аз ин рӯ, ҳар сураи дароз ё мутавасситро дар ҳукми Қуръони хурд қарор дод ва достонҳои зикршударо ҳамчун аркони муҳими имон, такрор намуд, ин на танҳо исрофу зиёдаравӣ нест, балки балоғати эъҷозомез аст. Ба ин тартиб, Қуръон таълим медиҳад ки падидаи Муҳаммадӣ, бузургтарин ҳодисаи таърихи бани Одам ва азимтарин масъалаи коинот аст.

Бале, бо атои олитарин мақом ба зоти Аҳмадия дар Қуръон ва бо дарбар гирифтани чаҳор рукни имонӣ, “لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ‌”-ро муодили “مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللّٰهِ” ва рисолати Муҳаммадия қарор додан, маълум мешавад, зоти Аҳмадия бузургтарин ҳақиқати олами ҳастӣ ва ашрафи махлуқот аст ва мақоми қудсӣ ва шахсияти маънавии куллии Паёмбар ки аз он ба ҳақиқати Муҳаммадия таъбир мешавад дурахшонтарин хуршеди ду ҷаҳон аст; нишонаҳову ҳуҷҷатҳои фаровон ба шоистагии ӯ барои ин мақом, яқинан дар Рисолаи Нур баёну исбот шудааст, ки як намуна аз ҳазорон намунаи он чунин аст:

Бар асоси қоидаи “اَلسَّبَبُ كَالْفَاعِلِ” як намуна аз корҳои ҳасанае, ки уммат дар ҳамаи замон анҷом медиҳад, дар дафтари ҳасаноти ӯ сабт мегардад. Ӯ бо нуре, ки овард ба тамоми ҳақиқатҳои олами ҳастӣ, рӯшноӣ бахшид. Ба ин тартиб, натанҳо ба ҷинну инс ва малаку зиҳаётон, балки ба коиноту самовоту арз миннат ниҳод. Мо дар муқобили чашмони худ мебинем, ки дуои наботот бар асоси забони истеъдодашон ва дуои ҳайвонот бар асоси забони эҳтиёҷоти фитрии онҳо, пазируфта мешавад. Ба гувоҳии ҳамин амр миллионҳо, балки миллиардҳо дуои фитрӣ ва пазируфта шудани солеҳони уммат, рӯзона таҳти унвони салавоту салом нисори он зот мегардад; онҳо дуои раҳмату баҳраҳои маънавии хешро пеш аз ҳама нисори рӯҳи Паёмбар мекунанд. Низ дар хондани Қуръоне, ки сесад ҳазор ҳарф дорад ва тавассути ҳамаи уммат қироат мешавад, дар ҳар ҳарфаш аз даҳ то сад савоб то ҳазор ҳасанаву самара ҳаст. Аз ин рӯ, танҳо ба сабаби қироати Қуръон анвори бемунтаҳо дар дафтари аъмоли Пайғамбар сабт мегардад. Пас Аллом-ул ғуюб дониставу мушоҳида кардааст, ки ҳақиқати Муҳаммадия, ки шахсияти маънавии зоти Аҳмадист, дар оянда ҳукми шаҷараи тубои ҷаннатро хоҳад дошт. Бинобар ин, чунин аҳамияти азимро дар Қуръон ёдовар шуда, эълон кардааст ки бо табаъияти ӯ ва пайравӣ аз суннаташ мазҳарияти шафоаташ масъалаи бисёр муҳимми инсонист; ва гоҳо аз шахсияти башарии ӯ, ки мағзи шаҷараи бошукӯҳи тубост ва вазъияти инсонии ӯ дар оғоз ёд мекунад.

Аз онҷо, ки ҳақиқатҳои такроршудаи дар Қуръон, дорои чунин арзишҳое ҳастанд, фитрати поку солим, гувоҳӣ медиҳад, ки аз мӯъҷизоти маънавии муҳкаму густурда, бархӯрдоранд. Хилофи ин матлаб замонест, ки инсон бар асари тоъуни моддият, дучори бемории қалбу виҷдон шудабошад… ки дар он сурат шомили қоидаи

 قَدْ يُنْكِرُ الْمَرْءُ ضَوْءَ الشَّمْسِ مِنْ رَمَدٍ

وَ يُنْكِرُ الْفَمُ طَعْمَ الْمَاءِ مِنْ سَقَمٍ [10]

мегардад.

 

*   *   *

[1] Ҳошия: Ба унвони масъалаи даҳуми зиндони Денизлӣ, гули хурд ва мунавварест аз барои Амирдоғ ва ин Рамазони Шариф. Бо баёни ҳикмате аз такрорҳои Қуръонӣ, ваҳмҳои заҳролуд ва афунатзадаи (бадшудаи) аҳли залолатро аз байн мебарад.

[2] Ҳошия: Мақсуд ҳазрати Расул (с.а.в.) мебошад.

[3] Ҳошия: Мақсуд сухан гуфтани ҳақ дар ҳаддӣ фаҳми башар мебошад.

[4] Ҳошия: Ту аз аҷзу шарик муназзаҳу муқаддасӣ, ҷуз ту худое нест, ки ба доди мо бирасад, ал-амон ал-амон! Моро аз оташи ҷаҳаннам наҷот бидеҳ, халос ва раҳоям кун. –

[5] Батаҳқиқ Худованд бар анҷоми ҳар чиз қодир аст. (Бақара:20)

[6] Бешубҳа Худованд ҳама чизро медонад. (Анкабут:62)

[7] Қудрати ӯ бар ҳама чиз ғолиб аст, ӯ ҳама корро бо ҳикмат анҷом медиҳад. (Рум:27)

[8] Қудрати ӯ бар ҳама чиз ғолиб аст, ӯ бисёр бахшандааст. (Рум:5)

[9] Ҳошия: Фавқи ҳар доно, донои комилтар аст. –

[10] Ҳошия: Инсон гоҳо ба хотири бемории чашм мункири нури хуршед мешавад, ба хотири бемории даҳон низ таъми обро намеписандад.

Маъсалаи Нӯҳум

МАСЪАЛАИ НӮҲУМ

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

اٰمَنَ الرَّسُولُ بِمَٓا اُنْزِلَ اِلَيْهِ مِنْ رَبِّهٖ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ اٰمَنَ بِاللّٰهِ وَمَلٰٓئِكَتِهٖ وَكُتُبِهٖ وَرُسُلِهٖ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ اَحَدٍ مِنْ رُسُلِهٖ … الخ

Як саволи ҳайратангези маънавӣ ва дарҳолие, ки аз зуҳури неъмати боазамат ва Илоҳӣ, ҳосил шуда буд, боис гардид нуктаи муфассалу куллӣ, дар бораи ояи аҷмаъ, аълову акбари фавқ баён шавад. Дар олами маъно, ба рӯҳам илҳом шуд:

Чаро касе, ки яке аз ҳақиқатҳои ҷузъии имонияро инкор кунад, кофир мешавад ва касе, ки онро кабул надошта бошад мусулмон нест? Ин дар ҳолест, ки лозим аст имони ба Худо ва охират, ҳамчун хуршед, он зулмату торикиро аз байн бардорад, ҳамчунин чаро касе, ки рукну ҳақиқати имонияро инкор кунад, муртад мешавад, ва дучори куфри мутлақ мегардад ва касе, ки онро кабул накунад аз Исломият хориҷ мешавад, дар ҳоле, ки агар ҳамон фард, аркони дигари имониро бовар дошта бошад, бояд ӯро аз куфри мутлақ наҷот диҳад?

Ҷавоб: Имон, ҳақиқати ваҳдонист, ки аз шаш рукн ҳосил мешавад, тафриқ қабул намекунад. Ин як куллиест, ки қобили инқисом нест, як куллиест, ки қабули ҷузъ намекунад. Зеро ҳар як рукни имонӣ, бо ҳуҷҷатҳои исботкунандаи худ, соири аркони имониро исбот мекунад. Ҳар яки аз онҳо барои якдигар, ҳуҷҷати азиму қудратманданд. Пас андешаи ботиле, ки наметавонад сабаби тазалзули ҳамаи аркону  далелҳояшон шавад, дар ҳақиқат нахоҳад тавонист як рукн, ҳатто як ҳақиқатро ибтолу инкор кунад. Чунин андеша, ҳадди аксар метавонад таҳти пӯшиши адами қабул, чашм бандад ва роҳи куфромезро дар пеш гирад ва рафта-рафта сар аз куфри мутлақ барорад. Дорандаи чунин андеша, инсонияти худро аз даст дода, вориди ҷаҳаннами моддию маънавӣ мешавад.

Мо дар ин мақом, бо ишораҳои бениҳоят мухтасар, монанди Рисолаи Самара, ки бо ишороти муҷиз дар исботи ҳашр гуфтем, соири аркони имония низ, ҳашрро исбот мекунанд, мегуем ин нуктаи муҳим бо инояти Ҷаноби Ҳақ зимни шаш нукта ба шарҳи зер баён мешавад:

Нуктаи Якум: Имон овардани ба Аллоҳ бо ҳуҷҷатҳои худ, ҳам соири аркон ва ҳам имони ба охиратро исбот мекунад. Ин матлаб таҳти масъалаи ҳафтум дар Рисолаи Самара ба хубӣ тавзеҳ дода шудааст. Бале, салтанати Рубубияти азалию боқӣ ва ҳокимияти улуҳияти абадию доимиро дар назар бигиред, ки олами беинтиҳои вуҷудро чун қаср, шаҳру мамлакате бо тамоми лавозими мавриди ниёзаш, идора мекунад ва дар доираи мизону назм, онро ба ҳаракат дароварда ва бо ҳикматҳояш равона мекунад. Зарроту саёрот ва ҳашароту ситорагонро ҳамчун лашкари боназм, якҷо бо ҳам таҷҳизу тадбир мекунад ва дар доираи амру иродааш, ҳамеша тайи размоиши баланду бо таълиму таъйини вазифа ба фаъолияту сайру ҳаракату саёҳат, во медорад ва дар маросими реҷаи убудияткорона ширкат медиҳад. Ҳоло оё мумкин аст, оё аслан эҳтимол дорад, ин салтанати абадию сармадӣ ва боқию доимӣ, дори охиратро ҷойи боқию мадори доимӣ ва мазҳари сармадист, надошта бошад? Ҳеҷ ақлу хираде, инро қабул мекунад? Ҳазор мартаба ҳошо!

Пас, салтанату рубубияти Ҷаноби Ҳақ — чунон, ки дар масъалаи ҳафтум баён шуд — ва ғолиби асмо ва ҳуҷҷатҳои вуҷуби вуҷудаш бар охират гувоҳӣ медиҳанд ва иқтизои онро доранд. Бубин, ки ин қутби имонӣ, чи нуқтаи истиноди мустаҳкаме дорад, онро дарк кун, тавре бовар кун, ки гуё онро мебинӣ.

Ҳамон гуна, ки имони ба Аллоҳ бидуни охират, имконпазир нест, тибқи он чи дар Гуфтори Даҳум бо ишораҳои муҷиз баён шуд, маъбуди билҳаққе, ки барои зуҳури улуҳият ва маъбудияташ, оламро чун китоби самадонии муҷассам халқ кард. Китобе, ки ҳар саҳифаи он, ба андозаи як китоб ва ҳар сатраш ба андозаи як саҳифа, ифодаи маъно мекунад, ва онро ҳамчун Қуръони субҳонии ҷисмонӣ, қарор дода, ки ҳар ояти таквинӣ ва ҳар калимааш, ҳатто ҳар нуқтаву ҳарфаш дар ҳукми як мӯъҷизааст. Китоби боазамате, ки чун масчиди раҳмонист ва даруни он, бо оятҳои бешумор ва нақшҳои пурмаъно зиннат додашудааст; дар ҳар гушааш даставу гурӯҳе машғули ибодатҳои фитрии худ мебошанд, чигуна имкон дорад ва ақл чигуна мепазирад, ки устодону муфассиронеро ба унвони Расул нафиристад то маънеҳои он китоби кабирро дарс диҳанд, ва оятҳои он Қуръони Самадониро тафсир кунанд? Оё имкон дорад Худованд барои касоне, ки дар он масчиди боазамат ба шаклҳои мухталиф ибодат мекунанд, имомонеро таъйин накунад? Ва барои он устодон, муфассирону имомон, авомире содир накунад, Ҳошо сад ҳазор бор Ҳошо!

Сонеъи Раҳиму Кариме, ки коинотро меҳмонсарову намоишгоҳ ва маҳали гашту гузор, қарор дод ва анвоъу ақсоми неъматҳои лазизу дилнишинро бо ҳунарнамоиҳои хориқулода офарид то ҷамоли раҳмату ҳусни шафқат ва камоли рубубияти худро ба мавҷудот нишон диҳад ва онҳоро ба сипосгузорию ҳамд, фаро хонад. Оё мумкин аст, оё ақл мепазирад, ки дар ин зиёфатгоҳ бо махлуқоти бошуури худ сухан нагуяд ва дар муқобили неъматҳое, ки ато кардааст, дар қиболи зуҳури раҳматаш ба воситаи расулонаш вазифаи убудияту сипосгузориро ёдоварӣ накунад? Ҳошо ҳазорон бор ҳошо!

Магар мумкин аст: Сонеъе, ки санъати худро дӯст медорад ва алоқаманд аст, дигарон ба он таваҷҷуҳ кунанд, ҳатто бо дар назардошти ҳазорон завқи даҳон, моил аст мавриди тақдиру таҳсин қарор гирад, Сонеъе, ки оламро бо санъатҳои бадеъ, зиннат дода ва мехоҳад бо ҳар санъате худро муаррифӣ кунад, дӯсташ бидоранд, ӯ низ ҷамоли маънавии хешро бинамоёнад. Магар имкон дорад бо бузургони ҷомеъаи башарӣ, сӯхан нагуяд. Башаре, ки ба монанди фармондеҳи зиҳаётҳо мебошад; ва онҳоро расули худ қарор надиҳад? Магар имкон дорад санъатҳои ҷамили ӯ ношинохта бимонанд ва ҳусни фавқулодаи исмҳояш бетаҳсин монда ва шиносонидану дӯст дошташуданаш беҷавоб бимонад? Ҳошо, сад ҳозор бор ҳошо!

Мутакаллими Алиме, ки дархостҳову дуоҳои мавҷудотро, ки бо забони ҳол ва барои истиҷобати ниёзҳои фитриашон адо мегардад, гоҳу ногоҳ, ба тарзе ки нишондиҳандаи қасд ва иродаву ихтиёри ӯст бо неъматҳои бешумору эҳсони беинтиҳо амалан ба шакли сареҳу ошкор посух мегуяд.

Магар мумкин аст, магар ақл мепазирад, ки бо хурдтарин мавҷуд амалан ва ҳолан, сухан гуяд ва дардашро дармон намояд ва ба воситаи эҳсонаш дар хости ӯро шунавад ва ниёзашро барорад ва бидонад, аммо бо раисони маънавии инсонҳо, ки мунтахаб ва натиҷаи олами ҳастианд, ва халифаи ӯ ба рӯйи замин ва фармондеҳи аксари махлуқот, дидор накунанд? Оё имкон дорад, ӯ ҳамон тавре, ки бо онҳо ва ҳама зиҳаётон амалану ҳолан сухан мегуяд, қавлану каломан сӯхан нагуяд, фармонҳову суҳуф ва китобҳояшро барои онон нафиристад? Ҳошо, бениҳоят ҳошо!

Пас имони ба Аллоҳ, бо қатъият ва бо далелҳои бешумори имони ба пайғамбарон ва бо китобҳои муқаддас  وَ بِكُتُبِهٖ وَ رُسُلِهٖ ро исбот мекунанд.

Оё имкон дорад ва ақл мепазирад, дар баробари Худое, ки бо тамоми офаридаҳояш, худро муаррифӣ мекунад ва боис мегардад ӯро дӯст доранд ва амалану ҳолан аз ӯ сипосгузорӣ кунанд. Муҳаммад (с.а.в), ки ғавғое дар олам барафрухт, бо ҳақиқати Қуръония, Сонеъи Зулҷалолро ба тарзи акмал шинохта ва шиносонида, дил ба ӯ супурда ва боис шудааст, дигарон низ ӯро дӯст доранд, ҳамдашро гуфта ва боис шудааст дигарон низ, сипосгузориаш кунанд; касе ки бо

 “سُبْحَانَ اللّٰهِ ۞ ‌‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ۞ اَللّٰهُ اَكْبَرُ”

-ҳояш заминро тавре ба сухан во доштааст, ки самовотиён мешунаванд ва бо шевае, ки барру баҳрро ба ҷазаба вомедорад, дар тӯли ҳазору сесад сол навъи башарро ба лиҳози камият, панҷяк ва ба лиҳози  кайфияти инсоният, ними аз ҷамъияти башариро тобеъи худ карда, дар баробари тамоми мазҳарҳои рубубии он Холиқ, бо убудияти куллию густурда посух додааст ва дар баробари тамоми мақсадҳои Илоҳӣ, бо сураҳои Қуръон, коиноту асрҳоро мавриди хитоб қарор дода, онҳоро таълим дода ва шарафу қиммату вазифаи навъи инсонро таълиму таъйин карда ва бо ҳазорон мӯъҷиза, мавриди тасдиқ қарор гирифтааст, махлуқи мунтахабу расули комил ва бузургтарин пайғабараш набошад? Ҳошо ва калло, сад ҳозор бор ҳошо!

Пас, ҳақиқати “اَشْهَدُ اَنْ لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ” бо тамоми далелҳову ҳуҷҷатҳояш “‌اَشْهَدُ اَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللّٰهِ”-ро исбот мекунад.

Ва оё мумкин аст Сонеъи ин дунё офаридагонашро бо сад ҳазор забон ба гуфтугӯи бо якдигар бихонад ва сухани онҳоро бишунавад ва бидонад ва худ сӯхан нагуяд? Ҳошо!

Оё ақл мепазирад, ки мақсадҳои илоҳии худро дар коинот бо фармоне эълон накунад? Ва барои посухи ҳақиқӣ, ба се саволи омми даҳшатангез, ки “Махлуқот аз куҷо меоянд?” ва “Ба куҷо мераванд?” ва “Чаро қофила-қофила аз пайи ҳам меоянду пас аз муддате оромона, мераванд?” китобе чун Қуръонро нафиристад? Ҳошо!

Қуръони мӯъҷизу-л баён, ки сездаҳ асрро рӯшноӣ бахшида ва дар ҳар соат сад миллион нафар бо камоли эҳтиром онро ба забон меронанд ва бо қудсияти худ ба қалби миллионҳо ҳофиз нигошта мешавад ва рақами қобили таваҷҷӯҳи навъи башарро ба лиҳози кайфӣ бо қонунҳои худ идора мекунад ва нуфусу арвоҳу қулубу уқулашонро тарбия, тазкия, тасфия ва таълим мекунад, Қуръоне, ки мӯъҷиза буданаш дар Рисолаи Нур ба чил ваҷҳ исбот шуда ва дар Мактуби бо каромату хориқулодаи Нӯздаҳум баён гардидааст, ки эъҷозашро ба тоифаҳо ва табақаҳои мухталифи мардум ба навъе нишон медиҳад. Ва Ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом бо ҳазорон мӯъҷиза, яке аз он мӯъҷизаҳои он буд. Ба ин тартиб исбот мегардад, ки Каломуллоҳ мебошад, оё имкон дорад чунин китоб фармону камоли он Мутакаллими Азалӣ ва он Сонеъи Сармадӣ набошад? Ҳошо, сад ҳазор бор ҳошо ва калло!

Пас имони ба Аллоҳ бо тамоми ҳуҷҷатҳояш исбот мекунад, ки Қуръон, каломи Аллоҳ аст.

Низ оё мумкин аст, Султони Зулҷалоле, ки паҳнои заминро ҳамеша аз зиҳаётон пуру холӣ мекунад ва барои ин, ки худро бишиносонад, то дигарон ибодату тасбеҳаш кунанд, ҷаҳонро ба вуҷуди зишуурон зиннат дод, осмонҳо ва ситорагонро холӣ, раҳо намояд ва мардумони муносиби онҳоро наёфарад ва дар кохҳои осмонӣ, сокин накунад? Ва салтанати рубубиашро дар бузургтарин мамлакати худ бехадамаву бешукӯҳ, бидуни маъмуру намоянда ва ёвару нозир ва тамошогар ва бидуни обиду раият, раҳо кунад? Ҳошо, ба теъдоди малоик ҳошо!

Оё ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин аст, Ҳокими Ҳаким ва Олими Раҳиме, ки оламро ба монанди китобе офарид ва таърихчаи ҳаёти ҳар дарахтро дар тухмиҳояшон дарҷ кард ва вазифаҳои ҳаёти ҳар буттаву ниҳолро дар тухмиҳояшон нигошт, ва саргузашти ҳаёти ҳар бошуурро дар қувваи ҳофизаи онҳо, ки ба хурдии донаи хардал аст, ба диққат навишт ва дар саросари мулку давраҳои салтанаташ, ҳар амалу ҳодисаеро бо тасвирҳои мутааддид, сабту муҳофизат кард ва биҳишту ҷаҳаннаму сироту мизони акбарро барои таҷаллию таҳаққуқи ҳикмату раҳмату адолаташ, ки аз пояҳои асосии Рубубияташ аст, офарид, амалҳову феълҳои пайвастаи инсон бо коинотро барои муҷозоту подош сабт накунад ва бадию хубиҳояшонро дар лавҳаҳои қадар нанависад? Ҳошо, ба теъдоди ҳуруфи нигошташудаи дар лавҳи маҳфузи қадар, ҳошо!

Пас ҳақиқати имони ба Аллоҳ, бо ҳуҷҷатҳояш, ҳақиқати имони ба малоик ва имони ба тақдирро ба сурати қатъӣ, исбот мекунад; ҳамон тавре, ки хуршед рӯзро менамоёнад ва рӯз хуршедро, аркони имон низ якдигарро исбот мекунанд.

 

Нуктаи дуюм: Даъвоҳои ҳама суҳуфу китобҳои осмонӣ, дар раъсашон Қуръон ва ҳама пайғамбарон алайҳимуссалом, дар раъсашон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам, бар панҷ шаш меҳвар устувор аст, ки ҳамеша барои дарс додани онҳо ва исботашон кӯшиш мекунанд. Тамоми ҳуҷҷатҳову далелҳое, ки бар нубуввату сидқи даъвои онҳо гувоҳӣ медиҳанд, назаркунанда бар ҳамин меҳварҳо ҳастанд, ва бар ҳаққониаташон меафзоянд. Меҳварҳои мазкур иборатанд аз имони ба Аллоҳ, имони ба охират ва имони ба соири аркон.

Ҷудоии аркони шашгонаи имон, аз якдигар мумкин нест. Ҳар яке аз онҳо, исботкунандаи аркони дигар аст, ва аркони дигарро иқтизо дорад. Шаш рукни мазкур, чунон куллу куллие ҳастанд, ки ҷузъ шуданро намепазиранд ва инқисомашон ғайри мумкин аст. Ҳамчун дарахти Тубо, ки решааш дар осмонҳост ва ҳар шохаву меваю барги ин дарахт, ба ҳаёти куллию бепоёни он, муттакӣ мебошад. Касе, ки натавонад чунин ҳаётеро, ки чун хуршед зоҳиру пурқудрат аст инкор кунад, қатъан ҳаёти барги муттасил ба онро низ, наметавонад инкор кунад; дар ғайри ин сурат, шохаҳову баргҳо ва меваҳои он дарахт, фарди мункирро такзибу ба сукут вомедорад. Имон низ, бо аркони шашгонааш, ҳамин вазъиятро дорад.

Дар ибтидои ин мақом, қасд доштем аркони шашгонаи имонро зери шаш нукта ва ҳар нуктаро бо панҷ нукта, ки дар маҷмуъ сию шаш (36) нукта мешавад, баён кунем. Муродам ин буд, ки ба саволи даҳшатноке, ки дар ибтидо матраҳ кардам, посухи тафсилӣ бидиҳам, аммо мушкилие пеш омад, ки иҷозаи ин корро ба ман надод. Гумон мекунам, нуктаи аввал, миқёси басандааст. Аз ин сабаб, ба тавзеҳи бештар барои ҳушмандон ниёз нест. Дониста шуд, ки агар мусулмон, яке аз ҳақиқатҳои имонро инкор кунад, дучори куфри мутлақ мешавад. Зеро ба хилофи иҷмолие, ки дар динҳои дигар ҳаст ,дар Ислом тавзеҳу тафсили комил, додашуд. Аркон бо якдигар пайванди мустаҳкам доранд. Мусулмоне, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро намешиносад ва ӯро қабул надорад, Худованду сифатҳояшро намешиносад ва охиратро дарк намекунад. Имони фарди мусулмон, такя ба чунон ҳуҷҷатҳои муҳкам, устувору бешуморест, ки ҳеҷ узр барои инкор боқӣ намемонад. Тавре, ки гуё ақл аз пазириши матлаб, гурез надорад.

Нуктаи сеюм: Замоне, ‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ба забон рондам ва дар ҷустуҷӯйи неъмате баромадам, ки муқобили маънои густурдаву беҳадду ҳисобаш бошад, дар як лаҳза ҷумлаи зер ба хотирам омад:

اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلَى الْاٖيمَانِ بِاللّٰهِ وَعَلٰى وَحْدَانِيَّتِهٖ وَعَلٰى وُجُوبِ وُجُودِهٖ وَعَلٰى صِفَاتِهٖ وَاَسْمَائِهٖ حَمْدًا بِعَدَدِ تَجَلِّيَاتِ اَسْمَائِهٖ مِنَ الْاَزَلِ اِلَى الْاَبَدِ

Дидам комилан мутобиқи он аст; ба ин тартиб ки……

***

Хулоса аз Масъалаи Ҳаштум

ХУЛОСАЕ АЗ МАСЪАЛАИ ҲАШТУМ

 

Дар масъалаи ҳафтум мавзӯъи ҳашрро бояд аз мақомоти зиёде савол мекардем, аммо  Холиқамон бо исмҳои худ ҷавобе, ки ба мо дод, чунон яқин ва боварии муҳкам насибамон кард, ки ниёз ба саволу ҷавобҳои дигар боқӣ намонд, ба ҳамон иктифо кардем. Инак дар масъалаи ҳаштум, як дар сади  фоидаву натиҷае, ки бар асоси имони ба охират боиси саодати ухравию дунявӣ мегардад, ба таври хулоса баён мешавад. Дар қисмати вобаста ба саодати ухравӣ, бо вуҷуди тавзеҳи Қуръони мӯъҷизу-л баён, ба баёни матлаби дигар ниёзе боқӣ намонд. Пас мавзӯъро ба Қуръон ҳавола кардем, ва тавзеҳу баёни  қисмати вобаста ба саодати дунявиро ба Рисолаи Нур супурдем, аз садҳо натиҷаи вобаста ба ҳаёти шахсию ҳаёти иҷтимоии инсон, танҳо се – чор мавридро бо як хулосаи кӯтоҳ, баён мекунем:

Якум:

Инсон, ба хилофи соири ҳайвонот, ҳамон тавре, ки ба хонаи худ вобастагӣ дорад, ба дунё низ, алоқаманд аст. Ва чуноне, ки бо хешовандони худ муносибат дорад, бо навъи башар низ, муносибати ҷиддию фитрӣ дорад; ҳамон тавре, ки дар дунё, хоҳони бақои муваққатии хеш аст, ҳамо тавр ошиқона алоқаманди бақо дар ҷаҳони абадӣ низ, мебошад. Ҳамон гуна, ки барои таъмини ғизои мавриди ниёзи меъдааш талош мекунад, фитратан маҷбур аст суфраҳову ғизоҳо, ба густурдагии дунёро — ки то абад имтидод меёбанд — барои ниёзи ақлу қалбу рӯҳ ва инсоният муҳайё кунад, дар ин роҳ талош мекунад; чунон дархост дорад, ки ҳеҷ чиз ҷуз саодати абадӣ ҷавобгӯи онҳо нест. Ҳамон тавре, ки дар Гуфтори Даҳум ишора шудааст, замоне дар хурдсолӣ, аз хаёлам савол кардам: “Оё мехоҳӣ умри як миллионсола ва салтанати дунёро ба ту бидиҳанд, аммо баъд аз он, нест шавӣ ва чизе аз ту боқӣ намонад? Ё ин ки хоҳони вуҷуди боқӣ, лекин оддию бо машақат ҳастӣ?” Дидам хостори мавриди дуюм аст. Дар баробари мавриди аввал, оҳе кашиду гуфт: “Хоҳони бақо ҳастам ҳатто дар ҷаҳаннам бошам.”

Модоме, ки қувваи хаёл ба унвони яке аз хизматгорони моҳияти инсонӣ, бо лаззатҳои дунявӣ, розӣ намешавад, бешубҳа моҳияти комилан ҷомеъи инсон ба таври фитрӣ бо абадият алоқадор аст. Инсон дар айни вобастагӣ ба майлу орзуҳои беинтиҳо, сармояи ҷузъӣ, ихтиёри ҷузъӣ ва фақри мутлақ надорад; имони ба охират барои чунин инсон, ҳамчун мева ва фоида, чунон хазинаи кофию вофӣ ва ғанист, чунон мадори саодату лаззат, мадори истимдод, марҷаъу мадори тасаллӣ дар баробари  ғуссаҳои беандозаи дунёст, ки агар барои ба даст овардани он, зиндагии дунёро фидо кунад, боз ҳам кам аст.

Самараи дуюм ва фоидае, ки назаркунанда ба ҳаёти шахсист:

 

Натиҷаи бисёр муҳиме аст, ки дар масъалаи сеюм тавзеҳ дода шуда ва дар раҳнамои ҷавонон, ба сурати ҳошия омадааст.

 Бале, нигаронии аслии ҳар инсон дар замони андешидан, кайфияти вуруд ба адамхонае ба номи қабристон аст, ки дӯстону хешовандонаш қаблан вориди он шудаанд. Инсони бечорае, ки рӯҳи худро фидои танҳо яке аз дӯстонаш мекунад, вақте ба ҳазорон, балки миллионҳову миллиардҳо тан аз дӯстонаш фикр мекунад, ки дар муфориқати абадӣ, нобуд шуда ва аз байн рафтаанд, дучори мусибати дардноктар аз азоби ҷаҳаннам мешавад. Дар ҳамон лаҳза, имони ба охират дар муқобили ӯ падидор мегардад ва чашмонашро мекушояд, пардаро боло карда, ба ӯ мегуяд: “Нигоҳ кун” ӯ бо имон нигоҳ мекунад, онгоҳ мушоҳида мекунад ва мутаваҷҷеҳи лаззати рӯҳонӣ мешавад, ки хабар аз лаззати биҳишт медиҳад, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дӯстонаш аз марги абадӣ, ва пӯсидашудану аз байн рафтан, наҷот ёфта, дар олами нуронию пурсурур, мунтазири ӯ ҳастанд.

Дар Рисолаи Нур, ин натиҷа бо далелҳо тавзеҳ додашудааст, бинобар ин, ба он иктифо карда, суханро кӯтоҳ мекунем.

 

Фоидаи сеюме, ки вобаста ба ҳаёти шахсист:

Тафаввуқ (бартарӣ) ва рутбаи инсон нисбат ба соири зиҳаётон ба эътибори саҷияҳои олӣ (ахлоқи олӣ), истеъдодҳои ҷомеъ, убудиятҳои куллӣ ва доираҳои густурдаи вуҷуди ӯст. Ин дар ҳолест, ки ҳамин инсон ба миқёсу меъёри замони кунунӣ — ки замони кӯтоҳи фушурдашуда дар миёни ояндаву гузаштаи торик, мурдаву маъдум мебошад — ахлоқе чун ҳамият, муҳаббат, ухуввату инсониятро ба вуҷуд меорад.

Масалан: Падар, бародар, ҳамсар, миллату ватанашро, ки қаблан намешинохт ва баъд аз муфориқат низ, ҳеҷ гоҳ онҳоро намебинад, дӯсташон медорад ва ба онҳо хизмат мекунад. Дар чунин робитаҳо, ӯ ба нудрат ба сабаби ихлосу садоқат муваффақ мешавад, ба ҳамон нисбат низ камолоту одатҳояш андак мегардад. На танҳо ба унвони бартарини мавҷуд дар миёни ҳайвонот, балки дар замоне, ки ба лиҳози ақли бечоратарин ва дар ҳоли суқут мебошад, имони ба охират ба мадади ӯ мерасад. Замони маҳдуде чун қабрро ба замони густурда мубаддал месозад, ки гузаштаву ояндаро дарбар мегирад, доираи вуҷуде ба бузургии дунё, балки ба густурдагии азал то абадро ба намоиш мегузорад.

Ӯ падари хешро ба ин сабаб, ки муносибати падариаш дар олами арвоҳ ва дори саодат идома хоҳад ёфт ва бародарашро аз ин лиҳоз, ки робитаи ухувваташ то абад давом хоҳад ёфт ва ҳамсарашро аз ин ҳайсият, ки дар биҳишт низ беҳтарин рафиқи ӯст, дӯст медорад. Дар он доираи фароху азими ҳаёт, хизматҳои бо арзишу муҳими вобаста ба муносибати вуҷудиро василаи умури беарзиши дунё ва манфиатҳою ғаразҳои ҷузъӣ намесозад. Ӯ муваффақ ба бархӯрдорӣ аз садоқати ҷиддию ихлоси самимона мешавад ва камолоту хислатҳояш ба ҳамон нисбат, мутобиқи дараҷаву мартаба ва инсонияташ мутаолӣ мегардад. Инсоне, ки дар лаззати ҳаёт, аз як гунҷишк ақиб мемонад, бартар аз тамоми ҳайвонот аст ва саодатмантарину бузургтарин мусофири олами вуҷуд ва мақбултарину маҳбубтарин бандаи соҳиби коинот аст. Ин натиҷа низ, дар Рисолаи Нур бо ҳуҷҷатҳо, тавзеҳ додашудааст, бинобар ин ба ҳамин миқдор иктифо мекунем.

 

Фоидаи чорум, нозир ба ҳаёти иҷтимоии инсон:

 

Хулосаи натиҷае, ки дар Шуоъи Нӯҳуми аз Рисолаи Нур баён гардид чунин аст:

Кӯдакон, ки чоряки ҷамъияти башарро ташкил медиҳанд, бо доштани имони ба охират, метавонанд ҳамчун инсон зиндагӣ кунанд ва ҳомили истеъдодҳои инсонӣ бошанд. Дар ғайри ин сурат, бояд дар матни нигарониҳои аламовар, барои таскину фаромӯшии дардҳо, бо бозичаҳо саргарм шаванд ва зиндагии бефоида дошта бошанд. Зеро маргҳои гоҳу ногоҳ, дар атрофи як кӯдак, дар зеҳни латифу қалби зарифи ӯ, ки дар оянда орзуҳои дуру дароз дорад ва дар рӯҳи заифаш чунон таъсир мегузорад, ки ақл ва ҳаётро барои ин бечора, василаи азоб мекунад. Ӯ бар асоси омӯзаҳои имони ба охират, ба ҷойи   нигарониҳое — ки бо бозӣ кардан бо бозичаҳо, худро дар баробари онҳо муҳофизат мекард — навъи суруру хушӣ ҳис мекунаду мегуяд:

“Бародар ва ё дӯстам аз дунё рафт ва табдил ба парандаи биҳиштӣ шуд, зиёдтар аз мо лаззат мебарад ва ба гаштугузор мепардозад. Модарам аз дунё рафт, аммо шомили раҳмати Илоҳӣ шуд. Ӯ боз ҳам, манро дар биҳишт ба оғӯш мегираду дӯст медорад. Ман низ, модари меҳрубонамро дубора мебинам.” Ба ин тартиб, метавонад ба тавре, ки шоистаи инсоният аст зиндагӣ кунад.

Пиронсолон низ, ки чоряки инсонҳоро ташкил медиҳанд, дар қиболи ба охир расидани умрашон ва ин ки ба зуддӣ дар хок дафн хоҳан шуд ва дунёи зебою маҳбубашонро тарк хоҳанд намуд, мӯҳтоҷи тасаллию оромиш ҳастанд, ки онро махсусан, дар имон овардани ба охират метавонанд биёбанд; вагарна падарони муҳтараму меҳрубон ва модарони бомуҳаббату фидокор, мутаҳаммили чунон дағдағаҳои қалбӣ ва талотумҳои рӯҳӣ мешуданд, ки дунё барояшон, зиндони ҳасратбору ҳаёти бо азобу шиканҷаовар мешуд.

Аммо имони ба охират, ба онҳо мегуяд: “Нигарон набошед, шумо дорои ҷавонии абадӣ хоҳед шуд. Ояндаву ҳаёти дурахшон ва умри бепоён дар интизори шумост. Бо фарзандону хешовандоне, ки аз даст додаед, бо хурсандӣ, дидор хоҳед кард, ҳама хубиҳое, ки кардаед, муҳофизат карда шудааст ва подоши онҳоро хоҳед гирифт. Имони ба охират, чунон оромиш ва васеъии садр ба онҳо медиҳад, ки агар ҳар кадомашон, сад баробар пиртар шаванд низ, ноумед намешаванд.”

 

Ҷавонон, ки сеяки навъи башарро ташкил медиҳанд, ҳавасҳояшон дар ҷуш аст, мағлуби эҳсосотанду ҷасур, аз ақли хеш дар ҳар замон баҳра намебаранд. Агар имони ба охиратро аз даст диҳанд ва ёде аз азоби ҷаҳаннам накунанд, амволу обурӯи аҳли номусу осоишу ҳайсияти заифон ва пиронсолон ба хатар меафтад. Баъзеашон барои як дақиқа лаззат, хушбахтии хонаводаи саодатмандеро аз байн мебаранд ва ба мисли ҳайвони дарранда мешаванд. Ба ин тартиб, чаҳор-панҷ сол дар зиндон азоб мекашанд.

Агар  имони ба охират ба фарёди онҳо бирасад, дарҳол ақлашонро ба кор мегиранд. Ва ба худ мегуяд: “Ҳарчанд маъмурони махфии давлат, манро намебинанд ва метавонам худро аз чашми онон пинҳон кунам, аммо фариштагони Подшоҳи Зулҷалол, ки зиндоне ба мисли ҷаҳаннам дорад, манро мебинанд ва бадиҳоямро сабт мекунанд. Ман ба ҳоли худ раҳо нашудаам, як мусофири муваззаф ҳастам, ман ҳам монанди онҳо пиру заиф хоҳам шуд.” Ногаҳон касоне, ки мехоҳад зулму таҷовуз кунад, эҳсоси муҳаббату эҳтиром мекунад. Ин маъно низ, бо бурҳонҳо дар Рисолаи Нур изоҳ додашудаат, аз ин рӯ ба ҳамин мухтасар иктифо мекунем.

Низ  беморону мазлумону мусибатзадагоне ҳамчун мо ва фуқарову маҳбусони маҳкум ба ҷазоҳои сангин, ки бахши муҳимми аз ҷамъияти инсониро ташкил медиҳанд, агар имони ба охират ба додашон нарасад, марг ҳар лаҳза бо ихтори беморӣ, дар пеши чашмони фарди бемор қарор мегирад. Мазлуме, ки натавонистааст интиқоми худро аз золим биситонад ва номуси хешро наҷот диҳад, дар муқобили таҳқири мағруронаи фарди ситамгар қарор мегирад. Фарди бечорае, ки бо мусибатҳои бузург рӯ барӯ шуда бесабаб, амволу авлоди худро аз даст дода, ба ноумедии дардовар мубтало мегардад, касоне барои як ду дақиқа ё як ду соат лаззат, маҷбур мешаванд панҷ сол ё даҳ сол азоби зиндонро таҳаммул кунанд. Дунё барои чунин бечорагон, зиндон ва зиндагӣ, азоби бо шиканҷа мебошад.

Агар имони ба охират, ба доди инҳо бирасад, қувват мегиранд ва сахтиҳову ноумедиҳо ва нигарониҳою хашмашон барои интиқом, мутаносиб бо мартабаи имонашон то як андоза, гоҳо тамоман зоил мегардад.

Ҳатто метавонам бигуям, агар имони ба охират ба доди ман ва чанде аз дӯстонам, ки бесабаб дар зиндон ҳастем ва бо мусибатҳои даҳшатнок рӯ барӯ мебошем намерасид, ҳатто муқовимат кардан  барои як рӯз таъсире ҳамчун маргро медошт ва маҷбурамон мекард даст аз зиндагӣ бишуем. Аммо Худовандро бениҳоят сипос, ки дардҳову мусибатҳои бисёре аз бародаронро, ки ҳамчун ҷон дӯсташон дорам, ба душ кашидаам. Барои аз даст додани ҳазорон Рисолаи Нуре, ки чун чашмони хеш, ба онҳо алоқамандам ва китобҳои бисёр арзишманди зебову муфиданд, таассуфҳо хӯрдам. Дар ҳоле, ки дар гузашта ба муқобила бо хурдтарин беэҳтиромию таҳаккум қодир набудам, қасам мехураму ба шумо итминон медиҳам, ки:

Нур ва қудрати аз имони ба охират ҳосилшуда, чунон сабру таҳаммулу тасаллӣ ва матонате ба ман дод, чунон шавқе барои чоизаи бузург дар имтиҳони пурманфиату муҷоҳидона атоям кард, ки чунонче дар ибтидои ин Рисола гуфтаам, худро дар як мадрасаи пур аз хайру некӯӣ ва шоистаи унвони “Мадрасаи Юсуфия” ёфтаам. Агар бемориҳои гоҳу ногоҳ ва эҳтиётҳову мулоҳизаҳое, ки реша дар солмандӣ дорад намебуд, ба таври комил, бо хиёли осуда, аз ҳама зиёдтар ба дарсҳоям мепардохтам. Ба ҳар ҳол, ба муносибати ин мақом, аз мавзӯъ хориҷ шудем, манро бубахшед.

Ҳам хонаи ҳар як инсон, дунёи хурди ӯ, балки биҳишти хурдашро ташкил медиҳад. Агар имони ба охират, ҳукмрони саодати хонаи одамӣ набошад, афроди хонаи мазкур, ба нисбати меҳрубонӣ ва муҳаббату дилбастаниҳояшон, бо нигарониҳои аламовар мувоҷҷеҳ шуда, азоб мебинанд. Биҳишташон ба ҷаҳаннам табдил мешавад, бо тафриҳоту хӯшиҳои муваққат, ақли худро фиреб дода, аз кор меандозанд. Шутурмурғе мешаванд, ки шикорчиро мебинад, аммо наметавонад фирор ё ки парвоз кунад. Чунин касе сарашро зери қӯм мекунад то, ки набинад. Сар дар ғафлат фурӯ мебарад, то маргу нестиву фироқ, ӯро набинад. Девонавор дар пайи чорае бар меояд, то ҳиссиёти хешро ба як сӯ гузорад.

Зеро масалан, модар вақте мебинад фарзандаш, ки омодааст рӯҳашро фидояш кунад, дар хатар аст, мудом ба худ меларзад. Онон, ки наметавонад падару бародарони худро аз балоҳо наҷот диҳанд, ҳамеша як навъи тарсро эҳсос мекунанд. Дар қиёс бо ҳамин матлаб, дар зиндагии дунявии пурғавғо ва мутағайир зиндагии хонаводагӣ ба зоҳир саодатманд ба сабабҳои гуногун, саодати худро аз даст медиҳад. Ҳатто қаробату муносибати дар як зиндагии маҳдуду мухтасар, боиси ҳусули садоқати ҳақиқӣ ва ихлоси самимона ва хизмату муҳаббати холисона намегардад, ахлоқ ба ҳамон нисбат дучори офат шуда, суқут мекунад.

Акнун агар имони ба охират вориди хонаи мазкур шавад, муносибат ва шафқату қаробат ва муҳаббати аъзои хонавода на бо меъёри замони маҳдуд, балки бо миқёси давомнок, муносибатҳо дар дунёи охират, бо саодати абадӣ, боиси эҳтироми самимона мешавад. Афрод якдигарро дӯст медоранд, ба ҳам муҳаббат мекунанд, рафторашон содиқона шуда, аз пайи айбчӯйии якдигар намешаванд. Ба ин тартиб, ахлоқи олӣ меёбад. Ва саодату инсонияти ҳақиқӣ, дар он хона ба зуҳуру буруз, шуруъ мекунад. Ин матлаб, бинобар баён шуданаш дар ҳуҷҷатҳои Рисолаи Нур, ба ҳамин миқдор басандааст.

Ҳар шаҳр низ, барои аҳолиаш дар ҳукми хонааст. Агар имони ба охират, дар миёни аъзои ин хонаводаи бузург ҳукмфармо набошад, ба ҷои ихлосу самимият ва фазилату фидокорӣ ва ризои илоҳию савоби ухравие — ки асоси ахлоқи некуст, ғараз, манфиат, тақаллуб, ғуруру такаббур, рафторҳои сохтагӣ, риё, ришва ва фиреб, ривоҷ меёбад ва харҷумарҷ ва ваҳшати зери пӯшиши осоиш ва инсонияти зоҳирӣ, ҳукумфармо шуда, зиндагонии шаҳри мазкур заҳролуд мешавад. Кӯдакон ба бозӣ, ҷавонон мастиву сархушӣ, зӯроварон ба зулм, пиронсолон ба гиристан мепардозанд.

Ба ҳамин қиёс, мамлакат низ, як хона ва ватан низ, хонаи хонаводаи миллист. Агар имони ба охират дар ин хонаҳои бузург хукумфармо гардад, эҳтироми мутақобили самимона, меҳрубониҳову муҳаббатҳо, ёвариҳои бериё, хизматҳову муоширатҳои содиқона, эҳсону фазилати бериё ва бузургию фазли дур аз иноният, зуҳур меёбад.

“Имони ба охират” ба кӯдакон мегуяд: “биҳишт ҳаст, бозиро раҳо кунед.” дарси Қуръонӣ сабаби тамкин мешавад.

Ва ба ҷавонон мегуяд: “ҷаҳаннам ҳаст, сармастиро раҳо кунед.” Боис мешавад ақлашонро ба кор андозанд.

Ба золим мегуянд: “Азоби шадид ҳаст, силӣ хоҳӣ хурд.” Сабаб мешавад, дар муқобили адолат сар хам кунад.

Ба пиронсолон мегуяд: “саодати ухравӣ ва олитару доимӣ, аз ҳама хушбахтиҳое, ки аз даст додаед, ҷавонии абадию саршор аз шодмонӣ, дар интизори шумост, бикушед онро ба даст оред.” Ба ин тартиб, гиристанашонро ба ханда иваз мекунанд.

Ба ҳамин қиёс “имон овардан ба охират” ҳусни таъсирашро бар ҳар гурӯҳу даста, чӣ хурд бошад чи бузург, нишон дода, нурафшонӣ мекунад. Ҷомеашиносону равоншиносоне, ки бо зиндагонии иҷтимоии навъи башар сарукор доранд, ҳушёр бошанд! Агар ҳазорон фоидаи имони ба охират бо ҳамин чанд намунае, ки ишора кардем муқоиса гардад, яқинан собит мешавад, ки мадори саодати ҳарду ҷаҳон ва ҳарду ҳаёти инсон, имон аст.

Дар Гуфтори Бисту Ҳаштуми Рисолаи Нур ва Рисолаҳои дигаре аз он, ба шубҳаҳои заифе, ки дар хусуси ҷисмонӣ будани ҳашр вуҷуд дорад, ҷавобҳои мустаҳкам додаем. Бинобар ин дар инҷо бо ишораи мухтасар мегуем:

Ҷисмоният, ҷомеътарин оинаи асмои Илоҳист ва ғанитарин мақсадҳо дар хилқати коинот ва маркази фаъоли ҳадафҳои Илоҳӣ дар офариниши коинот, дар ҷисмоният мебошад. Ва боз ҷисмоният аст, ки рангорангтарин ва мутанавеътарин эҳсонҳои илоҳиро, дарбар мегирад ва бештарин тухмиҳои сипосу ниёиши башар, ки дар баробари офаринанда, ба забони ниёз адо мегардад, низ дар ҷисмоният аст. Мутанавеътарин тухмиҳои олами маънавию рӯҳонӣ, низ дар ҷисмоният қарор дорад.

Ба ҳамин тартиб, чун садҳо ҳақиқати куллӣ, дар ҷисмоният ҷамъ аст. Холиқи Ҳаким барои ин, ки ҷисмониятро ба рӯйи замин афзоишу густариш диҳад ва мазҳари ҳақиқатҳои мазкур гардонад, бо фаолияти сареъу ҳайратангез, либоси вуҷудро қофила-қофила бар мавҷудод мепӯшонад ва равонаи намоишгоҳ (замин) карда, сипас онҳоро рухсат медиҳад ва дигаронро равона месозад. Ба ин тартиб, корхонаи дунёи ҳастиро лаҳза балаҳза ба кор во медорад. Маҳсулоти ҷисмониро сару сомон медиҳад, заминро ниҳолистоне барои охирату биҳишт мекунад.

Ҳатто барои ризоияти меъдаи ҷисмонии инсон дуоеро, ки меъда бо забони ҳол адо мекунад, бодиққат мешунавад, мепазирад ва амалан ҷавоб медиҳад. Бад-ин сабаб аст, ки ҳазорон навъи ғизои лазиз ва неъматҳои бисёр арзишмандро бо навъҳои бешумор ба ҷисмоният арза мекунад. Ин амр бадоҳатан ва бешубҳа нишон медиҳад, ки бештарину мутанаввеътарин лаззатҳои биҳишт дар охират, ҷисмонист ва муҳимтарин неъматҳо дар дори саодати охират, ки мавриди унсу алоқаи ҳама мебошад, неъматҳои ҷисмонист.

Оё аслан эҳтимолу имкон дорад, Қодири Раҳим ва Алими Кариме, ки дуои ин меъдаи одӣ, барои бақоро – ки бо забони ҳол адо мешавад – бипазирад ва мӯъҷизаҳо бо таомҳои моддии фаровон ба он миннат бигузорад ва ҳар лаҳза бо қасд ва дар амалу бидуни ҳеҷ тасодуф, посухашро бидиҳад, аммо хостаҳои куллӣ, мутаолӣ ва доимии навъи инсонро, ки муҳимтарин натиҷаи олами вуҷуд ва халифаи ӯ ба рӯйи замин ва баргузидаву парастандаи Холиқ аст ва бо меъдаи куброи инсоният матраҳ мегардад, беҷавоб гузорад ва ба дуоҳои бешумор барои бархӯрдори фитрӣ аз лаззатҳои ҷисмонӣ, дар дори бақо таваҷҷӯҳ накунад ва бо ҳашри ҷисмонӣ амалан ба он посух надиҳад ва барои абад бар он миннат нагузорад? Мисли ин аст, ки садои магасеро бишунавад аммо қодир ба шунидани садои раъду барқ набошад! Ё ин, ки ба таҷҳизоти як сарбози одӣ, бо камоли диққату аҳамият таваҷҷӯҳ кунад, аммо вазъи артиш барояш муҳим набошад! Ин сад дар сад муҳолу ботил аст.

Бале, бар асоси қатъии ояти: وَ فٖيهَا مَا تَشْتَهٖيهِ الْاَنْفُسُ وَ تَلَذُّ الْاَعْيُنُ Инсон, он дастаи аз лаззатҳои ҷисмониро, ки дар ин дунё бо онҳо унс гирифта ва таъмашонро чашидааст ба гунае, ки шоистаи биҳишт бошад, мебинад ва мечашад ва подоши ибодатҳои хос ва сипосгузориҳои холиси аъзову ҷавориҳе чун забон, чашму гӯш дар биҳишт, бо лаззатҳои ҷисмонии хосси ҳамон аъзо дода мешавад. Қуръони мӯъҷизу-л баён чунон сареҳ аз лаззатҳои ҷисмонӣ ёд мекунад, ки  бар асоси таъбирҳои дигар, маънои зоҳириро имкон надорад қабул накард.

 

Бинобар ин, натиҷаву самараҳои имони ба охират, нишон медиҳад, чунон ки ҳақиқату ниёзҳои меъда ба унвони яке аз аъзои бадани инсон, бар вуҷуди таом, далолати қатъӣ дорад. Ба ҳамин тартиб, ҳақиқати инсон ва камолоту ниёзҳои фитрӣ ва хостаҳои абадӣ ва истеъдодҳое, ки хоҳони фоидаҳову натиҷаҳои мазкури имон овардани ба охират мебошанд, ба сурати қатъӣ ба охирату биҳишт ва лаззатҳои боқии ҷисмонӣ ва таҳақуқи онҳо далолат мекунад ва гувоҳӣ медиҳад. Ба ҳамин тартиб, ҳақиқати камолоти олами вуҷуд ва оятҳои таквинии маънодори он ва тамоми ҳақиқатҳои инсонӣ, алоқадор бо ҳақиқатҳои мазкур бар вуҷуди дори охират ва таҳаққуқи он ва фароррасии ҳашр ва вуҷуди биҳишту ҷаҳаннам, далолат мекунад ва шаҳодат медиҳад. Ин матлаб, дар бахшҳои мухталифи Рисолаи Нур, махсусан дар Гуфтори Даҳум, (ду мақоми аз) Гуфторҳои Бисту Ҳашту — Бисту Нӯҳ (28-29) ва Шуоъи Нӯҳум ва Рисолаи Муноҷот бо бурҳонҳои равшану ошкор ва аз шубҳа дур собит гардидааст. Хонандаро ба он ишора мекунем ва матлаби мухтасареро, ки тулонӣ шуд, дар ҳаминҷо ба поён мерасонем.

Баёноти Қуръонӣ, дар хусуси ҷаҳаннам, он қадар равшану ошкор аст, ки ниёз ба тавзеҳоти дигар боқӣ намемонад, мунтаҳо хулосаи ду-се нуқтаро, ки дуркунандаи як-ду шубҳаи заиф мебошад, баён мекунем ва хонандаро барои огоҳӣ аз тафсили мавзӯъ, ба Рисолаи Нур ишора мекунем.

Нуқтаи якум: Тарси аз ҷаҳаннам, лаззати самараҳои пешинаи имонро аз байн намебарад. Зеро, раҳмати беҳади Раббонӣ, ба оне, ки метарсад мегуяд: “Аз дарвозаи тавба ворид шуда, ба сӯйи ман биё! То натанҳо аз ваҳшати ҷаҳаннам наҷот ёбӣ, балки сабаби дарки лаззатҳои биҳишт гардад ва интиқоми ту ва махлуқоти бешумореро, ки ба ҳуқуқашон таҷовуз шуда, бигирад ва боиси шодмонии шумо гардад.”

Агар ғарқи залолату гумроҳӣ шуда бошӣ ва ба наҷоти худ қодир нестӣ, боз ҳам вуҷуди ҷаҳаннам, беҳтар аз нобудии абадист. Барои кофирон низ, як навъи марҳамат аст. Зеро инсон, ҳатто ҳайвон аз хушию саодати фарзандону хешони худ лаззат мебарад ва эҳсоси саодат мекунад.

Дар чунин ҳолат, ту эй мулҳид! Ба эътибори залолату гумроҳиат, ё ба воситаи адами ҳамешагӣ, несту нобуд хоҳӣ шуд, ё вориди ҷаҳаннам мешавӣ. Адам низ, ки шарри маҳз аст, ҳазорон бор бештар аз ҷаҳаннам, рӯҳу қалби туро ва моҳияти инсониатро ба оташ мекашонад. Зеро нестӣ, ҳама касонеро, ки дӯсташон дорӣ ва ҳама хешовандон ва аслу насабатро, ки ба саодаташон хушҳолу хурсанд ҳастӣ, ҳамроҳи ту несту нобуд мекунад. Зеро агар ҷаҳаннам набошад, биҳишт ҳам нахоҳад буд. Ҳама чиз бо куфри ту, дар нестӣ суқут мекунад.

Агар ту вориди ҷаҳаннам шавӣ ва дар доираи вуҷуди боқӣ бимонӣ, дӯстону хешовандонат, дар биҳишт саодатманданд ва ё дар доираи вуҷудиашон ба сабаби мазҳари марҳаматҳо мегарданд. Пас ба назар мерасад, лозим аст тарафдори вуҷуди ҷаҳннам бошӣ. Алайҳи ҷаҳаннам будан, ба маънои тарафдорӣ аз адам аст, ки маънои дигараш, тарафдорӣ аз ҳеҷу пуч шудани саодати бешуморат мебошад.

Бале, ҷаҳаннам низ, иқлими мавҷудест бо ҷалолу ҷабарут ва даҳшатноке, ки вазифаи маҳбаси одилонаву ҳокимонаи Ҳокими Зулҷалол, доираи вуҷудро ба ӯҳда дорад; доираи вуҷуде, ки хайри маҳз аст. Ҷаҳаннам, илова бар ифои нақши зиндону маҳбас, вазифаҳои гуногуну фаровони дигаре ҳам дорад. Низ ҳикматҳову хизматҳои бешумори вобаста ба олами бақо низ, мутаваҷҷеҳи ҷаҳаннам аст. Ва маскани мавҷудоти бисёре, ҳамчун забонӣ (фариштагони масъул дар ҷаҳаннам) ҷаҳаннам мебошад.

Нуктаи дуюм: Вуҷуди ҷаҳаннам ва азоби шадидаш, бо раҳмати беҳадду канор ва адолати ҳақиқию ҳикмати бо мизону муътадил, зиддият надорад, балки раҳмату адолат ва ҳикмат, иқтизои вуҷуди ҷаҳаннамро доранд. Дар доираи адолат ҷазои золиме, ки ҳуқуқи бегуноҳонро поймол мекунад, ё куштани ҷонваре, ки садҳо ҳайвони мазлумро даридааст, раҳмате бар мазлумон башумор меравад.

Бахшидани он золим, ё раҳо кардани он ҷонвар, муҳаббати бемаврид ва дар ҳақиқат зулму номеҳрубонӣ, дар ҳаққи он бечорагон аст. Ба ҳамин тартиб кофири мутлақ, ки аҳли ҷаҳаннам аст, ҳам бо куфру инкори хеш, ба ҳуқуқи асмои Илоҳӣ, таҷовуз мекунад ва ҳам бо такзиби шаҳодати мавҷудоте, ки ба асмои Ҳақ гувоҳӣ медиҳанд, ба ҳуқуқашон таҷовуз мекунад ва бо инкори вазифаҳои олӣ ва тасбеҳвори махлуқот дар баробари асмои Илоҳӣ, ба ҳуқуқашон таҷовуз мекунад ва бо такзиби муқобилаву оинадори обидонаи онҳо, дар баробари тазоҳури рубибияти Илоҳӣ — ки ғояти хилқати ҷаҳон, яке аз далелҳои вуҷуду бақои он аст — муртакиби як навъ таҷовуз мегардад, ин амр чунон ҷинояту зулми азимест, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили бахшиш нест ва шомили таҳдиди ояти اِنَّ اللّٰهَ لَا يَغْفِرُ اَنْ يُشْرَكَ بِهٖ[1] мегардад.

Набурдани ӯ ба ҷаҳаннам, дар воқеъ муҳаббати бемаврид аст, ки нисбат ба даъвогарони бешуморе, ки ба ҳуқуқашон таарруз шуда, зул ҳисобида мешавад. Даъвогарони мазкур (ки ба ҳуқуқашон таҷовуз шуда) хоҳони вуҷуди ҷаҳаннам ҳастанд ва яқинан иззати ҷалолу азамати камолро низ мепурсанд.

Бале, агар як осии лоуболӣ ва касе, ки ба ҳуқуқи раият таҷовуз мекунад, иззату қудрати ҳокими азизеро написандад ва ба ӯ гуяд: “Манро дастгир ва ҳабс карда наметавонӣ.” Қатъан агар дар шаҳр зиндоне ҳам набошад, барои он беадаб маҳбасе сохта ва ӯро зиндонӣ мекунанд.

Ба ҳамин тартиб, кофири мутлақ низ, бо куфри худ иззати ҷалоли Ҳақро башиддат паст мезанад. Ва бо мункир шудан, азамати қудраташро зери савол мебарад. Ва бо таҷовузаш, бо камоли рубубияташ зиддият мекунад. Албатта, ҳатто асбоби муҷиба ва ҳикматҳои вуҷуди ҷаҳаннам — ки барои вазифаҳои гуногуни он матраҳ аст — набуд, офаридани як ҷаҳаннам ва андохтани чунин кофирон ба он, ин аз шаъни иззату ҷалол аст.

Моҳияти куфр  низ, нишон аз ҷаҳаннам дорад. Бале, агар моҳияти имон таҷассум ёбад, метавонад сурати биҳишти хос ва лаззатҳояшро бигирад. Аз ин назар, аз биҳишт хабарҳои ниҳон медиҳад.

Ба ҳамин тартиб чунон, ки дар Рисолаи Нур бо далелҳо собит намуда ва дар масоили матраҳшуда, ишора кардаем. Куфр, махсусан куфри мутлақ ва нифоқу иртидод, чунон аламҳои ваҳшатноку зулмонӣ ва азоби маънавӣ доранд, ки агар таҷассум ёбад, барои фарди муртад, як ҷаҳаннами хос хоҳад шуд. Бад-ин лиҳоз аз ҷаҳаннами бузург хабар медиҳад. Ҳақиқатҳои ин дунё, ки ба мисли ниҳолистон аст, дар охират сунбулҳо хоҳанд дод. Аз ин рӯ, ин тухмии заҳролуд, ки ба он дарахти заққум ишора дорад, мегӯяд: “Ман мояи онам.” ва “меваи ман намунаи хосси он дарахти заққум барои бадбахтист, ки манро дар қалби худ ҷо мекунад.”

Модоме, ки куфр ба ҳуқуқ, таҷовузи беҳад аст ва бениҳоят ҷиноят мебошад. Пас  фардро мустаҳиққи азоби беҳад мекунад. Модом қатле, ки дар як дақиқа сурат мегирад, боиси понздаҳ сол (қариб ҳашт миллион дақиқа) ҳабс ва таҳаммули ин андоза азоб мешавад ва аз назари адолати башарӣ низ, амр пазируфта шуда ва мутобиқи маслиҳату ҳуқуқи умумист. Албатта куфр бошад, муодили ҳазор қатл мешавад. Ва гуфта мешавад: Як дақиқа куфри мутлақ, қариб ҳашт миллиард дақиқаи азобро чашида, ва ин бо мизони адолат мувофиқат дорад. Касе ки умри худро дар куфр сипарӣ кунад, мустаҳиққи ҳудуди ду триллиону ҳаштсаду ҳаштод миллиард дақиқа азоб мегардад ва мазҳари рози خَالِدٖينَ فٖيهَا اَبَدًا  мешавад. Ҳар чи ҳам бошад…

Тавзеҳоти эъҷозомези Қуръони Ҳаким дар бораи биҳишту ҷаҳаннам ва ҳуҷҷатҳои Рисолаи Нур ба унвони тафсири аз он, дар хусуси биҳишту ҷаҳаннам ниёзе ба баёни дигар боқӣ намегузорад:

وَيَتَفَكَّرُونَ فٖى خَلْقِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هٰذَا بَاطِلًا سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ ۞)

رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ اِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا ۞ اِنَّهَا سَٓاءَتْ مُسْتَقَرًّا وَمُقَامًا)

Дар бисёр мавридҳо монанди ин оятҳо, ба забони ҳамаи паёмбарон ва аҳли ҳақиқат, дар садри онҳо Расули Акрам (с.а.в.) бештарини дуо ин будааст:

اَجِرْنَا مِنَ النَّارِ ۞ نَجِّنَا مِنَ النَّارِ ۞ خَلِّصْنَا مِنَ النَّارِ

ва дуои “моёнро аз ҷаҳаннам ҳифз фармо” аз ҷаҳаннаме, ки бар асоси ваҳй ва шуҳуд барои онон қатъият ёфтааст, нишон медиҳад, ки бузургтарин масъалаи навъи башар, наҷот аз ҷаҳаннам аст. Низ яке аз ҳақиқатҳои муҳимму азим ва даҳшатноки олами ҳастӣ, ҷаҳаннам мебошад, ки баъзе аз аҳли кашфу шуҳуду таҳқиқ, онро мушоҳида мекунанд ва осору сояҳои онро мебинанд ва аз тарси он, фарёд мекунанд ки “Моёнро аз он бираҳон!”

Бале, омехтагию тақобули хайру шар, лаззату алам, нуру зулмат, ҳарорату бурудат, зебоию зиштӣ, ҳидояту гумроҳии дар ин олам, ҳикмати бисёр бузург аст. Агар шар набошад, хайр шинохта намешавад, дарду алам набошад лаззатро дарк карда намешавад, нур бе зулмат аҳамияте надорад. Дараҷаҳои ҳарорату гармо, бар асоси сардӣ, муҳаққақ мегардад. Ҳақиқати воҳиди зебо ва ҳазор ҳақиқат ва маротиби ҳазорон навъи ҷамол, бо вуҷуди зиштӣ маъно меёбад. Бидуни ҷаҳаннам, бисёре аз лаззатҳои биҳишт, пинҳон мемонанд. Ба ҳамин қиёс гуфта мешавад: Ҳар чиз аз баъзе лиҳоз, бо зидди худ шинохта мешавад. Аз ин сабаб ҳақиқати воҳид мешукуфад ва ҳақиқатҳои фаровонеро падид меорад.

Модоме, ки ин мавҷудоти бо ҳам омехта аз дори фонӣ ба дори бақо мераванд. Албатта ба ҳамон сурате, ки чизҳое чун хайр, лаззат, нур, зебоӣ ва имон рӯ ба сӯйи биҳишт доранд, мавридҳои музир чун шарр, алам, зулмат, зиштӣ ва куфр ба сӯйи ҷаҳаннам мераванд ва селобҳои ҳамеша хурушони олами ҳастӣ, вориди ин ду ҳавз шуда, собит мемонанд.

Хонандагонро ба нуқтаҳои пуррамзу рози қисмати поёнии Гуфтори бо каромати Бисту Нӯҳум ишора карда ва ба ҳамин миқдор кифоя мекунем.

Эй дӯстони ҳамдарси ман, дар ин мадрасаи Юсуфия!

Роҳи осони наҷот аз маҳбаси ваҳшатноки абадӣ, ин аст, ки аз ҳамин зиндони дунявӣ, истифода кунем ва бо баробарии раҳоӣ аз гуноҳоне, ки дар ин ҷо аз рӯйи зарурат имкони анҷомашро надорем, аз гуноҳони пешина тавба карда, ибодатҳои қазошударо ба ҷо орем ва ҳар соати умре, ки дар ҳабс мегузаронем, ба як рӯзи ибодат, иваз кунем. Мавқеъияти кунунӣ, беҳтарини фурсат аст, то аз ҳабси абадӣ раҳо шуда, вориди биҳишт шавем. Агар ин фурсатро аз даст диҳем, охиратамон низ, монанди дунёамон гирён хоҳад буд ва сазовори силӣи ояти خَسِرَ الدُّنْيَا وَ الْاٰخِرَةَ  мешавем.

 

Замоне, ки ин мақом навишта мешуд, Иди Қурбон омад.

 

Дар олами хаёл, эҳсос кардам ва мутмаин шудам اَللّٰهُ اَكْبَرُ اَللّٰهُ اَكْبَرُ اَللّٰهُ اَكْبَرُ ҳое, ки панҷяки навъи башар, яъне сесад миллион нафар дар ин ид ҳама бо ҳам такбир мегуянд, ва кураи бузурги замин, ба нисбати бузургиаш, ин калимаи қудсии اَللّٰهُ اَكْبَرُ ро ба гӯши саёраҳои дигар дар осмон мерасонад, ва “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” гуфтани ҳамоҳанг зиёда аз бист ҳазор ҳочӣ дар Арафот ва рӯзи ид, баргашти садои такбири Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом дар ҳазору сесад сол пеш, бо хонадону асҳобаш аст; ки дар баробари таҷаллии куллии унвони боазамати رَبُّ الْاَرْضِ وَ رَبُّ الْعَالَمٖينَ рубубияти илоҳӣ, бо убудияти фарогир, рӯх менамояд.

Он гоҳ, фикр кардам, ки оё ин каломи қудсӣ, бо масъалаи мо муносибате дорад ё не? Дар як лаҳза ба зеҳнам омад, ки:

Калимаҳои фаровони ҷузъию куллӣ, монанди шиорҳое чун لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ ва اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ва سُبْحَانَ اللّٰهِ ва дар сари онҳо ҳамин каломи “Аллоҳу Акбар” ки унвони боқиёту солеҳотро доранд, бар таҳаққуқу зинҳори масъалаи мо, ишора мекунанд.

Барои мисол, яке аз роҳҳои маънои اَللّٰهُ اَكْبَرُ ин аст, ки қудрату илми Ҳазрати Ҳақ бузургтару фавқи ҳар чиз аст. Ҳеҷ чиз аз доираи илми ӯ хориҷ нест ва наметавонад аз қудрати тасарруфи ӯ гурезаду халос ёбад. Ӯ аз ҳар чизе, ки метарсем бузургтар аст. Қудраташ бузургтар аз вуқӯъи ҳашр, наҷоти мо аз нестӣ ва атои саодати абадист. Аз ҳар чизи аҷибу берун аз доираи ақл, бузургтар аст ва бар асоси сароҳати қатъии:  مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ اِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ  ҳашру нашри навъи башар ҳамчун офариниши як нафси воҳид барои ӯ осон аст. Ба эътибори ҳамин маъност, ки мардум дар баробари мусибатҳову мақсадҳои бузург “Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст”-ро чун зарбулмасал, ба кор мебаранд, то худро тасаллӣ диҳанд ва онро нуқтаи қуввату истиноди худ қарор диҳанд.

Бале, ҳамон тавре, ки дар Гуфтори Нӯҳум гуфтем, ин калима бо ду ҳамтояш, мағзу хулосаи намозро, ки фушурдаи ҳаммаи ибодатҳост, ташкил медиҳад. Бинобар ин, ин се ҳақиқати бузург, яъне

سُبْحَانَ اللّٰهِ ۞‌‌ اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ۞ اَللّٰهُ اَكْبَرُ

 

ки дар намозу тасбеҳот такрор мешаванд, маънои намозро тақвият мекунанд. Низ се ҳақиқати бузурги мазкур ба саволҳои пайдошудаи аз ҳайрату лаззат ва ҳайбате, ки аз умури фавқуллодаи аҷибу зебо ва бузург нашъат мегирад, ҷавоб медиҳад: Саволҳое, ки мадори ҳайрату шукр ва азамату кибриёест, ки инсон дар коинот бо он рубару мешавад. Дар бахши поёни Гуфтори Шонздаҳум ба тафсил чунин гуфтем: Ҳамон тавре, ки як нафар дар маросими ҷашн, бо як соҳибмансаб ба ҳузури подшоҳ, шарафёб мешавад ва дар соири мавқеъҳо низ, ба воситаи мақоми афсари болотар ӯро мешиносад, ҳар фард дар мавсими ҳаҷ низ, то ҳудуде ҳамчун авлиё ба шинохти Ҳазрати Ҳақ бо унвони “رَبُّ الْاَرَضِ وَ رَبُّ الْعَالَمٖينَ” шурӯъ мекунад. Замоне, ки даричаи мартабаҳои кибриё ба сӯйи қалбаш кӯшода шуда, бо такрори “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” барои саволҳои ҳайратангез, рӯҳбахшу ботакроре, ки ба рӯҳаш истило (ғалаба) ёфта посухи муносибро меёбад. Дар қисмати поёни Ламъаи Сездаҳум низ тавзеҳ додаем, ки “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” муҳимтарин дасисаҳои шаётинро решакан мекунад, дар ин иртибот, посухҳои қатъӣ медиҳад. Инчунин, “‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ” низ ҳашрро гӯшзад мекунад.

Ба мо мегуяд: “Тасаввури маънои ман бидуни охират мумкин нест. Зеро ҳама ҳамду сипосҳо, аз азал то ба абад, аз ҳар кас ва хитоб ба ҳар кас, махсуси ӯст. Силсилаҷунбони ҳаммаи неъматҳо, ки дар айни ҳол ба неъматҳо ҷамбаи ҳақиқӣ медиҳад ва тамоми мавҷудотро аз мусибатҳои бешумори адам, раҳо мекунад, сирфан саодати абадӣ, метавонад бошад ки муодили маънои куллии манаст.”

Бале, ҳар мӯъмин рӯзона пас аз намозҳо, шаръан лоақал зиёда аз яксаду панҷоҳ мартаба ‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ мегуяд. Иборате, ки маънои он, ҳамду шукри беҳадду канор ва фарогирро аз азал то абад, ифода мекунад ва пешпардохте барои баҳои саодати абадию биҳишт аст. Ва мунҳасиру махсуси неъматҳои дунявии олуда ба дардҳои фонию гузаро намебошад. (Фарди шӯкургузор) ба ин мавридҳо аз ин лиҳоз, ки василае барои неъматҳои абадӣ мешаванд, менигараду шӯкр мекунад.

Калимаи қудсияи “سُبْحَانَ اللّٰهِ” низ, бо маънои танзиҳу тақдиси Ҳазрати Ҳақ аз айбу нуқсон, зулму аҷз,  номеҳрубонию ниёзу фиреб, ва ҳаммаи нуқсонҳое, ки бо ҷамолу ҷалол ва камолаш мухолиф аст, ба саодати абадию дорулохирате, ки мадори ҳашамати ҷалолу ҷамол ва камоли салтанати ӯст ва биҳиште, ки дар охират ҳаст, ишора дорад ва моро  ба он сӯ раҳнамоӣ мекунад; вагарна ҳамон тавре, ки қаблан собит кардем, дар сурате, ки чизе ба номи саодати абадӣ вуҷуд надошта бошад, салтанат, камол, ҷалол, ҷамол ва раҳмати ӯ бо айбу нуқс доғдор мешавад.

بِسْمِ اللهِ ва لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ ва соири калимоти муборак низ, монанди ҳамон се калимаи қудсия, ҳар кадом тухмиҳои аркони имония ва ҳамчун хулосаи гӯшт ё хулосаи шакар, ки имрӯза онро кашф кардаанд ва хулосаҳои аркони имония ва ҳақиқатҳои Қуръонӣ анд ва он се, чунон ки тухмии асли намозанд, тухмию мағзи Қуръон низ, ҳастанд ва дар ибтидои баъзе аз сураҳои дурахшони Қуръон чун алмос медурахшанд; се калимаи мазкур, тухмии асли ҳақиқатҳову маъданҳо ва пояҳои ҳақиқии Рисолаи Нур низ ҳастанд, ки бисёре аз илҳомоти вобаста ба Рисолаи Нур дар вақти тасбеҳот (баъд аз намоз) шурӯ гардидааст.

Дар масиру ҷиҳати вилояти Аҳмадия ва убудияти Муҳаммадия алайҳиссалоту вассалом (Авроди мазкур) дар чунон доираи зикр дар тасбеҳоти баъд аз намоз, вирди тариқати Муҳаммадӣ анд (с.а.в.) зиёда аз сад миллион мӯъмин ҳангоми намоз бо ҳам дар он ҳалқаи куброи зикр, тасбеҳ ба даст мегиранду сию се (33) мартаба “سُبْحَانَ اللّٰهِ” сию се (33) мартаба “اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ” ва сию се (33) мартаба “اَللّٰهُ اَكْبَرُ” мегуянд.

Бале, ҳатман фаҳмидед, ки такрори сию се (33) мартаба ҳар яке аз ин се калимаи муборак, ки қаблан баён кардем хулосаҳову тухмиҳои Қуръону Имон ва намоз мебошанд — баъд аз ҳар намоз ва дар чунин ҳалқаи зикри бо шукӯҳ, то чи андоза арзишманду сазовори савоб аст.

Ҳамон тавре, ки масъалаи нахустини ин Рисола дар оғоз, дарси фоидаовари вобаста ба намоз буд, поёни он низ бидуни ин ки тааммул карда бошам, зоҳиран аз ихтиёри ман хориҷ, як дарси бо аҳамият дар бораи тасбеҳоти намоз шуд.  اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلٰى اِنْعَامِهٖ

 

سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ

***

[1]  (Нисо: 48)

Масъалаи Ҳафтум

МАСЪАЛАИ ҲАФТУМ

 Самараи як рӯзи ҷумъа дар замони ҳабси Денизлӣ мебошад.

 

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

وَمَٓا اَمْرُ السَّاعَةِ اِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ اَوْ هُوَ اَقْرَبُ ۞ مَا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ اِلَّا كَنَفْسٍ وَاحِدَةٍ ۞ فَانْظُرْ اِلٰٓى اٰثَارِ رَحْمَتِ اللّٰهِ كَيْفَ يُحْيِى الْاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا اِنَّ ذٰلِكَ لَمُحْيِى الْمَوْتٰى وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ

Дарсеро, ки замоне дар Костамону, ба дархости хонандагони мактаб ва дар посӯхи ин матлаб, ки “Холиқамонро ба мо муаррифӣ кун” гуфта дархост карданд, пештар дар Масъалаи Шашум омада буд, ба забони фанҳои мактабӣ, ба онҳо дода будам. Маҳбусоне, ки дар ҳабсхонаи “Денизлӣ” тавонистанд бо ман дар тамос бошанд, мутолиа карданд. Барои пазириши комили имонӣ, нисбат ба охират, як иштиёқе ҳис карданд ва ба ман хитоб карда гуфтанд: Охиратамонро низ, ба мо фаҳмон. То, ки нафсамон ва шайтонҳои замонӣ, моро аз роҳ берун накунанд ва дигар вориди зиндон нашавем.” гуфтанд. Ва дар ҳабсхонаи Денизлӣ, ки шогирдони Рисолаи Нур, собиқан Масъалаи Шашумро мутолиа карда буданд, баёни хулосае аз рукни охират низ, лозим омад. Бинобар ин, як хулосаи кӯтоҳе аз Рисолаи Нур баён мекунам:

Чуноне, ки дар Масъалаи Шашум, Холиқамонро аз арзу самовот ҷуён шудем; онҳо низ, бо забони фаннӣ, мисли офтоб, Холиқамонро ба мо шиносониданд. Айнан ба ҳамон тартиб охиратамонро ибтидо аз Раббамон мешиносем, сипас аз Пайғамбарамон, баъд Қуръон, баъд соири паёмбарон ва китобҳои муқаддас, онгоҳ аз фариштагон, сипас аз коинот хоҳем пурсид.

Пас, мартабаи аввали охиратро аз Аллоҳ мепурсем. Ӯ низ, бо ҳамаи расулоне, ки фиристодааст ва ҳамаи фармонҳову номҳо ва сифатҳояш, мефармояд: “Бале, охират ҳаст, шуморо ба он сӯ мебарем.” Гуфтори Даҳум бо дувоздаҳ ҳақиқати қатъӣ, ҷавоби қисме аз номҳои вобаста ба охиратро исботу равшан кардааст. Ба хотири ин, ки тавзеҳи мазкур кифоя мекунад, дар ин ҷо сирфан як ишораи бисёр кӯтоҳ хоҳем дошт:

Бале, модоме ки ҳеҷ салтанате нест, ки ба итоаткунандагонаш мукофот надиҳад ва исёнкоронро ҷазо надиҳад. Албатта салтанати сармадие, ки дар мартабаи рубубияти мутлақ аст, ба мунтасибони бо имон, он салтанат ва касоне, ки бо тоатҳо, таслими фармонҳояш ҳастанд, мукофот медиҳад ва ононеро, ки салтанати боиззати мазкурро бо куфру исён инкор мекунанд, ҷазо медиҳад. Номҳои “Рабу-л оламин” ва “Султону-д дин” мегуянд мукофоту ҷазо мутаносиб бо он раҳмату ҷамол, ва он иззату ҷалол хоҳад буд.

Бо чашми худ ба равшании рӯзу ошкории хуршед мебинем, ки раҳмати ом ва шафқату карами муҳит, рӯйи заминро фаро гирифтааст. Барои мисоли раҳмати мазкур, дар ҳар баҳор ҳама дарахтон ва набототи мевадорро чун ҳурони биҳиштӣ мепӯшонад ва музайян мекунад ва анвоъи меваҳоро дар дастонашон қарор медиҳад ва онҳо низ, ба мо хитоб карда мегуянд: Бифармоед бигиред ва бихуред. Ё ба воситаи ҳашароти заҳрдор, асали ширину шифобахшро ба мо мехӯронад. Ва ба воситаи ҳашароти хазанда, ҳарири нармро барои мо муҳаё карда, ба мо мепӯшонд. Ба ҳамин тартиб, дар як қабза тухмӣ, барои мо ҳазорон ман таом нигоҳ дошта ва ба унвони эҳтиёт дар ин анборҳои хурд, захира намудааст. Соҳиби раҳмату шафқате, ки чунин мекунад, бешубҳа, инсонҳои мӯъмини дӯстдоштаву миннатпазир ва аҳли парастишро нобуд намесозад, балки барои ин, ки ононро мазҳари раҳматҳои дурахшонтар кунад, аз ҳаёти дунявӣ раҳо месозад. Ин ҷавобест, ки номҳои “Раҳим ва Карим” ба саволи мо медиҳанд ва мегуянд: “ ‌اَلْجَنَّةُ حَقٌّ‌ ”

Ҳам модоме, ки мо бо чашмонамон мебинем, дар умуми махлуқот ва дар рӯйи замин, чунон як забардасти бо ҳикмат ва чунон ба ҳисоби адолат дар ҷараён аст, ки ақли башар фавқи онро фикр намекунад. Масалан, ҳикмати азалист, ки тамоми таърихчаи ҳаёт ва ҳаводиси вобаста ба онро дар қувваи ҳофиза, ки яке аз ҳазорон узви бадани инсон ва ба андозаи донаи хурд аст, навишта ва онро ба сурати китобхона дароварда ва барои муҳокимаи инсон дар хашр, ба унвони  санади хурд дар нашри дафтари аъмоли ӯ бо сирри ёдоварии ҳамешагӣ, ба дасти инсон медиҳад ва дар қувваи муфаккирааш қарор медиҳад. Ҳамин ҳикмат аст, ки аъзоро дар ҳама махлуқот, бо мизонҳои бисёр ҳассос қарор медиҳад, аз микроб то каркадан, аз магас то симурғ ва аз як бутта гул то буттаи гули баҳоре, ки миллиардҳо, балки триллионҳо шукӯфа медиҳад. Ҳикмате, ки дар ҳамаи ин маврид, таносубро бо миқёсҳои сарфакорона бакор мебандад ва офаридаҳоро бо тавозуну назму ҷамол чун шоҳкории ҳунарӣ меофаринад. Адолати сармадие, ки ҳуқуқи ҳаёти ҳар зиҳаётро дар камоли мизон, адо мекунад ва хубиҳоро натиҷаи хуб ва бадиҳоро натиҷаи бад медиҳад ва бо силӣҳое, ки аз замони Одам (а.с) то кунун бар тоғиёну ситамгарон зада, худро бисёр қудратманд нишон додааст. Бешубҳа, ҳамон тавре, ки тасаввури хуршед бидуни рӯз имкон надорад, ҳикмати азалию адолати сармадии мавриди баҳс низ, наметавонад бидуни охират бошад ва иҷоза намедиҳад золимону мазлумон ба воситаи марг ба як шакл бираванд. Чунин беадолатии хавфноку беоқибати дур аз ҳикмат, ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад. Ин исмҳои “Ҳаким, Ҳакам, Адл, ва Одил” ба саволи мо, қатъиян ҷавоб медиҳанд.

Вақти таъмини ҳоҷоти ҳамаи махлуқоти зиҳаёт берун аз доираи тавоноии онҳо қарор дорад ва қодир ба баровардани онҳо нестанд ва вақте ниёзҳои худро бо забони истеъдоди фитрӣ ва эҳтиёҷи зарурие, ки як навъи дуост талаб мекунанд, ин ниёзҳо аз сӯйи дасти ғайбие, ки бисёр раҳиму самеъу меҳрубон аст бароварда мегардад. Маъмулан аз ҳар даҳ дуои инсонҳо, ки як амри ихтиёрист ва махсусан дар аҳли хос ва анбиё, шаш ҳафт дуо, хилофи одатҳо шинохта шуда, мустаҷоб мегардад.

Аз ин, яқин карда мешавад, ки як Самиъи муҷиб дар паси парда ҳаст, ки оҳи ҳар дардманду ниёиши ҳар ниёзмандро мешунавад. Ӯ мутаваҷҷеҳи хурдтарин ниёзҳои хурдтарини зиҳаёт аст ва оҳи пинҳонашро мешунавад ва бо меҳрубонӣ дар амал ба ӯ ҷавоб медиҳад ва хушнудаш мекунад.

Албатта ва ҳар ҳолда, ҳеҷ шубҳаи этимолӣ намонд. Дуои ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) дуои бақои ухравии навъи башар ба унвони муҳимтарин махлуқро шомил мешавад ва дуое, ки умумист ва бо умуми коинот ва асмову сифатҳои Илоҳӣ робита дорад ва муҳимтарин дуо ҳисобида мешавад. Ҳамаи паёмбарон ба унвони фармондеҳон ва ситорагони навъи инсон низ бо эшон ҳамроҳ шуда, ба ин дуо омин омин мегуянд. Афроди диндори уммати ӯ низ, ҳар рӯз бо гуфтани чанд салавот ба дуои ӯ омин омин мегуянд. Ҳатто тамоми махлуқот дар дуои ӯ шарик шуда, ба Худованд хитоб карда мегуянд: “Бале, ё Раббано! Хостаашро ато фармо, Мо низ ҳамонро мехоҳем.” Таҳти чунин шароите, ки ғайри қобили инкор мебошад, дуои вобаста ба бақои ухравии ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом – аз сабабҳои бешумори боиси ҳашр – ба даргоҳи Худое, ки эҷоди охират барояш монанди эҷоди баҳор осон аст, ба танҳоӣ барои эҷоди охирату биҳишт басандааст. Ин матлабро номҳои “Муҷиб, Самеъ ва Раҳим” дар саволи мо ҷавоб медиҳанд.

Ба ҳамон равшание, ки рӯз нишон диҳандаи хуршед аст, дар мурдану зинда шуданиҳои ҳамаи рӯйи замине, ки ба воситаи тағйири фаслҳо сурат мегирад, қатъан тасарруф кунандае дар паси парда ҳаст, ки кураи бузурги заминро бо назму мизон ба содагии як боғча ва ҳатто як дарахт меофарад. Баҳори боазаматро ба осонии эҷоди як гул ва зебоии як мавзуни он, падид меорад. Ва сесад ҳазор гурӯҳ аз набототу ҳайвонотро, ки ҳар кадом дар ҳукми як китоб ҳастанд, ба рӯйи замине, ки ҳамчун саҳифаест аз китоби бузург ва намунае аз ҳашру нашрҳои беҳаду канор, менигорад. Қалами қудрате, ки мавҷудотро дар айни баҳам омехтагӣ, аз ҳам ҷудо мекунад ва дар айни шабоҳат, бесаҳву хато, ба комилтарину мунзамтарин ва бомаънотарин шакл менависад. Ӯ дар матни ин азамат, бо раҳмати беинтиҳо ва ҳикмати бепоён, амал мекунад. Ва коиноти азимро чун хонаи фаршшудаву музайян, мусаххари инсон мекунад. Инсоне, ки халифаи Ӯ ба рӯйи замин аст. Инсоне, ки уҳдадори амонатест, ки кӯҳу осмон ва замин, аз қабулаш сар печиданд. Инсоне, ки ба сабаби дараҷаи бартар, аз дигар мавҷудот бо кароматтар аст ва ба хитобҳою мусоҳибаҳои субҳонӣ, мушарраф аст. Инсоне, ки аз мақоми фавқулода бархӯрдор аст. Худованд дар тамоми фармонҳои осмонӣ, саодати абадӣ ва бақои ухравиро ба шакли қатъӣ, аҳд карда ва ба инсон ваъда додааст. Албатта дори саодатро — ки офариданаш барои Ӯ, ба қадри офаридани баҳор осон аст — барои инсонҳои мушаррафу мукаррам, муҳаё хоҳад кард ва ҳашру қиёматро хоҳад овард. Номҳои “Муҳйӣ, Мумит, Ҳай, Қайюм, Қадир ва Алим” дар ҷавоби суоли мо аз Холиқамон, чунин ҷавоб медиҳанд.

Бале қудрате, ки дар ҳар баҳор решаи ҳамаи дарахтону гиёҳонро ба ҳамон шакле, ки буд, эҳё ва намунаи ҳашру нашри сесад ҳазор навъи ҳайвонию наботиро пайдо мекунад. Агар ҳазор солиро, ки ҳар кадоми аз умматҳои Муҳаммад ва Мусо алайҳимуссалоту вассалом сипарӣ кардаанд, дар олами хаёл, муқобили ҳам қарор диҳем ва ба он бинигарем, хоҳем дид, ҳазор намунаи ҳашру нашр ва ҳазор далел барои онро дар зарфи ду ҳазор баҳор[1] нишон додааст. Ҳашри ҷисмониро дур аз чунин қудрате дидан, ҳазор мартаба бехирадию нобиноист.

Ҳам модоме, ки 124 ҳазор пайғамбар, ки машҳури навъи башаранд, муттафиқу-л қавл саодати абадию бақои ухравиро мустанад ба ҳазорон аҳду ваъдаи Ҷаноби Ҳақ, эълон карданд ва бо мӯъҷизаҳояшон нишон доданд, ки дуруст мегуянд ва рақами бешуморе аз аҳли вилоят бо кашфу завқ, ҳамон ҳақиқатро тасдиқ мекунанд. Бешубҳа ҳақиқати мазкур чун хуршеди тобон, зоҳир мегардад. Касе, ки дар ин амр шубҳа кунад, девонааст.

Бале, як-ду нафар ки дар фан ё ҳунар мутахассис ҳастанд, назарҳову фикрҳояшон дар бораи он фан ё ҳунар ба назари касе, ки дар он амр тахассус надорад, гарчи дар фанҳои дигар олиму мутахассис бошад, дуруст аст. Онҳо ба осонӣ қодиранд фикри мухолифашонро ботил кунанд. Барои мисол, дар масъалаи монанди “исботи ҳилоли моҳи Рамазон дар рӯзи шак” ё ин даъво “норгил (чормағзи ҳиндӣ)  ки монанди кансерваи шир аст, дар рӯйи замин боғҳо дорад” ду нафари исботкунанда, бар ҳазор инкоркунанда ғалаба карда ва муваффақ мешаванд. Зеро касе, ки дар пайи исботи ин матлаб аст, пас як норгил ё ҷойи онро нишон диҳад, басандааст.

Аммо нафй ва инкоркунанда, маҷбур аст тамоми нуқтаҳои заминро бигардад ва нишон диҳад, ки дар ҳеҷ куҷои олам чунин чизе вуҷуд надорад. Ба ҳамин тартиб касе, ки аз биҳишту доруссаодат хабар медиҳад ва вуҷуди онро исбот мекунад, кофист асаре аз онро монанди филмҳои синамо, ё сояву рашҳае аз онро кашфан, нишон диҳад. Аммо касе, ки дар пайи нафй вуҷуди биҳишт аст, тамоми коинотро аз азал то ба абад, бояд аз назар бигузаронад ва онро ба дигарон низ нишон диҳад, то ба инкори мавзӯъ муваффақ шавад.

Барои ҳамин сирри муҳим аст, ки “нафй ва инкорҳое, ки назар ба ҷойи хоссе надоранд ва монанди ҳақиқатҳои имонӣ, саросари олами вуҷудро мавриди назар қарор медиҳанд — ба шарти ин, ки зотан муҳол набошанд — исбот намешаванд.” аҳли таҳқиқ бар ин амр  иттифоқи назар дошта, онро ба унвони як қоидаи асосӣ пазируфтаанд.

Бинобар ин, ҳақиқати қатъӣ, афкори мухолифи ҳазорон файласуф дар масоили имонӣ, агар танҳо як мухбири содиқ, назаре дода бошад, набояд шубҳаву васваса эҷод кунад. Бо ин ҳол яксаду бист ҳазор исботкунанда чи аз мутахассисон, мухбирони содиқ ва исботкунандаву мутахассиси аҳли ҳақиқат, ки шумораашон фаровон аст ва асҳоби таҳқиқ, дар аркони имония иттифоқи назар доранд. Аз ин рӯ, дудила шудан ба воситаи инкори чанд файласуф, ки ақлашон ба чашмашон аст ва қалбе надоранд ва дур аз маънавиёту нобиноянд — бениҳоят ҳамоқату девонагист.

Модоме, ки мисли рӯшании рӯз бо чашмони худ, дар нафс ва атрофамон раҳмати фарогир, ҳикмати омму инояти доимиро мушоҳида мекунем ва асарҳову ҷилваҳои салтанати рубубию муқтадир ва адолати олияи дақиқу намоишҳои ҷалоли азизеро мебинем. Ҳикмате ки ҳатто ба теъдоди меваҳову шукуфаҳои як дарахт, ҳикматҳои дар он қарор дода ва раҳмате, ки ба ҳар як аз инсонҳо ба теъдоди ҷиҳозоту ҳисҳо ва қувваҳояшон, эҳсонҳову инъомҳое нигоҳ доштааст. Адолати азизу бо инояте, ки бар миллатҳое чун қавми Нӯҳ ва Ҳуд ва Солеҳ алайҳимуссалом ва қавми Од ва Самуд ва Фиръавн силӣ зада ва аз ҳуқуқи хурдтарин ҷондорҳо, муҳофизат карда ва мекунад.

وَمِنْ اٰيَاتِهٖٓ اَنْ تَقُومَ السَّمَٓاءُ وَالْاَرْضُ بِاَمْرِهٖ ثُمَّ اِذَا دَعَاكُمْ دَعْوَةً مِنَ الْاَرْضِ اِذَٓا اَنْتُمْ تَخْرُجُونَ

Ояти фавқ бо иҷози азим мегуяд:

Сарбозони мутеъеро тасаввур кунед, ки дар ду гарнизон (қароргоҳ) хобу хез доранд ва бо шунидани садои фармондеҳ, фавран силоҳ ба даст гирифта, омодаи анҷоми вазифа мешаванд. Ба ҳамин тартиб, осмонҳои азим ва кураи замин, монанди ду гарнизон, таҳти амри султони азалианд, ки бо дамидани дар сур ҳазрати Исрофил алайҳиссалом ва фарохонии ӯ, касоне ки дар ин ду гарнизон ба хоби марг рафтаанд, фавран либоси ҷасад бартан карда, ба суръат хориҷ мешаванд. Салтанати Рубубӣ, дар ҳар баҳор, ҳамин вазъиятро ба намоиш мегузорад, Оромидагони гарнизони замин, бо садои сури фариштаи раъд, бармехезанд ва бар азамати беинтиҳои ӯ, гувоҳӣ медиҳанд.

Албатта, бешубҳа чуноне, ки дар Гуфтори Даҳум собит кардем, хостаҳои комилан қатъии он раҳмат, ҳикмат, иноят, адолат ва салтанати сармадӣ, бо адами таҳаққуқи охират ва ҳашру нашр, муаттал мемонад ва (дар сурате, ки ҳашр набошад) он ҷамоли раҳмати беинтиҳо, ҷойи худро ба номеҳрубонии баду бениҳоят медиҳад. Он камоли ҳикмати беҳадду канор мубаддал ба беҳудагии ноқис ва исрофҳои бефоида мешавад. Инояти комилан дилнишин, ба иҳонатҳои комилан талх табдил мегардад. Он адолати ҳаққонии бисёр дақиқ, ба зулмҳои бисёр шадид, табдил мегардад ва он салтанати сармадии комилан қудратманду боҳашамат, суқут мекунад ва бо таҳқир нашудани ҳашр, ҳамаи ҳашаматаш аз миён меравад ва камолоти рубубиаш, бо аҷзу нуқсон айбдор мешавад. Не, ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад. Ҳеҷ ақл, чунин эҳтимол намедиҳад, маҳоли маҳз асту берун аз доираи имкон, ботил ва мумтанеъ аст.

Чигуна мумкин аст, Худованд инсонеро, ки баноз парварида ва ақлу дил дар ихтиёраш ниҳода, то муштоқи саодати абадию боқии доимӣ, дар охират шавад, барои ҳамеша несту нобуд кунад? Ин бераҳмии золимонаест. Чигуна мумкин аст, аъзову истеъдодҳои инсонеро, ки танҳо дар мағзаш садҳо ҳикмату фоида қарор додааст бо марги беоқибат, ба тарзи бефоидаву бенатиҷа ва дур аз ҳикмат ба ҳадар диҳад? Ин амр хилофи ҳикмат аст. Бо амалӣ нашудани ҳазорон ваъдаву ваъид — ҳошо — нишон аз аҷзу ҷоҳилии ӯ хоҳад дошт; ҳар бошуур медонад, ки ин матлаб бо салтанати боҳашамати ӯ ва камоли рубубияташ зид аст. Иноят ва адолатро дар қиёс бо ин матолиб мулоҳиза кун…

Саволеро, ки дар бораи охират аз Холиқамон пурсидем, номҳои “Раҳмон, Ҳаким, Адл, Карим ва Ҳоким” бо ҳақиқати мазкур ҷавоб дода ва охиратро бешакку шубҳа ба равшании хуршед, исбот мекунанд.

Мо бо чашми худ мебинем ҳофизияти муҳит ва боазамате ҳаст, ки ҳукм мекунад. Суратҳои мутааддиди ҳар чизи ҷондор ва ҳар рӯйдод ва дафтари вазифаҳои фитрӣ ва саҳифаи аъмолаш, ки вобаста ба тасбеҳоти ӯ бо забони ҳол, дар баробари исмҳои илоҳист, дар лавҳаҳои мисолӣ ва ҳастаҳову тухмиҳо ва қувваҳои ҳофизае, ки намунаҳои хурде аз лавҳи маҳфӯз мебошанд, махсусан дар қувваи ҳофизае, ки дар мағзи инсон аст, бузургтарин, ва дар айни ҳол хурдтарини китобхона башумор меравад, дар соири оинаҳои инъикос диҳандаи моддию маънавӣ қайд гардад ва навишта шавад, сабт гардад ва таҳти муҳофизат қарор гирад. Он гоҳ замоне, ки фаслаш бирасад ҳамаи он навиштаҳои маънавиро ба сурати моддӣ, ба мо менамоёнад ва бо қувваи миллионҳо мисолу далел ва намуна, аҷибтарин ҳақиқати вобаста ба ҳашрро, ки дар ояти:

[2]وَ اِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ омадааст дар баҳоре, ки гуле аз қудрати ӯст, дар бузургтарин гули худ бо миллиардҳо забон ба олами вуҷуд эълом мекунад. Ашё ва дар сарашон навъи инсон, барои фанову суқут дар адам ва ғарқшуда дар пучӣ, зиҳаётон низ, ки навъи башар дар раъсашон қарор дорад, барои нобудшудан офарида нашудаанд. Бо қудрат исбот мекунад, ки инсон халқ шудааст то бо тараққӣ, ба бақо бирасад ва бо тасфия давом ёбад ва бо истеъдодҳояш ба вазифаи сармадӣ пардозад.

Бале, дар ҳар баҳор мушоҳида мекунем, гиёҳони бешуморе, ки дар фасли тирамоҳ даргузаштаанд, ҳар дарахт, ҳар реша, ҳар дона, ва ҳар тухмӣ дар ҳашри баҳор, ояти وَ اِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ мехонанд ва маънои онро ба забони худ, тибқи вазифае, ки солҳои пешин ба уҳда доштанд, тафсир мекунанд ва ба он ҳофизияти боазамат, гувоҳӣ медиҳанд; ва чаҳор ҳақиқати бузург дар ояти هُوَ الْاَوَّلُ وَالْاٰخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ ро дар ҳама чиз нишон медиҳанд ва ҳофизиятро дар болотарин дараҷа ва ҳашрро ба содагӣ ва ба қатъияти баҳор, ба мо меомӯзонад.

Ба ин тартиб, ҷилваҳои ин чаҳор исм аз ҷузъитарин то куллитарин, ҷараён меёбад. Масалан донае, ки маншаи дарахт аст, мазҳари исми اَلْاَوَّلُ мешавад ва ба қутии хурде монанд аст, ки барномае ба ғояти комили дарахт ва ҷиҳозоти бенуқсони эҷоди он  ва тамоми шароити шакл гириашро дарбар дорад ва азамати ҳофизиятро исбот мекунад.

Меваи дарахт низ, ки мазҳари исми وَالْاٰخِرُ  аст, бо тухмии худ, ки ҳамчун сандуқчаи хулосаи ҳамаи вазифаҳои фитрии дарахт ва феҳристи коркардҳояш ва дастуруламалҳои ҳаёти дуюмиашро дарбар дорад, ба олитарин шакл ба ҳофизият гувоҳӣ медиҳад.

Сурати ҷисмонии дарахт низ, ки мазҳари исми وَالظَّاهِرُ аст, ҳуллаву либоси мавзун ва ҳунармандонае дар бар дорад, ки бо нақшҳову зиннатҳо ва нишонаҳои дурахшони ҷудогона, зиннат дода шудааст; гуё либоси ҳафтод ранги ҳурон аст ва азамати қудрату камоли ҳикмат ва ҷамоли раҳматро дар матни ҳофизият дар муқобили дидагон нишон медиҳад.

Дастгоҳи дарунии дарахт ҳам, ки оинаи исми وَالْبَاطِنُ аст, ҳамчун корхона, дастгоҳ ва як кимёхонаи комилу боназм ва эъҷозомез аст ва монанди як хазинаи ризқҳо, ҳеҷ шохаву мева ва баргеро беғизо намегузорад ва дар матни ҳофизият, камоли қудрат ва адолату ҷамоли раҳмат ва ҳикматро ба мисли хуршед исбот мекунад.

Дуруст, ба ҳамон шакл, кураи арз низ, аз лиҳози фаслҳои солона, як дарахт аст. Тамоми донаҳову тухмиҳое, ки бо таҷаллии исми “Аввал” дар фасли тирамоҳ назди ҳофизият ба амонат супорида мешаванд, маҷмӯъаи фармонҳои Илоҳӣ вобаста ба дарахти рӯйи заминанд, ки либоси баҳор бар тан карда ва миллиардҳо шоху баргу мева ва гул медиҳанд. Феҳристи дастуруламалҳое ҳастанд, ки реша дар тақдири Илоҳӣ дорад. Ва саҳифаи хурду дафтари хадамоте ҳастанд ки шомили вазифаҳои анҷомшуда дар тобистони гузашта мешаванд. Ин амр билбадоҳа нишон медиҳад, ки Ҳофизи Зулҷалоли ва-л Икаром бо қудрату адолат ва ҳикмату раҳмати беинтиҳо, кореро анҷом додааст.

Ва охири дарахти солонаи замин, низ ин аст, ки ҳамаи вазифаҳоеро, ки дар тирамоҳи дуюм баанҷом расонида ва тамоми тасбеҳоти фитрие, ки дар баробари асмои Илоҳӣ ба забон оварда ва ҳамаи саҳифаҳои аъмолеро, ки дар ҳашри баҳори оянда қобили нашранд дохили қуттиҳои бисёр хурду заррамонанд, қарор медиҳад ва таслими дасти ҳикмати Ҳофизи Зулҷалол мекунад. Ба ин тартиб исми هُوَ الْاٰخِرُ ро бо бениҳоят забон ба коинот мехонад.

Ва зоҳири ин дарахт низ, сесад ҳазор навъи гули куллию мухталифро мешукуфонад, ки нишонаҳову намунаҳои сесад ҳазор ҳашр аст. Ва бо густурдани хони раҳмонияту раззоқият ва раҳимияту каримияти беинтиҳо, зиҳаётонро зиёфате медиҳад ва бо забони ба теъдоди меваҳову гулҳо ва таомҳо, исми هُوَ الظَّاهِرُ ро зикр мекунад,  мадҳу сано мегуяд ва ҳақиқати وَ اِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ ро мисли рӯз намоён месозад.

Аммо ботини ин дарахти боҳашамат; чунон махзану дастгоҳи беҳадду ҳисобест, ки мошинҳои дақиқу корхонаҳои мунзамро дар камоли диққату тартиб, ба кор меандозад. Дастгоҳе, ки аз як донаи ба андозаи як дирҳам, ҳазор ман ғизо тавлид мекунад ва ба гуруснагон мерасонад; бо чунон назму диққат кор мекунад, ки иҷоза намедиҳад заррае тасодуф вориди кор шавад. Исми هُوَ الْبَاطِنُ ро дарун ва ботини замин, ба сад ҳазор шакл, эълону исбот мекунад. Ҳамчун бархе аз фариштагон, ки бо сад ҳазор забон тасбеҳ мегуянд.

Ҳам замин, ба лиҳози ҳаёти солонааш ҳамон тавре, ки дарахтест ва ҳофизиятро дар чаҳор исми мазкур табдил дода, бо он, калиде барои боби ҳашр муҳаё месозад. Дуруст ба ҳамон шакл, ба лиҳози ҳаёти даҳрӣ ва дунявиаш, боз ҳам дарахти бошукӯҳест, ки меваҳояш ба бозори охират фиристода мешавад. Ва он, чунон мазҳару оина ва роҳе ба охират барои чаҳор исми мазкур мегардад, ки ақли мо барои дарки густурдагию  баёни он, кифоя намекунад. Бинобар ин, мегуем:

Ҳам чуноне, ки ақрабакҳои як соати ҳафтагие, ки шуморандаи сонияҳову дақиқаҳо, соатҳову рӯзҳо мебошанд, бо ҳам шабеҳанд ва исботкунандаи якдигаранд. Бинандаи ҳаракати сонияҳо, маҷбур ба тасдиқи ҳаракати соири чархи дандонҳост. Ба ҳамин тартиб, рӯзҳо шуморандаи сонияҳои ин дунё ҳастанд.

Дунёе, ки соати бузурги Холиқи Зулҷалоли арзу самовот аст, ва солҳое, ки дақиқаҳои онро ҳисоб мекунанд ва асрҳое, ки соати ин дунёро нишон медиҳад ва гардишҳое, ки нишонгари рӯзҳои он мебошанд, шабеҳи ҳаманд ва якдигарро исбот мекунанд. Вақте дар хусуси масъалаи ҳашр аз Холиқамон савол мекунем, исми “Ҳафиз” ва исмҳои هُوَ الْاَوَّلُ وَالْاٰخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ бар асосои ҳақиқати мазкур посух медиҳанд. Ва нишонаҳои бешуморе ҳамчун қотъияти расидани баҳор пас аз зимистон ва омадани субҳ пас аз шаб, баъд аз зимистони зулмонии дунёи фонӣ низ, баҳори боқӣ ва субҳи сармадӣ, фаро мерасад.

Модоме, ки бо чашмонамон мебинем ва бо ақлу хирадамон дарк мекунем ки:

ИНСОН

Олитарин ва ҷомеътарин самараи дарахти коинот аст.

Ва ба лиҳози ҳақиқати Муҳаммадия алайҳиссалоту вассалом тухмии аслии он аст.

Ва ояти куброи Қуръони коинот мебошад.

Ва ояту-л курсии ҳомили исми аъзами он.

Ва мукаррамтарин меҳмони сарои коинот.

Ва фаъолтарин маъмуре, ки иҷозати тасарруф дар соири сокинони ин саройро дорад.

Ва маъмури назорат бар кишту зироатҳо ва дахлу харҷҳо дар боғу мазрааи маҳаллаи замини шаҳри коинот аст ва масъултарину пурсарусадотарин нозири он, ки ба садҳо фанну ҳазорон санъат муҷаҳҳаз шудааст.

Ва бозрасу халифае, ки дар мамлакати замини диёри коинот, дар таҳти назару таваҷҷӯҳи дақиқи Подшоҳи Азалу Абад аст.

Ва мутасаррифест, ки ҳаракатҳои куллию ҷузъии ӯ сабт мегардад.

Ва амонати куброеро, ки замину осмон ва кӯҳҳо аз ҳамли он худдорӣ карданд, бар душ кашид ва ду роҳи аҷиб дар муқобилаш кушода шуд, як роҳ барои табдилшудан ба бадбахтарин зиҳаётон ва роҳи дигар барои саодатмантарини онҳо, абди куллию мукаллаф ба убудияти бисёр густурда.

Ва мазҳари исми аъзами Султони коинот ва оинаи ҷомеъи тамоми асмои ӯ.

Ва оқилтарин мухотаби хосси баёноту хитобҳои Субҳонӣ.

Ва ниёзмандтарин зиҳаёт дар миёни зиҳаётони олами вуҷуд. Зиҳаёти бечорае, ки бо вуҷуди фақру аҷзи беҳадду канораш, аз мақсадҳову майлҳои беинтиҳо ва душманони фаровону умури зиёнборе бархӯрдор аст, ки ӯро озор медиҳанд.

Ва аз назари истеъдод, ғанитарин.

Ва аз лиҳози лаззатҳои зиндагонӣ, мутааллимтарин аст ва лаззатҳояш олуда  ба сахттарин дардҳо мебошад.

Ва аз ҳама зиёдтар муштоқу ниёзманди бақо ва шоиставу лоиқи он аст.

Ва бо дуоҳои фаровон, ҳаёти доимӣ ва саодати абадиро дархосту илтимос мекунад.

Ва агар тамоми лаззатҳои дунё ба ӯ дода шавад таъмин кунандаи хости ӯ барои бақо нест.

Ва аъҷубаи хилқат ва аз мӯъҷизоти хориқулодаи қудрати Самадонист ва зоти атокунандаи эҳсонро дар ҳадди парастиш дӯст медорад, ва боис мешавад он зотро дӯст бидоранд ва худ дӯст дошта мешавад.

Ва дарбаргириндаи ҳамаи коинот аст, тамоми ҷиҳозоти инсонии ӯ шаҳодат медиҳанд, ки барои рафтан ба абадият халқ шудааст…

Инчунин, бо бист ҳақиқати куллӣ, ба исми Ҳаққи Ҷаноби Ҳақ, дил мебандад ва аъмолаш бо исми Ҳафизи “Ҳафизи Зулҷалол” ҳамеша сабт мегардад — Зулҷалоле, ки ҷузъитарин ниёзҳову хурдтарин зиҳаётонро, мебинад ва ниёзҳояшро мешунавад ва амалан иҷобат мекунад — ва афъоли алоқадор бо коиноти ӯ, тавассути киромалкотибин, он исм навишта мешавад. Инсоне, ки беш аз ҳар чизи дигар, мазҳари он исм ва дар маркази тавҷҷуҳаш қарор мегирад. Албатта, бешубҳа ба ҳукми ҳақиқатҳои бистгонаи мазкур, ҳашру нашре барояш ҳаст ва подоши хизматҳо ва ҷазои кӯтоҳияшро ба воситаи исми “Ҳақ” мегирад. Ва бар асоси исми “Ҳафиз” барои ҳар амали хурду бузурги сабтшудааш, ба ҳисоб кашида шуда ва бозхост хоҳад шуд, ва дар дори бақо дарвозаҳои меҳмонсарои саодати абадӣ ё маҳбуси шақовати доимӣ, ба рӯяш кушода мешавад. Афсаре, ки дар ин дунё, фармондеҳии тоифаҳои фаровонеро  ба уҳда дошта, бо онҳо омехта, гоҳо онҳоро дарҳам омехта, ин тавр нест ки зери хок раваду чунон бихобад, ки гуё ҳеҷ гоҳ бедор намешавад ва дар хусуси аъмолаш пурсида намешавад.

Дар ғайри ин сурат, чигуна мумкин аст ҳикмате, ки садои магасеро мешунавад ва бо атои ҳаққи ҳаёташ, билфеъл ба ӯ ҷавоб медиҳад, дуои касеро, ки ба лисони ҳақиқатҳои бистгонаи мазкур, баён мешавад ва дар аршу фарш танинандоз мегардад, нашунавад ва (нидои) ҳуқуқи инсони бешумори вобаста ба бақоро, ки қудрате ҳамчун раъду барқ дорад, дар назар нагираду ҳамаи онро бекор кунад? Ҳикмате, ки бар асоси гувоҳии назме, ки дар боли магас аст, ҳатто ба қудрати боли магасе исроф намекунад, чигуна мумкин аст ҳамаи он истеъдодҳои алоқадор бо ҳақиқатҳои мазкур ва афъолу орзуҳои имтидодёфта то абадро ва бисёре аз ҳақиқатҳову робитаҳои дар коинотро, ки тағзиякунандаи хостаҳоу истеъдодҳои мазкуранд, ба ҳадар диҳад? Ин матлаб чунон накӯҳидаву золимона ва ғайри мумкин аст, ки ҳамаи мавҷудоти шаҳодатдиҳанда бар номҳои Ҳақ ва Ҳафиз ва Ҳаким ва Ҷамил ва Раҳими онро рад мекунанд ва мегуянд “сад бор муҳол ва ба ҳазор ваҷҳ мумтанеъ аст.”

Номҳои “Ҳақ, Ҳафиз, Ҳаким, Ҷамил, ва Раҳим” дар ҷавоби саволи мо аз Холиқамон дар хусуси ҳашр мегуянд: “Ҳамон тавре, ки мо ҳаққу ҳақиқатем, бар асоси таҳаққуқи мавҷудоте, ки ба мо гувоҳӣ медиҳанд, ҳашр ҳақ ва қатъист.”

Низ модоме, ки…

Боз ҳам мехостам дар ин хусус бинависам, локин матлаб чун хуршед аён аст, ба ҳамин миқдор иктифо намудам.

Дар қиёс бо мисолҳо ва модомҳои пешин, чуноне, ки ҳар яке аз исмҳои садгона, балки ҳазоргонаи Ҷаноби Ҳақ, ки нозир бар коинот аст, бо оинаву ҷилваи худ мусаммояшро билбадоҳа, исбот мекунанд. Дуруст ба ҳамон тартиб, ҳашру охиратро нишон медиҳанд ва онро бо қатъият собит мекунанд.

Низ, дар ҷавоби саволе, ки аз Холиқамон мекунем, чуноне, ки Раббамон бо тамоми фармонҳо ва ҳамаи китобҳое, ки нозил карда ва бештари исмҳояш, ки мусаммо ба онҳост, ҷавоби қудсию қатъӣ медиҳад, ба ҳамон тартиб, бо фариштагонаш ва ба забони онҳо ба тарзи дигар, баён мекунад:

“Садҳо ҳодисаи мутавотир ҳаст, ки нишон медиҳад, шумо аз замони Одам ин ҷониб ва бо рӯҳониён ва бо мо дидор кардаед. Ва нишонаҳову далелҳои бешумори далолаткунанда бар вуҷуди мо ва убудияти рӯҳониҳо вуҷуд дорад. Ва инро ки дар толорҳо ва бархе хонаҳои охират мегардем, дар дидор бо фармондеҳони шумо ҳамоҳанг бо ҳам гушзад кардаем ва ҳам чунон ёдоварӣ мекунем. Албатта, бешубҳа толорҳо ва хонаҳои олию боқии мазкур ва манзилҳову кохҳои музайяну фаршшудаи болотари онҳо, дар интизори сукунат додани меҳмонҳои бисёр арзишманданд. Инро яқинан башумо мегуем.”

Низ модоме, ки Холиқамон, Муҳаммади Арабӣ алайҳиссалоту вассалом, бузургтарин муаллим ва комилтарин устод ва беҳтарин раҳномоеро, ки на хато мекунад ва на дигаронро ба хато меандозад, бароямон таъйин карда ва ба унвони охирин паёмбар фиристодааст. Мо ҳам, барои тараққию такомул аз мартабаи илмуляқин, ба мартабаҳои айнуляқину ҳаққуляқин, пеш аз ҳар чиз лозим аст саволеро, ки аз Холиқамон пурсидем аз устодамон бипурсем. Зеро ӯ ба сабаби ҳазорон мӯъҷизаи аз ҷониби Ҳудованд, ки ҳар кадом нишонаи тасдиқи ӯянд; худ яке аз мӯъҷизоти Қуръон  буда, исбот мекунад, ки Қуръон ҳақ ва каломи ҳақ мебошад. Ба ҳамин тартиб, Қуръон бо чил навъи эъҷоз собит мекунад, ки мӯъҷизаи ӯст ва ӯ расули худои барҳақ аст; ҳар дуи онҳо даъвогари ҳақиқати ҳашр шуда ва онро исбот намудаанд. Яке дар давоми зиндагонии худ ба унвони забони олами шаҳодат ва ҳамроҳ бо тасдиқи ҳамаи анбиёву авлиё ва дигарӣ, ба унвони забони олами ғайб ва бо тасдиқи тамоми фармонҳои осмонӣ ва ҳақиқатҳои олами вуҷуд; ҳақиқати ҳашрро бо ҳазорон оят, иддио ва исбот карданд. Аз ин рӯ, ҳашр дорои қатъияте чун рӯз ва нури хуршед аст.

Бале, муаммои аҷибу тарснок ва берун аз доираи ақл, ҳамчун ҳашр, танҳо ва танҳо бо дарсҳои ин ду устод, ҳаллу фасл мешавад.

Пайёмбарони пешин, тавзеҳоте ҳамчун матолиби Қуръонро дар ихтиёри умматҳояшон қарор надодаанд, сабаб ин, ки замонаҳои мазкур давраи бадавият ва туфулияти башар будааст. Тавзеҳ дар дарсҳои ибтидоӣ, андак аст.

Натиҷа: Модоме, ки бештари номҳои Ҷаноби Ҳақ, тақозокунандаи охират ҳастанд, бешубҳа  ҳама ҳуҷҷатҳои далолаткунанда ба ин исмҳо, аз як ҷиҳат ба таҳқиқи охират низ далолат доранд.

Модоме, ки фариштагон хабар медиҳанд, хонаҳои олами бақову охиратро дидаанд, ҳама далелҳо тасдиқ кунандаи вуҷуду убудияти малоика, арвоҳу рӯҳоният, биззарурат бар вуҷуди охират низ, далолат мекунанд.

Ва модоме, ки пас аз тавҳид, муҳимтарину асостарин ва доимитарин даъвати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом дар саросари зиндагӣ, охират будааст, бешубҳа  тамоми мӯъҷизоту ҳуҷҷатҳои далолаткунандаи ба нубуввату сидқи ӯ  аз ҷиҳати бар таҳаққуқу вуқӯъи охират, далолат доранд ва гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳамчунин модоме, ки аз чор як қисми Қуръон вобаста ба мавзӯъи ҳашру охират аст ва бо оятҳои фаровон аз он хабар медиҳад ва кушиш мекунад онро исбот намояд, бешубҳа ҳама ҳуҷҷатҳову далелҳо ва бурҳонҳои далолаткунандаи бар ҳаққонияти Қуръон, бар вуҷуди охират ва таҳқиқу зуҳури он далолат доранд ва гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳоло бингару бубин! Ин рукни имонӣ, то чи ҳад муҳкаму қатъист.

***

[1] Ҳошия: Ҳар як аз баҳорҳои гузашта мурдаанд ва қиёматашон барпо шудааст ва баҳори пеши рӯ барояшон дар ҳукми ҳашр мебошад. –

[2] Ва замоне, ки дафтари аъмол кушода шавад. (Таквир:10)